07:45:41 - 26.04.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахборот


 

 

СИЁСАТИ ИЉТИМОЇ ДАР ЊОШИЯИ МУЛОЌОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ,

ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ ЉОМЕАИ КИШВАР

 

«…њадафи асосии роњбарияти давлату Њукумати мамлакат боз њам баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардумамон, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллиамон, таъмин намудани саодати њар хонадони Тољикистон ва тањкими нуфузу обрўи он дар арсаи байналмилалї мебошад».

 

Эмомалї Рањмон


Тољикистон мутобиќи моддаи 1 Конститутсия, давлати иљтимої буда, барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароњам меорад. Дар асоси моддаи 64 Конститутсия, Президент њомии Конститутсия ва ќонунњо, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, кафили истиќлолияти миллї, ягонагї ва тамомияти арзї, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти маќомоти давлатї ва њамкории онњо, риояи шартномањои байналмилалии Тољикистон мебошад.

Бо ин назардошт, сиёсати иљтимої дар маркази таваљљуњи пайвастаи роњбарияти олии сиёсии Тољикистон ќарор дошта, бо ин маќсад аз тамоми имкониятњо ва захирањои мављуда самаранок истифода бурда мешаванд. Ба сифати далели раднашавандаи ин гуфтањо метавонад он чиз баромад намояд, ки солиёни охир зиёда аз нисфи буљети давлатї мањз ба маќсадњои иљтимої равона гардида, муассисањои зиёди маданию равшаннамої, ба монанди муассисањои тањсилоти томактабї, муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, ќасрњои фарњанг дар тарњи замонавї сохта ба истифода дода мешаванд. Њамчунин дар назар дошта шудааст, ки аз моњи сентябри соли 2018 музди мењнати кормандоне, ки аз њисоби буљети давлатї маблаѓгузорї карда мешаванд, ба таври навбатї боло бардошта шавад.

Мулоќоти Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, ки 12 майи соли 2018 бо намояндагони љомеаи кишвар, ки ба муносибати фаро расидани моњи шарифи Рамазон баргузор шуд, аз пайгирї гардидани масъалањои иљтимої ва даќиќона мавриди тањлил ќарор дода шудани он орї набуд. Фазилатњои наљиби ин моњи хайру саховат, аз љониби роњбарияти олии сиёсии Тољикистон дар њамбастагї бо сиёсати иљтимої борикбинона тањлил гардида, аз соњибкорон ва тољирон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин моњи шариф нарху навои мањсулоти ниёзи мардумро беасос баланд бардошта, њамватанони худро ба азият гирифтор накунанд. Њамчунин ќайд гардид, ки дар аксари кишварњои исломї ва мусулмоннишин тољирон нархро, баръакс, дар ин моњ арзон мекунанд, то ки бо њамин роњ низ со-њиби савоб шаванд. Ин сиёсат ба он нигаронида шудааст, ки манфиатњои ќишри нисбатан камњимоя халалдор нашуда, бо њамин бењбудии вазъи иљтимоии онњо таъмин карда шавад.

Мавриди ќайд аст, ки љињати таќвият бахшидан ба сиёсати иљтимої, дар љаласаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки санаи 27 апрели соли љорї баргузор гардид, ба роњбарони њамаи вазорату идорањо, сохтору маќомоти давлатї, раисони вилоятњо, шањру ноњияњо, шањраку дењот ва ташкилоту муассисањо, сарфи назар аз шакли моликияти онњо, супориши ќатъї дода шуд, ки ба ифтихори сисолагии истиќлолияти кишвар, яъне то 9-уми сентябри соли 2021 ва дар сатњи баланди омодагї пешвоз гирифтани ин љашни бузурги миллї корњои созандагиву ободониро дар тамоми ќаламрави кишвар њамаљониба густариш бахшанд.

Дар доираи ин чорабинињо, дар назар дошта шудааст, ки давоми се сол дар њар як мањалли ањолинишин, шањраку дењот ва дењањои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисањои томактабї, мактабњои тањсилоти умумї, марказњои саломатї бо таваллудхонањо барои на камтар аз 10-15 кат ва њуљрањои махсус барои анљом додани хатна, бунгоњњои тиббї, майдончањои варзишї вусъат дода шавад.

Инчунин, дар назар дошта шудааст, ки дар ин муддат, китобхонаву њаммомњо бо сартарошхонаву кошонаи њусн, боѓу гулгаштњо ва љойњои сайру истироњати оммавї, корхонањои истењсолї, аз љумла коргоњњои дўзандагї, истењсоли маснуоти њунарњои мардумї, бо оби босифати ошомиданї таъмин намудани ањолии дењањо, таъмири роњи байни дењањо шинонидани нињолњо ва бунёди боѓњои нав њамчун корњои созандагї ва ободонї анљом дода шаванд, ки ин бешак барои бењтару хубтар гардонидани шароити иљтимоии ањолї нигаронида шудааст.

Баробари ин, сохта ба истифода дода шудани объектњои љашнї, фароњам омадани дањњо љойњои кории доимиро заминагузорї намуда, бо љойи кори доимї таъмин гардидани ањолии дењотро асос мегарданд, ки ин дар раванди болоравии бењбудии зисту зиндагонии ањолї наќши калидї мебозад.

Њамин тавр, сиёсати созандаи роњбарияти олии сиёсї моро водор менамояд, ки нисбати масъалањои мубрами њаёти љамъиятї ва давлатї бетараф набуда, дар ташаккули мамлакат сањми худро гузошта бошем.

Фирдавсова Г.Р.

ёрдамчии судяи Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

 

 


 

 

Аз 23 то 26 майи соли 2018 бо маќсади иштирок дар Конфронси байналмилалї дар мавзўи «Наќши судњои конститут­сионї дар шароити љањонишавии асри XXI» сафари кории судяи Суди Конститутсионї Њошимзода Д.Д. ба шањри Ригаи Љумњурии Латвия доир гардид.

Дар кори ин чорабинии сатњи байналмилалї, ки бо ташаб­буси Суди Конститутсионии Љумњурии Латвия доир гардид, намоян­дагони маќо­моти назорати консти­­тут­­сионии беш аз бисту панљ кишвари љањон ва созмон­њои бону­фузи бай­нал­ми­лалї, аз ќабили Австрия, Белорусия, Белгия, Бул­ѓо­ристон, Венгрия, Гурљистон, Испания, Ќазо­ќис­тон, Ќирѓи­зистон, Молда­вия, Норвегия, Олмон, Полша, Руминия, Словения, Украина, Фаронса, Хорватия, Чехия, Шоњигарии Люксембург, Эстония, Комиссияи венетсиа­нии Шўрои Аврупо, Суди Аврупої оид ба њуќуќи инсон, Суди Иттињоди Аврупо, намояндагони маќомоти њокимияти давлатии Љумњурии Латвия ва дигарон иштирок ва суханронї намуданд.

Конфронс дар сатњи хуби омодагї доир гардида, дар он мавзўњои мухталифи марбут ба конститутсионализм, њамкори байни судњои консти­тутсионї ва Суди Аврупої оид ба њуќуќи инсон, наќши судњои консти­тут­­сионї дар шароити љањониша­вии асри XXI, њимояи њуќуќњои асосии инсон дар шароити љањонишавї, Суди конститутсионї ва мубоњисаи иљти­мої, таъсиррасонии адолати судии конститутсионї ба судњои сало­њияти умумї, стандартњои байналмилалии иљрои ќарорњои суд­њои кон­сти­тутсионї, адолати судии конститутсионї омили муњими рушди консти­тут­сио­­нализми муо­сир, таъмини ќонунияти консти­тут­сионї дар давлатњои алоњида ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Зимни кори Конфронс судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон Њошимзода Д.Д. вобаста ба масъалаи волоияти њуќуќ ва адолати судии консти­тут­­сионї суханронї намуда, наќши адолати судии консти­тут­сиониро омили муњими рушди консти­тут­сио­­нализми муо­сир муњиму назаррас арзёбї намуд.

 

Кормандон ва судяњои Суди конститутсионї, бо маќсади пайдо кардани ошної бо таърихи бойу пурѓановати миллати тољик, бахшида ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардидани соли 2018, дар доираи наќшаи чорабинињо, санаи 14 майи соли 2018 аз Осорхонаи миллии Тољикистон боздид ба амал оварданд.

Экспонатњои пурарзише, ки дар Осорхонаи миллии Тољикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ба монанди нусхањои дастнависи китоби муќаддас - Ќуръони карим, мењроби Искодар, амсилаи маќбараи Исмоили Сомонї, ёдгорињои таърихие, ки аз Тахти сангин дарёфт гардидаанд, деворнигорањои Панљакенти ќадим ва монанди инњо, шањодат ба он медињанд, ки дар ватани аљдодии миллати тољик, илм, маданият ва фарњанг њанўз аз замони ќадим рушд карда, дастовардњои назаррасро дар соњањои гуногуни илм, чун сохтмон ва меъморї, катибакорї, нуљум, илми њарбї ва дигарњо ба мерос гузоштааст, ки аксарияти назарраси онњо имрўз низ ањамиятнокии худро гум накарда, дар шакли такмилёфта мавриди истифода ќарор доранд.

Аз Аљинатеппа пайдо гардидани муљассамаи бузурги Буддои хобида, ки амсилаи он дар Осорхонаи миллии Тољикистон нигоњ дошта мешавад, шањодати он аст, ки ватани таърихии аљдодони миллати тољик гањвораи тамаддун буда, пешрафти ин муносибатњоро на танњо дар минтаќа, инчунин дар доираи васеъ асос гузошта, ањамияти љањонї пайдо кардани онњоро боис гардидааст.

Дар Осорхонаи миллии Тољикистон баробари экспонатњои таърихї, инчунин экспонатњои замони муосир ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки дар хусуси дастовардњои замони истиќлол, ки 9 сентябри соли 2021 дар сатњи баланд таљлил гардидани 30-юмин солгарди он ба наќша гирифта шудааст, маълумот медињанд.

Ба маърази тамошо гузошта шудани ќаламе, ки бо он Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон имзо карда шудааст, басо рамзї буда, шахсро барои пеши назар овардани рўзњои таърихи водор менамояд. Аз ин хотир, имрўз њар як фарди соњибхирад ва соњибтамаддуни тољикро зарур аст, ки дастовардњои Вањдати миллиро арљгузорї намуда, дар партави сиёсаи созанда муттањид гарданд.

Суди Конститутсионї таслим гирифт, ки ба ин иќдом бо маќсади иљрои чорабинињо оид ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардидани соли 2018 њукми анъанавї дода шуда, аз ёдгорињои таърихии Тољикистон тариќи пайваста боздид ба амал оварда шавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

8 майи соли 2018 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба муносибати таљлили солгарди Рўзи Ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватанї бо иштироки роњбарият, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди консти­тутсионї маљлиси тантанавї баргузор гардид.

Маљлиси тантанавиро Раиси Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон, академик Мањкам Мањмудзода њусни оѓоз бахшида, њози­ринро бо таљлили ин иди пуршукўњ табрику тањният намуда, аз љумла иброз дошт, ки љашни фархундаи Ғалаба ҳамасола ҳамчун натиҷаи азму талоши фарзандони љасури миллати мо дар роҳи озодї ва ҳимояи Ватан, инчунин поси хотири қурбониёни ин љабњаи набрад, ки беш аз сад ҳазор нафараш фиристодагони Тоҷикистон буданд, дар кишварамон бо шуку­њу шањомати хоса таљлил карда мешавад.

Ин љашни пуршукўњ њамчун манбаи ахлоқиву маънавї имрўз ба василаи тарбияткунандаи ватандўстии ҷаво­нону наврасони кишвар ва масъу­лият­шиносии онњо дар ҳифзи арзиш­њои давлати тозаистиќлоламон табдил ёфтааст.

Боиси ифтихор аст, ки собиқадорони ҷангу меҳнат тањти нигоҳу­бину парастории махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон ва Њуку­мати кишвар ќарор дошта, барои бењтар гардонидани шароити иљти­моии онњо мунтазам тадбирњои зарури роњандозї карда мешаванд.

Дар фарљоми маљлис як ќатор кормандони дастгоњи Суди консти­тутсионї ба муносибати иди Ѓалаба ва фаъолияти хуби мењнатї бо рутбањои дараљавї ва «Ифтихорнома»-и Суди Конститутсионї сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Иншооти варзишию фароғатӣ туҳфаи Суди конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ба сокинони шаҳраки 14-и ноҳияи Синои пойтахт



ДУШАНБЕ, 05.05.2018 /АМИТ «Ховар». Имрӯз аз субҳ шодиву сурури сокинон, хусусан кӯдакону наврасони шаҳраки 14-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳадду канор надошт. Дар ин ҷо аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ сохта ба истифода дода шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи иншооти варзишию фарҳангӣ кормандони масъули Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди Олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва сокинони шаҳраки 14-и пойтахт иштирок намуда, бунёди иншооти варзиширо идомаи пайгирӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуданд.

Иншооти мазкур, ки дар масоҳати 3453,7 метри мураббаъ бунёд гардидааст, аз майдончаи умумӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхушии кӯдакон, гӯшаи машқу тамрини бадан, ки бо тамоми дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, инчунин аз таваққуфгоҳ иборат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳудуд ва атрофи майдонча сабзу хуррам гардонида шуда, дар ду ҷониб ва ҳудуди иншоот нишасткурсиҳо ва ду адад айвон-суҳбатгоҳҳо насб гардидаанд. Ҳамзамон дар доираи корҳои кабудизоркунӣ дар атрофи иншоот ва ҳудуди он дарахтони сояафкан, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаанд, ки ин мавзеъро боз ҳам назарработар гардонидаанд.

Сокинони  шаҳраки 14, ки дар он биноҳои истиқоматии 6/2, 6/3, 36 ва 38 воқеъ мебошанд, иқдоми Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии кишварро дар мавриди бунёди иншооти варзишию фарҳангӣ самараи неки таваҷҷуҳу ғамхориҳои Роҳбарияти олии мамлакат ба кӯдакону наврасон ва ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста, арзёбӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки  имрӯзҳо дар дигар маҳаллаҳои пойтахт бунёди чунин майдончаҳои варзишию фароғатӣ идома дошта, он ифодагари сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе унвон мегардад.

 

 

 
Еще статьи...
« ПерваяПредыдущая12345678910СледующаяПоследняя »

Страница 5 из 49