11:20:27 - 20.07.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз380
mod_vvisit_counterДирӯз911
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5537
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида6813
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ22082
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида36128
mod_vvisit_counterҲамагӣ850801

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Аз 5 то 9 июни соли 2019 бо маќсади иштирок дар Конфронси байнал­ми­лалї дар мавзўи: «Таљзияи њокимият ва Суди конститутсионї» сафари хизматии судяи Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон Њошим­зода Д. ба шањри Улан-Батори Муѓулистон доир гардид.

Дар кори ин чорабинии сатњи байналмилалї, ки бо ташаб­буси Суди конститутсионии Муѓулистон ва Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо доир гардид, намоян­дагони маќомоти назо­рати консти­­тут­­сионии киш­вар­њои мухталифи љањон ва созмон­њои бону­фузи бай­нал­ми­лалї, аз ќабили Булѓористон, Иттињодияи Мянма, Ќирѓи­зистон, Латвия, Ўзбекистон, Шоњигарии Таиланд, Хорватия, Федератсияи Россия, Комис­сияи Венет­сиа­нии Шўрои Аврупо, намояндагони њокимияти судии Муѓулистон, олимони соњаи њуќуќ ва дигарон иштирок намуданд.

Зимни конфронс мавзўњои мухта­лифи марбут ба конститут­сиона­лизм, наќши Суди конститут­сионї дар таъмини волоияти Конститутсия, њимояи њуќуќњои конститут­сионии инсон ва шањрванд, наќши адолати судии консти­тут­сионї дар амали­шавии арзишњои конститутсионї, прин­сипи таљ­зияи њокимияти давлатї, тањкими демок­ра­тия, таљрибаи назора­ти судии консти­тут­сио­нї дар давлатњои мухталиф ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњо­кимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д. зимни кори конфронс бо маърўза дар мавзўи «Назорати судии конститут­сио­­нї ва принсипи таљзияи њокимият дар Тољикистон» баромад намуда, дар доираи он оид ба сањми созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар рушду тањкими њокимияти судї дар мамлакат ва татбиќи Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2019-2021, ки дар радифи дигар масъалањо такмили Ќонуни конститут­сионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Љумњу­рии Тољи­кистон»-ро низ пешбинї намудааст, ибрози андеша кард.

Њамчунин њангоми баромад ба њозирин оид ба наќши Суди консти­тут­сионї дар таъмини волоияти Конститутсияи Љумњурии Тољи­кис­тон, амали­созии принсипи таљ­зияи њокимият, њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, тањкими падида­њои демок­ратї, ањамияти иљрои ќарорњои маќо­моти назорати конститутсионї дар рушди конститут­сио­нализм ва татбиќи муќаррароти Конститутсияи кишвар маълумот пеш­нињод карда шуд.

 

 

 

 

18 апрели соли 2019 дар бинои Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон вохўрии судяњои Суди Конститутсионї Њошимзода Д. ва Абдурањимзода Д. бо роњбари минтаќавии Барномаи «Мусоидат ба давлатдории њуќуќї дар кишварњои Осиёи Марказї»-и GIZ (Љамъияти олмонии њам­кории байналмилаллї) Йорг Пуделка, иљрокунандаи вазифаи роњбари Барнома дар Тољикистон Кристина Коре-Перконе ва њамоњангсози миллии Барнома дар Тољикистон Алимардонов А. доир гардид.

Зимни вохўрї масоили марбут ба тањкими минбаъдаи њамкорињои дуљониба, ки ба рушду тањкими адолати судии консти­тут­­сионї њамчун омили муњими рушди консти­тут­сио­­нализми муосир дар давлати демок­ратї равона шудааст, баррасї гардид.

Дар фарљоми вохўрї љонибњо ќаноатман­дии хешро аз сатњу сифати муносибатњои рушдёбанда изњор доштанд.

 

 

 

 

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН.

Ба шарафи ҷашни миллӣ дар Истаравшан зиёда аз 450 иншоот бунёд мегардад

 

ДУШАНБЕ, 26.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри бостонии Истаравшан корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини ин гӯшаи диёр бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.

Дар шаҳри Истаравшан баҳри сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ роҳбарии гурӯҳи кориро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода ба уҳда дошта, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва созандагӣ дар шаҳр зери назорати доимӣ қарор дорад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ оид ба ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ бо роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Истаравшан, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Маҳкам МАҲМУДЗОДА суҳбат намуд:

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Маҳкам Аъзам, ба пешвози ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бунёди чанд иншоот ба нақша гирифта шудааст ва мардуми сарбаланди ин шаҳри бостонӣ дар ин самт чӣ гуна омодагиҳо гирифта истодаанд?

Маҳкам Маҳмудзода: Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави шаҳри Истаравшан- шурӯъ аз маркази шаҳр то деҳаву маҳалҳои аҳолинишин корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни хотирмон дар шаҳр бунёду навсозии беш аз 450 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст.

Давоми соли гузашта 112 иншооти он, аз ҷумла иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ, чоҳҳои амудӣ, марказҳои саломатӣ, хонаи хатна барои кӯдакон, муассисаҳои таълимӣ, боғчаи кӯдакон, маркази таълими забонҳо, майдончаҳои варзишӣ, биноҳои маъмурии ҷамоати деҳот, марказҳои савдо, чойхонаи миллӣ, кошонаи ҳусн ва ҳаммом ба истифода дода шуданд. Иншооти зикргардида бо сифати хуб ва сатҳи баланди меъморӣ сохтаву таъмир гардидаанд ва ба шаҳр ҳусни зебо бахшида, дар онҳо сокинони маҳаллӣ, хусусан занон бо ҷойи кор ва музди меҳнати мувофиқ таъмин шудаанд.

Имрӯз дар ин шаҳр низ чун як гӯшаи зебои Ватан корҳои ободонӣ авҷ гирифта истодаанд. Мисоли равшани он бунёду навсозии маҷмааи таърихии Қалъаи Муғ, Нишон, Парчами давлатӣ ва иншооти дигари хизматрасонӣ мебошад. Аввали соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ду иншооти муҳим, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли орд бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз ва бинои 5-ошёнаи иборат аз 32 ҳуҷра бо маркази хизматрасонӣ ва савдо ба истифода дода шуданд.

АМИТ «Ховар»: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ солҳои 2019 – 2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон намуданд, ки ба ин восита дар кӯтоҳтарин муддат деҳоти кишвари мо симои худро дигар намудаву  боз ҳам ободтар ва сатҳи зиндагии мардум дар он шоистатар мегардад. Ин иқдомро мардуми  шаҳри бостонии Истаравшан чӣ гуна истиқбол намуданд?

Маҳкам Маҳмудзода: Дар шаҳри Истравшан зиёда аз 62 деҳа ва 10 ҷамоат мавҷуд аст. Сокинони шаҳри Истаравшан низ чун дигар сокинони мамлакат аз ҳадафҳои неку созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, ки ба хотири рушди бештари кишвар ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронида шудаанд, бо ҳаммовозии баланд истиқбол намуданд. Зимни сафарҳои корӣ ба ин гӯшаи диёр аз меҳнати созандагии мардуми ин шаҳр аён буд ва эҳсос гардид, ки мардум то чӣ андоза бо меҳру самимият барои обод кардани диёре, ки дар он таваллуд шуда, ба воя расидаанд ва зиндагӣ мекунанд, камари ҳиммат бастаанд.

Саҳми бевоситаи мардум ва соҳибкорони маҳаллӣ, ки пеш аз ҳама, барои ободонии маҳал заҳмат кашида истодаанд, далели ин гуфтаҳо мебошад. Аз ҷумла зиёда аз 15 км роҳҳои байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ асфалтпӯш карда шуда,  беш аз 2 км роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Чандин иншооти маданиву равшаннамоӣ, марказҳои тиббию таълимӣ, бунгоҳҳо, ҳаммомҳо низ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтаанд.

Корҳои ободониву созандагӣ бобати боз ҳам ободтару зеботар гардонидани шаҳр аз ҷониби мардуми сарбаланди ин шаҳри қадимӣ бо ифтихори миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ идома дошта, дар муҳлати муқарраршуда бо сифати баланд ба сомон расонида мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Шумо зодаи шаҳри Истаравшан ҳастед. Бигӯед, ки мушкилии асосии деҳоти ин шаҳр дар чӣ аст?

Маҳкам Маҳмудзода: Мушкилии асосие, ки сокинони деҳоти Истаравшан солҳои тӯлонӣ аз он азият мекашиданд, ин набудани роҳҳои ҷавобгӯй ба талаботи имрӯза мебошад. Барои бартараф намудани ин мушкилиҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин самт корҳо бомаром идома доранд. Аз ҷониби як соҳибкори маҳаллӣ Қаҳрамон Ҳамдамов 3,5 км роҳ афалтпӯш карда шуд. Мушкилии дигар- ин набудани бунгоҳҳо ва марказҳои  тиббӣ дар деҳоти дурдаст аст, ки ин ҳам ҳалли худро ёфта истодааст. Масофаи байни деҳаҳо бо шаҳр тӯлонӣ аст ва бунёди бунгоҳҳои тиббӣ орзуи чандинсолаи аҳолии он буд.

То имрӯз аллакай дар деҳоти Истаравшан якчанд бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ сохта шуданд, ки мардум бевосита ба ин марказҳои тиббӣ муроҷиат менамоянд. Ба талабот ҷавобгӯ набудани вазъи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мушкилоти навбатии ин минтақа ба шумор меравад. На ҳамаи мактабҳое, ки имрӯз дар деҳоти шаҳр ҳастанд, ба талабот ҷавобгӯ мебошанд. Онҳо ба таъмир ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ ниёз доранд. Хушбахтона, ин мушкилиҳо марҳила ба марҳила ҳалли худро ёфта истодаанд. Мардум низ иқдом гирифтаанд, ки ба воситаи ҳашар якчанд синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода диҳанд.

Алҳол дар қаламрави шаҳри Истаравшан 73 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки аз он 47 адад ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ дошта, 2 ададаш садамавӣ мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Парлумони кишвар саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чорум эълон гардид. Дар шаҳри Истаравшан ҳадафи чоруми стратегии кишвар чӣ гуна татбиқ мешавад?

Маҳкам Маҳмудзода: Дар шаҳри Истарвшан барои амалӣ кардани ин самти чорум тамоми заминаҳо фароҳам оварда шуда,  имкониятҳо ҳам зиёданд. То имрӯз якчанд корхонаҳои саноатӣ ва хизматию маишӣ ба кор шурӯъ намуда, ҷойи кори доимӣ барои аҳолии шаҳр фароҳам омад. Дар робита ба ин чанде қабл дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли орди ҶДММ «Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз кард. Дар он 28 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар доираи сафари корӣ соли 2018 дар шаҳри Истаравшан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим» санги асос гузоштанд. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мазбут Бойҷонов бо харҷи 60 миллион сомонӣ ва бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Тибқи лоиҳаи бунёди иншооти муосири миллии тиҷоратӣ, маҷмаа аз 16 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои он маркази савдо, маъмурият, утоқҳои корӣ ва толорҳои конфронс барои гузаронидани ҳамоишҳои тиҷоратӣ бунёд мегарданд. Баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот беш аз 150 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд. Бунёди маҷмаа ба симои шаҳр ҳусни тоза зам мекунад, зеро дар вақти сохтмон сохтани майдончаҳои бозии кӯдакона, гулгашт бо гулу буттаҳою дарахтони ороишӣ ва фаввораҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар се соли оянда бунёди боз чандин корхонаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ аз ҷониби соҳибкорони бо нангу номуси ин шаҳр ба нақша гирифта шудааст, ки ин ҳама омили зиёд шудани қисми даромади буҷети шаҳр мегардад.

АМИТ «Ховар»: Дар корҳои созандагию бунёдкорӣ соҳибкорони шаҳри Истаравшан, ки дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд, чӣ гуна саҳм гузошта истодаанд?

Маҳкам Маҳмудзода: Соҳибкорони бонангу номуси ин диёр, ки берун аз кишвар зиндагӣ доранд, дар баробари шахсони баруманди диёр, хизматчиёни давлатӣ низ ба корҳои ободонию созандагӣ даст задаанд. Бо дастгирии онҳо дар саросари шаҳр иншооти гуногуни ҳаётан муҳим бунёд шуда истодаанд. Соҳибкорони истаравшанӣ, ки муқими Росия ва Қазоқистон мебошанд, ба обод кардани диёри хеш таваҷҷуҳи зиёд доранд. Онҳо қариб, ки дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар таъмири роҳҳо, бунёди марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти барои мардум муҳим ҳиссаи худро гузошта истодаанд. Имрӯз ҳам барои созандагию ободонии кӯчаю маҳалла ва ҷои зисташон   муроҷиатҳо расида истодаанд.

Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода мунтазам бо онҳо дар алоқа буда, баҳри бунёди иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба беҳ гардидани зиндагии мардум мусоидат мекунанд, имконият фароҳам меоварад. Шумораи иншооти ҷашнӣ ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ нишон медиҳад, ки соҳибкорони ин шаҳри бостонӣ дар сафи пеши ободкорӣ қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки баъди ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан агар бунёди 180 иншоот ба нақша гирифта шуда бошад, имрӯз он зиёда аз 450 иншооти ҷашниро ташкил медиҳад. Яъне ба нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ҳар моҳ ё ҳар семоҳа бунёди иншооти нав илова шуда истодаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба обод намудани диёри хеш таваҷҷуҳи беандоза доранд.

Инчунин дар се соли оянда тибқи нақшаи чорабиниҳо анҷом додани корҳои муайян бобати бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмир ва мумфарш кардани роҳи байни деҳаҳо ва умуман ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо, бунёди боғҳои нав ва дигар корҳои ободонӣ дар назар аст.

Дар маҷмӯъ, вусъати корҳои ободонӣ нишон медиҳад, ки соҳибкорону сокинони шаҳри Истаравшан ният доранд ҷашни 30—солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои намоён истиқбол намуда, ба ин гӯшаи диёр тарҳи тозаву нав бахшанд.

 

 

 

Аз 26 феврал то 2 марти соли 2019 бо маќсади иштирок дар Коллоквиуми байнал­ми­лалї дар мавзўи: «Наќши њокимияти судї дар таъмини волоияти њуќуќ оид ба масъалањои муњити зист» ва «Љаласаи дувоздањуми Гурўњи маќсад­нок оид ба дастраси ба адолати судї тибќи Конвенсияи Орхус барои намоян­да­гони маќомоти судї» сафари хизматии судяи Суди Конститутсионї Њошим­зода Д. ба шањри Женева доир гардид.

Дар кори ин чорабинињои сатњи байналмилалї, ки бо ташаб­буси Комис­сияи Аврупоии иќтисодии Созмони Милали Муттањид доир гардид, намоян­дагони маќомоти судии давлатњои љањон ва созмон­њои бонуфузи бай­нал­ми­лалї, аз ќабили Арманистон, Албания, Бело­русия, Венгрия, Гвинея-Биссао, Гурљистон, Исландия, Ирландия, Испания, Италия, Латвия, Люксембург, Румыния, Ќазо­ќис­тон, Ќирѓи­зистон, Македония, Малта, Мол­да­вия, Монтенегро, Нидерландия, Нор­вегия, Озарбойљон, Олмон, Руминия, Сербия, Словения, Словакия, Украи­на, Фаронса, Чехия, Швет­сия, Хорватия, Эстония, роњбари шуъбаи муњити зисти Комис­сияи Аврупоии иќтисодии Созмони Милали Муттањид, намояндаи минта­ќавии Барномаи СММ оид ба муњити зист, Роњбари Форуми судяњои Иттињоди Аврупо оид ба масълањои муњити зист, котиботи Конвенсияи Орхус ва дигарон иштирок ва суханронї намуданд.

Њадаф аз баргузории чорабинињо таќвият додани имкониятњои маќо­мо­ти судї дар самти баррасии парвандањои марбут ба муњити зист, амали­шавии њуќуќњои конститутсионии инсон ба муњити зист ва ба ин васила мусоидат намудан ба амалишавии вазифањои Њадафњои Рушди Устувор, таъ­ми­ни волоияти њуќуќ дар сатњи милливу байналмилалї, инчунин таъми­ни дастарсии баробари адолати судї ба њамагон иборат буд.

Дар чорабинињо мавзўњои мухталифи марбут ба таъмини адолатнокї дар масъалаи муњити зист ва Маќсадњои Рушди Устувор, истифодаи њуќуќи байналмилалї зимни мурофиањои судї марбут ба парвандањо оид ба муњити зист, мустањкамгардонии механизми њалли судии парван­дањои мар­бут ба дастрасї ба иттилои экологї, талабот оид ба мустањкамгардонии имконияти судњо вобаста ба баррасии парвандањое, ки аз љониби маќомоти судї ва дигар маќомоти назоратї дар соњаи муњити зист баррасї меша­ванд, њамкории глобалї ва минтаќавї дар самти мусои­дат бањри бењтар намудани дастарсї ба адолати судї вобаста ба мавзўи муњити зист, ќонунгузории кишварњои алоњида дар масъалањои экологї ва дастарсї ба иттилои экологї, таљрибаи судї оид ба парвандањои марбут ба соњаи муњити зист дар давлатњои алоњида ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Њамчунин зимни чорабинињо масъалаи марбут ба алоќамандии Кон­вен­сияи Комиссияи Авру­поии иќтисодии Созмони Милали Муттањид (Кон­вен­сияи Орхус) дар бораи даст­расї ба иттилоот, иштироки љомеа дар раванди ќабули ќарор ва дастрасї ба адолати судї оид ба масъалањои муњити зист бо дигар созишномањо дар самти муњити зист, сифати њавои атмосфера ва таќвияти њамкорињои минтаќавию байналмилалї дар ин самт мавриди баррасї ќарор шуданд.

 

 

ПАЁМ ВА ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Мазмуну моҳияти волои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ саршор аз дастовардҳои бузургу созанда дар самти  рушду нумӯи давлат ва таҳкими суботу оромии ҷомеа буда, шаҳодати он аст, ки давлат ва миллати тамаддунсози тоҷик дар ҳалли масъалаҳои калидии ҷомеаи башар ва таъмини амнияту оромии минтақа нақши босазо дорад.
Дар ҳамин радиф омӯзиш ва таҳлили таърихи тамаддуни миллати тоҷик шаҳодат ба он аст, ки ин миллат аз азал солору майл ба офариниши тамаддун дошта, дар ҷодаи давлат ва идоракунии давлатӣ комёбиҳои беназиреро рӯи кор овардааст. Комёбиҳои миллат аҳамияти худро дар замони муосири пешрафт низ коста нагардонда, асоси мустаҳками инъикоси худро дар асноди ҳуқуқии байналмилалӣ пайдо кардаанд.
Фалсафаи тамаддуни миллат пайгири роҳи ҳақ ва адолат буда, устувории ҳокимиятро ба он рабт менамояд. Санъати давлатдории Куруши Кабир бозгӯйи воқеии тамаддун буда, ба он роҳи ҳақ ва адолат, санъати суханварӣ ва истеъдод дар муносибат имкон дод ҳудуди зиёдеро дар империяи худ муттаҳид созад. Озодии виҷдон кафолати давлатиро соҳиб гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои фитрӣ мақоми ҳуқуқиро касб карданд. Озодии мутлақ рӯи кор омада, асоси давлатдориро ислоҳот ташкил дод. Бозгӯйи ин Эъломияи Куруши Кабир буда, таҷассуми худро дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар пайдо кардааст.
Дар ин пайвастагӣ асарҳои намояндагони тамаддуни миллати тоҷик дар низоми сарчашмаҳои илмӣ мақоми муҳим ва марказиро касб карда, дар ҷодаи илмҳои гуногун, алалхусус фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсат мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтанд. Ин сарчашмаҳо дар замони муосир низ мавриди истифодаи васеъ буда, маҳаки омӯзишро ташкил медиҳанд.
Нобиғаи замон Ибни Сино ба дурустӣ таъкид дошта буд, ки «азбаски ҷомеа зодаи ҳамкорӣ ва ҳамраъйӣ аст, ба касе ниёз дорад, ки «қонун ва адолатро муқаррар намояд ва чунин кас бояд имкони тавассути сухан ба мардум муроҷиат карданро дошта бошад ва мардумро барои риояи қонун уҳдадор созад». Нобиға, ҳамчунин, барои ҳимоя шудани ҷомеа аз бенизомӣ ва бесарусомонӣ, сарвари оқилу огоҳеро зарур мешуморад, ки мардумро ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кунад ва инсофу адолатро пуштибонӣ намояд.
Фазилатҳои тамаддуни миллат ва дастранҷи он имрӯз низ дар ботини фарзандони бонангу номус ва сарсупурда маскан ихтиёрдорӣ карда, ганҷинаи бузургеро нуҳуфтааст. Ин ганҷина садди бузурги яхинеро, ки тӯли ду даҳсола кишварҳои ҳамҷавор - Тоҷикистону Ӯзбекистонро аз ҳам ҷудо сохта буд, водор ба нестӣ карда, ба ҳам овард.
Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои ҳамсоякишварӣ то ба сатҳи шарикии стратегӣ ташаккул ёфта, мушкилоти мавҷудаи шиддатнок ва ҳалталаб комилан ҳалли худро пайдо карданд.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар Паёми хеш иброз доштанд, ки  «… мо баъди мулоқоту музокироти дуҷониба, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳар ду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар муваффақ гардидем, ки дар натиҷа рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардида, дар зарфи нуҳ моҳ беш аз дую ним миллион нафар шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ бамаротиб таҳким ёфтанд».
Дар заминаи таҳкими муносибатҳои дуҷониба, аллакай натиҷаҳои назаррас ба даст омада, оид ба сохтмони як қатор иншоот, аз ҷумла иншооти соҳаи фарҳанг - муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқа ҳосил гардид. Шакке нест, ки мавриди истифода қарор гирифтани муассисаҳои мазкур риштаи дӯстиеро, ки ҳанӯз Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ густурда буданд, устувор гардонда, ба олами ҳастӣ омадани Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоии сониро боис мегардад. Аз ин ҷо, воҷиб он аст, ки ин ҳаводис рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум арзёбӣ карда шаванд.
Бо ибтикори бевоситаи сарони ду кишвари дӯсту бародар мавриди истифода қарор гирифтани қитъаи роҳи оҳани Амузанг, кушода шудани шонздаҳ гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон имкон дод, ки Тоҷикистон ба ҳадафи дуюми стратегии худ - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардида, шароити мусоидро бобати табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ ба миён орад.
Таърих  фаромӯш нахоҳад кард, ки фарзанди бонангу номус ва сарсупурдаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири наҷоти миллати тоҷик ва роҳи ҳаққу адолат, барқарории қонун ва қонунияти ҳуқуқӣ ҷон ба каф гирифта, кори худро аз сулҳ оғоз карданд.
Пешвои муаззами миллат ба дурустӣ таъкид доштанд, ки «Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам». Ин суханон на танҳо миллатро аз вартаи парокандашавӣ ва нестӣ наҷот доданд, ҳамчунин, ояндаи кишварро барои даҳсолаҳо муайян карда, дар замири ислоҳоти конститутсиониву ҳуқуқӣ қарор гирифтанд.
Барои кишвари азизу маҳбуб муҳим будани ислоҳоти конститутсиониву ҳуқуқиро Сарвари кишвар ҳанӯз 30 апрели соли 2001 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, таъкид доштанд: «Мо ҳоло дар марҳилаи махсуси таърихии худ - давраи гузариш қарор дорем. Яке аз талаботи давраи гузариш ин аст, ки бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, ҳамчунин, бо дарназардошти шароити марҳилаи гузариш ва давраҳои минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳои саривақтию ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави иқтисодиро ворид намоем».
Пешвои муаззами миллат дар ин Паём, ҳамчунин, иброз намуданд: «Қобили зикр аст, ки бо мақсади идомаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ беҳбудии фаъолияти судҳо, таъмини мустақилият ва дахлнопазирии судяҳо мо зарур шуморидем, ки дар бораи судҳои Тоҷикистон қонуни ягона қабул намоем».

Пурра >>>
 

9 январи соли 2019 дар Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон дар дои­раи хониши идоравї омўзиши паёми Президенти Љумњуриии Тољикистон аз 26 де­кабри соли 2018 ба Маљлиси Олии Љум­њуриии То­љикистон «Дар бораи самтњои асо­сии сиёсати дохилї ва хори­љи љумњурї» доир гардид, ки дар кори он Шона­заров С.А.– му­шовири ка­лони бахши Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъ­алањои њуќуќї иштирок ва суханронї намуданд.

Раисикунанда: Мањмудзода М.А. –Раиси Суди Конститут­си­о­нии Љум­­њурии Тољи­кистон маљлисро кушода, ќайд кард, ки бо нусха аз Про­токоли маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 28 декабри соли 2018 №13 тамоми вазорату идорањо вазифадор гардиданд, ки наќшаи чо­ра­­бинињоро оид ба амалї намудани дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, ки аз паёми Президенти Љумњурии Тољикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилию хо­ри­љии љумњурї» бармеоянд, тањия намуда, мавриди амал ќарор ди­њанд.

Шона­заров С.А.– му­шовири ка­лони бахши Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї зимни суханронии худ ба Паёми Пре­зиденти Љумњурии Тољикистон ба Маљ­лиси Олии Љум­њурии Тољикистон дахл намуда, зикр кард, ки дар баробари дигар масъалањои рушди иќтисодиву иљтимоии хољагии халќи мамлакат, тамоми мас­­ъалањои во­баста ба сиёсати њуќуќї, аз љумла тањия ва ќабули Кон­сепсияи сиёсати њуќуќї, чор барномаи ислоњоти судї-њуќуќї, бар­номаи тарбияи њуќуќии шањрвандон, ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќонунњои конс­ти­тутсионї дар бораи судњо, ташкилу барњам додани институтњои њуќуќї дар Паём ифода гардида, баъдан мавриди тањия ва тас­­диќ ќарор ги­рифтаанд.

Номбурда зикр кард, ки Президенти Љумњурии Тољикистон њал­­ли масъалањои дар тўли зи­ё­да аз ду дањсола бавуљудомадаи сиёсиву иқ­ти­содї ва тиљоратї бо Љум­­­ҳурии Ўзбекистонро низ рўйдоди сеюми таъ­рихї дар њаёти иљти­мо­иву иќтисодї ва маънавии мардуми мо арзёбї намуд.

Барќарор гаштани муносибатњои байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Ўзбекистонро рўйдоди бузурги таърихї мебошад, зеро дар таърихи халку миллатњо ва муносибатњои байни­давлатии онњо руйдоду њодисањои муњиме ба вуќўъ мепай­ван­данд, ки онњо дар таќдири мин­баъдаи ин халќу миллатњо таќ­сир­­соз, муайянкунанда ва калидї арзёбї мегарданд.

Дар бораи сиёсати њуќуќии мамлакат, ки ташаккули онро бе сањми бевоситаи Пешвои миллат тасаввур кардан мумкин нест, сухан ронда, диќќати њозиринро ба татбиќи амалии дастуру супоришњои Президенти мам­лакат муњтарам Эмомалї Рањмон љалб намуд.

Сипас Абдурахимова Д.Р., Нурляминзода Г.А. ва Темиров В.Т. ба сухан баромада, дар хусуси танзими масалањои вобаста ба наќш ва мав­ќеи зан дар љомеа, сиёсати њуќуќї, аз љумла ќабули барномањои ислоњоти судї-њуќуќї, баланд бардоштани маърифати њуќуќї ва ташаббусњои Президенти Љумњурии Тољикистон дар самти обу энергетика, ки дар Паёмњои роњбари давлат наќши муњим доранд, маълумоти муфасал доданд.

Ташаб­буси чоруми љањонии Љумњурии Тољикистон дар хусуси «Дањ­солаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028»-ро аз бемайлон боло раф­тани эътибори байналмилалии Љум­њурии Тољи­кистон ва сарвари онарзёбї намуданд.

Дар охир зикр гардид, ки иљрои нуќтањои асосии Паём барои тамоми маќомоти марказї ва мањаллии њокимияти давлатї, шахсони мансабдор ва хизматчиёни дав­­латии онњо, ташкилоту муассисањо њатмї буда, сарчашмаи рушди давлат ва иќтисодї миллї фаъолияти со­занда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат мебошад.

 
« ПерваяПредыдущая12345678910СледующаяПоследняя »

Страница 1 из 41