04:36:28 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Қарор аз рўи дархости судяи Суди ноҳияи Рошткалъаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Шодиев Ш.Р.

 


оид ба парванда аз рўи пешнињоди судяи Суди ноњияи Роштќалъаи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон Шодиев Ш.Р. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» ва бандњои 3 ва 17 Низомномаи таќсимот ва бо љойи кор таъмин намудани мутахассисони љавон ба ќисми 1 моддаи 35 ва ќисми 2 моддаи 41 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе «28»  апрели соли 2011

Суди конститутсионии Љумҳурии Тољикистон дар ҳайати раисику- нанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис На-заров М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Каримов К.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї –Сангова Г.Р.

тарафњо:

Шодиев Ш.Р. -судяи Суди ноњияи Роштќалъаи ВМКБ - тарафе, ки дар асоси пешнињоди ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї; Илолов М.- намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї; Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститут- сионии Љумњурии Тољикистон- тарафњое, ки конститутсионї будани ќонуни ќабулкарда, љонибнибдорикарда ва ба имзорасонидаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

Рањимов Ф.Ќ.- муовини Вазири маорифи Љумњурии Тољикистон ва Файзиев Исмоил- намояндаи ваколатдори Раёсати Кумитаи иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Љумњурии Тољикистон -тарафе, ки конститутсионї будани санади меъёрии њуќуќии тасдиќ ва татбиќ- намудаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст.

Даъватшудагон:

Ќодиров Т. Ќ. – Раиси Коллегия оид ба корњои оилавии Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

Холиќов А.Ѓ. - муовини Вазири адлияи Љумњурии Тољикистон;

Исоќов А. Н. -муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон;

Зоиров К. А.-муовини Сардори Раёсати назорати ќонунї будани санадњои судї оид ба парвандањои иќтисодї, гражданї, оиллавї ва маъмурии Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи- кистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољи- кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судии конститутсионї парвандаро дар асоси пешни- њоди судяи Суди ноњияи Роштќалъаи ВМКБ Шодиев Шўњрат Рањмат- љонович «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» ва бандњои 3 ва 17 Низомномаи таќсимот ва ба љойи кор таъмин намудани мутахассисони љавон ба ќисми 1 моддаи 35 ва ќисми 2 моддаи 41 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши муовини Раиси Суди конститутсионї Назаров М., баёноту хулосаи тарафњо ва фикру андешаи даъватшудагонро шунида, маводи мурољиат ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Судяи Суди ноњияи Роштќалъаи ВМКБ Шодиев Ш.Р. бо пешнињод ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки 26 октябри соли 2010 Донишгоњи давлатии Хоруѓ ба номи М. Назаршоев бо аризаи даъвогї ба Суди ноњияи Роштќалъаи ВМКБ мурољиат карда, ќайд намудааст, ки Хубоншоева М. С. cоли 2004 ба шўъбаи рўзонаи факултаи фанњои табиї дохил гардида, онро соли 2009 бо ихтисоси омўзгори фанни химия хатм кардааст. Номбурда дар гурўњи буљетї тањсил намуда, маблаѓи барои тањсили ў сарфшуда 3229 сомонию 01 дирамро ташкил медињад.

Хубоншоева М.С. баъди хатми Донишгоњ њамчун мутахассиси љавон бо назардошти талаботи ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», ки тибќи он «Шањрвандоне, ки муассисањои таълимии давлатиро хатм кардаанд, мувофиќи роњхати маќомоти дахлдор ва шартномаи тарафайн бояд на камтар аз се сол аз рўи ихтисос њатман кор кунанд», бо роњњат барои кор ба ноњияи Ишкошими ВМКБ фиристода шудааст.

Донишкада, зимни ба кор фиристодани Хубоншоева М.С., инчу- нин муќаррароти дигар санадњои меъёрии њуќуќии соњаи маорифро, ки дар асоси талаботи моддаи зикргардидаи Ќонуни Љумњурии Тољи- кистон «Дар бораи маориф» тасдиќ гардидаанд, мавриди татбиќ ва дастрасї ќарор додааст.

Аз љумла, тибќи банди 3 Низомномаи таќсимот ва бо љойи кор таъмин намудани мутахассисони љавон (бо Ќарори якљояи мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ва Раёсати Кумитаи иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Љумњурии Тољикистон аз 3 декабри соли 2008 №21/8 тасдиќ шудааст) «Мутобиќи моддаи 25 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Ќарордоди фаъолияти якљояи маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, муассисаи олии касбии таълимии давлатї ва донишљў ба љойи кор њозир шудан ва на камтар аз 3 сол кор кардан ўњдадории њар як мутахассиси љавон мебошад (ба истиснои мутахассисоне, ки аз њисоби худашон гурўњи шартномавиро хатм кардаанд)».

Тибќи банди 17 Низомномаи зикршуда, «Мутахассисони љавоне, ки муассисањои тањсилоти олии касбиро аз њисоби маблаѓњои буљавї хатм кардаанд, вазифадоранд, ки тибќи таъиноти комиссия, роњхати вазорату идорањои дахлдор ва ќарордоди сељониба на камтар аз се сол кор кунанд».

Номбурда дар асоси роњхати ба ў додашуда ба љойи кор њозир нашудааст. Бинобар ин, Донишгоњ аз Суди ноњияи Рошт- ќалъаи ВМКБ талаб намудааст, ки маблаѓи 3229 сомонию 01 дирам аз њисоби Хубоншоева М.С. ба фоидаи буљаи давлат барќарор карда шавад.

Шодиев Ш.Р. бо њалномаи худ аз 3 ноябри соли 2010 ќонеъ гардонидани талаби Донишгоњро бо назардошти он, ки гуё ќисми 2 моддаи 25 Ќонун дар бораи маориф ва бандњои 3 ва 17 Низомномаи зикршуда ба ќисми 1 моддаи 35 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «Њар кас ба мењнат, интихоби касбу кор, њифзи мењнат ва њимояи иљтимої њангоми бекорї њаќ дорад» ва ба ќисми 2 моддаи 41 Конститутсия, ки тибќи он «Шахс дар доираи муќаррарнамудаи ќонун, дар муассисаи таълимии давлатї метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумї, ибтидоии касбї, миёнаи касбї ва олии касбї гирад», мухолифат дошта бошанд, рад намудааст.

Номбурда, бо назардошти номувофиќ њисоб намудани ќисми 2 моддаи Ќонун ва бандњои 3 ва 17 Низомнома ба Конститутсия, онњоро инчунин ба ќисми 1 моддаи 23 Эъломияи умумии њуќуќи башар ва ќисми 1 моддаи 6 Паймони байналхалќї доир ба њуќуќи иќтисодї, иљтимої ва фарњангї номутобиќ њисоб менамояд.

Ба андешаи ў, давлат барои шањрвандони мамлакат гирифтани тањсилоти миёнаи умумї, ибтидоии касбї, миёнаи касбї ва олии касбиро бе ягон хел шарту шароит ва ба таври ройгон кафолат додааст ва њар шањрванд дар интихоби касб ва љойи кор бо назардошти ќобилияти худ озод буда, ягон кас њуќуќ надорад онњоро дар ин масъала маљбур намояд. Хубоншоева М.С. љойи корашро озодона интихоб накардааст ва меъёрњои мавриди бањс ќарор додашуда њуќуќњои конститутсионии ўро ба тањсилоти олї ва интихоби касб вайрон намудаанд.

Аз ин рў, Шодиев Ш.Р. аз Суди конститутсионї талаб менамояд, ки оид ба пешнињоди ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиќати ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» ва бандњои 3 ва 17 Низомномаи таќсимот ва бо љойи кор таъмин намудани мутахассисони љавон-ро ба ќисми 1 моддаи 35 ва ќисми 2 моддаи 41 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињоди судяи Су- ди ноњияи Роштќалъа Шодиев Ш.Р. ва маводњои зимни баррасии он љамъоварї кардашударо њамаљониба омўхта, ќайд менамояд, ки њуќуќ ба мењнат, интихоби касбу кор ва њуќуќ ба тањсил муњимтарин њуќуќњои иќтисодию иљтимоии инсон ва шањрванд ба шумор мераванд. Онњо омили зарурии инкишофи шахсият ва дар маљмўъ љомеа ва давлат буда, дар раванди идоракунии захирањои инсонї, иќтидорњои зењнї, мењнатї ва ќуввањои истењсолкунандаи давлат наќши њалкунанда мебозанд ва аз сатњи ин њуќуќњо рушди иљтимоии инсон вобастагї дошта, вазъи љамъиятияш муайян карда мешавад.

Њуќуќњои зикршуда дар баробари дигар њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд маќсад, мазмун ва татбиќи ќонунњо, фаъолияти маќомоти њо- кимияти давлатї, инчунин маќомоти худидоракунии мањаллиро муайян намуда, тавассути њокимияти судї њифз гардида, танњо дар њолатхои пешбининамудаи Конститутсия мањдуд карда мешаванд.

Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар ќисми 1 моддаи 35 ба њар кас њуќуќ ба мењнат ва интихоби касбу корро кафолат додааст, ки ин талабот аз моддаи 23 Эъломияи умумии њуќуќи башар (10 декабри соли 1948) ва ќисми 1 моддаи 6 Паймони байналхалќї доир ба њуќуќи иќтисодї, иљтимої ва фарњангї (16 декабри соли 1966) сарчашма мегирад.

Муќаррароти моддаи зикршудаи Конститутсия дар Кодекси мењ- нати Љумњурии Тољикистон, инчунин ќонунњои соњавї ва дигар санадњои меъёрї танзими њуќуќии худро ёфтааст.

Кодекси мењнат бо назардошти муњимияти њуќуќ ба мењнат ва ин- тихоби касбу кор дар моддаи 3 танзими ќонунї ва шартномавии муно- сибатњои мењнатиро пешбинї намуда, дар баробари муќаррар гаштани сатњи њадди аќали њуќуќи мењнатї ва кафолатњо барои кормандон аз тарафи санадњои ќонунгузорї ва санадњои дигари меъёрии њуќуќї, инчунин аз тарафи созишномањои генералї, соњавї (тарифї), минтаќавї (вилоятї, ноњиявї, шањрї), шартномањои коллективї, шартномањои (ќарордодњои) мењнатї муќаррар гардидани њуќуќ ва кафолатњои мењнатиеро, ки дар санадњои ќонунгузорї пешбинї нагардидаанд, махсус ќайд намудааст.

Кодекси мењнат дар моддаи 6 ба њамаи кормандон татбиќ гаштани амали Кодексро муќаррар карда, тавассути ќонунњои соњавї ва дигар санадњои меърии њуќуќї танзим шудани мењнати гўруњњои алоњидаи кормандонро низ сарфи назар накардааст ва муќаррар менамояд, ки «… сатњи умумии њуќуќ ва кафолатњои мењнатї набояд аз сатњи муќаррарнамудаи Кодекси мазкур пасттар бошад».

Бо ин назардошт, масъалањои вобаста ба фаъолияти касбї ва мењнатии гўруњњои алоњидаи кормандон, тавассути ќонунњои соњавї, аз љумла Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи таќсимот ва бо љойи кор таъмин намудани мутахассисони љавон ва дигар санадњои њуќуќии соњаи маориф на камтар аз сатњи умумии њуќуќ ва кафолатњои мењнатии пешбининамудаи Кодекси мењнат мавриди тан- зими њуќуќї ќарор мегиранд.

Тибќи муќаррароти банди 17 моддаи 15 Кодекси мењнат дар ташкилот дар баробари дигар кормандон «мутахассисони љавон -шахсоне, ки ба ташкилот баъд аз хатми мактабњои олї ва миёнаи махсус аз рўи роњхати муассисањои мазкур ба кор ќабл шуданд», низ фаъолият менамоянд. Ќонунгузор бо назардошти вазъи махсуси њуќуќии мутахассисони љавон дар банди 7 моддаи 4 Кодекси мењнат пешбинї менамояд, ки «Давлат… муњайё намудани кори мувофиќро ба мўњлати на камтар аз се сол барои мутахассисони љавон-хатмкунандагони муассисањои таълимии давлатї, ки бо дархости ташкилот ба кор омаданд, кафолат медињад».

Давлат, њамчунин бо назардошти вазъи њуќуќии мутахассисони ља- вон ин гурўњи мењнатиро аз санљишњо њангоми ќабул ба кор ва хизмати давлатї, аз озмунњо барои ишѓоли мансабњои маъмурии хизмати дав- латї, гузаштан аз атестатсияхо дар солњои аввали фаъолияти мењнатї ва дигар масъулияти мењнатї озод намудааст.

Мутахассисони љавон бо вазъи њуќуќии худ аз дигар гурўњњои мењнатї бо ѓамхории давлат оид ба сари ваќт ба кор фаро гирифта шудани онњо, дастгирињои рўњї ва маънавї, фароњам овардани шароит барои мўътадил ворид шудани онњо ба фазои мењнатию њуќуќї, коллективњо ва љамъиятњои мењнатї ва дигар имтиёзњои моддї фарќ мекунанд.

Давлат ин амалро тавассути дархостњои маќомоти дахлдори дав- латї, роњхатњо ба кор ва фармоишњои давлатї ба наќша гирифта, идора- кунии стратегии захирањои инсонї ва ќуввањои истењсолкунандадаро дар соњањои гуногуни хољагии халќ ва минтаќањои гуногуни маъмурию географї амалї менамояд.

Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки њуќуќ ба таълими сатњи гуногун, аз љумла таълими олии касбї эълондоштаи ќисми 2 ва умуман моддаи 41 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки аз моддаи 26 Эъломияи умумии њуќуќи башар ва моддаи 13 Паймони байналхалќї доир ба њуќуќи иќтисодї, иљтимої ва фарњангї сарчашма мегирад, аз зумраи он њуќуќњои инсон ва шањрванд мебошад, ки амалї намудани онњо аз мављудияти як ќатор омилњо, аз љумла ташаккули шахсият, инкишофи зењнї ва аќлонї, љињатњои касбию донишандўзї, маърифати шахсї, ќобилият ва истеъдоди њар як шахс вобастагї дорад. Њар як шахс њуќуќи таълими олии касбї дорад, аммо дастрасї ба он доштани таълими умумии асосї (шањодатнома), саломатии барои тахассус имконпазир, (маълумотномаи заруррии тиббї), супоридани имтињону санљишњои давлатии дохилшавї, риояи тартиботи дохилии муассисаи таълимї ва дигар њолатњоро таќозо менамояд.

Конститутсия гирифтани таълими сатњи гуногун, аз љумла таъли- ми олии касбиро ба таври ройгон аз њисоби буљаи давлатї кафолат дода, њамзамон шаклњои дигари таълимро низ сарфи назар накардааст. Бо ин назардошт, давлат барои соњањои гуногуни хољагии халќ аз њисоби буљаи давлатї ба таври ройгон мутахасссони љавонро тайёр намуда, ба љойи кор таъмин кардани онњоро дар асоси фармоишњои давлатї ба роњ мемонад. Ин фаъолияти маќсаднок, наќшавї ва стратегї мањсуб гардида, талабот, ниёзмандї ва имкониятњои иќтисодию молиявии давлат ва дар маљмўъ бозори мењнатро ба кадрњои гуногуни њољагии халќ инъикос менамояд.

Њамин тариќ, давлат захирањои мењнатиро, ки аз њисоби мутахас- сисони љавон пурра ва нав карда мешавад, дар доираи Конститутсия, талаботи санадњои ќонунгузорї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї идора менамояд. Њамзамон, барои мутахассисони аз њисоби худашон гурўњњои шартномавии муассисањои таълимии давлатї ва ѓайри давлатиро хатм карда, тартиботи дигари њуќуќї муайян намуда, онњо дар интихоби касбу фаъолият ва љой кор озод мебошанд.

Тартиботи њуќуќии муќаррарнамудаи давлат, ки танзимкунандаи муносибатњои љамъиятї, аз љумла муносибатњои мењнатї мебошад, дар њељ њолат ба мањдуд кардани њуќуќи шањрвандон ба мењнат, интихоби озоди касбу кор ва гирифтани таълими олии касбї нигаронида нашудааст, зеро ќонунгузорї интихоби озодонаи шаклњои таълимро, ки њар кадоме дорои оќибатњои њуќуќии ба худ хос мебошанд, ба худи шањрвандон вогузор кардааст. Шањрвандон ин ё он шакли таълимро (ройгон ё пулакї) ихтиёран интихоб намуда, аз оќибатњои њуќуќии ин шаклњо чї дар давраи тањсил ва баъди тањсил бархурдор мебошанд, яъне интихоби шакли тањсил ин интихоби оќибатњои њуќуќии он низ ба шумор меравад ва боиси зикр аст, ки интихоби шакли таълим дар баробари ќобилият, истеъдод ва дигар хусусиятњои зењнию аќлонии шањрвандон, инчунин аз имкониятњои молиявию моддии шањрвандон низ вобастагї дорад.

Њамин тариќ, давлат њуќуќи шањрвандонро ба мењнат, интихобу касбу кор ва тањсил тавассути ба роњ мондани низоми ташаккулёфтаи мењнат ва маориф, инчунин шароити дахлдори сиёсї ва иљтимоию-иќти- содї таъмин менамояд. Дар навбати худ, дар асоси фармоиши давлатї ва роњхат ба кор фиристодани хатмкардагони муассисањои таълимии миёнаи касбї ва олии касбии соњаи маориф барои ба амал баровардани њуќуќњои конститутсионии њазорон нафар шањрвандони мамлакат, ки аз чунин њуќуќ бархурдоранд, равона карда шудааст.

Бинобар ин, Суди конститутсионї чунин мешуморад, ки ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» ва бандњои 3 ва 17 Низомномаи таќсимот ва ба љойи кор таъмин намудани мутахассисони љавон ба ќисми 1 моддаи 35 ва ќисми 2 моддаи 41 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошанд.

Њамзамон Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистонро зарур аст, ки механизми бастани Ќарордоди фаъолияти якљояи маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, муассисаи олии касбии таълимии давлатї ва донишљў-ро пеш аз ба тањсил оѓоз намудани донишљуёни муассисањои таълимии мамлакат тањким бахшида, интишори расмї ва мавриди амал ќарор додани Низомномаи таќсимот ва ба љойи кор таъмин намудани мутахассисони љавон-ро таъмин намояд.

Дар асоси гуфтањои боло, мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14, 36, 37, 46,47, 48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќарор кард:

1. Ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» ва бандњои 3 ва 17 Низомномаи «Таќсимот ва ба љойи кор таъмин намудани мутахассисони љавон» ба ќисми 1 моддаи 35 ва ќисми 2 моддаи 41 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошанд.

2. Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистонро зарур аст, ки меха- низми бастани Ќарордоди фаъолияти якљояи маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, муассисаи олии касбии таълимии давлатї ва донишљў-ро пеш аз ба тањсил оѓоз намудани донишљуёни муассисањои таълимии мамлакат тањким бахшида, интишори расмї ва мавриди амал ќарор додани Низомномаи таќсимот ва ба љойи кор таъмин намудани мутахассисони љавонро таъмин намояд.

3.Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

4. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов