ПАЁМ ВА ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Мазмуну моҳияти волои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ саршор аз дастовардҳои бузургу созанда дар самти рушду нумӯи давлат ва таҳкими суботу оромии ҷомеа буда, шаҳодати он аст, ки давлат ва миллати тамаддунсози тоҷик дар ҳалли масъалаҳои калидии ҷомеаи башар ва таъмини амнияту оромии минтақа нақши босазо дорад. Дар ҳамин радиф омӯзиш ва таҳлили таърихи тамаддуни миллати тоҷик шаҳодат ба он аст, ки ин миллат аз азал солору майл ба офариниши тамаддун дошта, дар ҷодаи давлат ва идоракунии давлатӣ комёбиҳои беназиреро рӯи кор овардааст. Комёбиҳои миллат аҳамияти худро дар замони муосири пешрафт низ коста нагардонда, асоси мустаҳками инъикоси худро дар асноди ҳуқуқии байналмилалӣ пайдо кардаанд. Фалсафаи тамаддуни миллат пайгири роҳи ҳақ ва адолат буда, устувории ҳокимиятро ба он рабт менамояд. Санъати давлатдории Куруши Кабир бозгӯйи воқеии тамаддун буда, ба он роҳи ҳақ ва адолат, санъати суханварӣ ва истеъдод дар муносибат имкон дод ҳудуди зиёдеро дар империяи худ муттаҳид созад. Озодии виҷдон кафолати давлатиро соҳиб гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои фитрӣ мақоми ҳуқуқиро касб карданд. Озодии мутлақ рӯи кор омада, асоси давлатдориро ислоҳот ташкил дод. Бозгӯйи ин Эъломияи Куруши Кабир буда, таҷассуми худро дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар пайдо кардааст. Дар ин пайвастагӣ асарҳои намояндагони тамаддуни миллати тоҷик дар низоми сарчашмаҳои илмӣ мақоми муҳим ва марказиро касб карда, дар ҷодаи илмҳои гуногун, алалхусус фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсат мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтанд. Ин сарчашмаҳо дар замони муосир низ мавриди истифодаи васеъ буда, маҳаки омӯзишро ташкил медиҳанд. Нобиғаи замон Ибни Сино ба дурустӣ таъкид дошта буд, ки «азбаски ҷомеа зодаи ҳамкорӣ ва ҳамраъйӣ аст, ба касе ниёз дорад, ки «қонун ва адолатро муқаррар намояд ва чунин кас бояд имкони тавассути сухан ба мардум муроҷиат карданро дошта бошад ва мардумро барои риояи қонун уҳдадор созад». Нобиға, ҳамчунин, барои ҳимоя шудани ҷомеа аз бенизомӣ ва бесарусомонӣ, сарвари оқилу огоҳеро зарур мешуморад, ки мардумро ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кунад ва инсофу адолатро пуштибонӣ намояд. Фазилатҳои тамаддуни миллат ва дастранҷи он имрӯз низ дар ботини фарзандони бонангу номус ва сарсупурда маскан ихтиёрдорӣ карда, ганҷинаи бузургеро нуҳуфтааст. Ин ганҷина садди бузурги яхинеро, ки тӯли ду даҳсола кишварҳои ҳамҷавор - Тоҷикистону Ӯзбекистонро аз ҳам ҷудо сохта буд, водор ба нестӣ карда, ба ҳам овард. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои ҳамсоякишварӣ то ба сатҳи шарикии стратегӣ ташаккул ёфта, мушкилоти мавҷудаи шиддатнок ва ҳалталаб комилан ҳалли худро пайдо карданд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар Паёми хеш иброз доштанд, ки «… мо баъди мулоқоту музокироти дуҷониба, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳар ду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар муваффақ гардидем, ки дар натиҷа рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардида, дар зарфи нуҳ моҳ беш аз дую ним миллион нафар шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ бамаротиб таҳким ёфтанд». Дар заминаи таҳкими муносибатҳои дуҷониба, аллакай натиҷаҳои назаррас ба даст омада, оид ба сохтмони як қатор иншоот, аз ҷумла иншооти соҳаи фарҳанг - муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқа ҳосил гардид. Шакке нест, ки мавриди истифода қарор гирифтани муассисаҳои мазкур риштаи дӯстиеро, ки ҳанӯз Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ густурда буданд, устувор гардонда, ба олами ҳастӣ омадани Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоии сониро боис мегардад. Аз ин ҷо, воҷиб он аст, ки ин ҳаводис рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум арзёбӣ карда шаванд. Бо ибтикори бевоситаи сарони ду кишвари дӯсту бародар мавриди истифода қарор гирифтани қитъаи роҳи оҳани Амузанг, кушода шудани шонздаҳ гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон имкон дод, ки Тоҷикистон ба ҳадафи дуюми стратегии худ - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардида, шароити мусоидро бобати табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ ба миён орад. Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки фарзанди бонангу номус ва сарсупурдаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири наҷоти миллати тоҷик ва роҳи ҳаққу адолат, барқарории қонун ва қонунияти ҳуқуқӣ ҷон ба каф гирифта, кори худро аз сулҳ оғоз карданд. Пешвои муаззами миллат ба дурустӣ таъкид доштанд, ки «Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам». Ин суханон на танҳо миллатро аз вартаи парокандашавӣ ва нестӣ наҷот доданд, ҳамчунин, ояндаи кишварро барои даҳсолаҳо муайян карда, дар замири ислоҳоти конститутсиониву ҳуқуқӣ қарор гирифтанд. Барои кишвари азизу маҳбуб муҳим будани ислоҳоти конститутсиониву ҳуқуқиро Сарвари кишвар ҳанӯз 30 апрели соли 2001 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, таъкид доштанд: «Мо ҳоло дар марҳилаи махсуси таърихии худ - давраи гузариш қарор дорем. Яке аз талаботи давраи гузариш ин аст, ки бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, ҳамчунин, бо дарназардошти шароити марҳилаи гузариш ва давраҳои минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳои саривақтию ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави иқтисодиро ворид намоем». Пешвои муаззами миллат дар ин Паём, ҳамчунин, иброз намуданд: «Қобили зикр аст, ки бо мақсади идомаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ беҳбудии фаъолияти судҳо, таъмини мустақилият ва дахлнопазирии судяҳо мо зарур шуморидем, ки дар бораи судҳои Тоҷикистон қонуни ягона қабул намоем».
|
Пурра >>>
|
9 январи соли 2019 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар доираи хониши идоравї омўзиши паёми Президенти Љумњуриии Тољикистон аз 26 декабри соли 2018 ба Маљлиси Олии Љумњуриии Тољикистон «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљи љумњурї» доир гардид, ки дар кори он Шоназаров С.А.– мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї иштирок ва суханронї намуданд.
Раисикунанда: Мањмудзода М.А. –Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлисро кушода, ќайд кард, ки бо нусха аз Протоколи маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 28 декабри соли 2018 №13 тамоми вазорату идорањо вазифадор гардиданд, ки наќшаи чорабинињоро оид ба амалї намудани дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, ки аз паёми Президенти Љумњурии Тољикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилию хориљии љумњурї» бармеоянд, тањия намуда, мавриди амал ќарор дињанд.
Шоназаров С.А.– мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї зимни суханронии худ ба Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дахл намуда, зикр кард, ки дар баробари дигар масъалањои рушди иќтисодиву иљтимоии хољагии халќи мамлакат, тамоми масъалањои вобаста ба сиёсати њуќуќї, аз љумла тањия ва ќабули Консепсияи сиёсати њуќуќї, чор барномаи ислоњоти судї-њуќуќї, барномаи тарбияи њуќуќии шањрвандон, ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќонунњои конститутсионї дар бораи судњо, ташкилу барњам додани институтњои њуќуќї дар Паём ифода гардида, баъдан мавриди тањия ва тасдиќ ќарор гирифтаанд.
Номбурда зикр кард, ки Президенти Љумњурии Тољикистон њалли масъалањои дар тўли зиёда аз ду дањсола бавуљудомадаи сиёсиву иқтисодї ва тиљоратї бо Љумҳурии Ўзбекистонро низ рўйдоди сеюми таърихї дар њаёти иљтимоиву иќтисодї ва маънавии мардуми мо арзёбї намуд.
Барќарор гаштани муносибатњои байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Ўзбекистонро рўйдоди бузурги таърихї мебошад, зеро дар таърихи халку миллатњо ва муносибатњои байнидавлатии онњо руйдоду њодисањои муњиме ба вуќўъ мепайванданд, ки онњо дар таќдири минбаъдаи ин халќу миллатњо таќсирсоз, муайянкунанда ва калидї арзёбї мегарданд.
Дар бораи сиёсати њуќуќии мамлакат, ки ташаккули онро бе сањми бевоситаи Пешвои миллат тасаввур кардан мумкин нест, сухан ронда, диќќати њозиринро ба татбиќи амалии дастуру супоришњои Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон љалб намуд.
Сипас Абдурахимова Д.Р., Нурляминзода Г.А. ва Темиров В.Т. ба сухан баромада, дар хусуси танзими масалањои вобаста ба наќш ва мавќеи зан дар љомеа, сиёсати њуќуќї, аз љумла ќабули барномањои ислоњоти судї-њуќуќї, баланд бардоштани маърифати њуќуќї ва ташаббусњои Президенти Љумњурии Тољикистон дар самти обу энергетика, ки дар Паёмњои роњбари давлат наќши муњим доранд, маълумоти муфасал доданд.
Ташаббуси чоруми љањонии Љумњурии Тољикистон дар хусуси «Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028»-ро аз бемайлон боло рафтани эътибори байналмилалии Љумњурии Тољикистон ва сарвари онарзёбї намуданд.
Дар охир зикр гардид, ки иљрои нуќтањои асосии Паём барои тамоми маќомоти марказї ва мањаллии њокимияти давлатї, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатии онњо, ташкилоту муассисањо њатмї буда, сарчашмаи рушди давлат ва иќтисодї миллї фаъолияти созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат мебошад.
|
9 январи соли 2019 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлиси њисоботї оид ба љамъбасти фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар соли 2018 баргузор гардид.
Маљлис тањти раисии Мањмудзода М.А.–Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баргузор гардида, дар кори он Шоназаров С.А.– мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї иштирок ва суханронї намуданд.
Мањмудзода М.А. маљлиси њисоботиро ифтитоњ намуда, соли 20018-ро њамчун соли бобаракат ва саршор аз њодисањои муњими байналмиллалї ва соли амалї шудани орзуву ниятњои неки халќи Тољикистон дар роњи расидан ба истиќлолияти энергетикї ва пурра баромадани мамлакат аз бумбасти коммуникатсионї арзёбї намуд.
Зикр карда шуд, ки расидан ба њадафњои стратегї ва дар Тољикистон фароњам овардани суботи бардавоми сиёсиву иќтисодї ва иљтимої натиљаи зањматњои шабонарўзии Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон аст, ки дурустї ва муњиммияти худро дар амал баръало собит намуданд. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат- бузургтарин дарси давлатдорї ва ватандориву ватанпарастї мебошад, ки барои њар як сиёсатмадори сатњи гуногуни давлатї, аз љумла роњбарият ва судяњои Суди конститутсионї дарси иборатомўз ва намунаи беназир мањсуб меёбад.
Каримзода К.М. оид ба фаъолияти Суди конститутисонї дар соли 2018 њисобот дода, зикр кард, ки фаъолияти касбии имсолаи судяњо ва кормандони дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон чун дигар маќомоти давлатї, ташкилоту муассисањои мамлакат дар соли равон аз љињати њодисањои муњими сиёсї бой ва рангин арзёбї мегардад.
22 марти соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалї ва Рӯзи ҷаҳонии об - 22 март, расман оѓоз гардидани раванди татбиқи ташаббуси нави (чоруми) глобалии Тољикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва вобаста ба ин 20-22 июни соли 2018 баргузор гаштани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”;
дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорї дар Аврупо ва дигар шарикони рушд 4-5 майи соли 2018 дар Душанбе баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгарої ва тундгароии хушунатомез;
баргузориии мулоқоти сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ИДМ 30-31 май дар Душанбе;
-мулоқоти Шўрои сарони давлатҳо аъзои ИДМ 27-28 сентябри соли 2018;
-баргузории ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай 12 октябри соли 2018– аз муҳимтарин чорабиниҳои муњими сиёсию байналмилалї арзёбӣ мегарданд.
5 майи соли равон аз љониби кормандони ду суд: Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар шањраки 14 ноњияи Синои ш. Дущанбе ба истифода супорида шудани иншооти варзишию фарњангї дар масофаи 3453 метри мураббаъ иборат аз майдончаи умумї барои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи дилхушии кўдакон, гушаи машќу тамрини бадан бо тамоми дастгоњу лавозимоти зарурї муљањњаз, шинонидани гулу буттањо ва дарахтони сояафкану ороишї боиси ифтихор набуда наметавонад. Ин сањми Суди конститутсионї дар ободонии як гўшаи пойтахти азизи Ватанамон мебошад.
16 ноябри соли равон дар Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон ба кор шурўъ кардани чархи аввали НБО-и «Роѓун», ки орзуву омоли чандинсолаи халќу миллати мо ба шумор меравад, амалан оѓози истиќлолияти энергетикии мамлакат ва ба зинаи нави рушди иќтисодию юљтимої ворид гардидани Љумњурии Тољикистон мебошад,ки дар ин ин хусус,яъне хурсандию фарањмандии беканори халќи шарифи кишварамон аз чунин њодисаи таърихї ёдовар нашудан мумкин нест.
20 декабри соли 2018 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро таҳти унвони “Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” якдилона ва бо ҳаммуаллифии 190 кишвари узви созмон қабул кард.
Он идомаи татбиќи амалии дањсолаи зикршуда ва чорабинињои онро пешбинї менамояд.
Муњимтарин иде, ки Љумњурии Тољикистон расман ба љашнгирии он њусни оѓоз бахшидааст, –ин љашнгирии 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мебошад, ки давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон ва халќи мамлакт бо тамоми коллективњои мењнатї азм кардаанд, ки онро дар сатњи баланд баргузор намоянд.
|
Муфасалтар
|
23 ноябри соли 2018 дар толори маљлисгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба муносибати иди умумимиллї – Рўзи Парчами давлатї, ки нишонаи рамзи соњибистиќлоливу давлатдории миллї мебошад, бо иштироки роњбарият, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди Конститутсионї њамоиши тантанавї доир гардид.
Њамоишро Раиси Суди Конститутсионї Мањкам Мањмудзода њусни оѓоз бахшида, њозиринро бо ин иди фархунда табрику тањният намуд ва иброз дошт, ки Парчами давлатї чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамї ва сарбаландии миллату давлати тољикон, маќсаду њадафњои созандаи ин миллати тамаддунофар ифода менамояд ва дар баландтарин минбарњои байналмилаливу дохилї парафшонї менамояд, ки ин боиси ифтихори њар як тољику тољикистонист.
Ин рамзи олии давлат ифодагари иќболу истиќлол, иттињоду сарљамъї, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастї ва њувияти миллии мардуми куњанбунёду фарњангии мо буда, волотарин маќсаду мароми тољиконро дар љилои рангњои худ инъикос намудааст.
Тољикистон имрўз бо ифтихор аз рамзњои давлатї тањти роњбарии хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба дастовардњои назаррас дар њама соњањои њаёти хољагии халќ ноил гардида, њадафњои стратегиву бунёдии давлат амалї гардиданд.
Шањодати ин гуфтањо тањти раҳбарї, раҳнамої ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон 16 ноябри соли љорї дар фазои идона ба истифода додани агрегати якуми нерўгоњи барќї-обии «Роѓун» мебошад, ки бо ифтитоњи ин иншооти аср орзуву омоли мардум љомаи амал пўшид.
Сипас дар мавзўи «Парчами давлатї - нишонаи давлатдории миллї» ва «Парчами давлатї – рамзи ватандўстиву ватанпарастї» ёрдамчии Раиси Суди Конститутсионї Ѓаниев Љ. ва ёрдамчии судяи Суди Конститутсионї Темиров В. бо маърўзањои пурмуњтаво баромад намуданд.
|
Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»

ДУШАНБЕ, 16.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.
Ҳамчунин барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Ба кор даровардани агрегати якуми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор дорад. Маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон пахш гардид. Ҳамзамон ин чорабинии муҳимро бештар аз 200 нафар рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд.
Хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе- Роғун” дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” амалӣ шуда, арзиши умумии тарҳ 650 миллион сомонӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз ёфта, анҷоми тадбиқи лоиҳа тибқи нақша моҳи августи соли 2021 пешбинӣ шудааст.
Сипас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии Роғун оғози расмӣ бахшиданд.
Корҳои васлгарии таҷҳизоти Дастгоҳи маҷмӯии пӯшидаи тақсимкунии элегазӣ “КРУЭ” ҳанӯз моҳи феврали соли 2018 бо иштироки мутахассисони варзидаи маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуда буд.
Дар ин иншооти болопӯшида 19 адад дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ насб гардидааст. Интиқоли неруи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хати дузанҷираи 220 кВ то Зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун неруи барқ интиқол дода хоҳад шуд.
Фаъолияти ин маркази муқтадир дар ҳамкорӣ бо ширкати овозадори олмонии Siemens бо сифати баланд бунёд шуд. Маҳз аз ҳамин толор тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ неруи барқи дар НБО Роғун истеҳсолшаванда ба хатҳои баландшиддат интиқол дода мешавад.
Дар дохили бинои КРУЭ 57 полюси васлакҳои элегазии 500 кВ, 99 трансформатори ҷараёнӣ, 30 модули дарозкунанда, 168 адад ҷудокунанда, 48 трансформатори шиддат ва 30 адад маҳдудкунандаи шиддати 500 кВ васл карда шуданд. Дар байни 36 полюс модулҳои мобайнии ҷараёнгузар насб гардидааст. Ҳамаи полюсҳои 500 кВ бо металлоконструксияҳои муҳофизатӣ ҷиҳозонида шудаанд.
16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд.
Дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» коргарони неругоҳ, фаъолону зиёиёни кишвар, ҷавонон, собиқадорони меҳнат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон иштирок карданд.
Баъди ба кор даровардани агрегати якум неруи барқи «Роғун» ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд. Акнун равшанию гармии кохи нури Тоҷикистон – НБО-и «Роғун» ба хонадони тоҷикистониён ворид гардид. Мардуми шарафманди тоҷик ин рӯзро бесаброна интизор буданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин агрегати неругоҳ таъкид доштанд, ки “расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад”.
Дар толори мошинҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ-мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин агрегати НБО “Роғун” дар китоби “Роғун-Кохи нур” соядаст гузоштанд.
Дақиқияти кори аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо гузоштани танга муайян карда шуд ва ҳамин тавр кори нахустин агрегати неругоҳ ҷавобгӯи талабот арзёбӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардида буд. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси чамбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азим ҳусни оғоз бахшиданд.
Неругоҳи барқи обии «Роғун», пуриқтидортарин иншоотҳои силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО-и «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад.
|
Муфасалтар
|

15 ноябри соли 2018 дар Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба муносибати таљлили љашни пуршукуњ - Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон бо иштироки, роњбарият, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди Конститутсионї њамоиши тантанавї доир гардид.
Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон, академик Мањкам Мањмудзода зимни оѓози њамоиш оид ба наќши Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар таъмини сулњу субот ва ташаккули давлати демократї суханронї намуда, аз љумла ќайд намуд, ки дар њар давру замон шахсиятњо ва роњбарону сиёсатмадорони хирадманд дар ташаккулу пешрафти давлат наќши муассир дошта, ба шарофати аќлу заковат, дурандешию тањаммулгарої ва пешбурди сиёсати одилонаю инсондўстонаи онњо, сулњу вањдат ва суботи сиёсї дар давлат пойдор гардида, љомеа рушду инкишоф меёбад.
Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон низ аз љумлаи шахсиятњои таърихие мебошад, ки дар вазъияти нињоят мураккаби сиёсии кишвар масъулияти бузурги ояндаи халќу давлатро бар дўш гирифта, сулњу субот ва вањдату њамдигарфањмиро дар кишвар ба миён оварда, барои тањкими заминањои Истиќлолияти давлатї, њифзи ягонагї ва тамомияти арзї, ќабули аввалин Конститутсияи Тољикистон соњибистиќлол, таъмини суботи сиёсиву њамгироии мардум ва пойдории њокимияти конститутсионї хизматњои беназирро анљом додааст.
Натиљаи талошњои шабонарўзии муњтарам Пешвои миллат буд, дар як муддати кўтоњи таърихї пояњои Истиќлолияти давлатї тањким ёфта, нуфузу эътибори байналмилалии Тољикистон дар арсаи сиёсати љањон боло гардид ва дар тамоми соњањои њайтии љомеа дастовардњои муназзаму комёбињои назаррас ба даст омаданд, ки онњо ба њазорсолањо баробаранд.
Дар њамоиш инчунин ёрдамчии муовини Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Хусрав Њусензода оид ба «Наќши Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар таъмини сулњу субот ва рушди Тољикистон» ва мутахасси-скоргузорї Дастгоњи Суди Конститутсионї Муњайё Раљабекова дар мавзўи «Сиёсати Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар самти љавонон» маърўза намуданд.
|
|
|