02:48:55 - 21.08.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз159
mod_vvisit_counterДирӯз984
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4546
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида8062
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ25295
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида33463
mod_vvisit_counterҲамагӣ887477

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


 

 

28 майи соли 2018 судяњо ва кормандони Суди Конститутсионї бо маќсади пайдо кардани ошної бо таърихи бойу пурѓановати миллати тољик, бахшида ба «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон гардидани соли 2018 дар доираи наќшаи чорабинињо аз мавзеи таърихии Тољикистон - Ќалъаи Њисор боздид ба амал оварданд.

Њисори Шодмон як пораи Тоҷикистон буда, таърихи ќадима дорад ва ёдгорињои таърихии он нишонае аз кўњанбунёдии ўст. Ҷашни 3000 солагии Њисори Шодмон ба сифати макони таърихї ин гуфтаро собит месозад. Омўзиши сарчашмањои таърихї ва бозёфтњои бостоншиносон шањодат медињанд, ки дар водии Њисор одамон њанўз аз давраи асри санг, тахминан 40-50 њазор сол муќаддам сукунат доштанд. Аз бисёр мањаллањои он маскани одамоне пайдо гардиданд, ки 6-9 њазор сол муќаддам дар онњо истиќомат доштанд.

Дар водии Њисор бостоншиносон бо маданияти моддии ќадимтарини одамон вомехўранд. Дар давраи неолит (ќарни санг) водии Њисор хеле серањолї будааст, ки аз ин бошишгоњњо, маснуоти шикорию рўзгор гувоњї медињад. Тамаддуни ин сарзамин бо номи маданияти Њисор машњур буда, бо тањќиќи он донишманди шўравї А.П. Окладников њанўз соли 1948 оѓоз бахшидааст. Њангоми њафриёт зиёда аз 680 осори давраи санг ёфт шудааст.

Дар натиҷаи ҷустуҷўи бостоншиносї аз соли 1946 то имрўз дар њудуди шањри Њисор ва атрофи он маводњои гуногун пайдо гардидааст. Дар асоси он гуфтан ба маврид аст, ки њудуди шањр аз њазораи II то милод њамчун бошишгоњи ќабилаи чорводорї аз худ карда шуда, аз асри VII то милод њамчун шањр ташаккул ёфтаву ба маркази сиёсиву иќтисодии минтаќаи заминдорї табдил меёбад.

Тибќи нишондодњои таърихї, Њисори бостонї дар гузаштаи дур зери итоати давлатњои гуногун ќарор доштааст. Дар нимаи дуюми асри XV ва аввали асри XVI дар Њисори Шодмон пайвандони шоњзодањои темурї њукмронї мекарданд. Тадриҷан Њисор рушд ёфта, ба яке аз шањрњои калону мустаќили Мовароуннањр табдил меёбад. Ин даврањо дар маданияти Њисор таѓйироти куллї ба амал омада, дењќонї, чорводорї, њунармандї, тангасозї, кулолгарї, бофандагї, шањрсозї ва дигар савдову тиҷорат вусъат пайдо мекунанд.

Номи Њисори Шодмон бори аввал дар асари машњури таърихии Шарофиддин Алї Яздї «Зафарнома» (асри XV) њамчун яке аз мулкњои Империяи Темуриён зикр гардидааст ва ба сифати маркази силоњсозї ёдовар мешавад.

Суди Конститутсионї тасмим гирифтааст, ки ба ин иќдом бо маќсади иљрои наќшаи чорабинињо оид ба «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон гардидани соли 2018 њукми анъанавї дода, аз мавзењои таърихии Тољикистон пайваста боздид ба амал орад.