23:56:12 - 19.01.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Қарор аз рўи дархости Директори генералии Чамъияти саҳҳомии пўшидаи «Фортуна» Абдураҳимов А.А.

 

Доир ба парванда аз рўи дархости Директори генералии Љамъияти сањњомии пўшидаи «Фортуна» Абдурањимов А.А. ва њуќуќшиносони љамъияти мазкур Турахољаев И.Т., Лебедев В.М. ва Ќурбонов С.Ќ. «Оид ба муайян намудани мутобиќати банди 1 ќисми 2 моддаи 6 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 феврали соли 2004 №19 «Дар бораи бољи давлатї» ба ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе «10» ноябри соли 2011

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси- кунанда - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ботирова Г.,

тарафњо:

Директори генералии ЉСП «Фортуна» Абдурањимов А.А., бо вако- латномаи љамъияти мазкур Лебедев В.М. ва Исмоилов Я. – намоянда- гони тарафе, ки аз рўи дархости онњо мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

Гиёев С.Н. - намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Илолов М.И.-намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњу- рии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Шоназаров С.А. - намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди консти- тутсионї - намояндагони тарафе, ки конститутсионї будани ќонуни ќабул, љонибдорикарда ва ба имзорасонидаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Ширинљонова М.М. - муовини раиси Суди Олии иќтисодии Љум- њурии Тољикистон

Холиќов А.Ѓ. - муовини вазири адлияи Љумњурии Тољикистон;

Гулматшоев Р.К. - муовини прокурори генералии Љумњурии Тољи- кистон,

Ќодиров Т. Ќ. - Раиси коллегия оид ба корњои оилавии Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

Раљабов А.А. - сардори раёсати судњои Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон;

Саидов Б. Б. – сардори шўъбаи њуќуќи Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон;

Холиќов А.С. - сардори шўъбаи њуќуќи соњибкории Раёсати дастгирии соњибкории Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон;

Меликов М. Н. – муовини сардори раёсати њуќуќи Кумитаи андо- зи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољ- кистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољи- кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости Директори генералии ЉСП «Фортуна» Абдурањимов А.А. ва њуќуќшиносони љам- яти мазкур Турахољаев И.Т., Лебедев В.М. ва Ќурбонов С.Ќ. «Оид ба муайян намудани мутобиќати банди 1 ќисми 2 моддаи 6 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 феврали соли 2004 №19 «Дар бораи бољи давлатї» ба ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 2004, №2, мод.51; соли 2005, №12, мод. 630; соли 2006, №12, мод.541; соли 2008, №6, мод. 460, №12, ќ-2, мод.1000; соли 2009, №3, мод. 88; соли 2010, №1, мод.8, мод.10; №12, ќ-1, мод. 823) баррасї намуда, гузориши муовини раиси Суди конститутсионї Назаров М., баёноту хулосаи тарафњо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Директори генералии ЉСП «Фортуна» Абдурањимов А.А. ва дигар намояндагони ваколатдори ин љамъият бо дархост ба Суди консти- тутсионї мурољиат намуда, дар он нишон медињанд, ки Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон бо њалномаи худ аз 2 апрели соли 2010 даъвои маќомоти Агентии назоратии давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистонро ќисман ќонеъ карда, Ќарори Раёсати Иттифоќи матлуботи вилояти Ленинобод аз 31 декабри соли 1998 №118, Ќарори Раёсати Иттифоќи «Тољикматлубот» (минбаъд «Тољикматлубот») аз 11 январи соли 1999 №2, Шањодатномаи њуќуќ ба моликият аз 26 июли соли 2000 №5-П-9020 ва Шиносномаи техникии њавлидории ЉСП «Фортуна»-ро беэътибор донистааст.

Бо њамин њалнома, инчунин Ќарори Раиси шањри Хуљанд аз 15 июли соли 1999 №469, Шартномаи хариду фурўши бозори марказии шањри Хуљанд «Панљшанбе», (минбаъд - бозори «Панљшанбе»), ки байни Идораи бозорњои Иттифоќи матлуботи вилояти Ленинобод ва ЉСП «Фортуна» аз 15 январи соли 1999 баста шуда буд, беэътибор дониста шуда, тарафњо ба њолати аввала, яъне ба њолати то замони басташудани шартномаи хариду фурўш оварда шудаанд. Тибќи ин њалнома бозори «Панљшанбе» ба ихтиёрдории «Тољикматлубот» мононда шуда, аз њисоби «Тољикматлубот» ба манфиати ЉСП «Фортуна» пардохти арзиши аввалаи бинои бозор, ки ба 261306,53 доллари амрикої баробар мебошад, вогузор карда шудааст.

Шикоятњои апеллятсионї, кассатсионї ва назоратии ЉСП «Фортуна» аз љониби Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон беќа- ноат мононда шудаанд.

Бинобар ин, ЉСП «Фортуна» бо назардошти ба ихтиёри «Тољикматлубот» додани бозори «Панљшанбе» харољоти воќеии дар зарфи бештар аз 12 сол барои таъмиру тармим, азнавсозї, барќароркунї, ободонию нигоњдошти биноњои бозори мазкур кардаашро, ки мувофиќи њуљљатњои тасдиќкунанда њаштоду як миллиону панљсаду шаст њазор (81560000) сомонї нархгузорї шудаанд, ба воситаи суди иќтисодї аз њисоби «Тољикматлубот» талаб намудааст.

Вале Суди иќтисодии шањри Душанбе бо таъиноти худ аз 20 апрели соли 2011 аризаи даъвогии ЉСП «Фортуна»-ро бинобар пешпардохт накардани бољи давлатї, ки тибќи ќонун 2-фоиз аз маблаѓи даъво, яъне 1 631 200 сомониро (81 560 000 х 2%) ташкил медињад, баргардонида, хоњиши ЉСП «Фортуна»-ро дар хусуси айни њол надоштани имконияти пешпардохт ва ба мўњлати муайян мавќуф ё ба таъхир гузоштани пешпардохт рад намудааст.

Суди иќтисодии шањри Душанбе таъиноти худро бо он асоснок намудааст, ки тибќи банди 1 ќисми 2 моддаи 6 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бољи давлатї», «Бољи давлатї аз рўи парвандањое, ки аз тарафи судњои Љумњурии Тољикистон баррасї мегарданд, то пешнињод намудани аризаи дахлдор (шикоятњои апеллятсионї, кассатсионї ва назоратї), њамчунин њангоми аз тарафи судяњо додани нусхањои њуљљатњо» бояд пешпардохт карда шавад.

Мурољиаткунанда ЉСП «Фортуна» меъёри зикршудаи ќонунро ба талаботи ќисми 1 моддаи 17 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он: «Њама дар назди ќонун ва суд баробаранд. Давлат ба њар кас, ќатъи назар аз миллат, нажод, љинс, забон, эътиќоди динї, мавќеи сиёсї, вазъи иљтимої, тањсил ва молу мулк, њуќуќу озодињоро кафолат медињад» ва ќисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ки тибќи он: «Њар кас кафолати њифзи судї дорад. Њар шахс њуќуќ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, баррасї намояд» мухолиф мешуморад. Зеро меъёри дар боло зикршудаи ќонун садди роњи амалишавии њуќуќњои конститутсионии Љамъият ба њифзи судї, инчунин ба буљаи давлат ворид нагардидани миллионњо сомонї гардидаааст.

Аз ин рў, ЉСП «Фортуна» аз Суди конститутсионї хоњиш наму- дааст, ки мутобиќати банди 1 ќисми 2 моддаи 6 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бољи давлатї»-ро ба ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости пешнињод- гардидаро дар алоќамандї бо талаботи Конститутсия, санадњои њуќуќии байналмилалї ва дигар санадњои меёърии њуќуќї, инчунин амалияи судї мавриди санљишу тањлил ќарор дода, ќайд менамояд, ки тибќи муќаррароти ќисми дуюми моддаи 1 Конститутсияи (Сарќонуни) Љум- њурии Тољикистон «Тољикистон давлатї иљтимої буда, барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароњам меорад.»

Чунин муќаррарот дар Конститутсия ва сиёсати иќтисодию иљти- моии Љумњурии Тољикистон аз талаботи санадњои њуќуќии байнал- милалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон бармеояд.

Чунончї, тибќи талаботи моддаи 22 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948 «Њар як инсон њамчун узви љамъият ба таъминоти иљтимої ва татбиќи њуќуќ барои нигањдории шараф ва инкишофи озодонаи шахсияти ў дар соњаи иќтисодї, иљтимої ва фарњангї ба воситаи саъю кўшиши миллию њамкорињои байналмилалї мутобиќи сохтор ва имкониятњои њар як давлат њаќ дорад».

Конститутсия ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътироф- намудаи Љумњурии Тољикистон дар баробари арзиши олї ва дахл- нопазир эълон намудани инсон ва њуќуќу озодињои он, инчунин дар назди инсон ва шањрванд иљрои як ќатор вазифањои муњим ва муќаддаси конститутсиониро вогузор намудаанд, ки тадбиќи онњо пеш аз њама ба рушду нўмуъ ва инкишофи озодонаи шахсият, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, иљрои Конститутсия ва ќонунњои амалкунанда ва дар маљмўъ ба тањкиму инкишофи љомеа ва давлат равона карда шудааст.

Чунончї тибќи талаботи ќисми 1 моддаи 29 Эъломияи умумии њуќуќи башар «Њар як инсон дар назди љомеае, ки рушди озод ва камо- лоти шахсияти ў фаќат дар он имконпазир аст, ўњдадор мебошад.»

Бо ин назардошт, моддаи 42 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд, ки «Дар Тољикистон њар шахс вази- фадор аст, ки Конститутсия ва ќонунњоро риоя кунад, њуќуќ ва озодї, шаъну шарафи дигаронро эњтиром намояд».

Дар миёни ин вазифањои муњими конститутсионии инсон ва шањр- ванд, ки бе татбиќи амалии онњо ба маќсад ва вазифањои консти- тутсионии эълон намудаи давлат - бунёди љомеаи њуќуќбунёд, демократї ва иљтимої - расидан ѓайриимкон аст, сари ваќт додани андозу пар- дохтњо ањамияти аввалиндараља касб менамояд. Ин амал аз муќарра- роти моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «Додани андоз ва пардохтњо, ки ќонун муайян кардааст, вазифаи њар кас мебошад», сарчашма мегирад.

Бо назардошти гуфтањои зикршуда, Суди конститутсионии Љум- њурии Тољикистон вобаста ба мутобиќати банди 1 ќисми 2 моддаи 6 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 феврали соли 2004 №19 «Дар бораи бољи давлатї» ба ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Консти- тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ќайд менамояд, ки моњияти бољи давлатї њамчун пардохти њатмї ба буљети давлатї, объектњои ситонидани бољи давлатї, андоза ва имтиёзњои пардохтани бољи давлатї, тартиби пардохт ва баргардонидан ва дигар масъалањои вобаста ба бољи давлатї аз тарафи давлат тавассути Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бољи давлатї» муќаррар, танзим ва ба амал бароварда мешавад.

Ќонуни мазкур бо назардошти ѓояи конститутсионии љомеаи адолатпарвар будани Тољикистон дар моддаи 5 нисбат ба гурўњњои ало- њидаи ањолї ва як ќатор маќомоти давлатї имтиёзњои мушаххасеро дар хусуси озод намудан аз пардохти бољи давлатї муќаррар намудааст.

Чунончї, тибќи талаботи моддаи мазкур шањрвандон аз рўи даъвоњои ситонидани маош (таъминоти пулї) ва дигар талаботе, ки аз муносибатњои њуќуќи мењнатї бармеоянд;

даъвогарон - аз рўи даъво дар бораи ситонидани алимент, аз рўи даъвоњои љуброни зараре, ки дар натиљаи маъюб шудан ё дигар зиён ба саломатї, инчунин фавти саробон расонида шудааст, аз рўи даъвоњои талофї намудани зиёни моддии дар натиљаи љиноят расонида шуда;

шахсони воќеї ва њуќуќї - њангоми ба суд додани ариза дар мавриди ба таъхирандозї ё дароз намудани мўњлати иљрои ќарорњо оид ба таѓйирёбии тарз ва тартиби иљрои ќарорњо, барќарорсозии мўњлатњои зикршуда, аз нав баррасї намудани ќарорњои ѓоибонаи судњое, ки онро баровардааст;

маъюбон, иштирокчиёни ЉБВ ва шахсони ба онњо баробар кардашуда - аз рўи даъвоњои барќароркунии њуќуќњояшон ва боз дањњо масъалањои дигар аз пардохти бољи давлатї озод карда шудаанд.

Чуноне ки аз номгўи гурўњњои алоњидаи ањолї ва њолатњое, ки ќонунгузорї барои пардохти бољи давлатї имтиёзњо муќаррар намудааст, бармеояд, дар шумули онњо љамъиятњои сањњомї, аз љумла ЉСП «Фортуна» ва ба он монанд шахсони њуќуќї ворид карда нашудаанд.

Дар хусуси даъвои ЉСП «Фортуна» дар бораи номутобиќатии банди 1 ќисми 2 моддаи 6 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бољи давлатї» ба муќаррароти ќисми 1 моддаи 17 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «Њама дар назди ќонун ва суд баробаранд» бояд зикр кард, ки дар масъалаи мутобиќати санади зикршуда ба Конститутсия љойи шакку шубња нест, зеро ќонунњо метавонанд нисбати табаќаи камбизоати ањолї, гурўњњои алоњида, аз ќабили маъюбон, беморону бепарасторон ва амсоли инњо имтиёзњо ва сабукињо муќаррар намоянд.

Ќонунгузор татбиќи кафолати њифзи судии инсон ва шањрванд, ки дар ќисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи- кистон пешбинї шудааст, аз иљро ва риояи як ќатор тартиби њатмии мушаххаси мурофиавии пешбининамудаи ќонунгузории мурофиавї вобаста медонад. Танњо дар њамин њолат, яъне дар мавриди риояи тартиби пешбининамудаи ќонунгузории мурофиавї шахсони воќеї ва њуќуќї метавонанд аз ин њуќуќи конститутсионии худ бархурдор гарданд. Пешпардохт намудани арзиши даъво дар њаљми 2 фоиз аз тарафи даъвогарон ба судњои иќтисодї низ, аз зумраи тартиби муќар- рарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аст, ки он бояд зимни пешнињод намудни аризаи даъвої аз тарафи њама гуна шахсони њуќуќї, аз љумла ЉСП «Фортуна» мавриди риоя ќарор дода шавад.

Њамин тариќ, Суди конститутсионї банди 1 ќисми 2 моддаи 6 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бољи давлатї»-ро ба ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мешуморад, зеро барои иљрои тартиб ва талаботи мурофиавии пешбининамудаи ќонунгузорї надоштани имкониятњои молиявї ва моддї, барои аз тарафи шахсони њуќуќї ва воќеї номувофиќ донистани меъёрњои ин ё ќонун ба Конститутсия асос шуда наметавонад.

Мавриди зикр аст, ки дар Кодекси протсессуалии граждании Љум- њурии Тољикистон аз 28 декабри соли 1963 бо таѓйиру иловањои зиёде, ки то ќабули Кодекси нави мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон (1 апрели соли 2008) амал мекард, тартиб ва шарту шароитњои озод намудан аз пардохти бољи давлатї, пешнињод намудани мўњлати ба таъхир супоридан (мавќуфгузорї), ќисм- ќисм пардохт намудани бољи давлатї пешбинї шуда, дар амалияи судї ба таври васеъ истифода бурда мешуд.

Њамчунин тартиби зикршудаи озод намудан аз пардохти бољи дав- латї, пешнињод намудани мўњлати ба таъхир супоридан (мавќуфгузорї), ќисм - ќисм пардохт намудани бољи давлатї ва дигар масъалањои ба пардохти бољи давлатї вобаста дар ќонунгузории гражданї ва муро- фиавии граждании баъзе аз давлатњои ИДМ мавриди амал карор дорад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионї чунин мешуморад, ки Маљ- лиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии бо маќсади таъмини васеи дастрасии шањрвандон ба адолати судї институтњои мавќуфгузорї, ќисм-ќисм супорї, ба гаравмонї, дароз намудани мўњлати пардохти андоз, барўйхатгирї ва пас аз баррасии парванда рўёнидани андоз ва дигар пардохтњоро таљдиди назар намуда, мувофиќи маќсад будани даровардани таѓйиру иловањоро ба ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон мавриди баррасї ќарор дињад.

Дар асоси гуфтањои боло мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 32, 36, 46, 48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќарор мекунад:

1. Банди 1 ќисми 2 моддаи 6 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 феврали соли 2004 №19 «Дар бораи бољи давлатї» ба ќисми 1 моддаи 17 ва ќисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи- кистон» мутобиќ мебошад.

2. Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон институтњои мавќуфгузорї, ќисм-ќисм супорї, ба гарав- монї, дароз намудани мўњлати пардохти андоз, барўйхатгирї ва пас аз баррасии парванда рўёнидани андоз ва дигар пардохтњоро таљдиди назар намуда, мувофиќи маќсад будани даровардани таѓйиру иловањоро ба ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон мавриди баррасї ќарор дињад.

3. Ќарор ќатъї буда, аз ваќти эълон намуданаш эътибор пайдо мекунад ва нисбати он шикоят оварда намешавад.

4. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољи- кистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов