22:14:44 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№4) 2011

 

 

Нашрия аз љониби Вазорати федеролии Олмон оид ба њамкорї
ва рушд тавассути Барномаи «Дастгирии ислоњоти њуќуќї ва
судї дар давлатњои Осиёи Марказї» да
р Тољикистон
«Deutsche Gesellschaft f
ür Internationale Zusammenarbeit
(GIZ) GmbH» (Љамъияти олмонии њамкории
байналмилалї) маблаѓгузорї шудааст.

 

 

 

Нашрия ройгон пањн карда мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

Издание финансировано Федеральным Министерством по экономическому сотрудничеству и развитию Германии посредством Программы «Поддержка правовых и судебных реформ в государствах Центральной Азии» в Таджикистане «Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH» (Германское общество по международному сотрудничеству).

 

 

 

Издание распространяется бесплатно.

 

 


АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(№4) 2011



Душанбе - 2011


 

Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни)
Љумњурии Тољикистон)




Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, Академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

 

 

Њайати тањририя:

Назаров М. Муовини Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, номзади

илмњои сиёсї

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Сотиволдиев Р. Ш. Мудири кафедраи назария ва таърихи

давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори

илмњои њуќуќ, профессор


 

 

 

 

 

© Нашрияи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, 2011.

 



ТАФОЊУМНОМА

дар бораи њамкорї миёни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Украина


 

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Украина, ки дар зер Тарафњо номида мешаванд, принсипњои истиќлолияти давлатиро ба асос гирифта, масъулияти худро дар бобати њифз, таъмини волоияту амали бевоситаи Конститутсия ва њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро дарк намуда;

зимни хоњиши рушди њамкорї ва мубодилаи таљрибаи мусоидат ба андешидани чорањо љињати ноил гардидан ба натиљањои амалї дар соњаи њифз, таъмини волоияту амали бевоситаи Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд;

бо итминон ба он ки њамкорї ва мубодилаи таљрибаи дар соњаи њифз, таъмини волоияту амали бевоситаи Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ба рушди минбаъда ва тањкими муносибатњои халќњои њарду мамлакат мусоидат менамояд; зимни хоњиши мусоидат кардан ба њалли сариваќтии масъалањои њамкории ба њамдигар муфид; арзиши олї будани њуќуќњои инсон ва шањрвандро эътироф карда, ба мувофиќаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Тарафњо мутобиќи Тафоњумномаи мазкур ва ќонунгузории миллии давлати худ дар асоси баробарњуќуќї, ба њамдигар муфид ва риояи меъёру принсипњои маќбули умум њамкорї ва мубодилаи таљриба дар соњаи њифз, таъмини волоияту амали бевоситаи Конститутсия, њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро сурат медињанд.

Моддаи 2

Тарафњо мавзўъњои дар моддаи 1 Тафоњумномаи њамкории мазкур дарљёфтаро дар самтњои зерин амалї менамоянд:

– мубодилаи таљриба ва иттилоот оиди конститутсияњои Тарафњо,

ќонунгузорї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии вобаста ба фаъолияти Судњои конститутсионї;

– мубодилаи таљриба ва иттилоот оиди ташкили фаъолияти

Суд њои конститутсионї ва маќоми судяњои Судњои конститутсионии Тарафњо;

– мубодилаи таљриба ва иттилоот дар соњаи тартиби интихоб,

таъин кардан ва њайати Судњои конститутсионии Тарафњо;

– мубодилаи таљриба ва иттилоот вобаста ба салоњиятњои Судњои

конститутсионии Тарафњо;

– мубодилаи таљриба ва иттилоот дар соњаи ќоида ва принсипњои

истењсолоти судии Судњои конститутсионии Тарафњо;

– мубодилаи таљриба ва иттилоот вобаста ба соњаи зертобеи ятии парванда ва субъектњои мурољиат ба Судњои конститутсионии Тарафњо;

– мубодилаи таљриба ва иттилоот вобаста ба иштирокчиёни

истењсолоти судии Судњои конститутсионии Тарафњо, њуќуќу ўњдадорињои онњо;

– мубодилаи таљриба ва иттилоот дар соњаи тартиби оѓоз кардани истењсолоти судии Судњои конститутсионї ва баррасии парванда дар Судњои конститутсионї;

– мубодилаи таљриба ва иттилоот вобаста ба ќабули ќарорњо аз љониби Судњои конститутсионии Тарафњо;

 

– мубодилаи таљриба ва иттилоот вобаста ба фаъолияти ташкилии Судњои конститутсионии Тарафњо;

– мубодилаи таљриба ва иттилоот оид ба кафолатњои иљтимоии мустаќилияти судяњои Судњои конститутсионии Тарафњо.

Моддаи 3

Тарафњо мавзўъњои дар моддаи 2 Тафоњумномаи њамкорї дарљёфтаро дар асоси ризоияти миёни њамдигар ба даст омада бо роњњои

зерин амалї мегарданд:

– ташрифи байнињамдигарии њайатњои Судњои конститутсионї љињати шинос шудан ва омўзиши таљрибаи кор;

– иштирок ва гузаронидани симпозиумњо, семинарњо, конфронсњо, љаласањои коршиносон ва гурўњњои корї;

– мубодилаи иттилооти илмї-техникї ва меъёрии њуќуќї;

– мубодилаи мутахассисон бо маќсади омўзиши фаъолияти амалии дастгоњњои Судњои конститутсионї;

– њамкорї дар омодасозї ва бозомўзонии кадрњо бо роњи ташкили коромўзї ва истифодаи дигар шаклњои такмили тахассус.

Тарафњо метавонанд иловатан шаклњои дигари њамкориро бо њам мувофиќа намоянд.

Моддаи 4

Тарафњо дар рафти амалї гардонидани Тафоњумномаи мазкур талаботи ќонунгузории миллиро вобаста ба њифзи иттилооти махфї ба эътибор мегиранд ва риоя менамоянд.

Моддаи 5

Тарафњо бо мувофиќаи њамдигар метавонанд, ба Тафоњумномаи мазкур таѓйиру иловањо ворид намоянд, ки зимни Протоколњои алоњида тартиб карда мешаванд ва онњо ќисми људонопазири Тафоњумномаи мазкур буда, тибќи моддаи 7 Тафоњумномаи мазкур ќувваи амал пайдо мекунанд.

Моддаи 6

Бањсу ихтилофњое, ки дар мавриди тафсири ќоидањои Тафоњумномаи мазкур пеш меоянд, бо роњи машварату гуфтушунидњои байнињамдигарї њаллу фасл карда мешаванд.

Моддаи 7

Тафоњумномаи мазкур аз лањзаи имзо ќувваи амал пайдо менамояд ва дар давоми 5 сол амал мекунад. Агар њељ яке аз Тарафњо дар давоми шаш моњи то хатми давраи дахлдори панљсола дар бораи хоњиши ќатъи амали Тафоњумнома хаттї изњор нанамоянд, амали Тафоњумномаи мазкур барои панљ соли оянда дароз мегардад.

Дар шањри Киев «15» декабри соли 2011 дар ду нусхаи асл бо забонњои тољикї ва украинї тартиб карда шуд, ки матнњо баробарасл мебошанд.


____________________________

Аз љониби Суди конститутсионии Украина Головин А.С.

_________________________

Аз љониби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А.


 

Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон,

доктори илмњои њуќуќ, профессор,

академики АИЉТ

МЕХАНИзМЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛї ВА МИЛЛИИ

ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ ЊОЛАТЊОИ ШИКАНЉА

Тољикистон дар роњи эъмори љомеаи демок ратї дар тўли солњои истиќлолият ба натиљањои муайян ноил шуд, ки онњо дар бењтар гардидани фазои демок ра тии мамлакат, ки ба эњтироми арзиш њои олии инсонї такя мекунад, инъикос гардидаанд.

Ба чунин дастовардњо ба боварии комил метавон ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољи кис тонро дохил намуд, ки дар он инсон, њуќуќ ва озодињои он арзиши олї эътироф гардидааст ва ин падида ба арзишњои умумибашарї ва санадњои байнал милалї, хусусан Эъломияи умумии њуќуќи башар такя мекунад.

Риоя ва таъмини њуќуќњои асосии инсон ва шањрванд на танњо шарти зарурї аз љињати ахлоќї ќабулшуда, инчунин барои аз љониби онњо бемамониат баамалбарории њуќуќњои худ низ шарти муњиммебошад.

Њуќуќњои инсон аз нуќтаи назари вазъи худ аќидањои муайяни хусусияти ахлоќидоштаро таљассум намуда, дар ин маънї афкори љомеаро, ки барои ноил гардидан ба ормонњои инсоният равона гардидаанд, ифода менамоянд.

Мустањкамнамоии механизмњои њифзи њуќуќ њои инсон ва шањрванд ва њимояи манфиатњои ќонунии онњо – ин шарти зарурии фаъолияти мўътадили низоми сиёсии давлат мебошад.

Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар баромадњои хеш њифзи њуќуќ ва озодињои инсонро њамчун љавњари асосии сиёсати давлатї арзёбї намуда, аз њама маќомоти давлатї риояи ќатъии онњоро талаб намуданд. Аммо мутаассифона то ба њанўз њолатњои поймол кардани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар амалияи мављуда мушоњида гардида, шаъни Тољикистонро дар арсаи байналмилалї коста мегардонад.

Яке аз шаклњои зоњиршавии поймолкунии њуќуќ ва озодињои шањрвандон дар фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ ин истифодаи азобу шиканља, дигар намуд муомила ва љазои берањмона ва ѓайриинсонии тањќиркунандаи шаъну шарафи шахс мебошад.

Њуќуќ ба њаёт ва манъи истифодаи шиканља ва шаклњои муносибат ё љазодињии берањмона, ѓайриинсонї ё тањќирку нанда натанњо дар њамаи ќарордодњои асосии умумии вобаста ба њуќуќи башар ва дигар санадњои зиёди сершумори байналми лалї инъикос шудаанд, балки дар ќонунгузории миллї низ ба таври равшан мушоњида мешаванд. Вазъи риояи њуќуќу озодињои инсон солњои охир ба омили муайянкунандаи обрую нуфузи кишварњо ва ќабулпазирии онњо ба созмонњои гуногуни минтаќавию байналмилалї табдил ёфта истодааст. Нигаронии кишварњои хориљї ва ташкилот њои байналми лалї аз проблемаи шиканља баъди овозањои зиёд дар воситањои ахбори омма дар хусуси худкушии шахсони дастгиршуда дар боздоштгоњњои маќомоти корњои дохилї ва амният шиддат гирифт. Дар натиља, љомеаи байналмилалї тавассути Созмони Миллаи Муттањид ва дигар ташкилотњои бонуфузи байнал милалї дар назди Тољикистон чандин масъала гузошт, аз љумла:

1) Њамроњшавї ба Протоколи иловагї ба Конвенсияи зидди шиканља ва дигар намудањои муносибат ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шараф. Худи Конвенсияи зидди шиканља ва дигар намудњои муносибат ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шараф аз љониби Тољикистон 27 июли соли 1994 ба тасвиб расида, он барои кишвари мо аз 10 феврали соли 1995 эътибор пайдо намудааст. Маќсади асосии Протоколи иловагї – ташкил намудани низоми ягонаи тафтиши муассисањои ислоњи мењнатї ва љойњои нигањдо рии дастгиршудагон аз љониби ташкилотњо ва шахсони мустаќили алоњида ва эътироф намудани ваколати Кумитаи махсуси Созмони Миллали Муттањид нисбати Тољикистон мебошад;

2) Њамроњшавї ба Конвенсия оид ба нобудшавии маљбурї. Санади байналмилалии мазкур њолатњои гум шудани маљбурии шахсонро мањкум намуда (масалан, шахс аз љониби кормандони маќомоти ќудрати дастгир карда шуд, вале ба хешовандони ў дар ин бора хабар дода нашуда, умуман њуќуќ ва озодињои ў риоя нашудаанд), моддаи 43 он пешбинї менамояд, ки њар кишвари ањдкунанда ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх њуќуќ медињад, ки ба муассисаи ислоњи мењнатї ва љойњои нигањдории дастгиршудагон ворид шаванд;

3) Ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх њуќуќ дода шавад, ки бе мамоният ба муассисањои ислоњи мењнатї ва љойњои нигањдории дастгиршудагон ворид шавад. Дар њолати ошкор намудани камбудињо, Кумитаи байнал милалии Салиби Сурх бо роњбарияти муассисаи ислоњи мењнатї гуфтушунид бурда, оид ба бар тараф намудани камбудињо якљоя тавассути иљро намудани лоињањои грантї чораљўи менамояд. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх чандин сол мешавад, ки даъвои ворид шудан ба муасси сањои ислоњи мењнатиро дорад, ки масъа лаи мазкур аз љониби гурўњи корї, ки аз љониби масъу лини маќомоти дахлдори кишвар созмон дода шудааст, айни њол мавриди баррасї ќарор дорад.

Соли 2011, масълаи мазкур боз дар арсаи байналмилалї бардошта шуд, ки ин бо пайдо шудани ќазияи шаш шањрванди Тољикистон дар Шўрои њуќуќи инсони Созмони Миллаи Муттањид вобаста ба шиканља вобаста мебошад, ки дар масъалаи мазкур гуфтушунидњои идома доранд.

Ин гуфтањо шањодати онанд, ки масъалаи пешгирии шиканља проблемаи муњим гардида, диќќати назари созмонњои бонуфузи байналми лалиро ба худ љалб кардааст.

Ин масъала соли 2011, инчунин ба муњокимаи љаласањои 17-ум ва 18-уми Шўрои Созмони Миллали Муттањид оид ба њуќуќи инсон, ки моњњои июн ва сентябр дар шањри Женева баргузор гардиданд, бароварда шуд. Њангоми баррасии Шарњи даврии универ салии Тољикистон оид ба њуќуќи инсон низ, ки рўзњои 3-8 октябри соли 2011 дар ќароргоњи Женевагии СММ баргузор гардид, масъалаи истифодаи азобу шиканља боз ба сархати рўзнома баромада, эродњои зиёде аз љониби намояндагони кишварњои гуногун ва созмонњои байналмилалї садо доданд.

Боиси ташвиш аст, ки аллакай бо якчанд пар вандањои мушаххас Суди Аврупо оид ба њуќуќи инсон ва Кумитаи СММ оид ба њуќуќи инсон истифода шудани шиканљаро дар Љумњурии Тољикистон эътироф намудаанд, ки ин боиси бо ин асос ба Тољикистон бозпас надодани љино яткорони дар кофтуков ќарордошта мегардад.

Аз ин лињоз роњбарияти кишвар пешгирии азобу шиканљаро њамчун муњимтарин вазифаи маќомоти њифзи њуќуќ њисобидааст. Яке аз самтњои асосии муќовимат бо азобу шиканља ин омўзиши мазмуну моњияти ин падида, тарзу усулњои пешгирї, ошкор ва тањќиќу тафтиши чунин њодисањо, дарки амиќи ќонунгузории миллї ва санадњои байналмилалї дар ин самт мебошад. Бо ин маќсад бо бандњои 12 ва 13 Протоколи маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 декабри соли 2011 №13 љињати ташкил намудани семинарњои омўзишї ва корњои фањмондадињї бо кормандони маќомоти њифзи њуќуќ доир ба масъалањои пешгирии азобу шиканља гурўњи махсуси корї аз њисоби шахсони масъули Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Суди конститутсионї, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, Суди Олї, Прокуратураи генералї, Вазорати адлия, Вазорати корњои дохилї ва Кумитаи давлатии амнияти миллї таъсис дода шуда, Наќша – чорабинињо аз љониби Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардидааст.

Масъалањои манъ ва пешгирї намудани шиканља бо як ќатор санадњои меъёрии њуќуќии байналмилалї танзим мешаванд. Тољикистон яке аз аввалин давлатњои Осиёи Марказї мебошад, ки пас аз ба даст овардани истиќлолияти давлатї Эъломияи умумии њуќуќи башарро эътироф намуда, санадњои њуќуќии байналмилалииро њамчун ќисми таркибии низмои њуќуќи ватанї пазируфтааст ва меъёри мазкур дар ќонуни асосии дорои ќувваи олии њуќуќї, яъне Конститутсия мустањкам гардидааст.

Тољикистон дар ин самт дар баробари Эъломияи њуќуќи башар (1948), инчунин муњим тарин санадњои њуќуќии байнал милалиро, ки дорои меъёрњои зидди шиканља мебошанд, Паймони байналмилалї оид ба њуќуќ њои фитри ва сиёсї ва Протоколи иловагї бо ин санад аз соли 1966 (13 ноябри соли 1998), Конвенсияи СММ зидди шиканча ва дигар намуд муносибат ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ва ё пастзанан даи шаъну шараф аз 10 декабри соли 1984 (21 июлисоли 1995) ва ѓайрањоро эътироф намудааст.

Кишвари мо бањри иљрои ўњдадорињои байналмилалии худ доир ба пешгирии азобу шиканља пайваста кўшиш менамояд.

Моњи октябри соли 2011 Њисоботи даврии универсалии Љумњурии Тољикистон оид ба њуќуќи инсон, аз љумла оид ба пешгирии азобу шиканља дар Кумитаи Созмони Миллаи Муттањид муаррифї гардид.

Њисоботи дуюми миллии Љумњурии Точикис тон оид ба рафти иљрои Конвенсияи СММ муќобили шиканља ба Кумитањои СММ оид ба шиканља пешнињод шуда, муњокимаи он дар нимаи дуюми соли 2012 ба наќша гирифта шудааст.

Тибќи санадњои байналмилалии номбаршуда, аз ќабили Конвенсияи СММ зидди шиканља ва дигар намуд муносибат ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ва ё пастзанандаи шаъну шараф, ки характери универсалї дорад, њар як давлати узв таъмин менамояд, ки тамоми њодисањои шиканља мутобиќи ќонунгузории љиноии он

њамчун љиноят арзёбї гардида, барои чунин љиноятњо бо дарназардошти вазнин будани онњо љазои муносиб муќаррар менамояд. Инчунин мутобиќ ба санади мазкур њар як давлати узв барои пешгирии амалњои шиканља дар тамоми ќаламрави дар доираи њуќуќи он ќарордошта, тадбирњои самарабахши ќонун гузорї, маъмурї, судї ва ѓайра меандешад.

Дар асоси моддаи 7 Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои фитрї ва сиёсї (аз 16 декабри соли 1966) њељ кас набояд тањти азият ё муомила ва љазои сахт, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шарафи ў ќарор дода шавад. Инчунин тибќи моддаи 8 санади мазкур њељ кас набояд дар њолати маљбурї нигоњ дошта шавад. Мутобиќ ба талаботи моддаи 9 санади мазкур иљозат дода намешавад, ки њељ кас худсарона ба њабс гирифта шуда, дар њабс нигоњ дошта шуда, аз озодї, ѓайр аз асосњо ва мутобиќи расмиёте, ки тавассути ќонун муќаррар шудааст, мањрум карда шавад. Ба шахси њабсшуда сабаби њабси ў ва айбе, ки ба ў эълон карда мешавад, хабар дода мешавад. Њар касе, ки дар натиљаи ѓайриќонунї ба њабс гирифтан ё дар њабс нигоњ доштан љабр дидааст, ба љуброне, ки дорои эътибори даъво мебошад, њаќ дорад.

Дигар меъёри муњим, ки дар санади мазкур омадааст, ин ба муомилаи инсондўстона ва эњтироми шарафе, ки хоси шахсияти инсонї мебошад, њаќ доштани њамаи ашхоси аз озодї мањрум гардида мебошад (моддаи 10).

Дар ин асно ќайд кардан зарур аст, ки Тољикистон субъекти мус таќили муносибтањои байналмилалї ба шумор рафта, санадњои номбурдаи байналмилалиро эътироф кардааст ва риояи онро кафолат додааст.

Конститутсияи Тољикистон баробари дигар давлатњои мута маддини љањон љомеаи моро ба бунёди давлати демократї, њуќуќбунёд ва дунявї њидоят намуда, љой ва наќши њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро дар ин љомеа ва давлат аввалиндараља нишон додаст. Дар ќисми 3 моддаи 18 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дарљ гаштааст, ки: «Дахлнопа зирии шахсро давлат кафолат медињад. Бањељ кас шиканља, љазо ва муносибати ѓайриинсонї раво дида намешавад…». Конститутсия татбиќи шиканља, љазо ва муносибати ѓайриинсониро, ки дар Конвенсияи зидди шиканља ва дигар намудњои муносибат ва љазои берањмона, ѓайриинсонї, тањќиркунандаи шаъну шараф ва Эъломияи умумии њуќуќи башар њамчун тањќири ќадру ќимати инсон ва поймол кардани њуќуќ ва озодињои сиёсии инсони мањкумшуда арзёбї мешавад, манъ менамояд.

Тибќи моддаи 5 Эъломияи умумии њуќуќи башар «тањти азият ё муомилаву љазои сахти ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шадид ќарор додани инсон манъ карда шудааст». Инчунин, дар моддаи 1 Конвенсия зидди шиканља ва дигар намудњои муносибат ва љазои берањмона, ѓайриинсонї, тањќир кунандаи шаъну шараф мафњуми «шиканља» ба маънои зерин омадааст: «њама гуна амале, ки ба воситаи он ба ягон шахсе ќасдан ё бо дигар сабаби ба табъйизи дорои њама гуна хислат асосёфта дарду азоби сахт ё азоби љисмонї ё маънавї расонда мешавад, то ки аз ў ё аз шахси сеюм маълумот (баёнот) гиранд ё ўро ба иќрор шудан маљбур созанд, ўро барои амалњои содирнамудаи ў ё шахси сеюм ё барои гумонбар шуданаш дар содир намудани амали љиної љазо дињанд, инчунин ў ё шахси сеюмро тарсонанд ё маљбур созанд, дар сурате, ки чунин дард ё азоб аз љониби шахси мансабдори давлатї ё шахси дигари расмї, ё бо шўрангезии онњо ё бо огоњии онњо ё розигии хомўшонаи онон расонида мешавад».

Зуњуроти мазкур дар амалњои мухталиф зоњир шуда, дар минтаќањои гуногуни љањон хусусиятњои худро доранд, ки шаклњои нисбатан пањншудаи шиканља инњо мебошанд:

– расонидани осебњои љисмонии кунд (бо зарби мушт, лагад, шаппотї, чубдасти резинї, ба замин афтодан ва ѓайра);

– шиканља бо роњи нигањ доштан дар њолати нобоб (овезон кардан, љаѓонидани пойњо ва ангуштон, дуру дароз рост монондан, ба зону нишондан, бо як пой истодан ва ѓ.);

– сўзонидан бо сигарета, дарзмол, лампањои кафшергарї, дигар таљњизоти тафсон ё оби љўш;

– пайваста бо љараёни барќ (чун ќоида ба воситаи гирифтани

барќ аз розетка, генератори махсуси дастї ё муњаррикдор, дигар таљњизоти барќї ба амал бароварда, электродњо ба андомњои нињоии инсон бештар ба кафи даст, кафи пой, панљањои дасту пой, гўшњо, дањон, лабњо ва узвњои љисмонї расонида мешавад. дар натиља барќ аз байни ду электрод гузашта, боиси пайдоиши дарди љонкоњу азиятовар, кашишхурии мушакњо, раг кашидани онњо, нафасгиршавї,

бењушшавї ва баъзан боиси марг шуда метавонад); – бўѓикунонї (асфиксия), ки дар шакли «хушк» (ба сари одам кашидани пакети селофанї ё резинї, бастани дањону бинї, хафакунонї бо ресмон, сим, ноќил ё дигар мавод, маљбур кардан ба нафас кашидани чангу ѓубор, чанги семент, ќаланфур ва ѓайра) ва шакли «тар» (ба об ё дигар мањлул ѓутонидани сари одам) ба амал бароварда мешавад;

– шикастани устухон, буѓумњои дасту пой, сутунмўњра ва дигар

узвњои бадан тавассути зарбарасонї бо ашёи вазнин, канда партофтан ё шикастани нохун, дандонњо ва ѓайра;

– расонидани зарбањои сўрохкунанда ба воситаи корд ва тир, ба зери нохунњо халонидани сўзан;

– истифодаи хусусиятњои кимиёвии намак, ќаланфури сўзон, бензин ва ѓайра (дар дањон рехтан ё пушидан дар љароњатњо);

– зарии шањвонї, таљовуз ба номус, истифодаи предметњои гуногун барои маъюб кунии узвњои љинсї;

– ба тариќи љарроњии тиббї буридани ангуштон, гўшњо, дигар андомњо;

– шиканљаи фармакологї бо истифодаи миќдори зарароварии дорувории мадњушкунанда ва фалаљкунанда;

– шароитњои ногувори нигањдорї дар њабс, масалан дар майдончаи бењад танг ё камерањои моломол, дар танњої, шароитњои бади санитарї нигањ доштани шахс, набудани њољатхона, сари ваќт хўрок надодан ё додани обу хўроки сироятшуда, таъсири њароратњои экстремалї, надодани имконият ба хилват, маљбуран луч кунонидан;

– мањрум кардан аз равшанї, шунидани овоз, фањмидани ваќт, баровардани њољатњои физиологї, хоби давомнокиаш муътадил, хўрок, об, шустушўй, њаракаткунии муътадил, ёрии тиббї, алоќа бо наздикон ва олами беруна;

– тањќир кардан, маљбур кардан ба иљрои амалњои шаъни инсонро пастзананда;

– тањдиди куштан, зарар расонидан ба аъзои оила, дароз кардани мўњлати њабс, вонамуд кардани ќатл;

– тањдиди њуљуми њайвонот, масалан сагњо, гурбањо, калламушњо ё каждумњо;

– тарзу усулњои психологии пахш кардани иродаи шахс аз тариќи маљбур кардани ў ба хиёнат, бе пушту паноњ њис кардани худ, ба њолати дудилагї овардани ў, расонидани хабарњои ба њам мухолиф ва ѓайра;

– зўроварї бар афкору аќидаи шахс, маљбур кардани ў ба содир кардани кирдорњои хилофи аќидаи ў (масалан маљбур кардани мусулмон ба хурдани гушти хук, нўшидани шароб, расониданизарар ба дигарон);

– маљбур кардани шахс ба мушоњида кардани шиканља ва азобу уќубат нисбати шахсони дигар1.

Тањлилњои гузаронидашуда, собит сохтанд, амалњои мазкур њамчун шиканља бо он маќсад ба љо оварда мешаванд, ки шахси гумонбари дастгиршуда дар бораи шахси сеюми ѓоиб маълумот ё баёнот дињад, ё ин ки ўро маљбуран иќрор намоянд, ё ин ки бо чунин амал маќсад доранд, ки шахси сеюмро тарсонанд ё ба амале маљбур созанд ва таљриба нишон дод, ки чунин кирдор аз љониби шахси мансабдори давлатї ё шахси дигари расмї, бо огоњї ё ризоияти хомўшонаи онњо амалї карда мешавад.

Дар як ваќт тањлили амалияи мављуда нишон медињад, ки сабаби асосии роњ додан ба ин зуњурот ин:

– паст будани савияи дониши кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ва аз ин сабаб ноўњдабарої љињати исботкунии гуноњ;

– паст будани саводнокии кормандони маќомоти њифзи њуќуќ дар мањалњо вобаста ба љавобгарї барои истифодаи шиканља ва манъ будани истифодаи он;

1. Халифазода М. Рўзномаи «Инсон ва ќонун», 2011, №1.

– талаб кардани натиљаи кор (результат) аз рўи принсипи наќшавї (мис: ин моњ бояд 20 љинояти….. ошкор карда шавад).

Аз сабаби ѓайриинсонї будани амали мазкур, шиканља њамчун муносибати берањмонаи шид дат ноки барќасдона ва пастзанандаи эътибор бояд пурра аз фаъолияти шахси мансаб доре, ки аз рўи парвандаи љиноятї кор мебарад, хориљ гардад.

Њама њаракатњои бо шиканља алоќамандбу даро ќонуни љиноятї њамчун љиноят эътироф мекунад. Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикис тон бо як ќатор меъёрњои худ истифодаи азобу шиканљаро манъ намуда, барои содиркунии онњо љавобгарии љиноятї муќарар намудааст.

Чунончи, мувофиќи моддаи 354 Кодекси љиноятї (аз соли 1998) бо роњи тањдид, иръоб (шантаж) ё кирдорњои дигари ѓайриќонунї гумонбар шуда, айбдоршаванда, судшаванда, љабр дида ё шоњидро ба додани нишондод маљбур намудан, инчунин коршиносро барои пешнињоди хулоса маљбур кардан аз љониби шахсе, ки тањќиќи ибтидої, тафтишоти пешакї мегуза ронад ё адолати судиро татбиќ менамояд, бо мањрум сохтан аз озодї ба мўњлати аз ду то панљ сол, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба мўњлати то се сол љазо дода мешавад.

Ѓайриќонунї дастгир ё њабс намудан (моддаи 358 Кодекси љиноятї) низ њамчун яке аз навъњои шиканља эътироф мешавад. Амалияи то мурофиаи судї дар њабс нигоњ доштани шахсони дар муассисањои экспертизаи судї - психиатрї гирифтори бемории рўњї эътирофшуда низ бояд њамчун намуди шиканља баррасї шавад. Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон (1 апрели соли 2010) низ истифодаи зуроварї ва шиканљаро нисбати иштирокчиёни мурофиа, аз љумла шахсони дар амалиё ти тафтишоти иштирокунанда манъ намуда (моддаи 171), далел њои дар натиљаи истифодаи шиканља ва зуроварї љамъоварда шударо бе эътибор эълон менамояд (моддаи 88).

Инчунин чорањои муњими манъ ва пешгирї намудани шиканља дар ќисми 2 моддаи 12 Кодекси њуќуќвайрокунии маъ мурї (2008) пешбинї шудааст, ки тибќи он њангоми татбиќи љазои маъмурї ва чорањои таъминкунандаи баррасии парвандаи њуќуќвай ронкунии маъмурї ба шахси воќеї, мансабдор ё њуќуќии содирна мудаи њуќуќвай ронкунии маъмурї ранљу озори љисмонию рўњї додан, тарсонидан, њама гуна табъиз ё тањќири шаъну эътибори шахси воќеї ва ё расонидани зарар ба эътибори кории шахси њуќуќии вайронкардаи њуќуќи маъмурї манъ аст.

Дар моддаи 10 Кодекси иљрои љазои љиноятї (6 августи соли 2001) омадааст, ки мањкум шударо азобу шиканља додан ё нисбат ба ў муносибати берањмона ва ё ѓайриинсонї кардан ё шаъну эътибори ўро паст задан, тањти тадќиќоти тиббї ё дигар тадќиќоти илмї, ки метавонад њаёт ва саломатии ўро тањти хатар гузорад, њатто бо розигии ў ќарор додан ќатъиян манъ аст.

Бо маќсади муайян кардани тартиб ва шароити дар њабс нигоњдоштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ва муайян карда ни кафолати њуќуќу манфиатњои ќонунии онњо Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 июни соли 2011 «Дар бораи тар тиб ва шароити дар њабс нигоњ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» амал мекунад, ки мутобиќи моддаи 3 он дар њабс нигоњ доштани гумон баршуда, айбдорша ванда ва судшаванда набояд ба маќсадњои расонидани азобу шиканља ва ё зарари љисмониву маънавї истифода карда шавад.

Асосњои овардашуда далели онанд, ки дар Тољикистон амали мазкур њамчун кирдори ѓайриќонунї мањкум карда шуда, санадњои меъёрии њуќуќии амалкунанда барои содир намудани он љавобгарї пешбинї намудаанд.

 

 

 

Сафаров Б.А. - Мудири кафедраи њуќуќи

инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї

факултети њуќуќшиносии ДМТ номзади

илмњои њуќуќшиносї, дотсент

ЉАВОБГАРИИ КОНСТИТУТСИОНЇ ДАР

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН: ГУЗОРИШИ МАСЪАЛА

Љавобгарии њуќуќї яке аз институтњои асосї ва муњимтарини њама низомњои њуќуќї ва механизми зарурии амали њуќуќ ба шумор меравад. Аз ин хотир, масоили љавобгарии њуќуќї яке аз љойњои марказиро њам дар назарияи њуќуќ ба таври умумї ва њам дар соњањои алоњидаи њуќуќ ишѓол менамояд. Ин масъала ваќтњои охир дар назарияи њуќуќи конститутсионї низ мавќеи назаррасро соњиб шуда истодааст. Њолати мазкур ба он вобаста аст, ки таи ду дањсолаи охир соњаи њуќуќи конститутсионї, махсусан ќонунгузорї дар ин соња бинобар сабабњои ба њамаи мо маълум бенињоят васеъ шуд. Муносибатњои љамъиятие, ки акнун предмети танзими

њуќуќи конститутсионї ба шумор мераванд, нисбат ба солњои гузашта ба таври назаррас зиёд шуданд. Аз ин рў, масъалаи таъмини амалишавии меъёрњои ин соња бо чорањои худи он, яъне масъалаи рўи кор омадани љавобгарии конститутсионї ба миён омада аст. Вобас та ба ин, таљрибаи давлатї-њуќуќии нав дар назди илми њуќуќи конститутсионї вазифаи нави тањлил ва коркарди љавобгарии конститутсиониро мегузорад. Эълон кардани соњибихтиёрии давлатии Љумњурии Тољикистон ва рушди он боиси рўи кор омадани муносибатњои зиёди њуќуќи конститутсионї гардид, ба монанди ташкил намудани маќомоти муњимтарини давлатї дар асоси принсипи таљзияи њокимияти давлатї, пеша намудани самти инкишофи давлативу љамъиятї дар роњи бунёди љомеаи демокративу давлати њуќуќї, ба таври васеъ пањн шудани падидањои нави сиёсї ва њуќуќиву давлатї дар маљмўъ

таќозои онро доранд, ки механизми амалишавии пуррањокимиятии халќ таъмин гардад. Яке аз чунин механизмњо ин институти љавобгарии конститутсионї ба шумор меравад. Дар шароити муосир чунин намуди љавобгарї ањамияти муњимро касб менамояд. Ин намуди махсуси љавобгарии њуќуќї мебошад. Мазмун, мўњтаво ва махсусияти он ба мавќеъ ва наќши худи њуќуќи конститутсионї дар низоми њуќуќи миллї вобастагї дорад. Яке аз хусусиятњои хоси љавобгарии конститутсионї ин характери сиёсї доштани он ба шумор меравад. Ин бо он маънидод мегардад, ки муносибатњои њуќуќи конститутсионї бо чунин падидањои иљтимої, ба монанди њокимият, халќ, давлат, миллат ва сиёсат зич алоќамандї дорад. Љавобгарии конститутсионї ин намуди махсуси љавобгарии њуќуќї ба шумор меравад. Он дар шакли пешбинї намудани оќибати номусоид аз љониби меъёрњои Конститутсия ва дигар сарчашмањои њуќуќи конститутсионї нисбати субъектони њуќуќи конститутсионї барои вайрон кардани меъёрњои он зоњир меёбад ва бо маќсади њимояи Конститутсия татбиќ мегардад. Ба сифати љавобгарииконститутсионї фаќат он чорањоеро эътироф намудан мумкин аст, ки бевосита аз Конститутсия ва дигар сарчашмањои њуќуќи конститутсионї бармеоянд ва барои вайрон кардани муносибатњои њуќуќї-конститутсионї пешбинї шудаанд. Маќсади љавобгарии конститутсионї ин таъмини конститут-ионализм, волоияти Конститутсия ва амали бевоситаи меъёрњои он, њимояи он, барќарор намудани тартиботи њуќуќї ва ќонунияти конститутсионї ба шумор меравад.

Ба сифати объекти њуќуќвайронкунии конститутсионї муносибатњои аз љониби конститутсия муњофизатшаванда баромад мекунанд, ки онњо дар маљмўъ арзишњои олии љамъиятиву давлатї њисоб мешаванд. Ба монанди њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, њокимияти халќї, соњибихтиёрї, ба амалбарории њокимияти давлатї дар асоси таљзияи он, гуногунандешии идеологї ва сиёсї ва м.и. Дар маљмўъ ба сифати объекти њуќуќвайронкунии конститутсионї ќонунияти конститутсионї ва тартиботи њуќуќии конститутсионї чун ќисми таркибии сохтори конститутсионї баромад мекунад. Дар зери мафњуми њуќуќвайронкунии конститутсионї тамоми кирдорњо (њаракат ё бењаракатї) дар назар дошта мешаванд, ки модели дахлдори конститутсионии рафторро вайрон мекунанд, мањдудиятњои конститутсиониро истисно мекунанд ва ё ба асосњои бунёдї ва мазмуни Конститутсия таљовуз мекунанд.

Дар адабиётњои њуќуќї якчанд намуди кирдори зиддињуќуќиро дар соњаи њуќуќи конститутсионї људо мекунанд. С.А. Авакьян 3 намуди онро пешнињод мекунад:

1. Татбиќ накардани меъёри конститутсионї-њуќуќї;

2. Татбиќи нодуруст ва ё ѓайридахлдори меъёри конститутсионїњуќуќї;

3. Вайрон кардани бевоситаи чунин меъёрњо1.

Дигар муаллифон бошанд, бар он аќидаанд, ки љавобгарии конститутсионї танњо дар сурати мављудияти њуќуќвайронкунии конс титутсионї сар мезанад. Дар ин љо сухан дар бораи вайронкунии бевоситаи манъкунињои конститутсионї, иљро накардани функсияњо ва ўњдадорињои конститутсионї, ки бар дўши маќомоти давлатї ва ашхоси мансабдори онњо вогузошта шудааст, меравад.

Вобаста ба ин, Н.М. Колосова чунин асосњои ба вуљуд омадани љавобгарии конститутсиониро људо менамояд:

– вайрон кардани бевоситаи меъёри Конститутсия, дигар сарчашмањои њуќуќи конститутсионї;

– иљро накардани ўњдадорињои конститутсионї аз љониби маќомоти давлатї ва ашхоси мансабдори онњо;

– иљроиши ѓайридахлдори онњо;

– вайрон кардани принсипњои конститутсионї2.

Барои эътироф шудани љавобгарии конститутсионї њамчун љавобгарии мустаќили њуќуќї бояд маосили мубрами ин падида тадќиќ ва тањлил шаванд. Ба монанди, нишонањои фарќкунандаи љавобгарии конститутсионї; санксияњои конситутсионї; табиати њуќуќии љавобгарии конститутсионї, масоили назарияи љавобгарии конститутсионї; субъектони он; механизмњои судї ва ѓайрисудии татбиќи љавобгарии конститутсионї ва м.и. Олимоне, ки ин падидаро мавриди тањлил ва тадќиќ ќарор додаанд, љавобгарии конститутсиониро ба ду намуд људо мекунанд: позитивї (перспективї) ва негативї (ретроспективї)1. Намуди якум, яъне љавобгарии конститутсионии позитивї гуфта, олимон ўњдадории ба зиммаи субъекти њуќуќи конститутсионї вогузоштаро дар назар доранд, ки оид ба иљроиши дахлдори он субъект дар назди давлат љавобгар аст.

1. Авакьян, С. А. Актуальные проблемы конституционно-правовой ответственности /С. А. Авакьян.//Конституционно-правовая ответственность. -М. : Издво Московского университета, 2001. - С. 9 - 32

2. Колосова Н.М. Конституционная ответственность - самостоятельный вид юридической ответственности // Государство и право. – 1997. – № 2. С. 90.

Љавобгарии конститутсионии негативї бошад, барои иљро накардани ўњдадорињои конститутсионї ва вайрон кардани ќонунгузорї ба вуљуд меояд. Аммо мо то он андозае, ки ба масъалаи тадќиќшаванда шинос шудем, ба чунин таснифбандї розї

шуда наметавонем. Ба гумони мо иљроиши дахлдори ўњдадорињои конститутсионї аз љониби субъектон ин љавобгарї ба шумор намеравад. Шояд чунин номгузорї аз мављуд набудани калимаи ивазкунандаи «љавобгарї (ответственность)» дар забони русї истифода мешавад. Дар забони тољикї бошад, онро бо калимаи «масъулият» ном бурдан мумкин аст, ки љавобгариро ба маънои том надошта, балки масъулияти шахси мансабдори давлатиро барои иљрои дахлдори функсияњои ба зиммааш гузоштаро медињад.

Аз ин лињоз, ба фикри мо љавобгарии конститутсиониро фаќат ба маънои негативї ва ё ретроспективї фањмидан дуруст аст. Яъне асоси љавобгарии конститутсионї фаќат њуќуќвайронкунии конститутсионї шуда метавонад. Агар аќидаи он олимонеро, ки љавобгарии конститутсиониро дар намуди позитивї шарњ медињанд, дастгирї кунем, пас хулоса бароварда мешавад, ки њамаи субъектони њуќуќи

конститутсионї њама ваќт љавобгарии конститутсиониро амалї гардонида истодаанд. Бинобар ин, нисбати ин пањлуи масъала истифода калимаи масъулияти конститутсиониро ба маќсад мувофиќмешуморем.

Масъалаи дигаре, ки њангоми тањлили љавобгарии конститутсионї

пеш меояд, ин мављудияти санксияњои конститутсионї мебошад.

Санксия ин унсури њатмии њама намуди љавобгарињои њуќуќї, аз љумла љавобгарии конститутсионї ба шумор меравад. Дар зери мафњуми санксияи конститутсионї он чораи маљбуркунии давлатї фањмида мешавад, ки боиси ба вуљуд омадани оќибати номусоид ба њуќуќвайронкунанда барои содир намудани њуќуќвайронкунии конститутсионї мегардад.

1. Ниг. Авакьян, С. А. Актуальные проблемы конституционно-правовой ответственности /С. А. Авакьян.//Конституционно-правовая ответственность. -М.:

Изд-во Московского университета, 2001. - С. 9 – 32; Колосова Н.М. Конституционная ответственность - самостоятельный вид юридической ответственно

сти // Государство и право. – 1997. – № 2. С. 90. Несмеянова С.Э. К вопросу о конституционной ответственности.//Конституционное и муниципальное право, 2002. №4. С. 21. Авакьян С.А. Государственно-правовая ответственность.//

Советское государство и право, 1975. № 10. С. 22.

Њангоми тањлили ќонунгузории конститутсионии љумњурї дар ин самт, яъне мављудияти санксияи конститутсионї, ба хулосае омадем, ки дар маљмўъ чунин чорањои маъмули љавобгарии конститутсиониро људо намудан мумкин аст:

– Пароканда кардани маљлиси мањаллии вакилони халќ пеш аз мўњлат, ки дар м.80 Конститутсия ва м.16 Ќонуни конститутсионї «Дар бораи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї» пешбинї шудааст. Ќонунгузор якчанд асоси татбиќи чораи таъсиррасонии конститутсиониро пешбинї намудааст. Асоси якуми татбиќи чораи

љавобгарї ин мунтазам, яъне дар давоми як сол зиёда аз як маротиба иљро накардани талаботи Конститутсия ва ќонунњои ЉТ, асоси дуюм агар маљлиси вакилони халќи аз нав интихобшуда дар давоми як моњи баъди ифтитоњи иљлосияи якумаш маќомоти худро ташкил карда натавонад, асоси дигар баргузор нашудани иљлосия дар давоми ду моњ, бинобар њозир нашудани шумораи зарурии ва килон мебошад;

– Бекор намудани дахлнопазирї ё мањрум намудани дахлнопа зирии узви Мачлиси миллї ва вакили Маљлиси намондагон, ки м.51 Конститутсия муќаррар намудааст. Инчунин чораи дигари таъсиррасонии конститутсионї, яъне бекор кардани дахлнопазирии судя ро низ номбар намудан мумкин аст;

– Пеш аз мўњлат ќатъ гардидани ваколати узви Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намондагон (м.51 Конститутсия ва м.4 Ќонуни конститутсионии ЉТ «Дар бораи вазъи њуќуќии узви Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагон»); – Пеш аз мўњлат аз мансаб сабукдуш намудани аъзоёни Њукумат бо сабабњои ѓайридахлдор иљро намудани вазифањои конститутсионї, машѓул шудан ба фаъолияте, ки ба мансаби ишѓолкардаи ў мувофиќ нест ва м.и.; – Мањрум кардан аз шањрвандї. М.29 Ќонуни конститутсионии ЉТ «Дар бораи шањрвандии ЉТ» чунин асоси мањрум кардани шахсро аз шањрвандї пешбинї кардааст – агар шањрванд дар мамлакати хориљї ба хизмати њарбї, хадамоти амният, полис, маќомоти адлия ва маќомоти дигари њокимият ва идораи давлатї гузарад; агар дар хориља доимї зиндагї кунаду дар давоми 5 сол бе сабабњои узрнок ба ќайди консулї наистода бошад. – Бекор кардани ќарори ќабул шудан ба шањрвандии ЉТ. – Манъ кардани фаъолияти њизби сиёсї. М.8 Конститутсия ва м. 23 Ќонуни ЉТ «Дар бораи њизбњои сиёсї»; – Бекор кардани санади меъёрї-њуќуќї ва ѓайриконститутсионї эътироф намудани он аз љониби Суди конститутсионї ва м.и. Агар чорањои таъсирррасонии номбурдаро тањлил намоем, онњо дорои њамаи нишонањои хоси љавобгарии њуќуќї мебошанд. Аммо онњоро бинобар хусусиятињои хосашон дар доираи чор намуди љавобгарии њуќуќии анъанавї – интизомї, гражданї, маъмурї ва љиноятї баррасї намудан мушкил аст. Масалан, њангоми тањлил ва муайян намудани табиати њуќуќии чорањои таъсиррасонии аз шањрвандї мањрум кардан, мањрум намудани дахлнопазирии шахси мансабдори давлатї, аз мансаб барканор намудани шахси мансабдори олии давлат (падидаи импичмент) ва монанди ин душворињои зиёд пеш меояд.

Љавобгарии конститутсионї ду љанбаи асосї дорад – њимоявї (барќароркунї) ва љазодињї (љаримавї). Масалан, ѓайриконститутсионї эътироф намудан ва бекор кардани санади меъёрї-њуќуќї асосан ба маќсади бартараф намудани хатогињо дар њуќуќэљодкунї татбиќ гардида, табиати њуќуќии он љанбаи њимоявї, барќарор на мудани тартиботи конститутсиониро дорад. Мањрум кардан аз шањрвандї ва бекор намудани дахлнопазирї бошад, характери љазодињиро дорад.

Бояд ќайд намуд, ки чорањои номбурда фаќат чорањои маъмули љавобгарии конститутсионї мебошанд ва ба аќидаи мо барои боз њам мустањкам намудани принсипи конститутсионализм ва пуррањокимиятии халќ, инчунин идоракунии мањдуд бояд дигар намудњои чораи љавобгарии конститутсионї низ рўи кор оянд.

Ин дар навбати худ барои рўи кор омадани падидаи назорати самаранок аз болои њокимияти давлатї муосидат намуда, принсипи пуррањокимиятии халќро, ки Конститутсия муќаррар намудааст, таъмин менамояд.

 

 

Куканов С. - ёрдамчии судяи Суди

конститутсионии Љумњурии Тољикистон

КОНСТИТУТСИБ КАФИЛИ ТАЪМИНИ

ЊУЌУЌУ ОЗОДИЊОИ ИНСОН

Љумњурии Тољикистон њамчун љузъи људонашавандаи љомеаи љањонї дар давраи нави тараќќиёти худ ќарор дорад. Самти муњимтарини тараќќиёт демократикунонии дастгоњи идоракунї, бунёди љомеаи шањрвандї ва давлати њуќуќбунёд мебошад. Маќсади нињоии бунёди љомеаи шањрвандї ва давлати њуќуќбунёд таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд мебошад.

Рўйдоди воќеан сарнавиштсоз, ки 6 ноябри соли 1994 ба ву ќўъомад, дар раъйпурсии умумихалќї ќабул гардидани Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мебошад, ки тўли 18 сол халќи мо аз рўи меъёрњову арзишњои он кору зиндагї карда истодаанд.

Чуноне ки Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ќайд намуданд: «Њар як халќу миллат њамон Конститутсияеро дорад, ки ба он сазовор аст». Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз љумлаи дастовардњоибузурги мардуми Тољикистон буда, заминаи њуќуќии давлати тозабунёд ва соњибистиќлоли тољикон, шакли ифодаи њуќуќии ормонњои давлатдории миллї, њимояи њадафњо ва манфиатњои миллї, осори

таърихї ва фарњанги миллї мебошад.

Дар зери мафњуми «конститутсия» асосан дар илми њуќуќ сарќонуни давлат фањмида мешавад. Гарчанде давлат њазорсолањо вуљуд дошта бошад њам, вале Конститутсия дар шакл ва мазмуни њозирааш зиёда аз 200 сол умр дорад, ки бори аввал дар Иёлоти

Муттањидаи Амрико соли 1787 ќабул шуда, то њол амал мекунад.

Дар ин муддат аз 10 њазор таѓйироту иловањои пешнињодшуда, аз тарафи Конгресс танњо 40-тоаш баррасї шуда, 27-тои он ќабул карда шуданд. Баъдан дар давлати Фаронса соли 1791 низ конститутсия ќабул гардид.

Дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон соњибихтиёрї, истиќлолият ва тамомияти арзии Тољикистон, дахлнопазирии њудуди кишвар, моњият ва вазифањои давлат, њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, забони давлатї, рамзњои давлатї ва шакли давлатдории Тољикистон, њадафњои сиёсати дохилї ва хориљии давлат, сосњои иќтисодиву сиёсї, иљтимоиву фарњангии давлат ва љомеаи Тољикистон эълон шудаанд. Ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 бо роњи раъйпурсии умумихалќї ду маротиба таѓйиру иловањо ворид карда шуданд. Ин таѓйиру иловањо бо дарназардошти дигаргунињои куллии њаёти љомеа, зарурати такмили сохтори маќомоти њокимияти давлатї, ба талаботи муносибатњои нави љамъиятї мувофиќ гардонидани меъёрњои конститутсионї ва

таъмини пешрафти минбаъдаи љомеа ба вуќўъ пайвастанд. Кафолати њуќуќу озодињо дар Сарќонун дар шаклњои гуногун ифода ёфтааст. Масалан, дар ќисми 2 моддаи 5 Конститутсия муќаррар шудааст, ки: «њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро давлат эътироф, риоя ва њифз менамояд». Ќисми 1 моддаи 14 Конститутсия низ муќаррар менамояд, ки:«њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ба воситаи Конститутсия, ќонунњои љумњурї ва санадњои њуќуќии байналмилалие, ки аз тарафи Тољикистон эътироф шудаанд, њифз мегарданд».

 

Чунин кафолати њифз ва амалї шудани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, ки дар Конститутсия муќаррар шудааст, инкишофи худро дар ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќие, ки маќомоти давлатї ќабул мекунанд, пайдо намуда, тартиби иљрои онњо муайян мегардад.

Масалан, тартиби иљрои њуќуќи инсон ба мењнат, тањсил, њифзи саломатї ва ѓайра дар кодекси мењнат, ќонунњо дар бораи маориф, тандурустї, санадњои меъёрии њуќуќи Њукумати Љумњурии Тољикистон ва вазоратњои дахлдори соњањои мазкур нишон дода шудаанд. Дар сурати иљро нашудани њуќуќу озодињои инсон ќонунњо љавобгарї ва татбиќи љазоро муайян мекунанд, ки ин кафолати њифз гардидани онњо мебошад.

Тавре аз мазмуни моддаи 14 Конститутсия бармеояд, њуќуќу озодињои инсон на танњо бо ќонунњои миллї, инчунин ба воситаи санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, њифз карда мешавад.

Муќаррароти дигари Конститутсия ин бевосита амалї шудани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд аст, ки пеш аз њама, ба он асос меёбад, ки онњо дар Конститутсия, ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї инъикос ёфтаанд ва иљрои онњо кафолат дода мешавад.

Дар Конститутсия пешбинї гардидани њуќуќу озодињои инсон мазмуни онро дорад, ки онњо ўњдадории њуќуќии њамаи маќомоти давлатї, шахсони мансабдор ва њамаи кормандони маќомоти давлатї мебошанд ва њамаи маќомоти давлатї ва шахсони мансабдор вазифадоранд риояи ин њуќуќу озодињоро таъмин намоянд.

Инчунин, меъёрњои Конститутсия эътибори олии њуќуќї доранд ва онњо мустаќиман амал мекунанд. Шахс ва шањрванд Конститутсияро ба роњбарї гирифта, метавонад њуќуќу озодињои худро амалї намояд ё дар њолати вайрон кардани онњо ба меъёрњои

Конс титутсия такя намуда, онњоро њифз кунад. Агар њуќуќу озодињои инсон бевосита амалї ва риоя нашаванд, онњо ба воситаи њокимияти судї ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ бо роњи татбиќи чорањои маљбуркунї таъмин карда мешаванд. Таъмин, риоя ва бевосита амалї шудани њуќуќу озодињои инсон ва њифз намудани онњо маънои онро надорад, ки дар њељ як маврид онњо мањдуд карда намешаванд. Конститутсия ва ќонунњо њолатњои истисноиеро пешбинї ва муайян кардаанд, ки дар сурати мављудияти онњо давлат метавонад њуќуќу озодињои шахсони алоњида ё гурўњи шањрвандонро мањдуд намояд. Масалан, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њолатњои зерини истисноиро муайян кардааст, ки дар сурати мављудияти онњо мањдуд кардани њуќуќу озодињои инсон иљозат дода мешавад: бо

маќсади таъмини њуќуќу озодињои дигар шахсон; бо маќсади таъмини тартиботи љамъиятї; бо маќсади њимояи сохти конститутсонї; бо маќсади њимояи тамомияти арзии љумњурї. Дар Конститутсия омадааст, ки мањдудкунии њуќуќу озодињо танњо дар њолати мављуд будани њолати зикршуда раво дониста мешавад. Ин маънои онро дорад, ки ќонунњо ва дигар санадњои меъ ёрии њуќуќии маќомоти давлатї наметавонанд ягон асоси иловагии дигареро барои мањдудкунии њуќуќу озодињои инсон пешбинї намоянд.

Њамин тариќ, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дурнамои кишварро муайян намуда, силсилаи мукаммали њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро муњайё намуда, таъмини онњоро кафолат додааст, ки онњо њам ба талаботњои меъёрњои умумибашарї ва њам ба шароити воќеии кишвари мо љавобгў мебошад, ки чунин дурнамо ташкили њаёти одамонро дар њазорсолаи нав пешбинї мекунад.