05:57:08 - 20.11.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости шахрванд Махмудов Р.

 

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Мањмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати моддањои 42 ва 51 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тољикистон» ба моддањои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон»



ш. Душанбе 29 майи соли 2018



Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяњо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Абдурањимзода Д.Р.,

бо иштироки котиби маљлиси судї – Мусулмонов С.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши муовини Раиси Суди конститутсионї Каримзода К.М. ва судяи Суди конститутсионї Њошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости шањрванд Мањмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати моддањои 42 ва 51 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тољикистон» ба моддањои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:



Шањрванд Мањмудов Р. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки миёни ў ва Љамъияти сањомии кушодаи «Тољиксодиротбонк» (минбаъд - Бонк) шартномаи пасандози бонкї баста шудааст. Аммо, Бонк шартҳои онро бе ризоияти ў яктарафа таѓйир додааст, ки номбурда бо чунин амал розї намебошад.

Ба ѓайр аз ин, Бонк ба мурољиаткунанда њамаи маблаѓи пасандозашро тибќи шартнома дар рўзи баохиррасии он барнагардонида, пешнињод кардааст, ки ў пасандозашро њар моњ ба миќдори 200 доллари ИМА гирад. Бо ин назардошт, ў пасандозашро метавонад дар муддати 45 моњ ба даст орад.

Мурољиаткунанда бо ин шарт розї нашуда, тавассути Ташкилоти љамъиятии «Иттифоќи истеъмолкунандагони Тољикистон» ба суди ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе даъво пешнињод кардааст. Суд хулосаи Бонки миллии Тољикистонро ба асос гирифта, бо ќарори худ Љамъияти сањомии кушодаи «Тољиксодиротбонк»-ро вазифадор намудааст, ки ба ў маблаѓи пасан­доз ва фоизњои онро пардохт намояд.

Бонк бо њалномаи суди ноњияи Исмоили Сомонї розї нашуда, ба Коллегияи судї оид ба парвандањои граждании суди шањри Душанбе шикояти кассатсионї овардааст. Коллегияи зикршудаи судї бо ќарори кассатсионии худ њалномаи суди ноњияи Исмоили Сомониро бекор карда, ќарори худро бо он асоснок кардааст, ки манфиати пасандозонро на Ташкилоти љамъиятии «Иттифоќи истеъмолкунандагони Тољикистон», балки танњо Бонки миллии Тољикистон њимоя карда метавонад.

Мурољиаткунанда ба моддаи 42 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Бонки миллии Тољикистон» ишора намуда, ќайд менамояд, ки тибќи он Бонки миллии Тољикистон дорои њуќуќи истисноии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотњои ќарзї буда, маќсади асосии он дар ин самт нигоњдории суботи низоми бонкї ва низоми пардохт, њимояи манфиатњои пасандоздорон ва ќарздењон мебошад.

Тибќи моддаи 51 Ќонуни зикршуда, баъди таъин гардидани маъмурияти муваќќатї њамаи њуќуќу ваколатњои ташкилоти ќарзї, аз љумла он њуќуќу ваколатњое, ки сањмдорон, пасандоздорон ё кормандони роњбарикунандаи ташкилоти ќарзї доранд, боздошта шуда, ба мудири муваќќатї дода мешаванд ва касе њаќ надорад барои додани њуќуќњо ба мудири муваќќатї ё амалї намудани онњо аз тарафи вай монеъ гардад.

Мурољиаткунанда ќайд мекунад, ки тибќи ќонунгузории амалкунанда Бонки миллии Тољикистон дорои њуќуќи таъин намудани маъмурияти муваққатї мебошад, ки баъди таъин ба он тамоми њуќуќу ваколатњои ташкилоти ќарзї, аз љумла њуќуќу ваколатњои пасандоздорон бидуни ризоияти онњо мегузарад.

Њол он, ки тибќи моддаи 14 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурї ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Њуќуќу озодињо фардї, универсалї ва људонопазир буда, ба худи инсон тааллуќ доранд ва танњо ў њуќуќ дорад, ки онњоро шахсан амалї намояд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятї, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионї, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолї ва тамомияти арзии ҷумҳурї раво дониста мешавад.

Њамин тариќ, ба андешаи мурољиаткунанда Бонки миллии Тољикистон ваколати боздоштани амалишавии њуќуќњои пасандоздорон ва аз худ намудани њуќуќњои онњоро бе ризоияташон надорад ва њолати ба миёномада боиси он гардидааст, ки пасандоздорон наметавонанд мустаќилона њуќуќи худро дар суд њимоя намоянд.

Бинобар ин, Мањмудов Р. ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат карда, талаб намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, му­тобиќати моддањои 42 ва 51 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тољикистон» ба моддањои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархост ва дигар маводи ба он замимашударо дида баромада, ќайд менамояд, ки шањрванд Мањмудов Р. агарчи субъекти мурољиат мањсуб ёбад ва баррасии дархости ў шаклан ба салоњияти Суди конститутсионї дохил шавад њам, аммо дар масъалаи мутобиќати моддањои 42 ва 51 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Бонки миллии Тољикистон» ба моддањои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон номуайяние ошкор нагардид, ки барои баррасии парванда дар Суди конститутсионї асос гардад.

Чунончи, тибќи талаботи ќисми 2 моддаи 44 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» барои баррасии парванда дар Суди конститутсионї ошкор гаштани номуайянї дар масъалаи ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї асос мегардад.

Дархост ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» низ мувофиќ набуда, дар он моњияти талаби мурољиаткунанда мушаххас нишон дода нашудааст ва њолату далелњои овардашуда дар хусуси ба моддањои дахлдори Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мувофиќат надоштани муќаррароти ќонуни мавриди бањс ќарордошта асоснок карда нашудаанд.

Аз ин рў, Суди конститутсионї оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости шањрванд Мањмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати моддањои 42 ва 51 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Бонки миллии Тољикистон» ба моддањои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» бинобар ошкор нагаштани номуайянї дар масъалаи ба Конститутсия мувофиќат доштани муќаррароти моддањои ќонуни мавриди бањс ќарордодашуда, инчунин ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ набудани дархост рад менамояд.

Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддаи 89 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва моддањои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон,

т а ъ и н к а р д:



1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї аз рўи дархости шањрванд Мањмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати моддањои 42 ва 51 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тољикистон» ба моддањои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» бинобар ошкор нагаштани номуайянї дар масъалаи ба Конститутсия мувофиќат доштани муќаррароти моддањои ќонуни мавриди бањс ќарордодашуда, инчунин ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ набудани дархост рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.







Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А.





Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д.