20:12:59 - 22.10.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ АЗ 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2005


Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ба Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ш. Душанбе,  16 апрели соли 2005


Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси Миллӣ
ва вакилониМаҷлиси намояндагон!


Қабл аз ин, ки Паёми солонаи худро ба мақоми олии қонунбарори мамлакат пешниҳод намоям, лозим медонам, ки ҳар кадоми шуморо бори дигар ба муносибати соҳиб шудан ба мандати вакили мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сазовор гардидан ба раъйи халқ табрик гӯям ва ба шумо дар иҷрои вазифаи ниҳоят пурмасъулияту боифтихор, яъне эҷоди қонунҳо барои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон барори кор орзӯ намоям. 
Имрӯз мо вазъи кишварамонро дар шароити авзои босуръат тағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ мекунем, принсипҳои умумии инкишофи давлати соҳибистиқлоли худро бо дарназардошти пайванди он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, нигоҳдории муҳити солими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакатамон муайян менамоем. 
Ҳамчунин мо бояд дар бораи он андеша намоем, ки то имрӯз ба кадом пешравиҳо ноил шудем, кадом масъалаҳоро дар ин муддат аз мадди назар берун гузоштем ва дар оянда боз кадом корҳоро метавонем ба анҷом расонем. 
Ба ҳама маълум аст, ки имрӯз мо пайгирона ва тадриҷан ба марҳилаи нави инкишоф ва бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гузашта истодаем. Хислати барҷастаи марҳилаи сифатан нави ташаккули давлатдорӣ пеш аз ҳама идомаи ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо ҳифзи унсурҳои мусбате мебошад, ки заминаҳои онҳоро дар таърихи навини Тоҷикистон гузоштаем. 
Ҳоло мо шоҳиди дигаргуниҳои куллии сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷомеаи кишварамон мебошем. Ҳамасола ва қадам ба қадам вазъи моддии халқамонро беҳтар карда истодаем ва муҳимтар аз ҳама, азми қатъӣ дорем, ки ин равияро вусъат ва густариш бахшем. Дар ин раванд мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки дурнамои сиёсати давлати Тоҷикистон бевосита ба афкори ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон асос меёбад. 
Чорабиниҳои сиёсие, ки вақтҳои охир дар Тоҷикистон сурат гирифтанд, маҳз ҷавобгӯи талаботи ҳамин раванд мебошанд. Натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуданд, ки мо роҳи дурусти пешрафтро интихоб кардаем. 
Интихоботе, ки гузашт, бо таъмини усулу шароити ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифта, дар он озодии изҳори иродаи ҳар як интихобкунанда ва шаффофияти ҷараёни интихобот таъмин гардид. 
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки мо шоҳиди пайдоиш ва ташаккулёбии фарҳанги нави граждании миллати тоҷик ҳастем. 
Падидаи мусбати дигар ин аст, ки фалсафаи сулҳпарваронаву аз насл ба насл гузарандаи миллати тоҷик имрӯз низ баёнгари ғояҳои инсондӯстона буда, он равияву андешаҳоеро, ки афкори бадбинии инсонҳоро таблиғ менамоянд, арзиши ҳаёти инсониро нодида мегиранд, эҳсоси адовату кинаро, ки ба рӯҳи фарҳанги миллӣ ва тарзи ҳаёти мардум таъсири манфӣ мегузорад, инкор мекунад. 
Миллати мо бо вуҷуди он, ки солҳои гузашта зери фишори проблемаҳои ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дошт, вале асосҳои пурарзиши зиндагӣ, анъанаҳои фарҳангофариниву тамаддунсозии худро гум накарда, баръакс дар давоми ҳар соли истиқлолият таърихи навини миллатро бо хиради азалӣ ва бурдбориву таҳаммул рангин мегардонад. 
Бо дарназардошти ин, ки анъанаҳои мо бо воқеияти муосири ҷомеаи демократӣ - гуногунандешӣ, таҳаммул, мавҷудият ва фаъолияти институти бисёрҳизбӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон ва сухан бой гардидаанд, бо итминони комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистон бо роҳи дуруст равона аст ва асоси онро суботи сиёсӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. 
Дар ин раванд такмил додани механизми ҳамкории ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия қисми муҳимтарини фаъолияти мо мебошад, ки он дар навбати худ барои густариши ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳалли проблемаҳои ҳаёти кишварамон аз ҷумлаи омилҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. 
Ҳарчанд ки ҳамкории шохаҳои ҳокимият - ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон таърихи чандон тӯлонӣ надорад, вале дар ин самт мо ба пешрафти аз ҳар ҷиҳат судманд ноил шудаем. Яъне дар давоми тақрибан даҳ сол аллакай механизм ва анъанаи мусбати ҳамкорӣ ба вуҷуд омадааст.
Ҳадафи асосӣ ва стратегии кӯшишҳои мо таъмини амнияти миллӣ, сулҳу субот, муттаҳидии миллат, рушду инкишофи анъанаву суннатҳои нек ва фарҳанги миллӣ, пешрафти иқтисодии Тоҷикистон ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст. 
Дар ин роҳи душвор, вале муҳиму пурмасъулият барои пешрафти ояндаи Тоҷикистон ба ҳамаи кормандону масъулони шохаҳои ҳокимият, аз ҷумла аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ барори кор ва фаъолияти пурмаҳсул орзӯмандам. 

Ҳозирини гиромӣ!
Давлати соҳибистиқлоли мо аз қадамҳои нахустини худ баъди Иҷлосияи 16-ум ба таври возеҳ эълон намуд, ки рушди устувори иқтисоди миллӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии халқро дар заминаи татбиқ ва инкишофи механизмҳои иқтисоди бозорӣ таъмин хоҳад кард. 
Гузариш ба иқтисоди бозорӣ дар кишвари мо дар шароити басо душвор оғоз ёфт. 
Ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар давраи солҳои 1992-1996 то 32 фоиз паст шуд. Қарзҳои берунӣ ва дохилӣ босуръат афзоиш ёфта, сатҳи инфлятсия дар ин давра даҳҳо маротиба боло рафт. Дар бозори истеъмолӣ маводи хӯрока ва молҳои аввалиндараҷаи ниёзи мардум қариб ки ба нестӣ расиданд. 
Ҳукумати Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамуд, ки идома ёфтани чунин раванд ба оқибатҳои ногувори иҷтимоию иқтисодӣ оварда мерасонад ва бояд тадбирҳое андешида мешуданд, ки иқтисодиёти миллӣ аз ин ҳолат ҳарчи зудтар бароварда шавад.
Бо ин мақсад Ҳукумат Барномаи комплексии дигаргунсозиҳои иқтисодиро барои солҳои 1995-2000 таҳия ва қабул намуд. Барномаи мазкур ба либерализатсияи иқтисодиёт, бартараф намудани раванди бӯҳрони фарогир, фароҳам овардани шароити мусоид барои ислоҳоти сохторӣ, мӯътадилгардонии макроиқтисодӣ ва ташаккули заминаҳои ҳуқуқии иқтисоди бозорӣ равона гардида буд. 
Ин амалан озодкунии нархи ҳамаи молу маҳсулот ва хизматрасониҳо, аз ҷумла маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ба монанди нону орд ва ғалла, озодкунии савдои хориҷӣ, вусъат додани ислоҳоти воқеии соҳаи кишоварзӣ, бахши молиявию бонкӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, инчунин такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии ислоҳот мебошад. 
Бо вуҷуди камзаминии кишвар дар ин марҳила тақсим намудани 75 ҳазор гектар замин ба мардум аз ҷумлаи тадбирҳои тақдирсозе буд, ки аҳолиро аз хатари гуруснагӣ раҳоӣ бахшид.
Ҳамаи ин имкон дод, ки аз соли 1997 сар карда болоравии иқтисодиёт таъмин карда шавад. Агар дар соли 1997 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 1,7 фоизро ташкил карда бошад, пас дар муддати солҳои 2000 - 2004 он аз 8,3 то 10,6 фоиз расонида шуд.
Яке аз унсурҳои асосии истиқлолияти давлат мавҷудияти низоми ягонаи пулӣ мебошад. Ворид намудани рубли тоҷикӣ дар соли 1995 ба низоми мустақили пули миллӣ, пеш бурдани сиёсати ягонаи пулию қарзӣ ва асъории Тоҷикистон шароит фароҳам оварда, барои ҷорӣ намудани пули миллии нав - сомонӣ заминаи зарурӣ гузошт. 
Асъори нави миллӣ таҷассумкунандаи сиёсати нави молиявию иқтисодӣ буда, барои татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ такони ҷиддӣ бахшид. 
Фаъолияти системаи самарабахши бонкӣ шарти муҳимтарини рушди босуръати иқтисодӣ мебошад. Бонкҳо бояд захираҳои молиявиро ҷамъ оваранд ва онҳоро барои маблағгузории бахшҳои воқеии иқтисодиёт истифода намоянд. 
Минбаъд низ дар соҳаи пулию қарзӣ сиёсати давлатӣ бояд ба паст кардани сатҳи инфлятсия, афзун шудани ҳаҷми сармояи бонкҳо ва маблағҳои амонатӣ, тадриҷан баланд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёт, таъмини шаффофият дар фаъолияти бонкӣ, такмили хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла сари вақт таъмин намудани маблағҳои қарзӣ, тараққӣ додани маблағгузории хурд ва инфраструктураи он дар деҳот ва минтақаҳои дурдасти кӯҳистон равона карда шавад.
Бонкҳо пешниҳоди қарзҳоро барои ворид намудани техникаи кишоварзӣ, технологияи муосири коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ворид намудани таҷҳизот ва технологияи ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ ва истеҳсоли молҳои талаботи рӯзмарра ба роҳ монда, ҷиҳати паст кардани меъёрҳои амалкунандаи фоизҳои бонкӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ба Бонки миллӣ зарур аст, ки раванди ислоҳоти низоми бонкӣ, сиёсати пулию қарзӣ, ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ ва дигар воситаҳои молиявиро такмил дода, барои афзоиши муомилоти ғайринақдии маблағҳо ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба соҳаи бонкӣ шароити мусоид фароҳам оварад. 
Яке аз шартҳои асосии давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ хусусигардонии моликияти давлатӣ аст. Мақсади хусусигардонӣ самаранок истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани техника ва технологияҳои муосир, зиёд шудани ҷойҳои корӣ, мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва тадриҷан афзудани буҷети давлатӣ мебошад. 
Дар марҳилаи навбатии хусусигардонӣ, ки корхонаҳои миёна ва калонро дар бар мегирад, бояд шаффофияти раванди иҷрои Нақшаи стратегии хусусигардонии моликияти давлатӣ таҳти назорати Ҳукумат қарор дода шавад. 
Рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёт дар солҳои охир имконият дод, ки ҳаҷми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд гардад.
Агар Буҷети давлатӣ дар соли 2000-ум аз рӯи даромад 252 миллион сомонӣ ё 14 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дода бошад, соли ҷорӣ ин нишондиҳанда бояд 1,3 миллиардро ташкил диҳад, ки ин дар ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 18 фоиз баробар шуда, нисбат ба соли 2000 панҷ баробар зиёд мебошад. 
Вале мо ба хубӣ дарк менамоем, ки ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз ба талаботи рӯзафзуни иқтисодиёт ҷавобгӯй нестанд. 
Аз ин лиҳоз, дар солҳои оянда кӯшиш намудан лозим аст, ки аз рӯи имкониятҳои воқеӣ ба дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт, истеҳсоли молҳо ва хизматрасониҳо афзалият дода шавад. 
Бинобар ин, Вазорати молия якҷоя бо Бонки миллӣ вазифадор карда мешаванд, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва захираҳои қарзӣ маблағҳои зарурӣ дарёфт намуда, бо мақсади фаъолнокӣ ва иштироки мардум дар иқтисодиёт ва рушди соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон тавассути Бонки давлатии амонатгузорӣ додани қарзҳои хурди имтиёзнок ба соҳибкорон чораҳои зарурӣ андешанд.
Масъалаи ривоҷ додани бозори коғазҳои қиматнок ва бозори фурӯши такрории онҳо, ки яке аз фишангҳои асосии муҳайё намудани фазои мусоиди сармоягузории хориҷӣ, ба танзим даровардани қарзҳои байниҳамдигарии корхонаю ташкилотҳо ва афзун намудани захираҳои молиявии сармоягузорони дохилӣ мебошад, диққати ҷиддиро талаб менамояд.
Аз ин лиҳоз зарур аст, ки бо мақсади таъмини рушди воқеии бозори қоғазҳои қиматнок ҳамаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда аз нав баррасӣ ва ба талаботи иқтисоди бозорӣ мувофиқ гардонда шаванд. 
Бояд қайд намуд, ки рушди иқтисодиёти ин ё он кишвар бе ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз тамоми давлатҳои ҷаҳон, сарфи назар аз сатҳи тараққиёташон барои рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳалли масъалаҳои ичтимоӣ аз қарзҳои дохилию хориҷӣ истифода мебаранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1991-1996 ба бӯҳрони гарони иқтисодӣ дучор омада, ба гирифтани қарзҳои хориҷӣ маҷбур шуд. Дар натиҷа ҳаҷми умумии қарзҳои давлатӣ бо ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар гардид.
Ба Ҳукумат лозим омад, ки ҷиҳати кам кардани гаронии қарзи берунаи давлатӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонад. Аз ин ҷост, ки ҳаҷми қарзҳои берунӣ танҳо дар соли 2004 ба 320 миллион доллари амрикоӣ кам гардида, дар ҳолати 1 январи соли 2005 683 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин ҳамагӣ ба 32 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст. 
Аз ин 93 фоизаш қарзи имтиёзноки ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ мебошад, ки бо мӯҳлатҳои пардохт то 40 сол ҷалб шудаанд. 
Мо бояд дар оянда ин сиёсатро давом дода, идоракунӣ ва ҷалб намудани қарзи давлатиро бо дигар унсурҳои сиёсати иқтисодии давлат, пеш аз ҳама сиёсати пулию қарзӣ ҳамоҳанг намуда, истифодаи самараноки онро таъмин кунем.
Яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди кишвар ислоҳоти идораи давлатӣ мебошад, ки дар доираи он чорабиниҳои зиёд ба анҷом расида истодаанд. Вобаста ба ин, Ҳукумат вазифадор карда мешавад, ки дар муддати кӯтоҳ Стратегияи ягонаи ислоҳоти идораи давлатиро таҳия намояд. 
Ин ислоҳот пеш аз ҳама бояд ба танзими идораи давлатӣ, мукаммалгардонии вазифаҳо, такмили сохтори вазоратҳо вобаста ба шароити иқтисоди бозорӣ, аз байн бурдани вазифаҳои такроршаванда, шаффофияту самаранокии фаъолияти сохторҳо ва хизматчиёни давлатӣ равона гардад. 
Дар доираи ислоҳоти буҷетӣ кодексҳои нави андоз ва гумрук қабул гардида, аз ибтидои соли ҷорӣ мавриди амал қарор дода шуданд.
Афзоиши даромади буҷети давлатӣ набояд бо роҳи зиёд кардани гаронии андоз ба иқтисодиёт, балки аз ҳисоби вусъат додани заминаи андозбандӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хусусӣ, махсусан соҳибкории хурду миена, маҳдуд намудани доираи фаъолияти иқтисоди пинҳонӣ, беҳтар ба роҳ мондани баҳисобгирии андозсупорандагон ва объектҳои андозбандӣ анҷом дода шавад.
Дар фаъолияти мақомоти гумрук гирифтани пеши роҳи қочоқ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии гумрукӣ ҳамчун манбаи ҷиддии афзун гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ боқӣ мемонад.
Доир ба мушкилоти соҳибкории хурду миёна мехоҳам чанд сухан гӯям. 
Ҳамаи мову шумо - роҳбарон бояд дуруст дарк намоем, ки бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рӯзафзуни иқтисодиёт, зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ ноил шудан ғайриимкон аст. Аммо, мутаассифона санадҳои меъёрию ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории хурду миёна то ҳанӯз пурра муайян нашудаанд.
Дар ин робита ба мо зарур аст, ки таҳияи қонунҳоро "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии соҳибкории хурду миёна", "Дар бораи санҷиши субъектҳои хоҷагидор", "Дар бораи танзими техникӣ", "Дар бораи ташкилотҳои худидорашаванда" тезонида, ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ", "Дар бораи литсензиякунонии намудҳои алоҳидаи фаъолият", "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" тағйироти лозима ворид карда шаванд. 
Рушди устувори иқтисоди миллӣ манбаи асосии ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ва заминаи асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад ва моро лозим аст, ки афзоиши бемайлони иқтисодиётро дар оянда мунтазам таъмин намоем. 
Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки Стратегияи миёнамӯҳлати рушди миллиро барои солҳои 2006-2008 бо назардошти афзалиятҳои Ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва санади Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Ҳадафҳои Рушди ҳазорсола таҳия ва қабул намояд.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Дар шароити имрӯза яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат аз як тараф то ҳадди имкон пеш бурдани иқтисодиёти озод ва аз ҷониби дигар пурзӯр намудани фаъолият дар ташкили инфраструктура ва ҷалби бахши хусусӣ ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, алалхусус саноат мебошад. 
Дар соли 2004 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ чун солҳои пешин зиёд гардид. Вале сатҳи муосири рушди саноат ба талаботи замон ҳамоҳанг нест. 
Иқтидори содиротии кишварамон дар айни замон ба таври кофӣ рақобатпазир набуда, асоси содиротро масолеҳ ва ашёи хом ташкил менамояд. 
Аз ин рӯ, бо мақсади таъмини мунтазами устувории иқтисодӣ ба Ҳукумат ва Вазорати саноат лозим аст, ки барномаҳои мушаххаси коркарди ниҳоии алюминий, тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, маъдан, нахи пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзиро таҳия намуда, ҳарчи зудтар ба амалӣ намудани онҳо оғоз намояд.
Дар оянда ба рушди саноати бофандагӣ аҳамияти хоса додан лозим аст, зеро ин имкон медиҳад, ки ҳам ашёи хоми маҳаллӣ истифода гардад ва ҳам ҳазорҳо ҷои нави корӣ фароҳам оварда шавад. 
Ғайр аз ин, дар заминаи Консепсияи рушди саноат ба Ҳукумат зарур аст, ки таҳия ва қабули Барномаи дарозмӯҳлати рушди соҳаи саноатро тезонад.
Дар соли сипаригашта гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2.3 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба соли 2003 36,5 фоиз афзуд. 
Вале дар раванди савдои хориҷӣ як тамоюли устувор дида намешавад. 
Сабаби асосии ин дар кам будани номгӯи маҳсулоти содиршаванда - асосан алюминий, нахи пахта ва вобастагии пурра аз тағйироти нархҳои ҷаҳонии ин маҳсулот мебошад. 
Бояд зикр кард, ки рушд ва сохтори имрӯзаи савдои хориҷӣ ба талаботи имрӯза ва пеш аз ҳама ба қудрати воқеии содиротии мамлакат мувофиқ нест. 
Бо мақсади таъмини сиёсат дар бахши фаъолияти иқтисодии хориҷӣ Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдоро зарур аст, ки якҷоя бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва молҳои воридотро ивазкунанда барномаҳои мушаххас таҳия намоянд. 
Яке аз соҳаҳои асосӣ ва афзалиятноки инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон кишоварзӣ мебошад. Гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодӣ, ташкили шаклу усулҳои нави хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ гардонидани моликият ва такмили механизмҳои бозорӣ дар соҳаи кишоварзӣ дигаргуниҳои куллиро ба амал оварданд. 
Ҷиҳати дастгирии соҳаи кишоварзӣ Ҳукумат тавассути барномаҳои гуногун зиёда аз 375 миллион сомонӣ лоиҳаҳоро маблағгузорӣ карда истодааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чунин чорабиниҳо аз соли 1996 инҷониб афзоиши мунтазами истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардид. 
Дар чор соли охир афзоиши миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 13,5 фоизро ташкил дод. Аммо барои ноил гардидан ба истиқлолияти озуқавории мамлакат боз заҳмати зиёде кашидан лозим аст.
Яке аз проблемаҳои вазнини соҳа - зараровар фаъолият намудани аксари хоҷагиҳои кишоварзӣ мебошад. Ҳаҷми қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ, хусусан хоҷагиҳои пахтакор сол то сол зиёд шуда истодааст. 
Қайд кардан зарур аст, ки доир ба проблемаҳои зикргардида аз ҷониби Ҳукумат Стратегияи ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор таҳия гардида, мавриди татбиқ қарор дода шуд. Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст, ки механизми амалӣ намудани стратегияи мазкурро бо дарназардошти реструктуризатсияи қарзҳои зикргардида таҳия намуда, барои хоҷагиҳои пахтакор ҳарчи зудтар шароити мусоиди корӣ муҳайё намоем.
Дар сатҳи Академияи илмҳои кишоварзӣ ва дигар институтҳои соҳавӣ тадқиқотҳо дар мавриди беҳтар намудани усулҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи пахтакорӣ, чорводорӣ, растанипарварӣ, тухмипарварӣ ва селексияи он, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба талабот ҷавобгӯй нест. 
Дар шароити Тоҷикистон тараққӣ додани боғдорӣ ва асалпарварӣ яке аз самтҳои сердаромад буда, ба фароҳам овардани ҳазорҳо ҷои корӣ мусоидат мекунад. 
Ба Ҳукумат лозим аст, ки якҷоя бо сохторҳои дахлдор дар хусуси беҳдошти самтҳои зикргардида чораҳои амалӣ андешад.
Мушкилоту проблемаҳои ҳалталаб дар соҳаи кишоварзӣ хеле зиёданд ва ин соҳа ҳанӯз ҳам ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Дар ин робита лозим аст, ки масъалаи таҳияи Стратегияи ягонаи рушди соҳаи кишоварзӣ бо дарназардошти дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ дар мадди аввал гузошта шавад.
Яке аз заминаҳои рушди иқтисодии ҳар як кишвар - иқтидори энергетикӣ мебошад, ки асоси онро бештар захираҳои нафту газ ва коркарди он ташкил медиҳад. 
Гарчанде дар кишвари мо ин захираҳо маҳдуданд, вале набояд фаромӯш сохт, ки иқтидори гидроэнергетикии кишварамон ниҳоят бузург аст ва истифодаи оқилонаи он ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт мусоидат менамояд.
Мо борҳо таъкид мекардем, ки равиши кам шудани захираҳои нафту газ дар ҷаҳон ба зиёд шудани талабот ба нерӯи барқи обӣ оварда мерасонад. Ва имрӯз вазъияти бозори ҷаҳонии захираҳои энергетикӣ инро тасдиқ намуда истодааст.
Соли гузашта дар бахши инкишофи минбаъдаи соҳаи энергетика як қатор тадбирҳои умедбахш рӯй доданд.
Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати ба анҷом расонидани сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ, ба монанди нерӯгоҳҳои барқи обии "Роғун", "Сангтӯда-1" ва оғози "Сангтӯда-2" ба имзо расиданд. 
Баъди ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" дар моҳи апрели соли 2009 истиқлолияти энергетикии кишвар бояд пурра таъмин гардад.
Ба Вазорати энергетика супориш дода мешавад, ки сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Помир-1"-ро моҳи ноябри соли 2005 ба анҷом расонида, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо қувваи барқ пурра таъмин намояд.
То имрӯз дар мамлакат 22 нерӯгоҳи барқи обии хурд ба истифода дода шудааст.
Ба Ҳукумат ва Вазорати энергетика супориш дода мешавад, ки дар давоми солҳои 2005-2006 ҷиҳати сохта, ба истифода додани боз 10 нерӯгоҳи барқи обии хурд чораҳои зарурӣ андешанд.
Барои ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини системаи ягонаи барқии мамлакат ба корҳои омодасозии сохтмони хатти интиқоли барқи 500 киловаттаи "Ҷануб-Шимол" бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ҳарчи зудтар шурӯъ намудан лозим аст.
Ба Вазорати энергетика ҳамчунин супориш дода мешавад, ки соли равон ба истеҳсоли гази Хоҷабоқирғон оғоз намояд.
Тезонидани корҳои сохтмони шабакаи оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 15 миллион сомонӣ, ки навбати аввали он ба охир расидааст, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт корро тавре бояд ташкил кард, ки соли 2006-ум иншооти зикршуда пурра ба истифода дода шавад.
Ҳамчунин проблемаи оби нӯшокии шаҳри Душанбе мувофиқи лоиҳаи обтаъминкуние, ки маблағи он 62 миллион сомониро ташкил медиҳад, соли 2007-ум комилан ҳал мегардад.
Дар соҳаи нақлиёт бунёди иншоотҳои муҳими стратегӣ ва роҳҳои байналмилалӣ давом дода мешавад. 
Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард бо ҷалби институтҳои молиявӣ 11 лоиҳаи инвеститсиониро ба маблағи 354 миллион сомонӣ амалӣ карда истодааст.
Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, марҳилаи аввали сохтмони роҳи Шағон-Зиғар, Шкев-Зиғар дар соли 2005 ба анҷом мерасад. Ин имкон медиҳад, ки роҳи доимамалкунанда ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кушода шавад.
Марҳилаи якуми таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи 72 миллион сомонӣ оғоз гардид. Вазорати нақлиётро лозим аст, ки корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони марҳилаи дуюму сеюми онро тезонад. 
Дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд сохтмони туннели мошингарди Анзоб ба маблағи 120 миллион сомонӣ идома дорад. 
Ҳукумат ва Вазорати нақлиёт вазифадор карда мешаванд, ки баистифодадиҳии онро дар моҳи марти соли 2006 таъмин намоянд. Инчунин дар шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ - Кулма сохтмони туннели автомобилгарди Шар-Шар шурӯъ гардидааст ва зарур аст, ки суръати сохтмони он тезонида шавад.
Ҳамзамон, корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони панҷ кӯпрук аз болои дарёи Панҷ дар мавзеъҳои Фархору Шӯрообод, Панҷи Поёну Ишкошим, ки тавассути қаламрави Афғонистон ба бозорҳои нав ва бандарҳои ҷаҳонӣ баромадани моро таъмин месозанд, идома дода мешаванд.
Ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Панҷ ва Қундузи Афғонистон чораҳои зарурӣ андешад.
Инчунин барои таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа - Панҷи Поён лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия карда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ корҳои амалӣ оғоз карда шаванд.
Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикию озуқаворӣ вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар аст.
Сохтмон ва ба истифода додани ин иншоотҳои стратегӣ барои тараққиёти иқтисодии мамлакат ва бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ аҳамияти калон дошта, ҷараёни бунёди онҳо таҳти назорати доимии давлат қарор доранд.
Ҳозирини гиромӣ!
Яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати дохилии давлати Тоҷикистон ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таъмини осудагиву оромии мардуми кишвар аст. 
Дар Конститутсияи мамлакат, яъне дар ин санади сарнавиштсози миллатамон эълон шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зина ба зина беҳтар кардани сифат ва сатҳи зиндагии мардум Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ пайваста тадбирҳои муайянро амалӣ менамояд.
Дар давраи амалӣ гаштани стратегияи мазкур дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз ҳисоби маблағҳои дохиливу хориҷӣ зиёда аз 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ сарф гашта, дар солҳои наздик татбиқи лоиҳаҳои дигари сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 1 миллиарду 900 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Барои беҳбудии вазъи соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва маорифу тандурустӣ дар се соли охир дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 810 миллион сомонӣ корҳои сохтмону барқарорсозӣ ба анҷом расонида шуданд. 
Дар маҷмӯъ, ҳоло дар соҳаҳои зикршуда 17 лоиҳаи сармоягузорӣ, ки маблағи умумии онҳо 483 миллион сомониро ташкил медиҳад, мавриди татбиқ қарор доранд. Умуман, дар давоми солҳои 2000-2004-ум тавассути ин лоиҳаҳо 1094 иншоот, аз ҷумла 292 муассисаи маориф, 301 иншооти тандурустӣ бунёд, таъмир ва бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуданд.
Татбиқи самарабахши Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои сол то сол кам шудани шумораи аҳолии камбизоат мусоидат менамояд. Аз оғози татбиқи санади зикршуда сатҳи камбизоатӣ 22 фоиз паст гардидааст.
Бо вуҷуди ин натиҷаҳои назаррас ҳоло дараҷаи зиндагии шаҳрвандони мо чандон қаноатбахш нест. Алалхусус ҳифзи иҷтимоии гурӯҳи аҳолии мӯҳтоҷи дастгирӣ, аз ҷумла пиронсолони бесаробон, маъюбон ва ятимон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон беҳбудиро металабад.
Ба мо зарур аст, ки барои дастгирии ин гурӯҳҳои ниёзманд бо дарназардошти кӯмакҳои суроғавӣ барномаҳои мушаххасро таҳия ва қабул намоем. 
Ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки сохтор ва механизми таҳти ҳимоя ва ғамхории пурраи давлат қарор додани кӯдакони ятим ва пиронсолони бесаробонро таҳия намояд. 
Инчунин бо мақсади дар асоси суғурта фароҳам овардани шароити молиявӣ барои ҳаёти мустақилонаи ятимон Барномаи махсуси президентии ҳифзи иҷтимоии ятимон таҳия карда шуда, доир ба татбиқи он Фонди ҷамъиятии мақсадноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. 
Ба Ҳукумат зарур аст, ки бо мақсади дастгирии давлатӣ ва таъминоти моддии ятимхонаҳо, мактаб-интернатҳои ятимону бепарасторон ва хонаҳои маъюбону пиронсолони бесаробон, инчунин бо имтиёз ба донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсус дохил шудани тарбиятгирандагони муассисаҳои зикршуда барномаҳои алоҳидаро таҳия намуда, мавриди татбиқ қарор диҳад. 
Вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, амният ва Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки доир ба қабули тарбиятгирандагони ятимхонаҳо ва мактаб-интернатҳои кӯдакони ятим ба муассисаҳои таълимии худ тадбирҳо андешида, аз ин ҳисоб тарбияи кадрҳои низомиро таъмин намоянд.
Ба Вазорати тандурустӣ супориш дода мешавад, ки ба муассисаҳои таълимии тиббӣ қабул кардани духтарони ятимро баъди хатми мактаб-интернатҳо ва ятимхонаҳо дар асоси имтиёз ба роҳ монад. 
Бо дарназардошти он, ки дар вилояти Хатлон бинобар ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-ум бисёр кӯдакон ятим ва бепарастор мондаанд, ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки доир ба ташкили литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони ятим дар шаҳри Қӯрғонтеппа тадбирҳо андешида, сохтмони бинои онро дар соли оянда ба нақша гирад.
Бо мақсади бо ғамхории оилавӣ фаро гирифтани кӯдакони ятиму бепарастор тартиби барасмиятдарории фарзандхонии онҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оддитар карда шавад. 
Ман ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолони бесаробон ва иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам.
Сиёсати буҷети давлатӣ дар оянда низ барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳифзи иҷтимоӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида мешавад.
Ҳукумат минбаъд низ тибқи барномаҳои ислоҳоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ маблағгузорӣ, таъминот ва таҳкими заминаҳои моддию техникии онҳоро дар мадди аввал мегузорад. 
Ҳамчунин ислоҳоти системаи музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия ва дигар кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ минбаъд низ дар асоси татбиқи барномаҳои ҳукуматии ислоҳоти соҳаҳои иҷтимоӣ тадриҷан идома дода мешавад. 
Дар Буҷети давлатӣ соли ҷорӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ 470 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. 
Бо мақсади дастгирии оилаҳои камбизоат барои пардохти маблағи қувваи барқ ва гази табиӣ пардохти кӯмакпулӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин ба оилаҳои камбизоате, ки фарзандонашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таълим мегиранд, кӯмакпулӣ пардохта мешаванд.
Дар соли 2004-ум музди миёнаи меҳнати кормандони ҳамаи соҳаҳо нисбат ба соли 2003-юм 38 фоиз афзуд. Бо вуҷуди ин, бояд зикр намуд, ки андозаи ҳозираи музди меҳнат, нафақа, кӯмакпулиҳо ва стипендияи донишҷӯён ҳанӯз моро пурра қонеъ карда наметавонад. 
Бинобар ин, дар танзими масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, музди меҳнат ва нафақа ба Ҳукумати Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор зарур аст, ки тадбирҳои зеринро дар амал татбиқ намоянд:
- фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрию ҳуқуқӣ дар бобати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- дар асоси ҷадвали ягонаи меъёрӣ тадриҷан ҷорӣ намудани низоми ягонаи пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва давра ба давра наздик кардани музди меҳнати онҳо ба сатҳи ҷумҳуриявии музди миёнаи меҳнат; 
- таҳия, тасдиқ ва мавриди амал қарор додани "Консепсияи музди меҳнат".
Дар ин замина барои муайян намудани низоми қобили қабули музди меҳнат бояд соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" дар таҳрири нав таҳия ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод карда шавад.
Бояд қайд кард, ки бо нигоҳ доштани системаи амалкунандаи нафақа мо наметавонем дар оянда зиндагии шоистаи нафақахӯронро таъмин намоем. 
Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст, ки механизми нав ва самараноки системаи таъминоти нафақаро таҳия намуда, принсипи кори худро дар ин самт куллан тағйир диҳем.
Барои таҳлили ҳаматарафаи заминаи мавҷудаи меъёриву ҳуқуқии нафақа ва гузаштан ба системаи нав зарур аст, ки оид ба ислоҳоти нафақа Шӯрои миллӣ таъсис дода шавад. Он бояд вобаста ба татбиқи самарабахши сиёсати нафақа ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқиву меъёрӣ пешниҳодҳои мушаххас таҳия намуда, ба Ҳукумат манзур намояд. 
Ҳамзамон ба Ҳукумати Тоҷикистон зарур аст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа"-ро таҳия намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро дар таҳрири нав ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод созад.
Маълум аст, ки соли ҷорӣ 60-солагии Ғалаба бар фашизм ҷашн гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои бесаробонмондаи онҳо аз 1 майи соли ҷорӣ нафақапулии онҳо зиёд карда шавад. Вазорати молия ва Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағгузории ин тадбирро сари вақт таъмин намоянд 
Бори дигар таъкид менамоям, ки рушди соҳаҳои иҷтимоиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумат боқӣ мемонад.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва умуман ояндаи кишвар аз вазъи соҳаи маориф вобаста аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон илму маорифро ҳамчун захираҳои стратегии пешрафти кишвар арзёбӣ мекунад ва барои маърифатнокии аҳолии мамлакат ва тадриҷан беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии кормандони соҳаи илму маориф мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад. 
Аз моҳи январи соли ҷорӣ то сад фоиз зиёд карда шудани музди меҳнати кормандони соҳаи илм ва 70 фоиз афзун гардидани маоши омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, бо сифати баланд интишор ёфтани китобҳои дарсӣ, густариши корҳои сохтмон ва таъмири мактабҳо, инчунин бо лавозимоти заруриву компютерҳо таъмин намудани онҳо аз ҷумлаи иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи самарабахши насли наврас мебошад. 
Хусусан қарори Ҳукумат дар бораи компютерикунонии мактабҳо барои дастрасии мактаббачагон ба технологияи нав, пайваст шудан ба шабакаи ҷаҳонии интернет такони ҷиддӣ бахшид. 
Ҳоло шумораи мактабҳое, ки компютер надоранд, рӯз то рӯз кам мегардад.
Дар баробари ин зикр кардан бамаврид аст, ки ҳанӯз шароити на ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва таъминоти онҳо бо омӯзгорон ва ашёи хониш ба талабот ҷавобгӯ аст. Аз ин рӯ, бояд Вазорати маориф бештар ба сифати таълиму тарбия, беҳбудии шароити мактабҳо ва таъмини онҳо бо мутахассисони зарурӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намояд.
Ҳамчунин дар ҳамаи мактабҳои олии омӯзгорӣ низоми сифатан нави тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ дар асоси шартномае, ки минбаъд дар соҳаи маориф фаъолият кардани хатмкунандагонро таъмин менамояд, ҷорӣ карда шавад. 
Ба Вазорати маориф ва донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат зарур аст, ки дар баробари ҷорӣ намудани низоми нави тарбияи кадрҳо ба сифати мутахассисон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Зеро бояд мутахассисони тарбияткардаи мо ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат намоянд. 
Ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки бо муайян намудани ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ ва манбаи маблағгузорӣ стипендияи донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсусро аз 1 ноябри соли ҷорӣ ба андозаи сад фоиз баланд бардорад.
Ҳамчунин Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади густариши тарбияи ҷисмониву варзиши ҷавонон минбаъд дар буҷети давлатӣ зиёд намудани маблағгузориро пешбинӣ намояд. 
Инкишофи илми ватанӣ ва бо ин восита ихтироъ, такмил ва дар амал ҷорӣ намудани технологияи пешқадами истеҳсолӣ ва ноил шудан ба дастовардҳои нави илмиву адабӣ натанҳо ба рушди иқтисодиву фарҳангӣ, балки дар баланд гардидани эътибору нуфузи Ватанамон дар арсаи байналхалқӣ мусоидат хоҳад кард. 
Вобаста ба ин, ба Академияи илмҳо, академияҳо ва институтҳои илмиву тадқиқотии соҳавӣ зарур аст, ки аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода карда, нерӯи худро ҷиҳати густариши илм ва барои ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ сафарбар намоянд. Барои пешрафти илм ислоҳоти сохтори муассисаҳои илмӣ ногузир аст ва он аз ҷумлаи вазифаҳои таъхирнопазири Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад. 
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ҳифзи тандурустии аҳолӣ, саломатии модару кӯдак ва пиронсолон мебошад. 
Аз ин рӯ, барои рушди иқтидори инсонӣ дар мамлакат бояд корҳои зиёде анҷом дода шаванд. 
Зарур аст, ки Консепсияи ислоҳоти соҳаи мазкур бо дарназардошти талаботи ҷомеа таҷдиди назар гардад. Илова бар ин, қисми хизматрасониҳои тиббӣ аз рӯи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ муайян карда шавад.
Дар шароити имрӯзаи тараққиёти мамлакатамон ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки ҷиҳати ташкили хизматрасонии самарабахши тиббӣ ба фаъолияти тибби оилавӣ ва беҳдошти вазъи таълими клиникӣ, тарбияи омӯзгорон ва табибону ҳамшираҳои тибби оилавӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намояд. 
Барои таъминоти мардум бо доруворӣ ва ба роҳ мондани назорати қатъӣ аз болои сифати онҳо Маркази хариди дорувориро ташкил намуда, механизми назорати сифати онҳоро таҳия созад. 
Ҳамчунин ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, беҳбудии шароит ва корҳои табобатии муассисаҳои тандурустиву пешгирии бемориҳо ва аз байн бурдани камбудиву норасоиҳои онҳо тадбирҳои иловагӣ андешад.
Сиёсати фарҳангии давлат имрӯз ба эҳёи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва рушди фарҳанги миллӣ равона гардидааст. 
Ҳарчанд ки дар давоми солҳои истиқлолият дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем, вале вазъи муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан фаъолияти онҳо дар бобати баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. 
Вазорати фарҳанг ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд дар бобати пешгирӣ ва қатъиян манъ намудани раванди номатлуби ғасб кардан, хариду фурӯш ва истифодаи ғайримақсадноки биноҳои муассисаҳои фарҳангӣ ва таъмиру барқарорсозии онҳо чораҳои фаврӣ ва муассир андешанд.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва завқи бадеии мардуми кишварамон вақти он расидааст, ки Ҳукумат ва Кумитаи телевизион ва радио масъалаи таъсиси канали махсуси фарҳангиро ҳамчун барномаи дуюми телевизиони марказӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор диҳанд. 
Дар баробари ин, ба Вазорати фарҳанг зарур аст, ки қонунгузории амалкунандаи соҳаро баррасӣ карда, пешниҳодоти худро дар бораи ба онҳо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Ҳукумат манзур намояд.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Дар бораи вазъи риояи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ҷамъомади кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат, ки рӯзи 24 декабри соли гузашта баргузор гардид, ботафсил сухан ронда будам.
Барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо мақсади тақвияти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти миллӣ, инчунин таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ба сифати дастуру барнома 4-уми январи соли 2005-ум Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он татбиқи чорабиниҳои мушаххаси зарурӣ пешбинӣ шудаанд. 
Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат зарур аст, ки иҷрои саривақтӣ, босифат ва самараноки чорабиниҳои тасдиқшударо таъмин намоянд. 
Дар ин замина, бояд мақомоти прокуратура иҷрои якхелаи қонунҳо ва риояи дақиқи онҳоро таҳти назорати ҷиддии худ қарор диҳанд. 
Таъкид кардан бамаврид аст, ки зуҳуроти номатлуби коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии пешрафти ҷомеа мебошад. Мо бояд омилҳо ва сабабҳои пайдоиши коррупсияро мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дар бобати пешгирӣ ва паст кардани сатҳи он тамоми нерӯи солими ҷомеаро сафарбар намоем.
Зарур аст, ки вобаста ба пешгирӣ, ошкор намудан ва бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор чораҳои иловагӣ андешида шавад.
Барои беҳбудии шароити моддиву хизматии кормандону хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешад. 
Дар робита ба нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ таъкид бояд кард, ки саҳми ин шохаи ҳокимият ба сифати рукни мустақил дар барпо намудани давлати демократии ҳуқуқбунёд хеле муҳим аст. 
Таъмини сатҳи зарурии шароити моддию техникӣ ва ташкилии судҳо, аз ҷумла зиёд намудани музди меҳнати судяҳо яке аз омилҳои таҳкими мавқеи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа мебошад. 
Аз ин рӯ, ба Ҳукумат зарур аст, ки доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда марҳила ба марҳила тадбирҳо андешад. 
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар таъмини субот ва оромии ҷомеа нерӯи боэътимод мебошанд ва бинобар ин, бояд дарк намоянд, ки танҳо хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи мардум метавонад обрӯю эътибори онҳоро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дорад. 
Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ 
ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳадафи аслӣ ва стратегии сиёсати хориҷии мо татбиқи амалии манфиатҳои олии давлат ва миллат, қабл аз ҳама таъмини амният, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръат ва таҳкими иқтидори дохилии кишвар аст.
Ин ҳадаф стратегияи санҷида, ҳамаҷониба асоснок ва дорои механизмҳои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо ҳама кишварҳо ва субъектҳои муносибатҳои байналхалқиро тақозо дорад. 
Он ба пешбурди сиёсати дарҳои кушода бо ҳама кишварҳо ва субъектҳое, ки бо мамлакати мо нияти ҳамкории беғаразона доранд ва зарурати он дар паёми соли гузашта таъкид шуда буд, аҳамияти хос медиҳад. 
Мувофиқи ин сиёсат Тоҷикистон барои воридшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо талош дорад, ки раванди интегратсияро бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ густариш медиҳад. 
Бояд таъкид кард, ки татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар даврони ниҳоят мураккаб, зиддиятнок ва ҳассоси таърихи башарӣ ҷараён мегирад. 
Шинохти дақиқ ва объективии мазмуни аслии равандҳо ва тамоюлоти муҳимтарини рӯз ниҳоят мушкил аст, зеро онҳо натанҳо таркиб ва мазмуни мураккаб ва пуртазод доранд, балки ниҳоят динамикӣ ҳастанд.
Возеҳ аст, ки ин равандҳо, қабл аз ҳама глобализатсия ба сарнавишти имрӯзу фардои мардум ва кишвари мо таъсири рӯзафзун хоҳанд дошт. Аз ин рӯ, баррасӣ ва дарки мазмуни ҳақиқии онҳо ниҳоят зарур мебошад. 
Глобализатсия аз як тараф сабабгори густариши равобит ва муносибатҳои наздики халқҳо ва кишварҳо буда, аз тариқи шабакаи фарогир ва амалан глобалии василаҳои иқтисодӣ, технологӣ, иттилоотӣ, дастёбӣ ба дастовардҳои навин ва арзишманди башарӣ, сарфаҷӯии захираҳои гуногун, танзими беҳтари фаъолияти гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ (бахусус иқтисодӣ, молиявӣ, экологӣ) ва падидаҳои дигари муҳим ва мусбат интишор мегардад. 
Вале аз ҷониби дигар, аксаран таҳти таъсири бевоситаи глобализатсия фарқи байни кишварҳои пешрафта ва рушдёбандаву ақибмонда амиқтар шуд, фишор ба сохторҳо ва суннатҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ниҳоят шиддат гирифт, даъвои бартариҷӯӣ аз ҷониби баъзе кишварҳои пешсафи ин раванд возеҳтар гардид, рӯҳияи бархӯрди тамаддунҳо нисбатан тақвият ёфт.
Ба андешаи ман, натиҷаи аз ҳама нигаронкунанда ва ҳатто хатарноки раванди глобализатсия ва ҷараёнҳои ба он пайванд коҳиш ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоист, ки бе онҳо ҳастии ҳақиқии инсон амалан ғайриимкон аст.
Ҷараёни нисбатан равшани оғози асри XXI, ки бо равандҳои мазкур пайванди наздик ва таркибӣ дорад, ин сатҳ ва мазмуни нав гирифтани шиддати рақобат ва бархӯрдҳои гуногун аст. 
Мубориза барои захираҳои ашёи хом ва қудратталабӣ падидаи қадимаи робитаҳои байнидавлатӣ ва байналмилалист, вале ибтидои асри XXI дар шароити маҳдудшавии босуръати захираҳои табиӣ, рақобати шадиди иқтисодӣ ва имконияти амалан номаҳдуди техникӣ, ҳамчунин мубориза барои дастёбӣ ба захираҳои стратегӣ ва назорати минтақаҳои дорои аҳамияти ҳаётӣ ва иқтисодӣ суръат хоҳад гирифт. 
Ин раванд қабл аз ҳама хоси минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки солҳои наздик нуқтаи муҳими рақобати геополитикӣ ва геостратегии қудратхоҳони ҷаҳон хоҳад гардид. 
Ин амр тақозо менамояд, ки ҳам давлатҳои минтақа ва ҳам давлатҳои бузург сиёсати ниҳоят санҷида, созанда ва созгор бо суботу амнияти минтақа ва ҷаҳонро амалӣ намоянд. Осиёи Марказӣ ҳамчун нуқтаи ҳассоси геополитикӣ ва геостратегии ҷаҳон набояд саҳнаи бесуботӣ ва бархӯрдҳои ҷаҳонӣ бошад, балки маркази пайванди манфиатҳои ҷаҳонӣ гардад. Мо бояд бо шинохти дақиқи мазмуни равандҳо ва таҳаввулоти ҷаҳонӣ, огоҳиву зиракӣ ва масъулияту дурандешӣ пайгирона талош намоем, ки аз дастоварду ҷиҳатҳои мусбати онҳо, аз ҷумла глобализатсия ба нафъи субот ва пешрафти Ватани азизамон ҳаддалимкон истифода барем ва ҳамзамон мардум, кишвар ва фарҳанги миллии худро аз оқибатҳои манфӣ ва харобиовари онҳо эмин дорем. 
Шарти муҳимтарин дар ин роҳ - ташаккул додани ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати бартараф намудани хатарҳо ва таҳдидҳои асосии глобалӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, қочоқу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ мебошад. 
Зеро дар ин раванд ҳамгироии босуръати ин падидаҳои фоҷиабор вусъат гирифта истодааст. 
Дар ин ҷо мехоҳам хотиррасон намоям, ки Тоҷикистон чандин сол инҷониб нақши минтақаи буфериро дар сари роҳи экспансияи терроризм, экстремизм ва паҳншавии маводи мухаддир мебозад.
Мо ҳанӯз баҳори соли 2000 зарурати таҳия ва қабули консепсияи ягона ва универсалии терроризмро таъкидан зикр намуда будем, ки дар он қабл аз ҳама мафҳуми амиқ ва возеҳи истилоҳи терроризм, хислат, мазмун ва амалиёти тахрибгаронаи он таъбир гардида, роҳҳо ва василаҳои муассири мубориза бар зидди он муайян ва мушаххас карда шаванд. 
Боиси қаноатмандист, ки дар паёми чанде пештар ба Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид пешниҳодшуда ин масъала ҳамчун афзалияти муҳими ҷомеаи байналмилалӣ таъкид гардидааст. 
Мо зарур мешуморем, ки фаъолияти эътилофи байналмилалии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм босамар ва механизмҳои он муассиртар карда шаванд. Дар ин масъалаи ҳаётӣ мо стандартҳои дугонаро қабул надорем. 
Бори дигар ба Созмони Милали Муттаҳид, давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, таъкид мекунем, ки татбиқи пешниҳоди қаблии мо дар мавриди таъсиси иттиҳоди байналмилалии зидди қочоқи маводи мухаддир кори ниҳоят муҳим мебошад. 
Шарти дигар, ин ширкати фаъол ва амалии ҳамаи давлатҳои хурду бузург дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини умумибашарист. 
Шумо хуб огоҳ ҳастед, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва ҷонибдории 140 кишвари ҷаҳон солҳои 2005-2015 даҳсолаи амалиёти "Об барои ҳаёт" эълон гардид ва мо дар оғози он қарор дорем. 
Мо ҷонибдори низоми одилона ва устувори ҷаҳонӣ бар асоси усул ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, қабл аз ҳама баробарҳуқуқии ҳамаи субъектҳои равобити байналмилалӣ ва риояи соҳибихтиёрии давлатҳо мебошем, ки дар танзими он Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони ягонаи универсалии ҷаҳон бояд нақши марказӣ дошта бошад. 
Ин низом ҷавобгӯи манфиатҳои олии ҳамаи халқҳо ва кишварҳо, амният ва суботи ҷаҳонӣ мебошад. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хориҷ шудан аз доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва нодида гирифтани баъзе принсипҳои бунёдии он барои минтақаҳо ва кишварҳои зиёд сабабгори мушкилот ва проблемаҳои ҷиддӣ мегардад. 
Равандҳо ва талаботи объективии оғози асри XXI ва бахусус зарурати ҳаётии татбиқи муваффақонаи манфиатҳои миллӣ афзалиятҳо, самтҳо ва вазифаҳои мушаххаси сиёсати хориҷии Тоҷикистони мустақилро муайян намудаанд.
Самти муҳимтарини афзалиятноки сиёсати байналмилалӣ ва минтақавии мо минбаъд низ густариш ва рушди робитаҳо ва ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. 
Бахусус, мо равобити ҳамаҷониба ва стратегии худро бо давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евроосиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай таҳким хоҳем бахшид, ки ба нафъи истиқлолият ва манфиатҳои ҳаётии мост. 
Зикр кардан бамаврид аст, ки соли гузашта дар раванди густариш ва таҳкими равобит ва ҳамкорӣ бо шарики стратегии мо - Федератсияи Россия марҳалаи сифатан нав оғоз шуд. 
Дар мулоқоти роҳбарони Тоҷикистон ва Россия дар Сочи моҳи июни соли 2004-ум дар мавриди масъалаҳои ниҳоят муҳими дуҷониба, қабл аз ҳама ҳалли масъалаи қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон, базаи ҳарбии Федератсияи Россия ва ба ихтиёри Тоҷикистон вогузор намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, ки солҳои тӯлонӣ ҳалли худро намеёфтанд, мувофиқаи тарафҳо ҳосил гардид. 
Оғози амалии ҳамкории васеъ ва бунёдии иқтисодӣ, қабл аз ҳама дар соҳаҳои гидроэнергетика, металлургияи ранга ва инфраструктура падидаи арзишманд мебошад. 
Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2004 як силсила санадҳои дахлдор ба имзо расиданд. 
Масъалаи ниҳоят мураккаб ва ҳассоси муҳоҷирати меҳнатӣ низ ҳалли усулӣ ва пурраи худро ёфт ва тадриҷан танзим хоҳад шуд. 
Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи талоши пайгирона ва созанда равобити шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мазмуни сифатан нав ва баланд гирифта, табиати мутавозин ва созгор бо манфиатҳои дарозмуддати ҳарду кишвар ва минтақа пайдо намуд.
Дар солҳои охир робита ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ низ майлони мусбат гирифта, онҳо фарогири тақрибан ҳама соҳаҳо ва арсаҳо мебошанд. 
Бо давлатҳои мутараққии Ғарб ва қабл аз ҳама бо Штатҳои Муттаҳидаи Амрико равобити мо сол то сол густариши тоза ёфта, самти ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, гуманитарӣ, сарҳадӣ ва амниятро фаро мегиранд. Мо ҷонибдори рушду густариши минбаъдаи ин равобит ҳастем, ки ба нафъи мардумони Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон аст ва ин раванд бояд дар доираи асноди байни ду кишвар имзошуда идома дода шавад. 
Ҳамчунин бо кишварҳои Фаронса, Олмон, Британияи Кабир, Италия, Канада, Нидерландия, Полша, Чехия, Швейтсария, Белгия ва давлатҳои дигар ҳамкории мо хеле густариш ёфт. 
Бо аксари мутлақи ин давлатҳо дар таркиби коалитсияи байналмилалии мубориза бар зидди терроризм амалан шарикони наздики байналхалқӣ мебошем.
Қобили зикр аст, ки гардиши мол байни Тоҷикистон ва ин кишварҳо афзоиши босуръат дошта, ҳиссаи содироти кишвари мо назаррас аст. Вале бояд иқрор шуд, ки сатҳи ҳамкории имрӯза ва бунёдии иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ бо сатҳи равобити сиёсӣ ва шарикии байналмилалии Тоҷикистон бо ин кишварҳо мутобиқати пурра надорад. 
(Масалан, танҳо дар соли 2004 содироти ашёи хом аз Тоҷикистон ба Нидерландия 380 миллион доллар ва Швейтсария 64 миллион долларро ташкил намуд. Аммо ҳамкорӣ ва кӯмаки давлатҳои зикршуда аз доираи харидории ашёи хом берун намебарояд). 
Мо чунин мешуморем, ки ин кишварҳо қодиранд дар сохтмони объектҳои бунёдӣ ва ниҳоят фоидаовари иқтисодӣ дар соҳаи энергетика, металлургияи ранга ва инфраструктура, ҳамчунин дар рушди саноат, низоми молиявӣ, соҳибкории хурд ва миёна саҳми фаъол дошта бошанд. 
Дар айни ҳол бо дарназардошти воқеиятҳои имрӯзаи Аврупо ва пеш аз ҳама сатҳи баланди ҳамгироӣ мо бо Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳоро густариш додем. 
Натиҷаи муҳим ва амалии он имзои Паймони шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тирамоҳи соли 2004-ум буд. Ин паймон барои таҳкими бештари равобити тарафайн бояд мусоидати фаъол ва амалӣ намояд. Албатта, он ба талошу кӯшиши худи мо вобастагии зич дорад. 
Муносибатҳои гуногунсоҳа ва ҳамкории мо дар минтақа бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ густариши бештар ёфтанд. Дар солҳои охир равобити мо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон беҳбудӣ пайдо намуд ва ҳамкории иқтисодӣ нисбатан рушд ёфт. 
Мо усулан ҷонибдори рафъи монеаҳои эҷодшуда дар равобити дерина ва ҳамсоягии нек ва ҳалли масъалаҳои боқимонда дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи байналхалқӣ ва эҳтироми мутақобил мебошем. 
Иқдомоти амалӣ дар ин самт ба татбиқи амалӣ ва бомуваффақияти пешниҳоди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавриди таъсиси бозори муштараки Осиёи Марказӣ мусоидати фаъол хоҳад намуд. 
Робитаҳои мо дар ҳама соҳаҳо бо Қазоқистон ва Қирғизистон ба хубӣ инкишоф меёбанд. 
Бо таҷдид ва навсозии роҳи Душанбе - Ҷиргатол - Қирғизистон ва бунёди объектҳои дигари иқтисодӣ ва инфраструктурӣ имконияти густариши ҳамкорӣ бо ин кишварҳо фароҳам хоҳад гардид. 
Тоҷикистон ҷонибдори густариши равобит ва ҳамкории судманд дар ҳама соҳаҳо бо Туркманистон мебошад. 
Мо инкишофи пайгиронаи ҳамкории минтақавиро дар Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи афзалиятҳои аввалиндараҷа медонем. Вале бояд таъкид кард, ки ҳанӯз сатҳи ҳамкории минтақавӣ ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётӣ ва дарозмуддати халқҳои минтақа намебошад. 
Мо қарорҳои зиёди хуб қабул кардем, дар бораи аҳамияти ҳамкории минтақавӣ зиёд сухан гуфтем, вале самараи амалӣ ҳанӯз кам аст. 
Мо чунин мешуморем, ки фаъолияти давлатҳои минтақа ба густариш ва таҳкими минбаъдаи равобити васеъ ва мутақобилан судманд мусоидат кунад ва Созмони Ҳамкории Осиёи Марказӣ нисбат ба имрӯз нақши фаъолтар ва пурсамар дошта бошад. 
Равобити дӯстона ва ҳамкории нисбатан васеъ бо Украина, Беларус ва Арманистон дар соли гузашта густариш ёфтанд. 
Мехостам дар ин ҷо доир ба як масъалаи муҳим таваққуф намоям. Ҳодисаҳои вақтҳои охир дар минтақа рухдода боиси нигаронии мо гаштанд. Ман албатта, қабл аз ҳама, Қирғизистони ҳамсоя ва ҳамсарҳадро дар назар дорам, ки дар он ҷо бархӯрди манфиатҳои нерӯҳои сиёсии мухталиф ба нооромӣ ва воқеаҳои драматикии рӯзҳои охир оварда расониданд. Ҳамаи ин натанҳо ба вазъи дохилии Қирғизистон, балки ба амнияту суботи ҳамаи минтақаи Осиёи Марказӣ бетаъсир нахоҳад монд. 
Маълум аст, ки минтақаи мо бо сабабҳои мухталиф қаблан низ барои сармоягузорон на он қадар ҷолиб буд ва рух додани чунин ҳодисот ба эътибори он таъсири манфӣ мерасонад. 
Маҳз барои ҳамин, мову шумо, ки қабл аз дигарон ин гуна бӯҳрони сиёсӣ ва ҳамаи даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидем ва қадри сулҳу суботро хуб медонем, сидқан хостори аз ҷониби худи мардуми бародари Қирғизистон ба эътидол овардани вазъият ва таъмини рушди минбаъдаи мусолиматомези он кишвар мебошем. Аз ҷониби худ мо ҳеҷ гуна кӯмаку мададро ба ин раванд дареғ нахоҳем дошт. 
Дӯстони азиз!
Соли гузашта дар таърихи равобити дӯстонаи мо бо ҳамсояи бузурги шарқиамон - Ҷумҳурии Халқии Чин воқеаи муҳим рух дод, ки он кушода шудани гузаргоҳи сарҳадии Кулма мебошад. 
Мо итминон дорем, ки эҳёи Шоҳроҳи нави абрешим ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишварро ба сатҳи нав хоҳад бардошт. Мо аз сатҳ ва мазмуни равобит ва эҳтироми раҳбарияти ду кишвар қаноатмандем ва таҳкими онҳоро самти муҳими сиёсати хориҷии худ меҳисобем.
Бояд зикр кард, ки дар натиҷаи кӯшишҳои пайваста ва созандаи Россия, Чин ва давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Созмони Ҳамкории Шанхай дар муддати хеле кӯтоҳ ба созмони бонуфузи дорои механизмҳои муҳими мубориза алайҳи таҳдидҳои нави глобалӣ, таъмини суботу амният ва густариши ҳамкориҳои судманд табдил ёфт. 
Мо такмил ва таҳкими ин созмонро барои сулҳу субот ва ҳамкории судманди минтақавӣ муҳим медонем. 
Равобити дӯстона ва ҳамкории васеи мо бо Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон - кишварҳое, ки бо онҳо пайвандҳо ва арзишҳои зиёди муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ дорем, аз афзалиятҳои муҳими сиёсати хориҷии мо мебошад.
Мо аз оғози ҳамкории амалӣ дар бунёди объектҳои бузурги иқтисодӣ ва инфраструктурӣ бо кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг - Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳори қаноатмандӣ менамоем. 
Итминон дорам, ки сохтмони нақби Анзоб ва бахусус нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" нишонаи таърихии ҳамкории мо хоҳад гардид. Мо ҷонибдори густариш ва таҳкими равобит дар соҳаҳои дигар низ мебошем. 
Мо пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии Тоҷикистон ва Эронро мероси бузург ва арзишманди таърихӣ дониста, таҳкими онҳоро ба нафъи ду кишвар ва суботу амнияти минтақа медонем. 
Бинобар ҳамин аз шиддати зиддият дар робита бо барномаҳои энергияи атомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиддан нигаронем ва самимона ҷонибдорем, ки мушкилоти мавҷуда фақат бо василаҳои сиёсӣ ва бо дарки масъулияти таърихӣ ҳаллу фасл карда шаванд.
Мо равандҳои имрӯзаи яке аз ҳамсояҳои наздики худ Афғонистонро асосан мусбат арзёбӣ менамоем ва эътимод дорем, ки онҳо ба таъмини тадриҷии амнияту суботи саросарӣ, ташкили сохторҳои зарурии идора ва назорати иҷтимоӣ, инчунин тақвияти рӯҳияи созандагӣ мусоидат хоҳанд намуд. 
Дар ин марҳалаи ҳассос ва сарнавиштсози ин кишвари ҷафодида зарур аст, ки асосҳои мустаҳками низоми нав ва таносуби шаклгирифтаи нерӯҳои сиёсӣ ва миллию қавмӣ нигоҳ дошта шаванд. 
Ҳамзамон, мубориза бо нерӯҳои боқимондаи гурӯҳҳои террористӣ ва истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир ҳамчун таҳдидҳои ҷиддӣ барои ин кишвар ва ҷаҳон бояд пайгирона ва босубот идома ёбад.
Бозсозии муваффақона омили ниҳоят муҳими таъмини раванди субот ва ризоияти сиёсӣ дар ин кишвари дӯст ва ҳамсояи мост. Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст дар ин кори хайр саҳми шоиста гирад. 
Ҷиҳати амалӣ шудани ҳамкориҳои судманд Ҳукумати Тоҷикистон бояд силсилаи барномаҳо ва санадҳо, бахусус дар бораи дастгирии тиҷорат, обёрӣ, кишоварзӣ, илм, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг таҳия намояд. 
Ин ба соҳибкорон ва субъектҳои гуногуни мо имконият медиҳад, ки равобити дуҷонибаи кишварҳои моро вусъат бахшанд. Бахусус, таҳияи барномаи асосноки таъмини Афғонистон бо барқ ниҳоят зарурист. 
Вазорати энергетика ҷиҳати таҳия ва татбиқи он бояд тамоми иқдомоти заруриро амалӣ намояд. 
Ширкати фаъоли Афғонистон дар созмонҳои минтақавӣ аз ҷумла, Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва умуман ҳамкории васеи минтақавии он ба нафъи ин кишвар ва суботу амнияти минтақа аст. 
Равобит ва ҳамкории гуногунсоҳаи мо бо Ҳиндустон пайваста густариш меёбанд. Бо мусоидати дӯстонаи ин кишвари бузург чанд объекти муҳим ва стратегӣ навсозӣ, такмил ва бунёд мешавад. Дар ин самт мехоҳем боз ҳамкориҳои мо вусъат ёбанд.
Дар солҳои охир равобити муфид ва босамар бо Покистон тадриҷан густариш ёфт ва баъди сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба ин кишвар моҳи майи соли 2004-ум ба маҷрои нав ворид шуд. Мо хоҳони рушди ин равобит ва бахусус, ширкати фаъол ва амалии Покистон дар бунёди объектҳои гидроэнергетикӣ, инфраструктурӣ ва истеҳсолӣ мебошем. 
Бори нахуст дар таърихи равобити худ дар Ҳиндустон ва Покистон сафорат кушодем ва интизор дорем, ки фаъолияти оғозшудаи онҳо дар ояндаи наздик ба раванди густариши муносибатҳо бо ин кишварҳо мусоидати фаъол хоҳад намуд. 
Аз сатҳ ва мазмуни равобит ва ҳамкории худ бо Ҷумҳурии Туркия изҳори ризоият ва қаноатмандӣ менамоем. 
Бо мусоидати ин кишвари дӯст объектҳои нисбатан зиёд ва муҳими иқтисодӣ, инфраструктурӣ, таълимӣ, иттилоотӣ бунёд гардидаанд ва фаъолияти босамар доранд. Мо иштироки васеи ин кишварро дар татбиқи нақшаҳои бузурги навсозиамон дар соҳаҳои гидроэнергетика, сохтмон ва арсаҳои дигар интизор ҳастем. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори усулии ҳамкории васеи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) мебошад. Моҳи сентябри соли 2004 дар пойтахти Ватанамон - шаҳри Душанбе мулоқоти ҳаштуми сарони ин созмони бузург ва бонуфузи минтақавӣ доир гардид, ки худ баёнгари эътибор ва мақоми баланди давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. 
Дар он як силсила асноди ниҳоят муҳим қабул шуданд, ки дурнамои ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманди минтақавиро муайян менамоянд. Дар давраи раёсати худ ба ин созмон мо пайваста талош менамоем, ки аснод ва қарорҳои қабулшуда амалӣ шаванд ва созмон ба механизми муассири ҳамкории минтақавӣ табдил гардад. 
Равобити мо бо кишварҳои ҷаҳони араб хуб мебошанд, аммо имконият ва захираҳои истифоданашудаи ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманд зиёданд, ки барои ҷалби онҳо бояд сохторҳои марбута талоши бештар ва пайгир намоянд.
Мо бояд дар оянда равобити ҳамаҷонибаи худро бо тамоми кишварҳои мусулмонӣ густариш бахшем.
Зикр кардан бамаврид аст, ки мо таърихан ҷузъи ҷаҳони ислом ва тамаддуни бузурги исломӣ мебошем. Аз ин рӯ, равобити васеъ ва судманд бо кишварҳои мазкур таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни халқҳои ин кишварҳо дар ҳама ҷабҳаҳо аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии мост.
Таърих гувоҳ аст, ки замоне кишварҳои мусулмон дар соҳаҳои илму фарҳанг пеш рафта буданд, таассубу хурофотро чун монеаи ҷиддӣ канор мегузоштанд ва дӯстиву ҳамкории наздикро арзиши бузург медонистанд. Онҳо дорои тамаддуни оламгир ва соҳиби нуфузу мақоми баланд буданд. 
Ва баръакс, замоне ки дигарон низои равияву мазҳабҳоро ривоҷ доданд, хурофоту таассуб боло гирифт ва низою кашмакашҳо ба як зуҳуроти доимӣ мубаддал шуданд, рукуд ва таназзул фаро расид ва сарнавишти сангин насиби мусулмонон гардид.
Саҳми тамаддуни исломӣ дар раванди ташаккулёбии фарҳанг ва тамаддуни башарӣ бебаҳс аст ва ин воқеиятро шахсиятҳои бузурги илму фарҳанги ҷаҳонӣ борҳо эътироф кардаанд. 
Ин тамаддун бо фарҳангҳои арзишманди бузурги инсонӣ ҳамкории созанда ва суннати ҳамзистиро решадор намудааст. 
Он метавонад ба пешгирии тамоюли харобиовари "бархӯрди тамаддунҳо" мусоидат намуда татбиқи раванди ҳамкорӣ ва гуфтугӯи созандаи тамаддунҳо ва фарҳангҳоро таҳким бахшад.
Бо дарназардошти ин ҳақиқати бебаҳси таърих кишварҳои мусулмон ва созмонҳои гуногуни байналмилалии исломӣ, қабл аз ҳама, Созмони конфронси исломӣ вазифадоранд, ки дар ин марҳалаи нозук ва ҳассос барои таъмини шароити мусоиди ҳамкорӣ, пешрафти иқтисодӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи эътибор ва симои воқеии ислом, пешгирии рӯҳияи зидди ислом ва мусулмонон, таблиғ ва ташвиқи фарҳанги сулҳ иқдомоти заруриро амалӣ намоянд.
Ба назари мо агар кишварҳои сарватманди мусулмонӣ ҳиссаи муайяни даромадҳои фурӯши ашёи худодод ва манбаъҳои бузурги молиявии худро барои кӯмак ба кишварҳои ҷангзада, рафъи мушкилоти азими иҷтимоӣ ва пешрафти мамлакатҳои мусулмонӣ сафарбар намоянд, ин намунаи амалии татбиқи асли Қуръонии "мӯъмин бародари мӯъмин" хоҳад буд.
Ҳамкории оғозшудаи мо бо Малайзия, Индонезия ва кишварҳои дигари Осиёи Ҷанубу Шарқӣ талошу фаъолияти минбаъдаи сиёсӣ ва иқтисодиро тақозо дорад. 
Сатҳи ҳамкорӣ бо Япония, Ҷумҳурии Корея, Таиланд, Сингапур ва баъзе кишварҳои Осиёи Шарқӣ ҷавобгӯи имконот ва захираҳои мавҷуда нест. 
Мо метавонем сармоя ва технологияи навини давлатҳои пешрафтаи ин минтақаи бузургро ба манфиати рушди босуръати кишварамон ҷалб намоем.
Яке аз воқеиятҳои ошкори рӯз афзоиш ва тақвияти нақши амалии созмонҳои гуногуни минтақавӣ, байниминтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. 
Мо нақши Созмони Милали Муттаҳидро дар танзим ва самтдиҳии низоми навини ҷаҳонӣ ва ҳаллу фасли масоили байналмилалӣ ҳамчун нақши марказӣ арзёбӣ мекунем. 
Ба назари мо созмонҳои бузурги байналмилалӣ - қабл аз ҳама Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо метавонанд бо ҳадафи мушаххас дар татбиқи мақсадҳои оинномавӣ ва ҳамкориву ҳамдастии наздик бо Созмони Милали Муттаҳид нақши муассир бозанд. 
Зимнан, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бояд барои татбиқи ҳадафҳои аслӣ ва бузурги худ - таъмини амният ва фазои мусоиди ҳамкории иқтисодӣ пайваста талош намояд ва фаъолияти мутавозин ва созанда дошта бошад. 
Мо Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолиро василаи муҳими таъмини суботи стратегии байналмилалӣ ва мубориза бо хатарҳову таҳдидҳои глобалӣ медонем. 
Ҳамкории мо бо ин созмон дар доираи Барномаи "Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ" ва амалиёти байналмилалии зиддитеррористӣ густариш хоҳад ёфт. Ба андешаи мо, дар ин марҳалаи ҳассос ва муҳим ин созмон татбиқи барномаҳо ва иқдомоти байналмилалии худро бо Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи зарурӣ ҳамоҳанг намояд. 
Бо дарназардошти ҷамъбасти ҳамкориҳои мо бо тамоми давлатҳо ва ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ бояд гуфт, ки соли гузашта дар ин ҷода 123 созишномаву аҳдномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба имзо расиданд. 
Сохторҳои сиёсати хориҷӣ, қабл аз ҳама Вазорати корҳои хориҷӣ, сафоратҳо ва намояндагиҳои мамлакатамон вазифадоранд барои иҷрои онҳо ба нафъи кишвар, бахусус ҷалби сармоя ва густариши ҳамкории судманди иқтисодӣ тамоми имконият ва таҷрибаи худро сафарбар намоянд. 
Имрӯз мо шоҳиди фаъолияти густурдаи шабакаи васеи созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ мебошем. Онҳо фаъолияти асосан мусбат доранд ва ҳамкорӣ бо онҳо зарурист. Нақши ин созмонҳо дар ҳалли баъзе мушкилоти иҷтимоӣ ва мусоидат дар татбиқи стандартҳо ва институтҳои демократӣ назаррас аст. 
Вале бояд дар назар дошт, ки мо худамон беш аз дигарон манфиатдори татбиқи муваффақонаи барномаи демократисозии ҷомеа ҳастем ва давлат ҳамчун мақоми олии қонунӣ масъулияти таърихии онро ба дӯш дорад. 
Давлат дар оянда низ бо ин созмонҳо ҳамкории созанда хоҳад намуд. Ҳамзамон мо мутобиқати пурраи фаъолияти онҳоро бо ҳадафҳои оинномавӣ, мандати расмиашон ва риояти пурраи қонунҳои кишварро тақозо дорем. 
Умуман бояд гуфт, ки агар мо аз сохторҳои давлатӣ фаъолияти таҳти назорати мустақими мардумро талаб дошта бошем, пас созмонҳои ғайридавлатӣ низ бояд ошкор, шаффоф ва созанда амал намоянд, ки аз ҳар як иқдоми онҳо мардуми кишвар ба куллӣ огоҳ бошад. 
Дар маҷмӯъ, сиёсати санҷида ва мутавозини хориҷӣ, мавқеи равшани устувор дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиду хатарҳои дигари глобалӣ, ширкати амалӣ ва масъулона дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини умумиинсонӣ ва омилҳои дигар сабаб шуданд, ки Тоҷикистон узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад. Ин дастоварди бузурги миллӣ ва таърихӣ мебошад. 
Мо вазифадорем, ки барои тақвият ва таҳкими бештари мавқеи минтақавӣ ва байналмилалии Ватани маҳбуби худ - Тоҷикистон пайгирона ва мунтазам талош намоем. 
Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва 
вакилони Маҷлиси намояндагон!
Парламенти нави доимамалкунанда ва думаҷлисаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар низоми сиёсии ҷомеаи мо падидаи комилан нав мебошад, имрӯз даъвати дуюми фаъолияти худро бо интихоб шудани шумо оғоз менамояд. 
Конститутсияи Тоҷикистон халқро ба сифати баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст, ки яке аз унсурҳои ифодаи олии он интихобот мебошад. 
Бинобар ин, халқ аз шумо умеди фаъолияти босамар дорад ва он бояд ҷавобгӯ ба манфиати мардум бошад. Ман боварии комил дорам, ки шумо бо фаъолияти худ, ки яке аз омилҳои таъминкунандаи пешрафту рушди ҷомеа ва баланд рафтани сатҳи зиндагии мардум мегардад, ба ин боварии халқ сазовор мешавед. 
Ҷомеа тибқи қонунмандиҳои худ рӯ ба такомул аст ва махсусан кишвари мо, ки дар марҳилаи гузариш қарор дорад, зарурати таъмини саривақтии инкишофи ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла асосу зербинои ҳуқуқиро ба сифати кафолати танзими солими муносибатҳои ҷамъиятии нав эҳсос мекунад.
Ба мо имрӯз муяссар гардид, ки суботу оромӣ, тартибу низом, амнияти мардум ва давлатро таъмин намуда, институтҳои давлатро мустаҳкам намоем, ки ин омили муайянкунанда дар роҳи пешрафти ҷомеа мебошад. 
Барои марҳилаи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи мо вазифаҳое, ки аҳамияти аввалиндараҷа доранд - таъмини рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини адолати иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ, идомаи ислоҳот махсусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, дар панҷ соли оянда таъмин намудани истиқлолияти энергетикии давлат, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва таъмини истиқлолияти озуқаворӣ мебошанд. 
Аз ин рӯ зарур аст, ки шумо - аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии даъвати нав такмили ҳуқуқии муносибатҳои зикршударо таъмин намоед. 
Бо мақсади такмили фаъолияти қонунэҷодкунӣ ва муайян намудани ҳамаи паҳлӯҳои ин фаъолияти муҳим дар радифи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" қонуни нав дар бораи фаъолияти қонунгузорӣ таҳия ва қабул карда шавад. 
Қабул шудани чунин қонун субъектҳои ташаббуси қонунгузориро вазифадор месозад, ки ҳангоми таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо бояд зарурат, аҳамият ва дурнамои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, асосҳои иқтисодиву молиявӣ, тартиби татбиқи қонунҳо, аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст ба низом даровардани меъёрҳои қонун ва тартибу усули ҳуқуқии амалигардонии қонунҳоро дар мадди назар дошта бошанд. 
Илова бар ин, қабули қонуни мазкур метавонад як амалияи номатлуберо, ки дар ҷараёни қонунгузорӣ ба мушоҳида мерасад, яъне аз нигоҳи манфиати идоравӣ таҳия ва пешниҳод кардани лоиҳаи қонунҳоро аз байн барад.
Масъалаи дигаре, ки ҳангоми қонунэҷодкунӣ ба мушоҳида мерасад ва ҳалли ҷиддии худро тақозо мекунад, ин таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ба забони давлатӣ, истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ, таъмини низоми мантиқии меъёрҳои қонун мебошад, ки дар маҷмӯъ сифати қонунҳоро муайян мекунанд. 
Аз ин рӯ, ба тамоми субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ зарур аст, ки ба ин масъала таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар Тоҷикистон ислоҳоти ҳуқуқӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими талаботи объективии рушди ҷомеа идома ёфта, дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ин ҷода корҳои назаррас ва муҳим сурат гирифтанд. Зарур аст, ки ин раванди таърихӣ идома ва такмил дода шавад. 
Ҳамчунин зарур аст, ки лоиҳаи кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба итмом расонида, ба баррасии парламент пешниҳод карда шаванд. 
Инчунин лоиҳаи нави кодекси мурофиавии хоҷагӣ, ки яке аз қонунҳои танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба баҳсҳои иқтисодӣ буда, кафолати ҳуқуқии рушд ва ҳимояи муносибатҳои иқтисодӣ ва соҳибкориро фароҳам меорад, бояд ба анҷом расонида шавад.
Дар ин радиф таҳия ва қабули қонунҳои нав, аз ҷумла дар бораи сармоягузорӣ, дастгирии давлатии кишоварзӣ, бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он, ҷамъияту ташкилотҳои хоҷагидорӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, ки ҳар яке аз онҳо роҳҳои инкишофи соҳаҳои дахлдори ҳаёти ҷомеаро муайян мекунанд, зарур аст.
Қабули Конститутсия ва қонунҳои нави Тоҷикистон, ки ба принсипҳои комилан нави ҳуқуқи муосир такя мекунанд, ҷиддан тақозо мекунанд, ки инсони дорои тасаввуроту фаҳмиши нави ҳуқуқӣ тарбия ёфта, аз роҳи дарку ҳазми қонунҳои амалкунанда тавонад аз манфиатҳои худ пуштибонӣ кунад ва ба ҳамин тартиб кафолати мавҷудияти ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократию ҳуқуқбунёдро таъмин намояд. 
Дар ин роҳ бояд ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, воситаҳои ахбори омма, олимону зиёиён саҳм гирифта, ин корро тибқи низоми муайян ва доимӣ анҷом диҳанд.
Ба ҳамин тартиб, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти дарпешистода бояд корҳои бузурги пурмасъулиятро анҷом диҳад, ки онҳо кафолати пешрафти ҷомеа, таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ гарданд. 
Дар ин замина бояд ҳамкории фаъол ва самараноки тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шавад, зеро иҷрои вазифаҳои дарпешистодаи мо танҳо дар натиҷаи таъмини ҳамкории солими онҳо имконпазир мегардад. 
Ва тавре ки шумо, ҳозирини мӯҳтарам медонед, дар назди давлати мо ва тамоми мақомоту сохторҳои он, инчунин ҳар як корманди давлатӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, тамоми вакилони маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ, хулоса ҳамаи онҳое, ки худро фарзандони бонангу номуси миллати қадимаи тоҷикон медонанд, обу хоки сарзамини аҷдодиро барои худ муқаддас мешуморанд ва барои ояндаи Ватан эҳсоси садоқат ва масъулият доранд, вазифаҳои бузург ва таърихӣ истодаанд. 
Дарвоқеъ бояд гуфт, ки вазифаҳои дарпешистода аз корҳои то имрӯз анҷомдодаамон бузургтар ва душвортар мебошанд. 
Зеро чунон ки дар оғози суханронӣ зикр намудам, мо дар марҳалае қарор дорем, ки авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақаҳои алоҳидаи сайёра метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад, равандҳои глобализатсия халқҳо ва миллатҳои гуногунро таҳти таъсир қарор диҳанд, яъне ҷомеаи башарӣ ва муҳите, ки инсоният дар он умр ба сар мебарад, ниҳоят осебпазир гаштааст.
Ба иловаи ин, таҳдидҳои наве, ки торафт миқёс ва хислати глобалӣ пайдо карда истодаанд, пеш аз ҳама терроризми байналхалқӣ, экстремизм бо шаклҳои мухталифи он, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ миллионҳо одамонро ба ташвишу тарс андохтаанд.
Дар чунин шароит вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат - аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ, аз интихобкунандаи қаторӣ то аъзову вакили Парламент таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. 
Такроран таъкид месозам, ки ин вазифаи муқаддас ва қарзи фарзандии ҳар яки мо дар назди рӯҳи поки бузургони гузаштаамон ва наслҳои ояндаи миллати тоҷдорамон мебошад. 
Танҳо бо иҷрои ин вазифаи муқаддас ва адои ин қарзи имонӣ, фақат бо меҳнати ҳалол, софдилона ва фидокорона мо метавонем давлати ҷавону соҳибистиқлоли худро обод созем, тараққӣ диҳем, пояҳои давлатдориамонро мустаҳкам намоем ва мақому обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем. 
Дар ин роҳ боло гузоштани манфиати миллат ва давлат аз тамоми манфиатҳои дигар зарурати аввалин аст. 
Шубҳае нест, ки мову шумо рисолати таърихии худро дар назди миллати куҳанбунёду соҳибфарҳангамон бошарафона адо мекунем. Зеро дастгириву пуштибонии мардуми шукргузору заҳматкашамон дар татбиқи нақшаҳоямон ба хотири ободии Ватан ва пешрафти Тоҷикистон такягоҳи нерӯманди мо мебошад.
Ба ҳамаи шумо саломативу хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои душвор, вале пурифтихоратон барори кор орзумандам.
Ташаккур!