10:13:19 - 13.12.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 1) 2017

 



АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(№ 1) 2017


 

Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон)

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудзода М.А. Раиси Суди Конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Њайати тањририя:

Каримзода К.М. муовини Раиси Суди Конститутсионии Љумњу­­рии То­љикистон, номзади илмњои сиёсї

Њошимзода Д.Д. судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон, номзади илмњои њуќуќ

Сотиволдиев Р. Ш. раиси Шўрои илмї - машваратии назди Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Искандаров З.Њ. узви Шўрои илмї - машваратии назди Суди Конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, про­фес­­сор

 




Мундариља

Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Раҳмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон.............................

Якубова С.Н., Камолов Ш.Њ. Њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар партави таѓйиру иловањои Конститутсия ....................................................................

Таъиноти Суди Конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии консти­тут­­сионї оид ба дархости Арюкова Э.И. - адвокати мањкумшуда Сулейманова М.Н. «Дар хусу­си бекор намудани таъиноти суди шањри Истаравшан аз 28 июни соли 2016 ва мавќуф гузош­тани иљрои њукми суди шањри Хуљанд аз 21 октябри соли 2014» ....................

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии консти­тут­­сионї оид ба дархости сардори хољагии дењќонии оилавии «Моњипарвар» Маллаева М.Д. «Дар хусуси ба талаботи ќонун ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 сентябри соли 2005, №342, аз 30 декабри соли 2000, №515 ва аз 30 декабри соли 2011, №641 мутоби­ќат надоштани банди 2 ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2011, №669».......................................................................................................

Навидњои Суди Конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Навидњои Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон.............



 

 

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУЊТАРАМ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН БА МАЉЛИСИ ОЛИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(ШАҲРИ ДУШАНБЕ 22 ДЕКАБРИ СОЛИ 2016)

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.

Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем.

Дар баробари ин, хотиррасон месозам, ки солҳои аввали истиқлолият барои мардуми мо давраи озмоиши сахту сангини таърих буд.

Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон бар асари мудохилаи баъзе кишварҳои хориҷӣ, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид.

Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд.

Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми нерӯ ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид.

Дар кишвар аз охири соли 1997 барои таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуд.

Ин тадбирҳо имкон доданд, ки мо ислоҳоти сиёсиву конститутсиониро оғоз намоем, ҷиҳати таҳкими пояҳои истиқлолият аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон ва рамзҳои давлатиро қабул кунем, фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатиро барқарор созем, низоми ягонаи ҳокимияти иҷроия, парламенти дупалатагӣ ва ҳокимияти мустақили судиро ташкил диҳем, қонунияту тартибот ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, яъне волоияти қонунро дар ҷомеа таъмин намоем.

Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, мо ба марҳалаи рушд ворид шудем ва пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намудем.

Баъдан мо тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба иҷрои вазифаҳои тибқи се ҳадафи стратегии миллӣ пешбинишуда - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ сафарбар сохтем.

Амалисозии барномаҳои қабулгардида имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то чор баробар зиёд шуд.

Танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 2016 даромади пулии аҳолӣ 27,2 миллиард сомониро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2015 –ум 8,1 фоиз зиёд мебошад.

Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. Ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид.

Дар даврони истиқлолият аҳолӣ ҳамасола дуюним фоиз афзоиш ёфта, 1,6 баробар зиёд шуда, яъне аз панҷуним миллион ба 8 миллиону 700 ҳазор нафар расид, вале дар баробари ин, сатҳу сифати зиндагии мардум хеле беҳтар гардида, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо, аз ҷумла аз ҳисоби лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмон, алоқа, инфрасохтор, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ 88 миллиард сомонӣ равона гардид.

Дар ин давра ба мо муяссар шуд, ки дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо мабла, 1,6 гузории 36 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузурги муҳимро оид ба истеҳсолу интиқоли барқ сохта, ба истифода диҳем.

Аз ҷумла, низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.

Қобили зикр аст, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад.

Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Дар бисту панҷ соли истиқлолият бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардиданд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд.

Дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар натиҷа, мо ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишварамон ва давлатҳои ҳамсоя ноил шуда, қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро танҳо дар замони истиқлолият ба як кишвари воҳид табдил додем.

Дар соҳаи кишоварзӣ тавассути гузаронидани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳо, амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳа, аз худ кардани заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин, бо роҳи зиёд кардани майдони боғу токзор фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд.

Аз ҷумла, тибқи Барномаи рушди боғу токпарварӣ майдони боғу токзори мамлакат ба 180 ҳазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум қариб 100 ҳазор гектар ё 2 баробар зиёд буда, дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши арзишманд гузошт.

Дар давраи зикршуда пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин карда шуд.

Дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ ва беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ бунёду азнавсозӣ гардида, онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимиву тиббӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин карда шуданд.

Танҳо дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015» дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шумораи муассисаҳои таълимии аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо пурра баровардашуда, азнавсозӣ ва бунёдгардида беш аз 800 ва маблағи умумии барои ин кор сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Фақат соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд.

Ин раванд дар доираи барномаҳои давлатӣ солҳои минбаъда низ идома ёфта, ба беҳбудии инфрасохтор ва таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаи маориф мусоидат намуд.

То замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард.

Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст.

Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Дар ин муддат нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд 1,8 баробар ва фавти кӯдакон 2,7 баробар коҳиш ёфта, хавфи паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ бартараф гардид.

Барои бо шуғл таъмин кардан ва беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум зиёда аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Дар баробари ин, ҷиҳати ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонидани сатҳи касбияти шаҳрвандон ҳар сол беш аз 100 ҳазор нафар ҷавонон ва калонсолон ба омӯзиши касбҳои гуногун ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди аввали сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Маҳз бо ҳамин сабаб дар даврони истиқлолият аз ҳисоби буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ 45 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки қариб нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Бори дигар таъкид месозам, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем.

Соли 2016 барои мардуми тоҷик, дар ҳақиқат, соли таърихӣ ва бобарор ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст мешавад.

Яъне бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин мегардад.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,9 фоизро ташкил менамояд.

Сарфи назар аз коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, нархҳо дар бозори истеъмолӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, таваррум 6 фоизро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти он, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти муҳимтарини сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад, соли 2016-ум 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ ба ин мақсад равона карда шуд.

Ҷиҳати иҷрои супориши Паёми қаблӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, инчунин, нафақа ва стипендия аз 15 то 30 фоиз зиёд карда шуд ва барои пардохти он дар як сол 1,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар панҷ соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 2 баробар ва нафақа 1,6 баробар афзоиш ёфт.

Мо чунин иқдомро дар оянда низ идома медиҳем.

Буҷети давлатӣ дар соли 2017 дар ҳаҷми зиёда аз 19 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2016 қариб 10 фоиз зиёд буда, беш аз нисфи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.

Бо вуҷуди дастовардҳо дар соли 2016 камбудиву мушкилот дар вазъи воқеии иқтисодиёт ба вуҷуд омаданд.

Аз ҷумла, бо сабаби камфаъолиятии баъзе вазорату идораҳо ва дар натиҷаи таъсири омилҳои манфии берунӣ ба иқтисодиёт хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, гардиши савдои хориҷӣ, воридот ва қарздиҳӣ коҳиш ёфта, иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ таъмин нагардид.

Вале сарфи назар аз ин, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз буҷети давлатӣ сари вақт ва пурра иҷро карда шуд.

Фаъолияти муътадили низоми бонкӣ дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосии тараққиёти босуботи иқтисодӣ ба шумор меравад.

Дар баробари ин, хотирнишон менамоям, ки низоми бонкии кишвар ва назорати фаъолияти бонкҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест.

Вазъи фаъолияти бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ нишон медиҳад, ки дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои дохиливу берунӣ ҳаҷми қарзҳои додашуда 32 фоиз коҳиш ёфта, сатҳи хизматрасонии низоми бонкӣ ба мизоҷон беҳбудӣ металабад.

Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат, Бонки миллӣ ва Вазорати молия вазифадоранд, ки фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо дарназардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем.

Бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакат ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Дар қатори бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ сохтмону барқарорсозии иқтидорҳои дигари энергетикӣ, аз ҷумла навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо тавоноии 400 мегаватт амалӣ карда шуд, ки ба таъмин намудани иншооти гуногун ва сокинони шаҳри Душанбе бо гармӣ ва коҳиш додани норасоии барқ дар фасли зимистон равона гардидааст.

Илова бар ин, таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ оғоз гардида, соли 2017 марҳалаи якуми барқарорсозии нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» дар ҳаҷми 3 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи 600 миллион сомонӣ шурӯъ мешавад.

Рӯйдоди муҳимми таърихӣ дар ин самт оғози бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки чанде пештар сурат гирифт.

Аз аввали корҳои барқарорсозиву сохтмон ба иншооти зикршуда 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2016-ум 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Имрӯз корҳо дар ин иншооти тақдирсоз босуръат идома доранд ва тибқи нақша агрегати аввали он то охири соли 2018 ба кор дароварда мешавад.

Вазифаи асосии Ҳукумат дар солҳои наздик ба таври устувору доимӣ таъмин намудани ҳамаи истеъмолкунандагон бо нерӯи барқ буда, он бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии тавлиди нерӯи барқ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ дар соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад.

Вобаста ба ин, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати “Барқи Тоҷик” ва дигар сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки дар баробари густариш додани иҷрои корҳои асосӣ дар ин самт, бо мақсади паст намудани талафоти нерӯи барқ баҳисобгирии истифодаи онро дақиқ ва қатъӣ назорат намоянд.

Дар ин раванд, фаромӯш набояд кард, ки баробари афзоиш ёфтани истеҳсоли нерӯи барқ шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ низ зиёд шуда, талабот ба нерӯи барқ торафт меафзояд.

Бинобар ин, зарур аст, ки ҳангоми лоиҳакашиву сохтмони биноҳо ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, воридоти технологияҳо ва асбобу таҷҳизоти маишӣ масъалаи каммасраф будани онҳо ба инобат гирифта шуда, ба истифодабарандагони нерӯи барқ маърифати сарфаю сариштакорӣ ҳарчи бештар ташвиқ карда шавад.

Итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик мо ба пурра амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои асосии стратегии худ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардем.

То ба имрӯз ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар ва умуман, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.

Маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад.

Сохтмони се корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Ёвон ва ба кор оғоз кардани корхонаи маъдантозакунии Такоб, ки барои тавлиди алюминий ашёи хом истеҳсол мекунанд, ҷиҳати паст кардани арзиши аслии алюминий ва вобастагӣ аз ашёи хоми воридотӣ, инчунин, маҷмааи нассоҷӣ оид ба коркарди пахта дар ноҳияи Данғара барои афзоиши иқтидори содиротии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бунёди корхонаи муосир оид ба коркарди маъдан дар шаҳри Панҷакент, корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Спитамен, инчунин, корхонаи истихроҷу истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат идомаи мантиқии ин раванди созанда мебошад.

Бояд зикр намуд, ки барои бунёду ба кор андохтани корхонаву коргоҳҳои саноатии зикршуда ва ду корхонаи нави сементбарорӣ, дар маҷмӯъ, ҳафтуним миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст.

Корхонаҳои нави сементбарорӣ имкон медиҳанд, ки ҳаҷми солонаи истеҳсоли семент то 4,5 миллион тонна ё нисбат ба соли 2000-ум 82 баробар афзуда, дар баробари пурра қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ба ин намуди масолеҳи сохтмон, содироти он низ афзоиш дода шавад.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ таҷдиду барқарорсозии навбати аввали корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотӣ дар шаҳри Сарбанд бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ оғоз шуд, ки навбати аввали он моҳи феврали соли 2018 ба истифода супорида мешавад.

Дар се соли оянда корхона пурра ба кор даромада, 300 ҳазор тонна аммиак, 500 ҳазор тонна карбамид, дар маҷмӯъ, 800 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол хоҳад кард.

Яъне талаботи соҳаи кишоварзӣ ба нуриҳои азотӣ пурра қонеъ гардонида шуда, содироти он ба хориҷи кишвар ба роҳ монда мешавад.

Ҳамчунин, бо дарназардошти торафт зиёд гардидани талаботи кишвар ба ангишт, истеҳсоли он то охири соли 2016 ба 1,3 миллион тонна расонида мешавад, ки нисбат ба соли 2000-ум 62 баробар зиёд мебошад.

Баробари ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ истихроҷи ангишт то соли 2018 ба 2 миллион тонна расонида мешавад.

Ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда барномаи махсус қабул гардида, татбиқи он идома дорад.

Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки рушди минбаъдаи саноатро тавассути баланд бардоштани самаранокии соҳаи коркарди ашёи хом ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таҷдиди воситаҳои асосӣ, воридоти технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти рақобатпазирии маҳсулот таъмин намояд.

Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт имрӯзҳо дар кишвар 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 6,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар солҳои охир роҳи оҳани Душанбе–Қӯрғонтеппа–Кӯлоб (қитъаи Ваҳдат Ёвон), роҳҳои мошингарди Душанбе – Турсунзода, Айнӣ Панҷакент ва Восеъ Ховалинг ба маблағи умумии наздик ба се миллиард сомонӣ ба истифода дода шуданд.

Инчунин, сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб Дарвоз (қитъаи Шӯрообод Шоҳон) ва роҳи Сайрон Қарамиқ идома дорад.

Соли ҷорӣ корҳои сохтмону таҷдид дар якчанд иншооти нақлиётӣ, аз ҷумла роҳи мошингарди Хуҷанд–Исфара, қитъаи роҳи мошингарди Душанбе Турсунзода ва беҳтар намудани инфрасохтори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оғоз гардид.

Соли 2017 таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа ва қисматҳои алоҳидаи шоҳроҳи Кӯлоб Дарвоз, Кӯлоб– Шамсиддин Шоҳин ва Шкев маркази ноҳияи Дарвоз дар назар аст.

Бо мақсади пурра ба меъёрҳои замонавӣ мутобиқ гардонидани роҳҳои мошингард ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат бо ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ таҷдид ва азнавсозии зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингард пешбинӣ шудааст.

Тавре дар Паёми гузашта таъкид карда будам, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ, байни ҷамоатҳову деҳаҳои дурдаст ва дигар маҳалҳои аҳолинишинро вусъат бахшида, ҳангоми амалӣ намудани сохтмони иншооту биноҳои нав ба риояи талаботи санъати баланди меъморӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Аз ин хотир, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати нақлиётро зарур аст, ки бо мақсади иҷрои вазифаҳои муайяншуда ва пурраву самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ ва таъмиру таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалӣ, роҳи оҳан, инчунин, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои афзалиятнок оид ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Муҳтарам намояндагони халқ!

Дар натиҷаи заҳмати пурмаҳсули кишоварзон дар соли 2016 рушди устувори соҳа идома ёфта, истеҳсоли ғалладонагиҳо ба як миллиону 400 ҳазор