08:21:08 - 17.09.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз481
mod_vvisit_counterДирӯз1290
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3154
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида9647
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ21769
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида36405
mod_vvisit_counterҲамагӣ920356

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Аз 13-14 июни соли 2012 дар шањри Женева вохўрии Панљуми гурўњи маќсаднок оид ба дастрасї ба адолати судї вобаста ба масъалањои њифзи муњити зист дар доираи татбиќи моддаи 9 Конвенсияи Орхус доир гардид, ки дар кори он роњбари Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон - Њошимов Д.Д. иштирок намуд.

Дар кори чорабинии мазкур инчунин намояндагони зиёда аз 20 давлати љањон, аз ќабили Гурљистон, Ќирѓизистон, Озорбойљон, Молдова, Украина ва дигар давлатњо, њамчунин намояндагони як ќатор созмонњои байналмилалї иштирок намуданд.

Зимни вохўрии мазкур масоили вобаста ба татбиќи меъёрњои моддаи 9 Конвенсияи Орхус дар хусуси аз љониби иштирокчиёни Конвенсия бо назардошти ќонунгузории миллї таъмин намудани амалишавии њуќуќи мустаќилона мурољит намудани шахсони њуќуќї ба маќомоти судї оид ба амал ва беамалии шахсони воќеї, ки муќаррароти ќонунгузории миллии давлати худро вобаста ба муњити зист вайрон мекунанд ва инчунин масъалаи вобаста ба пардохти харољоти судї њангоми мурољиат намудани шахсони њуќуќї ба маќомоти судї дар хусусї њифзи муњити зист мавриди баррасї ва муњокима ќарор гирифт.

Дар рафти вохўрї иштироккунандагон оид ба меъёрњои ќонугузории амалкунандаи кишвари худ, аз ќабили ќонунгузории мурофиавї дар масъалаи ба шахсони њуќуќї имконпазир будани мустаќилона ва бемамониат мурољиат намудан ба маќомоти судї ибрози андеша намуданд.

 

 

 

12 июни соли 2012 вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М.Н. ва судяи Суди конститутсионї Абдуллоев А.А. бо Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Озорбойљон дар Љумњурии Тољикистон Аббосалї Карим Огли Гасанов доир гардид.

Дар рафти вохўри љонибњо ба фаъолияти мўътадили Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамчун маќомоти мустаќили њокимияти судї ањамияти хоса зоњир намуда, наќши ин маќомоти назорати конститутсиониро дар таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд муфид арзёбї намуданд.

Таваљљўхи зиёд зимни мулоќоти тарафайн ба масълаи ба имзо расонидани Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї миёни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Љумњурии Озарбойљон зоњир карда шуд.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов иброз дошт, ки Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон љињати ба имзо расонидани ин санади муњими байналмилалї, ки барои боз њам густариши њамкорињои муфид байни маќомоти назорати конститутсионии ду давлати демокративу њуќуќбунёд заминаи њуќуќи мегузорад, омода мебошад.

Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Озорбойљон дар Љумњурии Тољикистон Аббосалї Карим Огли Гасанов оид ба ташаккули муносибатњо байни судњои конститутсионии ду давлат ибрози андеша намуда, азми устувори худро бањри сањмгузории намоён дар татбиќи амалишавии наќшањои судбахш вобаста ба њамкорињои дутарафа изњор дошт.


 

 

 

1 июни соли 2012 вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М.Н. ва судяи Суди конститутсионї Абдуллоев А.А. бо сафир оид ба супоришњои махсуси Вазорати корњои хориљии Финляндия хонум Лаура Рейнил ва Президенти Суди Олии маъмурии Финляндия доктор Пекка Холберг доир гардид.

Зимни сўњбат, тарафњо оид ба њамкорї дар самти татбиќи Барномаи «Баробарњуќуќї дар назди ќонун – роњи адолат дар Осиёи Марказї» ва оид ба мазмун ва мўњтавои китоби доктор Пекка Холберг «Волоияти ќонун: Дурнамо» сухан ронда, амалишавии сариваќтии барномаи мазкурро дар роњи таъмини меъёри конститутсионї оид ба баробарии њама дар назди ќонун ва суд, инчунин таъмини њуќуќи конститусионии њар шахс ба кафолати њифзи судї амри сариваќти арзёбї намуданд.

Љонибњо дар рафти мулоќот аз наќши Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар таъмини волоияти Конститутсия ва амалишавии меъёрњои он, ки ба њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд равона гардидааст, иброзї андеша намуданд.

Дар робита ба амалишавии меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов иброз дошт, ки дар Тољикистон њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд арзиши олї эътироф шуда, њељ як падида аз онњо боло намебошад. Дар Тољикистон њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ба воситаи Конститутсия, ќонунњои љумњурї ва дигар санадњои байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, њифз карда мешаванд.

Њамчунин зимни вохўрї тарафњо оид ба дигар масъалањои вобаста ба дастрасї ба адолати судї андешаронї намуда, барои боз њам густариш додани њамкорињои мутаќобилан судманд омодагии худро иброз доштанд.

 

 

 

 

Аз 21 то 24 майи соли 2012 дар шањри Сэули Љумњурии Кореяи Љанубї Конгресси муарификунандаи Ассотсиатсияи судњои конститутсионии Осиё ва институтњои монанд дар мавзўи «Имрўзу ояндаи адолати судии конститутсионї дар Осиё» доир гардид.

Дар кори Конференсияи мазкур раисон, муовинон, судяњои Судњои конститутсионї ва институтњои њамшабењи зиёда аз 30 давлатњои Осиё, инчунин Президенти Комиссияи Аврупо оид ба демократия таввассути њуќуќи Шўрои Аврупо, раисони Судњои конститутсионии Австрия, Олмон, Љумњурии Африќои Љанубї, Миср ва дигар давлатњо, инчунин намояндагони як ќатор созмонњои байналмилалї иштирок намуданд.

Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар кори Конгресси мазкур судя-котиб Каримов К.М. ва судя Абдуллоев Л.И. намояндагї намуданд.

Пеш аз оѓози кори Конгресс љаласаи Шўрои Ассотсиатсия, ки он айни њол аз 9 аъзо иборат аст ва Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон низ аъзои он мебошад, љамъ омад. Шўро њисоботи Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Кореяи Љанубї- Раиси Асостсиатсия доктор Ли Конг Кукро шунида, масъалањои тасдиќи нишон ва байраќи Ассотсиатсия, дархости Суди Олии Љумњурии Исломии Покистон оид ба пазируфта шудани он ба аъзогии Ассотсиатсия, Созишномаи њамкорї миёни Ассотсиатсияи Судњои конститутсионии Осиё ва институтњои њамшабењ ва Комиссияи Аврупо оид ба демократия таввассути њуќуќи Шўрои Аврупо ва ташкили Сомонаи интернетии Ассотсиатсияро муњокима ва якдилона ќабул намуд.

Муфассалтар
 

 

Аз 22 то 23 маи соли 2012 дар шањри Алмаатои Љумњурии Ќазоќистон вохўрии минтаќавии намояндагони Давлатњои Осиёи Марказї дар мавзўи «Амалигардонии Конвенсияи Орхус имрўз: таъмини роњњои бењтар кардани муњити зист ва идоракунии фардо» доир гардид.

Вохўрии мазкур ба масъалањои дастраси ба иттилоот, иштироќи љомеа дар ќабули ќарор ва дастраси ба адолати судї дар масъалањои муњити зист бахшида шуда, дар якљоягї бо Комиссияи иќтисодии Аврупої ва Созмони њамкорї ва амният дар Аврупо (ОБСЕ) баргузор гардид.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар чорабинии мазкур судяи Суди конститутсионї Гулзорова М.М. ва сармутахасс оид ба кор бо кадрњои Дастгоњи Суди конститутсионї Холикова Ш.С. намояндагї намуданд.

Дар доираи чорабинии мазкур масъалањои гуногун аз ќабили таъмини дастарасии ањолї ба адолати судї ва наќши низоми судї дар таъмини дастрасии љомеа ба адолати судї мавриди баррасї ва муњокима ќарор дода шуданд.

Инчунин дар доираи сафари мазкур вохўрии намояндагони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо њамоњангсози намояндагии Шветсария оид ба рушд, намояндагони давлатњои Ќазоќистон ва Муѓулистон доир гардида, дар он масоили вобаста фаъолияти низоми судї ва њамчунин пешнињодњо љињати такмили ќонунгузорї дар соњаи экология мавриди баррасї ќарор дода шуданд.

 

 

 

 

 

15 майи соли 2012 тањти раисии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. дар Суди конститутсионї мурофиаи судї аз рўи дархости шањрванд Бобоев Љ. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид.

Дар барасии масъалаи мазкур намояндагони ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон, намояндагони Вазорати адлия, Вазорати корњои дохилї, Суди Олї, Прокурори генералї, Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон ва дигар маќомоти дахлдори давлатї иширок намуданд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи мазкурро баррасї намуда, ќайд менамояд, ки тартиби пешбининамудаи сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки он ба маводи тафтишот шинос шудани љабрдида ва дигар иштирокчиёни мурофиаро пас аз анљоми тафтиш танзим менамояд, наметавонад њамчун њолати мањдудкунандаи њуќуќи љабрдида ба гирифтани иттилоот оид ба парвандаи ў арзёбї гардад.

Зеро ќонунгузор вобаста ба мавзўи мурофиаи љиноятї, яъне баррасии љиноят ва ошкор кардани он, инчунин таъмин намудани адолати судї, ки ќисмати муњими адолати иљтимої дар љомеа ба шумор меравад, тартибе муќаррар кардааст, ки он бояд барои пурра ва объективона муайян намудани њолатњои кор, айбдоркунии шахси ба љавобгарї кашидашуда ва барќарор намудани зарари ба љабрдида расонидашуда мусоидат карда тавонад.

Дар давоми тафтиши пешакї шинос намудани иштирокчиёни мурофиаи љиноятї бо маводи тафтиш- ин амалан вайрон ва фалаљ гардидани раванд ва тартиби љамъоварии далелњо, исботкунии гуноњ ва љинояти содиргардида мебошад. Дар ин њолат тафтиши пешакї њамчун зинаи муњими мурофиаи љиноятї аз амалї намудани вазифањо ва маќсади пешбурди мурофиаи љиноятї мањрум гардида, ањамияти њуќуќї ва иљтимоии худро аз даст медињад.

Бо ин назардошт, сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» мутобиќ њисоб карда шуд.

Њамзамон, Суди конститутсионї диќќати Вазорати корњои дохилї ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистонро ба риояи бечуну чарои талаботи моддаи 18 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «ба њељ кас шиканља, љазо ва муносибати ѓайриинсонї раво дида намешавад» љалб намуд.

 

 

 

 
« ПерваяПредыдущая31323334353637383940СледующаяПоследняя »

Страница 31 из 41