22:15:30 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№2) 2012

Нашрия аз љониби Вазорати федеролии Олмон оид ба њамкорї
ва рушд тавассути Барномаи «Дастгирии ислоњоти њуќуќї ва
судї дар давлатњои Осиёи Марказї» дар Тољикистон
«Deutsche Gesellschaft f
ür Internationale Zusammenarbeit
(GIZ) GmbH» (Љамъияти олмонии њамкории
байналмилалї) маблаѓгузорї шудааст.

Нашрия ройгон пањн карда мешавад.

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(№2) 2012

Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни)
Љумњурии Тољикистон)

Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудов М. А.Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, Академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Њайати тањририя:

Назаров М. Муовини Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, номзади

илмњои сиёсї

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Сотиволдиев Р. Ш. Мудири кафедраи назария ва таърихи

давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори

илмњои њуќуќ, профессор


Шоназаров С.А. - Мушовири калони

Президенти Љумњурии Тољикистон

оид ба сиёсати њуќуќї, намояндаи

ваколатдори Президенти Љумњурии

Тољикистон дар Суди конститутсионї


Истиќлолияти давлатї ва ќонуният

“Ќонун бояд, пеш аз њама, ба њифзу њимояи инсон ва њуќуќу озодињои он равона карда шавад, мавќеи шахс­ро дар љомеа мустањкам намояд ва барои амалї намудани нерўи моддиву маънавии он, зиндагии озоду осуда ва шоистаи шањрвандон дар љомеа имконоти васеъ фароњам оварда, барои истењсоли мањсулот, ташкили фазои мусоиди соњибкорї ва фаъолияти муназзами маќомоти давлатї, корхонањо, муассисањо ва дигар ташкилотњо замина гузорад.”

Иќтибос аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї аз 20 апрели соли 2012

Бо азму талоши мардуми тољик 9 сентябри соли 1991 Тољикистон истиќлолияти давлатї ба даст овард ва 2 марти соли 1992 узви комилњуќуќи Созмони Милали Муттањид гардид. Бо бисёр кишварњои дунё, хоса кишварњои пешрафту тавоно, созмонњои бонуфузи байналмилалї равобити њасана барќарор намуд.

Имрўзњо самтњои мухталифи њаёти љомеа дар рушду нумў њастанд ва муњим аз њама сулњу субот ва амну офият дар кишвар њукмфармост. Вазифаи мардуми тољик њифз намудани ин дастовардњо, хоса озодии кишвари азиз ва дар радифи мамолики мутараќќї ва љомеаи мутамаддин њамдушу њамнафас ва њамгом гардидани Тољикистон аст.

Дар баробари ин њифзу таќвият бахшидани истиќлолияти кишвар, тањкими пояњои он пеш аз њама дар ќабулу татбиќи ќонунњои мукаммал ва фарогирї масоилу манофеи љомеа сахт вобастагї дорад.

Тољикистон, њанўз аз ќадамњои нахустини худ ба сифати кишвари мустаќил дар роњи ќабули ќонунњо ва татбиќи он дар њаёт њамарўза кўшишњои назаррас ба харљ додааст ва бо шарофати Истиќлолият дар низоми ќабули ќонунњо роњу усули нав љорї гардид. Пеш аз њама ќабули ќонунњои муњим бо роњи раъйдињї аз тарафи мардум шурўъ шуд. Баъдан њангоми ќабули ќонунњо фикру аќоиди мардум, таклифу пешнињоди онњо, њамзамон хусусиятњои хоси миллї ба назари эътибор гирифта шуд. Ин раванд то ба имрўз дар љараён аст.

Чунин тарзи ќабули ќонунњо хоси љомеаи демократї аст.

Махсусан, бори нахуст тариќи раъйпурсї ќабул намудани Сарќонуни кишвар дар њаёти халќи тољик ва давлатдории он падидаи нав, иќдоми нек ва азму талошњо дар роњи тањкими истиќлолият ва бунёди љомеаи демократї ба њисоб меравад.

Дар асоси ин санади муњиму муќаддас ќабули чандин ќонунњои дархўрди матолибу манофеи замони эњёву рушди кишвари соњиб­истиќлол, пеш аз њама барои мустањкам гаштани мавќеи сиёсии Тољикистон дар арсаи байналмилалї наќши муњиму муассир бозид. Зеро мувофиќи моддаи якуми он Тољикистон давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона эълон гардид. Њамчунин бо назардошти таљрибаи давлатњои пешрафта дар он тарзу тартиби таъсис ва интихоби маќомоти бунёдгузори пояњои асосии давлат ва таъминкунандаи фаъолияти он мавќеи њуќуќии худро пайдо намуд. Умуман сохти давлати мо тавассути ин санади муњиму муќаддас тарњрезї ва муайян карда шуд.

Дар баробари муайян намудани сохти давлат меъёрњои Сарќонун ба эњтироми инсон ва эътирофи њуќуќу озодињои ў, таъмини ин њуќуќу озодињо нигаронида шудааст. Инсон ва њуќуќу озодињои он арзиши олї эътироф гардид.

Љомеаи демократиро бе ќонунњои љавобгўи талаботи меъёрњои пазируфтаи умумибашарї тасаввур кардан номумкин аст, зеро ќонун танзимкунандаи њаёти љамъиятї ба шумор меравад.

Дар даврони Истиќлолият зиёда аз њазору чорсад ќонунњои мукаммал ва такмилбахши ќонунњои амалкунанда тањия ва ќабул карда шуданд, ки наќши онњо махсусан дар даврони нољўрињои сиёсию иќтисодии кишвар хеле муњиму назаррас буд.

Дар натиљаи истиќлолият сохти давлатдории мо, њаёту зиндагии мардум, аз љумла њаёти сиёсиву иќтисодї куллан таѓйир ёфт. Махсусан пас аз ќабули Сарќонуни кишвар маќомоти дахлдори давлатї кўшиш ба харљ доданд, то ин ки ќонунњои амалкунанда ба Сарќонун мувофиќ бошанд ва баъдан майл ба он карданд, ки дар ин раванд бештар ќонунњои нав ќабул карда шавад.

Бо назардошти манофеи миллию давлатї шумораи зиёди санад­њои њуќуќии байналмилалї аз тарафи Тољикистон пазируфта, мавриди иљро ќарор дода шуданд, ки онњо чун љузъи комили ќонунгузории Тољикистон барои танзими муносиботи дохилию хориљии кишвари мо ањамияти калон доранд.

Тањияву ќабули ќонун зањмати сангин аст. Пеш аз њама хиради баланд, тафаккур ва таљрибаву дониши амиќ, њамзамон мањорату истеъдоди баланд мехоњад. Дар тањияи он мутахассисон ва олимони варзида иштирок менамоянд.

Бо назардошти ин ва дигар талаботи њаётан муњим аз тарафи Сарвари давлат ба сиёсати кадрї ањамиятї љиддї дода шуд. Барои дар вазорату идорањо ба кор љалб намудани мутахассисони кордону ботаљриба, махсусан њуќуќшиносони варзида корњо амалї карда шуданд. Ва ин раванд айни замон беш аз пеш дар љараён аст. Зеро чи тавре, ки дар боло ишора рафт давлат ва љомеаи ободу озод бо ањли хираду фарњанг ва мутахассисони варзида по барљост. Ба суханони Раиси љумњур муњтарам Эмомалї Рањмон «Кишварро мутахассис обод мекунад».

Бо ин маќсад парламенти даврї ба Парламенти доимамалкунанда ва касбї табдил дода шуд. Чанд даъвати охир ва даъвати феълї дар парламент мутахассисони варзидаи соњањои гуногуни њаёт, махсусан њуќуќшиносони собиќадор кору фаъолият мекунанд. Лоињањои пешнињодгардидаи ќонун бо тартиби муќарраргардида пас аз ќайду номнавис шудан бо супориши Шўрои Маљлиси намояндагон дар Кумитањои Маљлиси намояндагон бо иштироки намояндагони субъекти њуќуќи ташаббуси ќонунгузорї ва намояндагони вазорату идорањои дахлдор, мутахассисони соња мавриди омўзиш ва муњокимаи њаматарафа ќарор гирифта, баъдан ба Шўрои Маљлиси намояндагон ва аз он љо ба иљлосияи Маљлиси намояндагон барои баррасї ва ќабул пешнињод мегардад. Ба љуз аз ќонунњои авф ва буљети давлатї, њамаи ќонунњои дигар пас аз ќабул ба таври ёдрасшуда аз тарафи Маљлиси миллї љонибдорї ва барои имзо ба Президенти кишвар пешнињод мегарданд. Пас аз имзо ба нашрияњои расмї барои чоп супурда мешаванд.

Бояд ќайд кард, ки дар Маљлиси миллї низ ќонунњо пеш аз бар­расї дар иљлосия аз тарафи кумитањо ва баъдан дар Шўрои Маљ­лиси миллї мавриди муњокима ќарор гирифта, мавќеи онњо вобаста ба ќонунњои баррасишуда ба иљлосияи Маљлиси миллї пешнињод карда мешавад.

Дар ин корњо наќши дастгоњњои маќомоти мазкур низ назаррас аст.

Чунин роњу марњилањои мураккаб барои то ба њадди ќабул расидани ќонун аз тарафи масъулину мутасаддиёни соња тай ва амалї карда мешавад. Чунин муносиботи љиддї дар ин масъала бояд бошад, зеро чї тавре, ки дар боло ишора рафт, ќонун санади нињоят муњим аст. Пеш аз њама ба инсон ва њуќуќу озодињои ў дахл мекунад. Дар он манофеи давлату љомеа, корхонаву ташкилот, сулњу субот, амну офият, рушду нумў ва гузашта аз ин њифзи истиќлолияти давлат ва озодии миллат пайваст аст. Ин хусусиятњои муњим дар даврањои тањия, ќабул, љонибдорї ва ба имзо расидани ќонун ба назар гирифта мешавад.

Баъдан, ќонун барои вайрон кардани ќавонини муќарраргардидаи зиндагї љавобгарии љиноятї, маъмурї, интизомї ё гражданї муќаррар намудааст. Љавобгарии љиноятї њатто дар намуди мањрум сохтан аз озодї ба мўњлати якумра муќаррар карда шудааст. Ва ин аст, ки пеш аз њама эљоди ќонун касбияту љиддиятро талаб мекунад. Чунин љавобгарињо, дар навбати аввал љавобгарии љиноятї дар љомеа хеле заруранд.

Самти дигари муњими ќонун дар он аст, ки ба ѓайр аз комилу пухта ва хубу љавобгў ба талабот будан, бояд бе мамониат ва ба таври васеъу доманадор, фароху густурда ва амиќу даќиќ иљро гардад. Ќонун бояд амал кунад. Иљрои он њатмї аст.

Барои ин чун тањигарону ќабулкунандагони ќонун маќомоту масъулини босалоњияту бонизом ва коршояму кордон фаъолият кунанд. Зеро ќонуне, ки ба таври дахлдор амал намекунад, он наметавонад он расолати муњиме, ки дар боло зикр карда шуд, анљом дињад. Пеш аз њама наметавонад инсон ва њуќуќу озодињои ўро њифз кунад.

Дар Сарќонуни кишвар маќомоти асосии кишвар ва салоњияту ваколатњои умдаи онњо инъикоси худро ёфтаанд ва дар ин радиф тавассути ќонунњо ва дигар асноди њуќуќї дигар маќомоти давлатию љамъиятї таъсис дода шудаанд.

Дар баробари нозирони соњавї дар назорати иљрои ќонун тавассути Сарќонуни кишвар маќомоти прокуратура њамчун нозири умумї эътироф гардидааст. Салоњияти он бо Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон» ва дигар санадњои марбута муайян шудааст ва бо назардошти таљрибаи њаррўза гуфтан мумкин аст, ки воќеан њам дар самти таъмини риояи даќиќ ва иљрои якхелаи ќонунњо пешрою пешгом аст.

Маќомоти судї тибќи Сарќонуни кишвар шохаи мустаќили њокимияти давлатї эътироф гардидааст ва дар татбиќи ќонун наќши хеле муњиму муассир дорад. Судњои љумњурї дар пойдории давлати демократию њуќуќбунёд, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, оромию сулњу субот, бунёди љомеаи шањрвандї ва тањкиму пойдории истиќлолияти давлатї бо роњи ќабули асноди ќонунии судї сањмгузор буда, дар таъмини волоияти ќонун, мубориза бар зидди љинояткорї, терроризми байналхалќї, экстремизми сиёсию динї ва таъмини рушди иќтисодию иљтимоии кишвар корњои марбута анљом медињад. Адолати судиро ба амал мебарорад.

Њамзамон маќомоти судї дар самти баланд бардоштани сатњи маърифат ва тарбияи њуќуќии мардум наќши назаррас дорад, зеро таъмини волоияти ќонун, иљрою амалї шудани он пеш аз њама ба маърифати њуќуќии ањолии мамлакат сахт вобаста аст. Ин корњо бо роњи маљлисњои сайёри судї, махсусан њангоми баррасии парвандањои љиноятї васеъ истифода карда мешавад.

Ќонун бояд њамдўшу њамнафаси њаёти њаррўзаи мардум бошад. Дур аз он буда наметавонад. Бо тањаввулоту такомули љомеа ќонун таѓйир дода мешавад. Чунин таљриба дар фаъолияти њаррўзаи субъектњои ташаббуси ќонунгузорї ва парламенти кишвар ба мушоњида мерасад. Зеро мардуми Тољикистон ба њаёт бо диди нав назар мекунад. Дар роњи рушду нумўи љабњањои мухталифи њаёти љомеа, амну офият ва сулњу субот умеду орзуњои нек дорад ва ин нигоњ хоси мардумони љомеаи мутамаддин ва мамолики мутараќќї мебошад.

Ќайд кардан бамаврид аст, ки дар тањия ва ќабули ќонунњо пеш аз њама наќши мардуми Тољикистон, Президенти кишвар, Парламент ва дигар субъектњои ќонунгузор хеле назаррас мебошад. Иштироки васеи мардум дар тањияи лоињаи ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» далели ин гуфтањо шуда метавонад.

Ташаббуси Президенти кишвар бо истифода аз њуќуќи конститутсионии худ љињати тањия ва ќабули ќонунњои муњиму дархўри манофеи миллату давлат пайваста ба назар мерасад. Гузашта аз ин њангоми сўњбату вохўрињо бо мардум дар баробари масоили њамарўза, дар боби мазмуну моњияти ќонунњои амалкунанда, ањамияти риояю иљрои онњо ибрози аќида мекунад. Њангоми тањия ва пешнињоди лоињањои ќонунњо аз таклифу пешнињодоти мардум ба таври васеъ ва самаранок истифода менамояд. Одамонро ба роњу равиши нави зиндагї, баланд бардоштани тафаккури сиёсї, эњсоси худогоњї, васеъ намудани љањонбинї ва азизу муќаддас донистани давлати тољикон ва рамзњои он, њифзи истиќлолият ва таъмини якпорчагии кишвар ва рушду нумўи он њидоят мекунад, ки моњияту рисолати ќонун низ аз њамин иборат аст. Гузашта аз ин, Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 9 апрели соли 1997 № «Дар бораи сиёсати њуќуќї ва таъмини тарбияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ва ќарору барномањои њукуматї љињати таъмини иљрои он дар самти њидояти мардум вобаста ба баланд кардани савияи дониши њуќуќї ва эњтирому риояи ќонун наќшгиру назаррас аст.

Ќонун барои инсон ва љомеа роњи мустаќим ва роњбалад, сатњи олии мантиќ аст. Бояд дар доираи он кору зиндагї кард.

Умуман эљоди ќонун ва татбиќи он бисёр серпањлў ва гуногун­љанба аст. Дар маќолаю рисолањои илмии олимони соња хусусият ва нозукињои он мўшикофона ва ба таври васеъу доманадор дарљ шудааст.

Бо дарназардошти афкори мутазаккира маќомоти давлатї ва сокинони кишварро зарур аст, ки дастовардњои даврони истиќлолият ва вањдати миллиро муќаддас њисобида, бо сипосгузорї аз зиндагии хубу осоишта дар таъмини риояи ќонун пешдаст бошанд ва кору фаъолияти худро дар ин самт љоннок намоянд. Эњтироми ќонунро ба љо оранд ва дар доираи он зиндагї карданро пешаи худ созанд, бадин васила ба амну ободии кишвари азиз - Тољикистон сањмгир бошанд, ояндаи Тољикистонро њамчун давлати пешрафту озод таъмин намоянд.

Амалї намудани ин ва дигар тадбирњои зарурї љињати таъмини волоияти ќонун ба мо имкон медињад, ки дар тањкими љомеаи демократию њуќуќбунёд марњила ба марњила ќадамњои устувор гузорем ва истиќлолияти давлатиро комилан њифз намоем.

Истиќлолият ва ќонуният бо њам тавъаманд ва бе њамдигар вуљуд дошта наметавонанд.

Ашуров М.Ќ. - Мудири шўбаи кафолатњои конститутсионии њуќуќи шањрвандони Дастгоњи иљроияиПрезиденти Љумњурии Тољикистон,номзади илмњои сиёсї

МЕХАНИЗМЊОИ МИЛЛИИ
ПЕШГИРИИ ШИКАНЉА

Баъд аз ба даст овардани истиќлолият, Љумњурии Тољикистон њамчун узви љомеаи љањонї ба инсон ва њуќуќу озодињои он муносибати давлатиро куллан ба манфиати шањрвандон дигаргун намуд. Мо ба хубї дарк намуда истодаем, ки ин сиёсат маъракаи хусусияти якдафъаина надошта, балки он љараёни доимї ва рў ба рушднињода мебошад.

Роњбарияти олии кишвар ба инсон ва њуќуќу озодињои ў ањамияти аввалиндараља дода, кўшиш ба он дорад, ки тамоми воситањоро барои бењбудии њолати риояи њуќуќу озодињои шањрвандон истифода намояд.

Ин нуќтаро борњо Президенти мамлакат мўњтарам Эмомалї Рањ­мон дар паёмашон «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии Љумњурии Тољикистон» зикр намудаанд.

Чунончї, дар паёми Президенти мамлакат аз 24 апрели соли 2011 омадааст, дар тамоми кишварњои мутараќќї ва љомеаи мутамаддин инсон ва њуќуќу озодињои ў љавњари асосии сиёсати давлатиро ташкил медињад. Аз тарафи љомеаи љањонї арзиши олї эътироф гардидани инсон ва њуќуќу озодињои ў гувоњи ин њаќиќат аст.

Вале амалї намудани ин њадафњои олї бе ќонунњои муосири љавобгўи талаботи љомеаи демократї ва танзимкунандаи фаъолияти бонизоми маќомоти давлатї ѓайриимкон аст.

Бо маќсади ноил шудан ба дастовардњо дар самти њимояи њуќуќи инсон, давлати мо тамоми санадњои асосии байналмилалиро дар ин соња эътироф намудааст.

Яке аз онњо, ки мавзўи имрўзаи мо онро дар бар мегирад, Кон­венсияи зидди шиканља ва дигар намудњои муносибат ва љазои бе­рањ­мона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шараф аз 10 декабри соли 1984 мебошад. Ин Конвенсия аз љониби Тољикистон 21 июли соли 1994 ба имзо расида, 10 феврали соли 1995 он ба тавсиб расидааст.

Бањри иљрои ин санади байналмилалї, мо дар дохили кишвар базаи њуќуќии миллиро фароњам овардаем ва онро тадриљан такмил дода истодаем.

Конститутсияи мамлакат, ки санади асосї ва сарчашмаи асосии давлат оид ба њифзи њуќуќу озодињои инсон ба шумор меравад, принсипњои асосии њуќуќу озодињои инсонро таљассум намудааст.

Дар моддаи 5 Конститутсия омодааст: «Инсон, њуќуќ ва озодињои он арзиши олї мебошанд.

Њаёт, ќадр, номус ва дигар њуќуќњои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро давлат эътироф, риоя ва њифз менамояд».

Тибќи моддаи 18 Конститутсия: «Њар кас њаќќи зиндагї дорад.

Њељ кас аз њаёт мањрум карда намешавад, ба истиснои њукми суд барои љинояти махсусан вазнин.

Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медињад. Ба њељ кас ши­канља, љазо ва муносибати ѓайриинсонї раво дида намешавад. Мав­риди озмоиши маљбурии тиббї ва илмї ќарор додани инсон манъ аст».

Чи тавре аз ќисми 3 моддаи 18 Конститутсия бармеояд, мафњум­њои асосии Конвенсияи зидди шиканља ва дигар намудњои муносибат ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шараф ба монанди «шиканља», «љазо» ва «муносибати ѓайриинсонї» њамчун амалњои манъшуда эътироф шудаанд.

Барои вайрон кардани муќаррароти конститутсионї, ќонунњои соњавї љазо ва дигар механизмњои пешгириро пешбинї намудаанд.

Њангоме, ки мо дар бораи шиканља сухан меронем, бояд фаромўш насозем, ки ин кирдор љиноят аст ва барои он љавобгарии љиноятї пешбинї шудааст.

Тибќи моддаи 1431 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон шиканља - ин ќасдан расонидани азобу уќубати љисмонї ва рўњї, ки аз љониби шахсе, ки тањќиќ ё тафтишоти пешакї мегузаронад ё шахси мансабдори дигар ё бо тањрики онњо ё розигии хомўшонаи онњо ё бо огоњи доштани онњо аз љониби шахси дигар, бо маќсади аз шахси тањти шиканља ќарордошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё иќроршавї ё љазо додани ў барои њаракате, ки содир намудааст ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё маљбур кардани ў ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба њар гуна табъиз (дискриминатсия) асос ёфтааст, содир шудааст, мебошад.

Тибќи ќисми 2 њамин модда, агар шиканља такроран аз љониби гурўњи шахсон бо маслињати пешакї, нисбати зане, ки њомиладории ў барои гунањкор аён аст, ё шахси баръало ноболиѓ ё нисбати маъюб бо расонидани зарари миёна ба саломатї содир шуда бошад, он њамчун њолати вазнинкунандаи љазо муайян карда шудааст.

Ва агар кирдорњои дар боло номбаршуда бо расонидани зарари вазнин ба саломатї содир шуда бошанд, аз беэњтиётї боиси марги љабрдида ё боиси дигар оќибатњои вазнин гардида бошанд, љавобгарї тибќи ќисми 3 моддаи Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон сурат мегирад.

Моддаи номбурдаи Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон 16 апрели соли 2012 ќабул шуда, айни њол љавобгарї барои шиканља тибќи он сурат мегирад.

Умуман дар дигар моддањои Кодекси љиноятї њангоми мављуд будани њаракатњои хусусияти шиканљадошта он њатман чун њолати вазнинкунадаи љиноят дониста шудааст.

Масалан моддаи 104 ќисми 2 банди «е» барои куштани одам бо берањмии махсус, моддаи 110 ќисми 2 банди «д» барои бо берањмии махсус ќасдан расонидани зарари вазнин ба саломатї моддаи 111 ќисми 2 банди «г» барои ќасдан расонидани зарари миёна ба саломатї, бо берањмии махсус, моддаи 130 ќисми 2 банди «в» одамрабої бо истифодаи зўроварї, моддаи 130 ќисми 2 банди «г» барои бо истифодаи зўрї хариду фурўши одамон, моддаи 131 ќисми 2 банди «в» барои бо истифодаи усули барои њаёт ва саломатї хафнок љавобгарии сахттари љиноятиро пешбинї намудаанд.

Албатта њангоме, ки сухан аз бобати мафњуми шиканљае, ки Конвенсияи зидди шиканља ва дигар намудњои муносибат ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шараф пешбинї намудааст, меравад, бояд дар хотир дошт, ки ин њодиса нисбати шахси зери таъќиби љиноидошта ё ба љавобгарии љиноятї кашидашуда ба вуќуъ мепайвандад.

Таљриба гувоњи он аст, ки шиканља нисбати гумонбаршавандагон асосан аз љониби шахсони мансабдор баъд аз овардани онњо ба маќомот сурат мегирад.

Барои пешгирии њолатњои шиканља Кодекси мурофиавии љи­ноятии Љумњурии Тољикистон, ки аз 1 апрели соли 2010 амал мекунад, принсипњои пешгирии шиканљаро пешбинї намудааст.

Дар ќисми 2 моддаи 10 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон омадааст, ки њељ яке аз иштирокчиёни мурофиаи љиноятї наметавонад тањти зўроварї, шиканља ва дигар муносибати берањмона ё пасткунандаи шаъну шарафи инсонї ќарор гирад.

Кафолати дигаре, ки Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон бо маќсади пешгирии шиканља муќаррар кардааст, ин бо њимоятгар таъмин намудани гумонбар мебошад. Дар ќисми 2 моддаи 49 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон омадааст, ки њимоятгар барои иштирок дар парванда аз лањзаи дар њаќќи шахс баровардани ќарори оѓози парвандаи љиноятї, инчунин аз лањзаи воќеан дастгир гардидани гумонбаршуда роњ дода мешавад.

Тадбири дигари пешгирии шиканља тавре дар ќисми 3 моддаи 88 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон омадааст, ин беэътибор дониста шудани далелњое мебошанд, ки дар љараёни тањќиќ ва тафтиши пешакї бо роњи зўрї, тањдид, азобу шиканља, рафтори берањмона ва ё усулњои дигари ѓайриќонунї ба даст оварда шудаанд ва ин гуна далелњо барои айбдоркунї асос шуда наметавонанд.

Чораи дигаре, ки Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии То­љикистон бањри пешгирии шиканља пешбинї намудааст, ин тартиби дастгир кардани гумонбаршуда мебошад.

Дар ќисмњои 1-3 моддаи 94 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон омадааст, ки:

1. Баъди ба маќомоти таъќиби љиноятї овардани дастгиршуда шахси мансабдор дар давоми се соат протокол тартиб медињад, ки дар он асос, љой ва ваќти дастгиркунии воќеї (бо зикри рўз, соату даќиќа), натиљањои кофтукови шахсї, инчунин ваќти тартиб додани протокол дарљ мегарданд.

2. Протокол ба дастгиршуда эълон ва њамзамон њуќуќњои бо моддаи 46 Кодекси мазкур пешбинишуда, аз љумла њуќуќи даъват кардани њимоятгар ва дар њузури ўдодани нишондод фањмонида, ин маълумот дар протокол сабт карда мешавад. Протоколро шахси тартибдода ва дастгиршуда имзо мекунанд.

3. Тањќиќбаранда ё муфаттиш вазифадоранд дар давоми 24 соат аз лањзаи дастгир кардани гумонбаршуда ба прокурор хаттї хабар дињанд.

Моддаи 100 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон чунин пешбинї намудааст:

1. Маќомоти пешбурди мурофиаи судии љиноятие, ки шахсро дастгир кардааст, вазифадор аст дар давоми 12 соат аз лањзаи дастгиркунии воќеї дар бораи дастгиркунї ва љои нигоњ доштани дастгиршуда ягон аъзои болиѓи оила ё хешовандони наздикро хабардор кунад ё ба худи дастгиршуда имконияти чунин хабардор карданро дињад.

2. Маќомоти пешбурди мурофиаи судии љиноятие, ки шањрванди давлати хориљиро дастгир кардааст, дар мўњлати пешбининамудаи ќисми 1 њамин модда дар бораи дастгиркунї ба Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон барои огоњ намудани сафоратхона ё консулгарии ин давлат хабар медињад.

Дигаргунии куллие, ки баъд аз ќабули Кодекси амалкунандаи мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба амал омад, ин ба салоњияти судњо вогузор намудани масъалаи додани иљозат ба њабси пешакї ва дигар мањдудиятњо дар њуќуќи инсон мебошад. Тавре муќараррар шудааст, ин масъла дар суд бо иштироки бевоситаи шахси гумонбар ва њимоятгари ў њаллу фасл мешавад.

Агар Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон тадбирњоро барои пешгирии шиканља нисбати гумонбар, айбдор­шаванда ва судшаванда пешбинї намуда бошад, пас Кодекси иљ­рои љазои љиноятї меъёрњои пешгирии шиканљаро нисбати мањкум­шудагон муќаррар намудааст.

Дар ќисми 2 моддаи 10 Кодекси иљрои љазои љиноятї омадааст, ки мањкумшударо азобу шиканља додан ё нисбат ба ў муносибати берањмона ва ё ѓайриинсонї кардан ё шаъну эътибори ўро паст задан, тањти тадќиќоти тиббї ё дигар тадќиќоти илмї, ки метавонад њаёт ва саломатии ўро тањти хатар гузорад, њатто бо розигии ў ќарор додан ќатъиян манъ аст.

Дар ќисми 2 моддаи 16 Кодекси иљрои љазои љиноятї омадааст, ки мањкумшудагон ба муносибати эњтиромонаи кормандони муассиса ё маќоми иљрокунандаи љазо њуќуќ доранд. Онњо набояд тањти муносибати берањмона ва паст задани шаъну шарафи инсонї ќарор гиранд. Чорањои маљбурї нисбат ба мањкумшудагон танњо дар асоси ќонун истифода бурда мешаванд.

Њуќуќњои асосии дигаре, ки ба мањкумшудагон, ки дар ин модда дода шудаанд, ин шикоят ба маќоми болоии иљрокунандаи љазо, суд, прокуратура, дигар маќомоти њокимияти давлатї ва ташкилотњои байналмилалї оид ба њифзи њуќуќу озодињои инсон мебошад.

Њамчунин мањкумшудагон бо мукотиба бе мањдудияти забонї, ба њифзи саломатї, таъминоти иљтимої, кўмаки мукаммали њуќуќї аз љониби њимоятгарон, мулоќот ба аъзои оила, гирифтани хўрокворї ва дигар маводи мавриди ниёз, товони зарар ва ѓайра њуќуќ доранд.

Дар ќонунгузории кишвар масъалаи љуброни зараре, ки дар натиљаи њаракатњои ѓайриќонунии шахсони мансабдор расонида шудааст, низ пешбинї шудааст.

Мувофиќи ќисми 1 моддаи 1086 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон зараре, ки дар натиљаи ѓайриќонунї мањкум намудан, ѓайриќонунї ба љавобгарии љиноятї кашидан, ѓайриќонунї ба сифати чораи пешгирикунанда истифода бурдани бањабсгирї ё забонхат барои ба љое нарафтан, ѓайриќонунї андешидани љазои маъ­мурї дар шакли ба њабс гирифтан ё корњои ислоњи мењнатї ба шањрванд расонида шудааст, сарфи назар аз гуноњи шахси мансабдори маќоми тањќиќ, тафтиши пешакї, прокуратура ва суд, тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонун аз љониби давлат ба андозаи пурра љуброн карда мешавад.

Тавре мебинем, ќонунгузории миллї механизмњои заруриро барои пешгирии шиканља муайян ва муќаррар кардааст.

Ба андешаи мо, ин механизмњо восита ва роњи хуби пешгирии шиканљаро инъикос кардаанд. Албатта вобаста ба рушди љомеа ќонунгузорї низ ба таѓйироту таљдиди назар ниёз дорад. Аммо мушкилот дар чист? Чї бояд кард, ки пешгирии шиканља боз њам бењтар гардад? Иллати саросарии ин зуњурот дар он аст, ки ќонунњо аз љониби субъектњои њуќуќтатбиќкунанда пурра ва бо таври бояду шояд иљро намегарданд. Ин њолат бо ду омил рабт дорад: надонистани талаботи ќонун ва дидаю дониста вайрон кардани он. Саранљом њар ду њолат ба эътибори маќомоти давлатї на танњо дар дохил, балки дар арсаи байналхалќї таъсири манфї мерасонад.

Илољи воќеаро мо дар куллан таѓйир додани муносибат ба њалли масъала ва таљдиди назар ба афкори умум мебинем. Яъне мо бояд дар љомеа фазои солимеро, ки ин зуњуроти номатлубро мањкум намояд, ба вуљуд орем. Танњо дар ин маврид мо метавонем ба комёбї ноил шавем.

Дар фароварди сухан бояд тазаккур дод, ки давлати мо сиёсати бењбуд бахшидани њолати таъмини њуќуќу озодињои инсонро пеша кардааст.

Риояи бемайлони Конститутсия, ќонуну санадњои байналхалќї, ки ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил медињанд, њамчун самти афзалиятноки сиёсати њуќуќии кишвар муаррифї мешавад.

Итминон дорем, ки њар яки мову шумо барои амалї намудани ин мароми нек њиссагузор хоњем буд.

Шарипов Т.Ш. д.и.њ. ва Сафаров А.И. н.и.њ.


ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТЇ (ИФРОТГАРОЇ)
ДАР ЌОНУНГУЗОРИИ ЉИНОЯТИИ
ТОЉИКИСТОНИ СИЊИБИСТИЌЛОЛ

Воќеан, “Созишномаи истиќрори сулњ ва ризояти миллї мардуми бо амри таърих парешонгаштаи моро бо њам овард, вањдати саросарии халќи Тољикистонро таъмин намуд ва барои тараќиёти минбаъдаи иќтисодї ва иљтимоиву фарњангии давлати соњибистиќлоламон заминаи боэътимод фароњам овард”[1]

Њаминро бояд тазаккур дод, ки мустаќар гардидани чунин як Созишномаи сарнавиштсоз барои миллати кўњанбунёди тољик ба осонї ба даст наомад ва инро њодисањои мудњише, ки тавасути љанги тањмилии шањрвандї ба сари миллати мо ба бор овард, гувоњї медињанд.

Зимнан, лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи чунин як љашни миллї сањми нафароне, ки дар пиёда кардани ин санаи таърихї љонфидої кардаанд, ба тезї љойгузини рафњои таърих нагардонем. Зеро онњо њаќиќатан “дар њама њолат ва дар њар гуна вазъият њимояву њифозати манфиатњои олии миллї иборат аз таъмини истиќлолу озодї, тамомияти арзї ва суботи сиёсї, вањдати миллї ва рушди устувори кишвар мењвари фаъолияти сиёсї”[2] онњоро ташкил медод.

Ба имзо расонидани Созишномаи истиќрори сулњ ва ризояти миллї ва ба таври райъпурсї ќабул намудани Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, воќеият ёфтани принсипњои “таќсимоти њокимият, плюрализми сиёсї, озодии комил, баробарии воќеї, таъсиси парламенти касбї” заминаи боэътимоди сиёсию њуќуќиро дар раванди инкишофи таърихии кишвар муњаё сохт.

Њоли њозир дар Љумњурии Тољикистон иттињодияњои мухталифи љамъиятї, њизбњои сиёсї, созмонњои мардумї, иттињодияњои мадании аќалияти миллї, шаклњои мухталифи намояндагињои манфиатњо, ки воситаи танзими муносибатњои мутаќобилаи љомеаи шањрванди ва љомеаи сиёсианд, ба таври воќеї амал менамояд. Ногуфта намонад, ки роњбарияти сиёсии кишвар давраи таърихии инкишофи љањони муосир ва маќому љойгоњи Тољикистонро дар он ба хуби дарк намуда, барои тањкими он чораи зарурї меандешад. Чи тавре ки Президенти кишвар дар паёми имсолаи худ иброз менамояд: “Раванди љањонишавї, ки имрўз тамоюли њоким бар равобити байналмилалист, аз њамаи мо љустуљўи эљодгарона ва дарёфти даќиќи василаву воситањои татбиќи ин манфиатњои миллиро таќозо дорад, бинобар “вазифаи љонии њар яки мову шумост, ки дар ин замина зањмат кашем ва бењтарин роњу тариќањои рушди устувори кишварро даќиќ муайян намоем...”[3]

Аммо ногуфта намонад, ки дар инкишофи Тољикистон масъа­лањои нав ба нав пайдо мешаванд, ки раванди тањкими Вањдати миллии Тољикистон аз њалли босуботи онњо вобаста аст.

Њаминро бояд тазаккур дод, ки дар адабиётњои илмї нисбати таърифи мафњуми Вањдати миллї андешаи ягона мављуд нест. Баъди омўзиши бархе аз ин таърифњои баёншуда, мо андешаи устоди Донишгоњи миллии Тољикистон Гулмањмад Зокировро ќобили ќабул донистем. Ў чунин менависад: “Вањдати миллї - ягонагии фаъолия­­ти умумиятњои мухталифи иљтимої, аз љумла умумиятњои миллию этникї дар таркиби давлати ягона, сатњи баланди худшиносї ва пайвасти ногустастании шањрвандон бо шакли давлатдорї, бо низоми мављудаи арзишњо ва идеалњо мебошад”[4]. Чї хеле ки устод дар давоми андешааш иброз менамояд: “Вањдат падидаест, ки бо тамоми раванду њодисањои њаёти љамъиятї ва шахсї робита ва пайвасти ногусастанї дошта, њамчун ќисми људонопазири шуури љамъиятї ва ѓояи мењварии суботи сиёсї амал менамояд. Вањдати миллї (давлатї) равандест, ки љанбаи комили сиёсї дошта, дар дои­­раи манфиатњои шахс, давлат ва љомеаю табиат ташаккул меёбад. Ба андешаи ў, “асоси Вањдати миллї дар Тољикистонро умумияти арзишњо, ки ба аксарияти кулли бошандагони кишвар наздиканд ва љомеаро дар умумияти ягона муттањид месозад, ташкил менамояд”[5].

Ба андешаи њамин муњаќќиќ, Вањдати миллии Љумњурии Тољи­кистон дар айни замон бо як ќатор мушкилї ва монеањо рў ба рў гардидааст, ки онњоро ў пай дар пай нишон медињад. Дар ин номгўй монеањои зайл низ ќайд гардидаанд, ки онњоро мо дар маљмўъ мавзўи тадќиќоти хеш ќарор додем: шаклњои гуногуни зуњури экстремизми сиёсї (экстремизми динї, этникї минтаќавию мањаллї) ва доираи васеи одамонро ба худ кашидани онњо; ифротгароии љавононе, ки зери таъсири идеалогияи мухталифи иртиљої ќарор гирифтаанд; мањалгарої дар сатњи гуногун, махсусан, њангоми интихоби кадрњо ва раванди идораи корњои давлатї ва љамъиятї; минтаќагарої ва дар заминаи он ба эътибор нагирифтани аввалият ва афзалиятњои манфиатњои умумидавлатї[6].

“Экстремизм”- менависад муаллифи луѓати тафсирии калимањои русї-интернатсионалї Воњид Шарифов (аз лот. extremue - ќатъї, њадди охирин) маънои - тарафдори тадбиру чорањо ва аќидањои ќатъї будан (бештар дар сиёсат)-ро дорад[7].

Такя ба шарњи луѓатии эктремизм ва меъёри конститутсионї, ки мувофиќи он ба њар кас озодии сухан, нашр, њуќуќи истифодаи воситањои ахбор кафолат дода шудааст (ќ.1 ва 3 м.29 Конститутсияи Россия, ќ.1 м.30 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон) муњаќќиќон И.И. Бикеев ва А.Г. Никитин таклиф менамоянд, ки аз ќонунгузори ибораи “экстремизм” хориљ карда шавад[8]. Ба андешаи Р.А. Сабитов ва Т.Р. Сабитов бо чунин пешнињод розї шудан мумкин нест, зеро, якум, дар илм ва њуќуќ набояд ба тафсири забонии ин ё он калима такя намуд. Чунки илми њуќуќшиносї дорои дастгоњи забонии худ мебошад. Дувум, экстремизм (мисли терроризм) мумкин аст на танњо чун идеология, ки шакли ифротии њалли ин ё он масъалаи ичтимоиро пешбинї мекунад, балки тарзу усул ва василањои татбиќ ва истифодаи онро низ дар бар гирад[9].

Мувофиќи Ќонуни ЉТ аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгарої)» экстремизм - ин изњори фаъолияти ифротии шахсони њуќуќї ва воќеї ба даъвати нооромї, дигаркунии сохти конститутсионї дар давлат, ѓасби њокимият ва тасарруфи салоњияти он, ангезонидани нажодпарастї, миллатгарої, бадбинии иљтимої ва мазњабї мебошад.

Фаъолияти экстремистї (ифротгарої) - ин фаъолияти итти­њодия­њои љамъиятї ё динї ё дигар ташкилотњо ё воситањои ахбори умум ё шахсони воќеї дар хусуси банаќшагирї, ташкил, тайёр ва амалї намудани кирдорњое мебошад, ки барои бо роњи зўроварї таѓйир додани асосњои сохти конститутсионї ва вайрон намудани ягонагии Љумњурии Тољикистон равона карда шудааст. Њамчунин фаъ­олияти экстремистї барои суст кардани амнияти ЉТ, ѓасб намудан ва азхуд намудани ваколатњои њокимиятї, ташкили воњидњои мусаллањи ѓайриќонунї, амалї гардонидани фаъолияти террористї, барангехтани кинаю адовати миллї, нажодї, мањалгарої ё динї равона карда мешавад.

Ба экстремизм, инчунин бетартибињои оммавї, њаракатњои ав­бошї, вандализм, ки аз ангезаи идеологї, сиёсї, бадбинии нажодї, мил­лї ё динї нисбат ба ягон гурўњи иљтимої, маблаѓгузории фаъ­олияти экстремистї ва ѓайра дохил мешаванд.

Экстремизм тамоюл ба зўроварии хусусияти сиёсидошта дорад. Он барои амалигардонидани сиёсат оид ба бо роњи зўроварї таѓйир додани сохти давлатї, ѓасб намудани њокимият, муќаррар намудани низоми фашистї ва ё дигар шаклњои идоракунии диктаторї равона карда мешавад. Ба зуњуроти экстремизм, инчунин даъват барои мунтазам вайрон кардани њуќуќи инсон, дискриминатсияи одамон аз нигоњи муносибати онњо ба дин, мансубии онњо ба ягон миллат ё нажод мансуб аст.

Амали экстремистї - ин фаъолияти шахсони њуќуќї ва ё воќеї вобаста ба банаќшагирї, ташкилкунї, тайёр кардан ва иљрои амал­њое (кирдорњое) мебошанд, ки барои иљрои маќсадњои зерин равона карда шудаанд:

а) ба тарзи маљбурї таѓйир додани сохти конститутсионї ва халалдор сохтани ягонагии Љумњурии Тољикистон;

б) зарар расонидан ба амнияти Љумњурии Тољикистон;

в) ѓасб ё тасарруфи салоњияти ваколатњои њокимият;

г) ташкил кардани гурўњњои мусаллањи ѓайриќонунї;

д) амалї гардонидани фаъолияти террористї;

е)ангезонидани муноќишањои нажодї, миллї ё динї, инчунин муноќишањои иљтимої, ки ба зўроварї ё даъват ба зўроварї алоќаманд аст;

ж) паст задани шаъни миллї;

з) ба амал овардани бетартибињои оммавї, авбошї ва харобкорї бо сабабњои душманї ё бадбинии идеологї, сиёсї, нажодї, миллї ё динї ва ё бо сабабњои бадбинї ё душманї нисбати ягон гурўњи иљтимої;

и) ташвиќоти ягона бурдан, бартарї доштан ё номукаммалии шањр­вандон бо хусусиятњои муносибати онњо ба дин, тамоюли иљти­мої, нажодї, миллї ва ё забонии онњо;

к) даъватњои оммавї барои амалї гардонидани фаъолияти мазкур ё иљрои амалњои номбаршуда;

л) маблаѓгузорї ба фаъолияти мазкур ё расонидани кўмак барои амалї гаштани он, људо кардани манзил, базањои таълимї, полиграфї, моддї-техникї, алоќањои телефонї, факсї, хизматрасонии иттилоотї, дигар воситањои моддї-техникї барои амалї шудани ин фаъолият.

Мувофиќи Ќонуни ЉТ «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгарої)» дар њудуди Тољикистон нашр ва пањн кардани маводњои чопї, аудио ва аудиовизуалї ва дигар маводњое, ки аќаллан як аломати дар ин модда пешбинишуда дошта бошанд, манъ карда мешавад. Ба ин маводњо мансубанд:

а) маводњои расмии манъшудаи ташкилотњои экстремистї;

б) маводњое, ки муаллифонашон шахсони мувофиќи санадњои њуќуќии байналмилалї барои љиноятњои зидди сулњ ва инсоният мањкум шудаанд ва аломатњои экстремистї доранд;

в) дигар маводњо, аз љумла маводњои беимзо, ки аломатњои экстремистї доранд.

Андешањои баёншуда ва меъёрњои муќараргардидаи Ќонуни ЉТ «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгарої)» мавриди тањлил ќарор дода, мо чунин натиљагириро дар хусуси моњияти экстремизм ба даст овардем.

Аввалан, экстремизм-ин кирдор ё фаъолияти муайян мебошад. Аз нуќтаи назари илми њуќуќ, экстремизмро нашояд чун тарафдор ё пайрави аќида ё фикрњои канораљўёнаи сиёсї, ки барои амалишавии назария ё љањонбинии сиёсию динї равона шудааст, фањмид. Дар назарияи њуќуќи љиноятї чунин андеша њоким бар он гардидааст, ки аќидањои экстремистї, сиёсии реаксионї, ки дар ин ё он шакл изњор гардида, ба дигар шахсон маълум шудааст, вале дар кирдор зоњир нагардидаанд, набояд чун њуќуќвайронкунї эътироф намуд[10]. Дар акси њол, фаъолияти њизби коммунист, дигар њизбу њаракатњо ва гурўњњои алоњидаи динї ё иљтимої, ба монанди аќаллиятњои шањватпарасти њамљинсро бояд манъ намоем.

Дувум, экстремизм ин истифодаи шакли ифротї, радикалии фаъ­олият мебошад. Мутобиќи муќаррароти Конвенсияи Шанхай аз 15 июни соли 2001 “канораљуйї” будани экстремизм маънои истифодаи зўроварии љисмонию рўњиро дорад. Аммо фаъолияти экстремистї бе истифодаи зуроварї низ содир мешавад. Масалан, истењсол ва пањн намудани маводњои экстремистї, бедор кардани бадбинї ё кинаю адовати идеологї, сиёсї, нажодї, миллї, мањалгарої ё диннї, њамчунин аз нигоњи бадбинї ё кинаю адоват нисбати кадом як гурўњи иљтимої.

Сеюм, пайвасткунандаи њама гуна шаклњои амали экстремистї, ки дар сархати 2 ќисми 1 моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 8 декабри соли 2003 “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгарої)” пешбинї шудааст, ин асоси идеологии экстремизм мебошад. Моњияти идеологии экстремизм дар рад намудани њама гуна аќидаи мухолиф ба экстремизм, маљбуран бор намудани назария ва аќидањои алоњидаи экстремистї ба дигар шахсон барои дар амал татбиќ намудани онњо, тавассути тарзу усулњои ифротї ифода меёбад. Вобаста ба ин, А.Г. Хлебушкин дуруст ќайд менамояд, ки на хусусияти тарзу услњои фаъолият, балки ангеза ва маќсад бояд њангоми ќабули ќарор љињати мављуд будан ё набудани амалњои экстремистї дар кидорњои шахс ба эътибор гирифта шавад[11]. Вобаста ба ин зикр намудан зарур аст, ки ангезањои амалњои экстремистї гуногунанд. Масалан, дар ќонунгузории љиноятї ангезањои экстремизм чун кинаю адовати идеологї, сиёсї, нажодї, миллї, мањалгарої ё динї, њ­­амчунин аз нигоњи бадбинї ё кинаю адоват нисбати кадом як гурўњи иљтимої муќаррар карда шудааст. Ин ангезањо дар навбати худ ба аломати њатмии тарафи субъективии љиноятњои экстремистї мутааллиќ буда, аз рўи онњо љиноятњои хусусиятњои экстремистї дош­та муайн карда шудааст.

Маќсади амалњои экстремистї мумкин аст дар халалдор сохтани амнияти љамъиятї, тарсонидани ањолї ё расонидани таъсир љињати аз љониби маќомоти њокимият ќабул намудани ќарор, ба таври љиддї дигар кардани самти сиёсати пешгирифтаи давлат, номуътадил сохтани вазъи иљтимоии љомеа, инчунин тањдиди анљом додани кирдорњои зикршуда бо њамин маќсадњо ифода меёбад.

Чорум, агар экстремизмро аз нуќтаи назари илми њуќуќи љиноятї тањлил намоем, яке аз нишонањои он ин зиддињуќуќї будани он ба шумор меравад. Зиддињуќуќии амалњои экстремистї маънои аз љониби меъёрњои љиноятї, маъмурї ё дигар соњањои њуќуќ манъ намудани ифротгароиро дар назар дорад. Масалан, дар Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурї барои маљбур кардан ба диндорї ё бединї, худопарастї ё бехудої ва иљрои маросимњои динї (м. 85), барои монеъ шудан ба амалї намудани њуќуќ ба озодии эътиќоди динї (м. 86), барои тайёр кардан, нигоњ доштан, воридот, њамлу наќл ва пањн кардани мањсулоти мамнўи воситањои ахбори омма, дигар мањсулоти чопии манъшуда дар њудуди Љумњурии Тољикистон (м. 374) љавобгарии маъмуриро пешбинї намудааст. Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон мувофиќи диспозитсияи м. 3072 кирдорњои дар моддањои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 2371, 242, 243 КЉ пешбинишударо љиноятњои хусусияти экстремистї дошта эътироф намуда, барои онњо љавобгарии љиноятиро муќаррар кардааст.

Њаракатњои экстремистї аз љониби ќонунгузор бо он сабаб зиддињуќуќї эътироф шудааст, ки он ба муносибатњои муайяни дар љомеа мављудбуда таљовуз менамояд ва дар натиљаи чунин таљовуз ба ин муносибатњо зарар ворид месозад ё ин ки онњоро тањти хатари ворид намудани чунин зарар ќарор медињад.

Мувофиќи назарияи њуќуќи љиноятї, агар дилхоњ кирдор, аз љумла њаракатњои экстремистї ба арзиш ва манфиатњои бо ќонунгузорї њифзшаванда зарар расонад, пас он чун љиноят бояд муќаррар карда шавад. Чунки расонидани зарар ба манфиатњои бо ќонуни љиноятї њифзшаванда, яке аз нишонањои тавсифкунандаи ба љамъият хавфнокии кирдор буда, ин нишона дар навбати худ барои криминализатсияи (љиноят донистан) кирдор хизмат мекунад. Дар иртибот бо ин, њаминро бояд тазаккур дод, ки њаракатњои экстремистї ба асосњои сохтори конститутсионї, њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд аз рўи ангезањои нажодпарастї, миллатгарої, мањалгарої, бадбинии иљтимої, мазњабї, диннї таљовуз меоваранд.

Панљум, субъекти фаъолияти экстремистї њам шахсони љисмонї ва њам шахсони њуќуќї шуда метавонанд. Масалан, мутобиќи м. 374 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон барои тайёр кардан, нигоњ доштан, воридот, њамлу наќл ва пањн кардани мањсулоти барангехтани хусумати иљтимої, нажодпарастї, миллї ва мазњабї, таблиѓи берањмї, зўроварї ва фисќу фуљур, њимояи терроризм ва экстремизм њам шахсони љисмонї ва њам шахсони њуќуќї ба љавобгарии маъмурї кашида мешаванд. Вобаста ба ин, шахсони њуќуќие, ки бояд мавриди татбиќи љазои маъмурї ќарор дода шаванд, мумкин аст иттињодияњои љамъиятию динї, воситањои ахбори омма ва дигар ташкилотњоро номбар намуд.

Њамин тавр, дар асоси гуфтањои боло метавон чунин мафњуми экстремизмро ифода намуд: экстремизм – ин амали зиддиљамъиятии шахсони љисмонї ва њуќуќие мебошад, ки ба таври зиддињуќуќї тарзу усулњои зўроварї ва дигар њаракатњои ифротиро аз рўи ангезањои кинаю адовати идеологї, сиёсї, нажодї, миллї, мањалгарої ё динї, њамчунин аз нигоњи бадбинї ё кинаю адоват нисбати кадом як гурўњи иљтимої истифода намуда, маќсадаш халалдор сохтани амнияти љамъиятї, тарсонидани ањолї ё расонидани таъсир љињати аз љониби маќомоти њокимият ќабул намудани ќарор, ба таври љиддї дигар кардани самти сиёсати пешгирифтаи давлат, номуътадил гардондани вазъи иљтимоии љомеа, инчунин тањдиди анљом додани кирдорњои зикршуда бо њамин маќсадњо ифода меёбад.

Бандаев И.С.- Сардори Шўъбаи робитањои

байналмилалии Вазорати тандурустии

Љумњурии Тољикистон



[1]

Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба Мачлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 20 апрели соли 2012.

[2] Дар хамон чо. .

[3] Хамон чо.

[4] Ниг.: Вахдат, 2012, 11-12 июн.

[5] Хамон чо

[6] Хамон чо.

[7] Шарипов В. Луѓати тафсирии калимахои русй-интернатсионалй. Душанбе. 1989.

[8] Бикеев И.И., Никитин А.Г. Уголовно-правовой анализ законодательства о противодействии экстремистской деятельности и некоторые вопросы его совершенствования // Следователь. 2007. №4. С.2.

[9] Сабитов Р.А., Сабитов Т.Р. Уголовно-правовые меры противодействия экстремисткой преступности. Челябинск, 2009. С.7.

[10] Кузнецова Н.Ф. Научные основа квалификация преступления. М., 2006. С.265.

[11] Хлебушкин А.Г. Экстремизм: уголовно-правовой и уголовно-политический анализ. Саратов, 2007. С.13.


ВАЊДАТИ МИЛЛЇ ОМИЛИ МУЊИМИ РУШДИ
СОЊАИ ТАНДУРУСТИИ КИШВАР

Дар ин давра ба муносибатњои бозаргонї гузаштан хеле душвор буд, зеро харобињои љанги шањрвандиро бартараф кардан лозим меомад. Ноустувории сиёсї, иљтимоиву иќтисодї, равандњои демографї дар давраи гузариш ба системаи тандурустї низ таъсири манфии худро расонд. Аксари нишондињандањои солимии ањолї њамчун давлати дорои маќоми пасти саломатї тавсиф карда мешуд. Дар як ваќт афзоиши беморињои сирояткунанда боиси хатари љиддї мегардид.

Ислоњоти соњаи тандурустиро дар Тољикистон шартан метавон ба чор марњила људо намуд. Марњилаи аввал то соли 1997-ро дар бар мегирад. Ин марњиларо яке аз марњилањои мушкилтарин метавон арздошт намуд, зеро ки он ба солњои ба итмом расидани љанги шањрвандї рост меомад. Дар ин давра Вазорати тандурустї фаъолияти худро пеш аз њама ба кам кардани миќдори катњо, аммо ин њолат боиси боз њам идома ёфтани вазъи номуътадили соња ва сатњи пасти нишондињандањои саломатї гардид ва Тољикистон аз дастгирии доманадори љомеаи љањонї бархўрдор гардид. Кўмакњои фаврї бо доруворї, ваксина, воситањои банду басти дар он ваќт гирифташуда дар њалли масъалањои тандурустї наќши муњим доштанд. Аммо лозим ба ёдоварист, ки ин кўмакњо дорои хусусияти фавќулодда доштанд ва ба талаботи вобаста ба љанги шањрвандї ва оќибатњои он нигаронида шуда буданд. Барои рафъи камбудињои мављудаи система эњтиёљот ба таѓйироти нисбатан амиќи сохторї ва механизми нисбатан эътимодноки хизматрасонии тиббї пайдо гардид. Кишвар дар ин давра имконият надошт тамоми имконоти мављударо ба маќсадњои ислоњоти иќтисодї равона созад ва ин танњо 27 июни соли 1997 пас аз ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон муяссар гардид.

Марњилаи дуюми ислоњоти соња солњои 1997 - 1999-ро дар бар мегирад. Дар ин давра дигаргунсозињои соња дар шароити нисбатан ором, гарчанде вазъи соња ва нишондињандањои саломатии ањолї, чун солњои пешин номусоид ва паст буд. Дар ин марњила Вазорати тандурустї барои тањияи њуљљатњои стратегии муайянкунандаи рушди минбаъдаи соња ва меъёриву њуќуќии он ба давраи иќтисоди бозоргонї мутобиќ кўшишњои зиёдеро ба харљ дод. Аввалин бор дар кишвар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њифзи саломатии ањолї», Стратегияи Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи саломатии ањолї то соли 2005, Барномаи соњавии ислоњоти нигањдории тандурустї (давраи якум 1997 - 2001) ва ѓайрањо тањия ва ќабул карда шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки ин давраи ислоњот барои бартараф намудани бўњрони соњаи тандурустї равона карда шуда буд. Дар ин давра дигаргунсозии маблаѓгузории соњаи тандурустї, мустањкам намудани идоракунї, такмили сохт ва шабакаи муассисањои тандурустї, сиёсати доруворї, сиёсати кадрї, хусусигардонии дорухонањо, њамкорињои байналмилалї ва ѓайрањо масъалањои мубрами рўз буданд.

Марњилаи сеюм дигарунсозињои соња солњои 1999-2006 дар бар гирифта, дар ин марњила ислоњот ба дараљаи муайян мавќеи худро ёфт. Дар соли 1999 аввалин лоињањои инвеститсионї бо дастгирии Ташкилоти Умумиљањонии Тандурустї ва Бонки Умумиљањонї оѓоз гардиданд. Дар ин давра аз љониби Вазорати тандурустї тањлили њаматарафаи њолати мављудаи муассисањои тиббї дар саросари кишвар гузаронида шуда, дар асоси он бо дастгирии техникии Ташкилоти Умумиљањонии Тандурустї Консепсияи ислоњоти соњаи тандурустї тањия карда шуд. Консепсияи мазкур самтњои гуногун ва масъалањои муњими соњаи тандурустиро дар бар гирифта, яке аз равандњои асосии афзалиятноки он, кўмаки аввалияи тиббию санитарї (КАТС) мебошад.

Бо назардошти нокифоя будани маблаѓњои буљети давлатии ба соњаи тандурустї људо шуда, зарурати љалби маблаѓњо аз њисоби институтњои молиявї ва ташкилотњои байналмилалии кўмакрасон ба миён омад. Лоињаи намунавии «Ислоњоти кўмаки аввалияи тиббию санитарї», ки соли 1999 аз њисоби Бонки Умумиљањонї буд, дар њаљми маблаѓи умумии 6,24 млн. доллари амрикої дар ду ноњияи таљрибавии Варзоб ва Данѓара амалї гардид.

Лоињаи номбурда аввалин лоињаи инвеститсионї дар соњаи тандурустии кишвар буд ва он ба дастраси њамагон будани кўмаки аввалияи тиббию санитарии аз љињати иќтисоди самаранок, ки ба ворид намудани тибби оилавї ва маблаѓгузории сарикасии хизмат­расонии тиббї равона карда шуда буд.

Дар 26 муассисањои тандурустии ноњияњои таљрибавї корњои таъмирию сохтмонї, муљањњаз намудани онњо бо таљњизотњои тиббї, наќлиёти санитарї, алоќаи радио, татбиќи Барномаи кафолати давлатии таъмини кўмаки ройгони тиббию санитарї, Тартиби хизмат­расонии тиббии пулакї дар муассисањои системаи тандурустї ба амал бароварда шуданд.

Дар доираи татбиќи Лоињаи таљдиди сектори иљтимої-и Бонки Осиёии Рушд, ки солњои 1999-2004 дар кишвар амалї гардид, дар 190 муассисаи кўмаки аввалияи тиббию санитарї, 16 Беморхонаи марказии ноњиявї, 4 Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилоятњои Хатлон ва Суѓд корњои сохтмонию барќарорсозї ба анљом расонида шуда, њамаи онњо бо таљњизотњои тиббии зарурї таъмин карда шуданд.

Аз соли 2004 оѓоз карда, дар доираи Лоињаи ислоњоти соњаи тандурустии Тољикистон аз њисоби ќарзи Бонки Рушди Осиё ба маблаѓи 9,375 млн. доллари ИМА корњои сохтмонию барќарорсозї дар зиёда аз 60 муассисањои тиббию фармасевтии ноњияњои таљрибавї ва сатњи миллї ба анљом расонида шуда, мавриди истифода ќарор дода шуданд.

Дар ин марњила, инчунин як ќатор њуљљатњо аз ќабили: Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе на­мудњои фаъолият дар Љумњурии Тољикистон», Стратегияи Љум­њурии Тољикистон оид ба њифзи саломатии ањолї, Барномаи рушди ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино барои солњои 2006-2015, Наќшаи стратегї оид ба саломатии репродуктивии ањолии Љумњурии Тољикистон то соли 2014 ва ѓайрањо тањия ва тасдиќ карда шуданд. Бори аввал соли 2003 Шўрои миллии тандурустї дар назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд.

Марњилаи чоруми ислоњоти нигањдории тандурустї аз соли 2006 оѓоз гардида, то имрўз идома дорад. Вазифаи асосии ин марњила дигаргун намудани сохти идоракунї ва маблаѓгузории соња, рушди тибби оилавї, мустањкам кардани заминаи моддию техникии муассисањои тиббї, тањкими системаи иттилоотии соња ва ѓайрањо мебошад. Аз љумла ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи суѓуртаи тиббї дар Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи тибби оилавї» ва Консепсияи Љумњурии Тољикистон оид ба таљдиди сохтори беморхонањо барои солњои 2006-2010, Консепсияи ислоњоти тањсилоти тиббию фармасевтї дар Љумњурии Тољикистон, Барномаи кафолатњои давлатї оид ба ањолии ноњияњои таљрибавї бо кўмаки тиббию санитарї барои солњои 2010-2011, таъсиси шўъба ва бахшњои тандурустї дар сохтори маќомоти мањаллии њокимияти давлатии шањру ноњияњо, Стратегияи миллии солимии ањолии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2020, Наќшаи таљдиди муассисањои тиббии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2020 тасдиќ шудаанд.

Ба инкишофи соња афзоиши суръати иќтисодї, таваљљўњи њама­љонибаи роњбарияти кишвар нисбат ба вазифањои афзалиятноки рушди иљтимої, инчунин сањми самарабахши љомеаи байналмилалии донорњо дар њифзи саломатии ањолии кишвар шароити мусоид фароњам овард.

Дар ин давра дар натиљаи азму талошњои зиёд сатњи фавти модарону кўдакон рў ба таназзул нињод. Теъдоди шахсони мубталои беморињои сироятї, аз љумла беморињои сироятии тавассути эмкунї идорашаванда кам гардид. Протоколњои клиникии замонавї ва дигар стандартњои кўмаки тиббї тањия ва татбиќ гардиданд. Беш аз нисфи таваллудхонањо вобаста ба «муносибати хайрхоњона нисбат ба кўдакон» сертификатсия карда шуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки маблаѓњои пешбинишудаи соњаи тандурустї аз соли ба тасвиб расонидани Консепсияи ислоњоти тандурустии Љумњурии Тољикистон то имрўз 14 маротиба зиёд гардид, ки ин ба татбиќи Консепсияи мазкур мусоидат намуд.

Дар ин давра бо истифода аз маблаѓњои буљети давлатї ва инвес­титсионї дар маљмўъ зиёда аз 730 муассисаи нави тандурустї бунёд гардида, њамаи онњо бо таљњизоти њозиразамони тиббї љињозонида шуданд.

Бояд ќайд намуд, ки айни замон дар соњаи тандурустии кишвар намояндагии 16 институти байналмилалии молиявї зиёда аз 31 лои­њаи инвеститсиониро амалї намуда истодаанд.

Дар доираи дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикис­тон љињати мусоидат намудан ба рушди бахши хусусї имрўз дар кишвар њамаи имкониятњо барои дар ќатори муассисањои давлатии тандурустї фаъолияти пурсамари муассисањои хусусии тиббї фароњам оварда шудаанд. Дар љумњурї фаъолияти хусусии тиббї аз соли 1997 шурўъ ёфтааст ва њоло дар ин самт бештар аз 350 муассиса ва соњибкорони инфиродї фаъолият дошта, мурољиати ниёзмандон ба онњо мунтазам афзуда истодааст.

Маблаѓгузории соњаи тандурустї нуќтаи пасттарини вазъи ногувори дањсолањои охирро рафъ намуда, ба рушди устувор тамоил дорад. Муттасил баланд бардоштани музди мењнати кормандони соња аз он гувоњї медињад, ки дар се соли охир давлат барои барќарорсозии суботи моддї, инчунин таќвияти маќоми касбї ва љамъиятии онњо талош меварзад.

Бо назардошти ин, Њукумати Љумњурии Тољикистон ба фа­роњам овардани хизматрасонињои иљтимоии муассир ва самарабахш ба ањолии камбизоат, харољоти оќилона ба бахши иљтимої љињати таъмини дастрасии одилона ба хизматрасонињои тандурустї таваљљўњи махсус зоњир менамояд. Дар ин самт Эъломияи Созмони Милали Муттањид Њадафњои рушди њазорсола то соли 2015 ќабул гардид, ки тибќи он вазифањои соњаи тандурустї то 2/3 паст кардани сатњи фавт байни кўдакони то 5-сола, то 3/4 паст кардани сатњи фавти модарон, боз доштани сатњи пањншавии ВНМО, вараља, сил ва дигар беморињо, давом додани раванди коњиш додани миќёси фарогирии онњо мебошад.

Чорабинињои иттилоотию маърифатї, ташкили муколамаи љамъиятї байни њамаи табаќањои љомеа, љалби њамкорон оиди рушд ба масъалањои зисти кўдакон, таъмини модаршавии бехавф, солимии репродуктивї, танзими оила, назорати антенаталї, бењбуди дастрасї ва сифати кўмаки бетаъхири акушерї дар њалли проблемањои бењбуди њифзи саломатии модару кўдак инчунин, мубориза бар зидди ВИЧ/СПИД, сил, вараља ва дигар беморињои сироятї бе таъсир намонда, боиси гузоштани ќадамњои устувор барои наздик шудан ба Њадафњои Рушди Њазорсола гардидаанд.

Стратегияи миллии солимї барои дањ соли минбаъда комилан ба дастовардњои давраи гузашта такя намуда, ба њалли самарабахши проблемањои мубрам нигаронида шудааст. Маќсади асосии Стратегия аз тањкими саломатии ањолии кишвар ва фароњам овардани муњити солими зист иборат мебошад. Татбиќи бомуваффаќияти Стратегия аз муносибатњои маљмўии идоракунии захирањою системањо ва натиљаи идоракунї дар соњаи тандурустї вобаста мебошад. Мањз пешбинии натиљањо, асоси андешањои стратегї ва заминаи асосии стратегияи миллии солимии ањолиро ташкил медињад, ки ба он тавассути таљдиди системаи идоракунии соњаи тандурустї, бо истифодаи нисбатан судманди захирањо ва таќвияти таъминоти захиравї ноил шудан мумкин аст.

Машрабова С.М.- сармутахассиси Шўъбаи њифзи давлатии

њуќуќу озодињои инсон ва шањрванди Ваколатдор оид ба

њуќуќи инсон дар ЉумњурииТољикистон


Вањдати миллї асоси пешрафти
њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд

Агар дар тамоми кишварњои љањон инсон ва њуќуќу озодињои ў љавњари асосии сиёсати давлатро ташкил дода, аз љониби љомеаи љањонї арзиши олї эътироф гардида бошад, Вањдат - бењтарин неъмат, њаёти инсон, орзуву ормон, тањкими давлат, наљоту рушди миллат ва њастии инсон дар њар давру замон аст.

27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї ба имзо расид, ки ин бузургтарин дастовард бањри барќарор кардани сулњи комил ва вањдати миллї дар Тољикистон мањсуб меёбад. Љанги шањрвандии тољикон бо имзои ин Созишномаи муќаддас хотима ёфт, ки дар таљрибаи љањонї собиќа надорад.

Кишвари мо баъди њазор соли бедавлатї аз нав соњибдавлат шуда, истиќлолият ба даст овард. Мањз давлати миллї, давлати соњибистиќлолу озоди демократї имконият фароњам овард, ки мо вањдати миллиамонро ба даст орем.

Мањз бо шарофати зањматњои Сарвари давлат ин санади муњим ва бузургтарин рўйдоди таърихии таќдирсоз ба имзо расида, бунёди љомеаи навини тољикон оѓоз шуд, харобињои љанги шањрвандї обод карда шуданд, ќисмати зиёди гурезагон ва муњољирон ба ватан баргардонида шуданд, барои тањкими њокимият ва давлат шароит муњайё карда шуд, артиши миллї ва ќуввањои сарњадї таъсис дода шуданд, заминањои устувори њуќуќиву сиёсї фароњам оварда шуд.

Зикр кардан љоиз аст, ки Эмомалї Рањмон Президенти Љумњурии Тољикистон моњият ва наќши Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллиро бо Эъломияи истиќлолияти давлатї дар як сатњ эътироф намуда, таъкид намуданд, ки: «агар Эъломия дар Тољи­кистон ба таври расмї истиќлол ва соњибихтиёрї ато карда бошад, пас Созишнома сулњу суботро дар сарзамини мо таъмин кард».

Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ, ки дар соли таљлили ду санаи бузургу таќдирсози давлати Тољикистон 20 солагии Иљлосияи 16-уми Шўрои Олї ва 15-солагии Рўзи вањдати миллї пешнињод гардид, иброз намуд, ки: «… Вањдати миллї ва њамдигарфањмии афроди љомеа муњимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад».

Ў њамчунин таъкид намуд, ки «Ќонун бояд, пеш аз њама, ба њифзу њимояи инсон ва њуќуќу озодињои ў равона карда шавад, мавќеи шахс­ро дар љомеа мустањкам намояд ва барои истифодаи нерўи моддиву маънавии вай, зиндагии осуда ва озоду шоистаи шањрвандон дар љомеа мусоидат намуда, фазои муътадили соњибкорї ва фаъ­олияти муназзами маќомоти давлатї, корхонањо ва ташкилоту муассисањо замина гузорад».

Мањз ба шарофати истиќлолият ва Вањдати миллї Љумњурии Тољикистон њамчун кишвари сулњпарвар аъзои Созмони Миллали Муттањид гардид ва дар арсаи байналмилалї ба расмият шинохта шуд.

Ин пайванд буд, ки номи тољик ба забони тољикї аз баландтарин минбарњои чањон садо дод, ливои давлати соњибистиќлоли Тољикистон дар пойгоњи бонуфузтарин созмонњои дунё парафшонї кард.

Ба шарофати ин пайванд, имрўз њамкорињои судманд бо соз­монњои бонуфузи байналмилалї, аз ќабили: Созмони Миллали Мут­тањид, Созмони Амнияту Њамкорї дар Аврупо, Созмони конфронси исломї, Иттињоди Аврупо, Иттињоди Давлатњои Мустаќил, Иттињоди иќтисодии Аврупо ва Осиё, Созмони њамкорињои Шанхай Тољикистонро ба њайси давлати демократию њуќуќбунёд ба љањониён муаррифї намуд.

Њаминро бояд тазаккур дод, ки дар ин љода як ќатор санадњои байналмилалї оид ба њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд ба монанди: Эъломияи умумии њуќуќи башар, Пай­монњои байналмилалї оид ба њуќуњои сиёсї ва шањрвандї ва њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї, Конвенсия зидди шиканља ва дигар намудњои муносибат ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия дар бораи барњам додани тамоми шаклњои табъиз нисбати занон, Конвенсия оид ба њуќуќи кўдак ва амсоли инњо аз љониби Љумњурии Тољикистон эътироф карда шуда, мавриди амал ќарор дода шудаанд.

Љумњурии Тољикистон љињати баамалбарорї ва иљрои ўњдадо­рињои байналмилалии ба зиммадоштааш ба Кумитаи Созмони Милали Муттањид оид ба вазъи риояи њуќуќи инсон дар кишвар ба таври даврї њисобот пешнињод менамояд. Њукумати Љумњурии Тољикистон то инљониб доир ба 7 санади байналмилалии ба тасвибрасида дар соњаи њуќуќи инсон Маърўзањои миллї пешнињод намуд.

Њаминро бояд ќайд кард, ки даври аввали иљрои ўњдадорињо бо пешнињоди њисобот доир ба Конвенсияи байналмилалї дар бораи њимояи њуќуќи муњољирони мењнатї ва аъзоёниоилаи онњо моњи апрели соли љорї хотима ёфт.

Њамчунин љињати дар амал татбиќ намудани меъёрњои бай­нал­милалї дар соњаи њуќуќи инсон ќонунњои амалкунандаи љум­њурї ба стандартњои љањонї мутобиќ карда шуданд. Як зумра ќо­нунњо, аз ќабили: Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољи­кистон, Кодекси расмиёти маъмурии Тољикистон, ќонунњои Љум­њурии То­љикистон: «Дар бораи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љум­њурии Тољикистон», «Дар бораи хизмати давлатї», «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї», «Дар бораи озодии виљдон ва итти­њо­дия­њои динї», «Дар бораи маљлисњо, гирдињамоињо, намоишњо ва роњ­паймоињои осоишта» ва амсоли инњо тањия ва ќабул гардиданд.

Љињати иљрои тавсияњои Кумитаи Созмони Милали Муттањид оид ба њуќуќи инсон доир ба Маърўзањои миллии пешнињодгардида аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон лоињаи нави Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи адвокатура» (њуќуќ ба њимоя), њамчунин лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи чорањои пешгирии зўроварї дар оила» ва ѓ. тањия гардида, ба парлумон пешнињод карда шудааст.

Њамчунин дар ин раванд бо дарназардошти ањамият, наќш ва мавќеи њокимияти судї дар тањкими ќонуният, тартиботи њуќуќї, њифзи њуќуќу озодињои шањрвандон Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї барои солњои 2011-2013 ќабул гардид (Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 январи соли 2011), ки он вобаста ба бењтар кардани фаъолияти низоми адолати судї ањамияти муњим дорад.

Инчунин барои баланд бардоштани маърифатнокии њуќуќии шањрвандон бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон Барномаи таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон барои солњои 2009-2019 ќабул гардида, мавриди амал ќарор дорад.

Истиќлолияти Тољикистон сањифае наверо дар пешрафти њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд кушод. Дар ин раванд чандин институтњои љомеаи шањрвандї, ба монанди Суди конститутсионї, Маркази миллии ќонунгузорї ва Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуданд, ки маќсади асосиашон таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд мебошад.

Амалї гардидани ин омилњо аз вањдати миллї ва сулњу суботи љомеа вобаста мебошад.

Сарвари давлат Эмомалї Рањмон њанўз соли 2007 љињати таъсис додани институти миллии њуќуќи инсон дар Паёми худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таъкид карда буд, ки: «Бо маќсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии љомеа, инчунин баланд бардоштани сатњи њимояи њуќуќи инсон, дар мамлакатамон ваќти њалли масъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдори њуќуќи инсон расидааст….»

Маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон кафолати иловагии њуќуќу озодињои инсонро пурра намуда, дар фаъолияти худ доир ба барќарор намудани њуќуќу озодињои вайронгаштаи инсон ва шањрванд, баланд бардоштани маърифатнокии њуќуќии шањрвандон, рушд ва њамоњангсозии њамкорињои байналмилалї дар соњаи њуќуќу озодињои инсон мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, дар кишвари мо њифзу њимояи њуќуќи инсон ва шањрванд аз љониби якчанд маќомоти давлатї, аз ќабили: суд, прокуратура, милитсия, њокимияти мањаллї ва ѓ. ба амал бароварда мешавад.

Низоми нави давлатдорї, ки дар натиљаи Вањдати миллї, исло­њоти конститутсионї ва низоми ќонунгузории чумњурї тарњрезї гардид, барои озодии инсон ва љомеа заминањои воќеї муњайё намуд. Њамзамон ба озодии андеша, виљдон, аќида ва раъйю ирода, њам­чунин озодии фаъолиятњои иќтисодї барои њар як шањрванд фароњам оварда шуд.

Дар асоси ризоияти миллї дар ќаламрави кишвар бо риояи принсипњои љомеаи демократї ва њуќуќбунёд айни њол фаъолияти озодонаи 8 њизби сиёсї, зиёда аз 3 њазор ташкилотњои ѓайридавлатї, зиёда аз 446 рўзномаю маљаллаи давлатию хусусї, 10 ољонсии иттилоотї ва 54 муассисаи телевизиониву радиої ба роњ монда шуда, њуќуќу озодї, манфиатњои инфиродии шањрвандон ва гуногунандешии сиёсї кафолат дода шудааст.

Ќобил ба зикр аст, ки дар ин раванд дар љумњурї як ќатор соз­монњои ѓайридавлатї ва ташкилотњои байналмилалї фаъолият менамоянд, ки ин далели сиёсати пешгирифтаи давлат љињати мусоидат намудан ба риояи њуќуќу озодињои инсон мебошад.

Вањдати миллї асоси оромиву осудагии халќ, кафолати инкишофи давлат ва омили рушди љомеа мебошад.

Бо дарназардошти гуфтањои боло, њаминро ќайд карданиям, ќи њамаи ин дастовардњо шањодати пешрафти њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар љумњурї мебошад.

Имрўзњо кишвари мо ва мардуми Тољикистон 15 солагии ин рўйдоди таќдирсоз, ин санаи фархундаву сарнавиштсозро бо шукр­гузорї аз истиќлолияти давлатї, давлатдории миллї ва сулњу суботи пойдор таљлил менамоянд.

Ба ин муносибат њамаи шуморо бо ин љашни муќаддас самимона табрик гуфта, бароятон оромиву осудагї ва рўзгори некро орзу менамоям.

Бигузор дар кишвари мо Вањдати миллї пойдор ва сулњу субот абадї њукмрон бошад.


ЌАРОРЊОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Ќ А Р О Р И


СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шањрванд Бобоев Љ. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 15 майи соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя - котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судй Ботирова Г.,

тарафњо:

Бобоев Љурабой тавассути адвокатњои ваколатдори ў - Романов С. Т. ва Шарипов А. П. - тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

Гиёев С.Н. - намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Илолов М.И. - намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Шоназаров С.А. - намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон - намояндагони тарафњое, ки конститутсионї будани ќонуни ќабул, љонибдорикарда ва ба имзорасонидаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

Даъватшудагон:

1) Орипов Н.М. - муовини аввали Вазири корњои дохилии Љум­њурии Тољикистон;

2) Ќодиров А.С.- муовини аввали Вазири адлияи Љумњурии Тољи­кистон;

3) Гулматшоев Р.К. - муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон;

4) Исоќов А. Н. - муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон;

5) Азаматов В. А. - муовини аввали Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон;

6) Бандишоев М. Р. - муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон;

7) Каримов М. - судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

8) Тавуров А.Ѓ. - муовини сардори Раёсати тафтишоти Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон;

9) Баротов М.Х. - сардори шўъбаи њуќуќ ва муносибатњои байналмилалии Кумитаи давлатии амнияти миллї;

10) Бадриддинова Р.Њ. - мудири шўъбаи дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости шањрванд Бобоев Љ. «Дар бораи муайян намудани муто­биќати сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судя-котиби Суди конститутсионї К.Каримов, баёноту хулосаи тарафњо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Бобоев Љурабой бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки 19 феврали соли 2010 писари ў -Бобоев И.Љ. дар њудуди шањри Исфара аз тарафи кормандони Раёсати мубориза бар зидди љиноятњои муташаккили Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон (РМЗЉМ ВКД ЉТ) дар вилояти Суѓд дастгир карда шуда, ба шањри Хуљанд оварда шуд. Дар ваќти пурсиш, бинобар аз тарафи кормандони маќомоти зикршуда содир кардани њаракатњои ѓайриќонунї писараш аз љароњатњои гирифтаи љисмонї вафот намудааст.

Оид ба њодисаи содиршуда 25 марти соли 2010 аз љониби Прокуратураи вилояти Суѓд нисбат ба кормандони Раёсати мазкур Акбаров М.Г. ва Шокиров Ф.Ф. бо ќисми 1 моддаи 104, ќисми 3 моддањои 316, 247 ва 250-и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон парвандаи љиноятї оѓоз карда шуда, ў намояндаи љабрдидаи фавтида эътироф гардидааст.

Баъд аз гузаронидани як ќатор амалњои тафтишї, 25 июни соли 2010 тафтиши пешакї оид ба парвандаи мазкур боздошта шуд.

Мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки ў њамчун намояндаи фав­тида аз амалњои тафтишии гузаронидашуда, маљмўи далелњои љамъ­овардашуда ва ќабули ќарор дар бораи боздоштани тафтиши пешакї ягон иттилоот надорад. Дархостњояш дар хусуси пешнињод намудани маводи парвандаи љиноятї барои шиносшавї аз тарафи маќомоти тафтиш бо назардошти муќаррароти сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он:

«Љабрдида, намояндаи ќонунї ва намояндаи ў њуќуќ доранд:

– пас аз анљоми тафтиш бо њамаи маводи тафтишот шинос шаванд, аз онњо њама гуна маълумотро ба андозаи гуногун барои худ рўйнавис кунанд», рад карда шуданд.

Баъдан, ў барои њимояи манфиатњои ќонунияш адвокатњои вако-латдор - Шарипов А. П. ва Романов С.Т.-ро љалб намудааст, ки онњо 7 октябри соли 2011 бо пешнињод намудани ордерњо ба кор ворид гардида, бо аризаи шикоятї дар хусуси пешнињод намудани маводњои парвандаи љиноятї барои шиносої ба Прокуратураи вилояти Суѓд ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон мурољиат намудаанд.

Тибќи мактуби љавобии Прокуратураи вилояти Суѓд аз 10 декабри соли 2011 тањти № 18/156-11, номбурда њуќуќи пурра бо маводњои парвандаи љиноятї шинос шуданро баъд аз ба итмом расидани тафтиш пайдо мекунад.

Ба андешаи мурољиаткунанда ва адвокатњои ваколатдор, сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ба љабрдидагон, аз љумла ба ў њамчун намояндаи љабрдида имконият намедињад, ки аз оѓози тафтиши пешакї то ба анљом расидани он бо маводи парвандаи љиноятї шинос шуда, њуќуќњои конститутсионии худро оид ба баробарии њама дар назди ќонун ва суд ва кафолати њифзи судї амалї намояд.

Бо ин назардошт, номбурда ба Суди конститутсионї мурољиат карда, хоњиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, мутобиќати сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости зикр­гардидаро мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки танзими њамаљониба ва фарогири пешбурди мурофиаи судии љиноятї ва дар ин замина дуруст муайян намудани њолати њуќуќии иштирокчиёни он, аз љумла љабрдида, ки ба ў аз љинояти содиршуда зарари љисмонї, моддї ва маънавї расонида шуда, њуќуќу манфиатњояш зери тањдиди бевоситаи суиќасд ба љиноят ќарор мегирад, яке аз самтњои афзалиятноки фаъолияти меъёр эљодкунии давлат ба шумор меравад.

Чунин амали давлат муњимтарин кафолати таъмини њуќуќу ўњдадорињои иштирокчиёни мурофиаи судї арзёбї гардида, он ба муќаррароти санадњои њуќуќии байналмилалї оид ба адолати судї, алалхусус ба Эъломияи принсипњои асосии адолати судї барои љабр­дидањо аз љиноятњо ва суистифода аз њокимият, ки 29 ноябри со­ли 1985 аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ ќабул шудааст, асос ёфтааст.

Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар баробари ба њар кас додани кафолати њифзи судї ва танзими умумии масъалањои љиноят ва љазо, ба њолати њуќуќии љабрдидагони љиноят низ бетафовут набуда, пешбинї менамояд, ки њуќуќи љабрдидаро ќонун њифз менамояд ва давлат њифзи судї ва љуброни зарарро барои ў кафолат медињад.

Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки аз 1 ап- рели соли 2010 мавриди амал ќарор дорад, бо мазмуну мундариљаи худ низ талаботи санадњои меъёрии њуќуќии зикршударо пурра инъикос менамояд.

Тибќи Кодекси мазкур вазифањои пешбурди мурофиаи судии љиноятї аз муќаррар намудани тартиби пешбурди парвандањои љиноятї, њалли одилонаи масъалањои баррасишаванда дар тафтишот ва суд, инчунин риоя намудани меъёрњои мурофиавї њангоми татбиќи ќонуни љиноятї иборат буда, барои њамаљониба, пурра, холисона ва беѓаразона муайян намудани њолатњои кор ва ба амал баровардани адолати судї равона карда шудааст.

Вобаста ба ин, Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки тартиби пешбининамудаи сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятї, ки мутобиќати он ба моддањои 17 ва 21 Конститутсия мавриди бањси мурољиаткунанда ќарор дода шудааст,бо назардошти хусусияти мурофиаи љиноятї наметавонад њамчун њолати мањдудкунандаи њуќуќи љабрдида ба гирифтани иттилоот оид ба парвандаи ў арзёбї гардад. Зеро ќонунгузор вобаста ба мавзўи мурофиаи љиноятї, яъне баррасии љиноят ва ошкор кардани он, инчунин таъмин намудани адолати судї, ки ќисмати муњими адолати иљтимої дар љомеа ба шумор меравад, тартибе муќаррар кардааст, ки он бояд барои пурра, объективона ва холисона муайян намудани њолатњои кор, айбдоркунии шахси ба љавобгарї кашидашуда ва барќарор намудани зарари ба љабрдида расонидашуда мусоидат карда тавонад.

Тартиби мазкур инъикоси манфиат, њуќуќу ўњдадорињои тамоми иштирокчиёни мурофиаи љиноятї, аз љумла љабрдида буда, амалї намудани онро бе таъмини махфияти тафтиш тасаввур кардан мумкин нест.

Дар давоми тафтиши пешакї шинос намудани иштирокчиёни мурофиаи љиноятї бо маводи тафтиш-ин амалан вайрон ва фалаљ гардидани раванд ва тартиби љамъоварии далелњо, исботкунии гуноњ ва љинояти содиргардида мебошад. Дар ин њолат тафтиши пешакї њамчун зинаи муњими мурофиаи љиноятї аз амалї намудани вазифањо ва маќсади пешбурди мурофиаи љиноятї мањрум гардида, ањамияти њуќуќї ва иљтимоии худро аз даст медињад.

Ба ѓайр аз ин, таъмини муќаррароти пешбининамудаи Консти- тутсия дар хусуси кафолати њифзи судї ва њифзи њуќуќи љабрдида, њамчунин амалї намудани талаботи Кодекси мурофиавии љиноятї, ки тибќи он мурофиаи љиноятї инсон ва шањрвандро аз айбдоркунї ва мањкумкунии беасос, ѓайриќонунї мањдуд кардани њуќуќу озодињои ў њимоя мекунад ва дар њолати гунањгор донистан ё мањрум намудани шахси бегуноњ ўро бетаъхир сафед менамояд, имконнопазир мегардад.

Тартиби пешбининамудаи сархати 8 моддаи зикршудаи Кодекси мурофиавии љиноятї, инчунин ба муќаррароти моддаи 25 Конститутсия, ки бо он алоќамандии мантиќї ва мавзўї дорад, низ мухолиф нест.

Моддаи зикршуда пешбинї менамояд, ки «маќомоти давлатї, иттињодияњои љамъиятї, њизбњои сиёсї ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба њар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба њуљљатњое, ки ба њуќуќ ва манфиати ў дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои њолатњое, ки ќонун муайян кардааст».

Конститутсия ба њар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба њуљљатњое, ки ба њуќуќ ва манфиати ў дахл доранд, кафолат дода, њамзамон нисбати ин њуќуќи шањрвандон њолатњои истисної низ пешбинї менамояд, ки муайян намудани њолатњои мазкурро ба ќонун њавола кардааст. Марњилаи тафтиши пешакї низ аз ин њолати истиної берун буда наметавонад.

Бояд зикр кард, ки ќонунгузор дар моддаи 177 Кодекси мурофиавии љиноятї фош кардани маълумоти тафтиши пешакиро нораво эълон намуда, муфаттишро вазифадор намудааст, ки љињати таъмини махфият ва фош накардани маълумоти тафтиши пешакї чорањои дахлдорандешад.

Чунончї, аз иштирокчиёни мурофиаи љиноятї, аз љумла аз љабрдида гирифтани забонхатро дар бораи фош накардани маълумоти тафтиши пешакї, инчунин ба љавобгарии љиноятии муќаррарнамудаи моддаи 361 Кодекси љиноятї кашидани шахсони вайронкунандаи забонхатро пешбинї намудааст.

Њамин тариќ, бо маводи тафтишот пас аз анљоми тафтиш шинос шудани љабрдида - ин манъ ва мањдуд намудани њуќуќи љабрдида ба шиносшавї бо маводи тафтишот набуда, таъмини баробарњуќуќии љабрдида бо дигар иштирокчиёни мурофиаи љиноятї мебошад. Он минбаъд асос ва заминаи кафолати њифзи судї ба шумор меравад, ки тавассути мурофиаи ошкорои судї, мубоњиса ва баробарии тарафњо сурат мегирад.

Аз љониби дигар, пас аз анљоми тафтиш шинос шудани љабрдида бо тамоми маводи тафтишот, аз он рўйнавис кардани маълумоти зарурї, пешнињод намудани дархост дар бораи пурра намудани тафтиш, њатмї будани арзи дархости љабрдида ва баррасии он,њаќ надоштани муфаттиш ба рад намудани дархости љабрдида дар бораи муайян намудани њолатњое, ки барои парванда ањамиятнок мебошанд, огањ намудани љабрдида барои шинос шудан бо маводи тафтиши иловагї ва бо натиљаи тафтиши иловагї шинос намудани љабрдида - маљмўи кафолатњои пешбининамудаи њуќуќи мурофиавии љиноятї мебошад, ки онњо барои амалї намудани њуќуќи конститутсионии љабрдида равона карда шудаанд.

Бинобар ин, Суди конститутсионї бо назардошти њолатњои дар боло зикршуда, сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятиро ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мењисобад.

Њамзамон, Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон дар фаъолияти худ риояи бечуну чарои талаботи моддаи 18 Конститутсияи (Сарќонуни) ЉумњурииТољикистонро, ки тибќи он «Ба њељ кас шиканља, љазо ва муносибати ѓайриинсонї раво дида намешавад» таъмин намуда, љињати ошкор кардани љинояти зикршуда ва ба љавобгарии љиноятї кашидани гунањгорон чорањои дахлдори пешбининамудаи ќонунгузориро андешанд.

Дар асоси гуфтањои боло, мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14, 36, 37, 46, 47, 48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќарор кард:

1. Сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сар­ќо­нуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошад.

2. Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон дар фаъолияти худ риояи бечуну чарои талаботи моддаи 18 Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистонро, ки тибќи он «Ба њељ кас шиканља, љазо ва муносибати ѓайриинсонї раво дида намешавад» таъмин намуда, љињати ошкор кардани љинояти зикршуда ва ба љавобгарии љи­ноятї кашидани гунањгорон чорањои дахлдори пешбининамудаи ќо­нунгузориро андешанд.

3. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

4. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов


ТАЪИНОТЊОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН



ТА Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Раљабов Љ. «Оид ба муайян намудани мутобиќати моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 1 декаб­ри соли 1994 № 1106 «Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї» ба моддањои 35 ва 39 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе «3» майи соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ботирова Г.,

дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судяи Суди консти- тутсионї Гулзорова М.-ро оид ба дархости шањрванд Раљабов Љ. «Оид ба муайян намудани мутобиќати моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 1 декабри соли 1994 № 1106 «Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї» ба моддањои 35 ва 39 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида

 

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Раљабов Љураќўл бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки ў 11 майи соли 1993 бо фармони № 803 њ/ш Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон бо собиќаи хизматии беш аз 20 солу 8 моњу 25 рўз, ки бо њисоби имтиёзї 26 солу 7 моњу 19 рўзро ташкил медињад, бо њуќуќи гирифтани нафаќа барои собиќаи хизмат бо хоњиши худаш аз ВКД ЉТ аз кор рафтааст.

19 апрели соли 1993 ў ба кор ба маќомоти прокуратура гузашта, дар он љо то 8 декабри соли 1996 фаъолият намудааст. 10 ноябри соли 1996 бошад барои идомаи минбаъдаи хизмат аз маќомоти прокуратура ба маќомоти гумруки Љумњурии Тољикистон ба кор гузашта, дар он љо то 25 декабри соли 2002 фаъолияти мењнатиашро идома додааст.

Њамин тариќ, номбурда баъди аз ВКД ЉТ бо њуќуќи гирифтани нафаќа барои собиќаи хизмат бо хоњиши худ аз кор рафтанаш, боз 9 соли дигар дар ду маќомоти дигари њифзи њуќуќ кор ва фаъолият намуда, барои њисоб кардани нафаќааш ба ВКД ЉТ мурољиат намудааст.

Раёсати молия ва иќтисоди ВКД ЉТ парвандаи нафаќавии ўро аз маќомати гумрук талаб карда гирифта, ба ў барои собиќаи хизматии беш аз 20 солу 8 моњу 25 рўзааш дар ВКД ЉТ нафаќа барои собиќаи хизмат таъин намуда, 9 соли фаъолияти минбаъдаи ўро дар маќомоти њифзи њуќуќ ба инобат нагирифт.

Дар хусуси ба инобат гирифтани собиќаи хизматии 9 солаи худ дар маќомоти зикршуда, ў якчанд маротиба ба шўъбаи нафаќаи Раёсати молия ва иќтисоди ВКД ЉТ мурољиат намуд. Сохтори зикр­шуда мактуби Кумитаи ќонунгузорї ва њуќуќи инсони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 24 июни соли 1997-ро ба инобат гирифта, бо дастрасии ќисми 2 моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи хизмачиёни њарбї», ки тибќи он:

«Дар мавриди такроран ба хизмати њарбї ё ба маќомоти корњои дохилї, муассиса ва маќомоти системаи иљрои љазои љиноятї, маќомоти гумрук, полиси андоз, љузъу томњои Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Љумњурии Тољикистон, дар вазифаи судя, маќомоти прокуратура ба хизмат таъин шудани шахсони дар њамин модда зикршуда, ки нафаќа мегиранд, њангоми минбаъд аз хизмат љавоб додани онњо пардохти нафаќа ба онњо дар асоси собиќаи хизмат ва собиќаи кориашон дар рўзи охирини аз хизмат љавоб шуданашон аз нав барќарор карда мешавад», мурољиатњои ўро рад намудааст.

Мурољиаткунанда чунин мешуморад, ки амалњои Раёсати молия ва иќтисоди ВКД ЉТ, ки моддаи 14 Ќонуни зикршударо дастрас карда, собиќаи 9 солаи ўро дар маќомоти прокуратура ва гумрук ба эътибор намегирад, ѓайриконститутсионї буда, њуќуќњои конститутсионии ўро ба њифзи мењнат ва њимояи иљтимої ва кафолати таъмини иљтимої дар пиронсолї, пешбининамудаи моддањои 35 ва 39 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон поймол намудааст.

Бинобар ин, ў имконият надорад, ки њуќуќњои зикршудаи консти- тутсионии худро барои фаъолияти мењнатии 9 солааш дар маќомоти хифзи њуќуќ тавасути нафаќа амалї намояд.

Барои њимояи њуќуќњои конститутсионии худ ба маќомоти судї мурољиат намуда бошад њам, аммо Суди ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе бо њалнома аз 12 сентябри соли 2001 ва баъдан Коллегияи судї оид ба корњои граждании Суди шањри Душанбе бо ќарори худ аз 17 ноябри соли 2011 аризањои ўро беќаноат монондаанд.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, Раљабов Љ. ба Суди консти- тутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, аз он хоњиш намудааст, ки оид ба пешнињоди ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, мутобиќати ќисми 2 моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 1 декабри соли 1994 № 1106 «Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї» ба моддањои 35 ва 39 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо њамаљониба тањлил ва мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки номбурда агарчї субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї шуда тавонад њам, аммо дар талаби дар ариза-дархост гузоштаи ў, яъне муайян намудани мутобиќати ќисми 2 моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї» ба моддањои зикршудаи Конститутсия номуайяние дида намешавад, ки он барои оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї асос гардад.

Мазмуну мўњтавои аризаи (дархости) мурољиаткунанда дар хусуси оид ба як масъала ба њам мувофиќ набудани љавобњои кумитањои гуногуни Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, яъне тафсири нодурусти ќисми 2 моддаи 14 Ќонуни зикршуда, аз тарафи ВКД ЉТ ва судњо ба инобат гирифта нашудани мактубњои Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ва Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии Љумњурии Тољикистон, инчунин хулосањои дигар маќомоти ваколатдор, татбиќи нодурусти меъ­ёри зикршудаи ќонун аз тарафи судњо ва дигар маќомоти дахлдори давлатї ба салоњияти Суди конститутсионї мањсуб нест.

Баъдан, Суди конститутсионї на њаллу фасли масъалањои зикр- шуда ва бањодињї ба татбиќи дуруст ё нодурусти ќонун ва санадњои меъёрии њукуќиро аз тарафи субъектони ваколатдори њуќуќ, балки муайян намудани мутобиќати ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистонро ба Конститутсия баррасї менамояд, агар боиси поймол ё мањдуд гаштани њуќуќњои конститутсионии инсон ва шањрванд мањз меъёрњои мушаххаси ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї гардида бошад.

Мурољиаткунанда дар аризаи (дархости) худ муайян намудани мутобиќати моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї»-ро ба моддањои зикршудаи Конститутсия ба миён гузошта, барои исботи андешањои худ далел ё асосноккуниеро пеш наовардааст. Њамчунин матни аризаи (дархост) саросар аз масъала ва мавзўњое иборат аст, ки баррасии онњо мувофиќан ба салоњияти маќомоти дар боло зикршудаи давлатї тааллуќ дорад.

Бо ин назардошт, аризаи (дархости) Раљабов Љ. аз љињати шак­лу мазмун низ ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», ки барои пешнињоди дархостњои субъектони мурољиат ба Суди конститутсионї пешбинї гардидааст, мувофиќат намекунад.

Њамзамон, Раљабов Љ. метавонад, љињати тафсири расмї оид ба татбиќи дурусти ќисми 2 моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї» бори дигар ба Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, бо назардошти тафсири додашуда, ќазияи худро њаллу фасл намояд.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї аз рўи дархости шањрванд Раљабов Љ «Оид ба муайян намудани мутобиќати моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 1 декабри соли 1994 № 1106 «Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї» ба моддањои 35 ва 39 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар тобеи Суди конститутсионї набудани талаби дар дархост пешнињодшуда ва аз љињати шаклу мазмун мувофиќ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов

 

 

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Мирзоев Умедљон «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 20 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва ќисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои сиёсї ва шањрвандї»

шањри Душанбе «3» майи соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ботирова Г.,

дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судя-котиб Каримов К.М.-ро оид ба дархости шањрванд Мирзоев Умедљон «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 20 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва ќисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои сиёсї ва шањрвандї» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Мирзоев Умедљон бо дархост ба Суди конститутсионї мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки 29 ноябри соли 2011 ў бо њамроњии Муртазоев Искандархон ва Ќањњоров Бахтовар дар содир намудани дуздии як адад телефони мобилии шањрванд Ќурбоналиева З. Э. гумонбар дониста шуда, аз љониби кормандони Шўъбаи корњои дохилии ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе дастгир гардида, нисбаташон бо бандњои «б, в» ќисми 2 моддаи 244 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон парвандаи љиноятї оѓоз карда шуд.

2 декабри соли 2011 муфаттиш нисбати ў бо дархост дар хусуси гирифтани иљозат оид ба татбиќи чораи пешгирї дар намуди ба њабс гирифтан ба суд мурољиат карда, дархосташро бо ќисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он:

«…Нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дар содир намудани љинояти вазнин ё махсусан вазнин чораи пешгирии ба њабс гирифтан танњо мутобиќи вазнинии љиноят татбиќ карда шуданаш мумкин аст…» асоснок намудааст. Яъне, гўё ў љинояти ќасдона содир намуда, дар сурати дар озодї монданаш ба рафти тафтишоти пешакї ва баррасии парванда дар суд халал мерасонда бошад.

Бо ин амал муфаттиш бар хилофи талаботи ќисми 2 моддаи 111 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он:

«…Дар ќарор дар бораи пешнињод кардани дархост оид ба интихоби чораи пешгирї дар намуди ба њабс гирифтан асос ва сабабњое, ки аз рўи он зарурати ба њабс гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда ба миён омадааст ва интихоби дигар чораи пешгирї ѓайриимкон аст, дарљ карда мешавад. Ба ќарор маводе, ки асоснок будани дархостро тасдиќ менамояд, њамроњ карда мешавад…», барои ба њабс гирифтани ў иљозат гирифтааст.

Номбурда чунин мешуморад, ки аз тарафи суд додани иљозат барои ба њабс гирифтани ў бо асоси вазнинии љиноят ба муќаррароти моддаи 20 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он:

«Њељ кас то эътибори ќонунї пайдо кардани њукми суд дар содир кардани љиноят гунањгор дониста намешавад» мухолиф мебошад.

Њамчунин мурољиаткунанда ваљњњои худро ба моддаи 11 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948, ки тибќи он:

«Њар як инсоне, ки дар содир кардани љиноят гунањгор дониста мешавад, њаќ дорад то замоне бегуноњ дониста шавад, ки гуноњаш дар мурофиаи ошкорои судие, ки дар он барои њимояи ў тамоми имкониятњо фароњам оварда мешаванд, бо тартиби ќонунї исбот нагардидааст»;

ќисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои фитрї ва сиёсї аз 16 декабри соли 1966, ки тибќи он:

«Њар як шахси бо гуноњи љинояткорї њабсшуда ё боздоштгардида ба таври таъљилї ба назди судя ё дигар шахси мансабдоре, ки мувофиќи ќонун њуќуќи амалї намудани њокимияти судї ба ў тааллуќ дорад ва барои дар мўњлати ќобили ќабул анљом додани бозрасии судї ё озод кардан њуќуќ дорад, њозир карда мешавад. Дар њабс нигоњ доштани ашхосе, ки интизори баррасии судї мебошанд, набояд ќоидаи умумї бошад, аммо озод кардан метавонад аз пешнињоди кафолати њозир шудан ба суд, њозир шудан ба мурофиаи судї дар њар марњилаи дигари он ва дар сурати зарурат, њозир шудан барои иљрои њукмнома, вобаста бошад»;

ва ќисми 2 моддаи 14 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои фитрї ва сиёсї аз 16 декабри соли 1966, ки тибќи он:

«Њар каси ба содир намудани љиноят айбдоршаванда њаќ дорад то ваќте, ки гунањгории ў мувофиќи ќонун исбот нашавад, бегуноњ дониста шавад», асоснок намудаст.

Бо ин назардошт, Мирзоев У. ба Суди конститутсионї мурољиат намуда, хоњиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, мутобиќати ќисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 20 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва ќисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои сиёсї ва шањрвандї муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо њамаљониба тањлил ва мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки номбурда агарчї субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї шуда тавонад њам, аммо дар талаби гузоштаи ў, яъне муайян намудани мутобиќати ќисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии љиноятї ба моддаи 20 Конститутсия ва ќисми 3 моддаи 9 Паймони зикршудаи байналмилалї номуайяние дида намешавад, ки он барои оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї асос гардад.

Боби 12 Кодекси мурофиавии љиноятї чорањои пешгириро мавриди танзим ќарор дода, онњоро амалњои маљбурие арзёбї менамояд, ки дар њаќќи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда барои пешгирии аз тарафи онњо содир шудани љиноят ё халалдоркунандаи пешбурди парвандаи љиноятї, инчунин барои таъмини иљрои њукм татбиќ карда мешаванд.

Чораи пешгирї дар намуди њабс ба монанди дигар чорањои пешгирї, аз љумла гирифтани забонхат дар бораи нарафтан аз мањалли истиќомат, кафолати шахсї, гарав, њабси хонагї ва

ѓайра дар заминаи асосњои умумии пешбининамудаи моддањои 102 ва 111 Кодекси мурофиавии љиноятї татбиќ гардида, барои таъмини кафолати муќаррарнамудаи моддаи 20 Конститутсия, яъне эњтимолияти бегуноњї равона карда шудааст.

Бе татбиќ ва пешбинї намудани чорањои пешгирї дар њолатњои пешбинамудаи ќонунгузории мурофиавї, ба њамаљониба, пурра, холисона ва беѓаразона муайян намудани њолатњои кор ва ба амал баровардани адолати судї ва дар маљмўъ ба исботи эњтимолияти гуноњ, ки он бо њукми суд дар рафти мурофиаи ошкорои судї муайян карда мешавад, расидан ѓайриимкон мебошад.

Дархости мурољиаткунанда дар хусуси аз тарафи муфаттиш нодуруст татбиќ намудани ќисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии љиноятї ва ба њабс гирифтани ў ба салоњияти маќомоти прокуратура ва судњои умумї мањсуб буда, бањодињї ба татбиќи дуруст ё нодурусти ќонун ва санадњои меъёрии њуќуќї аз тарафи субъектони ваколатдори њуќуќ ба салоњияти Суди конститутсионї мањсуб нест.

Дархости Мирзоев У. аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», ки барои пешнињоди дархостњои субъектони мурољиат ба Суди конститутсионї пешбинї гардидааст, мувофиќат намекунад.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Мирзоев У. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 20 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва ќисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои сиёсї ва шањрвандї» бинобар тобеи Суди конститутсионї набудани талаби дар дархост пешнињодшуда ва аз љињати шаклу мазмун мувофиќ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов


 

 

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Љамолов А. «Оид ба муайян намудани мутобиќати салоњият ва санадњои судии судњои иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз моњи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 ќабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Љумњурии Тољикистон дар бораи мурофиаи судии иќтисодї ва моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни)Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе 5 июли соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., му­овини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ботирова Г.,

дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судя-котиб Каримов К.М.-ро оид ба дархости шањрванд Љамолов А. «Оид ба муайян намудани мутобиќати салоњият ва санадњои судии судњои иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз моњи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 ќабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Љумњурии Тољикистон дар бораи мурофиаи судии иќтисодї ва моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Љамолов Абдумансур бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки 3 июни соли 2011 судяи Суди иќтисодии шањри Душанбе Ахмедова Ф.М. дар маљлиси судї парвандаро аз рўи аризаи даъвогии Негматова Л.М. бо љавобгарии Комиссияи ќонунигардонии молу мулки ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе, њамљавобгарии Сардори нотариалии давлатии Љумњурии Тољикистон, дар шахсияти ў- ширкати хусусии «Љамолов» дар бораи бартараф намудани монеагї, баргардонидани амвол аз истифодабарандаи ѓайриќонунї, беэътибор донистани ќарори Комиссияи ќонунигардонии молу мулк аз 28 майи соли 2008 тањти № 190, созишнома дар бораи бекор кардани шартнома аз 2 октябри соли 2003, инчунин аризањои зидди даъвогии ўро бо љавобгарии Негматова Л.М.дар бораи беасос будани даъво, субъекти номуносиб будани даъвогар ва баргардонидани даъво мавриди баррасї ќарор дод.

Суд бо њалномааш аризаи даъвогии Негматова Л.М.-ро ќонеъ карда, бинои сехи ЉСШК «ДОК»-ро аз Љамолов А. ба Негматова Л.М. баргардонида, аризањои даъвогии ўро бо љавобгарии Негматова Л.М. дар бораи беасос будани даъво, субъекти номуносиб будани даъвогар ва баргардонидани даъво рад намуд.

Марњилаи апеллятсионии Суди иќтисодии шањри Душанбе бо ќарори худ њалномаи иќтисодии шањри Душанберо аз 3 июни соли 2011 бе таѓйир ва шикояти апеллятсионии ўро бе ќаноат мононд.

16 сентябри соли 2012 марњилаи кассатсионии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон шикояти кассатсионии ўро оид ба њалномаи Суди иќтисодии шањри Душанбе аз 3 июни соли 2011 ва ќарори апеллятсионии суди маскур аз 1 сентябри соли 2011 рад намуда, ќарорњои суди марњилаи аввал ва апеллятсиониро бе таѓйир мононд.

Ў ќайд менамояд, ки дар љараёни баррасии парванда дар њама марњилањои судї муќаррароти Кодекси Љумњурии Тољикистон дар бораи мурофиаи судии иќтисодї ва моддаи 19 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он: «Њар кас кафолати њифзи судї дорад. Њар шахс њуќуќ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, баррасї намояд», вайрон карда шудаанд.

Бинобар ин, Љамолов А. бо ариза оид ба бекор намудани са­надњои судии ќабулнамудаи судњои марњилањои аввал, апеллятсионї ва кассатсионї ба Раёсати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуд, аммо аризаи ў аз тарафи Раёсати зикр­шуда беќаноат мононда шуд.

Бо ин назардошт, Љамолов А. ба Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон мурољиат карда, хоњиш намудааст, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, му­тобиќати салоњият ва санадњои судии судњои иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз моњи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 ќабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Љумњурии Тољикистон дар бораи мурофиаи судии иќтисодї ва моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо њамаљониба тањлил ва мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки шањрванд Љамолов Абдумансур агарчї субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї шуда тавонад њам, аммо талаби дар дархост гузоштаи ў, яъне муайян намудани мутобиќати салоњият ва санадњои судии судњои иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз моњи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 ќабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Љумњурии Тољикистон дар бораи мурофиаи судии иќтисодї ба моддаи 19 Конститутсия ба салоњияти Суди конститутсионї дохил намешавад.

Аз тарафи дигар, санадњои судї ба санадњои татбиќи њуќуќ дохил мешаванд, ки баррасии онњо ба салоњияти судњои умумї ва иќтисодї мансуб мебошад. Њамчунин Суди конститутсионї на асоснокї, ќонунї ва дурустии санадњои ќабулшуда, инчунин масъалањои вобас­та ба татбиќи онњо, балки муайян намудани мутобиќати санадњои меъёрии њуќуќиро ба Конститутсия баррасї менамояд.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Љамолов Абдумансур оид ба муайян намудани мутобиќати салоњият ва санадњои судии судњои иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз моњи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 ќабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Љумњурии Тољикистон дар бораи мурофиаи судии иќтисодї ва моддаи 19 Конститутсияи

 

(Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар тобеъ ва предмети баррасии Суди конститутсионї набуданаш, рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов

НАВИДЊОИ


СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Н А В И Д Њ О И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

5 майи соли 2012 Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. намояндагони Фонди Олмон оид ба њамкорињои байналмилалии њуќуќї - доктор Штефан Хюлсхорстер, Ангела Шмайнк, Волфрам Эбергард ва Манучер Ќудратовро ба њузур пазируфт.

Зимни сўњбат, тарафњо оид ба мавќеъ ва наќши маќомоти назорати конститутсионї дар таъмини волоияти Конститутсия, њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва рушди минбаъдаи ин маќомоти мустаќили њокимияти судї ибрози андеша намуданд.

Хонум Ангела Шмайнк ба фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бањои баланд дода, иброз дошт, ки мављудияти чунин маќом дар рушди давлати демократї ањамияти муњим ва беандоза дорад. Тарафњо зимни вохўрї аз сатњ ва мазмуни муносибати рушдёбанда ва робитањои мунтазам доир ба масои­­ли гуногун андешаронї намуда, љонибдории худро оид ба вусъат додани њамкорињои мутаќобилан судманд изњор намуданд.

Дар вохўрї судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Назаров М. ва Абдуллоев А.А иштирок намуданд.

7 майи соли 2012 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон вобаста ба фањмондадињии мазмуну мўњтавои Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон ба маќоми олии ќонунгузории кишвар маљлиси васеи коллективи кормандони Суди конститутсионї доир гардид.

Дар оѓози маљлис Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. бо сухани ифтитоњї баромад намуда, иброз дошт, ки њар сол Паёми Президенти мамлакат Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон рушди сиёсиву иќтисодии кишвари моро як навъ љамъбаст намуда, бобати ноил шудан ба пешрафт ва дастовардњои нав дар назди љомеа вазифањо мегузорад ва дар амал татбиќ гаштани он имкон медињад, ки бисёр масъалањои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї роњи њаллї худро ёбанд. Паём њамчун њуљљати таќдирсоз ва санади стратегии њадафманд бо тарзи масъалагузорї ва шарњи зарурати он, тањлили мушаххас ва хулосабарорињо санади асоситарини њар як сол аст ва њамагон вазифадорем, ки барои ба омма фањмондани моњияти Паём ва барои дар амал татбиќ намудани он саъю кўшиш намуда, он вазифањое, ки ба зиммаи мо гузошта шудааст, иљро намоем. Њамаи кормандони Суди конститутсионї бояд Паёми Љаноби Олиро, њамчун барнома сармашќи кории њаммарўзаи худ ќарор дода, њамеша барои дар амал татбиќ намудани он саъйю кўшиш намоянд.

Сипас оид ба мазмуну мўњтавои Паём муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Назаров М. дар назди њозирин баромад намуда, њамагонро барои дар амал татбиќ намудани нишондодњои он даъват намуд.

Дар фарљоми маљлис бо пешнињоди Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. Наќша-чорабинињои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон оид ба татбиќ намудани Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї тасдиќ карда шуд. Инчунин таъкид карда шуд, ки љињати ба омма фањмонидани моњияти Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон судяњои Суди конститутсионї дар якљоягї бо кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї дар мањалњо бо ањолии кишвар сўњбату вохўрињо доир намоянд.

11 майи соли 2012 вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. ва судяњои Суди конститутсионї Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М. бо Гузоришгари вежаи СММ оид ба шиканља, љазо ва навъњои дигари рафтори берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунанда Хуан Е. Мендез ва њайати њамроњони ў Дуарте Нуно Пессоа, Стефани Селг, Шушан Хачян ва Лиля Захариева - мушовири намояндагии доимии СММ дар Тољикистон оид ба њуќуќи инсон доир гардид.

Зимни сўњбат, тарафњо оид ба механизмњои њифзи њуќуќњои инсон ва шањрванд ва њимояи манфиатњои ќонунии онњо, ки шарти зарурии фаъолияти мўътадили низоми сиёсии давлат мебошад, сухан ронда, дар хусуси мавќеъ ва наќши маќомоти назорати конститутсионї дар таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд иброзї андеша намуданд.

Дар рафти мулоќот Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов зикр намуд, ки Конститутсияи Љумњурии Тољикистон инсон, њуќуќ ва озодињои онро арзиши олї эътироф карда, дар моддаи 18 пешбинї намудааст, ки ба њељ кас шиканља, љазо ва муносибати ѓайриинсонї раво дида намешавад.

Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон њамчун њомии Конститутсия ва њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар баромадњои хеш њифзи њуќуќ ва озодињои инсонро њамчун љавњари асосии сиёсати давлатї арзёбї намуда, аз њама маќомоти давлатї риояи ќатъии онњоро талаб намуданд.

 

Дар ин асно љињати ташкил намудани семинарњои омўзишї ва корњои фањмондадињї бо кормандони маќомоти њифзи њуќуќ дар масъалаи риояи талаботи механизмњои байналмилалї ва миллї љињати пешгирии њолатњои шиканљаи мањбусон гурўњи корї таъсис гардида, аз љониби Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон аз 17 феврали соли 2012 Наќша-чорабинињо тасдиќ гардидааст.

Љињати таъмини иљрои бандњои Наќша-чорабинињои мазкур, 22 феврали соли 2012 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз љониби гурўњи корї семинари омўзишї дар мавзўї «Механизмњои байналмилалї ва миллии вобаста ба пешгирии њолатњои шиканља» бо иштироки кормандони маќомоти судї, прокуратура, корњои дохилї, амнияти миллї ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ доир гардид.

Инчунин, љињати иљрои бандњои Наќша-чорабинињо аз љони­би гурўњи корї бо иштироки зиёда аз ду њазор кормандони маќо­моти њифзи њуќуќ доир ба талаботи санадњои байналмилалї ва ќонунгузории миллї оид ба шиканља сўњбату вохўрињо гузаронида шуд, онњо ба тањкими њуќуќи инсон дар Тољикистон ва пешгирии шиканља даъват карда шуда, диќќати онњо ба риояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, ки љавњари низоми демократии мамлакатро ташкил менамояд, равона карда шудааст.

Дар навбати худ Гузоришгари вежаи СММ оид ба шиканља љаноби Хуан Е. Мендез аз корњои анљомдодаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бањри пешгирии њолатњои шиканљаи мањбусон изњорї ќаноатмандї намуда, ба фаъолияти ин маќомоти мустаќили њокимияти судї бањои баланд дода, иброз дошт, ки мављудияти чунин маќом дар рушди давлати демократї ањамияти муњим ва беандоза дорад.

Тарафњо зимни вохўрї аз сатњ ва мазмуни муносибати рушдёбанда ва робитањои мунтазам доир ба масоили гуногун андешаронї намуда, љонибдории худро оид ба вусъат додани њамкорињои мутаќобилаи судманд изњор намуданд.

15 майи соли 2012 тањти раисии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. дар Суди конститутсионї мурофиаи судї аз рўи дархости шањрванд Бобоев Љ. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид.

Дар баррасии масъалаи мазкур намояндагони ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон, намояндагони Вазорати адлия, Вазорати корњои дохилї, Суди Олї, Прокурори генералї, Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон ва дигар маќомоти дахлдори давлатї иширок намуданд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи мазкурро баррасї намуда, ќайд менамояд, ки тартиби пешбининамудаи сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки он ба маводи тафтишот шинос шудани љабрдида ва дигар иштирокчиёни мурофиаро пас аз анљоми тафтиш танзим менамояд, наметавонад њамчун њолати мањдудкунандаи њуќуќи љабрдида ба гирифтани иттилоот оид ба парвандаи ў арзёбї гардад.

Зеро ќонунгузор вобаста ба мавзўи мурофиаи љиноятї, яъне баррасии љиноят ва ошкор кардани он, инчунин таъмин намудани адолати судї, ки ќисмати муњими адолати иљтимої дар љомеа ба шумор меравад, тартибе муќаррар кардааст, ки он бояд барои пур­ра ва объективона муайян намудани њолатњои кор, айбдоркунии шахси ба љавобгарї кашидашуда ва барќарор намудани зарари ба љабрдида расонидашуда мусоидат карда тавонад.

Дар давоми тафтиши пешакї шинос намудани иштирокчиёни мурофиаи љиноятї бо маводи тафтиш - ин амалан вайрон ва фалаљ гардидани раванд ва тартиби љамъоварии далелњо, исботкунии гуноњ ва љинояти содиргардида мебошад. Дар ин њолат тафтиши пешакї њамчун зинаи муњими мурофиаи љиноятї аз амалї намудани вазифањо ва маќсади пешбурди мурофиаи љиноятї мањрум гардида, ањамияти њуќуќї ва иљтимоии худро аз даст медињад.

Бо ин назардошт, сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофи­авии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» мутобиќ њисоб карда шуд.

Њамзамон, Суди конститутсионї диќќати Вазорати корњои дохилї ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистонро ба риояи бечуну чарои талаботи моддаи 18 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «ба њељ кас шиканља, љазо ва муносибати ѓайриинсонї раво дида намешавад», љалб намуд.

Аз 21 то 24 майи соли 2012 дар шањри Сеули Љумњурии Кореяи Љанубї Конгресси муарификунандаи Ассотсиатсияи судњои конститутсионии Осиё ва институтњои монанд дар мавзўи «Имрўзу ояндаи адолати судии конститутсионї дар Осиё» доир гардид.

Дар кори Конференсияи мазкур раисон, муовинон, судяњои Судњои конститутсионї ва институтњои њамшабењи зиёда аз 30 давлатњои Осиё, инчунин Президенти Комиссияи Аврупо оид ба демократия таввассути њуќуќи Шўрои Аврупо, раисони Судњои конс­титутсионии Австрия, Олмон, Љумњурии Африќои Љанубї, Миср ва дигар давлатњо, инчунин намояндагони як ќатор созмонњои байналмилалї иштирок намуданд.

Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар кори Конгресси мазкур судя-котиб Каримов К.М. ва судя Абдуллоев Л.И. намояндагї намуданд.

Пеш аз оѓози кори Конгресс љаласаи Шўрои Ассотсиатсия, ки он айни њол аз 9 аъзо иборат аст ва Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон низ аъзои он мебошад, љамъ омад. Шўро њисоботи Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Кореяи Љанубї - Раиси Асостсиатсия доктор Ли Конг Кукро шунида, масъалањои тасдиќи нишон ва байраќи Ассотсиатсия, дархости Суди Олии Љумњурии Исломии Покистон оид ба пазируфта шудани он ба аъзогии Ассотсиатсия, Созишномаи њамкорї миёни Ассотсиатсияи Судњои конститутсионии Осиё ва институтњои њамшабењ ва Комиссияи Аврупо оид ба демократия таввассути њуќуќи Шўрои Аврупо ва ташкили Сомонаи интернетии Ассотсиатсияро муњокима ва якдилона ќабул намуд.

Шўрои Ассотсиатсия ташаббуси Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Туркияро дар хусуси ќабули раисии Ассотсиатсия ва моњи апрели соли 2014 дар Туркия гузаронидани Конгресси дуюми Ассотсиатсияро якдилона љонибдорї намуд.

Сипас кори Конгресс оѓоз гардид, ки дар рафти он зиёда аз 30 маърўза, аз љумла маърўзаи судя-котиби Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон, номзади илмњои сиёсї К.Каримов дар мавзўи «Рушди адолати судии конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон дар ќаринаи демократикунонии њаёти иљтимоию сиёсї» шунида шуд.

Дар рафти кори Конгресс њайати Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон бо раисон ва судяњои судњои конститутсионии Кореяи Љанубї, Федератсияи Россия, Ќазоќистон, Љумњурии

Африќои Љанубї, Туркия, Ўзбекистон, Булѓористон, Мисри Араб ва дигар њайатњо вохўрињои судманд доир намуда, оид ба доираи васеи масъалањои конститутсионализм дар замони муосир ва таљрибаи адолати судии конститутсионии љањон, минтаќа ва мамлакатњои худ табодули назар намуданд.

Баргузории чунин Конгрессњо дар наздикшавии мавќеи маќомоти назорати конститутсионї дар роњи њифзи Конститутсия, таъмини волоияти он ва њифзи њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд муфид арзёбї гардид.

Оид ба натиљањои кори Конгресси муарификунандаи Ассотсиатсияи судњои конститутсионии Осиё ва институтњои монанд Эъломияи Сеул ќабул гардид.

Аз 22 то 23 майи соли 2012 дар шањри Алмаатои Љумњурии Ќазоќистон вохўрии минтаќавии намояндагони Давлатњои Осиёи Марказї дар мавзўи «Амалигардонии Конвенсияи Орхус имрўз: таъмини роњњои бењтар кардани муњити зист ва идоракунии фардо» доир гардид.

Вохўрии мазкур ба масъалањои дастраси ба иттилоот, иштироќи љомеа дар ќабули ќарор ва дастраси ба адолати судї дар масъалањои муњити зист бахшида шуда, дар якљоягї бо Комиссияи иќтисодии Аврупої ва Созмони Амният ва Њамкорї дар Аврупо (ОБСЕ) баргузор гардид.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар чорабинии мазкур судяи Суди конститутсионї Гулзорова М.М. намояндагї намуд.

Дар доираи чорабинии мазкур масъалањои гуногун, аз ќабили: таъмини дастарасии ањолї ба адолати судї ва наќши низоми судї дар таъмини дастрасии љомеа ба адолати судї мавриди баррасї ва муњокима ќарор дода шуданд.

Инчунин дар доираи сафари мазкур вохўрии намояндагони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо њамоњангсози намояндагии Шветсария оид ба рушд, намояндагони давлатњои Ќазоќистон ва Муѓулистон доир гардида, дар он масоили вобаста ба фаъолияти низоми судї ва њамчунин пешнињодњо љињати такмили ќонунгузорї дар соњаи экология мавриди баррасї ќарор дода шуданд.

1 июни соли 2012 вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М. ва судяи Суди конститутсионї Абдуллоев А.А. бо сафир оид ба супоришњои махсуси Вазорати корњои хориљии Финляндия хонум Лаура Рейнил ва Президенти Суди Олии маъмурии Финляндия доктор Пекка Холберг доир гардид.

Зимни сўњбат, тарафњо оид ба њамкорї дар самти татбиќи Барномаи «Баробарњуќуќї дар назди ќонун - роњи адолат дар Осиёи Марказї» ва оид ба мазмун ва мўњтавои китоби доктор Пекка Холберг «Волоияти ќонун: Дурнамо» сухан ронда, амалишавии сариваќтии барномаи мазкурро дар роњи таъмини меъёри конститутсионї оид ба баробарии њама дар назди ќонун ва суд, инчунин таъмини њуќуќи конститутсионии њар шахс ба кафолати њифзи судї амри сариваќтї арзёбї намуданд.

Љонибњо дар рафти мулоќот аз наќши Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар таъмини волоияти Конститутсия ва амалишавии меъёрњои он, ки ба њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд равона гардидааст, ибрози андеша намуданд.

Дар робита ба амалишавии меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов иброз дошт, ки дар Тољикистон њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд арзиши олї эътироф шуда, њељ як падида аз онњо боло намебошад. Дар Тољикистон њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ба воситаи Конститутсия, ќонунњои љумњурї ва дигар санадњои байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, њифз карда мешаванд.

Њамчунин, зимни вохўрї тарафњо оид ба дигар масъалањои вобаста ба дастрасї ба адолати судї андешаронї намуда, барои боз њам густариш додани њамкорињои мутаќобилан судманд омодагии худро иброз доштанд.

12 июни соли 2012 вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М. ва судяи Суди конститутсионї Абдуллоев А.А. бо Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Озорбойљон дар Љумњурии Тољикистон Аббосалї Карим Огли Гасанов доир гардид.

Дар рафти вохўрї љонибњо ба фаъолияти муътадили Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамчун маќоми мустаќили њокимияти судї ањамияти хоса зоњир намуда, наќши онро дар таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд муфид арзёбї намуданд.

Зимни мулоќоти тарафайн таваљљўњи зиёд ба масълаи ба имзо расонидани Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї миёни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Љумњурии Озорбойљон зоњир карда шуд.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов иброз дошт, ки Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон љињати ба имзо расонидани ин санади муњими байналмилалї, ки барои боз њам густариши њамкорињои муфид байни маќомоти назорати конститутсионии ду давлати демокративу њуќуќбунёд заминаи њуќуќї мегузорад, омода мебошад.

Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Озорбойљон дар Љумњурии Тољикистон Аббосалї Карим Огли Гасанов оид ба ташаккули муносибатњо байни судњои конститутсионии ду давлат ибрози андеша намуда, азми устувори худро бањри сањмгузории намоён дар татбиќи амалишавии наќшањои судбахш вобаста ба њамкорињои дутарафа изњор дошт.

Аз 13 то 14 июни соли 2012 дар шањри Женева вохўрии Панљуми гурўњи маќсаднок оид ба дастрасї ба адолати судї вобаста ба масъалањои њифзи муњити зист дар доираи татбиќи моддаи 9 Конвенсияи Орхус доир гардид, ки дар кори он роњбари Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Њошимов Д.Д. иштирок намуд.

Дар кори чорабинии мазкур, инчунин намояндагони зиёда аз 20 давлати љањон, аз ќабили Гурљистон, Ќирѓизистон, Озорбойљон, Молдова, Украина ва дигар давлатњо, њамчунин намояндагони як ќатор созмонњои байналмилалї иштирок намуданд.

Зимни вохўрии мазкур, масоили вобаста ба татбиќи меъёрњои моддаи 9 Конвенсияи Орхус дар хусуси аз љониби иштирокчиёни Конвенсия бо назардошти ќонунгузории миллї таъмин намудани амалишавии њуќуќи мустаќилона мурољит намудани шахсони њуќуќї ба маќомоти судї оид ба амал ва беамалии шахсони воќеї, ки муќаррароти ќонунгузории миллии давлати худро вобаста ба муњити зист вайрон мекунанд ва масъалаи вобаста ба пардохти харољоти судї њангоми мурољиат намудани шахсони њуќуќї ба маќомоти судї дар хусуси њифзи муњити зист мавриди баррасї ва муњокима ќарор гирифт.

 

Дар рафти вохўрї иштироккунандагон оид ба меъёрњои ќонун­гузории амалкунандаи кишвари худ, аз ќабили ќонунгузории муро­фиавї дар масъалаи ба шахсони њуќуќї имконпазир будани мустаќилона ва бемамониат мурољиат намудан ба маќомоти судї ибрози андеша намуданд.

22 июни соли 2012 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба ифтихори таљлили 15-умин солгарди Рўзи Вањдати миллї мизи мудаввар дар мавзўи «Вањдату ягонагї омили муњими давлатдорї» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Прокуратураи генералї, Кумитаи давлатии амнияти миллї, Шўрои адлия, Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти Љумњурии Тољикистон, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон ва дигар вазорату идорањои љумњурї иштирок намуданд.

Дар оѓози кори мизи мудаввар Раиси Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон Мањкам Мањмудов бо сухани ифтитоњї баромад намуда, сараввал њозиринро бо ин рўзи барои мардуми кишвари азизамон фарањбахш - 15-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї табрик намуда, иброз дошт, ки Созишномаи мазкур, ки бо талошу зањматњои пайгиронаи Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон ба имзо расидааст, барои пойдории сулњу субот дар кишвари мањбубамон заминаи воќеию њуќуќї гузошт ва ба шарофати он вањдати миллї дар кишвари азизамон устувор гардид.

Бо шарофати пойдории вањдати миллї худшиносиву худогоњї, ватандўстиву инсондўстї дар ќалби мардуми диёрамон вусъат ёфта, бо дарки муњимияти Вањдати миллї дар бунёди љомеаи демокративу адолатпарвар ва тањкими пояњои истиќлолияти давлатї, онњо ба сўи њадафњои бузурги созандагию бунёдкорї бо назари нек ќадамњои устувор гузошта, бо ифтихор аз ватану ватандорї бањри тарѓиби ѓояњои миллї кўшиш менамоянд.

Дар кори мизи мудаввар њамчунин намояндагони Прокуратураи генералї, Шўрои адлия, Маркази миллии ќонунгузорї, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон, кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї ва дигар иштирокчиён оид ба наќш ва ањамияти Вањдати миллї дар пойдории сулњу субот ва рушди љомеаи шањрвандї бо маърўзањои пурмўњтаво баромад намуда, дар муњокимаронињо иштирок намуданд.

Мундариља

Шоназаров С.А. Истиќлолияти давлатї ва ќонуният 5

Ашуров М.Ќ. Механизмњои миллии пешгирии шиканља 11

Шарипов Т.Ш. ва Сафаров А.И. Фаъолияти экстремистї
(ифротгарої) дар ќонунгузории љиноятї 18

Бандаев И.С. Вањдати миллї омили муњими рушди соњаи
тандурустии кишвар 26

Машрабова С.М. Вањдати миллї асоси пешрафти њуќуќу озодињои
инсон ва шањрванд 31

Ќарорњои Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Оид ба парванда аз рўи дархости шањрванд Бобоев Љ. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 15 майи соли 2012 37

Таъинотњои Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Раљабов Љ. «Оид ба муайян намудани мутобиќати моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 1 декабри соли 1994 № 1106 «Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї» ба моддањои 35 ва 39 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 3 майи соли 2012 46

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Мирзоев Умедљон «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 20 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва ќисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои сиёсї ва шањрвандї» аз 3 майи соли 2012 51

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Љамолов А. «Оид ба муайян намудани мутобиќати салоњият ва санадњои судии судњои иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз моњи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 ќабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Љумњурии Тољикистон дар бораи мурофиаи судии иќтисодї ва моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 5 июли соли 2012 56

Навидњои Суди конститутсионии
Љумњурии Тољикистон

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон 60