18:10:24 - 23.10.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Қарор аз рўи дархости Кимсанов И. Х.

оид ба дархости Кимсанов И. Њ. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаҳои 371 ва 372 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе 7 майи соли 2010

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда- Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., судяњои Суди конститутсионї Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М. М., Каримов К. М. ва Назаров М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Одинаева Р.Р.,

тарафњо:

а) Шањрванд Кимсанов И. Њ.-тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

б)Гиёев С. Н. -намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Илолов М. И.-намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикис- тон дар Суди конститутсионї- намояндагони тарафе, ки санади меъёрии њуќуќии ќабул ва љонибдоринамудаи онњо мавриди бањс карор дода шудааст;

даъватшудагон:

Њабибуллоева М. Р.- Муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон, Гулмадшоев Р. К.-Муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон, Ќодиров Т. Ќ. - судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Холиќ- зода Љонибек-Сардори Сарраёсати ќонунгузории Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон, Њотамбекова М. Ў.-Прокурори Раёсати назорати ќонунї будани ќарорњои судњо оид ба парвандањои шањрвандї ва иќтисодии Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар маљлиси ошкорои Суди конститутсионї парвандаро аз рўи дархости Кимсанов И. Њ. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаҳои 371 ва 372 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, маърўзаи судяи Суди конститут- сионї Каримов К.М., баёноту хулосаи тарафњо ва баромади иштирокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешнињодшуда ва дигар њуљљатњоро тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Кимсанов И.Њ. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумҳурии Тољи- кистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки даъвои ў ва ваколат- дињандаи ў шањрванди давлати Исроил Алиев Р. бо љавобгарии оилаи Одинаевњо оид ба беэътибор донистани шартномаи хариду фуруши ду хонаи истиќоматї воќеъ дар шањри Душанбе аввалњои моњи апрели соли 2003 оѓоз гардида буд.

Парванда муддати панљ сол дар баррасии судњои марњилањои якум, кассатсионї ва назоратии Љумњурии Тољикистон ќарор дошт, ки он ваќт Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон тањрири соли 1965 амал мекард.

1 апрели соли 2008 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон мавриди амал ќарор гирифта, парвандаи ў 28 апрели соли 2008 аз тарафи Суди ноњияи Синои шањри Душанбе баррасї гардида, беќаноат гузошта шуд.

Ў нисбати њалномаи Суди ноњияи Сино ба Суди шањри Душанбе шикоят овард, аммо Суди номбурда бо ќарори худ аз 21 октябри соли 2008 шикояти кассатсионии ўро ќонеъ накард.

Баъдан ў ду маротиба бо назардошти Кодекси амалкунандаи муро- фиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба судњои марњилаи назоратї: Суди шањри Душанбе ва Суди Олии Љумњурии Тољикистон шикоят кардааст, аммо шикоятњои ў ќаноатбахш карда нашудаанд.

Ба андешаи номбурда, моддаҳои 365, 371, 372, 373 ва 378 боби 40-и Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон нисбати парвандаи ў татбиќнамудаи судњо кафолати њифзи судии ўро халалдор намуда, садди роњи баррасии парвандаи ў дар марњилаи назоратї гардиданд. Моддањои зикршуда бо мўњлати кўтоњи яксолаи мурофиавї, нобаробарии мурофиавии иштирокчиёни мурофиа ва номукаммалии худ имконият надоданд, ки ў њуќуќњои конститутсионии худро ба манзил амалї намояд.

Аз ин рў, аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон талаб менамояд, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиќати моддаҳои 365, 371, 372, 373 ва 378 боби 40-и Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистонро ба моддаи 19 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионї оид ба дархости Кимсанов И. Њ дар хусуси муайян намудани мутобиқати модаҳои 371 ва 372 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 19 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мурофиаи судии конститутсионї оѓоз намуда, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати талаботи боќимондаи Кимсанов И. Њ. рад намуд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи мавриди бањс ќарордодаи И.Њ. Кимсановро њаматарафа тањќиќ намуда, ќайд менамояд, ки яке аз дастоварди муњими афкори сиёсию њуќуќї ва фарњангии инсоният-ин эътирофи њуќуќи инсон ва шањрванд ба њифзи судї ва кафолати ин њуќуќи шахсї дар санадњои њуќуќии байналмилалї ва конститутсияю ќонунгузорињои миллии давлатњои љањон ба шумор меравад.

Сарчашмаи асосии ин њуќуќро принсипи таљзияи њокимияти давлатї ба ќонунгузор, иљроия ва судї ташкил медињад, ки механизмњои байналмилалї ва миллии њифзи судї пайваста пайи такмил ва инкишоф ќарор доранд.

Аз љумла, моддаи 8 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948 пешбинї менамояд, ки «Њар як инсон дар сурати поймол гардидани њуќуќњои асосии ў, ки бо Конститутсия ё ќонун пешбинї шуданд, барои барќарорсозии пурраи онњо аз тарафи судњои босалоњияти миллї њаќ дорад».

Моддаи 14 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї, ки бо ќатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 16 декабри соли 1966 ќабул ва аз тарафи Љумњурии Тољикистон аз 4 апрели соли 1999 тасдиќ шудааст, ин масъаларо васеътар танзим намуда, пешбинї менамояд, ки «Њамаи шахсон дар назди судњо ва трибуналњо баробаранд. Њар кас њангоми баррасии њар навъ айбдории љиноятие, ки ба ў эълон карда мешавад ё њангоми муайян кардани њуќуќ ва ўњдадорињои ў дар ягон мурофиаи шањрвандї, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоњият, мустаќил ва беѓаразе, ки дар асоси ќонун таъсис дода шудааст, њаќ дорад».

Бо назардошти санадњои зикршудаи байналмилалї, ки ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил медињанд, дар Конститутсия ва ќонун- гузории Љумњурии Тољикистон як ќатор меъёрњое пешбинї шуданд, ки ба њифзи судии њуќуќи инсон ва шањрванд ва кафолати татбиќи ин њуќуќ равона карда шудаанд.

Тибќи санадњои зикршуда шањрвандони Љумњурии Тољикистон дорои як ќатор њуќуќу ўњдадорињои конститутсионї буда, онњоро бо ирода ва бо назардошти манфиатњои худ ва дар доираи манфиатњои љамъиятию давлатї ба амал мебароранд. Дар сурати поймол гаштани њуќуќњои худ, онњо аз кафолати њифзи судї бархурдор буда, «њуќуќ доранд талаб намоянд, ки парвандаи онњоро суди босалоњият, мустаќил ва беѓарази тибќи ќонун таъсисёфта баррасї намояд».

Њифзи судии пешбининамудаи моддаи 84 Конститутсия, ки тибќи он «Њокимияти судї њуќуќ, озодињои инсону шањрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисањо, ќонунияту адолатро њифз менамояд», дар баробари дигар муносибатњои љамъиятї нисбати муносибатњои шањрвандї низ татбиќ мегардад, ки тартиби иљрои онњоро ќонунгузории мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон пешбинї менамояд.

Чунончї, моддаи 1 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд, «Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи гражданї ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон асос ёфта, аз Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон», њамин кодекс, …, инчунин санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Љумњурии Тољикистон онњоро эътироф кардааст, иборат мебошад».

Тибќи талаботи модддаи 3 Кодекси мурофиавии зикршуда «Вазифањои мурофиаи судии гражданї аз дуруст ва сариваќт баррасї ва њал намудани парвандањои гражданї бо маќсади њифзи њуќуќ, озодї ва манфиатњои ќонунии вайронгардида ё мавриди бањс ќарор доштаи шањрвандон… иборат аст.»

Тибќи моддаи 8 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон бошад «Парвандањои гражданї дар њамаи судњои марњилаи якум аз љониби судя танњо…, дар њолатњои пешбининамудаи Кодекси зикршуда аз тарафи як судя аз номи суд, дар марњилањои кассатсионї ва назоратї аз љониби суд тибќи тартиби муќаррарнамудаи њамин Кодекс ва ќонун ба таври дастљамъї баррасї мегарданд.»

Бо ин назардошт, ќонунгузор масъалањои вобаста ба мурофиа дар марњилаи назоратиро дар боби 40 КМГ Љумњурии Тољикистон мавриди танзим ќарор додааст.

Тибќи муќаррароти моддаи 371 боби зикршудаи КМГ Љумњурии Тољикистон судя бо супориши раиси суди дахлдор ё муовини ў шикоят ё эътирози назоратиро баррасї намуда, дар сурати ба талаботи моддањои 369-370 КМГ Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани онњо парвандаи гражданиро талаб карда мегирад. Нисбати парванда ду навъи таъинот: оид ба рад намудани ирсоли парванда љињати моњиятан баррасї намудани он дар суди марњилаи назоратї ё оид ба ирсол намудани парванда ба суди марњилаи назоратї ќабул менамояд.

Ќисми 2 моддаи 372 КМГ Љумњурии Тољикистон бошад, муќаррар менамояд, ки Раиси Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, раисони судњои вилоятї, Раиси Суди ш. Душанбе, Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва муовинони онњо њаќ доранд бо таъиноти судя љињати рад намудани ирсоли парванда барои моњиятан баррасї намудани он дар суди марњилаи назоратї розї нашаванд. Дар ин њолат ќонунгузор ба онњо њуќуќ додааст, ки онњо дар хусуси ирсоли парванда барои моњиятан баррасї намудани он дар суди марњилаи назоратї таъинот ќабул намоянд.

Ќонунгузор ба иштирокчиёни мурофиаи судии гражданї, инчунин њуќуќ додааст, ки онњо дар давоми сол аз болои санадњои судии ба ќувваи ќонунї даромада такроран шикоят ё эътирози назоратї пешнињод намоянд ва тибќи талаботи ќисми 2 моддаи 367 КМГ Љумњурии Тољикистон ќарорњои ќаблан ќабулгардидаи судњои марњилаи назоратиро дар мўњтавои шикоят ё эътирози назоратии навашон нишон дињанд.

Тибќи талаботи моддаи 378 КМГ Љумњурии Тољикистон бошад, ќонунгузор ба Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон ваколат додааст, ки ў бо максади таъмини ягонагии таљрибаи судї ва ќонуният ба Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон барои аз нав дида баромадани санадњои судї бо тартиби назоратї эътирози асоснок ирсол намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њолатњои зикршударо ба эътибор гирифта, тартиби баррасии пешакии шикоят ё эътирози назоратї пешбининамудаи моддањои 371 ва 372 КМГ Љумњурии Тољикистонро ба ќисми якуми моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ њисоб менамояд, зеро:

-марњилаи назоратї бо табиат ва таъиноти њуќуќии худ танњо дар њолати вайрон кардан ё татбиќи нодурусти меъёрњои њуќуќи моддї ва меъёрњои њуќуќи мурофиавї пешбининамудаи ќонунгузории мурофиавии гражданї, инчунин мављуд будани хатоњои дар марњилањои пешакии баррасии парванда рухдода, ки њуќуќу манфиатњои дар мурофиаи судї њифзшавандаи иштирокчиёни мурофиаро љиддан вайрон кардаанд, мавриди амал ќарор мегирад;

-ин марњила, њамчун кафолати иловагии санљиши ќонунї ва асоснок будани санадњои судї дар њолате имконпазир аст, ки агар то ба ќувваи ќонунї даромадани санадњои судї њамаи имкониятњои пешбинамудаи ќонунгузории мурофиавї аз тарафи шахсони манфиатдор ва маќомоти судї пешбинї нашуда, хатоњои марњилањои пешинаи судї бартараф нагардида бошанд;

-вобаста ба ин, марњилаи мазкур тавре бояд пешбинї гардад, ки он бо моњияти талаб, мўњтавои мурољиат, тартиби ба амал баровардан ва дигар масъалањои ба ин марњила хос ба устувории санадњои судии эътибори ќонунї пайдо кардаи марњилањои пешинаи судї, баробарии њамаи марњилањои судї дар њифзи њуќуќи инсон ва шањрванд ва дар маљмўъ ба фаъолияти мўътадили низоми маќомоти њокимияти судї тањким бахшида тавонад.

Њамин тариќ, тартиби пешакї баррасї намудани шикоят ва эътирози назоратї танњо аз тарафи як судя аз талаботи ќисми 2 моддаи 8 КМГ Љумњурии Тољикистон ки тибќи он «Дар њолате, ки агар њамин Кодекс ба судя њуќуќи танњо баррасї намудани парвандаи гражданї ё содир намудани амали људогонаи мурофиавиро дода бошад, судя аз номи суд амал мекунад», бармеояд. Дар ин маврид судя танњо асоснокии шикоят ва эътирози назоратии пешнињодшударо баррасї намуда, ќарори ба ќувваи ќонунї даромадаи судњои марњилаи якум ва кассатсиониро таѓйир дода наметавонад. Ин амали судя мазмуни моњиятан баррасї шудани парвандаи назоратиро надорад, ки ин аз устувории санадњои судии эътибори ќонунї пайдокардаи марњилањои пешинаи судї, баробарњуќуќии онњо ва дар маљмўъ аз мўътадилии низоми њокимияти судї шањодат медињад.

Новобаста аз ин, Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо назардошти таљрибаи мављуда мувофиќи маќсад будани тартиби баррасии пешакии шикоят ё эътирози назоратї аз љониби як судя, мўњлатњои дуру дарози баррасии шикоят ва эътирози назоратї, инчунин дигар масъалањои ба ин марњилаи судї хос пешби- нинамудаи боби 40 КМГ Љумњурии Тољикистонро мавриди омўзиш ва баррасї карор дињад.

Дар асоси гуфтањои боло ва мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сар- ќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14, 32, 36, 37, 46-48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќ а р о р м е к у н а д:

1. Моддањои 371 ва 372 КМГ Љумњурии Тољикистонро ба моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошад.

2.Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон мувофиќи маќсад будани тартиби баррасии пешакии шикоят ё эътирози назоратї аз љониби як судя, мўњлатњои баррасии шикоят ва эътирози назоратї пешбининамудаи моддаи 371, моддаи 372 ва моддаи 374 КМГ Љумњурии Тољикистон, инчунин дигар масъалањои ба ин марњилаи судї хос пешбининамудаи боби 40 КМГ Љумњурии Тољикистонро бо назардошти таљрибаи мављудаи ба таври дастљамъї баррасї намудани шикоят ва эътирози назоратї мавриди омўзиш ва баррасї ќарор дињад.

3. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш эътибор пайдо мекунад.

4.Ќарори мазкур дар «Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон», рўзномањои «Љумњурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А.

Котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Каримов К.М.