04:15:37 - 21.09.2017

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз100
mod_vvisit_counterДирӯз167
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта648
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида1067
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ3062
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида4354
mod_vvisit_counterҲамагӣ247577

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон


17 сентябри соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати кишвар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Адолати суди конститутсионӣ кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.

Конфронси байналмилалиро раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода ифтитоҳ намуда, сухани табрикиро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дод.

Президенти кишвар, пеш аз ҳама, меҳмонони хориҷиро хайра мақдам гуфта, ба кормандону собиқадорони мақомоти судӣ ва хусусан Суди конститутсионии Тоҷикистон солгарди 20-ум аз ин санаи таърихиро шодбош гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи беш аз панҷҳазорсолаи тоҷикон ёдовар шуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки бо вуҷуди ин истиқ¬лоли давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири асри ХХ муяссар шуд ва бо ин дар сарнавишти миллати мо таҳаввулоти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва гардиши куллӣ оғоз ёфт.

Бо ёдоварӣ аз мушкилу монеаҳои бешумор ва шароити сангини солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон таъкид гард, ки эълон кардани истиқлолият барои ҳар халқу миллат ин танҳо оғози кор аст.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи ин солҳо роҳбарият ва мардуми шарафманди мо мушкилоти сангину нангини бешморро пушти сар карда, Тоҷикистони тозамустақилро аз вартаи фано раҳо бахшиданд ва ба шоҳроҳи бунёдкорию созандагӣ ва эъмори ҷомеаи мутамаддини муосир раҳнамун сохтанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ ва басо муҳими Конститутсия ва Суди конститутсиониро дар раванди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягонаи Тоҷикистон таъкид намуд.

Тазаккур дода шуд, ки Суди конститутсионии Тоҷикистон дар тӯли 20 сол зарурати мавҷудият ва фаъолияти худро дар сохтори даввлатдории мо баръало собит намуд, ҳарчанд дар аввалҳо зарурати таъсиси чунин ниҳод зери шубҳа бурда мешуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон татбиқи босамари ду барномаи ислоҳоти судӣҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 ва барои солҳои 2011-2013 изҳори қаноат карда, ҳамзамон изҳори бовар кард, ки татбиқи барномаи нави ислоҳоти ин соҳа барои солҳои 2015-2017 қабулшуда, амалӣ гардидани вазифаҳои дар назди ҳокимияти судӣ қарордошта боз ҳам беҳтар мегардад ва ҳокимияти судӣ аз пештара дида мустақилу нерӯманд ва сатҳи касбии он баландтар хоҳад шуд ва бо ҳуқуқшиносони баландихтисосу салоҳиятнок ва кордида таъмин мешавад ва барои такмили бештар бахшидан ба фаъолияти касбии кормандони ҳокимияти судӣ чораҳои дахлдор андешида хо¬ҳанд шуд.

Дар поёни сухан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар судяҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ, инчунин кулли кормандони мақомоти ҳокимияти судии мамлакатро ба ифтихори ҷашни 20 - солагии таъсисёбии Суди конститутсионӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо дар иҷрои вазифаҳои дар наздашон оид ба ҳифзи Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷомеа ва давлат қарордошта барору комёбӣ таманно кард. Ҳамчунин ба кори конфронси байналмилалӣ муваффақият ва ба меҳмонони сарзамини тоҷикон будубоши гуворо орзу намуд.

Дар қисмати ифтитоҳии Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии Суди конститутсионии Тоҷикистон ҳамчунин ноиби президенти Комиссияи Аврупо “Барои демократия тавассути ҳуқуқ”-и Шӯрои Аврупо (Комиссияи венетсианӣ), раиси Конфренсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи нав, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон Гагик Арутюнян, муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Индонезия Анвар Усмон, судяи Суди конститутсионии Федератсияи Русия Николай Бондар, Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ сухан ронданд.

Дар кори конфронс ҳамчунин раисон ва судяҳои судҳои конститутсионӣ аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Федератсияи Русия, Руминия, Туркия ва Узбекистон ва ҳамчунин роҳбарият ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Парлумони кишвар, роҳбарон ва судяҳои мақомоти марказии судӣ, роҳбарияти вазорату идораҳои дахдор ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд.

Дар рафти конфронс масъалаҳои муҳими вобаста ба Конститутсия ва конститутсионализм, фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, иҷрои санадҳои судҳои конститутсионӣ, назорати конститутсионӣ ҳамчун воситаи таъмини волоияти Конститутсия, мавқеи Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти судӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои марбут ба мурофиаи судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи мутахассисону олимони ватанию хориҷӣ қарор дода мешавад.

 

 





17-18 сентябри соли 2015 дар шањри Душанбе бо иштироки Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон бахшида ба 20-умин солгарди таъ­сисёбии Су­ди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Кон­ф­ронси байнал­ми­лалї дар мавзўи: «Адолати судии конс­ти­тут­сионї- кафолати таъмини воло­ияти Кон­с­титутсия» баргузор гардид.

Дар кори ин њамоиши байналмилалї сараввал Раиси Суди Консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода аз дастги­рињои њамаљонибаи Президенти Љумњурии Тољикистон бобати ташаккули маќомоти назорати конститутсионї ёдоварї карда, сипас барои оѓоз бахшидан ба кори ин чорабинї суханро ба Роњбари давлат дод.

Зимни суханронии худ Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба наќши истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ташаккул ва тањкими давлатдорї, дигар рукнњо ва нињодњои давлатї, ќабули нахустин Конститутсияи мамлакати соњибистиќлол ва дар асоси прин­сипи таљзияи њокимияти давлатї ташкил кардани њокимияти давлатї, аз љумла њоки­мияти судї ибрози андеша намуд. Њамчунин Роњбари давлат дар низоми њокимияти давлатї, аз љумла њокимияти судї таъсис ёфтани маќомоти назорати конститутсиониро дар шакли Суди Конститутсионї аз волоият Конститутсия ва меъёрњои он дар давлатдорї ва зарурати њифзи онњо маънидод намуда, ба наќш ва мавќеи Суди Конститутсионї дар мам­лакат бањои баланд дод.

Дар кори Конфронси байналмилалї ноиби Президенти Комиссияи Венетсианї оид ба демократия тавас­сути њуќуќи Шўрои Аврупо хонум Хердис Кжерулф, Раиси Конфронси маќомоти назорати конститутсио­нии мамлакатњои демократияи нав - Раиси Суди Консти­тут­сионии Љумњурии Арманистон Арутюнян Гагик Гарушивич, раисон ва судяњои судњои конститутсионии љумњурињои Бе­лорус, Индонезия, Ќазоќистон, Ќирѓизис­тон, Љум­њурии Кореяи Љанубї, Латвия, Љумњурии Фе­деролии Олмон, Фе­дератсияи Россия, Руминия, Туркия ва Ўзбекистон, роњбар ва намояндагони Барномаи «Мусоидат ба давлатдории њуќуќї дар кишварњои Осиёи Марказї», ходимони давлатї ва олимони намоёни соњаи њуќуќи конститу­тсионии давлатњои хориљи кишвар иштирок карданд.

Дар кори Конфронси байнамилалї, инчунин Роњбар ва дигар кор­ман­дони масъули Дастгоњи иљроияи Пре­зиденти Љум­њурии Тољикистон, раисони кумитањо ва вакилони пар­лумони мамлакат, роњбарон ва суд­яњои Суди Конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Проку­ратураи генералї, роњбарон ва намояндагони вазо­рату идорањои љумњурї, намоян­да­гони муассисањои олии таълимї, олимони варзидаи илми њуќуќ, роњбарон ва намо­яндагони созмонњои бай­нал­ми­лалии муќи­ми кишвар ва воситањои ахбори оммаи мамлакат иштирок намуданд.

Дар рафти Конференсия масъалањои муњими вобаста ба Кон­сти­тутсия ва конститутсионализм, фаъолияти маќомоти назорати консти­тутсионї оид ба њифзи њуќуќу озодињои инсон, иљрои санадњои судњои конститутсионї, назорати конститутсионї њамчун воситаи таъмини волоияти Конститутсия, мавќеи Суди Конститутсионї дар низоми њо­кимияти судї, таъмини кафо­латњои њуќуќњои конститутсионии шањр­вандон ва ди­гар масъалањои марбут ба мурофиаи судии конститутсионї мавриди баррасї ва муњокимаи мутахассисону олимони ватанию хориљї ќарор дода шуданд.

 

 

 

 

Аз 27 то 29 августи соли 2015 дар пойтахти Љумхурии Ќазоќистон шањри Остона Конфронси илмию амалии байналмилалї дар мавзўи «Конститутсия: муттањидии халќ, устуворї, ташаккул» бахшида ба 20-умин солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Ќазоќистон бо иштироки беш аз 80 нафар намояндагони маќомоти назорати конститутсионї, ташкилотњои њукумативу ѓайрињукуматї ва олимони соњаи њуќуќи давлатњои мухталифи љањон доир гардид.

Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар Конфронси байналмилалии мазкур Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А. намояндагї ва Мустафоќулов Ѓ. - ёрдамчии Раиси Суди Конститутсионї њамроњї намуд.

Рўзи 27 август бахши алоњидаи чорабинї бахшида ба таљлили 20-умин солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Ќазоќистон дар Донишгоњи Гуманитарї-њуќуќии Ќазоќистон бо иштироки устодон, донишљуён ва олимони љавони соњаи њуќуќ баргузор гардид. Академики АИ ЉТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор Мањмудзода М.А. дар бораи фаъолияти Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва њуќуќи оилавї сўњбат намуда, ба саволњои сершумор посухњо доданд.

Рўзи 28 августи соли 2015 чорабинии мазкури сатњи байналмилалї тибќи барномаи алоњида доир гардида, иштирокчиёни Конфронсро бо Паёми табрикотии худ Президенти Љумњурии Казоќистон Нурсултан Назарбоев хайра маќдам гуфт. Дар љараёни кори Конфоронси мазкур зиёда аз 20 маърўзаву баромадњо оид ба Конститутсия ва наќши маќомоти назорати конститутсионї, аз љумла маърўзаи Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А. дар мавзўи: «Назорати конститутсионї тарзи муњими таъмини волоияти Конституция» шунида шуда, њозиринро бо фаъолияти Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар самти таъмини волоияти Конститутсия шинос намуд.

Дар доираи сафари кории мазкур бо Раиси Шўрои Конститутсионии Љумњурии Ќазоќистон Рогов И.И., Раиси Конфронси маќомоти назорати конститутсионии кишварњои демократияи нав, Раиси Суди Конститутсионии Арманистон Арутюнян Г.Г., Раиси Палатаи конститутсионии Суди Олии Љумњурии Ќирѓизистон Ќосималиев М.Ш., Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Беларус Миклашевич П.П., Директори Барномаи «Мусоидат ба давлатдории њу­ќуќ­­­ї дар кишварњои Осиёи Марказї»-и GIZ (Љамъияти олмонии њамкории байналмилалї) Йорг Пуделька ва намояндагони маќомоти назорати конститутсионии дигар давлатњои хориљи кишвар мулоќоту вохўрињои судманд анљом дода шуда, оид ба масъалањои мубрами адолати судии конститутсионї ибрози андеша ва таљрибаи кории иштирокчиёни Конфронс табодули назар карда шуд.

 

 

 

 

 

Аз 14 то 18 августи соли 2015 бо маќсади шарњу тавзеи њадафњои Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї, тарѓиби арзишњои Истиќлол, наќши Вањдати миллї дар тањкими сулњу суботи сиёсї, баланд бардоштани њисси худогоњиву худшиносии шањрвандон, алахусус љавонони кишвар, пешгирии омилњои гаравидани шањрвандон ба равияњои тундгаро ва ифротї, гурўњњои террористї, њамчунин пешгирии хурофоту зуњурот­парастї сафари кории њайати гурўњи кории намояндагони маќомоти гуно­гуни њокимияти давлатї, ба ноњияи Данѓараи вилояти Хатлон доир гардид.

Ба њайати гурўњи корї инчунин судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќ – Њошимзода Д. шомил буд.

 

 

 

 

15-17 июни соли 2015 дар шањри Женева Њаштумин вохўрии гурўњи корї оид ба дастрасї ба адолати судї бо иштироки зиёда аз сї нафар намояндагони давлатњои аъзои Конвенсия оид ба дастраси ба иттилоот, иштироки љомеа дар раванди ќабули ќарор ва дастрасї ба адолати судї вобаста ба масъалањои марбут ба муњити зист (Созишномаи Орхус) ва њамчунин намояндагони созмонњои байналмилалї доир гардид.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар ин чорабинии муњими байналмилалї судяи Суди конститутсионї - Њошимзода Д.Д. намояндагї намуд.

Дар доираи чорабинии зикршуда мавзўњои марбут ба зарурати тањкими њамкории маќомоти судии давлатњои иштирокчии Конвенсия дар самти баамалбарории адолати судї оид ба масъалањое, ки ба муњити зист алоќамандї доранд, таъсиси шабакаи њамкории иттилоотии интернетї байни маќомоти судї, њамчунин масъалањои марбут дастрасї ба адолати судї ва иттилоот вобаста ба муњити зист матрањ гардиданд.

 

 

28 майи соли 2015 тањти раисии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии То­љи­кистон Мањкам Мањмудзода баррасии парванда оид ба дархости директори генералии Љамъияти сањомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б.Њ. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот (кору хизматрасонї) дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 1999, №210 тасдиќ карда шудааст, ба моддањои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Маљлиси намоян­дагони Маљлиси Олї ва Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Вазорати адлия, Суди Олї, Суди Олии иќтсиодї, Про­куратураи генералї, Шўрои адлия ва Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон иштирок намуданд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости пешнињодшударо њаматарафа мавриди баррасї ќарор дода, ќайд на­муд, ки таъмини амалишавии кафолати фаъолияти озоди иќти­содї ва соњибкорї, баробар­њуќуќї ва њифзи њуќуќии њамаи шаклњои моликият аз љумла моликияти хусусї, њамчунин таъмини иљрои уњдадории пардохти андоз ва дигар пардохтњои муќарраркардаи ќонун, ки дар моддањои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарќо­нуни) Љумњурии Тољи­кистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї инъикос ёфтаанд, яке аз вазифањои муњими давлати иљтимої ба шумор меравад.

Пардохти андоз ба буљет ба хотири мусоидат ба њалли масъалањои сиёсиву иќти­содї ва иљтимоию фарњангии давлат, рушду тако­мули соњањои хољагии халќ ва боло рафтани сатњи некўањволии сокинони кишвар нигаронида шудааст, ки иљрои он бо воситањои мухталифи њуќуќї таъмин карда шуда, танзими мушаххас ва њамаљонибаи худро дар Кодекси андози Љумњурии Тољикистон, ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии соњаи андоз пайдо намудааст.

Ни­зомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот (кору хизмат­расонї) дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољикистон њамчун санади меъёрии њуќуќї ба низоми санадњои њуќуќии соњаи андоз мансуб буда, он на санади муќаррар­кунандаи андоз ва уњдадорињои андозї, балки санади муайянкунандаи арзиши асосноки аслии мањсулот (кору хизматрасонї) ба њисоб меравад ва наметавонад ба дигар маънї аз лињози њуќуќ маънидод карда шавад.

Бинобар ин, бо ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон банди 7 Ни­зомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот (кору хизмат­расонї) дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 1999, №210 тасдиќ карда шудааст, ба моддањои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон мутобиќ њисобида шуд.

 

 
« ПерваяПредыдущая12345678910СледующаяПоследняя »

Страница 10 из 35