00:08:20 - 20.01.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1 (Нашри якум)

 

 

Нашрияи мазкур бо дастгирии молиявии

Лоињаи «Дастгирии ислоњоти судї ва њуќуќї

дар мамлакатњои Осиёи Марказї»-и Љамъияти

Олмонї оид ба њамкорињои техникї нашр шудааст.

МТО

Нашрия ройгон таќсим карда мешавад.


 


Ба 15-солагии ќабули Конститутсияи (Сарќонуни)

Љумњурии Тољикистон бахшида мешавад



АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Нашри якум


(№1) 2009






 

Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи

(Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон)


АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, Академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор

Њайати тањририя:

Назаров М.Н. Муовини Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, номзади

илмњои сиёсї

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Сотиволдиев Р. Ш. Мудири кафедраи назария ва таърихи

давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори

илмњои њуќуќ, профессор

© Нашрияи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

 

 




 

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

МЎЊТАРАМ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН БА МУНОСИБАТИ

РЎЗИ ИСТИЌЛОЛИЯТИ ДАВЛАТЇ

8 УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2009


Њамватанони азиз!

Имрўзњо мо дар арафаи таљлили яке аз рўйдодњои бузургтарини таърихи миллати куњанбунёдамон- њаждањсолагии эълони истиќлолияти давлатии Тољикистон ќарор дорем. Ба ин муносибат тамоми мардуми шарифи кишвар, њамватанони бурунмарзї ва кулли тољикони љањонро, ки Тољикистонро хонаи умеди худ медонанд, самимона табрик мегўям. Истиќлолият шараф ва номуси њар як миллати озодандеш ва соњибхираду соњибэњтиром аст. Истиќлолият рамзи саодати миллат ва давлати соњибихтиёримиллїнишонаипойдоривубаќоионмебошад.

Зеродардунёи пуртазоди муосир фаќат миллате соњиби ному иззат шуда метавонад, ки истиќлоли воќеї ва давлати озоду мустаќили хешро дошта бошад. Бо амри таќдир ва бар асари тањаввулоти фарогири сиёсиву иљтимоии ибтидои солњои 90-уми асри гузашта халќи тољик баъди њазор сол аз нав ба эњё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид.

Вале Тољикистон аз нахустин рўзњои истиќлолияти худ дар раванди барќарорсозї ва ташаккули пояњои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии љомеа, суботи сиёсиву иљтимоии кишвар ва сарљамъиву вањдати мардум бо мушкилоту монеањои сангин рўбарў гардид. Яъне агар барои аксари љумњурињои собиќ давлати абарќудрати ягона истиќлолият нисбатан ба осонї муяссар гардида бошад, барои Тољикистони мо расидан ба ин неъмати бебањо нињоятгарон афтод. Бархўрди манфиатњои доирањои гуногуни дохиливу хориљї, ки асосан аз беруни кишвар идора карда мешуданд, оќибат ба љанги шањрвандї оварда расонд. Лекин ба шарофати хиради азалии миллати тољик ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти љомеа ба мо муяссар шуд, ки њамдигарфањмиву њамдигарбахшї, сулњу субот ва вањдати миллиро барќарор намуда, хатари парокандагии миллат ва њамчун давлати мустаќил аз байн рафтани Тољикистонро бартараф созем. Дар натиља, бо гузашти муддати начандон тўлонї дар Тољикистон фарњанги сиёсии шакли нав ва низоми давлатдории љавобгў ба ормонњои деринаи миллї ба вуљуд оварда шуд, ки минбаъд барои рушди муназзам ва устувори кишвари мо тамоми шароити заруриро фароњам овард. Истиќлолияти давлатї дар назди мардуми тољик вазифањои бузурги таърихиеро гузошт, ки муњимтарини онњо ташкили аркони давлати соњибихтиёри миллї, тањкими сулњу субот, таъмини амнияти давлат ва љомеа, оѓози раванди созандагиву бунёдкорињо ва расидан ба сатњи зиндагии шоистаи мардум буданд.

Албатта, барои пешбурди ин љараёни созанда ба мо лозим омад, ки аз фарњангу маънавиёти ниёгони худ сабаќ омўзем, аз таљрибаи љањони мутамаддин бањра бардорем ва муњимтар аз њама, мардумро ба роњи хештаншиносиву худогоњї њидоят ва сафарбар намоем.

Мусаллам аст, ки таърихи ќадима, фарњанги бою рангоранг, забон ва адабиёти пурѓановати миллї, хештаншиносиву худогоњї, вањдату якдигарфањмї ва дигар муќаддасот асоси њастї ва баќои миллат буда, њар як миллати воњид мањз тавассути њамин арзишњо ба тамаддун ва таърихи башарї ворид мешавад.

Ниёгони мо њанўз зиёда аз 1100 сол пеш бо анъанаву суннатњои давлатдорї ва арзишњои волои миллии худ, ки дар мењвари давлати мутамаркази Сомониён ташаккул ва густариш ёфтаанд, шўњрат пайдо карда буданд. Миллати тољик дар тўли таърихи деринааш худро мањз ба шарофати афкору андеша, забон, илму фарњанг, расму оин ва дигар арзишњои ѓоявї ба оламиён њамчун халќи фарњангсозу башардўст, сулњпарвару озодихоњ ва хайрхоњу тањаммулгаро муаррифї кардааст.

Фарњангу маънавиёти гузаштаи мо, ки дар рушди тамаддуни љањонї наќши амиќе гузоштааст, бояд дар замони истиќлолият низ ба хотири рушди тамоми соњањои иќтисоди миллї ва ояндаи боэътимоди кишвар ба љомеа нерўи тоза бахшанд. Зеро эњёи тафаккури миллї, фарњангу тамаддуни ниёгон воситаи муассири худогоњї, њувияти миллї ва ташаккули љањонбинии нави миллї буда, халќу миллатро аз тариќи вањдату ягонагї ба пешрафтњои азим хоњад расонд.

Мо наслњои имрўзаи тољикон, ки масъулияти таќдири давлат ва миллатро ба дўши хеш гирифтаем, бояд халќамонро њамеша дар муттањидї нигоњ дорем ва ба бунёдкориву созандагї рањнамун созем. Таљрибаи сиёсии давлатдорї моро ба хулосае овард, ки дар ин раванд пеш аз њама андешаи миллии тољикон њамчун љавњари муттањидсозу вањдатофарин хизмат карда метавонад. Чунки андешаи миллї мањсули аќли солим, хиради азалї ва њикмати чандинњазорсолаи миллатамон буда, тавассути он тољикон худро њамчун миллат њифз кардаанд, фарњанги оламшумул офаридаанд ва дар асри XX боз ба соњибистиќлолї расидаанд.

Андешаи миллї барои тањкими вањдати комил ва рушди устувори давлатдорї наќши басо муассир мебозад. Сулолањо, шоњону лашкаркашон меоянду мераванд, низомњои сиёсиву иљтимої дигаргун мешаванд, аммо андешаи миллї њамчун ганљи бебањо дар масири ин тањаввулот торафт сайќал ёфта, боз њам пурмазмун ва пурљилову тобнок мешавад. Ваќте ки доир ба наќши истиќлолият дар њаёти љомеа ва давлат, инчунин роњњои устувор сохтани давлатдории миллї сухан мегўем, бояд масъалаи вањдати миллї, зарурат ва ањамияти њифзу тањкими онро низ аз мадди назар дур насозем.

Азинрў,мовушуморозарураст, кибаробаришукронавуифтихор кардан аз Ватани аљдодиву давлати соњибистиќлоламон тамоми азму талоши худро ба тањкими вањдати миллї ва сарљамъии миллат равона карда, ободии имрўзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешањои бегонапарастї, ифротгароиву тахрибкорї ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус љавонон нуфуз пайдо кунанд. Дар ин раванд бояд дар назар дошт, ки вањдати динї як рукни муњиму људоинопазири вањдати миллї мебошад.

Аз ин нуќтаи назар, метавон гуфт, ки бо эълон кардани Соли бузургдошти Имоми Аъзам имсол дар роњи тањкими вањдати љомеаи мо боз як ќадами бисёр љиддї гузошта шуд. Чунки мазњаби тањаммулпазири ин абармарди миллати мо пайравони худ ва инсониятро ба сулњу дўстї, вањдату сарљамъї, њусни муомилаву муошират ва эљоди низоми одилонаву оќилонаи муносибатњои сиёсиву иљтимої ва фарњангиву мазњабї, аз љумла гуфтугўи тамаддунњо њидоят менамояд.

Бузургдошти шахсият ва таълимоти Имоми Аъзам ба мубоњисањои тўлонии назарї ва мафкуравие, ки солњои охир дар љомеаи мо идома доштанд, посухњои равшану зарурї медињад ва дар айни замон ба тањкими минбаъдаи вањдати миллї мусоидат мекунад.

Сарљамъии миллат ва рушди устувору муназзами иљтимої аз љумлаи шањсутунњои кохи мўњташами истиќлол ва сарчашмаи бахту иќболи миллати тољик ва давлати тољикон мебошанд. Баќои миллат ва иќтидори давлат аз бардошту тавоноии њамин сутунњо вобаста аст

ва мањз дарки њамин нуќтаи олї миллати бостонии моро аз пошхўрї эмин дошт. Пирўзии сулњу вањдат ва муњаббату ихлоси самимии мардуми шарафманди Тољикистон ба муќаддасоти миллї ба мо барои эъмори давлати демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва иљтимої роњ кушод. Тољикистони соњибистиќлоли мо имрўз мисли бисёр кишварњои сайёра тањти таъсири тањаввулоти бузурги иќтисодї ва дар айни замон бўњрони љањонии молиявию иќтисодї ќарор дорад. Ин омили фарогир моро водор месозад, ки боз њам бештар ба сиёсати иќтисодии љавобгўи манфиатњои миллї рў оварда, њадафњои стратегии давлати худро дар робита ба таъмини истиќлолияти энергетикї, аз бунбасти коммуникатсионї баровардани кишвар ва њифзи амнияти озуќавории он зина ба зина амалї созем. Мо мањз ба хотири тањкими истиќлоли миллї ва бунёди низоми пешрафтаи иќтисодї дар соњањои энергетика, роњсозиву коммуникатсия, рушди саноат, кишоварзї ва бахшњои дигар наќшањои тарњрезикардаи худро ќадам ба ќадам амалї карда истодаем. Татбиќи њадафњои стратегии давлатамон имкон медињад, ки Тољикистон дар ояндаи наздик ба кишвари содиркунандаи нерўи барќи арзон ва аз љињати экологї бехатар ва ќаламрави транзитї табдил ёфта, тадриљан дар сохтори муносибатњои иќтисоди љањонї мавќеи шоистаи худро пайдо намояд. Имрўз Тољикистон бо вуљуди мушкилоти сангини рўз ба марњалаи сифатан нави тараќќиёти иљтимоиву иќтисодии худ ворид гардидааст, ки вазифањои асосии ин давраи рушд аз вусъатбахшии пайгиронаи ислоњот, самаранокии натиљањои татбиќи он, рушди устувори иќтисодї ва бо њамин роњ тадриљан паст намудани сатњи камбизоатї ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми кишвар иборатанд.

Ин амр таќозои рўз ва талаби замонаи нав мебошад, зеро дар ибтидои асри XXI, ки садсолаи љањонгароист, миллати тољик ба иќтисоду истењсолоти замонавии љавобгўи манфиатњои давлатдории миллї, татбиќи дастовардњои тамаддуни башарї ва илму технологияи нав, њамчунин ба ташаббускорї ва зањмати фарзандони бонангу номус ва насли дорои тафаккури созанда, донишу љањонбинии муосир, ихтисоси баланд, зираку соњибмаърифат ва миллатдўсту ватанпараст ниёз дорад, ки барои тараќќиёту ободии ояндаи Тољикистони соњибистиќлол содиќона хизмат намоянд ва дар арсаи љањонї аз давлату миллати худ пуштибонї карда тавонанд. Имрўз илмњои даќиќ, тафаккури техникї, технологияи муосир ва љањонбинии иттилоотї ба омили пешбарандаи иќтисодиёт ва ояндаи љомеа табдил ёфтааст. Аз ин хотир, мову шумо ба ворисоне ниёз дорем, ки аз шебу фарози роњи паймудаи ниёгон огоњии комил дошта бошанд ва дар баробари ин, дорои тафаккури пешрафта ва ќобилияти кору фаъолият дар замони нав бошанд.

Њамватанони азиз!

Тањкими раванди худшиносї ва худогоњї дар љомеаи Тољикистон барои густариши тафаккури навини миллї замина фароњам овард, ки љавњари онро њифзи истиќлолу якпорчагии давлат ва сарљамъиву вањдати тољикон дар пояи андешаи миллї ташкил медињад. Љомеае, ки ба њадди худшиносиву худогоњї расидааст ва ба равандњои љањон аз мавќеи тафаккури навини миллї назар меафканад, бояд дар шинохти дигарон низ кўшиш намояд, бо миллату давлатњои гуногун робитањои густурда дошта бошад, бо љањони муосир њамсадову њамнаво гардад ва дар баробари ин, асолати миллии худро, алалхусус дар шароити љањонишавї њифз карда тавонад.

Мањз њамин суннати азалии њамзистиву њамкории тољикона боис гардид, ки мо дарњои Тољикистонро барои њамкорињои мутаќобилан судманд бо тамоми кишварњои олам њамеша кушода эълон намоем. Дар доираи ин сиёсат равобити Тољикистон бо давлатњои гуногуни Шарќу ѓарб вусъати бесобиќа ёфта, нуфуз ва маќоми кишвари модар љањони муосир мавриди эътирофи њамагон ќарор гирифтааст.Роње, ки мо пеш гирифтаем, фаќат як њадаф дорад: расидани њар як инсон ба саодати зиндагї, бахту иќболи мардум ва рушди миллат дар асри XXI. Вале бояд дар хотир дошта бошем, ки барои ба ин нияти нек ва рўзгори пурсаодат расидан хеле зањмат кашиданамон зарур аст. Ободии Ватан ва осоиши мардуми он аз њар яки мо фаъолияти шабонарўзї ва кори содиќонаву софдилона мехоњад. Хусусан, дар айёме, ки Тољикистон баробари бисёр кишварњои дунё рўзњои вазнини бўњрониро аз сар гузаронида истодааст, ба њар фарди миллат, аз љумла љавонони бонангу номус, соњибкорони боѓайрату њимматбаланд, зиёиёни ватандўсту хирадманд ва умуман ањли љомеа лозим меояд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятњо корњои оѓозкардаамон ва наќшањои пешгирифтаамонро зина ба зина пеш барем ва барои торафт бењтар гардонидани сатњу сифати зиндагии мардумамон заминањои мусоид фароњам оварем. Бахусус имсол, ки илова ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам њамчунин понздањумин солгарди ќабули аввалин ќонуни сарнавиштсози кишвар, яъне Конститутсияи давлати соњибистиќлоли Тољикистон мебошад, аз мову шумо зањмату масъулияти дучанд мехоњад. Аз ин лињоз, орзу мекунем, ки њаждањ соли истиќлолият чун њаждањ зинаи камолоти миллату давлат дар дили њар як фарзанди бонангу номуси Тољикистон оташи мењр, њамдиливу њамфикриро фурўзон нигоњ дорад ва донањои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумўъ оварад. Бигзор, вањдати миллї, сулњу суботи поянда, ормонњои волои истиќлолият ва њадафњои наљиби созандагї рањнамои ояндаи неки пиру љавони мамлакат гардад!

Бигзор, истиќлолияти давлати тољикон, ки атои худовандї ва пайки љовидонист, то абад устувору поянда бошад! Дар ин лањзањои фарањбахш бори дигар њамаи мардуми шарифи Тољикистон, њамватанони бурунмарзї ва кулли тољикони љањонро ба ифтихори љашни бузурги миллиамон – Рўзи истиќлолият табрик намуда, ба њар хонадони Тољикистони азиз файзу баракат ва саодати зиндагї орзумандам.

Љашнатон муборак бошад, њамватанони азиз!


Мањмудов М.А. Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, Академики Академияи

илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори

илмњои њуќуќ, профессор


СУДИ КОНСТИТУТСИОНЇ - МАЌОМИ

МУСТАЌИЛИ ЊОКИМИЯТИ СУДЇ

ОИД БА ЊИФЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Понздањ сол муќаддам дар таърихи мамлакат рўйдоди муњими сиёсию њуќуќї ба миён омад. Халќи Тољикистон рўзи 6 ноябри соли 1994 аз тариќи раъйпурсии умумихалќї њуљљати сарнавиштсоз - Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистони соњибистиќлолро ќабул намуд. Санади мазкур муайянкунандаи таќдири имрўзу фардои миллати кўњанбунёди мо мањсуб ёфта, истиќлолияти давлатиро эътибори њуќуќї бахшид ва дар љањон давлати тољиконро муаррифї намуд. Бо ќабули Конститутсияи замони истиќлолияти давлатї муносибатњои нави љамъиятї ба таври дахлдор танзими њуќуќии худро ёфта, ба ќабули санадњои меъёрии њуќуќии давлати соњибихтиёр асоси воќеї гузошта шуд. Чуноне, ки Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон иброз доштанд, «имрўз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи њадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосї гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатњои сиёсиву иќтисодї ва иљтимоии Тољикистон наќши муайянкунанда дорад». Конститутсия аз ѓояи њокимияти халќ, ки моњияти соњибихтиёрии халќро дар бар мегирад, сарчашма гирифта, дар он асосњои давлати њуќуќбунёд, дунявї, иљтимої, ягона, кафолати њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, фаъолияти озоди иќтисодї, таљзияи њокимияти давлатї, гуногунандешии сиёсї, демократияи намояндагї бо истифода аз унсурњои демократияи бевосита њамчун арзишњои дар сатњи байналмилалї пазируфташуда, ки бунёди амалияи конститутсионии љањони имрўзро ташкил менамоянд, муќаррар гардидаанд.

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз љумлаи дастовардњои бузурги мардуми Тољикистон буда, заминаи њуќуќии бунёди давлати тозабунёд ва соњибистиќлоли тољикон, шакли ифодаи њуќуќии ормонњои давлатдории миллї, њимояи њадафњо ва манфиатњои миллї, осори таърихї ва фарњанги миллї мебошад. Дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон сохибихтиёрї, истиќлолият ва тамомияти арзии Тољикистон, дахлнопазирии њудуди кишвар, моњият ва вазифањои давлат, њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, забони давлатї, рамзњои давлатї ва шакли давлатдории Тољикистон, њадафњои сиёсати дохилї ва хориљии давлат, асосњои иќтисодиву сиёсї, иљтимоиву фарњангии давлат ва љомеаи Тољикистон эълон шудаанд. Конститутсия Тољикистонро давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї, ягона ва иљтимої эълон намуд, ки дар он барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад. Ин меъёр љавобгўи њадаф ва талаботи љомеаи демократї ва мутамаддин буда, дар конститутсияи тамоми давлатњои демократї ифодаи худро ёфтааст.

Конститутсия давлати Тољикистонро чун давлати иљтимої эълон намудааст, ки дар он барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад. Бояд гуфт, ки андеша ва назарияи давлати иљтимої љузъи таљрибаи давлатдории љањони мутамаддин буда, дар конститутсияњои давлатњои Аврупо ва кишварњои дигар барои таъмини шароити зиндагии арзандаи њар фарди љомеа нигаронида шудааст. Ифодаи меъёри мазкур дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон барои таъмини доираи васеи њуќуќњои шахсї, сиёсї, иљтимої, иќтисодї ва фарњангии шањрвандони Тољикистон, шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванди сокини кишвар, аз љумла таъминоти моддиву иљтимоии нафаќахўрон, ятимон, маъюбон, гирифтани пеши роњи нобаробарии иќтисодии байни гурўњњои алоњидаи ањолї, таъмини инкишофи озодонаи њар шахс хизмат мекунад. Дар заминаи ин меъёри конститутсионї њадафњо, мазмун ва самтњои сиёсати иљтимоии давлати Тољикистон муайян шудаанд, миќдори зарурии ќонунњо, барномањо ќабул шуда, дигар чорабинињои дахлдори давлатї амалї шуда истодаанд.

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дастоварди миллї буда, муќаддасоти миллї, андешаи давлатдории миллї, истифодаи васеи анъанањо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Дар шароити имрўза њадафи стратегии љомеаи навини тољикон эъмори давлати демократї, њуќуќбунёд, иљтимої, дунявї, таъмини волоияти ќонун ва амнияти љомеа, тањкими дастовардњои истиќлолият, њимояи манфиатњои умумимиллї ва ташаккули љомеаи шањрвандї мебошад. Дар ин замина Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њокимияти судиро њамчун рукни мустаќили давлат эътироф намудааст, ки он бояд бањри тањкими ќонуният ва таъмини адолати иљтимої, сохтмони љомеаи демократию њуќуќбунёд наќши сазовор дошта бошад. Баъд аз соњибистиќлол гаштани Љумњурии Тољикистон ва ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ба ташаккули падидањои нави демократї, аз љумла ба таъсиси маќоми нави махсуси назорати конститутсионї - Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон заминаи њуќуќї гузошта шуд. Бояд ёдовар шуд, ки ба вуљуд омадани падидаи суди конститутсионї таърихи кўњан дорад. Идеяи назорати конститутсионї дар аввали асрњои XVII дар Британияи Кабир зуњур карда, бо фаъолияти Шўрои махфї алоќамандї дошт. Шўрои махфї ќонунњои лигестра турии (маљлиси ќонунгузорї) минтаќањои зери мустамлика бударо дар сурати ба ќонунњои ќабулкардаи парламенти Британияи Кабир ё ин ки њуќуќи умумї мухолифат пайдо карданашон, беэътибор эълон мекард. Баъдтар падидаи назорати конститутсионї дар шакли муосир бори аввал дар Иёлоти Муттањидаи Амрико арзи вуљуд кард.

Назорати конститутсионї ин як намуди махсуси фаъолияти њифзи њуќуќ, ки аз тарафи маќомоти давлатї ба амал бароварда мешавад ва ба таъмини мувофиќати ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї ба Конститутсияи давлат равона карда шудааст. Дар Љумњурии Тољикистон назорати конститутсионї ба зиммаи маќомоти махсус - Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон вогузор карда шудааст. Ин маќомот зиёда аз 14 сол аст, ки дар Љумњурии Тољикистон фаъолият дорад ва дар ин муддат таљрибаи ѓанию беназир пайдо намудааст. Маќсади асосии назорати конститутсионї - ин таъмин намудани мутобиќати санадњои њуќуќї ба Конститутсия њамчун ќонуни асосии давлат мебошад. Мањз тавассути ин назорат дар кишвар асосњои сохтори конститутсионї устувор гаштаву ќонунияти конститутсионї ва њифзи њуќуќу манфиатњои ќонунии шањрванд таъмин карда мешавад. Гузашта аз ин, тавассути он фаъолияти маќомоти судї (дар кишварњое, ки судњо ваколати назорати конститутсиониро доранд) ба фаъолияти парлумон ва њокимияти иљроия таъсир расонида, принсипи боздориву мувозинат таъмин карда мешавад. Дар мамлакатњои хориљї назорати конститутсионї ба таври гуногун ба роњ монда шуда, мутобиќан аз љониби маќомоти гуногуни салоњиятдори давлатї ба амал бароварда мешавад.

Дар даврањои ќабули аввалин конститутсияњо тарзи махсуси њифзи Конситутсия пешбинї нагашта буданд. Аз ибтидо дар назария ва амалияи њуќуќї чунин шуморида мешуд, ки парлумон бояд назорати конститутсиониро ба амал барорад. Зеро мањз парлумон ќонунњоро ќабул менамояд ва мутобиќати онњоро ба Конститутсия бояд худаш ба амал барорад. Чунин мавќеъ то њол дар баъзе давлатњо боќї мондааст. Масалан, дар Люксембург, Њолланд, Финландия, Шветсия ва дигар давлатњо чунин аќида њукмрон аст, ки агар парлумон дар низоми маќомоти давлатї дар мадди аввал бошад, пас назорати конститутсионї низ бояд аз љониби ин маќомот ба амал бароварда шавад ва дигар маќомот набояд аз болои маќомоти ќонунгузор назорат кунад. Вазифаи судњо бошад, танњо назорати ќонунї будани санадњои маќомоти њокимияти иљроия мебошад. Дар баъзе давлатњо ба амал баровардани назорати конститутсионї ба маќомоти судии ваколати умумидошта тааллуќ дорад, аммо ќабули ќарори ќатъї оид ба мутобиќати санади њуќуќї ба Конститутсия танњо ба зиммаи Суди Олии мамалакат мансуб аст (Иёлоти Муттањидаи Амрико, Япония). Дар як ќатор давлатњо бо маќсади назорати конститутсионї маќомоти махсуси назорати конститутсионї таъсис ёфтааст, ки маќомоти судї намебошад. Масалан, дар Фаронса назорати конститутсиониро Шўрои конститутсионї ба амал мебарорад, ки он ба маќомоти судї мансуб нест. Аз давлатњои Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар Љумњурии Ќазоќистон низ чунин маќом таъсис ёфтааст, ки назорати конститутсиониро ба амал мебарорад. Дар аксари давлатњои љањон бо маќсади назорати конститутсионї маќоми махсуси судї таъсис меёбад, ки маъруф бо номи судњои конститутсионї мебошанд. Дар аксари давлатњои љањон мањз њамин маќом назорати конститутсиониро ба амал мебарорад, ки хеле самаранок аст. Аз як тараф, ин маќом маќоми судї аст, аз тарафи дигар маќоми махсуси назорати конститутсионї мебошад.

Бинобар ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон низ таљрибаи пешќадами давлатњои хориљиро дар соњаи назорати конститутсионї дар худ таљассум карда, инкишофи он дорои хусусиятњои ба худ хос мебошад. Назорати конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон аз таъсиси Комитети назорати конститутсионии Љумњурии Тољикистон оѓоз мешавад, ки он соли 1990 бо Ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуда, аз моњи августи њамон сол дар њайати пуррааш ба фаъолият шурўъ намуд. Дар як муддати кўтоњ ворид намудани таѓйирот ба Конститутсия, таъсис додани маќоми махсуси назорати конститутсионї ва пурра ба фаъолият шурўъ намудани он аз талаботи љомеа ва давлат нисбат ба чунин маќом шањодат медињад. Марњилаи нав дар инкишофи ин падида, ба замони соњибистиќлолии Љумњурии Тољикистон ва ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон рост меояд. Дар ин давра ба љои Комитети назорати конститутсионї маќоми махсуси судї бо номи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд, ки асоси ташкилию њукуќии он аз Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон сарчашма мегирад. Дар Конститутсия низоми њокимияти судї муайян гардид, ки дар ин низом Суди конститутсионї дар маќоми аввал гузошта шуд. Дар ќисми сеюми моддаи 89 Конститутсия салоњияти Суди конститутсионї муќаррар карда шудааст, ки он аз:

1) муайян намудани мувофиќати ќонунњо, санадњои њуќуќии

якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон, Маљлиси миллї,

Маљлиси намояндагон, Њукумат, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї

ва дигар маќомотњои давлатию љамъиятї, ќарордодњои ба ќувваи

ќонун надаромадаи Тољикистон ба Конститутсия;

2) њалли бањсњои байни маќомоти давлатї доир ба салоњияти

онњо;

3) иљрои ваколатњои дигаре, ки Конститутсия ва ќонунњо муай-

ян кардаанд, иборат мебошад.

Моњи апрели соли 1995 дар иљлосияи якуми Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон даъвати якум Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуда, Раис ва муовини он интихоб гардиданд. 3 ноябри њамин сол дар иљлосияи дуввуми Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон њайати Суди конститутсионї пурра интихоб ва Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ќабул гардид, ки дар он вазифа, салоњият, тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионї муайян карда шуданд. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамчун маќоми њокимияти судї бо маќсади риоя ва њифзи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, њуќуќу озодињои конститутсионии шањрвандон ва шахсони њуќуќї, таъмин намудани волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон таъсис гардидааст. Таъмини њифзи Конститутсия вазифаи асосии Суди конститутсионї ба шумор меравад. Ин фаъолият бо роњи пешгирї намудан, ошкор ва бартараф кардани вайронкунии меъёрњои Конститутсия амалї гардида, татбиќи меъёрњои Конститутсия таъмин карда мешавад.

Мустаќиман амал намудани меъёрњои Конститутсия дар Конститутсия муќаррар карда шудааст. Ин нишондод имконият медињад, ки дар њолати номувофиќатии ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќї ба Конститутсия ва танњо бо такя ба Конститутсия бевосита меъёрњои он татбиќ карда шаванд. Дар иљрои ин вазифа наќши Суди конститутсионї муњим мебошад, зеро танњо ин маќоми њокимияти судї ќарори ќатъиро дар бораи номувофиќатии ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќї ба Конститутсия ќабул карда метавонад. Рушди минбаъдаи њокимияти судї ба дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон, ки дар Паёми ў аз 20 апрели соли 2006 ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таъкид ёфтаанд, алоќмандї дорад. Дар Паёми худ Президенти Љумњурии Тољикистон ќайд намуданд, ки «… бо маќсади такмили минбаъдаи фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомї иљрои корњои зеринро зарур мешуморам: Якум. Барои боз њам пурра ва самаранок истифода бурдани имконияти назорати конститутсионї салоњият ва ваколатњои Суди конститутсионї такмил дода шавад. Дуюм. Ба хотири рушду такомули минбаъдаи њокимияти судии кишвар Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї ва Шўрои адлияи Тољикистон якљоя бо маќомоти дахлдори давлатї барномаи ислоњоти судиву њуќуќии Љумњурии Тољикистонро бо дарна зардошти шароити имрўзаи кишвар тањия ва пешнињод намоянд…». Дар асоси ин Паём Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон тањия шуда, бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 23 июни соли 2007 тањти раќами №271 тасдиќ карда шуд.

Дар ќисми дуюми ин Барнома чунин омадааст, ки «яке аз арзиши муњими Конститутсияи Тољикистони соњибистиќлол волоият ва амали мустаќими меъёрњои он мебошад. Бо маќсади таъмини арзишњо ва њифзи Конститутсия Суди конститутсионї таъсис ёфт ва фаъолияти беш аз 10 солаи ин маќом зарурат ва ањамияти онро дар давлатдории навини Тољикистон собит сохта, инчунин нишон дод, ки вобаста ба инкишофу пешрафти љомеа наќш ва маќоми Суди конститутсионї бояд тањким ёбад. Бо дарназардошти таљриба ва амалияи фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва таѓйироти сифатан куллие, ки таи солњои охир дар њаёти сиёсї ва иљтимоии кишвар рухдоданд, зарур аст, ки салоњияти Суди Конститутсионї бо додани хулоса оид ба лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карда мешаванд, мукаммал карда шавад.

Зарурати додани хулосаи Суди конститутсионї оид ба лоињаи таѓйироту иловањое, ки ба Конститутсия ворид мегарданд ва масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод мешаванд ба он вобаста аст, ки ин пешнињодњо ба принсипњо ва арзишњои асосии Конститутсия мувофиќ бошанд». Барои ноил шудан ба ин маќсадњо ва боз њам пурра ва самаранок истифода бурдани назорати конститутсионї салоњияти Суди конститутсионї такмил дода шуда, ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» таѓйироту иловањои дахлдор ворид карда шуданд.

Мувофиќи ќисми якуми моддаи 14 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ будани лоињаи таѓйиру иловањо ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воридшаванда, лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањоеро, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карда мешаванд, муайян менамояд. Тибќи муќаррароти ќисми сеюми моддаи 14 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» бошад, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалањоро оид ба вайронкунии њуќуќу озодињои конститутсионии шањрвандон вобаста ба ќонун ва дигар санади њуќуќии татбиќшуда ё татбиќшаванда дар муносибати мушаххаси њуќуќї баррасї мекунад, инчунин ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ будани ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии Пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро дар парвандаи мушаххас, ки аз тарафи суд нисбаташон татбиќ шудааст, бо тартибе, ки Ќонуни конститутсионии муќаррар кардааст муайян менамояд. Инчунин мувофиќи банди 8 ва 9 моддаи 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» се судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои ба салоњияти Суди конститутсионї мансубиятдошта ва дигар судњо ва судяњои Љумњурии Тољикистон дар хусуси ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ будани ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии Пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки судњо дар парвандаи мушаххас татбиќ намудаанд ё татбиќ менамоянд, њуќуќи мурољиат карданро пайдо намуданд.

Таъмин намудани амали бевоситаи Конститутсия, яке аз самтњои асосии фаъолияти Суди конститутсионї ба њисоб меравад. Дар ин замина Суди конститутсионї бањри њифзи меъёрњои конститутсионї ва њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд якчанд санадњои судї ќабул намудааст, ки онњо дар таъмини волоияти Конститутсия сањми сазовор доранд.

Судяњо њангоми гузаронидани мурофиаи Суди конститутсионї Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон парвандаро «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми панљуми моддаи 329 ва ќисми дуюми моддаи 339 Кодекси мурофиавї-љиноятии Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» дида баромада, муайян намуд, ки тибќи муќаррароти ќисми панљуми моддаи 329 Кодекси мурофиавї-љиноятии Љумњурии Тољикистон аз болои њукмњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ба тариќи кассатсионї шикоят ё эътироз овардан ѓайриимкон аст. Мањкумшудагон аз болои њукмњо имконияти овардани шикояти кассатсионї надоштанд ва ќонунию асоснок будани њукмњои судии нисбати онњо татбиќгардида аз тарафи суди инстансияи кассатсионї носанљида мемонд. Инчунин мутобиќи ќисми дуюми моддаи 339 Кодекси мурофиавї-љиноятии Љумњурии Тољикистон масъалаи иштирок намудани мањкумшудагонро дар маљлиси судї, суде, ки корро ба тариќи кассатсионї дида мебарояд, њал мекард. Тибќи Кодекси мурофиавї-љиноятии Љумњурии Тољикистон бошад, шахсони мансабдор, аз љумла Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Прокурори Генералии Љумњурии Тољикистон њуќуќи эътироз овардан дошта, мањкумшудагон аз њуќуќи овардани шикоят мањрум буданд. Онњо чунин мешумориданд, ки амали меъёрњои зикршудаи ќонунгузории мурофиавии љиноятї њуќуќњои конститутсионии онњоро поймол карда, принсипи баробарии њама дар назди ќонун ва суд вайрон гардидааст. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи мазкурро баррасї намуда, бо ќарори худ аз 12 июни соли 2001 ќайд кард, ки ќисми панљуми моддаи 329 ва ќисми дуюми моддаи 339 Кодекси мурофиавї-љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 17, 19, 20 ва 88 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќат надоранд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, њамчунин мурољиати судяи Суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе Шодиев Ш.Р. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати моддаи 17 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон ба ќисми 2 моддаи 17 ва ќисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» мавриди баррасї ќарор дода, дар ќарори худ аз 1 июли соли 2009 ќайд менамояд, ки сиёсати давлатии Љумњурии Тољикистон оид ба оила аз Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, арзишњои миллї, наќш ва маќоми зан дар љомеаи Тољикистон ва принсипи ихтиёрї будани аќди никоњи марду зан асос ёфта, он ба тањкими бунёди муносибатњои оилавї дар заминаи муњаббату эњтироми якдигар, афзалияти тарбияи кўдакон ва таъмини бештари њуќуќу манфиатњои аъзои ноболиѓи оила равона карда шудааст.

Принсипи баробарњуќуќии марду зан дар масъалаи бекор кардани аќди никоњ дар ќаринаи њифзи њуќуќу манфиатњои молумулкї ва ѓайримолумулкии зани њомила, модари тифли ширхорадошта, афзалияти тарбияи кўдак ва ѓамхорї нисбат ба рушду камоли он ва таъмини бештари њуќуќу манфиатњои модару кўдак мавриди бањрабардорї ќарор мегирад, зеро меъёри «кўдакон ба васоят ва кўмаки махсус њаќ доранд» талаб менамояд, ки ба кўдакон њамчун ба шахсони ба камолоти љисмонї ва фикрї нарасида, ба ѓамхории махсус ва муњофизату тарбия мўњтољбуда муносибат намуда, дар њолати зарурии пешбининамудаи ќонунгузорї њуќуќу манфиатњои кўдаконро аз манфиати волидайнашон боло гузоштан дуруст меояд.

Аз ин рў, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон моддаи 17 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистонро ба ќисми 2 моддаи 17 ва ќисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолифат надошта эътироф намуда, конститутсионї њисобид.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо маќомоти њокимияти давлатї, аз љумла бо Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, Прокуратураи генералї, Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон ва дигар маќомот њамкории судманд дорад.

Аз љумла Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон намояндагони ваколатдори худродоранд, ки онњо њамеша бо Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар иртибот мебошанд. Бо маќсади рушди назорати конститутсионї, тањия ва омода намудани тавсияњои илман асосноки масъалањои њуќуќї, ки ба самаранокии фаъолияти Суди конститутсионї таъсирбахш мебошад, аз моњи июли соли 2009 мувофиќи моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз њисоби судяњои таљрибадори дар истеъфобудаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва олимони намоёни соњаи њуќуќ дар њайати 17 нафар Шўрои илмї-машваратї таъсис дода шуд.

Њамкорињои байналмилалии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон низ сол ба сол вусъат меёбанд. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон иштирокчии доимии Конференсияи маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи љавон мебошад. Њамкории Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо судњои конститутсионии Иттињоди Давлатњои Мустаќил ва давлатњои назди Балтика низ инкишоф меёбанд.

Вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо Йорг Пуделька - Роњбари Љамъияти Олмонї оид ба њамкории техникї дар доираи Лоињаи «Дастгирии ислоњоти њуќуќї ва судї дар мамлакатњои Осиёи Марказї» ва корманди Лоиња Катлин Крюгер. Судяњои Суди конститутсионї дар семинару конфронсњои байналмилалии Судњои конститутсионї фаъолона ширкат менамоянд. Дар заминаи чунин њамкорињо Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо Комиссияи Венетсиагии Шўрои Аврупо алоќаи зич дорад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аъзои Коференсияи маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи љавон мебошад, ки он маќомоти назорати конститутсионии давлатњои Иттињоди Давлатњои Мустаќилро муттањид месозад. Чунин њамкорињо барои самараноктар шудани назорати конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон мусоидат менамоянд.

НаќшисудяњовакормандониДастгоњиСудиконститутсионии Љумњурии Тољикистон дар тањкими ќонунияти конститутсионї назаррас мебошад. Онњо дар конференсияву семинарњо ва мизњои мудаввар, воситањои ахбори омма, чї дар хориљ ва чї дар дохили кишвар оид ба ќонунияти конститутсионї, наќши Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар эъмор ва мустањкам намудани давлати њуќуќбунёд маърўзаву баромадњо мекунанд.

Инкишофи давлатдории мустаќили Тољикистон ва ташаккули Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар эъмори давлати демократии њуќуќбунёд ва дунявї ба њам пайвастагии ногусастанї доранд. Институти назорати конститутсионї љавобгўи маќсаду вазифањои љамеаи мо буда, ташаккулу рушди он бањри тањкими ќонунияти конститутсионї, низому пойдории давлат ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд равона шудааст. Дар Тољикистон барои тањкими ќонунияти конститутсионї тамоми шароитњо ва заминањои зарурї муњайё карда шудаанд. Онњо имкон медињанд, ки институти назорати конститутсионї дар љумњурии мо вусъат ёбад ва дар эъмори давлати демократии њуќуќбуёд ва дунявию иљтимої наќши босазо гузорад.

Сотиволдиев Р. Ш.

Мудири кафедраи назария ва

таърихи давлат ва њуќуќи ДМТ,

доктори илмњои њуќуќ, профессор


АЊАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ ВА ФАРЊАНГИИ

КОНСТИТУТСИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Таърихи давлатдории навин, аз он љумла таърихи инкишофи конститутсионии кишварњои мухталифи љањони мутамаддин гувоњи ин аст, ки конститутсия воќеан њуљљати таърихї, сиёсї, таќдирсоз, сарнавишти миллатњост. Хусусияти муњими инкишофи давлатдории замони нав ва навтарин, дар муќоиса бо марњилањои таърихи пештараи башар ин аст, ки дигаргунињои куллии њаёти љомеа дар иртибот бо гузариш аз як давраи таърихї ба давраи сифатан нав, ташаккули навъ ва шаклњои нави давлатдорї, инкишофи муносибатњои нави љамъиятї акнун дар заминаи њуќуќї сурат мегиранд. Ин воќеият далел ба ин аст, ки бо пешрафти љомеаи инсонї наќш ва нуфузи њуќуќ дар њаёти одамон, љомеа ва давлат торафт баланд мешавад, њаёту фаъолияти одамон ва љомеа бештар бо конститутсия ва ќонунњо танзим мешаванд. Бо мурури замон нуфузи конститутсия чун ќонуни асосии давлат, ќонуни ќонунњо, ќонуни сарнавиштсоз афзун мегардад. Андешањои инсонї дар хусуси њуќуќњои фитрии инсон, волоияти њуќуќ ва ќонун, таљзияи хокимият, назорати меъёрии судї ва диг. дар конститутсияњо ифода мегарданд. Конститутсияњои ИМА (с. 1787), Фаронса (с. 1791) мисоли ин гуфтањоянд.

Њамзамон конститутсияњо наќши њуљљати сиёсиро соњиб мешаванд. Натиљањои инќилобњои буржуазии Аврупо (њуќуќњову озодињои фард, озодии фаъолияти иќтисодї, волоияти ќонун ва м.и.), сипас дигаргунињои куллї дар пешрафти давлатњо, гузариши љомеа аз як давраи таърихї ба давраи дигар, ивазшавии навъ ва шаклњои давлат, музаффариятњои ба даст омадаи љомеа, натиљањои њаракати миллї-озодихоњї ва дигар таѓйироти инќилобиву тањаввулї дар кишварњои гуногуни љањон мањз дар конститутсияњо ифодаи ќонунии худро пайдо мекунанд. Аз ин рў, конститутсияњо бо амри таърих нуфузи њуљљати сиёсии таърихиро соњиб мешаванд.

Ташаккул ва инкишофи њозираи давлати соњибистиќлоли Тољикистон низ аз солњои аввали касби истиќлоли давлатї дар замина ва чорчўбаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон сурат мегирад. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њуљљати таърихї буда, гузариши љомеаи Тољикистонро аз замони сотсиалистї ба марњилаи пасосотсиалистї, аз иќтисоди сотсиалистї ба иќтисоди бозор, аз моликиятдории сотсиалистї ба гуногунии моликиятдорї, аз љумла хусусї ќонунан инъикос намуд. Таѓйироти куллї дар њаёти љомеа ќувваи ќонунї пайдо мекунад. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ташкили давлати соњибихтиёри Тољикистонро эълон мекунад. Мустаќилияти сиёсии давлати Тољикистон шакли ќонунї мегирад. Ба туфайли Конститутсия заминаи њуќуќии соњибистиќлолии давлати нави Тољикистон ташаккул меёбад. Ин воќеияти таърихї асоси эътирофи давлати тозабунёди Тољикистон дар арсаи љањон, дар њуќуќи байналхалќї мегардад. Заминањои њуќуќии њам дохилї ва њам байналмилалии соњибистиќлолии давлати Тољикистон ташаккул меёбанд. Заминаи њуќуќии дохилиро Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва заминаи байналмилалиро њам Конститутсия ва њам эътирофи Тољикистон аз љониби созмонњои бонуфузи љањон ташкил медињанд.        Аз ин рў, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон асоси њуќуќии эълони соњибистиќлолии давлат дар дохил ва хориљи кишвар мегардад. Ба туфайли Конститутсия, ки дар раъйпурсии умумихалќї ќабулмешавад, халќи Тољикистон соњибистиќлолии хешро ба љомеаи љањон эълон мекунад. Созмонњо ва ташкилотњои бонуфузи байналмилалї мањз тавассути њамин Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки ифодаи азму иродаи халќи Тољикистон аст, соњибистиќлолии давлати моро пурра эътироф мекунанд. Аз ин хотир, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ањамият ва нуфузи байналмилалї дорад. Ањамияти байнамилалии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон пеш аз њама дар он ифода меёбад, ки дар он сиёсати сулњљўёнаи давлати нави Тољикистон, њадафњои давлат дар густариши равобити судманди байналмилалї, пешгирии љанг ва таъмини сулњ, эњтироми соњибихтиёрї ва истиќлолияти давлатњои дигар, риояи меъёрњои байналмилалї эълон мешаванд. Ин меъёрњои конститутсионї, аз як тараф, кафолати сиёсати сулњљўёна ва фаъолияти хориљии давлати моро дар чорчўбаи меъёрњои њуќуќи байналмилалї ташкил медињанд. Аз тарафи дигар, дар заминаи њамин меъёрњои конститутсионї соњибистиќлолии давлати Тољикистон дар арсаи љањон эътироф мешавад.

Давлатњои аъзои СММ, дигар ташкилотњову созмонњои бонуфузи байналмилалї кафолати сиёсати сулњљуёнаи давлати Тољикистонро эњсос намуда, соњибихтиёрии Љумхурии Тољикистонро эътироф мекунанд. Дар натиљаи эълони конститутсионии самтњо ва њадафњои ба њуќуќи байналмилалї пурра мувофиќи сиёсати хориљии Тољикистон давлати мо њуќуќи шомил шуданро ба ташкилотњову созмонњои бонуфузи байналмилалї пайдо мекунад. Солњои истиќлолияти давлатї ва инкишофи конститутсионї давлати Тољикистон давра ба давра ин меъёрњои конститутсионї ва самту њадафњои сиёсати хориљиро амалї мекунад. Њоло Тољикистон ба узвияти ташкилотњову созмонњои бонуфузи минтаќавї ва байналмилалї дохил буда, дар симои Президенти давлати соњибистиќлол Эмомалї Рањмон бо чандин ташаббусњои барои љомеаи љањон судманд баромад намуда истодааст. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон заминаи эътирофи нуфузи байналмилалии давлати Тољикистон гардид. Љомеаи љањон давлати Тољикистонро чун субъекти комилњуќуќи њуќуќи байналмилалї, узви боэътимоди созмонњои байналмилалї шинохтанд.

Ин худ як музаффарияти баѓоят калони њам Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва њам давлати Тољикистон мебошад. Агарчанде солњои аввали инкишофи конститутсионї Тољикистон ба вартаи љанги дохилии шањрвандї (низои байни тољикон) дохил шуд, вале дар муддати кўтоњ давлат тавонист ба ин љанги бемаънї хотима гузорад. Илова ба ин, таљрибаи сулњи тољикон ањамияти байналмилалї пайдо намуд. Дар натиља садоќати халќ ва давлати Тољикистон ба хадафњои сулњљўёнаи дар Конститутсия эълоншуда исбот гардид. Халќ ва давлати Тољикистон дар амал исбот намуданд, ки ба њадафњои Конститутсия дар соњаи сиёсати сулњљўёна њам дар дохили кишвар ва њам дар арсаи байналмилалї пурра содиќанд. Бар замми ин, солњои сипаришуда давлати Тољикистон барои таъмини сулњи минтаќа корњои зиёдро бо истифода аз имкониятњои созмонњои минтаќавию байналмилалї (СММ, Созмони Њамкории Шанхай, Иттињоди Давлатњои Мустаќил ва диг.) ба иљро расонид. Њоло нуфузи давлати Тољикистон дар бахши мубориза бо амалњои байнамилалии террористї, бо гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир, пешгирии экстремизм, аз љумла дар таъмини сулњ дар Афѓонистони ба мо њамсоя баланд аст.

Њамаи ин гуфтањо далел ба инанд, ки давлати Тољикистон ба меъёрњои Конститутсия дар соњаи сиёсати сулњљўёнаи хориљї содиќ аст. Ин, дар навбати худ, заминаи эътирофи байналмилалии давлати Тољикистон чун узви боэътимоди созмонњои байналмилалї, баланд шудани нуфузи Љумњурии Тољикистон њамчун муборизи сулњ мегардад. Њамин тариќ, якљоя бо амалї гаштани меъёрњои сулњљўёнаи Конститутсия дар як ваќт нуфузи байналмилалии давлати Тољикистон батадриљ меафзояд.

Нуфузи байналмилалии давлати Тољикистон танњо бо сиёсати сулњљўёнаи давлат мањдуд намешавад. Тавре маълум аст, тољикон дорои фарњанг ва таърихи ѓанї мебошанд. Дар тўли њазорсолањо тољиконро мањз ба туфайли њамин фарњанги ѓанї, аз љумла асарњои фарњангиву илмии Сино, Рўдакї, Фирдавсї, Љомї, Абўњанифа Имоми Аъзам, Ал-Бухорї, Румї, Ањмади Дониш, С. Айнї ва дигарон мешинохтанд. Тољикон дар воќеъ халќи кўњани фарњангсозу тамаддунсоз буданд, дар ташаккулу инкишофи фарњанг ва тамаддуни форсу тољик, дар инкишофи фарњанги исломї наќши њалкунанда доранд. Аз ин хотир, табиист ки эњёи фарњанги миллї ва арзишњои тамаддунї барои афзун намудани нуфузи байналмилалии халќ ва давлати Тољикистон зарур аст. Ањамияти фарњангии осори милливу тамадуниро дар таќвияти нуфузи байналмилалии Тољикистон, аз љумла бедории миллї ва худшиносии миллии тољикон ба инобат гирифта, роњбарияти давлати Тољикистон солњои истиќлолияти давлатї тамоми чорањоро дар бобати эњёи осори фарњангиву тамаддунии тољикон андешид.

Дар натиљаи сиёсати оќилонаи фарњангии давлати Тољикистон љомеаи љањон тољиконро њамчун халќи кўњани тамаддунсоз шинохт. Наќши Анљумани тољикони љањон, силсилаи чорабинињо бо иштироки давлатњо, созмонњо ва намояндагињои хориљї бахшида ба бузургдошти Абўабдулло Рўдакї, Мавлоно Љалолуддин Муњаммади Балхї ва чанде дигар аз чењрањои шинохтаи илму фарњанги миллї дар афзудани нуфузи байналмилалии давлати Тољикистон хело калон аст. Соли равон чун соли бузургдошти Имоми Аъзам Абўњанифа эълон шуда, 5-6 октябр дар ш. Душанбе Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абўњанифа ва ањамияти он дар муколамаи тамаддунњо» бо иштироки намояндагони беш аз 50 давлати љањон (Арабистони Саудї, Афѓонистон, Покистон, Ќувайт, Ќатар, Туркия, Эрон, Россия ва диг.) дар тањкими нуфузи байналми лалии давлати Тољикистон сањми муњим гузошт. Дар пеш таљлили бузургдошти Ал-Бухорї, сисилаи чорабинињо бахшида ба эълони шањри Душанбе чун маркази исломї дар назаранд.

Њамаи ин чорабинињои давлати Тољикистон, бешубња, дар заминаи эълони конститутсионии озодии эљоди бадеиву илмї имконпазир гаштанд. Меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар бобати ширкати озодонаи њар шахс дар њаёти фарњангии љомеа, дар эљоди бадеиву илмї, истифода аз дастовардњои фарњангї, зери њимояи давлат ќарор гирифтани сарватњои фарњангиву маънавї барои эњёи фарњанги миллї, омўзиш ва шиносої бо осори таърихї, тањлилњои илмии осори фарњангї, аз љумла омўзиши осори Имоми Аъзам Абўњанифа, Мавлонои Балхї, Абўабдулло Рўдакї, Ал-Бухорї, Бобољон ѓафуров ва чењрањои дигари намоёни фарњанги миллї наќши њалкунунда бозиданд. Тољикон, ки пештар аз имкони омўзиши фарњанг ва тамаддуни кўњани аждодии хеш мањрум буданд, акнун зимни фаъолияти озоди эљоди фарњангиву илмї, ки дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон эълон шудааст, на танњо фарњанг, тамаддун ва осори таърихии хешро эњё намуданд, балки худро дар назди љомеаи љањон, дар назди ањли башар њамчун халќи фарњангсоз ва тамаддунсоз муаррифї намуданд. Аз ин нуќтаи назар, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ањамияти калони фарњангї дорад.

Конститутсияи кишвар дар инкишофи фарњангии љомеаи Тољикистон, дар пешрафти фарњангї, эњёи арзишњои тамаддуни кўњан, баланд шудани нуфузи фарњангии Тољикистон дар арсаи љањон наќши њалкунанда дорад. Дар заминаи Конститутсия њаёти фарњангии љомеаи Тољикистон комилан ва сифатан таѓйир ёфт, гузариши љомеа аз фарњанги сотсиалистї ба фарњанги аслии аждодї ба вуќўъ пайваст, тафаккури фарњангии шањрвандони Тољикистон ба куллї таѓйир ёфт, хештаншиносї, ватаншиносї ва худшиносии њар фарди љомеа афзуданд. Љузъи фарњанги миллии тољикон, ки дар таќвияту инкишофи он Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, алалхусус меъёрњои конститутсионї дар бобати озодии ибрози андеша, гуногунии мафкуравї, озодии иттилоот, озодии сухан, нашр, озодии эљоди бадеиву илмї, њуќуќи истифодаи востањои ахбори омма, њуќуќи истифодаи озоди дастовардњои фарњангї наќши њалкунанда доранд, андешаи миллї мебошад. Касби истиќлолияти давлатї, ки расман тавассути Конститутсияи Тољикистони соњибистиќлол ба вуќўъ пайвастааст, њамзамон маънии касби андешаи миллиро дорад. Истиќлолияти давлатї, истиќлоли миллї, истиќлоли фарњангї ва касби андешаи миллї аз њам људонопазиранд.

Истиќлолияти фарњангї ба мисли истиќлолияти сиёсї, иќтисодї, энергетикї, озуќаворї барои халќ, љомеа ва давлати Тољикистон хело заруранд, зеро тољикон дорои захирањои ѓании фарњангї мебошанд, ки заминаи пешрафти љомеа буда, бар замми ин, ањамияти тамаддунї доранд. Дар шароити имрўзаи вусъати љањонишавї, бўњрони љањонии молиявию иќтисодї, тезу тунд гаштани проблемањои љањонї (энергетикї, геосиёсї, озуќаворї, экологї ва диг.) мањз андешаи миллї барои њимояи музаффариятњои истиќлолияти миллї ањамияти њаётан муњим дорад. Бесабаб нест, ки сарвари давлат Эмомалї Рањмон дар паёми телевизионї бахшида ба 18-солагии истиќлолияти Тољикистон таъкид намуд: «Сулолањо, шоњону лашкаркашон меоянду мераванд, низомњои сиёсиву иљтимої дигаргун мешаванд, аммо андешаи миллї њамчун ганљи бебањо дар масири ин тањаввулот торафт сайќал ёфта, боз њам пурмазмун ва пурљилову тобнок мешавад».

Дар баробари эњёи фарњанги миллї њамчунин ѓояи давлатдории миллї дар заминаи эълони соњибихтиёрии давлати миллї ва дар робита бо фарњанги миллї ва тамаддуни кўњан ташаккул ёфт. Тољикон дар заминаи Конститутсия соњибистиќлолии давлати хешро касб намуданд, орзуву ормони аждодони хешро дар бобати ташкили давлати мустаќили тољикон амалї намуданд, соњиби давлатисоњибихтиёр, президенти интихобнамудаи хеш, парлумони касбї, тамомияти арзии кишвар, соњиби сарватњои табиї, забони миллии давлатї, фарњанги аждодї гардиданд.

Њамаи ин музаффариятњои истиќлолият дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон эълон шудаанд. Њамзамон давлати Тољикистон људо аз тамаддуни љањон пеш рафта наметавонад. Истифодаи арзишњо ва таљрибаи љањонї, технологияи пешќадами компютерї ва коммуникатсионї, комёбињои илмї, техникї, иќтисодї, энергетикї ва дигари љомеаи љањон барои пешрафти љомеаи Тољикистон зарур аст. Аз ин хотир, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон якљоя бо анъанањои фарњанги миллї хамчунин арзишњои байналмилалиро дар бахши њуќуќњои инсон, иќтисод, моликиятдорї, фаъолияти озоди иќтисодї ва диг. њамаљониба истифода намудааст. Аз ин љост, ки Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар як ваќт њуљљати сиёсиву њуќуќии њам миллї ва њам байнамилалї мебошад, арзишњои њам миллї ва њам љањониро, њам таљрибаи фарњанги миллї ва њам таљрибаи љањониро, музаффариятњои миллї ва љањониро, дастовардњои фарњанги миллї ва инќилоби илмиву техникии оламро якљоя таљассум намудааст.

Ифодаи суннатњои миллї дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва пешрафти фарњангии љомеа дар заминаи Конститутсия барои инкишофи минбаъдаи љомеаи Тољикистон дар шароити бархўрди тамаддунњо, таъсири фарњанг ва тамаддуни бегона, љањонишавии фарњангї ањамияти њалкунанда дорад. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар паёми телевизионии худ дар робита бо рўзи таљлили 18-умин солгарди истиќлолияти давлатї, аз љумла таъкид ба он намуд, ки «баќои миллат ва иќтидори давлат аз бардошту тавоноии њамин суннатњо вобаста аст ва мањз дарки њамин нуќтаи олї миллати бостонии моро аз пошхўрї эмин дошт». Эњёи фарњанги миллї ва анъанањои тамаддуни кўњан барои муќобилият ба фарњанги бегона муњиманд. Зарурати равобити фарњанг ва тамаддунњоро њанўз Имоми Аъзам Абўњанифа дарку эњсос намуда буд. Зимни суханронии худ дар Симпозиуми байналмилалї бахшида ба бузургдошти Имоми Аъзам Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар боби хизматњои бузурги Абўњанифа аз љумла ќайд намуд, ки «ў дар зиндагии нимасраи худ љомеаи исломиро бар асоси манобеи наќливу шаръї аз хушунат ва таљзияи баъдї ба гурўњњои ба њам мухолиф нигањ дошт». Ба андешаи Доктор Мазњарї, устоди Донишгоњи Панљоби Покистон, «фармуда ва таълимоти Имоми Аъзам сабаб шуд, то мусулмонон ба њам оянд ва ба њам наздик шаванд ва ин њамоиш низ сабаб хоњад шуд, то мусулмонон ин бор дар Душанде гирдињам оянд ва ба њам наздик бишаванд». Ба ќавли Аминуддин Музаффарї, риёзидони машњури Афѓонистон, таљлили бузургдошти Имоми Аъзам ин «даъват ба њамгирої ва тавњиди миллату мазоњиб аст».

Фарњанг ва осори фарњангї, бешубња, барои пешрафти љомеа, муаррифии миллат дар арсаи љањон, ифтихори миллї, касби андешаи миллї, худшиносии миллї ањамияти њалкунанда доранд. Таљлили бузургдошти чењрањои намоёни фарњанги форсу тољик, алалхусус Имоми Аъзам наќши тољиконро дар пешрафти тамаддуни башар исбот намуданд. Боиси ифтохори мост, ки аз минбари баланди Симпозиуми байналмилалї аз тољик будани Абўњанифа њарф заданд, аз хизматњои бузурги фарзандони миллати форсу тољик Салмони Форс, Имом Бухорї, Ибни Сино, Имом ѓаззолї ва дигарон ёдовар шуданд.

Њамаи ин пешрафт ва музаффариятњои фарњангии Тољикистони соњибистиќлол ба туфайли пеш аз њама касби истиќлолияти давлатї ва нуќтањову пањлўњои фарњангии Конститутсияи дар воќеъ халќи Тољикистон ба даст омаданд. Имконият ва захирањои њоло пурра амалї нашудаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар бахши пешрафти фарњангии кишвар барои инкишофи минбаъдаи Тољикистон дар шароити муќовимати байни тамаддунњо аз ањамият холї нестанд. Ин имкониятњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон пеш аз њама барои таќвияти худшиносии миллї, фарњангї ва тамаддунї ањамияти дар воќеъ таърихї доранд.


ЌА Р О Р ЊОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


ЌА Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

доир ба парванда аз рўи мурољиати ќ.Аќназаров - намояндаи Ширкати байналхалќии тиљоратии «Айренген-ЛТД» «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми 3 моддаи 270 Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодї ба ќисми 1 моддаи 1, ќисми 2 моддаи 5, ќисми 3 моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17, ќисми 1 моддаи 19 ва ќисми 2 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) ЉумњурииТољикистон»

ш. Душанбе 13 майи соли 2009

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Хољаев И.; судяњои Суди конститутсионї Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Каримов К.М., Муќбилшоев Б. ва Назаров М., бо иштироки котиби маљлиси судї Холиќова Ш.С., тарафњо:

Аќназаров Ќ. - намояндаи Ширкати байналхалќии тиљоратии «Айреген-ЛТД»-тарафе, ки бо дархости ў мурофиаи Суди конститутсионї оѓоз карда шудааст, Рањимов М.З.-намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор; Мањмудов М.А.- намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон; Бобоев У.Х.- намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент: - тарафњое, ки санади меъёрии њуќуќии ќабул, љонибдорї ва имзо намудаи онњо мавриди бањс карор дода шудааст, даъватшудагон: намояндаи Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон-муовини Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон Фатњиддинов В. ва намояндаи Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон-муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон Шарифов М., дар асоси моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар маљлиси ошкорои Суди конститутсионї парвандаро аз рўи мурољиати Ќ.Аќназаров - намояндаи Ширкати байналхалќии тиљоратии «Айренген-ЛТД» «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми 3 моддаи 270 Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодї ба ќисми 1 моддаи 1, ќисми 2 моддаи 5, ќисми 3 моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17, ќисми 1 моддаи 19 ва ќисми 2 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї карда, маърўзаи судя Абдуллоев Л.И. баёноту хулосаи намояндаи Ширкати байналхалќии тиљоратии «Айренген ЛТД» Ќ.Аќназаров ва тарафњоро шунида, маводи пешнињодшуда ва дигар њуљљатњоро тањќиќ намуда,


м у а й я н к а р д:

Намояндаи Ширкати байналхалќии тиљоратии «Айренген ЛТД» Ќ.Аќназаров бо дархост ва дархости иловагї ба Суди конститутсионї мурољиат намуда нишон додааст, ки бо њалномаи Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз 27 августи соли 2003 даъвои Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ба манфиати ЉСШК «Пахтаи Пролетар» ба љавобгарии Кумитаи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон ва Ширкати байналхалќии тиљоратии «Айренген-ЛТД» дар бораи беэътибор донистани шартномаи хариду фурўши 75+1-фоизи сањмияњои ЉСШК «Пахтаи Пролетар»-и ноњияи Љаббор Расулови вилояти Суѓд ќонеъ карда шудааст.

Парванда бо шикояти намояндаи љавобгар дар зинаи аппелят сионии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон баррасї гардида, бинобар бастани созиши оштишавии тарафњо ќатъ карда шудааст. Сипас, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон бо таъиноти кассатсионї аз 12 ноябри соли 2003 эътирози Прокурори генералии Љумњурии Тољикистонро ќонеъ карда, ќарори марњилаи аппелятсиониро бекор намуда, њалномаи суди марњилаи аввалро бетаѓйир монондааст. Намояндаи љавобгар Аќназаров Ќ. 23 августи соли 2007 аз болои санади мазкури эътибори ќонунї пайдокарда, бинобар ошкор шудани њолатњои нав ба Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон бо ариза мурољиат кардааст. Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ин аризаи намояндаи Ширкати байналхалќии тиљоратии «Айренген-ЛТД»-ро бо таъинот аз 30 августи соли 2007 дар асоси моддаи 108 Кодекси мурофиавии хољагии Љумњурии Тољикистон (тањрири соли 1995) ба даъвогар баргардонидааст. Намояндаи Ширкати мазкур ба ин таъинот розї нашуда, 27 сентябри соли 2007 бо шикоят ба марњилаи аппелятсионї мурољиат намудааст, ки он таъиноти дар боло зикршударо бекор карда, аризаи ўро ба истењсолоти худ ќабул намуда, бо таъинот аз 5 феврали соли 2008 баррасї намудани парвандаро, ки бо асоси ошкор шудани њолатњои нав пешнињод шуда буд, рад кардааст.

Минбаъд таъиноти марњилаи аппелятсионї аз 5 феврали соли 2008 бо таъиноти марњилаи кассатсионии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз 2 сентябри соли 2008 бетаѓйир мононда шудааст. Намояндаи Ширкати байналхалќии тиљоратии «Айренген-ЛТД» Аќназаров Ќ. аз болои ин таъинот 28 феврали соли 2009 тањти раќами содиротии 36/02-РТ ба воситаи почта ва 2 марти соли 2009 ў шахсан ба Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон барои азнав ба тариќи назоратї баррасї намудани таъиноти номбурда аризаи назоратї додааст. Аризаи мазкурро љонишини Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон Ширинљонова М. санљида, бо сабаби он ки гўё ариза баъди мўњлати 6-моњаи дар ќисми 3 моддаи 270 Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодї пешбинишуда пешнињод шуда бошад, онро бо таъиноти худ аз 27 марти соли 2009 ба аризадињанда баргардонидааст. Мурољиаткунанда ба ин таъинот розї нашуда, њуќуќу манфиатњои ќонунии Ширкатро бинобар мањдуд будани мўњлати шикояткунї ба тариќи назоратї поймолшуда њисобида, аз Суди конститутсионї талаб кардааст, ки ќисми 3 моддаи 270 Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодиро ба ќисми 1 моддаи 1, ќисми 2 моддаи 5, ќисми 3 моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17, ќисми 1 моддаи 19 ва ќисми 2 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва ба моддаи 14 Паймони байналмилалї «Оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї»-ро аз 16 декабри соли 1966, ки аз 4 апрели соли 1999 њамчун ќисми таркибии низоми њуќуќии Тољикистон дорои амал мебошад ва тибќи он «Њамаи шахсон дар назди суд баробаранд. Њар кас њангоми муайян кардани њуќуќ ва ўњдадорињояш дар ягон мурофиаи шањрвандї ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоњият, мустаќил ва беѓаразе, ки дар асоси ќонун таъсис дода шудааст, њаќ дорад», мутобиќатнадошта эътироф намояд. Ў ин талаби худро дар маљлиси судї низ дастгирї намуд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи мавриди бањс ќароргирифтаро њаматарафа тањќиќ намуда, ќайд менамояд, ки тибќи Конститутсия ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон асоси иќтисодиёти Тољикистон аз шаклњои гуногуни моликият иборат буда, давлат фаъолияти озоди иќтисодї, соњибкорї, баробарњуќуќї ва њифзи њуќуќии њамаи шаклњои моликият, аз љумла моликияти хусусиро кафолат додааст. Тибќи муќаррароти зикршуда шањрвандон ва шахсони њуќуќї њуќуќ доранд, ки дар тамоми соњањои фаъолияти иќтисодию соњибкорї озодона ширкат варзида, дар сурати халалдор шудани њуќуќњои шањрвандї ва хољагидориашон аз кафолати њифзи судї бархурдор бошанд. Ин кафолатро моддаи 19 Конститутсия муќаррар намуда, ба њар шахс њуќуќ додааст талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓарази тибќи ќонун таъсисёфта баррасї намояд.

Мувофиќи Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодї мурофиањои судї ошкоро бо иштироки тарафњо ба тарзи мубоњиса ва дар асоси баробарии тарафњо сурат гирифта, тарафњои манфиатдор дорои њуќуќу ўњдадорињои баробар буда, дар чунин мурофиањои судї њуќуќу манфиатњои мавриди бањс ќароргирифтаи шахсони воќеї ва њуќуќї баррасї шуда, адолати судї таъмин карда мешавад. Ќисми 3 моддаи 270 Кодекси номбурда, ки мавриди бањси намояндаи Ширкати байналхалќии тиљоратии «Айренген-ЛТД» Аќназаров Ќ. ва баррасии маљлиси судии Суди конститутсионї ќарор гирифтааст, мўњлати мурофиавиро оид ба додани ариза ё эътироз дар бораи ба тариќи назоратї аз нав дида баромадани санадњои судии судњои иќтисодї дар мўњлати на зиёдтар аз шаш моњи баъд аз эътибори ќонунї пайдо кардани санади судии охирин, ки оид ба парванда ќабул шудааст, муќаррар кардааст.

Бо риояи мўњлати зикршуда овардани арзу эътирози назоратї имконият фароњам меорад, ки хато ва камбудињои дар марњилањои аввал, аппелятсионї ва кассатсионї роњ додашуда дар марњилаи назоратї бартараф карда шаванд. Зарурати мушаххас намудани чунин мўњлатњои мурофиавї, салоњияти бевоситаи ќонунгузор буда, он пеш аз њама бо маќсади устувории њалномањои судї бањри амалї шудани кафолати њифзи судї ва сариваќт барќарор намудани њуќуќу манфиатњои вайроншудаи шахсони иштироккунандаи парванда, гирифтани пеши роњи беохир такроран баррасї шудани парвандањои иrтисодї, таъмини низоми муносибатњои нави њуќуќї оид ба мустањкам кардани асосњои иќтисодї ва иљтимоии давлат равона карда шудааст. Ќонунгузор тартиби аз нав ба тариќи назоратї баррасї намудани парвандањои иќтисодиро таѓйир дода, ба тарафи аз санади эътибори ќонунї пайдокарда розї набуда имконият додааст, ки аризаи норозигии худро барои аз нав ба тариќи назоратї баррасї намудани парванда дар мўњлати 6-моњ ба Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон пешнињод намояд. Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон водор карда шудааст, ки ариза ва эътирозњои ба тариќи назоратї пешнињоднамудаи шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсони дар моддаи 41 Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодї номбаршударо аз болои санадњои эътибори ќонунї пайдокардаи судњои иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар баробари эътирозњои Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ва Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон баррасї намояд.

Тибќи тартиби нав, дар маљлиси Раёсати Суди Олии иќтисодї шахсан иштирок кардан ва нисбат ба санади судии ќабулгардида шарњу баёнот додани шахсони иштирокунандаи парванда дар назар гирифта шудааст, ки ин њолат шањодати риояи принсипњои адолати судї, аз љумла принсипи ба тарзи мубоњиса ва дар асоси баробарии тарафњо сурат гирифтани мурофиа буда, кафолати конститутсионии њуќуќи њифзи судии онњо таъмин карда мешавад.

Муќаррар набудани мўњлат барои додани ариза ё эътироз дар бораи аз нав дида баромадани санади судї ба тариќи назоратї боиси он мегардид, ки бо њар гуна асосњои ањамияти љиддинадошта, парвандањо борњо баъди гузаштани мўњлатњои тўлонї ва њатто баъди иљрои њалномањо бо эътирозњои шахсони салоњиятдори маќомоти судї ва прокуратура ба тариќи назоратї аз нав баррасї карда шуда, барои баровардани њалномаи нав ба судњои зинаи аввал баргардонида шаванд. Ин њолат устувории њалномањои судї ва њуќуќи њифзи судии шахсони иштироккунандаи парвандаро таъмин карда натавониста, баръакс нисбати адолати судї нобовариро ба вуљуд меовард. Муќаррар будани мўњлат бошад, барои пешнињоди ариза ё эътирози назоратї њуќуќи иштироккунандаи парвандаро мањдуд насохта, балки баррасии нави парвандањоро ба тариќи назоратї ба тартиб дароварда, њифзи боэътимоди њуќуќу манфиатњои тарафњоро таъмин менамояд. Моддаи 274 Кодекси мазкур муќаррар намудааст, ки риоя нашудани мўњлати зикршуда барои баргардонидани ариза ё эътироз дар бораи аз нав дида баромадани санади судї ба тариќи назоратї асос мегардад.

Дар баробари ин ќонунгузор дар мавриди бо сабабњои узрнок гузаронидани мўњлати амалњои мурофиавї имконияти барќарор намудани онњоро низ пешбинї намудааст. Ин талабот дар моддаи 116 Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодї муќаррар шуда, ба њамаи амалњои мурофиавї, аз љумла ба мўњлати овардани аризаю эътирозњои назоратии шахсони иштироккунандаи парвандаи иќтисодї њам дахл дорад. Дар хусуси мурољиати намояндаи Ширкати байналхалќии тиљоратии «Айренген-ЛТД» Аќназаров Ќ. оид ба ќабули аризааш дар бораи ба тариќи назоратї аз нав баррасї намудани таъиноти кассатсионии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз 2 сентябри соли 2008, ки аз тарафи судяи ин суд бинобар гузаронидани мўњлати 6-моњаи додани чунин ариза рад карда шудааст, Суди конститутсионї муќаррар намуд, ки аризаи мазкур аз болои ин таъинот рўзи 28 феврали соли 2009 ба воситаи почта ба Суди Олии иrтисодии Љумњурии Тољикистон фиристода шудааст, ки дар ин бора маълумотнома дар барои ќабули муросилот бо нишонии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон шањодат медињад.

Ба ин нигоњ накарда мурољиаткунанда нусхаи ин аризаи назоратии худро рўзи 2 марти соли 2009 ба дафтархонаи Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон супоридааст, ки дар нусхаи он имзои шахси ќабулкарда Раљабов С. ва мўњри Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон гузошта шудааст. Вале судя дар таъиноташ рўзи ба Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дохилшавии аризањои намояндаи Ширкати байналхалќии тиљоратии «Айренген-ЛТД» Аќназаровро бо сабаби номаълум 20 марти соли 2009 нишон дода, бо ин асос мўњлати 6-моњаи ба тариќи назоратї мурољиат намудани ўро гузаронидашуда њисобидааст. Њол он ки мувофиќи муќаррароти ќисми 4 моддаи 112 Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодї љараёни мўњлати мурофиавии 6-моња барои пешнињоди аризаи назоратї барои аз нав баррасї намудани парванда бо моњњо њисоб карда шуда, аз рўзи дигари пас аз баровардани таъиноти кассатсионї шурўъ мешавад.

Тибќи моддаи 113 Кодекси номбурда бошад, мўњлати 6-моњаи бо ќонун муќаррраршуда, соати бистучори рўзи охирини тамомшавии мўњлати додани ариза ё эътирози назоратї хотима меёбад, яъне мувофиќи ин нишондоди ќонун оѓози мўњлати 6-моња 3 сентябри соли 2008 шурўъ шуда, соати бистучори рўзи 3 марти соли 2009 ба охир мерасад.

Дар ваќти баровардани таъинот дар бораи баргардонидани аризаи номбурдаи Ширкати байналхалќии тиљоратии «Айренген-ЛТД» Аќназаров Ќ. ин њолатњо ба назар гирифта нашудааст, ки он ба амалї шудани кафолати конститутсионии њуќуќи њифзи судї доштани мурољиаткунанда монеа эљод намудааст. Њолати зикршуда Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро ўњдадор менамояд, ки масъалаи мазкурро мавриди баррасии нав ќарор дињад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ваљњњои намояндаи Ширкати байналхалќии тиљоратии «Айренген-ЛТД» Аќназаровро дар хусуси ба Конститутсияи Тољикистон ва Паймони байналмилалї «Оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї» мутобиќат надоштани ќисми 3 моддаи 270 Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодиро тањлилу муњокима намуда, ин андешањоро бе асос њисобида, бо далелњои дар боло оварда рад менамояд. Њамин тариќ, бо назардошти њолатњои дар боло тањлилу муњокимагардида, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон чунин мењисобад, ки ќисми 3 моддаи 270 Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодї ба ќисми 1 моддаи 1, ќисми 2 моддаи 5, ќисми 3 моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17, ќисми 1 моддаи 19 ва ќисми 2 моддаи 88 Конститутсия мутобиќат дошта, он бањри пешрафту инкишофи асосњои иќтисодї ва таъмини адолати иљтимоию судї, сари ваќт барќарору њифз намудани њуќуќњои халалдоршудаи њамаи шахсони иштироккунандаи парванда мусоидат менамояд. Бинобар ин дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва роњнамоии моддањои 47- 48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќ а р о р м е к у н а д:

Ќисми 3 моддаи 270 Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодї, ки мувофиќи он «Ариза ё эътироз дар бораи аз нав дида баромадани санади судї ба тариќи назоратї мумкин аст ба Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар мўњлати на зиёдтар аз шаш моњи баъди эътибори ќонунї пайдо кардани санади судии охирин, ки оид ба парванда ќабул карда шудааст, агар дигар имкониятњо барои санљидани санади мазкур ба тариќи судї аз байн рафта бошанд, дода мешавад» ба ќисми 1 моддаи 1, ќисми 2 моддаи 5, ќисми 3 моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17, ќисми 1 моддаи 19 ва ќисми 2 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошад.

Агар аризаи намояндаи Ширкати байналхалќии тиљоратии «Айренген-ЛТД» Аќназаров Ќ. ба Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз болои таъиноти судяи ин суд дар бораи баргардонидани аризааш дар хусуси ба тариќи назоратї аз нав баррасї намудани парванда дохил шавад, суди мазкур онро бояд бо тартиби баррасии барои таъинотњои суди иќтисодї муќарраршуда, баррасї намояд.

Ќарор ќатъї буда, аз болои он шикоят овардан мумкин нест ва аз ваќти ќабул шуданаш эътибор пайдо мекунад. Ќарори мазкур дар «Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон», рўзномањои «Љумњурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

И. Хољаев


Котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

К. Каримов


Ќ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи мурољиати шањрванд Санокина Л. Г. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми дуюми моддаи 4 ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи ќабул ва мавриди амал ќарор додани Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон» ба моддањои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»


шањри Душанбе 9 июни соли 2009

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва Назаров М.Н., бо иштироки котиби маљлиси судї Мањмудов Н. Њ., тарафњо:

Санокина Л. Г.- тарафе, ки бо дархости ў мурофиаи Суди конститутсионї оѓоз карда шудааст ва намояндаи ў Зойиров Р.Х., Ватанов М.М.-намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї; Мењмон Бахтї - намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї; Бобоев У. Х.- намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї-намояндагони тарафе, ки санади меъёрии њуќуќии ќабул, љонибдорї ва имзонамудаи онњо мавриди бањс карор дода шудааст,

Даъватшудагон:

Юсупов А.И.- муовини якуми Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

Нуралиев А. - муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон;

Оймањмадов М.Д.- судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

Олимов М.- сардори Раёсати назорати иљрои ќонунњо оид ба парвандањои шањрвандии Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон, дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар маљлиси ошкорои Суди конститутсионї парвандаро аз рўи мурољиати шањрванд Санокина Любов Гуфрановна «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми дуюми моддаи 4 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи ќабул ва мавриди амал ќарор додани Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон» ба моддањои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, маърўзаи судя Каримов К.М., баёноту хулосаи тарафњо ва иштирокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешнињодшуда ва дигар њуљљатњоро тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Санокина Л.Г. ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо дархост мурољиат намуда, ќайд менамояд, ки 4 январи соли 2007 суди шањри Роѓун аризаи даъвогии њамхонаи ў Цыб Г.Я.-ро ба муќобили Насриддинов Д., Насриддинов О. ва Идораи нотариалии шањри Роѓун дар хусуси беэътибор донистани шартномаи тўњфаи манзили истиќоматии онњо дида баромада, онро бо њалномаи худ ба манфиати љавобгарон њал намуд.

28 феврали соли 2007 шикояти кассатсионии Цыб Г.Я. бо таъиноти Коллегия оид ба корњои граждании Суди Олии Љумњурии Тољикистон низ бе ќаноат мононда шуда, баъдан бо таъиноти судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон Оймањмадов М.Д. аз 28 январи соли 2009 шикояти назоратии Цыб Г.Я. ва Санокина Л.Г. бинобар гузаштани мўњлати яксолаи шикоят ба зинаи назоратї бе баррасї гузошта шуд. Мурољиаткунанда поймол шудани њуќуќи конститутсионии худро ба моликияти шахсї ва кафолати њифзи судї дар номутобиќатии ќисми дуюми моддаи 4 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи ќабул ва мавриди амал ќарор додани Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон», ки тибќи он «амали талаботи ќисми дуюми моддаи 365 ба санадњои судие, ки то мавриди амал ќарор додани Кодекси мазкур ќабул гардидаанд, низ пањн мегардад», ба моддањои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мебинад. Ба андешаи ў, ба ќисми дуюми моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «нисбат ба санадњои судї ба суди марњилаи назоратї дар мўњлати як сол аз рўзи эътибори ќонунї пайдо кардани онњо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратї пешнињод гардад», ќувваи бозгашт додани ќонунгузор, њуќуќи конститутсионии ўро ба кафолати њифзи судї бо роњи овардани шикояти назоратї имконнопазир гардондааст. Аз ин рў, ў ќисми дуюми моддаи 4 Ќонун ва ќисми дуюми моддаи 365 Кодексро ба моддањои 20 ва 45 Конститутсия мутобиќнабуда њисобида, аз Суди конститутсионї беъэтибор донистани онњоро талаб намуда, ин талаби худро дар маљлиси судї низ дастгирї кард.

Њамзамон, Зойиров Р. Њ- намояндаи Санокина Л.Г. – талаби худро дар маљлиси судї васеъ намуда, иловатан муайян намудани мутобиќати ќисми дуюми моддаи 4 Ќонун ва ќисми дуюми моддаи 365 Кодексро ба моддањои 5 ва 14 Конститутсия талаб намуд. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалањои мавриди бањс ќарордодаи Санокина Л.Г.-ро њаматарафа тањќиќ намуда, ќайд менамояд, ки ќувваи бозгашт додан ба ќонун ва дигар санади меъёрии њуќуќї яке аз самтњои муњими фаъолияти меъёрэљодкунии маќомоти давлатї ба шумор меравад, ки он ба татбиќи дуруст ва маќсадноки санадњои меъёрии њуќуќї, таъмини раванд ва идомаи мўътадили муносибатњои њуќуќї, бе мамоният гузаштан ба фазои сифатан нави њуќуќї ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд равона карда шудааст. Аз тарафи дигар Конститутсия ќувваи бозгашти он санади меъёрии њуќуќиро эътироф кардааст, ки вай њолати инсон ва шањрвандро сабук намуда, барои рафтори зиддињуќуќии ў љазо муќаррар накарда бошад ва тибќи ќисми 3 моддаи 20 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон «ќонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ѓайриќонунии шахс ќабул шудааст ва он љазои шахсро вазнин мекунад, ќувваи бозгашт надорад». Ќувваи бозгашт додан дар ќонунгузорињои Љумњурии Тољикистон, аз љумла ќонунгузории гражданї низ васеъ истифода бурда мешавад. Чунончї тибќи ќисми 1 моддаи 4 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон «амали ќонун танњо дар сурате нисбати муносибатњои то љорї намудани он татбиќ мегардад, ки агар ин бевосита дар ќонун пешбинї шуда бошад».

Аз ин рў, ќувваи бозгашт додан ба ќисми дуюми моддаи 365 Кодекс дар асоси талаботи ќисми 1 моддаи 4 Кодекси зикршуда сурат гирифта, он ифодакунандаи хусусияти инсондўстии ќонунгузорї ба њисоб меравад ва ба талаботи моддаи 20 Конститутсия мухолифат надорад.

Суди конститутсионї масъалаи мањдуд будани мўњлати яксолаи шикоят ва эътирози назоратиро ба суди марњилаи назоратї дар якљоягї бо масъалаи ќувваи бозгашт додан ба санадњои меъёрии њуќуќї тањлил намуда, ќайд менамояд, ки шањрвандон њуќуќњои граждании худро бо назардошти ирода ва манфиатњои худ амалї ва ихтиёрдорї менамоянд ва дар сурати поймол гаштани њуќуќњои ќонунии худ «њуќуќ доранд талаб намоянд, ки парвандаи онњоро суди босалоњият, мустаќил ва беѓарази тибќи ќонун таъсисёфта баррасї намояд». Бо ин назардошт, кафолати њифзи судии пешбининамудаи моддаи 84 Конститутсия ки тибќи он «њокимияти судї њуќуќ, озодињои инсону шањрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисањо, ќонунияту адолатро њифз менамояд», дар баробари дигар муносибатњои љамъиятї нисбати муносибатњои шањрвандии молу мулкї ва ѓайримолумулкии шањрвандон низ татбиќ мегардад, ки тартиби иљрои онро ќонунгузории мурофиавии гражданї пешбинї менамояд. Вобаста ба ин, яке аз шартњои муњими таъмини кафолати њифзи судии њуќуќу манфиатњои поймолшудаи шањрвандон ва шахсони њуќуќию субъектони хољагидорї ин риояи ќатъии мўњлатњои мурофиавии муќаррарнамудаи ќонунњо мебошад. Чунончї моддаи 109 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд «амалиёти мурофиавї дар мўњлатњои мурофиавии муќаррарнамудаи ќонун анљом дода мешавад» ва «мўњлат барои анљом додани амалиёти мурофиавї бо санаи даќиќи таќвимї, зикри њодисае, ки бояд њатман фаро расад ё фосилаи ваќте, ки дар љараёни он амал бояд иљро карда шавад, муайян мегардад», яъне мўњлати мурофиавї мўњлате арзёбї мешавад, ки дар давоми он бояд њуќуќу манфиатњои ќонунии субъектони њуќуќ њифз ва даъвои онњо њаллу фасл карда шавад.

Ањамияти иљтимоию њуќуќии мўњлати мурофиавї боз дар он ифода меёбад, ки вай имконият фароњам меорад, ки хато ва камбудињои дар марњилањои поёнии судї содиршуда, мувофиќан дар марњилањои кассатсионї ва назоратї бартараф карда шуда, адолати судї ва иљтимої барќарор гардад.

Мўњлати мурофиавї ва тартиби њисоби онро, ки ќонунгузорї пешбинї намудааст, бо шартномаи миёни тарафњо таѓийр додан мумкин нест ва онро танњо суд дар асоси аризаи иштирокчиёни бањс татбиќ менамояд. Дар баробари ин, гузаронидани мўњлати овардани аризаи даъвогї барои аз тарафи суд рад кардани он асос шуда метавонад. Ќисми дуюми моддаи 365 Кодекс, ки мавриди бањси Санокина Л.Г. ва баррасии маљлиси судї гардидааст, овардани шикоят ё эътирози назоратиро нисбат ба санадњои судї ба суди марњилаи назоратї дар мўњлати як сол аз рўзи эътибори ќонунї пайдо карда ни онњо муайян намудааст. Ин мўњлат ќатъї буда, субъектони мурофиаи гражданиро, ки њуќуќи овардани чунин шикоят ё эътирозро доранд, ўњдадор менамояд, ки амали зикргардидаи мурофиавиро дар мўњлати зикршуда ба анљом расонанд. Дар акси њол, тибќи моддаи 369 Кодекси мазкур гузаронидани мўњлати пешнињоди шикоят ё эътироз боиси бебаррасї баргардонидани шикоят ё эътироз шуда метавонад. Мўњлати баррасии мурољиатњои мурофиавиро бевосита ягон моддањои Конститутсия пешбинї накардааст. Ин масъала салоњияти бевоситаи ќонунгузор аст, ки аз тарафи ў барои њифзи њуќуќу манфиатњои поймолшудаи субъектњои њуќуќ то дараљаи кофї ва имконпазир муайян карда мешавад. Он пеш аз њама барои таъмини њифзи судии њуќуќу манфиатњои вайроншуда, мўътадилии муносибатњои њуќуќї дар љомеа, мустањкам намудани асосњои иќтисодию иљтимої ва интизоми иљроиявии субъектони њуќуќ равона карда шудааст.

Масъалаи муњиме, ки бевосита ба таъмини кафолати њифзи судии њуќуќу манфиатњои субъектони њуќуќ нигаронида шудааст, ин падидаи барќарор намудани мўњлатњои мурофиавї мебошад. Ин падида дар тамоми ќонунњо, аз љумла дар Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон низ мавриди танзим ќарор гирифтааст. Чунончї тибќи ќисми 1 моддаи 114 он «ба шахсоне, ки мўњлатњои мурофиавии муќаррарнамудаи ќонунро бо сабабњои узрнок эътирофнамудаи суд гузаронидаанд, ин мўњлатро суд метавонад барќарор намояд». Ин талаботи моддаи 114 Кодекс ба њама гуна мўњлатњои мурофиавї, аз љумла барќароркунии мўњлати гузаронидашудаи овардани шикоят ва эътироз дар хусуси аз нав ба тариќи назоратї дидани санади судї низ пурра татбиќ мегардад. Суди конститутсионї ваљњи Санокина Л.Г.-ро дар хусуси ба моддаи 45 Конститутсия мухолифат доштани ќисми дуюми моддаи 4 Ќонун ва ќисми дуюми моддаи 365 Кодексро беасос мењисобад, зеро дар моддаи зикршудаи Конститутсия масъалаи додани андозу пардохтњо танзим гардида, ќонуне, ки андози навро муќаррар ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамояд, ќувваи бозгашт надорад.

Бинобар ин, моддањои зикршудаи санадњои њуќуќии мавриди бањс ќарордодаи Санокина Л.Г. ба моддаи 45 Конститутсия мухолифат дошта наметавонанд. Њамин тариќ, ќисми дуюми моддаи 4 Ќонун ва ќисми дуюми моддаи 365 Кодекс ба моддањои 20 ва 45 Конститутсия мухолифат надошта, ќувваи бозгашт додани моддаи 365 Кодекс ва мўњлати яксолаи шикояти назоратї барои њифзи њуќуќу озодињои шањрвандон дар мўњлатњои кўтоњтарин имкониятњои зарурї фароњам меоранд. Суди конститутсионї дархости иловагии пешнињоднамудаи Зойиров Р.Њ.-ро дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми дуюми моддаи 4 Ќонун ва ќисми дуюми моддаи 365 Кодекс ба моддањои 5 ва 14 Конститутсия мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки моддањои зикршудаи Конститутсия масъалањои муњимтарини асосњои сохтори конститутсионї, аз ќабили арзиши олї эътироф шудани њуќуќу озодињои инсон ва дахлнопазир будани онњо, њамчунин мавридњои мањдуд намудани њуќуќу озодињоро пешбинї намуда, бевосита ба ќувваи бозгашт додани санадњои меъёрии њуќуќї, аз љумла ќисми дуюми моддаи 365 Кодекс ва мўњлатњои мурофиавии гражданї алоќамандї надоранд. Аз ин рў, ќисми дуюми моддаи 4 Ќонун ва ќисми дуюми моддаи 365 Кодекс ба моддањои 5 ва 14 Конститутсия низ мухолифат надоранд. Дар асоси гуфтањои боло ва мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 32, 36, 46-48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќ а р о р м е к у н а д:

1. Ќисми дуюми моддаи 4 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи ќабул ва мавриди амал ќарор додани Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон» ки тибќи он «амали талаботи ќисми дуюми моддаи 365 ба санадњои судие, ки то мавриди амал ќарор додани Кодекси мазкур ќабул гардидаанд, низ пањн мегардад» ва ќисми дуюми моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «нисбат ба санадњои судї ба суди марњилаи назоратї дар мўњлати як сол аз рўзи эътибори ќонунї пайдо кардани онњо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратї пешнињод гардад» ба моддањои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» мухолифат надоранд ва ба он мутобиќ мебошанд.

2. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш эътибор пайдо мекунад.

3. Ќарори мазкур дар «Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон», рўзномањои «Љумњурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.


Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

М.Мањмудов


Котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов


ЌА Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи пешнињоди судяи Суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе Шодиев Ш. Р. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати моддаи 17 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон ба ќисми 2 моддаи 17 ва ќисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 1 июли соли 2009

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва Назаров М.Н., бо иштироки котиби маљлиси судї Гулов П.Х.,

тарафњо:

Шодиев Ш.Р.- тарафе, ки бо пешнињоди ў мурофиаи Суди конститутсионї оѓоз карда шудааст,

Ватанов М.М.-намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї;

Мењмон Бахтї - намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї; Бобоев У. Х.- намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї - намояндагони тарафе, ки санади меъёрии њуќуќии ќабул, љонибдорї ва имзонамудаи онњо мавриди бањс карор дода шудааст,

Даъватшудагон:

Нуралиев Абдуњамид- Муовини прокурори генералии Љумњурии Тољикистон, Ќодиров Тоњир Ќамарович - Судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Ќурбонова Њилолбї Љумъаевна - Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Олимов Мадиброњим - Сардори Раёсати назорати иљрои ќонунњо оид ба парвандањои шањрвандии Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон, Каримова Њамро - Муовини Сардори Раёсати асноди њолати шањрвандии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон ва намояндагони созмонњои љамъиятї, дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар маљлиси ошкорои Суди конститутсионї парвандаро аз рўи пешнињоди судяи Суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе Шодиев Шўњрат Рањматљонович «Дар бораи муайян намудани мувофиќати моддаи 17 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон ба ќисми 2 моддаи 17 ва ќисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон баррасї намуда, маърўзаи судя Каримов К.М., баёноту хулосаи тарафњо ва иштирокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешнињодшуда ва дигар њуљљатњоро тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Судяи Суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе Шодиев Ш. Р. ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар пешнињоди худ ќайд менамояд, ки рўзи 8 октябри соли 2008 ба Суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе шањрванд Мирзоалиев Д.Ќ. бо аризаи даъвогї мурољиат карда, дар он бекор кардани акди никоњи худ ва њамсараш С.Мирзоалиеваро талаб намудаст.

Аммо суд бо таъиноти худ аз 17 октябри соли 2008 бо назардошти моддаи 17 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон соли 1998, №22), ки тибќи он «шавњар њуќуќ надорад њангоми њомиладории зан ва дар давоми якуним сол пас аз таваллуди кўдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани акди никоњ даъво пешнињод намояд», аризаи даъвогии ўро бе баррасї гузоштааст.

Ў ќайд менамояд, ки моддаи 21 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон дар сурати фарзандони ноболиѓ доштани зану шавњар ё дар њолати ба бекор кардани никоњ розї набудани зан ё шавњар ва дигар њолатњо бекор кардани акди никоњро аз тарафи суд пешбинї намуда бошад њам, аммо моддаи 17 Кодекси зикршуда бекор кардани акди никоњро бо ташаббуси шавњар имконнопазир гардондааст ва шавњар то бартараф гаштани њомиладории зан ва якунимсола шудани кўдакаш имконияти бе розигии зан бекор кардани акди никоњи худро надорад.

Ба аќидаи ў, муќаррароти моддаи 17 Кодекси оила ба талаботи ќисми 2 моддаи 17 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «мардон ва занон баробарњуќуќанд» ва ќисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «дар оиладорї ва бекор кардани акди никоњ зану шавњар баробарњуќуќанд» мухолифат дошта, он баробарњуќуќии конститутсионии марду занро дар масъалаи бекор кардани акди никоњ мањдуд месозад.

Аз ин рў, Шодиев Ш.Р. моддаи 17 Кодекси оиларо ба талаботи ќисми 2 моддаи 17 ва ќисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќнабуда њисобида, аз Суди конститутсионї беъэтибор донистани онро талаб намуда, ин талаби худро дар маљлиси судї низ дастгирї кард. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи мавриди бањс ќарордодаи Ш. Шодиевро њаматарафа тањлил намуда, ќайд менамояд, ки сиёсати давлатии Љумњурии Тољикистон оид ба оила аз Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, арзишњои миллї, наќш ва маќоми зан дар љомеаи Тољикистон ва принсипи ихтиёрї будани акди никоњи марду зан асос ёфта, он ба тањкими бунёди муносибатњои оилавї дар заминаи муњаббату эњтироми якдигар, афзалияти тарбияи кўдакон ва таъмини бештари њуќуќу манфиатњои аъзои ноболиѓи оила равона карда шудааст.

Чунончї, ќисми 1 моддаи 16 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948 эълом медорад, «мардон ва занон  дар мавриди аќди никоњ, дар давраи дар никоњи якдигар будан ва њангоми бекор кардани он баробарњуќуќанд».

Дар санади мазкур рукни таббиї ва асосии љамъият будани оила махсус нишон дода шуда, ќайд карда мешавад, ки «модарону кўдакон ба васоят ва кўмаки махсус њаќ доранд.»

Минбаъд заминањои њуќуќии оила, баробарњуќуќии марду зан дар муносибатњои оилавї ва мавќеи модару кўдак дар як ќатор санадњои њуќуќии байналмилалї инкишофи њамаљонибаи худро ёфтаанд.

Аз љумла, моддаи 10 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи иќтисодї, иљтимої ва фарњангї, ки бо ќатъномаи 2200 А (XXI) Ассамблеяи Генералии СММ аз 16 декабри 1966 ќабул ва аз тарафи Љумњурии Тољикистон аз 4 апрели соли 1999 тасдиќ шудааст, чунин пешбинї менамояд: «Давлатњои ширкаткунандаи њамин Паймон эътироф мекунанд, ки:

1. Модарон бояд дар давоми давраи ќобили ќабул то таваллуд ва баъди он бо ѓамхории махсус фаро гирифта шаванд» Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї, ки бо ќатъномаи зикршудаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 16 декабри 1966 ќабул ва аз тарафи Љумњурии Тољикистон аз 4 апрели соли 1999 тасдиќ шудаааст, пешбинї менамояд, ки «давлатњои ширкаткунандаи Паймон бояд барои таъмини баробарии њуќуќ ва ўњдадорињои зану шавњар дар мавриди акди никоњ, дар давраи дар никоњи якдигар будан ва њангоми бекор кардани он тадбирњои мушаххас андешанд. Дар њолати бекор карда шудани никоњ бояд њимояи зарурии њамаи фарзандон пешбинї гардад.»

Конвенсия дар бораи њуќуќи кўдак, ки бо ќатъномаи 44/25 Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 ноябри соли 1989 ќабул ва аз тарафи Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон 26 июни соли 1993 тасдиќ шудааст, муќаррар менамояд, ки «ба кўдак барои инкишофи пурра ва њамаљонибаи шахсияти ў зарур аст, ки дар муњити оила, дар фазои хушбахтї, муњаббат ва ѓамхорї инкишоф ёбад». Љумњурии Тољикистон бо эътироф намудани санадњои њуќуќии зикршудаи байналмилалї ва такя ба арзишњои фарњангии худ оиларо њамчун рукни муњимтарини љомеа арзёбї намуда, ѓояњои асосии онњоро дар Конститутсия ва ќонунгузории худ инъикос намудааст.

Чунончї, ќисми 2 моддаи 17 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон баробарњуќуќии марду занро дар тамоми муносибатњои љамъиятї эълон намуда, принсипи мазкурро асоси бунёди оила мењисобад.

Моддаи 33 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «давлат оиларо њамчун асоси љамъият њимоя мекунад», ба њифзи оила, модар ва кўдак нигаронида шуда, фазои њуќуќиеро фароњам овардааст, ки механизми иљрои он дар Кодекси оила ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї муќаррар гардидааст. Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки принсипи баробарњуќуќии марду зан дар масъалаи бекор кардани аќди никоњ дар ќаринаи њифзи њуќуќу манфиатњои молумулкї ва ѓайримолумулкии зани њомила, модари тифли ширхорадошта, афзалияти тарбияи кўдак ва ѓамхорї нисбати рушду камоли он ва таъмини бештари њуќуќу манфиатњои модару кўдак мавриди бањрабардорї ќарор мегирад, зеро меъёри «кўдакон ба васоят ва кўмаки махсус њаќ доранд» талаб менамояд, ки ба кўдакон њамчун ба шахсони ба камолоти љисмонї ва фикрї нарасида, ба ѓамхории махсус ва муњофизату тарбия мўњтољбуда муносибат намуда, дар њолати зарурии пешбининамудаи ќонунгузорї њуќуќу манфиатњои онњоро аз манфиати волидай нашон боло гузорем.

Моддаи 17 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон њуќуќи шавњарро оид ба бекор кардани аќди никоњ мањдуд намуда, принсипи ќонунгузории оиларо, ки тибќи он њуќуќи баъзе аз аъзои оила метавонад то андозаи барои ахлоќ, саломатї, њуќуќу манфиатњои дигар аъзои оила зарур мањдуд карда шавад, мушаххас менамояд. Дар ин њолат ќонунгузор њадди баланди њифзи саломатї, њуќуќу манфиатњои молумулкї ва ѓайримолумулкии зани њомила, модари тифли ширхораро муќаррар намуда, талаби бекор намудани аќди никоњро дар њолати пешбининамудаи моддаи 17 Кодекси оила аз љониби шавњар манъ кардааст. Муќаррароти пешбининамудаи ќисми 6 моддаи 1 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «њуќуќи шањрвандон дар оила дар асоси ќонунгузорї дар бораи оила ва дар њадде, ки бо маќсади муњофизати њуќуќ, манфиатњои ќонунї, ахлоќ, саломатии дигар аъзои оилаи шањрвандон лозим мебошад, мањдуд карда мешавад» ба ќисми сеюми моддаи 14 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрванд танњо ба маќсади таъмини њуќуќ ва озодињои дигарон, раво дониста мешавад» мувофиќ мебошад.

Аз тарафи дигар, муњимтарин ва арзишмандтарин самти санадњои њуќуќии байналмилалї ва ќонунгузории миллї дар он зоњир мегардад, ки дар њама соњањои ќонунгузорї, аз љумла љиноятї, маъмурї, мењнатї, оилавї ва ѓ. хусусиятњои љисмонию биологии зан ва мавќеи љамъиятии ў њамчун офаранда ва давомдињандаи насли инсоният ба эътибор гирифта шуда, он дар ягон њолат ба принсипи баробарњуќуќии марду зан мухолиф гузошта нашудаст, яъне баробарњуќуќии мардону занон танњо дар њолати ба эътибор гирифтани хусусиятњо ва мавќеи љамъиятии дар боло зикршудаи зан пурра эътироф карда мешавад.

Ваљњи дигари Шодиев Ш.Р. дар хусуси он, ки мањдудияти пешбини намудаи моддаи 17 Кодекси оила танњо ба мардон мањсуб буда, занон дар давраи њомиладорї ва баъди таваллуди кўдак то якунимсолагї дар бекор кардани аќди никоњи худ озод мебошанд ва ин њолат баръало аз нобаробарии марду зан дар бекор намудани аќди никоњ шањодат медињад, бе асос буда, бо далелњои дар боло зикршуда рад карда мешавад. Ин имтиёзи зан ба њељ ваљњ њидояти аз тарафи ў суистеъмол намудани мавќеи њуќуќиашро дар бекор кардани аќди никоњ надорад ва баръакс ин њолат бори дигар аз мавќеъ ва масъулияти он дар таваллуд, тарбия ва ба љомеа пешкаш намудани фарзанди солим шањодат дода, чунин муќаррарот ба ќисми 1 моддаи 34 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикисон тавъам аст, ки тибќи он «модару кўдак тањти њимоя ва ѓамхории махсуси давлатанд».

Њамин тариќ, моддаи 17 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон, ки он њангоми њомиладории зан ва дар давоми якуним сол пас аз таваллуди кўдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани акди никоњ даъво пешнињод намудани шавњарро манъ менамояд, бо назардошти афзалияти тарбияи кўдакон, иштироки якљояи падару модар дар раванди нигоњубини онњо, дастгирии моддию рўњии модар дар давраи њомиладорию баъди он, ѓамхорї нисбати модару кўдак, рушду камол ва таъмини бештари њуќуќу манфиатњои онњо ќабулгардида, ба ќисми 2 моддаи 17 ва ќисми 2 моддаи 33 Конститутсия мухолифат надорад ва баробарњуќуќии конститутсионии марду занро поймол намекунад.

Дар асоси гуфтањои боло ва мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи(Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 32, 36, 46-48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќ а р о р м е к у н а д:

1. Моддаи 17 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон соли 1998, №22), ки тибќи он «шавњар њуќуќ надорад њангоми њомиладории зан ва дар давоми якуним сол пас аз таваллуди кўдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани акди никоњ даъво пешнињод намояд» ба ќисми 2 моддаи 17 ва ќисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошад.

2. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш эътибор пайдо мекунад.

3. Ќарори мазкур дар «Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон», рўзномањои «Љумњурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

М.Мањмудов


Котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

К. Каримов




ТАЪИНОТИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН



ТАЪИНОТИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Дар бораи таъсиси Шўрои илмї-машваратї дар назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 2 июли соли 2009 ш. Душанбе

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва Назаров М.Н.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Гулов П.Х., бо маќсади тањия ва омода намудани тавсияњои илман асосноки масъалањои њуќуќї, мутобиќи моддањои 47 ва 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон»

т а ъ и н к а р д :

1. Дар назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Шўрои илмї-машваратї дар њайати зерин таъсис дода шавад:

Холиќов К.Н. - декани факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќ, дотсент (Раиси Шўроиилмї-машваратї);

аъзои Шўрои илмї-машваратї:

Тоњиров Ф.Т.-Директори Институти давлат ва њуќуќи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор; Менглиев Ш.М. - мудири кафедраи њуќуќи байналмилалии Донишгоњи миллии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор;

Сотиволдиев Р.Ш. - мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи Донишгоњи миллии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор;

Таѓойназаров Ш.Т. - мудири кафедраи њуќуќи граждании Донишгоњи миллии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор;

Шарипов Т.Ш. – мудири кафедраи њуќуќи љиноятии Донишгоњи миллии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ;

Элназаров Д.- декани факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи славянии Тољикистон-Россия, номзади илмњои њуќуќ;

Солењов К.Њ. - муовини Сардори Академияи ВКД Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќ;

Искандаров З.Њ.-мудири кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории Донишгоњи миллии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќ, дотсент;

Ойев Х. - мудири кафедраи њуќуќи конститутсионии Донишгоњи миллии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќ, дотсент;

Шонасриддинов Н.Ш. –мудири кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорати Донишгоњи миллии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќ, дотсент;

Шомањмадов Б.А.- дотсенти кафедраи њуќуќи граждании Донишгоњи миллии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќ;

Мустафоќулов Ш.М. - судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;

Муќбилшоев Б.- судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;

Сафарова Н.Д.- судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;

Хољаев И. – судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;

Эмомов Н.Э. - судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда.

3.Шўрои илмї-машваратї лоињаи Низомномаи Шўрои илмї-машваратї дар назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро то 1 октябри соли 2009 барои тасдиќ ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињод намояд.

4.Шўрои илмї-машваратї метавонад ба кори худ мутахассисони дигар соњањои илм ва амалияро љалб намояд.


Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

М.Мањмудов


Котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

К. Каримов




НАВИДЊОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН



НАВИДЊОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


18 майи соли 2009 дар Иљлосияи нуздањуми Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон даъвати дуюм Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Хољаев И. ва судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Муќбилшоев Б. бинобар ќонеъ гардонидани аризаи ба истеъфо рафтанашон аз мансаби ишѓолнамудаашон бозхонд карда шуданд.

Дар иљлосияи мазкур бо пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ва дар асоси ќарори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Мањмудов Мањкам Азамович - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Гулзорова Муњаббат Мамадкаримовна - судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон интихоб гардиданд.

Маълумот МањмудовМ.А.соли1957таваллуд шудааст, миллаташ тољик, тањсилоташ олї, соли 1979 факултети њуќуќшиносии Университети давлатии Тољикистон ба номи В.И. Ленинро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Аз соли 1979 то 1993 ассистент, аспирант, муаллими калон, дотсент, профессори кафедраи њуќуќи граждании Университети давлатии Тољикистон ва аз соли 1993 то соли 2006 дар вазифаи декани факултети њуќуќи Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон фаъолият намудааст. Аз моњи феврали соли 2006 то майи соли 2009 муовини Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон ва баъдан дар мансаби муовини аввали Роњбари Дастгоњи иљроияи ПрезидентиЉумњурии Тољикистон ифои вазифа кардааст.

Аз соли 2002 то 18 майи соли 2009 узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон. Аз соли 2005 то 18 майи соли 2009, яъне то ба вазифаи Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон интихоб гардиданаш Раиси кумитаи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љмњурии Тољикистон оид ба таъмини асосњои конститутсионї, њуќуќу озодињои инсон, шањрванд ва ќонуният интихоб шуда буд. Академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор. Муаллифи зиёда аз 200 асарњои илмї ва илмию-оммавї мебошад.

Мањмудов М.А. дорандаи унвони фахрии «Њуќуќшиноси шоистаи Љумњурии Тољикистон», бо мукофотњои давлатии «Ордени Исмоили Сомонї» дараљаи II, ордени “Содружество” ва медалњо сарфароз гардидааст. Судяи дараљаи олии тахассусї. Оиладор, соњиби 3 фарзанд.

9 июни соли 2009 дар маљлиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон парванда оид ба дархости шањрванд Санокина Л.Г. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 2 моддаи 4 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи ќабул ва мавриди амал ќарор додани Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон» ба моддањои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї карда шуд. Дар мурофиаи конститутсионї намояндагони Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї намояндагони тарафе, ки санади меъёрии њуќуќии ќабул, љонибдорї ва имзогузоштаи онњо мавриди бањси судї ќарор гирифтааст, инчунин намояндагони даъватшуда аз Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ва дигар вазорату идорањои љумњурї иштирок намуданд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи мазкурро пурра ва њаматарафа баррасї намуда, ќарор ќабул кард, ки мувофиќи он ќисми 2 моддаи 4 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи ќабул ва мавриди амал ќарор додани Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон», ки тибќи он «амали талаботи ќисми дуюми моддаи 365 ба санадњои судие, ки то мавриди амал ќарор додани Кодекси мазкур ќабул гардидаанд, низ пањн мегардад» ва ќисми дуюми моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «нисбат ба санадњои судї ба суди марњилаи назоратї дар мўњлати як сол аз рўзи эътибори ќонунї пайдо кардани онњо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратї пешнињод гардад» ба моддањои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолифат надоранд, мўњлати яксола барои овардани шикояти назоратї имконият медињад, ки дар мўњлати кўтоњтарин њуќуќу озодињои иштирокчиёни мурофиа њифз карда шавад.

23 июни соли 2009 дар Суди вилояти Хатлон вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. ва судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо судяњои Суди вилоятї, судњои ноњиявї ва шањрии вилояти Хатлон баргузор гардид. Инчунин дар вохўрї муовини Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон Шоев И.Н. ширкат варзид.

Баъди баромади Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. оид ба Барномаи ислоњоти судию њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон байни иштирокчиён љињати амалишавии Барномаи мазкур мубодилаи афкор баргузор гардид. Махсусан ќайд карда шуд, ки судяњо њамчун субъекти мурољиат ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон имкониятњои худро дар такмили ќонунияти конститутсионї ва ќонунгузории љории Љумњурии Тољикистон на он ќадар самаранок истифода мебаранд.

1 июли соли 2009 маљлиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баргузор шуд, ки дар он парванда аз рўи пешнињоди судяи Суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе Шодиев Ш.Р. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати моддаи 17 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон ба ќисми 2 моддаи 17 ва ќисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї карда шуд.

Дар мурофиаи конститутсионї намояндагони Маљлиси миллї, Маљлиси намояндагон ва Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, инчунин намояндагони даъватшуда аз Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Раёсати асноди њолати шањрвандии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон ва намояндагони ташкилотњои љамъиятї иштирок намуданд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар мурофиаи мазкур ќарор ќабул намуд, ки мувофиќи он моддаи 17 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон дар хусуси он, ки њангоми њомиладории зан ва дар давоми якуним сол пас аз таваллуди кўдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани аќди никоњ даъво пешнињод намудани шавњар манъ аат, ба ќисми 2 моддаи 17 ва ќисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолифат надорад ва он бо назардошти афзалияти тарбияи кўдакон, иштироки якљояи падару модар дар раванди нигоњубини онњо, дастгирии моддию рўњии модар дар давраи њомиладорию баъди он, ѓамхорї нисбат ба модару кўдак, рушду камол ва таъмини бештари њуќуќу манфиатњои онњо ќабул гардидааст.

2 июли соли 2009 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тањти раёсати Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. маљлиси Суди конститутсионї баргузор шуд, ки ба он судяњои дар истеъфобудаи Суди конститутсионї, олимони соњаи њуќуќи мамлакат аз Институти давлат ва њуќуќи АИ Љумњурии Тољикистон, факултетњои њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон, Донишгоњи славянии Тољикистону Россия, Академияи ВКД Љумњурии Тољикистон даъват карда шуданд. Мувофиќи моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар назди Суди конститутсионї Шўрои илмї-машваратї дар њайати 17 нафар таъсис дода шуд, ки ба он судяњои дар истеъфобудаи Суди конститутсионї ва олимони намоёни соњањои њуќуќи мамлакат дохил мешаванд.

13 июли соли 2009 дар доираи Барномаи «Дастгирии ислоњоти судию њуќуќї дар кишварњои Осиёи Марказї» вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. ва судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Абдуллоев А.А. бо Роњбари Барномаи Љамъияти Олмонї оид ба њамкорињои техникї дар Тољикистон Љаноби Йорг Пуделка ва њуќуќшиноси барномаи мазкур Катлин Крюгер баргузор шуд.

Дар љараёни вохўрї Мањмудов М.А. ба мењмонон оид ба корњои анљомдодашуда дар љумњурї дар доираи амалишавии ислоњоти судию њуќуќїваонтаѓйируиловањое,кибаЌонуниконститутсионииЉумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» аз љониби Парламенти мамлакат дароварда шуданд, маълумот дод.

Љонибњо дар рафти сўњбат оид ба масъалањои муњими мурофиаи судии конститутсионї ибрози назар намуда, аз љумла зикр намуданд, ки адолати судии конститутсионї аз љумлаи он стандартњои љомеаи демократї мебошад, ки аз љониби љомеаи љањонї пазируфта шудааст. Адолати судии конститутсионї нињоди људонопазири сохтори давлатии аксари давлатњои соњибистиќлоли њудуди собиќ Иттињод Шўравї шудааст. Њамчунин љонибњо дар раванди машварат манфиат ва омодагии худро дар самти густариши њамкории тарафайн ва анљом додани амалњои мушаххас иброз намуданд.

22-23 июли соли 2009 дар шањри Кишинёви Љумњурии Молдова Конференсияи байналмилалї дар мавзўи: «Арзишњои конститутсионї-омилњои асосии тањкимбахши сохти демократї», бахшида ба 15-солагии рўзи ќабули Конститутсияи Љумњурии Молдова баргузор шуд.

Дар Конференсияи мазкур намояндагони Судњои конститутсионї аз 19 давлати љањон, инчунин намояндагони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо иштирок намуданд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро Мањмудов М.А. - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Абдуллоев А.А. - судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон намояндагї намуданд.

Иштирокчиёни Конференсияро Президенти Љумњурии Молдова Владимир Воронин хайра маќдам гуфт. Дар љараёни кори дурўзаи Конференсияи мазкур наздикии 20 маърўзаву баромадњо оид ба арзишњои конститутсионї њамчун омилњои асосии мустањкамї ва рушди давлатњои демократї шунида шуданд. Мубодилаи афкор баргузор гардид ва таљрибањои корї оид ба масъалањои васеи мурофиаи судии конститутсионї мавриди баррасї ќарор дода шуданд.

6-7 августи соли 2009 Дафтари Созмони амният ва њамкорї дар Аврупо (САЊА) дар Тољикистон дар њамкорї бо Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон ва Институти Даниягї оид ба њуќуќи инсон дар Кохи Вањдат (шањри Душанбе) љаласаи муќаддамотиро барои баррасии ўњдадорињои кишвар дар љодаи њуќуќи инсон оид ба мавзўи «Дастовардњо ва норасоињо дар соњаи њуќуќи инсон» барпо намуданд. Дар љаласаи мазкур намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси Олї, Суди конститутсионї ва Суди Олї, Прокуратураи генералї, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї, вазорату кумитањо, созмонњои байналмилалї, сафоратхонањо, њизбњои сиёсї ва љомеаи шањрвандї иштирок доштанд.

Судяи Суди конститутсионии Љмњурии Тољикистон Абдуллоев А.А. ва мудири шўъбаи таъминоти њуќуќии фаъолияти судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Рауфов М.М. дар ин љаласа ширкат намуданд.

Дар љараёни љаласа масъалањои муњими ба соњаи њуќуќи инсон дахлдошта дар Тољикистон мавриди муњокима ва баррасї ќарор дода шуданд.

12 августи соли 2009 Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тољикистон дар якљоягї бо Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон бахшида ба 60-умин солгарди ќабули Конвенсияњои Женевагї (соли 1949) мизи мудаввар баргузор намуданд.

Дар мизи мудаввар намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Суди конститутсионї ва Суди Олї, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, вазорату кумитањо, намояндагињои созмонњои байналмилалии СММ, САЊА, СЊШ ва љомеањои шањрвандї иштирок доштанд.

Аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар кори мизи мудаввар судяи Судяи Суди конститутсионї Абдуллоев А.А. иштирок намуд.

Дар нишасти мазкур ќайд гардид, ки солњои охир дар Тољикистон оид ба имплементатсияи Конвенсияњои Женевагї ва дигар санадњои њуќуќи байналмилалї дар соњаи њуќуќи байналмилалии гуманитарї (башардўстї) корњои зиёде ба анљом расонида шуданд.

4 сентябри соли 2009 ба истиќболи љашни Истиќлолияти Давлатї дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон Конференсияи илмї-амалї баргузор гардид. Дар кори он Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., судяи Суди конститутсионї Гулзорова М. ва дигар кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї иштирок намуданд. Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. дар мавзўи «Истиќлолияти давлатї њамчун заминаи ислоњоти конститутсионї дар Тољикистон» маърўза кард.

8 сентябри соли 2009 дар Суди конститутсионї маљлиси коллективи Суди конститутсионї баргузор гардид. Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. иштирокчиёни онро ба муносибати 18-умин солгарди Истиќлолияти Давлатии Љумњурии Тољикистон табрик намуда, барои фаъолияти пурсамар ба як ќатор судяњо ва кормандони дастгоњ Ифтихорномаи Суди конститутсиониро супурд.

Аз 1 то 3 октябри соли 2009 дар шањри Еревани Љумњурии Арманистон бо ибтикори Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон, Конфронси маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи љавон, Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути њуќуќ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо), Ассотсиатсияи байналмилалии њуќуќи конститутсионї, Намояндагии Еревании Созмони бехатарї ва њамкорї дар Аврупо конференсияи XIV байналмилалї дар мавзўи «Таљрибаи байналмилалии њамкории судњои конститутсионї ва парлумонњо дар таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони созмонњои байналмилалї, намояндагони судњои конститутсионї ва парлумонњои 27 давлатњои Аврупо, Осиё, ва Африќо, аз љумла Котиби генералии Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо Дж. Букикио, Раиси палатаи суди Аврупо оид ба њуќуќи инсон, иштирок намуданд. Намояндагии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва ду судяњои Суди конститутсионї дар кори конференция ширкат варзиданд.

Дар конфронс зиёда аз 30 маърўза, аз љумла маърўзаи Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. дар мавзўи «Наќш ва мавќеи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикион дар таъмини волоияти Конститутсия» шунида шуданд. Конститутсия аз тарафи иштирокчиёни конференсия бузургтарин њуљљат ва дастоварди сиёсию њуќуќии љомеаи инсонї, таъминкунандаи низоми боссуботи давлатдорї арзёбї гардида, наќши маќомоти назорати конститутсионї дар таъмини волоияти меъёрњои он махсус ќайд карда шуд. Дар конференсия, инчунин лоињаи Оинномаи Конференсияи умумиљањонї оид ба адолати суди конститутсонї мавриди муњокима ќарор дода шуда, аз љониби намояндагони давлатњои аъзои Конференсияи маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи љавон дастгирї ёфт.

Дар рафти конференция вохўрињои дуљонибаи намояндагони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо Дж. Букикио - Котиби генералии Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, Арутунян- Раиси Конференсияи маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи љавон-Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон, бо њайати намояндагии Судњои конститутсионии Латвия, Молдова, Беларусь, Федератсияи Россия, Алљазоир, Чехия баргузор гардиданд. Оид ба доираи васеи масъалањо ва таљриба адолати суди конститутсионї табодули назар карда шуд.

20 октябри соли 2009 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба 15-умин солгарди Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва наќши он дар эъмори давлати соњибистиќлоли Тољикистон» мизи мудаввар доир гардид. Дар кори он намояндагони судњои олии љумњурї, Прокуратураи генералї, Шўрои адлия, Вазорати адлия, дигар вазорату идорањои љумњурї, олимону мутахассисони соњаи њуќуќ, намояндагони љомеаи шањрвандї иштирок намуданд.

Мизи мудавварро бо сухани ифтитоњї Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон академик Мањмудов М. А. кушода, оид ба ањамияти сиёсию њуќуќии ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон маълумот дод. Сипас иштирокчиёни мизи мудавварро ба 15-умин солгарди Конститутсия Мушовири давлатии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба сиёсати њуќуќї-намояндаи комилњуќуќи Президенти Љумњурии Тољикистон дар Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Салимзода Ш. О., Раиси Суди Олии Љумњурии ТољикистонАбдуллоевН.А.ваВазириадлияиЉумњурииТољикистон Худоёров Б.Т. табрик намуда, наќш ва ањамияти Конститутсияро дар рушду тањкими њаёти сиёсию иќтисодї ва иљтимоию фарњангии љомеаи Тољикистон ќайд намуданд.

Дар рафти мизи мудаввар зиёда аз дањ маърўза оид ба ањамияти таърихии Конститутсия ва наќши он дар бунёди давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона, инчунин љомеаи шањрвандї ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд шунида ва муњокима гардиданд.


ХОНАНДАИ ГИРОМИЌАДР

Бо ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон (1994) дар сањифаи таърихи навини кишварамон як ќатор рўйдодњои муњими сиёсию њуќуќї ва иљтимоию фарњангї рўи кор омаданд. Падидаи таљзияи њокимияти давлатї ба ќонунгузор, иљроия ва судї аз ќабили он дастовардњои сиёсию њуќуќие мебошанд, ки ба таъсиси њокимияти мустаќили судї, аз љумла маќоми махсуси назорати конститутсионї дар мамлакат заминаи воќеї фароњам овард.

Дар моддаи 89 Конститутсия салоњияти Суди конститутсионї пешбинї гардида, дар асоси талаботи он 3 ноябри соли 1995 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ќабул гардид.

Тибќи талаботи муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии зикршуда, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 7 нафар судяњо иборат буда, он бо салоњият ва тарзу усули хоси фаъолият, инчунин субъектњои ба он мурољиаткунанда аз дигар судњои низоми њокимияти судї фарќ дорад. Салоњияти асосии Суди конститутсионї - ин муайян намудани мувофиќати ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќї, аз љумла шартномањои байналмилалии ба ќувваи ќонун надаромадаи Тољикистон ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, яъне таъмини волоияти Конститутсия дар ќаламрави давлат ба њисоб меравад.

Дар тўли на чандон дуру дарози фаъолият, Суди конститутсионї мавќеи худро дар миёни дигар маќомоти олии њокимияти давлатї соњиб гардида, бо ќарору њалномањои худ дар тањкими асосњои сохтори конститутсионї, тањкими ќонуният ва тартиботи конститутсионї наќши муњим бозид. Соли равон ба ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон 15 сол пур мешавад ва дар арафаи ин љашни бузург бори аввал нашр гардидани Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон барои кормандони маќомоти њокимияти судї ва њифзи њуќуќи мамлакат, инчунин ихлосмандони соњаи њуќуќи конститутсионї тўњфаи арзандае хоњад гардид.

Мундариљаи он аз маќолаю маърўзањои Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон, маќолањои судяњои Суди конститутсионї ва дигар маќомоти судї ва њифзи њуќуќ, олимону мутахассисон ва њуќуќшиносони мамлакат, инчунин аз санадњои Суди конститутсионї ва инъикоси фаъолияти касбии он иборат мебошад. Умед дорем, ки Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар тањкими фарњанги њуќуќию љомеаи Тољикистон ва њокимияти судї наќши муњим хоњад бозид.

Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Мањмудов М.А.


МУНДАРИЉА

Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї

Рањмон ба муносибати рўзи Истиќлолияти давлатї. 8 сентябри

соли 2009………....................................................................................…..5

Мањмудов М.А. Суди конститутсионї - маќоми мустаќили

њокимияти судї оид ба њифзи Конститутсия ……………………..…..….11

Сотиволдиев Р. Ш. Ањамияти байналмилалї ва фарњангии КонститутсияиЉумњурииТољикистон ……………….....................................24

ќарорњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1) Доир ба парванда аз рўи мурољиати Ќ.Аќназаров - намояндаи Ширкати байналхалќии тиљоратии «Айренген-ЛТД» «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми 3 моддаи 270 Кодекси Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии иќтисодї ба ќисми 1 моддаи 1, ќисми 2 моддаи 5, ќисми 3 моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17, ќисми 1 моддаи 19 ва ќисми 2 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон аз 13 майи соли 2009….….32

2) Оид ба парванда аз рўи мурољиати шањрванд Санокина Л. Г. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми дуюми моддаи 4 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи ќабул ва мавриди амал ќарор додани Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон» ба моддањои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 9 июни соли 2009…………………..................................................................... ….40

3) Оид ба парванда аз рўи пешнињоди судяи Суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе Шодиев Ш.Р. «Дар бораи муайян намудани мувофиќати моддаи 17 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон ба ќисми 2 моддаи 17 ва ќисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 1 июли соли 2009 ....................................................................................................................46

Таъиноти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Таъиноти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз

2 июли соли 2009 «Дар бораи таъсиси Шўрои илмї-машваратї дар

назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон».…................. .....53

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон………...... .... 56