07:44:02 - 26.04.2019

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахборот


 

11-14 сентябри соли 2017 дар Љумњурии Литва Чорумин Конгресси умумиљањонї оид ба адолати судии конститутсионї дар мавзўи «Волоияти њуќуќ ва адолати конститутсионї дар љањони муосир» доир гардид.

Дар кори ин чорабинии сатњи байналмилалї, ки бо ташаб­буси Комис­сияи венетсиании Шўрои Аврупо ва Суди конститутсионии Љумњурии Литва доир гардид, намоян­дагони маќомоти назорати консти­­тут­­сионии навад киш­вари љањон ва созмон­њои бону­фузи бай­нал­ми­лалї, аз ќабили Австрия, Албания, Алжир, Андора, Арманистон, Африка, Бело­русия, Булѓористон, Венгрия, Гана, Индонезия, Камерун, Кения, Косово, Ќазо­ќис­тон, Ќирѓи­зистон, Латвия, Македония, Молдавия, Олмон, Румыния, Словения, Туркия, Узбе­кистон, Украина, Хорватия, Чили, Шоњи­гарии Иордания, Шоњигарии Тайланд, Шоњигарии Люксембург, Комиссияи венетсиании Шўрои Аврупо, Суди Аврупои оид ба њуќуќи инсон, намоян­да­гони маќомоти њокимияти давлатии Љумњурии Литва ва дигарон иштирок ва суханронї намуданд.

Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар кори Конгресс судяњои Суди Консти­тутсионї Лутфулло Абдуллозода ва Даврон Њошим­зода намояндагї намуданд.

Конгресс дар сатњи хуби омодагї доир гардида, дар он мавзўњои мухталифи марбут ба волоияти њуќуќ, конститутсионализм, наќши маќо­моти назорати консти­тутсионї дар таъмини суботи конститутсионї дар мамлакат, наќши ќарорњои судњои конститутсионї ва институтњои муодил дар самти њифзи њуќуќи конститутсионии шањрванд, воситањои муосири тањкими њифзи њуќуќи конститутсионии шањрвандон, таъмини ќонунияти консти­тут­сионї дар давлатњои алоњида ва дигар мавзўњои мубрами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Зимни кори Конгресс судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон Њошимзода Д.Д. вобаста ба волоияти њуќуќ ва адолати судии консти­тут­­сионї Љумњурии Тољикистон суханронї намуда, наќши Суди конститут­сиониро дар таъмини суботи конститутсионї муњиму назаррас арзёбї намуд.

Масъалаи муайян намудани макони баргузории Панљумин Конгресси умумиљањонї оид ба адолати судии конститутсионї дар доираи ин чорабинии байналмилалї низ матрањ гардида, якдилона ќарор ќабул карда шуд, ки соли 2020 Паљумин Конгресс дар Љумњурии Алжир баргузор мегардад.

Инчунин тавассути овоздињї ба узвияти Бюрои Конгресс маќомоти назорати конститутсионии кишварњои Доминикан, Джибутти, Индонезия ва Италия интихоб гардиданд.

Дар фарљоми кори Конгресс аз љониби иштирокдорони баъд аз муњоки­маи масъалањои баррасишуда Комюникеи Вилнюс ќабул карда шуд.

 

 

 

7 сентябри соли 2017 дар толори маљлисгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба муносибати 26-умин солгарди Истиќлолияти давлатї бо иштироки роњбарият, судяњо ва кормандони Суди Консти­тутсионї љамомади тантанавї доир гардид.

Љамомадро Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода њузни оѓоз бахшида, њамагонро бо солгарди љашни соњибдавлативу соњибихтиёрї табрик намуда, аз љумла иброз дошт, ки Истиќлолияти давлатї дастоварди бузурги таърихї дар роњи давлатсо­зиву давлатдории навин ва рамзи олии Ватану ватандории мо мањсуб ёфта, такя ба арзишњои муќад­даси он имрўз дар њаёти сиёсї, иќтисодї ва иљтимоии љомеа тадриҷан комёбињои назаррас ба чашм мерасад.

Боиси ифтихору сарфарозии њар як сокини кишвар аст, ки ба шаро­фати сиёсати созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон арзишњои Истиќлол њамчун нишонаи њувияти шикастнопазири миллї барои боло гардидани маќому нуфузи давлати озоду демократии мо дар арсаи байналмилалї, амалишавии њадафњои созандаву бунёд­корона ва тањкими заминањои њуќуќии Ватани мањбубамон заминаи боэътимод гузошт.

 

 

 

 

29-30 августи соли 2017 дар Љумњурии Ќазоќистон ба муносибати солгарди ќабули Конститутсияи ин кишвар Конфронси бай­нал­­милалї дар мавзўи «Консти­тутсия ва модерни­затсияи љомеа ва давлат» доир гардид.

Дар кори Конфронси байналмилалї намояндагони маќомоти назорати конститутсионии љумњурињои Арманистон, Булѓористон, Венгрия, Гурљис­тон, Ќирѓи­зистон, Латвия, Олмон, Туркия, Узбе­кистон, Украина, Шоњи­гарии Иордания, Федератсияи Россия, Суди иќтисодии Авруосиё, Комис­сияи Венетсиании Шўрои Аврупо, Мудирияти генералї оид ба њуќуќи инсон ва волоияти њуќуќи Шўрои Аврупо, Созмони байнал­ми­лалии њуќуќшиносон ва дигар созмонњои байнал­милалї, маќомоти њокимияти давлатии Љумњурии Ќазоќистон, инчунин олимони соњаи њуќуќ иштирок ва суханронї намуданд.

Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар кори Конфронс судяњои Суди Консти­тутсионї Муњаббат Гулзор ва Даврон Њошимзода намояндагї намуданд.

Зимни конфронс, ки дар муддати ду рўз идома ёфт, мавзўњои мухта­лифи марбут ба Конститутсия ва консти­тут­­сионализм, аз ќабили Консти­тутсия њамчун воситаи модерни­затсияи љомеа ва давлат, татбиќи меъёрњои Конститутсия кафили рушди љомеа, наќши Суди Консти­тутсионї дар таъ­мини суботи консти­тут­сионї дар мам­лакат, њифзи њуќуќу озоди­њои инсон ва шањрванд дар шароити ислоњоти консти­тутсионї, таљрибаи пешбурди назорати консти­тут­сионї дар давлатњои алоњида ва дигар мавзўњои муб­рами соњаи њуќуќ мавриди муњокимањои доманадор ќарор дода шуданд.

Судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Њошимзода Д.Д. зимни кори конфронс бо маърўза дар мавзўи «Наќши Суди Консти­тут­­сионии Љумњурии Тољикистон дар таъмини суботи конститутсионї дар кишвар» баромад намуда, дар доираи он ба њозирин оид ба ањамияти Конститут­сия дар рушди давлатдории навин, наќши маќомоти назорати кон­ститутсионї дар њифзи Конститутсия, таъмини суботи конститутсионї ва татбиќи муќаррароти Конститутсияи кишвар маълумот пешнињод кард.

 

 

 

 

16 июни соли 2017 дар толо­ри маљлисгоњи Суди Кон­сти­тут­сионии Љумњурии Тољи­­кис­тон ба муно­си­бати 20-умин солгради ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиќ­рори сулњ ва ризоияти миллї», ки њамчун санади таърихї барои тањкими пояњои вањдат ва суботу оромї дар кишвар мусоидат кард, дар мавзўи «Вањдати миллї ва рушди давлатдорї» њамоиш доир гардид.

Дар кори њамоиш намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокуратураи генералї, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, вазоратњои адлия, мудофиа, рушди иќтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, Маркази миллии ќонунгузорї, дигар маќомоти давлатї, инчунин олимони соњаи њуќуќ иштирок ва бо маърўза баромад намуданд.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода ба кори њамоиш њусни оѓоз бахшида, аз љумла иброз дошт, ки оѓози солњои навадуми ќарни сипаришуда давлати мо ба масири нињоят мураккаби таърихї ворид гардида, омилҳои гуногун сабаб шуданд, ки дар кишвари мо љанги тањмилии шањрвандї сар зад ва тамоми соњањои њаётии љомеа фалаљ гардида, давлат ба бўњрони сиёсї, иќтисодї ва маънавї фаро гирифт. Дар натиља мардуми кишвар аз тарсу њароси љон ба давлатњои њамсоя фирори шу­данд ва мил­­лату давлатро хатари парокандашавї тањдид кард.

Танњо ба шарофати зањматњои пайгирона ва талошњои созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон муаяссар гардид, ки дар як муддати кўтоњ љанги тањмилии шањрвандї хомўш карда шавад ва миллати тољик аз хатари парокандашавї рањо ёфта, муњољирони иљборї ба ватану ман­зили худ баргардонида шуданд ва кишвари мо ба маљрои рушду инкишоф дар њама соњањои њаёти љомеа ворид гардид.

Пойдории сулњу субот барои њифзи арзишњои миллї, эҳёи давлат­до­рии навини демократию њуќуќбунёд, сарҷамъию ит­тиҳоди миллат, амали­созии њадафњои конститутсионии давлати иљтимої, татбиќи вазифањои стратегии давлат мусоидат кард ва Љумњурии Тољикистон њамчун субъекти муносибатњои байналмилалї дар арсаи сиёсати љањонї сазовори мавќеи хоса гардид.

Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї, ки дар як давраи вазъи мураккаби сиёсии мамлакат бо саъю талошњои Пешвои муаззами миллат ба имзо расонида шуд, дар таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин падидаи нодири ба миён овардани сулњу оромї ба шумор рафта, аз нигоњи њуќуќї падидаест, ки омили муњими пешрафту ташаккули давлати адолат­парварро таќвият мебахшад.

 

 

 

 

16-18 майи соли 2017 дар шањри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Конфронси бай­нал­милалї дар мавзўи «Адолати судии конститут­сионї: назария ва амалия» ва «Њамоиши њафтуми байналмилалии њуќуќии Петербург» доир гардид.

Дар кори Конфронси байналмилалї, ки 16 май бо ташаб­буси Суди конститут­сионии Федератсияи Россия доир гардид, намоян­дагони маќо­моти назора­ти консти­­тут­­сионии беш аз бист киш­вари љањон ва созмон­њои бону­фузи бай­нал­ми­лалї, аз ќабили Суди Аврупо оид ба њуќуќи инсон, Суди иќтисо­дии Авруосиё, Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, Куми­та оид ба њуќуќи иќтисодї, иљтимої ва фарњангии СММ, Мудирияти генералї оид ба њуќуќи инсон ва волоияти њуќуќи Шўрои Аврупо, инчунин на­мо­ян­да­гони маќо­моти њокимияти давлатии Федератсияи Россия иштирок ва суханронї намуданд.

17-18 май Њамоиши њафтуми байналмилалии њуќуќии Петербург дар сатњи баланд бо иштироки беш аз њазор нафар намояндагони кишварњои гуногуни љањон баргузор гардида, дар доираи он мавзуњои мухталифи соњаи њуќуќу сиёсат ва иќтисодиёту иљтимоиёт бо дарназардошти вазъи љањони муосир матрањ гардиданд.

Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар чорабинињои сатњи байналмилалии зикршуда судяи Суди Консти­тутсионї Даврон Њошим­зода намояндагї намуда, бо маърўза дар мавзўи «Адолати судии консти­тутсионї дар Љумњурии Тољикистон: њолат ва дурнамои рушд» баромад намуд.

Зимни баромад аз љониби Њошимзода Д. ба њозирин иттилоъ оид ба ањамияти ва зарурати пешбурди адолати конститутсионї дар кишвар, таъмини ќонунияти конститут­сионї, њолат ва дурнамои рушди падидаи мазкур манзур карда шуд.

 

 
Еще статьи...
« ПерваяПредыдущая12345678910СледующаяПоследняя »

Страница 9 из 49