22:15:24 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 2) 2013

 

 

 


Нашрияи мазкур бо дастгирии Барномаи «Мусоидат
ба давлатдории њуќуќї дар кишварњои Осиёи Марказї»-и GIZ (Љамъияти олмонии њамкории байналмилаллї)
нашр шудааст.

 


АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(№2) 2013




 

Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни)
Љумњурии Тољикистон)

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, Академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Њайати тањририя:

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои сиёсї

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Сотиволдиев Р. Ш. Раиси Шўрои илмї - машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Искандаров З.Њ. Узви Шўрои илмї - машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, профессори кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории ДМТ

© Нашрияи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, 2013.


 

 

 

 

 

 

Каримов К.М.
Судя-котиби Суди конститутсионии
Љумњњурии Тољикистон, номзади илмњои сиёсї

ї

ВАЊДАТИ МИЛЛЇ ДАР ЌАРИНАИ
МУНОСИБАТЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ ВА
ТАРТИБОТИ ЉАЊОНИИ МУОСИР

1. Муносибатњои байналмилалї ва тартиботи љањонии пасошўравї

Хотимаи асри XX дар таърихи муносибатњои байналмилалї њамчун давраи тањаввулоти бузурги геополитикаи љањонї унвон гирифтааст, ки ин тањаввулот новобаста аз муносибат ва бањои мутахассисону коршиносони масоили соњањои гуногуни илмњои гуманитарї тавонист ба раванди таърих, муносибати байналмилалї ва сиёсати љањонї, андеша ва афкори сиёсию фалсафї, иљтимоию фарњангї таѓйироти куллие ворид намояд.

Аз байн рафтани Иттињоди Шуравї ва низоми сотсиалистї њамчун як ќутби муайянкунандаи муносибатњои байналмилалї бояд ба раванди минбаъдаи сиёсати љањонї, ки он тартиботи љањонии дар шањри Ялта (1945) муайянгардидаи низоми Вестфалї ба њисоб меравад, дигаргунї ворид намуда, ба муътадил гардидани сиёсати љањонї оварда мерасонид.

Аммо вазъ ба ин њол сурат нагирифт. Дар ин раванд ва тањаввулот демократияи ѓарб худро ѓолиб ва бе раќиби тавонои геополитикї эњсос намуда, дар майдони тартиботи љањонї худро яккатоз дарёфт. Иштињои геополитикии он тамоми минтаќањои аз љињати стратегї муњим, махсусан дорои захирањои бойи сузишворї (нафту газ) ва дигар манбаи ашъёи хомро фаро гирифт, ки минтаќаи Осиёи Миёна низ аз ин раванд дар канор монда натавонист.

Бо маќсади ноил шудан ба њадафањои нопоки худ, Ѓарб дар муносибатњои байналмилї ва байнидавлатї «фалокатњои гуманитарї», «инќилобњои ранга», «хифзи њуќуќи инсон», «бањори арабї» ва ѓ. ворид намуд, ки дар онњо нишоне аз принсипњои њуќуќи байналмилалї, аз ќабили: эњтироми интихоби сиёсии давлату халќњои гуногун, дахолат накардан ба корњои дохилї ва бо роњи осоишта њал намудани муноќишаи байнидавлатию дохилї ва њамкорињои байналмилалї дида намешавад.

Инсоният шоњиди њодисањои бесобиќаи дахолат ба корњои дохилии давлатњои алоњида, аз байн бурдани низому суботи сиёсї, ба инобат нагирифтани иродаи аксарияти кулли халќњо дар Сербия, Ироќ, Судон, Тунис, Яман, Ливия ва Сурия гардид.

Дар шароите, ки захирањои табиї (манбањои сузишворї, пирях­њо, обњои нўшокї, мањсулоти хўрока ва ѓ.) боз њам кам гардида, њодисањои гуногуни фољиабори экологї ба инсоният зарари зиёди молию љонї ба бор меоранд, дар муќобили ин ањолии курраи замин сол то сол зиёд шуда, талаботи он ба мањсулоти ниёзи аввалиндараља боло меравад, дахолат ба корњои дохилии давлатњо боз њам ављ гирифта, ягон давлати хурду миёна аз чунин мудохила кафолати эмин буданро надорад. Зеро дахолат бо асосњои зикр­гардида ќатъї ба амсоли (преседенти) байналмилалї табдил ёфта, дар таљрибаи давлатњои ба истилоњ демократияро њифзкунанда «самараноки»-и худро њамчун воситаи муњими расидан ба маќсаду њадафњои геополитикии онњо исбот намуд.

Њодисањои фољиабори дар мамлактњои дар боло зикршуда, ба хусус солњои охир ба «бањори арабї» гирифторгардида, нишон меди-њанд, ки маќсад ва њадафњои тањиягарони ин љангњо ва муноќишањои дохилї на њифзи манфиатњои миллии давлатњо ва халќњои алоњида, балки саркўб намудани давлатњои сиёсати мустаќилонаи давлатдориро пешгирифта, ба амал баровардани манфиатњои геополитикии худ ва тайёр намудани мавќеъ барои дар оянда бо чунин роњ дахолат кардан ба корњои дохилии дигар давлатњо мебошад.

Дар рафти ин љангњо наќши «муборизаи шадиди иттилоотї», яъне тавассути барѓалат, нодуруст ва яктарафа маънидод намудани њодисањо, сафедро сиёњ ва сиёњро сафед нишон додан, шўронидани ањолии аз маърифати сиёсї, њисси ватану ватандорї, худшиносиву худогоњї дур, зери фиребу найранги хољагони хориљии худ афтида хело калон њаст.

Чизи муњиме, ки тањиягарони ин муноќишањо ба он ањамияти љиддї медињанд ва барои онњо њамчун равѓан ба балои оташ зарур аст, ин аз байн бурдани вањдати миллї ва њамдигарфањмии халќњо мебошад, ки дар аксар мавридњо онњо ба ин нияти нопоки худ муваффаќ мегарданд.

Љумњурии тозаистиќлоли Тољикистон низ аз доираи сиёсати байналмилалии пасошўравї худро дар канор гирифта натавониста, гирифтори љанги тањмилии шањрвандї гардид, ки он барои давлату миллати мо оќибатњои вазнини фољиабор ба бор овард.

2. Сабабњо ва омилњои љанги шањрвандї дар Тољикистон

Тањлилњо нишон медињанд, ки барои ба љанги шањрвандї мубтало кардани мамлакат, як ќатор омилњои сиёсиву иљтимої мављуд буданд, ки онњо барои оѓоз гардидан ва шиддат гирифтани муноќишаи дохили давлатї бевосита мусоидат намуданд.

Аввалан, на њама њизбњои сиёсиву иттињодияњои љамъиятї ва созмону њаракатњои зиёди таъсисгаштаи мардумї тавонистанд ба моњияти истиќлолияти давлатї дуруст сарфањм раванд. Набудани таљриба ва фарњанги одидатарини муборизаи њизбиву сиёсї, нафањмидан ва бањо дода натавонистан ба вазъияти љории баамаломада, њизбњои сиёсии дар заминаи (платформаи) демократї бударо амалан аз омма ва тарафдорони онњо дур намуд. Онњо оммаро ба љойи ба корњои давлату давлатсозї ва бунёди љомеаи демократї эълондоштаи Эъломияи истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољиикистон сафарбар намудан, ба майдонњо ва мухолифати байни њамдигарї тела дода, ба фазои нобоварии байни њамдигарї замина гузоштанд.

Онњо дарк накарданд, ки љамъ омадан дар майдон ё ки майдонин тамоми мардуми Тољикистон нест ва як майдон метавонад боиси љамъ омадани чандин майдонњои дигар гардад, барои давлату миллат оќибати ногувор, њатто љангу муноќишаи дохилиро ба миён оварад.

Баъдан, набудан ё ташаккул наёфтани элитаи сиёсии миллї, ки манфиатњои миллї ё манфиатњои ќисмати зиёди мардуми Тољи­кистонро фаро гирифта тавонад ё сохтори њокимияти давлатиро ташкил дода, барои тадбиќи масъала ва вазифањои марњилаи аввали истиќлолият сафарбар намояд, ба саросар итоат накардан ба њокимият, бе њокимиятї, анархия ва вусъат гирифтани љанги шањр­вандї мусоидат намуд.

Њокимияти давлатї амалан фалаљ гардида, наќш ва нуфузи гуруњ- њои силоњбадаст афзуд.

Дар ин замина, як ќатор созмонњои мардумии ба мањалњо асос­ёфта натавонистанд ба сулњу вањдат мусоидат намуда, садди роњи муноќишаи дохилї ва љанги шањрвандї гарданд ва чуноне ки Эмомалї Рањмон ќайд намуданд: «Созмонњои гуногуни мањаллї бо номи «Лаъли Бадахшон», «Њамдилон», «Мењри Хатлон», «Њисори Шодмон», «Истаравшан», «Зарафшон» ва ѓайра арзи вуљуд карданд, ки сарфи назар аз ниятњои худ ба якпорчагии Ватани азизамон мусоидат намекарданд.»[1]

Њамин тариќ, гуногунандешии ба Тољикистон чун дигар кишварњои собиќ Иттињоди Шўравї тавассути сиёсати бозсозї ва баъдан пошхурии давлати абарќудрати зикршуда охирњои солњои њаштодум ва аввалњои солњои навадуми асри ХХ воридгардида, ки аз аввал ба масъалањои фарњангию њифзи манфиатњои миллї равона шуда буданд, дар солњои аввали истиќлолият хусусияти соф сиёсї, динию мазњабї ва мољарољўї касб намуда, мамлакатро ба гирдоби љанги шањрвандї тела доданд, ки оќибати он њанўз њам аз хотираи халќи мо фаромўш нагардидааст.

Дар муќовимати сиёсию њарбї дар мамлакат рушди инкишофи нобаробари минтаќањои гуногуни љумњурї, сатњи пасти маърифати сиёсию фарњангї, худшиносиву худогоњї бе таъсир нест.Њамчунин наќши ќуввањои иртиљоии беруна ва ќуввањои сеюм низ дар барангехтани љанги шањрвандї дар Тољикистон кам нест, ки ин масъала пажўњиши алоњидаро таќозо дорад.

Баъди имзои Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї низ, аз љониби душманони миллатамон як ќатор кўшишњои ноором намудани авзои сиёсиву иљтимої содир гардиданд, ки онњо барои кишвари ноором нишон додани давлатамон равона гардида буданд. Аммо ниятњои нопок ва тири нохалафи онњо дар вилоятњои Хатлону Суѓд, минтаќањои атрофи шањри Душанбе ва ноњияњои Тавилдараву Рашт ва шањри Хоруѓ хок хурдааст.

Аз љанги хонумонсўзи шањрвандї ва муноќишаи дохилидавлатї мо бояд сабаќи таърихї ва хулосаи зарурї бароварда тавонем, то ки минбаъд ватани азизамонро ба чунин гирдоби фалокат накашем. Ба таќдири давлату миллат, ватану ватандорї бетафовут набошем. Масъулияти таърихии худро дар назди наслњои гузаштаву оянда ба љо биёрем ва ба фарзандон худ давлати ободу зеборо ба мерос гузорем.

3. Оќибати љанги шањрвандї

Имрўзњо, ки мо дар рў ба рўи љашнгирии рўзи Вањдати миллї ќарор дорем, ба солњои аввали истиќлолияти давлатї назар карда, ба андешаи он меравем, ки чаро мо чун дигар љумњурињои собиќ Иттињоди Шўравї ба љойи баромадан ба шоњроњи бузурги дигаргунињои азими даврони аввали соњибистиќлолї даст ба гиребони њам гирифта, ба љанги шањрвандї даст задем.

Ба истиќлолияти миллї, ки онро фарзандони барўманди халќамон тайи њазорсолањо ба даст оварданашро орзў доштанд, беэътиної кардем. Шукри бе љангу муборизаи хунин ба даст омадани онро накардем, аз аспи љањолат фурў наомадем ва ба хотири мансабу курсї дар як муддати кутоњтарин хуни зиёда аз 150 њазор њамватани худро рехтем, 55 њазор кудакро бе падар, 25 њазор занону модаронро бесаробон мондем, 1 миллион њамватанони худро ба гуреза табдил додем. Ба иќтисодиёти ба дастгириву азнавкунї ниёздоштаи мамлакат ба маблаѓи зиёда аз 10 миллиард доллари амрикої зарар расонидем.

Аз њама хафнокаш ояндаи давлату миллат ва якпорчагии мам- лакатро зери хавху хатари љиддї гузоштем, ки ислоњи он барои давлату миллати мо бенињоят гарон афтод ва чуноне, ки Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар суханронии худ бахшида ба рўзи 27 июни соли 1997 ќайд намуданд…«насли њозираи миллати тољик њарчанд авввал пешпо хўрд, имрўз пирўз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи ањриманиро, ки дар майнаи халќи мо љо гирифта буд, аз худ дур андохта, морони зањокиро, ки љони љавони садњо фарзандони моро ќурбон мекарданд, саркуб созад… Аќли солим ва хиради дурбин пирўз шуд…»[2].

4. Дарси сабаќомўзи љанги шањрвандї

Санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи навини кишвари соњибис- тиќлоли Љумњурии Тољикистон њамчун «Рўзи Вањдати миллї» сабт гардид. Дар ин рўз миёни њокимияти конститутсионии мамлакат ва иттињодияи мухолифини тољик Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї ба имзо расида, аз тариќи сиёсиву њуќуќї ба љанги шањрвандии зиёда аз 6 сол дар мамлакат тўлкашида хотима бахшида шуд.

Бо ба имзо расидани ин санади таърихї, дар дили њазорон фарзандони баномуси халќи тољик, ки таќдири ояндаи миллат ба онњо бе тафовут набуд, шуълаи умед ва боварї ба ояндаи неки ватан ва давлати соњибистиќлол аз нав боло гирифт.

Халќи тољик бори дигар, ба аќлу заковати азалии фарзандони барўманди миллати худ, ки аз давраи иљлосияи XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон сарварии онро роњбари љасуру далер ва ватандўсту ватанпараст Эмомалї Рањмон ба ўњда дошт, итминони комил њосил намуд.

Ваъдаи дар Иљлосияи XVI додаи сарвари давлат, ки «Ман кори худро аз сулњ сар хоњам кард. Ман тарафдори давлати демократии њуќуќбунёд мебошам. Мо бояд њама ёру дўсту бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Њарчї аз дастам меояд дар ин роњ талош хоњам кард», дар натиљаи бехобию талошњои шабонарўзии ў ва њаммаслаконаш љомаи амал пўшид.

Ў дар ќалби мардум њамчун сарвари сулњовар ва сулњофар роњ ёфт. Боварии мардум нисбат ба ў афзун гардида, онњо ба хотири ояндаи миллат дар атрофи ў сарљам ва муттањид гардиданд.

Ваќти аз замони ба имзо расидани Созишнома гузашта, ки он ќадар давраи тулонї нест, собит намуд, ки сулњу вањдат дар ченаки вазъ ва суботи сиёсию ичтимої, иќтисодиву фарњангї ва њуќуќии љомеа ва давлат дар сари хат ќарор дошта, он асоси пешравї, фаъ­олияти созандаву бунёдкорона, эљодкорї, навъоварї, нишон додани симои миллату чењраи миллї ва боло рафтани обрўю эътибори байналмилалии давлат мебошад.

Алалхусус њодисањои номатлуби дар баъзе аз кишварњои олам ба амал омада баръало нишон дода истоданд, ки асоси аз байн бурдани суботи сиёсию иљтимої, дахолат ба низоми сиёсиву давлатдорї ва ба гирдоби фалокњои фољиабори миллї кашидани давлату миллатњои алоњида - ин пеш аз њама људої андохтан дар миёни мардум ва вайрон намудани вањдату ягонагии халќњо мебошад.

Ба сулњу вањдат расидани тарафњои даргир дар Тољикистон дар таърихи давлатдориамон ањамияти беназирро касб намуд. Он нишонаи аќлу заковат ва хиради азалии мардуми тољик аст, ки дар лањзањои њасостарини давлатдории худ хавфу хатари аз миён рафтани давлати миллии худро дарк намуда, проблемаро аз муќовимати њарбию мусаллањона бо роњи гуфтушунид ва музокирот ворид намуданд.

Чунончи, аз моњи феврали соли 1994 то рўзи ба имзо расонидани Созишнома баргузор гардидани 8 музокироти сулњи тољикон ва аз 17-19 майи соли 1995 (Кобул) то 16-18 майи соли 1997 (Бишкек) шаш мулоќоти хосаи роњбари давлат бо роњбари мухолифини тољик шањодати гуфтањои болоанд.

Роњи њалли њарбї надоштани мухолифат ва муноќишаи дохили давлатї, ба гирдоби фалокат дучор намудани давлат, зери таъсири бегонагон афтодан ва аз даст додани давлатро сари ваќт њис карда, бо душворињои мављуда нигоњ накарда, ба зербинои сулњу вањдат заминаи воќеиро гузоштанд.

Ба ин тарафи хислати миллии халќи тољик эътибор дода, Эмо­малї Рањмон дар суханронии худ дар љашни 13-умин солгарди Рўзи Вањдати Миллї ќайд намуданд, ки: «Рисолати сулњпарварии миллати тољик дар пурихтилофтарин даврањои таърих ва бархурди тамаддунњои гуногун низ њамеша ба суботу оромии кишвар равона гардида буд. Миллати мо тавассути фарњанги тањаммулгарову башардўстонаи хеш борњо давлату љомеаи тољиконро аз гирдоби марговари бозињои сиёсї наљот додааст. Мардуми тољик дар таърихи тўлонии худ даврањои бисёр сахту сангинро сипарї намуда, бо фарњанги воло, хиради азалї ва тадбиру тањаммул аз њама гуна бўњронњои иљтимоиву маънавї рањої ёфтааст.»[3]

Баъдан, ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон дастоварди бурзург мањсуб ёбад њам, њифз, мустањкам ва тањкими сулњу вањдат дар мамлакат, ба миён овардани фазои боварї ба иљрои муќаррароти Созишномаи ба имзорасида низ аз муњимтарин масъалањои сулњу вањдати тољикон ба шумор мераванд.

Таъсис додани Комиссияи оштии миллї, ки он дар мулоќоти Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ва роњбари Иттињоди мухолифин дар Хусдењ (Авѓонистон) 10-11 декабри соли 1996 мувофиќа гардида, Низомномаи он 20-21 феврали соли 1997 дар мулоќоти навбатии онњо дар Машњад (Эрон) ба имзо расида буд, баргардонидани гурезагон ба ватан, халъи силоњи дастањои мусаллањи мухолифин, пайвастани онњо ба ќуввањои мусаллањи њукумат, ќабули ду Ќонуни авф соли 1997 ва соли 1999, ворид намудани 30 фоизи мухолифин ба њайати њукумат ва 26 сентябри соли 1999 гузаронидани ислоњоти конститутсионї дар мамлакат аз зумраи чорабинињое буданд, ки барои сулњу вањдати минбаъда дар мамлакат наќши њалкунанда бозидаанд.

Вањдат њамчун раванди сиёсию фалсафї пањлуњои гуногуни иљтимої дошта, мањдуд намудани мазмуну муњтаво ва танњо дар вобастагї ба рўзи 27 июн-рўзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї- маънидод намудани он то андозае ба кушодани пањлўњои гунонуни ин раванд монеа эљод менамояд. Оид ба мафњуми «вањдати миллї» андешаи ягона нест, аммо вањдат бояд њолат, раванд, самти инкишоф, ѓояи миллї ва муттањидкунанда, арзиши таѓйирнопазири вобаста ба даврањо ва шароити таърихи њар љомеа ва давлат бо мазмуну мундариљаи нав рушдкунанда, ягонагии халќу миллат ва субъектону иштирокчиёни муносибатњои сиёсї дар фањмиши ватану ватандорї, давлату давлатдорї, худшиносиву худогоњї ва њуввияти миллї арзёбї гардад.

Аз он рўзи таърихии ба имзо расидани Созишнома аллакай 16 сол сипарї мешавад . Ин сана њамасола бо гузашти ваќт барои њар яки мо бо мазмуну мундариљаи нав рўи кор меояд, арзишу ќимати он рўйдод рўз то рўз боло меравад, моро ба ватансозиву ватандорї, худшиносиву худогоњї ва њуввияти миллї далолат менамояд. Мењру садоќат ва вафодории моро нисбати њаммиллатони худ новобаста аз манзилу макони онњо меафзояд. Моро њамеша ба њушёрии сиёсї ва њамдигарфањмї њидоят менамояд.

Худо кунад, ки сулњу вањдати мо љовидонї бошад, зеро он рўи сурху зебои њар тољику тољикистонї њаст. Он вањдати дар њамон шабу рўзњо барои миллати мо чун боду њаво зарур, фикру андешаи душманони миллати моро ботил баровард. Санги маломат ва љањолат аз баѓали онњо афтид. Садои наѓмаву сурури онњо хомўш гардид. Умеди онњо дар хусуси дуру дароз идома ёфтани љанги шањрвандї, ба нестї расидани давлати тољикон ва баъдан ба ќисматњо људо шудани он барбод рафт.

Таљрибаи сулњофарї ва вањдати тољикон дар таърихи љангњо ва муноќишањои дохилидавлатї ва пешгирї кардани онњо беназир арзёбї гардида, он моро водор месозад, ки ба гузаштаи дуру наздики худ аз нуќтаи назари танќидї ва андешаи миллї назар андозем, ба вањдат њамчун сарчашмаи безаволи давлатдорию ватандорї муносибат намоем, онро бо дастовардњои сиёсию иќтисодї ва иљтимої ѓанї гардонем ва ба фарзандони худ давлати мустањками побарљо ва ба вањдат асосёфта мерос гузорем.



[1] Бунёди давлатдории навин. Зери тањрири Убайдуллоев Мањмадсаид Москва: Радуница 2002. сањ. 69

[2]

Эмомалї Рањмон. Вањдати миллї љовидон бод. Суханронии Президенти Љум­њурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар љашни 13-умин солгарди Рўзи Вањдати миллї. 27 июни соли 2010. Љумњурият. 1 июни соли 2010 №81-82

[3] Ниг. Шарипов Т.Ш. Фаъолияти экстремистї (ифротгарої) дар ќонунгузории љиноятии Тољикистони соњибистиќлол. Ахбори Суди констиутсионии Љум­њурии Тољикистон. 2012 № сањ.19..

 



Шарифов Р.,

Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи

Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќ

МАСЪАЛАИ ЊИФЗ ВА ТАЪМИНИ ВАЊДАТИ МИЛЛЇ ДАР ШАРОИТИ ГУНОГУНАНДЕШИИ СИСЁСЇ

Сулњи Тољикистон ба фаъолияти сиёсии Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї Эмомалї Рањмон вобастагии ќавї дорад.

Махсусан бояд таъкид намуд, ки муваффаќ шудан ба ризоияти миллї ва сулњу вањдат идомаи мантиќии сиёсати Њукумати Тољикистон ва талошњои Эмомалї Рањмон дар ин роњ аст. Роњбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонї, рўњи ватанпарастї, њамкории пурсамар дар фазои њамдигарфањмї, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнњои њокимияти давлатї, ташкилотњои ѓайрињукуматию њаракатњои мардумї ва њизбњои сиёсї, эътиќоди мардуми диёр, аз љумла, гурўњњои мухталифи сиёсї нисбат ба Сарвари давлат аз омилњое буданд, ки ба амалї гардонидани наќшањои асосї мусоидат намуданд. Кўшишњои пайвастаи Сарвари давлат, њамчунин заковати мардуми баномусу бофарњангамон натиљањои дилхоњ доданд ва нињоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон ба имзо расид.

Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар муро­љиатномаи худ ба муносибати имзои Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон ањамияти бузурги таърихии ин њодисаи фарањбахшро барои сарнавишти миллати тољик ва њамаи тољикистониён таъкид намуда, аз љумла овардаанд: «Љидду љањд ва умедворињои мо барои нигоњ доштани давлати миллии тољикон мањз дар њамин рўзи саид љомаи амал пўшид. Ман имрўз гуфта метавонам, ки насли њозираи миллати тољик њарчанд аввал пешпо хўрд, имрўз пирўз аст. Зеро ин идеал тавонист васвасаи ањриманиро, ки дар майнаи халќи мо љо гирифта буд, аз худ дур андохта, морони зањњокиро, ки љони љавони садњо фарзандони моро ќурбон мекарданд, саркўб созад... Аќли солим ва хиради дурбин пирўз шуд.

Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон ва дар натиљаи кўшишњои мунтазами Њукумат дар кишвар фазои сулњу салоњ ва ризоияти миллї барќарор шуд. Мањз аз баракати сулњу оштии миллї мо тавонистем вањдати миллї ва якпорчагии Ватанамонро таъмин намуда, чорабинињои бузурги умумимиллии худро гузаронем».

Таљриба ва амалияи ба даст овардани сулњи миёни тољикон натанхо ањамияти миллї, балки ањамияти љањонї дорад. Зеро амсоли хуби њаллу фасли низоъњои миллї ва дохилидавлатии минтаќањои гуногун шуда метавонад. «Бењуда нест, ки таљрибаи мо дар љодаи таъмини сулх, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани кариб як миллион гурезањо ва ташкили хамгироии иљтимоии онњо аз тарафи ташкилоту созмонњои бонуфуз, аз љумла, Созмони Милали Муттањид, Созмони амният ва њамкорї дар Аврупо воќеъбинона арзёбї шуд ва њамчун навъи нодири сулњофарї эътироф гардид». Омўзиши њамаљонибаи ин таљриба имконият медињад, ки пеши роњи cap задани чунин моњароњо гирифта шавад ва дар сурати ба вуќўъ омадани њар гуна муноќишахо роњи њалли онхо њарчи зудтар пайдо карда шаванд.

Таљрибаи сулњи тољикон нишон дод, ки дар њалли чунин низоъњо дигар омилњо низ таъсири худро доранд. Аз љумла наќши Шўрои љамъиятии Тољикистон, дигар сохторњои сиёсию љамъиятї, ки дар ин Шўро ба амал омаданд, дар роњи муттањид намудани куввањои солими љомеа назаррас мебошад. Таъсири Ањдномаи ризоияти љомеаи Тољикистон, ки 9 марти соли 1996 аз љониби 30 њизбу њаракатњои сиёсї, иттињодияњои љамъиятї бо иштироки Президенти Љумњурии Тољикистон ва Раиси Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба имзо расид ва дар заминаи он Шўрои љамъиятии Тољикистон таъсис ёфт, дар пешрафти музокирот ва сулњи тољикон сањми бузург бозид.

Њадафи асосии Ањднома ва таъсиси Шўрои љамъиятї дастёб шудан ба сулњ ва ризоияти миллї буд, ки хушбахтона халќи тољик ба ин маќсади олии хеш ноил шуд. Њамон тавре ки Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар суханронии хеш дар љаласаи Шўрои љамъиятии Љумњурии Тољикистон 11 марти соли 2002 ќайд карданд: «Мо хизматњои арзандаи иштирокчиёни Ањдномаи ризоияти љомеаи Тољикистон - аъзои Шўрои љамъиятии Љумњурии Тољикистонро дар комёб шудан ба сулњу ризоияти миллї фаромўш намекунем. Тавсияву пешнињодњо ва мурољиатномањои мушаххаси онњо барои ба љараёни маќсаднок равона кардани музокироти миёни тољикон мусоидат намуданд».

Шўрои љамъиятии Љумњурии Тољикистон имрўз низ нерўи бузурги сиёсие мебошад, ки дар худ тамоми њизбњои сиёсї, аз љумла, њизбњо ва њаракатњои собиќ мухолифин, созмонњои ѓайрињукуматї, эљодї, касбї ва дигар иттињодияњои љамъиятии бонуфузи мамлакат­ро муттањид сохтааст. Ин ќудрати бузург ва умедбахшест бањри ноил гаштан ба маќсадњои олї - таъмини сулњу вањдат, тањкими давлатдорї ва рушди иќтисодию иљтимоии љомеаи Тољикистон. Бо дарназардошти ин, аз љониби аъзои Шўрои љамъиятии Љумњурии Тољикистон тамдиди бемуњлати Ањдномаи ризоияти љомеаи Тољикистон ба имзо расид.

Фаъолияти озодонаи њизбњои сиёсї, иттињодияњои љамъиятии ѓайридавлатї, рўзнома, маљалла, телевизион ва радиои ѓайридавлатї ва агентии иттилоотї нишонаи равшани риояи њуќуќу манфиатњои шањрвандон, гуногунандешии сиёсї, фаъолияти озодонаи воситањои ахбори умум баёнгари сулњу вањдати миллї мебошанд.

Роњи њалли масъалањои дар Созишнома ифодаёфта сулњи бебозгаштро дар љумњурї таъмин намуд. Mo, имрўз ифтихор аз он дорем, ки фарњанги сулњи тољикон барои дигарон намунаи ибрат гардид ва аз љониби Созмони Милали Муттањид њамчун таљрибаи нодир эътироф гардид. Таърихи тамаддун ёд надорад, ки љанги шањрвандї дар чунин муњлати кўтоњ ќатъ шуда бошад. Дар шароити кунунии кишварамон бояд њар як фарди бонангу номус Ватан, давлат ва миллати худро аз њама боло гузошта, барои рушду ободии Тољикистони азиз сайъу талош намояд, то наслњои оянда бо кору номи неки имрўзиён ифтихор намоянд. Ватан дар баробари модар муќаддас буда, дар сарнавишти инсон наќши њалкунанда дорад.

 


 

Раљабов М.Н.
мудири кафедраи њуќуќи байналхалќии

факултети њуќуќшиносии ДМТ,

номзади илмњои њуќуќ, дотсент

НАЌШИ ВАЊДАТИ МИЛЛЇ ДАР ТАЊКИМИ МАЌОМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Барои давлатњои миллї – вањдати миллї омили асосии нигањ­дошти онњо њисоб мешавад ва агар кишвар ба ин арзиш эњтиром нагузорад, шикасти он ногузир аст. Бо чунин дарк Вањдати миллї дар таърихи давлатдории навини Тољикистон њамчун омили созандаю тањкимбахши истиќлолияти давлатї эътироф шудааст. Љумњурии Тољикистон 9 сентябри соли 1991 истиќлолияти давлатї ба даст оварда, дар соли 1992 гирифтори љанги шањрвандии тањмилї гашт, ки танњо зиёни моддии он беш аз 7 млрд доллари америкої бањогузорї шудааст. теъдоди зиёди фарзандони ин сарзамин ба њалокат расида, беному нишон гаштанд. Иќтисодиёти давлат фалаљ ва миллат парешон гашт, ки яке аз сабабњои асосии он набудани вањдати миллї миёни мардуми ин сарзамин мебошад. буд Бояд зикр кард, ки њукумати њамонваќта ин равандро дарк накард ё дар роњандозии он мусоидат накард, ки аз «мањалгарої» дар љомеа гуруњњои аљнабї моњирона истифода намуда, миллати тамаддунофари тољикро ба оташи љанги шањрвандї гирифтор намуданд. Дар ибтидои истиќлолият эътирофу пазироии Тољикистон аз љониби кишварњо ва созмонњои байналмилалии минтаќавию љањонї вобастагї дошт, зеро бе хотима бахшидан ба љанги шањрвандї, минбаъд Љумњурии Тољикистонро њамчун субъекти комилњуќуќи байналмилалї арзёбї намудан аз имкон берун буд. Аз ин нигоњ, собиќ Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, иљрокунандаи вазифаи Президенти Љумњурии Тољикистон Акбаршо Искандаров дар яке аз мусоњибааш ќайд мекунад, ки «иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон танњо ба хотири ёфтани роњи њалли сулњ ва хатми љанг доир шуд ва њељ кишвар ба сурати мустаќим барои баргузории ин иљлосия моро водор накарда буд».[1]

Аз ин нигоњ, дар давраи басо душвори давлат, Иљлосияи шонз­дањуми Шўрои Олии Тољикистон танњо бо маќсади таъмини сулњу вањдати миллї баргузор гардид ва њукумати нави Тољикистонро рўи кор овард, ки иќдомњои аввалини он сарљамъии миллат, таъмини сулњ, вањдати миллї, њифзи тамомияти арзї ва њимояи дастовардњои истиќлолияти давлатї буд.

Њукумати нави кишвар вазифањои муњиму таърихии хешро бо масъулият ба душ гирифт ва то ба сулњ ва ба вањдати миллї расидан як ќатор иќдомњоро анљом дод, ки ба барќарор гардидани аркони давлатдории миллї ва рањої бахшидани мардум аз гуруснагї мусоидат карданд. Ин иќдомњо дар тањия ва ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон (соли 1994) ва бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 9 октябри соли 1995, №342 «Дар бораи људо кардани 50 хазор гектар замин барои хољагињои ёрирасони шахсии шањрвандон» ифода меёбанд.

Баъдан, Њукумати нави кишвар бо мухолифин ба гуфтушунид оѓоз кард, ки он 9 давраро фаро гирифт. Санадњое, ки дар ин раванд ќабул шудаанд ду њолатро – ташаккул ва татбиќи сулњро ифода менамуданд.

Давлати Тољикистон чунин гузашт ва авфњоро то ва баъди расидан ба сулњ ва ризояти миллї анљом додааст, ки чунин иќдому тадбирњо дар таърихи давлатдории ягон кишвари сайёра дида намешавад. Сарвари Љумњурии Доѓистон Рамазон Абдулатипов дуруст ќайд кардааст, ки «дар таљрибаи љањон дар сохторњои давлатї ба мухолифин 30% љойњоро пешнињод намудан умуман дида намешавад. Ин гўвоњи љавонмардї ва хирадмандии сарвари давлат аст».[2]

Воќеан, талошу љоннисорињо ва иродаи созандагии сарвари давлату мухолифин ва халќи тољик буд, ки сарзамини тољикон аз майдони муќовиматњои сиёсию њарбї берун шуд ва имрўз «халќи тољик … дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсї ва оромии љомеа кору зиндагї дорад».[3]

Дар таљрибаи таърихї низоъњои дохилї асосан бо чор модули созиши миллї, ки аз љињати мазмун ва маќсад фарќ мекунад, њалли хешро меёбанд:

Таъмини ѓалабаи сохти нав (Кампучия, соли 1988);

Созиши миллї ба маќсади нигањдории тартиботи мављудаи њукмрон (Никарагуа, ба фоидаи мухолифин анљом ёфт);

Ба маќсади нигоњ доштани тартиботи кишварњои њамсоя ё тамоми минтаќа;

Ба маќсади аз мамлакат берун кардани ќуввањои њарбии киш­варњои хориљї.[4]

Вале сулњи тољикон њељ гоњ ва њељ ваќт ифодагар ё таранумкунандаи ѓалабаи љузъ набуда, балки ифодаи ѓалаби кул, бо њам омадани миллат, оѓози бедорию худшиносии миллї, тањкими истиќлолияту дарки масъулият муаррифї мегардад ва чун санаи таърихию фаробахш дар таърихи давлатдории навини тољикон сабт шудааст.

Воќеан 27 июни соли 1997 дар таърихи Тољикистон сањифаеро боз кард, ки оѓози дигаргунињои куллї ва ба њам омадани миллат гаштанд. Натиљаи сулњ ва вањдати миллї буд, ки ташаккули парламенти касбї, пешнињод шудани 30% љойњо дар сохторњои давлатї ба намояндагони мухолифин, бозгардонии ихтиёрї, бехатар ва бошарафонаи тамоми гурезањо ва муњољирони иљборї, барњам додан, халъи силоњ намудан ва шомил шудани дастањои мусаллањи мухолифин ба сохторњои низомии давлатї, азнавсозии сохторњои низомии давлатї, ворид намудани иловањо ба Конститутсияи амалкунанда, ворид намудани иловањо ба Ќонун дар бораи интихобот, Ќонун дар бораи ањзоби сиёсї, ки фаъолияти ањзоби манъшудаи мухолифин ва дигар ањзобу љунбишњоро расмї мегардонад, мубодилаи пурраи асирони њарбї ва мањбусон, ќабули Ќонун дар бораи авфи умумї ва ѓайра дар љомеаи тољикон ба вуќўъ омад. Љанги шањрвандие, ки 1880 рўз (яъне беш аз 5 сол) идома дошт, на чун кинаю адоват, балки њамчун моли таърих бањри омўзиш ва сабаќ гирифтан дар мусоидат ба тањкими истиќлолияти давлатї ва худшиносии миллї хизмат менамояд.

Аз ин нигоњ, дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 апрели соли 2013 вањдату ризояти миллї њамчун дастоварди нодиртарини мардуми Тољикистон яке аз њадафњои асосии марњилаи имрўзаи рушди давлатдории Тољикистон эътироф шудааст. Чї тавре ки дар ибтидо зикр кардем, эътирофи байналмилалии кишвар дар оѓози истиќлолият бо аз байн рафтани ИЉШС вобастагї дошт, вале минбаъд вањдати миллї њамчун мањаки асосї вобаста ба манфиатњои миллї дар раванди муносибатњои байналмилалии муосир ворид гардидани Љумњурии Тољикистон њамчун субъекти комилњуќуќи байналмилалї наќш дорад. Зеро дар раванди љањонишавї баъзе ќуввањо ба вањдати миллї ва суботи сиёсии љомеа манфиатдор нестанд. «Тавассути вањдати миллї ва амалисозии барномањои гуногунљабњаи давлатї, кишвари мо дар марњилаи кўтоњи рушди соњибистиќлолии худ аз шумораи давлатњои иќтисодашон суструшдкунанда берун омада, дар ќатори давлатњои рў ба тараќќї љойгузин гашт ва дар роњи баровардани эњтиёљоти шањрвандон бањри дастрасї ва таъмини шароити арзандаи зиндагї заминањои устувор гузошт ва дар ин замина сатњи камбизоатї дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999-ум то 38 фоиз паст гардид».[5]

Умуман, устувории вањдати миллї омили асосии имконияти њалли проблемањои сиёсї, иќтисодї, иљтимої, фарњангї дар љомеаро фароњам меорад. Ва агар вањдати миллї дар кишвар (чї кишвари бузург ва хурд) њукмфармо набошад, новобаста аз сатњи рушд давлат гирифтори буњрон ва шикаст мешавад. Ба ин воќеањои охир дар Ироќ, Ливия, Сурия, Миср, мисол шуда метавонад. Аз ин нигоњ вањдати миллї бо манфиатњои миллї људонопазир аст, ки дар н­авбати хеш Вањдати миллї бањри тањкими манзалати байналмилалии Љумњурии Тољикистон вобаста бо манфиатњои миллї (ё давлатї) дар марњилаи кунунї иборат аст:

– њимоя ва мустањкам намудани соњибистиќлолии давлатї;

– таъмини амнияти миллї;

– фароњам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иќтисодї ва тадриљан баланд бардоштани сатњи зиндагии мардум;

– таъмини истиќлолияти энергетикї;

– дастёб шудан ба амнияти озуќаворї ва аз бумбасти коммуникат­сионї рањої бахшидани сарзамин;

– њимояи њуќуќу озодињои асосии инсон;

– эътибор ва манфиатњои шањрвандони Тољикистон дар дохил ва хориљи кишвар ва ѓ.

Вањдати миллї заминаи устувори љомеаи навини Тољикистонро гузошт, ки чун узви фаъоли муносибатњои байналмилалї дар њамкорї бо нињодњои байналмилалию минтаќавї дар пазироии як ќатор ташабусу пешнињодњои кишвар ифода мешавад. Чунончи, эълони Соли байналмилалии оби тоза дар соли 2003, тасдиќи Дањсолаи амалиёти «Об барои њаёт барои солњои 2005-2015» ва Соли байналмилалии њамкорї дар соњаи об эълон гардидани соли 2013 аз љониби Созмони Милали Муттањид пазируфтани он ифодагари наќши вањдати миллї дар тањкими маќоми байналмилалии Тољикистон мебошад. Имрўз Тољикистонро 147 кишвар мешиносад ва бо 128 давлат робитаи дипломатї дорад, ки он натиљаи сулњу субот ва вањдати миллии кишвар аст. Њамин тариќ, вањдати миллї дар радифи тањкими истиќлолияти давлатї, бањамоии миллат ва рушди он, инчунин дар баланд бардоштани манзалати байналмилалии Љумњурии Тољикистон заминаи устувор гузоштааст. Роњбари давлати тољикон Эмомалї Рањмон барои вањдатофарї ва сањми арзанда доштан дар таъмини сулњи Тољикистон ва тањикими амнияти минтаќа соли 2005 бо медали тиллої «Барои тањкими сулњ ва ризоияти байни халќњо»-и Федератсияи байналмилалии сулњ ва ризоият мушарраф гардидааст, ки он ифодагари эътирофи байналмилалии сарвари давлат ва њукумати он мебошад. Дар баробари ин, сарвари давлат пайваста талош дорад, ки њарчї зудтар дар кишвари њамсоя – Афѓонистон сулњ барќарор шаваду ин сарзамин аз майдони љанг берун ояд. Воќеан дар симои шахсияти Эмомалї Рањмон њамчун роњбари давлати Тољикистон љомеаи башарї шахси «вусъатбахши дўстона ва њамкории байни мардумонро эътироф кард, ки барои хидматњои арзандааш дар таъмини сулњи минтаќаю байналмилалї бо унвону нишонањои олии давлатњо ва созмонњои гуногуни љањон сарфароз гардонидааст. Чунончи, Ситораи тиллоии Альберт Швейцер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиљањонии тиб дар соњаи илмњои гуманитарї, ордени алмосдори «Звезда Мецената» (Ситораи сарпараст) - Љоизаи олии љамъияти Бунёди байналмилалии хайрия «Меценаты столетия» (Сарпарасти аср), ордени «Ќањрамони миллии Афѓонистон- Ањмадшоњи Масъуд», љоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рўзноманигорони Туркия, ситораи ёќути «Миротворец» (Сулњовар), медали тиллоии Маљлиси халќи (Парлумон)-и Мисри Араб, Нишони фахрии ИДМ, Ордени Шўрои Олимпии Осиё, медали тиллої арљгузорї ба Мавлоно Љалолиддини Балхї (Рум)-и ЮНЕСКО, Ордени тиллоии Эњёи роњи абрешим, Медали тиллоии ба номи Николай Блохин - мукофоти олии Академияи илмњои Федаратсияи Руссия, Ордени «3 Ситора дараљаи 1» бо занљири тиллоии Љумњурии Латвия, Ордени Княз Ярослави Њаким дараљаи 1-и Украина, Нишони Покистон – олитарин мукофоти давлатии Љумњурии Исломии Покистон»[6] ва ѓайра.

Њамаи ин эътирофу сарфарозињо ва нуфузи байналмилалии Тољикистон натиљаи зањмату талошњои пайгиронаи роњбари давлати Тољикистон, ки дар бањамоии љомеаи Тољикистон, яъне таъмини вањдати миллї чун мањаки нигоњдорандаю тањкимбахши истиќлолияти давлатї мусоидат намудааст, сарчашма мегирад.



[1] Ниг.: Рўзномаи «Миллат», №15 (397) 10.04.2013. Сањ. 5

[2] Ниг.: Рўзномаи «Бизнес и политика», №6 (57) 8 февраля 2007 г. –С.1

[3] Ниг.: Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 апрели соли 2013

[4] Ниг.: Салимов Н. Фалсафаи вањдати миллї. Душанбе, 2000. С.12.

[5] Ниг.: Убайдуллоев М. Вањдат – раванди муттасил // Рўзномаи «Садои мардум», №67 (3052) 6 июни соли 2013. Сањ.2.

 

Сулаймонов Ф.С.,
дотсенти кафедраи њуќуќи байналхалќии
факултети њуќуќшиносии ДМТ


БАЪЗЕ АЗ МАСОИЛИ ТАТБИЌИ МОДДАИ 13-и КОНСТИТУТСИЯИ (САРЌОНУНИ)
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Вањдати миллї ва сањми он дар инкишофи давлатдории миллии мо хеле бузург мебошад. Зеро мањз аз вањдат ва ягонагию сарљамъии миллат тамоми рукнњои давлатдорї инкишоф ёфта, бањри дар амал татбиќ намудани сиёсати давлатї равона карда мешаванд. Ноил шудан ба вањдати миллї, барои эъмори љомеаи њуќуќбунёд, демократї ва дунявї ќадами устувор буда, барои Тољикистони соњибистиќлол як сањифаи нави худ­ро дар самти бунёди давлати мустаќил ва ягона кушод.

Дар ноил шудан ба вањдати миллї ва ягонагию сарљамъии халќи тољик сањми Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистонва дигар ќонунњои кишвар хеле калон мебошад, зеро ќонун воситаи ба амал баровардани сиёсати давлатї буда, дар он њадафњои сиёсати дохилї ва хориљии давлат таљассум мегарданд.

Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки худ ба сифати ќонуни асосии кишвар баромад менамояд, дар худ асосњои сохтори конститутсионии давлат, кафолати њуќуќ ва озодињои асосии инсон ва шањрванд ва дигар масъалањои њаётан муњимро мавриди танзим ва асосгузорї ќарор додааст.

Меъёрњои конститутсионї, мустаќиман амал намуда, бо ин ва баъзе аз дигар хусусиятњо аз меъёрњои дигари њуќуќї фарќ менамоянд. Албатта, ин суханњо маънои кам намудани моњият ва мазмуни дигар меъёрњои њуќуќиро надорад.

Хусусияти дигари хоси меъёрњои Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон - ин ба сифати асос ба дигар меъёрњои њуќуќї баромад намудан ва муќаррар намудани табиат ва моњияти њуќуќии ин меъёрњо мебошад. Чунончї, он меъёрњое, ки дар боби аввали Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дарљ гаридидаанд ба сохтори конститутсионии кишвар бахшида шуда, бањри бунёди давлати демократї ва њуќуќбунёд равона гардидаанд. Дар моддаи 12-и Конститутсия оид ба кафолати давлатии тамоми шаклњои моликият: моликияти хусусї сухан рафта, ин меъёри конститутсионї-њуќуќї заминаи асосии мустањкам ва инкишофи яке аз принсипњои асосии ќонунгузории гражданї – принсипи дахлнопазирии моликияти хусусї баромад менамояд.

Дар байни ин меъёрњо сањми хосаро моддаи 13-и Конститутсия низ доро мебошад, ки заминаи асосии ба њайси объектони моликияти истисноии давлат будани замин, об, фазои њавої, олами наботот ва њайвонотро эълон намудааст.

Меъёри мазкури Конститутсия муќарраркунанда ва мустањкамку­нандаи томият ва ягонагии ќаламрави давлат буда, ба ѓайр аз моњият ва мазмуни њуќуќии худро доро будан, инчунин он бештар хусусияти сиёсї дош­та, барои ба амал баровардан ва ноил шудан ба њадафњои давлати Тољикистон равона карда шудааст.

Моњияти категорияи њуќуќии «моликияти истисної» маънои бештар конститутсионї-њуќуќї дошта, мањз аз њамин нуќтаи назар бояд мавриди баррасї ва истифодабарї ќарор гирад. Аз љумла, моликияти истисної намуд ва ё шакли моликият набуда, он дар ин шакл низ баромад намуда наметавонад. Зеро, њамеша ба сифати объектони њуќуќи моликият ашёи бо нишони инфироди муайяншуда баромад намуда, вобаста аз ин, баъзе хусусиятњои њукуќи моликиятї њамчун категорияи гражданї-њуќуќї муќаррар карда мешаванд. Чунончї, њимояи њуќуќи моликият танњо бо даъвоњои виндикатсионї ва негаторї, ќатъ шудани њуќуќи моликият ба маънои субъективї бо нобуд шудани ашё ва ѓайрањо.[1]

Бинобар ин, он объектњое, ки ба сифати объектони моликияти истисної дар Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон эътироф карда шудаанд, ба сифати ашё эътироф карда намешаванд. Пас, масалан нисбати замин њуќуќи моликият муќаррар карда шуда наметавонад, зеро категорияи «замин», ки худ ба сифати ашё, яъне дар шакли материалї баромад намояд њам, аммо он ба сифати ашёи бо нишони инфиродї муайяншуда баромад намекунад. Ин гуна муќаррарот нисбати дигар объектоне, ки дар моддаи 13-и Конститутсия дарљ карда шудаанд, ба пуррагї татбиќ шуда метавонанд, зеро ягонтои аз онњо ба сифати ашё бо нишони инфиродї муайяншуда баромад карда наметавонанд.

Аммо, мутаассифона, моњият ва мазмуни меъёре, ки дар моддаи 13-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мустањкам карда шудааст, на дар њамаи ќонунњои љорї бо назардошти табиати њуќуќии моликияти истисної ба таври дахлдор мустањкам карда мешаванд. Аз љумла, дар моддаи 238-и Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ќайд карда мешавад, ки ќисми таркибии моликияти давлатиро хазинаи давлат ташкил менамояд. Инчунин, дар меъёри мазкур дарљ карда мешавад, ки ба њайси ќисми таркибии хазина объектони моликияти истисної низ баромад менамоянд. Пас, маълум мегардад, ки давлат дар муносибатњои молу мулкї бо хазинаи худ, яъне ќисман бо объектони моликияти истисноии худ баромад менамояд ва њангоми ба љавобгарии гражданї-њуќуќї љалб намудани давлат, объекти рўёнишро нисбати ин объектон метавон равона карда шавад.

Чунин њолат мухолифи муќаррароти моддаи 13-и Конститутсия буда, дар њолати татбиќи он зарари калон ба асосњои сохтори конститутсионии давлат расонида мешавад. Инчунин, бояд дар назар дошт, ки имрўзњо кишвари мо аъзои як ќатор созмонњои байналмилалї буда, санадњои гуногуни њуќуќии байналмилалиро мавриди эътироф ќарор додаем. Мутобиќи ќисми 3-юми моддаи 10-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон санадњои њуќуќии байналмилалї ќисми таркибии низоми њуќуќии кишварро ташкли намуда, њангоми мухолифати ќонунњои кишвар бо муќаррароти онњо, муќаррароти ин санадњои њуќуќии байналмилалї амал менамоянд. Яке аз чунин санадњои њуќуќии байналмилалї ин Конвенсия оид ба эътироф ва иљроиши ќарорњои арбитражи байналмилалї (Ню-Йорк, соли 1958) мебошад.

Мутобиќи муќаррароти ин Конвенсия, њангоми ќабули ќарор аз љониби арбитражњои давлатњои хориљї, дар њоле, ки агар љавобгар шањрванди Љумњурии Тољикистон ва ё шахси њуќуќии Тољикистон бошад, пас ин ќарори арбитражњо дар Љумњурии Тољикистон мутобиќи тартиботи дар худи Конвенсияи дарљшуда ва ќонунгузории кишвар муќарраркарда бояд мавриди иљро ќарор гирад.

Албатта, дар ќонунгузории кишвар љавобгарии мустаќили шахсони њуќуќї, шањрвандон ва давлат пешбинї карда шуда, онњо барои ўњдадорињои якдигар масъул нестанд. Чунин масъулият танњо дар њолатњои муќарраркардаи ќонун љой дошта метавонад. Аз он љумла, мутобиќи моддаи 132-и Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон њангоми ба љавобгарї љалб намудани муассисањои давлатї, давлат ба љавобгарии субсидиарї љалб карда мешаванд. Аз ин лињоз, њангоми ба љавобгарї љалб намудани муассисањои давлатї мутобиќи ќарори арбитражњои байналмилалї, давлат низ ба љавобгарї бо тамоми моликияти худ, аз љумла бо моликияти истисноии худ љалб карда мешавад, ки ин њолат ба манфиати рушду нумўи кишвар нест.

Масъалаи дигаре, ки вобаста ба моддаи 13-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мехоњем баён намеоем, ин баъзе аз масоили њуќуќи заминистифодабарї дар Љумњурии Тољикистон мебошад.

Мусаллам аст, ки мутобиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйироту илдовањо ба Кодекси замини Љум­њурии Тољикистон», ки аз санаи 01.08.2012с. мавриди амал ќарор дода шудаст, њуќуќи заминистифодабарї ба сифати объекти хоси муносибатњои гражданї-њуќуќї эътироф карда шуда, он метавонад дар ин асос ба сифати объекти шартномањои хариду фурўш, иљора, њадя ва ѓайрањо баромад намояд.

Чунин «инкишофи» ќонунгузории замини Љумњурии Тољикистон боиси таассуф буда, он на танњо мухолиф ба моддаи 13-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, балки ба моњият ва мазмуни њуќуќи заминистифодабарї њамчун яке аз њуќуќњои мањдуди ашёгї (м.241-и Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон) мухолиф мебошад. Зеро, новобаста аз бањснок будани худи конструксияи њуќуќии «њуќуќи заминистифодабарї њамчун њуќуќи мањдуди ашёгї», ба сифати объекти њуќуќи гражданї эътироф намудани он басо бањснок ва барои инкишофи муносибатњои љамъиятї хавфнок мебошад.[2]

Моњиятан ба сифати объекти шартномањои гуногун эътироф намудани њуќуќи заминистифодабарї ба худ муќаррароти Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон низ мухолиф мебошад, зеро объекти шартномањои гражданї-њуќуќї ё ашё ва ё њуќуќи амволї эътироф карда шудааст, ки њуќуќи заминистифодабарї ба ягоне аз онњо мансуб намебошад. Пас, аз ин бармеояд, ки муќаррароти Кодекси замини Љумњурии Тољикистон дар ин бобат бо муќаррароти Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон мухолифат менамояд. Мутобиќи таѓйироту иловањо ба Кодекси замини Љумњурии Тољикистон ба сифати предмети танзими кодекси мазкур муносибатњои молумулкї дар соњаи заминистифодабарї низ эътироф карда шудаст, ин њолат аз дигар муќаррароти бањсноки Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйироту иловањо ба Кодекси замини Љумњурии Тољикистон» мебошад. Пас мутобиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёри њуќуќї» (м.70), муќаррароти Кодекси замини Љумњурии Тољикистон аз муќаррароти Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон дар ин њолат бартарї дорад.

Пас њолате ба миён омадааст, ки моддаи 13-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон заминро ба сифати моликияти истисної эътироф менамояд ва Кодекси замини Љумњурии Тољи­кистон бошад њуќуќи заминистифодабариро ба сифати объекти муносбатњои молумулкї эътироф намуда, бо ин васила заминро ба сифати объекти муносибатњои молумулкї эътироф намуд. Аз ин љо бармеояд, ки дар ин самт муќаррароти Кодекси замини Љумњурии Тољикистон мухолифи моддаи 13-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мебошад ва дар асоси моддаи 10-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон њангоми танзими ин муносибатњо бояд муќаррароти моддаи 13-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон амал намояд.



[1] Ниг.: Сулаймонов Ф.С. Проблемы вещных прав по законодательству Республики Таджикистан: на примере исключительной собственности государства / Законодательство. №3 (7), июль-сентябрь 2012. С.50-56

[2] Ниг.: Сулаймонов Ф.С. К вопросу о праве землепользования в Республике Таджикистан / Становление гражданского законодательство Республики Таджикистан: юбилейный сборник научных статей, посвященный десятилетию кафедры гражданского права Российско-Таджикского (славянского) университета. Д., 2012. С. 149-163.

Саидвалиева Б.С.


муовини Директори Маркази миллии

ќонунгузории назди Президенти

Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќ

ВАЊДАТИ МИЛЛЇ ОМИЛИ ХУШБАХТЇ
ВА РУШДИ КИШВАР

Пас аз барњам хурдани давлати абарќудрати Шўравї, Тољикистон дар ќатори дигар кишварњо мустаќилият пайдо намуд. Аммо мухолифати љонибњо, ављ гирифтани унсурњои љинояткор, талоши сиёсатмадорони худхоњ барои њокимият ва мањалгарої кишварамонро ба љанги тањмилї кашид. Президенти љумњурї муњтарам Эмомалї Рањмон сабабњои асосии љанги тањмилиро шарњ дода, ќайд намудаанд, ки «муборизаи ошкоро барои њокимият, талошњои бо роњи зиддиќонунї, зўроварї ва зидидемократї ба даст овардани он дар љомеа тафриќа андохта, ба љанги бемаънии бародаркуш оварда расонид».[1]

Бар асари љангу нобасомонињо мо њисороти калони молию љонї дидем. Њисороти моддии љанги бародаркуш зиёда аз 7 миллиард доллари ИМА ва њисороти љуброннашавандаи љонї бошад фавти зиёда аз 150 њазор нафар шањрвандро дар бар мегирад, ки дар натиља 55 њазор кўдак ятим монда, 25 њазор зан бе саробон гаштанд.[2]

Љанги тањмилї иќтисодиёти кишварамонро ба солњои зиёд аќиб партофта, боиси зиёд шудани гурезањои тољик дар хориљи кишвар гашт. Ѓайр аз ин, муттахассисони соњаи тиб, иќтисодиёт, њуќуќ ва дигар соњањо кишварамонро тарк намуданд. Ќисмати дигари онњо аз љониби афроди љиноятпеша ба ќатл расонида шуданд.

Њукумати онваќта аз уњдаи иљрои вазифањои дар пешистода набаромад, ки дар натиља амалњои љинояткорона ва хунрезї ављ гирифтанд, ки мардумро ба ќашшоќї оварда расонид. Вилояти собиќи Кўлоб дар њолати муњосираи иќтисодию наќлиётї ќарор гирифта, нон, маводи хўрока, наќлиёт ва сўзишворї намерасид. Дар ш. Душанбе низ барои харидорї намудани нон мардум аз субњ то шом навбат истода, сипас ба онњо миќдори муайяни нон фўрухта мешуд. Васоити ахбори оммаи њамон ваќтњо танњо мотами фавтидагонро намоиш медод, ки аз ин мардум доимо дар тањлука меафтод.

Вазъи сиёсии кишвар ташвишовар буд, дар љанги тањмилї зархаридони хориљї дар ќатори баъзе шањрвандони гумроњамон бар зидди миллати худ мељангиданд. Вазъияти сарњади Тољикистону Афѓонистон мутташаниљ шуда, тавассути сарњад ба кишварамон гуруњњои террористї ва экстремистию динї фиристода мешуданд.

Дар чунин вазъият, бо маќсади ба эътидол овардани вазъи сиёсию иљтимоии кишвар, 16 ноябри соли 1992 дар Ќасри Арбоби ш.Хуљанд иљлосияи XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон баргузор гардид, ки ба бахти халќи тољик аз љониби вакилон мўњтарам Эмомалї Рањмон Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон интихоб шуд. Раиси тозаинтихоби Шўрои Олї муњтарам Эмомалї Рањмон аз рўзњои аввал дар иљлосияи XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ба њамагон сиёсати сулњљўёнаро талќин менамуд: «Мусолињаи миллї барои љумњурї чун обу њаво зарур аст. Мо танњо бо роњи вањдат, якдигарфањмї истиќлолияти кишварро муњофизату пойдор ва ягонагии мардуми љумњуриро устувор карда метавонем. Анљоми њамаи љангњо оштист, хоса низоъњое, ки дар сари љањлу ѓазаб, нофањмї ё бо ангезаи ќуввањои бадхоњ байни бародарон сар мезанад. Имрўз Тољикистон бо марњилаи нав ќадам мегузорад ва њар як фарзанди он агар нангу номус дошта бошад, дар ин љањони пуртазод бояд ѓами ояндаи фарзандони худ ва давлату миллатро хўрад». Бо чунин суханрониву наќшањо, ниятњо ва аз њама муњимаш ифода ва дастгирї кардани манфиатњои мардум Раиси Шўрои Олї муњтарам Эмомалї Рањмон муњаббату боварии мардумро соњиб гашт. Иќдому амалњои шоистаи Сарвари давлат дар мавриди музокироти сулњ, баргардонидани гурезањо, ќатъи љангу хунрезї, барќарор намудани артиш ва дигар сохторњои ќудратї, халъи силоњ намудани гурўњњои ѓайриќонунии мусаллањ, бо озўќа таъмин кардани мардум, фањмонидани њадафњои сулњ ва вањдати миллї боварии њамагонро ба ояндаи нек ќавї гардонид.

Соли 1996 дар арафаи ба имзорасии Созишномаи умумї оиди ба истиќрори сулњ дар Тољикистон, Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон барои вохурї ба собиќ роњбари мухолифин ба Афѓонистон ба кишваре, ки он љо солњо љанги шањрвандї идома дорад, сафар намуд, ки ин амал ифодаи љасорату масъулиятшиносии ўро нишон медињад.

Президенти кишвар тавонист бо кўшишу ѓамхорињои худ гурезањои тољикро ба Ватан баргардонида, бо маќсади ба эътидол овардани вазъи сиёсї нафароне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 љиноят ва амалњои ѓайриќонунї содир кардаанд ,аз љавобгарии љиної, интизомї, маъмурї озод намояд. Њамзамон бо маќсади оромию осудагии мардум Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон мушкилоти тољиконро бо роњи мусолиња њал намуд, то сулњро дар кишвари азизамон барќарор намояд.

Дар воќеъ, њиммати баланди бахшандагї ва заковату дурандешии фозилонаи Сарвари давлатамон ва сарвари собиќ мухолифин буд, ки саннаи 27 июни соли 1997 дар шањри Маскав созишномаи сулњ ба имзо расид, ки он сазовори ситоиш аст. Ин амали неки хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрўзаро ба бор овард, дар таърихи халќи тољик бо њарфњои заррин сабт гаштааст. 27 июни соли 1997 ба таърих њамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тољикистон ворид гашт. Таљрибаи сулњи тољикон аз љониби Созмони Милали Муттањид њамчун таљрибаи беназир пазируфта шудааст. Дар муддати кўтоњ ба итмом расидани љанги тањмилї бори дигар нишонаи матонату садоќат ба Ватан, аќлу заковат, ватандўстию масъулиятшиносии Сарвари давлатамон Эмомалї Рањмон мебошад.

Пас аз ба даст овардани вањдати миллї сохти конститутсионї дар давлат барќарор гардида, парлумони касбї - Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, артиши миллї ва ќуввањои сарњадї таъсис ёфтанд, сафи занњои роњбарикунанда дар мамлакат зиёд гаштанд, сохтмони роњњои дохилї ва ањамияти байналмилалї, нерўгоњњои барќї анљом ёфтанд, муассисањои таълимии замонавї зиёд гаштанд. Тољикистон бо роњи давлати дунявию демократї устуворона пеш рафта, корхонањои муштарак биноњои замонавї, тараќќиёти энергетика, арзи вуљуд доштани ањзобу њаракатњои сиёсї, ташкилотњои ѓайридавлатї нишонаи он аст, ки сулњу вањдат дар мамлакат барои рушди њамаи соњањои хољагии халќ заминаи мусоид фароњам овардааст.

Моро зарур аст, ки ба ќадри неъмати бузурги соњибватан ва соњибдавлат будан, осоиштагию сулњу вањдати кишварамон бирасем, онро муќаддас донем. Аз сабаќу дастовардањои нодири сулњофаринамон тамоми дунёро бохабар созем, зеро то њанўз халќу миллатњое њастанд, ки давлати мустаќили миллии худро надоранд, ва дар љањони муосир муборизањои миллии озодихоњї идома доранд.

Мо ифтихор аз он дорем, ки бо Фармони Президенти Тољикистон санаи 27 июни соли 1997 иди умумихалќї эълон гардидааст, ки ин ид тимсоли сулњ, њамдигарфањмї ва осоиши љомеа буда, боиси эњёи маънавї, иќтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои њаёти њозираву ояндаи неки Тољикистон аст.



[1] Рахмонов Э.Ш. Политика мира и создания. Выступления и речи. – Душанбе. 2001. –С.9.

[2] История таджикского народа. – Т. 6. – Душанбе. 2011. –С.456.


 

Темиров В.Т.
Проректор оид ба корњои илмии

Донишкадаи такмили ихтисоси

Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон

НАЌШИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАЊИД
ДАР МУЗОКИРОТИ СУЛЊИ ТОЉИКОН

Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї, ки пас аз музокироти сулњи тољикон дар заминаи гуфтушунид ва мулоќотњо дар сатњи гуногун дар шањри Москваи Федератсияи Россия 27 июни соли 1997 ба имзо расид, ба он замина гузошт, ки дар Тољикистон сулњи комил барќарор шуда, соњањои иќтисодиву иљтимої рушд намояд, ислоњоти сиёсиву њуќуќї гузаронида шавад. Барои бунёди давлати демократии њуќуќбунёд, дунявї ва ягона ва ташаккули љомеаи шањрвандї шароит фароњам оварда шавад.

Дар сањифањои таърихи Тољикистон охирњои соли 1989 ва аввали соли 1990 бо он хотирнишон гардид, ки дар ин давра њаракату гурўњњо ва њизбњои гуногуни сиёсиву ѓайрисиёсї, аз ќабили «Растохез», «Лаъли Бадахшон», «Њисори шодмон», «Њамдилон», «Мењри Хатлон» ва монанди инњо ба арсаи майдон омада, вазъи мављудаи љамъиятї ва давлатиро торафт ноором сохта, барои тасарруфи њокимияти давлатї кўшиш менамуданд. Дар баробари ин вазъи сиёсї дар ИЉШС хуб набуда, ќуввањои марказгурез њарчї бештар зуњур намуда, руњияи истиќлолиятхоњии љумњурињои собиќи шўравї торафт боло мерафт.

Њаракату гуруњњо ва њизбњои гуногуни сиёсї аз ин вазъ ба хубї истифода намуда, амали худро њарчї бештар љоннок намуда, фаъолияти муътадили њукумати феълї ва дигар шохањои њокимияти давлатиро халадор менамуданд. Онњо бо истифода аз вазъи ба миён омада аз 11 то 17 феврали соли 1990 дар пойтахти Тољикистон - шањри Душанбе гирдињамої, намоиш, эътироз ва дигар навъи тазоњуроти сиёсиро ба амал оварданд, ки дар асари он заминаи истеъфои се маќомоти аввали њизбї, давлатї ва њукуматии Тољикистон фароњам гардид[1]. Ин маънои ољизии њукумати феълиро дошта, барои ба манфиати худ њал намудани вазъият аз тарафи њаракату гуруњњо ва њизбњои гуногуни сиёсї заминагузорї намуд. Маълум шуд, ки Њизби коммунист ва Њукумати Љумњуquot;;рии Тољикистон дар муќобили ќуввањои муташаккили нави сиёсї, ки асоси пешбарандаи онро љавонон ташкил медо д, ољиз буда, имкони идораи љомеаро надоранд, ки далели он имзои истеъфои се роњбар - Котиби якуми Њизби коммунисти Љумњурии Тољикистон, Раиси Президиуми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва Раиси Шўрои Вазирони Љумњурии Тољикистон рўзи 14 феврали соли 1990 ба шумор мерафт[2].

Соли 1991 нуќтаи кулминатсионии давраи болоравии мољароњои сиёсї, давраи шурўи майдоннишинињо ва гуруснанишинињои сиёсї, замони ташаккули расмии њизбњои сиёсї дар Тољикистон буд[3]. Аз 26 марти соли 1992 то 17 майи соли 1992 дар майдони Шањидон митинги фавќулодда тањти шиорњои сиёсии зиддињукуматї баргузор гардид, ки иштирокчиёни он танњо бо баргузор намудани митинг мањдуд нагардида, аъзоёни њукумат ва парламентро ба гаравгон гирифтанд. Дар љавоб моњи майи соли 1992 дар майдони Озодї митинги тарафдорони њокимияти конститутсионї баргузор гардид, ки онњо мавќеи њокимияти конститутсиониро дастгирї намуда, раиси љумњурро њимоя мекарданд. Дар натиља, дар рафти он муќовимат аввалин кушторњо ба амал омаданд, ки ин амалан оѓози љанги шањрвандиро дар назар дошт[4].

Бо назардошти он, ки вазъи сиёсї аллакай аз тањти идоракунї баромада, дахолати ќуввањои сеюми миёнаравро талаб менамуд, иљрокунандаи вазифаи Президенти Љумњурии Тољикистон А. Искандаров ба Созмони Милали Муттањид љињати ба эътидол овардани вазъи сиёсї мурољиат намуд. Дахолати СММ-ро ба муноќишањои сиёсии Тољикистон њамчунин мавќеи гуногуни тарафњои даргир, сатњи баланди нобоварї нисбати њамдигар, эътироф нагардидани тарафњои даргир аз љониби дигар талаб менамуд.

Мавриди зикр аст, ки ба узвияти СММ пазируфта шудани Љум­њурии Тољикистон ба замоне рост омад, ки нооромињои сиёсї ба нуќтаи баландтарини худ расида, љанги шањрвандї оѓоз гардида буд.

Котиби генералии СММ пас аз тањлили њаматарафаи вазъи сиёсї 29 октябри соли 1992 ќарор ќабул намуд, ки ба Тољикистон гурўњи сулњофарро иборат аз намояндагони СММ ирсол намояд. 30 октябри соли 1992 дар паёмади ќарори Котиби генералии СММ дар бораи ирсоли гурўњи сулњофар ба Тољикистон иборат аз намояндагони СММ изњороти Дабири Шўрои амнияти СММ ба вуќўъ пайваст, ки он тарафњои даргиро барои њарчи зудтар оѓоз намудани музокирот даъват намуда, пешгирї шудани хунрезињоро талаб намуд. Вазъи феълии Тољикистон њамчунин дар иљлосияи 3131 Шўрои амнияти СММ мавриди баррасї ќарор гирифт, ки дар он Дабири Шўрои амнияти СММ бори дигар аз њолати ба миён омада изњори нигаронї намуд.

Пас аз омўзиши иловагии вазъи сиёсї ва аз наздик шинос шудан ба он СММ 23 декабри соли 1992 ќарор ќабул намуд, ки ба Тољикистон гурўњњи муттањидаи СММ-ро иборат аз нозирон вобаста ба масоили њарбї, сиёсї ва башардўстї ирсол намояд. Гурўњи муттањидаи СММ вориди Тољикистон гардида, ба кори худ аз 21 январи соли 1993 шурўъ намуд.

Намояндагии СММ дар Тољикистон баъди омўзиши пурраи вазъи сиёсї љињати таъмини оташбас, пешгирии хунрезї, ба сари мизи музокирот овардани тарафњои даргир ќадамњои љиддиро пеш гузошта, чорањои мушаххаси амалиро пиёда намуд. Бо ин маќсад Котиби генералии СММ 26 апрели соли 1993 дар хусуси таъини Фиристодаи махсуси СММ дар Тољикистон ќарор ќабул намуд, ки наќши Фиристодаи махсуси СММ-ро дар ба даст омадани сулњу суботи Тољикистон ба таври алоњида ќайд кардан мебояд[5].

Фиристодаи махсуси СММ дар Тољикистон Исмат Киттанї 16 майи соли 1993 вориди Душанбе гардида, кори худро аз гузаронидани вохўриву мулоќот бо сарвари давлат Э.Ш. Рањмонов, сарвазир ва вазири корњои хориљї оѓоз намуд. Ў њамчунин бо маќсади анљом додани вохўриву мулоќот бо намояндагони мухолифин, даста ва гурўњњои гуногуни мусаллањ ба шањри Хоруѓ бо сафари хизматї ташриф оварда, бо онњо мулоќот баргузор намуд, ки натиљаи мулоќот дар шањри Душанбе бо як ќатор намояндагони мухолифини тољик мавриди баррасї ќарор гирифт.

Фиристодаи махсуси СММ дар Тољикистон бо гузаронидани вохўриву мулоќот бо роњбарони феълии Тољикистон, даставу гурўњњои гуногуни мусаллањ ва намояндагони мухолифини тољик мањдуд нагардида, вазъи сиёсии Тољикистонро њамчунин бо роњбарони як ќатор давлатњои дўсту бародар, ки онњо дар минбаъда ба сифати мизбони музокироти сулњи тољикон баромад намуда, дар раванди ноилгардии сулњу субот дар Тољикистон наќши њалкунандаро бозиданд, мавриди баррасї ќарор дод. Ба сифати давлатњои ќабулкунандаи музокироти сулњи тољикон пеш аз њама Афѓонистон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Федератсияи Россия, Эрон, Покистон, Туркманистон ва Ўзбекистон, њамчунин шахсиятњои алоњида ба монанди Бурњониддин Раббонї, Ањмадшоњи Масъуд ва монанди инњо баромад намуданд, ки њар яке ин давлатњову шахсиятњо дар музокироти сулњи тољикон сањми арзандаи худро гузоштанд.

20 августи соли 1993 маърўзаи Котиби генералии СММ дар бораи вазъи сиёсии Љумњурии Тољикистон эълон гардид, ки дар он роњи асосии њалли масъала набудани муноќишаи сиёсї ќайд гардида, њарчи зудтар гирифта шудани пеши хунрезињои ноњаќ дарљ шуда буд. Аз љумла, дар маърўза зикр гардид, ки тарафњо њарчи зудтар ба сари мизи гуфтушунид нишаста, музокиротро оид ба сулњ оѓоз намоянд. Бо ин маќсад Котиби генералии СММ Фиристодаи махсуси СММ дар Тољикистонро уњдадор намуд, ки ба пойтахти Љумњурии Исломии Афгонистон - шањри Кобул ташриф оварда, масъалаи ваколати худро дар Тољикистон баррасї намуда, бо фикру андеша ва мавќеи роњбарони мухолифини тољик дар Афѓонистон шинос гардад. Ин амалњо ба маќсаде равона гардида буданд, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон ва мухолифини тољик ба сари мизи гуфтушунид нишаста, масъалаи сулњу субот дар Тољикистонро муњокима намоянд.

Дар натиљаи кўшишњои пайваста, намояндагони СММ тавонистанд тарафњои даргирро барои оѓози музокироти сулњ водор намуда, барои иштироки давлатњои дўсту бародар - Афѓонистон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Эрон, Федератсияи Россия ва Ўзбекистон ба сифати мушоњидон ба мувофиќа оянд.

Сањми беандозаи намояндагони СММ-ро дар музокироти сулњи тољикон ќайд намуда, ёдовар бояд шуд, ки бо шарофати саъю талошњои намояндагони СММ моњњои феврал-марти соли 1994 љињати пешбурди музокироти сулњ гурўњи музокиракунандагон таъсис ёфт, ки дар он аз њарду тараф дањ нафар намоянда иштирок доштанд. Дар ин дастовард сањми намояндагони СММ, бахусус Фиристодаи махсуси СММ беандоза назаррас буда, дар раванди сулњи тољикон њодисаи беназир мањсуб меёбад, ки вай барои оѓози музокироти сулњи тољикон заминаи зарурї ва мусоидро фароњам овард.

19 майи соли 1994 дар Шўрои амнияти СММ маърўзаи навбатии Котиби генералии СММ оид ба вазъи сиёсии Љумњурии Тољикистон баррасї гардид, ки дар он аъзоёни Шўро нисбати кўшишњои намояндагони СММ љињати ба эътидол овардани вазъ ва ба мизи гуфтушунид овардани тарафњои даргир ќаноатмандии худро иброз намуда, аз натиљаи гуфтушуниди тарафњои даргир дар шањри Москваи Федератсияи Россия, ки дар он тарафњо омодагии худро љињати муколамаи сиёсї иброз намуданд, изњори умед карданд. Онњо натиљаи гуфтушунидро нек арзёбї намуда, ќайд намуданд, ки даврањои минбаъдаи он боз њам таќвият дода шавад.

Дар даврањои музокироти сулњи тољикон хизматњои Фиристодагони махсуси СММ, ходимони намоёни сиёсї Л. Бота, И. Киттанї, Р.П. Балон, Дарко Шилович, Г.Д. Мерем, Ян Кубиш, Иво Петров нињоят назаррас буд. Аз рўзњои аввали оѓози музокироти сулњи тољикон то ба охир расидани он кўмаки беѓаразонаро ба тарафњои даргир корманди масъули котиботи СММ И. Горяев расонид, ки он шоёни тањсин аст.

Дар баробари хизматњои намояндагони СММ њамчунин хизмат­њои нозирони њарбии СММ-ро низ ба таври алоњида ќайд кардан ба маврид аст, ки дар тўли фаъолияти онњо дар Љумњурии Тољикистон намояндагони зиёда аз 30 давлати љањон ба чунин сифат адои вазифа намуданд. Хизмати онњо низ дар бадастории сулњу суботи Тољикистон беандоза буда, тавонистанд дар музокироти сулњи тољикон сањми худро гузоранд. Нозирони њарбии СММ ба фаъолияти худ дар Љумњурии Тољикистон 15 майи соли 2000 хотима гузоштанд[6].

Иштироки СММ дар музокироти сулњи тољикон агар аз як тараф барои барќарор гардидани сулњу субот дар Тољикистон мусоидат намуда бошад, аз тарафи дигар мусоидат ба он намуд, ки СММ дар самти барќарор намудани сулњу субот дар минтаќањои љангзада таљрибаи бесобиќаро аз худ намояд, ки чунин нуќтаро Котиби генералии СММ Кофи Аннан њангоми мулоќот бо Президенти Љумњурии Тољикистон Э.Ш. Рањмонов 1 октябри соли 1999 арзёбї намуда буд.

Њамин тавр, дар асоси тањлили наќши СММ дар музокироти сулњи тољикон ба хулосае омадан мумкин аст, ки он хислати гуно­гунљабња дошта, танњо бо фаъолияти миёнаравї мањдуд нагардида, њамчунин дар омода намудани музокирот ва лоињаи њуљљатњои хотимавии музокирот, интихоби љой, ваќт ва замони музокирот, љустуљўи шартњои ќобили ќабули њамагон зоњир мегардад. Ин маънои онро дорад, ки намояндагони СММ ягона тарафе буданд, ки бо намояндагони иштирокчиёни музокироти сулњи тољикон - намояндагони мухолифин ва Њукумати Љумњурии Тољикистон, ќумондонњои сањрої, ќўшунњои сарњадии Федератсияи Россия дар Љумњурии Тољикистон, роњбарон ва намояндагони кишварњои миёнарав ва дигар иштирокчиён бевосита мулоќот намуда, њар як се моња барои маърўзаи навбатии Котиби генералии СММ дар бораи вазъи сиёсии Љумњурии Тољикистон маводњои зарурї ирсол намоянд, ки тавассути ин маводњо бањо додани вазъи сиёсии Тољикистон мусоидат ба он намуд, ки дар сатњи СММ ва Шўрои амнияти СММ ќарорњои муњими хислати њарбию сиёсї дошта ќабул карда шаванд. Дар баробари ин СММ диќќати ташкилотњои њукуматию ѓайрињукуматї ва давлатњои мададрасонро ба вазъи сиёсии Тољикистон љалб намуда, сањми худро дар расонидани ёрии башардўстона гузоштааст, ки ин хизматњо аз хотирањо зудуда нахоњанд шуд.



[1] Ниг.: Бунёди давлатдории навин. // Дар зери тањрири Убайдуллоев М. - М.: Радуница, 2002. - С. 14.

[2] Тољикистони советї. - 1990. - 15 феврал.

[3] Ниг.:Бунёди давлатдории навин. // Дар зери тањрири Убайдуллоев М. - М.: Радуница, 2002. - С. 15.

[4] Ниг.: Набиева Р., Зикриёев Ф. Таърихи халќи тољик. Китоби дарсї. - Д., 2011. - С. 94-95.

[5] Ниг.: Дипломатия Таджикистана: вчера и сегодня. В двух томах. Том 1. // Под общ. ред. Зарифи Х. - Д., 2009.

[6] Центральная Азия: три государства в условиях кризиса. Отчёт МГПК по Азии, №7, 7 августа 2000.

 


Ќодиров С.А.
ёрдамчии Ваколатдор оид ба њуќуќи

инсон дар Љумњурии Тољикистон

ВАЊДАТИ МИЛЛЇ ВА НАЌШИ ОН ДАР
ТАЊКИМИ ИСТИЌЛОЛИЯТИ ДАВЛАТЇ

Дар низоми давлатдорї яке аз самтњое, ки њамеша мавриди таваљљўњ ва пайгирї ќарор дорад, тањкими истиќлолияти давлатї мебошад. Кишварњо новобаста аз тавоної, дорої, таљрибаи давлатдорї ва маќому манзалат дар арсаи байналмилалї, сиёсати муайян ва мушаххасро дар робита ба тањкими соњањои гуногун ва дар маљмўъ худи давлат пиёда месозанд. Чунин нуќтаи назар, ки давлатњо танњо дар давраи ба даст овардани истиќлолият ва дар зинањои аввали давлатсозї ба тањкими истиќлолияти давлатї ањамият медињанд, ѓалат буда, ин раванд бо мављудияти давлат тавъам мебошад.

Тањкими давлат љузъи муњими барномањо ва дурнамои сиёсати дохилї ва хориљї буда, ба ин раванд нињодњо ва манбаъњои муайян равона мегарданд. Иќдомоти ба ин самт равонагашта танњо дар њоле муваффаќ ва њадафрас мегарданд, агар вањдати миллї устувор бошад ва ањолї онро дастгирї намояд.

Дар марњилаи ба даст овардани истиќлолияти давлатї Тољикис­тон мебоист ба Вањдати миллї ва наќши он дар тањкими давлатдорї диќќати махсус дода мешуд, вале мутаассифона, бо сабабњои ба њамагон маълум, ин раванд сарфи назар гардид. Аз ин сабаб, барои расидан ба Вањдати миллї зарурияти паси сар намудани як корзори алоњидае бо номи марњилаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон пеш омад.

Марњилаи мазкур яке аз даврањои њассоси таърихи давлатдории навини тољикон ба њисоб меравад. Њарчанд мавзуъњои асосии музокирот дар ин давра ба масоили бозгашти гурезањо, халъи силоњ, оташбас ва дигар љузъиёт бахшида шуда буданд, вале дар маљмуъ мавзўи мењварии он тавассути истиќрори сулњ ва ризоияти миллї расидан ба Вањдати миллї ва тавассути Вањдати миллї тањким бахшидан ба Истиќлолияти давлатї буд.

Дар даврањои аввали музокироти сулњи тољикон њисси нобоварии љонибњо нисбат ба якдигар эњсос карда мешуд. Пеш аз њама, зимни тањлили маводњо оид ба раванди сулњ мебинем, ки он давлатњо ва шањрњое, ки барои баргузор намудани музокирот интихоб шудаанд, вобаста ба майлу раѓбати љонибњо сурат гирифтааст. Њамин гуна мавќеъгирї дар интихоби аъзоёни гурўњи корї, назоратчиёни раванди музокирот ва њатто мењмонхона барои истиќомати њайатњо низ дида мешавад. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки музокирот дар як муњити нобоварї оѓоз гардидааст ва дар раванди он борњо ќатъ гардидани музокирот ва фаъолияти гуруњои корї далели ин гуфтањост.

Њайати музокирот аз њарду љониб аз намояндагони њамаи мин­таќањои Тољикистон иборат буданд. Љониби њукумат ба њайати худ нафаронеро шомил карда буд, ки дар љанги шањрвандї нисбатан бетараф буданд. Иттињоди мухолифин бошад, шахсони калидии худ­ро ба њайати музокирот шомил карда буд.[1]

Мушкилоти дигар дар роњи расидан ба Вањдати миллї бозгардонидани њамватанони ба хориљ аз кишвар гурезашуда буд. Аммо, ин мушкилотро бозгардонидани гурезањое, ки дар Афѓонистон паноњ бурда буданд, дучанд мекард. Зеро гурезањои дар марзи Афѓонистон буда пурра дар тобеияти мухолифин буданд, ки аз онњо барои њадафњои худ васеъ истифода мебурданд.

Дар ќаламрави мамлакат, аниќтараш дар водии Ќаротегин ва ВМКБ низ чанде аз ќумондонњои мухолифин бо гурўњњои мусаллањи худ боќї монда буданд, ки бо амалиётњои мусаллањона ба раванди баргузории музокирот халал ворид менамуданд.Дар дигар манотиќи љумњурї низ кўшишњои марказгурезї бо њар гуна усул аён мегардид, ки дар маљмуъ зарурати истиќрори сулњ, ризоят ва Вањдати миллиро таќозо мекард.

Ин гурўњњо вобаста ба вазъият гоње худро љузъи Иттињоди мухолифин мешумориданд, гоње дигар бо амалиётњои мусаллањонаи худ аз тобеъ набуданашон дарак медоданд. Њатто, пас аз истиќрори сулњ низ онњо барои ворид намудани халал ба тањкими давлатдорї борњо амалиётњои мусаллањона анљом додаанд, ки воќеањои солњои 1998, 1999, 2010 ва 2012 далели ин гуфтањост.

То ба имзо расидани Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї љињати тањкими Истиќлолияти давлатї як ќатор барномањо дар соњањои гуногуни њаёти љумњурї амалї шуда бошанд њам, бе мављудияти Вањдати миллї дар он марњила оид ба сад дар сад њадафманд ва маќсаднок ба анљом расидани онњо чизе гуфта наметавонем. Яъне, дар вазъияти љангї бе расидан ба сулњ ва субот,њадафмандии кўшишњои тањкими давлатдорї зери суол бурда мешавад.

Ин буд, ки Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон зарурати истиќрори сулњ ва ризоияти миллиро дар раванди минбаъдаи тањкими давлатдорї бо дар хавф гузоштани љони худ зимни як сафари таърихї рўзњои 10-11-уми декабри соли 1996 ба минтаќаи Хусдењи Афѓонистон ба мухолифин ёдрас намуд. Барои он мо мањз ин сафари Президентро ин љо махсусан ќайд менамоем, ки аслан суроѓи сулњ омадан дар ин шароит ва дар ин макон бо назардошти вазъияти Афѓонистон ќањрамонист. Ин иќдом далели он буд, ки Эмомалї Рањмон расидан ба сулњ ва Вањдати миллиро болотар аз њастии худ гузоштааст. Мањз садоќат ва мардонагии Президент мавќеи сулњхоњонаи Њукумати Љумњурии Тољикистонро дар назди мухолифин, lang= давлатњои нозир, созмонњои миёнарав ва дар маљмуъ љомеаи башарї беш аз пеш устувор менамуд. Ин иќдоми Президенти Тољикистон дар як марњилаи њассос ва бо бањонањои гуногун дурї љўстани мухолифин аз музокирот ба раванди минбаъдаи музокироти сулњи тољикон таккони љиддї дода, роњро ба сўи њар чї зудтар ба имзо расонидани Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї кушод.

Гуфтушуниди байни тољикон, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар сатњњои гуногун 216 рўз давом кард, бо ќабули ду њуљљати муњим Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон ва Эъломияи Маскав ба анљом расид.[2] Њарчанд дар дохили кишвар то соли 1997 чандин маротиба миёни љонибњои даргир ва ќумондонњои алоњида созишномањои мухталифи сулњ ва оштї баста шуда бошад, њам созишномаи Маскав дар зоти худ беназир буд.

Ба имзо расидани Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї маънии онро надошт, ки дар Тољикистон њамаи ихтилофоти мављуда бартараф шудаанд. Њисорот ва оќибатњои љанг барои тањкими шохањои давлатдорї ва дар маљмуъ истиќлолияти давлатї монеа эљод мекарданд. Муносибат ба сулњи миёни тољикон низ якранг набуд. Махсусан Ўзбекистон ба ин раванд бо шубња менигарист ва шомил гардидани мухолифини исломгароро ба њайати Њукумати Тољикистон барои амнияти худ хатарзо медонист.[3]

Агар давраи навини давлатдории тољиконро вобаста ба раванд­њои маълум ба марњилањои гуногун таќсим кардан мумкин бошад, пас яке аз чунин марњилабандї давраи то соли 2000 ва баъд аз он шуда метавонад.

Амалисозии иќдомоти муассир дар њаёти сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва фарњангї дар оѓози асри XXI самараи тањкими Вањдати миллї ва тавассути он мусоидат намудан ба рушди давлатдорї мебошад, ки њамагон шоњиди он њастем.



[1] Иброњим Усмон. Сулњнома. – Душанбе: Љамъияти сањњомии навъи кушодаи «Матбуот», 2001. С.17

[2] Иброњим Усмон. Сулњнома. – Душанбе: Љамъияти сањњомии навъи кушодаи «Матбуот», 2001. С.396

[3] История международных отношений (1918-2003), том 3, раздел 4 – Глобализация – Москва 2000




ТАЪИНОТЊОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

 

Т А Ъ И Н О Т И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости раиси Раёсати ЉСК «Соњибкорбонк» Содиќова Њ.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба моддањои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 4 марти соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї - Фирдавсова Г.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши судяњои Суди конститутсионї Абдуллоев А.А. ва Абдуллоев Л.И.-ро оид ба дархости раиси Раёсати ЉСК «Соњибкорбонк» Содиќова Њ.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба моддањои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Раиси Раёсати ЉСК «Соњибкорбонк» Содиќова Њ.Н. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиатнамуда, дар он нишон медињад, ки бонки мазкур дар давоми фаъолияти соњибкориаш барои барќарор ва њимоя намудани њуќуќњои вайроншуда ва манфиатњои иќтисодию соњибмулкии худ борњо бо тартиби муќаррарнамудаи кодексњои мурофиавии иќтисодї ва мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба судњои Љумњурии Тољикистон мурољиат намудааст.

Аз баски тартиби ќабули аризањо, огоњ намудани тарафњо аз ваќт ва мањалли баррасии парванда, ќабули њалнома ва ќарори дахлдор дар њамаи марњилањои судї дар моддањои 120, 121, 122 ва 240 Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар сатњи зарурї танзим гардидаанд, бонк дар ваќти ба судњои иќтисодї мурољиат намуданаш ба ягон душворї дучор намеояд, ки ин тартиби корро нисбати судњои умумї гуфтан нашояд.

Чунончи, шикояти апеллятсионї бе мамоният ќабул гашта, дар муњлати муайяншуда баррасї мегардад. Исму насаби судяи марњилаи якум ва аъзои коллегияи кассатсионї, ки бояд аризаю шикояти кассатсиониро бинад, бо таъиноти судї маълум карда мешавад, ба тарафњо имконият дода мешавад, ки барои њимояи манфиаташон кўшиш намоянд, инчунин даъвогар ва ё љавобгарон бе мамоният ба назди судя даромада, ба дархосту шикояташон љавоби дахлдор мегиранд.

Аммо вобаста ба расонидани хабарнома ва даъвати судї, омодасозии парванда ба муњокимаи судї, таъини парванда ба муњокимаи судї, муњлати баррасї ва њалли парвандањои гражданї, амали суди марњилаи якум баъди гирифтани шикоят ё эътирози кассатсионї, тартиби гузаронидани мурофиаи судии гражданї, ки бо моддањои 115, 117, 118, 150, 156, 157 ва 332 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон танзим мешаванд, нофањмињо љой доранд, ки чунин њолати кор ба он оварда расонидааст, ки њалномањо на дар муњлати муќарраршуда, балки бо кашолкории зиёд баррасї мешаванд. Инчунин онњо њам чун тараф дар аксар маврид њангоми баррасии парвандањояшон аз мавќуфгузоштан ва ба ваќти дигар гузаронидани мурофиањои судї бехабар мемонданд.

Ба аќидаи дархостдињанда баррасии парванда дар марњилаи кассатсионии судии гражданї пешбининамудаи моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон, дар рафти баррасии шикояти кассатсионї монеагии зиёдтареро ба миён меорад, зеро дар моддаи зикршуда тартиби ба таври ошкоро баргузор гаштани мурофиаи кассатсионї муќаррар карда нашудааст. Дар натиља шахсонии штирокчии парванда аз њуќуќњои худ оид ба шинос шудан бо маводи парванда, овардани шикоят ва эътирози кассатсионї ва изњори норозигї нисбат ба шикоят ва эътирози воридгардида мањрум мешаванд. Пешнињоди далелњо ва дархостњои иловагї бинобар номаълум будани њайати коллегияи кассатсионї ва маърўзачї оид ба њамин парванда ѓайриимкон мебошад. Њамаи ин боиси халалдор гаштани манфиатњои молиявии бонк гашта, то андозае душворї пеш меоранд. Њатто сабабњои аз тарафи суд вайрон шудани муњлатњоро низ фањмидан ѓайриимкон мебошад.

Аз ин рў, мурољиаткунанда аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон хоњиш менамояд, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиќати моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистонро ба моддањои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян намояд.

Њамзамон, Суди конститутсионї (ба ў) дар гирифтани тафсири расмии меъёрњои Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон аз тарафи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба бонк мусоидат намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки ЉСК «Соњибкорбонк» агарчи субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї шуда тавонад њам, аммо дар дархости мазкур алоќаи мантиќї ва номутобиќатии мазмунї ва мавзўии моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба моддањои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дида намешавад, ки он боиси оѓози мурофиаи судии конститутсионї гардида, санљиши конститутсиониро талаб намояд.

Зеро, моддаи 332 Кодекси мурофиавии гражданї «Амали суди марњилаи якум баъди гирифтани шикоят ва эътирози кассатсионї» номгузорї шуда, уњдадорињои судяро оид ба шикоят ва эътирози кассатсионии аз тарафи иштирокчиёни мурофиаи судї пешнињодгардида муайян менамояд.

Тибќи моддаи мазкур, уњдадорињои судя аз иљрои амалњои мушаххас, аз љумла дар муњлати на дертар аз се рўзи баъд аз гирифтани шикоят ва эътирози кассатсионї ба шахсони иштирокчии парванда пешнињод намудани нусхаи шикоят ва эътироз, огоњ намудани шахсони иштирокчии парванда оид ба ваќт ва мањалли баррасии шикоят ва эътироз дар судњои марњилањои болої ва ирсоли парванда ба суди марњилаи кассатсионї иборат мебошанд ва чуноне ки дида мешавад, дар ин уњдадорињо ягон меъёри алоќаманд бо мањдуд кардани њуќуќи конститутсионии шахс ба кафолати њифзи судї ва ё муќаррароти конститутсионї дар хусуси ба таври дастљамъї ё танњо барррасї кардани парванда аз љониби судяњо дида намешавад.

Аз тарафи дигар, тибќи Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон, ки аз 1 апрели соли 2008 мавриди амал ќарор дорад, вазифањои ќонунгузории мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон аз дуруст ва сариваќт баррасї ва њал намудани парвандањои гражданї бо маќсади њифзи њуќуќ, озодї ва манфиатњои ќонунии вайронгардида ё мавриди бањс ќарордодаи шањрвандон (шахсони воќеї), шахсони њуќуќї, инчунин њуќуќ ва манфиатњои ќонунии Љумњурии Тољикистон, маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии мањаллї, шахсони дигар, ки субъектњои муносибатњои њуќуќии гражданї, мењнатї, оилавї, манзил, замин, экологї ва дигар муносибатњои њуќуќї мебошанд, иборат буда, ба њељ асос наметавонад њуќукњои конститутсионии шах­сро ба кафолати њифзи судї мањдуд намоянд.

Баъдан, моддаи 332 Кодекси зикршуда аз 2 ќисм ва якчанд сархатњо иборат буда, масъалањои гуногуни њуќуќиро дар бар мегирад, ки мурољиаткунанда бе мушаххас намудани ќисми дахлдори модда, муайян намудани мутобиќати тамоми матни онро ба моддањои номбаршудаи Конститутсия талаб намудааст, ки чунин тартиби масъалагузорї аз љињати шаклу мазмун низ ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ нест. Яъне мурољиаткунанда зимни пешнињоди талабњои худ бояд алоќамандии меъёри мавриди бањс ќарордодашударо бо меъёри дахлдори Конститутсия, баъдан номутобиќати байни онњоро ба таври мушаххас ва оќибати ин номутобиќатиро дар вайрон намудани њуќуќњои конститутсионии худ бо далелњои равшан ошкор намояд.

Дархостдињанда метавонад талабњои худро, ки аз бањодињї ба матни моддаи номбурда, тафсири расмии он ва бартараф намудани кашолкорї дар фаъолияти судњои умумї иборат аст, тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї мувофиќан ба Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон ва марњилањои болоии судњои дахлдор пешнињод намояд.

Аз ин рў, Суди конститутсионї бинобар набудани сабаб ва асосњои кофї барои оѓози мурофиаи судии конститутсионї, аз рўи дархости мазкур оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро рад менамояд.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости раиси Раёсати ЉСК «Соњибкорбонк» Содиќова Њ.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба моддањои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон», бинобар аз љињати шаклу мазмун љавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ва тобеи Суди конститутсионї набудани талаби дар дархост зикрёфта рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон нашр карда шавад.


Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов


Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов



Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Азизов М.Њ.-директори генералии Љамъияти дорои масъулияти мањдуди корхонаи муштарак «Шоњроњи абрешим» «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати моддаи 4, ќисмњои 28, банди 9 ќисми 49 моддаи 34 ва банди 1) ќисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон тањрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон тањрири 17.09.2012, моддањои 634 ва 673 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва моддањои 14 ва 20 Кодекси замини Љумњурии Тољикистон ба моддањои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 20 марти соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Сангова Г.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши судя Абдуллоев Л.И.-ро оид ба дархости Азизов М.Њ.- директори генералии Љамъияти дорои масъулияти мањдуди корхонаи муштарак «Шоњроњи абрешим» «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати моддаи 4, ќисмњои 28, банди 9 ќисми 49 моддаи 34 ва банди 1) ќисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон тањрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон тањрири 17.09.2012, моддањои 634 ва 673 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва моддањои 14 ва 20 Кодекси замини Љумњурии Тољикистон ба моддањои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Азизов М.Њ.- директори генералии ЉДММ КМ «Шоњроњи абре-шим» бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки Љамъияти номбурда яке аз андозсупорандагони фаъоли вилояти Суѓд ба њисоб рафта, андозњои муќарраршударо сари ваќт ба буљети давлатї пардохт менамояд.

Фаъолияти Љамъият аз тарафи маќомоти ваколатдори давлатї доимо мавриди санљиш ќарор дода шуда, натиљањои он њамеша мусбї арзёбї мегардиданд.

13 сентябри соли 2010 фаъолияти Љамъият барои даврањои аз 1 августи соли 2007 то 1 августи соли 2010 аз љониби шуъбаи хизматрасонї ва андозситонии шахсони њуќуќии Нозироти андози шањри Хуљанди вилояти Суѓд мавриди санљиш ќарор дода шуда, оид ба натиљаи он аз 14 сентябри соли 2010 тањти №115 ба Љамъият ќарор-огоњинома пешнињод гардид. Тибќи ин ќарор-огоњинома ба зиммаи Љамъият пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба маблаѓи 485 370 сомонї, андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї ба маблаѓи 69 578 сомонию 71 дирам, андози даромад аз шахсони воќеъї ба маблаѓи 568 сомонию 70 дирам, андози њадди аќал аз даромади корхона ба маблаѓи 62 319 сомонию 18 дирам бо фоизњо, дар маљмўъ пардохти маблаѓи 617 836 сомонию 59 дирам вогузор карда шуд.

Дархостдињанда ќайд мекунад, ки нозироти андоз дар санади тартибдодааш нишон додааст, ки Љамъият бо ЉСК «Ленинободтаъминот» шартномаи иљораи замин баста, дар њудуди ќитъаи замини иљораи бозори «Атуш» ташкил карда, ба соњибкорон иљозати гузоштани контейнерњоро додааст, ки онњо бо истифода аз контейнерњояшон фаъолияти соњибкории худро пеш бурдаанд. Љамъият бошад барои нигањдории контейнерњо ва молњои дар дохили он буда барои таъмини ќувваи барќ ва хизматрасонии коммуналї аз соњибкорон подошпулї гирифта, маблаѓи даромадшударо њамчун даромад аз шартномаи иљораи амвол дар њисоботњои муњосибї нишон додааст, ки ин гўё хилофи талаботи банди 1) ќисми 2 моддаи 211-и Кодекси андози Љумњурии Тољикистон бошад.

Њол он, ки мутобиќи банди 1) ќисми 2 моддаи 211-и Кодекси андози Љумњурии Тољикистон (тањрири соли 2004) фаъолияти марбут ба иљораи амволи ѓайриманќул, аз љумла дар фурўшгоњњо ё бозорњо аз андозбандї аз арзиши иловашуда озод буда, њамзамон тибќи муќаррароти банди 9 ќисми 49 моддаи 34-и Кодекси номбурда муносибати иљоравї ба замин объекти андозбандии андози мазкур эътироф карда намешавад.

Ба андешаи мурољиаткунанда нозироти андоз, инчунин муќар­рароти моддаи 14 Кодекси заминро, ки тибќи он заминистифодабарандагони якумдараља метавонанд ќитъањои заминро дар асоси шартнома ба иљора дињанд ва шартномаи иљораи замин бе таѓйир додани таъиноти маќсадноки ќитъаи замин баста шуда, ќитъањои замин ба муњлати то 20 сол ба иљора дода мешаванд, сарфи назар намудааст.

Муќаррароти моддаи 20 Кодекси замин, ки тибќи он заминистифодабарандагони дуюмдараља њуќуќ доранд, ки заминро мувофиќи шартњои муайяншуда истифода баранд, аз канданињои фоиданоки маъмул, торф, љангал, манбаъњои об, инчунин дигар xислатњои муфиди замин мувофиќи тартиби муќарраргардида истифода баранд ва њуќуќ ба љуброни харољот низ аз љониби нозироти андоз ба инобат гирифта нашуд.

Амали нозироти андоз ба муќарроти моддаи 634 ва 673 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, ки онњо мувофиќан тартиби истифодаи амволи ба кироя (иљора) гирифташуда ва њуќуќ ба ќитъаи замине, ки бино ё иншооти иљорагирифта дар он љойгир аст, ба танзим медароранд, мувофиќ нест.

Њамин тариќ, нозироти андоз бе назардошти муќаррароти ќо­нунњои амалкунандаи зикршуда нисбати Љамъият ќонуни вуљуд надоштаро тадбиќ намудааст. Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси андози Љумњурии Тољикистон», ки тибќи он дар банди 1) ќисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон сархат бо мазмуни зайл:

«-супоридан ё иљораи амволи ѓайриманќул, ки барои маќсадњои соњибкорї истифода бурда мешавад», илова карда шудааст, аз љониби Маљлиси намояндагон 11 ноябри соли 2009 тањти №1464 ќабул шуда, 19 ноябри соли 2009 тањти №1464 аз тарафи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон љонибдорї карда шудааст.

Ќонун аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон 3 декаб­ри соли 2009 тањти №571 ба имзо расида, 8 декабри соли 2009 дар рўзномаи «Садои мардум» №138-139 (2514-2515) ба нашр расидааст, ки тибќи моддаи 2 ин Ќонун аз 1 январи соли 2010 мавриди амал ќарор дода мешавад.

Љамъият ќарор-огоњномаи нозироти андозро дар хусуси пардохти 617 836 сомонию 59 дирам ѓайриќонунї ва беасос њисобида, барои њимояи њуќуќ ва манфиатњои конститутсионии худ ба Cуди иќтисодии вилояти Суѓд мурољиат намудааст. Суди зикршуда аризаро баррасї намуда, онро бо њалнома аз 2 декабри соли 2010 рад намудааст.

Њалномаи мазкур, бо ќарори марњилаи апеллятсиониии Суди иќтисодиии вилояти Суѓд аз 3 марти соли 2011 ва бо ќарори Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз 8 июли соли 2011 беќаноат мононда шудааст.

Ба андешаи мурољиаткунанда супоридан ё иљораи амволи ѓайри- манќул (хонањои истиќоматї, квартирањо (њуљрањо), бўстонсаройњо, гаражњо ва дигар биною иморату иншоотњо), ки бо маќсадњои соњибкорї истифода бурда мешаванд, бояд аз 1 январи соли 2010 мавриди андозбандї аз арзиши иловашуда ќарор дода шавад.

Аммо нозироти андоз, иловаи ба банди 1) ќисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон воридшударо ѓайриќонунї дастрас карда, ба он ќувваи бозгашт додааст ва онро барои се соли сипаригашта, - давраи 1 августи соли 2007 то 1 августи соли 2010, - яъне давраи њанўз вуљуд надоштану амал накардани ќонун мавриди амал ќарор дода, њуќуќњои конститутсионии Љамъиятро ба моликият даѓалона поймол намудааст.

Бинобар ин, мурољиаткунанда моддаи 4, ќисмњои 28, банди 9) ќисми 49 моддаи 34 ва банди 1 ќисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон тањрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон тањрири 17.09.2012, моддањои 634 ва 673 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва моддањои 14 ва 20 Кодекси замини Љумњурии Тољикистон, ки њуќуќњои конститутсионии Љамъиятро ба моликият даѓалона поймол намудаанд, ба моддаи 20 Конститутсия, ки тибќи он: «Ќонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ѓайриќонунии шахс ќабул шудааст ва он љазои шахс­ро вазнин мекунад, ќувваи бозгашт надорад.» ва ќисми дуюми моддаи 45 Конститутсия, ки тибќи он: «Ќонунњое, ки андози навро муќаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, ќувваи бозгашт надоранд», мухолиф мењисобад.

Аз ин рў, дархостдињанда ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, хоњиш дорад, ки аз рўи дархости он мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда:

1) мутобиќати моддаи 4, ќисмњои 28, банди 9) ќисми 49 моддаи 34 ва банди 1 ќисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон тањрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон тањрири 17.09.2012, моддањои 634 ва 673 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва моддањои 14 ва 20 Кодекси замини Љумњурии Тољикистонро ба моддањои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» муайян намояд;

2) дурустии ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 3 декабри соли 2009 «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси андози Љумњурии Тољикистон» барои се сол пеш (1 августи соли 2007 - 1 августи соли 2010) ќувваи бозгашт додани нозироти андозро муайян кунад;

3) мутобиќати татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 3 декабри соли 2009 «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси андози Љумњурии Тољикистон» ба моддаи 20 Конститутсия; ќонунї будани сарфи назаркунињои нозироти андози шањри Њуљанди вилояти Суѓд аз бандњои 1.1 ва 3.7 Шартномаи иљора аз 1 январи соли 2004, моддањои 4, 34 ва 211 Кодекси амалкунандаи андози њамон ваќт, моддањои 634 ва 675 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва моддањои 14 ва 20 Кодекси замини Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад;

4) Ќарор-огоњнома №115 аз 14 сентябри соли 2010 оид ба љавоб- гарии андоз кашидани Љамъият, ду санади РМА 510014831 аз 13 сентябри 2010 нозироти андози шањри Хуљанди вилояти Суѓд то ба итмом расидани баррасии дархост дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон боздошта шавад.

Суди конститутсионї дархости Азизов М.Њ-ро омўхта баромада, ќайд менамояд, ки номбурда субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї шуда метавонад, зеро тибќи банди 7 моддаи 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» шахсони њуќуќї нисбати ќонун ва дигар санади њуќуќии дар муносибати мушаххаси њуќуќї нисбаташон татбиќшуда, ки ба андешаи онњо њуќуќу манфиатњои конститутсионии онњоро вайрон намудаанд, инчунин ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ будани ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки аз тарафи суд нисбаташон дар парвандаи мушаххас татбиќ шудаанд, њуќуќ доранд ба Суди конститутсионї мурољиат намоянд.

Талаби дар дархост гузошташудаи мурољиаткунанда дар хусуси муайян намудани мутобиќати моддаи 4, ќисмњои 28, банди 9) ќисми 49 моддаи 34 ва банди 1) ќисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ба моддањои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон тобеи Суди конститутсионї буда, мавзўи баррасии он мањсуб меёбад ва дар талаби гузошташуда номуайяние дида мешавад, ки он санљиши конститутсиониро таќозо менамояд.

Аммо Суди конститутсионї зимни баррасии дархост муќаррар намуд, ки Кодекси андози Љумњурии Тољикистон, ки бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 3 декабри соли 2004 ќабул шуда буд, бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 17 сентябри соли 2012 бинобар ќабул шудани Кодекси нави андози Љумњурии Тољкистон аз эътибор соќит дониста шудааст. Аз 1 январи соли 2013 бошад, Кодекси нави андози Љумњурии Тољикистон мавриди амал ќарор дорад.

Тибќи ќисми дуюми моддаи 42 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки он «рад шудани ќабули пешнињод ва дархост барои баррасї дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» номгузорї шудааст, кори аз рўи парванда оѓозшуда, бинобар бекор ё аз эътибор соќит шудани санаде, ки конститутсионї будани он мавриди бањс ќарор гирифтааст, боиси ќатъ шудани мурофиаи судии конститутсионї мегардад.

Суди конститутсионї дар фаъолияти худ танњо мутобиќати ќонун ва санадњои меъёрии њуќуќии амалкунандаи Љумњурии Тољикистонро ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон баррасї менамояд.

Суди констутутсионї вобаста ба талаби дархостдињанда оид ба мутобиќати моддаи 169 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон аз 17 сентябри соли 2012 ба моддањои 20 ва 45 Конститутсия ќайд менамояд, ки мувофиќи талаботи банди 7 ќисми 1 моддаи 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» моддаи 169 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон, ки аз 1 январи соли 2013 мавриди амал ќарор дорад, дар муносибати мушаххаси њуќуќї нисбат ба Љамъият татбиќ нашудааст, ки он боиси поймол гаштани манфиатњои Љамъият гашта бошад.

Бинобар ин, талаби дархостдињанда оид ба муайян намудани мутобиќати моддаи 169 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон аз 17 сентябри соли 2012 ба моддањои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мавриди баррасии Суди конститутсионї ќарор гирифта наметавонад.

Суди конститутсионї вобаста ба талаби дигари дархостдињанда оид ба муайян намудани мутобиќати моддањои 14 ва 20 Кодекси замини Љумњурии Тољикистон ва моддањои 634 ва 673 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддањои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ќайд менамояд, ки миёни моддањои зикршудаи Кодекси замин ва Кодекси гражданї бо моддањои Конститутсия алоќамандии мавзўї дида намешавад, ки он боиси оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї гардида, санљиши конститутсиониро талаб намояд. Муќаррароти онњо ба мавзўњои гуногун бахшида шуда, инъикос ва тадбиќи моддањои 20 ва 45 Конститутсия нестанд. Дар дархост, инчунин асосноккунии мушаххаси талаби мурољиаткунанда оид ба номутобиќатии моддањои зикршудаи Кодекси замини Љумњурии Тољикистон ва Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддањои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ѓайриимкон буда, ба таври зарурї равшану возењ ифода наёфтааст.

Аз дархост муайян нест, ки номутобиќатии моддањои 14 ва 20 Кодекси замини Љумњурии Тољикистон ва моддањои 634 ва 673 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, ки мавриди бањс ќарор дода шуданд, ба моддањои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар чї ифода меёбад, ки онњо боиси поймол гардидани њуќуќњои конститутсионии мурољиаткунанда гардида бошанд.

Ѓайр аз ин, дархост аз љињати мазмун низ ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мутобиќ нест.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, Суди конститутсионї оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости Азизов М.Њ.-директори генералии Љамъияти дорои масъулияти мањдуди корхонаи муштарак «Шоњроњи абрешим» рад менамояд.

Дар айни њол, мурољиаткунанда метавонад, оид ба њифзи манфи­атњои худ тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї ба судњои иќтисодї ва маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон мурољиат намояд.

Бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14, 34, 37, 40 ва 41 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї аз рўи дархости Азизов М.Њ.- директори генералии Љамъияти дорои масъулияти мањдуди корхонаи муштарак «Шоњроњи абрешим» «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати моддаи 4, ќисмњои 28, банди 9) ќисми 49 моддаи 34 ва банди 1 ќисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон тањрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон тањрири 17.09.2012, моддањои 634 ва 673 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва моддањои 14 ва 20 Кодекси замини Љумњурии Тољикистон ба моддањои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар аз эътибор соќит шудани санаде, ки конститутсионї будани он мавриди бањс ќарор гирифтааст ва мазмунан мутобиќ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят оварда намешавад.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов

 

Н А В И Д Њ О И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

 

24-27 апрели соли 2013 дар шањри Анќараи Љумњурии Туркия Симпозиуми байналмилалї бахшида ба 51- солагии таъсиcёбии Суди конститутсионии Љумњурии Туркия бо иштироки Президенти Љумњурии Туркия, Сарвазири он, раисон ва судяњои Суди конститутсионии кишвари мазкур, намояндагони маќомоти назорати конститутсионии љумњурињои Афѓонистон, Гурљистон, Индонезия, Кореяи Љанубї, Ќазоќистон, Малайзия, Муѓулистон, Россия, Таиланд, намояндагони корпуси дипломатии муќими ин давлат ва ташкилотњои байналмилалї доир гардид.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар чорабинии мазкур судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М. намояндагї намуданд.

Дар љараёни кори чорабинии мазкур маърўзањо вобаста ба мав­зуњои дастрасї ба адолати судии конститутсионї ва мустањкам намудани асосњои сохтори конститутсионї шунида шуданд.

Дар рафти сафари корї њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Туркия вохўрї намуда, зимни он вобаста ба масъалањо ва таљрибаи адолати судии конститутсионї табодули назар карда шуд.

14 майи соли 2013 вохўрии Раиси Суди Конститутсионии Љум­њурии Тољикистон Мањкам Мањмудов бо узви Комиссияи байнал­милалї бар зидди њукми ќатл, собиќ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфус доир гардид.

Дар мулоќот, љонибњо оид ба пешгирї аз таъин ва татбиќи њукми ќатл дар Тољикистон, таъмини амалишавї ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, ки яке аз вазифањои аввалиндараљаи маќомоти давлатї ва шахсони мансабдор ба шумор меравад, ибрози андеша намуданд.

Дар рафти мулоќот Раиси Суди конститутсионии Љумњурии То­љикистон Мањкам Мањмудов зикр намуд, ки Президенти Љум­њурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон дар ба­ромадњои хеш ба њифзи њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд ања­мияти аввалиндараља зоњир намуда, дар Паёми навбатии худ ба маќоми олии ќонунгузории кишвар 26 апрели соли 2013 доир ба њукми ќатл махсус ќайд намуданд, ки «њаёти инсон асоси њастї ва неъмати бебањо буда, мањрум кардан аз он маънии ќатъ гардидани мављудияти фард, шахсият ва узви љомеаро дорад. Дар тамадуни инсонїаз љониби давлат татбиќ накардани љазои ќатл, пеш аз њама, чун нишонаи башардўстї, шафќат ва пешравии љамъият эътироф карда мешавад».

Бо ќаноатмандї зикр гардид, ки дар Тољикистон нисбати таъин ва татбиќи њукми ќатл аз соли 2004 моротория эълон карда шудааст ва аз соли 2004 то имрўз њукми ќатл умуман таъин ва татбиќ нашудааст.

Тарафњо вохўрии дуљонибаро судманд арзёбї намуда, љонибдории худро оид ба вусъат додани њамкорињои мутаќобилан судманд изњор намуданд.

Дар вохўрї њамчунин судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М. њузр доштанд.

14 майи соли 2013 дар заминаи иљрои банди 9 Барномаи ислоњоти судї – њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2013, ки бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 январи соли 2011 тањти №976 тасдиќ гардидааст, дар Китобхонаи миллии Тољикистон семинар оид ба муњокимаи лоињаи нави Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», ки аз љониби гурўњи корї бо дарназардошти амалия ва таљрибаи ќонунгузории давлатњои хориљи кишвар тањия гардидааст, баргузор гардид.

Дар кори семинар Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон – Раиси Конференсияи маќомоти назорати конститутсионии кишварњои демократияи нав, намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Шўрои адлия, Прокуратураи генералї, Вазорати адлия, намояндагони дигар маќомоти њокимияти давлатї ва олимону муттахассиcони соњаи њуќуќ иштирок ва суханронї намуданд.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов бо сухани ифтитоњї ба кори чорабинии мазкур њусни оѓоз бахшида, сараввал минатдории самимии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро ба Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон барои дастгирии њамаљониба ва мусоидат намудан дар рушди маќомоти назорати конститутсионии мамлакат, ки ба шарофати он Суди конститутсионї имрўз фаъ­олияти мустаќили худро бањри таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ба амал мебарорад, изњор намуд.

Сипас, суханро барои маърўза оид ба лоињаи нави Ќонуни конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ба судя - котиби Суди конститутсионї К.Каримов дод, ки номбурда њозиринро ба мазмуну муњтавои лоиња муффасал шинос намуда ба саволњои иштироккунандагони семинар љавоб гуфт.

Бобати такмили лоињаи нави Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон» инчунин, Раиси Суди Олї Абдуллоев Н.А., Раиси Суди Олии иќтисодї Мансуров Н.М., Раиси Шўрои адлия Азизов З.Н., муовини Прокурори генералї Кишварзода А.Г. ва дигар намояндагони вазорату идорањо суханронї намуда, таклифу пешнињодњои худро иброз доштанд.

Њамчунин, дар доираи чорабинии мазкур бобати густариши муносибатњои байналмилалї ва ба роњ мондани њамкорињои мута­ќобилан судманд бо маќомоти назорати конститутсионии давлатњои хориљи кишвар, аз љониби Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов ва Раиси Суди конс­титутсионии Љумњурии Арманистон Арутюнян Гагик Гарушевич Ёддошти та­фоњум оид ба њамкори байни судњои конститутсионии давлатњои ба њам дўст ба имзо расонида шуд.

Зимнан, солњои охир дар фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон чунин таљрибаи ба имзо расонидани санади њамкорї бо маќомоти њамшабењи давлатњои хориљи кишвар, ки барои густариши њамкорињои байналмилалї бо дарназардошти ќонунгузории миллї заминаи њуќуќї мегузорад, ба таври васеъ ба роњ монда шуда, дар заминаи он Суди конститутсионии кишвар бо судњои конститутсионии Федератсияи Россия, љумњурињои Украина ва Туркия Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї ба имзо расонидааст, ки амалишавии меъёрњои онњо имрўз ба ташаккули нуфузи маќомоти назорати конститутсионии Тољикистон дар хориљи мамлакат мусоидат менамоянд.

Пас аз анљоми маросими ба имзо расонидани ин санади муњими байналмилалї кори семинар идома дода шуда, аз љониби ширкаткунандагони он лоињаи нави Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон» мавриди муњокимаи њамаљониба ќарор дода шуда, љињати боз њам такмилу мукаммал намудани он таклифњои мушаххас пешнињод карда шуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» њанўз солї 1995 ќабул гардида, дар ин муддат ба он зиёда аз дањ маротиба таѓйиру иловањо ворид карда шудаанд.

Бинобар ин, бо маќсади боз њам такмилу таќвият бахшидан ба фаъолияти Суди конститутсионии Љумњњурии Тољикистон, ки њамчун маќомоти мустаќили њокимияти судї бо маќсади таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд фаъолият менамояд, тибќи банди 9 Барномаи ислоњоти судї – њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2013 тањия ва ќабули ќонуни нав пешбинї гардидааст.

5 июни соли 2013 бо маќсади татбиќи Паёми Президенти Љум­њурии Тољикистон ба Маљлиси Олї аз 26 апрели соли 2013 сафари кории Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон – Мањкам Мањмудов ва Директори институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон – Абдулвоњид Шамолов ба шањри Кўлоб доир гардида, дар доираи он бо ањли љамоатчигии шањр, намояндагони маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва њайати устодону донишљўёни Донишгоњи давлатии Кўлоб суњбату вохўрии доманадор анљом дода шуд.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов зимни суханронии хеш, аз љумла иброз дошт, ки Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон бо Паёми солонаи худ дар бораи самтњои сиёсати дохилї ва хориљии мамлакат баромад намуда, рушди сиёсиву иќтисодии кишварро дар соли сипаришуда љамъбаст намуда, бобати ноил шудан ба пешрафт ва дастовардњои нав дар назди љомеа вазифањо гузоштанд, ки дар амал татбиќ гаштани онњо имкон медињад, ки кулли масъалањои муњими иќтисодї, иљтимої ва фарњангї роњи њалли худро ёбанд.

Инчунин, зикр гардид, ки Паёми Президенти Љумњурии Тољи­кистон њамчун њуљљати таќдирсоз ва санади стратегии њадафманд бо тарзи масъалагузорї ва шарњи зарурати он, тањлили мушаххас ва хулосабарорињо санади муњимтарини сол аст, ва мо вазифадорем, ки барои дар амал татбиќ намудани он саъю кўшиш намуда, он вазифањое, ки ба зиммаи њамагон гузошта шудааст, сарбаландона ва бо масъулияти том иљро намоем.

Паёми Сарвари давлат дурнамои рушди минбаъдаи тамоми соњањои хољагии халќ мебошад ва њамагон бояд нуќтањои дар он зикргардидаро њамчун барнома сармашќи кории худ ќарор дода, барои дар амал татбиќ намудани он саъю кўшиш намоянд.

Њамчунин дар доираи вохўрии мазкур вобаста ба пањлуњои гуногуни Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба саволњои сершумори ширкаткунандагони он љавобњои мушаххас гардонида шуд.

Сафарњои кории њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон бо маќсади татбиќи Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї ба дигар шањру навоњии кишвар бобати баргузор намудани суњбату вохўрињо бо ањолї, кормандони маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва њифзи њуќуќ идома дорад, ки ин ба баланд гардидани маърифати њуќуќии ањолї мусоидат менамояд.

12 – 15 июни соли 2013 дар шањри Мадриди Испания Конфронси байналмилалї оид ба њукми ќатл бо иштироки намояндагони маќомоти гуногуни њокимияти давлатї ва ташкилотњои бонуфузи зиёда аз панљоњ давлати љањон доир гардид.

Љумњурии Тољикистонро дар чорабинии мазкури сатњи байнал­милалї Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов, Мушовири давлатии Љумњурии Тољикистон оид ба сиёсати њуќуќї Љумахон Давлатов ва Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон Ализода Зариф намояндагї намуданд.

Зимни баргузории ин Конфронси байналмилалї масъалањои гуногунї марбут ба њукми ќатл, ки яке аз намудњои љазои љиноятї барои содир кардани љиноятњои махсусан вазнин мањсуб меёбад, мавриди баррасї ва муњокима ќарор дода шуданд.

20 июни соли 2013 бахшида ба таљлили Рўзи Вањдати миллї дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Вањдати миллї ва наќши он дар тањкими Истиќлолияти давлатї» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Суди Олї, Прокуратураи генералї, Шўрои адлия, Академияи илмњо, Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти Љумњурии Тољикистон, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон ва дигар вазорату идорањои љумњурї иштирок намуданд.

Дар оѓози кори мизи мудаввар Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов бо сухани ифтитоњї баромад намуда, сараввал њозиринро бо љашни фархундаи Рўзи Вањдати миллї табрику тањният намуд.

Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов зимни суханронии худ иброз дошт, ки Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї, ки бо зањмату талошњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон ба имзо расидааст, дар таърихи давлатдории навинамон њуљљати муњими сиёсї ва воќеаи нодиру фарањбахши њаётї мањсуб ёфта, бањри пойдории сулњу суботи комил дар кишвари мањбубамон заминаи воќеию њуќуќї гузошт ва дар як ваќт барои мустањкам намудани андешањои солими давлатдории миллї дар афкори љомеа наќши босазо бозид.

Санади таърихии мазкур, ки заминаи муњими пойдории сулњу субот дар кишвар ба њисоб меравад, аз нигоњи њуќуќї падидаест, ки омили муњими пешрафт – сулњ ва суботро метавонад таќвият дода, дар рушди њамаи соњањои њаёти љомеа сањм дошта бошад. Ин маќоми нав бояд пеш аз њама, тарѓибгари ѓояи миллї, бартарафсозандаи манфиатњои минтаќавї, пешгирикунандаи њар навъ низоъ дар љомеа бошад.

Дар рафти кори мизи мудаввар њамчунин намояндагони Суди Олї, Прокуратураи генералї, Академияи илмњо, Шўрои адлия, Маркази миллии ќонунгузорї, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон ва дигар иштирокчиён оид ба наќш ва ањамияти Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар пойдории сулњу субот ва тањкими пояњои Истиќлолияти давлатї маърўзањо намуданд.

Мундариља

Каримов К.М. Вањдати миллї дар ќаринаи муносибатњои
байналмилалї ва тартиботи љањони муосир 5

Шарифов Р. Масалаи њифз ва таъмини Вањдати миллї дар
шароити гуногунандешии сиёсї 14

Раљабов М.Н. Наќши Вањдати миллї дар тањкими
маќоми байналмилалии Љумњурии Тољикистон 17

Сулаймонов Ф. Баъзе аз масоили татбиќи моддаи 13-и
Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон 23

Саидвалиева Б.С. Вањдати миллї омили хушбахтї ва рушди
кишвар 28

Темиров В.Т. Наќши Созмони Милали Муттањид дар
музокироти сулњи тољикон 32

Ќодиров С.А. Вањдати миллї ва наќши он дар тањкими
истиќлолияти давлатї 38

Таъинотњои Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

1) дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости раиси Раёсати ЉСК «Соњибкорбонк» Содиќова Њ.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон ба моддањои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 4 марти соли 2013 43

2) дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Азизов М.Њ.-директори генералии Љамъияти дорои масъулияти мањдуди корхонаи муштарак «Шоњроњи абрешим» «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати моддаи 4, ќисмњои 28, банди 9 ќисми 49 моддаи 34 ва банди 1) ќисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон тањрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон тањрири 17.09.2012, моддањои 634 ва 673 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва моддањои 14 ва 20 Кодекси замини Љумњурии Тољикистон ба моддањои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 20 марти соли 2013 48

Навидњои Суди конститутсионии
Љумњурии Тољикистон

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон 57