05:56:33 - 20.11.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости намояндаи ваколатдори шахрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В.

 

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии консти­тут­­сионї оид ба дархости намояндаи ваколат­дори шањрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиќати њалномаи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон»

ш. Душанбе 8 августи соли 2018

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., муовини Раис Ка­рим­зода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяњо Гулзор М.М. ва Абдурањимзода Д.Р.,

бо иштироки котиби маљлиси судї – Мусулманов С.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши судяи Суди конститутсионї Њошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости намояндаи ваколат­дори шањрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян наму­дани мувофиќати њалномаи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Намояндаи ваколат­дори шањрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. бо дархост ба Суди конс­ти­тутсионии Љум­њурии Тољикистон муро­љиат намуда, дар он ќайд ме­на­мояд, ки дар суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе парвандаи гражданї бо даъвои Исроилов Т.П. ва Шоимар­донова О.Њ. нисбат ба Љамъияти сањомии пўшидаи «АксесБонк Тољикис­тон», Исроилов П.Р. ва шахси сеюм – идораи нотариалии давлатии ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе оид ба бекор кардани шартномаи гарав тањти № 14Р-5117/12 аз 24 декабри соли 2014 ва даъвои Љамъияти сањо­мии пўшидаи «АксесБонк Тољикистон» нисбат ба Исроилов П.Р. оид ба эъти­роф намудани њуќуќи моликият ба хонаи истиќоматї ва кўчо­­ни­дан аз манзили истиќоматї бидуни додани дигар манзили исти­ќоматї мавриди баррасї ќарор гирифт.

Муро­љиат­кунанда даъвои Љамъияти сањомии пўшидаи «АксесБонк Тољикистон»-ро ба суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе ѓайриќонунї њисобида, зикр мекунад, ки њангоми пешнињоди аризаи даъвогї тобеияти судї ва меъёрњои ќонун вайрон карда шудааст.

Ў дар доираи дархост моњияти аризаи даъвогии худро ба суди ноњия асоснок намуда, ба муќаррароти моддањои дахлдори Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 марти соли 2008, № 364 «Дар бораи ипотека», кодексњои гражданї ва манзили Љумњурии Тољикистон ишора менамояд ва бе ризоияти сокинони манзили истиќоматии воќеъ дар шањри Душанбе, кўчаи Туробї, хонаи № 8 ба расмият даровардан ва додани шањодатнома дар бораи сабти давлатии шартномаи гаравро тањти № 14Р-5117/12 аз 24 декабри соли 2014 поймолшавии њуќуќу манфиатњои ќонунии сокинони манзили истиќоматии зикршуда мењисобад.

Њамчунин, њангоми баррасии аризаи даъвогї дар суд ваколатдињан­даи ў ва шахсони дар манзили истиќоматии зикршуда истиќоматкунанда оид ба талаботи аризаи даъвогї пурсида нашуда­анд ва масъалаи хабар­дор будан ё набудани сокинони манзили истиќоматї дар хусуси ба гарав гузоштани манзил аз љониби кормандони бонк муайян карда нашудааст.

Илова бар ин, мурољиаткунанда ќайд мекунад, ки аз љониби суд љињати њалли баъзе масъалањои марбут ба парвандаи баррасишаванда барои идомаи мурофиаи судї танаф­фус эълон карда шудааст. Аммо баъд аз ба итмом расидани танаффуси эълоншуда ў сариваќт оид ба рўз ва ваќти идомаи баррасии парванда хабардор карда нашудааст. Бар хилофи талаботи ќонунгузории мурофиавии гражданї ўро ним соат пеш аз муро­фиаи судї воќиф намудаанд.

Аз ин рў, ў натавонистааст, ки дар ваќт ва санаи муайяннамудаи суд дар баррасии парвандаи гражданї иштирок намояд. Дар ин хусус суд воќиф гардида бошад њам, аммо ин њолат ба инобат гирифта нашудааст.

Мурофиаи судї бе иштироки мурољиаткунанда ва дигар иштирок­чиёни парванда, ки оид ба ваќт ва мањалли баррасии он ба таври дахлдор хабардор карда нашуда буданд, гузаронида шуда, 1 июни соли 2018 њалномаи судї ќабул карда шудааст.

Њамин тариќ, мурољиаткунада чунин пешуморад, ки њуќуќ­њои конс­ти­тут­сио­нии ў ва дигар иштирокчиёни парванда аз љониби суд поймол шудааст ва ин боиси он гардидааст, ки онњо натавонистанд далелњои худро пурра ба суд пешнињод намуда, дар музокирањои судї иштирок кунанд ва нуќтаи назари худро вобаста ба бањси љойдошта изњор намоянд.

Аз ин рў, Хидоятов Дж.В. ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон мурољиат намуда, талаб намудааст, ки дар асоси дархости ў муро­фиаи судии кон­сти­тут­сионї оѓоз карда шуда, мувофиќати њалномаи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархост ва дигар ма­води ба он замимашударо дида баромада, ќайд менамояд, ки намояндаи ваколат­дори шањрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. агарчи субъекти мурољиат мањсуб ёбад њам, аммо баррасии масъалаи дар мурољиат овар­даи ў дар хусуси муайян намудани мувофиќати њалномаи судї ба Кон­ститут­сияи Љумњурии Тољикистон ба салоњияти Суди конститут­сионї мансуб набуда, мавзўи бањси кон­сти­тутсионї намебо­шад.

Тибќи моддаи 89 Консти­тут­­сияи Љум­њу­рии Тољикистон ва моддаи 34 Ќонуни конститут­сионии Љумњу­рии Тољи­кистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњу­рии Тољикис­тон», Суди конститутсионї на масъа­ла­и мувофиќ будан ё набудани санади ќабулнамудаи судиро ба Консти­тутсия, балки дар асоси дар­хости субъектњои њуќуќ масъа­лаи ба Консти­тутсия мувофиќат дош­та­ни ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќу­ќиро баррасї менамояд.

Њалномаи судї, ки вобаста ба бањси гражданї ќабул гардидааст, тибќи талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъё­рии њуќуќї», санади меъёрии њуќуќї мањсуб намеёбад. Дар сурати норозї будан бо њалномаи судї, иштирокчиёни парванда метавонанд тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории мурофиавии гражданї, онро дар зинањои дахлдори судї мавриди бањс ќарор дињанд.

Дархост аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конс­ти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­си­онии Љум­њурии Тољикистон» мувофиќ нест, зеро моњияти талаби муро­љиат­кунанда берун аз доираи амалисозии назорати судии конститут­сионї ифода карда шудааст.

Аз ин рў, Суди конститутсионї оѓоз наму­да­ни мурофиаи судии кон­с­ти­­­­тут­­сиониро оид ба дархости намояндаи ваколат­дори шањрванд Исрои­лов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиќати њално­маи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Консти­тутсияи Љумҳурии Тољикистон» бинобар ба салоњияти Суди консти­­­тутсионї мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузош­та­шуда, инчунин аз љињати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Ќонуни консти­тут­сионии Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сио­нии Љумњурии Тољикистон» муво­фиќ набудани дархост, рад менамояд.

Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддаи 89 Кон­сти­тутсияи Љумњурии Тољикистон ва моддањои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон», Суди консти­тут­сио­нии Љумњу­рии Тољикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз на­мудани мурофиаи судии консти­тут­сионї аз рўи дархости намояндаи ваколат­дори шањрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиќати њалномаи суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон», бинобар ба салоњияти Суди консти­тутсионї мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз љињати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Ќонуни консти­тут­сионии Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон» муво­фиќ набудани дархост, рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Љумњурии Тољикистон ЊошимзодаД.Д.