(03.03.2016c.) Дар шањри Еревани Љумњурии Арманистон аз љониби Конфронси маќомоти назорати конститутионии давлатњои демократияи нав, ки Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон узви фаъоли ин созмони бонуфузи байналмилалї мебошад, ду шумораи махсуси маљаллаи «Адолати Конститутсионї» №3 (69) 2015 ва №4 (70) 2015 ба табъ расид.
Ин шуморањои маљалла ба Конфронси байнамилалї ба муносибати ба 20-умин солгарди таъсиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Адолати судии конститутсионї – кафолати таъмини волоияти Конститутсия», ки 17-18 сентябри соли 2015 дар шањри Душанбе бо иштирок ва суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, намояндагони маќомоти назорати конститутсионии зиёда аз бист кишвари љањон, ходимони давлатї ва олимони намоёни соњаи њуќуќи конститутсионии давлатњои хориљи кишвар, њамчунин намояндагони маќомоти њокимияти давлатии љумњурї доир гардида буд, бахшида шудааст.
Дар маљаллањо суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ва дигар иштирокчиёни Конфронси байналмилалии Душанбегї бо забонњои русї ва англисї гирд оварда шудааст.
Ба узвияти Конфронси маќомоти назорати конститутионии давлатњои демократияи нав зиёда аз чил маќомоти назорати конститутсионии давлатњои љањон шомил буда, маљаллањои чопии он мунтазам дар радифи аъзои созмон, инчунин ба Комиссияи Венетсианї оид ба демократия тавассути њуќуќи Шўрои Аврупо ва дигар созмонњои бонуфузи байналмилалї ирсол гардида, дорои мутолиакунандагони зиёд мебошанд.
|
2 марти соли 2016 Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода ва судяи Суди конститутсионї Даврон Њошимзода дар љамомади васеи њайати устодону донишљўёни Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М. Осимї, ки дар толори маљлисгоњи донишгоњ бо маќсади фањмондадињии мазмуну муњтавои лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон пешнињодшуда доир гардид, иштирок намуданд.
Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода зимни суханронии худ оид ба ањамияти таѓийру иловањои пешнињодшуда ибрози андеша намуда, ќайд кард, ки зарурати таѓйиру иловањо ба Конститутсия аз омилњои сиёсї, иљтимої, иќтисодї, инкишофи давлату љомеа, пешрафти муносибатњои љамъиятї, рушди соњањои муњими њаёти љомеа, ташаккули низоми њуќуќї ва дигар омилњои муњим вобаста мебошанд, ки онњо мутобиќ гардонидани меъёрњои Ќонуни асосиро ба шароити рушдёбандаи љомеа асоснок мекунанд.
Зимни љамомад судяи Суди конститутсионї Даврон Њошимзода низ оид ба баъзе бандњои алоњидаи лоињаи таѓйиру иловањо баромад намуда, зикр кард, ки таѓйиру иловањои пешнињодшуда њамчун идомаи мантиќии ислоњоти њуќуќї, сиёсию иљтимої дар кишвар ба марњалаи муосири рушд ворид шудани давлат ва љомеа вобаста буда, бо таќозои замон ва талаботи љомеа онњо ба мустањкам намудани асосњои сохтори конститутсионї, тањкими маќоми конститутсионии шањрвандї, њокимияти ќонунгузор, иљроия, судї ва ташаккули маќомоти худидоракунии мањаллї равона гардидаанд.
Баъд аз фарљоми суханронї Мањкам Мањмудзода ва Даврон Њошимзода ба саволњои сершумори устодону донишљўён посух дода, њамагонро барои иштироки дар райъпурсии умумихалќї даъват намуд.
|
22 феврали соли 2016 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо иштироки коллективи Суди конститутсионї бо маќсади шарњу тавзењи лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон пешнињодшуда, љаласаи васеъ доир гардид.
Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мамудзода љаласро њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки 22 майи соли љорї дар кишвар чорабинии муњими сиёсї, яъне раъйпурсии умумихалќї оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон баргузор мегардад ва имрўз дар тамоми љумњурї маъракаи фањмондадињии моњияту зарарути таѓйиру иловањо ба Конститутсия идома дорад.
Лоињаи таѓйиру иловањо тибќи муќаррароти моддањои 98 ва 99 Конститутсияи кишвар аз љониби аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагон пешнињод карда шуданд ва матни пурраи он дар воситањои ахбори омма бо маќсади ба манзури њамагон расонидан, нашр шудааст.
То эълон гардидани раъйпурсї тибќи талаботи ќонунгузории мављуда лоињаи таѓйиру иловањо бо маќсади муайян намудани мутобиќати онњо ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз љониби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мавриди баррасї ќарор дода шуданд ва бо ќарори Суди конститутсионї аз 4 феврали соли љорї лоињаи таѓйиру иловањои пешнињодшуда ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ дониста шуданд.
Таѓйиру иловањо ба мустањкам намудани асосњои сохтори конститутсионї, тањкими маќоми конститутсионии шањрвандї, њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї равона гардида, инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии њаёти сиёсї ва иљтимоии љомеаи Тољикистон мебошанд.
Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мамудзода, њамчунин лоињаи таѓйиру иловањоро барои такмили муќаррароти меъёрњои Конститутсия муфид арзёбї намуда, бандњои лоињаро дар алоњидагї шарњу тавзењ дод.
|
ПАЁМ – ЊУЉЉАТИ МУЊИМИ СИЁСИЮ ЊУЌУЌИСТ
9 феврали соли 2016 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо маќсади шарњу тавзењи нуктањои Паёми Асосгузори сулњу Вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба маќоми олии намояндагї ва ќонунгузории кишвар бо иштироки судяњо, кормандони дастгоњи Суди конститутсионї ва донишљўёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон љаласеи васеъ баргузор гардид.
Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, академик Мањкам Мањмудзода љаласаро њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї њамчун њуљљати барномавии сиёсиву њуќуќї муќарраркунандаи афзалият ва самту шартњои ташаккулу пешрафти давлату љомеа мањсуб ёфта, дар асоси он равандњои сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва фарњангию идеологї бо суръат амалї карда мешаванд.
Дар асоси њадафњои дар Паём гузошташуда сиёсати давлатї ва фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ барои муайян кардани роҳҳои ҳалли масоили калидии ҳаёти љомеа, паст кардани таъсири омилњои беруна, алалхусус таъсири буҳрони молиявї ба иќтисодї миллї ва таъмини амалишавии маќсадњои давлати иљтимої, яъне шароити арзандаи зиндагӣ ба њар як сокини мамлакат равона карда мешавад.
Дар Паёми Сарвари давлат, таъсири дигаргуниву тањавуллоти љањони муосир ба низоми идоракунии пазируфташуда ва маъмули сиёсати ҷаҳонї, ки бинобар шиддат ёфтани рақобати геополитикї ва геостратегии қудратхоҳони ҷаҳон ва њамчунин бархӯрди манофеи абарқудратҳо мушоњида мегарданд, мавриди тањлил ќарор дода шуда, самти афзалиятноки сиёсати хориљии давлат бо дарназардошти эњтироми принсипњои њуќуќї байналмилалї муайян карда мешавад.
Сипас оид ба мазмуну муњтавои Паёми Роњбари давлат ба парлумон судяи Суди конститутсионї Д. Њошимзода ва сардори шуъбаи таъминоти њуќуќии фаъолияти суяњои Суди конститутсионї Нурляминзода Г.А. баромад намуданд.
|
4 феврали соли 2016 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тањти раисии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода мурофиаи судии конститутсионї аз рўи пешнињоди Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон «Оид ба муайян намудани мувофиќати лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид.
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињоди Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро њаматарафа мавриди баррасї ќарор дода, ќайд намуд, ки Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон њамчун њуљљати сиёсї ва санади дорои ќувваи олии њуќуќї, муњимтарин арзишњои бунёдии љомеаи башариро љињати њифзи њуќуќу манфиатњои инсон, љомеа ва давлат дар худ таљассум намуда, хусусиятњои давлати Тољикистонро ба сифати давлати соњибихтиёр, демократї, ҳуќуқбунёд, дунявї ва ягона арзёбї кардааст.
Конститутсия манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тољикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи љумҳурї, тамомияти арзї, моҳияти демократї, ҳуқуқбунёдї, дунявї ва иљтимоии давлатро шарти асосї ва баќои давлат ва миллат арзёбї менамояд. Ин санади меъёрии њуќуќї барои мустаќилияти сиёсию иқтисодї, пешбурди сиёсати сулҳљўёна, боло рафтани эътибори давлату миллат дар муносибатњои байналмилалї ва таъмини суботи сиёсию иљтимоии љомеаи Тољикистон шароити мусоиди ташкилию њуќуќї фароњам овардааст.
Таѓйиру иловањои ба Конститутсия воридшаванда ба марҳалаи имрўзаи рушд ворид шудани давлат ва љомеа мувофиќ буда, онњо ба мустањкам намудани асосњои сохтори конститутсионї, таќвияти кафолати њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, тањкими маќоми конститутсионии шањрвандї, њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї, ташаккули маќомоти худидоракунии мањаллї, љалби фаъолонаи шањрвандон, дар навбати аввал љавонон ба њаёти сиёсї ва идораи давлатї равона гардидаанд. Онњо њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шаҳрванд, ки мақсад ва мазмуни фаъолияти маќомоти њокимияти давлатї ва худидоракунии маҳаллиро ташкил дода, ба воситаи ҳокимияти судї таъмин мегарданд, таќвият бахшида, дар маљмўъ ба тањкими амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоќи љомеа, сињатии ањолї ва волоияти ќонуну тартиботи њуќуќї мусоидат менамоянд.
Таѓйиру иловањои пешнињодшуда дар маљмўъ арзишњои волои Конститутсияро тањким бахшида, инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии њаёти сиёсї ва иљтимоии љомеаи Тољикистон, таќвияти њифзи њуќуќии шахс, фарогири идомаи ислоњоти сиёсию иљтимої ва њуќуќию судї дар мамлакат мебошанд. Онњо ба мукаммал намудани меъёрњои Конститутсия равона гардида, ба амалия ва таљрибаи љањонии ворид кардани таѓйиру иловањо ба конститутсия ва ба арзишњо ва принсипњои асосии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќ мебошанд.
Бинобар ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон лоињаи таѓйиру иловањои ба ном ва матн, моддањои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддањои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муќаррароти интиќолии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воридшавандаро ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ донист.
|
28 январи соли 2016 нашри шуморавии маљаллаи илмї – иттилоотии Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон №4, 2015 ки дар он фаъолияти Суди конститутсионї инъикос гардида, ќарор ва таъиноти судї, маърўзаю маќолањои судяњои Суди конститутсионї ва устодони факултетњои њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон, Донишгоњи славянии Тољикистону Россия, њамчунин маќолањои дигар њуќуќшиносон гирд оварда шудаанд, бо забонњои давлатї ва русї аз чоп баромад.
Дар ин шумораи маљлаллаи илмї-иттилоотї ќарори Суди конститутсионї аз рўи дархости директори генералии Љамъияти сањомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б.Њ. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот (кору хизматрасонї) дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 1999, №210 тасдиќ карда шудааст, ба моддањои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бо ду забон нашр карда шудааст.
Њамчунин дар ин маљалла таъинот оид ба дархости шањрванд Абдумаликов А. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 18 июни соли 2008, №394 «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї», Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 26 марти соли 2009, №499 «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї» ва Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 23 декабри соли 2008, №УП-580 «Дар бораи муќаррар намудани андозаи њадди нињоии нафаќаи хизматчиёни њарбї ва кормандони маќомоти њифзи њуќуќи Љумњурии Тољикистон» ба моддањои 14 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» чоп гардидааст.
Ќисмати алоњидаи маљалла ба навидњои Суди конститутсионї бахшида шуда, дар он иттилоот оид ба мурофиањои судии доиргардида, вохўрии роњбарият ва судяњои Суди конститутсионї бо мењмонони хориљї, сафарњои хизматии роњбарият, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди конститутсионї ба дохилу хориљи кишвар, дастовардњои суд, иттилоот оид ба фаъолияти солонаи Суди конститутсионї ва дигар ахбороти муњим бо забонњои давлатї ва русї гирд оварда шудааст.
Хоњишмандон метавонанд ин маљаллаи илмї-иттилоотиро аз китобхонаи Суди конститутсионї дастрас намоянд ё тавассути сомонаи Суди конститутсионї аз иттилооти дар он гирдовардашуда истифода баранд.
|
|
|