17:03:24 - 15.11.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


 

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ҚАРОРИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН



оид ба  парванда аз рўи  муроҷиати шаҳрванд Санокина Л. Г. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 январи  соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе                                                               9 июни соли 2009

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси- кунанда-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳму- дов М.А., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М.,  Каримов К.М. ва Назаров М.Н.,
бо иштироки котиби маҷлиси  судӣ Маҳмудов Н. Ҳ.,
тарафҳо:
Санокина Л. Г.- тарафе, ки бо дархости ў мурофиаи Суди консти- тутсионӣ оғоз карда шудааст ва намояндаи ў Зойиров Р.Х.,
Ватанов М.М.-намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ; Меҳмон Бахтӣ-намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ; Бобоев У. Х.- намоян- даи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди консти-тутсионӣ-намояндагони тарафе, ки санади меъёрии ҳуқуқии қабул, ҷо- нибдорӣ ва имзонамудаи онҳо мавриди баҳс карор дода шудааст,

даъватшудагон:
Юсупов А.И.- муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон;
Нуралиев А.-муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон;
Оймаҳмадов М.Д.- судяи Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Олимов М.- сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон,
дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии То-ҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси ошкорои Суди конститутсионӣ парвандаро аз рўи  муроҷиати шаҳрванд Санокина Любов Гуфрановна «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 январи  соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор дода- ни Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бар- расӣ  намуда, маърўзаи судя Каримов К.М., баёноту хулосаи тарафҳо ва иштирокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешниҳодшуда ва дигар ҳуҷ- ҷатҳоро таҳқиқ намуда,
м у а й я н   к а р д:
Шаҳрванд Санокина Л.Г. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, қайд менамояд, ки 4 январи соли 2007 суди шаҳри Роғун  аризаи  даъвогии  ҳамхонаи ў Цыб Г.Я.-ро ба муқобили  Насриддинов Д., Насриддинов О. ва Идораи нотариалии шаҳри Роғун дар хусуси  беэътибор донистани шартномаи тўҳфаи манзили истиқоматии онҳо дида баромада, онро бо ҳалномаи худ ба манфиати ҷавобгарон ҳал намуд.
28 феврали соли 2007 шикояти кассатсионии Цыб Г.Я. бо таъиноти Коллегия оид ба корҳои граждании Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бе қаноат мононда шуда, баъдан бо таъиноти судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оймаҳмадов М.Д. аз 28 январи соли 2009 шико- яти назоратии Цыб Г.Я. ва Санокина Л.Г. бинобар гузаштани мўҳлати яксолаи шикоят ба зинаи назоратӣ бе баррасӣ гузошта шуд.
Муроҷиаткунанда поймол  шудани ҳуқуқи конститутсионии худ- ро ба моликияти шахсӣ ва кафолати ҳифзи судӣ дар номутобиқатии қисми дуюми моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 январи  соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки  тибқи он «амали  талаботи қисми дуюми моддаи 365 ба санадҳои судие, ки то мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур қабул гардидаанд, низ паҳн мегардад», ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебинад.
Ба андешаи ў, ба қисми дуюми моддаи 365 Кодекси  мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар  мўҳлати як сол аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратӣ пешниҳод гардад», қувваи бозгашт додани қонунгузор, ҳуқуқи конститутсионии ўро ба кафолати ҳифзи судӣ бо роҳи овардани шикояти назоратӣ имкон- нопазир гардондааст.  
Аз ин рў, ў қисми дуюми моддаи 4 Қонун  ва қисми дуюми моддаи 365 Кодексро ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсия мутобиқнабуда ҳисобида, аз Суди конститутсионӣ беъэтибор донистани онҳоро талаб намуда, ин талаби худро дар маҷлиси судӣ низ  дастгирӣ кард.
Ҳамзамон,  Зойиров Р. Ҳ- намояндаи  Санокина Л.Г. - талаби худро дар маҷлиси судӣ васеъ намуда, иловатан муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 4 Қонун  ва қисми дуюми моддаи 365 Кодексро ба моддаҳои 5 ва 14 Конститутсия  талаб намуд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мав- риди баҳс  қарордодаи Санокина Л.Г. ҳаматарафа таҳқиқ намуда, қайд менамояд, ки қувваи бозгашт додан ба қонун ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти меъёрэҷодкунии мақомоти давлатӣ ба шумор меравад, ки он ба  татбиқи дуруст ва мақсадноки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини раванд ва идомаи мўътадили муносибатҳои  ҳуқуқӣ, бе мамоният гузаштан ба фазои сифатан нави ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона карда шудааст.
Аз тарафи дигар Конститутсия қувваи бозгашти он санади меъёрии ҳуқуқиро эътироф кардааст, ки вай ҳолати инсон ва шаҳр- вандро  сабук намуда, барои рафтори зиддиҳуқуқии ў ҷазо муқаррар накарда бошад ва тибқи қисми 3 моддаи 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «қонуне, ки  баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад».
Қувваи бозгашт додан дар қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории гражданӣ низ васеъ истифода бурда мешавад. Чунончӣ  тибқи қисми 1 моддаи 4 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон «амали қонун танҳо дар сурате нисбати  муносибатҳои то ҷорӣ намудани он татбиқ мегардад, ки агар ин бевосита дар қонун пешбинӣ шуда бошад».
Аз ин рў, қувваи бозгашт додан ба қисми дуюми моддаи 365 Кодекс дар асоси талаботи қисми 1 моддаи 4 Кодекси зикршуда сурат гирифта, он ифодакунандаи хусусияти инсондўстии қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад
ва ба  талаботи моддаи 20 Конститутсия  мухолифат надорад.
Суди конститутсионӣ масъалаи маҳдуд будани мўҳлати яксолаи шикоят ва эътирози назоратиро ба суди марҳилаи назоратӣ дар якҷоягӣ бо масъалаи қувваи бозгашт додан ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  таҳлил намуда, қайд менамояд, ки шаҳрвандон ҳуқуқҳои граждании худро  бо назардошти ирода ва манфиатҳои худ амалӣ ва ихтиёрдорӣ менамоянд ва дар сурати поймол  гаштани ҳуқуқҳои қонунии худ «ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки парвандаи онҳоро суди босалоҳият, мустақил ва беғарази тибқи қонун таъсисёфта баррасӣ намояд».
Бо ин назардошт, кафолати ҳифзи судии пешбининамудаи моддаи 84 Конститутсия  ки тибқи он «ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд», дар баробари дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ нисбати муносибатҳои шаҳрвандии молу мулкӣ ва ғайримолумулкии шаҳрван- дон низ татбиқ мегардад, ки тартиби иҷрои онро  қонунгузории мурофи- авии гражданӣ  пешбинӣ менамояд.
Вобаста ба ин, яке аз шартҳои муҳими таъмини кафолати ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи шаҳрвандон  ва шахсони ҳуқу- қию субъектони хоҷагидорӣ ин риояи қатъии мўҳлатҳои мурофиавии муқаррарнамудаи қонунҳо мебошад. Чунончӣ моддаи 109 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд «амалиёти  мурофиавӣ дар мўҳлатҳои мурофиавии муқаррарнамудаи қонун анҷом дода мешавад» ва  «мўҳлат барои анҷом додани амалиёти мурофиавӣ бо санаи дақиқи тақвимӣ, зикри ҳодисае, ки бояд ҳатман фаро расад ё фосилаи вақте, ки дар ҷараёни он амал бояд иҷро карда шавад, муайян мегардад», яъне мўҳлати мурофиавӣ мўҳлате арзёбӣ мешавад, ки дар давоми он бояд ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектони ҳуқуқ ҳифз ва даъвои онҳо  ҳаллу фасл карда шавад.
Аҳамияти иҷтимоию ҳуқуқии мўҳлати мурофиавӣ боз дар он ифода меёбад,  ки вай имконият фароҳам меорад, ки хато ва камбудиҳои дар марҳилаҳои поёнии судӣ содиршуда, мувофиқан дар марҳилаҳои  кассатсионӣ ва назоратӣ бартараф карда шуда, адолати судӣ ва иҷтимоӣ
барқарор гардад.
Мўҳлати мурофиавӣ ва тартиби ҳисоби онро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, бо шартномаи миёни тарафҳо тағийр додан мумкин нест ва онро танҳо суд дар асоси аризаи иштирокчиёни баҳс татбиқ менамояд. Дар баробари ин, гузаронидани мўҳлати овардани аризаи даъвогӣ барои аз тарафи суд  рад кардани он  асос шуда метавонад.
Қисми дуюми моддаи 365 Кодекс, ки мавриди баҳси Санокина Л.Г. ва баррасии маҷлиси судӣ гардидааст,  овардани шикоят  ё эътирози назоратиро нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар  мўҳлати як сол аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо  муайян намудааст.
Ин мўҳлат қатъӣ буда, субъектони мурофиаи гражданиро, ки ҳуқуқи овардани чунин шикоят ё эътирозро доранд, ўҳдадор менамояд, ки амали зикргардидаи мурофиавиро дар мўҳлати зикршуда ба анҷом расонанд. Дар акси ҳол, тибқи моддаи 369 Кодекси мазкур гузаронидани мўҳлати пешниҳоди шикоят ё эътироз боиси бебаррасӣ  баргардонидани шикоят ё эътироз шуда метавонад.
Мўҳлати баррасии муроҷиатҳои мурофиавиро бевосита ягон моддаҳои   Конститутсия пешбинӣ накардааст. Ин масъала салоҳияти бевоситаи қонунгузор аст, ки аз тарафи ў барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи субъектҳои ҳуқуқ то дараҷаи кофӣ ва имконпазир муайян карда мешавад. Он пеш аз ҳама барои таъмини ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои вайроншуда, мўътадилии муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа, мустаҳкам намудани асосҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва интизоми иҷроиявии субъектони ҳуқуқ равона карда шудааст.
Масъалаи муҳиме, ки бевосита ба таъмини кафолати ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои субъектони ҳуқуқ нигаронида шудааст, ин падидаи барқарор намудани мўҳлатҳои мурофиавӣ мебошад. Ин падида дар тамоми қонунҳо, аз ҷумла дар Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳу- рии Тоҷикистон низ мавриди танзим қарор гирифтааст. Чунончӣ тибқи  қисми 1 моддаи 114 он «ба шахсоне, ки  мўҳлатҳои мурофиавии муқаррарнамудаи қонунро бо сабабҳои узрнок эътирофнамудаи суд гузаронидаанд, ин мўҳлатро  суд метавонад барқарор намояд».
Ин талаботи моддаи 114 Кодекс ба ҳама гуна мўҳлатҳои мурофи- авӣ, аз ҷумла барқароркунии мўҳлати гузаронидашудаи овардани шикоят ва эътироз дар хусуси аз нав ба тариқи назоратӣ дидани санади  судӣ низ пурра татбиқ мегардад.
Суди конститутсионӣ ваҷҳи Санокина Л.Г.-ро дар хусуси  ба мод- даи  45 Конститутсия  мухолифат доштани қисми дуюми моддаи 4 Қонун ва қисми дуюми моддаи 365 Кодексро беасос меҳисобад, зеро дар  моддаи зикршудаи Конститутсия масъалаи додани андозу пардохтҳо танзим гардида, қонуне, ки андози навро муқаррар ва ё шароити андоз- супорандагонро вазнин менамояд, қувваи бозгашт надорад. Бинобар ин, моддаҳои зикршудаи санадҳои ҳуқуқии мавриди баҳс қарордодаи Санокина Л.Г. ба моддаи 45 Конститутсия  мухолифат дошта наметаво- нанд.
Ҳамин тариқ, қисми дуюми моддаи 4 Қонун ва қисми дуюми мод- даи 365 Кодекс ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсия  мухолифат надошта, қувваи бозгашт додани моддаи 365 Кодекс ва мўҳлати яксолаи шикояти назоратӣ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин  имкониятҳои зарурӣ фароҳам меоранд.
Суди конститутсионӣ дархости иловагии пешниҳоднамудаи Зойи- ров Р.Ҳ.-ро дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 4 Қонун  ва қисми дуюми моддаи 365 Кодекс ба моддаҳои 5 ва 14 Конститутсия мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки моддаҳои зикршудаи Конститутсия масъалаҳои  муҳимтарини асосҳои сохтори  конститутсионӣ, аз қабили арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дахлнопазир будани онҳо, ҳамчунин мавридҳои маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳоро пешбинӣ намуда, бевосита ба қувваи бозгашт додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қисми дуюми моддаи 365 Кодекс  ва мўҳлатҳои мурофиавии гражданӣ алоқамандӣ надоранд.
Аз ин рў, қисми дуюми моддаи 4 Қонун  ва қисми дуюми моддаи 365 Кодекс ба моддаҳои 5 ва 14 Конститутсия низ мухолифат надоранд.
Дар асоси гуфтаҳои боло ва мувофиқи  моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 32, 36, 46-48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди кон- ститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қ а р о р   м е к у н а д:
1. Қисми дуюми моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 январи  соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ки  тибқи он «амали  талаботи қисми дуюми моддаи 365 ба санадҳои судие, ки то мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур қабул гардидаанд, низ паҳн мегардад» ва қисми дуюми моддаи 365 Кодекси  мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар  мўҳлати як сол аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратӣ пешниҳод гардад» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолифат надоранд ва ба он мутобиқ мебошанд.  
2. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш эътибор пайдо мекунад.
3. Қарори мазкур дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.

Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     М.Маҳмудов                                      

Котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                         К. Каримов