01:39:23 - 23.06.2017

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз26
mod_vvisit_counterДирӯз267
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1360
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида1525
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ4684
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида5414
mod_vvisit_counterҲамагӣ234032

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

22 феврали соли 2016 дар толори маљлисгоњи Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон бо иштироки коллективи Суди конститут­сионї бо маќсади шарњу тавзењи лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститут­сияи Љумњурии Тољикистон пешнињодшуда, љаласаи васеъ доир гардид.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мамудзода љаласро њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки 22 майи соли љорї дар киш­вар чорабинии муњими сиёсї, яъне раъйпурсии умуми­халќї оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Консти­тутсияи Љумњурии Тољикистон бар­гузор мегардад ва имрўз дар тамоми љумњурї маъракаи фањмондадињии моњияту зарарути таѓйиру иловањо ба Конститутсия идома дорад.

Лоињаи таѓйиру иловањо тибќи муќаррароти моддањои 98 ва 99 Конститутсияи кишвар аз љониби аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагон пешнињод карда шуданд ва матни пурраи он дар воситањои ахбори омма бо маќсади ба манзури њамагон расонидан, нашр шудааст.

То эълон гардидани раъйпурсї тибќи талаботи ќонунгузории мављуда лоињаи таѓйиру иловањо бо маќсади муайян намудани муто­биќати онњо ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз љониби Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон мавриди баррасї ќарор дода шуданд ва бо ќарори Суди конститутсионї аз 4 феврали соли љорї лоињаи таѓйиру иловањои пешнињодшуда ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ дониста шуданд.

Таѓйиру иловањо ба мус­тањ­­кам намудани асо­с­њои сохтори консти­тут­сионї, тањкими маќоми конс­титут­сионии шањр­вандї, њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї равона гардида, инъикоси минбаъдаи раванди демократи­куно­нии њаёти сиёсї ва иљти­моии љомеаи Тољикистон мебошанд.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мамудзода, њамчунин лоињаи таѓйиру иловањоро барои такмили муќаррароти меъёрњои Конститутсия муфид арзёбї намуда, бандњои лоињаро дар алоњидагї шарњу тавзењ дод.

 

 

 

 

ПАЁМ – ЊУЉЉАТИ МУЊИМИ СИЁСИЮ ЊУЌУЌИСТ

9 феврали соли 2016 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо маќсади шарњу тавзењи нуктањои Паёми Асосгузори сулњу Вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба маќоми олии намояндагї ва ќонунгузории кишвар бо иштироки судяњо, кормандони дастгоњи Суди конститутсионї ва донишљўёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон љаласеи васеъ баргузор гардид.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, академик Мањкам Мањмудзода љаласаро њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї њамчун њуљљати барномавии сиёсиву њуќуќї муќарраркунандаи афзалият ва самту шартњои ташаккулу пешрафти давлату љомеа мањсуб ёфта, дар асоси он равандњои сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва фарњангию идеологї бо суръат амалї карда мешаванд.

Дар асоси њадафњои дар Паём гузошташуда сиёсати давлатї ва фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ барои муайян кардани роҳҳои ҳалли масоили калидии ҳаёти љомеа, паст кардани таъсири омилњои беруна, алалхусус таъсири буҳрони молиявї ба иќтисодї миллї ва таъмини амалишавии маќсадњои давлати иљтимої, яъне шароити арзандаи зиндагӣ ба њар як сокини мамлакат равона карда мешавад.

Дар Паёми Сарвари давлат, таъсири дигаргуниву тањавуллоти љањони муосир ба низоми идоракунии пазируфташуда ва маъмули сиёсати ҷаҳонї, ки бинобар шиддат ёфтани рақобати геополитикї ва геостратегии қудратхоҳони ҷаҳон ва њамчунин бархӯрди манофеи абарқудратҳо муш­оњида мегарданд, мавриди тањлил ќарор дода шуда, самти афзалиятноки сиёсати хориљии давлат бо дарназар­дошти эњти­роми принсипњои њуќуќї байнал­милалї муайян карда мешавад.

Сипас оид ба мазмуну муњтавои Паёми Роњбари давлат ба парлумон судяи Суди конститутсионї Д. Њошимзода ва сардори шуъбаи таъминоти њуќуќии фаъолияти суяњои Суди конститутсионї Нурляминзода Г.А. баромад намуданд.

 

 

 

 

 

4 феврали соли 2016 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тањти раисии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии То­љи­кистон Мањкам Мањмудзода мурофиаи судии конститутсионї аз рўи пешнињоди Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон «Оид ба муайян намудани муво­фиќати лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињоди Маљлиси намо­ян­да­гони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро њаматарафа мав­риди баррасї ќарор дода, ќайд на­муд, ки Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон њамчун њуљљати сиёсї ва санади дорои ќувваи олии њуќуќї, муњимтарин арзишњои бунё­дии љомеаи башариро љињати њифзи њуќуќу манфиатњои инсон, љомеа ва давлат дар худ таљассум намуда, хусусиятњои давлати То­љикистонро ба сифати дав­ла­ти соњибих­тиёр, демок­ратї, ҳуќуқбунёд, дунявї ва ягона арзёбї кардааст.

Конститутсия манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳиб­ис­тиқ­лоли Тољикис­тонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи љум­­­ҳурї, тамомияти арзї, моҳияти демократї, ҳуқуқбунёдї, дунявї ва иљти­моии давлатро шарти асосї ва баќои давлат ва миллат арзёбї менамояд. Ин санади меъёрии њуќуќї барои мустаќилияти сиёсию иқти­со­дї, пеш­бурди сиёсати сулҳ­­љўёна, боло рафтани эътибори давлату миллат дар муноси­бат­њои байнал­ми­лалї ва таъ­мини суботи сиёсию иљтимоии љомеаи Тољикистон шароити мусоиди ташкилию њуќуќї фароњам овардааст.

Таѓйиру иловањои ба Конститутсия воридшаванда ба мар­ҳа­лаи имрўзаи руш­д ворид шу­дани давлат ва љомеа мувофиќ буда, онњо ба мус­тањ­­кам намудани асо­с­њои сохтори конститутсионї, таќвияти кафолати њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, тањкими маќоми конс­титут­сионии шањрвандї, њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї, ташаккули маќомоти худидора­кунии мањаллї, љалби фаъолонаи шањр­вандон, дар навбати аввал љаво­нон ба њаёти сиёсї ва идораи давлатї равона гардидаанд. Онњо њимояи њуќуќу озоди­њои инсон ва шаҳр­ванд, ки мақсад ва мазмуни фаъо­лия­ти маќомоти њокимияти давлатї ва худидоракунии маҳал­лиро ташкил дода, ба воситаи ҳокимияти судї таъ­мин мегарданд, таќвият бахшида, дар маљ­мўъ ба тањ­кими амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоќи љомеа, сиња­тии ањолї ва волоияти ќонуну тартиботи њуќуќї му­соидат менамоянд.

Таѓйиру иловањои пешнињодшуда дар маљмўъ арзиш­њои волои Кон­­сти­­тут­сияро тањким бахшида, инъикоси минбаъдаи раванди демократи­кунонии њаёти сиёсї ва иљти­моии љомеаи Тољикистон, таќвияти њифзи њуќу­ќии шахс, фарогири идо­маи ислоњоти сиёсию иљтимої ва њуќуќию судї дар мамлакат мебошанд. Онњо ба мукаммал намудани меъёрњои Конститут­сия равона гар­дида, ба амалия ва таљри­баи љањонии ворид кардани таѓйиру иловањо ба конститут­сия ва ба арзишњо ва принсипњои асосии Кон­сти­­тут­сияи (Сарќону­ни) Љумњурии Тољи­кистон мувофиќ мебошанд.

Бинобар ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон лоињаи таѓйиру иловањои ба ном ва матн, моддањои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддањои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муќаррароти интиќолии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон воридша­вандаро ба Консти­тут­сияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон мутобиќ донист.

 

 

 

 

28 январи соли 2016 нашри шуморавии маљаллаи илмї – иттилоотии Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон №4, 2015 ки дар он фаъолияти Суди конститутсионї инъикос гардида, ќарор ва таъиноти судї, маърўзаю маќолањои судяњои Суди конститутсионї ва устодони факултетњои њуќуќши­носии Донишгоњи миллии Тољикистон, Донишгоњи славянии Тољи­кис­тону Россия, њамчунин маќолањои дигар њуќуќшиносон гирд оварда шудаанд, бо забонњои давлатї ва русї аз чоп баромад.

Дар ин шумораи маљлаллаи илмї-иттилоотї ќарори Суди консти­тутсионї аз рўи дархости директори генералии Љамъияти сањомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Фай­зуллоев Б.Њ. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот (кору хизматрасонї) дар корхонањо ва ташки­лотњои Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 1999, №210 тасдиќ карда шудааст, ба модда­њои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бо ду забон нашр карда шудааст.

Њамчунин дар ин маљалла таъинот оид ба дархости шањрванд Абдумаликов А. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 18 июни соли 2008, №394 «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї», Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 26 марти соли 2009, №499 «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї» ва Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 23 декабри соли 2008, №УП-580 «Дар бораи муќаррар намудани андозаи њадди нињоии нафаќаи хизматчиёни њарбї ва кормандони маќомоти њифзи њуќуќи Љумњурии Тољикистон» ба моддањои 14 ва 45 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» чоп гардидааст.

Ќисмати алоњидаи маљалла ба навидњои Суди конститутсионї бахшида шуда, дар он иттилоот оид ба мурофиањои судии доиргардида, вохўрии роњбарият ва судяњои Суди конститут­сионї бо мењмонони хориљї, сафарњои хизматии роњбарият, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди конститутсионї ба дохилу хориљи кишвар, дастовардњои суд, иттилоот оид ба фаъолияти солонаи Суди конститутсионї ва дигар ахбороти муњим бо забонњои давлатї ва русї гирд оварда шудааст.

Хоњишмандон метавонанд ин маљаллаи илмї-иттилоотиро аз китоб­­­хонаи Суди конститутсионї дастрас намоянд ё тавассути  сомонаи Суди конститутсионї аз иттилооти дар он гирд­оварда­шуда истифода баранд.


 

 

Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон – Мањкам Мањмудзода бо медали љашнии «20-солагии Консти­тутсияи Ќазоќистон» дар асоси пешнињоди Шўрои Консти­тутсионии Љумњурии Ќазоќистон бо Фармони Президенти Љумњурии Ќазоќистон муњтарам Назарбоев Нурсултан Абишевич ба муно­сибати 20-умин солгарди Конститутсияи Љумњурии Ќазоќистон барои сањми арзанда гузоштан дар ташаккули конститутсионализм дар минтаќаи Осиёи Марказї сарфароз гардонида шуд.

12 январи соли 2016 дар толори маљлисгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз љониби Сафири Фавќуллода ва Мухтори Љумњурии Ќазоќистон дар Љумњурии Тољикистон љаноби Смагулов Агыбай Дынкенович ба Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон – Мањкам Мањмудзода медали љашнии «20-солагии Консти­тутсияи Ќазоќистон» супорида шуд.

Зимни маросими супоридани медали љашнї љаноби Сафир аз таърихи ќабули Конститутсияи Ќазоќистон ва иштироку суханронии Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон – Мањкам Мањмудзода дар Конфронси байналмилалї ба муносибати 20-умин солгарди Шўрои Конститутсионии Љумњурии Ќазоќистон ёдовар шуда, ба сањми Раиси Суди Конститутсионии Тољикистон дар ташаккули муносибатњои мутаќобилан судманди маќомоти назорати конститут­сионии давлатњои демократии ба њам дўст бањои баланд дод.

Мањкам Мањмудзода ба љаноби Сафир барои ташриф овардан ба Суди Конститут­сионии кишвар ва супоридани медали љашнї изњори минатдорї карда, ќайд намуд, ки минбаъд низ Суди Конститут­сионии Љумњурии Тољикистон бобати боз њам таќвият ёфтани њамкорињои байналми­лалї бо Шўрои Конститутсионии Љумњурии Ќазоќистон кўшиш ба харљ медињад.

Мањкам Мањмудзода њамзамон иброз дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Прези­денти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон муносибатњои байналмилалии Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо маќомоти њамшабењи давлатњои хориљи кишвар дар њоли густариш ќарор дорад.

 

 

 

НАТИЉАГИРИ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

25 декабри соли 2015 дар толори маљлисгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлиси љамбастии фаъолияти Суди Конститут­сионї дар соли 2015 доир гардид.

Маљлисро Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода њусни оѓоз бахшида, иброз дошт, ки соли 2015 новобаста аз вазъи мураккаби љањони муосир ва омилњои манфии иќтисодию молиявї, ба давлат ва Њукумати кишвар муяссар гардид, ки тамоюли мусбати рушди иқтисодии мамлакат ва суботи сиёсию иҷти­моии љомеаро нигоҳ дошта, дар самтҳои гуногуни соњањои хољагии халќ ба натиљањои назаррас ноил гардад.

Татбиќи бомароми њадафњои созандаю бунёдкоронаи давлат ва Њукумат ва дар ин роњ анде­ши­дани силсилаи тадбирњо бобати беҳтар гардидани вазъи некўањволии халќ, таќвияти ман­фиат­ҳои миллӣ, тањкими сулњу субот ва якпорчагию ваҳдати миллӣ, ҳифзи дасто­вард­ҳои истиқ­лолият ва идомаи пешбурди сиёсати мутавозини дарњои кушод аз дурус­тии сиёсати роњба­рияти сиёсии кишвар шањодат медињад.

Дар ин сол якдилона Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат эъти­роф гардидани Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон натиљаи ќадр­донии талошу зањматњои пайгиронаи Сарвари давлат дар роњи эъмори давлати миллї, ки љавњари аслии онро низоми демок­ратию њуќуќбунёд ташкил медињад, мањсуб ёфта, ифтихори њар як фарди бо нангу номуси кишвар мебошад.

Маъракањои бузурги сиёсию фарњангї, аз љумла дар фазои озоди демократї ва шаффоф баргузор гарди­дани интихоботи вакилони мардумї ба маќомоти олии намояндагї ва ќонунгу­зории кишвар, маќомоти намоян­дагии мањаллии њоки­мия­ти давлатї ва худидоракунии шањраку дењот нишон дод, ки раванд­њои демократї дар кишвар тањким ёфта, зами­нањои љомеаи шањрвандї, принсипи гуногунан­дешии сиёсї ва маърифати њуќуќии љомеаи Тољи­кистон рўз аз рўз ташаккул меёбанд.

Бо шукўњу шањомати хоса ва дар сатњи олї таљлил гарди­дани 3000-солагии Њисори Шодмон ва 700-солагии олим ва мутафаккири барљастаи тољик Мир Сайид Алии Њамадонї аз чорабинињои муњими фарњангии сол ба шумор рафта, аз таърихи пурѓановат ва фарњанги оламшумули мил­лати тољик гувоњї медињанд.

Дар арафаи таљлили љашнњои умумимиллї ба истифода додани роњ­њои сатњи байналмилалии ањамияти стратегидошта, корхона­њои саноатї, марказњои фар­њан­гию фароѓатї ва дар онњо бо љойи кори доимї ва музди мењнати мувофиќ таъмин кардани шањрвандони кишвар, нишонаи амали­шавии њадафњои конститутсионии давлати иљтимої ба шумор меравад.

Бо дастгирии Президенти Љумњурии Тољикистон бо ишти­роки намоян­­­да­гони маќомоти назорати консти­тутсионии зиёда аз бист кишва­ри љањон ва созмонњои бонуфузи байнал­милалї, роњбарон ва намоян­дагони маќомоти гуногуни њоки­­мияти дав­ла­тї ва олимону мутахассисони соњаи њуќуќи ватанї бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Суди Консти­тутсионї баргузор гардидани Конфронси байналмилалї, аз мавќеи намоёни ин маќомоти назорати конститутсионї дар низоми њокимияти давлатї шањодат медињад.

Иштирок ва суханронии Сарвари давлат дар ин чораби­нии сатњи байнамилалї оид ба су­ннат­њои давлату давлат­дории тољикон, Истиќ­ло­лияти давлатї ва наќши он дар бунёди давлати миллї, ќабули Консти­тутсия дар асоси меъёр ва принсипњои умуми­эъти­роф­шудаи љомеаи башарї ва назаррас арзёбї намуда­ни фаъолияти њокимияти судї, аз љумла Суди Конститутсионї ба иштирокдорони Конфронс як љањон таас­суроти тоза бахшид.

Аз натиљаи кори ин чорабинии сатњи байналмилалї ва мавзўњои дар он матрањ гардида, хулоса ва тавсияњои конфронси Душан­бегї оид ба рушд ва тањкими фаъолияти маќомоти назо­ра­ти конститутсионї ќабул гардиданд, ки онњо дар таш­аккули фаъо­лияти мин­баъ­даи маќомоти назорати консти­тут­сионї, рушди ќонунгузорї ва таъмини њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд мусоидат хоњанд кард.

Сипас оид ба натиљаи фаъолияти Суди Конститутсионї дар соли 2015 муовини Раис – Каримзода К.М. ва оид ба фаъолияти дастгоњи Суди Конститутсионї – роњбари дастгоњ Гулзода А.А. баромад намуданд.

Зимни баромадњо ќайд гардид, ки дар соли 2015 Суди Конститутсионї дар асоси дархости субъект­­њои њуќуќ бо маќсади муайян намудани мувофиќати санадњои меъёрии њуќуќї ба Конститутсияи Љумњурии Тољикис­тон панљ адад парвандаро баррасї карда, нисбат ба онњо ќарор ва таъинотњои дахлдори судї ќабул намуд.

Чунончи, Суди Конститутсионї дархости директори гене­ра­­лии Љамъияти сањомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Файзул­лоев Б.Њ.-ро «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати банди 7 Низомномаи калкулят­сияи арзиши аслии мањсулот (кору хизмат­расонї) дар корхо­нањо ва ташки­лотњои Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 1999, №210 тасдиќ карда шудааст, ба моддањои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, ќайд кард, ки таъмини амалишавии кафолати фаъо­лияти озоди иќти­содї ва соњибкорї, баробар­њуќуќї ва њифзи њуќуќии њамаи шаклњои моликият, аз љумла моликияти хусусї, инчунин таъмини иљрои уњдадории пардохти андоз ва дигар пардохтњои муќарраркардаи ќонун, яке аз вазифањои муњими давлати иљтимої ба шумор меравад.

Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољи­кистон на санади муќаррар­кунандаи андоз ва уњдадорињои андозї, балки санади меъёрии њуќуќии муайянкунандаи арзиши асосноки аслии мањсулот ба њисоб меравад.

Низомномаи зикршуда тартиби њисобкунии илман асоснок­кардашу­даи арзиши аслии мањсулот, аз љињати иќтисодї асоснок кар­дани нархњо ва номгўи харољоти ба арзиши аслии мањсулот дохилшавандаро муайян карда, ягон уњдадории андозро нисбат ба субъектњои андозсу­поранда муќаррар намекунад.

Бинобар ин, Суди Конститутсионї бо ќарори худ аз 28 майи соли 2015 банди 7 Низомномаи зикршударо ба модда­њои 12, 32 ва 45 Консти­тут­сияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон му­вофиќ арзёбї намуд.

Инчунин Суди Конститутсионї парвандаро аз рўи дархости шањр­ванд Муллољонова Ф. «Дар бораи муайян намудани муво­фи­ќати ќисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи њуќуќвай­ронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, зикр кард, ки дар низо­ми њуќуќу озо­дињои конститутсионии инсон ва шањр­ванд, њу­ќуќ ба кафолати њифзи судї мавќеи марказиро ишѓол менамояд.

Чунин кафолат аз хусусияти давлати демократї, њуќуќбунёд ва иљти­мої будани Тољикистон, ки дар он инсон ва њуќуќу озодињои ў дар сатњи Конститутсия арзиши олї эътироф шуда­анд, маншаъ гирифта, бе амалї наму­дани он бунёди љомеаи воќеан адолатпарвару озод ѓайри­имкон мебошад.

Ќисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунї, ки дар­хост­кунанда онро мавриди бањс ќарор додааст, асос­њоеро пешбинї менамояд, ки онњо ба сифати њолатњои нав ошкоршуда маънидод гардида, зимни мав­љу­­дияти онњо, пешбур­ди парван­даи њуќуќвайронкунии маъмурї мета­вонад аз нав сар карда шавад. Аз ин лињоз, муќаррароти ќисми 2 ин модда ба њељ ваљњ наметавонад њуќуќи шахсро ба њимояи судї мањдуд намояд, балки ба шахс имконият медињад, ки тавассути мубоњисањои судї бинобар њолатњои нав ошкоршуда бегуноњии худро исбот намояд.

Бинобар ин, Суди Конститутсионї дар меъёрњои ќисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи њуќуќвай­рон­кунии маъмурї, ки мувофи­ќати он ба моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Конститутсия боиси бањси муро­љиатку­нанда ќарор дода шудааст, поймол ва мањдуд гаштани њуќуќњои шахсро ба њифзи судї ошкор накард ва бо ќарори худ аз 22 майи соли 2015 меъёри мазкурро ба Конститут­сия мувофиќ донист.

Њамзамон, Суди Конститутсионї бо дарна­зар­дошти таъми­ни прин­си­пи конститутсионии кафолати њифзи судии њуќуќу манфиатњои ќонунии шахсони воќеию њуќуќї, љињати боз њам мушаххас ва мукаммал намудани њолатњое, ки барои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи њуќуќвай­ронкунии маъмурї асос мегарданд, аз љониби Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон таљдиди назар ќарор додани ќисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи њуќуќвайрон­кунии маъму­рии Љумњурии Тољикис­тонро муво­фи­ќи маќсад шуморид.

Суди Конститутсионї нисбат ба се парванда бинобар ба салоњияташ дохил набудани мавзўи мурољиат, асосноку мушах­хас набудани моњияти талаб, инчунин гузаштани муњлати мурољиат ба Суди Конститутсионї дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї таъинот ќабул намуд.

Суди Конститутсионї дар доираи салоњияти консти­тут­си­о­н­ии худ бо маќсади муайян намудани мувофиќати санадњои меъ­ё­рии њукуќї ба Конститутсия, 68 санадњои меъёрии њуќуќии маќо­моти мањаллии њоки­мияти дав­латии вилоят ва шањ­ру но­њияњои љумњу­риро мавриди омўзиш ќарор дода, диќќати масъу­линро барои бартараф кардани камбудињои љойдошта љалб намуд. Дар асоси пешнињодњои Суди Конститутсионї камбу­дињои дар санадњои меъёрии њуќуќї љойдошта бартараф карда шуданд.

Дар соли 2015 ба Суди Конститутсионї зиёда аз 300 нафар шах­сони воќеию њуќуќї тариќи шифоњию хаттї оид ба масъа­лањои гуногун мурољиат намуданд, ки ин мурољиатњо тибќи тартиби муќарраргардида мавриди баррасї ќарор дода шуданд. Ба истиснои мурољиатњои шањрван­дон ва шахсони њуќуќї, ба Суди Конститутсионї, инчунин 2450 санадњои меъёрии њуќуќї ва мактубу дигар њуљљатњо ворид шуданд, ки вобаста ба хусусия­ташон нисбат ба онњо тадбирњои зарурї роњандозї гардиданд.

Аз љониби Суди Конститутсионї ба маќомоти гуногуни њокимияти давлатї ва шахсони воќеию њуќуќї 655 мактуб оид ба масъалањои дахлдор ирсол карда шудааст.

Дар ин сол тавассути почтаи электронї ба Суди Консти­тутсионї 1030 мактубњо ворид шуда, 490 мактубњо ба дохил ва хориљи кишвар ирсол гардиданд.

Ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси Суди Конститут­сионї китоби љашнї: «Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон: 20 соли рушд ва тањким» бо се забон рўи чоп оварда шуд, ки дар он иттилооти дахлдор оид ба таърихи таъсиси Суди Конститутсионї, њайат, фаъолият, њамкорињои байналмилалї ва наќши санад­њои судї дар тањкими ќонунияти конститутсионї инъикос гардидааст.

Китобњои «Маљмўаи ќарорњои Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон 1996-2015» ва «Маљмўаи таъинотњои Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон 1996-2015» бо ду забон нашр карда шуданд, ки дар он санадњои судї, ки аз давраи таъсис то ба имрўз ќабул гардидаанд, гирд оварда шуданд.

Натиљаи баргузории Конфронси байналмилалї дар шакли китоби алоњида «Маводњои конфронси байналмилалї бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон дар мавзўи «Адолати судии конститутсионї – кафолати таъмини волоияти Консти­тутсия» рўи чоп оварда шуда, сухан­ронии Пре­зиденти Љумурии Тољикис­тонро бо се забон ва маърў­зањои дигар иштирок­дорони конференсияро дар бар мегирад.

Дар доираи њамкорињои байналмилалї миёни Суди Конс­ти­­тут­сионии Љумњурии Тољикистон ва Палатаи Консти­тут­сионии Љумњурии Ќир­ѓи­зистон зимни ташрифи Раиси Палатаи Консти­тут­сионии Ќирѓи­зистон ба шањри Душанбе Ёддошти тафоњум оид ба њамко­рї ба имзо расид, ки ин санад барои густариши њамкорињо байни маќомоти назорати конститут­сионии ду киш­вар наќши муњим хоњад бозид.

Бо маќсади иш­тирок ва маърўза дар чорабинињои мухта­лифи маќо­моти назора­ти конститут­сионии давлатњои хориљї намояндагони Суди Конститут­сионї ба љумњу­рињои Арманис­тон, Индонезия, Ќазо­ќис­тон, Туркия, Ўзбекистон, Фаронса, Хитой ва Швейтсария сафари корї анљом доданд.

Маќолањои зиёди судяњо ва кормандони дастгоњи Суди Конститут­сионї бахшида ба таљлили 20-солагии Суди Консти­тут­сионї, солгарди ќабули Конститут­сияи Љумњурии Тољикис­тон ва дигар мавзўњои муњим дар рўзномаю маљаллањои кишвар ва хориљ аз он рўи чоп оварда шуданд.

Бо маќсади тар­­ѓибу ташвиќи меъёрњои Конститутсия ва фањмонда­дињии наќши Суди Конститутсионї дар таъмини волоияти Конститутсия миё­ни ањолии кишвар, ки иќдоми њаме­шагии Суди Консти­тутсионї мебошад, намояндагони Суди Конс­титутсионї дар конф­ронсњои зиёди илмї-амалии љумњу­риявї, чора­бинињои вазо­рат­њои адлия, корњои дохилї, мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, Маркази тадќиќоти стратегї, Маркази исломшиносї, Дониш­гоњи техно­логии Тољикистон, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллї, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр­њои Вањдат, Ќўрѓонтеппа, Сарбанд, Турсунзода, Хоруѓ, ноњия­њои Бохтар, Варзоб, Вахш, Роштќалъа, Рўдакї, Њисор, Љ. Румї ва дигар маќомоти давлатї иштирок ва суханронї на­муданд.

Бо ташаббуси Суди Конститутсионї 1-2 декабри соли 2015 дар шањрњои Ќўрѓонтеппа ва Кўлоби вилояти Хатлон бо маќсади ба субъект­њои њуќуќ фањмондадињии мазмуну муњтавои Ќонуни конститут­сионии Љумњурии Тољикис­тон «Дар бораи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ва тартиби мурољиат ба Суди Конститутсионї мизњои мудаввар доир гардиданд. Дар кори онњо раисон ва судяњои суди вилояти Хатлон, шањрњои Ќўрѓонтеппа, Кўлоб, ноњияњои Абдурањмони Љомї, Бохтар, Вахш, Восеъ, Мир Сайид Алии Њамадонї, Мўъминобод, Љало­лид­дини Румї, Шўрообод, намояндагони раёсати Шўрои адлия дар вилояти Хатлон, раёсати адлияи Вазорати адлия дар вилояти Хатлон, судиљ­ро­чиён, адвокатњо, намояндагони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шањрњои Ќўрѓонтеппаю Кўлоб иштирок намуданд.

Соли љорї сомонаи Суди Конститутсионї фаъол буда, шањрвандони зиёд аз ахбороте, ки дар он бо забонњои давлатї, русї ва англисї оид ба пањлуњои муњими фаъолияти Суди Консти­тутсионї инъикос шудааст, ба тавре васеъ истифода бурданд. То ба имрўз зиёда аз 150 000 нафар шањрвандон бо сомонаи Суди Конститутсионї шиносої пайдо намуда, аз маълумоти дар он гирдовардашуда истифода намудаанд.

Дар хотимаи маљлис Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода ба коллективи Суди Конститутсионї барои фаъолияти пурсамар изњори минатдорї карда, иброз дошт, ки умуман, фаъолияти густурдаи Суди Конститутсионї ва такмил ёфтани заминаи њуќуќии фаъо­лияти ин маќомот ба он мусоидат кард, ки дар муддати кўтоҳ ин маќомот барои тањкими ќонунияти консти­тутсионї дар кишвар, таъмини во­лоияти ќонун ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд кўшишњои зиёдеро ба харљ дода, роҳу усулҳои самара­бахши ҳамкории байналмилалиро бо маќо­моти њамшабењи давлатњои хориљи кишвар муайян намуд.

Аз натиљаи баргузории маљлиси умумии кормандони Суди Консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон ќарори далхдор ќабул гардид.


 
« ПерваяПредыдущая12345678910СледующаяПоследняя »

Страница 7 из 34