10:51:54 - 26.04.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ-ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2017

 

Ф А Р М О Н И

ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМҲУРИИ ТОЉИКИСТОН

Дар бораи Барномаи ислоҳоти судї-ҳукуқї дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барон солҳои 2015 -2017

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонунн) Ҷумхурип Тоҷикистон, бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимняти судї дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ф а р м о н медињам:

1.Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумхурин Тоҷикистон барои солҳои 2015 -2017 тасдик карда шавад (замима мегардад).

2.Иҷрои Барномаи мазкур ба зимман Суди Олии Ҷумҳурип Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Точикисгон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори давлатї гузошта шавад.

3.Назорати иҷрои Барномаи мазкур ба зиммаи Ёрдамчии Президента Ҷумхурии Точикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ гузошта шавад.

Президенти
Љумхурии Точикистон Эмомалї Рањмон

ш.Душанбе

5 январи соли 2015


Бо Фармони Президенти Љумњурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 № 327 тасдик шудааст

Барномаи ислоҳоти судї-ҳукукї дар Љумњурии Тољикистон барои солҳои 2015-2017.

Барномаи ислоњоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 (минбаъд - Барнома) идомаи ислоњоти судї-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 таҳия гардидааст.

Мақсади асосии ислоҳоти судї-ҳуқуқї ин таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судї, соддагардонии ҷараёни мурофиаи судї, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шахрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар мебошад.

Дар Барномаи ислоњоти судї-хуқуқї, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тољикистон аз 3 январи соли 2011, №976 тасдиқ гардида буд, масъалаҳои такмили минбаъдаи сохтори судї, таҳкими мустақилияти судҳо, баланд бардоштани масъулияти судяҳо ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онхо, рушди қонунгузории соња, таъмини дастрасии шањрвандон ба ёрии ҳуќуқии баландихтисос, ислоҳоти низоми мавҷудаи адвокатура пешбинї шуда буданд.

Барои таъмини иҷрои Барномаи мазкур як қатор чорабиниҳо, аз љумла оид ба ҷобаҷогузории дурусти кадрњои соња, баланд бардоштани сатњи тахассусии онњо, ҳалли дигар масъалаҳои ташкилии фаъолияти судї роҳандозї гардида, дар ин раванд қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиаи њуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як зумра қонунњо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Точикистон қабул карда шуданд. Инчунин Кодекси одоби судяи Ҷумњурии Тољикистон дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тољикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатї» дар баррасии Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тољикистон қарор дошта, таҳияи лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумњурии Тољикистон идома дорад.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқї дар Ҷумҳурии Тољикистон барои солҳои 2015-2017 бо мақсади идома додани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судї, таъмини мустақилият, такмили сохтор ва фаъолияти он, рушди қонунгузории соња қабул карда мешавад.

Дар банди 2 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 омӯзиши масъалаи рушди мурофиаҳои тосудии ҳалли баҳсҳо пешбинӣ гардида буд.

Дар натиҷаи рушди босуръати соњаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа шумораи парвандаҳои гражданӣ, оилавї, иқтисодї, ҷиноятї ва ҳуқуқвайронкунии маъмурї сол то сол зиёд шуда истодаанд. Чунин ҳолат боиси афзоиши сарбории судяҳо шуда, барои босифат ва дар мӯҳлатҳои муқарраршуда баррасї гардидани парвандаҳо метавонад таъсири манфї расонад.

Барои таъмини саривақтии баррасии парвандаҳо, кам кардани сарбории судяњо ва соддагардонии мурофиаҳои судӣ рушди мурофиаҳои тосудӣ мувофиқи мақсад мебошад. Чунин муносибат тарафҳоро ба созиш меорад ва ба ҳалли тосудии баҳси тарафҳо мусоидат менамояд. Дар ин радиф ба таври соддакардашуда баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои категорияи вазнин ба мақсад мувофиќ аст.

Вобаста ба ин ва бо мақсади ҳалли дигар масъалаҳои фаъолияти судї зарур аст, ки қонунгузории мурофиавии гражданї, ҷиноятї, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҷдид гардида, ба онҳо тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд. Ҳамчунин зарур аст, ки қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ бо мақсади такмили тафтишоти пешакї мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

2. Такмили сохтор ва фаъолияти Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Суди Олни иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасї карда, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иҷрои санадҳои қабулгардидаро таъмин менамоянд, дар маҷлисҳои коллегияҳои судии марҳилаҳои кассатсионї ва назоратї иштирок менамоянд, оид ба парвандаҳо маърўза карда, санадҳои судиро таҳия мекунанд, дархостро дар бораи иҷрои маҷбурии қарори судҳои давлатҳои хориҷї баррасї менамоянд, парвандаҳоро дар асоси шикоят ё эътирози кассатсионї ва назоратї мавриди баррасї қарор дода, оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасї намудан ва ё оид ба рад намудани ирсоли парванда ба суди марҳилаи назоратї дар доираи салоҳияташон қарор (таъинот) қабул мекунанд, лоиҳаҳои қарорҳои Пленуми Суди Олї ва Суди Олии иқтисодиро таҳия намуда, дар маҷлиси Пленум маърўза мекунанд, барои гузаронидани ҷамъбасти амалияи судї парвандаҳоро мавриди омўзиш қарор дода, оид ба хар як парвандаи омўхташуда маълумотнома таҳия намуда, аз натиҷаи онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳодот ирсол менамоянд. Оид ба такмили қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқї таклифҳо таҳия мекунанд. Ваколатҳои дигареро, ки қонун ва дигар санадҳои меъёрии хукукї пешбинї намудаанд, амалї менамоянд.

Ба ғайр аз ин ба зиммаи судяи Суди Олї ва Суди Олии иқтисодї дигар вазифаҳо, ба монанди расонидани ёрии амалї ба судҳои поёнї, гузаронидани машғулиятҳои семинарї бо судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи судҳо, аз рўи барномаҳои тасдиқгардида дар Маркази таълимии судяҳои назди Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судяҳо ва коромӯз-судяҳо гузаронидани дарсҳо, ба воситаи телевизион ва радио дар мавзӯҳои ҳуқуқї баромад намудан, дар рўзномаю маҷаллаҳо хабару мақолаҳо ба нашр расонидан, дар ташкилотҳо вохўрию мулоқотњо баргузор намудан, ба маълумоти аҳолии кишвар расонидани қарорҳои қабулгардидаи судӣ ва ғайраҳо вогузор карда шудааст.

Бинобар ин барои сари вақт, пурра, ҳаматарафа, босифат амалӣ намудани ваколатҳои судяи Суди Олї ва Суди Олии иқтисодї, ба анҷом расонидани корҳои омодагї ва техникӣ тақвият бахшидани самти ташкилии фаьолияти онҳо ба мақсад мувофиқ мебошад.

3. Такмили сохтор ва фаъолиятн судҳои Вилояти Мухтори

Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳияҳо

Бо мақсади такмил додани фаъолияти судӣ, кам кардани мӯҳлати баррасии парвандаҳо ва аз байн бурдани такроршавии вазифахо дар низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фаъолияти Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе бо васеъ намудани ваколатҳои мархилаи кассатсионии онҳо марҳилаи назоратї хориҷ карда шавад.

Барои саривақт, пурра, ҳаматарафа, босифат ба анҷом расонидани корҳои омодагї тақвият бахшидани самти таъмини техникии фаъолияти судҳо ба мақсад мувофиқ мебошад.

Амалї намудани ин тадбирхо сарбории судяҳоро сабуктар месозад ва барои беҳ гардидани сифати санадҳои судї мусоидат менамояд.

4.Ислоҳоти низоми судї нисбати ноболигон

Дар асоси тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак, инчунин банди 13 Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи тавсияхои давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба Шарҳи универсалии даврии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба ҳукуқи инсон барои солҳои 2013-2015 таъсиси судҳои ювеналї пешбинї карда шудааст.

Дар ин раванд, бо мақсади таъмини адолат нисбати ноболиғон, хаматарафа таъмин намудани ҳуқуқу манфиатхои онхо, фарохам овардани муҳити солим ба ноболигон дар рафти таҳқиқ ва тафтиш, инчунин баррасии парвандахои маъмурї ва чиноятї дар суд, муайян намудани судяҳои баррасикунандаи парвандахо оид ба ҳукуқвайронкунии ноболиғон дар ҳайати судњои амалкунанда ва такмили конунгузорӣ, аз ҷумла қонунгузории мурофиавии ҷиноятї Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад аст.

5.Тадбирҳо оид ба таъмини нҷрон санадҳои судї.

Такмили сохтор ва фаъолняти иҷрочиёни суд

Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои таъмини фаъолияти шаффофу ошкорои судҳо, қабули қарорҳои қонунию асоснок ба таьмини иҷрои онҳо диққати махсус дода шудааст.

Зиёд гардидани шумораи парвандаҳо ва истеҳсолоти иҷро, хамзамон дар сатҳи пешин қарор доштани шумораи иҷрочиёни суд ва аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ва судҳо дар сатҳи зарурӣ наандешидани чораҳо оид ба таъмини талаби даъво ва мусодираи молу мулки судшаванда барои таъмини иҷрои саривақтї ва ҳаматарафаи санаддои судї таъсир мерасонад.

Бинобар ин, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судї, мувофиқи мақсад аст, ки сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд такмил дода шуда, дар ин радиф ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқї тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд.

6.Тадбирҳо оид ба таъсиси сохтори мустақили экспертї

Бо мақсади гузаронидани экспертизаи мустақил, бартараф намудани таъсири идоравї, назорати ягонаи методӣ аз рӯи сифат ва истеҳсолоти экспертизаи судї, ташкили корҳои илмї-таҳқиқотї ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои экспертї, муайян намудани кормандон аз рӯи ихтисос, таҷрибаи корӣ ва хусусияти фаъолият, баланд бардоштани сатҳ ва сифати ташкили экспертизаи судї ва таҷрибаи тафтишотї, муҷаҳҳаз намудани онхо бо дастгоҳҳои замонавї ва ҳамчунин ҷиҳати роҳ надодан ба хатогиҳо дар рафти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, амалияи судї, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз байн бурдани такроршавии вазифаҳои онҳо бояд муассисаҳои экспертї (ба истиснои экспертизаи судии тиббї) ба як сохтори мустақили давлатии берун аз таъсири идоравї табдил дода шаванд. Инчунин масъалаи дар асоси иҷозатнома ҷорї намудани экспертизаҳои мустақили ғайридавлатӣ низ мавриди баррасї қарор дода шавад.

Ҷиҳати амалї намудани ин тадбирҳо тачдиди назар кардани санадхои меъёрии ҳукуқии дахлдор мувофиқи мақсад мебошад.

7.Рушди ёрии ҳуқуқии ройгон

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати ёрии ҳуқуқиро пешбинї намуда, тарзи ташкил ва тартиби шаклҳои расонидани ёрии ҳуқуқиро ба Қонун вогузор кардааст.

Бо дарназардошти таъмини дастрасї ба адолати суди ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷиҳати амалӣ намудани меъёри зикргардидаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст, ки Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод карда шаванд.

Дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқукї оид ба расонидани ёрии ҳукуқӣ бояд такмил дода шаванд.

8.Таъминоти модї-техникии судҳо, ҳифзи иҷтимоии судяҳо

ва кормандони дастгоҳи судхо

Барои таъмини фаъолияти самаранок ва таъмини мустақилияти судҳо ҳифзи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин бехдошти вазъи моддӣ-техникии судҳо аҳамияти муҳим дорад.

Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадафҳо ба мақсад мувофиқ аст, ки маблағгузории мақомоти судӣ, бо дарназардошти эҳтиёҷоти воқеии судҳо, аз ҷумла талабот ба бино, воситаҳои нақлиёт, техникаву таҷҳизоти муосир, музди меҳнат, манзили истиқоматии хизматї таъмин карда шавад.