05:21:19 - 25.05.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз198
mod_vvisit_counterДирӯз857
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3239
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида3588
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ10346
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида9103
mod_vvisit_counterҲамагӣ787082

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


 

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН.

Ба шарафи ҷашни миллӣ дар Истаравшан зиёда аз 450 иншоот бунёд мегардад

 

ДУШАНБЕ, 26.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри бостонии Истаравшан корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини ин гӯшаи диёр бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.

Дар шаҳри Истаравшан баҳри сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ роҳбарии гурӯҳи кориро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода ба уҳда дошта, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва созандагӣ дар шаҳр зери назорати доимӣ қарор дорад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ оид ба ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ бо роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Истаравшан, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Маҳкам МАҲМУДЗОДА суҳбат намуд:

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Маҳкам Аъзам, ба пешвози ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бунёди чанд иншоот ба нақша гирифта шудааст ва мардуми сарбаланди ин шаҳри бостонӣ дар ин самт чӣ гуна омодагиҳо гирифта истодаанд?

Маҳкам Маҳмудзода: Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави шаҳри Истаравшан- шурӯъ аз маркази шаҳр то деҳаву маҳалҳои аҳолинишин корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни хотирмон дар шаҳр бунёду навсозии беш аз 450 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст.

Давоми соли гузашта 112 иншооти он, аз ҷумла иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ, чоҳҳои амудӣ, марказҳои саломатӣ, хонаи хатна барои кӯдакон, муассисаҳои таълимӣ, боғчаи кӯдакон, маркази таълими забонҳо, майдончаҳои варзишӣ, биноҳои маъмурии ҷамоати деҳот, марказҳои савдо, чойхонаи миллӣ, кошонаи ҳусн ва ҳаммом ба истифода дода шуданд. Иншооти зикргардида бо сифати хуб ва сатҳи баланди меъморӣ сохтаву таъмир гардидаанд ва ба шаҳр ҳусни зебо бахшида, дар онҳо сокинони маҳаллӣ, хусусан занон бо ҷойи кор ва музди меҳнати мувофиқ таъмин шудаанд.

Имрӯз дар ин шаҳр низ чун як гӯшаи зебои Ватан корҳои ободонӣ авҷ гирифта истодаанд. Мисоли равшани он бунёду навсозии маҷмааи таърихии Қалъаи Муғ, Нишон, Парчами давлатӣ ва иншооти дигари хизматрасонӣ мебошад. Аввали соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ду иншооти муҳим, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли орд бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз ва бинои 5-ошёнаи иборат аз 32 ҳуҷра бо маркази хизматрасонӣ ва савдо ба истифода дода шуданд.

АМИТ «Ховар»: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ солҳои 2019 – 2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон намуданд, ки ба ин восита дар кӯтоҳтарин муддат деҳоти кишвари мо симои худро дигар намудаву  боз ҳам ободтар ва сатҳи зиндагии мардум дар он шоистатар мегардад. Ин иқдомро мардуми  шаҳри бостонии Истаравшан чӣ гуна истиқбол намуданд?

Маҳкам Маҳмудзода: Дар шаҳри Истравшан зиёда аз 62 деҳа ва 10 ҷамоат мавҷуд аст. Сокинони шаҳри Истаравшан низ чун дигар сокинони мамлакат аз ҳадафҳои неку созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, ки ба хотири рушди бештари кишвар ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронида шудаанд, бо ҳаммовозии баланд истиқбол намуданд. Зимни сафарҳои корӣ ба ин гӯшаи диёр аз меҳнати созандагии мардуми ин шаҳр аён буд ва эҳсос гардид, ки мардум то чӣ андоза бо меҳру самимият барои обод кардани диёре, ки дар он таваллуд шуда, ба воя расидаанд ва зиндагӣ мекунанд, камари ҳиммат бастаанд.

Саҳми бевоситаи мардум ва соҳибкорони маҳаллӣ, ки пеш аз ҳама, барои ободонии маҳал заҳмат кашида истодаанд, далели ин гуфтаҳо мебошад. Аз ҷумла зиёда аз 15 км роҳҳои байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ асфалтпӯш карда шуда,  беш аз 2 км роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Чандин иншооти маданиву равшаннамоӣ, марказҳои тиббию таълимӣ, бунгоҳҳо, ҳаммомҳо низ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтаанд.

Корҳои ободониву созандагӣ бобати боз ҳам ободтару зеботар гардонидани шаҳр аз ҷониби мардуми сарбаланди ин шаҳри қадимӣ бо ифтихори миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ идома дошта, дар муҳлати муқарраршуда бо сифати баланд ба сомон расонида мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Шумо зодаи шаҳри Истаравшан ҳастед. Бигӯед, ки мушкилии асосии деҳоти ин шаҳр дар чӣ аст?

Маҳкам Маҳмудзода: Мушкилии асосие, ки сокинони деҳоти Истаравшан солҳои тӯлонӣ аз он азият мекашиданд, ин набудани роҳҳои ҷавобгӯй ба талаботи имрӯза мебошад. Барои бартараф намудани ин мушкилиҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин самт корҳо бомаром идома доранд. Аз ҷониби як соҳибкори маҳаллӣ Қаҳрамон Ҳамдамов 3,5 км роҳ афалтпӯш карда шуд. Мушкилии дигар- ин набудани бунгоҳҳо ва марказҳои  тиббӣ дар деҳоти дурдаст аст, ки ин ҳам ҳалли худро ёфта истодааст. Масофаи байни деҳаҳо бо шаҳр тӯлонӣ аст ва бунёди бунгоҳҳои тиббӣ орзуи чандинсолаи аҳолии он буд.

То имрӯз аллакай дар деҳоти Истаравшан якчанд бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ сохта шуданд, ки мардум бевосита ба ин марказҳои тиббӣ муроҷиат менамоянд. Ба талабот ҷавобгӯ набудани вазъи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мушкилоти навбатии ин минтақа ба шумор меравад. На ҳамаи мактабҳое, ки имрӯз дар деҳоти шаҳр ҳастанд, ба талабот ҷавобгӯ мебошанд. Онҳо ба таъмир ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ ниёз доранд. Хушбахтона, ин мушкилиҳо марҳила ба марҳила ҳалли худро ёфта истодаанд. Мардум низ иқдом гирифтаанд, ки ба воситаи ҳашар якчанд синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода диҳанд.

Алҳол дар қаламрави шаҳри Истаравшан 73 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки аз он 47 адад ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ дошта, 2 ададаш садамавӣ мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Парлумони кишвар саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чорум эълон гардид. Дар шаҳри Истаравшан ҳадафи чоруми стратегии кишвар чӣ гуна татбиқ мешавад?

Маҳкам Маҳмудзода: Дар шаҳри Истарвшан барои амалӣ кардани ин самти чорум тамоми заминаҳо фароҳам оварда шуда,  имкониятҳо ҳам зиёданд. То имрӯз якчанд корхонаҳои саноатӣ ва хизматию маишӣ ба кор шурӯъ намуда, ҷойи кори доимӣ барои аҳолии шаҳр фароҳам омад. Дар робита ба ин чанде қабл дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли орди ҶДММ «Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз кард. Дар он 28 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар доираи сафари корӣ соли 2018 дар шаҳри Истаравшан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим» санги асос гузоштанд. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мазбут Бойҷонов бо харҷи 60 миллион сомонӣ ва бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Тибқи лоиҳаи бунёди иншооти муосири миллии тиҷоратӣ, маҷмаа аз 16 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои он маркази савдо, маъмурият, утоқҳои корӣ ва толорҳои конфронс барои гузаронидани ҳамоишҳои тиҷоратӣ бунёд мегарданд. Баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот беш аз 150 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд. Бунёди маҷмаа ба симои шаҳр ҳусни тоза зам мекунад, зеро дар вақти сохтмон сохтани майдончаҳои бозии кӯдакона, гулгашт бо гулу буттаҳою дарахтони ороишӣ ва фаввораҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар се соли оянда бунёди боз чандин корхонаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ аз ҷониби соҳибкорони бо нангу номуси ин шаҳр ба нақша гирифта шудааст, ки ин ҳама омили зиёд шудани қисми даромади буҷети шаҳр мегардад.

АМИТ «Ховар»: Дар корҳои созандагию бунёдкорӣ соҳибкорони шаҳри Истаравшан, ки дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд, чӣ гуна саҳм гузошта истодаанд?

Маҳкам Маҳмудзода: Соҳибкорони бонангу номуси ин диёр, ки берун аз кишвар зиндагӣ доранд, дар баробари шахсони баруманди диёр, хизматчиёни давлатӣ низ ба корҳои ободонию созандагӣ даст задаанд. Бо дастгирии онҳо дар саросари шаҳр иншооти гуногуни ҳаётан муҳим бунёд шуда истодаанд. Соҳибкорони истаравшанӣ, ки муқими Росия ва Қазоқистон мебошанд, ба обод кардани диёри хеш таваҷҷуҳи зиёд доранд. Онҳо қариб, ки дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар таъмири роҳҳо, бунёди марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти барои мардум муҳим ҳиссаи худро гузошта истодаанд. Имрӯз ҳам барои созандагию ободонии кӯчаю маҳалла ва ҷои зисташон   муроҷиатҳо расида истодаанд.

Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода мунтазам бо онҳо дар алоқа буда, баҳри бунёди иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба беҳ гардидани зиндагии мардум мусоидат мекунанд, имконият фароҳам меоварад. Шумораи иншооти ҷашнӣ ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ нишон медиҳад, ки соҳибкорони ин шаҳри бостонӣ дар сафи пеши ободкорӣ қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки баъди ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан агар бунёди 180 иншоот ба нақша гирифта шуда бошад, имрӯз он зиёда аз 450 иншооти ҷашниро ташкил медиҳад. Яъне ба нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ҳар моҳ ё ҳар семоҳа бунёди иншооти нав илова шуда истодаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба обод намудани диёри хеш таваҷҷуҳи беандоза доранд.

Инчунин дар се соли оянда тибқи нақшаи чорабиниҳо анҷом додани корҳои муайян бобати бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмир ва мумфарш кардани роҳи байни деҳаҳо ва умуман ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо, бунёди боғҳои нав ва дигар корҳои ободонӣ дар назар аст.

Дар маҷмӯъ, вусъати корҳои ободонӣ нишон медиҳад, ки соҳибкорону сокинони шаҳри Истаравшан ният доранд ҷашни 30—солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои намоён истиқбол намуда, ба ин гӯшаи диёр тарҳи тозаву нав бахшанд.