01:39:01 - 23.06.2017

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз26
mod_vvisit_counterДирӯз267
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1360
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида1525
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ4684
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида5414
mod_vvisit_counterҲамагӣ234032

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

20-23 октябри соли 2016 дар Љумњурии Арманистон Конфронси байнал­милалї дар мавзўи «Наќш ва ањамияти ќарор­њои Суди конститут­сионї дар барта­раф кардани норасогии ќонунгу­зорї ва номуайя­нии њуќуќї (таљрибаи давлатњои мухталиф)» доир гардид.

Дар кори ин чорабинии сатњи байналмилалї, ки бо ташаб­буси Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон ва Комиссияи венетсиании Шў­рои Аврупо доир гардид, намоян­дагони маќомоти назорати консти­­тут­­сионии беш аз си киш­вари љањон ва созмон­њои бону­фузи бай­нал­ми­лалї, аз ќабили Шўрои Аврупо, Суди Аврупо оид ба њуќуќи инсон, инчунин на­мо­ян­да­гони маќо­моти давлатии Љумњурии Арманистон иштирок намуданд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар кори Конфронс Раиси Суди консти­тутсионї Мањкам Мањмудзода ва судяи Суди консти­тутсионї Даврон Њошимзода намояндагї намуданд.

Зимни кори конфронс мавзўњои марбут ба мониторинги кон­сти­тут­сионї њамчун кафолати барта­раф кардани холигии консти­тутсионализм, принсипи волоияти ќонун ва татбиќи амалии он, кафолат­њои конститут­сионии муста­ќилияти низоми судї, кафо­лати консти­тутсионї ва иљрои ќарор­њои Суди конститутсионї, наќш ва ањамияти ќарорњои Суди консти­тутсионї дар бартараф кардани норасогии ќонунгу­зорї ва номуайя­нии њуќуќї ва дигар мавзўњои марбут тањкими консти­тут­сионализм бо дарна­зар­­дошти таљри­баи кишварњои мухталиф матрањ гардиданд.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода дар кори ин чорабинї дар мавзўи «Наќш ва ањамияти ќарор­њои Суди кон­ститутсионии Љумњурии Тољикистон дар бартараф кардани нора­согии ќонунгу­зорї ва номуайя­нии њуќуќї» маърўза намуда, ба сањми њозирин иттилоъ оид ба фаъолияти густурдаи Суди консти­тут­сионии кишвар дар самти бартараф намудани норасогии ќонун­­­гузорї ва восита­њои таъмини иљрои ќарорњои Суди конститутсионї пешнињод намуд.

Дар доираи ин сафари корї дар радифи намояндагони беш аз сиву њафт кишвари љањон, Раиси Суди конститутсионии кишвар Мањмуд­зода М. ба њайати муассисони Маркази байналмилалии тањлилї «Фарњанги конститутсионї», ки бо ташаббуси Суди кон­сти­тут­сионии Арманистон таъсис ёфта, маќсади фаъо­лияти он баланд бардоштани сатњи фарњанги конститутсионї дар љомеа мебошад, шомил гардид.

Дар доираи сафари корї ба Љумњурии Арманистон вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо Раиси Суди конститут­сионии Љумњурии Арманистон – Раиси Кон­фрон­си маќомоти назорати конститутсионии давлатњои демократияи нав ва намояндагони судњои консти­тутсионии Федератсияи Россия, љумњурињои Олмон, Босния ва Гертсо­говиния, Латвия, Ќазоќистон ва дигар киш­вар­њои љањон доир гардида, дар онњо масъалањои марбут ба тањкими њамко­рињои судманди тарафайн баррасї гардиданд.

 

 

 

 

 

 

Аз 9 то 15 октябри соли љорї сафари хизматии ёрдамчии Раиси Суди Конститутсионї Мустафоќулов Ѓ., ёрдамчии судяи Суди Конститут­сионї Ќамишев Н. ва мутахассиси пешбар Рахимова Н. ба шањри Сеули Љумњурии Корея бо маќсади иштирок дар курсњои омўзишї дар мавзўи «Хизматрасонињо дар соњаи технологияњои иттилоотї барои суди конститутсионї» доир гардид.

Курсњои омўзишї бо фармоиши Вазорати илм ва ба наќшагирии ояндаи Љумњурии Корея аз љониби Агентии миллї оид ба рушди технологияҳои иттилоотии Ҷумҳурии Корея (NIPA) барои судњои конститутсионї ташкил карда шуда, дар он намояндагони маќомоти назорати конститутсионии Љумњурии Озорбойљон, Љумњурии Ќазоќистон, Љумњурии Ќирѓизистон, Љумњурии Ўзбекистон, Малайзия, Монголия, Љумњурии Индонезия, Мянма, Филиппин, Таиланд ва Бурунди иштирок намуданд.

Дар доираи сафари хизматї тибќи барномаи курсњои омўзишї намояндагони Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон рўзи 14 октябри соли 2016 аз Суди Конститутсионии Љумњурии Корея дидан намуда, бо фаъолияти суд, таљњизотњои электронии толори маљлисгоњи суд, китобхонаи электронї, коргузории электронии суд, шабакаи электронии шуъбаи умумї, маркази маълумот, киберфазо ва маркази амнияти электронї ва ѓайра шиносої пайдо намуданд. Дар рафти шиносої вохўрии њайати Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Корея Чо Йонгњо ва Котиби генералии Суди Конститутсионии Корея Ёнг Њун Ким доир гардида, оид ба масъалањои мубрами адолати судии конститутсионї ибрози андеша карда шуд.

Дар фарљоми курсњои омўзишї аз љониби роњбарияти Агентии миллї оид ба рушди технологияҳои иттилоотии Ҷумҳурии Корея (NIPA) дар њолати тантанавї ба иштирокчиёни курсњои омўзишї Сертификатњои «Хизматрасонињо дар соњаи технологияњои иттилоотї барои суди конститутсионї» супорида шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

5 октябри соли 2016 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба муносибати таљлили Рўзи забони давлатї бо иштироки роњбарият, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди консти­тутсионї маљлиси тантанавї баргузор гардид.

Маљлиси тантанавиро Раиси Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон, академик Мањкам Мањмудзода њусни оѓоз бахшида, њози­ринро бо таљлили ин иди муњими умумимилї табрику тањният намуда, аз љумла иброз дошт, ки Истиќлолияти давлатї барои эњёи асолати забони тољикї замина гузошта, барои ба авҷи тараққиёти худ расидан ва ҳамчун забони давлатї ва илму фарҳанг ҷаҳонгир гаштани он мусоидат кард.

Дар сатњи Конститутсияи мамлакат, забони тољикї ба њайси забони давлатї эътироф гардида, бо маќсади муайян намудани вазъи њуќуќии он 5 октябри соли 2009 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатї» ќабул гардид.

Ба шарофати дастгирињои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон дар як муддати кўтоњ забони тољикї њамчун љавњари њастии миллати тољик ташаккул ёфта, унсури муњими рушду инкишофи давлату миллат маънидод гардид.

Зимни баргузории маљлис њамчунин ёрдамчии судяи Суди консти­тут­сионї Сангзода Гулизор оид ба ањамияти таърихии забони давлатї дар шароити муосири пешрафти давлати демократї бо маърўза баромад намуд.

 

 

 

 

 

 

26 сентябри соли 2016 тањти раисии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон Мањкам Мањмудзода парванда аз рўи дархости директори генералии Љамъ­ияти до­рои масъулияти мањдуди «На­љот»-и шањри Ис­фа­ра Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати сар­хат­њои чорум, чордањум ва њабдањуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воњиди давла­тии «Наќлиёти автомобилї ва хизмат­ра­сонии логис­тикї», ки бо фар­мои­ши Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољи­кистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиќ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољи­кистон» баррасї гардид.

Суди конститутсионї дархости мазкурро мавриди омўзиш ва тањ­лил ќарор дода, ќайд намуд, ки дар ни­зоми кафолатњои давлатии эълон­доштаи Кон­с­титутсия, ка­фо­лати фаъо­лияти озоди соњибкорї мавќеи марказиро иш­ѓол менамояд ва яке аз унсурњои муњими рушди мутаъдили соњањои иќтисодию иљтимоии кишвар ба шумор меравад.

Машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї њамчун унсури асосии принсипи конститутсионии озо­дии иќтисодї, ифодаи озод будани со­њиб­­корї буда, яке аз њуќуќњои асосї ва муњими иќ­тисодї, ин­чунин им­коният ва василаи татбиќи њуќуќи иљтимоии инсон ва шањр­ванд мањсуб меёбад ва бо санадњои байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон ва ќонунгузории кишвар кафолат дода мешавад.

Ин ка­фо­лат аз шак­лњои гуногуни моли­кият асос ёфтани иќти­­­­со­диёти Љумњурии Тољикистон, аз љумла моли­ки­яти хусусї, инчунин иљ­тимої эълон шудани давлат маншаъ мегирад, ки бе татбиќи амалии он бунёди љомеаи во­ќе­ан иљтимої ва иќти­соди бозоргонии дар муноси­батњои иќтисодї раќо­батпазир ѓайри­им­кон ме­бо­­шад.

Тавассути Оиннома ба Корхонаи воњиди давла­тии «Наќлиёти авто­мо­билї ва хизмат­ра­сонии логис­тикї» вогузор намудани ваколатњои идора­кунї, инчу­нин татбиќи ин ваколатњо бошад, боиси мањдуд кардани фаъо­лияти озоди соњиб­ко­­рї, додани бар­тарї ба субъек­ти алоњи­даи хољаги­дорї ва ба миён овар­дани раќобати бе­виљ­­донона гардида, ка­фолати фаъолияти соњиб­кории пеш­­бинина­мудаи моддаи 12 Консти­тутсияи Љум­њу­рии Тољи­кис­тонро нис­бати Љамъ­ияти до­рои масъу­лияти мањдуди «На­љот» поймол ва мањдуд намудааст.

Бинобар ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон сархат­њои чорум, чор­дањум ва њабда­њуми банди 2.4, банди 4.1, сархатњои якум, дуюм ва њаф­туми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воњиди давла­тии «Наќлиёти авто­мо­билї ва хизмат­ра­сонии логис­тикї»-ро ба моддаи 12 Консти­тут­сияи Љум­њу­рии Тољикистон номуво­фиќ арзёбї намуд.

 

 

 

15 сентябри соли 2016 нашри шуморавии маљаллаи илмї – иттилоотии Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон №2, 2016 ки дар он фаъолияти Суди конститутсионї инъикос гардида, таъи­ноти судї, маърўзаю маќолањои раисон ва судяњои Суди конститут­сио­нии кишвар ва давлатњои хориљ, инчнин олимони соњаи њуќуќ ва намоян­дагони маќомоти гуногуни њокимияти давлатї гирд оварда шудаанд, бо забонњои давлатї ва русї аз чоп баромад.

Дар ин шумораи маљаллаи илмї-иттилоотї таъиноти Суди консти­тутсионї аз рўи мурољиати шањрванд Ширинов М.М. «Дар хусуси муай­ян кардани њуќуќњои ў њамчун иштирокчии амалиётњои мусаллањона (низоъњо) бањри њимояи сохти конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба имтиёзњои иљтимоии пешбини­намудаи моддаи 278 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон» бо ду забон нашр карда шудааст.

Ќисмати алоњидаи маљалла ба навидњои Суди конститутсионї бах­шида шуда, дар он иттилоот оид ба маљлисњои судии доиргардида, вохў­рии роњбарият ва судяњои Суди конститутсионї бо мењмонони хориљї, дастовардњои суд, иттилоот оид ба љаласањои идоравї марбут ба мавзў­њои мухталиф ва дигар ахбороти муњим бо забонњои давлатї ва русї гирд оварда шудааст.

Хоњишмандон метавонанд ин маљаллаи илмї-иттилоотиро аз китоб­хонаи Суди конститутсионї дастрас намоянд ё тавассути сомонаи Суди конститутсионї аз иттилооти дар он гирдовардашуда истифода баранд.

 

 

 

6 сентябри соли 2016 сол дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба таљлили 25 - умин солгарди Истиќло­лияти давлатии Љумњурии Тољикистон бо иштироки судяњо ва кормандони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлиси тантанавї баргузор гардид.

Дар оѓози маљлис Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудзода Мањкам Аъзам бо сухани ифтитоњї баромад намуда, дар бораи ањамият ва наќши Истиќлолияти давлатї дар бунёди давлатдории навин изњорї андеша карда, њамагонро ба муносибати 25 - умин солгарди ин дастоварди муќаддас муборакбод намуд. Њамчунин дар баромади хеш Раиси Суди конститутсионї зикр намуд, ки мояи ифтихору сарфарозии њар як фарди худогоњу худшиноси кишвар мебошад, ки тањти сарварии оќилонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои милат, Президенти мањбуби кишвар дар як маддати кўтоњи таърихї пояњои Истиќлолият чун шоњсутуни њастии миллат тањким ёфта, ин падидаи бемислу боаззамат такя ба ормонњои деринаи милиї ва таљрибаи љањонї ба мардуми тољик кувваи тавоное бахшид ва барои эъмори давлати милиї, тањкими сулњу субот ва вањдату ягонагї, ташаккули ѓояњои инсондўстона ва фарњанги сиёсию њуќуќии мардум дар шароити ташаккули давлатдории навин замина гузошт.

Дар рафти маљлис аз љониби Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба ифтихори 25 - умин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон барои фаъолияти пурсамар њангоми иљрои вазифањои хизматї ва ноил шудан ба натиљањои баланди касбї ба як ќатор кормандони Дастгоњ «Ифтихорнома» - и Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон сарфароз гардонида шуда, ва рутбањои навбатї дода шуданд.

 

 
« ПерваяПредыдущая12345678910СледующаяПоследняя »

Страница 3 из 34