20:30:44 - 22.10.2017

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз176
mod_vvisit_counterДирӯз151
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта176
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида1471
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ4447
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида4730
mod_vvisit_counterҲамагӣ253715

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
09.06.2009 04:00

Дар маҷлиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оид ба дархости шаҳрванд Санокина Л.Г. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда шуд.

Дар мурофиаи конститутсионӣ намояндагони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ-намояндагони тарафе, ки санади меъёрии ҳуқуқии қабул, ҷонибдорӣ ва имзогузоштаи онҳо мавриди баҳси судӣ қарор гирифтааст, инчунин намояндагони даъватшуда аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро пурра ва ҳаматарафа баррасӣ намуда, қарор қабул кард, ки мувофиқи он қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷeмҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он «амали талаботи қисми дуюми моддаи 365 ба санадҳои судие, ки то мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур қабул гардидаанд, низ паҳн мегардад» ва қисми дуюми моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар мўҳлати як сол аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратӣ пешниҳод гардад» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, мўҳлати яксола барои овардани шикояти назоратӣ имконият медиҳад, ки дар мўҳлати кўтоҳтарин ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни мурофиа ҳифз карда шавад.

 
18.05.2009 04:00

               Дар Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаев И. ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқбилшоев Б. бинобар қонеъ гардонидани аризаи ба истеъфо рафтанашон аз мансаби ишғолнамудаашон бозхонд карда шуданд.

              Дар иҷлосияи мазкур бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Маҳкам Азамович - Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гулзорова Муҳаббат Мамадкаримовна-судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Маълумот Маҳмудов М.А. соли 1957 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, соли 1979 факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Аз соли 1979 то 1993 ассистент, аспирант, муаллими калон, дотсент, профессори кафедраи ҳуқуқи граждании Университети давлатии Тоҷикистон ва аз соли 1993 то соли 2006 дар вазифаи декани факултети ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз моҳи феврали соли 2006 то майи соли 2009 муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан дар мансаби муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

Аз соли 2002 то 18 майи соли 2009 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2005 то 18 майи соли 2009, яъне то ба вазифаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданаш Раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷмҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб шуда буд.

Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор. Муаллифи зиёда аз 200 асарҳои илмӣ ва илмию-оммавӣ мебошад.

Маҳмудов М.А. дорандаи унвони фахрии «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мукофотҳои давлатии «Ордени Исмоили Сомонӣ» дараҷаи II, ордени “Содружество” ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

 

 

 
« ПерваяПредыдущая3132333435СледующаяПоследняя »

Страница 35 из 35