18:14:27 - 23.10.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№1) 2012

 


АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(№1) 2012

 

Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни)
Љумњурии Тољикистон)

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, Академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Њайати тањририя:

Назаров М. Муовини Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, номзади

илмњои сиёсї

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Сотиволдиев Р. Ш. Мудири кафедраи назария ва таърихи

давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори

илмњои њуќуќ, профессор

© Нашрияи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, 2012.


 

Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон,


шањри Душанбе, 20 апрели соли 2012

Мўњтарам аъзои Маљлиси миллї ва

вакилони Маљлиси намояндагон!

Њамватанони азиз!

 

 

Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маљлиси Олии кишвар дар соли таљлили ду санаи бузургу таќдирсози давлати Тољикистон, яъне бистсолагии Иљлосияи 16-уми Шўрои Олї ва понздањсолагии Рўзи вањдати миллї пешнињод мегардад.

Бояд ёдовар шуд, ки Иљлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олї барои барќарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократї ва њуќуќбунёду дунявии Тољикистон оѓози устувор бахшид ва заминаи нахустини њамдигарфањмиву ризоияти миллї ва сулњи тољиконро фароњам овард.

Дар натиљаи азму талош ва љонбозињои зиёд бист сол ќабл хиради азалии халќи тољик собит сохт, ки вањдати миллї ва њамдигарфањмии афроди љомеа муњимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад.

Мањз ба шарофати ин рўйдодњои муњими таърихї мо тавонис- тем, ки аркони давлатдорї ва шохањои фалаљшудаи њокимиятро дар мамлакат барќарор гардонида, пояњои истиќлолияти давлатии Тољикистонро ќавї намоем. Муњимтар аз њама ин аст, ки дар Ватани азизамон вањдати миллї, сулњи пойдору суботи сиёсиву иљтимої ва фазои озоди бунёдкориву созандагї фароњам оварда шуд.

Ба шарофати пуштибонии самимона ва зањмати софдилонаи мардуми кишвар ба Њукумати мамлакат муяссар шуд, ки аз соли 2000-ум инљониб доир ба њалли масъалањои иќтисодиву иљтимої ва тадриљан баланд бардоштани сатњи зиндагии ањолї дар доираи барномаву стратегияњои милливу соњавї пайваста чораљўї намояд.

Дар шароити њассоси замони муосир њадафи асосии давлат, пеш аз њама, таъмини рушди босуботи иќтисодї ва тадриљан баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардум тавассути амалї кардани ислоњоти низоми идораи давлатї, таъмини шаффофияти фаъолияти маќомоти он, фароњам овардани фазои мусоид барои рушди соњибкорї, љалби сармоя ва воридоти технологияњои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани љойњои нави корї мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки аз соли 2000-ум то ба имрўз маљмўи мањсулоти дохилї 2,3 баробар афзуда, рушди солонаи он ба њисоби миёна беш аз 7 фоизро ташкил намуд, ки дар натиља маљмўи мањсулоти дохилї ба њар сари ањолї 5,3 баробар зиёд гардид.

Аз соли 2000-ум то соли 2011-ум истењсоли мањсулоти кишоварзї 2,5 баробар, молњои саноатї 2 баробар, њаљми гардиши савдои чакана 3,5 баробар ва гардиши савдои хориљї 3 баробар афзудааст. Аз љумла, истењсоли мањсулоти кишоварзї соли 2011 нисбат ба соли 2010 8 фоиз, молњои саноатї 6, гардиши савдои чакана 9 ва савдои хориљї 15,5 фоиз зиёд шудааст.

Муњимтар аз њама, њаљми даромадњои ањолї тадриљан афзоиш ёфта, аз як миллиард сомонии соли 2000-ум то ба 16,2 миллиард сомонї дар соли 2011 расидааст, яъне даромадњои ањолї беш аз 16 баробар зиёд гардидаанд.

Њамин тавр, сатњи камбизоатї дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999-ум то 42 фоиз дар соли 2011 кам карда шуд.

Њамзамон бо ин, дар давоми ин солњо мо тавонистем нишонди­њандањои солонаи таваррум ва ќурби пули миллиро дар сатњи барномавї ба эътидол дарорем.

Бояд гуфт, ки њарчанд иќтисодиёти муосири Тољикистон хусусиятњои иќтисоди давраи гузаришро ба пуррагї таљассум менамояд, вале дар навбати худ њамчун иќтисоди кушод ба андозаи муайян тањти таъсири бевоситаи омилњои беруна ва шароити бозори љањонї ќарор дорад.

Бинобар ин, Њукумати мамлакатро зарур аст, ки барои минбаъд низ дар сатњи устувор нигоњ доштани рушди иќтисодиёти кишвар ва пешгирї намудани таъсири омилњои манфии иќтисоди љањонї ба он, пешбурди сиёсати бомароми молиявї, фароњам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соњибкории хурду миёна ва дигар субъектњои хољагидорї ва таъмин намудани ўњдадорињои иљтимоии давлат тадбирњои муассир андешад.

Бо вуљуди таъсири омилњои берунї ислоњот дар идоракунии молияи давлатї идома ёфта, сиёсати андозу буљет дар сатњи нисбатан устувор амалї гардида истодааст.

Њарчанд буљети давлатї дар соли 2011 бо касри як фоизи маљмўи мањсулоти дохилї тасдиќ гардида буд, тавозуни воќеии буљети давлатї бо барзиёдии даромад нисбат ба харољот дар њаљми 0,7 фоизи маљмўи мањсулоти дохилї љамъбаст гардид.

Њаљми умумии даромади буљети давлатї дар соли 2012 ба маблаѓи 10 миллиарду 200 миллион сомонї пешбинї шудааст, ки ин нисбат ба нишондињандаи соли 2011-ум беш аз 22 фоиз зиёд мебошад.

Буљети давлатї, пеш аз њама, ба њалли масъалањои рушди иќтисодии мамлакат ва бењтар гардидани сатњи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Махсусан ташкил намудани љойњои нави корї ва тањким бахшидани хусусияти иљтимоии буљети давлатї, баланд бардоштани музди мењнат, таъминоти нафаќа ва дигар пардохтњои иљтимої афзалиятњои муњимтарини сиёсати давлат мебошанд. Натиљаи њамин аст, ки танњо дар дањ соли охир њаљми миёнаи музди мењнат дар кишвар 32 баробар афзоиш ёфтааст.

Пайваста ба афзоиши њаљми буљети давлатї маблаѓгузории соњањои иљтимої, аз љумла илму маориф, тандурустиву фарњанг ва њифзи иљтимої сол то сол зиёд гардида, ба ин соњањо дар солњои минбаъда низ афзалият дода мешавад.

Соли гузашта барои соњањои иљтимої 330 миллион сомонї маблаѓњои иловагї људо гардиданд. Маблаѓгузории ин соњањо дар маљмўъ 4,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин ба 52,4 фоизи њаљми умумии харољоти буљети давлатї баробар мебошад.

Имсол барои маблаѓгузории соњањои иљтимої 5,1 миллиард сомонї ё 50 фоизи њаљми умумии буљети давлатї равона мегардад, ки танњо 3,4 миллиард сомонии онро музди мењнат, нафаќа ва дигар кўмакпулињо ба ањолї ташкил медињанд.

Дар Паёми охир ба Маљлиси Олии мамлакат мо дар назди худ вазифа гузошта будем, ки дар давоми се соли наздик музди мењнати кормандони соњањои иљтимоиро то ду баробар зиёд намоем.

Соли гузашта дар доираи марњалаи аввали татбиќи ин њадаф музди мењнати вазифавии кормандони соњаи маориф ва илми соњавї - 30 фоиз, илмњои академї аз 100 фоиз то 3,3 баробар, фарњангу варзиш ва муассисањои њифзи иљтимоиву тандурустї - 40 фоиз ва њамаи намуди стипендияњо - 40 фоиз зиёд карда, музди мењнати хизматчиёни давлатї, кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ва хизматчиёни њарбї низ баланд бардошта шуд.

Бо дарназардошти рушди иќтисодиёти мамлакат ва зиёдшавии имкониятњои молиявї аз 1 сентябри соли равон марњалаи дуюми зиёдшавии музди мењнат амалї гардида, музди мењнати кормандони муассисањои тањсилоти умумї, яъне мактабњои миёна ва муассисањои томактабї, хона-интернатњо барои пиронсолону маъ­юбон - 60 фоиз, соњаи фарњанг - 50 фоиз, соњањои тандурустиву њифзи иљтимої, варзиш ва дигар муассисањои соњаи маориф - 40 фоиз, кормандони соњаи илм ва муассисањои тањсилоти олї - 30 фоиз зиёд карда мешавад.

Њамзамон бо ин, стипендияњои донишљуён ва дигар намудњои стипендия - 50 фоиз, инчунин музди мењнати њадди аќал 2,5 баробар зиёд карда шуда, андозаи он аз 80 сомонї ба 200 сомонї баробар мегардад.

 

Дар баробари ин, њадди аќал ва њадди нињоии нафаќа аз рўи синну сол ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шуда, нафаќањои мењнатї, ки дар асоси собиќаи кории пурра таъин гардида, аз 150 сомонї кам мебошанд, ба 150 сомонї баробар карда мешаванд.

Яъне аз 1-уми сентябри соли равон дар мамлакат нафаќаи ќариб 380 њазор нафар нафаќагирон зиёд шуда, ба 150 сомонї расонида мешавад.

Барои маблаѓгузории ин чорабинињо дар соли љорї беш аз 350 миллион сомонї маблаѓњои иловагї равона мегарданд.

Њамин тариќ, мо дар ду соли сипаригардида тавонистем музди мењнати кормандони соњаи иљтимої, аз љумла муассисањои тањсилоти умумиву томактабиро беш аз ду баробар ва дигар муассисањои иљтимої, аз љумла фарњангу тандурустї ва њифзи иљтимоиро то ду баробар зиёд намоем, њол он, ки ин чорабинї бояд дар муддати се сол, яъне то соли 2014 амалї мегардид.

Соли 2001 музди мењнати муаллим њамагї 7 сомонї, духтур 5, кормандони соњањои фарњангу иљтимої 8-10 ва илм 27 сомонї буд.

Дар натиљаи амалї намудани ислоњот дар соњањои иќтисодиву молиявї мо ба натиљањои назаррас ноил гардидем ва ин имконият дод, ки музди мењнати кормандони соњањои иљтимоиро дар солњои 2002-2004 90 фоиз, 2005-2007 дуюним баробар, 2008-2010 ду баробар, соли 2009, новобаста аз таъсири бўњрони молиявии љањонї 30 фоиз ва дар соли 2011 ќариб ду баробар зиёд намоем.

Вале њамаи ин њоло њам талаботи имрўзаро ќонеъ карда наметавонад ва вобаста ба рушди иќтисодии мамлакат мо ин равандро солњои оянда низ идома медињем.

Аз ин лињоз, ба Њукумати мамлакат, аз љумла вазоратњои молия, мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї супориш дода мешавад, ки доир ба татбиќи чорабинии мазкур, яъне минбаъд низ зиёд намудани музди мењнат ва нафаќа тањлилњои асоснок гузаронида, якљо бо сохтору маќомоти дахлдор ва роњбарони ташкилоту муассисањои буљетї дар хусуси таъмини маблаѓгузории он аз њисоби маблаѓњои буљетї, маблаѓњои махсуси ташкилоту муассисањои буљетї, буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа чорањои мушаххас андешанд ва дар буљети давлатї барои соли 2013 ба ин маќсад маблаѓњои заруриро пешбинї намоянд.

Инчунин, ба маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї супориш дода мешавад, ки маблаѓњои озод ва иљрои барзиёди даромади буљетњои мањаллиро, пеш аз њама, барои маблаѓгузории зиёдшавии музди мењнат равона намоянд.

Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрукро зарур аст, ки сари ваќт, сифатнок ва барзиёд иљро намудани буљети давлатиро аз рўи њамаи намудњои андоз ва пардохтњои давлатї таъмин кунанд.

Бо маќсади такмили сохтор ва кам кардани харољоти маќомоти идоракунии давлатї ба Њукумат супориш дода мешавад, ки љињати то 15 фоиз ихтисор кардани кормандони маќомоти идораи давлатї гурўњи корї таъсис дода, сохтору љадвали воњидњои кории њар як вазорату идора ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатиро бо дарназардошти пешгирї кардани такроршавии вазифањои хизматї то моњи июли соли љорї њаматарафа тањлил ва баррасї намояд.

Маблаѓњои аз ин њисоб сарфашавандаро барои таъминоти иљтимоиву њавасмандгардонии кормандон ва тањкими заминаи моддиву техникии сохтору маќомоти зикршуда равона созад.

Њамзамон бо ин, љињати таъмини шаффофияти сарфи маблаѓњои буљетї ва истифодаи дурусти захирањои моддиву молиявї пешнињод мегардад, ки мубодилаи электронии маълумот байни маќомоти давлатї васеъ ба роњ монда шавад.

Барои сарфакорона ва маќсаднок истифода бурдани маблаѓњои буљетї њангоми хариди давлатї ва пешгирии омилњои коррупсионї дар ин самт зарур аст, ки низоми хариди электронии молу мањсулот бо истифода аз технологияњои муосири иттилоотї љорї карда шавад.

Чанде пештар бо маќсади боз њам пурзўр намудани назорати истифодаи захирањои молиявии давлатї ва татбиќи барномањои давлатї Палатаи њисоб таъсис дода шуд.

Бинобар ин, Палатаи навтаъсиси њисоб, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, Вазорати молия ва дигар вазорату идорањо, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо, роњбарони тамоми ташкилоту муассисањои буљетї ва корхонањои давлатї вазифадоранд, ки љињати татбиќи сифатноки барномањои давлатї, риояи ќатъии интизоми давлатї, дуруст ба роњ мондани фаъолияти молиявию хољагидорї ва њисоботу бањисобгирии муњосибии љавобгў ба талаботи меъёрњои байналмилалї, инчунин ба кор љалб намудани мутахассисони љавони соњибкасбу поквиљдон чорањои муассир андешанд.

Дар баробари ин, Бонки миллї якљо бо маќомоти дахлдор бо маќсади эмин нигоњ доштани низоми молиявии кишвар, аз љумла ќурби пули миллї аз таъсири омилњои манфии иќтисоди љањонї ва боз њам устувор гардонидани фаъолияти он бояд чораљўї намояд.

Дар ин самт дастгирии њамаи бахшњои истењсолї бо маблаѓ­гузории дарозмўњлат, дарёфти сарчашмањои гуногун ва васеъ намудани тарзу усулњои сармоягузорї ба лоињањои муњим дорои ањамияти хос мебошад.

Масъалаи мазкур њалли мушкилотро дар низоми бонкї талаб намуда, пеш аз њама, баланд бардоштани эътимоди мардумро барои нигањдории маблаѓњои худ дар бонкњои ватанї ва таъмини пурраи њифзи пасандозњои шањрвандонро таќозо дорад.

Ќобили зикр аст, ки љињати таъмини рушди устувори низоми бонкї тавассути зиёд намудани пасандозњо ва љалби бештари мизо­љон тадбирњои муассир андешида шудаанд.

Аз љумла, маљмўи чорабинињои барномавї, ќабули силсилаи ќонунњо ва санадњои меъёрии њуќуќї, алалхусус Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи суѓуртаи пасандозњои шахсони воќеї”, ки кафолати давлатиро ба пасандозњои шахсони воќеї дар назар дорад, мустаќиман ба ин њадафњо равона гардидаанд.

Ин аст, ки дар тўли дањ соли охир баќияи њаљми умумии пасан­дозњо дар ташкилоту сохторњои ќарзии кишвар зиёда аз 45 баробар, шумораи мизољон, ки аз хизматрасонии бонкї истифода мебаранд, беш аз 25 баробар ва њаљми ќарзњои додашуда 21 баробар зиёд гардидааст.

Дар баробари ин, аз соли 2005 инљониб барои дастгирии рушди минтаќањои кўњистон барномаи махсуси ќарздињии хурд ба соњибкорони хурду миёна оѓоз гардида, танњо дар мањалњои кўњистон маблаѓи умумии он дар ин давра зиёда аз 2,3 миллиард сомониро ташкил додааст. Њамин тавр, дар тўли 10 соли охир ќарздињии хурд дар мамлакат беш аз 100 баробар афзудааст.

Вале нишондињандањои мазкур љињати таќвияти рушди устувори кишвар моро њанўз њам ќонеъ карда наметавонанд.

Аз ин лињоз, Бонки миллї, Бонки давлатии “Амонатбонк”, бонк­њои сањњомї ва ташкилоту сохторњои маблаѓгузории хурд ќарздињиро ба фаъолияти соњибкорї, алалхусус дар минтаќањои дурдасти кўњистон ва занони соњибкор афзоиш дода, дар давраи миёнамўњлат њамасола на камтар аз 20 фоиз зиёд намудани маблаѓгузории соњањои истењсолиро таъмин намоянд.

 

Њамзамон бо ин, љињати бењтар намудани дастрасии шањрвандон ба хизматрасонии бонкї ва љалби њарчи бештари захирањои ќарзї зарур аст, ки шабакањои бонкиро васеъ гардонида, барои тамоми намудњои хизматрасонї шароит фароњам оварда шавад. Дар ин љода сифати хизматрасонињо бо истифода аз технологияњои муосир баланд бардошта, оид ба танзими муомилоти наќдиву ѓайринаќдї чораљўї карда шавад.

Инчунин, сохтору маќомоти дахлдорро зарур аст, ки љињати таќвият бахшидан ба њифзи пасандозњо ва боз њам мукаммал намудани заминаи меъёрии њуќуќии он тадбирњои зарурї андешанд.

Вобаста ба ин, тамоми мардуми бонангу номуси Тољикистон, соњибкорон ва шањрвандони мамлакатро даъват менамоям, ки маблаѓњои озоди худро дар бонкњои ватанї нигоњ доранд ва итминон дошта бошанд, ки кафолати пасандозњои онњо таъмин карда мешавад.

Амали мазкур имкон медињад, ки шањрвандони мо аз пасандозњои худ дар бонкњои мамлакат даромади муайян гирифта, сатњи зиндагии худро бењтар намоянд ва дар айни замон тавассути ин сарчашма дар рушду тараќќиёти иќтисоди Ватанамон сањми арзандаи худро гузоранд.

Дўстони азиз!

Рушди иќтисодии мамлакат ва таъмини сатњи сазовори зиндагии мардум мањз ба татбиќи самараноку сариваќтии афзалиятњои миллии кишвар, таъмини раванди рушди устувори мамлакат тибќи Стратегияи миллии рушд, стратегияњои миёнамўњлат ва барномањои соњавию мањаллї вобастагии мустаќим дорад.

Аз ин рў, ба Њукумати мамлакат ва сохтору маќомоти дахлдори давлатї зарур аст, ки барои амалї намудани Стратегияи миёна­мўњ­лати љорї тадбирњои мушаххас андешанд.

Инчунин, бо љалби шарикони рушд ва љомеаи шањрвандї љињати тањияи стратегияи миёнамўњлати навбатї барои солњои 2013-2015 ва тањкими афзалиятњои миллї чораљўї карда шавад.

Марњалаи кунунии инкишофи иќтисодии кишвар, ки ба рушди дарозмуддат нигаронида шудааст, аз маќомоти давлатї њамкории фаъолонаро бо шарикони рушд ва љомеаи шањрвандї таќозо менамояд.

Тањияи механизмњои њамшарикии бахшњои давлативу хусусї, љалби сармояи дохиливу хориљї, иштироки фаъоли бахши хусусї дар рушди иќтисодиёт ва ба шарики боэътимод табдил додани он заминаи воќеии рушди босуботро муњайё месозад.

Рушди соњибкорї ва мусоидати њамаљониба ба фаъолияти он аз љумлаи вазифањои аввалиндараљаи Њукумати мамлакат аст, зеро соњибкории хурду миёна, хусусан соњибкории истењсолї яке аз омилњои муњими баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардуми кишвар ва заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иќтисодиёти миллї, афзун намудани табаќаи миёнањол ва њалли масъалањои иќтисодиву иљтимої мебошад.

Мањз бо њамин маќсад Њукумати кишвар ба дастгирї ва рушди соњибкорї таваљљўњи махсус зоњир менамояд ва солњои охир як силсила ислоњотеро, ки ба соддагардонии раванди баќайдгирии фаъолияти соњибкорї ва кам намудани номгўи њуљљатњои иљозатдињанда равона шудаанд, амалї гардонид.

Агар теъдоди иљозат барои фаъолияти соњибкорї то ислоњоти низоми иљозатдињї 650 номгўйро ташкил карда бошад, пас он њоло њамагї аз 86 номгўй иборат аст ва зарур аст, ки ислоњот дар ин самт идома дода шавад.

Бинобар ин, Њукумати мамлакатро зарур аст, ки дар давоми як сол љињати боз то 50 фоиз ихтисор намудани теъдоди иљозатдињї ва тавассути низоми электронї ба расмият даровардани беш аз 30 фоизи иљозатдињиро таъмин намояд.

Сањми соњибкорон ва ширкатњои ватанї дар иљрои њадафњои созандаи Њукумати мамлакат дар самти бунёди корхонањои истењсолї тавассути ворид намудани таљњизоту технологияњои њозиразамон ва таъсиси љойњои нави корї, инчунин сохтмону азнавсозии иншооти иљтимоиву фарњангї назаррас мебошад ва ин раванд њаматарафа дастгирї карда мешавад.

Бояд гуфт, ки танњо дар соли 2011 аз љониби соњибкорон ќариб 1000 иншооти иќтисодиву иљтимої бунёд гардидааст. Аз љумла 100 корхонаи саноатї ба истифода супорида, дар онњо беш аз 12 њазор љойи нави корї ташкил шудааст.

Аз ин рў, ба њамаи он соњибкорони бонангу номуси кишвар, ки дар раванди созандагиву бунёдкорї, рушди иќтисодиву иљтимоии мамлакат ва хайру эњсонкорї сањмгузор мебошанд, миннатдории самимии худро баён менамоям.

Аз љониби худ давлат барои дастгирии рушди соњибкорї бо дарёфти захираву имкониятњо пайваста чораљўї карда истодааст. Танњо дар соли љорї имтиёзњои андозї ва пардохтњои гумрукии ба соњибкорон ва корхонањои истењсолї муќарраргардида 3,2 миллиард сомониро ташкил медињад, ки ин, пеш аз њама, барои рушди истењсолот мусоидат мекунад.

Илова бар ин, бо маќсади дастгирии соњибкорї дар соњаи кишоварзї солњои охир аз њисоби буљети давлатї тавассути бонкњо ба маблаѓи умумии беш аз 680 миллион сомонї ќарзи имтиёзнок људо карда шудааст.

Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки бозори дохилї барои пешбурди соњибкорї ва сармоягузории мустаќим бояд љалбкунанда бошад ва дар он истењсолкунанда ва истеъмолкунандаи молу мањсулот озодона фаъолият намуда, ба њар гуна монеањои сунъиву бюрократї ва фишори назорату тафтишоти маъмурї дучор нагарданд.

Дар ин самт тамоми сохтору маќомоти давлатиро зарур аст, ки дар масъалаи хизматрасонињои давлатї ба соњибкорон ва ањолї тавассути љорї намудани низоми электронї дар фаъолияти худ бо истифодаи технологияњои муосири иттилоотї чорањои бетаъхир андешанд.

Зеро ин амал шаффофият, дастрасї ва самаранокии хизматрасо­нињои давлатиро баланд бардошта, муњимтар аз њама, ба рафъи омилњои коррупсионї мусоидат менамояд.

Илова бар ин, Агентии оморро зарур аст, ки љињати кам кардани шумораи њисоботи оморї ва ба таври электронї ба роњ мондани он чорањои амалї андешад.

Ќобили раќобат будани иќтисод аз суръати гузаштани корхонањои истењсолии мо ба стандартњои байналмилалї вобастагї дорад.

Бо ин маќсад вазорату идорањои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки доир ба рушди минбаъдаи низоми миллии стандартизатсия ва сертификатсиякунонї корњои заруриро љињати татбиќи ислоњоти сохтории он амалї намоянд ва дар мўњлати кўтоњ гузаришро ба низоми танзими техникии дар арсаи байналмилалї ќабулшуда анљом дињанд.

Аз љумла, бояд шумораи молњои њатман сертификатсияшаванда аз 7100 номгўи кунунї ба андозаи ду - се баробар кам карда, љорї намудани низоми “равзанаи ягона” оид ба расмиёти соддагардонидашудаи воридоту содирот суръат бахшида шавад.

Њамчунин, вазорату идорањо ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї бояд љињати дастгирии минбаъдаи соњибкорї, бахусус дар соњањои истењсолї ва бартараф намудани монеањои маъмуриву сунъї чорањои ќатъї андешанд.

Маќомоти зикршуда вазифадоранд ба соњибкорон ва ширкатњое, ки азми таъсиси корхонањои хурду миёнаи истењсолї ва бунёди иншооти иљтимоиву фарњангиро доранд, бо истифода аз имконият ва имтиёзњои муќарраргардида њамаљониба мусоидат намоянд.

Махсус таъкид месозам, ки амалњои созандаи соњибкорон ва шах­сони алоњидаи хайрхоњ, ки љињати бартараф намудани оќибати офатњои табиї ва њалли масъалањои иљтимої иншооти заруриро бунёд намуда, ба таври ройгон ба моликияти маќомоти дахлдори давлатї месупоранд, бояд аз андозбандї озод бошанд.

Бинобар ин, ба Њукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки оид ба њалли масъалаи мазкур тадбирњои зарурї андешад.

Њамзамон бо ин, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї бо маќсади рушди минбаъдаи соњибкорї ва такмили ќонунгузории соња дар соли 2012 лоињаи Ќонун “Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї”-ро дар тањрири нав тањия ва пешнињод намояд.

Љињати иљрои дастуру супоришњои дар Паёми соли гузашта баёнгардида дар самти њавасмандсозии соњибкорон ба рушди фаъолияти истењсолї ва воридоти таљњизоту технологияњои муосир бо Фармони Президенти мамлакат ба санљиши фаъолияти субъектњои соњибкорї дар соњањои истењсолї барои се сол мораторий эълон гардид.

Тањлилњо собит месозанд, ки ќонуни амалкунандаи мамлакат “Дар бораи санљиши фаъолияти субъектњои хољагидор” ба талаботи муосир пурра љавобгў нест ва шумораи зиёди маќомоти назоратї ва санљишњои беасос, ки мушоњида мегарданд, њанўз њам боиси ташвиши соњибкорон мебошад.

Бинобар ин, ба маќомоти назоратї супориш дода мешавад, ки аз њама намудњои санљиши беасос, инчунин аз санљишњои мутаќобилаи фаъолияти субъектњои соњибкорї худдорї намоянд.

Инчунин, љињати ба шароити муосири танзими фаъолияти субъектњои соњибкорї мутобиќ гардонидани ќонунгузорї, аз љум­ла кам намудани шумораи маќомоти назоративу санљишњо Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якљо бо вазорату идорањои дахлдор дар соли 2012 Ќонуни Љум­њурии Тољикистонро «Дар бораи санљиши фаъолияти субъектњои соњибкорї» дар тањрири нав тањия карда, ба Њукумати кишвар пешнињод намояд.

Дар Паёми соли сипаригардида љињати амалї намудани ислоњот дар бахши андоз ба хотири њарчи содда гардонидани низоми андозбандї ва кам кардани шумораи андозњо, афзоиши ќисми даромади буљети давлатї бо роњи њавасманд намудани андозсупорандагон ва андозбандии пурраи онњо супориш дода будам, ки имсол, яъне соли 2012 лоињаи Кодекси андози мамлакат дар тањрири нав омода карда шавад.

Аз ин лињоз, бо маќсади дастгирии молистењсолкунандагон ва зиёд намудани истењсоли мањсулоти дохилї дар лоињаи Кодекси андоз номгўи андозњо то 50 фоиз кам карда, аз љумла андоз аз фурўши чакана пурра ихтисор ва воридоти тамоми номгўи таљњизоти технологии њозиразамон аз њамаи намудњои андоз ва пардохти гумрукї озод карда шавад.

Дар баробари ин, љињати такмили маъмурикунонии андоз, кам кардани ваќт ва харољоти соњибкорон тавассути содда ва сабук намудани расмиёти андозсупорї шумораи эъломияњо аз рўи андозњо ва пардохтњои алоњида то 40 фоиз, њисобњои андозї то 60 фоиз, инчунин миќдори њуљљатњо њангоми барасмиятдарории гумрукї то 30 фоиз кам карда шавад.

Њукумати мамлакатро зарур аст, ки тањия ва такмили лоињаи Кодекси андозро бо дарназардошти супоришњои имрўза ва пешнињоду мулоњизоти аз соњибкорону шањрвандон ва ташкилоту созмонњои љамъиятї воридгардида дар муддати се моњ ба анљом расонад.

Бо маќсади таъмини њадафњои гузоштаамон дар иљрои буљети давлатї ва маблаѓгузории соњањои иљтимої ба соњибкорони кишвар мурољиат менамоям, ки фарњанги андозсупориро риоя карда, бо амри дилу виљдони пок ўњдадорињои худро дар назди буљети давлатї сари ваќт иљро намоянд.

Њозирини гиромї!

Дар давоми солњои 2012-2014 љињати зина ба зина ноил шудан ба њадафњои асосии рушди миллї ва њалли масъалањои иљтимоии кишвар беш аз 100 лоињаи муштараки сармоягузорї ба маблаѓи умумии 13 миллиард сомонї амалї карда мешавад.

Љињати устувор гардонидани пешрафти иќтисодї дар шароити тањдиду хавфњои глобалии торафт афзоянда, ки ба иќтисодиёти кишвар таъсир мерасонанд, љалби њарчи бештари сармоя ба соњањои гуногун наќши муњим мебозад.

Барои ба роњ мондани њамкорињои мутаќобилан судманд дар соњањои афзалиятноки мамлакат, аз љумла гидроэнергетика, соњањои саноати маъдан, сабук ва хўрокворї, инчунин кишоварзї, истифодаи ќаъри замин ва туризм имкониятњои кофї мављуданд ва истифодаи самараноки онњо аз афзоиши сармоягузории мустаќими дохиливу хориљї ва воридоти техникаву технологияњои муосир вобастагии калон дорад.

Бинобар ин, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якљо бо вазорату идорањои соњавї њам­корињои мустаќимро бо сармоягузорон васеъ ба роњ монда, љињати татбиќи сариваќтиву босифати лоињањои афзалиятноке, ки бо љалби маблаѓњои давлатї ва созмонњои байналмилалї амалї мегарданд, чорањои судманд андешад.

Инчунин, якљо бо вазорату идорањо бо маќсади суръат бахшидани диверсификатсияи иќтисодиёт ва боз њам бењтар гардонидани фазои сармоягузории мамлакат, таъмини њуќуќии кафолату имтиёзњои сармоягузорони дохиливу хориљї ва љорї намудани механизми пешбурди сиёсати ягонаи сармоягузорї Консепсияи сиёсати давлатии љалб ва њимояи сармоягузориро тањия карда, то охири сол ба баррасии Њукумати кишвар пешнињод намояд.

Илова бар ин, Њукумати мамлакатро зарур аст, ки љињати боз њам бењтар намудани фазои сармоягузорї тавассути таъмини ка­фолатњои њуќуќи молумулкї, эътирофи конвенсияњо ва дигар санад­њои байналмилалї, ки ба њимояи сармоягузорон равона шудаанд, инчунин љорї намудани низоми бењтари андозбандї ва имтиёзњои ќобили раќобат чорањои зарурї андешад.

Њозирини гиромї!

Дар радифи амалї намудани њадафњои стратегияи миллии кишвар доир ба таъмини истиќлолияти энергетикиву амнияти озуќаворї ва рањої бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионї мусоидат ба рушди бахши воќеї яке аз самтњои асосии фаъолияти њар як сохтору маќомоти давлатї ба њисоб меравад.

Дар ин самт, пеш аз њама, Њукумати мамлакат вазифадор аст, ки дар ояндаи миёнамўњлат ислоњоти оѓозёфта ва афзалиятњои муќар­рар­гардидаро тадриљан амалї намояд.

Дар се соли оянда суръат бахшидан ба рушди соњањои воќеии иќти­содиёт, бахусус саноату энергетика, наќлиёт ва коммуникатсия, кишоварзї, инчунин истифода аз ташаббусњои соњибкориву имкониятњои бахши хусусї ва дар ин асос боз њам афзун намудани ќисми даромади буљети давлатї ва таъмини бењтари њифзи иљтимоии ањолї вазифаи аввалиндараљаи сиёсати иќтисодии давлат мебошад.

Бо маќсади таъмини яке аз њадафњои стратегии кишварамон, яъне ноилшавї ба истиќлолияти энергетикї дар баробари дигар тадбирњои таъминкунандаи рушди соња татбиќи маљмўи ислоњоти иќтисодиву сохтории соња пешбинї шудааст.

Дар ин љода баланд бардоштани ќобилияти раќобати комплекси сўзишвориву энергетикї аз пешбурди фаъолонаи сиёсати сарфаљўї ва самаранок истифода бурдани энергия, инчунин кам кардани талафоти он вобаста мебошад.

Дар ин асос љињати таъмин намудани эњтиёљоти кишвар ба нерўи барќ аз љониби Њукумати мамлакат дар доираи барномањои ќабул­шуда чорањои мушаххас амалї шуда истодаанд.

Танњо дар панљ соли охир барои пешрафти соња беш аз 7,5 миллиард сомонї равона гардида, њазорњо километр хатти интиќоли барќ ва садњо нерўгоњи барќи обии хурду миёна бо иќтидори зиёда аз њазор мегаватт сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар давраи миёнамўњлат сохтмони боз 70 нерўгоњи хурд дар назар аст ва мо ният дорем, ки солњои наздик эњтиёљоти мамлакатро бо нерўи барќи худї пурра таъмин намоем.

Дар ин самт Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї вазифадор аст, ки якљо бо дигар вазорату идорањо љињати љалби сармояи дохиливу хориљї ба соњаи энергетика чорањои зарурї андешад.

Соли љорї корњои сохтмон дар нерўгоњи барќи обии Сангтўда-2 ба охир расида, ин иншооти энергетикї пурра ба кор медарояд. Корњо дар бунёди нерўгоњи барќи обии Роѓун тибќи наќша идома дода мешаванд.

Вобаста ба ин, ба Њукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки иљрои сариваќтии барномаву наќшањои рушди соњаро таъмин намояд.

Зарур аст, ки дар масъалаи таъмини сарфаљўии энергия, кам кардани талафоти он ва доир ба рушди манбањои алтернативии энергия чорањои муассир андешида шаванд.

Боиси хушнудист, ки зимни татбиќи ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттањид “Энергияи устувор барои њама” Тољи­кистон дар ќатори панљ мамлакати дунё ба њайси кишвари пилотї пешнињод шудааст. Ба вазорату идорањои марбута лозим аст, ки бо сохторњои Созмони Милали Муттањид њамкории созандаро ба роњ монда, аз имкониятњои ин барнома ба шакли бењтарин истифода намоянд.

Илова бар ин, сохтору маќомоти дахлдорро зарур аст, ки љиња­ти таъмини талаботи ањолї ва корхонањои саноатии кишвар бо сў­зиш­ворї бо љалби сармояи дохиливу хориљї корњои љустуљўиву икти­шофиро дар майдонњои ояндадори нафту газ вусъат бахшанд.

Њоло дар мамлакат дар самти кашф, пармакунї, истихрољ ва коркарди нафту газ 11 ширкатњои ватаниву хориљї фаъолият намуда истодаанд. Дар баробари ин, дар соњаи истихрољи ангишт дар ќаламрави кишвар 12 корхонањои гуногун фаъолият доранд.

Дар марњалаи кунунї њалли масъалаи норасоии нафту гази истењ­соли ватанї ва таъмини эњтиёљоти кишвар бо сўзишворї бояд тавассути њарчи зиёдтар истихрољ намудани ангишт ва истифодаи он њамчун манбаи алтернативии энергетикї дар саноат њал карда шавад. Зеро дар ќаламрави мамлакати мо захирањои зиёди ангишт мављуданд.

Бинобар ин, бо маќсади зиёд намудани истихрољи ангишт ва ба роњ мондани истифодаи васеи саноатии он ба Њукумат супориш дода мешавад, ки њарчи зудтар амалї намудани барномаи дахлдори давлатиро таъмин намояд.

Дар назди соњаи саноат ва корхонањои истењсолї тавлиди бештари арзиши иловакардашуда бо роњи баланд бардоштани дараљаи коркарди ашё, истењсоли молњои тайёр, пайдо намудани мавќеи устувор дар бозори дохиливу хориљї њамчун вазифаи аввалиндараља гузошта мешавад.

Дар баробари ин, бунёди корхонањои нави истењсолї ва ташкили љойњои нави корї аз љумлаи самтњои муњими рушди саноати кишвар мебошад.

Тибќи наќшањои пешбинишуда танњо дар давоми ду соли оянда, яъне имсол ва соли 2013 дар ќаламрави мамлакат 324 корхонаи хурду миёнаи саноатї бунёд карда мешавад, ки аз ин њисоб 18 њазор љойњои нави корї ташкил мегардад.

Бо маќсади суръатбахшї ба рушди саноати мамлакат ба Њукумат супориш дода мешавад, ки то охири соли љорї оид ба стратегияи рушди дарозмуддати соња њуљљати барномавиро тањия ва ќабул намояд.

Њамзамон бо ин, Вазорати энергетика ва саноат вазифадор аст, ки якљо бо сохтору маќомоти дахлдор љињати афзоиш додани њаљми истењсоли молу мањсулоти ќобили раќобат ва воридотивазкунанда, инчунин таќвият бахшидани нерўи содиротии мамлакат татбиќи чорабинињои мушаххаси дигаргунсозии сохториро амалї гардонад.

Ба ин хотир, сохтору маќомоти дахлдорро зарур аст, ки дар самти њарчи васеътар ба роњ мондани коркарди ашёи хоми ватанї, аз љумла металлњои ранга ва сангњои ќиматбањову ороишї, мањсулоти соњаи кишоварзї, инчунин оби тозаи ошомидании Тољикистон ва содироти он, воридоти технологияњои њозиразамони истењсолї ва тањкими иќтидорњои истењсолї њамаљониба мусоидат намуда, љињати бартарафсозии монеаву мушкилоти маъмуриву сунъї чорањои таъхирнопазир андешанд.

Вазорати наќлиёт, Хадамоти гумрук, корхонањои воњиди давлатии “Роњи оњани Тољикистон” ва ширкатњои њавопаймої сохт­мону таъмири роњњои мошингарду оњан, аз љумла ќитъаи роњи оњани “Вањдат - Ёвон”-ро тезонида, доир ба баланд бардоштани сатњу сифати хизматрасонї дар фурудгоњу истгоњњои роњи оњан ва гузаргоњњои гумрукї, инчунин ташкили марказњои логистикї чорањои љиддї андешанд.

Илова бар ин, Корхонаи воњиди давлатии “Роњи оњани Тољикис­тон” дар самти бартараф намудани монеањои сунъии бюрократї њангоми воридоту содироти молу мањсулоти соњибкорону тољирон чораљўї намояд.

Дўстони азиз!

Дар шароити Тољикистон соњаи кишоварзї омили асосии таъминкунандаи амнияти озуќавории кишвар, манбаи таъмини корхонањои коркарди саноатї бо ашёи хом, бахши ташаккулдињандаи иќтидори содиротии мамлакат ва муњимтар аз њама, заминаи ташкили љойњои нави корї ба њисоб меравад.

Бояд ќайд намуд, ки мамлакати мо дорои имкониятњои васеи истењсол ва коркарди мањсулоти кишоварзї мебошад.

Бо дарназардошти ин, дар сурати оќилона ва самаранок истифода бурдани захирањои истењсолии соња мо метавонем худро бо мањсулоти ѓалладонагињо, меваю сабзавот, гўшту шир ва дигар намудњои озуќа пурра таъмин намоем.

Барои расидан ба ин њадафњо аз љониби Њукумати кишвар 17 барномаи давлатї ќабул гардида, ислоњоти замин, таљдиди хољагињо ва рушди бахшњои гуногуни кишоварзї мавриди чораљўї ќарор дорад.

Њамзамон бо ин, љињати рушди соњаи кишоварзї то ба имрўз 9 лоињаи сармоягузорї ба маблаѓи беш аз як миллиард сомонї амалї гардида, танњо дар 5 соли охир аз њисоби буљети давлатї ва дигар сарчашмањо бо дарназардошти ќарзњои имтиёзноки додашуда 2 миллиарду 340 миллион сомонї маблаѓњо равона шудаанд. Айни њол боз 16 лоињаи сармоягузорї ба маблаѓи 1,2 миллиард сомонї мавриди татбиќ ќарор дорад.

Барои таъмини амнияти озуќавории кишвар татбиќи чорабинињои мушаххас доир ба истифодаи оќилонаи обу замин, баланд бардоштани њосилнокии он, аз заминњои обї гирифтани ду-се њосил, инчунин љорї намудани шаклњои муосири ташкиливу њуќуќии хољагидорї зарур аст.

Яке аз масъалањои муњиме, ки њосилнокии зироатњои кишоварзї ва таъмини амнияти озуќаворї аз он вобастагї дорад, бењтар гардонидани њолати мелиоративии заминњо ва азхудкунии заминњои нав мебошад.

Бо ин маќсад дар давоми 10 соли охир аз њисоби буљети давлатї ќариб як миллиард сомонї маблаѓњо азхуд шуда, дар натиља њолати мелиоративии 83 њазор гектар замин бењтар гардидааст ва 7 њазор гектар заминњои нав обёрї шудаанд.

Таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо мањсулоти истењсоли худї аз љумлаи масъалањои муњим буда, дар ин љода баланд бардоштани самаранокии соњаи чорводорї ва парандапарварї бояд чун яке аз самтњои асосии фаъолият ќарор дода шавад.

Зарур аст, ки љињати дар панљ соли оянда бо гўшт ва шири истењсоли дохилї таъмин намудани ањолии мамлакат тадбирњои мушаххас амалї гарданд.

Бо ин маќсад, ба сохтору маќомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки љињати аз андозњо ва бољњои гумрукї озод намудани воридоти чорвои хушзот аз хориљи кишвар лоињаи санадњои меъёрии њуќуќии дахлдорро дар мўњлати кўтоњтарин ба Њукумати мамлакат пешнињод намоянд.

Илова бар ин, дар баробари инкишоф додани истењсоли мањсу­лоти кишоварзї бояд коркарди он низ дар дохили мамлакат тадриљан афзоиш дода шавад.

Бояд гуфт, ки дар 10 соли охир дар соњаи саноати хўрокворї беш аз 400 корхонаи нав ташкил шудааст, ки онњо асосан бо коркарди мањсулоти кишоварзї машѓуланд.

Вале ин њанўз кифоя нест, зеро то имрўз ќисми зиёди мањсулоти истењсолшаванда коркард нашуда, њамчун ашёи хом содирот мегардад ё талаф меёбад.

Бинобар ин, вазорату идорањо, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва соњибкоронро зарур аст, ки љињати пурра ва самаранок истифода бурдани иќтидорњои истењсолии корхонањои саноатии коркарди мањсулоти кишоварзї, ташкили корхонањои нав дар ин самти истењсолот ва таљњизонидани онњо бо технологияњои муосир чорањои судманд андешанд.

Њозирини гиромї!

Замони мо замони нињоят мураккаб ва печидаи таърихи башарї, замони тањаввулоти бунёдии созмонњои иљтимої, замони рушди бесобиќаи илму фановарї, иттилоот ва дар маљмўъ нерўи эљодии инсон, замони имконоти азими такомули фарњангї ва ахлоќиву маънавї, равобит ва њамкории густурдаи халќу кишварњо ва тамаддунњои љањонї ба шумор меравад.

Дар баробари ин, ба њама возењ аст, ки замони мо замони зуњури фаъоли нерўњои тахрибкор, замони таблиѓ ва пањн намудани ѓояњои тундгарої, густариши хатарњои экстремизму терроризм, љиноятњои муташаккили трансмиллї, коњиши маънавии љомеа ва падидањои дигари номатлуб низ мебошад.

Суръати густариши онњо ба њаддест, ки имрўз хатари фарсоиши љиддии арзишњои бунёдии сирати инсон - ахлоќ, фарњангу маънавиёт, масъулияти фардї ва иљтимої торафт аён мегардад.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихї ва рисолати шањр­вандии мо аз он иборат аст, ки давлати љавони миллї, истиќлолияти он ва љомеаи худро аз чунин пайомадњои манфї эмин нигоњ дорем.

Таърихи тўлонї ва пуршебу фарози башар собит месозад, ки маънавиёт ва фарњангу маърифат сифатњои фитрии инсон буда, густариш ва тањкими пайвастаи арзишњои милливу умумибашарї, рушди њамвораи илму маориф, технология ва татбиќи бозёфтњои навтарин дар фаъолияти созандаи инсоният љавњари аслии рушду тараќќии љомеаи љањонї ба њисоб меравад.

Таљриба ва мероси бузургони гузаштаи мо, бидуни шак, таљаллии барљастаи ин рисолати наљиб ва таърихї буда, корномаи онњо сањми бузурге дар раванди бепоёни инсонсозї ва маънависозии љомеаи башарї мањсуб мешавад.

Ниёгони тамаддунофари мо доимо таъкид доштаанд, ки инсон падидаи тарбиятї мебошад. Ташаккул ва такомули њаќиќии инсон раванди пайгир ва огоњонаи рушди маънавї ва ахлоќии ў дар робита бо такмили мазмуни инсонгароии низоми иљтимоист.

Њаёт таќозо мекунад, ки мо имрўз ќудрати шинохти мазмуни аслии равандњо ва тањаввулоти иљтимоиро доро ва ба кушодани гирењ­њои печида, мушкилоти умдаи рўз ва равшансозии роњи ояндаи худ ќодир бошем. Чунин шинохт дар асл омили асосии таъмини сатњи матлуби худшиносиву худогоњї ва муњити солими иљтимої мебошад.

Бидуни чунин худшиносї ва худогоњї дар шароити пурталотуми љањонишавї ва хуруљи нерўњои харобиовар њифзи асолат, њувият ва сирати миллї нињоят мушкил хоњад гардид.

Бинобар ин, зарур аст, ки дар зењну шуури афроди љомеа сатњи мувофиќ ва муассири масъулияти иљтимої тарбия карда шавад, то њар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, њифзи арзишњои милливу фарњангї масъулияти хоса эњсос намуда, барои иљрои ќарзи фарзандии худ њамеша омода бошад.

Дар ин озмунгоњи њассоси таърих моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро чи дар сатњи саросарии миллї ва чи дар сатњи фардиву иљтимої мустањкам намоем.

Ин ирода бар он асос меёбад, ки мо, пеш аз њама, фарзандони Ватани ягонаем ва манфиатњои волои он аз манофеи дигари сиёсиву њизбї, гурўњї ва табаќавию хусусї бартару болотар мебошанд.

Ќабл аз њама, бояд тамоми афроди љомеа равшан ва амиќан дарк намоянд, ки мо чї њадаф дорем, чї роњро пеш гирифтаем ва кадом шеваи амалу рафторро истифода хоњем кард.

Мо њадафу вазифањои љорї ва дарозмуддати миллиамонро дар Конститутсия, силсилаи ќонунњо ва барномањои стратегии пешрафти иќтисодиву иљтимої даќиќ муайян намудаем.

Њадафи аслии мо расидан ба сатњи шоистаи зиндагї ва шароити мусоиди иљтимої барои њар фарди љомеа мебошад. Таъмини рушди матлуб ва сатњи муосири фаъолияти сохторњои сиёсї ва иќтисодиву иљтимої шарти нињоят муњим ва зарурї дар ин самт ба шумор меравад.

 

Бинобар ин, зарур аст, ки ба хотири татбиќи муваффаќонаи ин вазифањои таќдирсоз нерўи созанда ва эљодгари сохтору маќомоти давлатї, нињодњои мухталифи иљтимої ва афроди фаъоли љомеа сафарбар гарданд, зеро дар шароити љањонишавї истифодаи шевањои кўњна дигар самараи дилхоњ намедињад.

Аз ин рў, давлату Њукумат аз солњои аввали соњибистиќлолї ба пешрафти илму маориф њамчун пойдевори рушду тараќќиёти тамоми соњањои њаёти љомеа диќќати махсус зоњир намуда, ин равандро муттасил идома медињад.

Мањз дар њамин давра барнома ва консепсияњои муњими давлатї ќабул гардиданд, ки барои амалї намудани ислоњоти соњањои илму маориф ва дар ин замина бењтар намудани шароити кории олимону омўзгорон ва сатњи таълиму тарбия дар њамаи зинањои тањсилот такони љиддї бахшиданд.

Вале бо вуљуди ин, дастовардњои соњаи маориф њанўз њам моро ќонеъ карда наметавонанд, зеро дар ин соњаи муњими иљтимої мушкилоти њалношуда хеле зиёданд.

Тањлилњои солњои охир нишон медињанд, ки њолати таълим ва тарбия дар мактабњои миёна бењбудии љиддиро таќозо мекунад.

Имрўз соњаи тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбї дар тамоми љањон яке аз зинањои асосї ва афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин муассисањо вобаста ба талаботи бозори мењнат мутахассисони соњањои гуногунро омода месозанд.

Мутаассифона, фаъолияти низоми мазкур дар кишвари мо њанўз дар сатњи зарурї ба роњ монда нашудааст.

Бинобар ин, вобаста ба талаботи бозори мењнати ватанї ва љањонї омода намудани кадрњои коргарї барои кишвари мо амри зарурї буда, масъалаи васеъ намудани шабакаи муассисањои тањсилоти ибтидоии касбї ба миён омадааст.

Аз ин рў, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки вазъи имрўзаи муассисањои тањсилоти ибтидоии касбиро њаматарафа омўхта, пешнињодоти худро ба Њукумат манзур намояд.

Рў овардан ба технологияњои иттилоотиву коммуникатсионї ва татбиќи њарчи васеи онњо дар љомеа яке аз ниёзмандињои дигари замони љањонишавї ба шумор меравад.

Аз ин рў, истифодаи технологияњои иттилоотиву коммуникатсионї дар самтњои мухталифи њаёти љомеа ва дар асоси он ташаккули њукумати электронї аз масъалањои муњими замони муосир мебошад.

Кишварњое, ки дар татбиќи технологияњои иттилоотиву коммуни­катсионї ва рушди њукумати электронї ба пешравињои назаррас ноил гардидаанд, пеш аз њама ба масъалањои омода намудани кадрњои баландихтисоси ин соњаи муњим, рушди инфрасохтори иттилоотї, зина ба зина баланд бардоштани сатњи дониши хизматчиёни давлатї ва татбиќи усулњои идоракунии электронї диќќати зарурї медињанд.

Бо дарназардошти ин ва бо маќсади баланд бардоштани сатњи маърифати техникии табаќањои гуногуни љомеа ва њамаљониба татбиќ намудани технологияњои иттилоотиву коммуникатсионї дар иќтисоди миллии кишвар Њукумати мамлакат ба наздикї «Консепсияи ташаккули њукумати электронї»-ро ќабул намуд.

Ин имкон медињад, ки номгўи зиёди хизматрасонињои давлатї ба шањрвандон ба таври электронї сари ваќт ва босифат расонида шуда, зуњуроти номатлубе чун бюрократизм ва коррупсия тадриљан аз байн бурда шаванд. Дар баробари ин, муносибати мутаќобилаи љомеа бо сохторњои давлатї тањким меёбад, ки ин яке аз рукнњои муњими љомеаи шањрвандї ба шумор меравад.

Аз ин рў, ба Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї ва Хадамоти алоќа супориш дода мешавад, ки барои давра ба давра татбиќ намудани «Консепсияи ташаккули њукумати электронї» аз буљети давлатї ва дигар сарчашмањо маблаѓњои заруриро љалб намоянд.

Вазорати маорифро зарур аст, ки бо маќсади мусоидат дар татбиќи сариваќтии консепсияи мазкур тарбия ва омода намудани кадрњои баландихтисосро дар њамаи зинањои тањсилот таъмин намояд.

Дўстони азиз!

Фарњанг дар љомеаи башарї яке аз воситањои муњими тарбия ва баланд бардоштани сатњи маърифати мардум, бахусус љавонон ба њисоб рафта, метавонад дар ташаккули арзишњои ахлоќиву маънавии љомеа наќши калидї дошта бошад.

Бо дарназардошти ин, Њукумати кишвар ба ин соњаи муњими иљтимої низ беш аз пеш таваљљўњ зоњир менамояд.

Солњои охир дар ин соња як ќатор тадбирњои судманд амалї гардиданд, ки барои густариши фаъолияти муассисањои фарњангї дар шањру дењоти мамлакат ва њамзамон бо ин, шиносонидани кишвари соњибистиќлоли мо дар сатњи љањонї сањми арзанда доранд.

Ќобили зикр аст, ки имрўз ањли фарњанги тољик чи дар офариниши асарњои сањнавї ва чи дар филмофарї бо љоизањои бонуфузи байналмилалї ќадр гардида, фарњангу њунари миллии моро ба љањониён муаррифї менамоянд.

Бахусус њамчун љашни байналмилалї эътироф ва таљлил гардидани Наврўз - љашни миллї ва суннатии тољикон бори дигар мардуми моро њамчун миллати фарњангсоз ва дорои таърих, анъана ва тамаддуни ќадима ба љањониён шиносонид, ки барои њар як фарди худогоњ мояи ифтихор ва сарфарозист.

Ќобили зикр аст, ки дар баробари рушди босуръати љањони имрўза наќш ва маќоми китоб њамчун сарчашмаи донишу тамаддун ва тањаввулоти фарњангиву маънавї пайваста боло меравад.

Таи чанд соли охир татбиќи барномањои муњими давлатї имкон доданд, ки њаљми фонди китобхонањои мамлакат рў ба афзоиш нињода, ниёзи хонандагон дар самти дастрасї ба дастовардњои асри иттилоот њарчи бештар ќонеъ гардонида шавад.

Ин аст, ки имрўз дар шањру дењоти мамлакат беш аз 1300 китоб­хонаи оммавї ва 120 маѓозаи фурўши китоб фаъолият дошта, танњо дар панљ соли охир 30 китобхонаи нав ва дар соли гузашта 20 фурўшгоњи нави китоб мавриди истифода ќарор дода шуд.

Бо дарназардошти ин, метавон гуфт, ки суннати китобдўстї ва фарњангпарварї, ки ба мо аз гузаштагони тамаддунсозамон ба мерос мондааст, имрўз њам ба таври ибратбахш идома дорад.

Мањз ба хотири эњёи тамаддуни таърихї ва пайвастан ба раванд­њои илмию фарњангии муосир ба наздикї Китобхонаи миллї ба истифода дода шуд, ки метавонад дар љамъоварї, њифзи китобу дастхатњои нодир ва дар маљмўъ дар рушди соњаи китобдорї ва баланд бардоштани сатњи маърифати фарњангии љомеа наќши бориз дошта бошад.

Сиёсати иљтимоии давлат чун солњои пешин ба таъмин намудани адолати иљтимої, паст кардани сатњи камбизоатии ањолї ва фароњам овардани имкониятњои баробари рушд равона карда шудааст.

Бо вуљуди он, ки бўњрони молиявии љањонї таъсири манфии худро ба татбиќи сиёсати иљтимоии давлат расонида истодааст, мо кўшиш дорем, ки сатњи зиндагии мардумро дар заминаи рушди устувори иќтисодии кишвар марњала ба марњала баланд бардорем.

Дар самти таъсиси љойњои нави корї ва фароњам овардани шароити мусоиди касбомўзї барои бекорон низ мо ба натиљањои назаррас ноил шудем. Дар ин замина тайи панљ соли охир дар кишвар зиёда аз 500 њазор љойи нави корї таъсис ёфта, раванди афзоиши бекорї бо таъсиси корхонањои нави истењсолї то њадде кам гардид.

Барои таъмини ањолї бо љойи кор таъсиси курсњои тайёрї ва бозомўзии касбї ба њукми анъана даромадааст. Вале дар ин самти муњими иљтимої боз тадбирњои зиёдеро анљом доданамон лозим меояд.

Зеро ин масъала њамоно муњим боќї монда, њамеша мавриди таваљљўњи Њукумати Тољикистон ќарор дорад.

Бинобар ин, ба вазоратњои мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї, маориф супориш дода мешавад, ки њар сол љињати ба касбомўзї, такмили ихтисос ва шањодатномакунонии малакањои касбї љалб намудани то сад њазор нафар шањрвандони бекор, бахусус муњољирони мењнатї чораљўї намуда, бо ин маќсад дар тамоми шањру ноњияњои кишвар марказњои таълими калонсолон, омўзиши хизматрасонї ва соњибкориро ташкил намояд.

Њамзамон бо ин, ба тамоми сохторњои давлатї ва дар нав­бати аввал вазорату идорањо ва маќомоти иљроияи мањаллии њоки­мияти давлатї супориш дода мешавад, ки бо љалби имкониятњои соњибкорони ватанї љињати таъсис додани корхонањои нави истењ­солї, муњайё намудани шумораи њарчи бештари љойњои корї, зиёд кардани њаљми истењсоли мањсулоти саноатї, баланд бардоштани сифати мањсулот ва сатњи хизматрасонї, инчунин азхудкунии заминњои нав чорањои ќатъї андешанд.

Амалї намудани тамоми чорабинињои зарурї доир ба бењтар кардани шароити хизматрасонии муассисањои тандурустї минбаъд низ дар маркази диќќати давлат ва Њукумати Тољикистон ќарор хоњад дошт.

Бинобар ин, Вазорати тандурустї ва дигар маќомоту сохторњои давлатї, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї бо љалби сармоягузорону соњибкорон бояд дар самти тарбияи кадрњои баландихтисоси соња, баланд бардоштани сатњи хизматрасонии тиббї ба ањолї, тарѓиби тарзи њаёти солим, махсусан дар байни љавонон, таъмири муассисањои тиббии мављуда ва бунёди бунгоњу дармонгоњњои нав, инчунин таъминоти онњо бо таљњизоти муосири тиббї мунтазам чораљўї намоянд.

Њозирини мўњтарам!

Баъди ба даст овардани истиќлолият Њукумати Тољикистон ба татбиќи сиёсати љавонон ањамияти хоса зоњир намуда истодааст. Институтњои муњими кор бо љавонон дар сатњи њукуматї ва муассисањои таълимї ташаккул ёфта, имрўзњо дар њаёти љамъиятї ва сиёсии кишварамон иштироки фаъолона доранд.

Санадњои меъёрии њуќуќї ва Консепсияи миллии сиёсати љавонон дар Љумњурии Тољикистон заминањои татбиќи амалии сиёсати давлатии љавононро фароњам овардаанд. Маќсади асосии ин сиёсат таъмини шароити њуќуќї, иќтисодиву ташкилї ва иљтимоии љавонон мебошад.

Бо вуљуди ин, имрўзњо вазъи ќонунвайронкунї дар байни љавонон, махсусан ноболиѓон ташвишовар аст. Яке аз омилњои асосии ба кирдорњои номатлуб даст задани љавонон сатњи пасти тарбия дар муњити оила, мактаб ва љомеа ба њисоб меравад.

Дар урфият бењуда нагуфтаанд, ки “фарзанд азиз – одобаш аз вай азизтар аст”. Равандњои пуртазоди ваќтњои охир низ таќозо менамоянд, ки масъулияти омўзгор, падару модар, махсусан хизматчиёну мансабдорони давлатї ва соњибкорон барои рафторњои ношоиста ва ќонунвайронкунї аз тарафи фарзандонашон баланд бардошта шавад.

Бо ин маќсад мо Ќонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ќабул намудем. Вале мутаассифона, љараёни иљрои ќонуни мазкур моро ќаноатманд карда наметавонад.

Дар шароити љањонишавї мо бо љалби ањли љомеа, бахусус падару модар бояд наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки аз нигоњи одобу ахлоќ, донишу заковат, худшиносиву љањонбинї ба ниёзмандињои љањони муосир мувофиќ бошад.

Бинобар ин, Њукуматро зарур аст, ки механизми њамоњангсозии фаъолияти маќомоти давлатї ва роњњои амалї гардонидани ќонуни мазкурро омўхта, дар муддати ду моњ доир ба њалли ин масъала пешнињоди мушаххас омода намояд.

Бо ин маќсад ба маќомоти њифзи њуќуќ ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї супориш дода мешавад, ки љараёни иљрои ќонуни мазкурро зери назорати ќатъї ќарор дода, корњои фањмондадињиро дар љомеа вусъат бахшанд.

Наќш ва иштироки љавонон дар сиёсат, рушди соњањои иљтимої ва иќтисодї хеле назаррас мебошад. Раванди ташаккули маърифати сиёсї моро водор месозад, ки ба њар як падидаву њаводисе, ки дар кишварамон ва минтаќањои мухталифи олам ба вуќўъ меоянд, бањои воќеї дода, мавќеи худ ва манфиати ватанамонро њимоя карда тавонем.

Аз ин рў, зарур аст, ки Вазорати маориф ва Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї дар самти ташаккули маърифати сиёсиву њуќуќии љавонон ва дар рўњияи ватандўстиву ватанпарастї тарбия кардани насли љавон барномањои алоњидаи давлатиро тањия карда, ба Њукумат пешнињод намоянд.

Бори дигар мехоњам таъкид созам, ки љалби љавонон ба намудњои гуногуни варзиш, ташвиќу тарѓиби тарзи њаёти солим аз ташкили инфрасохтори зарурї вобастагии калон дорад.

Бо ин маќсад Њукумат масъалаи то соли 2015 бунёд намудани маљмаањои варзишиву солимгардониро дар њар як шањру ноњия ва шањраку дењоти кишварамон мавриди омўзиш ќарор дода, наќшаи сохтмони иншооти варзиширо дар кишвар тањия кардааст.

Дар ин замина дар давоми чанд соли охир барои рушди соњаи варзиш дар шањру ноњияњои мамлакат њазорњо иншооти варзишї бунёду барќарор гардида, айни њол дар њудуди кишварамон беш аз сад варзишгоњ, чор њазору њафтод майдончаи варзишї ва зиёда аз њазор толори варзишї дар њоли истифода мебошанд.

Танњо соли гузашта дар ќаламрави мамлакат зиёда аз њазор иншооти гуногуни варзишї, аз љумла варзишгоњу маљмаањо ва толору майдончањои гуногуни варзишї сохта, ба истифода супорида шуданд.

Ба Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї супориш дода мешавад, ки љињати татбиќи сариваќтии Барномаи рушди тарбияи љисмонї ва варзиш барои солњои 2011-2015 чорањои мушаххас андешанд.

Агар гуфтањои ба соњаи иљтимоиёт марбутро хулоса кунем, бори дигар собит мегардад, ки рисолати давлату Њукумати кишвар таъмини рушди устувори иќтисодиёт ва дар ин замина баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардум, тарбияи насли аз лињози љисмониву маънавї солим, њифзи сулњу субот ва вањдати миллї мебошад.

Њамзамон бо ин, њамеша дар хотир бояд дошт, ки дар шароити ќувват гирифтани равандњои љањонишавї ва мураккаб гардидани авзои сиёсии љањон танњо миллатњое пойдор мемонанд ва њувияти худ­ро мањфуз медоранд, ки дар баробари азхуд кардани дастовардњои навини илму технология, њамчунин парчами истиќлолияти давлатї ва худшиносии миллиашон њамеша побарљо ва сарафроз бошад.

Бо тамоми масъулият гуфтан мумкин аст, ки Тољикистон барои сарбаландона муваффаќ шудан ба ин њадафњои таќдирсоз омода аст, зеро дар зарфи бист соли истиќлолият асосњои халалнопазири давлатдории тољикон гузошта шудаанд ва роњу равишњои пешгирифтаи он дар арсаи сиёсии љањон муќаррар гардидаанд.

Њамватанони азиз!

Амалан ду дањсола аст, ки мо бо шумо давлати нав, давлати демокративу њуќуќбунёд месозем, ки дар он њифзи њуќуќу озодињои инсон дар мадди аввал меистад ва дар ин замина сатњи маърифати њуќуќии ањолї торафт баланд мегардад.

Ќонун бояд, пеш аз њама, ба њифзу њимояи инсон ва њуќуќу озо­дињои ў равона карда шавад, мавќеи шахсро дар љомеа мустањкам намояд ва барои истифодаи нерўи моддиву маънавии вай, зиндагии осуда ва озоду шоистаи шањрвандон дар љомеа мусоидат намуда, ташкили фазои мўътадили соњибкорї ва фаъолияти муназзами маќомоти давлатї, корхонањо ва ташкилоту муассисањо замина гузорад.

Баъди ќабули Конститутсияи кишвар ва њамчун шохаи мустаќили њокимияти давлатї эътироф гардидани суд давлат љињати тањкими асосњои он пайваста таваљљўњ зоњир менамояд.

Дар ин раванд давра ба давра татбиќ шудани ислоњоти судї-њуќуќї ва дар доираи он такмилу тањким бахшидан ба сохтор ва фаъолияти маќомоти судї, мустањкам намудани асосњои моддиву техникии онњо ва бењтар кардани вазъи њуќуќиву иљтимоии судяњо аз љумлаи ин тадбирњо ба шумор меравад.

Дар навбати худ њокимияти судї вазифадор аст, ки њифзи њуќуќу озодињои инсонро мењвари фаъолияти худ ќарор дода, тавассути ќабули санадњои одилонаву ќонунї татбиќи дурусти меъёрњои Конститутсия ва ќонунњо адолати судиро таъмин намояд.

Њарчанд ки давлат доираи салоњияти судњоро васеъ гардонида, њамаи шароити заруриро барои мустаќилияти онњо фароњам овардааст, лекин дар амалї гардидани ин тадбирњо сатњи касбї ва муносибати онњо ба њалли масъалањои ба зиммаашон вогузоршуда бењбудии љиддиро таќозо менамояд.

Аз ин рў, Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Шўрои адлия, Вазорати адлия ва дигар маќомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки иљрои сариваќтии Барномаи ислоњоти судї-њуќуќиро барои солњои 2011- 2013 таъмин намоянд ва љињати љобаљогузории дурусти кадрњои соња, баланд бардоштани сатњи донишу тахассуси онњо, пешбарї кардани њуќуќшиносони пуртаљриба ба мансаби судягї, иљрои сариваќтии санадњои судї ва роњ надодан ба ќонуншиканињо дар фаъолияти судяњо, инчунин њалли дигар масъалањои ташкилии фаъолияти судї тадбирњои муассир андешанд.

Омўзишу тањлилњо нишон медињанд, ки шумораи мурољиатњои шањрвандон ба маќомоти давлатї, аз љумла ба унвони Президенти кишвар сол ба сол меафзояд.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки роњбарони вазорату идорањо, ташкилоту муассисањо, раисони вилоятњо, шањру ноњияњо ва њар як хизматчии давлатї бояд муносибати худро ба ин масъала куллан таѓйир дињанд ва барои такмили роњу усулњои ќабули шањрвандон, њалли мушкилоти онњо чорањои иловагї андешанд.

Корро дар ин самт тавре бояд ташкил кард, ки ягон ариза, шикоят ва пешнињоди шањрвандон бе таваљљўњ намонад.

Мо доим таъкид мекунем, ки пешрафти тамоми соњањои њаёти љомеа аз суботу оромї ва тартиботи љамъиятї вобастагии мустаќим дорад.

Мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ѓайри­ќонунии маводи мухаддир, хариду фурўши одамон, муќовимат бо коррупсия ва дар маљмўъ љиноятњои муташаккили трансмиллї самтњои афзалиятноки сиёсати њуќуќии давлат, фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомї мебошанд.

Яке аз масъалањои мубрами рўз, ки њамагонро ба ташвиш овардааст, муомилоти ѓайриќонунии маводи мухаддир аст.

Дар кишвар зидди ин зуњуроти номатлуб аз тарафи маќомоти њифзи њуќуќ муборизаи беамон бурда мешавад. Њарчанд ки дар ин самт натиљањои мусбат ба даст омадаанд, вале то ба њол моро ќонеъ намегардонанд ва ин фаъолият ба мусоидат ва њамкории тамоми табаќањои љомеа ниёз дорад, зеро маводи мухаддир ба генофонди миллат зарба зада, ахлоќи љомеа, махсусан љавононро коњиш медињад ва гузашта аз ин, чунонки борњо гуфтаем, яке аз сарчашмањои маблаѓгузории терроризм ва эљоди хатар ба амнияти давлату љомеа ба њисоб меравад.

Бо маќсади пурзўр намудани фаъолият дар ин самт зарур мешуморам, ки аз љониби Њукумати кишвар Стратегияи миллї оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир барои солњои 2013 - 2020 тањия карда шавад.

Дар масъалаи пешгирии љинояткорї, таъмини адолати иљтимої ва тарбияи ахлоќии ањолї, хусусан љавонон барои риоя ва эњтироми ќонун ба ќайд гирифтани њар як љинояти содиршуда, ба љавобгарии ќонунї кашидани шахси онро содиркарда ва таъмини принсипи ногузирии љавобгарї наќши муњим мебозад.

Вазъи воќеии љинояткорї дар љомеа ва арзу шикоятњои зиёди шањрвандон гувоњи он аст, ки кор дар ин самтњо њанўз њам ќаноатбахш нест. Њолатњои нокушода мондани љиноятњо, аз љониби маќомоти њифзи њуќуќ барои бењтар нишон додани натиљањои корї аз ќайд пинњон кардани љиноятњо њоло њам љой доранд.

Мутаассифона, њолатњои содир гардидани љиноятњо аз љониби баъзе кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомї, аз љумла ширкати онњо дар гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир, даст задан ба кирдорњои коррупсионї, љой доштани усулњои нораво њангоми тањќиќ ва тафтиши парвандањои љиноятї боиси нигаронии љиддї мебошад.

Мувофиќи маълумоти Прокуратураи генералї ва Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия соли 2011-ум 167 нафар кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ва судњо ба љавобгарии љиноятї кашида шудаанд.

Бинобар ин, роњбарони маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомї, аз љумла Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллї, Сарраёсати Ќушунњои сарњадї, Гвардияи миллї, Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гражданї, Агентии назорати маводи нашъаовар ва сохторњои дигар вазифадоранд, ки доир ба баланд бардоштани њисси ватандўстиву ватанпарастї, ифтихори миллї, риояи савганди њарбї, сатњи касбї, омодагиии љисмонї ва рўњию равонии хизматчиёни њарбї, интизоми њайати шахсї, риояи ойинномањои њарбї ва волоияти ќонун, инчунин тарбияи кадрњои баландихтисос дар муассисањои тањсилоти олии њарбии кишварамон ва давлатњои пешрафтаи хориљї чорањои иловагии доимї андешанд.

Илова бар ин, барои омода намудани мутахассисони дорои сатњи баланди касбї ва пок нигоњ доштани сафњои худ аз шахсони тасодуфї тадбирњои љиддиро амалї намоянд.

Коррупсия яке аз хатарњои асосии љомеа буда, ба пешрафти соњањои мухталифи њаёти давлату љамъият халали љиддї ворид месозад.

Дар Тољикистон љињати мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми заминањои њуќуќиву ташкилї фароњам оварда шудаанд. Вале татбиќи онњо њанўз њам ќаноатбахш нест.

Бинобар ин, маќомоти дахлдори давлатї, аз љумла Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бар зидди коррупсияро зарур аст, ки дар њамкорї бо љомеаи шањрвандї муборизаро бар зидди амалњои коррупсионї боз њам таќвият бахшанд.

Бо ин маќсад, пеш аз њама, љињати таъмини риояи ќатъии ќонун ва паст кардани шиддати коррупсия дар фаъолияти маќомоти давлатї ва шахсони мансабдори онњо тадбирњои иловагї андешида, дар љомеа фазои оштинопазири зиддикоррупсионї ба вуљуд оварда шавад.

Њамзамон бо ин, фаъолияти Шўрои миллии муќовимат бо коррупсияро, ки соли гузашта таъсис дода шуд, љоннок кардан лозим аст.

Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, ки бо дарназардошти проблемаву мушкилоти мављуда Стратегияи мубориза бо коррупсияро барои солњои 2013- 2020 тањия ва пешнињод намояд.

Дар робита ба ин, зарур мешуморам, ки бо маќсади бењтар намудани фаъолияти маќомоти корњои дохилї, такмили сохтори он, мутобиќ намудани фаъолияти маќомот ба талаботи замони муосир ва меъёрњои асноди њуќуќи байналмилалї, инчунин наздик намудани фаъолияти маќомот бо љомеа «Барномаи ислоњоти милитсия» ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи политсия» тањия ва пешнињод карда шаванд.

Мўњтарам аъзои Маљлиси миллї ва вакилони

Маљлиси намояндагон!

Бист сол муќаддам Љумњурии Тољикистон њамчун кишвари соњиб­истиќлол ба узвияти Созмони Милали Муттањид пазируфта шуд. Ин иќдом њарчанд тибќи ќоидаву суннатњои созмонњои байналмилалї як амали мантиќї ва як амри оддиву маъмулї мањсуб мегардад, вале барои мардуми соњибтамаддун ва соњибдевон, вале асрњои аср аз давлати миллии худ мањруми тољик рўйдоди гаронбањотарин ва арзишмандтарин буд, зеро њаќиќати таърихї баъд аз садсолањо пирўзї ёфт ва дар радифи мардумони зиёди сайёра манзалати соњибдавлативу соњибтаќдирии халќи тољикро исбот кард.

Табиист, ки ин амр раванди шинохти давлати тозабунёди моро аз љониби аъзои дигари љомеаи байналмилалї суръат бахшид ва барои њарчи зудтар чун давлати озоду мустаќил дар арсаи дунё ба фаъолият оѓоз кардани он заминаи мусоид гузошт.

Лекин бо вуљуди он, ки каме баъд ба иллати оѓоз ёфтани ихтилофоти дохилї, шиддат ёфтани он ва нињоят, забона задану доман пањн кардани оташи љанги тањмилии шањрвандї раванди шаклгирї ва татбиќи сиёсати хориљии мо бо мушкилоти зиёди мухталиф рў ба рў шуд, истиќлоли миллии деринтизори мо имкон фароњам сохт, ки мо дар ин дунёи пурталотум роњи хосаи кишвар ва мартабаву манзалати лоиќи худро пайдо кунем, сарзамини куњанбунёди хешро ба шаклу тариќањои муосир ба оламиён муаррифї намоем, ба сулњу салоњ ва вањдати миллї ноил гашта, онро тањким бахшем ва дар ин заминаи мустањкам ба шоњроњи рушду тараќќї ва бунёдкориву созандагї бароем.

Дар ин раванд њамзамон ба мо муяссар шуд, ки асосњои сиёсати хориљии мустаќили кишварро шакл бахшем, усули пойдор ва анъанањои арзишманди онро муайян кунем ва асли «њамкорї бо њамаи мардуми ба мо некхоњ»-ро шиори кори худ намоем.

Идомаи мантиќии ин сиёсат, ки мо онро бо номи «дарњои кушода» муаррифї кардем, њам ба эњёи равобити ќадимаи фаромўшшуда ва њам ба дарёфти њамшарикону њамёрони љадиди ѓайримаъмул дар арсаи байналмилалї мусоидат намуда, љињати рушди кишвар имкониятњои нав ба вуљуд овард.

Вале дар њама њолат ва дар њар гуна вазъият њимояву њифозати манфиатњои олии миллї иборат аз таъмини истиќлолу озодї, тамомияти арзї ва суботи сиёсї, вањдати миллї ва рушди устувори кишвар мењвари фаъолияти сиёсии моро ташкил медињад.

Раванди љањонишавї, ки имрўз тамоюли њоким бар равобити байналмилалист, аз њамаи мо љустуљўи эљодгарона ва дарёфти даќиќи василаву воситањои татбиќи ин манфиатњои миллиро таќозо дорад.

Таърих гувоњ аст ва њамаи мо шоњидем, ки вазъи олам дар оѓози истиќлоли кишвар ва њолати имрўзаи он аз њамдигар ба куллї фарќ мекунанд.

Аз истиќрори зоњирии олами дуќутба то шўру ѓавѓои љањони имрўза, аз раванди ѓолибан ором ва бетаѓйири асри гузашта то тањав­вулоти босуръат ва баъзан ѓайричашмдошти олами муосир, аз мавќеъњои ѓайри ќобили таѓйир то љойивазкунии марказњои ќудрат дар арсаи дунё, раќобати онњо барои манбаъњои ашёи хом ва сарватњои табиї – њамаи ин равандњои зудтаѓйирёбанда ва мутазод муайян намудани стратегияи сиёсати хориљиро љињати рушд ва василањои тактикии татбиќи он барои кишваре мисли Тољикистон ба андозае душвор ва мушкил мегардонад.

Вазифаи љонии њар яки мову шумост, ки дар ин замина зањмат кашем ва бењтарин роњу тариќањои рушди устувори кишварро даќиќ муайян намоем ва имконоти сиёсати хориљии кишварро ба он равона созем.

Дар доираи ин мавзўъ агар раванди минтаќагарої ва ё аз нуќтаи назари љуѓрофї ба њам омадани як идда кишварњои минтаќаи муайянро, ки имрўз як хислати фарќкунандаи љањонишавист, ба назар гирем, пеш аз њама, фазои пасошўравї ба назар меояд.

Ва ин мантиќист, чунки мо бо кишварњои марбути ин минтаќа ду дањсола ќабл зиндагии муштарак доштем ва бо риштањои ноаён њоло њам бо якдигар пайванд дорем.

Равобити наздики низомиву сиёсї ва амниятї, фазои таќрибан ягонаи гуманитарї, њамкории васеъ ва ба њам вобастаи иќтисодї имрўз низ омилњои асосии зиндагии умумии мо мебошанд.

Рафтуои озодонаи одамон, ба истиснои кишварњои алоњида, дурнамои гардиши бемамониати молу мањсулот ва нерўи корї аз мо таќозо дорад, ки ин омилњоро дар фаъолияти хориљии худ, алалхусус дар бахши иќтисоди хориљї њамеша дар назар дошта бошем.

Аз ин рў, мо узвияти худро дар созмону нињодњои дар минтаќаи Иттињоди Давлатњои Мустаќил амалкунанда тањким бахшида, ба хотири инкишофи равобити худ чи бо ин сохторњо ва чи кишварњои аъзои он саъю талош хоњем кард.

 

Дар саргањи ин равобит, албатта, масоили рушду густариши муносибатњои гуногунљанбаи мо бо шарики боэътимоди стратегиамон – Федератсияи Россия ќарор хоњад гирифт.

Минтаќаи дигаре, ки мо ба он тааллуќ ва њамкорї дорем, Осиёи Марказист, ки аз лињози њар гуна ќаробат ба мо наздиктарин аст. Мардумони њамаи кишварњои моро умумиятњои зиёду гуногун, аз ќабили таърихи муштарак, зиндагии монанд, анъанањои таърихиву фарњангу омилњои мухталифи иљтимоиву инсонї ба њам меоранд.

Агар ба тањлили вазъи иќтисодии минтаќа назар андозем, мебинем, ки имконияту иќтидорњои мављудаи минтаќа дар сурати корбурди муштараки онњо на танњо барои комилан таъмин намудани эњтиёљоти худи кишварњои он, балки барои зуд боло бурдани нерўи содиротиаш кофї мебошанд ва агар возењтар гўем, минтаќаро амалан худкифо мекунанд.

Барои татбиќи ин њадаф танњо нияти нек, иродаи сиёсї, талоши пайваста ва њамоњангии фаъолият лозим аст.

Мо аз љониби худ тарафдори самимии чунин њамкории минта­ќавї, истифодаи муштараки имконот ва њаллу фасли мушкилот аз тариќи гуфтушунидњои созанда њастем.

Њар яки шумо хуб медонед, ки мо се маќсадро њамчун њадафњои стратегии кишвар эълон доштаем: таъмини истиќлолияти энергетикї, истиќлолияти озуќаворї ва аз бунбасти коммуникатсионї рањої бахшидани Тољикистон.

Агар бо таваљљўњ нигаред, магар ягонтои ин ниятњо зидди ман­фиатњои минтаќавї њастанд? Магар татбиќи ин њадафњо имкониятњои муштараки моро ба маротиб боло намебаранд?

Агар Тољикистон барќи зиёд ва арзону аз лињози экологї тоза тавлид кунад ва эњтиёљоти кулли минтаќаро ќонеъ гардонад, магар ин бад аст?

Агар имкониятњои транзитиву коммуникатсионии Тољикистон ба нафъи њамаи кишварњои минтаќа истифода шаванд, магар аз ин њама фоида намебинанд?

Ва ё баръакс, агар мо аз василаву воситањои дар ихтиёри њамсоя­њобуда истифода бурда тавонем, касе аз ин зарар мебинад? Не, мо ин тавр фикр намекунем.

Њама нияту њадафњои мо на танњо ба нафъи кишвари худамон, балки ба манфиати њамаи њамсоягон, њамаи шарикони минтаќавии мо мебошанд ва бо наќшаву маќсадњои минтаќавї њамоњангиву соз­гории комил доранд.

Мо танњо ба манфиати худ ва бар зарари касе кор карданї нес­тем, балки сидќан тарафдори њамкориву њамшарикии баробарнафъи минтаќавї њастем.

Њамин мавќеъ ба масоили обу энергетикї низ, ки њоло вирди забонњост, дахл дорад. Аз рўи омори Созмони Милали Муттањид им­рўз дар дунё 300 низову ихтилофоте вуљуд доранд, ки ба масоили об марбутанд.

Аз ин назар агар ба масъала нигарем, аз оѓози истиќлолият то имрўз кишвари мо, ки ќариб 60 фоизи оби Осиёи Марказї дар ќаламрави он ташаккул меёбад ва дар саргањи об ќарор дорад, барои ягон давлате мушкил эљод накардааст.

Сарфи назар аз он, ки тибќи њуќуќи байналмилалї њар як мамлакат соњиби боигарињои табиии дар ќаламраваш љойгирифта мебошад, мо њељ гоњ дар ин мавзўъ дар фикри халалдор сохтани манфиати касе нестем, балки љонибдори бо маслињату машварат амал кардан њастем.

Сиёсати њамарўзаи мо гувоњи ин гуфтањост. Њарчанд мо аќида дорем, ки ин масъалањо ба таври сунъї тобиши сиёсї гирифта, ба дараљаи ихтилофот бардошта шудаанд, вале омодаем онњоро дар фазои дўстонаву созанда муштаракан баррасї намоем ва роњи њаллу фасли онњоро дарёбем.

Замоне, ки ќисматњои мухталифи дунё ба њам меоянд, созмонњои минтаќавї ва фаромиллї ташкил медињанд, то зиндагии якдигарро осон намоянд, дар минтаќаи мо аз њам гусастани робитањо, бастан ва шикастани роњњо, паси њам барои якдигар эљод намудани монеањо аз рўи инсоф нест. Мо бошем, умедворем, ки њикмати анъанавии аљдоди барўмандамон, ки асрњо њамзистии дўстонаву бародарона доштанд, ѓолиб хоњад омад!

Тољикистон дар муносиботи худ бо дигар кишварњо ва минтаќањои дунё айни њамин усулњо ва њадафњоро пеш гирифтааст. Шумо медонед, ки кишвари мо узви чандин созмонњои минтаќавию байналмилалї дар Љанубу Шарќ ё Љанубу Ѓарби Осиёи Марказист.

Дар байни онњо, албатта, Созмони Њамкорињои Шанхай мав­ќеи хоса дорад, чунки њар яки шумо дар бораи лоињањое, ки дар чањорчўби њамкорї бо ин созмон татбиќ мешаванд, иттилоъ доред.

Њам дар ин љода ва њам дар масоили амниятиву сиёсї мо њамко­рињои худро бо аъзои он ва ќабл аз њама, Љумњурии Мардумии Чин рушду густариши тоза хоњем бахшид.

Нисбат ба дигар нињоду созмонњо, ки зикрашон дар боло рафт, мо њамеша бо аъзои онњо низ дар бораи њадафњои созанда, ки маќ­сади нињоияшон бењтар намудани сатњи зиндагии мардум аст, сўњбат мекунем.

Бунёд намудани роњњои нави оњану мошингард, ќубурњои нафту газ, хатњои нави барќ натиљаи љустуљўњо ва дарёфтњое њастанд, ки болотар ман дар бораи онњо ёдовар шудам. Њадафи татбиќи чунин наќшањои созанда ѓайр аз муњайё намудани зиндагии орому осуда ва бењтару хубтар барои мардумони мо чизи дигаре нест.

Рўзномаи мулоќоту вохўрињои дуљониба, сегонаву чоргона, ки шумо дар рўзњои таљлили Наврўзи байналмилалї шоњидашон будед, мањз аз чунин масоил иборат буд. Мо минбаъд низ барои тањкиму густариши равобити худ бо ин созмонњои минтаќавї ва кишварњои аъзои онњо саъю талош ба харљ хоњем дод.

Чун сухан дар бораи минтаќаи њамљавор рафт, мо наметавонем масоили марбут ба Афѓонистони њамсояро баррасї накунем, зеро њамеша таъкид бар он дорем, ки амнияти Осиёи Марказиро бидуни таъмини амният дар Афѓонистон тасаввур кардан ѓайриимкон аст. Равандњои мусбати инкишофи вазъ дар ин кишвари дўсту бародар, албатта, боиси ќаноатмандии мо њастанд.

Вале бояд гуфт, ки онњо њанўз комилан ба тамоюлоти ѓайри ќобили баргашт мубаддал нагаштаанд ва дар ин љода њанўз саъю талоши зиёде бояд кард.

Дар ин замина њамкорињои созандаи мо бо эътилофи байнал­милалї, ки њамеша хуб буданд ва бо кишварњои Ѓарб, ки шомили он њастанд, идома хоњанд ёфт. Равобити гуногунљанбаи мо бо Иёлоти Муттањидаи Амрико дар ин самт омили муњиме хоњад буд.

Вале хуруљи эълоншудаи ин нерўњо дар соли 2014 масъулияти моро, ки чун кишвари буферї бо сарњади тўлонии ќариб 1400 - километра дар рў ба рўи тањдиду хатарњои муосир ќарор дорем, дучанд зиёд хоњад кард.

Њарчанд кишварњои эътилоф эълом кардаанд, ки ин њамкорињои онњо љињати таќвияти амният дар Афѓонистон давом меёбанд, мусаллам аст, ки баъди он таърих мо бо воќеияти наве рў ба рў хоњем шуд.

Аз ин рў, њамкорињои њамаљонибаи сиёсиву иќтисодии мо, аз љумла њамкории амниятии мо чи бо созмонњои марбута, ки узвашон њастем ва чи бо худи Афѓонистони бародар таќвият ва тањким хоњанд ёфт.

Муносибатњои њасанаи мо бо кишварњои мусулмон ва олами араб, ки дар сатњи матлуб ќарор доранд, фаъолияти боз њам густурдатар ва фарохтарро таќозо доранд, то аз имкониятњои молиявї ва сармоягузории ин кишварњо бењтар истифода шавад.

Робитањои густурда ва серљанбаи мо бо Созмони Милали Мут­тањид ва нињодњои мухталифи он мисли пештара аз таваљљўњи хос бархурдор хоњад буд.

Зеро мо аз аъзои фаъоли Созмони Милал њастем ва њамкорињои худро бо ин нињоди муњими љањонї баланд арзёбї мекунем.

Дар як муддати кўтоњи таърихї аз љониби он пазируфта шудани се ташаббуси мо – эълони соли байналмилалии оби тоза, тасдиќи дањсолаи амалиёти «Об барои њаёт» ва Соли байналмилалии њамкорї дар соњаи об эълон гардидани соли 2013 мавќеи аз љониби љомеаи байналмилалї эътироф гардидани сарварии Тољикистонро дар ин раванд собит сохт ва тањким бахшид.

Бо њамкориву кўмакњои ин созмонњо теъдоди зиёди лоињањо дар кишвар мавриди татбиќ ќарор доранд ва мо равобити худро дар оянда бо онњо тавсеа ва густариш хоњем дод.

Тољикистон љонибдори инкишофи муносибатњои њамаљонибаи худ бо созмонњои байналмилалии молиявист. Бо ибрози сипос ба ин созмонњо барои татбиќи лоињањое, ки дар кишвар бо мадади онњо амалї шудаанд, мо бояд бештар саъй намоем, ки истифодаи њарчи васеътари ин имконот љињати рушди мамлакат ба амал ояд.

Дар ин робита мехоњам бори дигар ањамияти дипломатияи иќти­содиро таъкид намоям, чунки солњои охир дар радифи истифодаи тарзу усулњои дипломатияи анъанавию классикї ањамияти тариќаву василањои дипломатияи иќтисодї ба маротиб боло рафтааст.

Њарчанд дар боло ишорае ба ин мавзўъ рафт, мо бояд ин амалияро амиќтар омўзем ва аз бењтарин намунањои он пурсамар истифода кунем. Ин агар, аз як љониб, дастури бевоситаву мушаххасе барои Вазорати корњои хориљї бошад, аз љониби дигар, њамаи вазорату идорањои кишвар дар ин љода бояд бо дарки масъулияти бештар дар сатњи ин талабот амал намоянд.

Сиёсати хориљии созанда ва ба њамкории густурдаву васеъ равонагардидаи мо дар маљмўъ бояд вазифаи анъанавии худ - мусоидати њамаљониба ба рушди устувори кишвар, таъмини амнияту оромии мамлакат ва сатњи шоистаи зиндагии мардуми онро ба тариќаи бењтарин иљро намуда, фардои ободи Тољикистонро таъмин намояд.

Њамватанони азиз!

Дар баробари комёбиву муваффаќиятњои дар замони истиќлолият бадастовардаамон имрўз дар назди давлату миллати мо вазифањои боз њам бузургтару ояндасоз истодаанд.

Итминони комил дорам, ки мањз хираду дониши мардуми куњан­бунёди мо ва вањдати миллии халќи Тољикистон имкон медињад, то мо њадафњои стратегиамонро зина ба зина амалї намуда, дар давраи миёнамўњлат сатњи рушди босуботи кишварро таъмин намоем.

Таъмини иљрои вазифањои имрўз баёнгардида аз њар яки мову шумо – аз коргари одї то роњбари корхона, кишоварзону соњибкорон, олимону зиёиён, инчунин роњбарони њамаи шохањои њокимият ва намояндагони мардуми кишвар дар маќоми олии ќонунбарор вобастагии мустаќим дорад.

Агар њамаи мову шумо ба хотири ободии Ватани азизамон ва пешрафти давлати соњибистиќлоламон содиќонаву садоќатмандона зањмат кашем, бешубња, мушкилоти мављуда дар як муддати кўтоњ бартараф ва зиндагии осудаи њар як шањрванди кишварамон таъмин мегардад.

Дар ин давраи таќдирсози рушди миллиамон мо бояд сарљамъона њамаи имконияту воситањои мављударо барои амалисозии барномањои рушди миллиамон равона намоем.

Асри XXI даврони рушди илму технология буда, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, азхуд кардан ва дар њамаи самтњои зиндагї љорї намудани навигарињои илму техника ва технологияњои муосир, ташаккули нерўи солиму созандаи љомеа шарти асосии рушди босуботи иќтисодї ва баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии ањолии кишвар мебошад.

Фаромўш набояд кард, ки дар њама давру замон нерўи инсонї бузургтарин арзишу дороии миллату давлат мебошад.

Бо истифодаи њарчи пурраву пурсамар аз ин нерўи бузург, хусусан мардуми солору зањматкаш ва бонангу номусамон мо вазифадорем, ки пешрафти давлати соњибихтиёри худ, волоияти ќонун, суботи сиёсиву иљтимої, вањдати миллї ва рушди босуръати љомеаи шањрвандї, тараќќиёти илму маориф ва адабу њунар, вусъати корњои ободониву созандагии сарзамини муќаддасамон ва тавсеаи тафаккуру андешаи ватандўстона ва инсонгароёнаро, ки хислати азалии миллати ватанпарвари мо мебошад, таъмин намоем.

Тавре ки дар оѓози сухан гуфтам, соли равон барои мардуми шарифи тољик соли љашнњои бузурги таърихї мебошад. Мањз дар њамин сол ду љашни муњим ва барои миллати мо сарнавиштсоз, яъне 20-солагии Иљлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олї ва 15-солагии Вањдати миллиро таљлил менамоем.

Иљлосияи таърихии 16-ум сохти конститутсиониро дар кишвари тозаистиќлоли мо барќарор сохта, барои ташкил ва фаъолияти пурсамари тамоми сохторњои давлатї асоси ќонунї гузошт ва Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї мардуми бо амри таърих парешонгаштаи моро ба њам оварда, вањдати саросарии халќи Тољикистонро таъмин намуд ва барои тараќќиёти минбаъдаи иќтисодї ва иљтимоиву фарњангии давлати соњибистиќлоламон заминаи боэътимод фароњам овард.

Мањз хиради азалї ва фарњанги сулњофари миллати шарафманди тољик буд, ки баъди њазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба љомеаи башарї бо асолату њувияти миллии худ ворид гардем ва дар он маќоми шоиставу сазовори худро соњиб шуда, манфиатњои миллиамонро њимоя намоем.

Мо бояд ин имконияти дар њаќиќат таърихиро бисёр масъулона ва басо оќилона истифода намуда, истиќлоли Ватан, ягонагї ва вањдати миллиро тањкими њамаљониба бахшем. Ин исботи воќеии он хоњад гардид, ки мо ворисони арзандаи гузаштагони некноми хеш мебошем.

Дар марњалаи кунунї њамаи мову шумо – фарзандони Тољикис­тони соњибистиќлол бояд хуб дарк намоем, ки эъмори Тољикистони соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд ва дунявї, яъне њадафњои таќдирсози халќу давлати мутамаддинро бар дўш дорем ва сарзамини аљдодиамонро бо зањмати шабонарўзї ва саъю талоши сарљамъонаву ватандўстона худамон обод мекунем.

Дарвоќеъ, устувор намудани пояњои давлату давлатдории миллї ва ободу зебо гардонидани сарзамини аљдодї аз њар яки мо масъулияти бузургро таќозо намуда, њар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири тањкими вањдати миллї, истиќлолияти давлатї, густариши худшиносиву худогоњї ва ифтихори ватандорї кўшишу талоши пайваста дошта бошад.

Њамватанони азизи мо хуб дар ёд доранд, ки мо чї рўзњои сахту сангин ва чї мушкилоту мањрумиятњои гаронро паси сар кардем ва бовар дошта бошанд, ки мушкилоти имрўзаро низ бо ѓайрату зањмати созанда ва нангу номуси ватандўстона паси сар мекунем.

Ман бо итминон изњор медорам, ки бо такя ба нерўи созандаи мардуми фарњангиву тањаммулгарои худ ва бо зањмати содиќонаву софдилона дар ояндаи наздиктарин Ватанамонро ободу зебо ва нерўманду пешрафта гардонида, маќоми шоиставу арзандаи онро дар љомеаи мутамаддини башарї таъмин месозем ва барои фарзандону наберањоямон як мулки ободу давлати пешрафтаву нерўмандро ба мерос мегузорем

Дар амри амалї гардонидани ин нияту наќшањои неку созанда ва ин рисолати пурифтихори миллї ба њамаи шумо саломатї, барори кор ва ба мардуми шарифу сарбаланди Тољикистони соњибистиќлол рўзгори босаодат орзумандам.

Њамеша саломату хонаобод бошед!

Р.Ш. Сотиволдиев - мудири кафедраи назария ва таърихи

давлат ва њуќуќи факултети њуќуќшиносии ДМТ,

доктори илмњои њуќуќ, профессор

Санљиши судии конститутсионї дар ИМА

Санљиши судии конститутсионї аввалин маротиба дар ИМА љорї гардид. Гарчанде санљиши судии конститутсионї дар ИМА соли 1803 љорї шуда бошад њам, вале шароити кофї барои санљиши конститутсионии ќонунњо ќаблан, аз љумла зимни баррасии лоињаи Конститутсияи ИМА омода шуда буд. Муаллифони Конститутсияи ИМА соли 1787 зарурати љорї намудани санљиши судии конститутсиониро борњо таъкид намуда буданд. Аз љумла, А. Гамелтон таъкид ба он дошт, ки «беэътибор эълон намудани њамаи санадњои мухолифи маънии Конститутсия» вазифаи судњост[1]. Аммо принсипи санљиши судии конститутсионї дар Конститутсияи ИМА инъикос намегардад.

Ба ин нигоњ накарда, дар амалияи судї санљиши судии консти­тутсионї истифода мешавад. Аз љумла, солњои 1776-1787, яъне то ќабули Конститутсияи ИМА, судњои олии Вирджиния, Пенсилвания, Массучусетс як ќатор санадњои меъёриро зиддиконститутсионї эълон мекунанд. Чунончи, суди штати Ню-Љерси ќонуни мањаллиро, ки суди њакамиро иборат аз 6 нафар (ба љои 12 нафар) таъсис медод, бекор мекунад[2]. Ба истифодаи санљиши судии конститутсионї њамчунин таљрибаи Британияи Кабир низ, ки он љо санљиши санадњои ќонунгузорї амалї мегашт, таъсири худро мерасонад.

Санљиши судии конститутсионї дар ИМА аввалин маротиба соли 1803 дар рафти баррасии парвандаи Марбори муќобили Мэдисон (Marbury v. Madison) дар Суди Олии ИМА љорї мегардад. Зимни барасии ин парванда, ки дар асоси даъвои судя Марбори оѓоз шуда буд, м. 13 Санади сохтори судї аз соли 1789 зиддиконститутсионї эълон мегардад. Дар парвандаи мазкур њуќуќи судњои ИМА доир ба зиддиконститутсионї эълон намудани ќонунњо ва тафсири њатмии Конститутсияи ИМА мустањкам мешавад.

Њамин тариќ, Конститутсияи ИМА салоњияти Суди Олии ИМА-ро дар бахши санљиши судии конститутсионї пешбинї намекунад. Аммо дар амалияи судии судњои ИМА ќабл аз ќабули Конститутсияи ИМА ва алалхусус пас аз соли 1803 санљиши судии конститутсионї истифода мешавад. Ба ибораи дигар, санљиши судии конститутсионї дар ИМА на дар асоси Конститутсияи ИМА, балки зимни инкишофи назарияи илмии њуќуќї, чун натиљаи тафакури назариявї ташаккул меёбад. Муаллифи андешаи санљиши судии конститутсионї судяи Суди Олии ИМА Љ. Маршал эътироф мешавад.

Дар Аврупо низ санљиши судии конститутсионї дар заминаи на конститутсияњои аврупої, балки зимни аќида ва назарияи њуќуќшиноси машњури Австрия Ганс Келзен ташаккул меёбад. Аз ин хотир, аъзои судњои олии ИМА, Аврупо ва кишварњои дигар олимони њуќуќшинос мебошанд. Худи санљиши судии конс­титутсионї низ чун як навъи назарияи илмї ташаккул ёфта, минбаъд дар заминаи фаъолияти доктриналии судњои олї ва ё судњои махсуси конститутсионї такмил меёбад. Айни њол санљиши судии конститутсионї мисли солњои ќаблї фаъолияти бештар доктриналї мебошад ва аз љониби аъзои судњои конститутсионї, шўроњои конститутсионї ё судњои олї (аз љумла Суди Олии ИМА), ки намояндагони илми њуќуќї мањсуб мешаванд, амалї мегардад. Яъне таърихан санљиши судии конститутсионї чун љузъи фаъолияти доктриналї ташаккул ёфта, то имрўз њамин хусусият ва мазмуни илмияшро нигоњ медорад. Аз ин љост, ки аъзои Суди Олии ИМА, судњои конститутсионии аврупої ва кишварњои дигар олимони њуќуќшинос мебошанд.

Ташаккулу инкишофи санљиши судии конститутсионї дар ИМА якчанд даврањои таърихиро аз сар гузаронидааст. Дар давраи аввал, ки то солњои 1840 идома ёфтааст, Суди Олии ИМА салоњияти санљиши судии конститутсионии хешро бањри мустањкам намудани вазъи маќомоти федеролї, аз љумла дар соњаи санљиши ќарорњои судњои штатњо амалї месозад. Дар ин давра назарияи «салоњияти эњтимолї» роњандозї мешавад. Дар давраи минбаъда назарияи «федерализми дуалистї» амалї мешавад. Тибќи ин назария, салоњияти мустаќили маќомоти федеролї ва маќомоти штатњо эътироф мешавад. Сипас, дар давраи љанги шањрвандии солњои 1861 – 1865 Суди Олии ИМА як ќатор салоњияти штатњоро эътироф мекунад. Дар давраи дигар, ки ба солхои 1870-ум рост меояд, назарияи В. Уиллоби ва Й. Маттеран истифода мешавад. Тибќи ин назария, хусусияти вазъи давлатї доштани штатњо инкор карда мешавад. Дар даврањои минбаъда масъалаи салоњияти маќомоти федеролї ва штатњо аз байн рафта, проблемаи асоснок намудани салоњияти санљиши судии конститутсионии Суди Олии ИМА ба мадди аввал мебарояд [3].

Хусусиятњои санљиши судии конститутсионї дар ИМА аз он бармеояд, ки дар ИМА ду низоми судї – федеролї ва штатњо – амал мекунанд. Суди Олии ИМА инстансияи болої барои њамаи судњои федеролї мањсуб мешавад. Агар суди штат ба баррасии масъалањои федеролии конститутсионї дахолат намояд, пас дар њолати шикоят овардан аз болои чунин ќарорњо, масъала дар Суди Олии ИМА њал мешавад. Дар ИМА њам судњои федеролї ва њам судњои штатњо масъалаи мувофиќати санадњоро ба Конститутсияи ИМА баррасї мекунанд [4].

Хусусияти муњими фарќкунандаи модели амрикоии санљиши судии конститутсионї ин аст, ки маќоми махсус (ба мисли судњои конститутсионї, шўроњои конститутсионї ва м.и.) ташкил нагашта, салоњияти санљиши мутобиќати санадњо ба Конститутсия ба зиммаи њамаи судњо гузошта мешавад. Намунаи модели мазкур таљрибаи санљиши судии конститутсионї дар ИМА мањсуб мешавад. Аз љумла, дар ИМА салоњияти санљиши судии конститутсионї ба њамаи судњо (судњои федеролї ва судњои штатњо) тааллуќ дорад. Суди Олии ИМА, судњои федеролии апеллятсионї, судњои федеролии округї, судњои махсус (дар бахши андоз, иддао ва диг.) аз љумлаи судњои федеролї мебошанд. Ба судњои штатњо мансубанд: Суди олии штат, суди апеллятсионии штат, суди инстансияи якуми штат, судњои махсус. Њамаи судњои зикршуда салоњияти санљиши судии конститутсионї доранд. Њамзамон наќши Суди Олии ИМА дар ин соња назаррас аст.

Бояд гуфт, ки Суди Олии ИМА, судњои федеролии округї, судњои федеролии апеллятсионї «судњои конститутсионї» («constitutional courts») номида мешаванд, чунки тибќи м. III Конститутсияи ИМА ташкил шудаанд. Судњое, ки тибќи салоњияти Конгресс ташкил шудаанд, пеш аз њама судњои махсус, «судњои ќонунгузорї» («legislatively courts») номида мешаванд. Бо ќарори Суди Олии ИМА ва санадњои Конгресс «судњои ќонунгузорї» мумкин аст «судњои конститутсионї» номида шаванд. Чунончи, тибќи санади Когресс суди округи Пуэрто-Рико маќоми «суди конститутсионии округиро» соњиб шудааст [5].

Дар њар сурат «судњои конститутсионї» («constitutional courts») судњои махсусгаштаи конститутсионї нестанд. Онњо ба хотири ин, ки тибќи Конститутсия ташкил шудаанд, њамин тавр номгузорї шудаанд. Дар ИМА суди махсусгаштаи конститутсионї вуљуд надорад. Аз ин рў, дар ИМА салоњияти санљиши судии конститутсиониро њамаи судњо амалї мекунанд.

Дар Конститутсияи ИМА ташкили Суди Олии ИМА (м.м. 2 ва 3) пешбинї мешавад. Конгресс низ салоњияти ташкили судњоро дорад. Тибќи Ќонуни сохтори судии соли 1789, ки то њол амал мекунад, Суди Олии ИМА (2 феврали соли 1790), судњои апеллятсионї, судњои округї ташкил мешаванд. Суди Олии ИМА ба низоми федеролии судї сарварї мекунад. Суди Олии ИМА дар ибтидои ташкилшавиаш аз Сарсудяи ИМА ва панљ судя иборат буд. Сипас, шумораи аъзои Суди Олии ИМА 8 - 9 нафар буд. Аз соли 1869 инљониб шумораи аъзои Суди Олии ИМА 9 нафар аст [6]. Аъзои Суди Олии ИМА аз љониби Президент тибќи ризояти Сенат таъин мешаванд. Онњо салоњияти хешро то лањзаи «бенуќсон будани фаъолияташон» иљро мекунанд. Воќеан ин маънои онро дорад, ки онњо якумра таъин мешаванд.

Суди Олии ИМА тибќи «Ќоидањои Суди Олии ИМА», ки мутобиќ ба санадњои Конгресс мебошанд, амал мекунад. Ќоидањои нави Суди Олии ИМА, ки моњи январи соли 2003 ќабул шудаанд, масъалањои ташкилї, тартиби баррасии мурофиавии парвандањо, иштироки адвокатњо, маълумоти иттилоотї, аз љумла суроѓаи электронии ин маќоми судиро муайян мекунанд. Аз љумла, тибќи «Ќоидањои Суди Олии ИМА» сессияи њамасола рўзи душанбеи аввали моњи октябр бо иштироки на камтар аз 6 судя оѓоз мегардад. Парвандањо ба тариќи коллегиалї баррасї мешаванд.

Судњои федеролии апеллятсионї, ки њанўз соли 1891 ташкил шуда буданд, дар њудуди округњои федеролї фаъолият доранд. Њудуди ИМА ба 12 округи федеролии судї, аз он љумла округи умумифедеролии Колумбия људо мешавад. Як округи федеролии судї њудуди якчанд штатњоро фаро мегирад. Судњои апеллятсионї дар њайати аз 6 то 28 судя ташкил мешаванд. Судяњоро Президент бо розигии Сенат таъин мекунад. Суди апеллятсинии Колумбия дар тамоми ќаламрави ИМА, судњои дигари апелятсионї бошанд, дар њудуди дахлдор салоњияти хешро амалї мекунанд. Сарсудяи ИМА ва аъзои Суди Олии ИМА банавбат тибќи амри Суди Олї ба вазифаи суд­яи суди апеллятсионї таъин мешаванд. Њар як суди апеллятсионї аз якчанд судњои округї иборат аст. Судяи округї, ки синнаш аз 64 кам набуда, беш аз як сол дар ин вазифа кор карда, ќаблан вазифаи Сарсудяро адо накардааст, Сарсудяи округ мањсуб мешавад.

Звенои дигари низоми судии ИМА-ро судњои округї ташкил медињанд. Дар ИМА 94 округњои судии федеролї ташкил шудаанд. Дар аксари штатњо як ё якчанд округњо таъсис шудаанд. Судяњои судњои округиро Президент бо розигии Сенат таъин мекунад. Шумораи судяњои судњои округї аз як то 28 нафар аст. Судњои округї парвандањои марбут ба салоњияти федеролиро, ба истиснои парвандањои мутааллиќ ба салоњияти Суди Олии ИМА, судњои апеллеятсионї ва судњои федеролии махсус баррасї мекунанд.

Дар низоми судии ИМА судњои федеролии махсус, аз ќабили Суди њарбии апеллятсионї, Суди андоз, Суди иддао, судњо оид ба муфлисшавї ва диг. амал мекунанд. Судњои федеролии махсус дар баробари баррасии парвандањои марбут ба салоњияташон, инчунин тафтиши судии мувофиќати ќонунњо ва санадњои дигари њуќуќиро ба Конститусияи ИМА амалї мекунанд [7].

Нисбат ба судяњои федеролии ИМА дар Конститутсия ва ќонунњо талаботи махсус пешнињод намешавад. Талаботи дахлдор дар таљрибаи судї муайян шудаанд. Аз љумла, судяњо чун ќоида бояд маълумоти олии њуќуќшиносї дошта бошанд, дорои таљрибаи кории њуќуќї бошанд. Вале таљрибаи кории судягї шарт нест. Њамзамон ќоидањои љиддии иштироки адвокат дар фаъолияти Суди Олии ИМА пешбинї мешаванд.

Яке аз роњњои маъмули сабукдўш намудани судяњои ИМА импичмент мебошад. Тибќи маълмоти В.Б. Евдакимов, дар тўли таърихи ИМА импичмент муќобили 11 судяњои федеролї оѓоз гардида, 8 судя зимни тањдиди оѓози импичмент ба истеъфо рафтанд. Аз њазор судя (пас аз соли 1789) танњо 4 нафар ба тариќи импичмент аз вазифа сабукдўш гардиданд [8].

Дар њар як штат низоми судии мустаќил амал мекунад. Муайян намудани номгўй ва теъдоди судњо салоњияти штат мебошад. Дар як ќатор штатњо низоми дузинагї ва дар штатњои дигар низоми сезинагии судњо ташкил шудаанд. Аз љумла, дар штатњои Калифорния, Вирджиния ва дигарњо низоми судии сезинагї ташкил шудааст, ки ба он Суди олии штат (иборат аз 5 то 9 нафар) роњбарї мекунад. Пас аз он маќоми дуюмро суди апеллятсионї ташкил дода, звенои поёнї судњои инстансияи якум ё судњои округї (дар як ќатор штатњо судњои «калон» ё «ноњиявї») мањсуб мешаванд. Дар низоми судии дузинагї судњои апеллятсионї пешбинї намешаванд. Судњои апеллятсионї дар 38 штат, дар њайати аз 10 то 28 нафар ташкил шуда, ба таври коллегиалї (дар њайати 3 судя) кор мекунанд. Дар як ќатор штатњо, чунончи, Калифорния якчанд судњои апеллятсионї ташкил шудаанд [9].



[1] Ниг.: Федералист. Политическое эссе А. Гамильтона, Дж. Мэдисона и Дж. Джея / Пер. с англ. М., 1974. С. 504.

[2] Ниг.: Евдокимов В.Б. Конституционное судопроизводство в США. Екатеринбург, 1996. С. 11.

[3] Дар хусуси хусусиятњои санљиши судии конститутсионї дар ИМА муфассал ниг.: Ломцева М.Л. Российская и американская системы конституционного судебного контроля: сравнительно-правовое исследование. Дисс. … канд. юрид. наук. Екатеринбург, 2004. С. 77 – 78.

[4] Оид ба низоми судии ИМА ниг.: Мишин А.А., Власихин В.А. Конституция США. Политико-правовой комментарий. М.: Международные отношения, 1985. С. 115 – 116; Чудаков М.Ф. Конституционное право Соединенных Штатов Америки. Основные институты. Мн.: Тесей, 1999. С. 98.

[5] Оид ба низоми судии ИМА ниг.: Супян Б.В. Соединенные Штаты Америки в начале XXI века. США. Канада. Экономика-Политика-Культура. 2003. № 5; Судебная система России. М., 2000; Чудаков М.Ф. Ас. иш. С. 98.

[6] Ниг.: Евдокимов В.Б. Ас. иш. С. 48.

[7] Ниг.: Соединенные Штаты Америки: Конституция и законодательные акты. М., 1993. С. 207 - 208.

[8] Ниг.: Ломцева М.Л. Ас. иш. С. 139.

[9] Маркушин А.Г. Оперативно-розыскная деятельность-необходимость и законность. 2-е изд., перераб. и доп. Нижний Новгород, 1997. С. 22.

 

Дар штатњо якљоя бо судњои поёнї ё инстансияи якум, инчунин судњои дорои салоњияти мањдуд ё судњои махсус, аз ќабили судњо оид ба бањсњои замин, оид ба мерос, судњо оид ба баррасии парвандањои оилавї, судњо оид ба парвандањои ноболиѓон ва диг. фаъолият доранд.

Бояд гуфт, ки низомњои судии штатњо аз њамдигар фарќ доранд. Чунончи, дар штати Небраска Суди олии штат (дар њайати Сарсудя ва 6 коллегия), 21 судњои округї, 28 судњои графигарї, судњои махсус (дар бахшњои ситонидани зарар, парвандањои ноболиѓон ва диг.) фаъолият доранд. Дар штатњо судяњо интихоб ё таъин мешаванд. Дар як ќатор штатњо тартиби њам интихоб ва њам таъини судяњо истифода мешавад. Талабот ба судяњо низ гуногун аст, аз ќабили мўњлати аќали зист дар штат, шањрвандии ИМА, доштани маълумоти олии њуќуќшиносї, доштани таљрибаи корї. Тибќи Конс­титутсияи Мичиган пас аз расидан ба синни 70 ишѓоли вазифаи судя мумкин нест [1].

Њамаи судњои ИМА салоњияти санљиши мутобиќати ќонунњо ва санадњои дигари њуќуќиро ба Конститутсия доранд. Ин салоњият њангоми баррасии парвандањо дар инстансияи якум ва ба тариќи апеллятсионї истифода мешавад. Дар ИМА судњои штатњо аз салоњияти санљиши судии конститутсионї васеъ истифода мекунанд.

Ба ин нигоњ накарда, мавќеи Суди Олии ИМА дар ин соња асосї аст. Санљиши судии конститутсионї салоњияти асосии Суди Олии ИМА мебошад. Суди Олии ИМА парвандањоро чун инстансияи якум ва зимни мурофиаи апеллятсионї баррасї мекунад. Апеллятсияњо ба бевосита ва ба тариќи талаби парванда људо мешаванд. Апеллятсияњои бевосита инњо мебошанд: ба ќарорњои марбут ба беэътибор будани санадњои Конгресс; ба ќарори суд дар њайати 3 судя. Апеллятсияњое, ки талаби парвандаро талаб мекунанд, аз инњо иборатанд: нисбат ба ќарорњои судњои апелятсионии федеролї; нисбат ба ќарорњои судњои штатњо [2].

Суди Олии ИМА ќарорњои ќатъї ќабул мекунад. Суди Олии ИМА ўњдадор нест, ки сабабњои рад гардидани баррасии парвандаро нишон дињад. Чунончи, солњои 1997 – 1998 аз 7692 парвандањои воридшуда танњо 94 парвандањо баррасї шудаанд.[3]

Суди Олии ИМА аз лањзаи ташкилшавияш (соли 1789) то соли 1998 143 санадњои меъёрии федеролї, 1237 санадњои минтаќавї ва мањаллиро зиддиконститутсионї эълон намудааст. Пас аз баррасии парвандаи нахустини Марбори муќобили Мэдисон (Marbury v. Madison) то соли 1857 Суди Олии ИМА ягон ќарор оид ба мутобиќ набудани санади ќонунгузории федеролї ба Конститутсия ќабул накардааст. Аз соли 1789 то соли 1859 танњо 2 санади меъёрии федеролї ва 35 санадњои мањаллї зиддиконститутсионї эълон шудаанд. Аз соли 1860 то соли 1869 аллакай 4 санадњои федеролї зиддиконститутсионї эълон мешаванд. Суди Олии ИМА дар давраи солњои 1920 – 1929 фаъол буд. Дар ин давра 15 санадњои федеролї зиддиконститутсионї эълон мешаванд. Солњои 1960 – 1969 њамагї 16 санад, солњои 1980 – 1989 – 16 санад, солњои 1990 – 1998 бошад, 19 санад зиддиконститутсионї эълон мешаванд. Солњои 1970 – 1979 шумораи бештари санадњо (20 санади федеролї ва 193 санадњои мањаллї) зиддиконститутсионї эълон мешаванд.

Сањми Суди Олии ИМА дар тамили ќонунгузорї калон аст. Чунончи, Суди Олии ИМА меъёрњои зиёди ќонунгузории танзимкунандаи муносибати байни федератсия ва штатњо, ќонунгузории итихобот, андоз, савдо, љиної, мурофиаи љиноиро чун зиддиконститутсионї бекор намудааст. Аз љумла, Суди Олии ИМА соли 1961 истифодаи далелњоеро, ки дар натиљаи кофтуков ва датстгиркунии беасос ба даст омадаанд, аз тарафи њамаи судњои ИМА манъ намудааст. Соли 1972 иштироки њатмии адокат дар парвандањои љиної, ки эњтимоли мањрумї аз озодиро пешбинї мекунанд, зарур дониста мешавад. Соли 1986 аз тарафи Суди Олии ИМА татбиќи љазои ќатл ба шахсони дорои бемории руњї манъ карда мешавад. Ќисми бештари ќарорњои Суди Олии ИМА, аз љумла оид ба дахлнопазирии њаёти хусусї, баробарњуќуќї, озодии баёни андеша, озодии эътиќоди динї, озодии мусофират ва диг. ба њимояи њуќуќу озодињои инсон равона шудаанд. Суди Олии ИМА салоњияти тафсири Конститутсиро дошта, онро бо дарназардошти дигаргунињои љомеа тафсир намуда, њамзамон њуќуќу озодињои инсонро мушаххас мегардонад.

Бояд гуфт, ки дар ИМА салоњияти тафсири Конститутсия ба Суди Олї ва судњои ИМА мансуб аст. Салоњияти Суди Олии ИМА оид ба тафсири Конститутсияи ИМА аз љониби судяи Суди Олї Љон Маршал зимни баррасии парвандаи Марбори муќобили Мэдисон асоснок карда мешавад. Ба аќидаи ў Конститутсия ќонун аст ва ба мисли њама гуна ќонуни дигар бояд тафсир гардад. Дар њолати ихтилофи байни ќонун ва Конститутсия афзалият бояд ба Конститутсия дода шавад.

Ба аќидаи аксари муаллифон, салоњияти Суди Олии ИМА дар бахши тафсири Конститутсия боис гаштааст, ки ба Конститутсияи ИМА таѓйироти кам ворид гаштааст. Мебояд зикр намуд, ки дар ИМА судњо вазифадоранд Конститутсияро тафсир намоянд, зеро дар ин њолат имкони баррасии парванда мутобиќи Конститутсия фароњам мегардад.

Дар ИМА назарияи «конститутсияи зинда» истифода мешавад, ки устуворї ва ба мўњлати дароз мутобиќ будани Конститутсияро дар назар дорад. Дар рафти тафсири Конститутсия аз тарафи Суди Олии ИМА меъёрњои он вобаста ба шароити нави њаёт тафсир гашта, ба талаботи љомеа мутобиќ карда мешаванд. Ба туфайли њамин фаъолияти тафсирии Суди Олии ИМА меъёрњои људогонаи Конститутсияи ИМА ба муносибатњои нави љомеа, ки доимо дар њолати инкишоф ќарор доранд, омода карда мешаванд. Бар замми ин, Суди Олии ИМА бо нуќтањои назари ќаблї, ки зимни тафсири Конститутсия пешбарї шуда буданд, вобаста нест. Ин имкон медињад, ки доир ба меъёрњои Конститутсия дар шароити нави таърихї нуќтаи назари нав пешбарї гардад.

Дар ИМА њар шахсе, ки њуќуќи мурољиат ба суд дорад, њаќ дорад дар аризаи хеш тафсири Конститутсияро талаб намояд. Тафсири Конститутсия дар ИМА хусусияти абстрактї надошта, зимни баррасии парвандаи мушаххас амалї мешавад, ки боиси ба шароити мушаххаси њаётї мутобиќ гаштани меъёри Конститутсия мегардад.

Хуллас, мањз ба туфайли фаъолияти тафсирии Суди Олии ИМА Конститутсияи ИМА чун «конститутсияи зинда» амал мекунад.

Объекти санљиши судии конститутсиониро ќонунњо, дигар санадњои меъёрї ва амрњои њукуматї ташкил медињанд. Њамаи санадњои Президенти ИМА объекти санљиши судии конститутсионї мебошанд. Хусусияти фарќкунандаи санљиши судии конститутсионї дар ИМА аз дигар кишварњо, аз љумла аз Љумњурии Тољикистон ин аст, ки на танњо санадњои меъёрї ва њуќуќї, балки амали шахсони мансабдори маќомоти давлат низ объекти ин фаъолиятро ташкил медињанд. Њамзамон судњои ИМА, салоњияти санљиши конститутсионии созишномањои ба эътибор соњибнашудаи ИМА-ро надоранд. Дар ИМА иштироки њатмии Суди Олї дар баррасии масъалаи аз вазифа барканор намудани Президенти ИМА пешбинї намешавад.

Судњои федеролї ва судњои штатњо санљиши судии конститутсиониро дар робита бо баррасии парвандаи мушаххас амалї мекунанд. Дар ИМА тартиби махсуси мурофиавии баррасии парвандањои конститутсионї вуљуд надорад. Масъалаи мутобиќати меъёр ба Конститутсия зимни баррасии парвандањои гражданї, љиної, маъмурї њал мешавад. Ба ибораи дигар, мурофиаи судии конститутсионии ало­њида вуљуд надорад, санљиши мутобиќати меъёр ё санад ба Конс­ти­тутсия љузъи таркибии мурофиаи судии гражданї, љиної, маъмурї мебошад.

В статье «Конституционный судебный контроль в США» исследуются зарождение и этапы исторического развития судебного конституционного контроля в США, особенности американской модели судебного конституционного контроля на примере США, специфика судебной системы США, объекты судебного конституционного контроля, роль Верховного Суда США в развитии законодательства и правовой системы, в частности, значение толкования Конституции Верховным судом США в реализации доктрины «живой конституции».

In article «Constitutional judicial checking in USA» are researched generation and stages of the history development judicial constitutional checking in USA, particularities to american model of the judicial constitutional checking on example USA, specifics of the judicial system USA, objects of the judicial constitutional checking, role of the SUPREME JUDICIAL COURT USA in legislation and legal system development, in particular, importance of the interpretation to Constitutions by SUPREME JUDICIAL COURTS USA in realization of the doctrine «alive constitution»

Адабиёти истифодашуда

1. Евдокимов В.Б. Конституционное судопроизводство в США. Екатеринбург, 1996.

2. Ломцева М.Л. Российская и американская системы конституционного судебного контроля: сравнительно-правовое исследование. Дисс. … канд. юрид. наук. Екатеринбург, 2004.

3. Мишин А.А., Власихин В.А. Конституция США. Политико-правовой комментарий. М.: Международные отношения, 1985.

4. Мидор Д.Дж. Американские суды Сент-Пол, Миннесота. Уэст Паблишинг Компани, 1991.

5. Супян Б.В. Соединенные Штаты Америки в начале XXI века. США. Канада. Экономика-Политика-Культура. 2003. № 5.

6. Судебная система России. М., 2000.

7. Соединенные Штаты Америки: Конституция и законодательные акты. М., 1993.

8. Федералист. Политическое эссе А. Гамильтона, Дж. Мэдисона и Дж. Джея / Пер. С англ. М., 1974. С. 504.

9. Чудаков М.Ф. Конституционное право Соединенных Штатов Америки. Основные институты. Мн.: Тесей, 1999.

Мањмудов И.Т. - муовини аввали декани факултети њуќуќшиносии ДМТ оид ба таълим, номзади илмњои њуќуќ,

дотсенти кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї

Назорати прокурорї оид ба риояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар
фаъолияти оперативї-љустуљўї

Дар шароити бунёди давлати демокративу њуќуќбунёд ва созмон додани љомеаи шањрвандї масъалаи риояи њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд ањамияти аввалиндараља пайдо менамояд. Тибќи талаботи моддаи 5-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон инсон, њуќуќ ва озодињои он арзиши олї эътироф шуда, давлат эътироф, риоя ва њифзи онњоро кафолат додааст. Њамзамон бояд ёдрас намуд, ки тибќи муќаррароти банди 3-и моддаи 14-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрванд танњо ба маќсади таъмини њуќуќ ва озодињои дигарон, тартиботи љамъиятї, њимояи сохти конститутсионї ва тамомияти арзии љумњурї раво дониста мешавад. Бо назардошти он ки ќисман фаъолияти оперативї-љустуљўї ба таври ѓайриошкоро амалї карда мешавад, то андозае имконияти мањдуд намудани њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд љой дорад. Дар иртибот ба ин масъала зарур аст, ки њуќуќњои конститутсионии шањрвандон ба њаёт ва дахлнопазирии шахсї (м. 18), њимояи судї (м. 19), дахлнопазирии манзил (м. 22), мањрамияти мукотиба, сўњбатњои телефонї, муросилот ва мухобироти шахс (м. 23) ба таври дахлдор дар фаъолияти оперативї-љустуљўї таъмин карда шаванд.

Воќеан фаъолияти оперативї-љустуљўи яке аз усулњои муњими мубориза бо љинояткорї ба њисоб меравад[4]. Ба назари М.А. Шматов, инсоният то њанўз аз фаъолияти оперативї-љустуљўї дида, усули самарабахши мубориза бо љинояткориро кашф накардааст.[5] Њамасола тавассути амалї намудани чорабинињои оперативї-љустуљўї дар љањон зиёда аз 80-85 фисади љиноятњо кушода мешаванд. Аз тарафи дигар тавре, ки таљрибаи љањонї, гузашта ва имрўзи давлатдорї нишон медињанд, он воќеан ба мањдуд кардани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд тањдид мекунад[6].

Аз ин рў, бо назардошти эњтимолияти калони мањдуд шудани њуќуќу озодињои конститутсионии шањрвандон дар фаъолияти опера­тивї-љустуљўї зарур аст, ки аз љониби фишангњои муайян масъалаи ќонунї, асоснокї ва маќсаднокии амалї шудани ин намуди фаъолият мавриди назорат ќарор дода шаванд. Яке аз кафолатњои муњими таъмини ќонуният ва риояи њуќуку озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд дар фаъолияти оперативї-љустўљуї ин ба амал баровардани назорати прокурорист. Назорати прокурорї дар соњаи фаъолияти оперативї-љустуљўи њамќадами истиќлолияти давлатї ва фаъолияти маќомоти прокуратураи Тољикистон дар тўли 20-соли даврони соњибихтиёрї аст. Аввалин маротиба меъёр дар хусуси ба роњ мондани назорати прокурорї дар модаи 30-юми Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 30 апрели соли 1992 «Дар бораи додситонии Љумњурии Тољикистон» мустањкам шуда буд. Мањз аз њамин санади њуќуќї таърихи пайдоиш ва ташаккули ин соњаи назорати прокурорї сарчашма мегирад. Бояд ќайд намуд ки аз љониби маќомоти прокуратура дар самти таъмини ќонуният, волоияти ќонун, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар зарфи 20-соли истиќлолияти давлатї корњои назаррасе анљом дода шудаанд.


[1] Шматов М.А. Теория оперативно-розыскной деятельности в системе уголовно-правовых наук. Волгоград, 2001. С. 79.

[2] Смирнов М.П. Оперативно-розыскная деятельность полиции зарубежных стран. М.: Центр юридической литературы «Щит», 2001. С. 240.

[3] Рањимов Р.Њ. Фаъолияти оперативї-љустуљўї. Ќисми умумї. Китоби дарсї. Душанбе: «Эр-граф», 2012. С.458.

[4] Маркушин А.Г. Оперативно-розыскная деятельность-необходимость и законность. 2-е изд., перераб. и доп. Нижний Новгород, 1997. С. 22.

[5] Шматов М.А. Теория оперативно-розыскной деятельности в системе уголовно-правовых наук. Волгоград, 2001. С. 79.

[6] Смирнов М.П. Оперативно-розыскная деятельность полиции зарубежных стран. М.: Центр юридической литературы «Щит», 2001. С. 240.

Прокуратура аз сохторњои муњими давлатиест, ки ба шањрвандон дар мўњлатњои кўтоњтарин, бо сифати баланд ва бо тариќи ройгон хизмат мерасонад. Мањз бо назардошти њамин њолат боварию эътимоди шањрвандони кишвар сол аз сол ба маќомоти прокуратура афзун гашта, натиљаи омўзишу тањлилњо гувоњи онанд, ки шумораи мурољиатњои шањрвандон ба ин маќомот тамоюли рў ба болоравиро дорад. Хусусан сањми назорати прокурорї дар љодаи таъмини ќонуният ва риояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар фаъолияти оперативї-љустуљўї беназир аст. Ин нуќта њамчунин дар китоби дарсии тозанашри «Фаъолияти оперативї-љустуљўї» низ таъкид шудааст.[1] Мувофиќи муќаррароти моддаи 5-уми Ќонуни амалкунандаи конститутсионии Љумњурии Тољикиситон «Дар бораи маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон» яке аз самтњои асосии фаъолияти прокуратура - назорати иљрои ќонунњо дар фаъолияти оперативї-љустуљўї мебошад. Ваколатњои прокурорро дар ин самт моддањои 31-уми Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикиситон «Дар бораи маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон» ва 21-уми Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти оперативї-љустуљўї» танзим менамоянд. Мувофиќи Фармони Прокурори Генералии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ташкили назорати прокурорї оид ба иљрои аниќ ва якхелаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 5 ноябри соли 2008, № 16 «Дар бораи фаъолияти оперативї-љустуљўї», назорат дар ин самт ба зиммаи муовини аввал, муовинони Прокурори Генералї, сардорони Раёсату шўъбањои дахлдори Прокуратураи Генералї оид ба назорати тафтишоти пешакї, Сарпрокурори њарбии Љумњурии Тољикистон, прокурорњои ВМКБ, вилоятњо, шањри Душанбе, Прокурори наќлиёти Тољикистон, прокурорњои шањру ноњияњо, прокурори гарнизони њарбї, прокурори назорати иљрои ќонунњо дар муассисањои ислоњї ва муовинони онњо вогузошта шудааст.

Тибќи муќаррароти моддаи 30-уми Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти прокуратураи Љум­њурии Тољикистон» риояи њуќуќу озодињои инсон яке аз мавзў­њои асосии предмети назорати прокурорї дар соњаи фаъолияти опе­ративї-љустуљўї ба њисоб меравад. Натиљаи тањлил ва омўзиши Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти оперативї-љустуљўї» нишон медињад, ки дар он меъёрњои мушаххас дар хусуси аз љониби прокурорњо мусоидат намудан ба таъмини њуќуќу озодї ва манфиатњои ќонунии шањрвандон мустањкам шудааст. Аз љумла, чунин муќаррарот дар ќисмњои 2, 3, 4, 5, 8-и моддаи 5-и Ќонун пешбинї шудаанд. Тибќи муќаррароти ќисми 8 њамин модда, дар сурати аз тарафи маќомоти (шахси мансабдори) амаликунандаи фаъ­олияти оперативї-љустуљўї вайрон намудани њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шахсони воќеї ва њуќуќї маќомоти (шахси мансабдори) болоии амаликунандаи фаъолияти оперативї-љустуљўї, прокурор ё суд (судя) вазифадоранд мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои барќарор кардани ин њуќуќ ва манфиатњои ќонунї ва (ё) љуброни зарари расонидашуда чорањо андешанд.

Воќеан бояд эътироф намуд, ки яке аз воситањои муњим ва самарабахши пешгирї, ошкор ва тафтиши љиноятњои вазнин ва махсусан вазнин ин маќсаднок ба роњ мондани чорабинињо оперативї-љустуљўист. Муссалам аст, ки бе истифодаи дастовардњои ин намуди фаъолият дар шароити кунунї ошкор намудани як ќатор љиноятњо назири одамкушї дар њолати номуайянї, ѓасби гаравгон, одамрабої, љиноятњои мутташакил ва хусусияти коррупсионидошта, хариду фурўши одамон, бандитизм, роњзанї, гардиши ѓайриќонунии маводи нашъадор ва яроќи оташфишон имконнопазир аст. Дар шароити љањонишавї содир намудани терроризми байналмилалї, чиноятњои трансмиллї аз љониби равия ва гурўњњои ифротгарову мољарољў ва муташаккили љиноятпеша, ки ба амнияти давлату асосњои сохтори конститутсионї ва тамомияти арзии кишвар тањдид мекунанд, ба њукми анъана даромадааст. Мутаассифона, на дар њама њолат аз имконот ва дастовардњои фаъолияти оперативї-љустуљўї бо таври дахлдор истифода мешавад. Тавре ки Прзиденти кишвар, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 20 апрели соли 2012 ќайд намудаанд: «Вазъи воќеии љинояткорї дар љомеа ва арзу шикоятњои зиёди шањрвандон гувоњи он аст, ки кор дар ин самтњо њанўз њам ќаноатбахш нест. Њолатњои нокушода мондани љиноятњо, аз љониби маќомоти њифзи њуќуќ барои бењтар нишон додани натиљањои корї аз ќайд пинњон кардани љиноятњо њоло њам љой дорад»[2]. Аз ин рў, танњо дар натиљаи маќсаднок ба роњ мондани назорати прокурорї дар ин соња мо метавонем ба натиљањои дилхоњ дар самти таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва ошкор намудани љиноятњои вазнину махсусан вазнин муваффаќ гардем. Назорати прокурорї яке аз омилњои муњими ќонунї ба даст овардани вазифањои оперативї-љўстуљўї баромад намуда, шахсони мансабдори маќомоти амалисозандаи фаъолияти оперативї-чустуљўиро аз истифодаи усулу амалњои ѓайриќонунї ва пешгирии суйистифодаи ваколатњои хизматї боз медорад.

Ба маќсад мувофиќ мешуморем, ки чанд таклифу пешнињодњои худро љињати такмили танзими њуќуќии назорати прокурорї дар фаъолияти опееративї-љустуљўї ва бењдошти риояи њуќуќу озодињои конститутсионии шањрвандон пешнињод намоем:

1. Моддаи 6-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъ­олияти оперативї-љустуљўї» 16 номгўйи чорабинињои оперативї-љустуљўиро пешбинї намудааст. Мувофиќи муќаррароти моддаи 8-и Ќонуни мазкур, гузаронидани чорабинињои оперативї-љустуљўї, ки њуќуќњои конститутсионии инсон ва шањрвандро ба махфияти мукотиба, гуфтугўњои телефонї, муросилоти почта, хабарњои телеграфї ва хабарњои дигаре, ки тавассути шабакањои алоќаи барќї ва алоќаи почта интиќол мешаванд, њамчунин њуќуќи дахлнопазирии манзилро мањдуд мекунанд, тибќи ќарори асосноки маќомоти амаликунандаи фаъолияти оперативї-љустуљўї бо дархости прокурори ваколатдор ва иљозати судя амалї карда мешаванд. Аз мазмуни моддаи мазкур бармеояд, ки танњо чор намуди чорабинињои оперативї-љўстуљўи бо розигии прокурори ваколатдор гузаронида мешаванд. Дар адабиётњои њуќуќї нуќтањои назари танќидонаи олимон оид ба масъалаи мазкур баён шудаанд. Агар воќеан масъалаи ќонунї сурат гирифтани фаъолияти оперативї-чўстуљўї мавзўи назорати прокурорї бошад, пас ба назари мо тамоми чорабинињои оперативї-љустуљўї, ки дар заминаи ќабули ќарорњои дахлдор ба роњ монда мешаванд, набояд ки аз мадди назари прокурорњои ваколатдор дур монанд.

Ба андешаи В.Н.Осипкин, чорабинињои мураккаби оперативї-љустучўї, ки мавриди гузаронидани онњо тањдиди поймол намудани њуќуќу озодињои конститутсионии шањрвандон ба миён меоянд, бояд танњо бо розигии прокурор (харидории санљишии оперативї ва ё тањвили назоратшавандаи ашё, мавод ва мањсулоте, ки муомилоти озоди онњо манъ аст ё гардиши онњо мањдуд аст, њамчунин эксперименти оперативї ё воридсозии оперативии шахсони мансабдори маќомоти амаликунандаи фаъолияти оперативї-љустуљўї, њамчунин шахсоне, ки ба онњо мусоидат мекунанд) ва ё ин ки бо розигии прокурору иљозати судя гузаронида шаванд[3]. Воќеан чорабинињои оперативї-љустуљўие, ки бо ќарори роњбарони маќомоти амаликунандаи фаъолияти опративї-љустуљўї гузаронида мешаванд (харидории санљишии оперативї ва ё тањвили назоратшавандаи ашё, мавод ва мањсулоте, ки муомилоти озоди онњо манъ аст ё гардиши онњо мањдуд аст, њамчунин эксперименти оперативї ё воридсозии оперативии шахсони мансабдори маќомоти амаликунандаи фаъолияти оперативї-љустуљўї, њамчунин шахсоне, ки ба онњо мусоидат мекунанд), то андозае ба поймол кардани њуќуќу озодињои шањрвандон тањдид менамоянд. Масъалаи мазкурро А.Ф. Козусев мавриди баррасї ќарор дода, пешнињод менамояд, ки: «шахсони мансабдори амаликунандаи фаъолияти оперативї-љустуљўї ўхдадоранд, ки дар давоми 24 соат ба прокурори ваколатдор дар хусуси оѓоз, боздоштан ва ќатъ намудани парвандаи бањисобгирии оперативї, ва њамчунин дар хусуси аз љониби кормандони оперативї-љусутуљўї содир намудани кирдоре, ки аломатњои љиноятро дорад, ахбор манзур намоянд»[4]. Ба назари мо, бо њамин мазмун њал намудани масъала дар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз бисёр љињат боиси пурзўр намудани назорати прокурорї ва баланд бардоштани самаранокиву таъсирнокии назорати прокурорї дар фаъолияти оперативї-љустуљўї мегардад.

2. Мувофиќи муќаррароти моддаи 21 (ќисми 3)-и Ќонуни Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти оперативї-љустуљўї» маълумот дар бораи шахсони ба гурўњи муташаккили љиноятї воридкардашуда ва дар бораи кормандони штатии ѓайриошкорои маќомоти амаликунандаи фаъолияти оперативї-љустуљўї, њамчунин дар бораи шахсони ба ин маќомот ба таври махфї мусоидаткунанда ба прокурор танњо бо розигии хаттии ин шахсон, ба истиснои њолатњои аз љониби онњо содир кардани љиноят дода мешавад. Маълумот дар бораи ташкил, тактика, усул ва воситањои амалї гардонидани фаъолияти оперативї-љустуљўї ба мавзўи назорати прокурорї дохил намешаванд.

Воќеан прокурор аз нуќтаи назари ќонун наметавонад, ки тактика ва усулњои гузаронидани чорабинињои оперативї-љустуљўиро муайян намояд. Вале ба назари мо прокурор метавонад, ки барои гузаронидани доираи муайяни чорабинињои оперативї-љустуљўї дастур дињад. Ба андешаи А.Ф. Козусев, агар истифодаи тактика, восита ва усулњои муайян дар рафти гузаронидани чорабинињои оперативї-љустуљўї боиси поймол гаштани њуќуќу озодињои шањрвандон гарданд, прокурор на танњо њуќуќ дорад, балки ўњдадор аст, ки љињати бартараф намудани ќонуншиканињои љойдошта дахолат намояд[5]. Ба назари И.Л. Петрухин бошад: «Чунин маълумотро њељ гоњ аз прокурор пинњон кардан лозим нест, агар ў воќеан хостори амалї намудани назорати њаќиќї дар фаъолияти оперативї-љустуљўї бошад, на ин ки назорати рўякї»[6]. Амалияи маќомоти тафтишоти пешакї ва фаъолияти њуќуќтатбиќкунии судњои Љумњурии Тољикистон бозгўи онанд, ки дар аксарияти маврид мањз дар натиљаи ба роњ мондани тактика ва усулњои ѓайриќонунї кормандони амалисозандаи фаъ­олияти оперативї-љустуљўї ба љавобгарии љиноятї кашида мешаванд. Мисолњои мушаххас дар ин хусус дар амалияи судї кам настанд. Масъалаи љалби шахсони ба ин маќомот ба таври махфї мусоидаткунанда низ бояд мавриди назорати доимии прокурорњо ќарор дошта бошад. Мувофиќи муќаррароти моддаи 17-и Ќонуни Љумњуриии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти оперативї-љустуљўї» маќомоти амаликунандаи фаъолияти оперативї-љустуљўї метавонанд бо шахсони ба балоѓатрасидаи ќобили амал оид ба мусоидат дар тайёр намудан ё гузаронидани чорабинињои оперативї-љустуљўї ќарордод банданд. Ба маќомоти амаликунандаи фаъолияти оперативї-љустуљўї мутобиќи ќарордод истифода бурдани мусоидати махфии узви Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, вакили Маљлиси вакилони халќи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоят, шањри Душанбе, шањр ва ноњия, судя, прокурор ва адвокат манъ аст.

Агар прокурорњо маълумот дошта бошанд, ки бо чунин намуди њам­корї шахсони ноболиѓ ва ё дигар шахсоне, ки тибќи ќонун барои њамкории пинњонї њуќуќ надоранд, љалб шуда бошанд, њатман чорањои таъсиррасонї бояд андешанд. Пешнињод менамоем, ки аз ќисми 3-и моддаи 21 Ќонуни мазкур ибораи: «Маълумот дар бораи ташкил, тактика, усул ва воситањои амалї гардонидани фаъолияти оперативї-љустуљўї ба мавзўи назорати прокурорї дохил намешаванд» бардошта шуда, ба њамин ќисм ибораи зайл илова карда шавад: «Прокурор њуќуќ дорад нисбати шахсоне, ки дар асосњои пинњонї њамкорї мекунанд, маълумот талаб намояд, агар муайян намояд, ки ба чунин намуди њамкорї нафароне љалб шудаанд, ки тибќи ќонун њуќуќ надоранд».

3. Тибќи муќаррароти моддаи 13-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти оперативї-љустуљўї» дар њудуди Љумњурии Тољикистон њуќуќи амалї намудани фаъолияти оперативї-љустуљўї ба воњидњои оперативии зерин дода мешавад:1) маќомоти корњои дохилии Љумњурии Тољикистон; 2) маќомоти амнияти миллии Љумњурии Тољикистон; 3) маќомоти мудофиаи Љумњурии Тољикистон; 4) маќомоти адлияи Љумњурии Тољикистон; 5) маќомоти назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон; 6) маќомоти назорати маводи нашъаовари Љумњурии Тољикистон; 7) Гвардияи миллии Љумњурии Тољикистон; 8) маќомоти гумруки Љумњурии Тољикистон. Натиљаи тањлили моддаи мазкур нишон медињад, ки њашт (8) маќомоти мустаќили давлатї (ва ё сохторњои људогона) њуќуќи амалї намудани чорабинињои оперативї-љустуљўиро доранд. Аз ин рў, ба маќсад мувофиќ аст, ки аз љониби воњидњои сохтории алоњида ва мустаќили маќомоти прокуратура масъалаи ќонунї гузаронидани фаъолияти оперативї-љўстуљўї мавриди назорати доимї ќарор дода шавад. Мављуд набудани раёсат ва ё шўъбаи мустаќили дахлдор оид ба назорати иљрои ќонунњо дар соњаи фаъолияти оперативї-љустуљўї шояд то андозае барои таъсирбахш гардонидани назорати прокурорї дар ин љода монеа эљод намояд. Ба маќсад мувофиќ мешуморем, ки аз њисоби ихтисори штатњои кории дигар воњидњои сохторї дар Прокуратураи Генералї раёсат ва ё шўъбаи назорати иљрои ќонунњо аз љониби маќомоти амалисозандаи фаъолияти оперативї-љўстуљўї таъсис дода шавад.

4. Фаъолияти оперативї-љустуљўї аз лињози субъект, мўњлат, асосњои њуќуќї, мавзўи батанзимдарорї ва кафолатњои риояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд аз тањќиќ ва тафтиши пешакї фарќ мекунад. Аз ин рў, дар боби алоњидаи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон» (боби 4) мустањкам намудани соњаи назорати иљрои ќонунњо дар фаъолияти опративї-љустуљўї бо тањќиќу татиши пешакї чандон мувофиќи маќсад нест. Таклиф менамоем, ки дар Ќонуни зикршуда боби алоњида ба соњаи назорати иљрои ќонунњо дар фаъолияти оперативї-љустуљўї бахшида шуда, дар дои­­раи моддањои муайян мавзўи назорат ва ваколати прокурор муайян карда шавад.

5. Ба хотири баланд бардоштани масъулияти роњбарони маќо­моти амалисозандаи фаъолияти оперативї-љустуљўї љињати сариваќт ва сифатнок иљро намудани талаби прокурор пешнињод менамоем, ки ба моддаи 21-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти оперативї-љустуљўї» ќисми алоњида ба масъалаи љавобгарии роњбарон ва шахсони мансабдори маќомоти амалисозандаи фаъолияти оперативї-љустуљўї барои иљро накардани талаби прокурор илова карда шавад.

6. Ба маќсади тањкими минбаъдаи ќонуният дар самти таъмин ва риояи њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд, ки њамчун арзиши олї эътироф шудаанд, ба маќсад мувофиќ аст, ки дар Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон» боби алоњида ба соњаи «Назорат ба риояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд» бахшида шавад.

Дар шароити љањонишавї ва њамгироии минтаќавї ба маќсад мувофиќ аст, ки Тољикистон њамчун кишвари мустаќил роњу усулњои такмили фаъолияти самарабахши прокуратураро бо назардошти воќеияти имрўзи низоми ќонунгузорї ва сањми назарраси он дар љодаи таъмини фазои ягонаи хуќуќии кишвар интихоб намояд. Аз ин рў, фурсате фаро расидааст, ки бо назардошти муайян намудани мавќеъ ва наќши маќомоти прокуратура дар љодаи таъмини волоияти ќонун ва таъмини ќонуният дар кишвар, тобиши миллї додан ба он ба маќсад мувофиќ аст, ки аз љониби маќомоти салоњиятдори давлатї барномаи давлатии ислоњот ва ё консепсияи инкишофи маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон ќабул карда шавад. Аз лињози дурнамо, он бояд чун маќомоти назорати иљрои ќонунњо дар давлат нигоњ дошта шуда, фунсияњои њуќуќмуњофизавии он бояд густариш дода шавад.



[1] Рахимов Р.Х. Фаъолияти оперативйчустуљўй. Ќисми умумй. Китоби дарсй. Душанбе: «Эр-граф», 2012. С.458.

[2] Осипкин В.Н. Теоретические и организационно-методические проблемы прокурорского надзора за оперативно-розыскной деятельностью: Дис. …канд. юрид. наук. М., 1998. С. 179.

[3] Козусев А.Ф. Проблемы прокурорского надзора за исполнением зконов в оперативно-розыскной деятельности. М., 2001. С.108.

[4] См.: Козусев А. Надзор за исполнением законов в оперативно-розыскной деятельности // Законность. 1997. № 2. С. 19.

[5] Минковский Г.М. Пределы доказывания в советском уголовном процессе М., 1956. С.38.

[6] Корнеева Л.М. Об уточнения обстоятельств, входящих в предмет доказывания по уголовному делу // Советская юстиция. 1968. № 24.


Хољаева Н.Б. - ассистенти кафедраи
њуќуќи судї ва назорати прокурорї,

унвонљўи Академияи Прокуратураи

Генералии Федератсияи Руссия

 

Предмет ва њудуди исботкунї
ДАР МУРОФИАИ ЉИНОЯТЇ

 

Дар адабиётњои мурофиавї андешањои гуногун оид ба масъалањои мафњуми предмети исботкунї баён шудаанд.

Мувофиќи нуќтаи назари М.С. Строгович ба предмети исботкунї «Факт ва њолатњои мансубанд, ки ба воситаи далелњо муќаррар карда мешаванд»[1].

Г.М. Минковский бошад, тањти мафњуми предмети исботкунї «Маљмўи њолатњоеро дар назар дошт, ки оид ба њар як парвандаи љиноятї бояд муайян карда шаванд».[2]

Ба назари Л.М. Корнеева бошад, предмети исботкунї маљмўи њолатњои воќеиро ташкил медињад, ки муќаррар намудани онњо љињати ќабули ќарори асоснок оид ба парвандаи љиноятї заруранд.[3]

Бояд ќайд намуд, ки андешањои олимони њуќуќшинос дар шароити муосир аз нуќтаи назари олимони ќаблан изњордошта кам дар кам фарќият доранд. Шояд ин масъала то андозае ба монанд будани танзими њуќуќии КМЉ ЉТ соли 1961 ва КМЉ ЉТ (амалкунанда) иртибот дошта бошад.

Зарур мешуморем, ки мазмуни онњоро низ то андозае шарњ дињем. П.А. Лупинская ба он назар аст, ки «Њолатњое, ки бояд оид ба парвандаи љиноятї исбот карда шаванд, аз маљмўи њолатњои воќеї иборатанд, ки барои њалли дурусти парванда ањамият доранд».[4]

И.Б. Михайловская бошад, дар зери мафњуми предмети исботкунї «Номгўи њолатњоеро мефањмад, ки дар рафти тањќиќ, тафтиши пешакї ва муњокимаи судї дар суд бояд исбот карда шаванд».[5]

Предмети исботкунї бояд њолатњоеро дар бар гирад, ки рафти содир кардани љиноятро њамроњї карда, њамзамон воќеъияти њодисаи рухдодаро инъикос намоянд. Дар адабиётњои њуќуќї мафњуми «предмети исботкуниро бо «њолатњое, ки оид ба парвандаи љиноятї бояд исбот карда шаванд», монанд мекунанд.

Бояд ќайд намуд, ки тамоми њолатњое, ки ба предмети исботкунї оид ба њар парвандаи љиноятї дохил мешаванд, ањамияти њуќуќи - љиноятї ва ё ин ки мурофиавии љиноятї дошта, барои њалли дурусти парванда дар маљмуъ мусоидат менамоянд.

Вале на њама њолатњое, ки оид ба парвандаи љиноятї тањќиќ мешаванд, чунини хусусиятњоро дороанд.

Предмети исботкунї – ин институти махсусе мебошад, ки бояд имконияти барќарор намудани њодисаи дар гузашта содиршударо дошта барои ќабули ќарори дахлдор мусоидат менамояд.

Дар адабиётњои њуќуќї ќайд карда мешавад, ки предметњои зиёди исботкунї љой доранд: Њангоми дастгир кардан, интихоби чораи пешгирї, њангоми баррасии дархости тарафњо дар хусуси истифодаи далелњои мушахас, њангоми ќатъ кардани парвандаи љиноятї.[6]

Њатто баъзан дар хусуси предмети исботкунии муфаттиш, прокурор, суд ва њимоячї сухан меронанд.[7]

Предмети исботкунї ягона мебошад. Њеч гоњ предмети исботкунї дар маљмўъ буда наметавонад. Ба предмети исботкунї њолатњое дохил мешаванд, ки дар гузашта љой доштанд.

Ин маънои онро дорад, ки тафтиши пешакї ва муњокимаи судї он ваќт ба роњ монда мешавад, ки љиноят аллакай содир шудааст.

Аз ин рў, хусусияти предмети исботкунї дар он зоњир мегардад, ки њодисаи замони гузашта тавассусти далелњо бояд муќаррар карда шавад. Њолатњое, ки оид ба парвандаи љиноятї бояд исбот карда шаванд, метавонанд њам дар лањзаи содир шудани љиноят ба миён оянд ва њам баъдтар: айбдоршаванда рафтори худро ислоњ намуда, аз љоий кор мусбї тавсиф карда мешавад ё ин ки вазъи саломатиаш баъди содир кардани љиноят бадтар шудааст. Дар чунин маврид ин њолатњо аллакай то лањзаи тафтиш ва баррасии парванда содир шудаанд ва аз љониби суд њангоми таъини љазо ба гунањкор ва ё ин ки банду басти кирдори содиршуда ба инобат гирифта мешаванд.

Баъзан дар рафти тафтиш зарурияти муайян намудани њолатњои ќатъ намудани парвандаи љиноятї вобаста ба созиши тарафњо ва сидќан пушаймон шудан ба миён меояд.

Бо назардошти он, ки дар рафти тафтиши пешакї ва ё муњокимаи судї њолатњое, ки баъди содир шудани љиноят содир шудаанд, онњо њатман бо тавассути далелњо бояд тасдиќ карда шаванд.

Ќонунгузорї пешбинї намудааст, ки њолатњои кор дар рафти истењсолоти парванда муќаррар карда мешаванд. Вобаста ба шарњи мафњуми «Истењсолот оид ба парванда» андешањои гуногун дар мавриди лањза ва замони предмети исботкунї љой доранд. Баъзе аз мурофиачиён бар он назаранд, ки предмети исботкунї дар тамоми даврањои мурофиаи љиноятї ба роњ монда мешавад.[8]

Гурўњи дигари олимон ба он андешаанд, ки предмети исботкуни дар рафти тањќиќ, тафтиши пешакї ва муњокимаи судї ба роњ монда мешавад.[9]

Гурўњи сеюм бошад, ба роњ мондани предмети исботкуниро дар даврањои оѓози парвандаи љиноятї ва иљрои њукм инкор менамоянд. Зеро ба назари онњо дар давраи оѓози парвандаи љиноятї њанўз ќарори дахлдор ќабул нашудааст ва дар давраи иљрои њукм бошад, истењсолот бинобар сабаби ба ќувваи ќонунї даромадани њукм ба итмом расидааст.

Ба андешаи Кузнецов, истењсолот оид ба парвандаи љиноятї њанўз бо оѓози парвандаи љиноятї ба миён меояд. Истењсолот оид ба парвандаи љиноятї бо баровардани њукми суд ба итмом намерасад. Истењсолот баръакс идома карда, дар мурофиаи кассатсионї, назоратї ва мурофиа аз руйи њолатњои нав ошкоршуда махсусияти хосро пайдо мекунанд.

Дар давраи иљрои њукм дар назди судя вазифаи муќаррар намудани њодисаи љиноят, муќаррар намудани гунањгории шахс ва татбиќи љазои нисбати он наистода, балки суд њукмро барои иљро таъин менамояд.

Дар адабиётњои њукуќї чунин аќида љой дорад, ки оид ба њар як парвандаи љиноятї бояд далели асосї исбот карда шавад.

Ба андешаи М.С. Строгович вазифаи асосии исботкунї - ин муќаррар намудани факти асосї аст ва то он лањзае, ки факти асоси исбот нашавад, парвандаи ба таври дахлдор њалли дурусти худ­ро намеёбад.

Мувофиќи нуќтаи назари аксари кулли олимони соња факти асосї- ин муайян намудани њодисаи љиноят ва шахси онро содиркунанда аст. Вале ин нуќтаи назар низ на њама ваќт љонибдорони худро пайдо мекунад.

Ба андешаи Ульянова, људо намудани предмети исботкунї ба факти асосї ва дигар њолатњо, ки гуё хусусияти дуюмдараља дошта бошанд, аз мантиќ орї аст.

Танњо бо назардошти муайян кардани тамоми њолатњои кор метавон ба њалли дурусти парванда муваффаќ шуд.

Дар зери мафњуми предмети иботкунї - маљмўи њолатњое фањмида мешавад, ки ањамияти њуќуќї-љиноятї ва мурофиавии љиноятї дош­та, оид ба њар як парвандаи љиноятї њатман бояд муќаррар карда шаванд.

Њангоми тафтиши љиноят ва баррасии он дар суд муфаттишон ва судяњоро зарурат пеш меояд, ки доираи њолатњои муайянро оид ба љинояти муайян ва банду басти он муќаррар намоянд.

Бояд ќайд намуд, ки љиноят дар њар як њолати муайяни содир шуданаш такрорнашаванда аст ва хусусияти худро дорад.

Ба њар як љинояти содиршуда хусусиятњои људогона хосанд. Вале бо назардошти гуногун будани доираи њолатњо оид ба парвандаи љиноятї муќарраршаванда то андозае онњо дорои нишонањои умумии зеринанд: љиноят кирдори ба љамъият хафнок аст; љиноят кирдори зидди њуќуќї аст ва он аз љониби шахси муайян содир карда шудааст.

Аз тамоми њолатњои имконпазире, ки бояд оид ба њар як љинояти содиршуда муайян карда шаванд, ќонунгузорї танњо њолатњои умумии объективиро, ки оид ба њар як парвандаи љиноятї ба миён меоянд, мавриди танзими њуќуќї ќарор додаст.

Њолатњое, ки дар моддаи 85 КМЉ ЉТ пешбинї шудаанд ба њолатњои умумии исботкунї дохил мешаванд. Вале бояд гуфт, ки муќаррароти моддаи мазкур наметавонад, ки ба таври дахлдор тамоми нишонањо, њолатњо ва љузъњои алоњидаи њар як љинояти содиршударо дар бар гирад. Бояд ќайд намуд, ки тафтиши њар як парвандаи љиноятї ба муќаррар намудани њолатњои мушаххаси хос ба њамин парванда алоќаманд аст.

Предмети исботкунї оид ба њар як парвандаи љиноятї такрор нашаванда, људогона ва ба худ хос мебошад. Њолатњое низ њастанд, ки оид ба парвандањои љиноятии алоњида доираи дигари масъалањои хос бояд исбот карда шаванд: масалан, њангоми тафтиши љиноятњои ноболиѓон ва татбиќ намудани чорањои маљбуркунии хусусияти тибби дошта.

Оид ба ин парвандањо ќонунгузорї исбот намудани њолатњои алоњидаро пешбинї намудааст.



[1] Уголовно-процессуалное право Российской Федераций /Под ред. П.А. Лупинская М., 2004. С.222.

[2] Михайловская И.Б. Настольная книга судьи по доказыванию в уголовном проецссе М., 2006. С.77.

[3] Ларин А.М. Расследования по уголовному делу М., 1970. С.61-62.

[4] Нокербеков Н.А. К вопросу о предмете доказывания в советском уголовном процессе //Труды института философии и права Т.7. Алма-Ата, 1963. С.173.

[5] Борисов А.Б. Комментарий к УПК РФ 2-е изд. С.113.

[6] Михайловская И.Б. Настольная книга судьи по доказыванию в уголовном процессе. С.77.

[7] Строгович М.С. Курс советского уголовного процесса М., 1968 Т.1. С.365.

[8] Ульянова Л.Т. Предмет доказывания и доказательства в уголовном процессе России. М., «Городец», 2008. С.47.

[9] Хамон хо. С.47.


 

ЌАРОРЊОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Ќ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шањрванд Одинаев Ёќубљон Додхудоевич «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истењсолоти иљро» ба моддаи 12, ќисми сеюми моддаи 20, ќисмњои якум ва дуюми моддаи 32 ва ќисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 17 феврали соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.

бо иштироки котиби маљлиси судї Ботирова Г.,

тарафњо:

Одинаев Ё.Д. бо намояндаи ќонунияш Юнусов Х.Б. - тарафе, ки дар асоси дархости он мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Илолов М.И.-намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї ва Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї - намояндагони тарафе, ки конститутсионї будани ќонуни ќабул, љонибдорикарда ва ба имзорасонидаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Ќодиров А.- муовини аввали Вазири адлияи Љумњурии Тољикистон;

Фатњудинов М.- муовини Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон;

Гулматшоев Р.К. - муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон;

Оймањмадов М.- судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

Сабкалов К.В. - муовини Сардори КВД Роњи Оњани Тољикистон ва њуќуќшиноси њамин корхона Худоёров О.Ф.;

Одинаев Д.Д.- падари дархосткунанда Одинаев Ё.Д. шахси манфиатдор ба љонибдории дархост,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости шањрванд Одинаев Ё.Д. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истењсолоти иљро» ба моддаи 12, ќисми сеюми моддаи 20, ќисмњои якум ва дуюми моддаи 32 ва ќисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши муовини Раис Назаров М., баёноту хулосаи тарафњо, фикру андешаи даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Одинаев Ё.Д. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки 28 январи соли 2009 иљрочиёни Суди ноњияи Њисор ба базаи истењсолии дар моликияти хусусии ў ќарор дошта, ки дар њудуди ноњияи Њисор воќеъ мебошад, њабс гузоштанд. Онњо санади њабси молу мулки ќарздор тартибдодаи худро ба њукми Суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе аз 16 марти соли 2007, ки тибќи он ба зиммаи падари ў - Одинаев Д.Д. барќарор намудани зарари ба КВД Роњи Оњани Тољикистон ба маблаѓи 375735, 89 доллари ИМА расонидааш вогузор карда шудааст ва муќаррароти моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 марти соли 2008 № 373 «Дар бораи истењсолоти иљро» асоснок намуданд, ки тибќи он:

«1. Дар њама њолатњое, ки нигаронидани ситониш ба молу мулки ќарздор ба пурра ќонеъ гардонидани талаботи ситонанда оварда нарасонидааст, ситониш метавонад ба молу мулке, ки ќарздор бо нияти расонидани зарар ба ќарздињандагон бегона кардааст, ба шарте ки шахси сеюм њангоми ба даст овардани чунин молу мулк оид ба нияти ќарздор медонист ва ё бояд медонист ё ин ки молу мулкро ройгон ё ин ки дидаю дониста бо нархи паст (камтар аз нархи бозорї дар њолати бегонакунї) ба даст овардааст, нигаронида шавад…

…5. Ба молу мулке, ки аз љониби ќарздор ба фоидаи њамсар, хешу табор ва ё хешу табори њамсари худ ба расмият дароварда шудааст ва ё бегона карда шудааст, нигаронидани ситониш мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи моддаи мазкур амалї карда мешавад».

Тибќи ваљњњои иљрочиёни суд, падари ў- Одинаев Д. гўё бо маќсади дар оянда рањої ёфтан аз пардохти зарари ба Корхонаи воњиди давлатии Роњи оњан расонидааш, базаи истењсолиро ба писари калониаш Одинаев Х. бегона намуда, охирин бошад онро ба амакаш Донаёров Х. фурўхта бошад. 16 ноябри соли 2007 Донаёров Х. онро дар асоси шартномаи њадя, ки дар идораи нотариалии ноњияи Њисор тањти реестри №6 ШД-186 ба ќайд гирифта шудааст, ба ў њадя кардааст.

Одинаев Ё.Д. чунин мешуморад, ки иљрочиёни суд Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи истењсолоти иљро»-ро нисбат ба кирдорњое, ки падараш Одинаев Д. то ќабули Ќонуни зикршуда содир карда, барои онњо љазои љиноятї гирифтааст, татбиќ кардаанд. Ин амали онњо ба муќаррароти моддаи 101 Ќонун дар бораи истењсолоти иљро, ки тибќи он - ќонуни мазкур пас аз интишори расмї мавриди амал ќарор дода мешавад, мухолифат дорад.

Ба андешаи ў, татбиќи Ќонуни зикршуда нисбат ба њукми ба ќувваи конунї даромадаи Суди ноњияи Шоњмансур ба талаботи ќисми сеюми моддаи 20 Конститутсия, ки тибќи он:

«Ќонуне, ки бад аз содир шудани рафтори ѓайриќонунии шахс ќабул шудааст ва он љазои шахсро вазнин мекунад, ќувваи бозгашт надорад» ва муќаррароти ќисми дуюми моддаи 45 Конститутсия, ки «Ќонунњое, ки андози навро муќаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, ќувваи бозгашт надоранд», низ мувофиќ нест.

Мурољиаткунанда, инчунин ќайд менамояд, ки судњои зикршуда дар рафти баррасии аризаи даъвогии ў талаботи моддаи 34-и Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон, яъне моликияти муштарак будани базаи истењсолї ва барои сохтмону тармими он зиёда аз 5 000 000 (панљ миллион) сомонї харљ кардани аъзои оилаи ўро низ ба эътибор нагирифтанд. Мурољиатњои ў дар хусуси аз њабс озод намудани моликияташ бо њалномаи Суди ноњияи Њисор аз 16 октябри соли 2009 ва ќарори марњилаи кассатсионии Коллегияи судї оид ба парвандањои граждании Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз 9 декабри соли 2009 беќаноат мононда шуданд.

Њамин тариќ, судњо бо далелњои ба тахмину фарз ва гумон асосёфтаи санадњои судї, ки гуё Одинаев Д. базаи истењсолиро бо маќсади рањої ёфтан аз пардохти зарари расонидашуда ба номи шахсони наздикаш гузаронида бошад, њуќуќњои конститутсионии ўро ба моликият даѓалона вайрон намуданд. Ба соњибмулки бовиљдон будани ў нигоњ накарда, ўро барои кирдори падараш, ки ба онњо ягон алоќамандї надорад, љавобгар намуда, моликияташро бе асоси ќонунї аз ихтиёрдориаш бароварданд.

Аз ин рў, ў моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи истењсолоти иљро»-ро, ки иљрочиёни Суди ноњияи Њисор нисбати молу мулки ў татбиќ намудаанд, ѓайриконститутсионї мењисобад.

Бинобар ин, ў аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон хоњиш менамояд, ки:

1. мутобиќати моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи истењсолоти иљро»-ро ба моддаи 12, ќисми сеюми моддаи 20, ќисмњои якум ва дуюми моддаи 32 ва ќисми дуюми моддаи 45 Конститутсия муайян намояд;

2. мутобиќати татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи истењсолоти иљро»-ро, ки баъд аз содир шудани кирдорњои љиноятии Одинаев Д. ва њукми Суди ноњияи Шоњмансур аз 16 марти соли 2007 ќабул шудааст, ба ќисми сеюми моддаи 20 ва ќисми дуюми моддаи 45 Конститутсия, ки суд ба онњо ќувваи бозгашт додааст, муайян намуда, љињати барќарор намудани маблаѓњои аз тарафи аъзои оилаи ў барои базаи истењсолї харољот гардида, дастурњои зарурї дињад;

3. бо назардошти њолатњои зикршуда, њукми суди ноњияи Шоњмансур њамчун санади судие, ки худсарона њолати айбдоршавандаро вазнин кардааст, бе хулосаи дахлдори маќомоти тафтишоти пешакї ва тасдиќи фикри айбдоркунї ќабул шуда, барои ќаноатбахш гардидани даъвои Корхонаи воњиди давлатии Роњи оњан оид ба рўёнидани маблаѓи 375735,89 доллари ИМА асос шудааст, бекор карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости мазкурро њамаљониба омўхта ќайд менамояд, ки таъмини иљрои њатмї ва сариваќтии санадњои судї унсури муњимтарини самаранокї ва бебозгашт будани љазо буда, омили рафънопазири адолати иљтимої ба шумор меравад. Хусусияти ин амал дар он ифода меёбад, ки он танњо аз љониби судњои босалоњият ва дар асоси ќарорњои ќонунї баровардаи онњо раво дониста шуда, инъикоси мавќеъ ва наќши њокимияти судї арзёбї мегардад.

Аз тарафи дигар, њифзи њуќуќњои поймолшудаи инсон ва шањр- вандро бе барќарор кардани онњо, ки тартиб ва шароити ба њолати аввала баргардонидани онњоро судњо дар асоси санадњои меъёрии њуќуќї ба амал мебароранд, тасаввур кардан ѓайриимкон аст.

Вобаста ба ин, моддаи 2 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи истењсолоти иљро» пешбинї менамояд, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи истењсолоти иљро ба Конститутсия асос ёфта, аз Ќонуни зикршуда, дигар санадњои меъёрии њуќуќї ва санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 8 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948 муќаррар намудааст, ки «Њар як инсон дар сурати поймол гардидани њуќуќњои асосии ў, ки бо Конститутсия ё ќонун пешбинї шудаанд, барои барќарорсозии пурраи онњо аз тарафи судњои босалоњияти миллї њаќ дорад».

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон низ њуќукњои конститутсионии инсон ва шањрвандро кафолат дода, љињати таъмини њифз ва барќарорсозии онњо низ бетафовут нест ва чуноне, ки моддаи 21 Конститутсия муќаррар намудааст: «Њуќуќи љабрдидаро ќонун њифз мекунад. Давлат њифзи судї ва љуброни зарарро барои љабрдида кафолат медињад». Яъне њуќуќњои вайроншудаи шахсро бе иљрои санадњои судї барќарор намудан мумкин нест ва љазо низ дар сурати татбиќ нашуданаш ба маќсади нињоиї дар пешаш гузошташуда нарасида, моњияти иљтимоии худро гум мекунад.

Дар Љумњурии Тољикистон љињати иљрои санадњои судї Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи истењсолоти иљро» мавриди амал ќарор дорад, ки тибќи он вазифањои истењсолоти иљро - иљрои њатмї ва сариваќтии маљбурии санадњои судї оид ба бањсњои гражданї ва иќтисодї, њукм ва ќарорњои вобаста ба парвандањои љиноятї дар ќисми даъвои гражданї, ситонидани љарима ва мусодираи молу мулк,.. арзёбї мегардад ва он мувофиќи ќонунгузорие, ки дар ваќти иљро амал мекунад, анљом дода мешавад.

Моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи истењсолоти иљро», ки муайян намудани мутобиќати он ба моддањои дар боло зикршудаи Конститутсия мавриди бањси мурољиаткунанда гардидааст, тартиби нигаронидани ситонишро ба молу мулк, аз љумла нигаронидани ситониш ба молу мулки ба шахси сеюм ё ба фоидаи хешовандони наздик бегона кардаи ќарздорро муќаррар менамояд.

Ин тартиби дар моддаи зикршуда муќаррарнамудаи ќонунгузорро мањдуд бањо додан мумкин нест, зеро чунин амал метавонад боиси нофањмии моњият ва татбиќи нодурусти он гардад. Он бањои њуќуќии маљмўи доданро ба њодисањои бегона кардани молу мулк бо нияти расонидани зарар ба ќарздињандагон, молу мулкро ройгон ё ки дидаю дониста бо нархи пасттар аз нархи бозорї бегона кардан, бегона кардани молу мулк ба фоидаи хешовандони наздикро таќозо дорад.

Санљиши масъала муайян намуд, ки таъсиррасонї ба моликияти шахс дар њолати пешбининамудаи моддаи зикршуда аз як ќатор асосњои мушаххаси муносибатњи њуќуќї, аз љумла аз тарафи шахс содир гаштани кирдори зидди њуќуќї, ки боиси ба субъекти дигари њуќуќ расонидани зарар гардидааст ва аз љониби суди салоњиятнок ва санади судии дар асоси ќонун ќабулшуда дахолат кардан ба моликият вобастагии ногусастанї дорад.

Бинобар ин, иљрои санади судї дар як ваќт-ин ба таври маљбурї мањдуд кардани моликияти шахси воќеї ва њуќуќї мањсуб ёфта, њамзамон он ба таъмини њуќуќи поймолшудаи конститутсионии шахси дигар ба моликият нигаронида шудааст. Муњим он аст, ки таъсиррасонї ба моликият ба дараљаи кирдори содирнамудаи субъекти њуќуќ, ки суд муайян намудааст, бояд баробар ва мувофиќ бошад.

 

Муќаррароти моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи истењсолоти иљро» натиљаи иљрои меъёрњои моддие мебошад, ки тибќи онњо ба амалњои ѓайриќонунии шахсони воќеию њуќуќї аз љониби суд бањои њуќуќї дода шудааст.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионї моддаи зикршударо ба моддаи 12, ќисми сеюми моддаи 20, ќисмњои якум ва дуюми моддаи 32 ва ќисми дуюми моддаи 45 Конститутсия мутобиќ њисоб менамояд.

Нисбати масъалаи дигари дар дархост гузоштаи мурољиаткунанда, яъне оид ба муайян намудани асоснокї ва дурустии татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи истењсолоти иљро» ба муќаррароти ќисми сеюми моддаи 20 ва ќисми дуюми моддаи 45 Конститутсия, ки гўё иљрочиёни суд зимни иљрои санадњои судї онро нисбати кирдор ва санадњои судии то давраи ќабули он содиршуда татбиќ намудаанд, бояд тазаккур дод, ки татбиќи Ќонуни зикршуда ба муќаррароти моддањои номбаршудаи Конститутсия алоќамандии мантиќї надорад.

Дар моддаи 20 Конститутсия сухан дар бораи кирдори ѓайри- ќонунии шахс ва нисбати он татбиќ намудани ќонуни дар ваќти содир шавии он амалкунанда рафта, моддаи 45 Конститутсия бошад масъалањои андоз ва ќувваи бозгашт надоштани ќонунеро, ки андози навро муќаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, мавриди танзим ќарор медињад. Кирдори љиноятии Одинев Д. ва аз љониби ў ба дигар субъекти њуќуќ расонидани зарари моддиро ќонунњои моддї муайян ва банду баст карда, љазо ва аз љониби ў барќарор гаштани зарари расонидашударо суд тавассути ќарори худ муайян менамояд. Аз тарафи дигар, Одинаев Д. на андоз, ки он тибќи ќонунгузорї ба буљети давлатї дода мешавад, балки зарари расонидаи худро ба фоидаи даъвогари гражданї барќарор менамояд. Вазифаи Ќонун дар бораи истењсолоти иљро - ин на бањо додан ба дараљаи њуќуќвайронкунии шахс, балки муайян намудани тартиби иљрои санади ќабулнамудаи судї мебошад.

Бинобар ин, Суди конститутсионї чунин мешуморад, ки масъалаи гузошташуда мавзўи муќоиса ва муайян намудани номутобиќатї ба моддаи 20 ва 45 Конститутсия буда наметавонад.

Њамин тариќ, моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истењсолоти иљро» ба моддаи 12, ќисми сеюми моддаи 20, ќисмњои якум ва дуюми моддаи 32 ва ќисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» мутобиќ мебошад.

Њамзамон, ваљњои дигари Одинаев Ё.Д. дар хусуси аз љониби иљрочиёни суд ба эътибор нагирифтани талаботи моддаи 34-и Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон, яъне моликияти муштарак будани базаи истењсолї ва дигар њуќуќвайронкунињои нисбати ў љойдошта, тибќи муќаррароти моддаи 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» тавассути пешнињод ба маълумот ва баррасии маќомоти дахлдори давлатї ирсол карда мешаванд.

Дар асоси гуфтањои боло, мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14, 36, 37, 46,47, 48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќарор кард:

1. Моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истењсолоти иљро» ба моддаи 12, ќисми сеюми моддаи 20, ќисмњои якум ва дуюми моддаи 32 ва ќисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» мутобиќ мебошад.

2. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз ваќти ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

3. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.



Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов


Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумурии Тољикистон К. Каримов


Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

 

Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Таъиноти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 2 июли соли 2009 «Дар бораи таъсиси Шўрои илмї-машваратї дар назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе «27» январи соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя - котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї - Ботирова Г.,

Бинобар таѓйир ёфтани њайати Шўрои илмї-машваратї дар назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки бо маќсади тањия ва омода намудани тавсияњои илман асосноки масъалањои њуќуќ мутобиќи моддаи 47 ва 57 Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон» таъсис дода шудааст:

таъин кард:

1. Ба Таъиноти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 2 июли соли 2009 «Дар бораи таъсиси Шўрои илмї-машваратї дар назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» таѓйирот ворид карда шуда, Шўрои илмї-машваратї дар назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати нав иборат аз шахсони зерин таъсис дода шавад:

Сотиволдиев Р.Ш. - мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи Донишгоњи миллии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор (раиси Шўрои илмї-машваратї).

Аъзои Шўрои илмї-машваратї:

Тоњиров Ф.Т. - Академики Академияи илмњои Љумњурии Тољи­кис­тон, доктори илмњои њуќуќ, профессор;

Насурдинов Э.С. – декани факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќ, дотсент;

Менглиев Ш.М. - мудири кафедраи њуќуќи байналхалќии До­ниш­гоњи миллии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор;

Шарипов Т.Ш. - мудири кафедраи њуќуќи љиноятии Донишгоњи миллии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ;

Искандаров З.Њ. - мудири кафедраи њуќуќи судї ва назорати про­курории Донишгоњи миллии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќ, дотсент;

Шонасурдинов Н. - мудири кафедраи њуќуќи соњибкорї ва ти­љорати Донишгоњи миллии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќ, дот­сент;

Солењов К.Њ. - муовини сардори Академияи ВКД Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќ;

Таѓойназаров Ш.Т. - доктори илмњои њуќуќ, профессори кафед­раи њуќуќи граждании факултети њуќуќшиностии Донишгоњи миллии Тољикистон;

Ойев Х. - номзади илмњои њуќуќ, дотсенти кафедраи њуќуќи консти­тутсионии факултети њуќуќшиностии Донишгоњи миллии Тољикистон;

Элназаров Д. - мудири кафедраи фанњои давлатї - њуќуќии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи славянии Тољикистон - Россия, ном­зади илмњои њуќуќ;

Мустафоќулов Ш.М.- судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;

Муќбилшоев Б. - судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;

Сафарова Н.Д. - судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;

Хољаев И. - судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;

Эмомов Н.Э. - судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда.

2. Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њайати Шўрои илмї-машваратї дар назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро бо санадњои меъёрии њуќуќии дахлдор ва дигар маводњои зарурї таъмин намояд.





Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов



Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумурии Тољикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Дар хусуси рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Раиси ташкилоти љамъиятии Иттифоќи автомобилчиёни Љумњурии Тољикистон Ќурбонов Х.М. «Оид ба муайян намудани мувофиќати меъёрњои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Иттињодяњои љамъиятї» ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Агентии назоратї давлатии молиявї ва мубориза бо корупсияи Љумњурии Тољикистон» дар ќисмати дахолат намудан ба фаъолияти ташкилотњои љамъиятї ба моддањои дахлдори Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 27 январи соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судяњо: Абдуллоев А.А., Каримов К.М., Гулзорова М.М. ва Абдуллоев Л.И.

бо иштироки котиби маљлиси судї - Ботирова Г.,

дар маљлиси судї гузориши судяњо Гулзорова М.М. ва М. Наза- ровро дар хусуси дархости Раиси ташкилоти љамъиятии Иттифоќи автомобилчиёни Љумњурии Тољикистон Ќурбонов Х.М. «Оид ба муайян намудани мувофиќати меъёрњои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Иттињодяњои љамъиятї» ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Агентии назоратї давлатии молиявї ва мубориза бо корупсияи Љумњурии Тољикистон» дар ќисмати дахолат намудан ба фаъолияти ташкилотњои љамъиятї ба моддањои дахлдори Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

муайян кард:

Раиси ташкилоти љамъиятии Иттифоќи автомобилчиёни Љум­њурии Тољикистон Ќурбонов Х.М. бо дархост ба Суди консти­тутсионї мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки Иттифоќи автомобилчиёни Љумњурии Тољикистон меросбари љамъияти ихтиёрии дўстдорони автомобил «Ронанда» буда, он бо ќарори КМ ПК Тољикистон ва Совети Вазирони РСС Тољикистон аз 10-майи соли 1973 тањти раќами 142 ва Анљумани нахустини ташкилот аз 29-сентябри соли 1973 таъсис дода шудааст.

Иттифоќ 30-юми декабри соли 2007 тањти раќами 659 «А» њамчун иттињодяи љамъиятї дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон аз нав ба ќайд гирифта шуда, дар тамоми ќаламрави љумњурї фаъ­олият дорад.

Тибќи талаботи оинномааш маќсади асосии ташкилот аз њимояи њуќуќ ва манфиатњои аъзои ташкилот дар маќомоти давлатї, расо- нидани кўмаки њуќуќї ва машваратї ба онњо, мусоидат ба бозрасии давлатии автомобилї ва дигар маќомоти марбута дар самти кор оид ба бехатарии њаракат ва пешгирии њодисањои роњу наќлиёт иборат мебошад.

Мавсуф ќайд менамояд, ки мувофиќи моддаи 15 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї» «Дахолати маќомоти њокимияти давлатї ва шахсони мансабдори онњо ба фаъолияти иттињодияњои љамъиятї, њамчунон дахолати иттињодияњои љамъиятї ба фаъолияти маќомоти давлатї ва шахсони мансабдори онњо манъ аст…».

Мувофиќи моддаи 34 Ќонуни номбурда бошад «назорати риояи даќиќ ва иљрои якхелаи ќонунњоро аз тарафи иттињодияњои љамъиятї Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва прокурорњои ба он тобеъ амалї менамоянд…» ва «маќомоти андоз ба сарчашмањои даромади иттињодияњои љамъиятї, андозаи маблаѓњои ба дастовардаи онњо ва пардохти андозњоро мувофиќи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон назорат мекунад».

Вале банди 3 моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Агентии назоратї давлатии молиявї ва мубориза бо корупсияи Љумњурии Тољикистон» пешбинї намудааст, ки яке аз вазифањо ва самтњои асосии фаъолияти агентї ин «амалї намудани мубориза бо коррупсия дар тамоми маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва худидоракунии мањаллї, ташкилотњои љамъиятї, њизбњои сиёсї, бонкњо, корхонањо, муассисањо ва дигар ташкилотњо сарфи назар аз шакли ташкилию њуќуќї…» мебошад.

Мурољиаткунанда, инчунин нишон медињад, ки ваќтњои охир фаъ­олияти молиявию хољагидории онњо аз љониби сохторњои Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар мањалњо њадафи санљиш ќарор дода мешавад. Ин дар њолест, ки ташкилоти онњо аз њисоби давлат маблаѓгузорї намешавад, аммо тамоми намуди андозњое, ки давлат муќаррар кардааст, пардохт менамояд.

Бар замми ин, аз њисоби маблаѓњои ташкилот дар ноњияњои гуногуни љумњурї, аз љумла дар мактаби президентї барои хонандагони болаёќати ноњияи Бохтари вилояти Хатлон ба арзиши 35000 сомонї майдончањои омўзиши ќоидањои њаракат дар роњро сохта, ба истифода дода шудаанд.

Мурољиаткунанда барои таќвияти адешањои худ моддањои 5, 8, 12, 28 ва 31-и Конститутсия, ки ба арзиши олї будани инсон, њуќуќ ва озодињои он, дахлнопазир будани њаёт, ќадр, номус ва дигар њуќуќњои фитрии инсон, эътироф, риоя ва њифз шудани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд аз тарафи давлат, дар асоси равияњои гуногуни сиёсї ва мафкуравї инкишоф ёфтани њаёти љамъиятї дар Тољикистон, асоси иќтисодиёти Тољикистонро ташкил додани шаклњои гуногуни моликият ва њуќуќи муттањид шудани шањрвандон бахшида шудаанд, далел оварда, аз Суди конститутсионї хоњиш кардааст, ки мувофиќати меъёрњои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї» ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Агентии назоратї давлатии молиявї ва мубориза бо корупсияи Љумњурии Тољикистон»-ро дар ќисмати дахолат намудан ба фаъолияти ташкилотњои љамъиятї ба моддањои дахлдори Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистонро муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости зикршу- даро мавриди санљиш ќарор дода, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати он бо асосњои зерин рад менамояд:

Иттифоќи автомобилчиён тибќи банди 7 моддаи 37 Ќонуни кон- ститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» гарчанде ки субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї мањсуб ёбад њам, аммо дархости пешнињоднамудаи он предмети баррасии Суди конститутисонї нест ва ба салоњияти он дохил намешавад. Зеро Суди конститутсионї на мутобиќати миёни ду ќонун ё миёни дигар санадњои меъёрии њукуќї, балки мутобиќати меъёри мушаххаси ќонун ва дигар санадњои меёърии њуќуќиро ба меъёрњои дахлдори Конститутсия муайян менамояд.

Аммо дар дархости пешнињодшуда сухан дар бораи бо њам ихтилоф доштани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи итти- њодияњои љамъиятї» ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Агентии назоратї давлатии молиявї ва мубориза бо корупсияи Љумњурии Тољикистон» меравад, ки баррасии ин ва ба ин монанд масъалањо ба салоњияте маќомоте, ки ќонунро ќабул ва љонибдорї кардааст, дохил мешавад.

Дархост, њамчунин аз љињати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40-ум Ќонуни конститутсионї мувофиќ нест, зеро аз тарафи мурољиаткунанда номутобиќатии мушаххаси меъёрњои ќонунњои зикршуда ба меъёрњои Конститутсия нишон дода нашудаанд.

Њамин тариќ, дар дархост номуайяние дар масъалаи номуто-биќатии меъёрњои мушаххаси ду ќонуни овардашуда ба Конститутсия, ки барои оѓоз намудани мурофиа судии конститутсионї асос гардад, муайян карда нашуд.

Бинобар ин, бо назардошти талаботи моддањои 14, 37, 41-42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионї

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Раиси ташкилоти љамъиятии Иттифоќи автомобилчиёни Љумњурии Тољикистон Ќурбонов Х.М. «Оид ба муайян намудани мувофиќати меъёрњои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Иттињодяњои љамъиятї» ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Агентии назоратї давлатии молиявї ва мубориза бо корупсияи Љумњурии Тољикистон» дар ќисмати дахолат намудан ба фаъолияти ташкилотњои љамъиятї ба моддањои дахлдори Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар талаби дар дархост зикрёфта тобеи Суди конститутсионї набуданаш рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят оварда намешавад.



Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов



Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумурии Тољикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тољикистон П.Ибодова «Дар бораи муайян намудани мутобиќати зербанди (в) банди 6-и Таѓйиру иловањои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби њисоб ва пардохт намудани аксизњо», ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф тасдиќ шудааст, ба ќисми 2 моддаи 12, ќисмњои 1 ва 2 моддаи 14, ќисми 1 моддаи 19, ќисми 1 моддаи 42 ва мушаххас ба ќисмњои 1 ва 2 моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 30 январи соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда- Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ботирова Г.,

дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судяњо Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тољикистон П.Ибодова «Дар бораи муайян намудани мутобиќати зербанди (в) банди 6-и Таѓйиру иловањои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби њисоб ва пардохт намудани аксизњо», ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф тасдиќ шудааст, ба ќисми 2 моддаи 12, ќисмњои 1 ва 2 моддаи 14, ќисми 1 моддаи 19, ќисми 1 моддаи 42 ва мушаххас ба ќисмњои 1 ва 2 моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар То­љи­кистон П. Ибодова бо дархост ба Суди конститутсионї мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф ба Дастурамал «Дар бораи тартиби њисоб ва пардохт намудани аксизњо», ки Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 14 декабри соли 2006 тањти №10-4-2/2068 тасдиќ шуда буд, таѓйироту иловањо дохил карда шуданд.

Тибќи ин таѓйироту иловањо ба банди 6 Дастурамал «Дар бораи тартиби њисоб ва пардохт намудани аксизњо» зербанди «в» бо мазмуни зайл илова карда шуд:

«в) хизматрасониии алоќаи мобилї. Супорандагони андози аксиз аз хизматрасонии алоќаи мобилї, аз љумла ширкатњое эътироф карда мешаванд, ки хизматрасонињои зеринро ба сомон мерасонанд:

- хизматрасонии алоќаи мобилї;

- хизматрасонии пайвандкунии байнишабакавї;

- хизматрасонии интернетї ва IP-телефония».

- сархатњои нав ба мазмуни зерин илова карда шавад:

«Эзоњ. Алоќаи мобилї љузъи таркибии алоќаи барќї мебошад, ки дастрасии суръатноки хизматрасонињои алоќавиро тавассути шабакањои алоќаи барќї таъмин менамояд. Хусусияти асосии алоќаи мобилї аз он иборат мебошад, ки имконияти васеи ќабули баромадњоро бо истифода аз шабакањо дорад.

Шабакаи алоќаи барќї системањои интиќол ва таљњизоти коммутатсионї ё самти интиќол ва дигар манбаъњое, ки ба воситаи симњо, радио, воситањои оптикї ё дигари электронї, аз љумла шабакоти радифї, шабакањои ќайдшуда (коммутатсияи хати алоќа ва оптикї. Њамзамон Интерет ва IP-телефонї) ва сайёри заминї, њамчунин шабакањои кабелї, ки новобаста аз намуди иттилооти интиќолшаванда ишоратњоро тањвил медињанд ба истиснои шаба­ка­њои барои радиошунавонї ва телевизион истифодашаванда».

Бо ин таѓйироту иловањо, Кумитаи андоз ширкатњоеро, ки ба «хизматрасонии интернетї ва IP-телефония» машѓуланд, њамчун супорандагони андози аксиз аз хизматрасонињои алоќаи мобилї эътироф намуд.

Ба андешаи мурољиаткунанда, Кумитаи андоз ваколат ва њуќуќи муайян намудани андози нав, аз љумла андози аксизро надорад, зеро тибќи Конститутсия ва Кодекси андози Љумњурии Тољикистон додани андозу пардохтро ќонун муайян мекунад.

Чунончи тибќи талаботи моддаи 5 Кодекси андоз «андоз пардохти муќаррарнамудаи њамин Кодекс ба буљети давлатї ба њисоб меравад…».

Моддаи 6 Кодекси андоз бошад, дар ќисми 2 банди 4 «аксизњо»-ро ба номгўи андозњои умумидавлатї дохил кардааст.

Мурољиаткунанда, инчунин ќайд менамояд, ки дар банди 4 ќисми 3 моддаи 240 Кодекси андоз ба сифати супорандагони аксизњо танњо «онњое, ки хизматрасонии мобилиро амалї менамоянд», пешбинї шудаанд. Дар ин модда ширкатњоеро, ки ба «хизматрасонии интернетї ва IP-телефония» машѓуланд, номбар карда нашудаанд.

Бинобар ин, Кумитаи андоз ваколати эътироф намудани хизматрасонии Интернетї чун хизматрасонии алоќаи мобилї, васеъ кардани номгўй, миќдор ва категорияњои андозсупорандагонро, ки мазмуни муќаррар намудани меъёрњои навро доранд ва бояд тавассути ќонун муќаррар карда шаванд, надорад. Њамчунин ин амали ў ба талаботи ќисми 2 моддаи 4 Кодекс андоз, ки тибќи он:

«Њељ касро дастур додан мумкин нест, ки андозњои дар њамин Кодекс пешбининашударо пардозад» тавъам нест.

Бо ин назардошт, номбурда ба Суди конститутсионї мурољиат намуда, хоњиш дорад, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, мутобиќати зербанди (в) банди 6-и Таѓйиру иловањои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби њисоб ва пардохт намудани аксизњо», ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф тасдиќ шудааст, ба ќисми 2 моддаи 12, ќисмњои 1 ва 2 моддаи 14, ќисми 1 моддаи 19, ќисми 1 моддаи 42 ва мушаххас ба ќисмњои 1 ва 2 моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости зикршударо дида баромада, ќайд менамояд, ки тибќи банди 7 ќисми якуми моддаи 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» шахсони њуќуќї оид ба вайронкунии њуќуќу манфиатњои конститутсиониашон нисбати ќонун ва санади њуќуќии дар муносибати мушаххаси њуќуќї татбиќшуда, инчунин ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ будани ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии Пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар парвандаи мушаххаси аз тарафи суд нисбаташон татбиќшуда, метавонанд ба Суди конститутсионї мурољиат намоянд.

Бо ин назардошт, Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тољикистон субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї буда наметавонад, зеро тибќи талаботи банди зикршудаи Ќонуни конститутсионї субъекти мурољиат шахси њуќуќие шуда метавонад, ки бевосита дар муносибатњои њуќуќї бо Кумитаи андоз ќарор дош­та, санади мавриди бањс ќарор додашуда тавассути ќарор (фармон, амр, њалнома) нисбаташ татбиќ карда шуда бошад. Он (субъект) тибќи талаботи зербанди (в) банди 6-и Таѓйиру иловањои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби њисоб ва пардохт намудани аксизњо» андози аксизиро барои «хизматрасонии интернетї ва IP-телефония» пардохт карда бошад.

Мурољиат, њамчунин аз љињати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мутобиќ нест.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тољикистон П. Ибодова «Дар бораи муайян намудани мутобиќати зербанди (в) банди 6-и Таѓйиру иловањои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби њисоб ва пардохт намудани аксизњо», ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф тасдиќ шудааст, ба ќисми 2 моддаи 12, ќисмњои 1 ва 2 моддаи 14, ќисми 1 моддаи 19, ќисми 1 моддаи 42 ва мушаххас ба ќисмњои 1 ва 2 моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар аз тарафи шахси (субъекти) беэътимод пешнињод шудани дархост рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.




Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов



Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумурии Тољикистон К. Каримов


Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Нуров Мансур Шералиевич ва намояндаи ваколатдори ў - адвокат Одинаев Бедилхон «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 3 моддаи 10 ва ќисми 2 моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи авф» ба моддањои 14, 17 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 5 марти соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раи­сикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис М. Назаров, судя-котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї - Ботирова Г.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши муовини Раис Назаров М. ва судя Гулзорова М.М.-ро оид ба дархости шањрванд Нуров Мансур Шералиевич ва намояндаи ваколатдори ў - адвокат Одинаев Бедилхон «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 3 моддаи 10 ва ќисми 2 моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи авф» ба моддањои 14, 17 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Нуров М.Ш., ки бо моддањои 185 ќисми 1 ва 306-и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон ба мўњлати 13 солу 6 моњ аз озодї мањрум гардида, дар муассисаи ислоњии №3/1 шањри Душанбе љазоро адо карда истодааст, ба воситаи адвокати ваколатдор Одинаев Б. ба Суди конститутсионї бо дархост мурољиат намуда, дар он нисбати Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 2 августи соли 2011 № 764 «Дар бораи авф» изњори норизогї баён намудааст.

Ў ќайд менамояд, ки ќисмњои 1 ва 2 моддаи 10 Ќонуни номбурда, ки тибќи онњо:

«- парвандањои љиноятї нисбати шахсоне, ки дар исёнњои мусал­лањонаи моњњои июн - ноябри соли 1997 дар вилояти Хатлон, шањри Душанбе, ноњияњои Рўдакї, Њисор, Шањринав, Варзоб ва шањри Турсунзода, инчунин дар њуљуми мусаллањонаи моњи ноябри соли 1998 дар вилояти Суѓд иштирок намудаанд ва айни замон пешбурди ин парвандањо нисбати онњо дар асоси бандњои 1 ва 3 ќисми 1 моддаи 195 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон (тањрири соли 1961) ва сархатњои якум, дуюм ва чоруми ќисми 1 моддаи 230 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон (тањрири соли 2009) боздошта шудаанд, ба истиснои ташкилкунандагон ва роњбарони ин исёнњо ва њуљуми мусаллањона, ќатъ карда шаванд;

- парвандањои љиноятї нисбати шахсони дар ќисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки тањти тањќиќ, тафтиши пешакї ва баррасии судї ќарор доранд ё аз љониби судњо баррасї нагардидаанд, ќатъ карда шаванд;», ба ќисми 3-и моддаи 10 Ќонуни мазкур, ки тибќи он:.

«-шахсони дар ќисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки онњо ба љазои мањрум сохтан аз озодї ва љазоњои дигари ба мањрум сохтан аз озодї алоќаманд набуда мањкум карда шудаанд, агар аз ду як њиссаи љазоро адо карда бошанд, озод карда шаванд», мантиќан мутобиќ нестанд.

Яъне аз ќисми 3-и моддаи 10 Ќонун «Дар бораи авф» бармеояд, ки шахсоне, ки ба љазои мањрум сохтан аз озодї ва ё љазоњои дигари ба мањрум сохтан аз озодї алоќаманд набуда мањкум карда шудаанд ва онњо дар муассисањои ислоњотї дар њолати адои љазо ќарор доранд, нисбат ба шахсоне, ки ба муќобили онњо парвандањои љиноятї кушода шуда, онњо дар кофтукоб мебошанд, хавфноктар ба њисоб мераванд.

Беадолатии ќисми 3 моддаи 10 Ќонун «Дар бораи авф» боз дар он ифода меёбад, ки шахсони пешбининамудаи њар се ќисмњои моддаи 10 Ќонун агарчї як намуди љиноятро содир карда бошанд њам, лекин шахсони дар ќисмњои 1 ва 2 пурра аз љазо озод карда шуда, шахсони дар ќисми 3 моддаи 10 Ќонун пешбинигардида ќисман, яъне баъди адои аз ду як њисаи љазо озод карда мешаванд.

Њамчунин, тибќи моддаи 7, ќисмњои 1, 2 моддаи 10 ва ќисми 2 моддаи 14-и Ќонуни мазкур, шахсоне, ки парвандањои онњо аз тарафи маќомоти тањќиќ, тафтиш ва суд ќатъ карда шудаанд, доѓи судї нагирифта, доѓи судии шахсоне, ки нисбати онњо авф ќисман татбиќ, мегардад, бардошта намешавад.

Ба андешаи мурољиаткунанда беадолатии дар ќисми 3 моддаи 10 ва ќисми 2 моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи авф» нисбати як љиноят ва шахсони онро содирнамуда рухдода ба муќаррароти моддањои 14, 17, 19 ва 20 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи онњо њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро Конститутсия, ќонунњои љумњурї ва санадњои њуќуќии байналмилалии аз тарафи Тољикистон эътирофшуда њифз менамоянд, њама дар назди ќонун ва суд баробар буда, њар кас кафолати њифзи судї дорад ва њељ кас то эътибори ќонунї пайдо кардани њукми суд гунањгор дониста намешавад, мухолиф мебошанд.

Бинобар ин, номбурда ба Суди конститутсионї мурољиат намуда, хоњиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, мутобиќати ќисми 3 моддаи 10 ва ќисми 2 моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи авф» ба моддањои 14, 17 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионї дархости зикршударо њамаљониба мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки дар Конститутсия дар баробари дигар њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд њуќуќ ба авф пешбинї нашудааст, ки мўњтавои он дар ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї мавриди танзим ќарор гирифта, предмети муќоиса бо меъёри дахлдори Конститутсия шуда тавонад.

Авф кардан ва ба Маљлиси намояндагон Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон пешнињод намудани лоињаи Ќонун дар бораи авф - ин њуќуќи истиноии Президенти Љумњури Тољикистон мебошад ва чунин амал яке аз шаклњои бахшидани гуноњи љинояткорон ва ифодаи муносибати инсондўстонаи давлат ба шахсони љиноят содирнамуда арзёбї мегардад.

Авф нисбати доираи мушаххас номуайяни шахсон татбиќ карда мешавад, ки номгўи љиноятњо ва шахсони ба авф меафтидаро давлат бо назардошти як ќатор омилњои сиёсию иљтимої, њуќуќї ва вазъи љинояту љинояткорї ва ѓ. ба амал мебарорад.

Ба авф наафтидани баъзе аз љиноятњо ва категорияњои љиноятко- рон, барои баъзе аз љиноятњои якхела авф гаштани танњо ноболиѓон ё занон ё муйсафедон ва авф нагаштани дигар категорияњои љинояткорон - ин мазмуни вайрон намудани баробарњуќуќии њамаро дар назди ќонун ва суд надорад.

Њамчунин тартиб ва мўњлатњои адои љазои љиноятї, ки барои авфи љинояткорон асос мегардад, аз тарафи маќомоти олии њокимияти давлатї муайян карда шуда, онњо мавзўи шикоят ё норозигии ягон субъекти њуќуќ шуда наметавонанд.

Аз ин рў, номутобиќатии мантиќии ба андешаи мурољиаткунанда дар Ќонуни зикршудаи авф мављудбуда, мавзўи баррасии Суди конститутсионї мањсуб намеёбад ва Суди конститутсионї оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости зикршуда рад менамояд.

Њамзамон таъиноти мазкур барои маълумот ба Маљлиси намо- яндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ирсол карда мешавад.

Бо назардошти моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14, 34, 40, 41 ва 42 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионї

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Нуров М. Ш. ва намояндаи ваколатдори ў - адвокат Одинаев Бедилхон «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 3 моддаи 10 ва ќисми 2 моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи авф» ба моддањои 14, 17 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар тобеи Суди конститутсионї набудани талаби дар дархост пешнињодшуда рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят оварда намешавад.

 


Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов


Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумурии Тољикистон К. Каримов

 

 

 

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрвандон Солењов Б.Б. ва Адырхаев В.В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми дуюми моддаи 16 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилотњои динї» ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 29 марти соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раи­сикунанда - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ботирова Г.,

дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судяњо К. Каримов ва М. Гулзороваро оид ба дархости шањрвандон Солењов Б.Б. ва Адырхаев В. В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми дуюми моддаи 16 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилотњои динї» ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шањрвандон Солењов Б.Б. ва Адырхаев В.В. ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо дархост мурољиат намуда, дар он ќайд менамоянд, ки Оинномаи ташкилоти динии онњо бо номи «Шоњидони Яњво» 15 январи соли 1997 дар собиќ Кумита оид ба корњои дини назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шуда, ташкилот фаъолияти худро тибќи Оиннома ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии амалкунандаи Љумњурии Тољикистон пеш мебурд.

11 октябри соли 2007 бошад, фаъолияти он дар асоси амри Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон дар бораи ќатъ кардани фаъолияти ташкилоти динии «Шоњидони Яњво» аз тарафи маљлиси њайати мушовараи Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ќатъ карда шуд.

Суди њарбии гарнизони шањри Душанбе ва баъдан Коллегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон шикоятњои ташкилотро аз болои амалњои дахлдори маќомоти њокимияти давлатї, аз љумла ќарори маљлиси њайати мушовараи Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз 11 октябри соли 2007 №11/3 дида баромада, онњоро бо ќарорњои худ аз 29 сентябри соли 2008 ва аз 12 феврали соли 2009 бе ќаноат мононданд.

Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон бо дастрасии ќисми дуюми моддаи 16 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 8 декабри соли 1990 №4 «Дар бораи дин ва ташкилотњои динї», ки аз 11 октябри соли 2007 онро ба асос гирифта, фаъолияти ташкилотро манъ карда буд, 18 январи соли 2010 №4-01/104 бо ќарори худ дархости нав­батии ташкилотро низ дар бораи аз нав баќайдгирии он рад намудааст.

Шикоятњои ташкилот оид ба ѓайриќонунї будани ќарори мазкур аз љониби Суди иќтисодии шањри Душанбе, марњилањои кассатсионї ва назоратии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон беќаноат мононда шуда, рад карда шудаанд.

Ба андешаи мурољиаткунандагон ќарорњои зикршудаи маљлиси њайати мушовараи Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон, ки дар асоси ќисми 2 моддаи 16 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилоти динї» ќабул шудааст, њуќуќњои конститутсионии онњоро ба доштани мафкураи дахлдори динї, эътиќоди динї ва таъсиси иттињодияњои динї поймол намудаанд.

Ин амалњои маљлиси њайати мушовараи Вазорати фарњанги Љум- њурии Тољикистон ба талаботи санадњои њуќуќии байналмилалї ва ќисми 3 моддаи 62 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, ки тибќи онњо барњам додани шахсони њуќуќї бо ќарорњои судњои босалоњият ба амал бароварда мешавад, мутобиќ нест.

Аз ин рў, онњо ќисми 2 моддаи 16 Ќонуни зикршударо, ки тибќи он «ќарори ќатъ гардидани фаъолияти ташкилотњои динї аз тарафи маќоме, ки оинномаи (низомномаи) онњоро ба ќайд гирифтааст, ќабул карда мешавад. Доир ба ин ќарор бо тартибе, ки дар Кодекси протсессуалии шањрвандии Љумњурии Тољикистон пешбинї гардидааст, ба додгоњ шикоят кардан мумкин аст», ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолиф мешуморанд.

Бинобар ин, мурољиаткунандагон аз Суди конститутсионї талаб доранд, ки дар асоси дархости онњо мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, мутобиќати Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилоти динї»-ро новобаста аз эътибор соќит дониста шуданаш ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости пешнињод- шударо мавриди баррасї ќарор дода, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи он бо асосњои зерин рад менамояд:

- предмети баррасии Суди конститутсионї муайян намудани мутобиќати ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии амалкунандаи Љумњурии Тољикистон ба Конститутсия мебошад;

- ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ки тибќи муќаррароти санадњои ќонунгузорї бекор ё аз эътибор соќит дониста шудаанд, ба баррасии Суди конститутсионї ниёз надоранд;

- ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии бекор ё аз эътибор соќитдонисташудаи Љумњурии Тољикистон метавонанд предмети баррасии Суди конститутсионї бошанд, агар мурофиаи судии конститутсионї нисбати онњо дар давраи мавриди амал ќарор доштанашон оѓоз шуда, санадњои зикркардашуда боиси вайронкунии њуќуќу озодињои конститутсионии шањрвандон гардида бошанд;

- дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 26 марти соли 2009 № 489 «Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї», ки бо ќабули он Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилоти динї» аз эътибор соќит дониста шудааст, масъалаи мавриди бањс ќарордодаи мурољиаткунандагон пурра мавриди танзим ќарор дода шудааст.

Чунончи тибќи ќисми 1 моддаи 32 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї»:

«Иттињодияи динї тибќи оинномаи (низомномаи) худ ва ё бо ќарори суд барњам дода мешавад.»

Бинобар ин, барои оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї аз рўи дархости шањрвандон Солењов Б.Б. ва Адырхаев В. В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми дуюми моддаи 16 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилотњои динї» ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» асос мављуд нест.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрвандон Солењов Б.Б. ва Адырхаев В. В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми дуюми моддаи 16 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилотњои динї» ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар бекор шудани санаде, ки конститутсионї буданаш мавриди бањс ќарор гирифтааст, рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

 

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов


Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумурии Тољикистон К. Каримов

 

НАВИДЊОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

10 январи соли 2012 дар маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлиси љамбастї оид ба фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар соли 2011 доир гардид.

Дар оѓози маљлис Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мўњтарам Мањмудов М.А. бо сухани ифтитоњї баромад намуда, изњор дошт, ки соли 2011 њамчун соли таърихї - соли љашни 20-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон як соли пешрафт ва дастовардњои назарраси сиёсиву иќтисодї ва иљтимоиву фарњангї барои кишвари мањбубамон мањсуб ёфта, дар сањифањои таърихии миллатамон њамчун соли бобарор сабт мегардад.

Дар ин соли таърихї ба мардуми мењнатдўсту шарафманди диёрамон муяссар гардид, ки бо дастгириву пуштибонии Љаноби Олї, Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон ба натиљањои назаррас дар соњањои гуногуни њаёти сиёсиву иќтисодии кишварамон ноил гардида, бо як рўњияи баланд ба сўи њадафњои бузурги созандагї бо назари нек ќадамњои устувор гузоранд.

Соли сипаришуда барои Суди конститусионии Љумњурии Тољикистон низ як соли пешрафт ва пурмањсул арзёбї гардида, ба ин маќомоти назорати конститутсионї муяссар гардид, ки ба натиљањои баланди касбї ноил шуда, наќши он дар дохил ва хориљи кишвар дар самти таъмини волоияти меъёрњои Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд баланд гардад.

Инчунин дар рафти маљлис оид ба фаъолияти Суди конститутсионї дар соли 2011 муовини Раиси Суди конститутсионї - Назаров М. ва дар хусуси фаъолияти Дастгоњи Суди конститутсионї роњбари Дастгоњ - Њошимов Д.Д. баромад намуданд.

Аз љумла ќайд карда шуд, ки Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи Љумњурии Тољикис­тон, Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Дастури Суди конститутсионї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистонро ба роњбарї гирифта, њамчун маќомоти мустаќили њокимияти судї дар низоми судии кишвар фаъолият менамояд.

Дар ин муддат дар Суди конститутсионї, 111 санадњои меъёрии њуќуќї ворид гардида, бобати ошкор намудани номувофиќатии онњо ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз тањлили њуќуќї гузаронида шуда, амалияи Суди конститутсионї мавриди омўзиш ва тањлил ќарор дода шуд. Инчунин, нигоњдорї-батанзимдарории ќонунгузории амалкунанда таъмин карда шуда, муносибатњои мутаќобилан судманд бо судњо ва маќомоти назорати конститутсионии давлатњои хориљи кишвар ва ташкилотњои байналмилалї густариш ёфт.

13 январи 2012 вохўрии муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Назаров М.Н. ва роњбари Дастгоњи Суди конститутсионї Њошимов Д.Д. бо њайати шахсии Хадамоти давлатии «Муњофиза»-и Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва њифзи њуќуќу озодињон инсон ва шањрванд» доир гардид.

Дар рафти вохўрї муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Назаров М.Н. оид ба мазмун ва мўњтавои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон баромад намуда, иброз дошт, ки дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки 6 ноябри соли 1994 ба тариќи раъйпурсии умумихалќї, яъне бевосита аз тарафи худи мардуми Тољикистон ќабул карда шудааст, инсон, њуќуќ ва озодињои он арзиши олї эътироф гардидааст, ки ин падида ба арзишњои умумибашарї ва санадњои байналмилалї, хусусан Эломияи умумии њуќуќи башар такя мекунад.

Дар баробари мафњуми арзиши олї будани инсон ва њуќуќу озодињои ў, дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мафњумњои дигар низ ба монанди таљзияи њокимияти давлатї, бисёрњизбї, озодии эътиќод, сухан, гуногуншаклии моликият, бо эътирофи моликияти хусусї, моликияти истисноии давлат, дахлнопазирии манзили шахс, оила сабт гардидааст. Вале яке аз дастовардњои муњим ин арзиши олї эътироф шудани инсон ва њуќуќу озодињои ў мебошад.

Сипас дар фарљоми маљлис аз љониби њозирин ба намояндагони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон саволњо, аз љумла оид ба фаъолияти Суди конститутсионї дода шуд, ки ба онњо љавобњои мушаххас гардонида шуд.

Аз 1 то 3 феврали соли 2012 дар доираи њамкорињои байналмилалї ва љињати гузаронидани семинари омўзишї бо маќсади баланд бардоштани малакаи касбї ва савияи дониши назариявию амалии кормандони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Фаъолияти судњои конститутсионии Олмон: ќонунгузорї ва амалия», ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Франчсека Верт - судяи Суди замини молиявї, корманди илмии Суди конститутсионии федеролии Олмон, Йорг Пуделька - роњбари минтаќави Барномаи дастгирии ислоњоти судї – њуќуќї дар давлатњои Осиёи Марказї GIZ (Љамъияти олмонї оид ба њамкорињои байналмилалї), Ольга Аметистова - роњбари Барономаи мазкур дар Тољикистон ва дигар намояндагони масъули Барнома ташриф оварданд.

Пеш аз оѓози семинар бо иштироки Раиси Суди конститутсио­нии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. ва судяи Суди конститутсионї Абдуллоев А.А. бо мењмонони хориљї оид ба густариши њамкорињои дуљониба мулоќоти судманд анљом дода шуд. Раиси Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. дар рафти вохўрї њозиринро аз фаъолияти пурмањсули Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон воќиф намуда, иброз дошт, ки ин маќомоти назорати конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон њам­чун маќомоти мустаќили њокимияти судї арзи њастї намуда, дар таъ­мини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд наќши муњим дорад. Аз љумла, дар рафти вохўрї љонибњо оид ба муносибатњои мављуда миёни маќомоти назорати конститутсионии ду кишвар изњори андеша ва ќаноатмандї намуда, густариши васеи онњо омодагии худро иброз доштанд.

Баъд аз фарљоми вохўрии тарафайн дар муддати се рўз дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон семинари омўзишї доир гардид, ки дар он мавзўњои мухталиф вобаста ба ташкил ва фаъолияти судњои конститутсионии Олмон, њайат ва сохтори судњои конститутсионї, ваколатњои он ва дигар мавзўњои љолиби диќќат мавриди муњокима ва баррасї ќарор дода шуданд. Кормандони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар семинар фаъолона иштирок намуда, ба саволњои зиёди худ љавобњои мушаххас гирифтанд.

Баргузории чунин чорабинии муњим бањри баланд бардоштани малакаи касбї ва дониши назариявии кормандони Суди консти­тутсионї равона гардида, дар як ваќт барои бењтар кардани фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо назардошти таљрибаи пешќадами маќомоти назорати конститутсионии Олмон мусоидат менамояд.

17 феврали соли 2012 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баррасии парванда аз рўи дархости шањрванд Одинаев Ё.Д. «Оид ба муайян намудани мутобиќати моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истењсолоти иљро» ба моддаи 12, ќисми сеюми моддаи 20, ќисмњои якум ва дуюми моддаи 32 ва ќисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид.

Дар мурофиа намояндагони ваколатдори Маљлиси миллї, Маљлиси намояндагон ва Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, њамчунин намояндагони Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокурори генералї, Вазорати адлия ва дигар намояндагони маќомоти давлатї иштирок намуданд.

Суди конститутсионї дархости пешнињодгардидаро дар алоќаманди бо Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї њамаљониба омўхта ќайд менамояд, ки таъмини иљрои њатмї ва сариваќтии санадњои судї унсури муњимтарини самаранокї ва бебозгашт будани љазо буда, омили рафънопазири адолати иљтимої ба шумор меравад. Хусусияти ин амал дар он ифода меёбад, ки он танњо аз љониби судњои босалоњият ва дар асоси ќарорњои ќонунї баровардаи онњо раво дониста шуда, инъикоси мавќеъ ва наќши њокимияти судї арзёбї мегардад. Яъне њуќуќњои вайроншудаи шахсро бе иљрои санадњои судї барќарор намудан мумкин нест ва љазо низ дар сурати татбиќ нашуданаш ба маќсади нињоиї дар пешаш гузошташуда нарасида, моњияти иљтимоии худро гум мекунад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионї моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи истењсолоти иљро»-ро ба моддаи 12, ќисми сеюми моддаи 20, ќисмњои якум ва дуюми моддаи 32 ва ќисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ њисоб намуд.

Бо маќсади иљрои бандњои 12 ва 13 Протоколи маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 декабри соли 2011 №13 вобаста ба масъалаи ташкил намудани семинарњои омўзишї ва корњои фањмондадињї бо кормандони маќомоти њифзи њуќуќ дар масъалаи риояи талаботи механизмњои байналмилалї ва миллї оид ба пешгирии њолатњои шиканљаи мањбусон, њайти гурўњи корї тањти роњбари Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки ба он намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон ва маќомоти њифзи њуќуќ шомил мебошанд, таъсис дода шудааст.

Вобаста ба ин Наќша-чорабинињо доир ба гузаронидани семинарњои омўзишї ва корњои фањмондадињї бо кормандони маќомоти њифзи њуќуќ дар масъалаи риояи талаботи механизмњои байналмилалї ва миллї вобаста ба пешгирии њолатњои шиканљаи мањбусон тањия карда шуда, аз љониби Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон аз 17 январи соли 2012 тасдиќ гардидааст, ки тибќи он баргузории як ќатор чорабинињо дар вазорату идорањо ва маќомоти мањаллии њокимияти давлатии ВМКБ, вилоятњо ва шањру ноњияњои љумњурї дар назар аст.

22 феврали соли 2012 дар асоси банди 1 Наќша-чорабинињо дар маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон семинарї омўзишї оид ба мавзўи «Механизмњои байналмилалї ва милии вобаста пешгирии њолатњои шиканља» доир гардид.

Дар кори семинари мазкур намояндагони Дастгоњи иљроияи Пре­зиденти Љумњурии Тољикистон, Вазорати корњои дохилї, Вазорати адлия, Суди Олї, Прокуратураи генералї, Шўрои адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррпусияи Љумњурии Тољикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон, коллегияи адвокатњо, намояндагони ташкилотњои байналмилалї ва дигар масъулини маќомоти њифзи њуќуќ, ки дар фаъолияти худ бо њолатњои пешгирии шиканља дучор мегарданд, иштирок намуданд.

Дар оѓози семинар Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов Мањкам бо сухани ифтитоњї баромад намуда, иброз дошт, ки вазъи риояи њуќуќу озодињои инсон солњои охир ба омили муайянкунандаи обрую нуфузи кишварњо ва ќабулпазирии онњо ба созмонњои гуногуни минтаќавию байналмилалї табдил ёфта истодааст.

Аз ин лињоз, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон худ ба маќомоти ќонунгузории кишвар, њифзи њуќуќ ва озодињои инсонро њамчун љавњари асосии сиёсати давлатї арзёбї намуда, аз њама маќомоти давлатї риояи ќатъии онњоро талаб намуданд.

Яке аз шаклњои зохиршавии поймолкунии њуќуќ ва озодињои шањрвандон дар фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ ин истифодаи азобу шиканља, дигар намуд муомила ва љазои берањмона ва ѓайриинсонии тањќиркунандаи шаъну шарафи инсонї мебошад.

Масъалаи мазкур соли гузашта ба муњокимаи љаласањои 17-ум ва 18-уми Шўрои Созмони Милали Муттањид оид ба њуќуќи инсон, ки моњњои июн ва сентябр дар шањри Женева баргузор гардиданд, бароварда шуд.

Инчунин њангоми баррасии Шарњи даврии универсалии Тољи­кистон оид ба њуќуќи инсон низ, ки рўзњои 3-8 октябри соли 2011 дар ќароргоњи Женевагии СММ баргузор гардид, боз њам масъалаи истифодаи азобу шиканља ба сархати рўзнома баромада шуд.

Инчунин дар кори семинар намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Вазорати корњои дохилї Прокуратураи генералї, ки ба гурўњи корї шомил мебошанд, бо маърўзањо баромад намуданд.

Дар маљмўъ доир гардидани чунин чоарбинињо бо маќсади пешгирии њолатњои шиканљаи мањбусон аз тарафи кормандони маќомоти њифзи њуќуќ равона гардида ва њифзи њуќуќу озодињои инсон равона гардида, дар як ваќт бањри баланд бардоштани маърифатии њуќуќии шањрвандон мусоидат менамояд.

МУНОСИБАТЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУДИ
КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Дар доираи њамкорињо миёни маќомоти назорати конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Туркия ва дар асоси даъвати Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Туркия Њашим Килич, аз 23 апрел то 29 апрели соли 2012 сафари њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тањти роњбарии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов ба Суди конститутсионии Љумњурии Туркия љињати иштирок дар кори Симпозиуми байналмилалї бахшида ба 50-солагии таъсиси ин маќомоти назорати конститутсионї доир гардид.

Аз љумла дар кори Симпозиуми байналмилалї ки дар сатњи баланд доир гардид, Президент ва Сарвазири Љумњурии Туркия, Раиси Суди Аврупої оид ба њуќуќи инсон, Президенти Комиссияи Венетсианї оид ба демократия тавассути њуќуќи Шўрои Аврупо (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо), намояндагони судњои конститутсионии давлатњои Албания, Африка, Бангладеш, Белоруссия, Белгия, Испания, Индонезия, Итолиё, Озарбойљон, Олмон, Латвия, Литва, Молдова ва дигар давлатњо, ки дар маљмўъ зиёда аз панљоњ давлатро ташкил доданд, ширкат намуданд.

Дар рафти кори Симпозиуми байналмилалї Раиси Суди конститусионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов бо маърўза дар мавзўи «Ташаккули адолати конститутсионї дар Тољикистон» баромад намуда, њамагонро бо фаъолияти касбии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки бањри таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд равона гардидааст, шинос намуд.

Инчунин зимни сафари мазкур њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Туркия мўњтарам Њашим Килич бо пазироии гарму самими истиќбол намуда, аз муносибати дўстонаи миёни суди конститутсионии њар ду давлати ба њам шарик ёдоварї кард.

Дар рафти мулоќот раисони судњои конститутсионии Тољикистону Туркия ба Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон ва Президенти Љумњурии Туркия Абдулло Гул барои муњайё намудани шароити мусоиди њамкорї миёни маќомоти назорати конститутсионии ду давлати ба њам бародар изњори минатдорї ва арзи сипос намуданд.

Дар вохўрии дуљониба инчунин арзёбї гардид, ки њамкории мутаќобилан судманди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо Суди конститутсионии Љумњурии Туркия вусъат ёфта, муносибати ин ду маќомоти назорати конститутсионї, ки њамчун падидаи нодири давлати демократї дар таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд наќши муњим дорад, рўз аз рўз густариш меёбанд.

Тарафњо аз сатњ ва мазмуни муносибати рушдёбандаи судњои конститутсионии Љумњурии Тољикистону Љумњурии Туркия ва робитањои мунтазам доир ба масоили гуногуни мутаќобилан судманди вобаста ба фаъолияти маќомоти назорати конститутсионии њар ду кишварњо изњори ќаноатмандї намуданд.

Дар рафти вохўрї байни Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов ва Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Њашим Килич Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї миёни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Љумњурии Туркия ба имзо расид.

Љонибњо зимни ба имзо расонидани санади мазкур муњимияти ќабули онро ќайд карда, изњор доштанд, ки он барои боз њам мустањ­кам ва рушд ёфтани муносибатњои байни маќомоти адолати конститутсионии давлатњо мусоидат мекунад.

Ёддошти тафоњум ба принсипњои истиќлолияти давлатї, масъулияти тарафайн дар бобати њифз, таъмини волоият, амали бевоситаи Конститутсия ва њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд асос ёфта, бо маќсади рушди њамкорї ва мубодилаи таљриба тавассути андешидани чорањо љињати ноил гардидан ба њадафњо ва мусоидат кардан ба њалли сариваќтии масъалањои њамкории ба њамдигар муфид, равона гардидааст.

Санади байналмилали мазкур, ки дар даврони соњибистиќлолии мамлакат байни маќомоти назорати конститутсионии ду кишвар ба тавсиб расидааст ва њамчун санади таърихї барои густариши њамкорињо байни ин ду маќомоти мустаќили њокимияти судї заминаи њуќуќї гузошта, ба тарафњо имконият медињад, ки мутобиќи ќонунгузории миллии давлати худ њамкориро тавассути мубодилаи таљриба, маълумот дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї ва санадњои судї, ки ба фаъолияти судњои конститутсионї вобаста мебошад, ба роњ монанд.



Мундариља

Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба

Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 20 апрели соли 2012 5

Сотиволдиев Р.Ш. Санљиши судии конститутсионї дар ИМА 43

Мањмудов И.Т. Назорати прокурорї оид ба риояи њуќуќу озодињои
инсон ва шањрванд дар фаъолияти оперативї-љустуљўї 54

Хољаева Н.Б. Предмет ва њудуди исботкунї 63

Ќарорњои Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

1) оид ба парванда аз рўи дархости шањрванд Одинаев Ёќубљон Додхудоевич «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истењсолоти иљро» ба моддаи 12, ќисми сеюми моддаи 20, ќисмњои якум ва дуюми моддаи 32 ва ќисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 17 феврали соли 2012 69

Таъинотњои Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

1) Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Таъиноти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 2 июли соли 2009 «Дар бораи таъсиси Шўрои илмї – машваратї дар назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» аз 27 январи соли 2012 78

2) Дар хусуси рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Раиси ташкилоти љамъиятии Иттифоќи автомобилчиёни Љумњурии Тољикистон Ќурбонов Х.М. «Оид ба муайян намудани мувофиќати меъёрњои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Иттињодяњои љамъиятї» ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Агентии назоратї давлатии молиявї ва мубориза бо корупсияи Љумњурии Тољикистон» дар ќисмати дахолат намудан ба фаъолияти ташкилотњои љамъиятї ба моддањои дахлдори Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 27 январи соли 2011 80

3) Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тољикистон П.Ибодова «Дар бораи муайян намудани мутобиќати зербанди (в) банди 6-и Таѓйиру иловањои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби њисоб ва пардохт намудани аксизњо», ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф тасдиќ шудааст, ба ќисми 2 моддаи 12, ќисмњои 1 ва 2 моддаи 14, ќисми 1 моддаи 19, ќисми 1 моддаи 42 ва мушаххас ба ќисмњои 1 ва 2 моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 30 январи соли 2012 84

4) Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї доир ба дархости шањрванд Нуров Мансур Шералиевич ва намояндаи ваколатдори ў - адвокат Одинаев Бедилхон «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 3 моддаи 10 ва ќисми 2 моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи авф» ба моддањои 14, 17 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 5 марти соли 2012 89

5) Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрвандон Солењов Б.Б. ва Адырхаев В.В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми дуюми моддаи 16 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилотњои динї» ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 29 марти соли 2012