10:00:24 - 26.03.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз44
mod_vvisit_counterДирӯз128
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта246
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида733
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ2468
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида2784
mod_vvisit_counterҲамагӣ766975

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


 

9 январи соли 2019 дар Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон маљлиси њисоботї оид ба љамъбасти фаъолияти Суди конс­ти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон дар соли 2018 баргузор гардид.

Маљ­лис тањти раисии Мањмудзода М.А.–Раиси Суди консти­тутсионии Љум­њурии Тољикистон баргузор гардида, дар кори он Шона­заров С.А.– му­шовири ка­лони бахши Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї иштирок ва суханронї намуданд.

Мањмудзода М.А. маљлиси њисоботиро ифтитоњ намуда, соли 20018-ро њамчун соли бобаракат ва саршор аз њодисањои муњими бай­налмиллалї ва соли амалї шудани орзуву ният­њои неки халќи То­љикистон дар роњи расидан ба истиќлолияти энер­ге­тикї ва пурра ба­ромадани мамлакат аз бумбасти коммуникатсионї ар­зёбї намуд.

Зикр карда шуд, ки расидан ба њадафњои стратегї ва дар То­љи­кистон фароњам овардани суботи бардавоми сиёсиву иќтисодї ва иљ­тимої натиљаи зањ­матњои шабонарўзии Асосгузори сул­њу вањдати мил­лї­- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољи­кистон муњтарам Эмо­малї Рањмон аст, ки дурустї ва муњиммияти худро дар амал баръало собит намуданд. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат- бузургтарин дарси давлатдорї ва ватандориву ватанпарастї мебошад, ки барои њар як сиёсатмадори сатњи гуногуни давлатї, аз љумла роњбарият ва судяњои Суди конститутсионї дарси иборатомўз ва намунаи беназир мањсуб меё­бад.

Каримзода К.М. оид ба фаъолияти Суди конститутисонї дар соли 2018 њисобот дода, зикр кард, ки фаъолияти касбии имсолаи судяњо ва кор­ман­дони даст­гоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон чун дигар маќомоти давлатї, таш­килоту муассисањои мам­лакат дар соли равон аз љињати њодисањои муњими сиёсї бой ва ран­гин арзёбї мегардад.

22 марти соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи бай­нал­милалї ва Рӯзи ҷаҳонии об - 22 март, расман оѓоз гардидани раванди тат­биқи ташаббуси нави (чору­ми) глобалии Тољикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди ус­тувор, 2018-2028» ва вобаста ба ин 20-22 июни соли 2018 баргузор гаштани Кон­фронси байнал­ми­лалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”;

дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Соз­мони Амният ва Ҳамкорї дар Аврупо ва дигар шарикони рушд 4-5 майи соли 2018 дар Душанбе баргузор гардидани Конфронси бай­нал­ми­лалии сатҳи баланд дар мавзўи муборизаи муштарак бо тер­роризму иф­ротгарої ва тундгароии хушунатомез;

баргузориии мулоқоти сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ИДМ 30-31 май дар Душанбе;

-мулоқоти Шўрои сарони давлатҳо аъзои ИДМ 27-28 сентябри соли 2018;

-баргузории ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Соз­мони Ҳамкории Шанхай 12 октябри соли 2018– аз муҳимтарин чора­биниҳои муњими сиёсию байналмилалї арзёбӣ мегарданд.

5 майи соли равон аз љониби кормандони ду суд: Суди консти­тутсионии Љум­њурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар шањраки 14 ноњияи Синои ш. Дущанбе ба истифода супорида шудани иншооти варзишию фар­њангї дар масофаи 3453 метри мураббаъ иборат аз майдончаи умумї барои футбол, волейбол ва бас­кетбол, майдончаи дилхушии кўдакон, гушаи машќу тамрини бадан бо та­моми дастгоњу лавозимоти зарурї муљањњаз, шинонидани гулу буттањо ва дарах­тони сояафкану ороишї боиси ифтихор набуда наме­тавонад. Ин сањми Суди конститутсионї дар ободонии як гўшаи пой­тахти азизи Ватанамон мебошад.

16 ноябри соли равон дар Рўзи Президенти Љумњурии Тољи­кистон ба кор шу­рўъ кардани чархи аввали НБО-и «Роѓун», ки орзуву омоли чандинсолаи халќу миллати мо ба шумор меравад, амалан оѓози ис­тиќлолияти энергетикии мамлакат ва ба зинаи нави рушди иќтисодию юљтимої ворид гардидани Љумњурии Тољикистон мебошад,ки дар ин ин хусус,яъне хурсандию фарањмандии беканори халќи шарифи киш­варамон аз чунин њодисаи таърихї ёдовар нашудан мумкин нест.

20 декабри соли 2018 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро таҳти унвони “Шар­ҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” якдилона ва бо ҳаммуаллифии 190 кишвари узви созмон қабул кард.

Он идомаи татбиќи амалии дањсолаи зикршуда ва чорабинињои онро пешбинї менамояд.

Муњимтарин иде, ки Љумњурии Тољикистон расман ба љашн­гирии он њусни оѓоз бахшидааст, –ин љашнгирии 30-солагии Исти­ќло­лияти давлатии Љумњурии Тољикистон мебошад, ки давлат ва Њуку­мати Љум­њурии Тољикистон ва халќи мамлакт бо тамоми коллективњои мењ­натї азм кардаанд, ки онро дар сатњи баланд баргузор намоянд.

 

Намояндаи Њукумати Љумњурии Тољикистон дар шањри Иста­рафшани бостонї љињати ташкили фаъолияти ободонию бунёдкорї таъ­ин кардани Раиси Суди конститутсионї низ давоми мантиќи љашнгирии 30-солагии Исти­ќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мебошад, ки алакай аз љониби Раиси Суди конститутсионї дар ин самтњо корњо шу­рўъ гашта, Наќшаи чорабинињои маќомоти иљроия њокимияти дав­латии шањ­ри Истарафшаноид ба корњои ободониву созандагї» тањия ва мавриди тасдиќ ќарор дода шудааст. Дар давоми 3 сол дар он бунёди зиёда аз 420 объектњои таъиноти гуногуни ичтимої дар назар мебошад.

То имрўзњо зиёда аз 100 объектњои таъиноти гуногуни ичтимої, маъданї равшаннамої, тиббї ва ѓ. ба истифода дода шуданд.

Сафари анљомдодаи Асосгузори сулњу вањдати мил­лї- Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба ин шањр ва ифтитоњ ёф­­тани Нишон ва Парчами давлатї, Маљмааи таърихию фарњангии «Ќалъ­аи Муѓ» ва дигар иншооти иљтимоию фарњангї натиљаи татбиќи сиёсати созандаи Пешвои миллат мебошад.

Суди консти­тутсионї низ бояд аз ин равандњои муњими сиёсии мам­лакат дар канор набошад.

Пањлуњои гуногуни фаъолияти суд, аз ќабили баррасии муро­љиатњои шахсони воќеї ва њуќуќї мавриди тањлил ќарор дода шуда, зикр гардид, ки дар соли 2018 Суди конститутсионї асосан дар асоси Консти­тутсия ва Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Су­ди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», дигар ќонун ва санадњои меъёрии њуќуќї ва наќшањои кории Суд фаъолияти касбии худро љињати таъмини волоияти конститутсия ва меъёрњои он дар ќаламрави давлат амалї намуд.

Дар давраи њисоботї Суди консти­тутсионї 5 дархостро баррасї намуда, нисбати онњо таъиноти дах­л­­­дор баровардаст, аз љумла:

Бо назардошти соли 2018, теъдоди санадњои судии дар 23- соли фаъо­лияти Су­ди консти­тут­сионї ќабулшуда ба 39 ќарор ва 97 таъи­нот расид.

Масъалаи муњими фаъолияти давлат, аз љумла самти афза­лият­ноки Суди конститутсионї, дастгоњ ва кормандони он –ин баррасии сари­ваќтї ва ќонунии муро­љиат­њои шахсони воќеї ва њуќуќї мебошад.

Дар соли 2018 ба Суди Конститутсионї 365 нафар муро­љиат­њои хат­тї, электронї ва шифоњии шахсони воќеї ва њуќуќї ворид гарди­даанд.

Кормандони Суди Конститутсионї, инчунин дар соли равон 48 адад са­над­њои њуќуќии маќо­моти мањаллии њоки­мияти дав­латии шањ­ру но­њияњои ВМКБ, вилояти Суѓду Хатлон, шањри Душанбе ва шањру ноњияњои тобеи љумњу­риро бо маќсади муайян на­мудани мувофи­ќати онњо ба Конститутсия мавриди омў­зиш ќа­рор дода, диќ­ќати масъу­линро барои бартараф кардани кам­бу­дињои љойдошта љалб намуд.

Њамкорињои байналмилалии Суди конститутсионї бо ма­ќо­моти назорати конститутсионии дигар давлатњо низ сол аз сол тањ­ким ёфта, вусъати тоза пайдо мекунад. Судяњо ва кор­ман­дони масъули Дастгоњи Суди Конститут­сионї љињати иш­тирок дар чора­бинињои мухта­лифи маќомоти на­зора­ти конститут­сионии дав­латњои хориљї, ба шањри Женеваи Љумњурии Шветсария, шањри Бишкеки Љумњурии Кир­ѓизис­тон, шањри Санкт-Петербург Феде­рат­сияи Руссия, шањри Ригаи Љумњурии Латвия, Љумњурии Корея, шањри Анќараи Љумњурии Туркия, шањри Стамбули Љумњурии Туркия, Еревани Љумњурии Ар­ма­нистон сафари корї анљом дода, дар Конгреси уму­ми­ља­њо­нии маќомоти назорати конс­титутсионї ва љаласањои Конф­ронси маќомоти назорати кон­с­­­титутсионї ва маќомоти њамшабењи дав­латњои Осиёї бо маъ­­рўзањои илмї-амалї оид ба кон­с­ти­тутси­она­лизми Тољикис­тон, наќши Конститутсия дар низоми сиёсї ва њ­уќуќии давлат ва њиф­зи њуќуќу озодињои инсон баромад намуданд.

Њамин тариќ, дар соли равон 10 сафарњои хизматии Раис, муо­вини Раис, судяњо ва кормандон масъули Суд доир гаштааст.

Гулзода А.А.- роњбари Дастгоњи Суди констиутсонї фаъолияти солонаи дастгоњи судро љамъбаст ва тањлил намуда зикр намуд, ки дар соли 2018 дастгоњ ва шуъбањои он фаъолияти худ­ро аз рўи 13 адад наќ­шаи чорабинињои ба тасвиб расонидаи маъмурияти Су­ди консти­тут­сионї барои соли 2018 ба амал бароварданд.

Дар давраи њисоботї ба Суд, ба ѓайр аз муро­љиатњои шахсони воќеї ва њуќуќї, 2175 адад маводњо, аз он љумла 1093 адад санадњои меъёрии њуќуќї, 159 адад мактубњо аз Њукумат ва Даст­го­њи иљроияи Прези­ден­ти Љумњурии Тољикистон, 183 адад мактубњо аз дигар вазорату идорањо ва 44 адад маводу мактуб аз маќомоти назорати конститутсионии дигар дав­латњо ворид гардидааст.

Њамчунин, ба Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон 218 адад китоб, маљалла ва наш­рия­њо (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Ахбори Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Ахборњои Суди Конститутсионии давлатњои хориља ва ѓ.) аз дохил ва хориљи кишвар ворид гардидаанд, ки аз онњо 27 адад аз Судњои консти­тусионии дав­латњои хориља ва 191 адад аз дохили киш­вар мебо­шанд.

Аз тарафи Суд дар ин давра ба маќомоти ќонунгузор, иљроия, судї ва шахсони воќеию њуќуќї 826 адад мактуб оид ба масъалањои гуногун ирсол гардидаанд.

Њамзамон, дар соли 2018 тавассути почтаи электронї аз дохил ва хориљи кишвар 605 њуљљат ворид ва 210 њуљљат содир карда шуда, ба сомонаи Суди Конститутсионї 23 ахборот ворид карда шу­дааст.

То имрўз 758000 нафар ба сомонаи Суди Конститутсионї назар карда, бо маводи он шиносої пайдо намуда, аз маводњои гирдовардаи он истифода бурдаанд.

Дар соли 2018 дар Суди конститутсионї оид ба масъалањои гу­ногуни фаъолияти суд 91 амр ва 87 фармонњои Раиси Суди консти­тут­сионї ќабул карда шуданд.

Дар давраи њисоботї оид ба фаъолияти Суд ва љињати иљрои наќ­шањои Суди конститутсионї 162 протоколњо тањия карда шудаанд.

Шоназаров С.А.зимни суханронии худ тамоми њайати коллективи Суди консти­тут­си­ониро аз номи роњбарияти Дастгоњи иљроияи Пре­зиденти Љумњурии То­љикистон ба фарорасии соли нави мелодї табрик гуфта, наќши Суди кон­ститутсиониро дар тањкими давлатдории миллї, бењдоши вазъи ќо­нунияти конститутсионї ва тартиботи њуќуќї муассир њисоб намуд.

Дар бораи сиёсати њуќуќии мамлакат, ки ташаккули онро бе сањми бевоситаи Пешвои миллат тасаввур кардан мумкин нест, сухан ронда, диќќати њозиринро ба татбиќи амалии дастуру супоришњои Президенти мам­лакат муњтарам Эмомалї Рањмон љалб намуд.

Номбурда ба Паёми Пре­зиденти Љумњурии Тољикистон ба Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон дахл намуда, зикр кард, ки тамоми мас­­ъалањои вобаста ба сиёсати њуќуќї, аз љумла тањия ва ќабули Кон­сепсияи сиёсати њуќуќї, чор барномаи ислоњоти судї-њуќуќї, барномаи тарбияи њуќуќии шањрвандон, ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќонунњои конститутсионї дар бораи судњо, ташкилу барњам додани институтњои њуќуќї дар Паём ифода гардида, баъдан мавриди тањия ва тас­­диќ ќарор гирифтаанд.

Иљрои нуќтањои асосии Паёмро барои тамоми маќомоти марказї ва мањаллии њокимияти давлатї, шахсони мансабдор ва хизматчиёни дав­­латии онњо, ташкилоту муассисањо њатмї њисобида, фаъолияти со­занда ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро сарчашмаи рушди давлат ва иќтисодї миллї арзёбї кард.

Маљлиси љамъбастї оид ба фаъолияти Суди конститутсионї бо ќабули ќа­рори дахлдор ба анљом расид.

 

quot;, serif; font-weight: 400;font-size: small;TG