10:03:11 - 25.05.2017

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз73
mod_vvisit_counterДирӯз139
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта583
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида1388
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ4129
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида4826
mod_vvisit_counterҲамагӣ228063

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
20.10.2009 08:00

Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 15-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гардид.

Дар кори он намояндагони судҳои олии ҷумҳурӣ, Прокуратураи генералӣ, Шўрои адлия, Вазорати адлия, дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Маҳмудов М. А. кушода, оид ба аҳамияти сиёсию ҳуқуқии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Сипас иштирокчиёни мизи мудавварро ба 15-умин солгарди Конститутсия Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Ш. О., Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Н.А. ва Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёров Б.Т. табрик намуда, нақш ва аҳамияти Конститутсияро дар рушду таҳкими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон қайд намуданд.

Дар рафти мизи мудаввар зиёда аз даҳ маърўза оид ба аҳамияти таърихии Конститутсия ва нақши он дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шунида ва муҳокима гардиданд.

 
03.10.2009 08:00

Дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон бо ибтикори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон, Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон, Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути ҳуқуқ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо), Ассотсиатсияи байналмилалии ҳуқуқи конститутсионӣ, Намояндагии Еревании Созмони бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Аврупо конференсияи XIV байналмилалӣ дар мавзўи «Таҷрибаи байналмилалии ҳамкории судҳои конститутсионӣ ва парлумонҳо дар таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони судҳои конститутсионӣ ва парлумонҳои 27 давлатҳои Аврупо, Осиё, ва Африқо, аз ҷумла Котиби генералии Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо Дж. Букикио, Раиси палатаи суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, иштирок намуданд.

Намояндагии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду судяҳои Суди конститутсионӣ дар кори конференция ширкат варзиданд.

Дар конфронс зиёда аз 30 маърўза, аз ҷумла маърўзаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. дар мавзўи «Нақш ва мавқеи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикион дар таъмини волоияти Конститутсия» шунида шуданд.

Конститутсия аз тарафи иштирокчиёни конференсия бузургтарин ҳуҷҷат ва дастоварди сиёсию ҳуқуқии ҷомеаи инсонӣ, таъминкунандаи низоми боссуботи давлатдорӣ арзёбӣ гардида, нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини волоияти меъёрҳои он махсус қайд карда шуд.

Дар конференсия, инчунин лоиҳаи Оинномаи Конференсияи умумиҷаҳонӣ оид ба адолати суди конститутсонӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз ҷониби намояндагони давлатҳои аъзои Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон дастгирӣ ёфт.

Дар рафти конференция вохўриҳои дуҷонибаи намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дж. Букикио - Котиби генералии Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, Арутунян- Раиси Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон, бо ҳайати намояндагии Судҳои конститутсионии Латвия, Молдова, Беларусь, Федератсияи Россия, Алҷазоир, Чехия баргузор гардиданд. Оид ба доираи васеи масъалаҳо ва таҷриба адолати суди конститутсионӣ табодули назар карда шуд.

 
08.09.2009 08:00

            Дар Суди конститутсионӣ маҷлиси коллективи Суди конститутсионӣ баргузор гардид. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон Маҳмудов М.А. иштирокчиёни онро ба муносибати 18-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои фаъолияти пурсамар ба як қатор судяҳо ва кормандони дастгоҳ Ифтихорномаи Суди конститутсиониро супурд.

 
08.09.2009 08:00

          Дар Суди конститутсионӣ маҷлиси коллективи Суди конститутсионӣ баргузор гардид. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон Маҳмудов М.А. иштирокчиёни онро ба муносибати 18-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои фаъолияти пурсамар ба як қатор судяҳо ва кормандони дастгоҳ Ифтихорномаи Суди конститутсиониро супурд.

 
04.09.2009 08:00

Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти Давлатӣ дар Вазо- рати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар кори он Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяи Суди конститутсионӣ Гулзорова М. ва дигар кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок варзиданд. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. дар мавзўи «Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун заминаи ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон» маърўза кард.

 
04.09.2009 08:00

        Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти Давлатӣ дар Вазо- рати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар кори он Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяи Суди конститутсионӣ Гулзорова М. ва дигар кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок варзиданд. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. дар мавзўи «Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун заминаи ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон» маърўза кард.

 
« ПерваяПредыдущая31323334СледующаяПоследняя »

Страница 32 из 34