18:52:36 - 20.11.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1055
mod_vvisit_counterДирӯз2017
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта6115
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида8061
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ25192
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида39987
mod_vvisit_counterҲамагӣ1000865

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

24-25 октябри соли 2014 дар шањри Еревани Љумњурии Арманистон XIX-умин Конфронси байналмилалии Ереванї дар мавзўи «Маќоми конститутсио­нии шарафи инсонї» бо иштироки намояндагони маќомоти назорати конститусионии давлатњои мухталифи љањон ва созмонњои бонуфузи байналмилалї доир гардид.

Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистонро дар ин Конфронси байналмилалї судяњои Суди конститутсионї Абдуллоев А.А., Каримов К.М. ва роњбари Дастгоњи Суди конститутсионї Њошимзода Д.Д. намояндагї намуданд.

Зимни иштирок дар Конфронси байналмилалї судяи Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон Каримов К.М. дар мавзўи «Адолати судии конститутсионї ва њифзи шаъну шарафи инсон шањрванд (дар мисоли Тољикистон)» маърўза намуда, њозиринро бо фаъолияти густурдаи маќомоти назорати конститут­сионии кишвар дар самти таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи арзишњои инсонї шинос намуд.

 

 

 

 

17 октябри соли 2014 бахшида ба таљлили 20-умин солгарди ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар Донишгоњи (славянии) Россия ва Тољикистон бо иштироки роњбарони маќомоти гуногуни њокимияти давлатї, намояндагони муассисањои бонуфузи таълимии Федератсияи Россия ва Љумњурии Ќазоќистон, њамчунин олимону мутахассиони соњаи њуќуќи ватанї Конфронси илмию амалии байналмилалї дар мавзўи «Наќши њуќуќ дар љоемаи муосир: дастовардњо ва дурнамо».

Зимни баргузории чорабинии мазкури сатњи байналмилалї Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон Мањкам Мањмудзода бо маърўза дар мавзўи «Адолати судии конститутсионї њамчун кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баромад намуда, оид ба наќши Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамчун баамалбарорандаи адолатии судии конститут­сионї, ки ба сифати омили муњими таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия баромад менамояд, ибрози андеша намуд.

Дар рафти кори Конфронс дигар ширкаткунандагони он низ бо маърўзањо оид ба мавзўњои «Назорати прокурорї ва мустаќилияти маќомоти судї дар заминаи ислоњоти њуќуќї», «Рољеъ ба баъзе масоили танзими њуќуќии њуќуќ ва озодињои занон дар Тољикистон: љанбаи никоњї-оилавї», «Мустањкам гардидани њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» ва дигар мавзўњои махталиф маърўза намуда, оид ба хусусиятњои хоси Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ибрози назар намуданд.

 

 

 

10 октябри соли 2014 дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон бахшида ба таљлили 90-солагии маќомоти адлия Конфронси илмию амалии байналмилалї дар мавзўи «Рушди маќомоти адлия дар давраи Истиќлолияти давлатї ва наќши он дар низоми идоракунии давлатї» бо иштироки намояндагони маќомоти гуногуни њокимияти давлатии кишвар, олимону мутахассиони њуќуќшинос ва намояндагони созмонњои бонуфузи байналмилалї доир гардид.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар чорабинии мазкур судяи Суди конститутсионї Гулзорова М.М. ва ёрдамчии судяи Суди конститутсионї Ѓоибов П.М. намояндагї намуданд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Гулзорова М.М. бо маърўза дар мавзўи «Заминањои конститутсионии рушди маќомоти адлия дар Тољикистон» баромад намуда, оид ба наќши низоми адлияи кишвар дар пешбурди сиёсати њуќуќии давлати демократї андешаронї намуд.

 

 

 

10 октябри соли 2014 ба муносибати таљлили 90-солагии маќомоти адлия ва судї дар толори Китобхонаи миллии Тољикистон Конфронси илмию амалии љумњуриявї бо иштироки корпуси судї, намояндагони дигар маќомоти њокимияти давлатии кишвар ва олимону мутахассиони њуќуќшинос доир гардид.

Зимни баргузории чорабинии мазкур Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон Мањкам Мањмудзода бо маърўза дар мавзўи «Наќши маќомоти назорати конститутсионї дар таъмини волоияти Конститутсия» баромад намуда, оид ба таърихии таъсисёбии Суди конститутсионии кишвар њамчун падидаи демократї ва ањамияти он дар шароити муосири пешрафти давлати демократї ибрози андеша намуд.

Дар чорабинии мазкур њамчунин судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М. иштирок намуданд.

 

 

 

Аз 28 сентябр то 1 октябри соли 2014 бо ташаббуси Конфронси умумиљањонии адолати конститутсионї, ки Суди Конститут­сиониии Љумњурии Тољикистон узви фаъоли он мебошад, дар шањри Сеули Љумњурии Корея 3-юмин Конгресси Конфронси љањонї дар мавзўи «Адолати конститутсионї ва њамгироии иљтимої» бо иштироки намояндагони судњои конститутсионии давлатњои гуногуни љањон ва созмонњои бонуфузи байналмилалї дар соњаи назорати конститутсионї доир гардид.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тонро дар чорабинии мазкури сатњи байналмилалї судяи Суди конститутсионї Абдуллоев А.А. намояндагї намуд.

 

 

 

26 сентябри соли 2014 дар заминаи иљрои банди 7 Наќшаи чорабинињо оид ба таљлили 20-солагии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 марти соли 2014, №163 тасдиќ гардидааст, дар толори Китобхонаи миллии Тољикистон Конфронси байналмилалї дар мавзўи: «Наќши Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар бунёди давлати (љумњурии) соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, иљтимої, дунявї ва ягона» бо иштироки намояндагони маќомоти гуногуни њокимияти давлатии кишвар, олимону мутахассиони њуќуќшинос, намояндагони, маќомоти назорати конститутсионии давлатњои хориљи кишвар ва созмонњои бонуфузи байналмилалї доир гардид.

Зимни баргузории чорабинии мазкури сатњи байналмилалї Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон Мањкам Мањмудзода бо маърўза дар мавзўи «Наќши Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар бунёди давлати демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона» баромад намуда, оид ба наќши таърихии Конститутсия њамчун бузургтарин дастоварди даврони соњибистиќ­лолии кишвар ва санади муњими сиёсиву њуќуќї дар эъмори давлатдории навин ибрози андеша намуд.

Дар рафти кори Конфронс дигар ширкаткунандагони он низ бо маърўзањо оид ба мавзўњои «Таърихи тањия ва ќабули Конститутсия», «Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва Конститутсияњои дигар давлатњои Осиёи Марказї: 20 соли таърих», «Конститутсия ва рушди ќонунгузорї», «Асосњои конститутсионии татбиќи санадњои байналмилалї» ва дигар мавзўњои махталиф маърўза намуда, оид ба хусусиятњои хоси Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ибрози назар намуданд.

 

 
« ПерваяПредыдущая11121314151617181920СледующаяПоследняя »

Страница 20 из 41