00:01:47 - 20.01.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 1) 2013

 

 

 

Нашрияи мазкур бо дастгирии Барномаи «Мусоидат
ба давлатдории њуќуќї дар кишварњои Осиёи Марказї»-и GIZ (Љамъияти олмонии њамкории байналмилаллї)
нашр шудааст.

Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH (Љамъияти олмонии њамкории байналмилаллї) барномаи мазкурро бо супориши Вазорати федералии њамкорї ва рушди Олмон (BMZ) иљро менамояд.

Хулосањо, аќидањо ва интерпретатсияњои дар нашрияи
мазкур зикргардида мавќеи муаллифон буда, бе ягон шарт мавќеи GIZ ё BMZ-ро инъикос наменамоянд.


АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

 

 

(№1) 2013


 








Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

 

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни)
Љумњурии Тољикистон)

 

 

 

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

 

Маљаллаи илмию иттилоотї

 

 

 

Сармуњаррир:

 

Мањмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, Академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

 

Њайати тањририя:

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои сиёсї

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Сотиволдиев Р. Ш. Раиси Шўрои илмї - машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Искандаров З.Њ. Узви Шўрои илмї - машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, профессори кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории ДМТ

 

© Нашрияи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, 2013.

 

 



 

Сотиволдиев Р.Ш.- мудири кафедраи назария ва

таърихи давлат ва њуќуќи факултети

њуќуќшиносии ДМТ, доктори илмњои

њукуќшиносї, профессор

МОДЕЛИ АВРУПОИИ ТАФТИШИ
СУДИИ КОНСТИТУТСИОНЇ

Пас аз Љанги дуюми љањон модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї дар бештари кишварњои љањон пањн мегардад. Лекин таърихи ташаккули амалияи судии тафтиши конститутсионї дар Аврупо дар миёнањои асри XIX ташаккул меёбад. Тафвути модели аврупої аз модели амрикої дар хусусиятњои зерини модели аврупої ифода мегардад: 1) агар тибќи модели амрикої њамаи судњо салоњияти тафтиши судии конститутсиониро дошта бошанд, пас дар модели аврупої бо маќсади њалли бањсњои њуќуќї оид ба конститутсионї будани санадњои њуќуќї маќомоти махсуси судї таъсис дода мешавад; 2) маќомоти махсуси тафтиши судии конститутсионї ваколати хешро дар шакли мурофиаи судии конститутсионї амалї мекунанд; 3) мурофиаи судии конститутсионї аз мурофиаи гражданї, љиної, маъмурї, иќтисодї фарќ мекунад.

Хусусияти муњими модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї дар он аст, ки асоси назариявии онро назарияи њукуќшиноси номдори Австрия ва ИМА Ганс Кельзен ташкил медињад. Г. Келзен поягузор ва муаллифи назарияи «софи њуќуќ» мањсуб мешавад. Ин назария бо маќсади људо намудани тањлилњои њуќуќї аз падидањои идеологиву сиёсї пешбарї гашта, амалияи судиву маъмуриро чун роњњои мустаќили ташаккули њуќуќ эътироф мекунад. Назарияи мазкур шакли позитивизми љадид буда, дар он кўшиши ба шароити нав мутобиќ намудани позитивизми классикии њуќуќї ба харљ дода шудааст. Модели аврупоии тафтиши судии конститутсиониро модели Келзен низ меноманд. Ба ин хусусияти модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї њамаи муаллифон ишора мекунанд[1].

Таљрибаи тафтиши судї дар Австрия дар фаъолияти суди империявї зимни амали Конституцияи соли 1848 ташаккул меёбад. Таъсиси расмии тафтиши судии конститутсионї ба соли 1920 рост меояд. Пас аз ташкили давлати федеративї соли 1920 Суди Конститутсионии Австрия таъсис дода мешавад. Ќонуни федералии конститутсионии (Конституцияи) Австрия соли 1920 меъёри зеринро муќаррар мекунад: агар суд «дар татбиќи ќарор бо сабаби ѓайриќонунї буданаш шубња намояд, пас вазифадор аст, ки пешнињодро дар хусуси бекор кардани ин ќарор ба Суди конститутсионї пешкаш намояд» (м. 89).[2]

Њамин тариќ, Ќонуни федералии конститутсионии (Конститутсияи) Австрия соли 1920 ба ташаккули модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї асоси њуќуќї мегузорад. Тибќи Конститутсияи Австрия аввалин Суди конститутсионї дар Аврупо таъсис дода мешавад. Конститутсия меъёри махсусро оид салоњияти Суди конститутсионї дар соњаи тафтиши конститутсионии санадњо пешбинї мекунад.

Тибќи Конститутсия ва амалияи конститутсионии Австрия, Суди конститутсионии Австрия салоњияти зеринро дар бахши тафтиши судии конститусионї амалї менамуд: 1) конститутсионї будани ќонунњои федератсия ва заминњоро (субъектњои федератсияро) муайян мекард; 2) масъаларо оид ба конститутсионї будани созишномањои давлатї баррасї менамуд; 3) масъалањоро оид ба талаботи амволї-њуќуќї баррасї менамуд; 4) бањсњои байни субйектњои федератсия, байни федератсия ва субйектњои он, байни маќомоти судї ва идоракуниро њал менамуд; 5) масъалаи конститутсионї будани интихоботро зимни эътироз њаллу фасл менамуд; 6) љавбгарии конститутсиониро дар асоси айби эълоншуда баррасї мекард; 7) шикоятњоро ба ќарорњои маќомоти идоракунї оид ба халалдор гаштани меъёрњои њуќуќ баррасї менамуд[3].

Тавре мушщњида гардид, Суди конститутсионии Австрия дар соњаи тафтиши судии конститутсионї салоњияти васеъ дошт. Санљиши конститутсионии ќонунњо, созишномањои давлатї, ќарорњои маќомоти идоракунї, њалли бањсњо оид ба доираи салоњият, муайян намудани сатњи ќонунии раванд ва натиљаи интихобот салоњияти Суди конститутиониро ташкил медоданд. Минбаъд масъалањои зикршуда мазмун ва моњияти тафтиши судии конститутсиониро муайян мекунанд. Чунин модели тафтиши судии конститутсионї минбаъд дар кишварњои дигар пањн мешавад. Таљрибаи Суди Конститутсионии Австрия дар љањон тез пањн мешавад.

Чунончи, модели австриягии тафтиши судии конститутсионї дар Чехословакия (с. 1920), Юнон (с. 1927), Испания (с. 1931), Ирландия (с. 1937) ва Миср (с. 1941) таъсис мегардад[4]. Модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї бо суръати баланд пас аз Љанги дуюми љањон пањн мегардад. Аз љумла, модели аврупої дар Бирма, Япония, Италия (с. 1947), Олмон, Таиланд, Њиндустон (с. 1949), Сурия, Люксембург (с. 1950), Уругвай (с. 1952), Кипр (с. 1960), Туркия (с. 1961), Алљазоир, Югославия (с. 1963), Юнон (с. 1968), Португалия (с. 1976), Испания (с. 1978), њамчунин дар як ќатор кишварњои Осиё, Африка, Америкои Марказї ва Љанубї истифода мешавад[5].

Тавре маълум мегардад, модели аввал австриягї ва сипас, аврупоии тафтиши судии конститутсионї дар бештари давлатњо, дар минтаќањои гуногуни љањон, њатто дар кишварњои исломї низ пањн мешавад. Модели австриягї модели аслї мањсуб ёфта, сипас, дар шакли молели аврупої пањн мешавад. Конститутсияи Австрия (с. 1920) заминаи њуќуќиро ва таљрибаи Суди конститутсионии Австрия, ки соли 1920 таъсис гашта буд, асоси амалии модели аврупоии тафтиши судии конститутсиониро ташкил медињанд. Назарияи Г. Келзен чун асоси илмї-назариявии модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї дар љањон пањн мешавад. Тибќи модели аврупої дар кишварњои гуногуни љањон маќомоти махсуси судї дар соњаи тафтиши судии конститутсионї таъсис дода мешаванд. Мурофиаи судии конститутсионї чун шакли мустаќили мурофиаи судї ва тартиби махсуси фаъолияти маќомоти тафтиши конститутсионї эътироф мешавад.

Табиист, ки бо пешрафти љомеа, модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї такмил меёбад ва бо назардошти хусусиятњои кишварњои мухталиф татбиќ мешавад. Аз љумла, салоњияти маќомоти судии конститутсионї васеъ мегардад. Чунончи, Суди конститутсионии Федералии Олмон масъалањоро оид ба мањрум намудан аз њуќуќњои махсус, зиддиконститутсионї будани њизбњо, дар хусуси шикоятњо ба ќарорњои Бундестаг рољеъ ба њаќќонияти интихобот, ё аъзогї ба Бундестаг, оид ба айбдории Президенти федералї, дар хусуси тафсири Ќонуни асосї, мувофиќати њуќуќи федералї ё њуќуќи субйекти федератсия ба Ќонуни асосї, оид ба ихтилофот дар соњаи њуќуќ ва вазифањои федератсия ва субйектњои он, рољеъ ба шикоятњои конститутсионї, айбдории судяњо, тањлили меъёрњои њуќуќи байналхалќї чун љузъи њуќуќи федералї баррасї мекунад[6].

Мебояд зикр намуд, ки модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї шаклњои гуногун дорад. Дар як ќатор давлатњо маќомоти махсуси судї - судњои конститутсионї таъсис дода шуданд. Дар давлатњои дигар (Франсия, Алљазоир) маќомоти ѓайриссудии тафтиши конститутсионї ташкил шудаанд. Аз љумла, маќоми тафтиши судии конститутсионии Франсия Шўрои конститутсионї мебошад, ки дар бахши конститутсионии ќонунњо ва санадњои меъёрии дигар назорати олї мебарад. Илова бар ин, чунин назорат њам дар давраи муњокимаи лоињаи ќонун дар парламент, њам нисбат ба санадњои ќонунгузории ќабулшуда бо маќсади муайян намудани ќабули меъёрњои онњо дар доираи салоњияти њукумат анљом мепазирад[7]. Шўрои конститутсионї масъалаи мувофиќати санадњои меъёриро њам ба Конститутсия ва њам ба ќонунњои органикї, њамчунин принсипњои аввалиндараљаи низоми њуќуќиро баррасї мекунад.

Њамин тариќ, мувофиќати санадњои меъёрї ба Конститутсия, ќонунњои органикї ва принсипњои аввалиндараљаи низоми њуќуќии Франсия санљида мешавад. Ба ибораи дигар, волоияти Конститутсия. Ќонунњои органикї ва принсипњои аввалиндараљаи низоми њуќуќї таъмин карда мешавад.



[1] Масалан, ниг.: Медушевский А. Кельзеновская модель конституционного правосудия и изменение конституций в странах Восточной Европы // Конституционное правосудие в постсоветских странах: Сб. докл. М.: Центр конституционных исследований МОНФ, 1999. С. 18.

[2] Ниг.: Федеральный конституционный закон от 10 ноября 1920 г. // Конституции государств Европейского Союза. М., 1997. С. 57 – 58.

[3] Ниг.: Австрийская Республика. Конституция и законодательные акты / Сост. Т.Г. Морщакова. М.: Прогресс, 1985.

[4] Витрук В.Н. Конституционное правосудие. Судебно-конституционное право и процесс: Учебное пособие. 3-е изд. С. 60.

[5] хамон љо. С. 60 – 61.

[6] Ниг.: Основной Закон Федеративной Республики Германии // Конституции государств Европы / Под общ. ред. Л.А. Окунькова. Т. 1. М.: Прогресс, 2001.

[7] Ниг.: Франция. Конституция и законодательные акты. М.: Прогресс, 1989.

 

Дар Франсия тафтиши конститутсионї дар бахши татбиќи њуќуќ низ амалї мешавад. Яъне Шўрои конститутсионии Франсия конститутсионї будани раванди татбиќи њуќуќ, конститутсионї будани санадњои татбиќи њуќуќро месанљад.

Салоњияти Шўрои конститутсионии Франсияро њамчунин масъалањои конститутсионї будани дастурњои палатањои парламент, шартномањо ва созишномањои байналхалќї, гузаронидани раъйпурсї ва интихобот ташкил медињанд.

Салоњияти муњими Шўрои конститутсионии Франсия бэътибор эълон намудани санадњои меъёрї мебошад. Шўрои конститутсионии Франсия њаќ дорад санадњои меъёрии зиддиконститутсиониро беэътибор эълон намояд.

Њамин тариќ, таљрибаи тафтиши судии конститутсионии Франсия (њамчунин як ќатор давлатњои дигар) ншон медињад, ки модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї дар ду шакл роњандозї мешавад. Тибќи модели муќаррарї судњои конститутсионї ташкил мешаванд. Зимни модели дигар бошад, маќомоти ѓайрисудї таъсис дода мешаванд. Њар ду намуди маќомот дар асл маќомоти махсуси тафтиши судии конститутсионї буда, айни замон метавонанд судї ё ѓайрисудї бошанд.

Њамзамон, як ќатор муаллифон аќида доранд, ки маќомоти ѓайрисудии тафтиши конститутсионї ба модели аврупої мансуб нестанд. Чунончи, ба андешаи М.Ф. Чудаков, ташкили маќомоти махсуси ѓайрисудї мансуб ба моделњои амрикої ва аврупої нест[1].

Дар адабиёти илмї аќидањои дигар низ љой доранд. Чунончи, ба андешаи А.А. Клишас, хусусияти модели аврупоии тафтиши конститутсионї ин аст, ки дар заминаи он маќомоти тафтиши конститутсионии њам махсус ва њам махсуснагашта ташкил мешаванд. Дар ин замина муаллиф шаклњои тафтиши конститутсионии махсус ва махсуснагаштаро дар дохили модели аврупої људо мекунад. Њамчунин далел ба ду намуди маќомоти тафтиши конститутсионии Франсия - Шўрои конститутсионї ва Шўрои Давлатї ишора мешавад. Шўрои конститутсионии Франсия чун маќоми махсуси тафтиши конститутсионї тавсиф мешавад. Њамзамон ќайд мешавад, ки Шўрои Конститутсионии Франсия оид ба мувофиќати њамаи ќонунњо то имзои онњо аз љониби Президент, њамчунин дастурњои палатањои парламент пеш аз ќабулашон хулоса медињад. Шўрои Конститутсионї њамчунин масъалањоро вобаста ба интихобот, раъйпурсии умумимиллї, ихтилофоти њуќуќї зимни ташкили парламент (интихоби вакилон) баррасї мекунад. Шўрои Давлатии Франсия бошад, санадњои меъёрии њокимияти иљроияро пас аз эътибори њуќуќї пайдо намудан онњо мавриди санљиш ќарор медињад[2].

Чунин салоњияти Шўрои конститутсионии Франсия ва маќомоти кишварњои дигар хусусияи фарќкунандаи модели аврупоии тафтиши судии конститутсиониро муайян мекунад. Дар њамин асос муњаќќиќон кўшиш мекунанд, ки тафовути модели аврупої ва амрикоии тафтиши конститутсиониро муайян намоянд. Аз љумла, ба андешаи С.В. Боботов, яке аз сабабњои дар Аврупо татбиќ нагаштани модели амрикої дар он аст, ки «дар ИМА Конститутсия муќаддас буда», дар Аврупо бошад, «ќонуни ба Конститутсия ва присипњои умумии њуќуќ асосёфта муќаддас аст»[3].

Дар адабиёти илмї сабабњои дигари амалї гаштани модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї низ тањлил мешаванд. Аз љумла, тибќи андешаи бештари муњаќќиќон, тањаввули режимњои парламентї ва нимпарламентї дар самти афзоиши њокимияти иљроия ва дастгоњи њизбии сиёсї боиси љори гаштани назорат аз болои маќомоти ќонунгузор гаштааст[4].

Бояд зикр намуд, ки тафтиши судии конститутсионї дар кишварњои Аврупои Ѓарбї њамчунин сохтори давлати њуќуќбунёд пањн мешавад. Дар тањлилњои илмї тафтиши судии конститутсионї чун талаби ё нишонаи давлати њуќуќбунёд арзёбї мешавад. Дар адабиёти илмї, алалхусус дар назарияи давлат ва њуќуќи пасошўравї низ волоияти Конститутсия, ќонунияти конститутсионї ё тафтиши судии конститутсионї чун ншонаи давлати њуќуќбунёд тавсиф мегардад. Аз ин аќида В.С. Нерсесянс, С.С. Алексеев, А.В. Малко ва бештари муаллифон дигар љонибдорї мекунанд. Ба ибораи дигар, тафтиши судии конститутсионї чун нишона ё талаби давлати њуќуќбунёд дар бештари кишварњои љањон пањн мешавад.

Модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї чун сохтори њатмии давлати њуќуќбунёд дар њамаи давлатњои Аврупои Ѓарбї пањн шуда, хусусияти њамагонї пайдо мекунад. Тибќи андешаи як ќатор муаллифон, омилњои зерин боиси бо суръати баланд ва тез пањн гаштани модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї гаштаанд: 1) зиёд шудани миќдори ќонунњо ва санадњои меъёрии дигар дар натиљаи таќвият ёфтани фаъолияти иќтисодї ва иљтимоии давлатњо ва ошкор гаштани ихтилофоти онњо бо конститутсияњо; 2) ихтилофот ва бањсњои њуќуќї дар натиљаи васеъ амалї гаштани гуногунсиёсї, њамчунин дар натиљаи ихтилофоти марбут ба сохти давлатии федеративї[5].

Тафтиши судии конститутсионї тибќи модели аврупої самтњои гуногун дорад. 1) тафтиши пешакии таѓйироти конститутсионї, шартномањои байналхалќї ва санадњои меъёрї то эътибори њуќуќї пайдо намудани онњо; 2) тафтиши баъдинаи абстрактї ва мушаххас дар асоси мурољиати судњо ва шикоятњои фардї; 3) тафсири расмии конститутсия, ќонунњо ва санадњои меъёрии дигар; 4) њалли ихтилофот ва бањсњои њуќуќї байни маќомоти давлатї (субъектони федератсия, байни онњо ва федератсия); 5) назорат аз болои њизбњо ва иттињодияњои љамъиятию сиёсии дигар; 6) муайян намудани конститутсионї ва ќонунї будани раъйпурсї, интихобот; 7) тасдиќи мансаби вакилони интихобшуда; 8) муайян намудани вазъи њуќуќї ва салоњияти хизматчиёни давлатї; 9) њалли масъалаи аз вазифа барканор намудани сарвари давлат ва шахсони мансабдори дигар; 10) тасдиќи њолатњои њуќуќї ва дигар, ки заминаи пароканда гаштани маќомоти намояндагї, аз он љумла парламент мегарданд[6].

Дар адабиёти илмї ба хусусиятњои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї эътибор медињанд. Аз љумла, О.В. Брежнев хусусиятњои зерини модели зикршударо муайян мекунад: 1) таъсиси маќоми махсуси тафтиши конститутсионї – суди конститутсионї, ки ба низоми судї дохил намешавад ё дар низоми судї мавќеи мухтор дорад; 2) тафтиши судии конститутсионї барои маќомоти тафтиши конститутсионї ваколати асосї мебошад; 3) тартиби ташкили судњои конститутсионї аз тарзи ташкили маќомоти судии дигар фарќ мекунад; 4) тартиби махсуси мурофиавии фаъолияти судњои конститутсионї дар шакли мурофиаи конститутсионї; 5) ќарорњои маќоми тафтиши конститутсионї на танњо барои тарафњои парвандаи конститутсионї, балки барои њамаи субйектњои њуќуќ њатмист[7].

Бояд зикр намуд, ки О.В. Брежнев зимни муайян намудани хусусиятњои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї фаъолияти судњои конститутсиониро ба асос мегирад. Вале тавре маълум аст, модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї шаклњои гуногун дорад, аз љумла, дар шакли ташкили судњои конститутсионї ва маќомоти ѓайримудї истифода мешавад. Аз ин рў, тањлили мавсуф хусусиятњои танњо як шакли модели аврупоии тафтиши судии конститутсиониро муайян мекунад.

Муаллифони дигар зимни муайян намудани хусусиятњои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї њамин њолатро, яъне гуногуншаклии модели зикршударо ба назар мегиранд. Аз љумла, А.А. Клишас, зимни тањлили хусусиятњои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї ба њолатњои зерин эътибор медињад.

Якум, маќомоти аврупоии тафтиши конститутсионї дар баробари муайян намудани мувофиќати санадњои меъёрї бо конститутсия, њамзамон чун инстансияи судї нисбат ба шахсони мансабдори олимаќом (дар Австрия ва Олмон) баромад мекунанд.

Дуюм, маќомоти аврупоии тафтиши конститутсионї њамчун суди интихобї њангоми гузаронидани раъйпурсии умумимиллї (дар Франсия ва Италия) фаъолият мебаранад.

Сеюм, маќомоти аврупоии тафтиши конститутсионї масъалањои конститутсионї будани њизбњои сиёсї ва њаракатњои љамъиятиро њал мекунанд[8].



[1] Ниг.: Австрийская Республика. Конституция и законодательные акты / Сост. Т.Г. Морщакова. М.: Прогресс, 1985.

[2] Ниг.: Чудаков М.Ф. Конституционное государственное право зарубежных стран. Минск: Харвест, 1998. С. 222 – 224.

[3] Ниг.: Клишас А.А. Ас. иш. С. 128, 137, 140.

[4] Боботов С.В. Конституционная юстиция. С. 55.

[5] Витрук В.Н. Конституционное правосудие. Судебно-конституционное право и процесс: Учебное пособие. 3-е изд. С. 60.

[6] Ниг.: Клишас А.А. Указ. соч. С. 120 – 129; Сафьян М. Роль конституционных судов в процессе создания конституционного права // Конституционное правосудие на рубеже веков. Материалы международной конференции, посвященной 10-летию Конституционного Суда Российской Федерации (1 – 2 ноября 2001 г., г. Москва). М., 2002. С. 127; Ильинский И.П. Парламент Австрии // Парламенты мира: Сб. М., 1991. С. 10 12; Чиркин В.Е. Конституционное право зарубежных стран. М., 1999. С. 123 и др.

[7] Ниг.: Брежнев О.В. Брежнев О.В. Судебный конституционный контроль в России: проблемы методологии, теории и практики: Дис. … д-ра. юрид. наук. М.: МГУ, 2006. С. 72 – 73.

[8] Ниг.: Клишас А.А. Указ. соч. С. 129 – 130.

 

Муайян намудани хусусиятњои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї аз он вобаста аст, ки муњаќќиќ то кадом андоза гуногуншаклии онро ба эътибор мегирад. Чунончи, А.А. Клишас зимни људо намудани мафњумњои «тафтиши конститутсионї» ва «адолати судии конститутсионї» мафњумњои тафтиши конститутсионии махсус ва махсус нагаштаро фарќ мекунад. Њамин њолат ба мавсуф имкон медињад, ки њангоми муайян намудани хусусиятњои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї њолатњои алоњидаро низ ба эътибор гирад.

Боиси зикр аст, ки њангоми тањлили хусусиятњои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї гуногуншакалии онро њатман ба эътибор бояд гирифт. Якум, фаъолияти маќомоти судї (судњои конститутсионї) ва маќомоти ѓайрисудии тафтиши конститутсионї (шўрои конститутсионї ва диг.) хусусиятњои хос худро доранд. Дуюм, модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї дар кишварњои алоњида бо назардошти шароити он (хусусиятњои низоми њуќуќї, низоми судї, фарњанги њуќуќї, амалияи судї ва м.и.) татбиќ мешавад.

Аз ин рў, хусусиятњои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї ба ду гуруњ бояд људо карда шаванд: а) хусусиятњои умумї, ки ба њамаи шаклњои модели мазкур мансуб буда метавонанд; б) хусусиятњои мушаххаси модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї, ки дар робита бо шаклњои гуногуни модели мазкур ва шароитњои татбиќи он муайян мешаванд. Ба назар гирифтани чунин таснифи хусусиятњои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї муњим аст. Чунончи, дар як ќатор кишварњои Аврупо одатан судњои конститутсионї ба низоми судї дохил карда намешаванд. Агар дохил карда шаванд њам, вале мавќеи мухтор доранд. Барои њамин муаллифон (О.В. Брежнев, А.А. Клишас ва диг.) чунин њолатро њамчун хусусияти модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї мепазиранд.

Ба назар гирифтани ин хусусияти модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї дар кишварњои ИДМ, аз љумла дар Тољикистон муњим аст. Чунончи, тибќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон Суди конститутсионї ба низоми судї дохил карда мешавад. Аз ин рў, хусусиятњои умумии модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї дар кишварњои алоњида бо назардошти шароитњои ин кишварњо татбиќ гашта, њамчун хусусияти мушаххаси модели аврупої баромад мекунад.

Дар шароити аз байн рафтани низоми љањони сотсиалистї, модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї дар собиќ давлатњои сотсиалистї низ истифода мешавад. Чунончи, имрўз модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї дар кишварњои Аврупои Шарќї (Полша, Венгрия, Словения, Болгария, Руминия, Љумњурии Чехия, Љумњурии Словакия) истифода мешавад.

Кишварњои пасошўравї низ аз модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї истифода намуданд. Дар онњо хусусиятњои умумии модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї бо назардошти шароити мушаххаси онњо ба назар гирифта мешаванд.

1. Дар кишварњои пасошўравї ду шакли маълуми модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї татбиќ мешавад. Дар бештари давлатњои аъзои ИДМ маќомоти махсуси тафтиши конститутсионї – судњои конститутсионї таъсис дода мешаванд. Дар Љумњурии Ќазоќистон бошад, Шўрои конститутсионї амал мекунад, ки дар заминаи Суди конститутсионии пештара таъсис дода шудааст.

2. Дар бештари кишварњои пасошўравї судњои конститусионї ба низоми судї чун маќомоти њокимияти судї дохил карда мешаванд. Ин хусусияти хоси татбиќи модели аврупоии тафтиши судии конститутсионї дар кишварњои пасошўравї мебошад, чунки дар як ќатор кишварњои Аврупои Ѓарбї судњои конститутсионї ба низоми судї дохил карда намешаванд. Ин њолатро бештари муаллифон чун хусусияти модели аврупої эътироф мекунанд.

3. Њамин њолат аз тарафи кишварњои пасошўравии алоњида њангоми истифодаи модели аврупої ба назар гирифта мешавад. Чунончи, Суди конститутсионии Љумњурии Молдова ба низоми судї дохил карда намешавад.

4. Дар Ќазоќистон бошад, агарчанде шакли дигари модели аврупої (ба мисли Франсия) истифода шавад њам, вале дар як ќатор тањлилњои илмї Шўрои конститутсионї ба ќатори маќомоти амаликунандаи адолати судии конститутсионї дохил карда мешавад. Айни замон на њамаи муаллифон бо чунин нуќтаи назар розї мебошанд[1]. Аќидаи дигар низ љой дорад, ки Шўрои конститутсионии Ќазоќистон маќоми ѓайрисудии тафтиши конститутсионї буда, ќарорњон он хусусияти тавсиявї доранд[2].

5. Њайат ва тартиби ташкили маќомоти тафтиши конститутсионї дар кишварњои ИДМ гуногун аст. Чунончи, раис ва панљ судяи Суди конститутсионии Љумњурии Белорус аз тарафи Президент таъин мешаванд, боќимонда шаш судяњо аз тарафи Сенат мутобиќан ба 11 сол интихоб мешаванд. Суди конститутсионии Украина аз 18 судяњо иборат аст, ки аз тарафи Президент, Радаи Олї ва съезди судяњои Украина (мутобиќан шаш нафарї) таъин мешаванд. Панљ нафар аъзои Суди конститутсионии Арманистонро Маљлиси Миллї ва боќимонда чор судяро Президет таъин мекунанд. Дар Љумњурии Молдова судяњои Суди конститутсиониро Парламент, Президент ва Шўрои олии магистратура (мутобиќан ду нафарї) таъин мекунанд. Президенти Љумњурии Ќазоќистон, Раиси Сенат ва Раиси Маљлис ду нафарї аъзои Шўрои конститутсиониро таъин мекунанд. Дар кишварњои дигари пасошўравї тартиби ташкили судњои конститутсионї хусусиятњои дигар дорад.

Њамчунин синни судяњои маќомоти тафтиши конститутсионї ва муњлати фаъолияти онњо дар кишварњои ИДМ фарќ мекунанд. Љунончи, синни нињоии аъзоёни Суди конститутсионии Љумњурии Белорус, ба муњлати 11 сол таъин ва интихоб мешаванд, 75 аст. Судяи Суди конститутсионии Украина ба муњлати 9 сол бе њуќуќи таъини дубора ба ин вазифа таъин мешавад, Раиси Суди конститутсионї бошад, дар маљлиси махсуси пленарии суд зимни овоздињии пинњонї ба муњлати се сол интихоб мешавад. Дар Љумњурии Арманистон принсипи ивазшавии судяњо ва аъзоёни Суди конститутсионї амал намуда, айни замон судя то синни 65 ва аъзои Суди конститутсионї то синни 70 фаъолият бурда метавонанд. Судяњои Суди конститутсионии Молдова ба муњлати шаш сол таъин мешаванд. Муњлати фаъолияти аъзои Шўрои конститутсионии Ќазоќистон шаш сол буда, айни замон собиќ Президентњо аъзои якумра мебошанд.

Конститутсияњои кишварњои ИДМ њамчунин талаботи дигарро ба аъзои маќомоти тафтиши конститутсионї пешкаш мекунанд. Аз љумла, дар соњаи ахлоќ, стажи кории касбї ва ѓ. Чунончи, судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Белорус бояд мутахассисони баландихтисоси соњаи њукуќ буда, бояд унвони илмї дошта бошанд.

Дар адабиёти илмї бо чунин њолат таваљљўњ зоњир мешавад, ки дар кишварњои пасосотсиалистї ва тараќќикунанда моделњои тафтиши конститутсионии Аврупои Ѓарбї вобаста ба шароити мањал татбиќ гашaта, таѓйир меёбанд. Дар як ќатор кишварњои пасосотсиалистї чунин мутобиќгарди зимни наздикии љуѓрофї ё маблаѓгузории имтиёзноки хориљї анљом меёбад. Њамзамон дар як ќатор кишварњои пасосотсиалистии Аврупои Шарќї тафтиши конститутсионї хусусиятњои хоси худро дорад. Чунончи, назорати конститутсиониро дар Полша Трибунали конститутсионї, дар Руминия Палатаи конститутсионї амалї мекунанд. Судњои конститутсионии Болгария, Венгрия, Чехия, Словакия, Сербия ва Черногория вазъи њуќуќии мухтор дошта, ба низоми таљзияи њокимият дохил карда намешаванд[3].

Дар кишварњои тараќќикунанда бошад, моделњои собиќ метрополияњо истифода мешаванд. Чунончи, дар Алљазоир модели франсавии тафтиши конститутсионї дар самти таъсиси Шўрои конститутсионї истифода мешавад[4].

Адабиёт

1. Австрийская Республика. Конституция и законодательные акты / Сост. Т.Г. Морщакова. М.: Прогресс, 1985.

2. Андреев И.А. Политические институты и конституционное право Польши // Иностранное конституционное право / Под ред. В.В. Маклакова. М.. 1996.

3. Алексеенко И.Г. Восточная Европа: революция в конституционном праве. Днепропетровск, 1997.

4. Боботов С.В. Конституционная юстиция. М.: ЕАВ, 1994.

5. Брежнев О.В. Судебный конституционный контроль в России: проблемы методологии, теории и практики: Дис. … д-ра. юрид. наук. М.: МГУ, 2006.

6. Витрук Н.В. Конституционное правосудие. Судебно-конституционное право и процесс: Учеб. пособие. 3-е изд., пераб. и доп. М.: НОРМА, 2011.

7. Витрук Н.В. Конституционное правосудие: Учеб. пособие. М., 1998.

8. Ильинский И.П. Парламент Австрии // Парламенты мира: Сб. М., 1991.

9. Конституционное правосудие на рубеже веков. Материалы международной конференции, посвященной 10-летию Конституционного Суда Российской Федерации (1 – 2 ноября 2001 г.; г. Москва). М., 2002.

10. Конституция Российской Федерации: Энциклопедический словарь / В.А. Туманов, В.Е. Чиркин, Ю.А. Юдин и др. М., 1997.

11. Конституционное правосудие в странах СНГ и Балтии: Сб. нормативных документов / Отв. ред. М.А. Митюкова. М., 1998.

12. Ковешников Е.М., Марченко М.Н., Стешенко Л.А. Конституционное право стран Содружества Независимых Государств: Учебник для вузов. М.: Изд. группа НОРМА – ИНФРА, 1999.

13. Клишас А.А. Конституционная юстиция в зарубежных странах. М., 2004.

14. Латинская Америка и Карибы. Политические институты и процессы / Отв. ред. З.В. Ивановский. М., 2000.

15. Медушевский А. Кельзеновская модель конституционного правосудия и изменение конституций в странах Восточной Европы // Конституционное правосудие в постсоветских странах: Сб. докл. М.: Центр конституционных исследований МОНФ, 1999.

16. Мартинович И.И. Закон о судоустройстве в статусе судей в Республике Беларусь // Государство и право. 1996. № 8.

17. Основной Закон Федеративной Республики Германии // Конституции государств Европы / Под общ. ред. Л.А. Окунькова. Т. 1. М.: Прогресс, 2001.

18. Орлов А.Г. Высшие органы государственной власти стран Латинской Америки. М., 2001.

19. Сафьян М. Роль конституционных судов в процессе создания конституционного права // Конституционное правосудие на рубеже веков. Материалы международной конференции, посвященной 10-летию Конституционного Суда Российской Федерации (1 – 2 ноября 2001 г., г. Москва). М., 2002.

20. Федеральный конституционный закон от 10 ноября 1920 г. // Конституции государств Европейского Союза. М., 1997.

21. Франция. Конституция и законодательные акты. М.: Прогресс, 1989.

22. Чиркин В.Е. Конституционное право зарубежных стран. М., 1999.

23. Чудаков М.Ф. Конституционное государственное право зарубежных стран. Минск: Харвест, 1998.

Исмоилов П.- ёрдамчии судяи Суди
конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Конститутсияи (САРЌОНУНИ) Љумњурии Тољикистон ва њуќуќи байналмилали

То ќабули Конститутсия бори нахуст оид ба истиќлолияти Љумњурии Тољикистон дар «Эъломияи истиќлолияти Љумњурии Тољикистон аз 24 августи соли 1990 (Иљлосияи дуюми Шўрои Олии ЉШС Тољикистон, даъвати 12-ум) сухан рафтааст. Баъдан, изњороти Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон» дар иљлосияи ѓайринавбатии Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон (аз 9 сентябри соли 1991) ќабул гардида, тавасути ин санад истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон эътироф карда шуд. Дар моддаи 1 Эъломияи мазкур, истиќлолияти давлатї њамчун «ягонагї ва њукмравоии њокимияти давлатї дар тамоми њудуди Љумњурии Тољикистон ва соњибихтиёрии он дар муносибатњои хориљи» маънидод шудааст.

Ин санади муњим барои 6 ноябри соли 1994 ќабули Конститутсияи (Сарконуни) Љумњурии Тољикистон замина гузошт, ки дар он Љумњурии Тољикистон муносибати худро ба принсипњо ва меъёрњои умумиэътирофшудаи њуќуќи байнахалќї изњор намуд.

Чунончи, ќисми 3 моддаи 10 Конститутсия (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон омадааст: «Санадњои њуќуќии байналмиллалие, ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил медињанд. Агар ќонунњои љумњурї ба санадњои њуќуќи байналмилалии эътирофшуда мутобиќат накунанд, меъёрњои санадњои байналмиллалї амал мекунанд».[5]

Ин меъёри Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз он шањо­дат медињад, ки Љумњурии Тољикистон бо маќсади иљро намудани ўњдадорињои байналхалќии худ кўшиш намуда, онро яке аз вазифањои асосї мењисобад. Айни замон узви комилњуќуќи созишномањои бисёртарафаи байналмилалї ва минтаќавї, аз љумла: Созмони Миллали Муттањид (СММ), Иттињоди Давлатњои Мустаќил (ИДМ), Созмони Њамкории Шанхай (СЊШ), Иттињоди Њамкории Авруосиё (ЕврАзЭс) ва дигар ташкилотњои байналмилалї мебошад. Тољикистон, инчунин бо давлатњои алоњида низ созишномањои дутарафа ба имзо расонида, дар давлатњои хориљї сафорату муассисањои консулии худро кушодааст. Инчунин Љумњурии Тољикистон узви паймонњои СММ оид ба њуќуќи гражданї ва сиёсї, оид ба њуќуќи иќтисодї, иљтимої, фарњангї ва ѓайра мебошад.

Дар ќисми 4 моддаи 11 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон омадааст, ки «Давлат бо њамватанони берунмарзи њамкорї мекунад». Љумњурии Тољикистон аз солњои аввали истиќлолият барои ба роњ мондани робитањо бо њамватанони берунмарзї саъйю кўшиш менамояд ва дар рўзњои истиќлолият доир намудани форуми тољикон ба њукми анъана даромадааст. Ба роњбарии Президенти мамлакат то њол дар ин форум садњо тољикон ширкат варзидаанд. Ташаккули диаспораи точикон дар хориља, аз нигоњи њуќуќї ва мувофиќи ќонунгузории кишвари сукунаташон, ба расмият даровардани онњо, амалисозии њуќуќи диаспорањо барои озодии раводид љузъи ин сиёсати давлати Тољикистон мебошад.

Ба љуз ќонуни Асосї дар њар як кишвар ќонуни алоњида дар бораи бастан, иљро кардан ва бекор кардани шартномаи байналхалќї ќабул мешавад, ки он сарфи назар аз хусусияту шакл ва номи шартномањои байналхалќї танзимгари тамоми љараёни марњилањои бастани шартномањои байналхалќии давлати алоњида мебошад. Дар Љумњурии Тољикистон 11 декабри соли 1999 Ќонун «Дар бораи шартномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон» ќабул шудааст, ки тибќи моддаи 6 ин Ќонун дар Љумњурии Тољикистон шахсони зерин вобаста ба вазифаашон ва бе зарурати пешнињоди ваколаташон муаррифкунандаи Љумњурии Тољикистон ба њисоб мераванд: а) Президенти Љумњурии Тољикистон, Раиси Њукумати Љумњурии Тољикистон, Сарвазири Љумњурии Тољикистон ва Вазири корњои хориљии Љумњурии Тољикистон бо маќсади содир намудани њамаи амалњое, ки бо бастани шартномањо вобастаанд; б) Сарвари намояндагии дипломатии Љумњурии Тољикистон ё сарвари намояндагии Љумњурии Тољикистон дар назди созмони байналхалќї бо маќсади гузаронидани гуфтушунид барои ќабули матни шартнома мутобиќан бо давлати маскун ё дар доираи созмони байналхалќии дахлдор.

Дигар сарчашмањои муњими њуќуќи байналхалќиро принсипњои асосии њуќуќи байналхалќї ташкил медињанд, ки дар моддаи 11 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон инъикос ёфтаанд. Тибќи он, асоси сиёсати берунаи Љумњурии Тољикистонро принсипњои асосии њуќуќи байналхалќї ташкил медињанд, ё ба ибораи дигар гўем, Љумњурии Тољикистон муносибатњои хориљии хешро бо воситаи ин принсипњо муайян менамояд. Эњтироми њуќуќ ва озодии инсонро муќаддас шуморида, риоя ва њифзи онро дар ќаламрави хеш таъмин мекунад. Баробарњуќуќї ва худмуайянкунии тамоми халќу миллатњоро эътироф менамояд.

Зарурати таљассуми принсипњои асосии њуќуќи байналхалќї дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар он зоњир мешавад, ки Тољикистон ба њайси як субъекти комилњуќуќи байналхалќї аз љониби зиёда аз 137 давлати љањон эътироф шудааст ва Конститусия санади њуќуќиест, ки вазъи њуќуќии давлатро дар дохилу дар хориљ муайян менамояд. Љумњурии Тољикистон дар муносибатњои берунаи хеш аз дахолат кардан ба корњои дохилии давлати дигар, истифода бурдани ќувва дар њалли масъалањои байналхалќї худдорї менамояд. Њамкорињои байналхалќиро дар асоси эътирофи соњибихтиёрї ва истиќлолияти давлатњо ва дар шаклњои дуљониба ва бисёрљониба ба роњ мемонад ва ин принсипњоро чун асоси муайянкунандаи муносибатњои хориљии худ тибќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон эътироф менамояд.

Дар моддаи 14 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон афзалияти њуќуќу озодињои инсону шањрванд на танњо аз тарафи Конститутсия ва ќонунњои дохилї, балки аз тарафи санадњои њуќуќи байналмиллалї низ таъкид шудааст. Њуќуќ ва озодии дигарон, тартиботи љамъиятї, њимояи сохти конститутсионї ва тамомияти арзии љумњурї арзишњое мебошанд, ки ба хотири нигањдории онњо мањдудсозии њуќуќу озодии инсон ва шањрванд раво дониста мешаванд. Бояд таъкид намуд, ки чор омили мањдудкунандаи њуќуќи шањрвандон ба талаботи демократия оид ба њамоњангсозии мавќеъњои мухталиф пурра љавобгў мебошанд ва як ќатор санадњои њуќуќи байналмилалї, аз љумла Паймони байналмилалї оид ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї, ки онро Љумњурии Тољикистон расман эътироф намудааст, дар ин бобат нишондодњои мушаххас низ дорад. Аз љумла, дар моддаи 22 санади байналмилалии зикршуда таъсиси иттињодия бо дигарон ба хотири њифзи манфиатњои худ зикр шуда, дар ќисми дуюми њамин модда таъкид мешавад, ки «истифода аз њуќуќи мазкур тањти мањдудият ќарор дода намешавад, ѓайр аз мањдудиятњое, ки дар ќонун пешбини шудаанд ва дар љомеаи демократї барои манфиатњои амнияти давлатї ё љамъиятї, тартиботи љамъиятї, њифзи саломати ва ахлоќи ањолї ё барои њифзи њуќуќ ва озодии дигарон заруранд».[6]

Њуќуќ ба њаёт – муњимтарин њуќуќи инсон, ба ибораи дигар, њуќуќи фитрї ва чудонопазири њар шахс эътироф шудааст. Њар шахс аз лањзаи таваллуд њаќќи зиндагї дорад ва ин њуќуќ бо кафолатњои њуќуќї, ки дар моддаи 18 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва њам дар ќонунгузории соњавї сабт шудааст, таъмин карда мешавад.



[1] Ниг.: Мартинович И.И. Закон о судоустройстве в статусе судей в Республике Беларусь // Государство и право. 1996. № 8. С. 92.

[2] Ниг.: Конституционное правосудие в странах СНГ и Балтии: Сб. нормативных документов / Отв. ред. М.А. Митюкова. М., 1998. С. 44.

[3] Ниг.: Ковешников Е.М., Марченко М.Н., Стешенко Л.А. Конституционное право стран Содружества Независимых Государств: Учебник для вузов. М.: Изд. группа НОРМА – ИНФРА, 1999. С. 372.

[4] Ниг.: Конституционное правосудие в странах СНГ и Балтии: Сб. нормативных документов / Отв. ред. М.А. Митюкова. М., 1998. С. 44.

[5] Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон аз 6 ноябри соли 1994.

[6] Ниг.: Витрук Н.В. Конституционное правосудие: Учеб. пособие. М., 1998. С. 208.

 

Муќаррароти конститутсионї оид ба њаќќи зиндагии њар кас ба санадњои муњими байналхалќие, ки Љумњурии Тољикистон онњоро расман эътироф намудааст, низ мувофиќат мекунанд. Чунончи тибќи моддаи 3 Эъломияи њуќуќи башар; «Њар як фард ба њаёт, озодї ва дахлнопазирии шахси њуќуќ дорад». Тибќи моддаи 6 Паймони байналмилали оид ба њуќуќхои шањрвандї ва сиёсї бошад, «њуќуќ ба хаёт хаќќи људонопазири њар як инсон мебошад. Ин њуќуќ тавассути конун хифз карда мешавад. Њеч кас наметавонад худсарона аз њаёт мањрум карда шавад. Дар ин ду санади байналхалќї назарияи таббии њуќуќи инсон ба њаёт эътироф шуда, расмиёти худро ёфт, ки тавассути он эълон намудани њуќуќ ба њаёт барои мустањкам намудани кафолати байналмилалї чунин як њуќуќи арзишманд аз љониби давлатњо дар шартномањои байналмилалии (умумї) ва минтаќавї мустањкам гардонида шудааст.[1] Мувофиќи моддаи ќисми 2 моддаи 18 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дахлнопазирии шахс кафолат дода шуда, дар баробари ин муќаррар карда шудааст, ки нисбати њељ кас шиканља, љазо ва муносибати ѓайриинсонї раво дида намешавад. Моддаи мазкур, инчунин муайян намудааст, ки инсонро мавриди озмоиши маљбурии тиббї ва илмї ќарор додан мумкин нест. Ин гуфтањо аз он шањодат медињанд, ки дар Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон принсипњои њуќуќи байналхалќї ба таври пурра риоя карда шудаанд.

Аз нигоњи њуќуќи байналхалќї, истифодаи шиканља нисбати инсон яке аз намудњои даѓалона вайрон кардани њуќуќњои инсон ва шањрванд ба шумор рафта, он набояд ба ягон њолат нисбати шахс роњ дода шавад. Озодї аз шиканља њуќуќи мутлаќи инсон буда, набояд дар ягон њолат мањдуд карда шавад. Ба њамин маќсад, Эъломияи њуќуќи башар дар моддаи 5 пешбинї менамояд, ки «Њељ кас набояд мавриди шиканља ва муносибат ё љазоидињии берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунанда ќарор гирад».[2]

Дар Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї низ муќаррар шудааст, ки «њар кас ба озодї ва дахлнопазирии шахсї њаќ дорад». Бо дарназардошти ин меъёрњои њуќуќи байналмилалї, Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон кафолати давлатии дахлнопазирии шахсро муќаррар намудааст, ки он давоми мантиќии њаќќи шахс ба зиндагї мебошад.

Моддаи 19 Конститутсия пурра ба мазмуни ду моддаи «Эъломияи умумии њуќуќи башар» ва Паймони байналмиллалї оид ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї љавобгў мебошад. Дар Эъломияи умумии њуќуќи башар омдааст, ки: «Њар як инсон дар сурати поймол гардидани њуќуќњои асосии ў, ки бо Конститутсия ё ќонун пешбинї шудаанд, барои барќарорсозии пурраи онњо аз тарафи судњои босалоњияти миллї њаќ дорад». Дар моддаи «Паймони байналмиллалї оид ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї» бошад оид ба ин мавзўъ гуфта шудааст, ки: «Њамаи шахсон дар назди судњо ва трибуналњо баробаранд, њар кас њангоми баррасии њар навъ айбдории љиноятие, ки ба ў эълон мешавад ё њангоми муайян кардани њуќуќ ва ўњдадорињои ў дар ягон мурофиаи шањрвандї, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоњият, мустаќил ва беѓаразе, ки дар асоси ќонун таъсис дода шудааст, њаќ дорад». Дар ин меъёрњои њуќуќи байналхалќї сухан мањз дар бораи њуќуќи инсон ба њимояи судї меравад, ки ў њаќ дорад дар мавриди поймол шудани њуќуќњояш, ки Конститутсия ва ќонунњо муайян намудаанд, онро истифода намояд.

Хотирнишон бояд кард, ки дар моддаи 10 Конститутсия афзалияти санадњои њуќуќи байналхалќї нисбат ба ќонунгузории дохилї зикр шудааст ва тамоми фаъолияти ќонунгузории љумњурї дар масалаи пешнињоди њуќуќу озодињои сиёсї, њуќуќи муттањидшавї дар иттињодияњои љамъиятї, њизбњои сиёсї ва дигар ташкилотњои љамъиятї аз Паймони мазкур, инчунин Эъломияи њуќуќи башар, Паймони байналмиллалї оид ба њуќуќи иќтисодї, иљтимої ва фарњангї сарчашма гирифтаанд. Моддаи 28 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон исботи њамин аќида мебошад ва дар мавриди таъмини њуќуќи инсон барои муттањид шудан ва иштирок кардан дар њаёти сиёсии љомеа имконияти пурра муњайё месозад.

Дар баробари дигар њуќуќњои инсон ва шањрванд, дар Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Эъломияи њуќуќи башар ва Паймони байналмиллалї оид ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї «ба њар кас озодии сухан кафолат дода шудааст». Дар моддаи 30 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муќаррар шудааст, ки: «Ба њар кас озодии сухан, нашр, њуќуќи истифодаи воситањои ахбор кафолат дода мешавад». Мувофиќи моддаи 19 Эъломияи умумии њуќуќи башар «њар як инсон ба озодии аќида ва баёни озодонаи он њаќ дорад, ин њуќуќ бе мамоният нигоњ доштани аќидаи худ, озодона, ба њар восита ва сарфи назар аз сарњади давлати љустуљў, дастрасу интишор намудани маълумоту ѓояњоро дар бар мегирад». Инчунин оид ба озодии сухан дар Паймони байналмиллалии оид ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї низ ба таври муфассал нишон дода шудааст, ки «њар як инсон њаќ дорад, аќидањои худро бе мамоният пайравї намояд, њар инсон њаќ ба изњори озодонаи изњори худ њаќ дорад: ки њаќ озодии љустуљў кардан, ба даст овардан ва пањн намудани њама гуна маълумот ва ѓояро, сарфи назар аз марзњои давлатї, шифоњї ва хаттї, ё тавассути матбуот, ё шаклњои бадеии изњор ё дигар усулњо бо интихоби худ дар бар мегирад».

Дар моддаи 30 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва муќаррароти санадњои байналхалќї дар баробари озодии сухан, инчунин озодии нашр, њуќуќи истифодаи воситањои ахбор низ кафолат дода шудааст.

Дар баробари њамаи ин, Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муќаррар намудааст, ки Тољикистон давлати њуќуќбунёд ва демократї мебошад. Ин маънои онро дорад, ки дар чунин давлат ба таври воќеи њуќуќ ва озодињои инсон кафолат дода шуда, эътироф риоя ва њифзи онњо мањакњои асосї ва муайянкунандаи хусусияти њуќуќи ќонунгузорї ва амалияи татбиќи он мебошад. Дар байни њуќуќ ва озодињои сиёсии шањрвандон озодии сухан љои махсусро ишѓол карда, яке аз њуќуќњои муњими конститутсио dip class=v style=нии инсон ва шањрванд ба шумор рафтааст. Инро ба назар гирифта, олими франсавї чунин навиштааст «инсон бе озодии иброз доштани аќидањои худ њељ гуна озодї дошта наметавонад». Мањз тавасути ин њуќуќ дигар њуќуќњои сиёсии инсон дар љомеаи демократї амалї мегарданд ва ин њуќуќ воситаи пешрафти љомеа ба њисоб меравад, зеро дар ошкор намудани камбудию норасоињо баёни сухан ањамияти муњим дорад. Аз ин љињат љомеа бояд ин њуќуќро дуруст ва бомаврид истифода барад, ки сатњи дурусти истифодабарии ин њуќуќро ба дараљаи шуурнокии њуќуќии мардум ва сатњи маърифати љомеа вобаста аст, агар сатњи шуурнокии њуќуќї паст бошаду дараљаи маърифатноки ба талабот љавобгўй набошад, дар чунин сурат эњтимолияти сўистифодаи озодии сухан ба назар мерасад.

Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон аз 6 ноябри соли 1994, ки бо тариќи раъйпурсии умумихалќї кабул гардидааст, принсипї «њимояи модару кўдакро њамчун ѓамхории махсуси давлат» эълон намуд.

Ин принсип мантиќан аз ѓояњои асосии Эъломияи њуќуќи башар бар меояд, ки дар моддаи алоњидаи он таљассум гардидааст чунончи: «Модар»

Ин масъулияти давлат аз андешидани тадбирњое иборат аст, ки ба устувории оилањо, њавасмандгардонии модар, њимояи манфиатњои њама аъзои оила, аз љумла модару кўдак ва муњайё кардани шароите нигаронида шудаанд, ки амалишавии пурраи њуќуќи оилавиро кафолат медињанд. Инъикоси ин меъёри конститутсионї аз он гувоњї медињад, ки дар њуќуќи миллї муќаррароти дахлдори як зумра санадњои њуќуќи байналмилалї, аз љумла Эъломияи њуќуќи кўдак ва Паймони байналмилалї оид ба њуќуќи иктисодї, ичтимої ва фархангї ва ѓайрахо татбиќ шудаанд.

Аз љумла, дар моддаи 16 Эъломияи њуќуќи башар ва моддаи 10 Паймони байналмилалї оид ба њуќуќи иќтисодї, иљтимої ва фарњангї оила њамчун рукни табиї ва асосии љамъият эътироф шуда, њифзи њуќуќи кўдак, модарону кўдакон сабт гардида, шаклњои гуногуни дастгирии иљтимоии оила пешбинї шудаанд. Инчунин дар ин санади њуќуќї таъкид шудааст, ки модарон дар давраи то таваллуд ва баъди таваллуд бояд бо ѓамхории махсус фаро гирифта шаванд. Пешбинї намудани чорањои махсуси њимояи модарї, бо њимояи махсус фаро гирифтани кўдакон ва наврасон, манъи истифодаи мењнати кўдакон дар њолате, ки агар ин мењнат ба саломатии љисмонию руњии кўдак ва инкишофи ў зарар расонад, аз ќабили дигар шаклњои дастгирии иљтимоии оила мебошад.

Кўдакон бояд аз истисмори иќтисодию иљтимои муњофизат карда шаванд. Дар моддаи 25 Эъломияи њуќуќи башар аз њимояи иљтимоии баробар бархурдор шудани њамаи кўдакон, сарфи назар аз он, ки дар аќди никоњ ё берун аз он таваллуд шудаанд, муќаррар шудааст.

Љанбањои алоњидаи принсипњои њимояи модарї ва кўдак, њифзи њуќуќи наврасон дар як ќатор эъломияњо ва конвенсияњои Созмони байналмилалии мењнат (СБМ) ба таври мушаххас инъикос ёфтаанд. Аз љумла, дар Эъломияи СБМ «Дар бораи њимояи модарї» дар давраи њомиладори ба занон пешнињод намудани рухсатии на камтар аз 12 – њафтаинаро, ки аз он аќалан 6 њафтааш бояд ба давраи баъд аз таваллуд рост ояд, пешбинї кардааст.Дар давраи рухсатї аз рўи њомиладорї ва таваллуд фармони аз кор озод намудани занон ѓайриќонунї эътироф мешаванд.[3]


[1] Тафсири илми оммавии Конститутсия (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон

[2] Эъломияи умумии њуќуќи башар» аз 10 декабри соли 1948.

[3] «Паймони байналмиллалї оид ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї» 16 декабри соли 1966.

 

 

 

Сафаров Д.С.- ассистенти кафедраи

њуќуќи конститутсионии

факултети њуќуќшиносии ДМТ

Иштирокчиёни Мурофиаи Судии Конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Адолати судї ба воситаи мурофиаи судї (гражданї, љиноятї, маъмурї, иќтисодї ва инчунин конститутсионї) ба амал бароварда мешавад. Дар тамоми намудњои мурофиањои судї аз тарафи маќомоти судии салоњиятдор тамоми парвандањо, аз ќабили: мурофиаи љиноятї, гражданї, иќтисодї, маъмурї ва инчунин конститутсионї баррасї ва њал мешаванд. Новобаста ба кадом тарз ё намуд њокимияти судї ба амал баровада шавад, дар он доираи субъектњое, ки њуќуќ ва ўњдадории муайянро, ки кодекс ё ќонунњои дахлдор муќаррар кардааст, доро мебошанд.

Мурофиаи судии конститутсионї, чун тарзи мустаќили ба амал баровардани хокимияти судї, мисли дигар намудњои мурофиаи судї, доираи иштирокчиёнеро, ки мувофиќи ќонун дорои њуќуќ ва ўњдадорињои муайян мебошанд, ќонунгузор муќаррар намудааст.

Њамин тавр, Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар боби махсус, боби 7-ум, ки «Иштирокчиёни мурофиаи Суди конститут­сионї, њуќуќ ва вазифањои онњо» ном дорад, њолати њуќуќии иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсиониро ба танзим даровар­дааст.

Оид ба масъалаи мазкур устод, Холиќов. К.Н тадќиќотњои зиёди илмї гузаронида, адабиётњои зиёди хориљиро мавриди тањлил ќарор дода аст[1].

Гуфтан зарур аст, ки тарафњои мурофиаи судии конститутсионї метавонанд шахсони мансабдор, инчунин намояндаи ќонунї ва ё намоянда аз рўи шартнома бошанд, аммо Дастури Суди конститутсионї онњоро ба категорияи дигар иштирокчиёни мурофиа, ки дар маљлиси судї иштирок мекунанд, дохил менамояд. Ин дар њолест, ки Ќонуни конститутсионї онњоро њамчун тарафи мушаххаси мурофиа эътироф менамояд. Мувофиќи ќоидаи умумї Ќонуни конститутсионї шахсони мансабдор ва намояндаи тарафњоро ваколатдор кардааст, ки бо маводњои парванда дар баробари иштирокчиёни асосї шинос шаванд ва аз њамин лињоз зарурати аз Дастури Суди конститутсионї гирифтани муќаррарот оиди дигар шахсони иштирокчии мурофиа зарур шуморида мешавад.

Масъалаи дигаре, ки диќќати моро ба худ љалб намудааст, ин истилоњи: субъектони мурофиаи судии конститутсионї ва ё иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионї мебошад. Дар аксарияти куллї мавридњо онњо иборањои ба њам монанд ба њисоб рафта, фаќат баъзењо ба он аќида мебошанд, ки истилоњи субъектони мурофиаи судии конститутсионї васеътар ба њисоб меравад.

Њолати дигаре, ки дар тадќиќоти кори мо дида мешавад, ин фарќияти субъектони мурофиаи судии конститутсионї аз дигар иштирокчиёни мурофиаи судї. Аз љумла, олими рус, В.И. Русинов њолати мурофиавии шахсонеро, ки дар мурофиаи судии конститутсионї иштирок менамоянд, тањлил намуда, тасдиќ менамояд, ки бо ин хусусияти ба худ хос онњо ба таври ќатъї ва обективона аз дигар иштирокчиёни мурофиаи судї: гражданї, иќтисодї, маъмурї ва ѓайра фарќ мекунад. Чунончи, ў ќайд менамояд, ки иштирокчии мурофиаи судии конститутсионї ин шахсе, ки новобаста аз дараља ва ангеза ба оќибати њалли парванда аз љињати моњият манфиати њуќуќї дорад, ки дар мурофиа аз номи худ бинобар доштани њуќуќњои мурофиавї, ки ќонун ба ў иљозат додааст, баромад менамояд.

Иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионї на танњо шахсони воќеї, балки шахсони мансабдор, маќомот, ки бо дархости онњо мурофиаи судии конститутсионї оѓоз ёфтааст ё ин ки оид ба конститутсионї будани амал ва ќарори онњо мурофиаи судии конститутсионї оѓоз шудааст, ба шумор мераванд.

Вобаста ба ин, дар ќонунгузорињои кишварњои пасошўравї дар аксарияти онњо истилоњи «иштирокчиёни мурофиаи конститиутсионї» ё ин ки «иштирокчиёни мурофиа» истифода мешавад. Танњо дар ќонунгузории Љумњурии Озорбойљон дар як ваќт истилоњњои «иштирокчиён» ё ин ки «субъектони мурофиаи конститутсионї» истифода мешаванд.

Дар адабиётњои њуќуќї вобаста аз критерияњои гуногун таснифоти намудњои иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионї љойдоранд. Чунончи, Киреева Е. Ю. бо такя ба моддаи 52 Ќонуни конститутсионии федералии Федератсияи Россия «Дар бораи Суди конститутсионии Федератсияи Россия» иштирокчиёни мурофиаи суди конститутсиониро ба намудњои зерин људо намудааст:

тарафњо;

намояндагони тарафњо;

шоњидон;

экспертњо;

тарљумонњо.

Бояд ќайд намуд, ки њамаи таснифоти иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионї, ки аз љониби ин олимон пешнињод карда шудааст, ањамиятнок буда, хизмати махсуси муаллифон дар он аст, ки аксарияти аз онњо одилона Суди конститутсиониро яке аз иштирокчии асосии мурофиа мењисобанд, вале мувофиќи ќонунгузорињои кишварњои мустаќили пасошўравї аз љумла, дар Љумњурии Тољикистон Суди конститутсионї дар ќонунгузории кишвар ба шумули иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионї ворид карда нашудааст.

Дар Љумњурии Тољикистон боби 7-и Ќонуни конститутсионї «Дар бораи Суди конститутсионї» бевосита ба иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионї бахшида шудааст. Боби мазкури Ќонуни конститутсионї аз ду модда ( 38,39) иборат буда, дар яке аз онњо доираи иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионї муайян карда шуда, (моддаи 38) дар дигараш бошад, доираи њуќуќ ва вазифањои онњо зикр карда шудааст (моддаи 39).

Мувофиќи ќисми 1 моддаи 38-и Ќонуни конститутсионии мазкур иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионї эътироф мешаванд:

тарафњо – шахсон ва маќомоте, ки бо дархости онњо мурофиаи судии конститутсионї оѓоз ёфтааст; шахсони мансабдор ва маќомоте, ки дар бораи конститутсионї будани амал ва ќарори онњо мурофиаи судии конститутсионї оѓоз ёфтааст;

намояндагони тарафњо – намояндагон аз рўи вазифа, намояндагон аз рўи ќонун, адвокатњо;

Хислати хоси ин меъёри Ќонуни конститутсионї дар он зоњир мегардад, ки вай дар як ваќт: якум, тарафњоро чун иштирокчии мурофиаи судии конститутсионї муќаррар ва даќиќ муайян намудааст, ки онњо шахсон ва маќомоте мебошанд, ки бо дархости онњо мурофиаи судии конститутсионї оѓоз ёфтааст. Дуюм, ќонуни конститутсионї муайян намудааст, ки ба сифати тарафњо дар мурофиаи судии конститутсионї инчунин шахсони мансабдор ва маќомоте, ки дар бораи конститутсионї будани амал ва ќарори онњо мурофиаи судии конститутсионї оѓоз ёфтааст, баромад мекунанд.

Аз ин љо савол ба миён меояд, ки Суди конститутсионї ва иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионї, ки барои ба амал баровардани адолати судї - конститутсионї мусоидат мекунанд, оё мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон иштирокчиёни мурофиаи суди конститутсионї эътироф карда мешаванд? Дар њаќиќат мувофиќи меъёрњои Ќонуни конститутсионї «Дар бораи судии конститутсионї» ва Дастури Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар мурофиаи судии конститутсионї иштирок намуда, наќши муайянкунандаро дар амалигардонии мурофиаи судии конститутсионї мебозанд.

Њамин тариќ, дар натиљаи тањлили меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ва Дастури Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо баназаргирии фикру аќидањои устоди мо Холиќов К.Н, ки таснифоти иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсиониро ба чор гурўњ таќсим намудан аз рўи мазмуни кор аст:

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамчун маќо­моти њокимияти судї ва ба амалбарорандаи адолати судии конститутсионї;

Тарафњо ва намояндагони онњо дар мурофиаи судии конститутсионї;

Иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионї, ки барои ба амал баровардани адолати судї - конститутсионї мусоидат мекунанд;

Дигар шахсоне, ки барои иштирок дар маљлисњои Суди конститутсионї даъват карда мешаванд[2].

Оид ба масъалаи он ки Суди конститутсионї субъекти асосии мурофиаи суди конститусионї ба њисоб меравад розї шудан мумкин аст. Чунки танњо Суди конститутсионї раванди мурофиаро таъмин ва њамчун рањнамокунандаи дигар иштирокчиён ба њисоб меравад. Суди конститутсионї њамчун субъекти муњим дар мурофиаи суди конститутсионї дар фарќият аз дигар иштирокчиён наќши фаъол ва њалкунандаро дар баррасї ва њалли парвандањо мебозад. Мањз вай, конститутсионї будани санадњои меъёри њуќуќиро муайян карда, бањси байни маќомоти њокимияти давлатиро, вобаста ба салоњияташон низ њаллу фасл менамояд. Бо дар назардошти ин фикрњо зарур мешуморем, ки дар сатњи ќонунгузорї Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамчун субъекти асосии мурофиаи судии конститутсионї танзим карда шавад.

Оид ба масъалаи Суди конститутсионї њамчун иштирокчии асосии мурофиаи судии конститутсионї чунин андеша дорам, ки дар Ќонуни конститутсионии ЉТ «Дар бораи Суди конститутсионї Љумњурии Тољикистон» муќарароти алоњидае оид ба њолати њуќуќии Суди конститутсионии ЉТ, њамчун иштирокчии мурофиаи судии конститутсионї пешбинї карда шавад, ки ин албатта ба маќсад мувофиќ аст, зеро танњо Суди конститутсионии ЉТ конститутсионї будан ва ё набудани санади меъёри њуќуќиро муайян намуда, адолати судии конститутсиониро ба амал мебарорад ва субъеки асосии мурофиа баромад мекунад.

Нуќтаи дигареро ќайд кардан ба маврид аст, ки судяњои Суди конститутсионї њамчун тарафи мурољиаткунанда эътироф карда шавад. Аммо дар адабиётњои њуќуќї оид ба ин масъала аќидањои гуногун пешнињод карда шудааст. Ба аќидаи баъзењо судяњои Суди конститутсионї набояд тарафи мурољиаткунанда эътироф шаванд, чунки судя оид ба фаъолияти худ наметавонад ташаббускори пешнињоди ариза оид ба объекти фаъолияти худ бошад. Чунончи, мувофиќи ќонунгузорї дар бораи Суди конститутсионї танњо бо ташаббуси судяи Суди конститутсионї оѓоз намудани мурофиаро иљозат дода шудааст. Аммо судяњои Суди конститутсионї аз ин њуќуќи худ худдорї мекунанд, ба он хотире, ки ба адолатнокии парванда таъсир нарасонанд.

Дар охир оид ба дигар шахсоне, ки ба маљлиси Суди конститут­сионї даъват карда мешаванд гуфтанием, ки гарчанде дар Дастури Суди конститутсионї меъёре оид ба ин гуруњи иштирокчиёни мурофиаи судї зикр шудааст, аммо њолати њуќуќии ин иштирокчиён ба сифати кї баромад намудани онњо, маќсад аз иштироки онњо дар мурофиа дар Дастури мазкур танзими худро наёфтааст.

Оид ба дигар шахсоне, ки ба мурофиаи судии конститутсионї даъват карда мешавад, аз љумла:

- намояндагони маќомотњои Прокуратураи генералї, Суди Олї, Вазорати адлия ва ѓайра наметавонанд њамчун тараф баромад намоянд, ин дар њолест, ки онњо аз вазифаи маќомотии худ људо шуда дар мурофиаи судии конститутсионї иштирок менамоянд.

Дар охир њаминро ќайд кардан зарур мебошад, ки мурофиаи судии конститутсиони вобаста, ба якчанд хусусиятњои хосси худ аз дигар намудњои мурофиањои судї фарќ менамояд, алалхусус бо иштирокчиёни худ. Дар баррасї ва њалли парванда Суди конститутсионї њамчун субъекти асосии мурофиаи конститутсионї, танњо ба ќонун итоат намуда, адолати судиро ба амал мебарорад.



[1] Маводи консфронси илмї – амалї бахшида ба 62-юмин солгарди ќабули Эъломияи њуќуќи башар.

[2] Ниг.: Холиќов К. Н. – Конституционное судопроизводство в Республике Таджикистане. Душанбе 2010;

 

 

 

ЌАРОРЊОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Ќ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

оид ба дархости шањрванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ва таѓйири ба он аз 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашуда ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе 28 марти соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси-кунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї- Фирдавсова Г.,

тарафњо:

Тураев М.М.quot;; mso-fareast-font-family: quot;Times New Roman Tj- тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсиp class=онї оѓоз карда шудааст;

Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон, намояндааш – Буриев Н.Њ. - муовини аввали Вазири рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон;

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон, намояндааш - Ќурбонов Љ.Љ. – директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон,

даъватшудагон:

Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон;

Мирсайев Њ.С.- муовини Вазири адлияи Љумњурии Тољикистон;

Гулматшоев Р.К.- муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон;

Юсупов Б. – Сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон;

Умаров С.- муовини сардори раёсати таъминоти њуќуќии Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон;

Сафаров Х.А.- мудири шуъбаи њуќуќи раёсати њуќуќ ва сиёсати кадрњои Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон;

Муќумов Н. – мудири шуъбаи њуќуќ, њифзи њуќуќи муаллиф ва њуќуќњои вобаста ба моликияти зењнии Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон;

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро дар асоси дархости шањрванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ва таѓйири ба он аз 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашуда ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судяњои Суди конститутсионї Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю. баёноту хулосаи тарафњо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Тураев М.М. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки ў аз 26 сентябри соли 1994 дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон дар вази-фањои гуногуни соњаи њифзи объектњои моликияти саноатї фаъолият намуда, 1 ноябри соли 2011 аз он љо бо хоњиши худаш аз кор рафтааст.

5 ноябри соли 2012, яъне баъди як соли аз кор аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» рафтанаш, ў бо назар-дошти муќаррароти банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009 №25 (минбаъд-Ќоидањо), барои ба сифати намояндаи патентии Љумњурии Тољикистон дар Фењристи намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шуданаш, ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» бо ариза мурољиат намудааст.

Сабаби баъд аз як сол ба Маркази зикршуда мурољиат намудани ў аз талаботи банди 4 Ќоидањо аз 9 июни соли 2009, № 25 бармеояд, ки тибќи он хизматчиёни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» дар давоми як соли аз кор озод шуданашон њуќуќ надоранд аз аттестатсия гузашта, ба Фењристи намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шаванд.

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоотї» 20 ноябри соли 2012 ба ў љавоб гардонидааст, ки тибќи банди 4 Ќоидањои зикршуда:

«Шахсони вазифадор ва хизматчиёни Идораи патентї дар давраи кор дар Идораи патентї ва дар давоми се сол пас аз озод шуданашон аз Идораи патентї, њуќуќ надоранд, ки аз аттестатсия гузаранд ва дар Фењрист њамчун намояндагони патентї ба ќайд гирифта шаванд. Пас аз се соли озод шуданашон аз кори Идораи патентї, хизматчиёне, ки на камтар аз се соли собиќаи корї дар сохтори Идораи патентї вобаста ба баќайдгирии объектњои моликияти саноатї доранд, курсњои такмили ихтисосро дар Идораи патентї гузашта, тариќи суњбат аз аттестатсия мегузаранд ва дар асоси шањодатномаи додашуда ба муддати панљ сол ба сифати намояндаи патентии Љумњурии Тољикистон дар фењрист ба ќайд гирифта мешаванд».

Мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки ў њамчун шањрванди Љум-њурии Тољикистон, ки таљрибаи 18-солаи бевоситаи корї дар њифзи объектњои моликияти саноатї дорад, аз таѓйири 25 сентябри соли 2012, № 92 ба банди 4 Ќоидањои вориднамудаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» розї нест. Зеро талаботи пешбининамудаи банди 4 Ќоидањо, ба шањрвандони дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» кор карда ва аз он љо аз кор рафта имконият намедињад, ки онњо дар давоми се соли пас аз озод шуданашон аз аттестатсия гузашта, ба Фењристи намояндагони патентї ба ќайд гирифта шаванд.

Њамчунин, барои собиќ кормандони Марказ ва ў барин кор-мандон, ки собиќаи 18 солаи кории баќайдгирии объектњои моликияти саноатї доранд, гузаштани курсњои такмили ихтисос ва ба таври сўњбат гузаштан аз аттестатсия ва баъд ба сифати намояндаи патентї оѓоз кардани фаъолияти мењнатї, њамчун вайронкунии њуќуќњои конститутсионии онњо ба фаъолияти озоди соњибкорї арзёбї мегардад. Чунончи, тибќи муќаррароти ќисми дуюми моддаи 12 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон: «давлат фаъолияти озоди соњибкориро кафолат додааст».

Ба андешаи ў, банди 4 Ќоидањо њуќуќњои конститутсионии ўро ба мењнат пешбининамудаи ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Консти- тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон низ поймол ва мањдуд месозад, зеро тибќи муќаррароти ќисмњои зикршудаи моддаи 35 Конститутсия њар кас ба мењнат ва интихоби касбу кор њаќ дошта, дар муносибатњои мењнатї њама гуна мањдудиятњо манъ мебошад.

Аз ин рў, ў банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009, №25 ва таѓйири ба он аз 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашударо ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолиф мењисобад.

Бинобар ин, Тураев М. аз Суди конститутсионї хоњиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиќати банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009, №25 ва таѓйири ба он 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашударо ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости мазкурро дар алоќамандї бо талаботи Конститутсия ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон баррасї намуда, ќайд менамояд, ки кафолати давлатии фаъолияти озоди соњибкорї муњимтарин дастоварди сиёсию иљтимої ва њуќуќию иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба шумор меравад.

Чунин кафолат аз шаклњои гуногуни моликият асос ёфтани иќтисодиёти Тољикистон, баробарњуќуќї ва њифзи њуќуќии њамаи шаклњои моликият, аз љумла моликияти хусусї маншаъ гирифта, бе амалї намудани он бунёди љомеаи воќеан иљтимої ва иќтисоди бозоргонии дар муносибатњои байналмилалии иќтисодї раќобатпазир ѓайриимкон мебошад.

Машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї ифодаи озод будани соњибкорї буда, яке аз њуќуќњои асосї ва муњими иќтисодии инсон ва шањрванд, инчунин унсури асосии принсипи конститутсионии озодии иќтисодї ва аз њама муњимаш имконият ва василаи тадбиќи њуќуќи конститутсионии инсон ва шањрванд ба мењнат мањсуб меёбад.

Тибќи он, шањрвандони мамлакат њуќуќ доранд, ки бо салоњдиди худ, ихтиёрї ва бе мањдудият ба тариќи инфиродї ё ба тариќи фаъолият дар ташкилоти тиљоратї ба пешбурди њама гуна намуди фаъолияти соњибкорї, ки тартиби онро ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, машѓул шаванд, мустаќилона соњаи иќтисодї ва намуди фаъолияташонро муайян намоянд, ки интихоби онњо вобаста ба соњаи истењсолоти љамъиятї метавонад аз талаботи тахассусии муайян, малака, собиќа, тањсилоти дахлдори касбї ва ѓ. бархурдор бошад.

Давлат фаъолияти озоди соњибкориро муњимтарин омили пеш-рафти иќтисодиёти миллї ва таъмини некўањволии халќи Тољикистон арзёбї намуда, дар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, аз љумла дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 10 майи соли 2002, №46 «Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон» асосњои ташкилию њуќуќии инкишоф, шаклу усулњои њавасмандгардонию танзими давлатии фаъолияти субъектњои он ва ќоидањои умумии њимоя ва дастгирии давлатии фаъолияти соњибкориро муќаррар намудааст, ки маќсади он аз амалї гардонидани њуќуќи истифодаи озодонаи ќобилияту амволи худ барои фаъолияти соњибкорї иборат мебошад.

Дар санади њуќуќии мазкур мафњуми соњибкорї њамчун фаъоли-яти мустаќилона ба таваккали худ амалишавандаи шахсони ба сифати соњибкор баќайдгирифташуда маънидод карда шуда, амалї намудани њуќуќњои озодона истифодабарии ќобилияту молу мулки худ аз љониби њар як шахс дар раванди фаъолияти соњибкорї, салоњияти Њукумати Љумњурии Тољикистон ва маќомоти мањаллии њокимияти давлатї дар самти муайян кардани принсипњои умумї, самтњои афзалиятнок ва тарзњои њимояву дастгирии давлатии соњибкорї муќаррар карда шудааст.

Бо эътирофи он, ки фаъолияти соњибкорї асоси пешрафти иќтисодиёти кишвар мањсуб меёбад, давлат барои дастгирї ва њимояи он њамаљониба манфиатдор буда, дар моддаи 22 санади меъёрии њуќуќии мазкур, ки њуќуќ ва манфиатњои ќонунии субъекти фаъолияти соњибкорї номгузорї шудааст, аз љониби давлат фаъолияти озоди иќтисодї, соњибкорї ва баробарњуќуќии иштирокчиёни фаъолияти соњикборї кафолат дода шуда, муќаррар гардидааст, ки давлат набояд монеаи фаъолияти субъекти соњибкорї шавад.

Дар санади мазкур дар баробари муќаррар кардани як ќатор роњњои њимояи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии соњибкорон, ба монанди имконияти озодона анљом додани њамаи намудњои фаъолияти соњибкорї, тибќи тартиби муайяншуда ба ѓайр аз намудњои фаъолияте, ки дар асоси иљозатнома анљом дода мешаванд, танњо бо санадњои меъёрию њуќуќї муќаррар кардани номгўи корњое (хизматрасонињое, молњое), ки барои соњибкорї манъ ё мањдуд шудаанд, пешбинї гардидааст.

Њамзамон дар моддаи 23 Ќонуни номбурда ба амал бароварда шудани дастгирии давлатии њама намуди фаъолияти соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон аз тарафи давлат дар шахси маќомоти ваколатдор тибќи салоњияти онњо ва маќомоти мањаллии њокимияти давлатї, дар њалли масъалањои иттилоотї, ташкилї-њуќуќї, молиявию ќарздињї, моддию техникии соњибкории пешбининамудаи санади мазкур мустањкам гардидааст.

Тибќи меъёри ин модда, дастгирии давлатии фаъолияти соњиб-корї тавассути такмили базаи меъёрию њуќуќї ва ќонунгузорї барои инкишофи соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон, фароњам овардани шартњои имтиёзноке, ки онро Њукумати Љумњурии Тољикистон лозим мешуморад, дар заминаи мониторинги рейтинги байналмилалии муњити соњибкорї муайян намудани роњњои минбаъдаи инкишофи бахши хусусї дар мамлакат ва як ќатор воситањои дигарро дар ин самт муќаррар намуда, барои рушди бонизому муътадили соњибкорї аз љониби маќомоти ваколатдори давлатї ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ќабулу иљрои барномањои гуногунро пешбинї намудааст.

Мутобиќи моддаи 8 Ќонуни мазкур, маќомоти ваколатдори Њукумати Љумњурии Тољикистон, инчунин маќомоти њокимияти иљроия дар мањалњо њуќуќ надоранд, ки њангоми баќайдгирии давлатии субъекти њама намудњои соњибкорї нисбат ба шартњои муќаррарнамудаи ќонунњо ва санадњои дигари меъёриву њуќуќии Љумњурии Тољикистон шартњои иловагї гузоранд.

Мутобиќи ќисми 8 моддаи 10 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият» асосњои надодани иљозатнома инњо мебошанд:

- агар њуљљатњои пешнињодкардаи довталаби иљозатнома дорои маълумоти нодуруст ё ѓалат бошад;

- агар довталаби иљозатнома, объектњои ба ў тааллуќдошта ё аз тарафи ў истифодашаванда ба шарту талаботи иљозатномадињї ному-вофиќ бошанд;

- агар вобаста ба намуди пешбинишудаи фаъолият аз тарафи маќомоти дахлдор љињати мутобиќати шароити фаъолият ва талаботи ба онњо пешбинишаванда хулосаи манфї дода шуда бошад.

Аз талаботи ин модда бармеояд, ки гузаштан аз аттестатсия барои намояндањои патентї муќаррар карда нашудааст.

Ќисми якуми Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, ки аз 1 январи соли 2000 мавриди амал ќарор дода шудааст, дар баробари дигар муносибатњои гражданї, муносибатњои вобаста ба фаъолияти соњибкорї ва иштирокчиёни онро ба танзим дароварда, принсипњои муњими муносибатњои гражданї, аз ќабили: номумкин будани дахолати худсаронаи њар кас ба корњои хусусї, зарурати татбиќи бемонеаи њуќуќи гражданї ва аз љониби шахсони воќеї ва њуќуќї бо азму хоњиш ва ба манфиати худ ба даст даровардан ва амалї намудани њуќуќи гражданиро муайян менамояд, ки тибќи он муносибатњои озоди соњибкорї кафолат дода мешавад.

Машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї, ки воситањои муњими баамалбарории ќобилияти њуќуќдорї ва ќобилияти амалкунии шахс ба шумор рафта, метавонад бевосита аз љониби њар як шахс мустаќилона ба амал бароварда шавад.

Дар моддаи 23 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон номум-кин будани мањрум сохтан ё мањдуд кардани ќобилияти њуќуќдорї ё ќобилияти амали шањрванд муќаррар карда шудааст, ки тибќи ќисми 1 моддаи мазкур «ба истиснои њолатњо ва мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи ќонун, ќобилияти њуќуќдорї ва ќобилияти амали њељ касро мањдуд сохтан мумкин нест».

Мутобиќи ќисми 2 моддаи номбурда бошад, пешбинї гардидааст, ки «риоя накардани шарту тартиби дар ќонун муќарраргардидаи мањдуд сохтани ќобилияти амали шањрвандон ё њуќуќи машѓул шудани онњо ба фаъолияти соњибкорї ё фаъолияти дигар боиси беэътибор донистани санади маќоми давлатї ё маќоми дигаре мегардад, ки мањдудиятњои дахлдорро муќаррар намудааст».

Вобаста ба ин, Суди конститутсионї чунин мешуморад, ки њуќуќи шахс ба фаъолияти соњибкорї, ки аз њуќуќи шахс ба мењнат маншаъ мегирад, ба гурўњи иќтисодии њуќуќњои конститутсионии инсон мансуб буда, наметавонад ба њељ ваљњ ва асос мањдуд карда шавад, ки ба сиёсати иќтисодї ва иљтимоии пешгирифтаи давлат асос меёбад.

Мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрванд, ки яке аз муњим-тарин њуќуќњои шахс дар шароити ташаккули муносибатњои бозоргонї ва эътирофи афзалияти моликияти хусусї, њуќуќи машѓул шудан ба фаъолияти озоди соњибкорї дар заминаи баробарњуќуќї мањсуб ёфта, танњо дар асоси муќаррароти Конститутсия метавонанд мањдуд карда шаванд.

Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон» (моддаи 4) ва Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон (моддаи 1) соњибкориро њамчун фаъолияти мустаќилонаи ба таваккали худ амалишавандаи шахсони бо тартиби муќаррарнамудаи ќонун ба сифати соњибкор баќайдгирифташуда муайян менамояд, ки он барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молу мулк, истењсол, фурўши мол, иљрои кор ё хизматрасонї равона карда шудааст, ки чунин арзёбии фаъолияти соњибкорї ба табиати њуќуќию иљтимоии иќтисоди озоди бозоргонї, малакаву мањорат ва кордонии фардии њар шахс мувофиќ мебошад.

Мувофиќи ќонунгузорї, ба фаъолияти соњибкорї шахсони дорои ќобилияти пурраи амалдошта метавонанд машѓул шаванд, то ки онњо дар бастани ањдњо мустаќил бошанд, таваккали фаъолиятро дарк намуда, оид ба ўњдадорињои худ мустаќилона љавобгариро ба зимма гирифта тавонанд.

Њамчунин, машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї аз лањзаи баќайдгирии давлатї њукми ќонунї гирифта, барои машѓул шудан ба баъзе намудњои фаъолият иљозатномаи маќомоти дахлдори давлатї зарур мебошад ва иљозатнома (литсензия)-њуљљатест, ки барои амалї гардонидани намуди муайяни фаъолият ба муњлати дар он зикргардида аз тарафи маќоми ваколатдор ба шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї дода мешавад.

Њамчунин, Суди конститутсионї иброз менамояд, ки сатњи ташаккули љомеа аксаран бо танзими њуќуќии дурусту одилонаи муносибатњои љамъиятї, хусусан муносибатњои мењнатї вобастагї дошта, њолати ќонунгузории миллї ва њолати воќеии кор дар самти амалишавии њуќуќ ба мењнат на танњо нишондињандаи баланди маърифати фарњангию маънавии љомеа мебошад, балки ин иќдом бевосита ба равандњои сиёсати иќтисодию иљтимої ва сиёсии давлат низ таъсири худро мерасонад.

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар баробари муќаррар намудани њуќуќ ба мењнат ва њифзи он, дар муносибатњои мењнатї манъи њама гуна мањдудиятро муќаррар карда, љалб кардани шахсро ба мењнати маљбурї ба истиснои њолатњои муќаррарнамудаи ќонунгузорї манъ намудааст.

Дар ќисми дуюми Эъломияи Созмони умумиљањонии мењнат «Дар бораи принисипњои асосї ва њуќуќї дар соњаи мењнат ва механизми амалишавии он», ки 18 июни соли 1998 дар шањри Женева аз љониби Конфронси генералии Созмони умумиљањонии мењнат, ки дар як ваќт Созмони байналмилалии мазкур маќоми ваколатдори соњаи ќабул ва татбиќи меъёрњои байналмилалии соњаи мењнат мањсуб меёбад, ќабул карда шудааст, муќаррар гардидааст, ки давлатњои аъзои Созмон, новобаста аз он, ки санадњои байналмилалии онро дар соњаи мењнат љонибдорї намудаанд ё накардаанд, ўњдадоранд принсипњои асосии ин санадњои байналмилалии ин Созмонро риоя намуда, љињати татбиќ ва амалишавии онњо мусоидат намоянд ва яке аз принсипњои умумиэътирофнамудаи ин санадњо, ин принсипи манъ будани њамагуна табъиз дар соњаи мењнат ва касбу кор мебошад.

Тибќи муќаррароти моддаи 23-уми Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948 њар як инсон њуќуќ ба мењнат, интихоби озоди касбу кор, шароити одилонаю мусоиди мењнат ва њимоя аз бекориро доро буда, бидуни ягон табъиз, дорои њуќуќи пардохти музди баробари мењнат мебошад.

Тибќи моддаи 6 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи иќти-содї, иљтимої ва фарњангї аз 16 декабри соли 1966 давлатњои ширкаткунандаи Паймон њуќуќ ба мењнатро, ки иборат аз њаќќи њар як инсон барои дарёфти имконияти таъмини зиндагї тавассути мењнате, ў онро озодона интихоб менамояд ва ё озодона ба он розї мешавад, эътироф намуда, љињати таъмини ин њуќуќ тадбирњои лозима меандешанд.

Муќаррароти зикршудаи санадњои њуќуќии байналмилалї пурра дар моддањои дахлдори Конститутсияи Љумњурии Тољикистон таљассуми худро пайдо намуда, Конститутсия дар баробари кафолати њуќуќ ба мењнат, интихоби касбу кор, њифзи мењнат ва њимояи иљтимоии инсон ва шањрванд, тамоми дигар њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрвандро низ кафолат дода, дар миёни онњо њуќуќ ба мењнатро њамчун вазифаи муњимтарини љомеа эътироф намуда, њифзи он, њамчунин њимоя ва ѓамхории нисбати коргарро яке аз вазифањои муњими давлат арзёбї менамояд.

Чунончи, дар моддаи 35 Конститутсия омадааст: «Њар кас ба мењнат, интихоби касбу кор, њифзи мењнат ва њимояи иљтимої њангоми бекорї њаќ дорад. Музди кор аз њадди аќали музди мењнат набояд кам бошад. Дар муносибатњои мењнатї њама гуна мањдудият манъ аст».

Аз ин рў, тибќи моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон «давлат ва њамаи маќомоти он, шахсони мансабдор, шањрвандон ва иттињодияњои онњо вазифадоранд Конститутсия ва ќонунњои љумњуриро риоя ва иљро намоянд».

Муќаррароти меъёрњои Конститутсия дар Кодекси мењнати Љум-њурии Тољикистон, инчунин ќонунњои соњавї ва дигар санадњои меъёрї танзими њуќуќии худро ёфтаанд.

Дар асоси моддаи 4 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон бошад, давлат љињати њавасмандгардонии шахс бањри амалї намудани њуќуќи конститутсионии худ ба мењнат дар баробари як ќатор кафолатњо, инчунин хизматрасонии ройгонро барои интихоби касб, мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиќ ва мутобиќи ихтисос, ќобилият ва омодагии тахассусї таъмин будан бо кор, њимояи судии њуќуќи мењнатї ва ёрии тахассусии њуќуќї ва њимоя аз бекорї кафолати ќонунї бахшида, љињати амалишавии онњо сиёсати иљтимоии худро њамаљониба пеш мебарад.

Њифзи мењнат аз њуќуќ ба мењнат сарчашма гирифта, њамчун кафолати муњими амалишавии њуќуќи шахс ба мењнат мањсуб меёбад. Амалишавии њуќуќ ба мењнат машѓул шудан ба фаъолияти гуногун аз љониби њар як шахс, чунончи тавассути пешбурди фаъолияти соњибкорї вобастагии амиќ дошта, бо ин тарз инсон метавонад талаботи иќтисодї ва иљтимоию маишии худро ќонеъ намояд.

Њуќуќи конститутсионии шахс ба мењнат дар шаклњои гуногуни ташкилию њуќуќї зоњир гардида, маъмултарини он машѓул шудан ба фаъолияти озоди соњибкорї ба шумор меравад ва давлат бо маќсади аз байн бурдани монеањои њуќуќї ва содда кардани раванди тадбиќи ин кафолати конститутсионї, тавассути фаъолияти меъёрэљодкунї њамаљониба мусоидат менамояд.

Аз ин лињоз, санадњои меъёрии њуќуќї ва санадњои њуќуќии локалие, ки аз љониби субъектони фаъолияти њуќуќэъљодкунї тањия, ќабул ва мавриди амал ќарор дода мешаванд, набояд њуќуќу озодињои шахсро поймол намуда, бар зарари манфиатњои инсону шањрванд, ки тибќи моддаи 5 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар як ваќт арзиши олї эътироф карда шудаанд, равона карда шаванд.

Фаъолиquot;; mso-fareast-font-family: яти њуќуќэљодкунї худ фаъолияти субъекти њуќуќэъљод- кунанда оид ба тањия, ќабул, интишор ва ќатъи амали санадњоиMsoNormal меъёрии њуќуќї ба шумор рафта, бояд дар асоси принсипњои мутобиќат ба Конститутсия, ќонуният, бартарияти меъёрњои санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон нисбат ба ќонунњо ва санадњои зерќонунї, афзалияти таъмини њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, адолати иљтимої, ошкорбаёнї, илмият, касбият ва ба назар гирифтани афкори љамъиятї амалї карда шавад.

Бо назардошти ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009 №25-ро, ки бо фармоиши субъекти ваколатдор тавассути ба амал баровардани фаъолияти њуќуќэъљодкунї 25 сентябри соли 2012, тањти №92 дар тањрири нав ифода карда шудааст, њамчун омили мањдудкунандаи њуќуќи конститутсионии шахс ба фаъолияти озоди соњибкорї, мењнат ва интихоби касбу кор арзёбї намуда, ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисми якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» номутобиќ мешуморад.

Њамзамон, Суди конститутсионї бинобар ваколатњои густурдаи ањамияти давлатию љамъиятї доштани фаъолияти Маркази миллии патенту иттилоот, муњим ва хусусиятнок будани онњо, инчунин ба низом даровардани масъалањои вобаста ба аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон дар шакли ќонуни алоњидаи Љумњурии Тољикистон танзим намудани фаъолияти муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-ро мувофиќи маќсад мешуморад.

Дар асоси гуфтањои боло, мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14, 36, 37, 46,47, 48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќ а р о р к а р д:

1. Банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ва таѓйири ба он аз 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашуда ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќат надорад.

2. Аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон, бинобар вако-латњои густурдаи ањамияти давлатию љамъиятї доштани фаъолияти Маркази миллии патенту иттилоот, муњим ва хусусиятнок будани онњо, инчунин ба низом даровардани масъалањои вобаста ба аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон дар шакли ќонуни алоњидаи Љумњурии Тољикистон танзим намудани фаъолияти муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» мувофиќи маќсад мебошад.

3. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

4. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољи- кистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.


Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов


Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов



 

ТАЪИНОТЊОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба пешнињоди намояндаи Љамъияти сањомии пўшидаи муштараки тољикию русии «ДЗХ Помир» «Дар бораи муайян намудани мутобиќати сархати сеюми банди якуми ќисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ба моддањои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш.Душанбе 7 январи соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси- кунанда- Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Кари- мов К.М. судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.

бо иштироки котиби маљлиси судї Фирдавсова Г.

дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судяи Суди конститутсионї Гулзорова М.-ро оид ба пешнињоди намояндаи Љамъияти сањомии пўшидаи муштараки тољикию русии «ДЗХ Помир» «Дар бораи муайян намудани мутобиќати сархати сеюми банди якуми ќисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ба моддањои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Намояндаи Љамъияти сањомии пўшидаи муштараки тољикию русии «ДЗХ Помир» (минбаъд -Љамъияти сањомї) Љ.Мунаваров бо пешнињод ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки 10 октябри соли 2010 ЉДММ «Шатл»-и ноњияи Восеъ мувофиќи шартномаи №02 бо борхати №108 аз 10.10.2010 ба Љамъияти сањомї ба маблаѓи умумии 1707321,79 сомонї бо назардошти ААИ мањсулот супоридааст, ки дар ин хусус ордери харољоти хазинавии Љамъияти сањомї аз 28.10.2010 №2 ба маблаѓи 1707321,79 сомонї, квитансияи даромади хазинавии №5 аз 28.10.2010 ва дигар санадњои исботкунандаи амалиёти зикршуда мављуд мебошанд.

Бо ин амалиёти тиљоратї дар њисобвараќаи Љамъияти сањомї 260438,92 сомонї аз њисоби пешпардохти ААИ маблаѓ ба вуљуд омад.

Баъдан, дар асоси шартномаи №5 аз 01.11.2010 ЉДММ «Шатл»-и ноњияи Восеъ боз ба Љамъияти сањомї ба маблаѓи 498174,69 сомонї бо назардошти ААИ мањсулот супорида шудааст, ки ин амалиёт низ дар асоси талаботи ќонунгузорї содир шуда, њуљљатњои зарурии тасдиќкунанда, аз љумла њисобнома-фактура аз рўйи ААИ ва аксизњо №0000023 ба маблаѓи 75992,75 сомонї ААИ, силсилаи ВВ №168528 аз 03.12.2010 ба маблаѓи 23029,45 сомонї ААИ мављуд мебошанд.

Дар натиљаи ин амалиётњо дар њисобвараќаи Љамъияти сањомї иловатан 99023 сомонї аз њисоби пешпардохти ААИ маблаѓ пайдо шуд. Яъне аз њисоби пешпардохти ААИ (260438,92 +75992,75+ 23029,45= 359462) маќомоти андоз дар назди Љамъияти сањомї њамагї 359462 сомонї ќарздор мемонад.

Санаи 31 октябри соли 2011 баъди дастрас намудани нусхаи санади муќоисавии байни нозироти андоз ва Љамъияти сањомї аз 1 ноябри соли 2011, ба Љамъияти сањомї маълум гардид, ки аз љониби Раёсати андоз дар шањри Душанбе маблаѓи 359461 сомонї ѓайриќонунї њамчун андоз аз арзиши иловашуда аз њисобвараќањои Љамъияти сањомї хориљ карда шудааст. Яъне, мувофиќи маълумотномаи дар санади муќоисавї дарљ ёфта, дар рўзи тартиб дода шудани он Љамъияти сањомї дар назди маќомоти андоз аз ААИ 280793,65 сомонї гўё ќарздор мебошад, ки аз ин маблаѓ 79392,45 сомониашро љарима барои сари ваќт пардохт нашудани ААИ ташкил медињад.

Мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки оид ба ин ќазия ба Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон мурољиат намудааст, ки Кумитаи андоз бо мактуби худ аз 18 ноябри соли 2011 №6032/5-1 љавоб додааст, ки мутобиќи талаботи сархати сеюми банди якуми ќисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Љумњури Тољикистон ва банди 2 Фармони Раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 16.02.2011 №57 «Оиди андозсупорандагони бемасъулият» њама гуна амалиёти анљомдодаи андозсупорандагон бо шахсе, ки њамчун андозсупорандаи бемасъулият эълон шудааст, барои маќсадњои андозбандї њангоми бањисобгирии ААИ аз рўйи хариди мол (иљрои кор ва хизматрасонї) пардохтшуда, њангоми пешнињоди эъломияњо ба инобат гирифта намешавад.

Аз ин лињоз, аз тарафи Шўъбаи ташкили андозбандии субъектњои соњибкории миёнасупорандагон ААИ-и Раёсати андоз дар шањри Душанбе маблаѓи 359461 сомонї ААИ аз њисобвараќаи ЉСПМ ТР «ДЗХ Помир» хориљ карда шудааст.

Љамъияти сањомї бо аризаи даъвогї ба Суди иќтисодии шањри Душанбе мурољиат намудааст, ки даъвои вай 8 феврали соли 2012 бо парвандаи №2-472/2011 2-43/12 ќонеъ карда шуда, Фармони Раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 майи соли 2011 №159 «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Фармони Раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 16 феврали соли 2011№57» дар ќисми аз њисобвараќаи Љамъияти сањомї хориљ намудани 359 461 сомонї беэътибор дониста шуд.

Њалномаи мазкур дар зинаи апеллятсионї бекор шуда, айни њол баррасии парванда идома дорад.

Ба андешаи Мунаваров Љ. муќаррароти сархати сеюми банди якуми ќисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ба моддањои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки дар онњо волоияти Конститутсия, эътибори њуќуќї надоштани санадњои њуќуќии хилофи Конститутсия буда, ќисми таркибии низоми љумњуриро ташкил додани санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ва фаъолияти озоди соњибкорї кафолат дода шудааст, мухолифат дорад.

Аз ин рў, аз Суди конститутсионї хоњиш менамояд, ки дар асоси пешнињоди ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, муто- биќати сархати сеюми банди якуми ќисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ба моддањои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињоди зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо њамаљониба тањлил ва мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки мурољиати пешнињоднамудаи Мунаваров Љ. аз љињати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мутобиќ нест, зеро тибќи талаботи ќисми дуюми моддаи 40 Ќонуни конститутсионии зикршуда, шахсони дар зербандњои 6) ва 7) моддаи 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» пешбинишуда, яъне шањрвандон ва шахсони њуќуќї ба Суди конститутсионї бо дархост мурољиат менамоянд на бо пешнињод.

Баъдан, мурољиаткунанда дар пешнињоди худ муайян намудани мутобиќати сархати сеюми банди якуми ќисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Љумњурии Тољикистонро ба моддањои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон талаб карда бошад њам, аммо дар асл банди якуми ќисми 60 моддаи 34, сархати панљуми банди якуми ќисми 60 моддаи 34 ва банди сеюми ќисми 60 моддаи 34-ро тањлил карда, ба моддањои зикргардидаи Конститутсия мухолиф њисоб намудааст.

Њамин тариќ, дар пешнињоди гузоштаи мурољиаткунанда, яъне муайян намудани мутобиќати сархати сеюми банди якуми ќисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ба моддањои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номуайяние дида намешавад, ки он барои оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї ва гузаронидани санљиши конститутсионї асос гардад.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба пеш- нињоди Љамъияти сањомии пўшидаи муштараки тољикию русии «ДЗХ Помир» «Дар бораи муайян намудани мутобиќати сархати сеюми банди якуми ќисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ба моддањои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон бинобар аз љињати шаклу мазмун мутобиќ набудани мурољиат ба талаботи моддаи 40-уми Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов


 

 

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Джураев Н.Њ. ва намояндаи ваколатдори ў - адвокат Воњидова Ф.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 47 ва ќисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе 7 январи соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси- кунанда- Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.

бо иштироки котиби маљлиси судї - Фирдавсова Г.

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши судяњо Абдул- лоев А.А. ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости шањрванд Джураев Н. Њ. ва намояндаи ваколатдори ў - адвокат Воњидова Ф.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 47 ва ќисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Джураев Низомхон Њайдарович ва намояндаи ваколатдори ў - адвокат Воњидова Ф.М. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамоянд, ки дар истењсолоти Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон нисбати ў бо моддањои 289 ќисми 3, 291 ќисми 2, 292 ќисми 2 ва дигар моддањои Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон парвандаи љиноятии №2054 оѓоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакї ќарор дорад.

Парвандаи љиноятии мазкур ќисми дар истењсолоти алоњида људокардашудаи парвандаи љиноятии №1752 нисбати Одилов Д., Љураев Ф. ва дигарон буда, нисбати он њукми Коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009 ќабулгардида ва аз 1 феврали соли 2010 эътибори ќонунї пайдокарда мављуд мебошад.

Бо парвандаи љиноятии №1752 аз 28 июни соли 2007 ба ў ѓоибона айб эълон карда шуда, худи њамон рўз бо розигии прокурори вилояти Суѓд нисбаташ чораи пешгирї дар намуди њабси пешакї пешбинї шуда, кофтуков эълон карда шудааст.

9 апрели соли 2012 баъди ихтиёран ба маќомоти њифзи њуќуќ њозир шудани ў, парвандаи љиноятиаш аз љониби Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон бедор карда шуда, мавриди тафтиши пешакї ќарор дода шудааст.

Баъдан, мурољиаткунанда ва адвокати ў ќайд менамоянд, ки зимни гузаронидани тафтиши пешакї аз рўйи парвандаи љиноятии нисбати ў дар истењсолоти алоњида људокардашуда њолатњои нав ошкор гардиданд, ки ќаблан онњо мавриди тафтиш ва бањодињии њуќуќї ќарор нагирифта буданд.

Ба ѓайр аз ин, ў њамчун айбдоршаванда бо хулосањои ташхисњо аз рўйи парвандаи љиноятии №1752 гузаронидашуда розї нест ва таъин намудани экспертизаи иловагиро дархост намудааст, ки тибќи хулосаи экспертизаи комиссионии судии молшиносї аз 24 майи соли 2012 дар асоси дархости ў гузаронидашуда, бе бањс њолатњои нав муайян карда шудаанд.

Аммо баъди ду моњ, яъне 20 июни соли 2012 ќарори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия дар хусуси таъин намудани экспертизаи комиссионии судии молшиносї аз 17 апрели соли 2012 аз љониби муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон дар асоси талаботи ќисми 1 моддањои 89 КМЉ Љумњурии Тољикистон бекор карда шуд.

Мурољиаткунанда Джураев Н.Х. ва намояндаи ваколатдори ў бо ќарори маќомоти Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон розї нашуда, тибќи муќаррароти моддаи 124 КМЉ Љумњурии Тољикистон аз болои он ба суд шикоят оварданд.

Бо ќарори суди ноњияи Синои шањри Душанбе аз 2 октябри соли 2012, ки он низ ба муќаррароти ќисми 1 моддаи 89 КМЉ Љумњурии Тољикистон асос ёфтааст, шикояти онњо дар бораи бекор кардани ќарори прокурор бенатиља гузошта шуд.

Ба андешаи онњо, ќисми 1 моддаи 89 КМЉ Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он:

«Њукми эътибори ќонунї пайдокарда оид ба парвандаи љиноятї барои суд, судя, прокурор, муфаттиш ва тањќиќбаранда њангоми пеш- бурди парвандаи љиноятї нисбат ба њолатњои муќарраршуда ва њам бањодињии њуќуќии онњо њатмї мебошад», њуќуќњои конститутсионї ва мурофиавии ўро њамчун айбдоршаванда дар хусуси пешнињод намудани далел, њимоя намудан аз таъќиби љиної ва принсипи баробарии тарафњо поймол менамояд. Зеро тибќи талаботи ќисми 3 моддаи 47 КМЉ Љумњурии Тољикистон айборшаванда њуќуќ дорад, ки манфиатњои ќонунии худро бо тамоми восита ва усулњое, ки хилофи ќонун ва Кодекси мазкур нестанд, њифз кунад ва барои омодагї ба њимоя ба таври кофї ваќт ва имконият дошта бошад.

Инчунин мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки муќаррароти моддаи 47 КМЉ Љумњурии Тољикистон бо дарназардошти талаботи ќисми якуми моддаи 20 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он: «Њељ кас то эътибори ќонунї пайдо кардани њукми суд гунањгор дониста намешавад» пешбинї гардида, он ба муќаррароти ќисми 1 моддаи 89 КМЉ Љумњурии Тољикистон мухолифат дорад.

Бо ин назардошт, Джураев Н.Њ. ба Суди конститутсионї мурољиат намуда, хоњиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, мутобиќати моддаи 47 ва ќисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии То­љикистон ба моддањои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо њамаљониба тањлил ва мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки номбурда агарчї субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї шуда тавонад њам, аммо дар дархости гузоштаи ў, яъне оид ба мутобиќати моддаи 47 ва ќисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» номуайяние дида намешавад, ки он барои оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї ва гузаронидани санљиши конститутсионї асос гардад.

Яъне муќаррароти моддањои 47 ва ќисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон меъёрњои мањдудкунанда ё манъкунандаи кафолати њифзи судии шањрвандон ва инкори муќар- рароти ќисми якуми моддаи 20 Конститутсия набуда, онњо садди роњи ба амал баровардани кафолати конститутсионии њифзи судї ва татбиќи њуќуќи шањрвандон оид ба баррасии парвандаи онњо аз љониби суди босалоњият, мустаќил ва беѓарази тибќи ќонун таъсисёфта шуда наметавонанд.

Њамчунин меъёрњои зикршуда барои татбиќи ќисми якуми моддаи 20 Конститутсия дар хусуси он, ки фаќат њукми ба ќувваи ќонунї даромадаи суд шањрвандро гунањгор њисоб менамояд, монеае пешбинї накардаанд.

Мурољиаткунанда, инчунин дар чї зоњир гаштани номутобиќатии моддањои зикршудаи Кодекси мурофиавии љиноятиро ба моддањои 14 ва 20 Конститутсия бо далелњои зарурї мушаххас асоснок накардааст.

Ѓайр аз ин, моддаи 47 КМЉ Љумњурии Тољикистон, ки вазъи њуќуќии айбдоршаванда, яъне њуќуќу ўњдадорињои ўро њамчун иштирокчии мурофиаи љиноятї танзим менамояд, аз 7 ќисм ва ќисмњои он аз сархатњо иборат мебошад. Мурољиаткунанда бе мушаххас намудани предмети бањс тамоми матни моддаи 47 Кодекси зикршударо мавриди бањс ќарор додааст.

Аз ин рў, дархост ва маводњои ба он замимагашта аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи моддањои 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», махсусан, бандњои 5 ва 7 ќисми сеюми моддаи мазкур мувофиќ нестанд.

Суди конститутсионї нисбати таъкиди мурољиаткунанда дар хусуси номутобиќ будани ќисми 1 моддаи 89 КМЉ Љумњурии Тољикистон ба моддаи 47 Кодекси зикршуда ќайд менамояд, ки баррасии номутобиќатии байни ќонунњо ва санадњои њуќуќї ба салоњияти Суди конститутсионї мањсуб нест, зеро Суди конститутсионї тибќи Конститутсия ва Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мутобиќати ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистонро ба Конститутсия муайян менамояд.

Бартараф намудани мухолифати байни санадњои њуќуќї ба салоњияти маќомоти онро ќабулнамуда, дар њолати мазкур ба салоњи- яти маќомоти ќонунгузор мањсуб мебошад.

Суди конститутсионї, инчунин таъкид менамояд, ки ягон моддаи КМЉ Љумњурии Тољикистон, аз љумла ќисми 1 моддаи 89 Кодекси мазкур набояд бар зарари принсипи тафтиши њамаљониба, пурра ва холисонаи кор пешбининамудаи моддаи 21 КМЉ Љумњурии Тољикистон маънидод карда шавад. Дар акси њол, иштирокчиёни мурофиаи љиноятї њуќуќ доранд, ки чунин амалњои маќомоти ваколатдорро тибќи тартиби муќарраркардашуда мавриди бањс ќарор дињанд.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 40, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дар- хости шањрванд Джураев Н. Њ. ва намояндаи ваколатдори ў - адвокат Воњидова Ф.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 47 ва ќисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи- кистон», бинобар аз љињати шаклу мазмун мувофиќ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис- тон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов

 

 

 

 

 

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Саидов И.М. «Дар бораи хилофи ќонун эътироф намудани њукми Суди ноњияи Фархор аз 27 июли соли 2011, дигар санадњои вобаста ба њукми Суди мазкур, ќатъ намудани парванда ва бегуноњ эътироф намудани ў»

ш. Душанбе 24 январи соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї- Фирдавсова Г.,

дар маљлиси судї гузориши судя Зоиров Ш.Ю.-ро оид ба дархости шањрванд Саидов И.М. «Дар бораи хилофи ќонун эътироф намудани њукми Суди ноњияи Фархор аз 27 июли соли 2011, дигар санадњои вобаста ба њукми Суди мазкур, ќатъ намудани парванда ва бегуноњ эътироф намудани ў» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Саидов И.М. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки Суди ноњияи Фархор бо њукми худ аз 27 июли соли 2011 ўро барои содир намудани љинояти дар моддаи 323 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинишуда ба муњлати як солу шаш моњ аз озодї, инчунин аз њуќуќи кор кардан дар соњаи тандурустї ба мўњлати ду сол мањрум сохтааст.

Ў аз њукми нисбати ў баровардаи Суди ноњияи Фархор розї на- шуда, онро ба коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди вилояти Хатлон ба тариќи кассатсионї шикоят намудааст, ки коллегияи мазкур бо таъиноти худ аз 7 сентябри соли 2011 њукми Суди ноњияи Фархорро бетаѓйир ва шикояти кассатсиониашро ќисман ќаноатбахш намуда, бо дастрасии Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 августи соли 2011 «Дар бораи авф» ўро аз љазои асосї, иловагї ва аз њабс фавран озод намудааст.

Бо њукм ва таъиноти судї розї нашуда, ў онњоро ба марњилаи назоратии Суди вилояти Хатлон ба тариќи назоратї шикоят овардааст, ки бо ќарори судяи Суди вилояти Хатлон аз 14 майи соли 2012 шикояти назоратиаш беќаноат мононда шудааст.

Шикояти такрории ў ба унвони раиси Суди вилояти Хатлон, инчунин шикояти назоратии ў ба Суди Олии Љумњурии Тољикистон низ мувофиќан бо мактуби љавобї аз 24 августи соли 2012, №1031 ва бо ќарори судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 ноябри соли 2012 рад карда шудаанд.

Бо ин назардошт, номбурда аз Суди конститутсионї хоњиш наму- дааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, њукми Суди ноњияи Фархор аз 27 июли соли 2011, таъиноти коллегияи судї оид ба корњои љиноятии Суди вилояти Хатлон аз 7 сентябри соли 2011, ќарори судяи Суди вилояти Хатлон аз 14 майи соли 2012 ва ќарори судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 ноябри соли 2012 хилофи ќонун эътироф карда, ў бегуноњ эълон карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо њамаљониба тањлил ва мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки шањрванд Саидов И.М. агарчї субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї шуда тавонад њам, аммо талаби дар дархост пешнињоднамудаи ў ба салоњияти Суди конститутсионї дохил намешавад ва мавзўи баррасии он низ нест.

Тибќи талаботи ќонунњои амалкунанда муайян намудани ќонунї, асоснокї ва дурустии санадњои татбиќи њуќуќ ќабулнамудаи маќомоти давлатї ва шахсони мансабдор, аз љумла амал, беамалї ва ќонуншиканї аз тарафи онњо, бекор намудани (беэътибор донистан) санадњои судї ва санадњои њуќуќии маќомоти давлатї, назорат аз болои ќонунї ва асоснок будани санадњои судї, ки тибќи онњо њуќуќу озодињои шањрвандон вайрон карда шудаанд, инчунин барќарор намудани зарари расонидашуда мувофиќан ба салоњиятњои судњои умумї ва маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон тааллуќ дорад.

Бинобар ин, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Саидов И.М. бинобар тобеи Суди конститутсионї набудани дархости мазкур рад карда мешавад.

Саидов И.М. метавонад дар сурати норозї будан аз санадњои зикршудаи судї, онњоро бори дигар дар судњои умумї мавриди бањс ќарор дињад.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Саидов И.М. «Дар бораи хилофи ќонун эътироф намудани њукми Суди ноњияи Фархор аз 27 июли соли 2011, дигар санадњои вобаста ба њукми Суди мазкур, ќатъ намудани парванда ва бегуноњ эътироф намудани ў», бинобар тобеи Суди конститутсионї набудани дархости мазкур рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Маводи пешнињодшуда ва бољи давлатї, ки бо расиди №0180442 аз 24 декабри соли 2012 ба маблаѓи 40 сомонї дар БДА ЉТ «Амонатбонк» пардохт шудааст, ба мурољиаткунанда баргардонида шавад.

4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости директори генералии Љамъияти сањомии кушодаи «Ќолинњои Ќайроќќум» Абдуллоев А.П. «Оид ба муайян намудани мутобиќати моддањои 236-238 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 4 марти соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Фирдавсова Г.,

дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судяњои Суди конститутсионї Зоиров Ш.Ю ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости директори генералии Љамъияти сањомии кушодаи «Ќолинњои Ќайроќќум» Абдуллоев А.П. «Оид ба муайян намудани мутобиќати моддањои 236-238 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Директори генералии Љамъияти сањомии кушодаи «Ќолинњои Ќайроќќум»-и шањри Ќайроќќум Абдуллоев А.П. ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо дархост мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки Љамъияти зикршуда дар асоси шартномаи хариду фурўш аз 25 декабри соли 2006 иншооти боѓчаи бачагонаи «Дилноз»-ро, ки дар шањри Ќайроќќум воќеъ мебошад, ба шабакањои барќии Ленинобод фурўхтааст.

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд ба Суди иќтисодии вилояти Суѓд бо аризаи даъвогї ба манфиати Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бекор кардани шартномаи хариду фурўши боѓчаи бачагонаи «Дилноз» аз 25 декабри соли 2006 ба љавобгарии ЉСК «Ќолинњои Ќайроќќум» ва њамљавобгарии шабакањои барќии Ленинобод мурољиат намуда, беэътибор донистани шартномаи хариду фурўш ва ба њолати аввала овардани тарафњоро талаб намудааст.

Бо њалномаи Суди иќтисодии вилояти Суѓд аз 21 майи соли 2012 бо парвандаи № 2-183/2012 аризаи даъвогї ќонеъ карда шуда, шартномаи хариду фурўши боѓчаи мазкур беэътибор дониста шуда, тарафњо ба њолати аввала баргардонида шудаанд.

Коллегияи кассатсионии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон бо ќарори худ аз 16 августи соли 2012 њалномаи Суди иќтисодии вилояти Суѓдро бетаѓйир монондааст.

Иншооти бањсї, яъне боѓчаи бачагонаи «Дилноз» тибќи санадњои судї гўё моликияти давлатї буда, он ба амволи соњаи иљтимої дохил мешавад ва бинобар ба моликияти љумњуриявї тааллуќ доштанаш фуруши он манъ мебошад, ки ин њолат бо ягон санади меъёрии њуќуќї тасдиќ нашудааст.

Дар асл, боѓчаи мазкур аз њисоби фоидаи коллективи мењнатии Комбинати ќолинбофии шањри Ќайроќќум сохта шуда, зимни ѓайри- давлатикунонии корхона, он њамчун воњиди алоњидаи корхона, яъне моликияти соњаи иљтимої ба коллективи мењнатии ЉСК «Ќолинњои Ќайроќќум» ройгон дода шудааст.

Санади ќабул ва супоридани боѓчаи бачагонаи зикршуда барои 320 љой, ки сохтмончии он Комбинати ќолинбофии шањри Ќайроќќум мебошад, бе бањс буда, бо ќарори Кумитаи иљроияи шурои депутатњои халќи шањри Ќайроќќум аз 29 декабри соли 1989 №372 ва дигарњо тасдиќ мешавад.

Њолатњои бо ќарори Кумитаи иљроияи шўрои депутатњои халќи шањри Ќайроќќум аз 27 декабри соли 1991 №482 ба љамъияти сањомї табдил додани Комбинати ќолинбофии шањри Ќайроќќум, баъдан хариду фурўш, нархгузории моликият, пардохти њиссаи сањмияњо, мактубњои вазири энергетика ва саноати Љумњурии Тољикистон аз 30 июли соли 2012 № 13-1860 оид ба соњибмулки иншооти иљтимої будани Љамъият, прокурори вилояти Суѓд аз 3 июли соли 2012 № 7/358-12(3) ба инобат гирифта нашудаанд.

Чунончи, аз мактуби прокурори вилояти Суѓд аз 3 июли соли 2012 бармеояд, ки баъди бастани шартномаи хариду фурўши иншооти зикршуда ЉСК «Ќолинњои Ќайроќќум» њамчун соњибмулк мањсуб ёфта, њуќуќи соњибї, истифода ва ихтиёрдории амволи харидааш, аз он љумла объектњои соњаи иљтимоиро доро мебошад.

Мурољиаткунанда, инчунин ќайд менамояд, ки дар ваќти табдили корхонаи истењсолї ба љамъияти сањомї, сањми Кумитаи идораи амволи давлатї 30% ва сањми коллективи мењнатї 70 %-ро ташкил додааст. Сањми коллективи мењнатї аз љониби коллективи мењнатї дар муддати як сол харидорї карда шуда, маблаѓњои аз њисоби фурўши сањмияњо ба даст омада, p class=quot;Times New Roman Tjтибќи ќонунгузории љорї ба буљети давлат гузаронида шуданд. Дар айни њол њиссаи давлат дар сармояи оинномавии ЉСК «Ќолинњои Ќайроќќум» 9,3 фоизро ташкил медињад.

Азбаски иншооти бањси моликияти коллективи мењнатии ЉСК «Ќолинњои Ќайроќќум» мебошад ва он њангоми ѓайридавлатикунонии Иттињодияи истењсолии ќолинбофии Ќайроќќум ройгон дода шудааст, Љамъият бо истифода аз њуќуќњои моликии худ иншооти бањсиро ба фурўш баровардааст ва чунин ањд 25 декабри соли 2006 баста шудааст.

Бо ин назардошт, директори генералии Љамъияти сањомии кушодаи «Ќолинњои Ќайроќќум» Абдуллоев А.П. ба Суди конститутсионї мурољиат намуда, хоњиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, мутобиќати моддањои 236-238 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистонро муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо њамаљониба тањлил ва мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки директори генералии Љамъияти сањомии кушодаи «Ќолинњои Ќайроќќум» Абдуллоев А.П. агарчи субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї ба шумор равад њам, аммо дар дархости ў вобастагии мавзўї оид ба номутобиќатии миёни моддањои 236-238 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дида намешавад, ки он боиси оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї гардида, санљиши конститутсиониро талаб намояд.

Зеро Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон њамчун санади муњими њуќуќї дар заминаи баробарии молумулкї ва мустаќилияти субъектони он асос ёфта, дар баробари муносибатњои гражданї, муносибатњои иќтисоди бозоргонї, инчунин тартиби татбиќи њуќуќи моликият ва њуќуќи дигари ашёї ва муносибатњои дигари молу мулкиро танзим намуда, ба меъёрњои Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон тавъам мебошад.

Давлат, инчунин њуќуќи моликиятро њамчун категорияи муњими иќтисодию њуќуќї ва асоси иќтисодиёти Тољикистон эътироф ва кафолат дода, бо чорањои таъсиррасонии њуќуќї онро аз тасарруфи ѓайриќонунї ва дахолати беасос њифз менамояд, ки ин ба моддањои 12 ва 32 Конститутсия мувофиќ мебошад.

Дар дархост асосноккунии мушаххаси талаби мурољиаткунанда оид ба ѓайриконститутсионї будани санади меъёрии мавриди бањс ќа- роргирифта дида намешавад ва талаби ў дар бораи номутобиќатии моддањои зикршудаи Кодекси гражданї ба моддаи 32 Конститутсия бо далелњо ва асосњои зарурї ба таври возењу равшан ифода нашудааст. Аз дархост муайян нест, ки номутобиќатии моддањои мавриди бањс ќароргирифтаи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба модаи 32 Конститутсия дар чї ифода меёбад, ки онњо боиси поймол гаштани њуќуќњои конститутсионии мурољиаткунанда гардида бошанд.

Бо ин њолат, дархост аз љињати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ нест.

Аз тарафи дигар, Суди конститутсионї на ќонунї ва асоснокии амалњои шахсони мансабдори давлатї ва санадњои татбиќи њуќуќ ќабулнамудаи онњо, балки мушаххасан мутобиќати санадњои меъёрии њуќуќиро ба Конститутсия баррасї менамояд.

Баррасии масъалањои дар дархост пешнињодшуда ба салоњияти судњои иќтисодї мањсуб меёбанд, ки мурољиаткунанда метавонад тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї онњоро дар судњои мазкур мавриди бањс ќарор дињад.

Аз ин рў, Суди конститутсионї бинобар набудани сабаб ва асосњои кофї, аз рўи дархости мазкур оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро рад менамояд.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 40, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости директори генералии Љамъияти сањомии кушодаи «Ќолинњои Ќайроќќум» Абдуллоев А.П. «Оид ба муайян намудани мутобиќати моддањои 236-238 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон», бинобар аз љињати шаклу мазмун љавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ва мавзўи баррасии Суди конститутсионї набуданаш рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов

 

 

 

НАВИДЊОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Н А В И Д Њ О И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

РАИСИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН МАЊКАМ МАЊМУДОВ БО УНВОНИ ФАХРИИ «ДОКТОРИ ЊУЌУЌ»-И ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ «ЛА-САПИЕНСА» ВА МЕДАЛИ ФАХРИИ НОМИИ ШАЊРДОРИИ РИМИ ЉУМЊУРИИ ИТАЛИЯ САРФАРОЗ ГАРДОНИДА ШУД

19-20 апрели соли 2013 дар асоси даъвати расмии Донишгоњи шањри Рим «Ла-Сапиенса» ва шањрдории Рими Љумњурии Италия сафари кории Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, академики АИЉТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор Мањмудов М.А. ба шањри Рим љињати иштирок дар XXXIII-умин Семинари байналмилалї доир гардид.

Дар оѓози чорабинии сатњи байналмилалии мазкур, ки дар он намояндагони давлатњои гуногуни љањон иштирок намуданд, Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. бо сухани ифтитоњї баромад намуда, оид ба наќши њуќуќи римї дар ташаккул ва рушди низоми њуќуќи хусусї, хусусан њуќуќи граждании муосир ибрози андеша намуд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур, Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, академики АИЉТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор Мањмудов М.А.барои сањми арзанда гузоштан дар рушди муносибатњои байналмилалї байни олимону њуќуќшиносони љумњурињои Тољикистону Италия ва ташаккули њуќуќи римї дар низоми њуќуќи хусусии муосир, бо унвони фахрии «Доктори њуќуќ»-и, ки яке аз донишгоњњои бонуфузтарини Љумњурии Италия – Донишгоњи давлатии «Ла-Сапинса», ки њанўз соли 1303 таъсис дода шуда, маркази бузурги илмї ба шумор меравад, сазовор гардонида шуд.

Њамчунин, аз љониби шањрдории Рими Љумњурии Италия Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. бо медали фахрии номї, мукофотонида шуд.

Донишгоњи давлатии «Ла-Сапиенса», донишгоњи машњуртарини Љумњурии Италия ба шумор рафта, Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. аз аввалин шахсиятњое мебошад, ки дар байни олимони њуќуќшиноси давлатњои аъзои Иттињоди Давлатњои Мустаќил бо унвони фахрии «Доктори њуќуќ» сафароз гардонида шуд.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. аз зумраи олимони њуќуќшиносе мебошад, ки муаллифи зиёда аз 50 китоб ва 300 асарњои илмию оммавї буда, беш аз бист адад маќолањои илмии ў бо забони италиявї тарљума карда шуда, хонандагони зиёдеро пайдо намудааст.

Њамзамон, дар рафти сафари кории мазкур инчунин, вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо роњбарияти Суди конститутсионии Љумњурии Италия доир гардида, дар он оид ба масъалањои муњими марбут ба фаъолияти маќомоти назорати конститутсионии ду кишвар иброи андеша карда шуда, тарафњо љонибдории худро барои боз њам вусъат додани њамкорињои мутаќобилан судманд изњор намуданд.

Аз 29 январ то 3 феврали соли 2013 дар асоси даъвати Директори кули Барномаи њамкорї оид ба адолати байналмилалї сафари кории судя – котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Каримов К.М. ва роњбари дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Њошимов Д.Д. љињати иштирок дар Конфронси байналмилалї дар мавзўи «Дастгирї бо маќсади ташаккули самти мустањкамнамоии меъёрњои њуќуќ: наќши низоми адлияи франсавї, аврупої ва субъектони њуќуќ» ба шањри Париж доир гардид.

Дар кори чорабинии сатњи байналмилалии мазкур, њамчунин намоядагони маќомоти судї, адлия ва дигар маќомоти гуногуни давлатии зиёда аз понздањ кишвари љањон ва намояндагони масъули маќомоти гуногуни њокимияти давлатии Љумњурии Фаронса иштирок намуданд.

Зимни сафари мазкур њамчунин вохўрии намояндагони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо намояндагони масъули Сенати Љумњурии Фаронса, Шўрои конститутсионї, Суди кассатсионї, Шўрои далватї, Вазорати корњои хориљї ва дигар намояндагони маќомоти давлатии Љумњурии Фаронса доир гардид, ки дар он масъалаи марбут ба густариши фаъолияти маќомоти назорати конститутсионї баррасї карда шуда, љонибњо дар хусуси мавќеъ ва наќши Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ибрози андеша намуданд.

Аз 6 то 13 феврали соли 2013 дар доираи Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї байни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Љумњурии Туркия бо маќсади шиносої бо фаъолияти ин маќомоти назорати конститутсионї ва густариши њамкорињои тарафайн, сафари кори кормандони Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Муњаббатов Љ., Мусоев Р., Исмоилов П., Сангова Г. ва Гулов П. ба Суди конститутсионии Туркия доир гардид.

Зимни сафари кории мазкур, њайати Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо фаъолияти Дастгоњи Суди конститутсионии Туркия, аз љумла шуъбаи экспертизаи њуќуќї, шуъбаи ќабули арзу шикоятњо, шуъбаи робитањои беруна ва дигар сохторњои он аз наздик шиносої пайдо намуд.

Њамчунин, дар доираи сафари мазкур Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Туркия муњтарам Њошим Ќлич њайати Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро ба њузур пазируфта, оид ба робитањои мутаќобилан судманди тарафайн ибрози андеша намуда, аз љумла ќайд кард, ки сафари мазкур низ дар навбати худ бањри баланд бардоштани њамкорињои дуљонибаи судњои конститутсионии кишварњои ба њамдўст такони љиддї медињад.

Сафари мазкур дар сатњи омодагии хуб доир гардида, барои баланд бардоштани таљрибаи кори кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї ва густариши њамкорињои байналмилалии Суди конститутсионї низ мусоидат менамояд.

28 марти соли 2013 тањти раисии Раиси Суди конститутсионї Мањкам Мањмудов дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баррасии парванда оид ба дархости шањрванд Тураев Мулоњасан Мирзоевич «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 2 июни соли 2009, №25 ва таѓйири ба он аз 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашуда ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, намояндагони, вазоратњои рушди иќтисод ва савдо, адлия, мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї ва фарњанги Љумњурии Тољикистон, Прокуратураи генералї, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, мутахассисону коршиносони дигар вазорату идорањои љумњурї иштирок намуданд.

Суди конститутсионї вобаста ба банди 4 Ќоидањои зикршуда, ки тибќи он «Шахсони вазифадор ва хизматчиёни Идораи патентї дар давоми се сол пас аз озод шуданашон аз Идораи патентї, њуќуќ надоранд, ки аз аттестатсия гузашта», дар Фењрист њамчун намояндагони патентї ба ќайд гирифта шаванд, ќайд намуд, ки кафолати давлатии фаъолияти озоди соњибкорї муњимтарин дастоварди сиёсию иљтимої ва њуќуќию иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба шумор меравад.

Чунин кафолат аз шаклњои гуногуни моликият асос ёфтани иќтисодиёти Тољикистон, баробарњуќуќї ва њифзи њуќуќии њамаи шаклњои моликият, аз љумла моликияти хусусї маншаъ гирифта, бе амалї намудани он бунёди љомеаи воќеан иљтимої ва иќтисоди бозоргонии дар муносибатњои байналмилалии иќтисодї раќобатпазир ѓайриимкон мебошад.

Машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї ифодаи озод будани соњибкорї буда, яке аз њуќуќњои асосї ва муњими иќтисодии инсон ва шањрванд, инчунин унсури асосии принсипи конститутсионии озодии иќтисодї ва аз њама муњимаш имконият ва василаи тадбиќи њуќуќи конститутсионии инсон ва шањрванд ба мењнат мањсуб меёбад.

Вобаста ба ин, њуќуќ ва озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд метавонад танњо дар асоси Конститутсия ва ќонунњо мањдуд карда шавад.

Бо дарназардошти ин, Суди конститутсионї банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистонро ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» номутобиќ њисоб намуд.

Мундариља

Сотиволдиев Р.Ш. Модели аврупоии тафтиши судии
конститутсионї 5

Исмоилов П. Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон
ва меъёрњои њуќуќи байналмилалї 19

Сафаров Д. Иштирокчиёни мурофиаи Суди конститутсионии
Љумњурии Тољикистон 27

Ќарорњои Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

1) оид ба дархости шањрванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ва таѓйири ба он аз 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашуда ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 28 марти соли 2013 34

Таъинотњои Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

1) дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба пешнињоди намояндаи Љамъияти сањомии пўшидаи муштараки тољикию русии «ДЗХ Помир» «Дар бораи муайян намудани мутобиќати сархати сеюми банди якуми ќисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ба моддањои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 7 январи соли 2013 47

2) дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Джураев Н.Њ. ва намояндаи ваколатдори ў - адвокат Воњидова Ф.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 47 ва ќисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 7 январи соли 2013 51

3) дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Саидов И.М. «Дар бораи хилофи ќонун эътироф намудани њукми Суди ноњияи Фархор аз 27 июли соли 2011, дигар санадњои вобаста ба њукми Суди мазкур, ќатъ намудани парванда ва бегуноњ эътироф намудани ў» аз 24 январи соли 2013 56

4) дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости директори генералии Љамъияти сањомии кушодаи «Ќолинњои Ќайроќќум» Абдуллоев А.П. «Оид ба муайян намудани мутобиќати моддањои 236-238 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 4 марти соли 2013 59

Навидњои Суди конститутсионии
Љумњурии Тољикистон

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон 65