02:49:11 - 21.08.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз159
mod_vvisit_counterДирӯз984
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4546
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида8062
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ25295
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида33463
mod_vvisit_counterҲамагӣ887477

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


 

 

СИЁСАТИ ИЉТИМОЇ ДАР ЊОШИЯИ МУЛОЌОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ,

ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ ЉОМЕАИ КИШВАР

 

«…њадафи асосии роњбарияти давлату Њукумати мамлакат боз њам баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардумамон, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллиамон, таъмин намудани саодати њар хонадони Тољикистон ва тањкими нуфузу обрўи он дар арсаи байналмилалї мебошад».

 

Эмомалї Рањмон


Тољикистон мутобиќи моддаи 1 Конститутсия, давлати иљтимої буда, барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароњам меорад. Дар асоси моддаи 64 Конститутсия, Президент њомии Конститутсия ва ќонунњо, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, кафили истиќлолияти миллї, ягонагї ва тамомияти арзї, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти маќомоти давлатї ва њамкории онњо, риояи шартномањои байналмилалии Тољикистон мебошад.

Бо ин назардошт, сиёсати иљтимої дар маркази таваљљуњи пайвастаи роњбарияти олии сиёсии Тољикистон ќарор дошта, бо ин маќсад аз тамоми имкониятњо ва захирањои мављуда самаранок истифода бурда мешаванд. Ба сифати далели раднашавандаи ин гуфтањо метавонад он чиз баромад намояд, ки солиёни охир зиёда аз нисфи буљети давлатї мањз ба маќсадњои иљтимої равона гардида, муассисањои зиёди маданию равшаннамої, ба монанди муассисањои тањсилоти томактабї, муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, ќасрњои фарњанг дар тарњи замонавї сохта ба истифода дода мешаванд. Њамчунин дар назар дошта шудааст, ки аз моњи сентябри соли 2018 музди мењнати кормандоне, ки аз њисоби буљети давлатї маблаѓгузорї карда мешаванд, ба таври навбатї боло бардошта шавад.

Мулоќоти Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, ки 12 майи соли 2018 бо намояндагони љомеаи кишвар, ки ба муносибати фаро расидани моњи шарифи Рамазон баргузор шуд, аз пайгирї гардидани масъалањои иљтимої ва даќиќона мавриди тањлил ќарор дода шудани он орї набуд. Фазилатњои наљиби ин моњи хайру саховат, аз љониби роњбарияти олии сиёсии Тољикистон дар њамбастагї бо сиёсати иљтимої борикбинона тањлил гардида, аз соњибкорон ва тољирон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин моњи шариф нарху навои мањсулоти ниёзи мардумро беасос баланд бардошта, њамватанони худро ба азият гирифтор накунанд. Њамчунин ќайд гардид, ки дар аксари кишварњои исломї ва мусулмоннишин тољирон нархро, баръакс, дар ин моњ арзон мекунанд, то ки бо њамин роњ низ со-њиби савоб шаванд. Ин сиёсат ба он нигаронида шудааст, ки манфиатњои ќишри нисбатан камњимоя халалдор нашуда, бо њамин бењбудии вазъи иљтимоии онњо таъмин карда шавад.

Мавриди ќайд аст, ки љињати таќвият бахшидан ба сиёсати иљтимої, дар љаласаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки санаи 27 апрели соли љорї баргузор гардид, ба роњбарони њамаи вазорату идорањо, сохтору маќомоти давлатї, раисони вилоятњо, шањру ноњияњо, шањраку дењот ва ташкилоту муассисањо, сарфи назар аз шакли моликияти онњо, супориши ќатъї дода шуд, ки ба ифтихори сисолагии истиќлолияти кишвар, яъне то 9-уми сентябри соли 2021 ва дар сатњи баланди омодагї пешвоз гирифтани ин љашни бузурги миллї корњои созандагиву ободониро дар тамоми ќаламрави кишвар њамаљониба густариш бахшанд.

Дар доираи ин чорабинињо, дар назар дошта шудааст, ки давоми се сол дар њар як мањалли ањолинишин, шањраку дењот ва дењањои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисањои томактабї, мактабњои тањсилоти умумї, марказњои саломатї бо таваллудхонањо барои на камтар аз 10-15 кат ва њуљрањои махсус барои анљом додани хатна, бунгоњњои тиббї, майдончањои варзишї вусъат дода шавад.

Инчунин, дар назар дошта шудааст, ки дар ин муддат, китобхонаву њаммомњо бо сартарошхонаву кошонаи њусн, боѓу гулгаштњо ва љойњои сайру истироњати оммавї, корхонањои истењсолї, аз љумла коргоњњои дўзандагї, истењсоли маснуоти њунарњои мардумї, бо оби босифати ошомиданї таъмин намудани ањолии дењањо, таъмири роњи байни дењањо шинонидани нињолњо ва бунёди боѓњои нав њамчун корњои созандагї ва ободонї анљом дода шаванд, ки ин бешак барои бењтару хубтар гардонидани шароити иљтимоии ањолї нигаронида шудааст.

Баробари ин, сохта ба истифода дода шудани объектњои љашнї, фароњам омадани дањњо љойњои кории доимиро заминагузорї намуда, бо љойи кори доимї таъмин гардидани ањолии дењотро асос мегарданд, ки ин дар раванди болоравии бењбудии зисту зиндагонии ањолї наќши калидї мебозад.

Њамин тавр, сиёсати созандаи роњбарияти олии сиёсї моро водор менамояд, ки нисбати масъалањои мубрами њаёти љамъиятї ва давлатї бетараф набуда, дар ташаккули мамлакат сањми худро гузошта бошем.

Фирдавсова Г.Р.

ёрдамчии судяи Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон