00:03:05 - 20.01.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 4) 2012

 

Нашрия аз љониби Вазорати федеролии Олмон оид ба њамкорї
ва рушд тавассути Барномаи «Мусоидат ба давлатдории њуќуќбунёд дар Осиёи Марказї» дар Тољикистон
«Deutsche Gesellschaft Internationale Zusammenarbeit
(GIZ) GmbH» (Љамъияти олмонии њамкории
байналмилалї) маблаѓгузорї шудааст.


 

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(№4) 2012

 

Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни)
Љумњурии Тољикистон)

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, Академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Њайати тањририя:

Назаров М. Муовини Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, номзади

илмњои сиёсї

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Сотиволдиев Р. Ш. Мудири кафедраи назария ва таърихи

давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори

илмњои њуќуќ, профессор

 



Мањмудов М.А.- Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон,

академики АИ ЉТ,

доктори илмњои њуќуќ, профессор

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН – КАФИЛИ ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ КОНСТИТУТСИЯ (РОЉЕЪ БА БАЪЗЕ ПАЊЛЎЊОИ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНЇ ДАР СОЛИ 2012)

 

Миллати тољик дорои таърихи бою рангин буда, сањифањои пурѓановати заррини он аз фарњангу маърифати волои ниёгони мо башорат медињад. Онњо дар фазои дўстиву бародарї, њамдигарфањмї, адлу инсоф, эњтироми ќадру манзалати инсонї њаёт ба сар бурда, барои дар руњияи инсондўстиву ватандустї ба воя расидани насли наврас кўшиши зиёд ба харљ додаанд.

Дар масири таърих бе ворид шудан ба раванди љањонишавї рушд ва ташаккули давлату миллатњо душвор буда, дар ин раванд хоњу нохоњ омезиши фарњангњои гуногун зиёд ба чашм мерасад, ки ин њолат ба мафкураву фањмиши њар як инсон бе таъсир намемонад.

Роњбарияти олии сиёсии кишвар аз рўзњои аввали соњибистиќлол гардидани Тољикистон сиёсати рушди давлати муосири миллиро дар вобастагї бо арзишњои умумипазируфташудаи љомеаи башарї ва раванди љањонишавї пиёда намуда, барои пешрафти соњањои гуногуни иќтисодию иљтимої ва бунёди давлати озоду соњибмаќоми пешрафта, ки дар он ягонагиву њамбастагии тамоми мардуми кишвар њукмфармо мебошад, фаъолияти созандаву бунёдкоронаро пеш мебарад. Эњтирому арљгузорї ба ѓояи вањдати миллї, ки дар он муносибати некбинона нисбат ба њамаи халќиятњо бо дарназардошти арзишњои милливу маънавї љой дошта, дар ба воя расонидани насли љавону наврас дар руњияи худшиносиву худогоњї, инсондўстиву мењнатпарастї ва равнаќи худшиносии миллию маърифати њуќуќї яке аз самтњои муњими сиёсати давлатї мањсуб меёбад, роњи бузургеро тай намудааст.

Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон аз рўзњои аввали фаъолияти хеш ба њайси Сарвари давлат бо садоќату самимият ба халќу ватани худ содиќона хизмат намуда, арзишњои миллии моро њифз намуда, онњоро муќаддас мешуморад. Њамчунин бо дарназардошти вазъи кунунии љањон ва раванди љањонишавї, тањкими худшиносиву худогоњии миллї, баланд бардоштани маърифати сиёсиву њуќуќии ањолї, арљ гузоштан ба афзалиятњову дастовардњои даврони истиќлолият, эмин нигоњ доштани расму оинњои миллии ниёгонамон ва пос доштани хотираи бузургони халќи тољик иброзї андеша намуда, бањри пешрафти Ватани азизамон њамагонро ба муттањидиву ягонагї ва њамдигарфањмї њидоят менамоянд.

Соли 2012 низ ба шарофати зањмату талошњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон боз як соли пешрафт дар њама самтњои иќтисодию иљтимої, афзоиши маљмўи мањсулоти дохилї, иљрои дурнамои нишондињандањо, расидан ба њадафу ормонњои волои созандаи мардуми кишварамон ва соли музаффарияту комёбињо мањсуб ёфта, њамчун соли бобарор ва рўйдодњои бузурги сиёсию фарњангї ва ба амал баровардани сиёсати самараноки байналмилалї дар таърихи миллати тољик боќї мемонад.

Дар ин соли таърихї мардуми кишвар дар руњияи ифтихор аз давлату давлатдорї, вањдати миллї, ватандорї, худшиносию худогоњї 100-солагии матбуоти тољик, Љашни байналмилалии Наврўз, 15-умин солгарди Рўзи Вањдати миллї, Рўзи истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, Рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, 20-умин солгарди баргузории Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии Тољикистон, рўзи забон ва парчами давлатии худро ботантана таљлил намуданд.

Љумњурии Тољикистон ба аъзогии Созмони Умумиљањонии Савдо пазируфта шуд, ки ин раванди нек барои рушди муътадили низоми иќтисоди миллї ва боз њам баланд гардидани сатњу сифати зиндагии мардуми мењнатќарини диёрамон мусоидат намуда, дар заминаи он бо дарназардошти арзишњои умумипазируфташудаи љомеаи башарї муносибатњои дўстонаи анъанавї бо давлатњои гуногуни љањон раванди тоза пайдо мекунанд.

Ифтитоњи иншооти бузурги аср-наќби «Шањристон» низ идомаи мантиќии сиёсати давлатии Љумњурии Тољикистон дар самти баровардани мамлакат аз бумбасти коммуникатсионї ба шумор меравад.

Ин дастовардњо, ки насиби мардуми мењнатдўсти кишвар гардидааст, шањодати тинљию оромї, сулњу вањдат, боло рафтани худшиносии шањрвандони мамлакат ва фаъолияти муназзами маќомоти њокимияти давлатї буда, нигањ доштан ва афзун намудани онњо, заминаи боэътимоди суботи минбаъдаи сиёсию иќтисодї ва иљтимоии давлат ба шумор меравад.

Бояд зикр кард, ки устувории давлат ба фаъолияти босуботу адолатноки њокимияти судї - судњои нерўманду мустаќил ниёз ва вобастагии амиќ дорад. Бинобар ин, дар баробари ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њокимияти судї рукни мустаќили њокимияти давлатї эътироф гардид.

Дар Тољикистон танњо суд њуќуќ дорад, ки ќазия ва бањсњои гуногунро њаллу фасл карда, аз номи давлат њукму њалнома ва ќарор бароварда, кафолати њифзи судї доштани њар як кас ва адолату баробариро дар назди ќонун ва суд воќеъбинона ва беѓаразона таъмин созад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки њамчун маќомоти мустаќили њокимияти судї, ки дастовардњои даврони соњибистиќлолї мебошад, бањри таъмини волоият, амалї бевоситаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд таъсис дода шудааст ва бањри њифзи арзишњо ва музаффариятњои миллї кўшиш ба харљ медињад.

Дар Суди конститутсионї дар соли 2012 вобаста ба пешнињод ва дархости шахсони воќеию њуќуќї, ки субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї мебошанд, бобати муайян намудани номутобиќатии санадањои меъёрии њуќуќии татбиќшуда ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон нуздањ адад парвандањо баррасї карда шуда, нисбат ба чортои онњо, ки дар мурофиаи судии конститутсионї мавриди баррасї ќарор гирифтаанд, ќарор ва нисбати понздањтои он таъинотњои дахлдор ќабул карда шудаанд.

Ин нишондињанда шањодати он аст, ки фаъолияти Суди конститутсионї дар соли сипаришуда нисбат ба солњои пешина дучанд гардида, бори аввал чунин миќдор санадњои судї ќабул гардидаанд.

Чунончї, Суди конститутсионї дархости шањрванд Одинаев Ё.Д.-ро дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 марти соли 2008, №373 «Дар бораи истењсолоти иљро» ба моддаи 12, ќисми сеюми моддаи 20, ќисмњои якум ва дуюми моддаи 32 ва ќисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дида баромада, бо ќарори худ аз 17 феврали соли 2012 меъёрњои зикршударо ба Конститутсия мутобиќ њисоб намуд. Дар як ваќт, тибќи муќаррароти моддаи 47 Ќонуни конститутсионї «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» диќќати маќомоти дахлдори давлатї ба таъмини иљрои талаботи моддаи 34 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон, яъне моликияти муштарак будани базаи истењсолї ва дигар њуќуќвайронкунињо, ки аз љониби иљрочиёни суд нисбати Одинаев Ё. роњ додашуда буданд, љалб карда шуд.

Суди конститутсионї дархости шањрванд Бобоев Љ.-ро дар бораи муайян намудани мутобиќати сархати њаштуми ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дида баромада, бо ќарори худ аз 15 майи соли 2012 меъёрњои зикршударо ба Конститутсия мутобиќ њисоб намуд. Дар баробари ин, диќќати Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ба риояи бе чуну чарои талаботи моддаи 18 Конститутсия, ки тибќи он «Ба њељ кас шиканља, љазо ва муносибати ѓайриинсонї раво дида намешавад», инчунин ба ошкор кардани љинояти зикршуда ва ба љавобгарии љиноятї кашидани гунањгорон љалб карда шуд.

Суди конститутсионї дархости шањрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т.-ро дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон аз 6 августи соли 2001 №32 ба моддањои 21 ва 92 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дида баромада, бо ќарори худ аз 19 октябри соли 2012 меъёрњои зикршударо ба Конститутсия мутобиќ њисоб намуд.

 

Дар як ваќт диќќати маќомоти прокуратура ва Вазорати адлия ба назорат ва таъмини иљрои муќаррароти ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятї ва пешгирї намудани њолатњои вайронкунии њуќуќњои мањкумшудагон, андешидани чорањои дахлдор љалб карда шуд. Аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бори дигар баррасї ва таљдиди назар намудани тартиби мављудаи аз тарафи мањкумшудагон истифода бурдани ёрии адвокат, ки дар ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинишуда, ки муњимтарин њуќуќу озодии конститутсионии инсон ва шањрванд ба шумор меравад, бо назардошти таљрибаи љањонї мувофиќи маќсад дониста шуд.

Суди конститутсионї дархости шањрванд Раљабов А.А.-ро дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятї ба моддањои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дида баромада, ќайд намуд, ки њама гуна тартибе, ки њуќуќњои иштирокчиёни мурофиаи љиноятиро оид ба њифзи њуќуќњои мурофиавии онњо мањдуд карда, монеаи њифзи боэътимоди њуќуќњои зикршудаи онњо аз љониби марњилањои судї мегардад, он њамчун мањдуд кардани кафолати њифзи судии муќаррарнамудаи Конститутсия, санадњои њуќуќии байналмила­лии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ва ќонунгузории мурофиа­вї ба њисоб меравад.

Бинобар ин, Суди конститутсионї бо ќарори худ аз 20 декабри соли 2012 ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятиро ба моддањои 14 ва 19 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон номутобиќ њисоб намуд.

Бояд зикр кард, ки тамоми ќарорњои ќабулшудаи Суди конститутсионї сари ваќт дар нашрияњои расмии кишвар, аз љумла «Љумњурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шудаанд.

Њамчунин, тибќи талаботи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон» нисбат ба понздањ парванда бинобар ба салоњияти Суди конститутсионї мансубият надоштани масъалаи дар онњо дарљгардида, таъинот дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судї бароварда шуда, дар як ваќт дар баробари ин диќќати маќомоти давлатї ва шахсони мансабдори онњо ба бартараф намудани камбудињои дар фаъолияти онњо љойдошта ва таъмини ќонуният ва тартиботи конститутсионї љалб карда шуд.

Дар ин муддат ба Суди конститутсионї зиёда аз 540 (соли 2012 - 250) нафар шахсони воќеию њуќуќї тариќи шифоњию хаттї ва тавассути почтаи электронї оид ба масъалањои гуногун мурољиат намуданд, ки онњо вобаста ба салоњият ва тобеият мавриди баррасї ќарор дода шуда, ба мурољиаткунандагон љавобњои дахлдор ирсол карда шуданд.

Аз шумораи умумии мурољиаткунандагон, мурољиатњои шифоњии 370 нафари шањрвандон бевосита аз љониби Раис, муоивни Раис ва судяњои Суди конститутсионї ќабул карда шудааст. Њамчунин, дар давраи њисоботї бисту панљ дархост, чилу њашт ариза, се quot;serifЊайати тањририя:quot;; mso-bidi-font-family/p: пешнињод ва як шик Љумњурии Тољикистон)Њайати тањрири/pя:оят аз шахсони воќеию њуќуќї ворид /pгардидаанд, ки онњо низ ба шумораи умумии мурољиатњои воридшуда шомил мебошанд.

Тањлилу омўзиши мурољиатњои воридшуда ба Суди конститутсио­нї муайян намуд, ки шумораи зиёди онњо оид ба норозигї бо њалномањои зинањои гуногуни судї, бањси манзил, замин, бањсњои мењнатї ва таъмини нафаќа, расонидани кўмаки моддї ва дигар масъалањо мебошанд. Дар асоси гузаронидани суњбату вохўрињо бо шањрвандони мурољиаткунанда муайян гардид, ки одатан шањрван­дон бо сабаби дар мањалњо сари ваќт ба онњо кўмак нарасонидан ба маќомоти болої, аз љумла ба маќомоти судї мурољиат мекунанд.

Дар давраи њисоботї ба Суди конститутсионї дар маљмуъ ба истиснои мурољиатњои шањрвандон ва шахсони њуќуќї 1761 њуљљат ворид гардидааст, ки нисбат ба он чорањои дахлдор андешида шуда, сариваќт иљрои онњо таъмин карда шудааст.

Дар ин муддат тавассути ба маќомоти ќонунгузор, иљроия ва шахсони воќеию њуќуќї 762 (соли 2011 - 807, соли 2010 - 609) мактуб оид ба масъалањои дахлдор ирсол карда шудааст.

Шумораи мактубњо оид ба масъалањои гуногун вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионї, ки соли сипаришуда тавассути почтаи электронии Суди конститутсионї ворид гардидаанд, 448 (соли 2011 - 332) ададро ташкил медињанд. Инчунин, тавассути почтаи электронии Суди конститутсионї 291 адад (соли 2011 - 345) мактубњо вобаста ба фаъолияти ин маќомот ба дохил ва хориљи кишвар ирсол карда шудааст.

Дар ин давра се адад нашри шуморавии маљаллаи илмї - иттилоотии Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки дар он фаъолияти Суди конститутсионї инъикос гардида, маърўзаю маќолањои судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї гирд оварда шудаанд, аз чоп баромад.

Инчунин, китоби маљмўаи ќарорњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон солњои 1996-2011, ки дар худ фаъолияти Суди конститутсиониро дар ин давра таљассум намуда, 25 ќарор ва 40 таъинотро бо ду забон фаро гирифтааст, аз чоп бароварда шуд. Бинобар зарурати корї, маљмўаи санадњои њуќуќии фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва китоби љашни бо номи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон - зодаи Истиќлолияти давлатї низ иловатан рўи чоп оварда шуд.

Дар муддати соли сипаришуда ба сомонаи интернетии Суди конститутсионї мунтазам ахбороти нав, ки пањлуњои муњими фаъолияти Суди конститутсионї, аз љумла маълумот оид ба мурофиањои судии доиргардида, вохўрии роњбарият ва судяњои суди конститутсионї бо мењмонони хориљї, сафарњои хизматии роњбарият ва судяњои Суди конститутсионї ба дохилу хориљи кишвар ва дигар ахбороти муњим бо се забон, забони давлатї, русї ва англисї ворид карда шудаанд. Амали мазкур дар як ваќт ба дилхоњ шахсони воќеию њуќуќї имконият медињад, ки аз фаъолияти шаффофи Суди конститутсионї тавассути сомонаи интернетии он огоњ бошанд. То ба имрўз дар маљмўъ 42 301 (чилу ду њазору сесаду як) нафар ашхос бо сомонаи Суди конститутсионї шиносої пайдо намуда, аз маълумоти дар он гирдовардашуда ба таври васеъ истифода бурдаанд. Ин нишондињандаи хуб барои муаррифии Суди конститутсионї дар дохил ва хориљи кишвар аз ањамият холї нест.

Љињати ѓанї гардонидани китобхонаи Суди конститутсионї, дар давраи њисоботї 208 адад китоб, 25 маљаллањои гуногуни илмї ба китобхонаи идоравї ворид карда шудааст, ки хоњишмандон метавонанд аз онњо ба таври васеъ истифода баранд.

Соли сипаришуда бо маќсади иљрои бандњои 12 ва 13 Протоколи маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 декабри соли 2011 № 13 вобаста ба масъалаи ташкил намудани семинарњои омўзишї ва корњои фањмондадињї бо кормандони маќомоти њифзи њуќуќ дар масъалаи риояи талаботи механизмњои байналмилалї ва миллї љињати пешгирии њолатњои шиканљаи мањбусон, ки айни њол мавзўи мубрами рўз гардидааст, аз њисоби намояндагони масъули Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Суди конститутсионї, Суди Олї, Прокуратураи генералї ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ гурўњи корї таъсис дода шуд.

Дар заминаи протоколи маљлиси Њукумати љумњурї ва бо маќсади дар сатњи зарурї дар вазорату идорањо ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњои љумњурї доир намудани семинару вохўрињо бо кормандони маќомоти њифзи њуќуќ аз љониби Роњбари Дастгоњи иљроияи Перизиденти Љумњурии Тољикистон аз 17 феврали соли 2012 Наќша-чорабинињо тасдиќ гардидааст.

Љињати таъмини иљрои бандњои Наќша-чорабинињои мазкур 22 феврали соли 2012 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз љониби гурўњи корї семинари омўзишї дар мавзўи «Механизмњои байналмилалї ва миллии вобаста ба пешгигии њолатњои шиканља» бо иштироки кормандони маќомоти судї, прокуратура, корњои дохилї, амнияти миллї ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ доир гардид.

Дар маљмуъ аз љониби гурўњи корї дар вазорату идорањо ва шањру ноњияњои мухталифи кшвар бо иштироки зиёда аз се њазор кормандони маќомоти њифзи њуќуќ доир ба талаботи санадњои байналмилалї ва ќонунгузории миллї оид ба шиканља суњбату вохўрињо гузаронида шуда, ба онњо мавќеи роњбарияти сиёсии кишвар дар ин самт муаррифї карда шуд.

Њамчунин бояд тазаккур дод, ки вобаста ба масъалаи пешгирии њолатњои шиканља соли сипаришуда ба Љумњурии Тољикистон гузоришгари вежаи СММ оид ба шиканља, љазо ва навъњои дигари рафтори берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунанда Хуан Е. Мендез ташриф овард. Зимни сафари љаноби Хуан Е. Мендез ба Тољикистон дар асоси хоњиши ў 11 майи соли 2012 дар Суди конститутсионї вохўрии ў бо Раиси Суди конститутсионї доир гардид.

Зимни суњбат, тарафњо оид ба механизмњои њифзи њуќуќњои инсон ва шањрванд ва њимояи манфиатњои ќонунии онњо, ки шарти зарурии фаъолияти муътадили низоми сиёсии давлат мебошад, сухан ронда, дар хусуси мавќеъ ва наќши маќомоти назорати конститутсионї дар таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ибрози андеша намуданд.

Дар давоми сол роњбарият, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди конститутсионї бо маќсади тарѓибу ташвиќи Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба маќоми олии ќонунгузории кишвар аз 20-уми апрели соли 2012, фањмондадињии ањамияти Рўзи Вањдати миллї дар пойдории сулњу субот, арљгузорї ба падидаи муќаддас чун Истиќлолияти давлатї, фањмондадињии мазмуну муњтавои меъёрњои Конститутсия ва ањамияти Иљлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олї дар пойдории њокимияти конститутсионї дар мамлакат ба шањру ноњияњои Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњои Суѓду Хатлон ва ноњияњои тобеи љумњурї, аз ќабили шањрњои Хоруѓ, Хуљанд, Истаравшан, Турсунзода, Ќайроќќум, Ќўрѓонтеппа, Исфара, Конибодом, Роѓун, Вањдат, Чкалов ва ноњияњои Айнї, Бохтар, Восеъ, Колхозобод, Ќубодиён, Мўъминобод, Шўрообод, Файзобод, Шањристон, Ѓончї, Спитамен, Бобољон Ѓафуров ба сафарњои хизматї баромада, бо кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва ањли љамоатчигии онњо суњбату вохўрињо анљом доданд.

Њамчунин дар рафти суњбату вохўрињо мазмуну муњтаво ва ањамияти ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба љамъомадагон фањмонида шуда, ба саволњои сершумори онњо љавобњои мушаххас гардонида шуд.

Судяњо ва кормандони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, инчунин тавассути шабакањои гуногуни телевизиони љумњурї, доир ба мавзуњои зикршуда баромад карда, дар матбуот хабару маќолањои зиёде ба чоп расонида, тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ амали мазкурро идома дињанд.

Њамзамон, бояд зикр намуд, ки њангоми суњбату вохўрињо бо ањли љамоатчигии шањру ноњияњои Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон ва вилоятњои Суѓду Хатлон, онњо аз сиёсати пешгирифтаи роњбарияти олии сиёсии кишвар ќаноатмандї намуда, хусусан ба Президенти Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон изњори сипоси худро барои кўмак ва дастгирии њамаљониба, муњайё намудани шароити мусоиди зиндагї ва ѓамхории падаронаашон баён намуданд.

Инчунин, соли сипаришуда аз љониби Раис, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди конститутсионї ба шарофати таљлили 20-умин солгарди Иљлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олї ва 15-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар рўзномаю маљаллањои расмии кишвар ва нашрияњои илмии вазорату идорањои љумњурї маќолањо ба чоп расонида шуданд.

Дар ин муддат бобати омўзиши таљрибаи байналмилалї судяњо ва кормандони дастгоњ ба љумњурињои Арманистон, Корея, Ќазоќистон, Латвия, Олмон, Туркия, Украина, Њиндустон ва Шветсария сафарњои корї анљом додаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки соли сипаришуда дар доираи Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї байни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Украина, ки соли 2011 зимни сафари Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон ба Љумњурии Украина ба имзо расида буд, бо маќсади шиносої бо фаъолияти Суди конститутсионии Украина ва густариши њамкорињои тарафайн, кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї ба Љумњурии Украина сафари хизматї анљом доданд. Чунин сафарњо барои баланд бародоштани донишу малакаи касбї ва бењтар гардидани фаъолияти мењнатї аз манфиат холї нест.

Дар давраи њисоботї дар натиљаи саъю кўшиши роњбарияти Суди конститутсионї дар доираи њамкорињои байналмилалї, байни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди консти­тут­сионии Туркия Ёддошти тафоњум оид ба њамко­рї ба имзо расид, ки ин амал барои густариши њамкорињо байни маќомоти назорати конститутсионии ду кишвар таккони љиддї дод.

Њамин аст, ки дар доираи санади мазкур моњи феврали соли 2013 бо маќсади шиносої бо фаъолияти маќомоти назорати конститутсионии Љумњурии Туркия ва густариши њамкорињои тарафайн, намояндагони дастгоњи Суди конститут­сионї ба Љумњурии Туркия ба сафари хизматї фиристода шуданд.

Илова бар ин, аз љониби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон айни њол ба якчанд Судњои конститутсионии далатњои дигар аз ќабили: Латвия, Литва, Эстония, Молдова ва дигар давлатњо љињати густариши њамкорињои тарафайн лоињаи Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї барои мувофиќа ирсол карда шудааст, ки аз тарафи онњо амали мазкур бо ќаноатмандї дастгирї ёфта, тарафњо омодагии худро барои ба имзо расонидани он изњор доштанд.

Њамчунин, натиљаи сафарњои Раис ва судяњои Суди консти­тутсионї ба давлатњои хориљи кишвар боиси он гардид, ки њам­корињои пайвастаи Суди конститутсионї бо маќомоти назорати конститутсионии дигар давлатњо густариш ёфта, эътибори ин маќомоти мустаќили њокимияти судї дар таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои исон ва шањрванд на танњо дар дохили кишвар, њамчунин берун аз он низ боло рафта истодааст.

Чунин њамкорињо ва сафарњои корї, инчунин табодули иттилоот ба хотири омўзиши таљрибаи маќомоти назорати конститутсионии давлатњои дар ин самт пешрафта, минбаъд низ идома хоњанд ёфт. Ин имконият медињад, ки Суди конститутсионї тамоми дастовардњои дар самти танзими њуќуќии фаъолияти маќомоти назорати конститут­сионии давлатњои дар ин самт пешрафтаро ба хотири њифзи музаффарият­њои истиќлолияти миллї, аз љумла Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар мамлакат мавриди барњрабардорї ќарор дињад.

Њамчунин, бобати густариши муносибатњои байналмилалї, соли сипаришуда вохўрии Раиси Суди конститутсионї бо Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Озорбойљон дар Љумњурии Тољикистон Аббосалї Карим Огли Гасанов, бо сафир оид ба супоришњои махсуси Вазорати корњои хориљии Финляндия хонум Лаура Рейнил, Президенти Суди Олии маъмурии Финляндия доктор Пекка Холбер, намояндаи минтаќавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба њуќуќи инсон (УВКПЧ) дар Осиёи Марказї Армен Арутюнян, мушовири намояндагии домии СММ дар Тољикистон оид ба њуќуќи инсон Лиля Захариева, намояндагони фонди Олмон оид ба њамкорињои байналмилалии њуќуќї - доктор Штефан Хюлсхорстер ва дигар шахсони расмї доир гардид.

Аз 1 то 3 феврали соли 2012 дар доираи њамкорињои байналмилалї ва љињати гузаронидани семинари омўзишї бо маќсади баланд бардоштани малакаи касбї ва савияи дониши назариявию амалии кормандони Суди конститутсионї дар мавзўи «Фаъолияти судњои конститутсионии Олмон: ќонунгузорї ва амалия», ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Франчсека Верт - судяи Суди замини молиявї, корманди илмии Суди конститутсионии федеролии Олмон, Йорг Пуделька - роњбари минтаќави Барномаи дастгирии ислоњоти судї-њуќуќї дар давлатњои Осиёи Марказї GIZ, Ольга Аметистова - роњбари Барономаи мазкур дар Тољикистон ва дигар намояндагони масъули Барнома ташриф оварда, аз љониби онњо дар муддати се рўз семинари омўзиши гузаронида шуд.

Њамчунин, дар давраи гузашта, дар Суди конститутсионї бахшида ба 15-умин солгарди Рўзи Вањдати миллї дар мавзўи «Вањдату ягонагї омили муњими давлатдорї», ба ифтихори Рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва таљлили 20-умин солгарди Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олї дар мавзўи «Иртиботи Конститутсия ва Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон» семинару мизњои мудаввар бо доираи васеи олимону мутахассисони мамлакат ва дигар чорабинињои муњим, ки ба ифтихори Рўзи Парчами давлатї, Рўзи забони давлатї ва дигар љашнњои муњими сиёсї гузаронида шуданд.

Дар маљмуъ агар ба фаъолияти солонаи Суди конститутсионї назар афканем, Суди конститутсионї њамчун маќоми махсуси низоми њокимияти судї оид ба њифзи Конститутсия, таъмини волоияти меъёрњои он дар ќаламрави давлат ва њифзи њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд бањри рушду нумўи љомеаи шањрвандї, ќонунияти конститутсионї, тартибот ва маърифати њуќуќии љомеаи Тољикистон сањми бевоситаи худро мегузорад.

Дар тўли фаъолияти худ Суди конститутсионї ба њайси маќомоти мустаќили њокимияти судї ва падидаи нави давлати њуќуќбунёду демократї тўли фаъолияти таърихиаш зарурат ва ањамияти худро дар бунёди давлатдории навини Тољикистон собит сохта, њамчун пояи марказии низоми судии мамлакат муаррифї гардида, барои тањкими њокимияти судї наќши муассир мебозад.

Каримов К.М.- судяи Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон,

номзади илмњои сиёсї

Конститутсия ва фарњанги
конститутсионї

Олами воќеї ва объективї аз зуњуроти гуногуни табиат ва љамъият иборат аст, ки онњо дар раванди рушд ва тањкими худ ба ќонуниятњои хос тобеъ буда, аз иродаи касе вобастагї надоранд. Аммо, ин зуњурот ва падидањо метавонанд аз тарафи инсоният дарк карда шуда, ба манфиати гузашта, имрўза ва ояндаи он бошуурона мавриди истифода ва бањрабардорї ќарор дода шаванд.

Вобаста ба ин, проблемаи озодии шахсият, таъмини њуќуќњои фитрї ва дигар њуќуќу озодињои инсон, адолати иљтимої, баробар- њуќуќї ва волоияти ќонун, идоракунии давлат, ташаккули низоми ратсионалии њокимият ва таљзияи он аз зумраи падидањои сиёсию иљтимої ва њуќуќие арзёбї мегарданд, ки дар тўли таърихи дароз предмети ањамияти махсуси илмї дошта ба њисоб мерафтанд ва новобаста аз фарогирии васеъ ва коркарди чуќури консепсуалї, назариявї ва амалии онњо аз тарафи илмњои фалсафа, назарияи давлат ва њуќуќ, сиёсатшиносї ва ѓ. имрўзњо низ њамчун масъалањои актуалї боќї мемонанд.

Чунин ањамияти махсус ба масъалањои зикршуда ва ба ин монанд масъалањо ва проблемањои њаёти љомеа аз он бармеоянд, ки дигаргунињои иљтимої-сиёсї ва иќтисодї дар њар љомеа ба таври объективї таѓйироти љиддиро дар муносибати байни шахсият, љомеа ва давлат ва байни инсон ва њокимият муќаррар менамоянд. Зеро нишондињандаи асосии таърих ва ќонуниятњои пешбарандаи он инкишофи босуръати љомеаи башарї, иќтисодиёт, иљтимоиёт ва маънавиёт аст ва инсоният дар њама давру замон ба озодї, истиќлолият ва љомеаи адолатпарвар ниёз дошт ва дорад.

Аз љониби дигар, равандњои таърихї ва дарки таърихї самтњои гуногуни ба њам зид доранд ва чуноне, ки М.А. Барг ќайд мекунад: «агар равандњои таърихї аз имрўза ба оянда нигаронида шуда бошанд, он гоњ идрок ба хотири имрўзу фардо аз имрўза ба гузашта нигаронида шудааст».[1]

Падидаи «конститутсия» низ чун дусад сол пеш аз ин аз зумраи мавзуњои актуалии замони мо ба њисоб меравад ва имрўзњо, ки мо дар арафаи љашнгирии 18-умин солгарди ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) кишвари худ ќарор дорем, кушодани мафњум ва моњияти ин санади муњими сиёсию њуќуќї ва фарњангї аз манфиат холї нест. Зеро њар ќадар, ки мо аз давраи ќабули Конститутсияи кишвари худ дур меравем, њаёти љомеа ањамияти таърихию сиёсї, њуќуќию фарњангии ин санади сарнавиштсози миллатро бо мазмуну мундариљаи нав рўи кор меорад. Мо њамон ќадар ба аќлу хиради азалии халќи азизамон, ки дар давраи басо њассоси таърихї атрофи роњбари навинтихоби давлат Э. Рањмон муттањид гардида, онро ќабул карда, ба баќои миллат ва давлат асос гузоштанд, њамду сано хонда, сари таъзим фуруд меорем.

Њамон ќадар ба њастї, мављудият ва њузури Конститутсия дар њаёти њарррўзаи худ, риояи бечуну чаро, таъмини устуворї ва њифзу ташаккули он вобаста ба рушду тањкими даврањои таърихии љомеа ва давлатамон итминони комил њосил менамоем. Дар баробари ин, зиракии сиёсиро нисбати манфиатљўиву сиёњдилии иддае аз «њомиёни давлату миллат ва конститутсия», ки дар њар лањзаи ногувор сару садо бардошта, дастовардњои назарраси дар муддати кутоњтарин ба даст омада, наќши конститутсия дар таъмини суботи сиёсию иљтимоии мамлакат ва фаъолияти созандагиву бунёдкоронаи давлату миллатро нодида мегиранд, аз даст намедињем. Њамчунин аз хотир намебарорем, ки халќи Тољикистон бори аввал дар таърихи давлатдориаш ќонуни асосии давлат-сарнавишти худро тариќи раъйпурсии умумихалќї ќабул кардааст ва аз ин рў, эњтироми иродаи халќ вазифаи њар як фарди љомеа мебошад.

Аз љониби дигар, беэътиної ба арзишњои умумибашарии эътирофнамудаи инсоният, коста гаштани тартибот ва низоми байналмилалї, дахолати рўйирост ба корњои дохилии давлатњои алоњида, ки истиќлолият ва тамомияти арзии онњоро зери хавфу хатар мегузорад, фаъол гаштани созмонњои террористиву ифротгарої ва љиноятпешаи трансмиллї ва њар чї бештар ба зери тассаруфи онњо даромадани минтаќањои гуногуни дунё, зиёд гаштани муноќишањои дохилї, ки ба таври оммавї ба поймол гаштани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд оварда расонидаанд, ба асосњои сохтори конститутсионї ва њифзи њуќуќу озодињои инсон, ки натиљаи рушди чандинњазорсолаи афкори фалсафї, сиёсию њуќуќї ва љонбозињои беназири насли инсоният мебошанд, хавфу хатари љиддиро ба бор меоранд.

Ба эътибор нагирифтани конститутсияњои давлатњои алоњида, ирода ва манspan style/span=quot;;фиатњоspan style=и ќисмати зиёди ањолї, байраќ намудани «њуќуќи инсон» вspan style=span style=а «фалоquot;;катњои гуманитарї», бисёрстандартї дар њалли масоили умдатарини байналмилалї ба хотириquot;serif ноил шудан ба маќсадњои геополитикї, яроќноккунї ва дастгирии ќисмати шањрвандони зери нуфузи идеология ва ѓояи бегона афтида дар мубориза бар зидди њокимият солњои охир фалокатњои фољиабори зиёди конститутсиониро рўи кор оварданд.

Мавриди зикр аст, ки Тољикистон ва мардуми шарафманди он низ, тавассути дасти душманони миллати мо бо истифода аз фарњанги пасти сиёсию њуќуќї ва сатњи худшиносиву худогоњии баъзе аз шањрвандони мамлакат ба њаводиси барои љомеаи мо номатлуб кашида мешаванд…

Дар замони муосир популизми иддае аз сиёсатмадорон, ки барои дар миёни љомеа соњиб шудан ба обрў ва эътибори «хасакї» аз минбарњо, инчунин аз воситањои ахбори омма васеъ истифода бурда, эътибори давлат ва њокимиятро бо танќидњои беасос ва бе замина коста гардонида, њолати вуљуднадошаро дар чашми ањолї воќеъият ва њаќиќат нишон медињанд, бенињоят наќши манфиро касб намудааст. Аксаран андеша ва танќидњои онњо ба авзои сиёсї, иќтисодию иљтимоии давлат тавъам нест, демократияро берун аз конститутсия, ќонунгузорї ва љомеаи шањрвандї дидан мехоњанд.

Аз ин рў, мо бори дигар ба мафњум, моњият, эволютсия, заминаи устувории љомеа будани боэътимодии ин њуљљати сиёсию њуќуќї ва фарњангї, инчунин ањамияти таърихии он барои бунёди давлати демокративу њуќуќбунёд ва иљтимоии мо рў меорем.

Андеша ва ѓояи конститутсионї ин моли инсоният аст, ин натиљаи рушди афкори фалсафию сиёсї ва њуќуќии љомеаи башарї мебошад, ки дар пайдоиш, побарљої ва расидан то ба дараљаи назария, консепсия, амалия ва санади навишташуда наќши олимону муттафакирони њамаи халќњои олам, аз љумла фарзандони баруманди миллати мо низ њаст.

Пайдоиши калимаи лотинии «конститутсия», ки мазмуни он барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан аст, илман муайян карда нашудааст. Аќидањое њастанд, ки ин истилоњ аз гардиши техникии «rem publicam constitutire», ки санадњои императорњои римї сар мешуданд, гирифта шудааст.[2]

Ба андешаи аксар олимон ин истилоњ њанўз дар асрњои VI-VII пеш аз милод, яъне давраи љомеаи ѓуломдорї дар шањрњои Юнони ќадим маълум буд. Дар империяи Рим фармонњои императориро, ки тартиби фаъолияти институтњои оммавиро (сиёсї) ба танзим медароварданд, конститутсия ном мебурданд. Дар баъзе аз давлатњои феодалї онро хартия, ки созиши миёни њокимияти королї, феодалњо ва шањрњоро инъикос мекард ва санадњо оид ба шањрњои (минтаќањо) федералиро низ конститутсия меномиданд.[3]



[1] Барг М.А. Категории и методы исторической науки. М.: Наука.1984. С. 128-129.

[2] Ниг. Козлова Е.И., Кутафин О.Е. Конституционное право России. Учеб.-4-е изд., перераб. и доп. М.: Проспект, 2010. С.72.

[3] Ниг. Советское государственное право: Учебник. Под ред. С. С. Кравчука. М., 1985. С. 34.

 

Дар даврањои ибтидоии ташакулёбї, конститутсия, инчунин бо истилоњи «ќонуни асосї» (Lexfundamentals)[1] ва «ќонунњои конститутсионї» низ истифода мешуд.

Чунончи Гобсс дар китоби «Левифан» истилоњи «ќонуни асосиро ќонуне мењисобид, ки бекор кардани он давлатро вайрон намуда, ба анархия бурда мерасонад».[2]

Ба андешаи олими немис Г. Еллинек «мазмуни ќонуни асосї дар асосњои ибтидоии ташкили давлат ва салоњияти он, яъне дар муќаррароти он принсипњое ифода меёбад, ки тибќи онњо эътирофи њуќуќи табаа ташаккул ёфтааст.»[3]

Аббат Сийэс дар рафти Инќилоби бузурги буржуазии Фаронса ќайд мекунад, ки «Агар мо хоњиши дар худ як ќатор ќонунњои мусбиро, ки метавонанд танњо аз иродаи миллї бароянд, дуруст тасаввур карда тавонем, он гоњ мо дар сафи пеш ќонунњои конс­титутсиониро мебинем, ки ба ду ќисм таќсим мешаванд: баъзе аз онњо ташкил ва фаъолияти њайати ќонунгузорї, дигарњояш ташкили дигар муассисањои фаъолро танзим менамоянд. Ин ќонунњо на бо он мазмун ќонунњои асосї њисоб меёбанд, ки онњо метавонанд аз соњибихтиёрии давлат боло бошанд, балки барои он ќонуни асосї њисоб меёбанд, ки муассиси дар асоси онњо арзи вуљуд дошта ва амалкунанда наметавонад ба онњо дахолат намояд».[4]

Аббат Сийэз «ќонунњои конститутсионї» гуфта, конститусияро дар назар дошт ва ин анъана ќариб то нимаи аввали асри XX идома ёфтааст.[5]

Аксари муњаќќиќони конститутсионализм пайдоиши конститутсияро ба давраи ба сањнаи сиёсї ворид гардидани буржуазия ва муборизаи он ба муќобили феодализм ва мутлаќият нисбат медињанд ва зимни тањлили ин масъала аз инќилоби буржуазї дар Британияи Кабир (1640-1649), ки нисбат ба дигар давлатњо пештар ба вуќуъ пайвастааст, ёдовар мешаванд.

Ѓояи конститутсияи навишташуда дар Британияи Кабир ба вуљуд омадааст, аммо дар ин давлат то њол конститутсияи навишташуда вуљуд надорад. Ба ин нигоњ накарда, дар он љо як ќатор њуљљатњо, ба монанди: Хартияи бузурги озодї (1215), Олоти идоракунї (1653), Санади корпуси Хабеас (1679), Санад оид ба таъмини бењтари озодии табаагї ва пешгирии мањбускунї берун аз бањрњо (1679), Билл оид ба њуќуќњо (1689), Санад оид ба валиањд (1701) ва Санад оид ба иттифоќ бо Шотландия (1706) ва ѓ. ќабул карда шудаанд, ки аксари онњо хусусияти конститутсионї дошта, то имрўз эътибори худро гум накардаанд.

Г.Г. Арутюнян* сарчашмањои ибтидоии дар воќеияти арманї татбиќ шудани истилоњи «конститутсия»-ро аз андешањои Мовсес Хоренатси (асри V) оид ба Маљлиси Аштишат (соли 365) таъкид менамояд, ки тибќи онњо аз љониби «конститутсияи динї» (кано- ническая конституция) «рањму шафќат» муќаррар карда шудааст.

Њамчунин Г.Г. Арутюнян ќайд менамояд, ки «конститутсия» дар забони арманї дар навбати аввал на маънои «муќаррар намудан», балки «муќаррар намудани њад»-ро доштааст.

Барои таќвияти андешањои худ аз Конститутсияи Акоп ва Шаамир Шаамирянњо ёдовар мешавад ва ќайд мекунад, ки Шаамирњо соли 1773 конститутсияи барои Арманистони соњибихтиёр навиштаи худро «Дом мондан ба шуњратпарастї» (Западня тщеславия) ном монданд.Онњо дар конститутсияи худ на танњо барои «озодињо», балки барои «шуњратпарастї ва маѓрурї» низ «њадди муайян» муќаррар намуда, чунин андеша доштанд, ки «чї ќадар ба мо некињои зиёде даркор аст, ки њаёти худро бо ќонунњо ва озодињо таъмин карда тавонем» ва ин ќонунњо бояд аз «мутаносибии њаёти инсонї, тибќи хоњиши руњи бошууронаи мо» бароянд.[6]

Олимони ќазоќ низ ќайд мекунанд, ки таљрибаи конститутсионии мамлакати онњо даврањои таърихии инкишофи онро инъикос мекунад ва дар рушди таърихии онњо санадњои конститутсионии зерин, ба монанди «Роњи тайкардаи Ќосимхон» (асри XVI), «Жетi жаргы» Таукхон (асри XVII) ва лоињањои конститутсионии њукумати Алаш ва конститутсияњои давраи шўравии Ќазоќистон 1917, 1926, 1937, 1978 ва 1999 наќши муњим бозидаанд.[7]

Афкори фалсафию сиёсию иљтимоии халќи тољик низ аз мављу- дияти чунин санадњои конститутсионї холї нест ва чуноне, ки Э. Рањмон дар суханронии худ ба муносибати 15-умин солгарди ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ќайд намуданд: «Гарчанде илми њуќуќшиносии мамолики Ѓарб ќонунњои асосї ва ќонунњои ин кишварњоро њамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи њуќуќу озодињои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар њаллу фасли ин масъала дар њошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи њуќуќи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним њазор сол ќабл аз ин ќабул гардида буд, кофист.

Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар њуќуќ ба озодии виљдон, њуќуќ ба озодии њаракат ва њуќуќ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиќ кардааст.

Аз ин рў, тољикон, ки дорои фарњанги волои инсондўстї мебошанд, татбиќи орзуву ормонњои ниёгони гузаштаи хеш ва њадафу талошњои донишмандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва њуќуќу озодињои он, ќадру ќимат ва шаъну номуси ў ба Конститутсияи худ љой доданд».

Аммо аз замоне, ки Конститутсия дар фањмиши имрўза њамчун муњимтарин њуљљати сиёсию њуќуќї ва институти демократї ба фазои сиёсию иљтимоии љомеаи башарї ворид гардид ва дар танзими муносибатњои љамъиятї наќши аввалиндараља ва калидиро касб кард, зиёда аз 225 сол сипарї мегардад. Ин сана аз соли 1787 аз ќабули аввалин конститутсияи навишташуда дар ИМА оѓоз меёбад, ки бо ќабули он конститутсия ба ќонуни асосии давлат табдил ёфт.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар рушд ва тањкими њуќуќи конститутсионї ва конститутсионализм наќши Эъломияи истиќлолият (1776) дар ИМА ва Эъломияи њуќуќи инсон ва шањрванд (1789) дар Франсия махсус ќайд карда мешавад. Бори аввал дар Эъломияи истиќлолият дар сатњи санади меъёрии њуќуќї ќайд гардид, ки сарчашмаи њокимият танњо халќ мебошад, давлат ва њукумат танњо дар он њолат њуќуќи мављудият доранд, ки агар онњо ба инсон хизмат намуда, манфиатњои ўро њифз намоянд.

Масъала дар хусуси ќабули санади олии њокимият, ки иродаи тамоми миллат ва халќро ифода карда тавонад, дар лоињаи амалинашудаи «созишномаи халќи»-и Кромвел (1653) низ пешбинї шуда буд, ки тибќи он шарти ќабули санади олии њокимият аз тарафи тамоми халќ ба имзо расидани он буд.

Баъдан файласуфи франсуз Ж.Ж. Руссо наќши халќро дар ба имзо расонидани конститутсия дастгирї ва таќвият дод. Ў ќайд мекунад, ки муќаррар намудани конститутсия розигии њамаи шањрвандонро таќозо дорад. Он бояд натиљаи ќарори якдилона буда, бояд аз тарафи тамоми шањрвандон ба имзо расонида шавад ва мухолифони конститутсия дар миёни шањрвандон бояд хориљиён њисобида шаванд.[8]

Ин моњияти махсуси конститутсия то имрўз мавќеи њукмфармоии худро дар назария ва амалияи конститутсионї гум накардааст ва бо «Мо, халќи… њамин конститутсияро ќабул мекунем ва эълон медорем», оѓоз шудани тамоми конститутсияњои олам, аз љумла Конститутсияи Љумњурии Тољикистон низ тасодуфї нест.

Президенти Љумњурии Тољикистон Э. Рањмон ба ин хусусияти муњими конститутсия, аз љумла Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дахл карда, дар иљлосияи XVII Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ќайд кардаанд, ки «Хусусияти асосї ва муњими Конститутсияи мазкур дар он аст, ки он на санади аз тарафи гурўњи одамон ќабулшуда, балки аз тарафи аксарияти халќ ќабул карда шудааст. Аксарияти ањолї ба Конститутсия овоз доданд. Ин дастоварди бузурги мо ба њисоб меравад».[9]

Дар Эъломияи фаронсавї аз 26 августи соли 1789 бори аввал ќайд карда мешавад, ки халќе, ки кафолати њуќуќ ва озодї ва принсипи таљзияи њокимиятро намедонад, конститутсия надорад. Ѓояи асосии Эъломияи зикршударо консепсияи баробарњуќуќї ва озодї, ки ба њар кас аз лањзаи таваллуд дахл дорад, ташкил медињад.

Њамин аст, ки Эъломия то имрўз пояи њуќуќи конститутсионии франсузиро ташкил медињад. Вай дар Конститутсияи Фаронса аз 4 октбяри соли 1958 тасдиќи худро ёфтааст. 16 июли соли 1971 Шўрои конститутсионии Фаронса Эъломияро њуљљати эътибории њатмии њуќуќї дошта эълон намуда, вайрон намудани онро ба ѓайрикон- ститутсионї будани санадњо баробар намуд.

Соли 2003 бошад, ЮНЕСКО њуљљатро ба Фењристи «Ёддоштњои љањон» ворид намуд.

Бо ин назардошт, конститутсия санади талаботи аввалиндараљаи давлат ва љомеа гардид ва 3 майи соли 1791 дар Полша, 3 сентябри соли 1791 дар Фаронса, соли 1809 дар Шветсия, соли 1811 дар Венесуэла, соли 1812 дар Испания, соли 1814 дар Норвегия, соли 1815 дар Нидерландия, соли 1831 дар Белгия, соли 1863 дар Люксембург ва дар дигар давлатњо конститутсияњо пайи њам ќабул гардиданд. Ѓоя дар хусуси он, ки конститутсия бояд дар њама давлат вуљуд дош­та бошад, дар тамоми љањон пањн гардид.

Конститутсия чунин санади умумии (универсалї) њуќуќї ва сиёсї гардид, ки дар он муњимтарин ва арзишмандтарин дастовардњои афкори сиёсиву њуќуќии љомеаи башарї, аз ќабили: бунёди давлати демократї ва њуќуќбунёд, таќсими њокимияти давлатї, сарчашмаи ягонаи њокимият будани халќ, демократияи намояндагї, тавассути раъйпурсиву интихобот ташкил кардани њокимият, арзиши олї будани инсон, њуќуќ ва озодињои он, дахлнопазирии њуќуќњои фитрии инсон, њуќуќ ба моликият ва њифзи он, дар асоси равияњои гуногуни сиёсї ва мафкуравї инкишоф ёфтани њаёти љомеа, дар асоси ќонун таъсис ва фаъолият намудани дастгоњи давлатї ва маќомоти давлатї, ўњдадории маќомоти давлатї ва шахсони мансабдори онњо оид ба њифзи њуќуќњои инсон ва шањрванд гирд оварда шудаанд, ки он ба мафњуми лотинии конститутсия - «барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан» - мувофиќ гардид.



[1] Ниг. Козлова Е.И., Кутафин О.Е. Дар њамон љо. С.72.

 

[2] Конституционное право зарубежных стран. Учебник для вузов, 2-ое изд. Под общ.ред. М.В. Баглая, Ю.И. Лейбо и Л.М. Энтина. М.: Норма, 2005. С 62.

[3] Ниг. Еллинек Г. Право современного государсва. СПБ.,1998. Т.1 С.391.

[4] Ниг. Достиев А.С. Конституция Республики Таджикистан 1994 года: История разработки, принятия и основные положения. Душанбе, АО «Матбуот», 2001. С.28.

[5] Ниг. Достиев А. С. Дар њамон љо.

[6] *Эзоњ: Арутюнян Г.Г.- Раиси Суди конститутсионии Арманистон, Раиси Конфронси маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи нав, узви Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, доктори илмњои хуќуќшиноси, профессор.

Арутюнян Г.Г. Конституционализм как фундаментальный принцип права в правовом государстве. Конституционное правосудие. Вестник Конференции органов конституционного контроля стран новой демократии 1 (55) 2012. С.8.

[7] Телембаев Ж. Конституция как основа для развития Казахстанской государственности и стабильного поступательного развития страны. Зангер. Вестник права Республики Казахстан № 8 (133)Тамыз/август 2012. С.83

[8] Ниг. Козлова Е.И., Кутафин О.Е. Конституционное право России. Учеб.-4-е изд., перераб. И доп.-М.:Проспект, 2010. С.67.

[9] Ниг. Рахмонов Э. Тољикистон дар роњи демократия ва љомеаи мутамаддин.Душанбе,1996. С 146.

 

Итоатгари ќонун будан, волоияти ќонунро таъмин кардан, ки муттаффакирони тамоми давру замон таъкид бар он доштанд, бо мурури замон «ба волоияти Конститутсия», «арзиши олї ва эътибори олии њуќуќї доштани Конститутсия», «риояи бечуну чарои Конститутсия ва мустаќиман амал намудани меъёрњои он» ва ѓ. табдил ёфт.

Чуноне, ки файласуф ва њуќуќшиноси маъруфи Юнони ќадим Хилона таъкид мекард: «Итоатгари ќонунњо бош, аввалан худро шинос. Ба њарфи ќонунњо нисбат ба он, ки ба нотиќон гўш медињї, бисёртар гўш андоз, зеро беќонунї ба парокандагї ва барњамхурии љамъият бурда мерасонад».

«Шоњон ва њокимон, - ќайд мекард файласуфи Юнони ќадим Суќрот, - онњое мебошанд, ки њукмфармої карда метавонанд, аммо на бо роњи зўроварї, балки бо ёрии ќонун».

Риояи ќатъии ќонунњо аз љониби мутафаккири бузург, ходими сиёсї ва математики машњур Пифагор некўкории олї њисобида мешуд.[1]

Вобаста ба чунин санади муњими њуќуќї ва сиёсї буданаш, мафњум ва моњияти калимаи конститутсия дар адабиёти њуќуќшиносї бо пањлў ва тобишњои гуногун рушд кард, ки дар миёни онњо: «санади дорои эътибори олии њуќуќї ва асоси њуќуќии њаёти љомеа будани Конститутсия», «танзимкунандаи асосњои ташкили давлат ва муносибати давлат ва инсон будани Конститутсия», «бархурдор будани Конститутсия аз суботу устувории махсус», «тибќи Конститутсия ба хотири таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд мањдуд кардани њокимияти давлатї», «маљмўи меъёрњои њуќуќии давлат будани Конститутсия ва ба меъёрњои он мувофиќат намудани меъёрњои њуќуќии дигар санадњои меъёрии њуќуќї», «таъминкунандаи суботи сиёсї ва тартибу низом дар давлат ва вањдати сиёсии халќ будани Конститутсия»[2] ва ѓ. наќши муайянкунанда доранд.

Тибќи консепсияи конститутсионализм, назарияи таљзияи њоки- мият ва њуќуќњои фитрии инсон - маќсади ќабули конститутсия муќаррар намудани њадди ба амал баровардани њокимияти давлатї, мањдуд намудани он дар чорчўбаи муайян, дар ваќти амалї намудани њокимият роњ надодан ба худсарї нисбати шохањои алоњидаи њокимият, инчунин нисбати шахсиятњои алоњида мебошад.[3]

Ба андешаи А.Д. Градовский «Хусусияти асосї ва умумии шакл- њои конститутсионї он аст, ки онро мањдудкунии њокимияти давлатї номидан мумкин аст».[4]

Олимони англис Е. Уэйд ва Г. Филлипс ќайд мекунанд, ки «Зери мафњуми конститутсия одатан њуљљати дорои ањамияти махсуси њуќуќї фањмида мешавад, ки тибќи он асосњои ташкилї ва функсияи маќомоти идоракунии давлат муайян карда шуда, присипњои муайянкунандаи фаъолияти ин маќомот ташаккул меёбанд».[5]

Ф.Лассал дар маърўзаи худ «Моњияти конститутсия» ќайд менамояд, ки «конститутсияи воќеии мамлакат-ин амалан таносуби ќуввањои дар мамлакат мављудбуда мебошад, конститутсияи навишташуда он ваќт устувор аст ва ањамият дорад, ки таносуби воќеии ќуввањои љомеаро инъикос карда тавонад».[6]

Њамин тариќ, конститутсия то ба дараљаи соњиб шудан ба унвони ќонуни асосии давлат эволютсияи дуру дарози таърихиро аз сар гузаронида, амалан синтези афкори пешќадами фалсафию сиёсї, њуќуќию фарњангии љомеаи башарї мебошад, ки Љумњурии Тољикистон бо такя аз таљриба ва арзишњои вуљуддоштаи давлату давлатдорї, анъанањои ќабул кардани конститутсияњо, раванди конститутсионализм ва таљрибаи 70-солаи конститутсионализми сотсиалистии худ (конститутсияњои солњои 1929, 1931, 1937 ва 1978) 6 ноябри соли 1994 конститутсияи давлати соњибихтиёру демократї, њуќуќбунёду иљтимоии худро ќабул ва эълон намуд.

Ќабули Конститутсия ба давраи шикасти низоми авторитарї-тоталитарии идоракунии шўравї, саъю кўшиш ва талоши роњбарияти давлати тозабунёд љињати дарёфти роњи инкишофи миллї ва давраи љанги шањрвандї, ки якпорчагї ва истиќлолияти давлатии Тољикистонро зери суол ќарор дода буд, рост омад ва чуноне ки Э.Рањмон ќайд намуданд: «Халќи Тољикистон бо вуљуди вазъи душвори сиёсиву иќтисодї ва нобасомониву мушкилоти солњои аввали истиќлолият, бо камоли масъулияти шањрвандї, дарки ќарзи ватандорї ва такя ба арзишу муќаддасоти таърихиву фарњангии худ… нахустин Конститутсияи давлати соњибистиќлоли худро ќабул карда… орзую ормонњои чандинасраи ниёгони хешро амалї намуд».[7]

Конститутсия давлатро зери њукмронии њуќуќ тобеъ намуда, фаъ­олияти тамоми шохањои њокимият, дастгоњи давлатї ва роњбарияти сиёсии кишварро ба маљрои конститутсионї равона намуд. Давлат тамоми имконият ва захирањои мављудаи худро барои рањої ёфтан аз љанги шањрвандї, таъмини тамомияти арзї ва якпорчагии давлат, баргардонидани њамватанони бурунмарзї, њифз ва кафолати њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд сафарбар намуд.

Натиљањои фаъолияти конститутсионии зикршударо дар баробари расидан ба вањдати саросарии миллї, инчунин рушду инкишофи асосњои давлату давлатдорї, обрў ва эътибори байналмилалї ва фаъолияти назарраси созандагию бунёдкории давлати соњибистиќлол ташкил медињад.

Бояд зикр кард, ки таъмини волоияти конститутсия њамчун санади олии њуќуќї ва муайянкунандаи ќоидаи амал ва рафтори навиштаи давлат ва љомеа бе фарњанги волои конститутсионї ѓайри имкон аст.

Фарњанги конститутсионї аз муносибати давлат, њокимият, шах- сони мансабдор ва њар узви љомеа ба Конститутсия, риояи бе чуну чарои меъёрњо ва принсипњои он ва тайёр будани давлат ва љомеа барои зистан дар фазои конститутсионї бањо дода мешавад.

Дар ин замина ањамияти фарњангии Конститутсия барои давлат ва љомеа, њамчунин таъсири фарњанг ва анъанањои ташаккулёфтаи миллї ба конститутсия ва дар навбати худ таъсири конститутсияро дар рушд ва тањкими фарњанги миллї махсус бояд ќайд кард.[8]

Њаќ бар љониби Д. Левин аст, ки дар тадќиќоти худ бахшида ба 200-солагии Конститутсияи ИМА муњимияти махсуси ин санад­ро нишон дода, ќайд менамояд, ки «Конститутсия - ин на матн, ин низоми арзишнок аст, арзишњое, ки зинда буда, такрор мешаванд ва њаёти љомеаро пеш мебаранд».[9]

Роджер Голдман се хусусияти асосии фарњанги конститутсионии амрикоиро ќайд менамояд:

– таъкид кардани њуќуќ (акцентирование прав) аз њисоби ўњда- дорињо;

– наќши марказии њокимияти судї дар масъалаи њифзи њуќуќи инсон;

– эњсоси Конститутсияи амрикої њамчун «њуљљати зинда»-и инки- шофдињандаи воќеият.[10]

Фарњанги конститутсионї - мафњуми абстрактї набуда, дар њама љабњањои моддии љомеаи иљтимої зоњир мегардад. Њамчунин он аз мављудияти конститутсияи навишташуда ва иродаи њокимиятдорон вобаста набуда, дар заминаи мустањками арзишњо ва ѓояњои маънавї ва моддии коркардашуда, побарљомонда ва баркашидашуда пайдо шудааст.

Хусусияти фарњанги конститутсионї дар он ифода меёбад, ки «ќонуни асосї» бояд дар худ њама гуна низоми эътирофшудаи арзишњои љомеаи шањрвандиро дар бар гирад, њифзи боэътимодноки онњоро кафолат дода, устуворї ва пешравии мамлакатро махсусан дар шароити љањонишавї ва хатарњои замони муосир, ки инсоният ба онњо рў ба рў шудааст, таъмин карда тавонад.

Вобаста ба ин, солњои охир дар адабиёти илмї ќайд карда мешавад, ки сатњ ва моњияти конститутсионализмро на мављудияти конститутсия дар љомеа муайян мекунад. Балки конститутсионализм - ин мављудияти низом ва арзишњои конститутсионии њаёти воќеии љомеа мебошад, ки инъикоси худро дар низоми њуќуќї ёфтаанд.

Њамин тариќ, фарњанги конститутсионї - низоми муайяни ар- зишњои таърихан ташаккулёфта, аќидањо, тасаввурот, идроки њуќуќї, шуури њуќуќии муътадили аз таљрибаи наслњо ва тамоми инсоният бойгардида арзёбї мегардад, ки барои дар љомеаи иљтимої муќаррар намудани кафолати ризоияти љомеа ва ќоидањои асосии рафтори демократї ва њуќуќї замина мегузорад.

А. Имомов ќайд менамояд, ки «Гузаштан ба низоми конститут-сионї дар таърихи њама гуна давлат худ ба худ зуњуроти мусбї аст, аммо ин ба тариќи автоматї ба ташаккули шуури конститутсионї оварда намерасонад. Ба ин њадаф бояд ба тадриљ расид ва ин роњ метавонад як давраи томро дар бар гирад».[11]

Имрўзњо, ки мо дар арафаи 18-умин солгарди Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ќарор дорем, бояд мављудияти ин санади олии таќдирсози миллатро дар њаёти љомеа аз њар ваќта дида њассостар эњсос намоем. Дар доира ва мењвари ин санад зистанро омўзем, меъёрњо ва муќаррароти онро ќоидаи рафтори худ ќарор дињем ва арзишњои онро чун гавњараки чашм њифз намоем.

Онро њамчун бузургтарин дастовард, роњнамо ва пайвандгари наслњо дар ќатори чунин ифтихору сарбаландии инсонї ва миллии худ: ватану ватандорї, худшиносї, худогоњї ва њуввияти миллї љойгузин намоем. Бо такя ба арзишњои умумибашарию миллї, дарки моњият ва мазмуни созандаю бунёдкоронааш онро як љузъи таркибии ѓояи миллї эътироф намоем. Аз хотир набарорем, ки устувории конститутсия-ин устувории љомеа ва давлат буда, устувории љомеа ва давлат-устувории конститутсия мебошад.

Расидан ба њадафњои зикршуда аз њар фарди љомеаи Тољикистон новобаста аз мавќеи иљтимої масъулияти баланди шањрвандї, риоя ва эњтироми Конститутсия ва ќонунњо ва аз њокимият фаъолияти бо низоми конститутсионї, таъмини кафолати њамаљонибаи њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, оштинопазириро нисбат ба ќонуншиканињо ва њуќуќвайронкунињо аз љониби њама гуна маќомот ва кормандони онњо, ки тавассути ќарорњои ѓайриќонунии онњо њуќуќу озодињои шањрвандон вайрон гардида, боиси сарсонию саргардонии онњо мегарданд, таќозо дорад.

Садсолањо паси њам сипарї мешаванд. Мо итминони комил дорем, ки шањрвандони мамлакат ќабули нахустин Конститутсияи Тољикистони соњибистиќлоли худро дар фазои худшиносиву худогоњии миллї, вањдати миллї, тинљию оромї ва якпорчагии давлати њаќиќатан иљтимоию шањрвандї пешвоз мегиранд. Меъёрњои онро бо мазмуни нав ва воќеияти таърихї кафш ва дарк менамоянд, тањким мебахшанд ва дар роњи инкишофи давлати мутамаддини худ чароѓи њидоят менамоянд.



[1] Общая теория государства и права. Академический курс в двух томах. Учебник для вузов. Том 1. Ответ.ред. проф. М.Н. Марченко. М., «Зерцало», 1998. С. 381.

[2] Достиев А.С. Конституция Республики Таджикистан 1994 года: История разработки. Принятия и основные положения. Душанбе, АО «Матбуот». 2001. С.3-6.: Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумхурии Тољикистон. Зери тањрири Академики АИ ЉТ М.А. Мањмудов. Душанбе. Шарќи озод. С.15-17.: Конституционное право зарубежных стран. Учебник для вузов, 2-ое изд., Под общ.ред. М.В. Баглая, Ю.И. Лейбо и Л.М. Энтина. М.: Норма, 2005. С. 61-68.

2. Конституционное право зарубежных стран. Учебник для вузов, 2-ое изд. Под общ.ред. М.В. Баглая, Ю.И. Лейбо и Л.М. Энтина. М.: Норма, 2005. С.61-68.

[3]3. Градовский А.Д. Государственное право важнейших европейских держав. СПб.,1985 с.3.

[5] Уэйд У., Филлипс Г. Конституционное право. М.1950. С.3.

[6] Лассал Ф. Сущность конституции: Что дальше? СПб.,1905. С.33-34.

[7] Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Э.Рањмон дар Конференсияи байналмилалии илмию амалии «Маќомоти назорати конститутсионї дар шароити њамгироии системањои њуќуќї: таљрибаи байналмилалї ва амалияи Тољикистон» Душанбе 3-4 ноябри соли 2010. Ахбори Суди конситутсионии Љумњурии Тољикистон №4, 2010. С.7.

[8] Ниг. Сотиволдиев Р.Ш. Ањамияти байналмилалї ва фарњангии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон. Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, №1, 2009. С.24-30.

[9] Арутюнян Г.Г. Слагаемые конституционализма: верховенства права стабильное развитие. Вестник Конференции органов конституционного контроля стран новой демократии 1 (55) 2012. С.9.

*(Британияи Кабир, Шветсия, Зеландияи нав, Исроил дар назардошта шудаст, ки конститутсияи навишташуда надоранд).

[10] Дар њамон љо. С.9.

[11] Имомов А. Управление государственности и создание гражданского общества в Таджикистане.Душанбе- 2003. С.82.

 

 

 

Имомов А.- мудири шуъбаи њуќуќи давлатии

Институти фалсафа, сиёсатшиносї

ва њуќуќи АИ ЉТ, н.и.њ., дотсент

Шањрвандї: тобеъият ё робитаи устувори њуќуќї-сиёсии инсон ва давлат

Дер боз дар сањифањои воситањои ахбори омма бо њар сабаб оид ба мафњум ва мазмуни падидаи њуќуќї-конститутсионии шањрвандии Љумњурии Тољикистон андешањои мухталиф баён мегарданд. Воќеан на њар як маводи тањлилию тафсирии дар воситњои ахбор ба чоп расида, сарчашмаи боэътимоди илмї мебошанд. Аммо дар баъзеи онњо дар хусуси масъалањое андешањои барѓалат ё норавшане баён мегарданд, ки дар сатњи ќонунњо мазмун ва таъиноти онњо кайњо муайян шудаанд. Дар хусуси ин мавзуњо фикру андешаи худро дуруст ё нодуруст ифода кардан ба сатњи маърифати соњиби ќалам вобаста аст, вале таърифи онњо ба афкори љомеа зарар дорад. Дар доираи ќонунњои муайянкарда дуруст тафсир намудани онњо ба баландшавии сатњи донишу маърифати мардум мусбї мусоидат мекунад. Баръакси ин дур шудан аз ин доира ва падидаи њуќуќиро мувофиќи тасаввур ва феъли худ ба ќалам додан боиси иштибоњ ва ноќисии ахбор мегардад. Хусусан, падидањои њуќуќие, ки дарки мазмуни онњо имрўз барои њар як фард зарур ва муњим мебошад, бояд дар сатњи ќонунњои амалкунанда тафсири худро ёбад.

Яке аз чунин падидањои њуќуќї шањрвандии Љумњурии Тољикистон мебошад, ки мазмун ва таъиноти њуќуќии он дар Конститутсия ва Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи шањрвандии Љумњурии Тољикистон» ва баъзе дигар санадњои меъёрии њуќуќї муќаррар ва танзим шудааст. Ќонуни конститутсионии мазкур ба љойи ќонуни пешина «Дар бораи табаияти Љумњурии Тољикистон» (27 июни соли 1991) ќабул шудааст. Ваќте ки дар соли margin-bottom: .0001pt; text-align: justify; text-indent: 35.45pt;/spanохири мављудияти њокимияти шўравї ќабули ќонун дар бораи шањрвандї зарур гардид, ќонунгузорони љумњурї тавсияи дар хусуси бебозгашт ќабул кардани ибораи «span style=шањрвандї» паз ируфта нашуд ва ба љойи он ибораи «табаият» маъќул д href=quot;Times New Roman Tjониста шуд. Њол он, ки ин ибоspan style=ра ба#_ftnref8 сохти љумњуриявии давлат моњиятан рост намеомад.

Тарафдорони ба љойи шањрвандї ба кор бурдани ибораи «табаият» дар он аќида мебошанд, ки одам доим дар тобеи давлат мебошад ва робитаи ў бо давлат дар итоаткорї ифода меёбад. Азбаски дар давраи шўравї аксари падидањои њуќуќї ва сиёсї дар сатњи иттифоќ бо забони русї даставвал ифода меёфтанд, соњибони забони миллї ба пайдо кардани иборањои њамарзиши «гражданият» кўшиш накарда, тарњи русии онро дар њама њолат истифода мекарданд. Хусусан, дар забони тољикї чунин иборањо ба монанди «гражданият», «гражданин» ва «гражданинњо» ба љойи иборањои тољикии шањрвандї, шањрванд ва шањрвандон афзал шуморида мешуд. Ваќте имкони ба асли хеш баргаштани миллат ва баргардонидани забони хеш оѓоз ёфт, соњибони забони тољикї ба барќарор кардани забони модарї бо гаронї раѓбат зоњир карданд. Аз ин рў, ибораи шањрвандї дар забони ќонунњои Тољикистон бо душворї ба худ роњ ёфт.

Онњо ба озодии шахс, ќобилияти шуурнокона ва мустаќилона амал кардан ва мухторияти ўро эътироф намекунанд. Дар симои одам субъекти мустаќили њуќуќ, иштирокдори фаъоли муносибатњои њуќуќї-сиёсиро дарк кардан намехоњанд. Инсон аз диди онњо объекти њокимияти давлатї буда, ќувваю идроки бунёдкорона надорад. Тибќи чунин мавќеъ онњо њокимияти давлатиро мутлаќ медонанд, вобастагии онро ба халќ сарфи назар мекунанд. Дар асл ингуна хулосагирї ба давраи сохтори мутлаќият хос буда, инсоният мунтазам барои аз чунин мавќеъ ва сохтори сиёсї озод кардан љидду љањд кардааст. Дар натиља дар ќонунгузории аксари давлатњои мутамаддин робитаи байни давлат ва инсон аз руйи эњтимоли эътирофи ќадру ќиммати инсон муќаррар ва танзим ёфтааст. Фаќат дар давлатњое, ки ба онњо низоми тоталитарї ё авторитарии идора хос аст, аз љумла давлатњои сотсиалистї дар сатњи ќонун вобастагии инсонро ба давлат ва берун аз он арзиш надоштани ўро муќаррар кардаанд. Дар давраи шўравї ќонунгузории иттифоќї ва љумњурињои иттифоќї низ дар њамин замина ќарор гирифта буданд.

Дар луѓати энсиклопедии њуќуќии нашри охирини давраи шўравї, ки соли 1987 ба чоп расида буд, дар асоси ќонуни ИЉШС дар бораи шањрвандї, дар зери мафњуми шањрвандї аз љињати сиёсї ва њуќуќї таалуќ доштани шахс ба давлати умумихалќии шўравии сотсиалистї дониста шуда буд. Яъне сухан фаќат аз тааллуќ доштани шахс ба давлати шўравї мерафт. Ба шањрванд тааллуќ доштани њуќуќу озодињо дар сатњи конститутсия ва ќонунњо гарчи эълон гашта буд, аммо онро њамчун аз тарафи давлат ба шахс вогузор карда шуда дониста мешуд. Вобаста ба ин, мавќеи њуќуќњои инкорнашавандаи фитрии инсон дар низоми њуќуќу озодињои эълоншуда чандон усутувор набуд.

Дар солњои бозсозї аллакай ѓалат будани ин гуна эњтимол ошкор гашта, дар сарчашмањои илмии њуќуќї даст кашидан аз ин мавќеъ тавсия карда мешуд. Бо вуљуди ин, ќонуни охирини давраи шўравии Тољикистон дар ин мавзўъ «Дар бораи табаияти Љумњурии Тољикистон» номида шуд. Ба ин муносибат дар бораи фарќи мафњуми «шањрвандї» аз «табаият» ќадре таваќќуф намудан зарур аст.

Таърихан дар забони адабии тољикї ибораи шањрвандї ба кор намерафт, зеро ки пайдоиши ин мафњуми сиёсї-њуќуќї ба давраи муайяни таърихии рушди давлат алоќаманд аст. Далели ин фикр он аст, ки дар китоби нодири «Фарњанги забони тољикї» (Иборат аз ду љилд. Љилди 2 (Аз асри Х то ибтидои асри ХХ). - М: 1969. - 578) калимаи «шањрванд» тафсир дода нашудааст. Вале калимањои «шањрї» њамчун «сокини шањр» ва «шањрнишин» дода шудааст. Оид ба «табаа» њамчун «тобеъ» шарњ дода шудааст (с. 292). Тољикон, ки дар таърихи навини худ аз давлатдории миллии худ мањрум ва дар њайати сохти идораи аморату њокимияти подшоњї ва минбаъд дар сохтори шўравї љойгир буданд, барояшон ѓояи шањрвандї ноошно ва онро дар аслаш истифода намекарданд. Ба онњо калимањои «табаа» ба маънои тобеъ; «табаият» ба маънои тобеъ шудан, тобеият; «табаъ» ба маънои тобеъ, пайрав бештар ошною фањмо буд. Дар забони тољикї калимаи «шањрвандї» мавќеи хоса пайдо накарда буд. Тибќи ин фасли дуюми Конститутсияи ЉШС Тољикистон соли 1978 «Давлат ва шахс», аз бобњои «5. Гражданияти РСС Тољикистон. Баробарии гражданинњо» ва «6. Њуќуќ, озодї ва вазифањои асосии гражданинњои РСС Тољикистон» иборат буд.

Истилоњи «табаият» (дар маънои «дар тасарруф», хислати таърихї дорад), падидаи ќаблии њуќуќї-давлатии пањнгардидае буд, ки робитаи фардии њуќуќии шахсро бо сохтори мутлаќият инъикос мекард. Дар сохтори мутлаќияти шоњї, итоати пурраро ба иродаи шоњ ифода мекард, ки метавонист ба табаа њуќуќњо тўњфа намояд ва аз он мањрум созад (њатто тобеинро аз њаёт мањрум карда метавонист). Фаќат татбиќи баъзе заминањои сохторї конститутсионї ба тобеин додани кафолати њадди аќали њуќуќ ва озодиро мумкин гардонид. Вазъи табаият дар риояи вазифаи итоат ба њокимияти давлатї (на фаќат ѓайрифаъолона, балки фаъолона ба иљро расонидани вазифањо, ба монанди вазифаи њарбї, супурдани андоз ва ѓайра) ва риояи садоќат ба давлат ва њоказо ифода меёбад. Баромадан аз табаият бо розигии шоњ љой дошта метавонист, баромадан бе розигии ў љиноят ба њисоб мерафт.

Бекоршавии падидаи «табаият» бо таъсири инќилоби кабири франсузї (асри XVIII) ва ќабули аввалин конститутсияњои буржуазї сурат гирифтааст. Минбаъд раванди гузариш ба сохтори конститутсионї дар аксари давлатњо ба падидаи табаият хотима гузошт ва љойи онро падидаи «шањрвандї» бебозгашт ишѓол кард. Њатто дар давлатњои њозираи подшоњї низ раванди даст кашидан аз падидаи табаият мунтазам ба худ роњ ёфта, падидаи шањрвандї маќбул ва дар сатњи ќонунгузорї танзим ёфта истодааст. Зеро ки падидаи шањрвандї сатњи баланди робитаи байни шахс ва давлатро ифода карда, дар заминаи њуќуќу ўњдадорињои тарафайн ќарор ёфтааст. Конститутсияи ЉТ мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрвандонро, танњо бо маќсади таъмини њуќуќ ва озодињои дигарон, тартиботи љамъиятї, њимояи сохти конститутсионї ва тамомияти арзии љумњурї пешбинї мекунад (ќисми сеюми моддаи 14 Конст. ЉТ).

Дар асл падидаи шањрвандї тобеияти шахсро ба давлат таќозо намекунад, балки робитаи дар заминаи ќонун ќарордоштаи давлат ва шахсро ифода мекунад. Бинобар ин, асосњои пайдо кардани шањрвандї ва ќать гардидани он аксаран бо ташаббуси худи шањрванд сурат мегирад. Мањз бо ин сабаб дар Ќонуни ЉТ ва ќонунњои дигар давлатњо дар бораи шањрвандї меъёр дар хусуси аз тарафи давлат мањрум кардани шахс аз шањрвандї љой надорад.

Дар моддаи 16 Конститутсияи ЉТ муќаррар карда шудааст, ки «њељ як шањрванди љумњуриро ба давлати хориљї супурдан мумкин нест. Супурдани љинояткор ба давлати хориљї дар асоси шартномаи тарафайн њал мешавад». Дар боби сеюми Ќонуни конститутсионї «Дар бораи шањрвандии Љумњурии Тољикистон» асосњои ќатъ гаштани шањрвандии ЉТ, мавридњои баромадан аз шањрвандии ЉТ, мањрум гаштан аз шањрвандии ЉТ, тартиби бекор кардани ќарори ќабул шудан ба шањрвандии ЉТ муайян карда шудаанд. Аммо дар онњо бо ташаббуси давлат мањрум намудани шахс аз шањрвандии ЉТ пешбинї нашудааст. Мавридњои мањрум гаштани шахс аз шањрвандии ЉТ, ки ќонуни мазкур муќаррар кардааст, ба амал ва ё беамалии шањрванди ЉТ дар хориљи кишвар алоќаманд аст. Аз љумла, дар давлати хориљї ба хизмати њарбї, хадамоти амният, полис, маќомоти адлия ва маќомоти дигари њокимияти давлатї ба кор гузаштан, дар давоми панљ сол дар хориља доимї зиндагї карда, бе сабабњои узрнок аз ќайди консулї нагузаштан касро аз шањрвандии ЉТ мањрум месозад. Тавре ки дида мешавад, ќонун асоси дигареро муќаррар накардааст, ки он ба давлат њуќуќи мањрум гардонидан аз шањрвандии Тољикистонро дода бошад.

Аммо худи ќонун ба шањрванди Тољикистон имкон пешбинї кардааст, ки унвони шањрвандии худро њифз намояд. Яъне, аз тарки шањрвандї худдорї намояд, ба аз даст додани шањрвандии худ роњ надињад, њуљљатњои ќабул гаштан ба шањрвандиро бенуќсон пешнињод намояд, дар интихоби шањрвандии худ бо андеша амал кунад.

Падидаи њуќуќї-конститутсионї ва сиёсии шањрвандї ба робитаи шахс ва давлат таъсири њалкунанда дорад. Ва ин робита дар заминаи чунин асосњо ќарор мегирад:

Инсон, њуќуќ ва озодињои он арзиши олї мебошанд;

Њаёт, ќадр, номус ва дигар њуќуќњои фитрии инсон дахлнопазиранд. Њуќуќи шањрвандї њуќуќи дахлнопазири инсон мебошад;

Дар Тољикистон халќ баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї мебошад;

Халќи Тољикистонро шањрвандони Тољикистон ташкил менамоянд;

Њуќуќу озодињои шањрванд ба воситаи Конститутсия, ќонунњо ва санадњои байналмилалии Тољикистон эътироф карда, њифз карда мешаванд;

Њуќуќу озодињои шањрванд бевосита амалї гашта, ба воситаи њокимияти судї ва сохторњои давлатї ва љамъиятии њифзи њуќуќи инсон кафолат дода мешавад;

Мањдуд кардани њуќуќу озодињои шањрванд танњо дар асосњои пешбиникардаи конститутсия ва ќонунњо, љой дошта метавонад;

Шањрванди Тољикистон дар хориљи кишвар тањти њимояи давлат мебошад. Њељ як шањрванди љумњуриро ба давлати хориљї супурдан мумкин нест. Супурдани љинояткор ба давлати хориљї дар асоси шарномаи тарафайн сурат мегирад.

Дар Љумњурии Тољикистон њар шахс њуќуќи шањрвандї дорад. Касеро аз шањрвандї ё њуќуќи таѓйир додани он мањрум кардан мумкин нест;

Собиќ шањрванди Тољикистон, ки аз шањрвандї мањрум шудаанд, бо дархости онњо дар шањрвандї барќарор шуда метавонанд;

Мансубияти шањрванди Тољикистон ба шањрвандии давлати дигар норавост, ба истиснои мавридњои ќонун ва шартномањои байнидавлатї муќарраркарда;

Берун аз њудуди Тољикистон зиндагї кардани шањрванди Тољикистон, шањрвандии ўро ќатъ намегардонад;

Њама дар назди ќонун ва суд баробаранд;

Њар кас њаќќи зиндагї дорад. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медињад.

Хотирнишон кардан ба маврид аст, ки Тољикистон фаќат бо давлати Русия шартномаи душањрвандї дорад. Њамин омил асос додааст, ки дањњо њазор муњољирони иљбории мењнатии аз Тољикистон ба Русия рафта, шањрвандии ин мамлакатро пайдо карда, бо ањли оилаи худ барои зиндагии муќимї маскуни он љой шудаанд. Ѓайр аз ин, њазорњо оилањои љавони касбу кор доштаи тољик муддати солњост, ки ба тариќи бозии лотереи гринкартњои Ийолоти Муттањидаи Амрикоро бурд карда, ба он сўи уќъёнус барои зиндагии муќимї кўчида мераванд.

Њар як кас дар ягон умумияти њамзистии инсоние ќарор дорад, ки бо ќоидањои дохилии худ аз њамдигар фарќ мекунад. Њамон умумияте боиси таваљљуњу эњтиром ва дастгирии инсонњост, ки дар он дар њадди муайян меъёрњои одобию ахлоќї, ќоидањои њуќуќї ва интизомї риоя гашта, муњити баробарњуќуќї ва озодии шахс њукмфармост. Давлат низ чунин умумияти њамзистии бузурги одамон мебошад, ки дар он нисбат ба њар як умумияти дигар бештар ќонуну ќоидањои њуќуќї, самтњои асосии њастї ва фаъолияти одамон ва иттињодияњои онњо, ташкилу фаъолияти маќомоти давлатї ва шахсони мансабдор муайян карда мешавад. Яъне давлат нисбат ба њар фарде ё иттињоде бештар ба ќонун вобастагї дорад, зеро ки сарчашмаи њокимияти давлатї иродаи халќ буда, он асосан дар ќонунњо ифодаи худро меёбад. Албатта, дастгоњи давлатї дар эљоди тањияи ќонунњо сањми бештаре дошта, манфиати њокимияти давлатиро њарчи зиёд инъикос менамояд. Вале дар њар њолат њам онњо бар хилофи иродаи халќ амал карда наметавонанд. Аз ин рў, ќонун бояд ифодакунандаи манфиати халќ, давлат ва шањрвандон бошад. Мањз ба њамин муносибат њар яке аз онњо субъектони мустаќили њуќуќи конститутсионї мебошанд.

Тибќи ин омилњо њар як субъекти њуќуќ дорои њуќуќ ва вазифањо мебошад. Фаќат дар доираи онњо давлат ва шањрванд бо якдигар робита намуда, нисбати якдигар њуќуќу вазифа доранд. Ин ќоидаи эътирофшудаи давлати демократї мебошад ва аз он дур гаштан хилофи моњияти расму ќоидањои демократї ва ѓасби њокимияти давлатї мебошад.

Мањз дар њамин заминањо шањрванд дар тобеъяти давлат набуда, балки дар робитаи устувори њуќуќї-сиёсї бо он ќарор дорад ва дар муайян сохтани њадди ин робита наќши фаъолонаю бунёдкоронаи шањрванд низ омили муњим мебошад.

Ба таври анъанавї дар илм ва ќонунгузории конститутсионї, инчунин њуќуќи байналмилалї яке аз асосњои пайдо кардан ё ќатъ гаштани шањрвандї њуќуќи интихоби он дониста шудааст. Мувофиќи он шахс дар шањрвандї мондан ва ё ќать кардани онро бо ихтиёри худ мустаќилона њал менамояд.

Дар адабиёти њуќуќии конститутсионї, њуќуќи интихоби шањрвандиро шакли осонкардашудаи интихоб ва ќать гаштани шањрвандї (оптатсия) меноманд. Њуќуќ ба интихоби шањрвандї ва ќатъ кардани шањрвандї дар сурати мувофиќи шартномаи байналмиллалї аз таркиби як давлат ба давлати дигар гузаштани њудуди муайян пайдо мешавад. Яъне ин њуќуќ фаќат ба он сокиноне, ки дар марзи муайяни аз њудуди як давлат ба давлати дигар гузаштаистода муќимї истиќомат доранд, тааллуќ дорад.

Њуќуќи интихоби шањрвандї асоси байналмиллалї дорад. Мувофиќи Эъломияи умумии њуќуќи башар њар кас њуќуќи интихоби озоди мањалли зист дар ќаламрави давлати мазкур, тарки њар кадом давлат, аз љумла давлати худ ва бозгашт ба он дорад (моддаи 13). Айнан чунин њуќуќ дар Паймони байналмиллалї дар бораи њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї аз соли 1966 (моддаи 12), Конвенсияи Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар бораи њуќуќ ва озодињоии асосии инсон аз соли 1995 (моддаи 22) ва дигар санадњо бахшида ба шањрвандї муќаррар карда шудааст.

Дар асоси ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва мувофиќи шарт­номаи байналмиллалии Тољикистон дар њолати таѓйирёбии сарњади давлатї, шахсони дар њудуди мансубияти давлатиаш дигаршудаистода истиќоматдошта, мувофиќи тартиб ва муњлати муќарраршуда њуќуќ ба интихоби шањрвандї доранд. Мувофиќи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи шањрвандї» яке аз асосњои пайдо кардани шањрвандии Љумњурии Тољикистон роњи интихоби шањрвандї (оптатсия) мебошад, ки дар сурати таѓйирёбии мансубияти сарњади давлатии њудуди муайян ба вуќўъ мепайвандад. Дар асоси моддаи 26 ќонуни мазкур агар сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон мувофиќи тартиби муайянкардаи ќонунгузорї таѓйир ёбад, шахсони сокини њудуде, ки мансубияти давлатиаш таѓйир ёфтаст, њаќ доранд мутобиќи тартибу муњлати дар шартномаи байналмиллалии Љумњурии Тољикистон муайянгардида шањрвандии Тољикистон ё шањрвандии дигар давлат­ро интихоб намоянд. Њамзамон ќонуни мазкур яке аз асосњои ќатъ гаштани шањрвандии Љумњурии Тољикистонро бо роњи интихоби шањрвандї муќаррар кардааст (банди «д» моддаи 27).

Ќонуни конститутсионии мазкур маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон, ки њалли корњо оид ба шањрвандиро дар ихтиёр доранд ва ваколатњои онњоро нишон додааст. Аз љумла, ваколати Президенти Љумњурии Тољикистон, Комиссия оид ба масъалањои шањрвандии назди Президенти ЉТ, Вазорати корњои хориљии ЉТ, Вазорати корњои дохилии ЉТ, намояндагињои дипломатї ва консулгарии ЉТ-ро муайян кардаанд. Вале дар ваколати њељ як аз онњо њалли масъалањои вобаста ба интихоби шањрвандї дар сурати таѓйир ёфтани сарњади давлатии ЉТ пешбинї нашудааст. Дар Низомномаи тартиби баррасии масъалањои шањрвандии ЉТ, ки бо фармони Президенти ЉТ аз 21 ноябри соли 1996, №611 тасдиќ шудааст, низ тартиби баррасии масъалаи интихоби шањрвандї дар сурати таѓйир ёфтани сарњади ЉТ муќаррар карда нашудааст. Дар ќонуни конститутсионии мазкур ва ин низомнома оид ба тартиби њалли ин мавзуъ як навъ холигї (пробел) ба назар мерасад.

Мувофиќи анъана ва тартиби муќарраршуда дар њуќуќи байналмилалї интихоби шањрвандї (оптатсия) дар он суръат љой дошта метавонад, ки агар як ќисми њудуди давлати њамсоя ба њайати Тољикистон њамроњ гардад, њамчун ќоида шахсони дар он марз сукунат дошта бе мурољиати махсуси онњо ба маќомоти ваколатдори давлатї, баъди гузаштани муњлати муайяншуда, шањрвандии ЉТ-ро пайдо мекунанд. Ба даст овардани шањрвандии Тољикистон бо додани шиносномаи шањрванди ЉТ расмї гардонида мешавад. Аммо чунин мурољиат аз номи шахсе, ки шањрвандии ЉТ-ро пайдо кардан намехоњад, бояд дар муњлати муќарраршуда дар шакли аризаи хаттї пешнињод карда шавад. Дар ин сурат ин шахс љойи истиќомати худро тарк менамояд ва ба љойи дилхоњи худ ба дохили мамлакат кўч мебандад.

Агар мувофиќи шартномаи байнидавлатї њудуди муайяне аз њайати Љумњурии Тољикистон ба њайати давлати дигар њамроњ карда шавад, шахсони дар он истиќоматдошта мувофиќан аз шањрвандии ЉТ мебароянд. Мурољиати махсус дар ин хусус ба маќомоти давлатии Тољикистон зарур нест. Аммо агар сокини ин њудуд хоњиши шањрвандии ЉТ-ро нигоњ доштан дошта бошад, ў бояд ба тарзи фардї дар муњлати муќарраршуда дар ин хусус ариза пешнињод намояд. Дар ин њолат ў ба минтаќаи дохили љумњурї кўчонида мешавад.

Тартиби махсус ва муњлати интихоби шањрвандї дар сурати таѓйири њудудї, дар шартномаи байналмилалии ЉТ муайян карда мешавад. Бо гузаштани муњлати дар шартнома муайяншуда имкони бо роњи оптатсия таѓйир додани шањрвандии Љумњурии Тољикистон ќатъ мегардад.

Танзими њуќуќии тартиби њалли масъалањои шањрвандї вобаста ба таѓйирёбии сарњади давлатї масъалаи рўзмарраи сиёсї ва муњим мебошад. Зарур аст, ки ќаблан тартиби њалли онњо муайян карда шуда, маќомоти мањаллии њокимияти давлатии воњиди марзию маъмурии наздисарњадї онњоро азхуд намоянд ва дар њолати зарурї онро дуруст татбиќ карда тавонанд.

 

 

ЌАРОРЊОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Ќ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шањрванд Раљабов А. А. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 20 декабри соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Фирдавсова Г.,

тарафњо:

Раљабов Абдуназар Абдуѓафорович бо намояндаи ваколатдори худ адвокат Рањимов Ориф Пирович - тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

Илолов М.И.- намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон - намояндагони ваколатдори тарафе, ки конститутсионї будани ќонуни љонибдорикарда ва ба имзо расонидаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Исњоќов А.Н.- муовини аввали Раиси Шўрои адquot;;span style=лияи Љумњурии Тољикистон;

Мирсаев Њ.С.- муовини Вазири адлияи Љумњурии Тољикистон;

Гулматшоев Р.К.- муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон;

Холова С.Њ.- раиси коллегияи судї оид ба парвандањои љиноии Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

Бадриддинова Р.- Сардори шуъбаи њифзи давлатии њуќуќњои шањрвандї ва сиёсии Дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон;

Тавуров А.Ѓ.- муовини сардори Раёсати тафтишоти Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон.

Дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости шањрванд Раљабов А.А. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судяи Суди конститутсионї Абдуллоев Л.И., баёноту хулосаи тарафњо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Раљабов А. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки 19 марти соли 2005 миёни мототсикли ў - тамѓаи ИЖ Юпитер-4 раќами давлатиаш 97 87 СБЗ ва автомашинаи тамѓаи ВАЗ 21213 раќами давлатиаш АЕ 5702 РТ 01, ки тањти идораи шањрванд Бобоназаров А. ќарор дошт, садамаи наќлиётї рўй дод.

Оид ба ин садама аз тарафи шуъбаи тафтишотии ШКД-и шањри Турсунзода баъди гузаронидани њаракатњои санљишии дахлдор, якчанд маротиба ќарор дар бораи рад намудани оѓози парвандаи љиноятї ќабул карда шудааст.

Ў аз ќарорњои дар солњои 2007-2010 дар бораи рад намудани оѓози парвандаи љиноятї, алалхусус аз ќарори 31 декабри соли 2010 дар бораи рад намудани оѓози парвандаи љиноятї баровардаи шуъбаи тафтишотии ШКД-и шањри Турсунзода норизо гардида, 10 январи соли 2011 оид ба бекор намудани ќарори номбаршуда ба прокуратураи шањри Турсунзода бо аризаи шикоятї мурољиат намудааст.

Баъдан, мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки бинобар аз тарафи прокурор ќонеъ нагаштан ва дар давоми 1,5 моњ баррасї нагардидани шикояташ, ў бо дастрасии талаботи моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба Суди шањри Турсунзода мурољиат карда, аз суд хоњиш намудааст, ки ќарори шуъбаи тафтишотї аз 31 декабри соли 2010 бекор карда шавад.

Суди шањри Турсунзода шикоят ва маводи ба он замимашударо њаматарафа баррасї намуда, бо ќарори худ аз 20 апрели соли 2011 ќарори шуъбаи тафтишотии ШКД-и шањри Турсунзода аз 31 декаб­ри соли 2010-ро дар бораи рад намудани оѓози парвандаи љиноятї асоснок њисоб намуда, аз болои ќарори баровардаи худ манъ будани шикоят ё эътирозро ба ў фањмондааст.

Ба андешаи мурољиаткунанда, муќаррароти ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он: «Ба ќарори судя, ки мутобиќи талаботи ќоидањои њамин модда бароварда шудааст, шикоят ё эътироз оварда намешавад», кафолати њифзи судї ва њуќуќњои конститутсионии ўро барои овардани шикоят аз болои ќарори суд мањдуд намуда, садди роњи баррасии парвандаи ў дар марњилањои кассатсионї ва назоратї гардидааст.

Аз ин рў, ў аз Суди конститутсионї талаб менамояд, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии консти­тутсионї оѓоз карда, мутобиќати ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионї масъалаи мавриди бањс ќарордодаи Раљабовро њаматарафа мавриди тањлил ќарор дода, ќайд менамояд, ки адолати судї яке аз самтњои аввалиндарљаи фаъолияти суд оид ба њифзи њуќуќи инсон ва шањрванд мањсуб ёфта, ба амал баровардани он аз низоми муътадили њокимияти судї вобастагии амиќ дорад ва бо ин хусусият дар таркиби салоњияти њокимияти судї мавќеи марказиро ишѓол менамояд.

Бо ин назардошт, дастрасї ба адолати судї яке аз муњимтарин дастоварди афкори сиёсию њуќуќї ва иљтимоии тамаддуни инсонї ба њисоб рафта, неъмати асосиест, ки онро бояд давлат барои шањрвандони худ таъмин намояд. Њамчунин дастрасї ба адолати судї омили асосии кафолати њифзи судии њуќуќ ва озодињои иштирокчиёни мурофиаи љиноятї ва дар як ваќт яке аз шартњои зарурии њифзи њуќуќии шахсият буда, хусусияти он аз пешнињод намудани њуќуќњои васеи конститутсионї ба шахс ва мављудияти воситањои муњими њифзи њуќуќии онњо иборат мебошад, ки сарчашмаи онро санадњои њуќуќии байналмилалї, Конститутсия ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ташкил медињад.

Чунонки, моддаи 8 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948 пешбинї менамояд: «Њар як инсон дар сурати поймол гардидани њуќуќњои асосии ў, ки бо Конститутсия ё ќонун пешбинї шудаанд, барои барќарорсозии пурраи онњо аз тарафи судњои босалоњияти миллї њаќ дорад».

Тибќи моддаи 14 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї аз 16 декабри соли 1966: «Њамаи шахсон дар назди судњо ва трибуналњо баробаранд. Њар кас њангоми баррасии њар навъ айбдории љиноятие, ки ба ў эълон карда мешавад ё њангоми муайян кардани њуќуќ ва ўњдадорињои ў дар ягон мурофиаи шањрвандї, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоњият, мустаќил ва беѓаразе, ки дар асоси ќонун таъсис дода шудааст, њаќ дорад».

Ќисми 5 моддаи 14 Паймони мазкур бошад эълон медорад, ки: «Њар касе, ки барои ягон љиноят мањкум шудааст, ба он њаќ дорад, ки мањкумият ва њукмномаи ў аз тарафи маљраи суди болої аз нав баррасї карда шавад».

Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон низ ба њифзи њуќуќу озодињои инсон, аз љумла кафолати њифзи судї бетафовут набуда, дар моддаи 14 пешбинї менамояд, ки: «Њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд бевосита амалї мешаванд. Онњо маќсад, мазмун ва татбиќи ќонунњо, фаъолияти њокимияти ќонунгузор, иљроия, мањаллї ва маќомоти худидоракунии мањаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи њокимияти судї таъмин мегарданд».

Тибќи моддаи 19 Конститутсия бошад: «Њар кас кафолати њифзи судї дорад. Њар шахс њуќуќ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, баррасї намояд».

Њифзи судии пешбининамудаи моддаи 84 Конститутсия, ки тибќи он: «Њокимияти судї њуќуќ, озодињои инсону шањрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисањо, ќонунияту адолатро њифз менамояд», нисбати муносибатњои мурофиавии љиноятї низ татбиќ мегардад, ки тартиби татбиќи онњоро ќонунгузории мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба танзим медарорад.

Мувофиќи муќаррароти Кодекси мурофиавии љиноятии Љум­њурии Тољикистон, дар Љумњурии Тољикистон адолати судї оид ба парвандањои љиноятї танњо аз љониби суд ба амал бароварда шуда, њар кас кафолати њифзи судї дорад ва њар шахс њуќуќ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, баррасї намояд.

Вобаста ба ин, Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки фаъолияти маќомоти таъќиби љиноят ва судњо, ки ба салоњияти онњо пешбурди тањќиќ, тафтишоти пешакї ва судї вогузор карда шудааст, аз сањву хатоњо истисно нест ва вобаста ба ин шикоят намудан ва эътироз овардани санадњои судї ба марњилањои болоии судї, ки онњо мањз барои ислоњи камбудињои дар фаъолияти марњилањои пешинаи судї вуљуддошта ташкил карда мешаванд, аз муњимтарин принсипњои демократии мурофиаи судии љиноятї арзёбї мегардад.

Њамчунин кафолати њифи судї - ин дастрасии субъектони њуќуќ ё тамоми иштирокчиёни мурофиаи љиноятиро ба адолати судї тавассути ба онњо дастрас будани тамоми марњилањои судии пешбининимудаи ќонунгузории мурофиавї ва тартиби мурољиат ба онњоро дар назар дорад ва њама марњилањои судии тавассути ќонунгузорї ташкилшуда дар доираи салоњиятњои ба онњо додашуда суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз мебошанд.

Бинобар ин, њама гуна тартибе, ки њуќуќњои иштирокчиёни муро­фиаи љиноятиро оид ба њифзи њуќуќњои мурофиавии онњо мањдуд карда, монеаи њифзи боъэтимоди њуќуќњои зикршудаи онњо мегардад, он њамчун мањдуд кардани кафолати њифзии судии муќаррарнамудаи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, Конститутсия ва ќонунгузории мурофиавии он ба њисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки марњилањои кассатсиониву назоратї бо табиат ва таъиноти њуќуќии худ танњо дар њолати мањдуд кардан ё татбиќи нодурусти меъёрњои њуќуќи мурофиавии пешбининамудаи ќонунгузории мурофиавии љиноятї ва мављуд будани хатоњо дар марњилањои аввали судї, ки њуќуќу манфиатњои иштирокчиёни мурофиаро љиддан вайрон кардаанд, мавриди амал ќарор мегиранд. Ин марњилањо, њамчун кафолати иловагии санљиши ќонунї ва асоснок будани санадњои судї дар њолате имконпазир мегарданд, ки агар то ба ќувваи ќонунї даромадани санадњои судї њамаи имкониятњои пешбинамудаи ќонунгузории мурофиавї аз тарафи шахсони манфиатдор ва маќомоти судї пешбинї нашуда, хатоњои марњилањои пешинаи судї бартараф нагардида бошанд.

Ба андешаи мурољиаткунанда Раљабов А. њангоми санљиши садамаи наќлиётии бо ў рўйдода аз тарафи маќомоти тафтишот, прокуратура ва суди марњилаи аввал њолатњои садама њамаљониба, пурра ва холисона мавриди санљиш ќарор нагирифтаанд. Чорањое, ки ќонун барои холисона њал гаштани мавод пешбинї намудааст, риоя нашудаанд, ки бартараф намудани њолати зикршуда дахолати марњилањои болоии судї ва шикоят аз болои ќарори суди марњилаи аввалро таќозо дорад.

Суди конститутсионї, инчунин таъкид менамояд, ки дар рафти тафтиши љиноят масъалањои мурофиавие пеш меоянд, ки онњо метавонанд минбаъд мавриди муњокимаи судї ќарор гирифта, њаллу фасли нињоии худро ёбанд, ки дар чунин њолат зарурати аз љониби суд назорат намудани онњо вуљуд надорад. Вале масъалањое њастанд, ки мустаќиман њал намудани онњо ва аз назорати судї дур мондани онњо метавонад њуќуќ ва озодињои конститутсионї ва манфиатњои ќонунии шахсро поймол намоянд, ки аз тарафи маќомоти дахлдор рад намудани оѓози парвандаи љиноятї бо асосњои пешбининамудаи ќонунгузорї аз зумраи чунин масъалањо мебошад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионї муќаррароти ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистонро, ки тибќи он ба ќарори судя дар бораи ќонеъ намудани шикоят, бекор кардани ќарор, бенатиља гузоштани шикоят ё ќатъ намудани парвандаи љиноятї, ки мутобиќи талаботи ќоидањои њамин модда бароварда шудааст, шикоят ё эътироз оварда намешавад, ба моддањои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номутобиќ арзёбї менамояд.

Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон моддаи 124 Кодекси зикршударо ба муќаррароти моддањои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ва дигар моддањои Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон мутобиќ намоянд.

Дар асоси њолатњои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 31, 32, 33, 36, 45, 46, 47, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќ а р о р к а р д:

1. Ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он ба ќарори судя дар бораи ќонеъ намудани шикоят, бекор кардани ќарор, бенатиља гузоштани шикоят ё ќатъ намудани парвандаи љиноятї, ки мутобиќи талаботи ќоидањои њамин модда бароварда шудааст, шикоят ё эътироз оварда намешавад, ба моддањои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќат надорад.

2. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

3. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов

 


 


ТАЪИНОТЊОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Азимов Б.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 12, 17, 19, 22, 32 ва ќисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе 30 октябри соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї - Фирдавсова Г.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши судя-котиби Суди конститутсионї Каримов К.М.-ро оид ба дархости Азимов Б.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 155 Кодекси мурофи- авии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 12, 17, 19, 22, 32 ва ќисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Азимов Б.Н. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки 16 сентябри соли 2010 Суди иќтисодии вилояти Суѓд аризаи даъвогии Осоишгоњи «Шифо»-и шањри Ќайроќумро бо љавобгарии Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањри Ќайроќќум, њамљавобгарии Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «Тавњид»-и шањри Хуљанд ва њамљавобгарии ўро дар бораи беэътибор донистани шањодатномаи ќонунигардонии молу мулк аз 25 сентябри соли 2008 № 176 ва суратљаласаи муассисони ЉДММ «Тавњид» аз 4 апрели соли 2002 №6 дида баромада, бо њалномаи худ ќарори Коммиссияи ќонунигардонии молу мулк аз 25 сентябри соли 2008 №176 ва њуљљатњои зикршудаи мавриди бањс ќарордодашударо бе эътибор дониста, 705,9 метри мураббаъ биноњо ва 4524,0 метри мураббаъ ќитъаи заминро ба њолати аввала баргардонида, аз моликияти ў берун намуданд.

Суди зикршуда аризаи даъвогаррро бе иштироки ў дида баромада, њуќуќњояшро ба моликият поймол намуда, ўро бе манзили истиќоматї ва фарзандони ў - Азимов П. ва Азимовро бе мерос мондааст.

Шикоятњои ў аз болои њалномаи Суди иќтисодии вилояти Суѓд бо ќарори марњилаи апеллятсионии Суди зикршуда аз 12 ноябри соли 2010 ва Ќарори марњилаи кассатсионии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз 6 январи 2011 бе ќаноат мононда шудаанд.

Бинобар ин, номбурда моддаи 155 Кодекси мурофиавии иќтисо- дии Љумњурии Тољикистонро, ки «Баррасии парванда њангоми пешнињод накардани изњори назар ба аризаи даъвогї, далелњои иловагї, њамчунин дар ѓоибии шахсони иштироккунандаи парванда» номгузорї шуда, дар ѓоибии даъвогар ва љавобгар барррасї намудани парвандаро пешбинї менамояд, ба моддањои 12, 17, 19quot;,quot;serif, 22, 32 ва ќисми 2, 3 моддаи 88 Кон quot;serifститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» мухолиф њисоб менамояд.

Аз ин рў, ў аз Суди коMsoNormalMso/pquot;Times New Roman TjNormalнститутсионии Љумњурии Тољикистон хоњиш дорад, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, мутобиќати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 12, 17, 19, 22, 32 ва ќисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки шањрванд Азимов Б.Н. агарчї субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї шуда тавонад њам, аммо дар дархости ў далел ва асосњо дар бораи номутобиќатии моддаи 155 Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 12, 17, 19, 22, 32 ва ќисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон пешнињод нагардидааст.

Њамчунин дар талаби ў оид ба номутобиќатии моддаи 155 Кодекс ба моддањои зикршудаи Конститутсия номуайяние дида намешавад, ки он санљиши конститутсиониро талаб намуда, боиси оѓоз кардани мурофиаи судии конститутсионї гардад.

Баъдан, моддаи 155 Кодекси зикршуда аз 5 ќисм иборат буда, якчанд масъалањои њуќуќиро дар бар мегирад, ки мурољиаткунанда бе мушаххас намудани ќисми дахлдори модда, тамоми матни онро ба моддањои номбаршудаи Конститутсия номутобиќ њисоб намудааст, ки чунин тартиби масъалагузорї аз љињати шаклу мазмун ба талаботи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ нест.

Суди конститутсионї, инчунин ќайд менамояд, ки масъалаи дар ѓоибии мурољиаткунанда аз тарафи суд баррасї намудани парванда ва бањодињї ба дурустї ва ќонунї будани санадњои судњои иќтисодї на ба салоњияти Суди конститутсионї, балки ба салоњияти марњилањои болоии судњои иќтисодї мањсуб мебошад, ки мурољиаткунанда метавонад масъалаи мазкурро дар судњои зикршуда мавриди бањс ќарор дињад..

Бинобар ин, Суди конститутсионї аз рўи дархости мазкур оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро бо асосњои зикршуда рад менамояд.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Азимов Б. Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 12, 17, 19, 22, 32 ва ќисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар аз љињати шаклу мазмун мувофиќ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов

 

 

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар хусуси рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости намояндаи Љамъияти сањомии пўшидаи «Бинокор»-и шањри Хуљанд «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќарори њукумати шањри Хуљанд аз 21 августи соли 1992, №577 оид ба тасдиќ ва ќабул намудани сохтмони бинои б7 ба моддањои 32 ва 36 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 29 ноябри соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда- Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Гулзорова М.М. ва Абдуллоев Л.И.,

бо иштироки котиби маљлиси судї- Фирдавсова Г.,

дар маљлиси судї гузориши судя-котиб Каримов К.М.-ро оид ба дархости намояндаи Љамъияти сањомии пўшидаи «Бинокор»-и шањри Хуљанд «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќарори њукумати шањри Хуљанд аз 21 августи соли 1992, №577 оид ба тасдиќ ва ќабул намудани сохтмони бинои б7 ба моддањои 32 ва 36 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

муайян кард:

Намояндаи Љамъияти сањомии пўшидаи «Бинокор»-и шањри Хуљанд Шеров С.С. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки бинои исти-ќоматии № 68, ки аз 36 њуљрањои истиќоматї иборат аст, дар мањалаи 13-и шањри Хуљанд аз њисоби маблаѓгузории хусусии сањомони љамъият сохта шуда, 8 њуљраи он ба љамъияти сањомии «Ќолинњои Ќайроќум», панљ њуљра ба кормандони худи љамъият ва се њуљра ба кумитаи иљроияи шањри Хуљанд дода шудааст.

Соли 1993 кумитаи иљроияи шањри Хуљанд аз ЉСШП «Бинокор» дар бораи муваќќатан дар хуљрањои холї љойгир намудани гурезагони аз ноњияњои љануби љумњурї ба шањри Хуљанд омада дархост намуд, ки љамъият розї шуда, муваќќатан њуљрањои холии худро ба ихтиёри комиљроия вогузор намуд.

Баъдан, њуљрањои барои зисти мувваќатї ба гурезагон вобаста кардашуда бе розигии сањмдорони ЉСШП «Бинокор» бо ќарорњои комиљроияи шањри Хуљанд № 9, 101, 171, 309, 344, 351, 356, 437, 532, 595, 623 ва 872 ба шањрвандон хусусї ва бегона карда шуданд. Аз ќарорњо ва фармоишњои комиљроия бармеояд, ки комиљроия бо салоњдиди худ хонањоро соњибї намуда, онњоро ихтиёрдорї намудааст.

ЉСШП «Бинокор» борњо ба комиљроияи шањри Хуљанд, КВД «Баистифодабарии манзил»-и шањри Хуљанд, комиссияи манзили коммуналї ва Идораи сохтмони капиталї оид ба моликияти ЉСШП «Бинокор» будани бинои истиќоматии 68 ва худдорї кардан аз додани ордерњо ва хусусї гардондани онњо мурољат карда бошад њам, аммо маќомоти зикршуда мурољиати ўро ба инобат нагирифтанд.

Санљиши прокурорї низ ѓайриќонунї будани ќарорњои зикршудаи маќомоти мањаллиро тасдиќ карда, Суди иќтисодии вилояти Суѓд мурољиати ўро бо таъиноташ аз 4 феврали соли 2011 рад кард.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, мурољиаткунанда ќарори њукумати шањри Хуљандро аз 21 августи соли 1992 № 577 оид ба тасдиќ ва ќабул намудани сохтмони бинои б7 ба моддаи 32 ва 36 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолиф њисоб намуда, аз Суди конститутсионї хоњиш дорад, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиќати ќарори зикршударо ба моддањои 32 ва 36 Конститутсия муайян намояд.

Суди конститутсионї дархости зикршударо њамаљониба тањлил ва мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки номбурда агарчї субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї шуда тавонад њам, аммо дар талаби гузоштаи ў, яъне муайян намудани мутобиќати ќарори њукумати шањри Хуљанд аз 21 августи соли 1992 № 577 ба моддањои зикршудаи Конститутсия номуайянї дида намешавад, ки он барои оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї асос гардад.

Аз љониби дигар, бањсњои манзилї оид ба эътирофи моликият, аз љумла ќонунї таќсим намудани фонди манзил ва ѓ. бањсњои манзилї ба салоњияти судњои умумї ё иќтисодї дахл доранд, ки мурољиаткунанда метавонад масъалаи худро дар судњои зикршуда мавриди бањс ќарор дињад.

Њамчунин суд муайян намуд, ки санади татбиќи њуќуќии мавриди бањси мурољиаткунанда ќарордошта на «ќарори њукумати шањри Хуљанд аз 21 августи соли 1992 № 577», балки «ќарори Шўрои депутатњои халќи шањри Хуљанд аз 21 августи соли 1992 № 577 «Оид ба тасдиќи санади ќабули комиссия дар хусуси барои истифода ќабул намудани биноњои таъиноти манзилї-шањрвандї» ном дорад, ки бо ин сабаб дархост аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи моддањои 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ нест.

Њамин тариќ, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости намояндаи Љамъияти сањомии пўшидаи «Бинокор»-и шањри Хуљанд дар бораи муайян намудани мутобиќати ќарори њукумати шањри Хуљанд аз 21 августи соли 1992 тањти №577 ба моддањои 32 ва 36 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон бинобар мавзўи баррасии Суди конститутсионї набудани масъалаи дар дархост гузошташуда ва аз љињати шакл ва мазмун мувофиќ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда мешавад.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости намояндаи Љамъияти сањомии пўшидаи «Бинокор»-и шањри Хуљанд «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќарори њукумати шањри Хуљанд аз 21 августи соли 1992, тањти №577 оид ба тасдиќ ва ќабул намудани сохтмони бинои б7 ба моддањои 32 ва 36 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар мавзўи баррасии Суди конститутсионї набудани масъалаи дар дархост гузошташуда ва аз љињати шаклу мазмун мутобиќ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионї «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов


 

 

 

НАВИДЊОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Н А В И Д Њ О И


СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

2 ноябри соли 2012 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба ифтихори Рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва таљлили 20-умин солгарди Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Иртиботи Конститутсия ва Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Суди Олї, Прокуратураи генералї, Шўрои адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллї, Шўрои адлия, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон, устодони факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон ва намояндагони дигар вазорату идорањои љумњурї иштирок карда, бо маърўзањо баромад намуданд.

Дар оѓози кори мизи мудаввар Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов бо сухани ифтитоњї баромад намуда, сараввал њозиринро бо ин идњои муќаддасу фархунда барои миллати тољик табрику тањният гуфта, иброз дошт, ки њадафи асосии баргузории Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, ки бо талошњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон дар давраи басо њасоси кишвар доир гардид, ин пеш аз њама таъмини сулњу суботи комил дар тамоми ќаламрави кишвар, тањкими њокимияти конститутсионї ва ќабули як ќатор санадњои њуќуќї, ки дар ташаккули минбаъдаи низоми давлатдорї наќши босазо бозиданд, ба шумор меравад.

Тањия, муњокима ва ќабули Конститутсияи давлати соњиб­истиќлоли Тољикистон низ дар асл баъди Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон шуруъ гардида, њамчун натиљаи татбиќи ќарорњои таърихии он мањсуб меёбад. Дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки 6 ноябри соли 1994 њамчун њуљљати сарнавиштсоз ќабул карда шуд, ѓояњои пешќадами љамъиятиву сиёсї ва усулњои давлати демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва таљзияи њокимияти давлатї, таъмини пурраи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, гуногунандешии сиёсиву мафкуравї таљассуми худро пайдо намуданд.

Дар рафти кори мизи мудаввар њамчунин пешнињод карда шуд, ки бинобар дар он мавзуњои пурмуњтаво оид ба ањамияти Иљлосияи таърихї дар бунёди давлатдории навин ва наќши Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њамчун њуљљати сарнавиштсози миллї дар пойдории ќонунияти конститутсионї дар мамлакат шунида шуданд, онњо дар нашри навбатии Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шаванд.

Аз 7 ноябри соли 2012 то 11 ноябри соли 2012 бо маќсади иљрои банди 10 Протоколи љаласаи Кумитаи тадорукот оид ба таљлили љашни 20- солагии Иљлосияи XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва наќшаи кории Суди конститутсионї барои соли 2012, бо маќсади тарѓибу ташвиќи ањамияти таърихии Иљлосия дар пойдории њокимияти конститутсионї дар мамлакат, фањмондадињии мазмуну муњтавои меъёрњои Конститутсия, ки њамчун санади дорои ќувваи олии њуќуќї дар бунёди давлати муосири демократию њуќуќбунёд заминаи њуќуќї гузоштааст, сафари кории Раиси Суди конститутсионї - Мањмудов М.А., муовини Раиси Суди конститутсионї - Назаров М. ва судяњои Суди конститутсионї - Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї ба шањрњои Хуљанд, Истаравшан, ноњияњои Айнї, Шањристон, Ѓончї, Спитамен ва Бобољон Ѓафурови вилояти Суѓд доир гардид.

Зимни сафари мазкур њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо кормандони маќомоти мањаллии њокимияти давлатї, суд, прокуратура, кормандони дигар маќомоти њифзи њуќуќ ва ањли љамоатчигии шањру навоњии номбурда бањри фањмондадињии ањамияти таърихии Иљлосияи XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољи­кистон, ки дар бунёди давлатдории навин, пойдории њокимияти конститутсионї ва сулњу субот дар кишвар, тањкими худшиносии миллї ва ќабули як ќатор санадњои њуќуќии муњим, ки дар ташаккули минбаъдаи давлати муосири демократию њуќуќбунёд наќши муњим бозидаанд ва њамчунин оид ба муќаррароти Конститутсияи мамлакат, ки дар таърихномаи миллати тољик њамчун њуљљати сарнавиштсоз сабт гардидааст, суњбату вохўрињои доманадор анљом дода, ба саволњои сершумори ширкаткунандагони вохўрињо љавобњои мушаххас гардониданд.

Баргузории суњбату вохўрињои мазкур, ки бо маќсади фањмон­дадињии ањамияти таърихии Иљлосияи XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва Конститутсияи давлати муосири Тољикистон равона гардида буд, дар як ваќт барои баланд гардидани маърифати њуќуќии ањолї ва тањкими худшиносии миллї мусоидат менамояд.

21 ноябри соли 2012 вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. бо намояндаи минтаќавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба њуќуќи инсон (УВКПЧ) дар Осиёи Марказї Армен Арутюнян ва мушовири намояндагии дои­мии СММ дар Тољикистон оид ба њуќуќи инсон Лиля Захариева доир гардид.

Зимни суњбат, љонибњо оид ба таъмини амалишавї ва њифзи њуќуќу манфиатњои ќонунии инсон ва шањрванд дар Тољикистон, ки яке аз вазифањои аввалиндараљаи маќомоти давлатї ва шахсони мансабдор ба шумор меравад, ибрози андеша намуданд.

Дар рафти мулоќот Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов зикр намуд, ки маќсаду мароми њар як давлати муосир, аз љумла Тољикистон сохтани љомеае мебошад, ки дар он эњтироми њуќуќу озодињои инсон дар мадди аввал буда, таъмини амалишавии онњо кафолат дода мешавад.

Вобаста ба ин, дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон инсон, њуќуќ ва озодињои он арзиши олї эътироф гардидааст ва ин падида ба арзишњои умумибашарї ва санадњои байналмилалї, хусусан Эъломияи умумии њуќуќи башар такя мекунад. Тољикистон яке аз аввалин давлатњои Осиёи Марказї мебошад, ки пас аз ба даст овардани истиќлолияти давлатї Эъломияи умумии њуќуќи башарро эътироф намуда, санадњои њуќуќии байналмилалиро њамчун ќисми таркибии низоми њуќуќи Љумњурии Тољикистон пазируфтааст.

Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон доимо дар баромадњои хеш ба њифзи њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд ањамияти аввалиндараља зоњир намуда, махсус дар Паёми навбатии худ ба маќоми олии ќонунгузории кишвар 20 апрели соли 2012 њокимияти судиро бори дигар вазифадор намуданд, ки њифзи њуќуќу озодињои инсонро мењвари фаъолияти худ ќарор дода, тавассути ќабули санадњои одилонаву ќонунї татбиќи дурусти меъёрњои Конститутсия ва ќонунњо адолати судиро таъмин намояд.

Тарафњо вохўрии дуљонибаро судманд арзёбї намуда, љонибдории худро оид ба вусъат додани њамкорињои мутаќобилан судманд изњор намуданд.

Дар вохўрї судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Абдуллоев Л.И. њузур дошт.

 

23 ноябри соли 2012 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсио­нии Љумњурии Тољикистон бахшида ба таљлилMsoNormalи иди Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистоquot;serifн маљлиси кормандони Суди конститутсионї баргузор гардид.

Маљлиси тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов њусни оѓоз бахшида, њамагонро бо ин љашни муњими миллї тањният гуфта, иброз дошт, ки Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон таърихи бистсола дошта, њанўз дар Иљлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон Ќонуни Љумуњурии Тољикистон «Дар хусуси тасдиќи Низомномаи Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон» ќабул карда шуда, ба Конститутсия дар бахши рамзњои давлатї таѓйиру иловањо ворид карда шуданд.

Президенти мамлакат, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронии хеш Парчами миллиро њамчун рамзи њаёти осоишта, бахту иќболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиќи эњтироми њар шањрванди худогоњу худшинос номида, изњор дош­танд, ки эњтиром ва арљгузорї ба Парчами давлатї њамчун рамзи истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон рисолати таърихї ва ќарзи шањрвандии њар як фарди љомеа ба шумор меравад.

Бинобар ин, њар яки мо бояд бо ин рамзи муќаддаси давлати миллию соњибихтиёри худ ифтихор намуда, эњтироми онро ба љо биёрем.

Зимни маљлис њамчунин оид ба ањамияти Парчам њамчун нишонаи соњибихтёрии давлати тољикон муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Назаров М. ва сардори шуъбаи таъминоти њуќуќии фаъолияти судяњои Суди конститутсионї Нурляминова Г.А. бо маърўзањои пурмуњтаво баромад намуданд.

20 декабри соли 2012 тањти раисии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баррасии парванда оид ба дархости шањрванд Раљабов А.А. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон» баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони ваколатдори Маљлиси миллї ва Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, намояндагони Суди Олї, Прокуратураи генералї, Шўрои адлия, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон, вазоратњои адлия ва корњои дохилї ва мутахассисону коршиносони дигар вазорату идорањои љумњурї иштирок намуданд.

Суди конститутсионї масъалаи мазкурро њаматарафа баррасї намуда, ќайд менамояд, ки фаъолияти маќомоти таъќиби љиноят ва судњо, ки ба салоњияти онњо пешбурди тањќиќ, тафтишоти пешакї ва судї вогузор карда шудааст, аз сањву хато истисно нест ва вобаста ба ин шикоят намудан ва эътироз овардани санадњои судї ба марњилањои болоии судї, ки онњо мањз барои ислоњи камбудињои дар фаъолияти марњилањои пешинаи судї вуљуддошта ташкил карда мешаванд, аз муњимтарин принсипњои демократии мурофиаи судии љиноятї арзёбї мегардад.

Бинобар ин, њама гуна тартибе, ки њуќуќњои иштирокчиёни мурофиаи љиноятиро оид ба њифзи њуќуќњои мурофиавии онњо мањдуд карда, монеаи њифзи боъэтимоди њуќуќњои зикршудаи онњо мегардад, он њамчун мањдуд кардани кафолати њифзии судии муќаррарнамудаи Конститутсия, санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ва ќонунгузории мурофиавї ба њисоб меравад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионї ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистонро ба моддањои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» номутобиќ њисоб намуд.

8 январи соли 2013 дар маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлиси љамбастї оид ба фаъолияти Судиконститутсионии Љумњурии Тољикистон дар соли 2012 доир гардид.

Дар оѓози маљлис, Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон муњтарам Мањмудов М.А. бо сухани ифтитоњї баромад намуда, изњор дошт, ки соли 2012 ба шарофати зањмату талошњои пайгиронаи Президенти Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон боз як соли пешрафт дар соњањои иќтисодию иљтимої, расидан ба њадафу ормонњои волои созандаи мардуми кишварамон, соли баргузории рўйдодњои бузурги сиёсию фарњангї ва музаффарияту комёбињои кишварамон мањсуб меёбад.

Дар соли сипаришуда дар Тољикистони азиз бо шукргузорї аз пойдории Истиќлолияти давлатї ва Вањдати миллї, 15-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї, 20-умин солгарди баргузории Иљлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, Рўзи Конститутсияи мамлакат ва дигар љашнњои муњими сиёсии давлатї, ки дар ташаккули низоми давлатдории муосир, пойдории сулњу суббот ва мустањкам намудани пояњои њуќуќии мамлакатамон наќши муњим бозидаанд, ба шукуњу шањомати хоса ва фазои идона таљлил карда шуданд.

Дигар воќеаи муњиме ки соли 2012 дар таърихи миллати кўњанбунёди тољик ба вуќўъ пайваст, ин ба аъзогии яке аз созмонњои бонуфузи байналмилалї - Созмони Умумиљањонии Савдо пазируфта шудани Тољикистон ба шумор меравад. Бояд ёдовар шуд, ки воридшавии Тољикистон ба ин созмони бонуфузи байналмилалї барои рушди муътадили низоми иќтисоди миллї ва боз њам баланд гардидани сатњу сифати зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуда, боз як ќадами устувор барои баланд гардидани маќоми Тољикистон дар арсаи байналмилалї ба шумор меравад.

Барои Суди конститусионии Љумњурии Тољикистон низ соли сипаришуда боз як соли пешрафт ва дастовардњо мањсуб ёфта, ба ин маќомоти мустаќили њокимияти судї муяссар гардид, ки дар фаъолияти касбї ба натиљањои хуб ноил гардида, муносибатњои дўстонаро ба маќоми назорати конститутсионии давлатњои хориљи кишвар боз њам ќавитар гардонад.

Инчунин, дар рафти маљлис оид ба фаъолияти Суди конс­титутсионї дар соли 2012 судя-котиби Суди конститутсионї - Каримов К.М., дар хусуси фаъолияти Дастгоњи Суди конститутсионї роњбари Дастгоњ - Њошимов Д.Д. ва дар самти фаъолияти шуъбањои Суди конститутсионї сардорони шуъбањо Нурляминова Г.А., Гулов А.А. ва Муњаббатов Љ.Х. баромад намуданд.


 

 

ХИСЛАТЊОИ НЕК ИНСОНРО
ЉОВИДОН МЕГАРДОНАД

19 январи соли љорї ќалби яке аз њуќуќшиноси варзидаи кишвар, муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мустафо Назаров баъди бемории начандон тўлонї аз тапиш бозмонд.

Мустафо Назаров - соли 1949 дар ноњияи Восеъ чашм ба олами њастї кушода, аз овони хурдсолї дар руњияи инсондўстиву ватанпарастї, мењнатдўстиву донишомўзї ва нексириштиву хушмуомилагї тарбия ёфтааст.

Ў соли 1978 факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистонро бо муваффаќият хатм намуда, соњиби ихтисоси њуќуќшиносї гардид. Мањз њамин ихтисос ўро ба роњи њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва таъмини риояи волоияти ќонуну тањкими адолати судї њидоят намуд ва марњум фаъолияти мењна­тиашро пас аз хатми Донишгоњ ба њайси њимоячї оѓоз намуда, сипас ба њайси мудири машваратхонаи њуќуќии шањри Кўлоб кору фаъолият намудааст.

Зањматњои шабонарўзї ва донишу малакаи баланди касбиаш буд, ки Мустафо Назаров барои фаъолияти минбаъда ба маќомоти судии мамлакат љалб гардида, дар вазифањои гуногун, аз љумла солњои 1987-1995 дар вазифањои судяи суди вилояти Кўлоб ва судяи суди вилояти Хатлон њамчун мутахассиси варзидаю пуртаљриба кору фаъолият намудааст.

Соли 1995 Мустафо Назаров ба мансаби судя - котиби Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон ва 2006 ба мансаби муовини Раиси Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон интихоб гардида, то лањзањои охирини њаёташ дар ин вазифа самаранок фаъолият намуд.

Ў њаёти пурбаракати хешро ба тањкими низоми мустаќили судии кишвар, алалхусус Суди конститутсионї равона намуда, барои баланд бардоштани ин маќоми судї сањми созгоре гузоштааст.

Бинобар ин, Суди конститутсионї ифтихорманд аз он аст, ки марњум аз аввалин рўзњои фаъолияти худ дар ин маќом бањри баланд бардоштани мартабаи он, ки бањри њифзи Конститутсия, таъмини волоият ва амали бевоситаи он дар ќаламрави давлат ва њифзи њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд таъсис гардида буд, кўшиш ба харљ додааст.

Шодравон Мустафо Назаров њамчун њуќуќшиноси соњибмаълу­мот, дорои донишу маърифат ва малакаи баланди касбї ва ахлоќу одоби намунавї барои такмили адолати судї санадњои меъёрии њуќуќии зиёде тањия намудааст, ки онњо барои рушду такомул ва таќвият ёфтани њокимияти судї наќши арзанда гузоштанд.

Ў андешаи равшан дошта, масъалњои кориро возењ баён мекард ва бањри њалли онњо доимо кўшиш ба харљ дода, барои њалли мушкилињои мурољиаткунандагон маслињатњои њуќуќї медод.

Дар тўли фаъолияташ дар Суди конститутсионї соњиби эњтироми хоса гардида, дар тањкими асосњои сохтори конститутсионї ва ќонуният наќши муњим бозид. Ў дар бораи ташаккули низоми судии мамлакат сухан ронда, борњо таъкид мекард, ки судя бояд дар фаъолияти худ танњо ќонун ва меъёрњои ахлоќиро ба роњбарї гирифта, кўшиш намояд, ки тантанаи адолат дар низоми судї њамеша дар мадди аввал бошад.

Худ низ доимо мекўшид, ки дар ќабули ќарор ба иштибоњ роњ надињад ва танњо ба Конститутсия ва ќонунњо такя мекард. Ин буд, ки доимо бо масъулияти баланд ва омодагии хуб дар чорабинињои гуногуни судї, аз љумла маљлисњои судї баромад намуда, таклифњои љолиби диќќат пешнињод мекард.

Яке аз хислатњои наљиби Мустафо Назаров он буд, ки ќадру манзалат ва эњтироми инсониро аз њама воло гузошта, камтарин кореро, ки дигарон анљом медоданд, ќадр мекард ва хоксорона ба эшон кўмак мерасонд.

Дили мисли ойина софу шаффоф дошта, байни ёру дўстон, њамсабаќону њамкасбон њамчун шахсияти дорои муомилаи хуб, маърифати баланди инсонї ва аќлу заковати комил муаррифї гардида, эътибори хосаро касб намудааст. Њар фарде, ки боре њам дар фазои суњбати ў њамнишин мегардид, дарк менамуд, ки ин инсони шарафманд бо садоќати баланд оид ба наќши маќомоти судї дар мамлакат, аз љумла Суди конститутсионї њарф мезад.

Мустафо Назаров њамчун судя ва дар як ваќт узви Шўрои илмї – машваратии назди Суди конститутсионї барои њалли масъа­лањои бањсноки зимни ба амалба­рории салоњияти Суди конститут­сионї ба миёномада, таклифу хулосањои љолиби диќќат медод.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки марњум назарияи илми њуќуќи конститут­сиониро низ хуб аз бар намуда, дар ин љода барои такмили донишу худ доимо кўшиш ба харљ медод ва зимни маърўзаю баромадњояш дар чорабинињои гуногун пањлуњои назариявии илми мазкурро тањлил ва пешкаши њамагон менамуд.

Ў тавассути ќалами сењрофарин маќолањои илмию амалии зиёде оид ба фаъолияти маќомоти судї ва тарбияи њуќуќии мутахассисони соња нашр намудааст. Дар як ваќт панду андарзњои насињатомези зиёде рўйи чоп овардааст, ки барои тарбияву бењдошти ахлоќи њамида ва ба воя расидани насли љавонон дар руњияи ифтихор аз ватандорї равона гардидаанд.

Аз дастгириву мададњои холисонаи ин марди бомаърифат садњо љавонон бархўрдор шуда, аксари онњо ба ќуллањои умед расида, айни њол дар вазифањои баланди маќомоти судї, адвокатура, њифзи њуќуќ ва дигар маќомоти давлатї кору фаъолият менамоянд.

Агар ба зиндагинома ва фаъолияти касбии Мустафо Назаров назар афканем, маълум мегардад, ки аз хурдсолї дар вуљудаш хислатњои неки инсонї ва дўстдориву содиќи ба касбаш зуњур гардида буд. Њамин буд, ки яке аз чењрањои намоён ва мутахассиси варзидаи илми њуќуќшиносї мањсуб ёфта, њељ ваќт, њатто дар мушкилтарин даврањо касби дўстдоштаашро иваз накарда, ба он содиќ боќї мондааст.

Мустафо Назаров дар бароба­ри он, ки дар вазифањои гуногуни маќомоти судии љумњурї фаъолият намудааст, њамчун судяи дараљаи олии тахассус барои фаъолияти пурсамар бо мукофотњои давлатї унвони Корманди шоистаи Тољикистон ва медали Хизмати шоиста ќадрдонї гардидааст.

Номи њамкасбу дўсти мењрубон дар ќалби ёру дўстон ва наздикону пайвандон њамчун инсони комилу хушрафтор ва њуќуќшиноси барљаста љовидона боќї хоњад монд.

Коллективи

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

 

 


 

Мундариља

Мамудов М.А. Суди конститутсионии Љумњурии
Тољикистон - кафили таъмини волоияти Конститутсия 5

Каримов К.М. Конститутсия ва фарњанги конститутсионї 17

Имомов А. Шањрвандї: тобеъият ё робитаи устувори
њуќуќї-сиёсии инсон ва давлат 31

Ќарорњои Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

1) оид ба парванда аз рўи дархости шањрванд Раљабов А. А. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 20 декабри соли 2012 41

Таъинотњои Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

1) дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии консти­тутсионї оид ба дархости Азимов Б.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 12, 17, 19, 22, 32 ва ќисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон» аз 30 октябри соли 2012 49

2) дар хусуси рад намудани оѓози мурофиаи судии консти­тутсионї оид ба дархости намояндаи Љамъияти сањомии пўшидаи «Бинокор»-и шањри Хуљанд «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќарори њукумати шањри Хуљанд аз 21 августи соли 1992 № 577 оид ба тасдиќ ва ќабул намудани сохт­мони бинои б7 ба моддањои 32 ва 36 Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 29 ноябри соли 2012 53

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон 58


 

 




 

 


 

 

 

 

/span

/spanquot;;