14:00:32 - 13.11.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз627
mod_vvisit_counterДирӯз1436
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4750
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида8398
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ15766
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида39987
mod_vvisit_counterҲамагӣ991439

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

3 ноябри соли 2011 дар маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба 17 – умин солгарди ќабули Конститусияи Љумњурии Тољикистон ва 16 солагии таъсиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Конститутсия кафили таъмини њуќуќу озодињои инсон» бо иштироки судяњо, кормандони Суди конститутсионї ва намояндагони маќомоти гуногнуи давлатї доир гардид.

Дар кори мизи мудаввар аз љумла намояндагони ваколатдори Маљлиси миллї, Маљлиси намояндагон ва Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, намояндагони Суди Олї, Суди Олии иќтиcодї, Прокуратураи генералї, Вазорати адлия, Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон ва дигар маќомоти давлатї иштирок намуда, бо маърўзањои мухталиф баромад намуданд.

Дар оѓози чорабинии мазкур Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. бо сухани ифтитоњї баромад намуда, њозиринро бо љашни Рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон тањният гуфта, иброз намуд, ки 6 ноябри соли 1994 бо азму иродаи халќи азизамон, бо дарки тамаддуни муосир ва диди тозаи онњо Конститутсияи давлати мустаќили озоду адолатпарвари Тољикистон ќабул гардид.

Муфассалтар
 

 

26- 30 октябри соли 2011 дар шањрњои Москва ва Санкт – Петербурги Федератсияи Россия бахшида ба 20 солагии таъсиси Суди конститутсионии Федератсияи Россия Конференсияи байналмилалї дар мавзўи «Назорати конститутсионї: доктрина ва амалия» бо иштироки намояндагони зиёда аз панљоњ давлати љањон доир гардид.

Аз љумла дар кори Конференсия Раиси Суди Аврупо оид ба њуќуќи инсон Коста Жан – Пол, Президенти Комиссияи Аврупо оид ба демократия таввассути њуќуќи Шўрои Аврупо (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) Љианни Букиккио, Раиси конференсияи маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи нав - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон Арутюнян Г.Г., намояндагони судњои конститутсионии давлатњои Австрия, Албания, Андора, Белоруссия, Венгрия, Египет, Индонезия, Итолиё, Корея, Латвия, Литва, Молдова, Муѓулистон, Озарбойљон, Олмон, Шветсария, Шоњигарии Белгия ва дигар давлатњо ширкат намуданд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро, дар кори Конференсияи мазкур Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А намояндагї намуд.

Дар оѓози кори Конференсия, ки 27 октябри соли 2011 дар ќасри Кремли шањри Москва доир гардид, Президенти Федератсияи Россия Медведев Д.А. бо сухани ифтитоњї баромад намуда, њамагонро бо љашни таърихї – 20 солагии Суди конститутсионии Федератсияи Россия шодбош намуд.

Муфассалтар
 

 

17 - 21 октябри соли 2011 сафари кории Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. ва Вазири адлияи Љумњурии Тољикистон Худоёров Б.Т. ба шањри Берлини Љумњурии Федеративии Олмон доир гардид. Зимни сафари мазкур онњо бо фаъолияти Вазорати адлияи Љумњурии Федеративии Олмон ва сохторњои он аз наздик шиносої пайдо намуда, бо Вазири маќомоти мазкур вохўрии судманд анљом доданд.

Дар рафти сафари мазкур Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. аз Суди конститутсионии замини Берлин низ дидан намуда, бо раис ва судяњои он мулоќот намуд.

Инчунин, дар рафти мулоќоти тарафайн Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. њозиринро аз фаъолияти пурмањсул Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон воќиф намуда, иброз намуд, ки ин маќомоти назорати конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон њамчун маќомоти мустаќили њокимияти судї арзи њастї намуда, дар таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд наќши баѓоят муњим дорад.

Дар фарљоми вохурї љонибњо, аз љумла оид ба муносибатњои мављуда миёни маќомоти назорати конститутсионии ду кишвар изњори андешаронї ва ќаноатмандї намуда, оид ба боз њам густариши васеи онњо омодагии худро иброз доштанд.

 

 

 

14-15 октябри соли 2011 дар шањри Душанбе тибќи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2010 тањти №678 «Дар бораи тасдиќи Наќшаи баргузории машваратњои илмї ва илмию техникї, конфронсњо, симпозиумњо, анљуманњо ва семинарњо дар Љумњурии Тољикистон барои соли 2011» дар њамбастагии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо Донишгоњи миллии Тољикистон ва Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон Аввалин Семинари байналмилалии Авруосиёгї дар мавзўи «Њифзи њуќуќи инсон ва шањрванд» бо иштироки зиёда аз сиву панљ нафар намояндагони маќомоти бонуфузи давлатњои хориљи кишвар баргузор гардид.

Аз љумла дар кори Семинари байналмилалї намояндагони давлатњои Аргентина, Гурљистон, Итолиё, Маљористон, Маке­до­ния, Муѓулистон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Федерат­сияи Россия, Румыния, Сербия, Туркия, Љумњурии халќии Чин, Юнон ва дигар намоянда­гони созмонњои бонуфузи байналмилалї иштирок намудананд.

Муфассалтар
 

 

 

6-7 октябри соли 2011 дар шањри Еревани Љумњурии Арманистон бахшида ба 15-солагии Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон Конференсияи байналмилалї дар мавзўи «Оќибатњои њуќуќии ќарорњои Суди конститутсионї дар тањкими конститутсионализм дар мамлакат»доиргардид.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар Конференсияи мазкурсудяњо Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М. намояндагї доштанд.

Дар кори Конференсия Президенти Комиссияи Аврупо оид ба демократия таввассути њуќуќи Шўрои Аврупо (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) Љианни Букиккио, Раиси конференсияи маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи нав - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон Арутюнян Г.Г., судяњои Суди Аврупо оид ба њуќуќиинсон, раисон ва судяњои маќомоти назорати конститутсионии зиёда аз 20 давлати љањон, намояндагони маъмурияти Президент ва Парламенти Арманистон намояндагони корпуси дипломатї ва ташкилотњои байналмилалї иштирок намуданд.

Дар љараёни кори конференсиязиёда аз 20 маърўза, аз љумла маърўзаи судя К.Каримов дар мавзўи «Наќши Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар мустањкам намудани асосњои сохтори конститутсионї» шунида шуданд.

Дар рафти Конференсия судяњо Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М. бо раисон ва судяњои судњои конститутсионии Армения, Украина, Белоруссия, Латвия, Литва, Россия, Хорватия, Осетия, Ќазоќистон ва Туркия вохўрї намуда, оид ба доираи васеи масъалањо ва таљрибаи адолати судии конститутсионї табодули назар намуданд.

 

 

 

 

 

 

3 октябри соли 2011 тањти раисии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. дар Суди конститутсионї мурофиаи судї оид ба дархости Мањмудов М. ва Мањмудов Э. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддањои 121 ва 122 Кодекси манзили Љумњурии Тољикистон ва моддаи 147 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ваколатдори Маљлиси миллї, Маљлиси намояндагон ва Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, њамчунин намояндагони Суди Олї, Прокурори генералї, Вазорати адлия ва Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила иштирок намуданд.

Суди конститутсионї масъалаи мазкурро њаматарафа барасї намуда, ќайд менамояд, ки эътироф ва кафолати њуќуќу озодињои конститутсионї шарти муњими зиндагии арзанда ва озодона, рушди маънавию рўњї, ташаккули шахсият, иштирок дар њаёти сиёсию иљтимої ва идоракунии љомеа, ки инсон дар он зиндагї мекунад, ба њисоб меравад. Онњо дар маљмўъ ба шахс мансуб буда, дар алоќамандї ва дар ќаринаи фањмиши ягонаю вобастагии байни њамдигарї мавриди татбиќ ќарор мегиранд.

Муфассалтар
 
« ПерваяПредыдущая31323334353637383940СледующаяПоследняя »

Страница 34 из 41