19:52:54 - 15.12.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Қарор аз рўи дархости Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б.Х

 

оид ба парванда аз рўи дархости Директори генералии Љамъияти сањњомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б.Њ. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати банди 28 боби 58 «Низомнома дар бораи хусусиятњои иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият» ва банди 2 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 августи соли 2009 тањти №472 «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 апрели соли 2007 тањти №172» ба моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе «23» декабри соли 2011

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судяњо: Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Каримов К.М.

бо иштироки котиби маљлиси судї Ботирова Г.

тарафњо:

Чекушина Г.Б., Сулаймонов Ф.С. ва Шарипова Н.Н.- намояндагони ваколатдори Файзуллоев Б.Њ.- Директори генералии Љамъияти сањњомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» -тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Илолов М.И. - намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон - намояндагони ваколатдори тарафњое, ки конститутсионї будани ќонуни ќабулнамуда, љонибдо- рикарда ва ба имзорасонидаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

Даъватшудагон:

Холиќов А.Ѓ.- муовини Вазири адлияи Љумњурии Тољикистон;

Фатњиддинов В.- муовини раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон;

Исоќов А.Н.- муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон;

Гулматшоев Р.К.- муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољи- кистон;

Тураев Р.Ќ.- судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

Абдуллоев С.-ёрдамчии Раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон;

Меликов М.Н.- муовини сардори шўъбаи њуќуќи Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон;

Дадаматов Љ.С.- сармутахассиси шўъбаи њуќуќи Хадамоти алоќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон;

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости Директори генералии Љамъияти сањњомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б.Њ. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати банди 28 боби 58 «Низомнома дар бораи хусусиятњои иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият» ва банди 2 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 августи соли 2009 тањти №472 «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 апрели соли 2007 тањти №172» ба моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судяи Суди конститутсионї Абдуллоев Л.И., баёноту хулосаи тарафњо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Директори генералии Љамъияти сањњомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б.Њ. ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо дархост мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки Љамъияти номбурда яке аз андозсупорандагони азими љумњурї ба њисоб рафта, њамасола ба буљети давлат дањњо миллион сомонї андоз пардохт менамояд. Фаъолияти он аз тарафи маќомоти ваколатдори давлатї пайваста мавриди санљиш ќарор гирифта, натиљањои онњо мусбат арзёбї мегарданд.

16 августи соли 2009 фаъолияти ширкат барои даврањои аз 1 апрели соли 2009 то 1 апрели соли 2010 аз тарафи Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон (минбаъд-Кумитаи андоз) мавриди санљиш ќарор дода шуда, ба ширкат Ќарор (огоњнома) оид ба натиљаи санљиши њуљљати андоз аз 19 августи соли 2010 №192 пешнињод гардидааст, ки тибќи он ба зиммаи ширкат пардохти 660257,3 сомонї маблаѓи бар илова њисоб кардашудаи хирољи иљозатномадињї, 66025,7 сомонї љаримаи маъмурї ва 110923,2 сомонї фоизњо, дар маљмўъ маблаѓи 837206,2 сомонї вогузор карда шудааст.

Ин амали маќомоти андоз, ки тибќи он гуё ширкат барои сари ваќт пардохт накардани хирољи иљозатномадињї ба љавобгарии маъмурї кашида шуда бошад, боиси нигаронии ширкат гардидааст.

Ў чунин мешуморад, ки ин амали ѓайриќонунии Кумитаи андоз дар натиљаи номутобиќатии «Низомнома дар бораи хусусиятњои иљозатно-мадињї ба баъзе намудњои фаъолият» (минбаъд-Низомнома), ки бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 апрели соли 2007 тањти №172 тасдиќ гардидааст ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 августи соли 2009 тањти №472 «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 апрели соли 2007 тањти №172» ба муќарароти моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ба миён омадааст.

Чунончи, мутобиќи банди 28 боби 58-и Низомнома андозаи истифодаи иљозатнома дар соњаи алоќаи барќї дар њар семоња 1 фоиз муќаррар гардида, баъдан ба банди 1 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 августи соли 2009 тањти №472 (минбаъд-Ќарор) ба банди 28 боби 58-и Низомнома таѓйирот ворид карда шудааст, ки тибќи он:

«28. Барои истифодаи иљозатнома дар соњаи алоќаи барќї дар њар семоња ба андозаи 2,5 фоиз аз даромади иљозатномадор ба буљети давлатї хирољ ситонида мешавад.»

Њамчунин дар банди 2-и Ќарор мавриди амал ќарор додани он пас аз интишори расмї пешбинї гардидааст, чунончи:

«2) Ќарори мазкур пас аз интишори расмї мавриди амал ќарор дода шавад.»

Ќарор рўзи 21 ноябри соли 2009 дар рўзномаи «Садои мардум» нашр гардида, расман мавриди амал ќарор гирифтааст.

Њамин тариќ, бар хилофи муќаррароти моддаи 45 Конститутсия, ки тибќи он: «Додани андоз ва пардохтњо, ки ќонун муайян кардааст, вазифаи њар кас мебошад.

Ќонунњое, ки андози навро муќаррар мекунанд ва ё шароити андоз- супорандагонро вазнин менамоянд, ќувваи бозгашт надоранд», тавассути ќабули санади зерќонунї ва ба он ворид намудани таѓйирот хирољи нав муќаррар ва мавриди истифода ќарор дода шудааст. Ин тартиб ба муќаррароти Конститутсия, ки тибќи он андоз ва пардохтњоро ќонун муайян мекунад, мухолиф мебошад. Њамчунин тавассути санадњои зерќонунї муайян намудани хирољ ба андозаи 2,5 фоиз ба вазнин шудани њолати молиявии ширкат оварда расонид.

Баъдан, мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки Кумитаи андоз Ќарори зикршудаи Њукуматро бояд аз рўзи 21 ноябри соли 2009, яъне аз рўзи расман нашр шудани он татбиќ мекард. Аммо Кумитаи мазкур моддаи 12 Кодекси андозро дастрас карда, Ќарори мазкурро барои семоњаи чоруми соли 2009 (давраи аз 1 октябри соли 2009 то 31 декабри соли 2009) татбиќ намуда, ба зиммаи ширкат пардохти хирољи иљозатномадињиро ба андозаи 2,5 фоиз барои давраи аз 1 октябри соли 2009 то 20 ноябри соли 2009, яъне давраи њанўз эътибори ќонунї пайдо накардани Ќарор вогузор намудааст.

Љамъияти сањњомї бо сабабњои дар боло нишондодашуда Ќарор (огоњнома)-ро дар хусуси пардохти маблаѓи 837206,2 сомонї беасос њисобида, дар бораи беэътибор донистани он ба Суди иќтисодии шањри Душанбе мурољиат намуд, ки суди мазкур аризаро баррасї намуда, онро бо њалнома аз 21 октябри соли 2010 ќонеъ гардонидааст.

Њалномаи зикршуда аз рўи шикояти Кумитаи андоз бо ќарори марњиллаи кассатсионии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз 19 январи соли 2011 бекор карда шуда, даъвои Љамъияти сањњомї рад карда шудааст.

Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон бо таъиноти худ аз 13 майи соли 2011 мурољиати Љамъиятро дар хусуси ба тариќи назоратї аз нав дида баромадани ќарори марњилаи кассатсионї рад намуда, ба баррасии Раёсати Суди Олии иќтисодї супоридани парвандаро ќонеъ накардааст.

Љамъияти сањњомї чунин мешуморад, ки дар натиљаи ѓайрикон- ститутсионї дар санадњои зерќонунї пешбинї намудани хирољи иљозатномадињї ба андозаи 2,5 фоиз ва нодуруст татбиќ намудани санадњои эътибори њуќуќї надошта, яъне банди 28 боби 58-и Низомнома ва бандњои 1 ва 2 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон њуќуќу ўњдадории конститутсионии ширкат ба моликият ва додани андозу пардохтњо вайрон карда шуда, боиси ба он расонидани зарари молиявї гардид.

Бинобар ин, дархостдињанда аз Суди конститутсионї хоњиш кар- дааст, ки:

-аз рўи дархости он мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиќати банди 28 боби 58 Низомнома ва банди 1 ва 2 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 августи соли 2009 тањти №472-ро ба моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян намояд;

-ба Ќарори номбаршуда дуруст ќувваи бозгашт додани Кумитаи андозро муайян намуда, вобаста ба натиљаи он, Ќарор (огоњнома)-и Кумитаи андозро оид ба натиљаи санљиши њуљљати андоз аз 19 августи соли 2010 бинобар хилофи моддаи 45 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон буданаш бекор намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости мазкурро дар алоќамандї бо талаботи Конститутсия, санадњои њуќуќии байнал- милалї ва дигар санадњои меёърии њуќуќї њаматарафа баррасї намуда, ќайд менамояд, ки фаъолияти њуќуќэљодкунї дар давлат аз тарафи маќомоти ба ин амал ваколатдори давлатї ва дар доираи талаботи ќонунгузорї ба амал бароварда мешавад. Ин фаъолият аз принсипњои умумиэътирофшудаи мутобиќати санадњои меъёрии њуќуќї ба Конститутсия, ќонуният, бартарияти меъёрњои санадњои њуќуќии байналмилалї нисбат ба ќонунњо ва санадњои зерќонунї ва адолати иљтимої бањра гирифта, давлат ба хотири танзими њуќуќии муносибатњои љамъиятї, ќоидаи рафтори субъектони њуќуќ ва мутеи њуќуќ гардонидани амали бошууронаи одамон заминањои ташкилию њуќуќии фаъолияти њуќуќэљодкуниро муњайё менамояд. То њама гуна маќомоти давлатї, шахсони мансабдор ва шахсони воќеї имконияти воќеї дошта бошанд, ки бо мазмуну мўњтавои санадњои меъёрии њуќуќї шинос шуда, онњоро барои таъмини њуќуќу озодињои конститутсионии худ, дигарон, тартиботи љамъиятї ва њуќуќї самаранок истифода намоянд.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки Низомнома ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 августи соли 2009, ки боиси бањси ширкат ќарор гирифтаанд, ба сифати санадњои зерќонунї дар доираи салоњияти конститутсионии Њукумати Љумњурии Тољикистон тањия ва тасдиќ гардидааст.

Чунончи, тибќи моддаи 74 Конститутсия ва моддаи 29 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 2001 №28 «Дар бораи Њукумати Љумњурии Тољикистон» «Њукумат мувофиќи Консти- тутсия ва ќонунњои љумњурї ќарор мебарорад ва фармоиш медињад, ки иљрои онњо дар ќаламрави давлат њатмист».

Ба салоњияти Њукумати Љумњурии Тољикистон дахл доштани тас- диќи низомномаи зикршуда аз муќаррароти банди 1 моддаи 5 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 17 майи соли 2004 №37 «Дар бораи иљозат- номадињї ба баъзе намудњои фаъолият» бар меояд, чунончи:

«Њукумати Љумњурии Тољикистон дар мавриди иљозатномадињї…:

- низомномаро дар бораи хусусиятњои иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият тасдиќ менамояд;».

Тартиби махсуси иљозатномадињї барои фаъолият дар соњаи алоќаи барќї дар ќисми 1 моддаи 18 Ќонун «Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият» пешбинї шудааст, чунончи:

«1.Тибќи ќонуни мазкур тартиби махсуси иљозатномадињї намудњои зерини фаъолиятро дар бар мегирад:

…-фаъолият дар соњаи алоќаи барќї…»

Ќонунгузор фаъолият дар соњаи алоќаи барќиро, ки бо тартиби махсуси иљозатномадињї ба амал бароварда мешавад, дар ќонуни махсус муайян намуда, њамзамон дар ќонун тартиби татбиќи онро низ муайян намудааст. Аз љумла, дар ќисми 3 моддаи 16 Ќонун «Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият» омадааст, ки:

«3. … Андозаи њаќќи додани иљозатнома барои намудњои фаъолияти дар моддаи 18 Ќонуни мазкур пешбинигардидаро Њукумати Љумњурии Тољикистон аз рўи њар намуди фаъолият дар Низомнома дар бораи хусусиятњои иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият муайян мекунад.»

Њамин тариќ, Њукумат бо назардошти муќаррароти Конститутсия ва ќонунњои зикршуда, Низомнома дар бораи хусусиятњои иљозат- номадињї ба баъзе намудњои фаъолиятро ќабул карда, дар он андозаи њаќќи додани иљозатномаро барои њамаи намудњои фаъолият, аз љумла фаъолият дар соњаи алоќаи барќї муайян намуда, тавассути ќарорњои минбаъда ба онњо таѓйироту иловањои заруриро ворид менамояд.

Бинобар ин, аз тарафи ширкат пешнињоди даъво дар хусуси он, ки хирољ барои фаъолият дар соњаи алоќаи барќї тавассути Низомнома ва Ќарори зикршудаи Њукумат муайян карда шудааст ва аз ин рў ба талаботи моддаи 45 Конститутсия мухолиф мебошад, асоси њуќуќї надорад.

Талаби дигари дархостдињанда оид ба дурустии ќувваи бозгашт додан ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 августи соли 2009 тањти №472, ки Кумитаи андоз барои семоњаи чоруми соли 2009 нисбати ширкат татбиќ намуда, ба зиммаи он пардохти хирољи иљозатномадињиро ба андозаи 2,5 фоиз барои давраи аз 1 октябри соли 2009 то 20 ноябри соли 2009, яъне давраи њанўз эътибори ќонунї пайдо накардани Ќарор вогузор намудааст, низ аз тарафи Суди конститутсионї дида баромада шуд.

Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки ќувваи бозгашт додан ба ќонун ва дигар санади меъёрии њуќуќї масъалаи муњими фаъолияти меъёрэљодкунии маќомоти давлатї ба шумор рафта, он ба татбиќи дуруст ва маќсадноки санадњои меъёрии њуќуќї, таъмини раванд ва идомаи мўътадили муносибатњои њуќуќї, бе мамониат гузаштан ба фазои сифатан нави њуќуќї ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд равона карда шудааст.

Дар ќонунгузории амалкунанадаи Љумњурии Тољикистон ќувваи бозгашти санади меъёрии њуќуќї ва тартиби мавриди амал ќарор додани он бо њам вобастагии амиќ доранд. Талаботи муњим ва марказии масъалаи зикршуда он аст, ки ќувваи бозгашти санади меъёрии њуќуќї ва тартиби мавриди амал ќарор додани санади меъёрии њуќуќиро худи санади меъёрии њуќуќї ё санади меъёрии њуќуќї оид ба тартиби мав- риди амал ќарор додани он муќаррар менамояд.

Чунончи, тибќи ќисми 1 моддаи 62 Ќонуни Љумурии Тољикистон аз 26 марти соли 2009 №506 «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї»:

«1. Тартиби мавриди амал ќарор додани санади меъёрии њуќуќиро Конститутсия, Ќонуни мазкур, худи санади меъёрии њуќуќї ё санади меъёрии њуќуќї оид ба тартиби мавриди амал ќарор додани он муќаррар менамояд.»

Ё тибќи ќисми 2 моддаи 63 Ќонуни зикршуда:

«2. Ба санади меъёрии њуќуќї мумкин аст ќувваи бозгашт дода шавад. Меъёр дар бораи додани ќувваи бозгашт дар худи санади меъёрии њуќуќї ё дар санади меъёрии њуќуќии мавриди амал ќарор додани он пешбинї мегардад.»

Њамчунин, масъалаи андозбандї ва мавриди амал ќарор гирифтани санади меъёрии њуќуќии соњаи андоз бевосита дар ќисми 2 моддаи 2 Кодекси андоз аз 3 декабри соли 2004 №61 пешбинї гардидааст, чунончи:

«2. Њангоми андозбандї санадњои расман нашршудаи ќонунгузории андоз, ки дар санаи ба миён омадани (љой доштани) њолатњои марбут ба иљрои ўњдадорињои андоз амал мекунанд, истифода мешаванд.

Санадњои ќонунгузории андоз, ки дар давоми моњњои якум ва (ё) дуюми семоња расман нашр мешаванд, аз санаи 1-уми моњи якуми семоњае, ки мустаќиман баъди семоњаи расман нашршудаи онњо фаро мерасад, мавриди амал ќарор дода мешаванд.

Агар санадњои ќонунгузории андоз дар љараёни моњи сеюми семоња расман нашр шаванд, онњо аз санаи 1-уми моњи дуюми семоњае, ки мустаќиман баъди семоњаи расман нашршудаи онњо фаро мерасад, мавриди амал ќарор дода мешаванд.

Муќаррароти сархатњои дуюм ва сеюми њамин ќисм дар њолате мавриди амал ќарор дода мешаванд, агар бевосита дар худи санади ќонунгузории андоз мўњлати дигар оид ба эътибор пайдо кардани он пешбинї нашуда бошад.»

Санадњои дар боло зикршуда субектони њуќуќ ва табиќкунандаи санадњои меъёрии њуќуќиро вазифадор мекунанд, ки аз доираи мавриди амал ќарор гирифтани санади меъёрии њуќуќї баромадан мумкин нест.

Бо ин назардошт, ситонидани хирољ барои истифодаи иљозатнома дар соњаи алоќаи барќї ба андозаи 2,5 фоиз аз даромади иљозатномадор пас аз интишори расмии Ќарори зикршуда имконпазир мегардад.

Кумитаи андоз ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон муќаррароти моддаи 12 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон, ки даврањои умумии андозро муќаррар менамояд, дастрас карда, ба Ќарори зикршуда ќувваи бозгашт дода, нисбати ширкат татбиќ кардаанд, ки ин берун аз муќаррароти мавриди амал ќарор гирифтани санади меъёрии њуќуќї мебошад.

Давраи семоњаи њисоботї нисбати пардохти хирољ барои истифодаи иљозатнома дар соњаи алоќаи барќї ба андозаи 2,5 фоиз, аз тарафи маќомоти номбурда мебоист бо назардошти банди чоруми ќисми 2 моддаи 2 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ва банди 2 Ќарори Њукумат аз 29 августи соли 2009 тањти №472 аз рўзи 21 ноябри соли 2009 мавриди татбиќ ќарор дода мешуд.

Вобаста ба танзими ин масъала санади меъёрии њуќуќии амал- кунанда бо номи «Тартиби интишори расмии санадњои меъёрии њуќуќии Президенти Љумњурии Тољикистон, Њукумати Љумњурии Тољикистон, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот» мављуд аст, ки он бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 12 сентябри соли 2009 №706 тасдиќ гардидааст. Тартиби мазкур муќаррар менамояд, ки ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољи- кистон ба ѓайр аз њолатњои пешбининамудаи санадњои мазкур дар давоми 10 рўз баъд аз ба имзо расидан дар рўзномаи «Љумњурият» ба таври расмї нашр карда мешаванд.

Ќарори мазкур дар рўзномаи «Љумњурият» расман 3 декабри соли 2009 нашр шуда бошад њам, аммо рўзи мавриди амал ќарор гирифтани он рўзи 21 ноябри соли 2009 эътироф карда мешавад, чунки тибќи талаботи ќисми 2 моддаи 58 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» дар њолати дар ваќтњои гуногун дар якчанд нашрияњои расмї интишор гардидани санади меъёрии њуќуќї, рўзи интишори расмї ва мўњлати эътибор пайдо кардани он аз рўзи аввали интишори санади меъёрии њуќуќї ба забони давлатї муайян карда мешавад.

Тартиби мазкур дар банди 7 пешбинї менамояд, ки санадњои Њуку- мати Љумњурии Тољикистон, ки хусусияти меъёрии њуќуќї доранд, аз рўзи интишори расмї эътибор пайдо мекунанд ва банди 2 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 августи соли 2009 тањти №472 аз њамин талабот маншаъ мегирад.

Њамин тариќ, банди 28 боби 58 «Низомнома дар бораи хусусиятњои иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият» ва банди 2 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 августи соли 2009 тањти №472 ба моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошанд.

Њамзамон бояд ќайд кард, ки ваќти мавриди амал ќарор гирифтани Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 августи соли 2009 тањти №472 аз тарафи Кумитаи андоз ва баъдан аз љониби Суди Олии иќти- содии Љумњурии Тољикистон нодуруст муайян карда шуда, боиси татбиќи нодурусти Ќарори мазкур гардид. Бо ин назардошт, маќомоти зикршударо зарур аст, ки санадњои њуќуќии худро дар ин масъала бо Ќарори мазкури Суди конститутсионї мутобиќ намоянд.

Дар асоси њолатхои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конститут- сияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 31-33, 36, 45-47, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќ а р о р к а р д:

1. Банди 28 боби 58 «Низомнома дар бораи хусусиятњои иљозат- номадињї ба баъзе намудњои фаъолият» ва банди 2 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 августи соли 2009 тањти №472 «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 апрели соли 2007 тањти №172» ба моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» мутобиќ мебошанд.

2. Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 августи соли 2009 тањти №472 «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 апрели соли 2007 тањти №172» пас аз интишори расмї, яъне аз рўзи 21 ноябри соли 2009 мавриди амал ќарор дода шавад. Кумитаи андози назди Њукумати Љумњури Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро зарур аст, ки санадњои њуќуќии худро дар ин масъала бо Ќарори мазкури Суди конститутсионї мутобиќ намоянд.

3. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

4. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов