16:59:41 - 15.11.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз514
mod_vvisit_counterДирӯз1044
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта6791
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида8398
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ17807
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида39987
mod_vvisit_counterҲамагӣ993480

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

11 маи соли 2012 вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. ва судяњои Суди конститутсионї Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М. бо Гузоришгари вежаи СММ оид ба шиканља, љазо ва навъњои дигари рафтори берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунанда Хуан Е. Мендез ва њайати њамроњикунандаи ў Дуарте Нуно Пессоа, Стефани Селг, Шушан Хачян ва Лиля Захариева – мушовири намояндагии домии СММ дар Тољикистон оид ба њуќуќи инсон доир гардид.

Зимни сўњбат, тарафњо оид ба механизмњои њифзи њуќуќ­њои инсон ва шањрванд ва њимояи манфиатњои ќонунии онњо, ки шарти зарурии фаъолияти мўътадили низоми сиёсии давлат мебошад, сухан ронда, дар хусуси мавќеъ ва наќши маќомоти назорати конститутсионї дар таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд иброзї андеша намуданд.

Дар рафти мулоќот Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов зикр намуд, ки Конститутсияи Љумњурии Тољи­кис­тон инсон, њуќуќ ва озодињои онро арзиши олї эътироф карда, дар моддаи 18 пешбинї намудааст, ки ба њељ кас шиканља, љазо ва муносибати ѓайриинсонї раво дида намешавад.

Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон њамчун њомии Конститутсия ва њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар баромадњои хеш њифзи њуќуќ ва озодињои инсонро њамчун љавњари асосии сиёсати давлатї арзёбї намуда, аз њама маќомоти давлатї риояи ќатъии онњоро талаб намуданд.

Муфассалтар
 

 

7 майи соли 2012 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон вобаста ба фањмондадињии мазмуну мўњтавои Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон ба маќоми олии ќонунгузории кишвар маљлиси васеи коллективи кормандони Суди конститутсионї доир гардид.

Дар оѓози маљлис Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. бо сухани ифтитоњї баромад намуда, иброз дошт, ки њар сол Паёми Президенти мамлакат Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон рушди сиёсиву иќтисодии кишвари моро як навъ љамъбаст намуда, бобати ноил шудан ба пешрафт ва дастовардњои нав дар назди љомеа вазифањо мегузорад ва дар амал татбиќ гаштани он имкон медињад, ки бисьёр масъалањои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї роњи њаллї худро ёбанд. Паём њамчун њуљљати таќдирсоз ва санади стратегии њадафманд бо тарзи масъалагузорї ва шарњи зарурати он, тањлили мушаххас ва хулосабарорињо санади асоситарини њар як сол аст ва њамагон вазифадорем, ки барои ба омма фањмондани моњияти Паём ва барои дар амал татбиќ намудани он саъю кўшиш намуда, он вазифањое, ки ба зиммаи мо гузошта шудааст, иљро намоем. Њамаи кормандони Суди конститутсионї бояд Паёми Љаноби Олиро, њамчун барнома сармашќи кории њаммарўзаи худ ќарор дода, њамеша барои дар амал татбиќ намудани он саъю кўшиш намоянд.

Сипас оид ба мазмуну мўњтавои Паём муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Назаров М.Н. дар назди њозирин баромад намуда, њамагонро барои дар амал татбиќ намудани нишондодњои он даъват намуд.

Дар фарљоми маљлис по пешнињоди Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. Наќша – чорабинињои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон оид ба татбиќ намудани Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї тасдиќ карда шуд. Инчунин таъкид карда шуд, љињати ба омма фањмонидани моњияти Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон судяњои Суди конститутсионї дар якљоягї бо кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї дар мањалњо бо ањолии кишвар сўњбату вохўрињо доир намоянд.

 

 

 

5 маи соли 2012 Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. намояндагони фонди Олмон оид ба њамкорињои байналмилалии њуќуќї - доктор Штефан Хюлсхорстер, Ангела Шмайнк, Волфрам Эбергард ва Манучер Ќудратовро ба њузур пазируфт.

Зимни сўњбат, тарафњо оид ба мавќеъ ва наќши маќомоти назорати конститутсионї дар таъмини волоияти Конститутсия, њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва рушди минбаъдаи ин маќомоти мустаќили њокимияти судї иброзї андеша намуданд.

Хонум Ангела Шмайнк ба фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бањої баланд дода, иброз дошт, ки мављудияти чунин маќом дар рушди давлати демократї ањамияти муњим ва беандоза дорад. Тарафњо зимни вохўрї аз сатњ ва мазмуни муносибати рушдёбанда ва робитањои мунтазам доир ба масоили гуногун андешаронї намуда, љонибдории худро оид ба вусъат додани њамкорињои мутаќобилан судманд изњор намуданд.

Дар вохўрї судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Назаров М.Н. ва Абдуллоев А.А иштирок намуданд.

 

 

 

 

МУНОСИБАТЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ГУСТАРИШ МЕЁБАНД


Дар доираи њамкорињо миёни маќомоти назорати конститут­сионии Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Туркия ва дар асоси даъвати Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Туркия Њашим Килич, аз 23 апрел то 29 апрели соли 2012 сафари њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тањти роњбарии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов ба Суди конститутсионии Љумњурии Туркия љињати иштирок дар кори Симпозиуми байналмилалї бахшида ба 50 – солагии таъсиси ин маќомоти назорати конститутсионї доир гардид.

Аз љумла дар кори Симпозиуми байналмилалї ки дар сатњи баланд доир гардид, Президент ва Сарвазири Љумњурии Туркия, Раиси Суди Аврупої оид ба њуќуќи инсон, Президенти Комиссияи Венетсианї оид ба демократия тавассути њуќуќи Шўрои Аврупо (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо), намояндагони судњои конститутсионии давлатњои Албания, Африка, Бангладеш, Белоруссия, Белгия, Испания, Индонезия, Итолиё, Озарбойљон, Олмон, Латвия, Литва, Молдова ва дигар давлатњо, ки дар маљмўъ зиёда аз панљоњ давлатро ташкил доданд, ширкат намуданд.

Дар рафти кори Симпозиуми байналмилалї Раиси Суди конститусионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов бо маърўза дар мавзўи «Ташаккули адолати конститутсионї дар Тољикистон» баромад намуда, њамагонро бо фаъолияти касбии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки бањри таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд равона гардидааст, шинос намуд.

Инчунин зимни сафари мазкур њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Туркия мўњтарам Њашим Килич бо пазироии гарму самими истиќбол намуда, аз муносибати дўстонаи миёни суди конститут­сионии њар ду давлати ба њам шарик ёдоварї кард.

Дар рафти мулоќот раисони судњои конститутсионии Тољикистону Туркия ба Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон ва Президенти Љумњурии Туркия Абдулло Гул барои муњайё намудани шароити мусоиди њамкорї миёни маќомоти назорати конститутсионии ду давлати ба њам бародар изњори минатдорї ва арзи сипос намуданд.

Муфассалтар
 

 

 

Семинарї омўзишї дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон оид ба мавзўи                   «Механизмњои байналмилалї ва милии вобаста пешгирии њолатњои шиканља»


Бо маќсади иљрои бандњои 12 ва 13 Протоколи маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 декабри соли 2011 №13 вобаста ба масъалаи ташкил намудани семинарњои омўзишї ва корњои фањмондадињї бо кормандони маќомоти њифзи њуќуќ дар масъалаи риояи талаботи механизмњои байналмилалї ва миллї вобаста ба пешгирии њолатњои шиканљаи мањбусон, њайти гурўњи корї тањти роњбари Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки ба он намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон ва маќомоти њифзи њуќуќ шомил мебошанд, таъсис дода шудааст.

Вобаста ба ин Наќша – чорабинињо доир ба гузаронидани семинарњои омўзишї ва корњои фањмондадињї бо кормандони маќомоти њифзи њуќуќ дар масъалаи риояи талаботи механизмњои байналмилалї ва миллї вобаста ба пешгирии њолатњои шиканљаи мањбусон тањия карда шуда, аз љониби Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон аз 17 январи соли 2012 тасдиќ гардидааст, ки тибќи он баргузории як ќатор чорабинињо дар вазорату идорањо ва маќомоти мањаллии њокимияти давлатии ВМКБ, вилоятњо ва шањру ноњияњои љумњурї дар назар аст.

22 феврали соли 2012 дар асоси банди 1 Наќша – чорабинињо дар маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон семинарї омўзишї оид ба мавзўи «Механизмњои байналмилалї ва милии вобаста пешгирии њолатњои шиканља» доир гардид.

Муфассалтар
 

 

 

 

17 феврали соли 2012 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баррасии парванда аз рўи дархости шањрванд Одинаев Ё.Д. «Оид ба муайян намудани мутобиќати моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истењсолоти иљро» ба моддаи 12, ќисми сеюми моддаи 20, ќисмњои якум ва дуюми моддаи 32 ва ќисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид.

Дар кори мурофиа намояндагони ваколатдори Маљлиси миллї, Маљлиси намояндагон ва Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, њамчунин намояндагони Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокурори генералї, Вазорати адлия ва дигар намояндагони маќомоти давлатї иштирок намуданд.

Суди конститутсионї дархости пешнињодгардидаро дар алоќаманди бо Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї њамаљониба омўхта ќайд менамояд, ки таъмини иљрои њатмї ва сариваќтии санадњои судї унсури муњимтарини самаранокї ва бебозгашт будани љазо буда, омили рафънопазири адолати иљтимої ба шумор меравад. Хусусияти ин амал дар он ифода меёбад, ки он танњо аз љониби судњои босалоњият ва дар асоси ќарорњои ќонунї баровардаи онњо раво дониста шуда, инъикоси мавќеъ ва наќши њокимияти судї арзёбї мегардад. Яъне њуќуќњои вайроншудаи шахсро бе иљрои санадњои судї барќарор намудан мумкин нест ва љазо низ дар сурати татбиќ нашуданаш ба маќсади нињоиї дар пешаш гузошташуда нарасида, моњияти иљтимоии худро гум мекунад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионї бо ќарори худ моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистонро «Дар бораи истењсолоти иљро» ба моддаи 12, ќисми сеюми моддаи 20, ќисмњои якум ва дуюми моддаи 32 ва ќисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ њисоб намуд.

 

 

 
« ПерваяПредыдущая31323334353637383940СледующаяПоследняя »

Страница 32 из 41