23:24:23 - 21.05.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз35
mod_vvisit_counterДирӯз1760
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3183
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида10459
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ30649
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида35717
mod_vvisit_counterҲамагӣ426307

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кормандон ва судяњои Суди конститутсионї, бо маќсади пайдо кардани ошної бо таърихи бойу пурѓановати миллати тољик, бахшида ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардидани соли 2018, дар доираи наќшаи чорабинињо, санаи 14 майи соли 2018 аз Осорхонаи миллии Тољикистон боздид ба амал оварданд.

Экспонатњои пурарзише, ки дар Осорхонаи миллии Тољикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ба монанди нусхањои дастнависи китоби муќаддас - Ќуръони карим, мењроби Искодар, амсилаи маќбараи Исмоили Сомонї, ёдгорињои таърихие, ки аз Тахти сангин дарёфт гардидаанд, деворнигорањои Панљакенти ќадим ва монанди инњо, шањодат ба он медињанд, ки дар ватани аљдодии миллати тољик, илм, маданият ва фарњанг њанўз аз замони ќадим рушд карда, дастовардњои назаррасро дар соњањои гуногуни илм, чун сохтмон ва меъморї, катибакорї, нуљум, илми њарбї ва дигарњо ба мерос гузоштааст, ки аксарияти назарраси онњо имрўз низ ањамиятнокии худро гум накарда, дар шакли такмилёфта мавриди истифода ќарор доранд.

Аз Аљинатеппа пайдо гардидани муљассамаи бузурги Буддои хобида, ки амсилаи он дар Осорхонаи миллии Тољикистон нигоњ дошта мешавад, шањодати он аст, ки ватани таърихии аљдодони миллати тољик гањвораи тамаддун буда, пешрафти ин муносибатњоро на танњо дар минтаќа, инчунин дар доираи васеъ асос гузошта, ањамияти љањонї пайдо кардани онњоро боис гардидааст.

Дар Осорхонаи миллии Тољикистон баробари экспонатњои таърихї, инчунин экспонатњои замони муосир ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки дар хусуси дастовардњои замони истиќлол, ки 9 сентябри соли 2021 дар сатњи баланд таљлил гардидани 30-юмин солгарди он ба наќша гирифта шудааст, маълумот медињанд.

Ба маърази тамошо гузошта шудани ќаламе, ки бо он Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон имзо карда шудааст, басо рамзї буда, шахсро барои пеши назар овардани рўзњои таърихи водор менамояд. Аз ин хотир, имрўз њар як фарди соњибхирад ва соњибтамаддуни тољикро зарур аст, ки дастовардњои Вањдати миллиро арљгузорї намуда, дар партави сиёсаи созанда муттањид гарданд.

Суди Конститутсионї таслим гирифт, ки ба ин иќдом бо маќсади иљрои чорабинињо оид ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардидани соли 2018 њукми анъанавї дода шуда, аз ёдгорињои таърихии Тољикистон тариќи пайваста боздид ба амал оварда шавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

8 майи соли 2018 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба муносибати таљлили солгарди Рўзи Ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватанї бо иштироки роњбарият, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди консти­тутсионї маљлиси тантанавї баргузор гардид.

Маљлиси тантанавиро Раиси Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон, академик Мањкам Мањмудзода њусни оѓоз бахшида, њози­ринро бо таљлили ин иди пуршукўњ табрику тањният намуда, аз љумла иброз дошт, ки љашни фархундаи Ғалаба ҳамасола ҳамчун натиҷаи азму талоши фарзандони љасури миллати мо дар роҳи озодї ва ҳимояи Ватан, инчунин поси хотири қурбониёни ин љабњаи набрад, ки беш аз сад ҳазор нафараш фиристодагони Тоҷикистон буданд, дар кишварамон бо шуку­њу шањомати хоса таљлил карда мешавад.

Ин љашни пуршукўњ њамчун манбаи ахлоқиву маънавї имрўз ба василаи тарбияткунандаи ватандўстии ҷаво­нону наврасони кишвар ва масъу­лият­шиносии онњо дар ҳифзи арзиш­њои давлати тозаистиќлоламон табдил ёфтааст.

Боиси ифтихор аст, ки собиқадорони ҷангу меҳнат тањти нигоҳу­бину парастории махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон ва Њуку­мати кишвар ќарор дошта, барои бењтар гардонидани шароити иљти­моии онњо мунтазам тадбирњои зарури роњандозї карда мешаванд.

Дар фарљоми маљлис як ќатор кормандони дастгоњи Суди консти­тутсионї ба муносибати иди Ѓалаба ва фаъолияти хуби мењнатї бо рутбањои дараљавї ва «Ифтихорнома»-и Суди Конститутсионї сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Иншооти варзишию фароғатӣ туҳфаи Суди конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ба сокинони шаҳраки 14-и ноҳияи Синои пойтахт



ДУШАНБЕ, 05.05.2018 /АМИТ «Ховар». Имрӯз аз субҳ шодиву сурури сокинон, хусусан кӯдакону наврасони шаҳраки 14-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳадду канор надошт. Дар ин ҷо аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ сохта ба истифода дода шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи иншооти варзишию фарҳангӣ кормандони масъули Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди Олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва сокинони шаҳраки 14-и пойтахт иштирок намуда, бунёди иншооти варзиширо идомаи пайгирӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуданд.

Иншооти мазкур, ки дар масоҳати 3453,7 метри мураббаъ бунёд гардидааст, аз майдончаи умумӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхушии кӯдакон, гӯшаи машқу тамрини бадан, ки бо тамоми дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, инчунин аз таваққуфгоҳ иборат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳудуд ва атрофи майдонча сабзу хуррам гардонида шуда, дар ду ҷониб ва ҳудуди иншоот нишасткурсиҳо ва ду адад айвон-суҳбатгоҳҳо насб гардидаанд. Ҳамзамон дар доираи корҳои кабудизоркунӣ дар атрофи иншоот ва ҳудуди он дарахтони сояафкан, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаанд, ки ин мавзеъро боз ҳам назарработар гардонидаанд.

Сокинони  шаҳраки 14, ки дар он биноҳои истиқоматии 6/2, 6/3, 36 ва 38 воқеъ мебошанд, иқдоми Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии кишварро дар мавриди бунёди иншооти варзишию фарҳангӣ самараи неки таваҷҷуҳу ғамхориҳои Роҳбарияти олии мамлакат ба кӯдакону наврасон ва ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста, арзёбӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки  имрӯзҳо дар дигар маҳаллаҳои пойтахт бунёди чунин майдончаҳои варзишию фароғатӣ идома дошта, он ифодагари сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе унвон мегардад.

 

 

 

 

Иќдоми хирадмандона ва њаётбахши байналмилалии

Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон

30 апрели соли 2018 дар Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон бо маќсади фањмондадињии ањамияти таърихї, сиёсї ва ичтимоии Ќатъномаи Маљмааи Созмони Милали Муттањид аз 21 декабри соли 2016 оид ба Дањсолаи байнал­милалии амал «Об барои рушди устувор барои солњои 2018-2028» ва оѓози Дањсолаи байнал­милалии мазкур ња­моиш доир гардид.

Дар кори њамоиши коллективи Суди Конститутсионї, дирек­тори Инс­ти­­­­­тути масъалањои об, гидроэнергетика ва экологияи Ака­де­мияи илм­њои Љум­њурии Тољикистон Кобулиев З.В. иштирок ва атрофи та­моми ташаббусњои созандаи Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољи­кистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар масъалаи об бо маърўза баро­мад намуд.

Номбурда аз љумла зикр кард, ки Пешвои миллат 22 марти соли равон ба шањри Нь-Йорк сафари корї анљом дода, дар чорабинии сатњи баланд ба муносибати оѓози Дањсолаи бай­нал­милалии амал «Об барои рушди устувор барои солњои 2018-2028» иштирок ва дар мавзўи «Об мењвари асосии рушди устувор аст», маърўза намуд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббусњои созандаи Роњбари дав­лати мо, соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳ­солаи байналмилалии ама­лиёт «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байнал­милалии ҳамкорї дар соҳаи об» эълон ва мавриди амал ќарор гирифта, чорабинињои сершумори он то андозае дар масъалаи дастрасї ба об таъсири назарраси худро расониданд.

Дар маърўзаи худ, Пешвои миллат бори дигар таваљљуњи љомеаи љањонро бо масъалаи об, дастрасї ба он љалб намуда, зикр кард, ки им­рўзњо дар љањон 276 њавзаи дарёњои байналмимилалї мављуд аст, ки он­њо њудуди 148 кишварро дар бар гирифта, дар он љо 40% ањолии кўраи замин зиндагонї доранд.

Љумњурии Тољикистон тайи понздањ соли охир барои њалли ма­соили дастрасї ба обу бењдошт ќариб як миллиард доллари амрикої сарф кардааст. Танњо дар зарфи панљ соли охир 1, 2 миллион нафар бо оби ошомидании босифат ва 600 000 нафар бо оби ошомидани бехатар таъмин гардид.

Дар кори њамоиш иштирокдорони он изњор доштанд, ки татбиќи ташаббусњои Пешвоми миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон дар соњаи обу бењдошт барои амалї кар­дани њадафњои конститут­сионии давлат дар масъалаи давлати иљ­тимої будани Тољикистон, ба њар шањрванд таъмин намудани шароити ар­зандаи зиндагї ва тањкими заминањои љомеаи адолатпарвар нигаронида шуда, барои пешрафти љомеаи демокративу њуќуќ­бунёд, ки дар он инсон ва њуќуќу озодињои ў арзиши олї эътироф шудаанд, њамчунин таќвияти ман­фиат­ҳои миллї, тањкими сулњу субот ва якпорчагию ваҳдати миллї мусоидат мекунад.

 

 

 

Аз 26 феврал то 1 марти соли 2018 бо маќсади иштирок дар љаласаи ёздањуми Гурўњи маќсаднок оид ба дастраси ба адолати судї тибќи Конвенсияи Орхус ва љаласаи махсус барои намояндагони маќомоти судї сафари кории судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д. ба шањри Женева доир гардид.

Дар кори ин чорабинињои сатњи байналмилалї, ки бо ташаб­буси Комис­сияи Аврупоии иќтисодии Созмони Милали Муттањид доир гардид, намоян­дагони маќомоти судии давлатњои љањон ва созмон­њои бонуфузи бай­нал­ми­лалї, аз ќабили Арманистон, Албания, Бело­русия, Босния-Гертсо­говиния, Гурљистон, Ирландия, Испания, Италия, Латвия, Румыния, Ќазо­ќис­тон, Ќирѓи­зистон, Македония, Малта, Молдавия, Монтенегро, Нидерландия, Норвегия, Озарбойљон, Олмон, Румыния, Сербия, Словения, Словакия, Украина, Чехия, Шветсия, Ховартия, Эстония, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Аврупо, котиботи Конвенсияи Орхус ва дигарон иштирок ва суханронї намуданд.

Чорабинињо дар сатњи хуби омодагї доир гардида, дар он мавзўњои мухталифи марбут ба мустањкамгардонии механизми њалли судии парван­дањои марбут ба дастрасї ба иттилои экологї, дархост оид ба гирифтани иттилоот оид ба парвандањои судї марбут ба муњити зист, талабот оид ба мустањкамгардонии имконияти судњо вобаста ба баррасии парвандањое, ки аз љониби маќомоти судї ва дигар маќомоти назорати дар соњаи муњити зист баррасї мешаванд, њамкории глобалї ва минтаќавї дар самти мусои­дат бањри бењтар намудани дастарсї ба адолати судї, ќонунгузории кишварњои алоњида дар масаъалњои экологї ва дастарсї ба иттилои экологї, таљрибаи судї дар давлатњои алоњида ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Зимни кори чорабинї бо иштироки намояндагони маќомоти судї, судяи Суди Конститутсионї Њошимзода Д. вобаста ба наќши Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон дар таъмини волоияти Консти­тутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, амалишавии њуќуќњои конститутсионии шањрванд, татбиќи муќаррароти Конвенсияи Орхус дар ќонунгузории миллї, амалишавї ва ташаккули ќонунгузории соњаи дастрасї ба иттилоот ва муњити зист суханронї намуда, мављудияти ќонунгузории муосирро дар ин самт муњиму назаррас арзёбї намуд.

 

 

 

12 феврали соли 2018 нашри шуморавии маљаллаи илмї – иттилоотии Ахбори Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон №3-4, 2017 ки дар он Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба парлумон, инчунин фаъолияти Суди Конститутсионї инъикос гардида, ќарору таъи­ноти судї, маќолањои Раис ва судяњои Суди Конститут­сио­нии киш­вар ва давлатњои хориљ, инчунин олимони соњаи њуќуќ гирд оварда шудаанд, бо забонњои давлатї ва русї аз чоп баромад.

Дар ин шумораи маљаллаи илмї-иттилоотї Ќарори Суди конститут­сионї аз рўи дархости шањрвандон Хурамов З.Н. ва Њасанов Љ.К. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати сархати чоруми ќисми 4 моддаи 59 Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон аз 12 январи соли 2010, № 595 «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» ва сархати якуми фармоиши Агентии суѓуртаи иљти­мої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 январи соли 2017, №6 «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафаќаи шањрвандон ва тартиби таъини нафаќањо аз 1 январи соли 2017» ба моддаи 39 Конститут­сияи Љумњурии Тољикистон» ва се таъиноти судї бо забонњои давлатї ва русї нашр карда шуда­анд.

Ќисмати алоњидаи маљалла ба навидњои Суди Конститутсионї бах­шида шуда, дар он иттилоот оид ба маљлисњои судии доиргардида, иштироки намояндагони Суди Конститутсионї дар чорабинињои мухта­лифи дохил ва хориљи кишвар, дастовардњои суд, иттилоот оид ба љала­са­њои идоравї марбут ба мавзў­њои мухталиф ва дигар ахбороти муњим гирд оварда шудааст.

Хоњишмандон метавонанд ин маљаллаи илмї-иттилоотиро аз китоб­хонаи Суди Конститутсионї дастрас намоянд ё тавассути сомонаи идоравї аз иттилооти дар он гирдовардашуда истифода баранд.

 

 

 

 

 
« ПерваяПредыдущая12345678910СледующаяПоследняя »

Страница 1 из 38