18:13:22 - 23.10.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 3) 2012


АХБОРИ


СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ

ТОЉИКИСТОН

(№3) 2012


Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї дорад

ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон)

Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, Академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Њайати тањририя:

Назаров М. Муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои сиёсї

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Сотиволдиев Р. Ш. Мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор





Мањмудов М.А.- Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор, академики АИ ЉТ



Ќонун меъёрест, ки бо дар назардошти манфиатњои умумиљамъиятї, принсипњои њаќиќат ва адолат њамчун заминаи асосии пешравии љомеа, ризоияти умум ва суботу оромї тањия карда мешавад.

ЭМОМАЛЇ РАЊМОН


САЊМИ ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН ДАР ТАШАККУЛИ ЌОНУНГУЗОРЇ

Љумњурии Тољикистон њамчун давлати демокративу њуќуќбунёд пас аз соњибистиќлол гардидан, созмон додани љомеаи шањрвандиро, ки дар он инсон ва њуќуќу озодињои ў арзиши олї эътироф шуда, наќши ќонун, эњтиром, риоя ва иљрои он дар мадди аввал мебошад, пеша намудааст.

Бинобар ин, дар шароити ташаккули давлати њуќуќбунёд, ки яке аз њадафњои стратегии давлат ва љомеаи Тољикистон эълон гардида буд, таъмини волоияти ќонун, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, ташкили низоми нави њокимиятдорї дар заминаи таљзияи њокимият, назорати судии конститутсионї ва таъмини ягонагии низоми танзими меъёрї, ки аз љумлаи талаботи аввалиндараља ва арзишњои давлатдории њуќуќбунёд мањсуб мешаванд, фаъолияти сифатан ва мазмунан нави ќонунгузориро талаб намуданд. Дар ин радиф ташаббуси ќонунгузорї дар Тољикистон дар даврони соњибистиќлолї аз љониби субъектони дорандаи чунин њуќуќи конститутсионї бо рўњияи созандагї, бањри устувор намудани пояњои њуќуќии давлати демократї, ташаккули низоми ќонунгузории миллї ва таъмини рушди босуботи самтњои гуногуни љомеа оѓоз гардид.

Ташаббуси ќонунгузорї худ зинаи муњими фаъолияти њуќуќэъљодкунї буда, барои тањияи лоињаи ќонунњои нав, инкишоф ва такмили минбаъдаи ќонунгузории амалкунанда ањамияти муњим дорад, зеро дар ин давраи аввали эљоди ќонунњо талаботи айнии њаёти љомеа ва эњтиёљоти одамон ба санадњои меъёрии њуќуќии танзимкунандаи фаъолияти љомеаи ташаккулёбанда ошкор ва муайян мешаванд.

Њаматарафа ба инобат гирифтани талаботи љомеа ва муайян намудани зарурати танзими њуќуќии муносибатњои љамъиятии инкишофёбанда барои рушди минбаъдаи соњаи ќонунгузорї, таъмини назму суботи љомеа, ќонуният ва тартиботи њуќуќї, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, њимояи манфиатњои љомеа ва давлат, њамчунин таъмини рушди минбаъдаи љомеа ањамияти аввалиндараља дорад.

Таљрибаи љањонї ва амалияи њуќуќэъљодкунї собит намудааст, ки дар муайян намудани талаботи рўзафзуни љомеа ба ќонунњои нав ва такмили минбаъдаи ќонунњои амалкунанда сањми маќомоти олии давлат, аз љумла сарварони давлат ва њукумат калон аст. Зеро мањз маќоми олии давлатї барои ошкор ва муайян намудани талаботу ниёзи љомеа ба тањияву ќабули ќонунњои нав захирањои кофии кадрї, молиявї, иќтисодї ва њуќуќиро доранд.

Барои њамин, дар аксари давлатњо ба ташаббуси ќонунгузории президент ва њукумат маќоми баланд дода мешавад. Дар давлатњои дорои шакли идораи президентї бошад, ба ташаббуси ќонунгузории президент афзалияти бештар дода мешавад. Дар ин давлатњо мањз президент лоињаи ќонунњои муњимтаринро ба баррасии маќоми ќонунгузор пешнињод мекунад ё оид ба зарурати ќабули ќонунњои аввалиндараља таклиф пешнињод менамояд.

Дар кишвари мо низ Президенти Љумњурии Тољикистон чун њомии Конститутсия ва ќонунњо, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, кафили истиќлолияти миллї, ягонагї ва тамомияти арзї, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти маќомоти давлатї ва њамкории онњо, риояи ќарордодњои байналмилалии Тољикистон буда, дорои њуќуќи конститутсионии ташаббуси ќонунгузорї мебошад.

Президенти Љумњурии Тољикистон Сарвари давлат ва маќоми олии давлат буда, њуќуќи ў ба ташаббуси ќонунгузорї аз њамин вазъи њуќуќї бармеояд. Президенти Љумњурии Тољикистон чун Сарвари давлат ва њукумат оид ба муњимтарин ќонунњое, ки манфиати давлат, љомеа ва шањрвандонро дар назар доранд, таклифи ќонунгузориро амалї мекунад. Сарвари давлат њуќуќи имзои ќонунњоро низ дорад. Аз ин рў, бо истифода аз њуќуќи конститутсионии худ, ки дар моддаи 58 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон пешбинї гардидааст, субъекти фаъоли ќонунгузорї мебошад.

Ташаббусњои ќонунгузории Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар шароити нави таърихї, бо дарназардошти њадафњо ва вазифањои давлати соњибистиќлол, њимояи манфиатњои миллї, њифзи музаффариятњои истиќлолияти давлатии Тољикистон, таъмини сулњу суботи љомеа, вањдати миллї, худшиносии миллї, пешрафти њаёти љомеа сурат гирифтанд. Зеро ташаббуси ќонунгузорї давра ба давра, дар робита бо равандњои инкишофи њаёти љомеа, бо дарназардошти мушкилот ва проблемањои бамиёномада, роњандозии наќшањои давлат дар соњањои мухталифи њаёт ва вазифањои нави давлат амалї мегарданд.

Пешнињоди ташаббусњои неки Сарвари давлати соњибистиќлоли Тољикистон доир ба рушду нумўи љомеа њанўз аз рўзњои аввали устувор гардидани пояњои Истиќлолияти давлатї дар Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, пас аз ба вазифаи Раиси Шўрои Олї интихоб шуданашон оѓоз гардида буд. Дастоварди бузурги халќи тољик, яъне Истиќлолияти давлатї ва ба њайси Раиси Шўрои Олї ва роњбари сиёсии кишвар интихоб гардидани муњтарам Эмомалї Рањмон, ки аз рўзњои аввали фаъолияти хеш бо садоќату самимият ба халќу Ватан хидмат менамояд, барои пешрафти тамоми соњањои њаёти кишвар дар роњи давлатсозиву давлатдории навин асос гардид.

Сарварии оќилонаи роњбари сиёсии кишвар ва пойдории Истиќлолияти давлатї боиси он гардид, ки дар Тољикистон сохти конститутсионї барќарор гардида, ислоњоти конститутсионї оѓоз ёбад ва марњилаи нави тањияи лоињаи Ќонуни асосии кишвар шурўъ гардида, 6 ноябри соли 1994 он бо тариќи раъйпурсии умумихалќї ќабул гардид.

Комиссияи конститутсионї, барои ќабули Ќонуни асосии кишвар тањти роњбарии бевосита ва пешнињоди таклифњои судманди Роњбари давлати Тољикистон фаъолият намуда, арзишњои умумипазируфтаи љомеаи башарро, аз ќабили: эъмори давлати њуќуќбунёди демократии дунявї, сарчашмаи њокимият будани халќ, њуќуќу озодињои тавлидї ва дахлнопазири инсон, соњибихтиёрии давлат, демократияи бевосита ва бавосита, гуногунии сиёсї ва мафкуравї, таљзияи њокимият, назорати судии конститутсионї, идораи парламентї, шаклњои демократии ќонунгузорї, низоми ягонаи санадњои меъёрии њуќуќї, волоияти Конститутсия ва ќонун дар низоми санадњои меъёрии њуќуќї, ќонунияти конститутсионї ва худидораи мањаллї дар матни Конститутсияи Љумњурии Тољикистон эътироф ва сабт намуд.

Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон њанўз аз даврањои аввали оѓози фаъолияти хеш ба њайси Сарвари давлат ба масъалаи сатњи баланди њуќуќии ќонунњои давлат, аз љумла љавобгўи меъёрњо ва принсипњои умумипазируфтаи њуќуќи байналмилалї будани ќонунњои Тољикистон таваљљўњи љиддї зоњир намуданд. Боиси ифтихор аст, ки ин иќдомро Сарвари давлати Тољикистон дар фаъолияти имрўзаи хеш, аз љумла зимни истифода аз њуќуќи ташаббуси ќонунгузорї низ бемайлон ва самаранок давом медињанд.

Президенти Љумњурии Тољикистон зимни баамалбарории фаъолияти худ дар самти гузаронидани ислоњоти иќтисодї, иљтимої ва фарњангї дар бобати тањкими заминањои њуќуќии давраи гузариш ба иќтисоди бозорї, танзими муносибатњои нави бозорї, алалхусус вусъати соњибкории хурду миёна, такмили низоми бонкї, роњандозии сиёсати андозбандї, низоми мукаммали ќарздињї, инкишофи соњаи кишоварзї, энергетика, роњсозї, њифзи амнияти озуќаворї, мустањкам намудани иќтидори мудофиавии мамлакат, рушди илм, маориф ва фарњанг, таќвият бахшидан ба њисси ватандўстї, худогоњї ва худшиносии миллї аз њуќуќи ташаббуси ќонунгузории хеш мунтазам истифода бурда, лоињаи ќонунњои ба талаботи љомеа љавобгўро ба баррасии маќоми олии ќонунгузории кишвар пешнињод менамоянд.

Њамаи ташаббусњои ќонунгузории Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо маќсади ташкилу тањкими заминањои њуќуќии њаёти љомеа ва давлат, таъмини волоияти ќонун, таъмини рушду нумўи љомеаи Тољикистон, танзими ќонунии муносибатњои нави љомеа амалї гардидаанд.

Хурсандиовар аст, ки имрўз инкишоф ва такмили минбаъдаи ќонунгузории кишвар љузъи сиёсати њуќуќии давлат гардида, Президенти Тољикистон дар соњаи таъмини сифати баланди ќонунњо, риояи ќоидањо ва усулњои техникаи ќонунгузорї, ба меъёрњо ва принсипњои њуќуќи байналмилалї мутобиќ гардонидани санадњои ќонунгузорї, таъмини волоияти ќонун дар њамаи соњањои њаёти љомеа ва давлат таваљљўњи хоса зоњир менамоянд.

Дар њамин асно, бо истифода аз њуќуќи ташаббуси ќонунгузорї дар шароити нави таърихї, бо дарназардошти њадафњо ва вазифањои давлати соњибистиќлол, њимояи манфиатњои миллї ва пешрафти њаёти љомеа аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон чандин ќонунњои муњими танзимкунандаи муносибатњои љамъиятї дар шакли ќонунњои мукаммал ва дар шакли пешнињод намудани таѓйиру иловањо ба ќонунњои амалкунанда ба парлумони кишвар пешнињод гардиданд.

Ба шумораи онњо метавон кодексњои мурофиавии гражданї, мурофиавии љиноятї, мурофиавии иќтисодї, оид ба њуќуќвайронкунии маъмурї, ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи авф», «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо», «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи мавќуф (маратория) гузоштан ба њукми ќатл», «Дар бораи авфи шањрвандон ва шахсони њуќуќии Љумњурии Тољикистон бинобар ќонунигардонии баъзе маблаѓњои онњо», «Дар бораи авфи шањрвандон ва шахсони њуќуќии Љумњурии Тољикистон бинобар ќонунигардонии молу мулк», «Дар бораи муќовимат ба ќонунигардонии (расмикунонии) даромадњои бо роњи љиноят бадастоварда ва маблаѓгузории терроризм», «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон» ва ѓайраро шомил намуд.

Њар як санади меъёрии њуќуќии аз љониби Президенти кишвар бо истифода аз њуќуќи ташаббуси ќонунгузорї бо дарназардошти манфиатњои ќонунии љомеа тањия гардида, ба маќоми олии ќонунгузорї пешнињод карда мешавад. Чунончи, агар ба санадњои њуќуќии номбурда, аз ќабили кодексњои мурофиавии гражданї, мурофиавии љиноятї, мурофиавии иќтисодї ва њуќуќвайронкунии маъмурї назар афканем, онњо бо маќсади дуруст ва сариваќт баррасї ва њал намудани парвандањои гражданї, љиноятї, иќтисодї ва маъмурї, таъмини њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва манфиатњои ќонунии онњо ќабул гардидаанд, ки дар фаъолияти њамарўзаи маќомоти њифзи њуќуќ ба таври васеъ истифода мешаванд. Бо ташаббуси Президенти мамлакат ќабул гардидани санадњои меъёрии њуќуќии номбурда, санадњои ќонунгузории даврони шўравї, ки дар муддати зиёда аз бист сол ба онњо таѓйиру иловањои зиёд ворид гардида, дар маљмўъ ин санадњо ба талаботи имрўзаи љомеа љавобгў набуда, муносибатњои ташаккулёбандаи љамъиятиро ба танзим дароварда наметавонистанд, аз эътибор соќит карда шуданд.

Чунончи, бо ташаббуси ќонунгузории Президенти Љумњурии Тољикистон ќабул гардидани Кодекси нави мурофиавии љиноятї дар низоми ќонунгузории љиноятии мамлакат як такони љиддї мебошад. Дар Кодекси мазкур як ќатор институтњои нав - ба монанди мурофиаи суръатдодашуда ва мурофиаи соддакардашуда ворид карда шуданд, ки онњо мурофиаи љиноятиро таќвият медињанд, кафолати амалї гардонидани њуќуќњои иштирокчиён ва дастрас будани адолати судиро таъмин менамоянд.

Дар ин Кодекс аввалин маротиба принсипњои конститутсионии мубоњисавї ва баробарњуќуќии тарафњо пурра муайян карда шуда, таъмини баробарии тарафњои мурофиаи судии љиноятї пешбинї шудаанд. Иљозат барои ба њабс гирифтани шахс, гузаронидани экспертизаи судї - тиббї ё судї - равонпизишкї барои дар беморхона ё табобатгоњи равонпизишкї љой кардани гумонбаршуда ва айбдоршавандае, ки дар њабс намебошад, азназаргузаронии манзил, кофтукови манзил, њабси молу мулк, кофтуков, ёфта гирифтани ашё, њуљљатњои дорои маълумоти пасандоз ва суратњисоби маблаѓи бонкї, њабси маблаѓњои шахсони воќеї ва њуќуќие, ки дар суратњисобњо ва пасандозњо ё дар нигоњдории бонк ва ташкилотњои кредитї ќарор доранд, њабси муросилот, азназаргузаронї, ёфта гирифтани онњо дар муассисаи алоќа, барои муваќќатан аз вазифа дур кардани айбдоршаванда ќарор ќабул кардан, гўш ва сабт кардани гуфтугўи телефонї ва дигар гуфтугўњо ба салоњияти суд дода шудаанд.

Ё худ бо ташаббуси Президенти Љумњурии Тољикистон дар даврони соњибистиќлолии мамлакат бо дарназардошти принсипи инсондўстї чандин ќонунњо дар бораи авф ќабул карда шудаанд, ки дар асоси онњо шахсони зиёде аз љазои мањрум сохтан аз озодї озод гардидаанд.

Њамчунин бо истифода аз ташаббуси ќонунгузорї аз љониби Сарвари давлат бањри њифзи њуќуќу манфиатњои ќонунии љавонон, ба таълиму тарбия фаро гирифтани онњо, бунёди оилањои солим, пешгирии вайроншавии оилањои љавон ва ба ин васила кам гардидани шумораи бекоршавии аќди никоњ ба Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон таѓйиру иловањо ворид карда шуда, синни никоњї аз њаждањсолагї муќаррар гардид.

Њамзамон, бо ташаббуси ќонунгузории Президенти Љумњурии Тољикистон бо маќсади такмили ќонунгузорї, мукаммал намудани Кодекси љиноятї ва ба ин васила дар он муќаррар намудани таъини љазо дар намуди љарима барои љиноятњои характери иќтисодї дошта, њангоми ихтиёран барќарор намудани зарари расонидашуда ба он таѓйиру иловањо ворид карда шуданд.

Дар ќатори як зумра дигаргунињо, њамчунин вобаста ба ин таѓйирот дар Кодекси љиноятї муайян карда шуд, ки минбаъд дар њолати иваз намудани љазои мањрум сохтан аз озодї ба љазои љарима ва ё љазои љарима ба љазои мањрум сохтан аз озодї як шабонарўзї мањрум сохтан аз озодї ба 50 фоизи як нишондињанда барои њисобњо баробар мебошад.

Илова бар ин, вобаста ба таѓйироти мазкур ба шахсони љиноятњои хусусияти иќтисодидошта содирнамуда имконият дода шуд, ки бо ихтиёран талофї намудани зарари моддии расонидаашон аз љамъият људо карда нашуда, нисбати онњо љазои ѓайрињабсї таъин карда шавад. Мањкумшудагон, ки барои содир намудани ин љиноятњо дар љойњои мањрум сохтан ќарор доранд, дорои чунин њуќуќ буда, дар сурати талофї намудани зарари моддї, бо назардошти муњлати љазои адокардаи мањрум сохтан аз озодї, ќисми адонакардаи љазои онњо ба љазои љарима иваз карда мешавад.

Умуман, дар давраи соњибистиќлолии Тољикистон шаклњои нави амалї гаштани ташаббусњои ќонунгузории Президенти Љумњурии Тољикистон ташаккул ёфтанд, ки асосан дар ду шакл васеъ дида мешаванд: 1) дар шакли пешнињоди лоињаи ќонун бевосита аз љониби сарвари давлат; 2) дар шакли таклифњои ќонунгузорї, яъне таклифњо дар хусуси зарурати тањия ва ќабули ќонунњо.

Аммо, дар кадом шакле, ки набошад, њамаи ташаббусњои ќонунгузории Сарвари давлат бо маќсади њимояи манфиатњои миллї, таќвияти шохањои њокимияти давлатї, инкишофи ќонунгузорї, мустаќилияти њокимияти судї, тањкими ќонуният ва тартиботи њуќуќї, пурзўр намудани муборизаи беамон ба муќобили коррупсия амалї гардидаанд.

Њадафи нињоии ташаббусњои ќонунгузории Сарвари давлати Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон - ин тањкими заминањои њуќуќии њаёти љомеа ва давлат, шаклњои њуќуќии амалї гаштани сиёсати дохилї ва хориљии давлат, танзими ќонунии муносибатњои љомеа мебошад.

Президенти Љумњурии Тољикистон ба самти нави ташаббуси ќонунгузорї асос гузоштанд, ки тибќи он лоињаи ќонунњои муњимтарин пеш аз пешнињод шуданашон ба маќоми ќонунгузории кишвар ба муњокимаи умумихалќї гузошта шуданд.

Бинобар ин, дар Тољикистон айни њол таљрибаи хуби миллии роњандозї ва амалї гаштани ташаббусњои ќонунгузорї ташаккул ёфта, таљрибаи ба муњокимаи умумихалќї пешнињод гаштани лоињаи ќонунњои муњимтарин, ки зимни ташаббусњои ќонунгузории Сарвари давлат тањия мешаванд, ба таври васеъ истифода мешавад.

Зеро дар шароити вусъати равандњои демократї дар давлати соњибистиќлоли Тољикистон, иштироки гурўњњои гуногуни шањрвандон, пеш аз њама олимон, ањли фарњанг, мутахассисон, муассисањои илмиву фарњангї, намояндагони маќомоти давлатї ва ањли љомеа барои изњори ирода ва инъикоси он дар матни ќонун, ширкати доирањои васеи шањрвандон дар фаъолияти ќонунгузорї ва дар амалї гаштани сиёсати њукуќии давлат, афзоиши шуури њуќуќї ва фарњанги њуќуќии ањолї ањамияти аввалиндараља дорад.

Муњокимаи пеш аз парламентии лоињаи ќонунњои муњимтарин, ки бо ташаббуси Сарвари давлат сурат мегирад, дар таърихи давлатдории тољикон таљрибаи нодир мањсуб меёбад. Ин таљрибаи баѓоят муњим собит намуд, ки муњокимаи умумихалќии лоињаи ќонунњои муњим ва баррасии пешакии он бо иштироки намояндагони ањли љомеа барои баланд шудани фарњанги њуќуќии шањрвандони Тољикистон, љалби бевосита ва фаъолонаи онњо ба фаъолияти ќонунгузорї ањамияти хоса дорад.

Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат бо чунин тартиб Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо» ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз љониби омма муњокима шуда, сипас аз љониби парлумони кишвар ќабул гаштанд ва њамагон шоњиди онем, ки чї гуна ин ќонунњо натиљаи дилхоњ ба бор овардаанд.

Ќонунњои мазкур анъанањои аљдодї ва меъёрњои таърихан ташаккулёфтаи халќи тољикро дар бобати гузаронидани љашну маросимњои мардумї, тарбия ва таълими фарзанд инъикос намуда, дар танзими љашну маросимњо дар шароити таъсири буњрони љањонии молиявию иќтисодї, сарфакорї, истифодаи оќилонаи маблаѓ ва пасандозњо, инчунин тарбия ва таълими кўдакону наврасон ва љавонон дар руњияи арзишњои миллї, анъанањои фарњангї, худшиносии миллї ва ватандўстї наќши муњим доранд.

Дар ин асно ва вобаста ба тањия ва зарурати ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо», ки ба маќсади танзими оќилонаи анъанањо ва љашну маросимњои мардумї, равона гардидааст, Президенти кишвар дар суханронии худ њангоми вохўрї бо ањли љамоатчигии мамлакат оид ба танзими расму оинњо ва анъанаву маросимњои миллї 24 майи соли 2007 иброз доштанд, ки «Зоњирпарастиву исрофкорї ва риояи ноогоњонаи анъана ва расму оинњои халќиву динї дар навбати худ садди роњи баланд гардидани сатњи зиндагии ањолї мебошад.

Аз ин хотир, мо вазифадорем, ки расму оинњоро аз хурофоту таассуби барои имрўзу ояндаи љамъият номатлуб тоза созем, онњоро бо дарназардошти имкониятњои иќтисодиву иљтимої ва фарњангии худамон танзим намоем, муњимтарини онњоро њамчун ќисми таркибии фарњангу тамаддуни миллї њифз карда, њамаљониба инкишоф дињем ва анъанаву маросимњои ќадимаи халќамонро чун сарчашмаи нодиру гаронбањо пеш аз њама дар тарбияи наслњои љавон васеъ истифода барем».

Бинобар талаботи љомеа ва зарурати мављуда Ќонуни мазкур аз љониби Президенти мамлакат пеш аз ба маќоми олии ќонунгузорї манзур гардидан, ба муњокимаи умумии ањолии кишвар пешнињод гардид. Санади мазкур аз љониби ањолии кишвар дар тўли ќариб чор моњ мавриди муњокима ва баррасї ќарор дода шуда, барои мукаммал намудани он зиёда аз бист њазор таклифу пешнињодњо манзур карда шуданд.

Дар раванди ќабули Ќонун тамоми воситањои илмї, мулоњизаи мантиќї ва дурандешии сиёсї истифода шуда, масъала бо мардум тавассути воситањои ахбори омма, бо ањли илм ва уламои кишвар баррасї гардида, мухолифати мављударо бо ањкоми шариат ва ќонуни асосии кишвар ќиёс гардида, оќибатњои манфии онро дар њаёт собит намуданд.

Бо дарназардошти таклифу пешнињодњои ањолї ќабул ва татбиќ гардидани ќонуни мазкур, он дар муддати на чандон тўлонї зарурат ва ањамияти мусбии худро дар бењтар кардани вазъи иќтисодиву иљтимоии ањолии кишвар ва сатњи зиндагии мардум собит намуд. Аз маълумоти оморї бармеояд, ки дар тўли панљ соли амали ќонуни мазкур мардуми кишвар дар маљмўъ барои баргузории љашну маросимњои хеш зиёда аз њашт миллиард сомонї кам маблаѓ харољот намуд.

Ин шањодати он аст, ки дар як муддати кўтоњи таърихї санади мазкур, зарурат ва ањамияти фоидаовари худро ба љомеаи Тољикистон собит сохта, барои пешгирї ва бартараф намудани исрофкорию харољоти бењуда дар тўю маърака ва маросимњои азодорї, паст кардани унсурњои манфии худнамої, таќлидкорї кам гардидани љашну маросимњо, анъанањои мардумї ва њимояи манфиатњои иљтимої ва иќтисодии мардум мусоидат намуд.

Ќонуни дигаре, ки дар даврони соњибистиќлолии кишвар бо чунин тарз, яъне бо ташаббуси оќилонаи Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон пешакї аз љониби омма мавриди муњокима ќарор дода шуд, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба њисоб меравад.

Вобаста ба ањамияти муњим доштани Ќонуни мазкур низ, Президенти кишвар дар вохўрии худ бо табаќањои гуногуни ањолї 14 декабри соли 2010 иброз доштанд, ки «… бо назардошти талаботи љомеа ва ањамияти бузурги таълиму тарбияи насли наврас зарурате ба миён омадааст, ки доир ба ин масъала ќонуни махсус ќабул карда шавад. Зеро имрўз, яъне дар замони љањонишавии босуръати проблемањои башарї ва омезиши арзишњо, ки наќш ва нуфузи таълиму тарбия њамчун меъёри иљтимої ба хотири рушди инсон ва тањкими сармояи зењнї асоси бунёди љомеаи навро ташкил менамояд, ќабули чунин санади муњим иќдоми сариваќтї мебошад».

Ќонуни мазкур барои пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рўњияи инсондўстї, ифтихори ватандорї, эњтироми арзишњои миллї ва умумибашарї, инчунин њифзи њуќуќу манфиатњои фарзанд ва ба ин васила барои паст кардани сатњи њуќуќвайронкунї дар байни ањолї, аз љумла ноболиѓон, мусоидат ба эњтиром ва таъмини риояи Конститутсия ва ќонунњои амалкунанда, ташаккул додани боварї ва эътиќод нисбат ба ќонун ва маќомоти давлатї мусоидат намуд.

Зеро таърих гувоњ аст, ки авлоду аљдодони мо аз ќадим ба таълим ва тарбияи фарзандон ва умуман насли наврас ањамияти хоса медоданд. Бузургмардон ва мутафаккирони форсу тољик дар эљодиёти худ ба ин масъала ањамияти љиддї дода, пайваста тавассути осори худ тарбияи дурусти насли наврасро таблиѓ мекарданд. Љамъияти демократию њуќуќбунёд низ мањз ба он љавононе такя мекунад, ки саводи сиёсиву њуќуќї дошта, волоияти ќонунро асоси фаъолияти худ ќарор дода, ба бунёди љомеаи шањрвандї омодаанд ва расидан ба ин њадаф масъулияти баланди падару модарро таќозо дорад.

Бинобар ин, Ќонуни мазкур низ бо таќозои љомеа тањия ва ќабул гардида, њамчун ќонуни дуюми миллї дар таълим ва тарбияи насли наврас дар рўњияи инсондўстиву мењнатпарастї ва худогоњиву хештаншиносї ањамияти муњим дорад.

Ин шањодати он аст, ки дар Тољикистон солњои охир раванди ќабули ќонунњои соф миллї ташаккулу инкишоф ёфт, ки худ нишондињандаи зуњуроти давлатдории миллї мебошад. Тољикистони соњибистиќлол соњиби таљрибаи ватании ќабули ќонунњои дорои хусусияти миллї гардид, ки минбаъд барои инкишофи низоми ќонунгузорї заминаи муњим фароњам овард. Тољикон чун миллати тамаддунсозу бунёдкор бори дигар исбот намуданд, ки имкон ва истеъдоди давлатдории миллї, пеш аз њама дар бахши сиёсати ќонунгузорї доранд.

Умуман, дар рафти ташаббуси ќонунгузорї, одатан, консепсияи ќонун пешбарї мешавад. Дар он њадаф ва вазифањои ќонун, доираи муносибатњои љамъиятии танзимшаванда, манфиатњои давлат, љомеа ва шањрвандон сабт мешаванд. Минбаъд дар рафти муњокимаи консепсияи ќонун, аз љумла дар рафти муњокимањои умумихалќї бо иштироки олимон, мутахассисон ва ањли љомеа мазмуну мундариљаи ќонун мушаххастар мешавад, ба талаботи љомеа наздик карда мешавад ва иродаи шањрвандонро инъикос мекунад. Дар љараёни муњокимаи консепсияи ќонун сатњи баланди омодагии касбї, хоњиши дигаргунињои љиддии њаёти љомеа, марому маќсади доираи васеи шањрвандон, фаъолнокии иљтимоии субъектони њуќуќэљодкунї ва махсусан ањолї ба мушоњида мерасад.

Таљрибаи љањонї ва миллии њуќуќэљодкунї нишон медињад, ки таклифњои ќонунгузории роњбарони олии сиёсии кившар бештар дар шакли паём ва мурољиатњо ба маќоми ќонунгузории кишвар пешнињод мешаванд. Дар њар як Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон низ ин ё он таклифи ќонунгузорї пешнињод мешавад ва аз ин рў, Паём њамчун шакли нави амалї гаштани ташаббусњои ќонунгузории Сарвари давлат мањсуб мешавад.

Аз љумла, дар Паёми худ ба Маљлиси Олї аз 16 апрели соли 2005 Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо маќсади такмили фаъолияти њуќуќэљокунї оид ба зарурати тањия ва ќабули ќонуни нав дар соњаи фаъолияти ќонунгузорї иброз намуданд, ки «... субъектњои ташаббуси ќонунгузориро вазифадор месозад, ки њангоми тањия ва пешнињоди лоињаи ќонунњо бояд зарурат, ањамият ва дурнамои танзими муносибатњои љамъиятї, асосњои иќтисодиву молиявї, тартиби татбиќи ќонунњо, аз нигоњи њуќуќї дуруст ба низом даровардани меъёрњои ќонун ва тартибу усули њуќуќии амалигардонии ќонунњоро дар мадди назар дошта бошанд».

Дар ин радиф аз матни суханронии Сарвари давлат вазифањои зерини субъектњои фаъолияти њуќуќэљодкунї, пеш аз њама субъектони ташаббуси ќонунгузорї муайян мешаванд, ба монандї:

– ба инобат гирифтани зарурати танзими муносибатњои нави љамъиятї дар заминаи тањлили њаматарафаи талаботи воќеии њаёти љомеа, пеш аз њама манфиатњои давлат ва љомеаи Тољикистон;

– ба назар гирифтани ањамияти танзими њуќуќии муносибатњои љамъиятї бањри амалї намудани талаботи рўзафзуни аъзои љомеа, њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд;

– муайян намудани дурнамои инкишофи љомеа њангоми танзими њуќуќии муносибатњои нави љамъиятї дар иртибот бо њадафњои олї ва вазифањои стратегии давлат;

– ба назар гирифтани асосњои иќтисодиву молиявї њангоми тањия ва ќабули ќонунњо бо маќсади таъмини амалишавии бомуваффаќият ва сариваќтии ќонунњо, гузаронидани экспертизаи иќтисодиву молиявии лоињаи ќонунњо, љалби захирањои кофии иќтисодиву молиявї дар рафти татбиќи ќонунњои нав;

– ба инобат гирифтани тарзу усулњо ва ќоидањои маъмули татбиќи ќонунњо дар асоси дастовардњои илми назариявии њуќуќшиносї ва амалияи њуќуќї;

– таъмини низоми ягонаи санадњои меъёрии њуќуќї дар заминаи волоияти ќонун бо маќсади аз байн бурдани ихтилофоти байни меъёрњои њуќуќї, мувофиќати њамаи санадњои меъёрии њуќуќї ба Конститутсияи Тољикистон ва ќонунњо, таъмини ќонунияти конститутсионї дар давлат;

– ба назар гирифтани тарзу воситањо ва усулњои маъмули танзими њуќуќї њангоми тањияи лоињаи ќонунњо ва ќабулу амалигардонии онњо, аз љумла бо дарназардошти танзими њуќуќии муносибатњои нави хусусї дар соњаи моликиятдории хусусї, соњибкории хусусї ва шаклњои дигари фаъолияти озоди иктисодї.

Илова бар ин, Президенти Љумњурии Тољикистон дар ин Паём зарурати риояи ќоидањои техникаи њуќуќї њангоми тањияи лоињаи ќонун, ки дар маљмўъ заминаи таъмини сифати баланди ќонун мебошанд, таъкид намуда, иброз доштанд, ки: «Масъалаи дигаре, ки њангоми ќонунэљодкунї ба мушоњида мерасад ва њалли љиддии худро таќозо мекунад, ин тањия ва пешнињоди лоињаи ќонунњо ба забони давлатї, истифодаи якхелаи истилоњоти њуќуќї, таъмини низоми мантиќии меъёрњои ќонун мебошад, ки дар маљмўъ сифати ќонунњоро муайян мекунанд».

Бо маќсади такмили низоми ќонунгузории мамлакат, Президенти Љумњурии Тољикистон дар Паёми худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 25 апрели соли 2008 бори дигар ба ихтилофоти љойдоштаи байни санадњои меъёрии њуќуќї таваљљўњ зоњир намуда, аз љумла таъкид намуданд, ки «… масъалањои номувофиќатї ва мухолифат дар миёни ќонунњо то њанўз аз байн бурда нашудаанд. Барои бартараф намудани нуќсонњои асноди ќонунгузорї ва ба талаботи замон мутобиќ гардонидани онњо Ќонун «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» бояд мавриди таљдиди назар ќарор дода шавад».

Дар асоси ин гуфтањо, 26 марти соли 2009 Ќонуни нави Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» ќабул карда шуд, ки њадафи асосии он ба танзим даровардани муносибатњо оид ба фаъолияти њуќуќэљодкунї ва муайян намудани принсипњои асосї, мафњум ва намудњои санадњои меъёрии њуќуќї, таносуби байни онњо, тартиби умумии тањия, ќабул, интишор, амал, тафсир ва мураттабсозии онњо, инчунин роњњои њалли ихтилофњои њуќуќї мебошад.

Илова бар ин, санади мазкур хусусиятњои тањия, тасдиќ, ќабул, баќайдгирї, мавриди амал ќарор додан, интишор, таѓйир додан, илова ворид намудан, ќатъ кардан ё боздоштани амали намудњои алоњидаи санадњои меъёрии њуќуќї, њамчунин бо Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, дигар санадњои меъёрии њуќуќие, ки фаъолияти маќомоти давлати (шахсони мансабдори онњо)-ро дар соњаи фаъолияти њуќуќэљодкунї ба танзим медароранд, муайян мекунад.

Дар њамин Паём Сарвари давлат њамчунин таъкид намуданд, ки «… рушди давлати демократї, њуќуќбунёд ва дунявї ба сатњи дониш ва маърифати њуќуќии ањолї вобастагии зиёд дорад».

Бинобар ин, Сарвари давлат дар назди олимони њуќуќшиноси мамлакат вазифа гузоштанд, ки тафсири илмию оммавии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон тайёр гардида, он то љашни 15-солагии ќабули Конститутсия аз чоп бароварда шавад.

Њамчунин таклиф гардид, ки барои бењтар ба роњ мондани тарбияи њуќуќии ањолї зарурати барномаи нави дарозмуддати мукаммал ќабул карда шуда, меъёрњои он ба таври самарабахш татбиќ карда шаванд.

Њамин буд, ки Тафсири илмию оммавии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз љониби олимони ватании соњаи њуќуќ њамчун як махзани илми њуќуќ аз чоп бароварда шуда, айни њол ба таври васеъ аз љониби доираи гуногуни ањолии кишвар мутолиа мешавад.

Инчунин, бо ќарори Њукумати Чумњурии Тољикистон аз 29 апрели соли 2009 №253 «Барномаи таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон барои солњои 2009-2019» њамчун барномаи муњими дарозмуддат ќабул гардид, ки маќсади асосии он баланд бардоштани сатњи маърифати њуќуќї, ташаккули њисси масъулиятшиносї, ватандўстї, эњтиром нисбат ба Конститутсия ва ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон, тарѓиби арзишњои демократї, дарк намудани ягонагии њуќуќ, озодї ва вазифањои асосии инсон ва шањрванд, таъмини фаъолнокии сиёсии ањолии љумњурї мебошад.

Талаботи танзими њуќуќии муносибатњои нави љамъиятї, ки аз муњтавои таклифњои Президенти Љумњурии Тољикистон дар паёмњои хеш ба маќоми ќонунгузорї бармеоянд, заминаи фаъолияти њуќуќэљодкунї ва ќонунэљодкунї барои имрўз ва дањсолањои минбаъда мебошад. Онњо бо дарназардошти дастовардњои илми њуќуќии љањонї ва амалияи њуќуќии дунёи мутамаддин пешкаш шуда, дар ибтидои фаъолияти њуќуќэљодкунї талаботи њаёти љомеаро дар соњаи танзими њуќуќї муайян намуда, дар як ваќт аз њар узви љомеа тафаккури нави њуќуќї, сатњи кофии донишњои њуќуќї, шуур ва фарњанги баланди њуќуќиро талаб мекунад.

Ё худ бо дарназардошти он, ки таъмини волоияти ќонун ва тартиботи њуќуќї яке аз вазифањои асосии давлат мебошад, дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба маќоми олии ќонунгузории кишвар аз 24 апрели соли 2010 њадафњои асосии сиёсати њуќуќии давлат дар соњаи эљоди ќонунњо, аз љумла фаъолияти ќонунгузорї муайян мешаванд. Дар ин хусус, Сарвари давлат зимни мурољиат ба вакилон ќайд намуданд, ки «... яке аз вазифањои асосии Маљлиси Олї - тањия, ќабул ва такмили ќонунњо доир ба самтњои гуногуни сиёсати дохиливу хориљии давлат ва мусоидат ба иљрои онњо мебошад.

Мову шумо вазифадорем, ки бо адои ин рисолати нињоят муњим заминаи ќонунгузориро тањким бахшида, пеш аз њама њуќуќу озодињои инсонро дар давлати соњибихтиёри худ њамчун арзиши олї њифз ва таъмин намоем, то ки њар фарди љомеа худро озод њис намуда, нерўи зењниву љисмонии хешро барои татбиќи њадафњои стратегии давлат ва рушду ободии Ватани азизи худ, торафт бењтар шудани сатњу сифати зиндагии мардум, фароњам овардани шароит барои рўзгори осуда ва босаодати халќ, инчунин баланд бардоштани обрўю эътибори Тољикистон дар арсаи байналмилалї равона карда тавонад».

Президенти Љумњурии Тољикистон њамчун субъекти фаъоли ташаббуси ќонунгузорї ба ташаккули низоми ќонунгузории мамлакат, ки љавњар ва њадафи онро њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ташкил медињад, сањми босазо мегузоранд.

Бинобар ин, дар ин Паём Сарвари давлат ба наќш ва мавќеи њокимияти судї дар таъмини волоияти ќонун, њифзи њуќуќу озодињои инсон, риояи ќонуният ва тартиботи њуќуќї ањамияти махсус зоњир намуда, зикр намуданд, ки «Ќабул гардидани як силсила ќонунњо, аз љумла кодексњои мурофиавии гражданї, судии иќтисодї, љиноятї, њуќуќвайронкунии маъмурї, ќонунњо «Дар бораи истењсолоти иљро», «Дар бораи судњои њакамї», «Дар бораи ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон», ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни конститутсионї «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ба тањкими њокимияти судї мусоидат намуд».

Бо ташаббуси Сарвари давлат, њамчунин бо маќсади боз њам тањким бахшидан ба адолати судї ва зарурати идома додани ислоњоти судї Барномаи нави ислоњоти судї - њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2013 тањия гардида, бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 январи соли 2011 №976 тасдиќ карда шуд.

Барномаи мазкур низ барои тањкими минбаъдаи њокимияти судї, баланд бардоштани наќши суд дар њифзи њамаљонибаи њуќуќу озодињои инсон, њимояи манфиатњои ќонунии давлат, корхонањо, муассисањо ва дигар ташкилотњо, такмили сохтори судї ва таќвияти фаъолияти онњо, бењдошти вазъи моддию њуќуќии маќомоти судї ва судяњо, инчунин мукаммал намудани ќонунњо равона карда шуда, бо маќсади татбиќи он Наќшаи чорабинињо тањия карда шуд.

Дар ин љода бояд ќайд намуд, ки бо ташаббуси неки Сарвари давлат ва њукумат ќисми зиёди ваколатњои амрдињї доир ба пешбурди парвандањои љиноятї, аз љумла ба њабс ва њабси хонагї гирифтан, кофтукови манзил, њабси молу мулк, муваќќатан аз вазифа дур кардан ва ѓайрањо тибќи Кодекси нави мурофиавии љиноятї ба салоњияти суд вогузор карда шуд, ки ин иќдом албатта аз маќомоти судї њангоми амалї намудани ваколатњои худ масъулияти дучандро таќозо менамояд.

Тибќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон инсон ва њуќуќу озодињои ў арзиши олї эътироф шудаанд, бинобар ин, љињати воќеан амалї намудани ин меъёри конститутсионї ва ноил шудан ба њадафи љомеаи шањрвандї, Президенти мамлакат доимо диќќати тамоми маќомоти њокимияти давлатиро ба таъмини волоияти ќонун ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд равона намуда, дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олї аз 20 апрели соли 2012 иброз доштанд, ки «Амалан ду дањсола аст, ки мо бо шумо давлати нав, давлати демокративу њуќуќбунёд месозем, ки дар он њифзи њуќуќу озодињои инсон дар мадди аввал меистад ва дар ин замина сатњи маърифати њуќуќии ањолї торафт баланд мегардад.

Ќонун пеш аз њама бояд ба њифзу њимояи инсон ва њуќуќу озодињои ў равона карда шавад, мавќеи шахсро дар љомеа мустањкам намояд ва барои истифодаи нерўи моддиву маънавии вай, зиндагии осуда ва озоду шоистаи шањрвандон дар љомеа мусоидат намуда, ташкили фазои муътадили соњибкорї ва фаъолияти муназзами маќомоти давлатї, корхонањо ва ташкилоту муассисањо замина гузорад».

Дар ин Паём низ, Сарвари давлат ба Њукумати Љумњурии Тољикистон ва маќомоти марбутаи давлатї бањри рушди низоми ќонунгузорї як ќатор вазифањо, аз ќабили: дар тањрири нав тањия намудани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї», бо маќсади пурзўр намудани фаъолият дар самти пешгирии муомилоти ѓайриќонунии нашъаовар тањияи Стратегияи миллї оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир барои солњои 2013-2020 ё ин ки бо дарназардошти проблемаву мушкилоти мављуда дар самти мубориза бар зидии коррупсия тањия ва пешнињод намудани Стратегияи мубориза бо коррупсияро барои солњои 2013-2020 вогузор намуданд. Бешубња ќабули санадњои меъёрии њуќуќии мазкур ба такмили низоми ќонунгузории мамлакат ва ба танзим даровардани муносибатњои муосири тараќќиёбандаи љамъиятї мусоидат менамояд.

Њамаи ин аз он дарак медињад, ки дар Тољикистон таљрибаи миллии ќонунгузорї бо истифода аз шаклњои имконпазири демократї ташаккул ёфта истодааст, ки ин албатта ба нафъи љомеа ва ањолии кишвар мебошад. Табиист, ки бо пешрафти минбаъдаи давлатдории миллї шаклњои демократии ќонунгузорї такмил меёбанд, падидањои нав дар фаъолияти конунгузории давлат ошкор мегарданд.

Умуман, таљрибаи дар солњои соњибистиќлолии давлати Тољикистон ташаккулёфта, дар соњаи муњокимањои умумихалќии лоињаи ќонунњои муњим зимни ташаббусњои Сарвари давлат собит намуд, ки он ба рушди ќонунгузорї мусоидат менамояд.

Ќонун шакли ифодаи сиёсати давлат, ќонунгузорї бошад љузъи сиёсати њуќуќии давлат мебошад. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки ташаббуси ќонунгузории Президенти Љумњурии Тољикистон кафолати таъмини сифати ќонунгузорї мебошад ва Президенти мамлакат дар ташаккули низоми ќонунгузории кишвар бо истифода аз њуќуќи ташаббуси ќонунгузорї тавассути пешнињоди лоињаи ќонунњои нав ва таклифњои судманди ќонунгузорї дар танзим ва ташаккули муносибатњои нави љамъиятї бо дарназардошти арзишњои умумипазируфтаи башарї наќши муњим дорад.


наќши арзанда доранд.

Каримов К.М.- судяи Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон,

номзади илмњои сиёсї

Аз Эъломия то ба Конститутсия
(29 октябр-Рўзи байналмилалии Куруши Кабир)

Дар таърихи љомеаи башарї санаду њуљљатњои зиёде мањфуз мондаанд, ки онњо дар шинохти ин ё он халќу миллатњо, сатњи тамаддун ва фарњанги сиёсию њуќуќии онњо наќши арзанда доранд. Ин санаду њуљљатњо инъикоскунандаи муносибати инсон њамчун субъекти бошуур ва пешбарандаи њаёти љомеаи инсонї ба арзишњои умумибашарї буда, дар онњо озодї, баробарї, баробарњуќуќї, адолати иљтимої, тањаммулпазирии байни тамаддунњо ва динњо ва бунёди љомеаи адолатпарвар, ки аз зумраи муњимтарин нишондињандањои њаёти иљтимоии инсон ба шумор мераванд, мавриди мулоњиза ва танзим ќарор дода шудаанд. Онњо шоњиди њоланд, ки озодї, баробарї ва дигар арзишњои иљтимої њанўз бармањал ба талаботи аввалиндараљаи инсон табдил ёфта, инсон новобаста аз кашмакашињои таърихї дар њама њолат худро озод дидан мехост ва озод зистан.

Аз тарафи дигар, ин санаду њуљљатњо раванди инкишофи афкори сиёсию њуќуќї ва фалсафии инсониятро оид ба наќши инсон дар љомеа ва њуќуќу озодињои фитрии онро инъикос намуда, мояи ифтихори халќу миллатњои онњоро ќабулкарда буда, аксари онњо њамчун санадњои эътибори њуќуќї дошта имрўзњо низ дар низоми њуќуќї љойи намоёни худро ёфтаанд.

Чунончи, мисриён аз Шартномаи сулњ миёни Рамсеси II ва шоњи хетњо Хаттусилис (соли 1280 то солшумории мо), ки дар таърих аввалин шартномаи хаттии ба таври дипломатї ба расмият даровардашуда ба њисоб меравад, њиндуњо аз китоби Артхашастра асри IV то солшумории мо ва «Ќонуни Ману», ки асри II то солшумории мо тањия гардидаанд, итолиёвињо бо Ќонунњои XII љадвал (451-450 то солшумории мо), ки аввалин ќонуни аз тарафи Маљлиси халќї ќабулшуда ба шумор меравад, русњо аз Њаќиќати Руси Ярослави Хирадманд (солњои 1019-1054) ифтихор доранду онњоро сарчашмањои муњими таърихї ва њуќуќии замони худ шуморида, наќши онњоро дар рушду такомули њуќуќи муосир низ таъкид менамоянд. Ин санадњо дар факултањои њуќуќшиносии мактабњои олии љањон омўзонида мешаванд.

Хартияи бузурги озодї (1215), Санади корпуси Хабеас (1679), Билл оид ба њуќуќњо (1689) дар Британияи Кабир, Эъломияи истиќлолият (1776) дар ИМА ва Эъломияи њуќуќи инсон ва шањрванд (1789) дар Фаронса аз зумраи санадњое мебошанд, ки њамчун сарчашмањои навишташудаи ибтидоии њуќуќи инсон эътироф гардидаанд.

Масалан, бори аввал дар Эъломияи истиќлолият (1776) дар ИМА дар сатњи санади сиёсию њуќуќї ќайд гардид, ки сарчашмаи њокимият танњо халќ мебошад, давлат ва њукумат танњо дар он њолат њуќуќи мављудият доранд, ки агар онњо ба инсон хизмат намуда, манфиатњои ўро њифз намоянд.

Дар Эъломияи фаронсавї аз 26 августи соли 1789 ќайд карда мешавад, ки халќе, ки кафолати њуќуќ ва озодї ва принсипи таљзияи њокимиятро намедонад, конститутсия надорад. Ѓояи асосии Эъломияи зикршударо консепсияи баробарњуќуќї ва озодї, ки ба њар кас аз лањзаи таваллуд дахл дорад, ташкил медињад.

Њамин аст, ки Эъломия то имрўз пояи њуќуќи конститутсионии фаронсавї буда, он дар конститутсияи Фаронса аз 4 октябри соли 1958 тасдиќи худро ёфтааст. 16 июли соли 1971 Шўрои Конститутсионии Фаронса Эъломияро њуљљати эътибории њатмии њуќуќї дошта эълон намуда, вайрон намудани онро ба ѓайриконститутсионї будани санадњо баробар кард.

Соли 2003 бошад, ЮНЕСКО ин њуљљатро ба Фењристи «Ёддоштњои љањон» ворид намуд.

Боиси ќайд аст, ки ѓояњои конститутсионии зикршуда оид ба наќши халќ дар љомеа, арзиши олї будани инсон, њуќуќ ва озодињои он, кафолати онњо ва принсипи таљзияи њокимияти давлатї пас аз дусад сол дар Конститутсияи давлати соњибихтиёри Тољикистон ифодаи њуќуќии худро ёфтаанд.

Чунончи, тибќи моддаи 6 Конститутсия «Дар Тољикистон халќ баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї буда,…», тибќи моддаи 9 Конститусия «Њокимияти давлатї дар асоси таљзияи он ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї амалї мегардад.»

Ё ки ќабули санади олии њокимият, ки иродаи тамоми миллат ва халќро ифода карда тавонад, дар лоињаи амалинашудаи «созишномаи халќи»-и Кромвел (1653) низ пешбинї шуда буд, ки тибќи он шарти ќабули санади олии њокимият аз тарафи тамоми халќ ба имзо расидани он буд.

Баъдан файласуфи фаронсавї Ж. Ж. Руссо наќши халќро дар ба имзо расонидани конститутсия дастгирї ва таќвият дод. Ў ќайд мекунад, ки муќаррар намудани конститутсия розигии њамаи шањрвандонро таќозо дорад. Он бояд натиљаи ќарори якдилона буда, бояд аз тарафи тамоми шањрвандон ба имзо расонида шавад ва мухолифони конститутсия дар миёни шањрвандон бояд хориљиён њисобида шаванд.[1]

Ин моњияти махсуси конститутсия то имрўз мавќеи њукмфармоии худро дар назария ва амалияи конститутсионї гум накардааст ва бо «Мо, халќи Тољикистон… њамин конститутсияро ќабул мекунем ва эълон медорем», оѓоз шудани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон низ тасодуфї нест.

Мавриди зикр аст, ки дар тадќиќоти илмие, ки имрўзњо дар собиќ љумњурињои Иттињоди Шўравї дар самти илмњои њуќуќшиносї, алалхусус њуќуќи конститутсионї гузаронида мешаванд, сарчашмањои гуногуни њуќуќї ошкор карда шуда, ањамияти таърихии онњо дар инкишофи давлату давлатдорї, худшиносию худогоњии миллии ин ё он халќу миллатњо махсус ќайд карда мешаванд.

Г.Г. Арутюнян[2] сарчашмањои ибтидоии дар воќеияти арманї татбиќ шудани истилоњи «конститутсия»-ро аз андешањои Мовсес Хоренатси (асри V) оид ба Маљлиси Аштишат (соли 365) таъкид менамояд, ки тибќи онњо аз љониби «конститутсияи динї» (кано- ническая конститусия) «рањму шафќат» муќаррар карда шудааст.

Њамчунин Г.Г. Арутюнян ќайд менамояд, ки «конститутсия» дар забони арманї дар навбати аввал на маънои «муќаррар намудан», балки «муќаррар намудани њад»-ро доштааст.

Барои таќвияти андешањои худ аз Конститутсияи Акоп ва Шаамир Шаамирянњо ёдовар мешавад ва ќайд мекунад, ки Шаамирњо соли 1773 конститутсияи барои Арманистони соњибихтиёр навиштаи худро «Дом мондан ба шуњратпарастї» (Западня тщеславия) ном монданд. Онњо дар конститутсияи худ на танњо барои «озодињо», балки барои «шуњратпарастї ва маѓрурї» низ «њадди муайян» муќаррар намуда, чунин андеша доштанд, ки «чї ќадар ба мо некињои зиёде даркор аст, ки њаёти худро бо ќонунњо ва озодињо таъмин карда тавонем».[3]

Олимони ќазоќ низ ќайд мекунанд, ки таљрибаи конститутсионии мамлакати онњо даврањои таърихии инкишофи давлаташонро инъикос мекунад ва дар рушди таърихии давлатдории онњо санадњои конститутсионии зерин, ба монанди «Роњи тайкардаи Ќосимхон» (асри XVI), «Жетi жаргы» Таукхон (асри XVII) ва лоињањои конститутсионии њукумати Алаш наќши муњим бозидаанд.[4]

Тадќиќоти илмии зикршуда ва ба ин монанд тадќиќоти илмї дар фањмиши конститутсия њамчун њуљљати сиёсию њуќуќї, моњияти иљтимої ва заминаи дуру дарози таърихї доштани он



[1] Ниг. Козлова Е.И., Кутафин О.Е. Конституционное право России. Учеб.-4-е изд., перераб. И доп.-М.:Проспект, 2010. С.67.

[2] Эзоњ: Арутюнян Г.Г.- Раиси Суди конститутсионии Арманистон, Раиси Конфронси маќомоти назорати конститутсионии мамлакатхои демократияи нав, узви Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, доктори илмњои хуќуќшиносй, профессор.

[3] Арутюнян Г.Г. Конституционализм как фундаментальный принцип права в правовом государстве. Конституционное правосудие. Вестник Конференции органов конституционного контроля странfont-size: small; новой демократии 1 (55) 2012. С.8

[4] Телембаев Ж. Конституция как основа для развития Казахстанской государственности и стабильного поступательного развития страны. Зангер. Вестник права Республики Казахстан № 8 (133)Тамыз/август 2012. С.83.

Боиси ифтихори мо тољикон аст, ки афкори фалсафию сиёсию иљтимоии гузаштагони мо низ аз мављудияти чунин санадњои хусусияти конститутсионї дошта холї нест ва чуноне, ки Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронии худ ба муносибати 15-умин солгарди ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ќайд намуданд: «…гарчанде илми њуќуќшиносии мамолики ѓарб ќонунњои асосї ва ќонунњои ин кишварњоро њамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи њуќуќу озодињои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар њаллу фасли ин масъала дар њошияи таърихи башар набудааст.

Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи њуќуќи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним њазор сол ќабл аз ин ќабул гардида буд, кофист.

Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар њуќуќ ба озодии виљдон, њуќуќ ба озодии њаракат ва њуќуќ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиќ кардааст.

Ба андешаи мо, аз љониби ањли илм ва созмонњои бонуфузи байналмилалї ба таври сазовор ќадршиносї гардидани ин санади боадолати таърихї њамчун нахустин эъломия доир ба њуќуќњои фитрии инсон дар таърихи башар як амри хайр аст.

Аз ин рў, тољикон, ки дорои фарњанги волои инсондўстї мебошанд, татбиќи орзуву ормонњои ниёгони гузаштаи хеш ва њадафу талошњои донишмандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва њуќуќу озодињои он, ќадру ќимат ва шаъну номуси ў ба Конститутсияи худ љой доданд».

Чуноне ки зикр рафт, Эъломияи њуќуќи башари Куруши Кабир - аввалин њуљљати навишташуда оид ба њуќуќи инсон аст. Куруши Кабир (давраи њукмрониаш солњои 550-529 то солшумории мо), ки бунёдгузори давлати Њахоманишинњо (550-330 асри VI то солшумории мо) мебошад, соли 539 бе љангу хунрезї Бобулистонро зери тассаруфи худ дароварда, Эъломияро ќабул намуд. Эъломия бо супориши ў дар лавњаи сафолии силиндрмонанд навишта шуда, зери деворањои Бобулистон мањфуз нигоњ дошта мешавад. Он соли 1879 зимни кофтуковњои археологии Бобулистони ќадим аз љониби экспедитсияи Ормузд Рассам ёфт шуда, бо номи «Силиндри Куруш» маъруф аст. Матни он дар шањри Лондон аз љониби Генри Роулинсон донишманди тамаддуни Бобулистони ќадим хонда, нашр карда мешавад.

Матни Эъломия аз 45 сархат иборат мебошад. Дар он чї тавр аз тарафи Куруши Кабир бе љангу хунрезї ба даст овардани Бобулистон, асир гирифтани шоњи бедодгари он Набонид, ки ба таври оммавї њуќуќу озодињои инсон поймол ва ибодатхонањои мардумро вайрон мекардааст, наќл кардаро мешавад.

Њамчунин, дар матни Эъломия як ќатор њуќуќу озодињои инсон, аз љумла баробарї новобаста аз нажод, дин ва забон; озод кардан аз ѓуломї; тањаммулпазирии байни тамаддунњо ва динњо, мусофирати озод, таъмини амният ва ѓ. махсус таъкид карда шудааст.

Чунончи, дар банди 25 Эъломия омадааст: «ман ба шањри Бобулистон ва ба њамаи ибодатхонаю маъбадњои он амният овардам. Халќро, ки аз зулму бедодгарии ба ў боркардашуда азият мекашид, озод кардам. Банди 32. Худоњоро дар ин ибодатгоњњо маскун карда, барои онњо ибодатгоњњои доимї сохтам. Ман њамаи халќњои онњоро љамъ намуда, ба љойњои зисташон баргардонидам. Банди 36. Ман ба њамаи заминњо имконият фароњам овардам, ки дўстона зиндагї намоянд».

Њамин тариќ, 2500 сол пеш аз ин аљдоди гузаштаи мо Куруши Кабир амали инсондўстонае содир намуд, ки мислаш дар таърихи давлатдорї дида нашуда буд. Ў эълон кард, ки «Њар кас дар интихоби дин озод аст. Одамон метавонанд кадом мазњаб ва динеро, ки ба он эътиќод доранд, ќабул намоянд, инчунин барои худ касб интихоб намоянд, ба шарте, ки њуќуќи дигаронро поймол накунанд».

Њамаи яњудиёнро аз асорат озод намуда, супориш медињад, ки тамоми тиллову нуќраи аз онњо гирифташударо ба онњо баргардонанд, барои онњо њама чизи заруриро муњайё сохта, онњоро ба Замини Муќаддас гусел намоянд. Ў ба яњудиён мефармояд, ки дар Байтулмуќаддас ибодатгоњи дуюми њазарати Сулаймонро (шоњи сеюми яњудињо, њокими афсонавии шоњии Исроил дар солњои 965-928 то солшумории мо, давраи гул-гулшукуфии шоњии Исроил, писари шоњ Довуд, ки дар замони подшоњиаш ибодатгоњи Байтулмуќаддасро сохта буд) бунёд намоянд.Барои ин амали олињимматона Куруши Кабир дар Китоби Эзра, ки соли 460 то солшумории мо дар Байтулмуќаддас навишта шудааст, Нузули Масењ (Мессия) зикр мешавад.Бо ин сабаб Куруши Кабир дар Ањди Ќадим (Таврот) 23 маротиба зикр карда шуда, чандин маротиба дар назар дошта шудааст.

Барои некўкорию олињимматї дар Инљил Куруш абадзинда эълон гардида, аз тарафи худо ба ў дода шудани тахту тољи шоњї ќайд карда мешавад. Аз ин рў, яњудиён дар тамоми давраи дуру дарози таърихї ба наслњои Куруш њамчун ба дўстон ва њимоятгарони худ аз истисморгарони селевидњова римињо муносибат мекарданд.

Дар Эъломия дарљ гардидаст, ки њамаи ањолї аз эътиќод ва одатњои гузаштагони мо ифтихор ва ќаноатмандї мекарданд. Њатто юнонињо, ки душманони доимии форсњо ба њисоб мерафтанд, Курушро «ќонунгузор» меномиданд. Ўро, инчунин бо номи Куруш-адолатпарвар, Куруш-олињиммат, Куруш-фотењи тавоно, Куруш-подшоњи ботањаммул ном мебурданд ва шахсе, ки дар дунёи ќадим то ин дараља ба тањсину офарини шоњону императорон сазовор шуда бошад, чуноне, ки Куруши Кабир сазовор шудааст, дигар вуљуд надорад.

Соли 1971 «Силиндри Куруш» аз љониби СММ аввалин Эъломияи њуќуќи башар дар таърих эълон карда шудааст. Нусхаи Эъломия ба њамаи забонњои расмии СММ тарљума ва дар СММ мањфуз нигоњ дошта мешавад. Рўзи 29 октябр - Рўзи байналмилалии Куруши Кабир мебошад.

Андеша ва ѓояњои инсондўстона, амалу рафтори олињимматона, нексириштї ва накўкорї, саховатпешагї ва љавонмардии аљдодони дуру наздики мо барои наслњои имрўзаву ояндаи мо ибратомўзанд, барои худшиносиву худогоњї, њуввияти миллї ва ифтихор аз давлату давлатдорї мактаби нотакроранд.

Онњо мояи ифтихори миллї ва сарбаландии мо - тољикон буда, санги мањаки фаъолияти созандагиву бунёдкоронаи њазорон номбардорони миллатанд, ки дар њошињаи ин иќдомот ва андешаи миллї роњбари давлати мо - Эмомалї Рањмон ќарор дорад.Сањми арзанда ва назарраси ў дар баробари афзун намудани дастовардњои сиёсию иќтисодї, иљтимоию фарњангии давлати соњибистиќлоламон, инчунин дар зиндаву љовид гардонидани ному амали фарзандони фарзонаи миллат беназир аст.

Њуќуќу озодињои эълондоштаи Эъломияи Куруши Кабир, аз ќабили: озодии виљдон, дахлнопазирии манзил, баробарї новобаста аз нажод, дин ва забон, тањаммулпазирии байни тамаддунњо ва динњо, мусофирати озод, таъмини амният ва ѓ. аз тарафи љомеаи љањон пазируфта шуда, дар тамоми санадњои њуќуќї оид ба њуќуќи инсон, аз љумла Эъломияи умумии њуќуќи башар (1948) ва дигар санадњои байналмилалии аз тарафи љомеаи љањон эътирофгардида инъикоси худро ёфтаанд.

Мо, ки худ ворисони Куруши Кабирем, дувуним њазорсол пас дар ќонуни асосии давлати соњибистиќлоламон худро дар назди наслњои гузаштаамон масъул эълон намуда, Эъломияи онро њамчун андешаву ормонњои миллии гузаштагонамон дар боби њуќуќу озодї ва вазифањои инсон ва шањрванди Конститутсия љой додем.

Боварї дорем, ки бо ин њама ќадрдонию ќадршиносї ва эњтироми маќому манзалати гузаштагони худ, рўњу арвоњи онњоро, ки њамеша пайгири муваффаќияту музаффариятњои мо буда, моро ба роњи созандагию бунёдкорї њидоят мекунанд, шод гардонидем.

Гиёев С.Н.- узви Куматаи Маљлиси намояндагон

оид ба тартиботи њуќуќї, мудофиа ва амният,

намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагон

дар Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон


Иљлосияе, ки наљотбахши давлату
миллати тољик буд


Нимаи дуюми садаи XX ба халќи тољик муяссар гашт, то баъди гузашти њазорсолањо аз нав соњиби давлати миллии худ гардад, аз нав ба љањониён оид ба соњибдавлату соњибтамаддун будани худ дарак дињад, аз нав тољи давлатдориро дар сар гузошта, давлатеро бо номи Тољикистон дар харитаи сиёсии љањон эњё намояд. Вале ин тўњфаи таќдир имтињони љиддиеро назди миллати мо гузошт. Паст будани фарњанги сиёсии љомеа, надоштани таљрибаи давлатдории љадиду мустаќилона, ба њисоб нагирифтани хусусиятњои давраи нави инкишоф, боло гузоштани манфиатњои умумимиллию умумидавлатї ва дахолати ќуввањои манфиатдори беруна кишвари тозаистиќлоли моро ба вартаи љанги шањрвандї тела доданд.

Иљлосияи XVI Шўрои Олии Тољикистон дар таърихи давлатдории навини тољик сањифаи наверо боз намуд. Ањамияти таърихии он дар муайян намудани сохтори давлатї, тарзи идора ва мушаххас сохтани аслњои (принсипњои) асосии давлатдорї бенињоят калон аст.

Иљлосия роњи минбаъдаи рушди давлатдорї - бунёди демократия дар асоси гуногунандешии сиёсию ѓоявї, эътирофи њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, њамгирої бо љомеаи љањониро муайян намуд.

Эълон шудани Тољикистон њамчун давлати демократию њуќуќбунёд ва дунявї, ки онро аксари сокинони мамлакат дар лањзањои душвортарин њам љонибдорї менамуданд, ба тамоми он ќуввањое, ки даъвои дигари идеологиро нисбат ба сохти конститутсионї дар Тољикистон пеш мегузоштанд, зарбаи ќатъї ва њалкунанда буд. Дунявият њамчун иродаи мардум эътироф гашта, таљассуми худро минбаъд дар Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон низ ёфт.

Бояд зикр намуд, ки њамин омил яке аз сабабњои асосии сар задани ихтилоф дар кишвар мањсуб меёфт. Аз ин лињоз, мањз иродаи ќатъии сиёсии Сарвари давлат ба њама бањсу мунозирањо атрофи ин масъала хотима гузошта, имкон дод то љомеаи аз кашмакашињо хасташудаи Тољикистон ба баррасї ва њалли масъалањои дигаре, ки ба таќвияти равандњои созанда мусоидат намуда, кишварро аз вартаи порашавї рањо мебахшид, гузарад.

Рамзњои давлатї, ки муќаддассоти њар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, мањз дар њамин иљлосия дар ќатори муњимтарин масъалањои замон тасдиќи худро ёфтаанд.

Боиси тазаккур аст, ки дар њамин иљлосия њукумати нав таъсисёфта, аз рўзњои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорї содиќ будани худро ба аслњои башардўстона нишон дод. Яке аз аввалин изњороти Раиси Шўрои Олии мамлакат Эмомалї Рањмон - ин оид ба масъалаи баргардонидани гурезањо аз хориљи кишвар буд. Ин бори дигар собит месохт, ки Сарвари давлат муњимияти масъаларо бо тамоми њастиаш эњсос намуда, ба хубї дарк мекард, ки мањз тавассути сарљамъии мардум метавон ба дастовардњои назаррас дар мамлакат ноил гашт.

Нишонаи дигари ба аслњои башардўстона содиќ будани њукумати нав, ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи авф» буд.

Иљлосияи XVI ба ташаккулёбии фарњанги нави сиёсї замина гузошт. Истиќлолият, ягонагї, вањдат ва сулњу салоњ дар љомеа арзишњое эътироф гаштанд, ки асоси фарњанги нави сиёсиро ташкил медоданд.

Чун имрўз таљрибаи сулњи тољикон мавриди омўзишу баррасии љомеашиносон ќарор дорад, набояд фаромўш кард, ки принсипи асосии сулњофарї мањз дар њамин иљлосияи таќдирсоз муайян шуд. Мањз њамин принсипи асосгузор тавонист дар марњалањои минбаъда зина ба зина амалї гашта, ба љањониён модели нави сулњофариро таќдим намояд. Имрўз њар як тољику тољикистони аз он ифтихор мекунад, ки таљрибаи сулњи тољикон дар саросари олам омўхта мешавад.

Њамчунин ногуфта намонад, ки аз љониби мо вакилони парлумон дар нимаи аввали моњи августи соли љорї дар давлати Белгия шањри Брюсел дар Иттињоди Аврупо оид ба таљрибаи сулњи тољикон вохўрї ва баромади вакилон баргузор гардида буд.

Ањамияти таърихии Иљлосияи XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, инчунин дар он аст, ки ташаккули ѓояи вањдати миллї ва ягонагї мањз дар љараёни он ба миён омада буд. Пайдоиши ин ѓоя худ як зарурати таърихї ба њисоб мерафт, ки ќодир буд халќи парешонгаштаи тољикро сарљамъ созад. Дар чунин шароит мебоист, бо назардошти хатарњои мављуда ба хотири таъмини пойдории давлат њама ѓаразро як тараф гузошта, дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Эмомалї Рањмон Сарвари давлат љамъ омада, бањри ягонагї ва гул гулшукуфии Тољикистон талош намоянд. Мањз тавассути Иљлосияи XVI дар дили мардум чунин эњсоси боварї пурзур шуда насими сулњу созиш, ки мардуми мо онро дер боз интизор буданд, љомеаро фарогир гашт.

Дар њаќиќат њам ин анљумани таърихї, ки мо дар арафаи 20- солагии таљлили он ќарор дорем, дар таърихи давлатдории навини тољикон ањамияти бенињоят бузург дорад. Мањз њамин иљлосия тавонист анљумани таќдирсозу созанда гашта, сабаќи фаромўшнашавандае дар роњи пуршебу фарози бунёди давлатдории миллии мустаќил барои наслњои имрўзу оянда гардад. Мањз њамин анљуман оѓози наљоти давлатдории миллї, якпорчагї, дўстию бародарї ва пойдории Тољикистони соњибистиќлолу ягона гашта, тавонист ба љањониён хиради азалии миллати тољик - тањаммулпазирию башардўстї, ќобилияти сулњофарї ва давлатсозии онро собит созад.


Оймањмадов М.Д.- Судяи Суди Олии

Љумњурии Тољикистон

Наќши Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон

дар тањкими маќомоти судї

16 ноябри соли 1992 дар Ќасри Арбоб Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон баргузор гардид, ки мањз аз њамин рўз давлати навтаъсиси тољикон ба иљрои вазифаи муќаддаси худ: барпо намудани давлати мустаќил ва таъмини амнияти шањрвандон ва оѓоз намуд. Ба фаъолияти Шўрои Олї ва Раёсати он Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї Эмомалї Рањмон, ки ба ин мансаб бо Ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон 19 ноябри соли 1992 интихоб шуда буд, роњбарї мекард. Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ба сифати сарвари давлати Љумњурии Тољикистон аз рўзи аввали фаъолияти хеш таъмини њуќуќ ва озодињои шањрвандон, Конститутсия ва ќонунњои Љумњурии Тољикистонро ба ўњда гирифт. Њануз 12 декабри соли 1992 мурољиатномаи Сарвари давлат ба халќи шарифи Тољикистон, ки дар асл ин санад як барномаи муфассалу муназзами давлатсозї буд, пахш гардид, ки дар он њалли як силсила чораандешињои таъминкунандаи амният ва њаёти осоиштаи мардум пешбинї шуда буд.

Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ба сањифањои таърихи навини халќи тољик њамчун иљлосияи наљотбахшу сарнавиштсоз ворид гардида, аз лињози моњияти наќш ва ќимати таърихї ба Эъломияи Истиќлолияти давлатии Тољикистон арзиши баробар дорад. Зеро ин иљлосия, давлати навбунёдро аз фанову парокандагї эмин нигоњ дошта, миллати тољикро аз гирдоби љангу љидол ва нобасомонињо берун кашид.

Яке аз фазилатњои неки Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон он буд, ки таќдири Ватану мардуми кишварро ба дасти нафаре дод, ки љомеаи Тољикистонро ба њам оварду, сулњу осоиш, истиќлолияту рукнњои давлатиро пойдор намуд.

Њанўз дар љараёни Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон мавќеи худро оид ба тарафдорї аз давлати демократї ва њуќуќбунёд ќотеъона изњор дошта буд ва ин мавќеъ дар мурољиатнома бо зикри роњњои заминагузории чунин давлат тасдиќ карда шуд. Дар роњи эъмори давлати навини Тољикистон чораандешињои амалии Њукумати навтаъсис бо роњбарии Эмомалї Рањмон наќши барљаста бозид. Сарвари давлат озодии инсонро ба сифати нахустзаминаи љомеаи њуќуќбунёд, ки ташкили онро њанўз дар Иљлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон њамчун мароми нињоии худ эълон карда буд, муайян намуда, чунин изњор дошт: «Мањз озодии инсон шаклу мазмуни соњибихтиёрии миллї ва давлатиро муайян мекунад ва давлатњо фаќат њамон ваќт пешќадам ќаламдод мешаванд, ки ба озодињои инсон мадад расонанд».

Музафариятњои Истиќлолияти давлатии Тољикистон мањз аз Иљлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ибтидо мегирад. Аз Иљлосияи таќдирсози зикргардида сар карда, дар низоми сиёсии давлатдории тољикон таѓйироти љиддие ба мал омада, вазифањои пурмасъулияту таќдирсозеро бањри тањкими истиќлолият ва давлатдорї ба миён овард. Миллати тољик бо сарварии Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон бунёди љомеаи демокративу њуќуќбунёд ва дунявиро интихоб намуд, то ки Тољикистон ба ќатори давлатњои мутараќќї ва мутамаддин ворид гардад. Инкишофи муносибатњои љамъиятї зарурати ислоњоти сиёсию њуќуќиро ба миён овард.

Минбаъд давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон, Парлумони мамлакат баробари ислоњоти сиёсї, иќтисодї ва иљтимоию фарњангї ба гузаронидани ислоњоти њуќуќї ва судї рў оварда, ќонун ва санадњои меъёрию њуќуќии љавобгў ба талаботи давлати демократиро тањия ва ќабул намуданд.

Наќши Иљлосияи таќдирсоз дар такмил додани маќомоти судии кишвар, таъмини адолати судї, волоияти ќонун, њифзи њуќуќ ва манфиатњои шањрванд, инсон ва давлату љомеа басо калон мебошад.

6 ноябри соли 1994 њуљљати барои давлату миллати тољик сарнавиштсоз - Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон тариќи раъйпурсии умумихалќї ќабул гардид, ки он ба раванди ислоњоти судию њуќуќї дар кишвар заминаи њуќуќї гузошт. Принсипи конститутсионии таљзияи њокимият дар моддаи 9-и он баён карда шуда, се шохаи ба њам алоќаманди њокимият: ќонунгузорї, иљроия ва судї муайян карда шуд, ки ба инкишофи муътадили демократикунонии љамъият, њимояи њуќуќ ва манфиатњои шањрвандон мусоидат намуд.

Демократикунонии љомеа, эъмори давлати њуќуќбунёд ва пурзўр кардани њокимияти давлатї ба фаъолияти судњо низ вобастагии зич дорад, зеро њокимияти судї дар Љумњурии Тољикистон мустаќил буда, њуќуќу озодињои инсон, манфиатњои давлат, ташкилот, корхонањо, муассисањо, ќонуният, адолат ва умуман кафолати волоияти ќонун дар љомеа ба њисоб меравад.

Дар љомеаи шањрвандї маќсаду мазмуни фаъолияти маќомоти давлатиро бояд њуќуќу озодињои инсон муайян созанд. Ќонунњо набояд ќоидањои рафтореро муайян намоянд, ки онњо ба њуќуќу озодињои инсон мувофиќ набошанд. Њамаи шохањои њокимияти давлатї ва шахсони мансабдор дар фаъолияти худ, пеш аз њама, бояд риояи њуќуќу озодињои инсонро ба мадди аввал гузоранд.

Љаноби Олї Эмомалї Рањмон ќайд кардаанд, ки «Бояд таъкид кард, ки ташаккули давлати демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва иљтимої бе мављудияти низоми даќиќан муайяншудаи мустаќил ва беѓарази судї аз имкон берун аст. Дар таъмин намудани волоияти ќонун, њифзи њуќуќу озодињои инсон, риояи ќонуният ва тартиботи њуќуќї наќш ва мавќеи њокимияти судї, маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомии кишвар бузург мебошад».

Дар натиљаи тањкими вањдат ва ризояти миллї тариќи раъйпурсии умумихалќї 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсияи (Сарќонуни)-и кишвар як ќатор таѓйироту иловањо ворид гардида, Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон таъсис ёфт, ки воњидњои маќомоти судии кишвар, ба истиснои Суди конститутсионї, Суди Олї ва Суди Олии иќтисодї ба Шўрои адлия тобеият пайдо карданд.

Бо назардошти пешравињо, љомеа маротибаи дуюм ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон тариќи раъйпурсии умумихалќї (референдум) 22 июни соли 2003 таѓйиру иловањои нав ворид гардид, ки ин давоми ислоњоти судї ба њисоб рафта, мўњлати ваколати судяњо аз 5 то 10 сол, синни нињоии дар мансаби судягї будан аз 60 то ба 65 сол муќаррар гардид.

Дар моддаи якуми Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон эълон доштани бунёди давлати соњибихтиёр, демократию њуќуќбунёд, дунявї ва ягона ва арзиши олї эътироф гардидани њуќуќу озодињои инсон аз маќомоти дахлдори давлатї таќозо мекунад, ки бо маќсади њифз, риоя ва таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, таъмини волоияти ќонун, тањкими ќонуният ва тартиботи њуќуќї дар љомеа љињати муњайё сохтани шароити арзандаи зиндагонии њар як фарди кишвар тадбирњои судманд андешида, механизми кафолати воќеии таъмини онњоро ба вуљуд оваранд.

Адолати судї яке аз воситаи ба амал баровардани адолати иљтимої буда, дар њифз намудани њуќуќи инсон мавќеи хоса дорад.

Дар Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон, ки бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 23 июни соли 2007 №271 тасдиќ шуда буд, ќайд гардидааст, ки хусусияти хоси адолати судї, ба мисли мустаќилияту беѓаразии судяњо ва танњо ба Конститутсия ва ќонун итоат намудани онњо, принсипњои демократии мурофиаи судї, аз љумла баробарии њама дар назди ќонун ва суд, дар асоси бањсу мунозира сурат гирифтани мурофиаи судї, баробарњуќуќии иштирокчиёни мурофиа кафолати муњими тањкими ќонунияту адолат ва рушди демократии љомеа ва давлат мебошад.

Дар Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон» нишон дода шудааст, ки адолати судї дар Љумњурии Тољикистон тавассути њокимияти мустаќили судї ба амал бароварда мешавад.

Адолати судї танњо бо роњи муайянкардаи ќонун ба амал бароварда мешавад. Дар давлати њуќуќбунёд роњњои дигари ба амал баровардани он вуљуд надорад ва вуљуд дошта њам наметавонад. Дар Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон» роњњои ба амал баровардани адолати судї муайян карда шудаанд.

Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 23 июни соли 2007, №271 «Дар бораи Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон» ба тањкими маќомоти судї ва иљрои вазифањои дар наздаш гузошташуда роњи васеъ кушод.

Барномаи номбурда муносибати њокимияти судиро бо маќомоти њифзи њуќуќ, ки бевосита дар ба амал баровардани адолати судї робитаи људонашаванда доранд, низ муайян менамояд.

Асоси ислоњоти судї ин таќвият бахшидани маќоми суд, љараёни демократикунонии мурофиаи судї ва дар пояи он куллан таѓйир додани фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ мебошад.

Ќабул гардидани як силсила ќонунњо, аз љумла кодексњои мурофиавии гражданї, судии иќтисодї, љиноятї, њуќуќвайронкунии маъмурї, ќонунњо «Дар бораи истењсолоти иљро», «Дар бораи судњои њакамї», «Дар бораи ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон», ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни конститутсионї «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», дар судњои вилоятї, суди шањири Душанбе, Суди Олї ташкил гардидани коллегияњои судї оид ба парвандањои оилавї, маъмурї ба тањкими њокимияти судї мусоидат намуда истодааст, ки наќши Иљлосияи таќдирсози номбурда дар ба амал баровардани ин муваффаќиятњо мавќеи хоса дорад.

Ќисми зиёди ваколатњои амрдињї доир ба пешбурди парвандањои љиноятї, аз љумла ба њабс ва њабси хонагї гирифтан, кофтукови манзил, њабси молу мулк, муваќќатан аз вазифа дур кардан ва ѓайрањо тибќи Кодекси нави мурофиавии љиноятї аз 1 апрели соли 2010 ба салоњияти суд вогузор карда шудаанд.

Таѓйироту иловањо ва ќабул гардидани ќонунњои нав салоњияти судњоро васеъ ва масъулияти онњоро дучанд месозанд, ки ин њама музафариятњо аз роњи дурусти пешгирифта ва ќабули ќарорњои асосноки таќдирсози Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон шањодат медињанд.

Кодекси нави мурофивии љиноятї кулли љабњањои фаъолияти пешбурди мурофиаи љиноятиро бо назардошти стандартњои умумиэътирофшуда комилан таѓйир дода, доираи салоњияти њокимияти судиро дар таъмини адолати судї васеъ намуд.

Мањз меъёрњои њуќуќи конститутсионї ифодаи пурра ва мукаммали худро дар Кодексњои нави ќабулгардида дарёфт кардаанд. Чунончи, принсипњои њифзи судї (моддаи 8), ќонуният (моддаи 9), эњтироми шаъну шараф (моддаи 10), дахлнопазирии шахсият (моддаи 11), дахлнопазирии манзил (моддаи 13), эњтимолияти бегуноњї (моддаи 15), баробарї дар назди ќонун ва суд (моддаи 16), мустаќилияти судяњо (моддаи 17), мубоњиса ва баробарии тарафњо (моддаи 20) ва ѓайрањо.

Мутобиќи меъёрњои Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон адолати судї дар асоси баробарии шањрвандон дар назди ќонун ва суд ќатъи назар аз миллат, нажод, љинс, забон, эътиќоди динї, мавќеи сиёсї, вазъи иљтимої, тањсил, молу мулк ва њолатњои дигар сурат мегирад. Шањрвандони хориљї ва ашхоси бетабаа дар ќаламрави Тољикистон ба мисли шањрвандони Тољикистон аз њуќуќи њифзи судї баробар истифода мебаранд.

Ин меъёрњо ба моддаи 7-и Эъломияи умумии њуќуќи башар дар хусуси баробарии њама дар назди ќонун ва бидуни њељ як тафовут ба њимояи њуќуќу озодињои асосии инсон пурра мувофиќат мекунанд.

Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бо њам алоќамандии зич дошта, њарду дар якљоягї барои њар як шањрванди кишварамон муќаддасу азиз њастанд.

Бо шарофати истиќлолият ва оромї дар љомеаи навини мо татбиќи Барномаи ислоњоти судї-њуќуї идома дорад ва он ба бунёди давлати воќеан њуќуќбунёди шањрвандї равона карда шудааст.

Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон «Дар бораи баъзе тадбирњо оид ба таъмини мустаќилияти њокимияти судии Љумњурии Тољикистон» аз 14 апрели соли 1997 дар мустањкам намудани фаъолияти њокимияти судї ва баланд бардоштани мавќеи он дар љомеа наќши муњим бозид.

Њамзамон, дар Паёми Љаноби Олї аз 15 апрели соли 2009 пешбинї гардидааст, ки: «Механизми муњими њифзи њуќуќи инсон ва таъмини волоияти ќонун маќомоти њокимияти судї мебошад. Бо маќсади тањкими минбаъдаи њокимияти судї, баланд бардоштани наќши суд дар њифзи њамаљонибаи њуќуќу озодињои инсон, манфиатњои ќонунии давлат ва ташкилоту муассисањо мувофиќи маќсад аст, ки ислоњоти судї идома дода шуда, барномаи нави мукаммали соња барои солњои минбаъда тањия карда шавад».

Дар доираи ба иљро расонидани ин нуќтаи нишондоди Сарвари давлат «Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2013» тањия ва бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 январи соли 2011 тасдиќ гардидааст.

Президенти Љумњурии Тољикистон дар Паёми худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 20 апрели соли 2012 ќайд кардааст, ки «Баъди ќабули Конститутсияи кишвар ва њамчун шохаи мустаќили њокимияти давлатї эътироф гардидани суд давлат љињати тањкими асосњои он пайваста таваљљўњ зоњир менамояд.

Дар ин раванд, давра ба давра татбиќ шудани ислоњоти судї-њуќуќї ва дар доираи он такмилу тањким бахшидан ба сохтор ва фаъолияти маќомоти судї, мустањкам намудани асосњои моддиву техникии онњо ва бењтар кардани вазъи њуќуќиву иљтимоии судяњо аз љумлаи ин тадбирњо ба шумор меравад.

Дар соли 2011 музди мењнати судяњо ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Њамзамон бо ин, дар ду соли охир 70 воњиди иловагии мансаби судягї ва 71 воњиди корї барои дастгоњи судњо људо гардидааст.

Дар навбати худ њокимияти судї вазифадор аст, ки њифзи њуќуќу озодињои инсонро мењвари фаъолияти худ ќарор дода, тавассути ќабули санадњои одилонаву ќонунї татбиќи дурусти меъёрњои Конститутсия ва ќонунњо адолати судиро таъмин намоянд. Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Шўрои адлия, Вазорати адлия ва дигар маќомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки иљрои сариваќтии Барномаи ислоњоти судї њуќуќиро барои солњои 2011-2013 таъмин намоянд.»

Дар охир ќайд кардан зарур аст, ки мањз иљрои вазифањои дар Иљлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон буд, ки имрўз Тољикистон дар шароити суботу оромї ва рушду такомули муназзаму боэътимод ќарор дошта, соњиби музаффариятњои дар боло зикргардида гардид.


Раљабов А.- Сардори Раёсати судњои

Дастгоњи Шўрои адлияи

Љумњурии Тољикистон

Иљлосияи ХVI-уми Шўрои Олї ва
ислоњоти њокимияти судї

Халќи соњибтамаддун ва сулњофари тољик дар остонаи ду љашни барои мо муњим ва муќаддас - 18-солагии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва 20-солагии Иљлосияи таќдирсози ХVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ќарор дорад.

Дар њаќиќат њам ин ду руйдоди фарањбахши таърихии миллати мо бо њам иртиботи ногусастанї дошта, баргузории Иљлосияи ХVI-уми Шўрои Олии кишвар ва ќонуну ќарорњои ќабулнамудаи он барои ќабули Конститутсия заминаи воќеї гузошт.

Дар оѓози даврони истиќлолияти давлати тозабунёди мо, бо дахолат, дастгирї ва таъсири бадхоњони дохилию хориљии давлат, Тољикистон ба гирдоби љанги шањрвандї кашида шуд. Дар марказ, љануб ва шарќи мамлакат, ки вазъияти ноором њукмфармо буд, њамаи рукнњои давлатдорї фалаљ гардида буданд ва кафолати кори муназзами Иљлосия ва бехатарии вакилон вуљуд надошт. Ба хотири барќароркунии сохти конститутсионї, асосњои давлатдорї, тањкими шохањои њокимият вакилони мардумии њамаи манотиќи кишвар ба хулоса омаданд, ки Иљлосияи навбатиро дар минтаќаи нисбатан ороми кишвар шањри Хуљанди бостонї гузаронанд.

Њамин тавр, Иљлосияи ХVI-уми Шўрои Олии кишвар 16 ноябри соли 1992 дар Ќасри Арбоби шањри Хуљанд баргузор гардид.

Дар ин Иљлосия дастоварди бузурги вакилони мардумї - ин пеш аз њама ба њайси Раиси Шўрои Олї-роњбари давлат интихоб намудани муњтарам Эмомалї Рањмон мебошад.

Њанўз дар мурољиатњои аввали худ Сарвари тозаинтихоби давлат вобаста ба вазъи њамонваќтаи кишвар иљрои вазифањои зеринро дар мадди аввал гузошта буданд:

- дар тамоми гушаву канори Тољикистон барќарор намудани њокимият ва маќомоти идоракунї ва таъмини кори пурмасъули онњо;

- барќарор намудани сохтори амалкунандаи муњофизати њуќуќ дар мањалњо ва барои онњо дар иљрои вазифаи худ фароњам овардани шароити мусоид;

- таъсис додани артиши миллї;

- пурзўр кардани дифои сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон ва ворид шудани љумњурї ба љомеаи љањонї.

Тибќи муќаррароти ќонунњои дар ин Иљлосия ва инчунин ќарорњои аз љониби Раёсати Шўрои Олї ќабулшуда, соли 1993 барои амали намудани адолати судї дар Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон дар сохтори Суди Олии кишвар Коллегияи њарбии Суди Олї таъсис дода шуд. Баъдан, дар моњи июни соли 1994 судњои њарбии гарнизонњо таъсис дода шуданд, ки онњо дар барќароркунии ќонунияту тартибот дар Ќуввањои Мусаллањ наќши муассир бозиданд.

Бо ташаббус ва роњбарии бевоситаи Роњбари давлат, халќи тољик тариќи райъпурсии умумихалќї 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи кишварро ќабул намуд.

Тибќи талаботи моддаи 9 Конститутсия, њокимияти давлатї дар асоси таљзияи он ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї амалї мегардад.

Тартиби ташкил ва фаъолияти судњоро дар ин давра ќонунњои конститутсионї «Дар бораи Суди Олии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи судњои иќтисодии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи судњои њарбии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи маќоми судяњо дар Љумњурии Тољикистон» ва «Дар бораи сохтори судњо», ки 3 ноябри соли 1995 ќабул карда шуда буданд, ба танзим медароварданд.

Дар ин давра барои њалли бањсњои иќтисодї ва бањсњои аз муносибатњои соњибкорї бармеомада, дар Љумњурии Тољикистон судњои иќтисодї ташкил карда шуда.

Барои мустањкам намудани яке аз рукнњои њокимияти давлатии кишвар - маќомоти судї, Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 14 апрели соли 1997 №692 «Дар бораи баъзе тадбирњо оид ба таъмини мустаъќилияти њокимияти судии Љумњурии Тољикистон» наќши бузург дошта, он барои бењтар намудани вазъи иљтимоии судяњо ва кормандони дастгоњи судњо, таъмини ташкилии судњо равона карда шуда буд. Аз љумла, бо ин Фармон маќомоти мањаллии њокимияти давлатї дар мањалњо вазифадор карда шуда буданд, ки барои сохтмону таъмири биноњои судњо ва бењдошти вазъи иљтимоии судяњо ва кормандони дастгоњи судњо мусоидат намоянд. Ин Фармон мустаъќилияти судњоро боз њам устувортар гардонида, барои инкишофи минбаъдаи онњо наќши баѓоят муњим бозид.

Барои аз тобеияти маќомоти иљроия баровардани маќомоти судї Президенти кишвар зимни пешнињоди таклифњо оид ба воридкунии таѓйиру иловањо ба Конститутсияи мамлакат дар бораи таъсиси маќоми коллегиалї - Шўрои адлия пешнињод намуд, ки ин пешнињод аз љониби халќ дастгирї ёфта, ба Сарќонуни кишвар ворид карда шуд.

Дар ин замина, бо маќсади тањия намудани таклифњо оид ба гузаронидани ислоњоти судї, хоста гирифтан, пешбарии номзадњо ба мансаби судягї, озод намудани судяњо аз вазифа, ташкил намудани имтињоноти тахассусї бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 14 декабри соли 1999 Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд.

Шўрои адлия дар аввал аз 9 аъзо иборат буд ва бо њамин њайат то 14 марти соли 2003 фаъолият намуд. Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 14 марти соли 2003 ба њайати Шўрои адлия таѓйирот ворид карда шуда, шумораи аъзои Шўро то ба 7 нафар ихтисор карда шуд.

Тибќи муќаррароти моддаи 96 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон» вазифањои Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон аз инњо иборат аст:

пешнињод намудани таклифњо оид ба такмили системаи судию њуќуќї ва мусоидат намудан ба мустањкам шудани мустаќилияти судњо;

таъминоти ташкилї, молиявї, моддию техникии судњо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадњо ба вазифаи судягї ва коромўз-судя, такмили ихтисоси судяњо, коромўз-судяњо ва кормандони дастгоњи судњо.

Паёмњои Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, ки дар он тањлили пурраву амиќи тамоми соњањои њаёти љомеа дарљ гардидааст, як барномаи мукаммали рушди кишварамон ба шумор рафта, дар он ањамияти бузурги наќши њокимияти судї дар кори мустањкам кардани ќонуният, тартиботи њуќуќї, њифзи њуќуќу озодињои инсону шањрвандон таъкид гардид, махсусан ќайд карда шудааст, ки адолати судї дар њаќиќат њам бояд њамчун яке аз кафолатњои асосии таъмини њуќуќу озодї ва манфиатњои ќонунии шањрвандон бошад. Дар Паёми худ Президенти љумњурї љињати тањкими минбаъдаи ислоњоти судї-њуќуќї зикр намуданд, ки таъмин намудани ќонуният ва адолат аз љониби њокимияти судї шарти муњимтарини пешрафти мамлакат ва расидан ба маќсадњои нињоие мебошад, ки мо дар назди худ гузоштаем.

Бо маќсади амалї намудани ин рисолати бузург ва тањкими минбаъдаи њокимияти судї, баланд бардоштани наќш ва мавќеи он дар љомеа, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, манфиати давлат, таъмини њамаљонибаи ќонунияту адолат бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 23 июни соли 2007 Барномаи ислоњоти судї- њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2007-2010 тасдиќ гардида буд.

Бо ба иљро расонидани муќаррароти ин Барнома кодексњои нави мурофиавии гражданї ва љиноятї, судии иќтисодї, њуќуќвайронкунии маъмурї ва як ќатор ќонунњои нав ќабул ва ба ќонунњои амалкунанда таѓйиру иловањо ворид карда шуданд.

Тибќи навгонињои ин кодексњо, аз љумла дар мурофиаи гражданї мурофиаи фармонї ва ѓоибона, дар мурофиаи иќтисодї мурофиаи соддакардашуда пешбинї гардид.

Бо мавриди амал ќарор дода шудани Кодекси мурофиавии љиноятї мањдудкунии њуќуќњои инсон ва шањрванд - аз он љумла интихоби чорањои пешгирии ба њабс ва њабси хонагї гирифтан, иљозати њабси амвол, њабси маблаѓњои пулї в суратњисобњо, иљозати дар табобатгоњ ва касалхонањои равонпизишкї љой намудани гумонбаршуда ва айбдоршавандањои дар њабс набуда, гўш ва сабт кардани гуфтугўи телефонї ва ѓ. ба салоњияти судњо гузаронида шуданд.

Дар сохтори судњо-яъне дар Суди Олї, суди ВМКБ, вилоятњо ва суди шањри Душанбе коллегияњои маъмурї ва оилавї таъсис дода шуд.

Бинобар ин, њам бо Фармони Президенти кишвар аз 26 январи соли 2010, №777 ба маќомоти судї 50 воњиди кори судягї илова карда шуд, ки аз ин 6 воњиди барои таъсиси коллегияњо оид ба парвандањои оилавї ва маъмурии судњои шањри Душанбе, вилояти Суѓду Хатлон, 3 воњид барои таъсиси чунин коллегияњо дар суди ВМКБ ва 29 воњиди судягї барои пурра намудани њайати судњои якњайата пешбинї гардида буд.

Институти нав - коромўз судя таъсис дода шуд.

Љињати иљрои талаботи Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон, Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 22 июли соли 2008 №495 «Дар бораи коромўз-судя» бо риояи талаботњои Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон», Низомнома дар бораи коромўз-судя ва бо маќсади хоста гирифтан ва љобаљогузории кадрњои арзанда, баъди супоридани имтињон 15 нафар ба вазифаи коромўз-судя таъин карда шуданд.

Њамин тавр, ду соли баъдина 55 нафари коромўз-судяњо ќабул карда шуда, баъдан ба вазифаи судягї таъин карда шуданд. Соли 2011 75 нафар коромўз судяњо ќабул ва барои таъин ба вазифаи судягї тайёр ва аз ин њисоб 42 нафарашон ба вазифаи судягї таъин карда шуданд.

Президенти Љумњурии Тољикистон дар Паёми навбатї ба Парлумони кишвар аз 24 апрели соли 2010 бори дигар дар иртибот ба масъалањои марбут ба маќомоти судї таваљљўњ намуда, таъкид намуданд, ки Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар рушд ва таќвияти њокимияти судї наќши арзанда гузоштааст. Аз ин рў, љињати идомаи ислоњоти судї-њуќуќї ва тањияи Барномаи нави мукаммали соња дастур доданд.

Дар ин замина, бо Фармони Президенти кишвар аз 3 январи соли 2011 Барномаи нави ислоњоти судї-њуќуќї барои солњои 2011-2013 тасдиќ гардид, ки дар он њалли масъалањои тањияи Кодекси мурофиавии љиноятї ва Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурї, ќабули ќонунњои нав, ки ба бењдошти раванди татбиќи адолати судї равона кардашудаанд, инчунин бењдошти вазъи иљтимоии судяњо ва кормандони дастгоњи судњо пешбинї гардидаанд.

Дар доираи иљрои талаботи Барнома оид ба масъалањои пурра намудани њайати баъзе аз судњо ва ба танзим даровардани сарбории судяњо, ки барои њаматарафа ва дар муњлатњои пешбиникардаи ќонун баррасї намудани парвандањои судї ва ќабули санадњои ќонунию асоснок мусоидат менамояд, мавриди тањлилу омўзиш ќарор дода шуданд. Вобаста ба ин масъала, бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 8 апрели соли 2011 №1044 ба судњои алоњида 17 воњидњои иловагии вазифаи судягї, аз љумла 2 воњиди муовини аввали раисони судњои ноњия ва 35 воњид вазифаи корманди дастгоњи судњо људо гардид.

Боиси ќайд аст, ки њамасола пешбинї намудани афзоиши маблаѓгузории маќомоти судї дар буљети давлатї ва баробар кардани вазъи иљтимоии судяњо ва кормандони дастгоњи судњо ба вазъи иљтимоии кормандони дигар маќомоти њокимияти давлатї аз талаботњои ислоњоти соња буда, бањри амалї намудани ин њадафњо бо Фармони Президенти мамлакат аз 2 августи соли 2011 №1126 маоши моњонаи вазифавии судяњои судњои вилоятї, шањри Душанбе, судњои њарбии гарнизонњо, судњои иќтисодї ва судњои шањру ноњияњо ба андозаи 100% зиёд карда шуд.

Шўрои адлия фаъолияти худро дар самти пешгирї ва мубориза бо коррупсия дар маќомоти судї дар доираи талаботи дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 26 январи соли 2008 №34 «Дар бораи Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2008-2012» ва аз 2 сентябри соли 2010 №431 оид ба Тадбирњои иловагии таќвияти муќовимат ба коррупсия, инчунин Барномаи дохилиидоравї ва Наќшаи чорабинињо бањри таъмини иљрои санадњои зикргардида ба роњ мондааст. Дар заминаи санадњои њуќуќии номбаршуда, бо фармони Раиси Шўрои адлия аз 20 сентябри соли 2010 №25/1 аз њисоби кормандони ботаљриба ва собиќадори дастгоњи Шўрои адлия, раёсату шўъбањои он дар вилоятњо ва раисони як ќатор судњо комиссияи корї таъсис дода шудааст, ки он пайваста тањдиди хатари коррупсионї ва вазъи содиршавии ин ќабил љиноятњоро тањлилу омўзиш намуда, дар бораи пешгирї ва сабабу омилњои ба он мусоидаткунандаро таклифњо манзур менамояд.

Њамзамон, љињати пешгирии зуњуроти коррупсионї дар маќомоти судї, инъикоси шаффофияти фаъолияти судяњо ва робитаи шањрвандон бо кори судњо сомонаи интернетии Шўрои адлия ва судњои љумњурї бо зикри почтаи электронї ва телефонњои боварї амал мекунад.

Бобати иљрои фармоиши Президенти кишвар аз 4 августи соли 2010 №РП-1366 аз њисоби маблаѓњои сарфашуда ба маблаѓи 136000 сомонї дар биноњои судњои шањру ноњияњо ва вилоятњо камерањои мушоњидавї насб карда шудаанд. Дар ваќти њозира тамоми биноњои судњои вилоятњо ва шањру ноњияњо бо чунин камерањои мушоњидавї муљањњаз гардонида шудаанд.

Ин аст мухтасаран тадбирњои Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба ислоњоти сохтори судї, ки њамаи онњо аз ќарорњои Иљлосияи таќдирсози XVI-уми Шўрои Олии кишвар ва Конститутсияи (Сарќонуни) мамлакат сарчашма мегиранд.

Нозиров Н.А.- cардори кафедраи Мурофиаи љиноятии

Академияи ВКД-и Љумњурии Тољикистон,

номзади илмњои њуќуќ

Ќонунгузории мурофиавии љиноятї дар солњои соњибистиќлолии Тољикистон

Истиќлолият рамзи саодати миллат ва давлати соњибихтиёри миллї, нишонаи пойдориву баќои он мебошад. Истиќлолият барои њар як миллату давлат неъмати бебањост. Бо амри таќдир ва бар асари тањаввулоти сиёсиву иљтимоии ибтидои солњои 90-уми асри ХХ халќи тољик ба аз нав зинда гардонидани давлати соњибистиќлоли миллии худ ноил гардид. Дар Тољикистон аз рўзњои аввали истиќлолият ѓояњои давлати њуќуќбунёд ва иљтимої, волоияти ќонун ва ќонунњои њуќуќї тавлид ёфт, ки дар раванди барќарорсозї ва ташаккули пояњои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии љомеа ба мушкилоту монеањои сангин рў ба рў гардид. Вале ба ин мушкилот нигоњ накарда, бо гузашти муддати начандон тўлонї, дар Тољикистон фарњанги сиёсї-њуќуќї шакли нав ва низоми давлатдории љавобгў ба ормонњои деринаи миллї ба вуљуд оварда шуд. Дар навбати худ дар њамаи системаи њуќуќии мамлакат бо шиддат ислоњот сар шуд, дар алоњидагї роњњои мукаммалгардонии системаи њуќуќї ва ислоњоти судї ба наќша гирифта шуд.

Асоси аз нав ташаккулёбии њуќуќ ва ќабули конститутсия дар Тољикистон, ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ислоњоти конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон, тартиби ќабул намудан ва мавриди амал ќарор додани Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»[1] аз соли 1994 гардид, ки маќсади соњибистиќлолии Тољикистонро, њамчун ташаккули давлати демократї, њуќуќбунёд ва дунявї эълон намуд ва мавќеи Тољикистонро дар љомеаи љањонї мустањкам кард.



[1] Ахбори Шўрои Олии Чумхурии Точикистон, соли 1994, № 13, мод.194.

Минбаъд муњимтарин давраи ташаккулёбии љомеаи шањрвандї дар Тољикистон - ин бо роњи раъйпурсии умумихалќї ќабул гардидани Конститутсияи Тољикистони соњибистиќлол (аз 06.11.1194) буд. Конститутсия асоси ташаккули љомеаи шањрвандиро бо њама љузъњояш дар мамлакат мустањкам кард. Њаминро бояд ќайд кард, ки дар љомеаи шањрвандї њамаи шањрвандон озод ва комилњуќуќ мебошанд. Дар Конститутсияи Тољикистон низ оид ба ин масъала як боби алоњида (Боби II) бахшида шудааст, ки њуќуќу озодии инсонро дар њама самтњои муносибати љамъиятї кафолат медињад. Хусусан дар самти њуќуќи мурофиаи љиноятї якчанд моддањои аниќ, ба мисли моддањои 5, 14, 16, 17-23 ва ѓ. доимо дар муносибатњои њуќуќии мурофиавии љиноятї бояд риоя ва кафолат дода шаванд.

Имрўз, ки мо дар остонаи таљлили 19-умин солгарди Истиќлолияти давлатї ва дар 16-умин солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ќарор дорем, метавонем ба таври возењ аз дастовардњо ва камбудињои давлати соњибистиќлоли тољикон дар соњаи мурофиаи љиноятї низ сухан ронем.

Агар ба таърихи ќонунгузории мурофиавии љиноятии Тољикистон назар афканем, то ба имрўз ба мо њафт кодексњои мурофиавї-љиноятии (дар оянд КМЉ) расман ќабулгардида омада расидааст. Кодексњои мурофиавї-љиноятии соли 1922 ва соли 1923-и РШСФР, Кодексњои мурофиавї-љиноятии РШС Ўзбекистон аз соли 1926 ва соли 1929, аввалин КМЉ дар РШС Тољикистон бошад, соли 1935 ќабул гардида буд, баъдтар соли 1961 ва дар солњои соњибистиќлолии Тољикистон аввалин КМЉ ЉТ аз 03.12.2009 ќабул гардид, ки аз 01.04.2010 мавриди амал ќарор дорад.

Дар Тољикистон масъалаи муайян намудани сифати КМЉ то ба њол аз лињози назариявї ва таљрибавї мавриди тадќиќи љиддї ќарор нагирифтааст.

Сараввал он таѓйироту иловањое, ки дар солњои соњибистиќлолии Тољикистон ба КМЉ аз соли 1961 ворид шуда буданд, тањлил намуда, сипас љињатњои мусбат ва манфии КМЉ-и нави амалкунандаро дида мебароем.

Аз рўзи эълон гардидани Истиќлолияти давлатї, яъне аз 9-уми сентябри соли 1991 то 01.04.2010 дар Тољикистон ќонунгузории мурофиавии љиноятии соли 1961 ќабулгардида амал мекард, ки дар давоми ќариб чор дањсолаи мављудияти он ба Кодекс бо 17 Фармонњои Шўрои Олї ва Ќонунњои Љумњурии Тољикистон зиёда аз 500 таѓйироту иловањо ворид карда шудаанд, ки њатто баъзе меъёрњо чанд маротибагї иваз гардидаанд.

Нахустин маротиба дар солњои соњибистиќлолии Тољикистон ба ин Кодекс баъд аз ташкили маќомоти давлатии гумрук, яъне соли 1992, ки ба салоњияти он пешбурди тањќиќ вогузор шуда буд, таѓйирот ба моддаи 113 КМЉ ворид карда шуд. Маќомоти гумруки ЉТ ваколатдор шуд, ки тафтишоти пешакиро дар шакли тањќиќ оид ба парвандањои љиноятї вобаста ба вайрон намудани муносибатњои њуќуќии гумрукї, ки метавонанд ба иќтисодиёти Тољикистон, њаёт ва саломатии шањвандон зарар расонад, амалї кунад.

Сипас, соли 1993 ба моддаи 122 ин Кодекс (тобеияти тафтиши пешакии маќомоти тафтишотро ба танзим медаровард), ки маќомоти прокуратура тафтиши пешакиро бо моддаи 74 (Бандитизм) Кодекси љиноятии Тољикистон (минбаъд КЉ ЉТ) анљом медод, таѓйирот ворид карда шуд. Пас аз ворид намудани чунин таѓйирот, тобеияти тафтиши пешакии чунин парвандањо ба дигар дастгоњњои тафтишотии маќомоти њифзи њуќуќ вогузор карда шуд, яъне кадом маќомоте, ки бо моддаи номбурдаи КЉ парвандаи љиноятиро оѓоз менамуд, њуќуќ пайдо мекард, ки тафтишоти пешакиро то ба охир гузаронад.

Боз дар њамин сол ба моддаи 10 КМЉ ЉТ дар бораи њайати суд таѓйирот ворид карда шуд. Баъд аз ворид намудани чунин таѓйирот, судяи суди марњилаи якум њуќуќ пайдо кард, ки њамаи парвандањои љиноятии вобаста ба љиноятњои аз беэњтиётї содиршуда, дар баробари ин, љиноятњои ба таври ќасдона содиршудае, ки ќонун љазои љиноятии аз озодї мањрум намуданро то 10 сол пешбинї намудааст, танњо баррасї намояд. Пеш аз ин таѓйирот њамаи парвандањои љиноятї дар судњои марњилаи якум ба таври истисної дастљамъона, дар њайати судя ва ду машваратчии халќї баррасї карда мешуд. Баррасии парвандањои љиноятие, ки ќасдона содир шудаанду тибќи муќаррароти КЉ љазои љиноятии аз озодї мањрум карданро аз 10 сол зиёд пешбинї намудааст, дар судњои марњилаи якум дастљамъона, дар њайати судя ва ду машваратчии халќї баррасї карда мешуданд[1].

Баъдтар, соли 1995 ба моддаи 32 КМЉ низ таѓйирот ворид карда шуд[2], ки ин таѓйирот ваколати судии баррасии парвандањои љиноятии суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоятї ва суди шањри Душанберо васеъ намуд.

Дар соли 1998 ба КМЉ бо сабаби ќабули Кодекси љиноятии нави ЉТ зиёда аз 36 банд таѓйироту иловањо ворид карда шуд. Ин таѓйироту иловањо бошанд, асосан бо иловаи ду моддаи нав «дар бораи озод кардан аз љавобгарии љиноятї», ба таѓйир додани тобеияти судї ва тафтишоти пешбурди парвандаи љиноятї ва иваз намудани раќами моддањои КЉ-и куњна ба КЉ-и нав, ки дар моддањои алоњидаи КМЉ дарљ гардида буданд, сурат гирифт.

Њамин тавр, солњои 1999, 2000, 2002, 2004, 2005, 2007, 2008 ва 2009 ба КМЉ-и соли 1961 таѓйироту иловањои зиёде ворид карда шудаанд, ки онњо асосан ба модањои 10, 23, 32, 33, 44, 329, 330, 339, 378, 113 (маќомоти тањќиќ) ва 122 КМЉ (маќомоти тафтиши пешакї ва тобеияти тафтишї) бештар тааллуќ доштанд. Таѓйироти воридгардида барои таъмину риоя ва њифзи њуќуќу озодињои иштирокчиёни мурофиаи љиноятї кам дахолат карда, бештар барои ба танзим даровардани тобеияти тафтишї ва судї равона шуда буданд.

Аз ин таѓйироту иловањои воридшуда, таѓйироти ба ќисми панљуми моддаи 329, ќисми якуми моддаи 339 аз соли 2002 ва иловаи ба моддаи 62 воридшударо назаррас шуморидан мумкин аст. Барои он ки ќисми панљуми моддаи 329 КМЉ то соли 2001 ба иштирокчиёни мурофиаи љиноятї њуќуќи аз болои њукми баровардаи Суди Олии ЉТ шикояти кассатсионї оварданро манъ мекард. Баъди ќабули ќарори Суди конститутсионии ЉТ аз 12-уми июни соли 2001 дар бораи ѓайриконститутсионї њисобидани ќ.5 моддаи 329 КМЉ ва ќабули Ќонуни ЉТ «Оид ба ворид намудани таѓйироту иловањо ба КМЉ ЉТ» аз 10-уми майи соли 2002 дар бораи хориљ намудани ќисми моддаи номбаршуда иштирокчиёни мурофиаи љиноятї њуќуќ пайдо карданд, ки аз болои њукми баровардаи Суди Олии ЉТ, бањри адолатнокї ва ислоњи хатогињои судї ба Коллегияи кассатсионии Суди Олии ЉТ шикоят ва эътирози кассатсионї биёранд.

Ањамияти таѓйироту иловањои ба ќисми якуми моддаи 339 вориднамуда дар он буд, ки баъди ворид намудани чунин таѓйирот иштирокчиёни мурофиаи љиноятие, ки дар моддаи 329 КМЉ номбар шудаанд (мањкумшуда ва намояндаи ќонунии ў, љабрдида ва намояндаи ў, даъвогари гражданї, љавобгари гражданї ва намояндагони онњо ва шахси сафедкардашуда), њуќуќ пайдо намуданд, ки дар баррасии парвандаи љиноятї дар суди марњилаи кассатсионї иштирок намоянд ва агар зарур шуморанд, метавонанд далел пешнињод кунанд. То ворид намудани чунин таѓйирот ба моддаи 339 КМЉ дар ваќти баррасии парвандаи љиноятї дар суди марњилаи кассатсионї прокурор оид ба ќонунї ва асоснок будани њукми суди марњилаи якум хулоса медод ва танњо њимоятгар њуќуќи иштирок карданро дошт.

Иловаи ба моддаи 62 КМЉ воридкардашударо барои он назаррас шуморидан мумкин аст, ки доимо дар КМЉ истифодабарии зўрї, тањдид, азобу шиканља, рафтори берањмона ва ё дигар усулњои ѓайриќонунї манъ карда мешуд. Инак, соли 2008 ба моддаи 62 КМЉ иловае ворид карда шуд, ки талаботи дигар меъёрњои КМЉ-ро дар як банд љамъоварї намуда, беэътибор донистани далелњоро бо чунин роњњо аниќ намуд. Лекин боз ин илова бо худ масъалањои бањсталабро ба миён овард, ки дар татбиќи ин муќаррарот талабу тартиби ягона набуд. Мисол, далел бо кадом тартибу талабот, бо дархости кї, аз кадом ваќт то кадом ваќт ва аз тарафи кї беэътибор донистанро њамчун муаммо боќї гузошт. Ин масъалаи бањсталаб чанд сол ќабл дар КМЉ давлатњои ба мо дуру наздик - Россия ва Ќазоќистон њалли худро ёфта буд.



[1] Фармони Шўрои Олии ЉТ «Дар бораи ворид намудани таѓйироту иловањо ба баъзе санадњои ќонунгузории Чумњурии Точикистон» / АМО ЉТ, № 19-20. 1993.

[2] Ќонуни Чумњурии Точикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйироту иловањо ба баъзе санадњои ќонунгузории ЧТ» аз 04.11.1995 / АШО ЉТ, № 23-24. 1995.

Хулоса, КМЉ-и соли 1961 дигар наметавонист, ки муносибатњои нави мурофиавии дар Тољикистон ба миён омадаро ба танзим дароварда, њуќуќу озодињои инсонро ба пуррагї вобаста ба ўњдадории Тољикистон дар назди созмонњои байналмилалї њифз намояд. Чї хеле аз тањлил бармеояд, он таѓйироту иловањое, ки дар солњои соњибистиќлолии Тољикистон ба ин кодекс ворид карда шудаанд, бањри њимоя ва таъмини њуќуќи инсон кам равона шуда буданд. Аз ин лињоз, хуб мешуд, то ки дар оянда он камбудињои дар КМЉ-и соли 1961 вориднамударо такрор накунем ва таѓйироту иловањо вобаста ба талаботи замон илман асоснок ва бањри таъмини амалї гардонидани њуќуќи инсон ва сабукии татбиќи КМЉ дар амал равона шавад. Дар ин љода А. Нашиц дуруст ќайд намудааст, ки дуруст истифода кардани таъиноти калимањо дар ќонун мазмуни матнро фањмо, соњаи танзимро аниќ, табиати падидањои њуќуќиро муайян мекунад ва бо ин восита таъсирнокии онро таъмин менамояд[1].

Аз ин рў, КМЉ нави Тољикистон 3 декабри соли 2009 аз тарафи Президенти кишвар ба имзо расида, аз 1 апрели соли 2010 мавриди амал ќарор дода шуд.

Инак, ба тањлили баъзе навоварињо ва камбудињои КМЉ-и нави Тољикистон шурўъ мекунем. Дар њаќиќат њамаи он бурду бохти КМЉ-и навро дар њаљми як маќола илман тањлил кардан ѓайриимкон аст, лекин мо барои њалли як масъалаи муњимми таъмини њуќуќи инсон дар даврањои тосудии мурофиаи љиноятї кўшиш менамоем андешањои хешро баён созем.

Кодекси мурофиавии љиноятии нави Тољикистон муносибатњои њуќуќии мурофиавиро ба таври ќатъї дигаргун намуд: КМЉ-и нав мазмун ва пайдарњамии амалњоеро, ки дар љараёни пешбурди парвандаи љиноятї бояд риоя карда шаванд, ба танзим медарорад. Њамаи маълумоти меъёрї дар 3 ќисм, 12 фасл, 50 боб ва 486 модаи он муттањид карда шудаанд. Бо назардошти муќаррароти Конститутсияи Тољикистон[2] ин кодекс њам инсон ва њуќуќу озодињои онро арзиши олї эълон намуда, суд, судя, прокурор, муфаттиш ва тањќиќбарандаро вазифадор менамояд, ки муќаррароти Конститутсияи ЉТ-ро ба таври даќиќ ва якхела риоя намуда[3], њуќуќу озодињои иштирокчиёни мурофиаи љиноятиро њимоя кунанд ва љињати татбиќи онњо шароит фароњам оваранд[4].

Таъмини њуќуќу озодии инсон дар пешбурди мурофиаи судии љиноятї бо таври возењ якљоя кардани њамаи системаи њуќуќии Тољикистонро бо системаи паймонњою конвенсияњои байналмилалии асосї оид ба њуќуќи инсон ва илм бо амалия аниќ менамояд. Барои њамин, аломати асосии љомеаи демократї ва инсонпарвар ин мављуд будани механизмњои пурсамари кафолати њуќуќи инсон дар љараёни татбиќи таъќиби љиноятї мебошад.

Мувофиќи талаботи Конститутсияи Тољикистон, дар КМЉ-и нав принсипњои ќонунгузории мурофиаи љиноятї љойгир карда шудааст; бори аввал мафњуми тарафњо ва иштирокчиёни онро дар мурофиаи љиноятї аниќ намуд; масъалањои таъмини њуќуќу озодињои конститутсионии шахс оид ба расонидани ёрии њуќуќии касбї аз лањзаи оѓоз намудани парвандаи љиноятї нисбати шахсро муќаррар кард. Инчунин, дар КМЉ-и нав роњњои таъмини дахлнопазирии мањрамияти мукотиба, сўњбатњои телефонї, муросилот, мухорибот, сирри шахсї ва оилавї, шахсият ва манзил ва мањдуд намудани озодї танњо дар асоси иљозати суд (судя), ба ѓайр аз њолатњои истисноии дар КМЉ пешбинишуда амалї карда мешавад. Доираи ваколатњои судиро оид ба кафолати њуќуќи инсон ва назорат дар даврањои тосудии мурофиаи љиноятї васеъ кард. Њамчунин механизми таъмини њуќуќи гумонбаршуда, айбдоршаванда, љабрдида ва дигар иштирокчиёни мурофиаи љиноятї ба ќадри имкон васеъ карда шудаанд.



[1] Нашиц А. Правотворчество. Теория и законодательная техника. М., 1974. С. 194.

[2] Ниг. ба: Модаи 5 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, аз 6 ноября 1994 бо роњи раъйпурсии умумихалќї ќабул шуда, дар оянда ба њамин роњ ба он аз 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 таѓйироту иловањо ворид карда шуд.

[3] Ќ.1 мод. 9 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон.

[4] Ќ..1 мод. 12 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон.

Кодекси нави мурофиавии љиноятии Тољикистон ташаккули муносибатњои нави давлатдориро дар њудуди Иттињоди давлатњои мустаќил ва берун аз он ба назар гирифта, тартиби њамкории мутаќобилаи судњо, прокурорњо, муфаттишон ва маќомоти тањќиќи Тољикистонро бо маќомот ва шахсони мансабдори дахлдори давлатњои хориљї, дар тартиби расонидани кўмаки њуќуќї оид ба парвандањои љиноятиро нахустин шуда ба танзим даровард. Њамчунин, ин кодекс хусусиятњои пешбурди парвандањои љиноятии категорияњои алоњидаро (тартиби пешбурди парвандаи айбдоркунии хусусї, ноболиѓон ва рўёнидани товони зарар), ки кодексњои пешин ба таври умум ба танзим медароварданд, дар бобњои алоњида пешбинї намуд, ки татбиќи онро дар амал сабук гардонд.

Дар баробари ин, дар оянда механизми танзими њуќуќии њуќуќи инсон, восита ва роњњои ба таври пурарзиш амалї кардани онњо дар доираи пешбурди парвандањои љиноятї ба бењтар ва аниќ кардан зарурият доранд.

Яке аз ин норасоињое, ки дар мадди аввал ба чашм мерасад, ин мухолифати меъёрњои КМЉ мебошанд. Масъалаи мухолифати меъёрњои КМЉ аз давраи якуми (давраи оѓози парвандаи љиноятї) мурофиаи љиноятї ба назар мерасад. Гарчанде аз саршавии ин давра лањзаи саршавии кафолати мурофиавї ва татбиќи меъёрњои њуќуќи љиноятї ва мурофиавии љиноятї ба миён меояд. Њаќ бар љониби Т.Н. Москалькова мебошад, ки фармудааст: «Мављуд будани ин давра худ кафолат аз худсарї ва сўиистифодаи шахсони мансабдор мебошад»[1].

Умуман, ќисми махсуси КМЉ-и Тољикистон аз давраи оѓози парвандаи љиноятї сар мешавад. Дар кодексњои мурофиавї-љиноятии дигар давлатњои ба мо наздик њам[2] чунин аст. Вале дар КМЉ нави Тољикистон бошад, аз ин давра дар таъмини татбиќи њуќуќи иштирокчиёни мурофиаи љиноятї нофањмињо љой дода шудааст.

Боби 17 ва моддаи 140 КМЉ Тољикистон сабаб ва асоси оѓози парвандаи љиноятиро мебоист ба танзим медароварданд. Номи боб сабаб ва асосњои оѓози парвандаи љиноятиро пешбинї менамояд, аммо моддаи 140 ба љойи сабабњо ва асоси оѓози парвандаи љиноятї, асосњои оѓози парвандаи љиноятиро муќаррар мекунаду халос, мазмуни ин модда бошад, сабабњои оѓоз кардани парвандаро номбар мекунад. Вале ягон калима дар бораи асоси оѓози парвандаи љиноятї љой наёфтааст. Чї хеле аз КМЉ-и ЉТ соли 1961, КМЉ-и дигар давлатњо ва илми мурофиаи љиноятї ба мо маълум аст, сабаби оѓоз кардани парвандаи љиноятї ин сарчашмањои иттилооте мебошанд, ки дар ќонун дарљ гардида, аз он маќомоти тањќиќ, муфаттиш ва прокурор дар бораи аломатњои таркиби љиноят маълумот гирифта, ўњдадории ќабули ќарори мурофиавиро пайдо мекунанд[3]. Асоси оѓоз кардани парвандаи љиноятиро маќомоти ќонунбарор ба ваколати татбиќкунандагони кодекс њавола кардааст, ки дар амал метавонад сабаби ѓайриќонунї ва беасос мањдуд кардани њуќуќу озодињои инсон гардад. Дар асл асоси оѓоз кардани парвандаи љиноятї ин мављуд будани маълумоти кофии дар ќонун пешбинишудаест, ки аломатњои таркиби љиноятро муайян мекунад[4]. Асоси оѓоз кардани парвандаи љиноятї бо аломатњои ба њам алоќаманд, яъне мављуд будани маълумоти кофї ва аломатњои таркиби љиноят, иборат мебошад, ки он дар алоќамандии зичи њуќуќи љиноятї бо мурофиаи љиноятї њангоми њалли масъалаи оѓоз кардани парвандаи љиноятї зоњир мегардад. Ана барои чї маќомоте, ки ваколати оѓоз кардани парвандаи љиноятиро дорад, дар љараёни баррасии иттилоот дар бораи љиноят, пеш аз њама, бояд аломати таркиби љиноятро муќаррар намоянд. Дар њолати рўякї тањлил кардани маводи аввалини воридшуда, он метавонад ба ќабули ќарори ѓайриќонунї ва беасоси оѓоз ва рад намудани оѓози парвандаи љиноятї оварда расонад, ки ин дар њар ду њолат њам ба поймол намудани њуќуќу озодињои инсон мусоидат хоњад кард.

Боз як мухолифати КМЉ дар ќисми 3 моддаи 28 КМЉ дарљ гардидааст, ки дар бораи рад кардани оѓози парвандаи љиноятї ё ќатъ кардани пешбурди он ба љабрдида хабар дода, фањмонида мешавад, ки ў њуќуќ дорад дар давоми панљ шабонарўз аз таъиноти суд ё ќарори прокурор, муфаттиш, тањќиќбаранда нисбат ба масъалаи зикршуда мувофиќан ба суди болої ё прокурори болої арз намояд. Вале оид ба рад намудан, дар ќисми 4-и моддаи 149-и њамин кодекс чунин њуќуќ ба иштирокчиёни мурофиа дар давоми чордањ шабонарўз муќаррар шудааст. Дар лањзаи ќатъи парвандаи љиноятї бошад, ин муњлат дар ќисми якуми моддаи 237 КМЉ њафт шабонарўз муќаррар шудааст. Шояд саволе ба миён ояд, кадоме аз ин муќаррароти КМЉ-ро роњбарї намудан лозим? Таљриба нишон медињад, ки бисёрии корманди маќомоти татбиќкунандаи КМЉ аз муќаррароти моддаи 28 бехабар буда, талаботи моддаи 149-ро дар њолати рад кардан аз оѓози парвандаи љиноятї чордањ шабонарўз ва муќаррароти моддаи 237-ро дар њолати ќатъи парванда ба назар гирфта, дар ќарорњои худ дарљ мекунанд. Гарчанде оид ба ин масъала солњои тўлонї байни олимони файласуф ва њуќуќшиносон бањсњои беохир давом ёфта истодааст. Зеро ки норавшании ин масъала ба манфиатњои ќонунии њар як фард (дар алоњидагї) ва љомеа таъсири манфї мерасонад ва татбиќи он аз тарафи маќомоти давлатї нодуруст ба роњ монда мешавад.



[1] Т. Н. Москалькова. Возбуждение уголовного дела // Уголовный процесс: Учебник/ Под ред. В. П. Божьева. М.: Спарк. 2002. С. 290.

[2] Ниг.: Ба боби 19-и Кодекси мурофиавї-љиноятии Федератсияи Россия, боби 23 КМЉ Љумњурии Ќазоќистон, боби 41-и КМЉ Љумњурии Ўзбекистон ва ѓ.

[3] Ниг: Ба моддаи 103 КМЉ ЉТ соли 1961, ба модаи 140-и КМЉ Федератсияи Россия, моддаи 177-и КМЉ Ќазоќистон ва китобњои Рањматљонов А. ва Оќилова М. Мурофиаи љиноятї. Курси лексия. Ќисми махсус. Хуљанд, 2008. С.14; Уголовный процесс. Учебник / Под ред. К.Ф. Гуценко. М: Зерцало. 2005. С.281; Курс уголовного судопроизводства: Учебник В 3 т. / Под ред. В.А. Михайлова. – Т.2 Досудебное и судебное производство. М.: МОДЭК. 2006. С.14.

[4] Ќ. 2 м. 103 КМЉ ЉТ соли 1961; ќ. 2 м. 140 КМЉ Федератсияи Россия; ќ.2 м. 177 КМЉ Љумњурии Ќазоќистон ва ѓайра.

 

 

Оид ба ин масъала Д.К. Канафин боадолатона менависад, ки «кафолати ќонунии њуќуќи шикоят кардан аз амал ва ќарорњои суду маќомоти таъќибкунандаи љиноятї ба гурўњи њуќуќи људонашавандаи њар як инсон дохил мешавад, ки наметавонад бе асос мањдуд шавад ва аломати асосии ба танзимдарорандае мебошад, ки намегузорад шахсони мансабдори татбиќкунандаи мурофиаи љиноятї ба сўиистифода ва худсарии хизматї даст зананд…»[1].

Яке аз маќсади ислоњоти њуќуќї њам дар Тољикистон ин кафолати таъмини амалї гардонидани њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд мебошад.

То дараљае, ки матни меъёри њуќуќї мухтасар баён ёфта бошад, иљрокунанда онро њамон ќадар бењтар дарк карда, дуруст татбиќ менамояд. Аз ин нуќтаи назар, мухолифати меъёрњои њуќуќї, пеш аз њама, ба инкишофи љомеа ва тартиби мувозинатии маќомоти давлатии дахлдор халал ворид карда, зарари он бевосита ба њуќуќу озодињои инсон ва манфиати ќонунии шахс мерасад.

Оид ба масъалањои баёнгардида И.В. Ростовщиков дуруст ќайд намудааст, ки таъсирнокии фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ бевосита аз муќаррароти ќонунгузорї вобаста мебошад. Меъёрњои мурофиавї бошанд, бояд талаботи ќонунро аниќу равшан дар бар гирифта, пурра ва њаматарафа амалї намудани онро ба танзим дароранд[2].

Зеро њар чи ќадар ќонун босифат бошад, њамон ќадар волоияти он таъмин гардида, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандон бештар таъмин мегардад. Ќонун бояд на танњо навишта, ќабул ва расман нашр карда шавад, балки ба иљрокунандагони он фањмо бошад ва аз љониби онњо дуруст дарк ва татбиќ карда шавад.

КМЉ-и нави Тољикистон боз дорои якчанд норасоињост, ки мо наметавонем дар њаљми як маќола њамаи онро равшанї андозем. Ин норасоињо ба маќомоти татбиќкунанда ва шахсоне, ки бо ягон роњ ба мурофиаи љиноятї љалб карда мешаванд, мушкилињои зиёдеро ба миён меорад. Аз ин лињоз, пешнињод карданиам, ки КМЉ-и нави ЉТ аз тарафи олимони ин соња ба ќадри имкон, дар њайати комиссияи босалоњият тадќиќ карда, ба он таѓйироту иловањои илман асоснок ворид карда шавад, то ин ки он баёнгари кафолатдињандаи таъмин ва риояи њуќуќи инсон бошад.

Сомониддин Куканов - ёрдамчии судяи Суди

конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Ислоњоти конститутсионї ва
таъсиСёбии Суди конститутсионї

Давраи нави инкишофи ислоњоти конститутсионї дар Тољикистон ба марњилаи бозсозии Иттињоди Шўравї, љараёни тайёр кардани лоињаи шартномаи нави иттифоќї ва дар асоси он омода намудани лоињаи конститутсияи нави Иттињоди Шўравї рост меояд. Њанўз дар охири солњои 80-ум баробари муайян кардани тарњи конститутсияи иттифоќї, инчунин дар Тољикистон даровардани таѓйироту иловањо ба конститутсияи амалкардаистода шурўъ гардид.

Маќсад аз тайёр кардани лоињаи конститутсияи нави Тољикистон баланд бардоштани вазъи њуќуќии конститутсионии Тољикистон, ба соњибихтиёрии расмию давлатии Тољикистон додани мазмуни воќеї ва таъмин намудани тараќќиёти пурављи љумњурї дар њайати Иттињоди Шўравї буд. Ин љараён натанњо ба Тољикистон, балки ба њамаи љумњурињои аъзои Иттињоди Љумњурињои Шўравии Сотсиалистї низ хос буд.

Баъди пош хўрдани Иттињоди Шўравї волотарин дастовард барои халќи тољик - ин соњиб шудан ба Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аст.

Дар баробари соњибистиќлол гаштани Љумњурии Тољикистон зарурати ќабули Конститутсияи нав пеш омад. Љомеа ва давлати Тољикистон ба марњалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд ва дар кишвар давраи дигаргунињои куллї дар њамаи соњањои њаёти љомеа оѓоз гардид.

Барќарор гардидани њокимияти конститутсионї ва таѓйироти куллие, ки ба њаёти љомеаи кишвар ворид шуд, зарурати ќабули Конститутсияи давлати соњибистиќлоли тољиконро ба миён гузоштанд, зеро тањия ва ќабули Конститутсия ва ќонунњои ба талаботи шароити нав ва замони муосир љавобгў буда, яке аз омилњои асосии устувории иљтимоиву сиёсии љомеа мебошанд.

Тањия ва ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мантиќан натиљаи амалї гардидани тадбирњои мушаххаси Сарвари давлати Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон мебошад.

Дар давоми солњои 1990-1991 Эъломияи истиќлолияти Љумњурии Тољикистон, Изњорот дар бораи истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, Ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи эълон шудани истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон» ва Ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон «Дар хусуси дохил кардани таѓйиру иловањо ба Эъломияи истиќлолияти Љумњурии Тољикистон» ќабул гардиданд, ки раванди кори тањияи лоињаи Конститутсияи љумњуриро тезонид.

Марњалаи нави тањияи лоињаи Конститутсия баъди Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, яъне барќарор шудани сохти конститутсионї дар љумњурї ва таъсиси маќомоти нави њокимияти давлатї оѓоз шуд. Баъдан, дар Иљлосияи XVII-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон бо роњи дохил намудани таѓйиру иловањо ба Ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили Комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» њайати нави Комиссияи конститутсионї тањти роњбарии Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон тасдиќ гардид.

Раиси Шўрои Олї дар худи њамин иљлосия изњор дошт, ки: «Муњимтарин љињати ин вазифа то сатњи юридикї ва маънавии њуќуќи байналмилалї ва тадбирњои универсалии онњо баланд бардоштани ќонунгузории давлатист. Аз ин љињат мо ба хулоса омадем, ки системаи љории ќонунњоямонро ба экспертизаи байналмилалї фиристем ва њам дар баррасии Ќонуни асосиамон аз кўмаки машваратии муассисањои дахлдори байналхалќї истифода барем».[3]

Бо дарназардошти зарурати тањияи лоињаи Конститутсияи нав Раёсати Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон гурўњи кориро оид ба тањияи лоињаи Конститутсия таъсис дод, ки дар тўли шаш моњ тамоми дастовардњои илми њуќуќшиносї, њуќуќи байналмилалї ва анъанањои миллї ду лоињаи Конститутсияро тањия намуд, ки яке аз онњо хусусиятњои љумњурии президентї ва дигар хусусиятњои љумњурии парламентиро инъикос мекард.[4]

Баъдан, 6-уми ноябри соли 1994 лоињаи Конститутсияи љумњурии президентї, ки барои райъпурсии умумихалќї пешнињод шуда буд, ќабул гардид. Натиљаи раъйпурсии умумихалќї хеле муассир буд ва зиёда аз 87% иштироккунандагон лоињаро дастгирї намуданд.

Конститутсияе, ки аз љониби мардум пазируфта шуд, ба арзишњои башарї такя намуда, ба монанди Конститутсияи кишварњои мутамаддини љањон дорои як силсила хусусиятњо ва вижагињои мушаххас мебошад.

Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон бо эътирофу сабти асли соњибихтиёрии мардуми Тољикистон шуруъ шудааст. Муќаддимаи Конститутсия, бо суханони «Мо, халќи Тољикистон, … њамин Конститутсияро ќабул ва эълон менамоем» оѓоз меёбад. Мувофиќи ин њидояти Конститутсия, халќи Тољикистон бо дарназардошти воќеияти таърихї сарнавиши худро муайян кард ва давлатдории худро таќвият мебахшад.

Ин муќаррарот дар моддаи 6-уми Конститутсия ба худ хусусияти меъёрї гирифта, халќ ба сифати «баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї» эътироф шудааст. Конститутсияи Тољикистон аввалин маротиба мафњуми таркибии халќро муайян намуда, тасарруфи њокимияти давлатиро аз љониби кадом як созмоне, гурўње ва ё фарде манъ эълон кардааст.

Аввалин маротиба дар таърихи навини кишвар Конститутсия имконияти инкишоф ёфтани њаёти љамъиятиро дар асоси равияњои гуногуни сиёсї ва мафкуравї эълон кард ва њуќуќи шањрвандонро дар ташкили њизбњои сиёсї, иттифоќњои касаба ва дигар иттињодияњои љамъиятї ва иштирокашонро дар фаъолияти онњо дарљ намуд.

Ба њамин тартиб тањия ва ќабули аввалин Конститутсияи давлати мустаќили Тољикистон ва ду маротиба ворид намудани таѓйиру иловањо ба он марњалањои гуногун ва хеле мушкилу махсусро сипарї кард. Њам Конститутсия ва њам таѓйиру иловањо ба он воридгардида воќеияти замони худро инъикос намуда, бунёди низоми сиёсии навинро поя гузоштанд, ки он аз низоми сиёсии Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон ба куллї тафовут дорад.

Бо ин тартиб, низоми сиёсии Љумњурии Тољикистон, ки дар пояи Конститутсияи он ташаккул ёфтааст, ба арзишњои умумибашарї такя намуда, барои инкишофи минбаъдаи кишвар мусоидат мекунад.

Њамин тариќ, Конститутсияи Тољикистон дурнамои кишварро муайян намуда, силсилаи мукаммали њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро муњайё намудааст, ки онњо њам ба талаботи меъёрњои умумибашарї ва њам ба шароити воќеии кишвари мо љавобгў мебошанд, ки чунин дурнамо ташкили њаёти одамонро дар њазорсолаи нав пешбинї мекунад.

Баъд аз соњибистиќлол гаштани Љумњурии Тољикистон ва ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воќеан њам роњ ба сўйї эъмори давлати њуќуќбунёд кушода шуд. Яке аз аломатњои давлати њуќуќбунёд ин мављудияти назорати судии конститутсионї мебошад.

Дар замони муосир назорати конститутсионї дар њамаи давлатњои мутараќќї мављуд аст ва амал карда истодааст, истисно он давлатњое мебошад, ки онњо конститутсияи навишташуда надоранд. Дар асри XX назорати конститутсионї хеле васеъ пањн шуд ва дар аксарияти конститутсияњои давлатњои љањон муќаррар карда шуданд. Имрўз назорати конститутсионї дар зиёда аз 160 давлатњои љањон бо ин ё он шакл арзи вуљуд дорад.

Дар аксарияти давлатњои пешрафта назорати конститутсионї аз тарафи судњои конститутсионї ё ки судњои олї амалї гардонида мешавад. Дар баъзеи онњо барои иљрои ин салоњият маќоми машваратии махсус - шўрои конститутсионї амал мекунад.

Кафолати муњими њуќуќии риоя кардани Конститутсия ва њифзи он бо низоми назорати конститутсионї алоќаманд аст. Падидаи назорати конститутсионї дар Тољикистон давра ба давра татбиќ гардидааст. То соли 1990 назорати конститутсионї яке аз салоњияти хоси маќомоти олии ќонунбарор - Шўрои Олии Тољикистон ва Раёсати он ба њисоб мерафт.[5] Конститутсияњои Тољикистон солњои 1937 ва 1978 назорат аз болои риояи конститутсияро мањз ба салоњияти њамин маќомот гузошта буданд.Дар Иттињоди Шўравї то соли 1989, аз он љумла дар Тољикистон то соли 1990 барои амалї гардонидани ин салоњият маќомоти махсуси давлатї вуљуд надошт.

Соли 1990 ба Конститутсияи Тољикистон таѓйироту илова ворид намуда, назорати конститутсионї ба падидаи мустаќили њуќуќи конститутсионї табдил ёфт ва Кумитаи назорати конститутсионии Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд, ки салоњияти асосии он њифзи Конститутсия буд.



[1] Канафин Д.К. Апелляционное производство в уголовном процессе Республики Казахстан. – Алмааты, 2002. С. 5-7.

[2] Ростовщиков И.В. Права личности в России: их обеспечение и защита органами внутренних дел. Волгоград. 1997. С.122.

[3] Шарипов А. Президенти мо. Эмомалї Рањмонов. Душанбе. С.5-10.

[4] Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон. Душанбе: «Шарќи озод». 2009. С.5-6.

[5] Имомов А. Њуќуќи конститутсионии Љумњурии Тољикистон. Душанбе-2004. С.55-57.

Моддаи 114 Конститутсия муќаррар кард, ки маќсади асосии назорати конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон таъмини мувофиќати санадњои маќомоти давлатї, ташкилотњои љамъиятию сиёсї ва дигар ташкилотњои љамъиятии Љумњурии Тољикистон ба Конститутсия ва ќонунњои Љумњурии Тољикистон, муњофизати њуќуќњои конститутсионї ва озодии инсон, њуќуќи халќњои Љумњурии Тољикистон ва асосњои демократии љамъият мебошад.

Баъд аз ин, заминаи њуќуќии он бо ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон соли 1994 ба миён омад ва дар ин асос маќомоти мустаќили њокимияти судї Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд.

Суди конститутсионї зодаи истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон буда, њамчун маќомоти мустаќили њокимияти судї бо маќсади њифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд таъсис дода шудааст.

Суди конститутсионї дар низоми њокимияти судї ягона маќомоти њокимияти судї мебошад, ки салоњияти он бевосита дар меъёрњои Конститутсия муќаррар гардидааст. Ќисми сеюми моддаи 89 Конститутсия салоњияти Суди конститутсиониро чунин муќаррар менамояд:

1) муайян намудани мувофиќати ќонунњо, санадњои њуќуќии якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон, Маљлиси миллї, Маљлиси намояндагон, Президент, Њукумат, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї ва дигар маќомоти давлатию љамъиятї, ќарордодњои ба ќувваи ќонун надаромадаи Тољикистон ба Конститутсия;

2) њалли бањсњои байни маќомоти давлатї доир ба салоњияти онњо;

3) иљрои ваколатњои дигаре, ки Конститутсия ва ќонунњо муайян кардаанд.[1]

Дар иљрои ин вазифањо наќши Суди конститутсионї муњим мебошад, зеро танњо ин маќоми њокимияти судї ќарори ќатъиро дар бораи номувофиќатии ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќї ба Конститутсия ќабул карда метавонад.

Ба Суди конститутсионї шањрвандон оид ба масъалањои вайронкунии њуќуќу озодињои конститутсионии худ вобаста ба ќонун ва дигар санади њуќуќии татбиќшуда ё татбиќшаванда мурољиат карда метавонанд.

Рушди минбаъдаи Суди конститутсионї ба дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон алоќмандии зич дорад, аз љумла зимни суханронии худ дар Конференсияи илмї-амалии байналмилалї дар мавзўи «Маќомоти назорати конститутсионї дар шароити њамгироии системањои њуќуќї: таљрибаи байналмилалї ва амалияи Тољикистон», ки дар шањри Душанбе баргузор шуда буд, иброз доштанд, ки: «Дар Љумњурии Тољикистон бо маќсади демократикунонии минбаъдаи њаёти сиёсиву иљтимоии љомеа, таъмини ќонуният ва адолати иљтимої ба масъалаи тањким бахшидан ва баланд бардоштани наќши њокимияти судї, аз љумла Суди конститутсионї дар низоми њокимияти давлатї ањамияти пайваста ва хоса дода мешавад».[2]

Барои ноил шудан ба ин маќсадњо ва боз њам пурра ва самаранок истифода бурдани назорати конститутсионї салоњияти Суди конститутсионї такмил дода шуд.

Инчунин, гурўњи корї таъсис дода шудааст, ки Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон»-ро дар тањрири нав омода карда истодаанд.

Назорати конститутсионї барои таъмини устувории моњияти демократии давлат, сохтори давлатию љамъиятї, таъмин, эътироф ва њифзи њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд равона гардидааст.



[1] Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон. Душанбе-2003, моддаи 89.

[2] Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон дар Конференсияи илмї-амалии байналмилалї дар мавзўи «Маќомоти назорати конститутсионї дар шароити њамгироии системањои њуќуќї: таљрибаи байналмилалї ва амалияи Тољикистон», шањри Душанбе, 4 ноябри соли 2010, Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон. С.11.

 

 

 

Бобоев М.Д.- мутахассиси пешбар

робитањои берунаи Дастгоњи

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

ИЉЛОСИЯИ XVI-ум - ИЉЛОСИЯИ
НАЉОТБАХШИ МИЛЛАТ


Бо шукргузори аз даврони истиќлолият њар яки мо ба хотири арљ гузоштан ба санаи оѓози давлатдории навини тољикон сарбаландона - бистумин солгарди баргузории Иљлосияи таърихии шонздањуми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, ки барои давлату миллати мо наќши сарнавиштсоз дошта, дар пойдории сулњу субот, мустањкам намудани пояњои њуќуќї ва сохти конститутсионии мамлакат наќши муњим бозидааст, љашн гирифта истодаем.

Мо ба хубї ёд дорем, ки дар рўзњои даъват ва баргузории Иљлосияи шонздањуми Шўрои Олї, мардуми кишвари мо гирифтори кашмакашињои њалокатбори ќуввањои бадхоњи сиёсии дохиливу хориљї шуда буданд, ки маќсади асосиашон пароканда намудани миллати тољик ва аз байн бурдани давлати љавони мо буд.

Бо вуљуди он, ки њанўз оѓози солњои 90-уми асри гузашта дар Эъломияи истиќлолияти давлатии Тољикистон њадафњои нави давлатдорї, таљзияи њокимият, эњёи анъана ва суннатњои неки давлатдории халќи тољик, кафолати ба амал баровардани њуќуќњои гражданї, сиёсї, иќтисодї ба шањрвандони мамлакат ва инкишофи озодонаи онњо сабт гардида буданд, аммо вазъияти мураккаби сиёсии онваќтаи кишвар имкон надод, ки меъёрњои дарљшуда татбиќи воќеї ва амалии худро пайдо намоянд.

Тољикистон он солњо дар њоле ќарор дошт, ки бар асари љанги шањрвандї ва тўлонии мусаллањона, минтаќањои алоњидаи мамлакат дар оташи љанг сўхтаву валангор, иќтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору маќомоти њокимияти давлатї пурра фалаљ гардида буданд. Љомеаро буњрони сиёсї фаро гирифта, касе намедонист, ки ояндаи кишвар ва мардумро чи сарнавиште интизор аст.

Мамлакат дар вазъияте ќарор дошт, ки аз як сўй сохтору маќомоти давлатї аз уњдаи пешгирї кардани алангаи љанги бародаркўш ва аз вартаи буњрони сиёсиву иљтимої рањо бахшидани љомеа баромада наметавонистанд ва аз сўйи дигар, ба таъхир гузоштани ташкили маќомоти нави њокимияти давлатї, аз љумла интихоби роњбарияти нави сиёсї ѓайриимкон буд.

Њамаи мо дар он айёми сангин дарк мекардем, ки кишвари моро аз вартаи њалокат фаќат нерўи созанда метавонад наљот бахшад ва имрўз бо шукргузорї метавонем гўем, ки чунин нерў дар симои миллати куњанбунёду хирадманди тољик зуњур кард.

Мањз ба шарофати хираду заковати азалї, дурандешї, сабру тањаммул ва љавњари созандаи миллати тољик бо сарварии Президенти мамлакат, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон Иљлосияи шонздањуми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тољикон њамчун оѓози воќеии раванди сулњ ва эњёи рукнњои давлатдории миллї мањсуб ёбад.

Бо вуљуди мушкилоту монеањои зиёд дар заминаи талошњои воќеан ватандўстонаи вакилони мардумї ягона минтаќаи ороми кишвар - шањри бостонии Хуљанд макони баргузории Иљлосияи шонздањум интихоб гардид.

Албатта, даъват ва баргузор намудани иљлосия дар он рўзњо кори сањлу осон набуд. Зеро ќуввањои бадхоњ бо њар роњ мехостанд садди роњи баргузории он гарданд ва њар гуна монеањо эљод мекарданд.

Иљлосияи шонздањуми Шўрои Олї дар Ќасри Арбоб, ки минбаъд дар таърихномаи миллати тољик њамчун маскани барќарорсозии њокимияти конститутсионї сабт гардид, бо иштироки вакилони мардумї, аъзои Њукумат, ашхоси номдор, пирони рўзгордида, олимону адибон, намояндагони њизбу созмонњо ва воситањои ахбори омма ба кори худ шурўъ намуд.

Иљлосияи XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон нахуст сохти конститутсиониро барќарор намуда, харобшавии пурраи системаи иќтисодии мамлакатро пешгирї намуд ва ба татбиќи дигаргунињо дар иќтисоди кишвар ибтидо гузошт. Њукумати љумњурї ќадамњои нахустини худро аз таъмини рушди устувори иќтисоди миллї ва бењтар кардани сатњи зиндагии халќ дар заминаи татбиќ ва инкишофи механизмњои иќтисоди бозорї оѓоз намуд.

Марњалаи ибтидоии амалї намудани ислоњоти иќтисодї асосан ба ташкили асосњои њуќуќии низоми нави иќтисодї, ташаккул ва такмили давлатдорї, ќолабшикании тафаккури куњна равона гардида буд. Дар чунин вазъ гузариш ба иќтисоди бозорї дар шароити басо душвор сар шуд. Дар натиљаи канда шудани робитањои хољагидорї бо љумњурињои собиќ Иттињоди шўравї фаъолияти корхонањои мањаллї коњиш ёфт, сатњи баланди бекорї ва тавррум ва паст шудани шароити зиндагонии ањолї ва тезутунд шудани мушкилоти камбизоатї таъсир расонид. Дар баробари ин, ноустувории сиёсї ва љанги шањрвандї монеаи љиддї барои гузаронидани ислоњот гашта, ба фазои сармоягузории кишвар халал мерасонд. Дар натиља дар давраи аз соли 1991 то соли 1996 маљмўи мањсулоти дохилї дар љумњурї 67,4% коњиш ёфта, истењсоли маљмўи мањсулоти кишоварзї 52,8% кам гардид ва таназзул дар истењсолоти саноатї 65,8%-ро ташкил дод. Ќарзњои берунї ва дохилї бо суръат афзоиш ёфта, дар бозори истеъмолї маводи хўрока ва молњои аввалиндараљаи ниёзи мардум намерасид.

Инчунин, тањкими равобити сиёсї ва истиќрори муносибатњои дипломатї бо кишварњои бузурги љањон, давлатњои мусалмонї ва кишварњои шарќи наздик баробари ифодаи равшани татбиќи сиёсати берунии дарњои бози мамлакат, равнаќи њамкорињои иќтисодиро бо љањони муосир таќвият бахшида, самарањои шоистае дар рушди устувори иќтисодиёти кишвари азизамон ба бор овард.

Иљлосияи таърихї љомеаи навини Тољикистонро ба шоњроњи бузурги сулњу вањдат рањнамун сохт. Ин санади муњим миллати тољикро сарљамъ намуд, ба оламиён исбот намуд, ки мардуми тољик хоњони сулњу субот ва оромии миллати хеш мебошад ва омода аст, ки алайњи неруњњои тафриќандозу мољарољў муборизаи оштинопазир барад.

Натиљаи дигари самарабахши Иљлосия - ин ислоњоти конститутсионї дар кишвар буд, ки он заминаи устувори аниќро бобати эъмори љомеаи демокративу њуќуќбунёд ва дунявї гузошт. Он бори нахуст барои рањоии якпорчагии он давра ба њам омад, Эмомалї Рањмонро Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон интихоб намуд. Мањз ў тавонист, ки дар муддати кутоњ ба љанги шањрвандї хотима гузорад. Хизмати барљастаи ин фарзанди фарзонаи миллати тољик дар таъмини сулњу суботи оянда ва шукуфоии кишвар басо беназир аст. Тољикистон имрўз роњи фардо, ояндаи боз њам дурахшонро тай хоњад намуд.

Пеш аз њама Ќарор дар бораи сохти идоракунии давлат, яъне сохтори давлатдории президентї ба идоракунии парламентї иваз карда шуд, ки ин иќдом албатта талаботи рўз ва таќозои замони вазъи сиёсии он давра буд, роњбарияти нави сиёсї интихоб гардид.

Имрўз комилан мусаллам аст, ки њар ќадар ваќт моро аз иљлосияи таќдирсоз дур барад, њамон андоза ањамияти бузурги таърихї ва сарнавиштсози он барои давлату миллати мо бештар аён мегардад.

Аз ин рў, омўхтан ва пос доштани иќдому пайомадњои таърихии Иљлосияи шонздањум барои љомеаи имрўзу ояндаи кишвари соњибистиќлоли мо бисёр муњиму ибратомўз ва дар маљмуъ ќарзи фарзандиву рисолати шањрвандї мањсуб мешавад.

Иљлосияи шонздањуми Шўрои Олї на танњо истиќлолияти тозатавлиди кишварамонро наљот дод, балки таќдири ояндаи Тољикистонро муайян сохт ва Ватани азизамонро ба сўи љомеаи мутамаддин ва арзишњои волои башарї њидоят намуд.

Мо итминони комил дорем, ки миллати озоди мо аз баракати сулњу субот ва вањдати миллї бо зањмати содиќонаву софдилона пояњои давлату давлатдории мустаќиламонро бо сарварии Президенти мамлакат, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон устувор гардонида, барои ояндаи ободу осудаи сарзамини куњанбунёдамон саъю талоши бештар хоњад кард.


 

ЌАРОРЊОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Ќ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шањрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон аз 6 августи соли 2001 № 32 ба моддањои 21 ва 92 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 19 октябри соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси-кунанда-Раиси Судиконститутсионї МањмудовМ.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И.,

бо иштироки котиби маљлиси судї - Фирдавсова Г.Р.,

тарафњо:

Шарипов А.П., Романов С.Т.- тарафе, ки дар асоси дархости онњо мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї; Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон - намояндагони тарафе, ки конститутсионї будани ќонуни ќабул ва ба имзорасонидаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Воњидов Њ.С.- муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон;

Раљабов А.- Сардори Раёсати судњои Дастгоњи Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон;

Абдулхаков Б.А.- муовини Сардори Раёсати иљрои љазои љиноятии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон.

Дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости шањрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон аз 6 августи соли 2001 № 32 ба моддањои 21 ва 92 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судяи Суди конститутсионї Абдуллоев Л.И., баёноту хулосаи тарафњо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

 

 

м у а й я н к а р д:

Шањрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он нишон медињанд, ки онњо 2 апрели соли 2012 бо мактуб ба муовини Вазир-Сардори Раёсати иљрои љазои љиноятии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, аз ў хоњиш намудаанд, ки ба онњо дар хусуси вохўрї бо мањкумшуда Мастоншоев С.К., ки бо њукми Суди ВМКБ аз 18 феврали соли 2011 барои содир намудани як ќатор љиноятњои вазнин ба муњлати 20 сол аз озодї мањрум шуда буд, иљозат фармояд.

Муовини Вазир дар мактуби худ аз 5 апрели соли 2012 тањти № 711ба онњо љавоб гардондааст, ки дар асоси талаботи ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон гирифтани ёрии њуќуќї аз љониби адвокат ё шахсони алоњида, танњо тибќи аризаи мањкумшуда сурат мегирад. Аз ин рў, иљрои мурољиати онњо ѓайриимкон мебошад.

Њамчунин дархости онњо аз 28 марти соли соли 2012 оид ба додани иљозат барои вохўрї бо мањкумшуда Раљабов О.М., ки соли 2011 бо њукми Суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе барои содир намудани як ќатор љиноятњо ба муњлати 8 (њашт) солу 6 моњ аз озодї мањрум шуда буд, аз љониби муовини Вазир бо асоси дар боло зикршуда рад карда шудааст.

Мурољиаткунандагон ќайд менамоянд, ки кафолати ёрии њуќуќї оид ба њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд бо санадњои њуќуќии байналмилалї муќаррар гардида, дар Конститутсия ва ќонунгузорињои миллї инъикос ёфта, ба танзим дароварда шудаанд.

Мувофиќи банди 3 Муќаррароти асосї оид ба наќши адвокатњо, ки моњи августи соли 1990 дар Ню-Йорк аз љониби Конгресси 8-уми СММ оид ба пешгирии љиноятњо ќабул гардидааст:

«Њукуматњо бояд тартиби самарабахш ва механизми фаъолро барои дастрасии воќеї ва баробар ба њамаи шахсоне, ки дар ќаламрави он ва доирањои њуќуќии ба он тобеъ истиќоматкунанда ба адвокатњо кафолат дињад. Ба шахси боздоштшуда, ба њабс гирифташуда ё дар њабсхона љойгир кардашуда бояд шароит, ваќт ва воситањои зарурї барои мулоќот ё алоќа ва машваратњо бо адвокат бидуни таъхир, монеањо ва сензура, бо пурра мањрамона будани онњо таъмин карда шаванд».

Муќаррароти санади зикршудаи байналмилалї оид ба кафолати ёрии њуќуќї бо назардошти ќисми сеюми моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил медињанд, дар моддаи 92 Конститутсия пешбинї гардидаанд, ки тибќи он:

«Ёрии њуќуќї дар тамоми марњилањои тафтишот ва мурофиаи судї кафолат дода мешавад.Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклњои ёрии њуќуќиро ќонун муайян мекунад».

Ба андешаи мурољиаткунандагон, ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятї, ки: «Барои гирифтани кўмаки њуќуќї, тавассути адвокат ё ашхоси дигар, ки барои расонидани ёрии њуќуќї њаќ доранд тибќи аризаи мањкумшудагон мулоќот фароњам оварда мешавад», имконият намедињад, ки адвокатњо ё ашхоси дигар, ки барои расонидани ёрии њуќуќї њаќ доранд, њуќуќњои конститутсионии шањрвандонро оид ба кафолати ёрии њуќуќї амалї намоянд.

Аз ин рў, онњо аз Суди конститутсионї хоњиш намудаанд, ки дар асоси дархости онњо мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиќати ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятї ба моддањои 21 ва 92 Конститутсия муайян карда шавад.

Суди конститутсионї дархости пешнињодгардидаро дар алоќамандї бо талаботи Конститутсия, санадњои њуќуќии байналмилалї ва дигар санадњои меёърии њуќуќии Љумњурии Тољикистон мавриди санљишу тањлил ќарор дода, ќайд менамояд, ки њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд арзиши олї буда, онњо аз тарафи давлат эътироф, риоя ва њифз карда мешаванд.

Вобаста ба ин, эътироф ва кафолат дода шудани ёрии адвокат аз лањзаи дастгир шудан, ёрии њуќуќї дар тамоми марњилањои тафтишот ва мурофиаи судї, инчунин дар ваќти адои љазои љиноятї, аз љумлаи муњимтарин њуќуќу озодии конститутсионии инсон ва шањрванд ба шумор рафта, дар асоси талаботи моддањои 19 ва 92 Конститутсия, Кодекси мурофиавии љиноятї, Кодекси иљрои љазои љиноятї ва Ќонун дар бораи адвокатура ба амал бароварда мешавад.

Тибќи тартиби муќаррарнамудаи санадњои зикршуда, шањрвандон дар даврањои зикршуда њуќуќ ва имконият доранд, ки бе мањдудият аз ёрии њуќуќии адвокат ё ашхоси дигар, ки барои расонидани ёрии њуќуќї њаќ доранд, истифода намуда, барои њимояи њуќуќњои худ чорањои дахлдори ќонунгузориро пешбинї намоянд.

Бо ин назардошт, муќаррароти ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятї, ки он мавриди бањси мурољиаткунандагон ќарор дода шудааст, инкори кафолати ёрии њуќуќии пешбининамудаи Конститутсия набуда, ба њељ ваљњ боиси поймол ё мањдуд намудани њуќуќи мањкумшуда оид ба њифзи њуќуќу манфиатњои ќонунии ў бо роњи овардани шикоят аз болои њукм ва дигар ќарорњои судї, пешнињод намудани дархост оид ба сабук намудани љазои љиноятї, изњори норозигї кардан нисбати амалњои маъмурияти муассисаи иљрои љазои љиноятї ё таѓйири низоми татбиќи љазо, инчунин дархости гирифтани ёрии њуќуќї аз љониби адвокатњо шуда наметавонад. Он на меъёри манъкунанда, балки тартибе мебошад, ки барои фароњам овардани шароити муътадили ислоњи мањкумшудагон, њифзи њуќуќу манфиатњои ќонунии онњо, пешгирии содир кардани љиноятњои нав, танзими тартиб ва шартњои иљро ва адои љазои љиноятї, инчунин муайян намудани воситањои ислоњи мањкумшудагон равона гардидааст.

Кафолати таъмини амалишавии њуќуќи мањкумшудагонро ќисми 2 моддаи 92 Конститутсия низ пешбинї менамояд, ки мувофиќи он: «тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклњои ёрии њуќуќиро ќонун муайян мекунад».

Суди конститутсионї, инчунин ќайд менамояд, ки аз љониби мањкумшудагон амалї намудани кафолати ёрии њуќуќї ва истифода аз ёрии адвокат, ба давраи иљрои њукми суд рост меояд, ки он дар муассисањои дорои низоми дахлдоре, ки фаъолияти онњо тартиб ва низоми муайянро оид ба ислоњи мањкумшудагон талаб менамояд, мегузарад.

Бинобар ин, фароњам овардани мулоќот бо адвокат дар асоси аризаи мањкумшудагон, ки ќонунгузории миллї муайян кардааст, аз муќаррароти санадњои њуќуќии байналмилалї бармеоянд.

Чунончи, дар ќисми 3 моддаи 10 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи сиёсї ва шањрвандї аз 16 декабри соли 1966 пешбинї шудааст:

«Низоми ислоњотї барои мањкумшудагон чунин низомеро пешбинї мекунад, ки маќсади асосии он ислоњ ва тарбияи иљтимоии мањкумшудагон мебошад».

Талабот ё мазмуни санади зикршуда дар моддаи 3 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинї шудааст, ки тибќи он маќсад ва вазифањои ќонунгузории иљрои љазои љиноятї аз ислоњи мањкумшудагон ва пешгирии содир кардани љиноятњои нав, танзими тартиб ва шартњои иљро ва адои љазои љиноятї, муайян кардани воситањои ислоњи мањкумшудагон, њифзи њуќуќ, озодї ва манфиатњои ќонунии онњо иборат мебошад.

Њамин тариќ, мувофиќи ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятї мањкумшуда њуќуќ дорад, ки дар њар ваќти зарурї ва муносиби пешбининамудаи ќонунгузорї тавассути аризаи худ адвокатро талаб намуда, аз ёрии њуќуќии ў бархурдор гардад ва муассисаи иљрои љазои љиноятї вазифадор аст, ки барои гирифтани ёрии зарурии њуќуќї барои мањкумшуда, њатто дар њолати танњої шароити мусоид фароњам орад.

 

Бо ин назардошт, Суди конститутсионї баррасии ќисми дархости мурољиаткунандагонро дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятї ба моддаи 21 Конститутсия, бинобар дар моддаи зикршудаи Конститутсия танзим шудани вазъи њуќуќии љабрдида ќатъ намуда, ќисми 5 моддаи 91 Кодекси номбаршударо ба моддаи 92 Конститутсия мутобиќ њисоб менамояд.

Њамзамон, Суди конститутсионї диќќати Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ва Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистонро ба назорати иљрои муќаррароти ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон ва андешидани чорањои дахлдор љињати пешгирї ва роњ надодан ба њолатњои вайронкунии њуќуќњои мањкумшудагон оид ба гирифтани ёрии њуќуќї љалб менамояд.

Њамчунин, Суди конститутсионї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таљдиди назар намудани тартиби мављудаи аз тарафи мањкумшудагон истифода бурдани ёрии адвокатњоро, ки дар ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинї шудааст, мувофиќи маќсад мењисобад.

Дар асоси гуфтањои боло, мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14, 36, 37, 46,47, 48 ва 50 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќарор кард:

1. Ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон аз 6 августи соли 2001 №32 ба моддаи 92 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошад.

2. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

3. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов




 

ТАЪИНОТЊОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоињањои бахши электроэнергетика» «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати Санади тартибдодаи Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 24.06.2009 оид ба санљиши њуљљатии маљмуии (комплексии) андозњо дар муассисаи мазкур дар давраи аз 01.01.2006 то 01.01.2009 ва ќарори Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар бораи ситонидани маблаѓи ќарзи андозњо аз њисоби маблаѓи суратњисоби бонкии Маркази идораи лоињањои бахши электроэнергетика дар ЉСК Ориёнбонки шањри Душанбе аз 28.07.2011 №11/2-2-205 ва фармоиши инкасавии нозироти андози ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе №15 аз 29 июли соли 2001 ба моддаи 10-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 18 сентябри соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси- кунанда- Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Фирдавсова Г.,

дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судя-котиб Каримов К.М.-ро дар бораи дархости Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоињањои бахши электроэнергетика» «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати Санади тартибдодаи Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 24.06.2009 оид ба санљиши њуљљатии маљмуии (комплексии) андозњо дар Муассисаи мазкур дар давраи аз 01.01.2006 то 01.01.2009 ва ќарори Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар бораи ситонидани маблаѓи ќарзи андозњо аз њисоби маблаѓи суратњисоби бонкии Маркази идораи лоињањои Маркази идораи лоињањои бахши электроэнергетика дар ЉСК Ориёнбонки шањри Душанбе аз 28 июли соли 2011 №11/2-2-205 ва фармоиши инкасавии нозироти андози ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе №15 аз 29.07.2001 ба моддаи 10-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»-ро шунида,

м у а й я н к а р д:

Директори иљроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоињањои бахши электроэнергетика» (минбаъд - Марказ) Усмонов У.Ю. ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо дархост мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки моњи июни соли 2009 мутахассисони Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар Маркази онњо риояи ќонунгузории андозро мавриди санљиш ќарор дода, нисбати мушовирони байналхалќии Ширкатњои байналхалќї 2 843 508, 17 сомонї андоз муайян намудаанд.

Вобаста ба натиљаи санљиш, Раиси Кумитаи андоз аз 28.07.2011 тањти № 11/2-2-205 дар бораи ситонидани маблаѓи ќарзи андозњо аз њисоби маблаѓи суратњисоби бонкии Марказ ќарор баровардааст. Аммо Марказ бо назардошти он, ки Ширкатњои байналхалќї њамчун шахсони њуќуќии алоњида танњо бо фармоишгар-ШСХК «Барќи тољик» оид ба иљро намудани хизматрасонињои мушовирї шартнома дошта, бо Марказ шартнома надоранд, санадњои ќабулнамудаи Кумитаи андозро њамчун санадњои беасос бе иљро монондааст.

Бинобар ин, Кумитаи андоз бо маќсади ситонидани маблаѓи зикршуда, бо аризаи даъвогї ба Суди иќтисодии шањри Душанбе мурољиат намудаст, вале суд даъворо ба манфиати Марказ њал кардааст.

Кумитаи андоз ба њалномаи суди марњилаи аввал ќаноатбахш нагардида, бо шикояти апеллятсионї ба Суди иќтисодии шањри Душанбе мурољиат карда, суди мазкур 2 феврали соли 2011 дар бораи ќисман, яъне ба маблаѓи 1 560 560 сомонї рўёнидани ќарзи андоз ќарори нав ќабул кардааст.

Марказ ин ќарорро бе асос шуморида, онро ба марњилаи кассат- сионии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон шикоят намуда, суди номбурда ќарори марњилаи апеллятсионии Суди иќтисодии шањри Душанберо таѓйир дода, дар хусуси аз мушовирони мањаллї ба фоидаи буљаи давлат њамчун андози иљтимої рўёнидани маблаѓи 103 827 сомонї ќарор баровардааст.

Шикояти назоратии Марказ аз болои ќарори марњилаи кассатсионї аз тарафи судяњои Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон баррасї гардида, он бо таъинот аз 11 августи соли 2011 бе таѓйир мононда шудааст. Сипас тибќи ќарори Раиси кумитаи андоз аз суратњисоби Марказ маблаѓи 103 827 сомонї ба таври инкассавї рўёнида шудааст.

Масъалаи мазкур дар асоси мурољиати Марказ аз тарафи Кумитаи сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, Њукумати Љумњурии Тољикистон, вазоратњои молия, адлия, рушди иќтисод ва савдо, Кумитаи иќтисод ва молияи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон баррасї шуда, аз андоз озод будани маблаѓњои ќарзи грантии лоињањои сармоягузориро тасдиќ намуда, ба Марказ тавсия додаанд, ки баррасии бањси мазкурро дар суд идома дињад.

Директори Марказ чунин мешуморад, ки санадњои њуќуќии Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва санадњои судии марњилањои гуногуни Суди Олии иќтисодии мамлакат ба талаботи моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолифат доранд.

Бинобар ин, номбурда аз Суди конститутсионї талаб менамояд, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз намуда, мутобиќати:

- санад аз 24 июни соли 2009оид ба санљиши њуљљатии маљмуии (комплексии) андозњо дар Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоињањои бахши электроэнергетика» дар давраи аз 01.01.2006 то 01.01.2009;

- ќарори Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар бораи ситонидани маблаѓи ќарзи андозњо аз њисоби маблаѓи суратњисоби бонкии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоињањои бахши электроэнергетика» дар ЉСК «Ориёнбонки» шањри Душанбе аз 28.07.2011 №11/2-2-205;

- фармоиши инкасавии нозироти андози ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе тањти №15 аз 29.07.2001 ба моддаи 10-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионї дархости пешнињодшударо мавриди баррасї ќарор дода, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати он бо сабабњои зерин рад менамояд:

мурољиаткунандан агарчї субъекти мурољиат ба Суди конститут- сионї мањсуб ёбад њам, аммо талаби дар дархост пешнmargin-bottom: .0001pt; text-align: justify; text-indent: 35.45pt;ињодгардида мавзўи баррасии Суди конститутсионї нест ва ба салоњияти он дохил намешавад:

мувофиќи талаботи меъёрњои моддањои 187 ва 188-и Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, тартиби баррасии парвандањо оид ба мавриди бањс ќарор додани санадњои ѓайримеъёрии њуќуќї, ќарорњо ва амали (беамалии) маќомоти њокимияти давлатї, дигар маќомот ва шахсони мансабдор, њуќуќи мурољиат ба суди иќтисодї бо ариза дар бораи беэътибор донистани санаду амалу беамалии зикршуда, ки ба њуќуќу манфиатњои ќонунии шахсони дар соњаи соњибкорї ва фаъолияти дигари иќтисодї дахл мекунанд аз тарафи суди иќтисодї аз рўи тартиби умумї бо истењсолоти даъвогї, ки кодекси мазкур пешбинї кардааст, бо назардошти хусусиятњои муќарраркардаи ин боб (боби 22 Кодекси мазкур) баррасї карда мешаванд.

Суди конститутсионї бошад, мутобиќати ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистонро ба Конститутсия муайян менамояд, ба шарте, ки вайронкунии ин ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии амалкунандаи Љумњурии Тољикистон ба поймол кардани њуќуќу озодињои конститутсионии мурољиаткунандагон боис шуда бошад.

Аз тарафи дигар, санадњои мавриди бањс ќарордодаи мурољиат-кунанда мавзўи муайян намудани мутбиќати онњо ба талаботи моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон буда наметавонанд, зеро дар љумлаи дуюми ќисми 3 моддаи 10 Конститутсия сухан дар бораи ќонунњо ва мутобиќати онњо ба санадњои њуќуќии байналмилалии аз тарафи Љумњурии Тољикистон эътирофгардида меравад.

Дар баробари ин, аз дархост бармеояд, ки Марказ аз њисоби андозњо дар назди маќомоти андоз ягон сомонї ќарздор намебошад ва мушовирони мањаллие, ки гўё аз њисоби андози иљтимої ќарздор бошанд, корманди Марказ нестанд ва бо Марказ шартномаи њамкорї низ надоранд. Зиёда аз он, мувофиќи фасли 4.06 Созишномаи байналмилалии Кредитї, барои маблаѓгузории Лоиња оид ба Таљдиди шабакањои барќии шањри Душанбе ба имзорасида, воситањо аз кредит ба њељ ваљњ барои пардохти њама гуна андоз ва бољњо, ки тибќи ќонунгузории љории Љумњурии Тољикистон сурат мегирад, истифода бурда намешавад.

Дар ин маврид Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољи-кистон ва судњои иќтисодиро мебоист амали бевосита доштани меъёри конститутсиониро дар хусуси он, ки агар ќонунњои љумњурї ба санадњои њуќуќии байналмилалї ихтилоф дошта бошанд, он гоњ санадњои њуќуќии байналмилалї амал мекунанд, ба асос мегирифтанд.

Бинобар ин, Суди конститутсионї тибќи талаботи ќисми 5 моддаи 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» диќќати Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ва Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистонро ба вайронкунии мушаххаси талаботи Созишномаи байналмилалї ва зарурияти бартараф намудани он љалб менамояд.

Ба њамин тариќ бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

 

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоињањои бахши электроэнергетика» «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати Санади тартибдодаи Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 24.06.2009 оид ба санљиши њуљљатии маљмуии (комплексии) андозњо дар Муассисаи давлатии Маркази идораи лоињањои бахши электроэнергетика дар давраи аз 01.01.2006 то 01.012009, ќарори Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар бораи ситонидани маблаѓи ќарзи андозњо аз њисоби маблаѓи суратњисоби бонкии Муассисаи давлатии Маркази идораи лоињањои бахши электроэнергетика дар ЉСК Ориёнбонки шањри Душанбе аз 28.07.2011 №11/2-2-205 ва фармоиши инкасавии нозироти андози ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе №15 аз 29.07.2001 ба моддаи 10-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар ба салоњияти Суди конститутсионї дахл надоштанаш, рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов


 

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї «Оид ба пешнињоди Таѓоев Ф. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати Дастурамал «Оид ба љињозонидани объектњои аз љониби ќўшунњои дохила њифзшаванда», ки бо Фармони собиќ Вазири корњои дохилии ИЉШС аз соли 1976 №0800 тасдиќ шудааст, ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 1 октябри соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї - Фирдавсова Г.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши судя-котиби Суди конститутсионї Каримов К.М.-ро оид ба пешнињоди Таѓоев Ф. дар бораи муайян намуданимутобиќати Дастурамал «Оид ба љињозонидани объектњои аз љониби ќўшунњои дохила њифзшаванда», ки бо Фармони собиќ Вазири корњои дохилии ИЉШС аз соли 1976 № 0800 тасдиќ шудааст, ба талаботи моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Таѓоев Фарњод бо пешнињод ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки ў аз соли 1997 бо ањли оилааш дар ш. Душанбе, ноњияи Исмоили Сомонї, кўчаи Мирсаид Миршакар 46 хонаи 9/1 воќеъ дар шафати ѓарбии Муассисаи ислоњии №3/1 Раёсати корњои ислоњии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон истиќомат дорад.

Соли 2008 баъд аз интишори Ќонун дар бораи ќонунигардонии молу мулк, Комиссия оид ба ќонунигардонии молу мулки ноњияи Исмоили Сомонї бо ќарори №813 аз 23 сентябри соли 2008 манзили истиќоматии ўро ќонунї гардонда, ба ў шањодатномаи ќонунигардонии молу мулк додааст.

Њамчунин, мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки дар њамсоягии ў аз соли соли 2008 Рањимов Т., ки ў корманди Раёсати корњои ислоњї мебошад, зиндагї мекунад. Номбурда тахминан 16 м2 замини њаммоми ўро худсарона соњиб шуда, 28 июни соли 2009 онро дар якљоягї бо хонаи истиќоматиаш ќонунї гардонидааст.

Бинобар ин, ў бо аризаи даъвогї бо љавобгарии Рањимов Т. ва маќомоти мањаллии њокимияти давлатии ноњияи Исмоили Сомонї оид ба ќисман бекор намудани шањодатномаи ќонунигардонии молу мулки Рањимов Т. аз 28 июни соли 2009 ва бартараф намудани монеагї ба Суди њарбии гарнизони Душанбе мурољиат намуд, ки суди мазкур бо њалномаи худ аз 14 июни соли 2010 аризаи даъвогии ўро ќонеъ намуд.

Баъдан, дар асоси аризаи даъвогии Муассисаи ислоњии № 3/1 Раёсати корњои ислоњї њалномаи зикршуда бекор карда шуда, аризањои минбаъдаи ў аз љониби Суди њарбии гарнизони Душанбе аз 21 январи соли 2011, марњилаи кассатсионии Колегияи њарбии Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз 28 апрели соли 2011 рад карда шудааст.

Судњои зикршудаи њарбї зимни баррасии даъвои Муассисаи ислоњии №3/1 Дастурамал «Оид ба љињозонидани объектњои аз љониби ќўшунњои дохила њифзшаванда»-ро, ки бо Фармони собиќ Вазири корњои дохилии ИЉШС аз соли 1976 № 0800 тасдиќ шуда, то њол мавриди амал ќарор дорад, дастрас намудаанд. Дастурамали зикршуда пешбинї менамояд, ки манзилњои истиќоматї аз ќисми берунаи муассисаи ислоњї бояд 15 метр дуртар љойгир шуда бошанд.

Ба андешаи шањрванд Таѓоев Ф., Дастурамал «Оид ба љињозони- дани объектњои аз љониби ќўшунњои дохила њифзшаванда» аз соли 1976 №0800 њуќуќи конститутсионии ўро ба моликият пешбининамудаи моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он:

«Њар кас њаќ дорад соњиби моликият ва мерос бошад.

Њељ кас њаќ надорад њуќуќи шахсро ба моликият бекор ва мањдуд кунад» мањдуд менамояд.

Аз ин рў, ў аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон хоњиш намудааст, ки дар асоси пешнињоди ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, мутобиќати Дастурамал «Оид ба љињозонидани объектњои аз љониби ќўшунњои дохила њифзшаванда» аз соли 1976 №0800 ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињоди мазкурро њаматарафа дида баромада, ќайд менамояд, ки миёни муќаррароти Дастурамали зикршуда ва моддаи 32 Конститутсия алоќамандии мантиќие вуљуд надорад, ки он предмети баррасии Суди конститусионї ва муайян намудани мутобиќати Дастурамал ба Конститутсия гардад. Зеро дар Љумњурии Тољикистон замин моликияти истисноии давлат буда, он барои истифодаи самаранок ба субъектони пешбининамудаи њуќуќи замин (аз љумла шањрвандон) дода мешавад. Ќитъаи замине, ки барои хонасозї дода мешавад ба объекти моликияти шахсї мањсуб нест. Ин матлаб дар моддаи 241 (Њуќуќи молу мулкии ашхосе, ки молик намебошанд) Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон чунин ифодаи худро ёфтааст:

«1. Ба њуќуќи молу мулкї дар баробари њуќуки моликият инњо дохил мешаванд:

а) њуќуќи истифодаи замин».

Дуюмин, муќаррароти Дастурамал «Оид ба љињозонидани объектњои аз љониби ќўшунњои дохила њифзшаванда», ки тибќи он манзилњои истиќоматї аз ќисми берунаи муассисаи ислоњї бояд 15 метр дуртар љойгир шуда бошанд, инчунин ба муќаррароти ќисми сеюми моддаи 14 Конститутсия, ки ба хотири таъмини њуќуќ ва озодии дигарон ва нигањдории тартиботи љамъиятї мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрвандонро раво мебинад, низ мухолифат надорад.

Сеюм, дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон истифода ва дастрасии Ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии собиќ ИЉШС ва ЉШС Тољикистон мамнуъ нест. Чунончи, тибќи моддаи 7 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 26 марти соли 2009 № 506 «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї:

«2. Ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии собиќ Иттињоди Љумњурињои Шўравии Сотсиалистї (ИЉШС) ва Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон то ќабули ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии дахлдор дар ќисмати ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ќонунњои Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон мухолифат накарданашон амал мекунанд».

Баъдан, мурољиати Таѓоев Ф., њамчунин аз љињати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40-уми Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ нест, зеро тибќи ќисми 2 моддаи 40 Ќонуни конститутсионии зикршуда шањрвандон ба Суди конститутсионї бояд бо дархост мурољиат намоянд на бо пешнињод.

Дар баробари ин, Суди конститутсионї аз тарафи Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон иваз намудани Дастурамал «Оид ба љињозонидани объектњои аз љониби ќўшунњои дохила њифзшаванда»-ро, ки бо Фармони собиќ Вазири корњои дохилии ИЉШС аз соли 1976 № 0800 тасдиќ шудааст, ба санади меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон мувофиќи маќсад мешуморад.

Бинобар ин, бо назардошти талаботи моддањои 14, 37, 41-42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионї

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба пешнињоди Таѓоев Ф. оид ба муайян намудани мутобиќати Дастурамал «Оид ба љињозонидани объектњои аз љониби ќўшунњои дохила њифзшаванда», ки бо Фармони собиќ Вазири корњои дохилии ИЉШС аз соли 1976 №0800 тасдиќ шудааст, ба талаботи моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон», бинобар мувофиќ набудан ба шаклу мазмуни мурољиат пешбининамудаи моддаи 40-уми Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ва пешнињод шудан аз љониби субъекти беэътимод рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят оварда намешавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов


 

 

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Юсупова Шањзода ва адвокати ваколатдор Одинаев Бедилхон «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми 3-и моддаи 270-и Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба ќисми 1-и моддаи 17 ва моддаи 19-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 17 октябри соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис М. Назаров, судя-котиб Каримов К.М. ва судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї - Фирдавсова Г.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши судяњо Абдуллоев А.А. ва М. Назаровро оид ба дархости шањрванд Юсупова Шањзода ва адвокати ваколатдор Одинаев Бедилхон «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми 3-и моддаи 270-и Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба ќисми 1-и моддаи 17 ва моддаи 19-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Юсупова Шањзода ва адвокати ваколатдор Одинаев Бедилхон ба Суди конститутсионї бо дархост мурољиат намуда, дар он нишон додаанд, ки дар асоси њуљљатњои расмии ба тасвибрасида, Раиси ноњияи Љиликул «Дар бораи иљозат додан барои лоињакашии сохтмони «Маркази савдо ва ошхонаи миллї» ба шањрванд Юсупов Фахриддин - писари дархосткунанда Юсупова Шањзода аз 30 июли соли 2008, тањти раќами 369 ќарор ќабул кардааст.

Бо ќарори дигари Раиси ноњияи Љиликул аз 19-уми сентябри соли 2008, № 472 «Дар бораи људо намудани ќитъаи замин аз њисоби заминњои хољагии дењќонии «Мавлон Ќорёгдиев» барои сохтмони «Маркази савдо ва ошхонаи миллї» ба соњибкор Юсупов Фахриддин 0,12 га замин људо карда шуда, дар асоси ин ќарор аз тарафи Агентии заминсозї, геодезї ва харитасозии Љумњурии Тољикистон аз 17 декабри соли 2009 бо силсилараќами дараљаи А № 0228759 ба ў Сертификати њуќуќи истифодаи замин дода шудааст.

Тибќи њуљљатњои расмї ва ќонунии ќабулнамуда, писари Юсупова Ш.- соњибкор Юсупов Ф. барои пешбурди корњои сохтмони маркази номбурда айни њол ба маблаѓи 21-њазор доллари амрикої ва сад њазор сомонї харљ кардааст.

Суди иќтисодии вилояти Хатлон даъвои якљояи маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњияи Љиликул ва Кумитаи заминсозии ноњияи Љиликулро бо љавобгарии хољагии дењќонии «Мавлон Ќорёгдиев» - раисаш Юсупова Шањзода ва соњибкор Юсупов Фахриддин дар бораи ќатъ гардонидани њуќуќи истифодабарии ќитъаи 0,12 га замини ба охирин људокардашуда ва ба заминњои фонди махсуси ноњия дохил кардани он, инчунин оиди беэътибор донистани тамоми санадњои вобаста ба замини зикршуда ќабулгардидаро бе иштироки љавобгарон баррасї намуда, бо њалномаи худ аз 30 ноябри соли 2010 даъворо ба фоидаи даъвогарон њал кардааст, ки дар натиља њуќуќу манфиатњои конститутсионї ва ќонуниашон њамчун тарафи мурофиавї вайрон карда шудааст.

Љавобгарон, аз љумла Юсупова Ш. аз муњољирати мењнатї бар- гашта, ба њалнома шинос шуда огоњ мешавад, ки бинобар гузаштани мўњлати 6-моњаи шикояткунї, њуќуќи аз болои њалнома овардани шикояти назоратиро надорад. Чунки дар ќисми 3-юми моддаи 270 Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон муќаррар шудааст, ки: «Ариза ё эътироз дар бораи аз нав дида баромадани санади судї ба тариќи назоратї мумкин аст ба Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар муњлати на зиёдтар аз шаш моњи баъди эътибори ќонунї пайдо кардани санади судии охирин, ки оид ба парванда ќабул карда шудааст, агар дигар имкониятњо барои санљидани санади мазкур ба тариќи судї аз байн рафта бошанд, дода мешавад».

Хулоса, бинобар сабаби дар муњољирати мењнатї ќарор доштани дархосткунанда Юсупова Ш. ва писараш Юсупов Х. ва ба таври дахлдор аз мурофиаи судии иќтисодї хабардор набудани онњо мўњлати 6-моњаи шикояти назоратї овардан аз болои њалномаи судї, ки дар ќисми 3 моддаи 270 Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон пешбинї шудааст, гузаштааст.

Юсупова Ш. ва намояндааш адвокати ваколатдор Одинаев Б. ба муќаррароти зикршудаи Кодекси мазкур дар ќисми муњлати 6-моњаи шикояти назорати овардан розї нашуда, ќайд менамоянд, ки дар Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон муњлати овардани шикояти назоратї як сол ва муњлати даъвои гражданї се сол нишон дода шудааст.

Бо сабаби дар хориљи кишвар, дар муњољират будани онњо муњлати 6-моњаи шикояти назоратї овардан гузаштааст. Дар натиља шањрвандон њуќуќњои конститутсионии дар моддањои 17 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муќарраршударо оиди он, ки: «Њама дар назди ќонун ва суд баробаранд ва «њар кас кафолати њифзи судї дорад», истифода бурда наметавонанд.

Бинобар ин, аз Суди конститутсионї дархост кардаанд, ки муто- биќати ќисми 3-и моддаи 270-и Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба ќисми 1-и моддаи 17 ва моддаи 19-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости мазкурро дида баромада, ќайд менамояд, ки муайян намудани мутобиќати ќисми 3-юми моддаи 270 Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистонба ќисми 1-и моддаи 17 ва моддаи 19-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ба салоњияти Суди конститутсионї мансуб буда, мавзўи баррасии он ба шумор меравад. Њамчунин дархости пешнињодшуда аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 40-и Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ мебошад.

Аммо талаби дар дархост гузошташуда пештар мавриди баррасии Суди конститутсионї ќарор дошта, нисбати он ќарори дахлдори Суди конститутсионї ќабул карда шудааст.

Чунончи, Суди конститутсионї парвандаро аз рўи мурољиати Ќ. Аќназаров «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми 3 моддаи 270 Кодекс дар бораи мурофиаи судии иќтисодї ба ќисми 1 моддаи 1, ќисми 2 моддаи 5, ќисми 3 моддаи 14, ќисми 1 моддаи 17, ќисми 1 моддаи 19 ва ќисми 2 моддаи 88 Конститутсия баррасї намуда, бо ќарори худ аз 13-уми майи соли 2009 онро ба моддањои зикршудаи Конститутсия мутобиќ њисоб намуд.

Аз ин рў, тибќи талаботи банди 4-уми ќисми 1-и моддаи 42 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститут- сионии Љумњурии Тољикистон» агар конститутсионї будани масъалаи дар пешнињод ё дархост зикрёфтаро пештар Суди конститутсионї дида баромада, дар ин бора ќарори Суди конститутсионї мављуд бошад, он барои аз тарафи Суди конститутсионї рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї асос мегардад.

Бинобар ин, Суди конститутсионї оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости шањрванд Юсупова Ш. ва адвокати ваколатдор Б. Одинаев бо асосњои зикргардида рад менамояд.

Бо назардошти њолатњои боло ва талаботи моддањои 14, 37, 40-42 ва 47-и Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумхурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Юсупова Шањзода ва адвокати ваколатдори ў Одинаев Бедилхон «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми 3-и моддаи 270-и Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба ќисми 1-и моддаи 17 ва моддаи 19-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар пештар дида баромада шудани масъалаи мазкур ва дар ин бора мављуд будани Ќарори Суди конститутсионї аз 13-уми майи соли 2009-ум, рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят оварда намешавад.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов


 

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Азимов Б.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистонба моддањои 12, 17, 19, 22, 32 ва ќисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе 30 октябри соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї - Фирдавсова Г.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши судя-котиби Суди конститутсионї Каримов К.М.-ро оид ба дархости Азимов Б.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 12, 17, 19, 22, 32 ва ќисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Азимов Б.Н. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки 16 сентябри соли 2010 Суди иќтисодии вилояти Суѓд аризаи даъвої-и Осоишгоњи «Шифо»-и шањри Ќайроќумро бо љавобгарии Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањри Ќайроќќум, њамљавобгарии Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «Тавњид»-и шањри Хуљанд ва њамљавобгарии ўро дар бораи беэътибор донистани шањодатномаи ќонунигардонии молу мулк аз 25 сентябри соли 2008 №176 ва суратљаласаи муассисони ЉДММ «Тавњид» аз 4 апрели соли 2002 №6 дида баромада, бо њалномаи худ ќарори Коммиссияи ќонунигардонии молу мулк аз 25 сентябри соли 2008 №176 ва њуљљатњои зикршудаи мавриди бањс ќарордодашударо беэътибор дониста, 705,9 метри мураббаъ биноњо ва 4524,0 метри мураббаъ ќитъаи заминро ба њолати аввала баргардонида, аз моликияти ў берун намуданд.

Суди зикршуда аризаи даъвогаррро бе иштироки ў дида баромада, њуќуќњояшро ба моликият поймол намуда, ўро бе манзили истиќоматї ва фарзандони ў - Азимов П. ва Азимовро бе мерос мондааст.

Шикоятњои ў аз болои њалномаи Суди иќтисодии вилояти Суѓд бо ќарори марњилаи апеллятсионии Суди зикршуда аз 12 ноябри соли 2010 ва Ќарори марњилаи кассатсионии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз 6 январи 2011 бе ќаноат мононда шудаанд.

Бинобар ин, номбурда моддаи 155 Кодекси мурофиавии иќтисо- дии Љумњурии Тољикистонро, ки «Баррасии парванда њангоми пешнињод накардани изњори назар ба аризаи даъвогї, далелњои иловагї, њамчунин дар ѓоибии шахсони иштироккунандаи парванда» номгузорї шуда, дар ѓоибии даъвогар ва љавобгар барррасї намудани парвандаро пешбинї менамояд, ба моддањои 12, 17, 19, 22, 32 ва ќисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» мухолиф њисоб менамояд.

Аз ин рў, ў аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон хоњиш дорад, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, мутобиќати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 12, 17, 19, 22, 32 ва ќисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки шањрванд Азимов Б. Н. агарчї субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї шуда тавонад њам, аммо дар дархости ў далел ва асосњо дар бораи номутобиќатии моддаи 155 Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 12, 17, 19, 22, 32 ва ќисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон пешнињод нагардидааст.

Њамчунин дар талаби ў оид ба номутобиќатии моддаи 155 Кодекс ба моддањои зикршудаи Конститутсия номуайяние дида намешавад, ки он санљиши конститутсиониро талаб намуда, боиси оѓоз кардани мурофиаи судии конститутсионї гардад.

Баъдан, моддаи 155 Кодекси зикршуда аз 5 ќисм иборат буда, якчанд масъалањои њуќуќиро дар бар мегирад, ки мурољиаткунанда бе мушаххас намудани ќисми дахлдори модда, тамоми матни онро ба моддањои номбаршудаи Конститутсия номутобиќ њисоб намудааст, ки чунин тартиби масъалагузорї аз љињати шаклу мазмун ба талаботи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ нест.

Суди конститутсионї, инчунин ќайд менамояд, ки масъалаи дар ѓоибии мурољиаткунанда аз тарафи суд баррасї намудани парванда ва бањодињї ба дурустї ва ќонунї будани санадњои судњои иќтисодї на ба салоњияти Суди конститутсионї, балки ба салоњияти марњилањои болоии судњои иќтисодї мањсуб мебошад, ки мурољиаткунанда метавонад масъалаи мазкурро дар судњои зикршуда мавриди бањс ќарор дињад..

Бинобар ин, Суди конститутсионї аз рўи дархости мазкур оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро бо асосњои зикршуда рад менамояд.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Азимов Б. Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 12, 17, 19, 22, 32 ва ќисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар аз љињати шаклу мазмун мувофиќ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов

 

Н А В И Д Њ О И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Аз 27 то 30 августи соли 2012 сафари кории муовини Раиси Суди конститутсионї - Назаров М. ва судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон - Абдуллоев А.А. љињати иштирок дар Конфроси байналмилалї дар мавзуї: «Аз мањдуд намудани озмоиши силоњи ядрої ба љањони озод аз силоњи ядрої» ва Конфронси байналмилалї дар мавзўї: «Конститутсия таљассумгари арзишњои њуќуќи инсон, љомеаи демократї ва давлати муосир» ба шањрњои Остона ва Алмаатои Љумњурии Ќазоќистон доир гардид.

Дар кори чорабинињои мазкур, њамчунин намояндагони зиёда аз 70 давлатњои љањон, аз ќабили раисони парлумонњо, сиёсатшиносони машњур, роњбарони маќомоти назорати конститутсионї ва адолати судї, инчунин олимони варзидаи соњаи њуќуќ, намояндагони ташкилотњои бонуфузи байналмилалї, намояндаи махсуси Асамблеяи Генералии СММ, вазири корњои хориљии Олмон, аъзои Конгресси ИМА ва намояндагони маќомоти прокуратура ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ ширкат намуданд.

Њамчунин дар кори чорабинињои мазкур Президенти Љумњурии Ќазоќистон Нурсултон Назарбоев ва дигар шахсони баландпояи маќомоти назорати конститутсионии хориљи кишвар, аз љумла Раиси Конфронси маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи љавон - Раиси Суди Конститутсионии Арманистон Арутюнян Г.Г. иштирок ва суханронї намуданд. Дар доираи чорабинињои мазкур маърўзањои муњим ва рўзмарраю пурмазмун шунида шуда, мавриди муњокима ва баррасї ќарор дода шуданд, ки ин аз сатњи баланди баргузории кори конфронсњо шањодат медињад.

Дар доираи сафари мазкур њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, бо раисон ва судяњои судњои конститутсионии Арманистон, Озарбойљон, Украина, Белоруссия, Гурљистон, Молдавия, Роњбари Барномаи «Дастгирии ислоњоти судї ва њуќуќї дар мамлакатњои Осиёи Марказї» - Љамъияти Олмонї оид ба њамкорињои техникї Йорг Пуделька, муовини Раиси Суди Конститутсионии Берлин Михаэль Хунд ва бо Раиси Шурои Конститутсионии Љумњурии Ќазоќистон Рогов И.И. ва дигар њайатњо вохўрињои судманд доир намуда, оид ба баъзе масъалањои конститутсионализм дар замони муосир ва таљрибаи назорати конститутсионї дар мамлакатњои худ табодули назар намуданд.

Баргузории чунин чорабинињо, бешубња, љињати наздикшавии мавќеи маќомоти назорати конститутсионї оид ба таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд муфид арзёбї гардида, барои густариши муносибатњои мутаќобилан судманди тарафайн мусоидат менамоянд.

Аз 26 то 28 сентябр ва аз 3 то 4 октябри соли 2012 тибќи наќшаи кории Суди конститутсионии Љумњурии барои соли 2012 бо маќсади татбиќи Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї аз 20 апрели соли 2012, густариши њамкорињо бо маќомоти мањаллии њокимияти давлатї тавассути расонидани ёрии амалии њуќуќї ба онњо, фањмондадињии меъёрњои Конститутсия ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї, ки ба баланд бардоштани маърифати њуќуќии ањолї мусоидат менамоянд, сафари кории Раиси Суди конститутсионї – Мањмудов М.А., муовини Раиси Суди конститутсионї - Назаров М.Н. ва судяњои Суди конститутсионї - Гулзорова М.М., Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Каримов К.М. ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї ба ноњияњои Восеъ, Шўрообод, Мўъминобод, Файзобод ва шањрњои Вањдату Роѓун доир гардид.

Зимни сафари мазкур њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, бо ањли љамоатчигї ва кормандони маќомоти њифзи њуќуќии шањру ноњияњои номбурда бањри фањмондадињии мазмуну мўњтавои Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба маќоми олии ќонунгузории кишвар ва муќаррароти Конститутсияи мамлакат ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї суњбату вохўрињои доманадор анљом дода, ба саволњои сершумори ширкаткунандагони онњо љавобњои мушаххас гардонида шуд.

Њамазмон, идомаи сафарњои кории њайати Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба дигар шањру навоњии кишвар низ бо маќсади баргузор намудани суњбату вохўрињо бо ањолї ва кормандони маќомоти њифзи њуќуќи онњо ба наќша гирифта шудааст.

28 сентябри соли 2012 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба таљлили иди умумимиллї - Рўзи забони давлатии Љумњурии Тољикистон бо иштироки коллективи кормандони Суди конститутсионї ва намояндагони Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон маљлиси тантанавї баргузор гардид.

Маљлиси тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов њусни оѓоз бахшида, њамагонро бо ин иди фархундаву муќаддас тањният гуфта, иброз дошт, ки наќш ва маќоми забони давлатї дар ташаккули фарњанги ќадима ва пойдории давлати соњибистиќлоли Тољикистон бузург мебошад. Президенти мамлакат, Љаноби Олї, Муњтарам Эмомалї Рањмон дар баромаду вохўрињои хеш доимо бањри таблиѓи забони давлатї ва донистани он аз љониби тамоми сокинони кишвар иброзї андеша намуда, забони давлатиро таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслњои дирўзу имрўз ва фардои миллат арзёбї менамоянд. Бинобар ин, њар як шањрванди ватандўсту худогоњи кишвар, вазифадор аст забони давлатиро, ки сарчашмаи ифтихори миллат ва яке аз рукнњои устувори давлатдорист донад ва дар фаъолияти њамарўзаи худ истифодаи дурусти ќоидањои имлои забони тољикиро таъмин намояд.

Дар маљлис, њамчунин намояндагони Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба мазмун ва моњияти Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 4 октябри соли 2011 №458 «Дар бораи тасдиќи ќоидањои имлои забони тољикї» андешаронї намуда ба саволњои сершумори судяњо ва кормандони Суди конститутсионї љавобњои мушаххас доданд.

4-6 октябри соли 2012 дар асоси даъвати Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон сафари кории Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. ва судяи Суди конститутсионї Гулзорова М.М. љињати иштирок дар XVII-умин Конфронси байналмилалии Ереванї дар мавзўи «Њамкории судњои конститутсионї ва дигар институтњо оид ба таъмини иљрои ќарорњои суди конститутсионї» ба шањри Еревани Љумњурии Арманистон доир гардид.

Дар кори ин чорабинї раисон ва судяњои маќомоти назорати конститутсионии зиёда аз 20 давлати љањон ва намояндагони масъули маќомоти гуногуни њокимияти давлатии Љумњурии Арманистон иштирок намуданд.

Зимни Конфронси мазкур ширкаткунандагони он дар мавзўи ањамияти иљрои сариваќтии ќарорњои маќомоти назорати конститутсионї дар таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињоин инсон ва шањрванд табодули назар намуда, бо маърўзањои муњим ва рўзмара дар ин самт баромад намуданд.

Дар рафти кори Конфронс, њамчунин Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. бо маърўза дар мавзўи «Таъмини иљрои ќарорњои судњои конститутсионї - кафолати амалишавии адолати судии конститутсионї» баромад намуда, њозиринро бо тартиби ќабули ќарорњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва татбиќи амалии онњо шинос намуд.

Зимни сафари мазкур, њамчунин мулоќоти Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. ва раисони Судњои конститутсионии Украина, Латвия, Ќазоќистон ва дигар давлатњои иштирокчии Конфронс бо Президенти Љумњурии Арманистон љаноби Серж Саргсян доир гардид, ки дар он масъалањои марбут ба густариши фаъолияти маќомоти назорати конститутсионї баррасї карда шуда, љонибњо омодагии худро бањри боз њам густариши њамкорињои мутаќобилан муфид ва мубодилаи таљриба дар соњаи њифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд изњор доштанд.

 

19 октябри соли 2012 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тањти раисии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. мурофиаи судї оид ба парванда бо дархости шањрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 21 ва 92 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ваколатдори Маљлиси Олї ва Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, намояндагони Суди Олї, Прокурори генералї, Шўрои адлия ва Раёсати иљрои љазои љиноятии Вазорати адлия иштирок намуданд.

Суди конститутсионї дархости пешнињодгардидаро дар алоќамандї бо талаботи Конститутсия, санадњои њуќуќии байналмилалї ва дигар санадњои меёърии њуќуќии Љумњурии Тољикистон мавриди санљишу тањлил ќарор дода, ќайд менамояд, ки њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд арзиши олї буда, онњо аз тарафи давлат эътироф, риоя ва њифз карда мешаванд.

Вобаста ба ин, эътироф ва кафолат додашудани ёрии адвокат аз лањзаи дастгир шудан, ёрии њуќуќї дар тамоми марњилањои тафтишот ва мурофиаи судї, инчунин дар ваќти адои љазои љиноятї аз љумлаи муњимтарин њуќуќу озодии конститутсионии инсон ва шањрванд ба шумор рафта, дар асоси муќаррароти моддањои 19 ва 92 Конститутсия, Кодекси мурофиавии љиноятї, Кодекси иљрои љазои љиноятї ва Ќонун дар бораи адвокатура ба амал бароварда мешавад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионї ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятиро ба моддаи 92 Конститутсия мутобиќ њисоб намуд.

Њамзамон, Суди конститутсионї диќќати Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистонро ба назорат ва таъмини иљрои бечуну чарои муќаррароти ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон равона намуда, љињати пешгирї намудани њолатњои вайронкунии њуќуќњои мањкумшудагон андешидани чорањои дахлдорро љалб менамояд.

Њамчунин, Суди конститутсионї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бори дигар баррасї ва таљдиди назар намудани тартиби мављудаи аз тарафи мањкумшудагон истифода бурдани ёрии адвокат пешбининамудаи ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистонро, ки муњимтарин њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд ба шумор меравад, бо назардошти таљрибаи љањонї мувофиќи маќсад мешуморад.

24-31 октябри соли 2012 дар доираи Ёддошти тафоњум оид ба њамкори байни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди Конститутсионии Украина бо маќсади шиносої бо фаъолияти ин маќомоти назорати конститутсионї, табодули таљриба ва густариши њамкорињои тарафайн сафари кории роњбари Дастгоњи Суди конститутсионї Њошимов Д. Д. ва ёрдамчиёни судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Абдуњамидов В.А., Саидова Н.Њ. ва Куканов С.М. ба Украина доир гардид.

Зимни сафари мазкур њайати Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар кори Семинари илмї-амалї, ки ба фаъолияти Дастгоњи Суди конститутсионии Украина бахшида шуда буд, ширкат варзида, бо санадњои меъёрии њуќуќии танзимкунандаи фаъолияти Суди конститутсионии Украина шиносої пайдо намуд. Њамчунин, дар рафти семинари илмї-амалї њайати Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо тартиби пешнињод ва баррасии мурољиатњои конститутсионии субектони мурољиат ба ин маќомоти назорати конститутсионї, фаъолияти ёрдамчиёни судяњо, фаъолияти коллегияњои судї, тартиби омода намудани хулосаи экспертї вобаста ба парванда, тартиби људонамудани истењсолоти конститутсионї ва дигар пањлўњои фаъолияти Дастгоњи Суди конститутсионии Укарина аз наздик шиносої пайдо намуда, дар масъалањои мухталифи соњавї бо њамкасбони хориљии худ табоддули назар намуданд.

Инчунин, дар рафти сафари мазкур љињати густариши њамкорињои тарафайн вохўрии њайати Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо Раиси Суди конститутсионии Украина љаноби Головин А.С. ва роњбарияти Дастгоњи Суди Укарина доир гардида, дар он масъалањои муњими марбут ба фаъолияти маќомоти назорати конститутсионї ва дастгоњњои он ибрози андеша карда шуд.

Мундариља

Мањмудов М.А. Сањми Президент Эмомалї Рањмон дар
ташаккули ќонунгузорї 5

Каримов К.М. Аз Эъломия то ба Конститутсия 22

Гиёев С.Н. Иљлосияе, ки наљотбахши давлату миллати тољик буд 29

Оймањмадов М.Д. Наќши Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии
Љумњурии Тољикистон дар тањкими маќомоти судї 32

Раљабов А.Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олї ва
ислоњоти њокимияти судї 39

Нозиров Н.А. Ќонунгузории мурофиавии љиноятї дар
солњои соњибистиќлолии Тољикистон 45

Куканов С.М. Ислоњоти конститутсионї ва таъсисёбии
Суди конститутсионї 55

Бобоев М.Д. Иљлосияи XVI-уми - иљлосияи наљотбахши миллат 61

Ќарорњои Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

1) оид ба парванда аз рўи дархости шањрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон аз 6 августи соли 2001 №32 ба моддањои 21 ва 92 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 19 октябри соли 2012

Таъинотњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1) дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоињањои бахши электроэнергетика» «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати Санади тартибдодаи Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 24.06.2009 оид ба санљиши њуљљатии маљмўии (комплексии) андозњо дар муассисаи мазкур дар давраи аз 01.01.2006 то 01.01.2009 ва ќарори Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар бораи ситонидани маблаѓи ќарзи андозњо аз њисоби маблаѓи суратњисоби бонкии Маркази идораи лоињањои бахши электроэнергетика дар ЉСК Ориёнбонки шањри Душанбе аз 28.07.2011 №11/2-2-205 ва фармоиши инкасавии нозироти андози ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе №15 аз 29 июли соли 2001 ба моддаи 10-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 18 сентябри соли 2012 73

2) дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї «Оид ба пешнињоди Таѓоев Ф. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати Дастурамал «Оид ба љињозонидани объектњои аз љониби ќўшунњои дохила њифзшаванда», ки бо Фармони собиќ Вазири корњои дохилии ИЉШС аз соли 1976 №0800 тасдиќ шудааст, ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 1 октябри соли 2012 79

3) дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Юсупова Шањзода ва адвокати ваколатдор Одинаев Бедилхон «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми 3-и моддаи 270-и Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба ќисми 1-и моддаи 17 ва моддаи 19-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 17 октябри соли 2012 83

4) дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Азимов Б.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 12, 17, 19, 22, 32 ва ќисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 30 октябри соли 2012 87

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон 91