НАТИЉАГИРЇ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНЇ ДАР СОЛИ 2017
15 декабри соли 2017 дар толори маљлисгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо иштироки Раис, муовини Раис, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди Конститутсионї маљлиси љамбастии фаъолияти суд дар соли 2017 доир гардид.
Мањкам Мањумдзода - Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлисро њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки соли 2017 барои мардуми сарбаланди кишвар боз як соли шукуфої ва пешрафти соњањои хољагии халќ, боло рафтани эътибори байналмилалии Љумњурии Тољикистон, тањкими ѓояҳои ватандўстї, худогоҳиву худшиносї дар љомеа, эҳтироми анъанаву суннатҳои миллї ва соли баргузории руйдодњои бузурги сиёсиву фарњангї арзёбї мегардад.
Дар фазои бошукўњ ва идона таљлил гардидани солгарди Истиќлолияти давлатї, 25-солагии Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, 20-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї, Рўзи Конститутсияи кишвар ва дигар идњои миллї шањодати дар роњи рушди устувору бомаром ќарор доштани давлати навини тољикон мебошад.
Дар вазъияти басо мураккаби сиёсии мамлакат, баргузор гардидани Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олї ва дар он якдилона аз љониби вакилони мардумї ба вазифаи Раиси Шўрои Олї интихоб гардидани Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба раванди бомароми сулњи тољикон оѓоз бахшид ва роҳ ба сўйи ризоият ва ваҳдати миллї боз гардид. Ба муќовиматњои мусаллањона хотима гузошта шуда, вазъи ноороми кишвар рў ба эътидол овард, заминањо ва унсурњои давлатдории миллї роњандозї гардиданд.
Дар ин замина, сол аз сол сатњи худшиносиву худогоњии халќамон баланд ва вазъи иќтисодиву иљтимоии он бењтар гардида, некўањволї хусусияти муътадил касб карда, шањрвандони мо дар њама соњањои њаёти љомеа, алалхусус тиљорату соњибкорї ба муваффаќиятњои назаррас ноил мегарданд.
Ин равандњои муњими рушди давлатдорї ба фаъолияти тамоми маќомоти њокимияти марказї ва мањаллї, низоми њокимияти судї, аз љумла Суди Конститутсионї таъсири мусбї расонида, падидањои демократиро тањким мебахшанд.
Мањкам Мањмудзода њамчунин иброз дошт, ки дар ин соли пурфайз судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди Конститутсионї низ аз равандњои сиёсию иљтимої ва њуќуќии мамлакат дар канор намонда, тавассути ба амалбарории рисолати касбї, корњои муайянеро ба сомон расониданд.
Сипас муовини Раиси Суди Конститутсионї Каримзода К., роњбари дастгоњи суд Гулзода А. ва сардорони шуъбањо Нурляминзода Г., Ѓоибов П. ва Муњаббатов Љ. оид ба самтњои фаъолияти касбии суд дар соли 2017 ба њозирин иттилоъ доданд.
Баромадкунандагон аз љумла зикр намуданд, ки дар соли 2017 аз љониби Суди Конститутсионї дар асоси дархости субъектњои њуќуќ, бо маќсади муайян намудани мувофиќати санадњои меъёрии њуќуќї ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон 10 адад парвандањо баррасї гардида, нисбати онњо ќарору таъиноти дахлдори судї ќабул карда шуданд.
Чунончи, Суди Конститутсионї парвандаро аз рўи дархости шањрвандон Хурамов З.Н. ва Њасанов Љ.К. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати сархати чоруми ќисми 4 моддаи 59 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» ва сархати якуми фармоиши Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 январи соли 2017, №6 «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафаќаи шањрвандон ва тартиби таъини нафаќањо аз 1 январи соли 2017» ба моддаи 39 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, бо ќарори худ аз 8 декабри соли 2017 сархати зикршудаи ќонунро ба Конститутсия мутобиќ арзёбї намуд.
Новобаста аз ин, Суди Конститутсионї дар асосњои ташкилии суѓуртаи њатмии нафаќаи касбии пешбининамудаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї», дар масъалаи пардохтњои нафаќаи касбї мушкилињо ошкор намуд, ки мебоист онњо аз лањзаи мавриди амал ќарор гирифтани Ќонуни зикршуда то 1 январи соли 2017 њаллу фасли дурусти худро меёфтанд.
Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, Суди Конститутсионї зарур шуморид, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа љињати бартараф намудани мушкилоти вобаста ба њолати татбиќи суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї ва механизми татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи суѓуртаи њатмии нафаќавии касбї», ки дар масъалаи андухтњои нафаќаи касбї ба миён омадаанд, чорањои таъхирнопазирро амалї намоянд.
Суди Конститутсионї Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистонро њамчунин вазифадор намуд, ки фармоишро «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафаќаи шањрвандон ва тартиби таъини нафаќањо аз 1 январи соли 2017» ба талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» мувофиќ намуда, якљо бо Корхонаи воњиди давлатии «Роњи оњани Тољикистон» љињати таъмини кафолати конститутсионии шањрвандон Хурамов З.Н. ва Њасанов Љ.К. ва дигар кормандони соња ба нафаќаи касбї тадбирњои муассир андешанд.
Суди Конститутсионї нисбат ба њашт мурољиатњои субъектњои њуќуќ дар хусуси муайян намудани мутобиќати ин ё он санадњои меъёрии њуќуќї ба Конститутсия ва дигар масъалањои амалияи њуќуќии фаъолияти маќомоти давлатї таъинотњои дахлдор ќабул намуда, масъулинро барои бартараф намудани камбудињои љойдошта вазифадор намуд.
Дар соли равон 86 санадњои меъёрии њуќуќии маќомоти мањаллии њокимияти давлатии шањру ноњияњои Вилояти Мухтори Кўњистон Бадахшон, вилоятњои Суѓду Хатлон, шањри Душанбе ва шањру ноњияњои тобеи љумњурї, бо маќсади муайян намудани мувофиќати онњо ба Конститутсия ва талаботи ќонунгузории амалкунанда, мавриди омўзиш ќарор дода, диќќати масъулин барои бартараф кардани камбудињои љойдошта љалб карда шуд.
Камбудињои дар санадњои меъёрии њуќуќї љойдошта бартараф карда шуда, сифати тањия ва ќабули санадњои меъёрии зикршуда бењтар мегардад. Ин таљриба минбаъд низ идома дода хоњад шуд.
Дар соли 2017 ба Суди Конститутсионї 244 нафар мурољиатњои хаттї ва шифоњии шахсони воќеї ва њуќуќї ворид гардидаанд, ки онњо тибќи талаботи ќонунгузории амалкунанда мавриди баррасї ќарор дода шуда, ба мурољиаткунандагон маълумоти дахлдор пешнињод карда шудааст.
Ба истиснои мурољиатњои шахсони воќеї ва њуќуќї, ба Суди Конститутсионї, инчунин 1887 маводњои гуногун аз љумла: 930– санадњои меъёрии њуќуќї; 306 – мактубњо аз маќомоти гуногуни давлатї ва љамъиятї; 651 – адад мавод тавассути почтаи электронї аз дохил ва хориљи кишвар, аз љумла 90 –мактуб аз маќомоти назорати конститутсионии давлатњои хориљї ворид гардиданд.
Мавод, санадњо ва њуљљатњои хусусиятњои иљрої дошта, сариваќт мавриди баррасї ќарор гирифта, нисбати онњо чорањо андешида шуда, ба маќомоти дахлдор ва шањрвандон љавобњои дахлдор ирсол карда шудааст.
Суди Конститутсионї дар навбати худ ба дигар маќомоти марказї, мањаллї ва маќомоти њамшабењи давлатњои хориљии худ 676 мактуб оид ба масъалањои гуногун (511 адад мактуб, 165 мактуб ва њуљљат тавассути почтаи электронї) ирсол кардааст.
То сенздањуми декабри соли 2017 зиёда 268 690 нафар шахсон ба сомонаи Суди Конститутсионї ворид гардида, бо маводи он шиносої пайдо намуданд. Шумораи шахсони бо сомонаи Суди Конститутсионї шиносгардида, нисбат ба соли 2016 68 690 шахс зиёдтар мебошад.
Њамкорињои байналмилалии Суди Конститутсионї бо маќомоти назорати конститутсионии дигар давлатњо низ сол аз сол тањким ёфта, вусъати тоза пайдо мекунад.
Судяњо ва кормандони масъули Дастгоњи Суди Конститутсионї љињати иштирок дар чорабинињои мухталифи маќомоти назорати конститутсионии давлатњои хориљї, ба Федератсияи Россия, Индонезия, Литва, Ќазоќистон, Корея, Туркия, Италия ва Ўзбекистон сафари корї анљом дода, дар Конгреси умумиљањонии маќомоти назорати конститутсионї ва љаласањои Конфронси маќомоти назорати конститутсионї ва маќомоти њамшабењи давлатњои Осиё бо маърўзањои илмї-амалї оид ба рушди конститутсионализми Тољикистон, наќши Конститутсия ва маќомоти назорати конститутсионї дар њифзи њуќуќу озодињои инсон, рушди низоми сиёсї ва њуќуќї дар мамлакат, инчунин дигар мавзўњои соњаи њуќуќ баромад намуданд.
Намояндагони Суди Конститутсионї дар соли равон дар чорабинињои вобаста ба фањмондадињии мазмуну муњтавои Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї, моњияти таѓйиру иловањои ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон» воридгардида, Рўзи Вањдати миллї, Соли љавонон, Рўзи Конститутсия, Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон ва Рўзи Парчами давлатї фаъолона иштирок намуданд.
Намояндагони Суди Конститутсионї роњбарони гурўњњои корї оид ба ташвиќу тарѓиби масъалањои зикршуда дар ноњияњои Данѓара, Фархор, Шањринав ва Лахш буда, кормандони масъул дар њайати гурўњњои корї дар шањрњои Душанбе, Вањдат, Панљакент, Хуљанд, Бўстон, ноњияњои Ванљу Дарвоз ва ноњияњои минтаќаи Ќўрѓонтеппа ва Кўлоби вилояти Хатлон зиёда аз 70 вохўрињои судманд баргузор намуданд.
Њамчунин, аз љониби Раис, муовини Раис, судяњо ва кормандони масъули Дастгоњи Суди Конститутсионї оид ба ањамияти таърихию сиёсии ќабули Конститутсия, наќши Конститутсия ва Суди Конститутсионї дар рушди давлатдории миллї дар шонздањ вазорату идорањои давлатї ва муассисањои олии таълимї вохўрињои судманд гузаронида шуданд.
Кормандони суд тавассути радио ва шабакањои телевизионии «Тољикистон», «Сафина», «Љањоннамо», «Радиои Тољикистон», «Садои Душанбе» ва «Ховар» баромад намуда, дар рўзномањои «Љумњурият», «Вањдат», «Инсон ва ќонун» ва «Народная газета» дар мавзўњои марбут ба Конститутсия, Вањдати миллї, њадафњои созандаи Паём ба парлумон, наќши ќонуни миллї дар танзими масъалањои њаёти љомеа ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ маќолањои зиёд ба табъ расониданд.
16 июн дар Суди Конститутсионї бахшида ба 20-солагии ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї», ки њамчун санади таърихї барои расидан ба вањдати миллї дар кишвар мусоидат кард, дар мавзўи «Вањдати миллї ва рушди давлатдорї» мизи мудаввар доир гардид.
Дар кори он намояндагони маќомоти давлатї ва олимони соњаи њуќуќ иштирок ва бо маърўза баромад намуда, љанбањои гуногуни вањдати миллї ва наќши онро дар давлатдории миллї мавриди тањлил ќарор доданд.
Мизи мудавваре, ки 2 ноябри соли 2017 дар Суди Конститутсионї бахшида ба Рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Конститутсия ва рушди давлатдории миллї» доир гардид, аз тарафи олимону мутахассисон ва намояндагони маќомоти давлатии дар он иштирокдошта, муфид арзёбї гардид.
Дар доираи мавзўи баррасишаванда наќши Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар тањия ва ќабули Конститутсия, наќши Конститутсия дар рушди сиёсати дохилї ва хориљии давлат, иќтисодиёту иљтимоиёт, тањкими институтњои сиёсї ва њуќуќї, давлат ва рукнњои алоњидаи он мавриди тањлил ва хулосабарорї ќарор гирифт.
Умуман, аз љониби баромадкунандагон зикр шуд, ки фаъолияти бомарому густурдаи Суди Конститутсионї дар соли 2017 шањодати он аст, ки ин маќом дар рушди давлати њуќуќбунёд рўз аз рўз ањамияти хоса пайдо карда, он дар амалї намудани маќсаду вазифањои давлат ва љомеаи Тољикистон, тањкими давлату давлатдорї, бунёди љомеаи демократї ва адолатпарвар наќши арзандаи худро мегузорад.
Дар фарљоми маљлис аз натиљаи фаъолияти Суди Конститутсионї дар соли 2017 ќарори дахлдори маљлиси умумї ќабул гардида, бобати ноил шудан ба дастовардњои боз њам назарраси касбї дар соли 2018 вазифагузорї карда шуд.
Њамчунин дар хотимаи маљлис якдилона наќшаи кории Суди Конститутсионї барои соли 2018 ва наќшаи кории дастгоњи Суди Конститутсионї барои соли 2018 ќабул гардиданд.
|