Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон







![]() | Имрӯз | 832 |
![]() | Дирӯз | 1289 |
![]() | Дар ин ҳафта | 10418 |
![]() | Ҳафтаи сипаригардида | 11446 |
![]() | Дар ҳамин моҳ | 10418 |
![]() | Моҳи сипаригардида | 41997 |
![]() | Ҳамагӣ | 1028088 |
НИШОНАИ МО
734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48
тел: 221-61-96,
факс:(÷992 37) 221-29-28
E-mail: constcourt.tj@mail.tj
10–уми июли соли 2018 дар синни 62 солагї баъд аз беморї риштаи умри Зоирзода Шарофиддин Юнус-судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бармањал канда шуд.
Зоирзода Ш. Ю. соли 1982 баъди хатми факултети њуќуќшиносии Донишгоњи Давлатии Тољикистон, солњои 1982 –1993 дар вазифањои коромўзи шуъбаи њуќуќ, адвокат ва мудири шуъбаи њуќуќии ноњияи Колхозобод кор карда, моњи марти соли 1987 аъзои Президиуми коллегияи адвокатњои Љумњурии Тољикистон интихоб гардидааст.
Соњои 1993–1996 дар вазифањои машваратчї - сармутахассиси Кумитаи Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон оид ба ќонунгузорї, тартиботи њуќуќї ва њуќуќи инсон, мушовири калони кумитаи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба тартиботи њуќуќї, мудофиа ва амният ифои вазифа намудааст.
Аз соли 1996 то соли 2001дар вазифањои мушовир ва мушовири калони Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї ва аз моњи ноябри соли 2001 то мохи феврали соли 2004 муовини Раиси кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон кор кардааст.
Моњи феврали соли 2004 вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон интихоб гардида, аз соли 2005 то соли 2012 дар вазифањои мудири шуъбаи њуќуќи дастгохи Маљлиси намояндагон ва муовини Роњбари дастгоњи Маљлиси миллї ифои вазифа намудааст.
Аз 13 декабри соли 2012 ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон интихоб гардида, дар ин вазифа то лањзаи охирини њаёташ фаъолияташ намудааст.
Барои мењнати самаранокаш дар маќомоти њокимияти давлатї бо мукофоти давлатї, Ифтихорномаи Маљлиси миллї ва Суди конститутсионї ва дигар медалу мукофотњои соњавї ќадрдонї карда шудааст.
Номбурда дар кадом сатњи макомоти давлатї кор ва фаъолият накарда бошад њам, худро њамчун мутахассиси барљаста ва ватандўст, шахси кордон, хоксор ва тарбиятгари кадрњои љавон дар руњияи худшиносиву худогоњї муарифї намудааст.
Дорои обрў ва эътибори баланд буда, дар рушди ќонунгузории мамлакат наќши арзанда дорад.
Ёди Зоирзода Ш.Ю. ва кору фаъолияти созандаи ў дар ќалби њамкорону дустонаш абадї боќї хоњад монд.
Коллективи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон
|