16 ноябри соли 2016 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба муносибати таљлили љашни пуршукуњи умумимиллї - Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон бо иштироки, роњбарият, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди конститутсионї њамоиши тантанавї доир гардид.
Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, академик Мањкам Мањмудзода зимни оѓози њамоиш оид ба наќши Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар таъмини сулњу субот ва ташаккули давлати демократї суханронї намуда, аз љумла ќайд намуд, ки дар њар давру замон шахсиятњо ва роњбарону сиёсатмадорони хирадманд дар ташаккулу пешрафти давлат наќши муассир дошта, ба шарофати аќлу заковат, дурандешию тањаммулгарої ва пешбурди сиёсати одилонаю инсондўстонаи онњо, сулњу вањдат ва суботи сиёсї дар давлат пойдор гардида, љомеа рушду инкишоф меёбад.
Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон низ аз љумлаи шахсиятњои таърихие мебошад, ки дар вазъияти нињоят мураккаби сиёсии кишвар масъулияти бузурги ояндаи халќу давлатро бар дўш гирифта, сулњу субот ва вањдату њамдигарфањмиро дар кишвар ба миён оварда, барои тањкими заминањои Истиќлолияти давлатї, њифзи ягонагї ва тамомияти арзї, ќабули аввалин Конститутсияи Тољикистон соњибистиќлол, таъмини суботи сиёсиву њамгироии мардум ва пойдории њокимияти конститутсионї хизматњои беназирро анљом додааст.
Дар як муддати кўтоњи таърихї пояњои Истиќлолият чун тањким ёфта, нуфузу эътибори байналмилалии Тољикистон дар арсаи сиёсати љањон боло гардид ва дар тамоми соњањои њайтии љомеа дастовардњои муназзаму комёбињои назаррас ба даст омаданд, ки онњо ба њазорсолањо баробаранд.
Дар њамоиш инчунин судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Даврон Њошимзода оид ба наќши Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар тањия ва ќабули Конститутсия маърўза намуд.
|
4-ноябри соли 2016 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба муносибати таљлили 22-умин солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бо иштироки, роњбарият, судњо ва кормандони дастгоњи Суди конститутсионї, намояндаи Академияи илмњои кишвар, устодон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон њамоиши тантанавї доир гардид.
Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, академик Мањкам Мањмудзода зимни оѓози њамоиш оид ба ањамияти Конститутсия дар рушди давлати демократї суханронї намуда, аз љумла ќайд намуд, ки дар солњои навадуми ќарни сипаригардида тањти роњбарии Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон тавассути раъйпурсии умумихалќї бо иродаи якдилонаи аксари мардуми кишвар ќабул шудани аввалин Конститутсияи Тољикистони соњибистиќлол дастоварди муњим ба шумор меравад.
Бо ќаноатмандї метавон гуфт, ки ин њуљљати таърихї дар худ манфиатњои олии миллат ва давлати соњибистиќлоламонро инъикос намуда, Тољикистонро расман њамчун давлати демократию њуќуќбунёд ва соњибихтиёр ба љањони мутаммадин пайваст кард ва ба омили муњимтарини кафолати устувории суботи сиёсии љомеа мубаддал гардид.
Дар радифи дигар маќомоти њокимияти давлатї Конститутсия барои таъсиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон заминаи њуќуќї гузошт ва имрўз ин маќоми мустаќили њокимияти судї босамар фаъолият намуда, бобати њифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия назорати конститутсиониро дар кишвар ба амал мебарорад.
Сипас академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон Рањимов Рашид Каримович, ки узви гурўњи корї оид ба тањияи лоињаи Конститутсия мебошад, оид ба таърихи тањия, муњокима ва ќабули ин њуљљати муњими њуќуќї суханронї намуда, ќайд кард, ки дар тўли ду моњи муњокимаи лоињаи Конститутсия аз љониби мардуми кишвар, ба он беш аз њаштумин њазор пешнињод манзур карда шуд ва бо дарназардошти иродаи мардум 6 ноябри соли 1994 Конститутсия ќабул гардид.
Дар њамоиш њамчунин кормандони дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва устоди факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон оид ба ањамияти таърихии Конститутсияи дар рушди давлати њуќуќбунёд, амалишавии њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, ташаккули рукнњои давлатї, афзудани маќоми байналмилалии Тољикистон ва зарурати такмили Конститутсия дар солњои мухталиф бо маърўза баромад намуданд.
|
20-23 октябри соли 2016 дар Љумњурии Арманистон Конфронси байналмилалї дар мавзўи «Наќш ва ањамияти ќарорњои Суди конститутсионї дар бартараф кардани норасогии ќонунгузорї ва номуайянии њуќуќї (таљрибаи давлатњои мухталиф)» доир гардид.
Дар кори ин чорабинии сатњи байналмилалї, ки бо ташаббуси Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон ва Комиссияи венетсиании Шўрои Аврупо доир гардид, намояндагони маќомоти назорати конститутсионии беш аз си кишвари љањон ва созмонњои бонуфузи байналмилалї, аз ќабили Шўрои Аврупо, Суди Аврупо оид ба њуќуќи инсон, инчунин намояндагони маќомоти давлатии Љумњурии Арманистон иштирок намуданд.
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар кори Конфронс Раиси Суди конститутсионї Мањкам Мањмудзода ва судяи Суди конститутсионї Даврон Њошимзода намояндагї намуданд.
Зимни кори конфронс мавзўњои марбут ба мониторинги конститутсионї њамчун кафолати бартараф кардани холигии конститутсионализм, принсипи волоияти ќонун ва татбиќи амалии он, кафолатњои конститутсионии мустаќилияти низоми судї, кафолати конститутсионї ва иљрои ќарорњои Суди конститутсионї, наќш ва ањамияти ќарорњои Суди конститутсионї дар бартараф кардани норасогии ќонунгузорї ва номуайянии њуќуќї ва дигар мавзўњои марбут тањкими конститутсионализм бо дарназардошти таљрибаи кишварњои мухталиф матрањ гардиданд.
Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода дар кори ин чорабинї дар мавзўи «Наќш ва ањамияти ќарорњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар бартараф кардани норасогии ќонунгузорї ва номуайянии њуќуќї» маърўза намуда, ба сањми њозирин иттилоъ оид ба фаъолияти густурдаи Суди конститутсионии кишвар дар самти бартараф намудани норасогии ќонунгузорї ва воситањои таъмини иљрои ќарорњои Суди конститутсионї пешнињод намуд.
Дар доираи ин сафари корї дар радифи намояндагони беш аз сиву њафт кишвари љањон, Раиси Суди конститутсионии кишвар Мањмудзода М. ба њайати муассисони Маркази байналмилалии тањлилї «Фарњанги конститутсионї», ки бо ташаббуси Суди конститутсионии Арманистон таъсис ёфта, маќсади фаъолияти он баланд бардоштани сатњи фарњанги конститутсионї дар љомеа мебошад, шомил гардид.
Дар доираи сафари корї ба Љумњурии Арманистон вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон – Раиси Конфронси маќомоти назорати конститутсионии давлатњои демократияи нав ва намояндагони судњои конститутсионии Федератсияи Россия, љумњурињои Олмон, Босния ва Гертсоговиния, Латвия, Ќазоќистон ва дигар кишварњои љањон доир гардида, дар онњо масъалањои марбут ба тањкими њамкорињои судманди тарафайн баррасї гардиданд.
|
Аз 9 то 15 октябри соли љорї сафари хизматии ёрдамчии Раиси Суди Конститутсионї Мустафоќулов Ѓ., ёрдамчии судяи Суди Конститутсионї Ќамишев Н. ва мутахассиси пешбар Рахимова Н. ба шањри Сеули Љумњурии Корея бо маќсади иштирок дар курсњои омўзишї дар мавзўи «Хизматрасонињо дар соњаи технологияњои иттилоотї барои суди конститутсионї» доир гардид.
Курсњои омўзишї бо фармоиши Вазорати илм ва ба наќшагирии ояндаи Љумњурии Корея аз љониби Агентии миллї оид ба рушди технологияҳои иттилоотии Ҷумҳурии Корея (NIPA) барои судњои конститутсионї ташкил карда шуда, дар он намояндагони маќомоти назорати конститутсионии Љумњурии Озорбойљон, Љумњурии Ќазоќистон, Љумњурии Ќирѓизистон, Љумњурии Ўзбекистон, Малайзия, Монголия, Љумњурии Индонезия, Мянма, Филиппин, Таиланд ва Бурунди иштирок намуданд.
Дар доираи сафари хизматї тибќи барномаи курсњои омўзишї намояндагони Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон рўзи 14 октябри соли 2016 аз Суди Конститутсионии Љумњурии Корея дидан намуда, бо фаъолияти суд, таљњизотњои электронии толори маљлисгоњи суд, китобхонаи электронї, коргузории электронии суд, шабакаи электронии шуъбаи умумї, маркази маълумот, киберфазо ва маркази амнияти электронї ва ѓайра шиносої пайдо намуданд. Дар рафти шиносої вохўрии њайати Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Корея Чо Йонгњо ва Котиби генералии Суди Конститутсионии Корея Ёнг Њун Ким доир гардида, оид ба масъалањои мубрами адолати судии конститутсионї ибрози андеша карда шуд.
Дар фарљоми курсњои омўзишї аз љониби роњбарияти Агентии миллї оид ба рушди технологияҳои иттилоотии Ҷумҳурии Корея (NIPA) дар њолати тантанавї ба иштирокчиёни курсњои омўзишї Сертификатњои «Хизматрасонињо дар соњаи технологияњои иттилоотї барои суди конститутсионї» супорида шуданд.
|
5 октябри соли 2016 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба муносибати таљлили Рўзи забони давлатї бо иштироки роњбарият, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди конститутсионї маљлиси тантанавї баргузор гардид.
Маљлиси тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, академик Мањкам Мањмудзода њусни оѓоз бахшида, њозиринро бо таљлили ин иди муњими умумимилї табрику тањният намуда, аз љумла иброз дошт, ки Истиќлолияти давлатї барои эњёи асолати забони тољикї замина гузошта, барои ба авҷи тараққиёти худ расидан ва ҳамчун забони давлатї ва илму фарҳанг ҷаҳонгир гаштани он мусоидат кард.
Дар сатњи Конститутсияи мамлакат, забони тољикї ба њайси забони давлатї эътироф гардида, бо маќсади муайян намудани вазъи њуќуќии он 5 октябри соли 2009 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатї» ќабул гардид.
Ба шарофати дастгирињои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон дар як муддати кўтоњ забони тољикї њамчун љавњари њастии миллати тољик ташаккул ёфта, унсури муњими рушду инкишофи давлату миллат маънидод гардид.
Зимни баргузории маљлис њамчунин ёрдамчии судяи Суди конститутсионї Сангзода Гулизор оид ба ањамияти таърихии забони давлатї дар шароити муосири пешрафти давлати демократї бо маърўза баромад намуд.
|
26 сентябри соли 2016 тањти раисии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода парванда аз рўи дархости директори генералии Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «Наљот»-и шањри Исфара Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї», ки бо фармоиши Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиќ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» баррасї гардид.
Суди конститутсионї дархости мазкурро мавриди омўзиш ва тањлил ќарор дода, ќайд намуд, ки дар низоми кафолатњои давлатии эълондоштаи Конститутсия, кафолати фаъолияти озоди соњибкорї мавќеи марказиро ишѓол менамояд ва яке аз унсурњои муњими рушди мутаъдили соњањои иќтисодию иљтимоии кишвар ба шумор меравад.
Машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї њамчун унсури асосии принсипи конститутсионии озодии иќтисодї, ифодаи озод будани соњибкорї буда, яке аз њуќуќњои асосї ва муњими иќтисодї, инчунин имконият ва василаи татбиќи њуќуќи иљтимоии инсон ва шањрванд мањсуб меёбад ва бо санадњои байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон ва ќонунгузории кишвар кафолат дода мешавад.
Ин кафолат аз шаклњои гуногуни моликият асос ёфтани иќтисодиёти Љумњурии Тољикистон, аз љумла моликияти хусусї, инчунин иљтимої эълон шудани давлат маншаъ мегирад, ки бе татбиќи амалии он бунёди љомеаи воќеан иљтимої ва иќтисоди бозоргонии дар муносибатњои иќтисодї раќобатпазир ѓайриимкон мебошад.
Тавассути Оиннома ба Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї» вогузор намудани ваколатњои идоракунї, инчунин татбиќи ин ваколатњо бошад, боиси мањдуд кардани фаъолияти озоди соњибкорї, додани бартарї ба субъекти алоњидаи хољагидорї ва ба миён овардани раќобати бевиљдонона гардида, кафолати фаъолияти соњибкории пешбининамудаи моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистонро нисбати Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «Наљот» поймол ва мањдуд намудааст.
Бинобар ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї»-ро ба моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон номувофиќ арзёбї намуд.
|
|
|