Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
НИШОНАИ МО
734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48
тел: 221-61-96,
факс:(÷992 37) 221-29-28
E-mail: constcourt.tj@mail.tj
ЌАРОРИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
аз рўи дархости директори генералии Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «Наљот»-и шањри Исфара Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї», ки бо фармоиши Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиќ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон»
шањри Душанбе 26 сентябри соли 2016
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяњо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,
бо иштироки котиби маљлиси судї – Мусулмонов С.,
тарафњо:
1. Исомадинова Наљотхон – директори генералии Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «Наљот»-и шањри Исфара – тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст ва намояндаи ваколатдори ў – Носирљонов Набиљон.
2. Ёрова Зулфия Мањмаднабиева – муовини вазири наќлиёти Љумњурии Тољикистон, Саидзода Ќурбон – сардори Раёсати наќлиёти рўизаминї ва Њафизов Зафар – мудири бахши њуќуќи Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон – намояндагони ваколатдори тарафе, ки нисбат ба санади меъёрии њуќуќии тасдиќнамудаи он мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст.
Даъватшудагон:
1. Рањимї Фарњод - намояндаи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон;
2. Азимзода Толибхон Ситамурод - намояндаи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон;
3. Шоназаров Содиќ Ашурович – намояндаи Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон;
4. Шоњиён Муњаммасаид Алимардон – муовини Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон;
5. Осимзода Мадиброим – муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон;
6. Низомї Маќсуд – сардори Сарраёсати ќонунгузории Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон;
7. Холиќзода Абдухолиќ – сардори Раёсати дастгирии соњибкории Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон;
8. Хайрзода Давлатбек Зайнидин – муовини директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон;
9. Одиназода Назар Санг – муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10. Халифаев Азам Кенљаевич – муовини якуми сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соњаи наќлиёти Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон;
11. Хизиров Ќурбоналї Ќодирович – директори Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї»-и Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон;
12. Ахмедов Султонмурод – муовини директори Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї»-и Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон,
дар асоси моддаи 89 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, моддањои 34 ва 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости директори генералии Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «Наљот»-и шањри Исфара Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї», ки бо фармоиши Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиќ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судяи Суди конститутсионї Њошимзода Д.Д., баёноту хулосаи тарафњо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,
м у а й я н к а р д:
Директори генералии Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «Наљот»-и шањри Исфара Исомадинова Н. ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо дархост мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки ў 7 январи соли 2003 Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «Наљот»-ро таъсис дода, то ба њол ба фаъолияти соњибкорї машѓул мебошад.
Аммо, аз давраи таъсиси Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї» (минбаъд КВД), яъне аз соли 2011 кафолатњои конститутсионии ў ва дигар соњибкорон ба фаъолияти соњибкорї, ки дар моддаи 12-уми Конститутсияи Љумњурии Тољикистон пешбинї гардидааст, мавриди поймол ва мањдудият ќарор доранд. Зеро, Вазорати нақлиёти Љумњурии Тољикистон бо фармоиш аз 22 июни соли 2011, №61 Оинномаи КВД-ро тасдиќ карда, дар он як зумра ваколатҳои батанзимдарорї, назоратї ва иљозатномадињиро ба корхонаи зикршуда вогузор намудааст. Њол он ки ќисми дуюми моддаи 9 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 феврали соли 2004, №10 «Дар бораи корхонаҳои давлатї» пешбинї менамояд, ки «Аз тарафи муассис ё маќоми ваколатдор ба корхонаи давлатї додани вазифањои давлатии назоратї ё иљозатдињї манъ аст».
Прокуратураи генералии Љумҳурии Тољикистон 21 ноябри соли 2011 нисбат ба ќонуншиканињои ошкоркарда, яъне ба КВД додани ваколатҳои назоратї ва иљозатномадињї эътироз оварда, талаб намудааст, ки фармоиши Вазорати нақлиёти Љумҳурии Тољикистон аз 22 июни соли 2011, №61 бинобар ғайриқонунї буданаш бекор карда шавад.
Бо фармоиши Вазорати нақлиёти Љумҳурии Тољикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 фармоиши зикршуда бекор карда шуда, Оинномаи нави КВД тасдиќ гардид, ки дар он низ ваколатҳои назоратї ва иљозатномадињї боќї монданд.
Аз љумла, тибќи сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи КВД аз 13 феврали соли 2013 ба корхонаи зикршуда як ќатор ваколатњо дода шудаанд, чунончи:
- омода ва пешнињоди омории кори наќлиёти автомобилї ва хизматрасонињои наќлиётию логистикї;
- таъмини вараќањои роњхату борхат ва коркарди ин њуљљатњо;
- ташкил ва гузаронидани озмун (тендер);
- вобаста намудани хатсайрњои мусофирбарї ва аз нав љобаљогузории онњо;
- талаб намудани маълумоти оморї ва дигар маълумоти њисоботї;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти муштараки љамъиятњои мусофиркашонї;
- пешнињоди мониторинги тарифҳои хизматрасонї.
Бо додани чунин ваколатњо, ташкилоти тиљоратї ба маќоми ваколатдори давлатї табдил ёфта, ваколати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соњаи наќлиёт, ки бояд ваколатњои зикршударо иљро мекард, мањдуд гардидааст.
Њамин тариќ, мурољиаткунанда зикр мекунад, ки КВД қариб бист намуди вазифањои низомномавии Вазорати нақлиёти Љумҳурии Тољикистонро дар оинномаи худ љой дода, бо истифода аз онњо бар хилофи моддаи 22 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 26 июли соли 2014, №1107 «Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї» корхонаҳои хусусї ва љамъиятњои мусофирбариро уњдадор месозад, ки бо вай шартномаи ҳамкорї банданд.
Моддаи 22-и Ќонуни зикршуда кафолатњоро аз дахолат ба фаъолияти субъекти соњибкорї муќаррар намуда, пешбинї менамояд, ки:
«1. Дахолат, амали (беамалии) ѓайриќонунии шахсони мансабдори маќомоти давлатї, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, маќомоти давлатии назоратї ва санљишї, инчунин маќомоти њифзи њуќуќ, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот ба фаъолияти хољагидории субъекти соњибкорї манъ аст.
2. Ба мањдудкунии њуќуќњои субъекти соњибкорї барои иштирок дар хариди давлатии мол (кор, хизматрасонї) роњ дода намешавад».
Мурољиаткунанда, инчунин ќайд менамояд, ки ба Оинномаи корхонаи зикршуда њамчун санади меъёрии њуќуќї ягон маќомоти дахлдор хулосаи њуқуқї надода, он аз қайди давлатї нагузаштааст ва оқибати њуќуќї надорад.
Аммо, ба ин нигоњ накарда, Вазорати нақлиёти Љумњурии Тољикистон дар асоси бандњои 2.4, 4.1 ва 4.4-и Оиннома, дигар санадњои меъёрии њуќуќї, аз љумла фармоиш аз 12 июли соли 2011, №75 «Оид ба тасдиқи «Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур кардан, истифода ва коркарди роњхатҳо», фармоиш аз 25 октябри соли 2011, №178 «Оид ба таъсис додани комиссияи доимоамалкунанда», фармоиш аз 25 ноябри соли 2011, №214 «Дар бораи тасдиќ намудани «Ќоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон» ва фармоиш аз 13 марти соли 2012, №47 «Дар бораи тасдиќ намудани Нархномаи хизматрасонињои наќлиётии КВД «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї»-ро ќабул намудааст, ки КВД онњоро ба асос гирифта, њуќуќњои конститутсионии мурољиаткунанда ва дигар соњибкоронро ба фаъолияти озоди соҳибкорї поймол менамояд.
Чунончи, тибќи банди 4 ќарори Њукумати Љумҳурии Тољикистон аз 13 майи соли 2003, №222 «Дар бораи тадбирҳои ташкили истењсоли њуљљатњо ва вараќањои бањисобгириву њисоботи қатъї»:
«Вазоратҳо, идораҳо, инчунин муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои тамоми шаклҳои моликияти Љумњурии Тољикистон эњтиёљоти солонаи худро ба њуљљатњову варақањои бањисобгириву њисоботи ќатъї ба Корхонаи воњиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон то 1 октябри соли ќаблї пешнињод намоянд».
Аммо, банди 3 фармоиши Вазорати нақлиёти Љумҳурии Тољикистон аз 12 июли соли 2011, №75 «Оид ба тасдиқи «Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур кардан, истифода ва коркарди роњхатҳо» фаъолияти ҳамаи ассотсиатсияҳо, муассисаҳо, корхонаҳо ва љамъиятњои нақлиёти автомобилї, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашонро мањдуд намуда, онњоро водор менамояд, ки роњхатњоро танњо аз КВД дастрас намоянд, ки аз ин Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «Наљот» њар моњ ба маблаѓи муайян зарари моддї мебинад.
Прокуратураи генералї бинобар ғайриқонунї будани дастурамали зикршуда, нисбат ба он низ эътироз оварда, талаб намудааст, ки фармоиши Вазорати наќлиёти Љумҳурии Тољикистон аз 12 июли соли 2011, №75 «Оид ба тасдиқи «Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур кардан, истифода ва коркарди роњхатҳо» бекор карда шавад. Аммо КВД то ба имрўз дар асоси ин дастурамали ғайриқонунї амал намуда, аз соњибкорон маблағњои зиёдеро маљбуран ситонида истодааст.
Дар замимаи 6 ба «Ќоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон» бањогузории пешниҳодоти озмун (тендер) ба мављудияти базаи техникї ба љои 1-3 балл 20-30 балл муайян карда шудааст. Тибќи ин бањогузорї ба муассисаҳои нақлиётии соњибкорони миёна бартарї дода шуда, ин њолат њамчун фишанг нисбат ба соҳибкорони хурд истифода гардида, фаъолияти онњоро халалдор месозад.
Аз мактуби Вазорати адлияи Љумҳурии Тољикистон аз 5 ноябри соли 2015, №2-2-158 бармеояд, ки Ќоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсимоти хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон баробарии субъектњои соњибкориро барои иштирок дар озмун мањдуд месозад.
Аз хулосаи Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумҳурии Тољикистон аз 10 ноябри соли 2015, №4-2Е/3166 ва мактуби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон аз 25 феврали соли 2016, №02-04.7/182 бармеояд, ки ба корхонаи давлатї додани вазифаҳои давлатии назоратї ё иљозатномадиҳї манъ буда, КВД ҳуқуқи ташкилкунї ва раисикунии озмуни (тендери) хатсайрҳоро надорад.
Њамин тариќ, ба андешаи мурољиаткунанда сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4 Оинномаи КВД кафолатњои конститутсионии Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «Наљот»-ро ба фаъолияти озоди соњибкорї, ки дар моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї» пешбинї гардидааст, поймол ва мањдуд менамояд.
Бо дарназардошти њолатњои зикршуда, мурољиаткунанда аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон хоњиш кардааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оғоз карда шуда, мувофиқати сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи КВД, ки бо фармоиши Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиќ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.
Суди конститутсионї дархости мазкур ва њуљљатњои ба он замимашударо мавриди омўзиш ва тањлил ќарор дода, ќайд менамояд, ки дар низоми кафолатњои давлатии эълондоштаи Конститутсия, кафолати фаъолияти озоди соњибкорї мавќеи марказиро ишѓол менамояд ва яке аз унсурњои муњими рушди муътадили соњаи иќтисодию иљтимоии кишвар ба шумор меравад.
Кафолати мазкур, агар аз як тараф ба рушду тањким ва боло рафтани сатњи иќтисодиёт тавассути фаъолият ва сањми соњибкорї нигаронида шуда бошад, аз љониби дигар он ба ќонеъ гардонидани талаботи аввалиндараљаи моддию маънавии соњибкор ва дар маљмўъ баланд рафтани сатњи некўањволии халќ равона гардидааст.
Машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї њамчун унсури асосии принсипи конститутсионии озодии иќтисодї, ифодаи озод будани соњибкорї буда, яке аз њуќуќњои асосї ва муњими иќтисодї, инчунин имконият ва василаи татбиќи њуќуќи иљтимоии инсон ва шањрванд мањсуб меёбад ва бо санадњои байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон ва ќонунгузории кишвар кафолат дода мешавад.
Ин кафолат аз шаклњои гуногуни моликият асос ёфтани иќтисодиёти Љумњурии Тољикистон, аз љумла моликияти хусусї, инчунин иљтимої эълон шудани давлат маншаъ мегирад, ки бе татбиќи амалии он бунёди љомеаи воќеан иљтимої ва иќтисоди бозоргонии дар муносибатњои иќтисодї раќобатпазир ѓайриимкон мебошад.
Санадњои байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон, аз ќабили Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948, Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи иќтисодї, иљтимої ва фарњангї аз 16 декабри соли 1966 ва Конвесияи Иттињоди Давлатњои Мустаќил оид ба њуќуќ ва озодињои асосии инсон аз 26 майи соли 1995 давлатњои иштирокчиро водор месозанд, ки бобати амалишавии њуќуќу озодињои муќаррарнамудаи ин санадњои байналмилалї, аз љумла њуќуќњои иќтисодию иљтимоии њар кас, ки њуќуќ ба фаъолияти озоди соњибкорї низ аз зумраи онњо мебошад, тадбирњои зарурї андешанд.
Вобаста ба ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо такя ба мавќеи њуќуќии худ, ки дар ќарор аз 28 марти соли 2013 (дархости шањрванд Тураев М.М.) пешбинї гардидааст, зикр менамояд, ки дар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, алалхусус Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї» асосњои ташкилию њуќуќї, шаклњо ва принсипњои асосии њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї, њавасмандгардонию танзими давлатии фаъолияти субъектњои он ва ќоидањои умумии њимояи фаъолияти соњибкорї муќаррар гардидааст, ки маќсади он аз таъмини амалишавии ќобилияту малакаи шахс барои пешбурди фаъолияти соњибкорї иборат мебошад.
Дар Ќонуни зикршуда доираи васеъи њуќуќ ва уњдадорињои субъектњои соњибкорї муќаррар гардида, роњњои амалї намудани њимояи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии онњо тавассути содда намудани тартиби баќайдгирї, мањдуд кардани санљиши фаъолияти субъекти соњибкорї, шикоят овардан ба суд, њисоб кардани собиќаи мењнатии соњибкори инфиродї ва ѓ. пешбинї шудаанд, ки онњо барои њимоя, дастгирї ва рушди соњибкорї нигаронида шудаанд.
Тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї» њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї - фаъолияти маќомоти давлатї ва њимояи субъекти соњибкорї - њимояи њуќуќу манфиатњои ќонунии субъекти соњибкорї буда, онњо дар заминаи принсипњои конститутсионии кафолати њимояи њуќуќ ва таъмини фаъолияти озоди субъекти соњибкорї, баробарњуќуќии њамаи субъектњои соњибкорї ва афзалияти рушди соњибкории хурд ва миёна ба амал бароварда мешавад.
Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 июли соли 2006, №198 «Дар бораи раќобат ва мањдудкунии фаъолияти инњисорї дар бозорњои мол» низ дар њифзи манфиатњои субъектњои хољагидорї, аз љумла њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї ва субъекти соњибкорї тавассути фароњам овардани шароити ягонаи иќтисодї ва пешгирї кардани раќобати бевиљдонона наќши арзанда дорад.
Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон (ќисми якум) аз 30 июни соли 1999, №802 баробарии иштирокчиёни муносибатњои гражданї, аз љумла фаъолияти соњибкориро кафолат дода, соњибкориро њамчун фаъолияти мустаќили ба таваккали худ амалишавандаи шахсони ба чунин сифат бо тартиби муќарраркардаи ќонун ба ќайд гирифташудае маънидод мекунад, ки барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молу мулк, фурўши мол, иљрои кор ё расонидани хизмат равона карда шудааст.
Ќонунњои зикршуда ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон асос ёфта, аз дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, инчунин санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф намудааст, иборат мебошанд.
Аз ин рў, муќаррароти онњо ба тамоми маќомоти давлатї љињати таъмини фаъолияти озоди иќтисодї, соњибкорї, баробарњуќуќї, њамчунин њимояву дастгирии давлатии соњибкорї ва њифзи њуќуќу манфиатњои субъекти фаъолияти соњибкорї њатмї буда, ба мазмуни моддањои 10, 12 ва 14 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мувофиќ мебошанд.
Аз љумла, ќисми 2 моддаи 10 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд, ки «Давлат ва њамаи маќомоти он, шахсони мансабдор, шањрвандон ва иттињодияњои онњо вазифадоранд Конститутсия ва ќонунњои љумњуриро риоя ва иљро намоянд».
Тибќи моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон «Давлат фаъолияти озоди иќтисодї, соњибкорї, баробарњуќуќї ва њифзи њуќуќии њамаи шаклњои моликият, аз љумла моликияти хусусиро кафолат медињад».
Дар моддаи 14 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бошад, муќаррар шудааст, ки «Њуќуќ ва озодии инсон ва шањрванд бевосита амалї мешаванд. Онњо маќсад, мазмун ва татбиќи ќонунњо, фаъолияти њокимияти ќонунгузор, иљроия, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи њокимияти судї таъмин мегарданд».
Суди конститутсионї бо назардошти њолатњои зикршуда, масъалаи мавриди бањс ќарордодаи мурољиаткунандаро дида баромада, ќайд менамояд, ки дар сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4 Оинномаи КВД:
- «омода ва пешнињоди њисоботи омории кори наќлиёти автомобилї ва хизматрасонињои наќлиётию логистикї дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон, новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравиашон»;
- «тибќи тартиби муќарраргардида таъмини корхонаю ташкилотњо ва љамъияту муассисањои наќлиёти автомобилї, бо шумораи зарурии шаклњои тасдиќгардидаи вараќањои роњњату борхат ва коркарди ин њуљљатњо»;
- «тибќи тартиби муќарраршуда ташкил ва гузаронидани озмун, (тендер), вобаста намудани хатсайрњои мусофирбарї ва аз нав љобаљогузории онњо»;
банди 4.1:
- «Корхона њамчун маќомоти ваколатдор муносибатњои худро бо шахсони воќеї ва њуќуќї сарфи назар аз шакли моликият дар њамаи соњањои фаъолияти хизматрасонии наќлиёти автомобилї дар асоси шартнома, созишнома ва ќарордодњои ихтиёрї ба роњ мемонад»;
сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4:
- «аз шахсони њуќуќї ва воќеї, ки ба намудњои гуногуни фаъолият дар соњаи наќлиёти автомобилї ва хизматрасонињои логистикї машѓул мебошанд, маълумотњои заруриро талаб намояд»;
- «сариваќт аз корхонаю ташкилотњо, ширкатњои наќлиётї дастрас намудани маълумотномањои њисоботї оид ба фаъолияти бору мусофирбарию дигар намудњои хизматрасонињои наќлиётию логистикї ва пешнињод намудани онњо ба маќомотњои дахлдор»;
- «тибќи тартиби муќарраргардида, бо маќсади пайдо намудани њуќуќ оид ба хизматрасонї дар хатсайрњои мусофирбарї байни интиќолдињандагон гузаронидани озмун (тендер)-ро ташкил менамояд» меъёрњое пешбинї гардидаанд, ки онњо ба моњият, табиат, фаъолият ва маќсади њуќуќии корхонаи воњиди давлатї мувофиќ нестанд, њамчунин дар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз тарафи корхонаи воњиди давлатї амалї намудани чунин ваколатњо мавриди танзим ќарор нагирифтааст.
Чунончи, тибќи ќисми 1 моддаи 125 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон (ќисми якум) ва ќисми якуми моддаи 1 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 феврали соли 2004, № 10 «Дар бораи корхонањои давлатї» - корхонаи воњиди давлатї - ташкилоти тиљоратї буда, маќсади асосии он ба даст овардани фоида мебошад.
Аз љониби дигар, тибќи моддаи 3 Ќонуни зикршуда - корхонањои воњиди давлатї бо њуќуќи пешбурди хољагидорї ташкил карда мешаванд ва пешбурди хољагидорї њуќуќи мањдуди молии корхонаест, ки аз давлат амволро гирифта, дорои њуќуќи соњибї, истифода ва ихтиёрдорї кардани амволи гирифташуда мебошанд.
Тибќи муќаррароти Кодекси гражданї, корхонаи воњиди давлатї њамчун шахси њуќуќї субъекти муносибатњои њуќуќи гражданї мањсуб ёфта, фаъолияти худро дар баробари дигар санадњои меъёрии њуќуќї, инчунин дар доираи муќаррароти Кодекси гражданї ба роњ мемонад.
Кодекси гражданї дар моддаи 1 пешбинї мекунад, ки ќонунњои гражданї вазъи њуќуќии иштирокчиёни ањдњои гражданиро муайян намуда, уњдадорињои шартномавї ва уњдадорињои дигар, инчунин муносибатњои дигари молу мулкиро, ки ба баробарї, мухторияти хоњишу ирода ва мустаќилияти молу мулкии иштирокчиёнашон асос ёфтааст, танзим менамояд.
Кодекси гражданї баробарї ва мустаќилияти субъетњои гражданиро яке аз принсипњои асосии њуќуќи гражданї эътироф намуда, ба амалишавии онњо кафолати ќонунї бахшидааст ва пешбинї мекунад, ки шањрвандон ва шахсони њуќуќї њангоми амалї намудани њуќуќњои ба онњо тааллуќдошта бояд оќилона, одилона ва боинсофона талаботи дар ќонунгузорї дарљёфтаро риоя намоянд.
Вобаста ба ин, субъектњои муносибатњои гражданї, аз љумла фаъолияти соњибкорї новобаста аз шакли ташкилию њуќуќї ва моликият, њамчунин самти фаъолият, аз њуќуќу уњдадорињои баробар бархўрдор буда, тањти идора ва тобеияти њамдигар ќарор додани онњо ё худ аз љониби онњо доштани афзалият нисбат ба њамдигар истисно карда мешавад.
Дар моддаи 9 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи корхонањои давлатї» муќаррар гардидааст, ки муассис ё маќоми ваколатдор соња ва маќсадњои фаъолияти корхонањои давлатиро муайян карда, онњоро дар оинномаи корхона бо дарназардошти талаботи ќонуни зикршуда ва дигар санадњои ќонунгузорї пешбинї менамояд ва аз тарафи муассис ё маќоми ваколатдор ба корхонаи давлатї додани вазифањои давлатии назоратї ё иљозатдињї манъ мебошад.
Ќонунгузорї њамчунин самтњои асосии фаъолияти корхонањои давлатиро муайян кардааст, ки онњо аз њалли вазифањои иљтимоию иќтисодї, ки талаботи љомеа ва давлатро муайян мекунанд, иборат мебошанд.
Вобаста ба ин, самтњои асоси фаъолият ва вазифањои дар назди корхонањои воњиди давлатї истода дар моддаи 20 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи корхонањои давлатї» пешбинї гардидаанд, ки онњо асосан аз истењсол ва тањвили мањсулот барои эњтиёљоти давлат, тайёр кардан ва фурўхтани доруворї, воситањои табобатї, таљњизот ва асбобњои тиббї, анљом додани фаъолияти хољагидорї дар соњаи таъмини ќувваи барќ, об, гармї ва газ, расонидани хизмат тавассути наќлиёти роњи оњан ва истифодаи умумї, интиќоли њавоии бор ва мусофирон, расонидани хизмати алоќа, дигар намуди хизматрасонї ва анљоми фаъолияти истењсолию хољагидорї иборат буда, дар онњо функсия ва вазифњои ба маќоми ваколатдори давлатї хос (идоракунї, назоратї, танзимкунї ва иљозатдињї) пешбинї нагардидааст.
Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи КВД меъёрњои муќарраркунанда, танзимкунанда, њамоњангкунандаи тартиби фаъолият мебошанд, ки онњо бояд аз љониби маќоми ваколатдори давлатї амалї карда шаванд.
КВД дар асоси моликияти давлатии ба ў вобастакардашуда бояд бо иљрои кор ва хизматрасонињои васеи соњаи бору мусофиркашонї машѓул шуда, тавассути раќобати озод ва баробар бо дигар субьектњои хољагидори самти бору мусофиркашонї барои ба даст овардани фоида ва рушду нумўи минбаъдаи корхона кўшиш намояд. Вогузор намудани ваколатњои ба маќомоти давлатї хос, аз ќабили назорат, танзим ва иљозатдињї ба КВД боиси раќобати бевиљдонона, бартарї ва нобаробарї миёни субъектњои хољагидорї мегардад. Зеро, тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи раќобат ва мањдудкунии фаъолияти инњисорї дар бозорњои мол», њама гуна амали субъектњои хољагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соњибкорї равона шудааст ва хилофи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мебошад ва метавонанд ба дигар субъектњои хољагидорї – раќибон зарар расонад ё расонидааст ё обрўи кории онњоро паст мегардонад, раќобати бевиљдонона маънидод карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки давлат ба фаъолияти озоди соњибкорї, њамчун воситаи муњими рушду тањкими иќтисодиёти кишвар, мусоидат ба вазъи иљтимої ва некўањволии халќ, ташкили љойњои корї бо музди мењнати мувофиќ, афзун гардонидани истењсолот ва баамалбарории намудњои гуногуни кору хизматрасонї муносибат дошта, тавассути санадњои меъёрии њуќуќї мањдуд кардан ва халалдор сохтани фаъолияти ќонунии субъектњои њуќуќро, ки ба рушди иќтисодиёт мусоидат карда, љузъи муњими рушди муносибатњои иќтисоди бозоргонї мањсуб меёбад, ќатъиян манъ кардааст.
Чунончи, тибќи ќисми якуми моддаи 6 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи раќобат ва мањдудкунии фаъолияти инњисорї дар бозори мол»:
«Ба маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот ќабул намудани санад ё ба анљом расонидани амалњое, ки мустаќилияти субъектњои хољагидорро мањдуд месозанд, шароити табъизї ё баръакс, имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектњои хољагидори алоњида фароњам меоранд, агар ин санад ва амалиёт боиси роњ надодан, бартараф намудан ва мањдудшавии раќобат, халалдор намудани манфиатњои субъектњои хољагидор ё шањрвандон гарданд, манъ аст».
Меъёрњои моддаи 6 Ќонуни зикршуда тамоми он амалњо, аз љумла якљоя кардани вазифањои маќомоти њокимияти давлатї ва субъектњои хољагидор, инчунин ба зиммаи субъектњои хољагидор вогузоштани вазифа ва њуќуќњои маќомоти назорати давлатї, ки ба мањдудкунии раќобат дар фаъолияти соњибкорї оварда мерасонанд, иљозат намедињанд.
Аз ин рў, ќабули санади меъёрии њуќуќї ва дар он пешбинї намудани тартиб, шароит ва њолатњо, инчунин ваколатњои ба ќонунгузорї номутобиќ, ки онњо метавонанд монеаи рушди фаъолияти озоди иќтисодї ва умуман хољагидорї гарданд, инчунин мустаќилияти субъектњои хољагидориро мањдуд ва халадор созанд, барои субъектњои алоњидаи хољагидорї бартарї ва шароити мусоид фароњам оранд, њамчунин ба мањдуд гаштани раќобат бурда расонанд, роњ дода намешавад.
Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї», ки тартиби ташкили фаъолияти соњибкориро муайян мекунад, дар баробари њуќуќ, инчунин уњдадорињои муайянеро низ ба зиммаи соњибкорон вогузор намудааст, ки чунин тартиби масъалагузорї на мањдуд кардани фаъолияти озоди соњибкорї, балки инъикоси манфиати њам соњибкор ва њам тартиботи њуќуќї дар давлат ба шумор меравад.
Чунончи, аз тарафи соњибкор риоя кардани ќонунгузорї, њуќуќ ва манфиатњои бо ќонун њифзшавандаи шахсони воќеї ва њуќуќї; таъмин намудани мутобиќати моли истењсолшуда (кору хизматрасонии анљомдода) ба талаботи ќонунгузорї; бастани шартномаи мењнатї бо шањрвандоне, ки онњоро ба сифати коргари кироя ба кор мегирад ва њамчунин бо талаби коллективи мењнатї бастани шартномаи коллективї; дар асоси меъёрњои муќарраргардида таъмини њифзи мењнат, бехатарии экологї, санитарию эпидемиологї ва техникаи бехатарї; сари ваќт ва пурра пардохт намудани андозњо ва дигар пардохтњои њатмї ба буљети давлатї ва ѓ., уњдадорињое мебошанд, ки аз принсипњои ќонуният ва шаффофияти фаъолияти субъектњои соњибкорї, ки ќонунгузор муайян кардааст, бармеоянд.
Моддаи 11 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї» њимоя ва дастгирии давлатии соњибкориро аз љониби тамоми маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон кафолат дода, дар шакли њуќуќї, ташкилї, молумулкї, молиявї, иттилоотї ва дигар шаклњо амалї шудани онро муайян менамояд.
Дар низоми дастгирии давлатии соњибкорї назорати давлатї дар шакли баќайдгирии соњибкорї, андозбандї, иљозатномадињї ва иљозатдињї, санљиши фаъолияти субъектњои соњибкорї, баќайдгирии молу мулк, њисоботдињї, танзими зиддиинњисорї, мораторияи санљиши фаъолияти субъектњои соњибкорї ва дигарњо мавќеи муњим доранд. Аз њама муњимаш назорат, иљозатдињї, танзимкунї, манъкунї ва мањдудкунии фаъолияти соњибкорї тибќи ќонун ва дар доираи ќонун, инчунин на аз тарафи корхонаи воњиди давлатї, балки аз љониби маќомоти дахлдори ваколатдори давлатї ба амал бароварда мешавад.
Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон низ тибќи сархати нуњуми банди 5 Низомномаи Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 6 майи соли 2011, №250 тасдиќ шудааст, ваколатдор аст, ки љињати «гузаронидани чорабинињои зиддимонополї дар соњаи наќлиёт ва рушди раќобати озод дар бозори хизматрасонињои наќлиётї тадбирњои зарурї андешад».
Оинномаи наќлиёти автомобилии Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2009, №696 тасдиќ гардида, асосњои иќтисодї, њуќуќї ва ташкилии фаъолияти наќлиёти автомобилии Љумњурии Тољикистон ва наќши онро дар соњањои иќтисодию иљтимої муайян мекунад, яке аз вазифањои асосии танзими давлатии фаъолияти наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии автомобилиро њимояи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шахсони њуќуќї новобаста аз шакли моликият маънидод намуда, фароњам овардани шароити муътадил барои инкишофи раќобатро аз усулњои муњими назорат ва танзими давлатии бозори хизматрасонињои наќлиётї эътироф мекунад.
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нисбат ба ваколати Вазорати наќлиёт дар хусуси вогузор намудани баъзе аз ваколатњои худ ба зиммаи ташкилотњои наќлиётии зертобеъ, ки аз сархати панљуми банди 6 Низомномаи Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон аз 6 майи соли 2011, №250 бармеояд, ќайд менамояд, ки вогузор намудани ваколат ба ташкилотњои наќлиётии зертобеи худ бояд пурра ва дар асоси талаботи ќонунгузории амалкунанда сурат гирад. Яъне, ба КВД вогузор намудани ваколати муайян бояд бо талаботи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи корхонањои давлатї» ва «Дар бораи раќобат ва мањдудкунии фаъолияти инњисорї дар бозори мол» ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї ба роњ монда шавад.
Њамин тариќ, тавассути Оиннома ба КВД вогузор намудани ваколатњои идоракунии ба ќонунгузории амалкунанда номувофиќ, инчунин татбиќи ин ваколатњо боиси мањдуд кардани фаъолияти озоди соњибкорї, додани бартарї ба субъекти алоњидаи хољагидорї ва ба миён омадани раќобати бевиљдонона гардида, кафолати фаъолияти соњибкории пешбининамудаи моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон нисбат ба Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «Наљот» халалдор карда шудааст.
Бинобар ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї»-ро ба моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон номувофиќ арзёбї мекунад.
Њамзамон, Суди конститутсионї дархости иловагии Вазорати наќлиётро дар хусуси бори дигар мавќуф гузоштани баррасии парвандаи мазкур, бинобар надоштани асосњои њуќуќї бе ќаноат мемонад. Бо дарназардошти њолатњои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, моддањои 6, 11, 34, 38, 40, 49, 55, 56, 58, 60 ва 61 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон,
Ќ а р о р к а р д:
1. Сархатњои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воњиди давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї», ки бо фармоиши Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиќ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» мувофиќ намебошанд.
2. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.
3. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д.
|