23:24:19 - 17.01.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз22
mod_vvisit_counterДирӯз667
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2500
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида4748
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ11247
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида14844
mod_vvisit_counterҲамагӣ290013

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Паёми Пешвои миллат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва заминаҳои давлати

ҳуқуқбунёд таҳким мебахшад

ДУШАНБЕ, 5.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти давлатиро водор месозад, ки баҳри амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ки ба хотири таҳкими муносибатҳои байналмилалии мамлакат, ҳифзи суботу оромӣ, рушди муназзами соҳаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва таъмини шароити боз ҳам арзандаи зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат нигаронида шудааст, фаъолияти хешро тақвият бахшанд.

Ҳамин аст, ки ҳамасола мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳар фарди бонангу номуси кишвар мекӯшад, ки фаъолияти бомароми хешро баҳри  амалисозии вазифаҳои Паёми созандаи Пешвои миллат ба Парлумон ва иҷрои барномаву стратегияҳои мухталиф, ки ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва таҳкими заминаҳои ваҳдати миллӣ нигаронида шудаанд, равона созад.

Мусаллам аст, ки дар ҳар як Паём ба рушди низоми ҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои демократию фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ, ки омили муҳими кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи адолатпарвар ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мебошанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад, инчунин  эҳтиром, риоя ва иҷрои қонун мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти давлатӣ маънидод мегардад.

Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат ба сиёсати ҳуқуқӣ ва аҳамияти падидаҳои давлати ҳуқуқбунёд барои пешрафти ҷомеа аҳамияти махсус зоҳир намуда, зикр карданд, ки «Ҷумҳурии мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намуда­аст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд».

Зимнан, бо шарофати иродаи сиёсӣ ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар солҳои аввали соҳибистиқ­лолӣ новобаста ба вазъи мураккаби ҷумҳурӣ ислоҳоти бомароми ҳуқуқӣ дар мамлакат оғоз гардид, рукнҳои давлатӣ барқарор шуданд ва Консти­тут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ва иродаи якдилонаи мардуми сарбаланди мамлакат қабул гардид.

Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ муаррифӣ намуда, халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон дошт ва барои расидан ба сулҳи комил дар мамлакат заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Имрӯз дар заминаи меъёрҳои Конститутсия сиёсати ҳуқуқии давлат, дар ҳолати рушду такомул қарор дорад, бинобар таҳкими парламентаризми миллӣ муҳимтарин қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд ва дар онҳо арзишҳои эътирофнамудаи санадҳои байналмилалии универсалӣ инъикоси худро пайдо намуданд.

Муҳим аз ҳама, унсурҳои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ рушд ёфтанд ва дар заминаи онҳо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид,  кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон меҳвари асосии сиёсати давлатӣ дониста шуд, падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд ва барои амалишавии принсипи гуногунандешии сиёсӣ, озодии сухан ва виҷдон заминаи муосид фароҳам омад.

Пешвои миллат дар Паём аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар гар­дида, зикр намуданд, ки «фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад».

Қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии мардуми мамлакат қабул гардид, суннатҳои мардумиро ҳамчун омили инъикоску­нан­даи фарҳанги волои инсонӣ маънидод кард ва онҳоро аз дахолати ноҷои ҳар гуна андеша­ҳои номатлуб ва ифротӣ эмин нигоҳ дошта, омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ гардид.

Дар як муддати кӯтоҳ қонун ниҳоят натиҷаи муфид ба бор овард ва барои бартараф намудани исрофкорию хароҷоти беҳуда дар тӯю маърака ва маросимҳои азодорӣ, паст кардани унсурҳои манфии худнамоӣ, тақлид­корӣ ва инчунин барои нигоҳ доштани нарху наво дар бозори истеъмолӣ мусоидат кард ва ба буҷаи ҳар як оила сабукӣ овард.

Бинобар зарурати ба миёномада ва таклифу пешниҳодҳои сершумори аҳолӣ бо ташаббуси Роҳбари давлат ба Қонуни зикршуда соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо ба такмили қонун, пешгирии хурофоту зоҳирпарастӣ ва хароҷоти нолозим зимни баргузории ҷашну маросимҳо нигаронида шуда буданд.

Имрӯз кишвари мо бинобар амалишавии сиёсати созандаи Пешвои миллат бомаром дар ҳоли рушд қарор дошта, дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои азим ба назар мерасанд. Ин омил ҳар як шахси худогоҳу худшиноси мамлакатро водор месозад, ки ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои дар Паём гузошташуда дучанд фаъолият намуда, бо дарки амиқи қарзи шаҳрвандии худ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократиамон саҳмгузор бошад.

Даврон ҲОШИМЗОДА,

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқ

 

 

 

 

 

Мањкам Мањмудзода «Фароҳам овардани фазои ҳуқуқї дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад» ќайд гардидааст,

дар Паёми Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон.


27 декабр дар Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо ишти­роки Раис, судяњо ва кормандони Суди Конститутсионї дар мавзўи «Паёми Пешвои миллат ва тањкими арзишњои демократї» њамоиш доир гардид.

Мањкам Мањмудзода - Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон зимни баромад дар њамоиш ќайд намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба парлу­мон њамчун барномаи мукаммали сиёсиву њуќуќї рушди соњањои мухта­лифи њаёти љомеаи навини моро дар як давраи муайян мавриди тањлилу натиљагирї ќарор дода, бобати ноил шудан ба дастовардњои боз њам назаррас дар соњањои иќтисодиву иљтимої ва фарњангї, инчунин тањкими суботу оромии љомеа, таъмини волоияти ќонун тартиботи њуќуќї дар назди маќомоти давлатї ва умуман љомеаи Тољикистон вазифањои мушаххас гузошт.

Роњбари давлат дар Паём ғояҳои асосии эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро ташкил кардани таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маънидод намуда, зикр карданд, ки муносибатҳои ҷамъиятї дар ҳамаи соҳаҳо бояд тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгўйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондўстї бошанд.

Пешвои миллат њамчунин фароҳам овардани фазои ҳуқуқиро дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд дониста, ќайд карданд, ки барои амалї намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тарти­боти ҳуқуқї зарур аст, зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад.

Мањкам Мањмудзода инчунин зикр кард, ки дар асоси амалишавии њадафњои дар Паём гузошташуда њамасола дар њаёти љомеа дигаргунињои куллї рўи кор меоянд, низоми њуќуќии кишвар тањким меёбад, соњаи иќтисодиву иљтимої рушд мекунад ва дар њамина замина сатњу сифати зиндагии мардум боло мегардад, љойњои нави корї таъсис дода шуда, мардум ба шуѓли доимї фаро гирифта мешавад ва дар маљмуъ њадафњои конститутсионии давлат роњандозї карда мешаванд.

 

Сипас Даврон Њошимзода - судяи Суди Конститутсионї оид ба пањлуњои мухталифи Паёми Пешвои миллат суханронї намуда, ќайд кард, ки бинобар татбиќи бомароми вазифањои дар Паём зикршуда, љомеаи Тољикистон сарбаландона ба марњилаи сифатан нави рушд ворид гардида, шароити арзандаи зиндагї ба њар як сокини кишвар таъмин мегардад ва кафолати инкишофи озодонаи шахс таъмин мешавад.

Роњбари давлат дар Паём пешравиҳои ба дастомадаро натиљаи саъю кўшиши ҳар як сокини мамлакат дониста, ќайд намуданд, ки ин омил бори дигар аз иродаи қавї, заҳматпешагї ва ҳисси баланди ватандўстона доштани кулли шаҳрвандони Тоҷикистони муқаддасу маҳбубамон дарак медиҳанд. Минбаъд низ хурду бузурги мамлакат бояд дар навбати аввал ба хотири ҳифзи сулҳу оромї, суботи сиёсї ва ваҳдати миллї дар кишвари азизамон саъю кўшиши худро сафарбар созанд, зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд, зикр карданд Пешвои миллат.

 

 

 

 

НАТИЉАГИРЇ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНЇ ДАР СОЛИ 2017

15 декабри соли 2017 дар толори маљлисгоњи Суди Конститут­сионии Љумњурии Тољикистон бо иштироки Раис, муовини Раис, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди Конститутсионї маљлиси љамбастии фаъо­лия­ти суд дар соли 2017 доир гардид.

Мањкам Мањумдзода - Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон маљлисро њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки соли 2017 барои мардуми сарбаланди кишвар боз як соли шу­­куфої ва пешрафти соњањои хољагии халќ, боло рафтани эъти­бори байнал­милалии Љумњурии Тољи­кис­тон, тањкими ѓоя­ҳои ва­тандўстї, худогоҳиву худшиносї дар љомеа, эҳти­роми анъанаву сун­нат­ҳои миллї ва соли баргузории руйдод­њои бузурги сиёсиву фарњангї арзёбї мегардад.

Дар фазои бошукўњ ва идона таљлил гар­дидани солгарди Ис­тиќ­ло­лияти давлатї, 25-солагии Иљлосияи таърихии XVI Шў­рои Олии Љум­њурии Тољикистон, 20-солагии ба имзо расидани Со­зиш­номаи умумии истиќ­рори сулњ ва ризоияти миллї, Рўзи Конс­титутсияи кишвар ва дигар идњои миллї шањо­дати дар роњи рушди устувору бомаром ќарор доштани давлати нави­ни тољикон мебошад.

Дар вазъияти басо мураккаби сиёсии мамлакат, баргузор гар­ди­дани Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олї ва дар он якдилона аз љониби ваки­лони мардумї ба вазифаи Раиси Шўрои Олї ин­тихоб гардидани Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба раванди бомароми сулњи тољикон оѓоз бахшид ва роҳ ба сўйи ризоият ва ваҳдати миллї боз гардид. Ба муќови­матњои мусаллањона хотима гузошта шуда, вазъи но­оро­ми кишвар рў ба эътидол овард, заминањо ва унсурњои дав­лат­дории миллї роњандозї гардиданд.

Дар ин замина, сол аз сол сатњи худшиносиву худогоњии хал­ќамон баланд ва вазъи иќтисодиву иљтимоии он бењ­тар гардида, некўањволї хусу­сияти муътадил касб кар­да, шањр­ван­­дони мо дар њама соњањои њаёти љомеа, алалхусус тиљорату соњиб­корї ба муваф­фаќиятњои назаррас ноил мегарданд.

Ин равандњои муњими рушди давлатдорї ба фаъолияти та­моми маќомоти њокимияти марказї ва мањаллї, низоми њоки­ми­яти судї, аз љумла Суди Конститутсионї таъсири мусбї расони­да, падидањои демок­ратиро тањким мебахшанд.

Мањкам Мањмудзода њамчунин иброз дошт, ки дар ин соли пур­файз судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди Консти­тутсионї низ аз ра­ванд­њои сиёсию иљтимої ва њуќуќии мамлакат дар канор на­монда, тавас­сути ба амал­барории ри­со­лати касбї, корњои муайянеро ба сомон расониданд.

Сипас муовини Раиси Суди Конститутсионї Каримзода К., роњ­бари дастгоњи суд Гулзода А. ва сардорони шуъбањо Нурляминзода Г., Ѓоибов П. ва Муњаббатов Љ. оид ба самтњои фаъолияти касбии суд дар соли 2017 ба њозирин иттилоъ доданд.

Баромадкунандагон аз љумла зикр намуданд, ки дар соли 2017 аз љониби Суди Конститутсионї дар асоси дар­хости суб­ъ­­ек­т­­­­­­­­­­­­­њои њуќуќ, бо маќсади муайян намудани муво­фи­ќати са­надњои меъёрии њуќу­ќї ба Конститутсияи Љумњурии Тољи­кис­­тон 10 адад пар­вандањо баррасї гар­ди­да, нисбати онњо ќарору таъи­нот­и дахл­дори судї ќабул карда шуданд.

Чунончи, Суди Конститутсионї парвандаро аз рўи дар­­хости шањр­ван­дон Хурамов З.Н. ва Њасанов Љ.К. «Дар хусуси муай­­­ян на­мудани мувофиќати сархати чоруми ќисми 4 моддаи 59 Ќо­нуни Љум­њурии Тољи­кистон «Дар бораи нафа­ќањои суѓуртавї ва давлатї» ва сархати якуми фар­моиши Агентии су­ѓуртаи иљти­мої ва на­фаќаи назди Њу­кумати Љумњурии Тољикистон аз 30 январи соли 2017, №6 «Дар бо­раи гузариши пурра ба низоми нави таъ­миноти нафаќаи шањр­вандон ва тар­тиби таъини нафаќањо аз 1 январи со­ли 2017» ба моддаи 39 Конс­титутсияи Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, бо ќаро­ри худ аз 8 де­кабри соли 2017 сархати зикр­шудаи ќонунро ба Конс­титутсия мутобиќ арзёбї на­муд.

Новобаста аз ин, Суди Конститутсионї дар асосњои таш­килии су­ѓур­­таи њатмии нафаќаи касбии пешбининамудаи Ќо­ну­ни Љумњу­рии Тољи­­ки­стон «Дар бораи суѓур­таи њатмии нафа­ќавии касбї», дар масъа­лаи пардохтњои нафаќаи касбї муш­ки­лињо ош­кор намуд, ки мебоист онњо аз лањзаи мавриди амал ќа­рор гириф­­тани Ќо­нуни зикршуда то 1 ян­вари соли 2017 њаллу фасли дурусти худро меёф­танд.

Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, Суди Консти­тут­си­онї зарур шуморид, ки Њуку­ма­ти Љумњу­рии То­љи­кис­тон ва Аген­тии суѓуртаи иљти­мої ва нафа­ќа љиња­ти бартараф на­мудани муш­килоти вобаста ба њолати татбиќи суѓуртаи њатмии нафаќавии кас­бї ва механизми татбиќи Ќо­нуни Љумњурии Тољи­ки­стон «Дар бораи суѓуртаи њат­мии нафаќавии касбї», ки дар масъа­лаи андух­тњои нафаќаи касбї ба миён омадаанд, чо­рањои таъхирно­пазирро амалї намоянд.

Суди Конститутсионї Агентии суѓуртаи иљти­мої ва нафа­ќаи назди Њукумати Љумњу­рии Тољикистонро њамчунин вазифадор намуд, ки фар­­моишро «Дар бораи гузариши пур­ра ба низоми нави таъми­ноти на­фа­ќаи шањрван­дон ва тартиби таъини нафа­ќањо аз 1 январи со­ли 2017» ба тала­боти Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бо­раи са­над­њои меъёрии њуќуќї» мувофиќ намуда, якљо бо Кор­хонаи воњи­ди дав­латии «Ро­њи оњани Тољи­кистон» љи­њати таъмини кафолати конститутсио­нии шањр­ван­дон Хурамов З.Н. ва Њасанов Љ.К. ва дигар кор­ман­дони со­ња ба нафаќаи касбї тад­бир­њои муассир андешанд.

Суди Конститутсионї нисбат ба њашт мурољиатњои суб­ъ­ект­­њои њуќуќ дар хусуси муайян намудани мутобиќати ин ё он са­над­њои меъёрии њуќуќї ба Конститутсия ва дигар масъалањои ама­­лияи њуќуќии фаъо­лияти маќомоти давлатї таъинотњои дахл­дор ќабул намуда, масъулинро барои бартараф намудани кам­бу­ди­њои љойдошта вазифадор намуд.

Дар соли равон 86 санад­њои меъёрии њуќуќии маќо­моти ма­њал­лии њоки­мияти дав­латии шањ­ру но­њияњои Вилояти Мух­тори Кў­њистон Бадахшон, вилоятњои Суѓду Хатлон, шањри Душанбе ва шањру ноњияњои тобеи љумњу­рї, бо маќсади муайян на­мудани му­вофи­ќати онњо ба Конститутсия ва талаботи ќонун­гузории амал­кунанда, мав­риди омўзиш ќа­рор дода, диќ­­ќати масъу­лин барои барта­раф кардани кам­бу­дињои љой­дошта љалб карда шуд.

Кам­бу­­ди­њои дар санадњои меъёрии њуќуќї љой­дошта барта­раф карда шуда, сифати тањия ва ќабули санадњои меъёрии зикр­шуда бењтар мегардад. Ин таљриба минбаъд низ идома дода хоњад шуд.

Дар соли 2017 ба Суди Конститутсионї 244 нафар муро­љиат­­њои хаттї ва шифоњии шахсони воќеї ва њуќуќї ворид гар­дидаанд, ки онњо тибќи талаботи ќонунгузории амал­ку­нанда мав­­риди баррасї ќа­рор дода шуда, ба муро­љиат­ку­нан­дагон маълумоти дахлдор пешнињод карда шудааст.

Ба истиснои мурољиатњои шахсони воќеї ва њу­ќуќї, ба Суди Кон­сти­тутсионї, инчунин 1887 маводњои гуногун аз љум­ла: 930– санадњои меъёрии њуќуќї; 306 мактубњо аз маќо­моти гуногу­ни давлатї ва љамъиятї; 651 адад мавод тава­ссути поч­таи элек­тронї аз дохил ва хориљи кишвар, аз љумла 90 –мактуб аз маќомо­ти назорати консти­тутсионии дав­латњои хо­риљї во­рид гардиданд.

Мавод, санадњо ва њуљљатњои хусусиятњои иљрої дошта, са­­риваќт мавриди баррасї ќарор гирифта, нисбати онњо чо­ра­њо андешида шуда, ба маќомоти дахлдор ва шањр­ван­дон ља­вобњои дахлдор ирсол карда шудааст.

Суди Конститутсионї дар навбати худ ба дигар маќомоти марказї, мањаллї ва маќо­моти њам­шабењи давлатњои хориљии худ 676 мактуб оид ба масъалањои гуногун (511 адад мактуб, 165 мактуб ва њуљ­љат тавассути почтаи электронї) ирсол кардааст.

То сенздањуми декабри соли 2017 зиёда 268 690 нафар шах­сон ба сомонаи Суди Конститутсионї ворид гардида, бо маводи он ши­­­носої пайдо намуданд. Шумораи шахсони бо сомонаи Суди Конс­титутсионї шиносгардида, нисбат ба соли 2016 68 690 шахс зиёдтар мебошад.

Њамкорињои байналмилалии Суди Конститутсионї бо ма­ќо­моти назорати конститутсионии дигар давлатњо низ сол аз сол тањ­ким ёфта, вусъати тоза пайдо мекунад.

Судяњо ва кор­ман­дони масъули Дастгоњи Суди Конститут­си­онї љињати иш­тирок дар чорабинињои мухта­лифи маќомоти на­­зо­ра­ти кон­сти­тут­сионии дав­латњои хориљї, ба Феде­рат­сияи Рос­сия, Индонезия, Литва, Ќа­зо­ќис­тон, Корея, Тур­кия, Ита­лия ва Ўзбекистон сафари корї анљом дода, дар Конгреси уму­ми­ља­њо­нии маќомоти назорати конс­титутсионї ва љаласањои Конф­ронси маќомоти назорати кон­с­­­титутсионї ва маќомоти њам­шабењи дав­латњои Осиё бо маъ­­рўзањои илмї-амалї оид ба рушди кон­­с­­ти­­тутси­она­лизми Тољикис­тон, наќши Конститутсия ва ма­ќо­моти назорати кон­сти­тут­сионї дар њиф­зи њуќуќу озодињои инсон, рушди низоми сиёсї ва њуќуќї дар мамлакат, инчунин дигар мавзўњои соњаи њуќуќ баро­мад намуданд.

Намояндагони Суди Конститут­сионї дар соли равон дар чо­­ра­би­ни­њои во­бас­­­та ба фањ­мон­дадињии мазмуну муњтавои Паё­­ми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї, моњияти таѓйиру иловањои ба Ќонуни Љум­њу­рии Тољи­кистон «Дар бо­раи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољи­кистон» воридгардида, Рўзи Вањ­дати миллї, Соли љаво­нон, Рўзи Кон­ститут­сия, Рўзи Пре­зиденти Љум­њурии Тољикис­тон ва Рўзи Парчами давлатї фаъолона иштирок намуданд.

Намояндагони Суди Конститутсионї роњбарони гурўњњои корї оид ба таш­виќу тар­ѓиби масъалањои зикршуда дар ноњия­њои Данѓара, Фар­хор, Шањринав ва Лахш буда, кормандони масъул дар њайати гурўњ­њои корї дар шањрњои Душанбе, Вањдат, Пан­­љакент, Хуљанд, Бўстон, ноњияњои Ванљу Дарвоз ва ноњияњои минтаќаи Ќўрѓонтеппа ва Кўлоби ви­лояти Хатлон зиёда аз 70 во­хў­рињои суд­манд баргузор наму­данд.

Њамчунин, аз љониби Раис, муовини Раис, судяњо ва кор­ман­дони масъули Дастгоњи Суди Конститутсионї оид ба ања­мияти таъри­хию сиёсии ќа­були Конститутсия, наќши Консти­тут­­сия ва Суди Конститут­сионї дар рушди давлат­до­рии миллї дар шонз­дањ вазорату идорањои давлатї ва муас­сисањои олии таълимї вохўрињои суд­манд гузаронида шу­данд.

Кормандони суд тавассути радио ва шабакањои телевизио­нии «То­љи­­­­кис­­­­тон», «Сафина», «Љањон­намо», «Радиои Тољи­кис­тон», «Са­дои Ду­шан­бе» ва «Ховар» баромад­ наму­да, дар рўз­но­ма­њои «Љум­њурият», «Вањдат», «Инсон ва ќонун» ва «Народная газета» дар мавзўњои марбут ба Конститутсия, Вањдати миллї, њадафњои со­зан­даи Паём ба парлумон, наќши ќонуни миллї дар танзими масъа­лањои њаёти љомеа ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ маќо­лањои зиёд ба табъ расо­ни­данд.

16 июн дар Суди Кон­сти­тут­сионї бахшида ба 20-солагии ба имзо расидани «Со­зишномаи умумии истиќ­ро­ри сулњ ва ризоия­ти миллї», ки њамчун санади таърихї барои раси­дан ба вањдати миллї дар кишвар мусоидат кард, дар мавзўи «Вањдати миллї ва рушди давлатдорї» мизи мудаввар доир гардид.

Дар кори он намояндагони маќомоти давлатї ва оли­мони соњаи њу­ќуќ иштирок ва бо маърўза баромад намуда, љанбањои гуногуни вањдати миллї ва наќши онро дар давлат­дории миллї мавриди тањлил ќарор доданд.

Мизи мудавваре, ки 2 ноябри соли 2017 дар Суди Конс­титут­сионї бахшида ба Рўзи Конс­титутсияи Љум­њурии Тољи­кис­­тон дар мавзўи «Консти­тутсия ва рушди дав­латдории миллї» доир гардид, аз тарафи оли­мону мутахассисон ва намо­ян­дагони маќомоти давлатии дар он иш­тирокдошта, муфид арзёбї гардид.

Дар доираи мавзўи барра­сиша­ванда наќши Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар тањия ва ќабули Конститутсия, наќши Кон­ститутсия дар руш­ди сиёсати дохилї ва хориљии давлат, иќти­со­диёту иљ­ти­моиёт, тањкими институт­њои сиёсї ва њуќуќї, давлат ва рукн­њои алоњидаи он мавриди тањлил ва хулосабарорї ќарор гирифт.

Умуман, аз љониби баромадкунандагон зикр шуд, ки фаъолияти бомарому густурдаи Суди Конститут­си­онї дар соли 2017 шањодати он аст, ки ин маќом дар рушди давлати њуќуќ­бунёд рўз аз рўз ањамияти хо­са пай­­до карда, он дар амалї намудани маќсаду вази­фањои давлат ва љо­меаи Тољи­кистон, тањки­ми давла­ту дав­лат­дорї, бунёди љо­меаи демок­ратї ва адолатпар­вар наќши арзандаи худро мегузорад.

Дар фарљоми маљлис аз натиљаи фаъолияти Суди Конститутсионї дар соли 2017 ќарори дахлдори маљлиси умумї ќабул гардида, бобати ноил шудан ба дастовардњои боз њам назарраси касбї дар соли 2018 вазифагузорї карда шуд.

Њамчунин дар хотимаи маљлис якдилона наќшаи кории Суди Кон­сти­тут­сионї барои соли 2018 ва наќшаи кории дастгоњи Суди Кон­сти­тут­сионї барои соли 2018 ќабул гардиданд.

 

 

 

 

8 декабри соли 2017 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тањ­­ти раи­сии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон Мањкам Мањ­мудзода оид ба дар­­хости шањр­вандон Ху­рамов З.Н. ва Њасанов Љ. К. дар хусуси муайян намудани му­тобиќати сархати чоруми ќисми 4 моддаи 59 Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи нафаќањои су­ѓуртавї ва дав­латї» ва сар­хати якуми фармоиши Агентии суѓуртаи иљти­мої ва на­фаќаи назди Њу­ку­мати Љумњурии Тољикистон аз 30 январи соли 2017, №6 ба моддаи 39 Консти­тут­сияи Љумњу­рии Тољикис­тон мурофиаи судї доир гардид.

Дар мурофиаи судии конститутсионї намояндагонии ваколатдори Прези­денти Љум­­њу­рии Тољи­кистон, Маљ­лиси намоян­да­гон дар Суди конс­титутсионї, инчунин намояндагони Прокуратураи ге­нералии Љум­њурии Тољи­кистон, вазоратњои адлия ва мењнат, муњољират ва шуѓ­лї ањо­лии Љум­њурии Тољикистон, Агентии суѓуртаи иљти­мої ва нафаќаи наз­ди Њуку­мати Љум­њурии Тољикистон ва Кор­хонаи воњи­ди дав­латии «Ро­­њи Оњани Тољи­кистон» иштирок ва суханронї намуданд.


Суди конститутсионї масълаи зикршударо мавриди баррасї ќарор дода, ќайд намуд, ки амалишавии њуќуќи конститутсионии шахс ба нафаќа аз њадафњои муњими давлати иљтимої дар самти таъмини шароити арзандаи зиндагї ба њар шахс ба шумор рафта, бо кафо­лати дахлдори дав­латии дар ќонун­гузорї инъикос ёфта татбиќи воќеии худро пайдо мекунад.

Бо маќсади татбиќи самараноки сиёсати пешгирифтаи соњаи иљти­мої ва таъмини шањрвандон бо нафаќа, давлату Њукумат давра ба давра исло­њоти соњаи нафаќаро роњандозї намуда, тавассути ќабулу такмили санадњои меъё­рии њуќуќї, низоми таъминоти нафаќаро ба шароити муосир мувофиќ мегардонад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионї дар меъёрњои сархати чо­руми ќисми 4 моддаи 59 Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи нафаќањои су­ѓуртавї ва давлатї» меъёрњои манъкунанда ё мањдуд­ку­нан­даи кафолати таъми­­ноти иљтимоии дархосткунандагонро муай­ян накард ва онро­ ба моддаи 39 Кон­ститут­сияи Љум­њу­рии Тољи­кис­тон мувофиќ арзёбї намуд.

Њамчунин, Суди конститутсионї зарур шуморид, ки сархати якуми фар­моиши Агентии суѓуртаи иљти­мої ва нафа­ќаи назди Њукумати Љумњу­рии Тољикистон «Дар бораи гузариши пур­ра ба низоми нави таъми­ноти нафа­ќаи шањрван­дон ва тартиби таъини нафа­ќањо аз 1 январи соли 2017» бинобар ба тала­боти Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи са­над­њои меъёрии њуќуќї» мувофиќ набуданаш, ба та­лаботи ќонунгузорї мувофиќ гардонида шавад.

 

 

 

 

 

Аз 29 ноябр то 2 декабри соли 2017 бо маќсади иштирок дар кори конфронси байнал­ми­ла­лї, дар мавзўи «Наќш ва ањамияти Конститутсия дар эъмори давлати демок­ратию њуќуќбунёд» сафари кории Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон Мањумдзода М.А. ва судя Њошимзода Д.Д. ба шањри Тошкенти Љумњурии Ўзбекистон доир гардид.

Дар кори ин чорабинии сатњи байналмилалї, ки бо ташаб­буси Суди Консти­тут­сионии Љумњурии Ўзбекистон ба муносибати 25-умин солгради Конститутсияи ин кишвар доир гардид, намоян­дагони маќомоти назо­рати консти­­тут­­сионї ва созмонњои бонуфузи байналмилалї, аз ќабили намоян­да­гони љумњурињои Арманистон, Индонезия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Кореяи Љанубї, Федератсияи Россия, Туркия ва намояндагони маќомоти њоки­мияти давлатии Љумњурии Ўзбекистон иштирок ва суханронї наму­данд.

Дар кори конфронс мавзўњои мухталифи марбут ба наќш ва ањамияти Конститутсия дар тањкими давлати демократию њуќуќбунёд, њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, рушди љомеаи шањрвандї, парламентаризм, ташаккули асосњои конститутсионї-њуќуќии сиёсати хориљї дар заминаи ислоњоти демократї, масъалањои конститут­сионализм, раванди конститут­сионии маќомоти худидоракунии мањаллї, наќши судњои конститут­сионї ва институтњои муодил дар таъмини волоияти Конститутсия дар давлатњои алоњида ва дигар мав­зўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Зимни кори конфронс Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон Мањумдзода М.А. дар мавзўи «Модернизатсияи љомеа ва давлат тибќи муќар­рароти консти­тут­сионї: таљрибаи Љумњурии Тољикистон» баро­мад намуда, оид ба сањми созгори Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар тањ­кими давлати демократию њуќуќбунёд, ќабули Конститут­сияи мамлакат, инчунин ама­ли­шавии ислоњоти мухталифи созанда дар соњаи њуќуќ ва њокимияти судї, ки дар заминаи меъёрњои конститутсионї ба миён омаданд, ба њозирин иттилоъ манзур намуд.

Њамчунин, Раиси Суди Конститутсионї Мањумдзода М.А. зимни маъ­рўза доир ба наќши Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар рушди дав­лати муосир, ташаккули маќоми байналмилалии кишвар, низо­ми ќонунгу­зорї, љомеаи шањрван­дї ва амалишавии принсипи таљзияи њокимият изњори назар намуда, ањамияти муќаррароти конститутсиониро дар такми­ли бомароми љомеа ва давлат муњиму назаррас арзёбї намуд.

Дар доираи сафари корї ба Љумњурии Ўзбекистон вохўрии Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо раисони судњои конститутсио­нии љумњурињои Ўзбекистон, Туркия, Индонезия, намоянда­гони маќомоти назорати конститутсионии Федератсияи Россия ва дигар киш­вар­њои љањон доир гардида, дар онњо масъалањои марбут ба тањкими њамко­рињои судманди тарафайн баррасї гардиданд.

Њангоми вохўрї бо Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Ўзбекис­тон аз муносибатњои рушдёбандаи байнидавлатї, ки бо шарофати сиёсати созандаи пешгирифтаи роњбарияти олии сиёсии ду кишвар дар њоли рушду густариш ќарор доранд, изњори ќаноатмандї карда шуд. Дар ин замина ќайд гардид, ки бо маќсади тањкими њамкорињои судманд байни судњои конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Ўзбекистон ба имзо расонидани Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї муњим мебошад.

 

 

 

 

Имрўз дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон бо иштироки суд­яњо, хизматчиёнии давлатї ва дигар кормандони Дастгоњ маљлиси тан­танавї доир гардид.

Маљлисро бо сухани ифтитоњї Раиси Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода њусни оѓоз бахшида, зикр кард, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Љум­њурии Тољикистон дар баробари дигар масъалањои њаётан муњими дав­лату давлатдорї, масъалаи рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистони соњибмустаќил баррасї гардида, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тасдиќи Низомномаи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон» ќабул гардид. Ин ќонун истифодаи Парчамро дар биноњои давлатї ва ѓайридавлатї муайян намуд. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар моддаи 3 дар баро­бари Нишон ва Суруди миллї, Парчами давлатиро њамчун рам­зи давлатї эълон намуд.

Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 2007, № 254 «Дар бораи рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистон», ки он аз 5 боб ва 13 модда иборат аст, тартиби афрохтан ва ис­тифодаи расмии Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон мав­риди танзим ќарор гирифт.

Рўзи Парчами Љумњурии Тољикистон бори нахуст њамчун иди миллї 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорї ва шукрона аз даврони соњибистиќлолию соњибихтиёрї љашн гирифта шуд.

Парчами давлати Тољикистони соњибистиќлол чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамї ва сарбаландии миллату дав­лати тољикон, маќсаду њадафњои созандаи ин миллати тамад­дунофарро дар баландтарин минбарњо љилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори њар як тољику тољикистонист.

Њозиринро ба ин ид табрик намуда, онњоро ба эњтироми Парчами давлатї даъват намуд.

Сипас намояндаи ташкилоти љамъиятии «Љавонон созан­дагони Ватан дар ноњияи Исмоили Сомонї» Љ. Рањмонов њозиринро ба Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон табрик намуда, љавонони Суди конститутсиониро ба ифтихор аз Парчаму парчамдории халќу миллати тољик даъват намуд.

Кормандони Суди конститутсионї К.Кари­мзода, Санг­зо­да Г.Р. ва Њакимова Г.А. дар маърўзањои худ диќкати њозирин ба таърихи парчамдорї, садоќат ва эњтиром ба он, тартиби ба­раф­рохтан ва зоњир накардани беэњтиромї ба он љалбнамуданд

Ба андешаи онњо Парчами давлатї ифодагари иќболу истиќлол, иттињоду сарљамъї, нангу номус, ватандўстиву ватан­парастї ва њуввияти миллии мардуми куњанбунёду фарњангии мо буда, волотарин маќсаду мароми тољиконро дар љилои рангњои худ инъикос намудааст.

Маљлис дар руњияи ифтихор аз Ватану ватандорї, истиќ­лолияти давлатї ва рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистон ва муќаддасоти миллї ба анљом расид.

 

 

 
« ПерваяПредыдущая12345678910СледующаяПоследняя »

Страница 1 из 37