17:19:38 - 16.07.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 3) 2013

 

Нашрияи мазкур дар њамкорї бо Барномаи «Мусоидат
ба давлатдории њуќуќї дар кишварњои Осиёи Марказї»-и GIZ (Љамъияти олмонии њамкории байналмилаллї)
нашр шудааст.

 

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(№3) 2013

 

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, Академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Њайати тањририя:

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои сиёсї

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Сотиволдиев Р. Ш. Раиси Шўрои илмї - машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Искандаров З.Њ. Узви Шўрои илмї - машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, профессори кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории ДМТ

© Нашрияи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, 2013.

 

.

САРЌОНУН

Китоби офтоби бахти инсон аст Сарќонун,

Китоби бахти сабзи шањрвандон аст Сарќонун.

Китоби рўимизї бањри њар як тољикистонї,

Китоби рањнамои Тољикистон аст Сарќонун.

Хати таќдири мо рахшон дар ин дањ бобу сад модда,

Њазор асрори њаќ пинњон дар ин дањ бобу сад модда.

Дар ин дањ бобу сад модда садои ќалби њар тољик,

Чї боќадр аст њар инсон дар ин дањ бобу сад модда.

Њуќуќбунёду соњибихтиёру дунявї кишвар,

Ягона њасту њам демокративу тољи њаќ бар сар.

Забонњои дигар њам гарчи роиљ њаст дар ин бум,

Забони давлатияш - тољикии ширин аз шаккар.

Хати таќдири мо рахшон дар ин дањ бобу сад модда,

Њазор асрори њаќ пинњон дар ин дањ бобу сад модда.

Дар ин дањ бобу сад модда садои ќалби њар тољик,

Чї боќадр аст њар инсон дар ин дањ бобу сад модда.

Суруди Миллию Парчам, Нишон - ин се гуњар љон аст,

Ки њар се рамзњои давлатии Тољикистон аст.

Душанбе - пойтахти тољикистон, сабзшањри бахт,

Мусоид бањри рушди њикмату фарњангу ирфон аст.

Хати таќдири мо рахшон дар ин дањ бобу сад модда,

Њазор асрори њаќ пинњон дар ин дањ бобу сад модда.

Дар ин дањ бобу сад модда садои ќалби њар тољик,

Чї боќадр аст њар инсон дар ин дањ бобу сад модда.

Њаёту номусу ќадри њар инсон аст арзишманд,

Њуќуќу фитрату озодии он аст арзишманд.

Барои Тољикистон халќу миллат арљњо дорад,

Барои халќу миллат Тољикистон аст арзишманд.

Хати таќдири мо рахшон дар ин дањ бобу сад модда,

Њазор асрори њаќ пинњон дар ин дањ бобу сад модда.

Дар ин дањ бобу сад модда садои ќалби њар тољик,

Чї боќадр аст њар инсон дар ин дањ бобу сад модда.

Хайрандеш

Мањмудов М.А.

 

 

 

Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон,

академики АИ ЉТ,

доктори илмњои њуќуќ, профессор

ИСТИЌЛОЛИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДЇ[1]

Муњтарам иштирокчиёни чорабинии имрўза!

Ќаблан мехостам миннатдории худ ва њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро ба ташкилкунандагони чорабинии имрўза, ки ба яке љашнњои таърихї ва дастовардњои муќаддаси халќи тољик - 22 - умин солгарди соњибдавлативу соњибихтиёрї бахшида шудааст, изњор дошта, Шумо, муњтарам судяњои Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, кормандони Шўрои адлия ва нишастагони ин толори барњаворо бо ин ид тањният гуфта, бароятон сињатманидиву хушбахтї, рўзгори пурфайзу баракат ва дастовардњои беназирро таманно намоям.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки тањти роњбарии хирадмандона ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон имрўз пояњои Истиќлолияти давлатиамон тањким ёфта, халќи азизамон, ки дорои таърихи чандинњазорсола ва анъанањои фарњангии бостонї мебошад, ояндаи ободу осудаи кишварамон дилпурона назар менамояд.

Имрўз ба шарофати тањкими Истиќлолияти давлатї сулњу суботи комил ва фазои орому беѓубор дар диёри Тољикистони азиз њукмфармо буда, аз файзу баракати он сатњу сифати зиндагї, маърифату љањонбинї ва худогоњиву ифтихори миллии мардуми кишвар боло рафта, Тољикистон барои расидан ба њадафњои созандагиву бунёдкорї ќадамњои устувор мегузорад.

Тањкими пояњои Истиќлолияти давлатї имкон дод, ки бо дарназардошти дастовардњои ин даврон эътибору маќоми Љумњурии Тољикистон дар арсаи байналмилалї боло рафта, рушди муътадили иќтисоди миллї таъмин карда шуда, дар заминаи арзишњои волои Конститутсия барои бунёди давлати демократию њуќуќбунёд, ки дар он эњтирому риоя ва њифзи њуќуќу озодињои инсон, дар мадди аввал мебошад, заминаи воќеї гузошта шавад.

Истиќлолияти давлатї њамчун дастоварди бузург ва воќеаи нодиру фарањбахши таърихї барои пешрафти тамоми соњањои њаёти кишвар ва давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоид фароњам овард. Дар ин раванд, маќоми њокимияти судї низ њамчун шохаи мустаќили њокимияти давлатї дар самти ба амал баровардани адолати судї ва њифзи њуќуќу озодињои инсону шањр­ванд, манфиати давлату муассисањо ва таъмини тартиботу ќонуният рўз аз рўз боло мегардад.

Аз рўзњои аввали пойдории Истиќ­лолияти давлатї ва ќабули ќонунњои муњими танзимкунандаи фаъолияти судии мамлакат, барои ташаккули низоми судї шароити мусоид муњайё карда шуда, ислоњот дар ин соња оѓоз гардид ва то ба имрўз бо маром идома дорад, ки ин барои тањкими минбаъдаи пояњои њокимияти судї манфиатбахш мебошад.

Президенти кишвар њанўз 31 майи соли 2002 зимни суханрониашон дар машварат бо кормандони њифзи њуќуќ, сохторњои низомї ва судњо иброз доштанд, ки: «Имрўз барои љамъият њимояи судии пурќувват ва боэътимод беш аз пеш зарур мебошад ва онро суде таъмин карда метавонад, ки воќеан нерўманд ва дахлнопазир бошад».

Дар заминаи ин гуфтањо, имрўз мо шоњиди онем, ки бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат низоми судии кишвар рушду такомул ёфта, барои таъмини амалишавии њуќуќи конститутсионии њар шахс ба кафолати њифзи судї чорањои муассир андешида мешавад. Боварї ба судњо то рафт меафзояд ва мо умед бар он дорем, ки низоми судии мамлакат дар оянда низ рисолати аслии хешро мутаъдил ба амал бароварда ба дастовардњои назаррас ноил мегардад.

Дар ин давра ќабули як зумра ќонуну кодексњои нав, аз ќабили ќонунњои конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон», кодексњои мурофиавии љиноятї, мурофиавии гражданї, мурофиавии иќтисодї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї имкон дод, ки фаъолияти маќомоти судї бо дарназардошти принсипњои муњимтарини пазируфташудаи ин соња, аз ќабили: адолат, ќонуният, мустаќилияти судяњо, татбиќи адолати судї дар асоси мубоњиса ва баробарњуќуќии тарафњо, ошкоро будани муњокимаи судї, њатмї будани санадњои судї ва дигар принсипњо, ки ба эњтироми шаъну шарафи шахс ва дахлнопазирии шахсият асос меёбанд, тањким ёфта, вазифањои асосии мурофиаи судии љиноятї, гражданї, иќтисодї ва маъмурї дуруст ва сариваќт таъмин карда шаванд.

Дар радифи ташаккули низоми судии кишвар, имрўз њамкорї ва муносибатњои мутаќобилан судманди Суди конститутсионї бо Суди Олї, Суди Олии иќтисодї ва Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон дар заминаи эњтиром ва њамдигарфањмї ташаккул ва густариш ёфта, дар њамгирої бобати пешрафти ин шохаи њокимияти давлатї чорањои муассир андешида мешавад.

Ва мо итминони комил дорем, ки муносибатњои судманди мо боз њам густариш ёфта, он ба нафъи пешрафти њокимияти судї меваи дилхоњ ба бор меоварад.

Гуфтан љоиз аст, ки дар чор соли охир чор нафар кормандони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба унвони мушаррафи судя сазовор гардида, имрўз дар маќомоти судии мамлакат ба нафъи љомеа ва давлат бо маром кору фаъолият намуда, адолати судиро ба амал мебароранд, ки ин њам албатта боиси ифтихори мост. Инчунин, чор нафар дигар кормандони Суди конститутсионї низ соли љорї бинобар бо муваффаќона гузаштан аз имтињон ба вазифаи кормўз-судя таъин гардида, барои боз њам такмил додани савияи донишу малакаи касбии худ кўшиш ба харљ медињанд.

Дар охир, бори дигар Шуморо њозирини гиромї бо ин љашни фархунда муборакбод гуфта, бароятон муваффаќияту бурдборињо орзумандам.



[1]

Суханронї дар маљлиси васеи кормандони маќомоти судї бахшида ба 22-умин солгарди Истиќлолияти давлатии Чумхурии Точикистон, ш. Душанбе, 6 сентябри соли 2013.

 

 

Ќаландарова М.С.

Муовини Раиси Шўрои

адлияи Љумњурии Тољикистон

Наќши Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар тањкими њокимияти судї

Конститутсия дар њаёти љомеа њамчун муайянкунандаи њадду њудуди салоњияти маќомоти давлатї, иќтидори сиёсї ва кафолати њифзи њуќуќњои инсон арзёбї мегардад, ки вобаста ба ин, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон баён намудаанд, ки «Конститутсия санади воќеан таърихиву муќаддаси њар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатњои љомеа мебошад».

Дар баробари мустаќилият ба даст овардани Тољикистон, барои ба таври воќеї њимоя намудани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, манфиатњои давлат, ташкилот ва муассисањо санадњое лозим гардидаанд, ки таљљасумгари чунин манфиатњо бошанд. Ќабули чунин як санади муњиме, ки тамоми љабњањои хаёти сиёсї, иќтисодї, иљтимоиро дарбар мегирад, Конститутсияи нави давлати соњибихитиёр буда метавонист.

Вобаста ба ин, 6 ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тољикон Конститутсияи давлати соњибистиќлоли Тољикистон бо роњи райъпурсии умумихалќї ќабул гардид, ки он дорои хислату пањлуњои гуногун мебошад. Аз љумла, Конститутсия ќонуни устувор буда, онро маќомоте, ки дар чањорчўбаи меъёру муќаррароти он таъсис ёфтаанд, наметавонанд таѓйир дињанд. Ворид намудани таѓйиру иловањо ба он бо тартибе ки худи Сарќонун муќаррар намудааст, сурат мегирад. Њокимияти давлатї дар асоси таљзияи он ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї амалї карда шуда, њифз, риоя ва таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, волоияти ќонун, муайян кардани маќсад, мазмун ва татбиќи ќонунњо, фаъолияти њокимияти конунгузор, иљроия, мањаллї, худидоракунии мањаллї ва ба воситаи њокимияти судї таъмин ва аз љониби судњо амалї гардидани онњоро кафолат додааст. Њамзамон се шохаи њокимияти давлатї мустаќиман дар мувофиќа бо муќаррароти он фаъолият мекунанд. Ќонуни олии кишвар инчунин муайянкунандаи мазмун ва муњтавои њамаи ќонунњои он мебошад.

Ќобили тазаккур аст, ки ин аввалин ислоњоти конститутсионї буд, ки њокимияти судї њамчун рукни мустаќили њокимияти давлат танњо ба Конститутсия ва ќонун итоаткунанда эътироф гардида, масъалањои вобаста ба њуќуќ ва озодињои инсон мањаки асосї ва мавќеи хосаро ишѓол намуд.

Бо маќсади ба Ќонуни асосї мутобиќ гардонидани ќонунњои марбут ба фаъолияти судї, як ќатор ќонунњои нав, аз љумла: «Дар бораи сохтори судї», «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи судњои иќтисодии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи Суди Олии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи судњои њарбии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи маќоми судяњо» ќабул гардида, дар онњо вазифањо, салоњият, њайати судњо, талабот нисбат ба номзадњо ба вазифаи судягї, кафолати мустаќилияти онњо, тартиби интихобу таъин намудан, вазъияти иљтимоиию моддии судяњо, масъулияту љавобгарї ќабул гардиданд, ки принсипи мустаќилияти судяњо, танњо аз љониби судњо амалї намудани адолати судиро таљассум намудаанд.

Бо дарназардошти муњим будани наќши маќомоти судї дар бунёди љомеаи демокративу њуќуќбунёд, тањкими конуният, тартиботи њуќуќї, њифзи њуќуќу манфиатњои шањрвандон 14 апрели соли 1997 Президенти мамлакат «Дар бораи баъзе тадбирњо оид ба таъмини мустаќилияти њокимияти судии Љумњурии Тољикистон» фармон ба имзо расонидаанд.

Аз ваќти ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикис­тон то имрўз дар њаёти сиёсиву иќтисодї ва иљтимоиву фарњангии кишварамон дигаргунињои куллї, ба монанди: ба имзо расидани Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї ба амал омаданд, ки ворид намудани таѓйироту иловањоро ба Ќонуни асосї таќозо намуданд.

Минбаъд бо роњи райъпурсии умумихалќї ба Сарќонуни Љум­њурии Тољикистон 26 сентябри соли 1999 як ќатор таѓйиру иловањо ворид карда шуд. Аз љумла, дар моддаи 69 Ќонуни асосї ба салоњияти Президенти Љумњурии Тољикистон масоили таъсис додани Шўрои адлия пешбинї гардид ва дар ин замина бо маќсади такмили низоми судї-њуќуќї ва таъмини мустаќилияти маќомоти судї бо Фармони Президенти кишвар аз 14 декабри соли 1999 тањти №48 маќоми коллегиалї – Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон таъсис ёфта, он дар доираи салоњияти худ сиёсати давлатиро дар соњаи њокимияти судї ба амал мебарорад.

Махсусан бояд ќайд намуд, ки мањз бо кўшишу талоши Роњбари давлат маќомоти судї аз тобеияти дигар шохаи њокимияти давлатї бароварда, барои воќеан таъмин намудани мустаќилияти он ќадамњои устувор гузошта шуд.

Вобаста ба рушди муносибатњои љамъиятї љињати таъмин намудани ягонагї, мустаќилї, волоияти ќонун ва бо маќсади мукаммал гардонидани ќонунгузории танзимкунандаи фаъолияти маќомоти судї, 6 августи соли 2001 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон» ќабул гардида, он тамоми муносибатњое, ки ба тарзи ташкил ва фаъолияти тамоми судњои кишвар (ба истиснои Суди конститутсионї), вазифањои суд, мустаќилияту дахлнопазирии судя, манъ будани дахолат ба фаъолияти суд, њатмї будани иљроиши санадњои судї, таъмини фаъолияти ташкилї ва моддї-техникии судњо ва дигарњоро дарбар мегирад.

Ниёзмандињои сиёсии љомеаи Тољикистон ва талаботу пешрафти он талаб менамуд, ки муќаррароту меъёрњои конститутсионї такмил дода шуда, он ба талаботи замони муосир мувофиќ гардонида шаванд. Дар ин бора намояндагони халќ- аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагон бо пешнињод оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Конститутсия ташаббус намуда, шањрвандони кишвар 22 июни соли 2003 љињати ворид намудани таѓйиру иловањо ба Конститутсия райъ доданд, ки барои пойдору устувор гардидани оѓози раванди татбиќи њадафњои стратегии давлат, таъмини истиќлолияти энергетикиву аз бунбасти коммуникатсионї рањої бахшидани кишвар, тањкими минбаъдаи дастовардњои истиќлолият, мустањкам гардонидани рукнњои давлатдорї, масъалањои њуќуќу озодињои инсон шароити мусоид фароњам овард.

Тавре дар боло ќайд гардид, иловањои ба Сарќонун воридшуда ба њуќуќу озодињои инсон дахл дошта, инсон, њуќуќ ва озодињои онро арзиши олї эълон намудаанд.

Конститутсия муайянкунандаи вазъи њуќуќии инсон буда, таъмини њифзу риояи онро кафолат медињад ва дар он чунин омадааст: «Хуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд бевосита амалї мешаванд. Онњо маќсад, мазмун ва татбиќи ќонунњо, фаъолияти њокимияти ќонунгузор, иљроия, мањаллї ва маќомоти худидоракунии мањаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи њокимияти судї таъмин мегарданд.»

Дар баробари ин, Ќонуни асосї њангоми пайдо шудани зарурияти ќонунї мањдуд кардани њуќуќу озодињои шањрвандро низ пешбинї намуда, ин амал аз љониби маќомоти судї анљом дода мешавад.

Њамзамон, тибќи таѓйироти ба Сарќонун воридшуда, бо назардошти наќшу мавќеи њокимияти судї, моддаи 84 чунин меъёрро пешбинї мекунад: «Њокимияти судї мустаќил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судњо амалї мегардад. Њокимияти судї њуќуќ, озодии инсону шањрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисањо, ќонунияту адолатро њифз менамояд.».

Бо маќсади таъмини мустаќилияти судњо муњлати ваколати судяњо10 сол ва синни нињоии пешнињод намудан ба вазифаи судягї 65 солагї муќаррар гардид.

Дар заминаи ин ислоњот, Љаноби Олї, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон баён намудаанд: «Ин дигар­гунињои куллї мањз ба хотири идома бахшидан ба ислоњоти њуќуќї ва таъмини мустаќилияти судї равона гардидаанд ва ба талаботи давру замон мувофиќ мебошанд».

Ќабули таѓйиру иловањо ба Конститутсия идомаи мантиќии ислоњоти конститутсионї дар љумњурї буда, барои ислоњоти судї-њуќуќї замина гузошт.

Њанўз 20 апрели соли 2006 Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар бораи зарурияти гузаронидани ислоњоти судї-њуќуќї махсус таъкид намуд.

Бобати иљрои вазифањои гузошташуда, то ин давр ду Барномаи ислоњоти судї - њуќуќї тасдиќ гардида, дар ин раванд як ќатор кодексњои мурофиавї, Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурї, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи истењсолоти иљро» ва дигар санадњои њуќуќї тањия ва ќабул карда шуданд, ки пеш аз њама маќсади онњо тањкими минбаъдаи њокимияти судї, баланд бардоштани наќши суд дар љомеа ва таъмини рушди низоми ќонунгузории мамлакат мањсуб меёбад.

Инчунин, 20 марти соли 2008 ба Ќонуни конститутсионї «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон» таѓйирот ворид карда шуда, дар сохтори судї низоми нав вазифаи коромўз - судя љорї карда шуд.

Айни замон, тибќи талаботи Ќонуни конститутсионии зикрёфта шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи судя пешбарї мешаванд, бо пешнињоди комиссияи имтињонии Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон ба муњлати як сол ба сифати коромўз - судя фаъолият менамоянд.

Дар раванди ислоњоти судї - њуќуќї љињати махсусгардонии баррасии парвандањои оилавї ва маъмурї тадбирњо андешида шуда, тибќи муќаррароти Ќонуни конститутсионї «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон» дар њайати судњои болої коллегияњои судї оид ба парвандањои маъмурию оилавї таъсис дода шуданд. Раисони суд дар судњои шањру ноњияњо судяњоеро, ки парвандаи оилавї ва њуќуќвайронкунии маъмуриро баррасї мекунанд, муайян мекунанд.

Бо ин васила, махсусгардонии парвандањо ба роњ монда шуда, дар муњлатњои муќаррарнамудаи ќонун баррасї гардидани бањсњои судї, ба роњ мондани таљрибаи дурусти судї ва ќабули ќарорњои ќонуниву асоснок таъмин мегардад.

Њамзамон, вобаста ба муњлат ва тартиби баррасии парвандањо ва аз байн бурдани баррасии такрории онњо аз судњои иќтисодї марњилаи аппелатсионї хориљ гардида, салоњияти суди марњилаи кассатсионї васеъ гардид.

Љомеаи имрўза дар марњилаи таърихии инкишофи худ ќарор дорад. Бо маќсади ба талаботи замони муосир мутобиќ намудани танзими муносибатњои љамъиятї, ќабл аз њама таќозо мегардад, ки ба танзими ќонунї ва кафолатњои њифзи судї ањамияти љиддї дода шавад. Зеро рушду такомули муносибатњои љамъиятї ва тањкими кафолати њифзи судии онњо барои инкишофу пешравии љомеа муњим ва зарур мебошад.

Бо дарназардошти ин омилњо Президенти Љумњурии Тољикистон дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олї аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид намуданд: «Воќеан, раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки маќомоти судї, ки асоси таъминкунандаи адолати иљтимої мебошад, тасаввур кардан ѓайриимкон аст.

Чунин њолат моро водор менамояд, ки ислоњотро дар самти такмили сохтор ва рушди минбаъдаи фаъолияти маќомоти судї идома бахшем.».

Айни замон, бобати иљрои дастури супоришњои Сарвари давлат аз љониби гуруњи корї тањияи лоињаи Барномаи нави ислоњоти судї-њуќуќї идома дорад.

Албатта, дар роњи ислоњоти судї-њуќуќї њоло масъалањои њалталаб њастанд, ки он ба муњлати ваколати судяњо, яъне таъин намудани якумраи судяњо ба мансаб, таъминоти судњо бо биноњои нави замонавї, таљњизотњои техникї, рушди институтњои ѓайрисудии њалли бањсњо ва дигарњо вобастагї доранд.

Ба манзури идома бахшидан ба ислоњоти судї-њуќуќї, таъмини иљрои талаботи Конститутсия ва санадњои байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон, эњтиром ба њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, риояи муќаррароти Ќонуни асосии кишвар вазифаи муќаддаси њар яки мо буда, барои воќеан дар њаёт амалї намудани онњо наќши маќомоти судї бояд назаррас бошад.

Шўрои адлия ва судњои љумњурї љињати иљрои вазифањои мазкур, ки бо Конститутсия, Ќонуни конститутсионї «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон» марбут ба њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, манфиати давлат, ќонунияту адолат, таъмини мустаќилияти судяњо муќаррар гардидаанд, бо дарки баланди масъулияти касбї адолати судиро таъмин менамоянд.

Њозирини гиромї,

Бо нияту орзуњои нек љашни 19-умин солгарди ќабули Конститутсияи кишварро бароятон муборакбод гуфта, сињатмандию саодати зиндагї ва оромию субботи кишвари азизамонро таманно дорам.

Ташаккур ба диќќататон.

 

 

Сайдуллоев Ф.

Муовини мудири шуъбаи њукуки

Дастгоњи иљроияи Президенти

Љумњурии Тољикистон

Таъмини волоияти Конститутсия - кафолати амалишавии њуќуќу
озодињои инсон ва шањрванд

Њимояи њуќуќњои инсон дар тамоми давру замон дар мадди назари олимон, муњаќќиќон ва рўшанфикрон ќарор дошт.

Яке аз ќадимтарин санадњо оид ба њуќуќи инсон Эъломияи Куруши Кабир ба шумор меравад, ки соли 539 то милод ќабул шуда буд. Дар ин санад бори аввал озодии виљдон, њуќуќ ба мусофират ва дигар њуќуќњои фитрии инсон таљассум ёфтаанд. Дигар санадњои њуќуќии муњими таърихї ин Хартияи бузурги озодихоњї аз соли 1215, Билл оид ба њуќуќњо дар Британияи Кабир аз соли 1689, Билл оид ба њуќуќњо дар ШМА 1789-1791, Эъломияи њуќуќи инсон дар Фаронса мебошанд.

Њангоми љанги дуюми љањонї дар доираи СММ њамкории байналмилалї дар соњаи њуќуќи инсон ба вуљуд омад, ки дар асоси он ба Оинномаи СММ якчанд падидањо оид ба њуќуќи инсон дохил карда шуда, Эъломияи њуќуќи башар 10 декабри соли 1948 ќабул шуд, ки њуќуќњои инсон, аз љумла њуќуќ ба њаёт, ба њуќуќњои фитрии инсон мањсуб дониста шуд. Њамзамон, бо маќсади иљрои Эъломияи зикршуда, Љумњурии Тољикистон фитрї будани њуќуќ ба њаётро эътироф намуда, онро дар моддаи 5 Конститутсияи (Сарќонуни) худ инъикос намуд.

Баъд аз ќабули ин санади байналмилалї, љомеаи љањон ба тањкими низоми байналмилалии њимояи њуќуќи инсон шуруъ намуд. Аз љумла, якчанд санадњои универсалї, аз ќабили Паймони байналхалќї оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї, ќабул карда шуданд.

Љумњурии Тољикистон аз рўзњои аввали соњибистиќлол гаштанаш, инсон, њуќуќу озодињои онро арзиши олї эътироф намуд ва принсипу меъёрњои байналмилалиро оид ба њуќуќи инсонро пос медорад. Ин арзишњои умумибашарї соли 1994 бо ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон таљассуми минбаъдаи худро ёфтанд.

Аз љумла, дар моддаи 5 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон омадааст: «Инсон, њуќуќ ва озодињои он арзиши олї мебошанд. Њаёт ќадр номус ва дигар њуќуќњои фитрии инсон дахлнопазиранд. Њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро давлат эътироф, риоя ва њифз менамояд». Боби дуюми Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мањз ба њуќуќ, озодї ва вазифањои асосии инсон ва шањрванд бахшида шуда, 34 моддаро дар бар мегирад, ки ин аз сатњи олии танзими њуќуќии ин падида шањодат медињад.

Барои риоя ва њифзи њуќуќу озодињои инсон дар Љумњурии Тољикистон, ѓайр аз асосњои њуќуќии танзимнамої, кафолатњои зиёди амалигардонии онњо вуљуд доранд. Мисоли ин гуфтањо моддаи 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мебошад, ки ба њар кас кафолати њифзи судї додааст. Њуќуќ ба муњокимаи одилонаи судї яке аз заминањои љомеаи демократї ва њуќуќи асосии инсон аст.

Љумњурии Тољикистон бањри баланд бардоштани самаранокї ва шаффофияти мурофиаи судї, амалї гардонидани вазифањо оид ба њифзи њуќуќу озодињои инсон ва иљрои ўњдадорињои байналмилалї мунтазам чорањои амалї меандешад. Дар ин раванд, Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї ќабул гардид, ки бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 23 июни соли 2007 тасдиќ карда шудааст.

Инчунин, бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 январи соли 2011 Барномаи нави ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2013 тасдиќ карда шуд, ки он ба дастрасии адолати судї нигаронида шудааст.

Мутобиќи моддаи 21 Конститутсияи (Сарконуни) Љумњурии Тољикистон њуќуќи љабрдидаро ќонун њифз мекунад. Давлат њифзи судї ва љубронї зарарро барои љабрдида кафолат медињад. Ин меъёри конститутсионї водор месозад, ки љабрдида дар њама марњилањои судї аз њуќуќи конститутсионии худ истифода намояд.

Дар моддаи 18 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон гуфта мешавад, ки њар кас њаќќи зиндагї дорад. Ин њуќуќ бо санадњои байналмилалї низ мустањкам карда шудааст.

Љумњурии Тољикистон принсипу меъёрњои санадњои њуќуќии байналмилалиро эътироф намуда, сиёсати тадриљан бекор намудани њукми ќатлро ба амал бароварда истодааст. Шањодати ин сиёсати давлат оид ба кам кардани таркибњои љиноят, ки барои онњо њукми ќатл пешбинї шудааст ва минбаъд пурра боз доштани татбиќи чунин намуди љазо мебошад.

Дар Кодекси љиноятии соли 1961 барои содир намудани 44 љинояти махсусан вазнин љазои ќатл пешбинї шуда буд. Соли 1998 бо ќабули Кодекси нави љиноятї шумораи моддањое, ки љазои ќатлро пешбинї менамояд, то 16 адад кам карда шуд.

Мувофиќи таѓйиру иловањо аз 1 августи соли 2003 ба Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон миќдори моддањое, ки љазои ќатлро пешбинї менамуданд то 5 адад кам карда шуда, њукми ќатл ба занон ё шахсоне, ки то синни њаждањсолагї љиноят содир намудаанд, таъин карда намешавад.

 

Гузашта аз ин, дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 30 апрели соли 2004 ба иљрои њукми ќатл моратория эълон карда шуда, 15 июли соли 2004 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи боздоштани татбиќи љазои ќатл» ќабул гардид, ки мувофиќи он дар њудуди Љумњурии Тољикистон татбиќи љазои ќатл ба муњлати номуайян боздошта шуд, ки ин аз эњтироми баланди инсон, њуќуќу озодињои он чун арзиши олитарин ва сиёсати инсондўстонаи Љумњурии Тољикистон шањодат медињад.

Моддаи 18 Конститутсия шиканља, љазо ва муносибати ѓайри­инсониро манъ намудааст. Илова бар ин Љумњурии Тољикистон соли 1995 Конвенсияи зидди шиканља ва дигар намудњои муомила ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ва тањќиркунандаи шаъну шарафи инсониро ба тасвиб расонидааст. Инчунин соли 2010 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии љиноятї» ќабул карда шуд, ки асосњои њуќуќии њимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии љиноятї, чорањои амниятї, дастгирии иљтимоии онњоро танзим менамояд. Ќабули Ќонуни мазкур барои ташкили низоми њимояи шоњидон, аз љумла љабрдидагони шиканља шароит фароњам овард. Њамчунин ба ин монанд як ќатор чорањои муњим ва аввалиндараља бањри њимояи њуќуќи инсон аз шиканља амалї карда шуданд.

Њар шахс дар Тољикистон метавонад нуќтаи назари худро озодона баён намояд, ки ин дар моддаи 30 Конститутсия мустањкам карда шудааст. Дар ин замина дар Эъломияи умумиљањонии њуќуќи башар ва Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї низ гуфта шудааст, ки онњоро Љумњурии Тољикистон соли 1998 ба тасвиб расонидааст. Њамчунин, бо ин маќсад дар љумњурї як ќатор ќонунњо ба монанди: Ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њифзи иттилоот»; «Дар бораи иттилоот ва дигар воситањои ахбори омма»; «Дар бораи табъу нашр» ва дигар ќонунњои соњавї ќабул карда шудаанд, ки ин њуќуќро кафолат медињанд.

Љумњурии Тољикистон баъд аз ба даст овардани истиќлолият низоми бисёрњизбиро пеша намуд ва дар моддаи 28 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон њуќуќи шањрвандонро ба муттањид шудан, дар ташкили њизбњои сиёсї, аз љумла њизбњои характери демократї, динї, иттифоќњои касаба ва дигар иттињодияњои љамъиятї иштирок намуданро мустањкам намудааст. Инчунин, њуќуќ ба муттањидшавиро дар Љумњурии Тољикистон ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї», «Дар бораи њизбњои сиёсї», «Дар бораи иттифоќњои касаба ва кафолатњои фаъолияти онњо» ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї ба танзим медароранд.

Њуќуќ ба мењнатро Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон кафолат медињад. Ин њуќуќ дар худ маљмўи њуќуќу озодињо, аз љумла њуќуќ ба мењнат, њуќуќ ба интихоби озодии касб, њуќуќ ба њимоя аз бекорї, њуќуќ ба корпартої ва дигарњоро дар бар мегирад. Инчунин дар баробари њуќуќ ба мењнат, њуќуќ ба шароити одилона ва мусоиди мењнат кафолат дода мешавад.

Њуќуќ ба тањсил яке аз њуќуќњои муњими иљтимоии инсон буда, барои рушди шахсият ва љомеа заминаи муњим мебошад.

Ин њуќуќ бевосита дар Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Эъломияи умумии њуќуќи башар ва Паймони байнал­милалї доир ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї мустањкам карда шудааст.

Дар ин самт Љумњурии Тољикистон як ќатор барномањоро ќабул ва амалї намуда, «Системаи давлатии тањсил дар соњаи њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон», ки давраи солњои 2001-2010-ро фаро мегирад, аз љумлаи онњост.

Бо маќсади рушди соњаи маориф, соли 2010 - соли маориф ва фарњанги техникї эълон карда шуд. Бо ин маќсад барои фароњам овардани шароит нисбати тањсили духтарон ба ќонунгузории Љум­њурии Тољикистон таѓйирот ворид карда шуда, синни никоњї як сол баланд карда шуд. Инчунин, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» дар тањрири нав ќабул гардид, ки тибќи муќаррароти он низоми нави тањсил љорї карда мешавад.

Њамчунин, бо ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бањри ба даст овардани њадафњои дар боло зикршуда нигаронида шудааст, натиљањои мусбї нишон дода истодааст.

Яке аз нишонањои эњтиром нисбати њуќуќ ва инсон, баробарњуќуќ будани мардон ва занон мебошад, ки ин дар моддаи 17 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва як ќатор санадњои байналмилалї дарљ гардидааст.

Нисбати масъалаи мазкур дар Љумњурии Тољикистон ањамияти аввалиндараља дода мешавад. Ин аст, ки барои таъмини воќеии баробарњуќуќии занон Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа», Барномаи давлатии «Самтњои асосии сиёсати давлатї оид ба таъмин намудани имкониятњои баробари мардон ва занон барои солњои 2001-2010» ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва љобаљогузории кадрњои роњбарикунандаи Љумњурии Тољикистон аз њисоби занону духтарони лаёќатманд барои солњои 2007-2016 ќабул гардидаанд.

Тибќи Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон аз 20 апрели соли 2011 ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар њамаи сохторњо њатман як муовин аз њисоби занњо бояд бошад, ки ин аз њам њимоя аз њуќуќи занњо шањодат медињад.

Тазаккур бояд дод, ки бо маќсади муќовимат кардан барои зўроварї дар оила, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи пешгирии зўроварї дар оила» ќабул гардид, ки муносибатњои љамъиятиро вобаста ба пешгирии зўроварї дар оила танзим намуда, вазифањои субъектњои пешгирикунандаи зўроварї дар оиларо доир ба ошкор, пешгирї ва бартарафсозии сабаб ва шароитњои ба он мусоидаткунандаро муайян менамояд.

Ќайд кардан зарур аст, ки маъюбон дар Љумњурии Тољикистон зери сарпарастии њамаљониба ва назорати доимии давлат ќарор доранд. Ин аст, ки Љумњурии Тољикистон аз 26 ноябри соли 1993 ба Конвенсияи ташкилоти байналмилалии мењнат оид ба шуѓли маъюбон њамроњ шудааст. Инчунин, аз 12 апрели соли 1996 иштирокчии Муоњида оид ба њамкорї дар њалли масъалањои маъюбон дар доираи њамкорињои кишварњои узви Иттињоди Давлатњои Мустаќил мебошад. Дар ин масъала низ дар Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон як ќатор сабукињо ба монанди давомнокии кўтоњии ваќти кор, кафолатњо њангоми ќабул кардан ба кор, манъи мањдудсозии њуќуќ дар муносибатњои мењнатї, чорањои иловагї дар мавриди њифзи мењнати маъюбон ва ѓайрањо пешбинї шудааст. Илова бар ин Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њифзи иљтимоии маъюбон» аз 29 декабри соли 2010 дар тањрири нав ќабул гардид, ки бањри њимояи њуќуќи маъюбон нигаронида шуда, асосњои њуќуќї, иќтисодї ва ташкилии таъминоти њифзи иљтимоии маъюбонро муайян намуда, ба онњо имконияти баробари зиндагї ва њамгирої бо љомеаро фароњам меорад.

Яке аз масъалањои мубрами рўз масъалаи муњољитари мењнатї мебошад, ки дар шароити имрўза Љумњурии Тољикистон бањри њимояи њуќуќи ин гурўњи манфиатовари љамъият як ќатор корњои муњимро амалї намудааст. Масалан, Љумњурии Тољикистон Конвенсияи байналмилалї оид ба њимояи муњољирони мењнатї ва аъзои оилаи онњоро 28 ноябри соли 2001 ба тасвиб расонида, барои танзими равандњои муњољитари мењнатї Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи муњољират» ва Стратегияи миллии муњољирати мењнатии шањрвандони Љумњурии Тољикистонро барои солњои 2010-2015 ќабул кардааст.

Њамчунин, берун аз кишвар дар давлатњое, ки теъдоди зиёди муњољирони мењнатї озими сафари он њастанд ва ё дар он љо ќарор доранд, љамъиятњои тољикон амал мекунанд, ки фаъолияти асосии онњо бањри њимояи њуќуќи муњољирони мењнатї нигаронида шудааст.

Илова ба гуфтањои боло дар Љумњурии Тољикистон як ќатор корњои дигар низ, ба монанди: таъсис додани маќоми Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон ба амал бароварда шудааст, ки маќомоти номбурда бањри њимоя ва дар амал татбиќ намудани њуќуќи инсон, хизмат менамояд.


 

Юсупов Б.Ѓ.

Сардори Раёсати пешгирии коррупсияи

Агентии назорати давлатии

молиявї ва мубориза бо коррупсияи

Љумњурии Тољикистон, полковники адлия


Падидањои Модели Конститутсионии давлати њуќуќбунёд дар Тољикистон

Президенти кишварамон муњтарам Эмомалї Рахмон дар баро­мади хеш дар мулоќот бо намояндагони њизбњои сиёсї, иттињодияњои љамъиятї ва марказњои фарњангии халќњои сокини Тољикистон аз 1 марти соли 1996 кайд намуда буданд, ки агар аъзои љомеа, ташкилотњои љамъиятї ба монанди иттифоќњои касаба дар тамоми зинањо шахсони дорои тафакури нав, ташабускор, ва ќобилияти ташкилотчигї доштаро ба сафи пеш бароранд, ин як мактаби хеле хуб тайёр кардан ва интихоби кадрњо аз тарафи худи љамъият мегардад[1].

Давлатдорї аз сатњи кофии дониши њуќуќии шањрвандони он ва шуури њуќуќии љомеа вобастагї дорад. Чи хеле ки дар моддаи 16 Эъломияи њуќуќи инсон ва шањрванди Фаронса (1789) омадааст: «Љомеае, ки дар он тазмини (кафолати) њуќуќ таъмин нашудааст ва таљзияи хокимият арзи хастї накардааст, наметавонад дорои Ќонуни асосї бошад»[2]. «Истилоњи конститутсия («барќарор ме­кунам», «таъсис менамоям»), дорои тарихи тўлонист, аммо ба сифати ќонуни асосии давлат, ки манзури асосиаш аз мањдуд сохтани њокимияти бењадди (шоњи мустабид), танзимкунандаи равобити мутаќобилаи миёни маќомоти мухталифи давлат ва аз њама муњим муайянкунандаи њадду њуддуди озодихои инсон мебошад, танњо бо оѓози таърихи навин бо пирўзии низоми сармоядорї дар кишварњои Иёлоти Мутањидаи Амрико рў ба њастї ниход».

Аз ин рў, дар шароити муосири бунёди давлати њуќуќбунёд дар Љумњурии Тољикистон андешањои зеринро иброз медорам:

I. Моњияти давлати њуќуќбунёд – Давлати њуќуќбунёд – давлати демократї мебошад, ки дар он волоияти ќонун, баробарии њама дар назди ќонун ва суди мустаќил, кафолат дода мешавад.

II. Модели конститутсионии давлати њуќуќбунёд пеш аз њама мустањкамкунии принсипњои он дар ќонунгузорї фањмида мешавад. Арзиши олии њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро њамчун модели конститутсионии давлати њуќуќбунёд эътироф кардан мумкин аст.

1. Инсон њуќуќу озодињои он арзиши олї мебошад, яъне на фаќат њуќуќу озодињо, балки худи инсон њамчун арзиши олї эътироф мешавад. Давлат ин гуна арзишњоро на эљод, балки эътироф мекунад. Аксари моддањои боби дуюми Сарќонун ба њуќуќу озодињои мушаххас бахшида шудаанд. Онњоро ба се гуруњи асосї људо кардан мумкин аст:

1) Фардї – њуќуќ ба њаёт, саломатї, интихоби озодонаи љои зист, њуќуќ ба номус ва ѓ.

2) Сиёсї – њуќуќ ба иштирок дар интихобот ва идоракунии давлат, интихоб шудан ва ѓ.

3) Иљтимої - иќтисодї ва фарњангї – њуќуќ ба таъминоти иљти­мої, тањсил, нафаќа, манзил, моликият, иштирок дар њаёти фарњангї ва ѓ.

2. Принсипи таљзияи њоимиятро аз нигоњи аќидаи «низоми боздориву мувозинатї» дарк кардан мумкин аст.

3. Волоияти ќонун - маънои онро дорад, ки ќонуни асосї дорои ќувваи олии юридикї буда, меъёрњои он бевосита амалї мешаванд. Мувофиќи ќисми 3 моддаи 10 Конститутсия бартарияти меъёрњои санадњои байналмилалї аз болои ќонунњои љумњурї этироф мешавад. 4. Мустаќилияти суд – дар моддањои 84-89 ифода меёбад, мувофиќи моддаи 87-уми Сарќонун судяњо дар фаъолияти худ мустаќил буда, танњо бо Конститутсия ва ќонунњо итоат мекунанд.

5. Масъулияти дутарафаи давлат ва шахсиятро, дар формулаи бењтарини назария ва амали модели конститутсионии давлати њуќуќбунёд дидан мумкин аст, ки тибќи он барои шањрвандон ѓайр аз оне ки ќонун манъ кардааст, њама чиз иљозат дода шудааст. Барои мансабдорони давлат бошад, фаќат он чизе иљозат дода шудааст, ки ќонун муайян кардааст».

III. Роњњои бењтар намудан ва амалї гардонии принсипњои модели конститутсионии давлати њуќуќбунёд дар чунин андеша ифода меёбад. Ба монанди номувофик омадани мувозинати таљзияњои њокимиятњо, вуљуд набудани низоми баланд, сифати муковиматњо ва худдорињо, норасогии кафолатњои иќтисодии њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, сатњи пасти шуури њуќуќї мебошад.



[1] См.: Ризоияти чомеамароми мост (Public consent is our goal). – Душанбе, 2002. -С.3-10.

[2] Хамидов Халифабобо. Таќомули ќонуни асосии Точикистони муосир. Душанбе: Конуният, 2005. -С.84.

 

Муќумов Н.

Сардори шуъбаи њуќуќ,

њифзи њуќуќи муаллиф ва њуќуќњои

вобастаи Вазорати фарњанги

Љумњурии Тољикистон

њуќуќи муаллиф ва Созишнома оид
ба љанбањои тиљоратии њуќуќи
моликияти зењнї

Бо маќсади ба танзим даровардани муносибати тиљоратии байни кишварњо ва монеањое, ки садди роњи он мешаванд, соли 1947 бо ташаббуси намояндагони 23 кишвари љањон созмони байналмилалї бо номи Созишномаи генералї оид ба бољ ва тиљорат (ГАТТ) таъсис дода шуд. Созмони мазкур аз санаи таъсисёбиаш то соли 2001 њашт давраи мулоќотї гузаронд, ки дар онњо асосан масъалањои танзим ва дурнамои рушди муносибатњои савдои байналмилалї баррасї шуданд ва давраи нeњуми он дар шањри Дохаи давлати Ќатар баргузор гардид.

Дар давраи гуфтушунидњои Уругвай (солњои 1986 то 1994) доираи масъалањои баррасишаванда васеъ гардида, ба ѓайр аз масъалањои бољ ва тадбирњои зиддидепингии бољ, дигар мавзуњои ѓайрибољї, аз ќабили: хизматрасонї, моликияти зењнї, ба танзим даровардани бањсњо, масъалањои нассољї, аграрї ва ѓ. мавриди баррасї ќарор гирифтанд. Мањз дар њамин давраи мулоќот масъалаи таъсис додани ташкилоти нав - Созмони умумиљањонии савдо ба миён омад.

Созмони умумиљањонии савдо (СУС) моњи январи соли 1995 таъсис дода шуд. Созмони мазкур аз 159 давлат иборат буда, вазифањои асосии он ба њалли масъалањои зерин равона шудааст:

– тањия намудан ва татбиќи созишномањои бисёрљонибаи тиљо­ратї;

– дастрасии имконот барои њалли бањсњо дар соњаи савдо;

– назорат аз болои сиёсати тиљоратии давлатњо, њамкорї бо нињодњои байналмилалие, ки бо њалли масъалањои иќтисодї маш­ѓуланд ва ѓ.

Љумњурии Тољикистон бо маќсади њамроњ шудан ба СУС моњи майи соли 2001 ба унвони Котиботи Созмони мазкур мактуб – дархост ирсол намуд. Худи њамон сол 7 сентябри соли 2001, тањти №92-ф Фармоиши Њукумати Љумњурии Тољикистон ќабул гардид. Бо ин маќсад суратбахшии раванди њамроњшавии Љумњурии Тољикистон ба Ташкилоти умумиљањонии савдо (ТУС), тањияи њуљљатБо маќсади рушди соњаи маориф, соли 2010 - соли маориф ва фарњанги техникї эълон карда шуд. Бо ин маќсад барои фароњам овардани шароит нисбати тањсили духтарон ба ќонунгузории Љум­њурии Тољикистон таѓйирот ворид карда шуда, синни никоњї як сол баланд карда шуд. Инчунин, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» дар тањрири нав ќабул гардид, ки тибќи муќаррароти он низоми нави тањсил љорї карда мешавад.њои зарурї, инчунин мутобиќ намудани ќонунгузории љории Љумњурии Тољикистон ба талаботи ТУС Комиссияи байниидоравї таъсис дода шуд ва ба он аз вазорату идорањои дахлдор, шахсони мутасаддї шомил карда шуданд.

ЯкrightMsoNormalе аз масъалањои муњиме, ки тибќи талаботи њуљљатњои СУС кишвари ба созмони мазкур њамроњшаванда бояд дар амал татбиќ кунад, ин муќаррароти Созишнома оид ба љанбањои тиљоратии њуќуќи моликияти зењнї (минбаъд Созишнома) мебошад.

Мутобиќи Созишнома њар як кишвари ба СУС њамроњшаванда бояд талаботи Конвенсияњои Париж, Берн, Рим ва дигар конвенсияю созишномањое, ки барои рушди савдои ќонунї мусоидат мекунанд, дар амал татбиќ намояд.

Созишнома мустаќил амал намекунад ва аз кишварњои аъзо таќо­зо мекунад, ки ќонун ва санадњои меъёрии њуќуќии миллї бояд љавобгўи муќаррароти он бошанд. Созишнома аз кишварњои узви СУС талаб мекунад, ки муќаррароти он на танњо нисбати шањрвандони худ, балки нисбати шањрвандони дигар давлатњои аъзо низ, татбиќ карда шавад.

Дар созишнома тањти мафњуми «шањрванд» шахсони воќеї ва њуќуќие фањмида мешаванд, ки муаллиф ва ё соњибњуќуќи объктњои моликияти зењнї буда, њимояи ќонунии онњо тибќи талаботи конвенсияњои Париж, Берн, Рим, њамчунин Шартномаи Вашингтон оид ба моликияти зењнї нисбати топологияи микросехемањои интегралї (IPIC) ба роњ монда шаванд, яъне созишнома аз кишварњои аъзо таќозо мекунад, ки талаботи конвенсияњои зикршударо татбиќ намояд.

Дар санади мазкур роњњои татбиќи муќаррароти он зикр нашудааст. Њар як кишвари аъзо њуќуќ дорад, ки барои манфиатњои муаллифон њимояи васеътар ва бештареро дар ќонунгузории миллї, љорї намояд. Масалан, муњлати амали њуќуќњои муаллифонро зиёд кунад, ба номгўи объектњои моликияти зењнї таѓйирот ворид намояд ва ѓ. амалњоро ба љо оварад, вале онњо набояд барои татбиќ кардани талаботи созишномаи байналмилалї садди роњ шаванд (ниг. ба моддаи 1, бандњои 1 ва 3)

Созишнома дорои муќаррароти асосї ва принсипњои зерин мебошад:

– Мафњум ва объектњои моликияти зењниро муайян мекунад (моддаи 1, банди 2). Ба номгўи ин мафњумњо объектњои њуќуќи муаллиф ва њуќуќњои вобаста ба он, намунањои саноатї, ишорањои љуѓрофї, патентњо, топологияи микросехемањои интегралї ва иттилооти махфї, љамъ њафт объекти моликияти зењнї ворид карда шуданд;

– Нисбати њимояи объектњои њуќуќи муаллиф ва моликияти саноатї созишнома талаб мекунад, ки моддањои 1 – 12 ва 19 Ковенсияи Париж оид ба њимояи моликияти саноатї ва моддањои 1 – 21 ва замимаи Конвенсияи Берн оид ба њимояи асарњои адабї ва бадеї, риоя карда шаванд.

Њамзамон созишнома муќаррар мекунад, ки тамоми ўњдадорињое, ки кишварњои аъзо нисбати канвенсияњои мазкур доранд, набояд халалдор гарданд (моддаи 2. 2.);

– принсипи рељаи миллї. Принсипи мазкур талаб мекунад, ки шањрвандони кишварњои аъзои СУС бояд мисли шањрвандони худї аз тамоми имкониятњои њуќуќие, ки дар ќонунгузории миллї бо дарназардошти талаботи конвенсияњои зикргардида ва Шартномаи Вашингтон оид ба моликияти зењнї нисбати топологияи микросхемањои интегралї љой доранд, бархурдор бошанд;

– принсипи шароити мусоидтар нисбати аъзои созишнома. Ин принсип таќозо мекунад, ки њар як имтиёз ва бартарие, ки ба ягон шањрванди кишвари дигар дода мешавад, он бояд њатман (бо баъзе истисноњо) ба тамоми шањрвандони давлатњои узви СУС, пањн карда шаванд;

– њимояи объектњои мављуда. Њангоми њамроњ шудани кишвар ба СУС бояд њимояи объектњои моликияти зењние, ки дар кишвар эљод ва ихтироъшуда, ки муњлати амалашон ба итмом нарасидааст, њифз карда шаванд. Масалан, кишварњои ба СУС њамроњшаванда бояд мутобиќи моддаи 18 Конвенсияи Берн ба ќонунњои соњавї муќаррароти њимояи объктњоеро, ки дар кишвари аъзо асар эљод шудааст ва ба моликияти љамъиятї нагузаштаанд, бояд њифз карда шаванд.

Яке аз масъалахои муњиме, ки аз талаботи созишнома бармеояд, ин дар амал татбиќ намудани муќаррароти ќонунгузории соњавї ва таъмини њимояи соњибњуќуќони объектњои моликяти зењнї мебошад. Њар як соњибњуќуќ бояд аз имкониятњои њимояи њуќуќї васеъ истифода карда, њангоми вайрон шудани њуќуќњояшон аз дастгирии маќомоти њифзи њуќуќ, суд ва гумрук бархурдор бошанд.

Созишнома талаб мекунад, ки (моддаи 41) аз љониби кишвари аъзо, бояд чорањои муассир нисбати њимояи объектњои моликияти зењнї дида шаванд, то онњо имкони гирифтани пеши њар гуна њуќуќвайронкунињоро дошта бошанд. Чунин тадбирњо набояд аз мурољиаткунанда ваќти зиёд ва маблаѓи калонро талаб кунад. Ќарорњои судї ба исботи тарафњо такя намуда, љабрдида бояд имкони фикри худро иброз намудан ва ба таври хаттї пешнињод кардани онро дошта бошад.

Созишнома принсипњои њуќуќи гражданї ва маъмуриро, ки бояд аз љониби кишварњои аъзо риоя карда шаванд, љорї намудааст. Дар он муќаррарот оид ба тартиби беѓаразона ва боадолатона њал намудани масъала (моддаи 42), исбот (моддаи 43), манъи судї (моддаи 44), барќарор кардани зарари расонидашуда (моддаи 45), њуќуќ ба гирифтани иттилоот (моддаи 47) ва баррасии масъалањои дигар зикр шудааст. Масалан, суд метавонад аз вайронкунандаи њуќуќ талаб кунад, ки ба соњибњуќуќ дар бораи шахсоне, ки дар истењсол ва пањн кардани нусхањои ѓайриќонунии асар иштирок кардаанд, иттилоъ дињад.

Созишнома аз кишварњои аъзо талаб мекунад, ки онњо бояд тартиби татбиќи љазои љиної ба тариќи марњум кардан аз озодї, љаримаи пулї, њабс намудан, мусодира ва нобуд кардани маводи ѓайриќонунї ва дастгоњњои истењсолкунандаро њангоми вайрон кардани њуќуќњои моликияти зењнї дошта бошанд.

Боби 4 созишнома масъалањои пешгирии воридот ва содироти объектњои моликияти зењниро тавассути сарњад дар бар мегирад. Муќаррароти боби мазкур талаб мекунад, ки соњибњуќуќе, ки дар бораи убур намудани маводи ѓайриќонунї аз сарњад иттилои кофї дорад, имкони бо аризаи хаттї мурољиат кардан ва боздошт намудани чунин молњоро аз љониби кормандони гумрук дошта бошад ва тартиби он бояд дар ќонунгузории кишварњои аъзои СУС зикр карда шавад.

Аз баррасии муќаррароти созишнома оид ба љанбањои њуќуќии моликияти зењнї чунин хулоса менамоем, ки он дар мадди аввал мутобиќ намудани ќонунгузории кишварњои аъзоро ба талаботи конвенсияњои асосии амалкунандаи соњаи моликияти зењнї ва сониян дар амал татбиќ намудани талаботи ќонунњои миллиро, таќозо менамояд.

Кишвари ба СУС њамроњшаванда якчанд давраи мулоќотиро мегузаронад:

1. Давраи пешнињод намудани изњорот оид ба њамроњ шудан ба СУС.

Њукумати Љумњурии Тољикистон соли 2001 ба котиботи СУС дар бораи хоњиши њамроњ шудан ба СУС мактуб – изњорот равон намуд ва моњи июли њамон сол Шўрои генералии СУС дар маљлиси худ онро баррасї карда, ба Тољикистон маќоми кишвари нозирро дар маљлисњои СУС розигї дод ва дар бораи он ќарори махсус ќабул кард.

2. Њар як кишвари ба СУС њамроњшаванда бояд изњороти худро дар бораи савдо пешнињод намояд.

Дар давраи аввали њамроњшавї њукумат бояд изњороте (меморандиум), ки тамоми љанбањои сиёсии тиљоратї ва иќтисодиеро, ки ба созишномањои СУС алоќамандї доранд, пешнињод кунад.

Тољикистон соли 2002 изњороти низоми савдои хориљиро тањия намуд ва моњи феврали соли 2003 расман ба Котиботи СУС пешнињод кард ва он барои омўзиш ба намояндагони кишварњои аъзои СУС дастрас карда шуд.

3. Масъалаи шартњои воридшавї аз љониби Гурўњи кории мулоќотї, ки аз љониби Шўрои генералї таъсис дода мешавад, баррасї мегардад. Њар як кишвари хоњишманд метавонад ба ин гурўњ, шомил шавад.

Гурўњи корї масъалањои низоми тиљорати хориљии кишвар, ќонунгузорї ва дар амал татбиќ шудани онњоро баррасї мекунад.

4. Намояндагони узви СУС изњороте, ки аз љониби кишвари њамроњшаванда пешнињод шудааст баррасї намуда, ба онњо бањо медињанд. Аъзои СУС бештар ба љанбањои сиёсати тиљоратии кишвари изњоротдињанда таваљљўњ намуда, хулосањои худро пешнињод мекунанд.

5. Давраи оянда гуфтушуниди байни кишвари изњоротдињанда ва аъзои СУС дар бар мегирад. Дар онњо шарту шароит ва дигар масъалањои вобаста ба музокироти байни намояндагони давлати изњоротдода ва аъзоёни СУС тарњрезї карда мешаванд.

Љумњурии Тољикистон аз соли 2001 то 2012 нўњ давраи муло­ќотиро гузаронд. Аввалин гуфтушунидњои байни гурўњи мулоќотї бо Гурўњи корї соли 2004 баргузор гардид.

6. Њангоми ба итмом расидани мулоќот, Гуруњи корї хулосаи худро оид ба натиљаи гуфтушунидњо ба Шўрои генералии СУС пешнињод мекунад ва лоињаи ќарори Шўрои генералї ва њуљљати њамроњшавї ба СУС тањия карда мешавад.

Гузориши Гуруњи корї ва њуљљат оид ба њамроњшавї бояд аз љониби Шўрои генералї, аз се ду њиссаи аъзо љонибдорї гардад, дар ин њолат ќабул карда мешавад. Ќарор дар бораи њамроњ шудан ба СУС баъд аз сї рўзи тасдиќ кардани санадњои зарурї аз тарафи кишвари њамроњшаванда ќабул карда мешавад.

Ќабл аз њамроњ шудан ба СУС, Љумњурии Тољикистон Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њуќуќи муаллиф ва њуќуќњои вобаста ба он»-ро моњи ноябри 1998 ќабул кард. Ќонуни мазкур дар асоси талаботи конвенсия ва созишномањои соњавї тањия шуда, њамон ваќт аз љониби муаллифон, олимон ва Созмони умумиљањонии моликияти зењнї бањои сазовор гирифта буд.

Бо гузашти ваќт, вобаста ба тараќќиёти илму техника, тарзи истифодаи объектњои њуќуќи муаллиф ва талаботи СУС ба ќонун солњои 2003, 2006 ва 2009 таѓйироту иловањо ворид карда шуданд.

Бо маќсади шарњ додани мафњуми «интишори аввалин» мутобиќи банди 3, моддаи 4 Конвенсияи Берн оид ба њимояи асарњои адабї ва бадеї, аниќ намудани асарњое, ки объекти њуќуќи муаллиф пазируфта намешаванд, хуќуќњои шахсии ѓайриамволии муаллифон њангоми иљрои вазифа ва супориши хизматї дар эљоди асар, њамчунин тартиби баќайдгирии асар, соли 2003 ба ќонун таѓйирот ворид карда шуд.

Соли 2006, бо маќсади ба ќонун ворид намудани мафњуми «рељаи миллї», њимояи объектњои њуќуќи муаллиф ва њуќуќњои вобаста ба он дар шакли раќамї ва истифодаи воситањои техникии њифзи њуќуќи муаллиф ва њуќуќњои вобаста ба он, таѓйирот ворид карда шуд.

Дар соли 2009 баъд аз вохўрињои дуљониба ва саволномањое, ки аз љониби баъзе кишварњои аъзои СУС ба мо расиданд, ба ќонун банди алоњида оид ба «ќувваи бозгашт» яъне асарњое, ки дар кишвари эљодшуда ба моликияти љамъиятї нагузаштаанд ва амали њуќуќи муаллифиашон ба итмом нарасидааст, бояд дар кишавари узви СУС њимоя карда шаванд, таѓйирот ворид карда шуд.

Баъд аз ќабул намудани Ќонун, се ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба андозањои њаќќи ќалами муаллифон ба тасвиб расидаанд, ки онњо муносибатњои байни муаллифон ва истифодабарандагони асарњоро ба танзим медароранд.

Љумњурии Тољикистон барои њифзи манфиатњои муаллифон дар хориљ аз кишвар, муаллифони кишварњои хориљї дар Тољикистон, узви Конвенсия ва созишномањои зерин мебошад: Конвесияи умумиљањонии њуќуќи муаллиф (зери тањрири соли 1952, аз соли 1992), Конвенсия дар бораи таъсиси Созмони умумиљањонии моликияти зењнї (аз соли 1994), Конвенсияи Берн «Оид ба њифзи асарњои адабї ва бадеї» (аз 9 марти соли 2000), Конвенсияи байналмилалї «Оид ба њифзи манфиатњои њунармандон – иљрогарон, истењсолкунандагони фонограммањо ва ташкилотњои радио ва телевизион» (аз 9 майи соли 2008), Ањдномаи Созмони умумљањонии моликияти зењнї оид ба њуќуќи муаллиф (5 апрели соли 2009), Ањдномаи Созмони умумиљањонии моликияти зењнї оид ба иљро ва фонограммањо (29 декабри соли 2010), Конвенсия оид ба њимояи манфиатњои истењсолкунандагони фонограммањо аз ѓайриќонунї аз нав имтењсол кардани фонограммаи онњо (2 октябри соли 2012).

Њамчунин дар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон бандњои алоњидае мављуданд, ки ба масъалањои моликияти зењнї, аз љумла њуќуќи муаллиф пешбинї шудаанд.

Баъд аз гуфтушунидњои тўлонї ва мутобиќ намудани ќонунгузорї бо санадњои СУС, 10 декабри соли 2012 дар маљлиси Шўрои генералї маљмўи њуљљатњо оид ба њамроњ шудани Љумњурии Тољикистон ба СУС ќабул карда шуд.

Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 31 январи соли 2013 њуљљати њамроњшавии Љумњурии Тољикистонро ба СУС тасдиќ кард ва аз 2 марсти соли 2013 Тољикистон расман 159-умин узви СУС пазируфта шуд.

Шомил шудани Љумњурии Тољикистон ба СУС барои роњ ёфтан ба бозори љањонї, муносибатњои озоди бемањдуд нисбати содироти мол ва зиёд шудани маблаѓгузорї ва рушди кишвар мусоидат хоњад кард.

Наќши моликияти зењнї дар муносибатњои тиљоратї басо назаррас аст. Дар давраи гуфтушунидњои Уругвай, ба масъалаи танзимдарории хариду фурўши объектњои моликияти зењнї таваљуњи хоса зоњир гардид. Дар натиљаи зањматњои зиёди мутахассисони соњавї дар њамкорї бо Созмони умумиљањонии моликияти зењнї, њуљљати СУС бо номи Созишнома оид ба љанбањои тиљоратии њуќуќи моликияти зењнї тањия ва ќабул карда шуд, ки он масъалањои њуќуќии моликияти зењниро дар муносибатњои тиљоратии байни кишварњои аъзо танзим намуда, барои мутобиќ кардани ќонунгузории миллии соњавї бо талаботи он замина гузошт.

Ќабул намудани Созишнома, асоси воќеї ва талаботи замони муосир буд. Дар кишварњои тараќќикарда њаљми маводи моликияти зењнї 5 – 7 фоизи маљмўи мањсулоти дохилиро ташкил медињад, ки онњо аз баъзе соњањо ба мисли барќ, кишоварзї ва ѓ. даромади бештар медињад.

Чї тавре ќаблан зикр кардем, ќонунгузории кишвари мо, аз љумла соњаи моликияти зењнї љавобгўи талаботи њуљљатњои СУС аст. Ин ба ањли эљод, ихтирокорон ва навоварон имкон медињад, ки њуќуќњояшон њам дар дохили кишвар ва њам дар хориљ аз кишвар њифз карда шаванд.

Эътироф кардани созишномањои соњавии моликияти зењнї ва њамроњ шудани Тољикистон ба СУС њимояи њуќуќњои муаллифонро дар бозори љањонї кафолат дода, имкони ворид шудан ва пањн кардани асарњоро васеъ менамояд.

Вазифаи асарњо (ба маънои асарњои адабиву бадеї, илмї, таълимї, тамоми намуди барномањои барои компютерї, драммавї, мусиќї, аудиовизуалї, тасвирї, асарњои мањсулї ва ѓайра) ба мардум на танњо ѓизои маънавї додан аст, балки он объекти хариду фурўш њам буда, ба офарандааш даромади молиявї низ медињад.

Гарчанде бо эътироф намудани созишномањои байналмилалї асарњои муаллифони мо дар кишварњои аъзо њимоя карда шаванд њам, имкони ворид шудан ба бозори љањонї мањдудиятњои муайянеро пеш меовард ва баробари њамроњ шудан ба СУС, эътироф ва дар амал татбиќ намудани њуљљатњои он, ба муаллифони мо шароити бештар барои пањн кардан, фурўхтан ва истифодаи дастовардњои кишварњои дигар фароњам меовард.

Дар мулоќот бо зиёиёни кишвар моњи марти соли 2013 Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон зикр карданд, ки «Дар љањони муосир, ваќте ки илму технология босуръат рушд мекунад, инкишофи нерўи аќлонї гарави таъмини амнияти иќтисодї ва рушди иќтисодиёти њар як мамлакат ва гузашта аз ин, амнияти милливу давлатии он мебошад.

Аз ин лињоз, њавасманд гардонидани рушди нерўи инсон ва њаллоќияти зењнии ў яке аз самтњои муњими сиёсати давлати мо ба шумор меравад». Аз суханони Сарвари давлат илњом гирифта, мо бояд бањри эљоди асарњои баландмазмун ва ихтирову навоварињо кўшиш намоем, ки он на танњо бањри рушди кишвар манфиатовар бошад, балки барои ањли башар хидмат намуда, муаллифони онњо сазовор ќадр карда шаванд.

Барои он ки мо танњо истифодабарандаи моликияти зењнии кишварњои хориљї нашавем, бояд худ асарњои сазовор офарида навоварињои сатњи љањонї ихтироъ намуда, бозори дохилиро таъмин ва дар хориљ аз кишвар харидор пайдо кунем.

Адабиёти истифодашуда

1. Бернская Конвенсия об охране литературных и художественных произведений, Парижский акт 1971 года, Всемирная организация интеллектуальной собственности, Женева, 1996 год, 59 с.

2. Марракешская Декларация. Решение о приниятии соглашения об учреждении Всемирной торговой организации и присоединении к нему.

3. Материалы ВТО, Приложение 1с, Соглашение по торговым аспектам прав интеллектуальной собственности, 32с.

4. Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њуќуќи муаллиф ва њуќуќњои вобаста ба он», Душанбе, «Адиб», 2011с, 125с.


 

 

 

Содатќадамов Ш.М.

сардори Шуъбаи њамкорињои байналмилалї

ва таъминоти њуќуќии Ситоди Агентии

назорати маводи нашъаовари назди

Президенти Љумњурии Тољикистон

Конститутсия - кафили њифзи њуќуќу озодињои quot;;text-align: justify; text-justify: inter-ideograph; text-indent: 35.45pt;quot;;quot;,инсон ва шањрванд

Проблемаи њифзи њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд аз ќадимулайём яке аз мушкилоти муњими тамоми инсоният ва давлатњои алоњида ба шумор мерафт ва њоло њам меравад. Агар ба таври умумї гўем, њуќуќ ва озодињои шахсро њамчун чизи хос ба табиати инсон арзёбї кард, чунки бе онњо одам њамчун фард зиндагї карда наметавонад. Ба инсон муњаё накардани њуќуќ ва озодињои асосї, ин на танњо фољеаи алоњида ё шахсї ба њисоб меравад, балки барои бетартибињои иљтимої-иќтисодї ва сиёсї, тухми зуроварї ва тањдид, душманї, кинаву адоват ва муноќиша дар љомеа ва байни љамъият, инчунин дар давлат замина мегузорад.

Дар ин росто, баъди эълони Истиќлолияти давлатї ва ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Тољикистон субъекти комилњуќуќи љомеаи љањонї шуд ва бо ин худро њамчун ќисми људонопазири љомеаи љањонї муаррифї намуд. Љумњурии Тољикистон худро дар назди наслњои гузашта, њозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соњибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк карда, уњдадор шуд, ки озодї ва њуќуќи шахсро муќаддас мешуморад, баробарњуќуќї ва дўстии тамоми миллату халќиятњоро эътироф менамояд, бунёди љомеаи адолатпарварро вазифаи худ ќарор медињад.

Чунончи, дар моддаи 5 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон омадааст:

«Инсон, њуќуќ ва озодињои он арзиши олї мебошанд. Њаёт, ќадр, номус ва дигар њуќуќњои фитрии инсон дахлнопазиранд. Њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро давлат эътироф, риоя ва њифз менамояд».

Дар маљмўъ Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Боби аз њама калонтарини Конститутсия боби дуюм буда, он ба њуќуќ, озодї, вазифањои асосии инсон ва шањрванд бахшида шудааст.

Аз љумла, дар моддаи 14 Конститутсия гуфта шудааст, ки «њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ба воситаи Конститутсия, ќонунњои љумњурї ва санадњои њуќуќии байналмилалие, ки аз тарафи Тољикистон эътироф шудаанд, њифз мегарданд.

Њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд бевосита амалї мешаванд. Онњо маќсад, мазмун ва татбиќи ќонунњо, фаъолияти њокимияти ќонунгузор, иљроия, мањаллиро муаян мекунанд ва ба воситаи њокимияти судї таъмин мегарданд.

Мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрванд танњо ба маќсади таъмини њуќуќ ва озодии дигарон, тартиботи љамъиятї, њимояи сохти конститутсионї ва тамомияти арзии љумњурї раво дониста мешавад».

Њуќуќ ва озодињои шахсї – маљмўъи њуќуќ ва озодињои таббиї ва асосии људонопазир мебошанд, ки ба инсон аз рўзи таваллуд ва новобаста аз мансубияти ў ба ин ё он давлат тааллуќ доранд.

Њуќуќ ва озодињои шахсї бояд озодї ва мухторияти фард, шахсро њамчун аъзои љомеаи шањрвандї, њифзи њуќуќии ўро аз дахолати берунии ѓайриќонунї таъмин намоянд.

Вазифаи асосии њуќуќ ва озодињои шахсї аз он иборат мебошад, ки аввалан онњо њуќуќ ба њаётро кафолат медињанд ва њифзи фардро аз тамоми шаклњои зўроварї, муносибати берањмона ё шахсияти инсонро тањќиркунанда таъмин намоянд. Дуюм – онњо инсонро њамчун фард, шахсият, кафолати дахлнопазирии шахсии ўро таъмин ва дахолат накардан ба њаёти шахсї ва оилавии ўро таъмин менамоянд. Сеюм- бо кўмаки озодињои шахсї озодии шахс таъмин карда мешавад.

Њуќуќњои шахсї дорои ду хусусияти муњим, ки моњияти њуќуќњои мазкурро муайян мекунанд, мебошанд.

Онњо ба мансубияти шањрвандї алоќаманд нестанд, яъне онњо ба њамаи инсонњо тааллуќ доранд.

Онњо ба њама аз рўзи таваллуд тааллуќ доранд.

Мутобиќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба категорияи ин намуди њуќуќ дохил мешаванд:

Њуќуќ ба зиндагї;

Озодї аз шиканља;

Дахлнопазирии шахс;

Дахлнопазирии манзил;

Њуќуќ ба дахлнопазирии њаёти шахсї,мањрамияти шахсї ва оилавї, аз љумла мањрамияти мукотиба, сўњбатњои телефонї ва дигар муросилот;

Њуќуќи њар фард ба мусофирати озод, интихоби озоди мањали зист, тарки љумњурї ва бозгашт ба он;

Озодии баён, виљдон ва дин;

Њуќуќ ба њифзи судї.

Њуќуќ ва озодињои шахсї, яъне њуќуќ ба њаёт –муњимтарин њуќуќи инсон, ба ибораи дигар њуќуќи фитрї ва људонопазири њар шахс эътироф шудааст. Њар фард аз лањзаи таваллуд њаќќи зиндагї дорад ва ин њуќуќ бо кафолатњои њуќуќї, ки дар моддаи 18 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон муќаррар гардидааст, таъмин карда мешавад.

Муќаррароти конститутсионї оид ба њаќи зиндагии њар кас ба санадњои муњими байналмилалие, ки Љумњурии Тољикистон онњоро расман эътироф намудааст, низ мувофиќат мекунад. Чунончи мутобиќи моддаи 3 Эъломияи умумии њуќуќи башар;

«Њар як фард ба њаёт, озодї ва дахлнопазирии шахсї њуќуќ дорад».

Тибќи моддаи 6 Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї бошад, «њуќуќ ба њаёт њаќќи људонопазири њар як инсон мебошад. Ин њуќуќ тавассути ќонун њифз карда мешавад. Њељ кас наметавонад худсарона аз њаёт мањрум карда шавад».

Дар ин ду санади байналмилалї назарияи таббии њуќуќи инсон ба њаёт эътироф шуда, расмиёти худро ёфт, ки тавассути он эълон намудани њуќуќ ба њаёт барои мустањкам намудани кафолати байналмилалї чунин як њуќуќи арзишманд аз љониби давлатњо дар шартномањои байналмилалї ва минтаќавї мустањкам гардонида шудааст.

Мувофиќи моддаи 18 ќисми 2 Конститутсияи Љумњурии Тољи­кистон дахлнопазирии шахс кафолат дода шуда, дар баробари ин муќаррар карда шудааст, ки нисбати њељ кас шиканља, љазо ва муносибати ѓайриинсонї раво дида намешавад. Моддаи мазкур инчунин муайян намудааст, ки инсонро мавриди озмоиши маљбурии тиббї ќарор додан мумкин нест. Ин гуфтањо аз он шањодат медињанд, ки дар Конститутсия Љумњурии Тољикистон принсипњои њуќуќи байналхалќї ба таври пурра риоя ва таъмин карда мешаванд.

Аз нигоњи њуќуќи байналмилалї, истифодаи шиканља нисбати инсон яке аз намудњои даѓалона вайрон кардани њуќуќњои инсон ва шањрванд ба шумор рафта, он набояд ба ягон њолат нисбати шахс роњ дода шавад. Озодї аз шиканља њуќуќи мутлаќи инсон буда, набояд дар ягон њолат вайрон, мањлуд карда шавад. Ба њамин маќсад, Эъломияи њуќуќи башар дар моддаи 5 пешбинї менамояд, ки «Њељ кас набояд мавриди шиканља ва муносибати ё љазодињии берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунанда ќарор гирад».

Дар ин робита бояд ќайд намуд, ки 1 октябри соли љорї љаласаи сеюми Шўрои њамкорї байни Љумњурии Тољикистон ва Иттињоди Аврупо дар ш. Брюссел, ки дар он њайати Љумњурии Тољикистонро вазири корњои хориљии ЉТ Њ. Зарифї роњбарї мекард, доир гардид. Дар љаласаи мазкур масъалаи њифзи њуќуќи инсон ва волоияти ќонун, ва дигар масъалањои муњим баррасї гардиданд. Дар љаласаи мазкур нисбати њолатњои шиканља ва зўроварї ба мањбусон ва зарурати ќабули чорањои муассир љињати пешгирии чунин омилњо изњори нигарї шудааст.

Њуќуќ ва озодињои сиёсї – ин таъмини њуќуќии чорањои эњтимолии рафтор, ки озодона амал намудани шањрвандонро дар ташаккул ва идораи маќомоти идораи њокимияти давлатї ва худидораи мањаллї кафолат медињанд, мебошад. Ба ин гурўњ шомил мешаванд: њуќуќи муттањид шудан, њуќуќ ба осоишта љамъ шудан, љаласањо, гирдињамої, намоиш, роњпаймоии осоишта гузаронидан, дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї бевосита ё бавоситаи вакилонаш иштирок кардан, интихоб кардан ва интихоб шудан дар сохторњои давлатї.

Озодї ва њуќуќњои сиёсї - њуќуќњои асосии конститутсионї ва озодињои шањрванд ба њисоб мераванд.

Тибќи Конститутсия Љумњурии Тољикистон ба озодињои сиёсї дохил мешаванд:

Озодии сухан;

Њуќуќ ба љустуљў кардан, ба даст овардан, додан, пањн кардани њама намуди маълумот бо њама роњњои ќонунї;

Њуќуќ ба муттањид шудан;

Њуќуќи интихоб кардан ва интихоб шудан;

Њуќуќи иштирок дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї бевосита ё ба воситаи вакилонаш.

Њуќуќњои иљтимої-иќтисодї ва фарњангї – бо фаъолияти инсон дар соњаи истењсолї, муносибатњои иљтимоии ў бо љомеа, давлат, коллективњои дигар одамон, бо фаъолият дар соњаи фарњанг, маънавиёт алоќаманд мебошанд.

Дар тафовут аз аксарияти њуќуќњои сиёсї ва шахсї, њуќуќњои иљтимої-иќтисодї характери принсипњоро доранд ва бевосита ба тартиби судї њифз карда намешаванд.

Њуќуќњои иќтисодї- бо њуќуќи моликият алоќаманд буда, фаъолияти озоди инсонро дар соњаи истењсолот, табодул, таќсим ва истеъмоли мол ва хизматрасонї дар бар мегиранд.

Њуќуќњои иљтимої- вазифадоранд ба инсон сатњи баланди зиндагї ва њифзи иљтимоиро таъмин намоянд, чунки одам танњо ваќте озод буда метавонад, ки он аз ќашоќќї ва зулму истибдоди њокимият дар амон бошад.

Њуќуќњои фарњангї- дастрасии озодро ба арзишњои маънавї ва моддї, ки љомеаи башарї бунёд намудааст, таъмин менамояд.

Аз мурољиати шањрвандон ба маќомоти болої ва прокуратура барои њимояи њуќуќї маълум мегардад, ки бар хилофи талаботи мундариљаи моддаи 19 ва 92 – и Конститутсия, ки меъёрњои он мустаќиман амал менамоянд, дар баъзе њолатњо кормандони маќомоти тањќиќ, тафтишоти пешакї ва назорат риоя намудани њуќуќи дастгиршудагон, њабсшудагон ва шахсони гумонбар моњияти мундариљаи њуќуќи конститутсионии онњо ба таври лозимї фањмонда дода намешавад. Охир муносибати боэњтиромонаро ба Конститутсияи кишвар, дар навбати аввал бояд судяњо ва намояндагони маќомоти њифзи њуќуќ нишон дињанд.

Масалан, њангоми пешбурди парвандањои љиноятї, ки бо моддаи 200 ќисмњои 2,3,4 моддаи 201 ќисми 3, ки љиноятњои вазнин ва махсусан вазнин мебошанд, мебоист иштироки њимоячї барои айбдоршаванда таъмин карда шавад, лекин гирифтани њимоячї ин њуќуќи айбдоршаванда буда, дар њолати даст кашидани ў аз њимоячї, мо ўро ба ин кор маљбур карда наметавонем. Лекин дар асоси Конститутсия мо вазифадорем, њуќуќи ўро ба пуррагї ва воќебинона баррасї намоем.

Холиќов О.Ш.

Мутахассиси пешбари шуъбаи ќонунгузорї

оид ба сохтори давлатї, њифзи њуќуќ, мудофиа

ва амнияти Маркази миллии ќонунгузории

назди Президенти Љумњурии Тољикистон

Ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва такмили он

Баъди аз байн рафтани давлати Иттињоди Шўравї, дар баробари як ќатор љумњурињои собиќ Иттињоди Шўравї, Љумњурии Тољикистон низ мустаќил гардид.

Аз ин љост, ки 9 сентябри соли 1991 Ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи эълон шудани истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон» ќабул гардид. Ин сана дар таърихи навини он њамчун рўзи истиќлолияти Љумњурии Тољикистон, оѓози дигаргунсозињои нав дар роњи бунёди давлати мустаќили миллї ва демократї эътироф шудааст. Давлат ва љомеаи Тољикистон ба марњалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргунињои куллї дар њамаи соњањои њаёти љомеа оѓоз гардид. Мањз бо ибтидо аз ин сана зарурати гузаронидани ислоњоти конститутсионї ва ќабули Конститутсияи давлати комилан мустаќил ва барпо намудани љомеаи озоду пешрафта ба миён омад.

Ба њамин хотир моњи ноябри соли 1993 Президиуми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон комиссияи конститутсионї ва гуруњи кориро оид ба тањияи лоињаи Конститутсия ташкил намуд, ки дар гуруњи корї олимон, кормандони амалї ва коршиносон шомил карда шуданд.

Гуруњи корї дар давоми шаш моњи фаъолияташон ду лоињаи Конститутсияро омода намуданд, ки якум лоињаи Конститутсия ба шакли идоракунии парламентї ва дуюм лоиња ба шакли идоракунии президентї бахшида шуда буданд. Комиссияи конститутсинї ва дигар шахсоне, ки дар муњокимаи лоиња иштирок доштанд, шакли идоракунии президентиро ба шароити Тољикистон ќобили ќабул дониста тарафдорї карданд.

Ќобил ба ёдоварист, ки дар Иљлосияи 16 – и таърихии Шўрои Олии Тољикистон дар шањри Хуљанд, институти президентї аз Конститутсия хориљ шуда буд ва њангоми тањияи лоињаи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон андешањои гуногун оид ба ин нињод пайдо шуданд. Мухолифини институти президентї дар он аќида буданд, ки шакли идоракунии парламентї барои Тољикистон мувофиќ мебошад, чунки ин андешањо ба даврони шуравї, ки идораи колективона рўи кор буд, такя мекард.

Дар натиљаи бањсу мунозирањои зиёд ва тарафдорї намудани шакли идоракунии президентї, бо ќарори Раёсати Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз 13 апрели соли 1994 лоињаи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ба муњокимаи умумихалќї пешнињод гардид. Дар љараёни ба муњокимаи халќ пешнињод кардани лоињаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон санади муњими таќдирсоз будани он аз нав эњсос гардид. Зеро Конститутсияи нав њамчун санади муњимтарини њаёти давлату љомеа дар пешрафту шукуфоии минбаъдаи кишвар ва муайян намудани сарнавишти халќи Тољикистон асоси устувори њуќуќиро ба вуљуд овард.

Лоињаи Конститутсия дар муддати ба муњокимаи умумихалќї пешнињод шуданаш аз љониби мардуми кишвар ва њамватанони бурунмарзї маъќул дониста шуд. Њамчунин аз љониби мутахассисони кишварњои љањон ва коршиносони Созмони Милали Муттањид, Созмони Амният ва Њамкорї дар Аврупо ва созмонњои дигари байналмилалї ба он низ бањои баланд дода шуд.

Дар Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон соњиб­ихтиёрї, истиќлолият ва тамомияти арзии Тољикистон, моњият ва вазифањои давлат, дахлнопазирии њудуди кишвар, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, забони давлатї, рамзњои давлатї ва шакли давлатдории Тољикистон, њадафњои сиёсати дохилї ва хориљии давлат, асосњои иќтисодиву иљтимої ва сиёсиву фарњангии давлат ва љомеаи Тољикистон таљассум ёфтаанд.

Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон аз ваќти ќабул шуданаш то ба имрўз дар њаёти иќтисодиву сиёсї ва иљтимоиву фарњангии кишварамон дигаргунињои куллиро ба вуќуъ пайваст.

Њамзамон пешрафти њаёти љомеа талаб менамуд, ки муќаррароту меъёрњои конститутсионї такмил дода шуда, ба талаботи давру замон мувофиќ гардонда шаванд.

Бо њамин хотир, ду маротиба яъне 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба тариќи раъйпурсии умумихалќї ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон таѓйироту иловањо ворид карда шуданд, ки онњо барои рушду такомули давлату давлатдории миллї мусоидат намуданд.

Дар асоси таѓйиру иловањои соли 1999 ба Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон воридкардашуда, дар кишвар парламенти касбии доимоамалкунанда таъсис ёфта, муњлати ваколати Президенти Љумњурии Тољикистон ба њафт сол ва муњлати ваколатњои судяњо ба дањ сол расонида шуд.

Дар натиљаи таѓйиру иловањои соли 2003 масъалањои њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, низоми давлатї, муќаррароти интиќолї ва тањриру тасњењро дар бар мегирифтанд.

Дар бораи татбиќи меъёрњои Конститутсияи амалкунанда бояд принсипњои асосии фаъолияти ќонунэљодкунї – низомнокии ќонунгузорї, сарфаи њуќуќї ва ягонагии низоми њуќуќиро номбар кард. Њамаи ин принсипњо, ба монанди арзишњои бунёдии Конститутсия, яъне арзишнокии озодї, демократия, адолат, барои мо аввалиндараља боќї мемонанд. Конститутсия дар њаќиќат бояд воќеан амалкунанда бошад.

Њар яки мо албатта, дар бораи оянда фикр мекунем. Конститутсия – њуљљати бунёдї мебошад. Комёбии асосии ваќтњои охир аз он иборат аст, ки њама гуна таѓйирот, хоњ таѓйирот ба ќонунгузории оддї ё таѓйирот ба Конститутсия бошад, бояд тибќи он ќоидањое, ки Конститутсия муќаррар кардааст, амалї карда шаванд.

Конститутсия ба таври воќеї бояд сабзад њам дар ќонунгузории ќабулшаванда ва њам дар таљрибаи њуќуќтатбиќкунї, дар њамаи ќарорњои њокимияти давлатї, дар ташаббусњои љомеаи шањрвандї. Танњо дар ин њолат иќтидори он ба андозаи пурра татбиќ шуда метавонад ва танњо бо ин маќсадњои стратегии бо Конститутсия эълоншуда, мо рушду тањкими давлатдорро комёб шуда метавонем.

Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон тавонист ифодагари манфиатњои халќи тољик бошад, омоли мењнаткашонро инъикос намояд, тољиконро дар арсаи олам муаррифї намояд. Конститутсия барои ба сулњу салоњ ва вањдати комил расидани тољикон наќши муњим бозид. Ин њуљљати таќдирсоз аз љониби коршиносони байналхалќї дар шумори панљ Конститутсияи бењтарин давлатњои узви Созмони Амният ва Њамкорї дар Аврупо номбар гардид.

 

 

ЌАРОРЊОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Ќ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шањрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 27 сентябри соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Фирдавсова Г.,

тарафњо:

Шањрванд Саидова Н.А. тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст ва намояндаи ваколатдори ў - адвокат Бегматов Н.М.

Гиёев С.Н. - намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Илолов М.И. - намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Шоназаров С.А. - намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон - намояндагони тарафњое, ки конститутсионї будани ќонуни ќабулкарда, љонибдоринамуда ва ба имзо расонидаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

даъватшудагон:

1) Умаров М. Ѓ. – муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амния­ти миллии Љумњурии Тољикистон;

Кишварзода А.Г. – муовини Прокурори генералии Љумњу­рии То­љикистон;

Каландарова М. – муовини Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон;

Муродов Б. – судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

Юсупов Б. – сардори раёсати Агентии назорати давлатии мо­лиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон;

6) Иномов А. – сардори раёсати ќонунгузории гражда­нї, иќтисодї ва иљтимоии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон;

7) Бадридинова Р. Н. – сардори шўъбаи њифзи давлатии њуќуќњои шањрвандї ва сиёсии Дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон,

8) Тауров А. Ѓ. – муовини Сардори раёсати тафтишоти Вазорати кор­њои дохилии Љумњурии Тољикистон;

9) Амирбеков Н.А. – Раиси Раёсати мушовараи адвокатњои Љум­њурии Тољикистон

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости шањрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судяи Суди конститутсионї Зоиров Ш.Ю., баёноту хулосаи тарафњо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Саидова Наталя Абдуваитовна бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки маќомоти тафтишї ўро бо моддаи 240 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон (ташкил ё нигоњдории ќиморхона (казино), мизу автоматњои бозї бо бурди пулї) айбдор намуда, парвандаи љиноятии ўро бо чораи пешгирї дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани мањали истиќомат ба суди ноњияи Б. Ѓафуров ирсол намудааст.

Суди ноњияи Б. Ѓафуров зимни моњиятан баррасї намудани парвандаи ў, бо ќарори худ аз 27 марти соли 2013 чораи пешгирии нисбати ў дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани мањали истиќоматро ба чораи пешгирї дар намуди ба њабс гирифтан таѓйир додааст.

Номбурда аз ќарори зикршудаи суди ноњияи Б. Ѓафуров, яъне таѓйир додани чораи пешгирї норизо гашта, онро ба тариќи кассатсионї мавриди шикоят ќарор додааст.

Суди зикршуда бо мактуби худ аз 4 апрели соли 2013 шикояти кассатсионии пешнињоднамудаи ўро бо назардошти муќаррароти ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба ў баргардондааст, ки тибќи он:

«Мутобиќи ќоидањои њамин модда аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи тањќиќи далелњо, дархости иштирокчиёни мурофиа, интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї, инчунин риояи тартибот дар толори маљлиси суд, ѓайр аз таъиноти (ќарори) дар хусуси ситонидани љарима бароварда шуда, шикоят ё эътироз карда намешавад. Эрод ба ќарорњои дар боло зикршуда мумкин аст ба тариќи шикояти кассатсионї ё эътироз нисбати њукм пешнињод шавад».

Ба андешаи мурољиаткунанда, муќаррароти пешбини­намудаи ќисми 2 моддаи 363 Кодекси зикршуда ба айбдоршаванда ва дигар иштирокчиёни мурофиаи љиноятї имконият намедињад, ки онњо аз болои таъиноти (ќарори) судї, ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул карда мешавад, шикоят кунанд ё эътироз оваранд.

Ў, њамчунин иддао дорад, ки муќаррароти ќисми 2 моддаи 363 Кодекси зикршуда, инчунин ба талаботи ќисми 4 моддаи 11 КМЉ Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «шахси ба њабс гирифташуда њуќуќи шикоят карданро дорад» тавъам нест, зеро талаботи ќисми 4 моддаи 11 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба дахлнопазирии шахсият пешбини­намудаи моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсия алоќамандї дошта, яке аз принсипи муњими ќонунгузории мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон мањсуб меёбад.

Бинобар ин, аз љониби суд татбиќ карда шудани муќар­рароти ќисми 2 моддаи 363 КМЉ Љумњурии Тољикистон боиси вайрон шудани њуќуќњои конститутсионии ў гардида, барои рад карда шудани шикояти ў асос гардидааст.

Аз ин рў, ў ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистонро дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолиф њисоб намуда, аз Суди конститутсионї хоњиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиќати масъалаи мавриди бањс ќароргирифтаи ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистонро ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи мавриди бањс ќарордодаи шањрванд Саидова Н.А.-ро њаматарафа мавриди тањлил ва баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки дар низоми њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд пешбининамудаи боби дуюми Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, њуќуќи шахсан ё якљоя бо дигарон ба маќомоти давлатї мурољиат намудани шањрванд мавќеи хосаро ишѓол менамояд.

Зеро мурољиат воситаи муњими алоќамандии шахс ба давлат буда, заминаи боэътимоди иштироки васеи шањрвандон дар идоракунии давлат ва фаъолияти маќомоти давлатию идоракунї, аз љумла фаъолияти њокимияти судї ва ба амал баровардани адолати судї ба шумор меравад.

Аз љониби дигар, њуќуќи мурољиат ба маќомоти давлатї, аз љумла маќомоти њокимияти судї нишондињандаи муњими љомеаи воќеан демократию њуќуќбунёд арзёбї гардида, ба амал баровардани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, таъмини баробарии њама дар назди ќонун ва суд ва махсусан кафолати њифзи судии њар шахсро бе мурољиати шањрвандон, њамчунин иштирокчиёни мурофиањои гуногуни судї муќаррарнамудаи ќонунгузорињои мурофиавї тасаввур кардан мумкин нест.

Мурољиат ба маќомоти дахлдори давлатї, аз љумла ба маќомоти њокимияти судї нигаронидашуда дар баробари ислоњи камбудї ва норасоии фаъолияти маќомоти дахлдор, инчунин бартараф намудани њуќуќвайронкунињои содиргардида ва барќа­рору њифз намудани њуќуќу манфиатњои вайроншудаи мурољиаткунандаро дарбар мегирад.

Бо дарназардошти хусусияти хоси фаъолияти њокимияти судї, ки барои ба амал баровардани адолати судї нигаронида шудааст, шикояти иштирокчиёни мурофиаи судї ва эътирози прокурорї њамчун намуди мурољиат ба маќомоти судї тибќи тартиб ва ќоида­њои муќаррарнамудаи ќонунгузорињои мурофиа­вии Љумњурии Тољикистон, аз љумла Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба амал бароварда мешаванд.

Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон мафњуми шикояти судї ва эътирози прокурориро махсус ифода накарда бошад њам, аз мазмуну муњтавои ќисми 4 моддаи 11, моддањои 23, 28, 29, 111, моддањои 119-125 боби 14, моддањои 237, 238, 357-369 боби 38 ва боби 42-и он бармеояд, ки ќонунгузор аз болои амал ё ќарори суд, судя, прокурор, муфаттиш ва тањќиќбаранда шикояти судї ва эътирози прокурорї оварданро раво дида, шикояту эътирозњои прокурорї барои барќарор намудани њуќуќу манфиатњои ќонунии иштирокчиёни мурофиаи судї ва ислоњи фаъолияти маќомоти зикршуда ва санадњои ќабулнамудаи онњо нигаронида шудаанд.

Эътибори њокимияти судї ва санадњои судї, инчунин аз номи давлат бароварда шудани онњо, мањз дар низоми татбиќи адолати судї мављуд будани шикояти иштирокчиёни мурофиаи судї ва эътирози маќомоти ваколатдори назорати давлатї мебошад, ки барои таъмини адолати судї ва дар маљмўъ адолати иљтимої дар љомеа равона карда шудааст.

Давлат адолати иљтимоиро дар санадњои судии ќабулна­мудаи маќомоти њокимияти судї дар фароњам овардани имконияти шикояти санадњои судї пешбинї намуда, бо ин сиёсати њуќуќии худ дастрасии шањрвандонро ба адолати судї, баррасии парвандањои судї аз тарафи суди босалоњият ва тибќи ќонун таъсисёфта ва њифзи судии њуќуќњои конститутсионии инсон ва шањрвандро кафолат додааст, ки ин амали он аз муќаррароти санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ибтидо мегирад.

Чунонки, моддаи 8 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948 пешбинї менамояд: «Њар як инсон дар сурати поймол гардидани њуќуќњои асосии ў, ки бо Конститутсия ё ќонун пешбинї шудаанд, барои барќарорсозии пурраи онњо аз тарафи судњои босалоњияти миллї њаќ дорад».

Ќисми 5 моддаи 14 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї аз 16 декабри соли 1966 бошад муайян менамояд, ки: «Њар касе, ки барои ягон љиноят мањкум шудааст, ба он њаќ дорад, ки мањкумият ва њукмномаи ў аз тарафи маљраи суди болої аз нав баррасї карда шавад».

Конститутсия, ки дар масъалаи танзими њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд аз санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон асос ёфтааст, дар моддаи 5 инсон, њуќуќ ва озодињои онро арзиши олї арзёбї намуда, эътироф, риоя ва њифз намудани онро кафолат додааст.

Моддаи 14 Конститутсия бевосита амалї гаштани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва таъмини онњоро аз тарафи њокимияти судї пешбинї намуда, моддаи 18 Конститутсия таъмини дахлнопазирии шахсро аз тарафи давлат кафолат додааст.

Моддаи 19 Конститутсия ба њар шахс њифзи судиро кафолат дода, эълон намудаст, ки «њар шахс њуќуќ дорад талаб намояд парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва тибќи ќонун таъсисгардида баррасї намояд.»

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ќайд менамояд, ки кафолати њифзи судии пешбининамудаи моддњои 14 ва 19 Конститутсия дар баробари ба субъектони њуќуќ ё иштирокчиёни мурофиаи љиноятї дастрас будани адолати судї, инчунин барои онњо имконияти шикоят аз болои амалњои шахсони мансабдори давлатиро дар тамоми марњилањои судии пешбининамудаи ќонунгузории мурофиавї дар назар дорад, зеро фаъолияти маќомоти таъќиби љиноят ва судњо, ки ба салоњияти онњо пешбурди тањќиќ, тафтиши пешакї ва судї вогузор карда шудааст, аз сањву хатоњо истисно нест.

Муќаррароти зикршудаи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар хусуси ба субъектони њуќуќ ё иштирокчиёни мурофиаи љиноятї дастрас будани адолати судї ва имконияти шикоят овардан аз болои амалњои шахсони мансабдори давлатї дар тамоми марњилањои судї, инъикоси худро дар Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ёфтааст.

Чунонки, ќисми 4 моддаи 11 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинї менамояд, «шахси ба њабс гирифташуда њуќуќи шикоят карданро дорад».

Моддаи 23 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон «аз амал ё ќарори суд, прокурор, муфаттиш ва тањќиќбаранда шикоят» намудани иштирокчиёни мурофиаро яке аз принсипњои асосии ќонунгузории мурофиаи љиноятї арзёбї намудааст.

Ќисми 1 моддаи 62 Кодекси мазкур, инчунин ќоидаеро пешбинї менамояд, ки тибќи он судяе, ки ќарори ба њабс гирифтан ё тањти њабси хонагї ќарор додани гумонбаршуда ё айбдоршавандаро ќабул намудааст, муњлати дар њабс ё њабси хонагї нигоњ доштани онњоро дароз кардааст, дар баррасии њамон парванда дар судњои марњилањои якум, кассатсионї ва назоратї иштирок карда наметавонад.

Тибќи ќисми 8 моддаи 111 Кодекси мурофиавии љиноятї, агар дар рафти мурофиаи судї масъалаи ба њабс гирифтани судшаванда пайдо шавад, дар ин маврид судя ё суд бо дархости тарафњо ё ин ки бо ташаббуси худ ин масъаларо њал намуда, дар ин бора ќарор ё таъинот мебарорад ва ќарор ё таъиноти дар ин хусус ќабулкардаи судя ё суд тибќи талаботи ќисми 9 моддаи мазкур метавонад бо тартиби кассатсионї ба суди болої шикоят ва эътироз оварда шавад.

Шикоят намудан ва эътироз овардан ба санадњо ва амалњои шахсони мансабдори маќомоти зикршуда, ки онњо барои ислоњи камбудињои дар фаъолияти марњилањои пешинаи судї вуљуддошта ташкил карда шудаанд, аз муњимтарин принсипњои демократии мурофиаи судии љиноятї арзёбї мегардад.

Вобаста ба ин, муќаррароти ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар баробари тавъам набудан ба талаботи моддањои 5, 14 ва 19 Конститутсия, инчунин ба мазмуну муњтавои ќисми 4 моддаи 11, моддаи 23, ќисми 1 моддаи 62, ќисмњои 8 ва 9 моддаи 111 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки дар масъалаи мурољиат аз Конститутсия сарчашма мегирад, мутобиќ нест.

Зеро муќаррароти љумлаи дуюми ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар хусуси «эрод ба ќарорњои дар боло зикршуда (аз љумла ќарор оид ба интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї) мумкин аст ба тариќи шикояти кассатсионї ё эътироз нисбати њукм пешнињод шавад», дар сурати нисбат ба шахс баровардани њукми айбдоркунанда дар намудани мањрум кардан аз озодї мантиќ ва моњияти худро гум менамояд.

Њолатњои дар боло омада ва тартиби пешбининамудаи моддањои зикршудаи Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон собит менамоянд, ки муќаррароти ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон боиси мањдуд гаштани њуќуќи конститутсионии Саидова Н.А. оид ба мурољиат ба маќомоти давлатии ваколатдор ва таъмини кафолати њифзи судї гардидааст.

Бинобар ин, њама гуна тартибе, ки њуќуќњои иштирокчиёни мурофиаи љиноятиро оид ба њифзи њуќуќњои мурофиавии онњо мањдуд карда, монеаи ба амал баровардани онњо, аз љумла њуќуќи шикоят намудани санадњои судї мегардад, он њамчун мањдуд кардани кафолати њифзии судї ва њуќуќи мурољиат ба маќомоти давлатї муќаррарнамудаи Конститутсия, ќонунњо ва ќонунгу­зории мурофиавии Љумњурии Тољикистон ба њисоб меравад.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, муќаррароти ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номутобиќ мебошад.

Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ќисми 2 моддаи 363 Кодекси зикршударо ба муќаррароти моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ва моддањои дахлдори Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон мутобиќ намоянд.

Дар асоси њолатњои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 31, 32, 33, 36, 45, 46, 47, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии quot;Times New Roman TjЉумњурии Тољикистон

ќ а р о р к а р д:

1. Ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќат надорад.

2. Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ќисми 2 моддаи 363 Кодекси зикршударо ба муќаррароти моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ва моддањои дахлдори Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон мутобиќ намоянд.

3. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

4. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов


Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов

 


ТАЪИНОТЊОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости директори Корхонаи дорои масъулияташ мањдуди «Автомотосервис ва савдои ба номи Вайс» Табаров В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе 16 сентябри соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Фирдавсова Г.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї гузориши судяњо Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.-ро дар бораи дархости директори Корхонаи дорои масъулияташ мањдуди «Автомотосервис ва савдои ба номи Вайс» Табаров В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) ЉумњурииТочикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Директори Корхонаи дорои масъулияташ мањдуди «Ав-томо­тосервис ва савдои ба номи Вайс» (минбаъд - КДММ) Табаров В. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки Корхонаи мазкур дар асоси санади давлатї аз 12 сентябри соли 1994 тавассути Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон собиќ корхонаи СТО-8 шањри Душанберо ба маблаѓи 548 803 њазор рубл харидорї намуда, соњибмулки он гардидааст.

Њамчунин, як ќисми корхонаи СТО-8, яъне сехи «Запорожетс»-ро моњи декабри соли 1995 ба маблаѓи 3211,8 њазор рубл шањрванд Назаров З.Ю. харидорї намуда буд.

Њамон сол ў њамчун соњибмулк як ќисми иншооти эстакада ва коммуникатсияро бо ќитъаи заминаш ба Назаров З.Ю. ба иљора додааст, ки Назаров З.Ю. баъдан бо роњи сохтакории хуљљатњо объекти ба ў ба иљора додашударо ба воситаи нотариуси давлатї аз номи КДММ ба номи худаш гузаронида, ройгон азони худ намудааст.

Барои беэътибор донистани асноди маќомоти идораи давлатї ў ба аризаи даъвогї ба суди иќтисодии шањри Душанбе мурољиат кардааст, ки суд моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистонро дастрас намуда, бинобар гузаштани муњлати умумии се солаи даъво аризаи ўро ќонеъ накарда, рад намудааст.

Ба андешаи мурољиаткунанда ба муќаррароти банди «г» моддаи 231 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «талаботи молик ё дигар соњиби амвол оид ба рафъи њамагуна вайронкунии њуќуќи ў, њар чанд ин вайронкунињо бо мањрум кардан аз соњибият алоќаманд намебошанд» ва «д» моддаи 231 Кодекси гражданї, ки тибќи он «талаботи молик ё дигар ашхос дар бораи беэътибор донистани асноди маќомоти идораи давлатї ва њокимияти мањаллї, ки њуќуќи ашхоси зикршударо ба соњибият истифода ва ихтиёридории амволи марбути онњо вайрон мекунад», муњлати даъво татбиќ намегардад.

Мурољиаткунанда, инчунин ќайд менамояд, ки тибќи талаботи моддаи 325 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон «молик метавонад рафъи њама гуна вайронкунињои њуќуќашро талаб намояд, њарчанд ин вайронкунињо ба мањрум кардан аз њуќуќи соњибї алоќаманд намебошанд».

Суди иќтисодї муќаррароти пешбининамудаи моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистонро дастрас намуда, бо ќарори худ њуќуќи конститутсионии ўро ба моликият бекор ва мањдуд намудааст, ки ин ќарори ў ба муќаррароти моддаи 17 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948, ки тибќи он «њар як инсон њаќ дорад амволро чи шахсан ва чи якљоя ба дигарон ихтиёрдорї намояд ва њељ касс набояд аз амволи худ худсарона мањрум кард шавад» ва моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «њар кас њаќ дорад соњиби моликият ва мерос бошад ва њељ кас њаќ надорад њуќуќи шахсро ба моликият бекор ва мањдуд намояд», мувофиќ нест.

Бо њамин, даъвои миёни ў ва Назаров З.Ю. 18 сол боз идома дошта, ў чунин андеша дорад, ки моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон њуќуќи конститутсионии ўро ба моликият - як ќисми иншооти эстакада ва коммуникатсия бо ќитъаи заминаш - даѓалона вайрон намудааст.

Аз ин рў, Табаров В. аз Суди конститутсионї талаб менамоянд, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз намуда, мутобиќати моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» муайян карда шавад.

Суди конститутсионї дархости пешнињодшударо њаматарафа мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки директори Корхонаи дорои масъулияти мањдуд «Автомотосервис ва савдои ба номи Вайс» агарчи субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї мањсуб ёбад њам, аммо дар талаби гузоштаи ў дар масъалаи мутобиќати моддаи 223 Кодекси граждании ЉумњурииТољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номуайяние дида намешавад, ки он барои оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї ва санљиши конститутсионї асос гардад. Зеро моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон меъёри мурофиавї буда, дар он масъалаи муњлати даъво ба таври умумї нисбат ба њифзи њама гуна њуќуќи вайроншуда ва аз тарафи суд баррасї намудани муњлати даъво мавриди танзим ќарор дода шуда, он ба меъёри императивии пешбининамудаи моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар бараи моликият бевосита алоќамандии мавзўї надорад ва предмети муќоисаи байни моддањои зикрёфта шуда наметавонад.

Ба ѓайр аз ин, дар дархост далелњои мушаххас ва асосњои амалию назариявї оид ба номутобиќатии моддаи 223 Кодекси гражданї ба Конститутсия мушаххас пешнињод нагардидаанд, яъне маълум нест, ки номутобиќатии моддаи зикршуда ба моддаи 32 Конститутсия мањз дар чї ифода меёбад.

Аз ин љињат, дархост аз рўи шаклу мазмун ва шакл ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» низ тавъам нест.

Аз љониби дигар, масъалаи асоснокї, ќонунї ва дурустии татбиќи санади меъёрии њуќуќї, ки онњо метавонанд дар зинањои болоии судї мавриди тањлил, баррасї ва баровардани ќарори дахлдори судї ќарор гиранд, наметавонад бо асосњои пешбининамудаи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мавзўи баррасии Суди конститутсионї бошад.

Баъдан, норозигї ва шикояти мурољиаткунанда аз рўи санадњои гуногуни судии судњои иќтисодии Љумњурии Тољикистон, мувофиќан ба салоњияти зинањои болоии судњои иќтисодии Љумњурии Тољикистон мансуб мебошад.

Њамчунин, баррасии масъалаи мазкур бинобар мансуб буданаш ба салоњияти судњои иќтисодї ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон, 23 феврали соли 2010 бо мактуби 273/1-01 аз љониби Суди конститутсионї ба Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон фиристода шудааст.

Вобаста ба њолати зикршуда, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї аз рўи дархости Табаров В. бинобар ба салоњияти Суди конститутсионї дахл надоштан ва аз рўи шаклу мазмун низ мувофиќ набудан ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конситутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда мешавад.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости директори Корхонаи дорои масъулияташ мањдуди «Автомотосервис ва савдои ба номи Вайс» Табаров В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар ба салоњияти Суди конститутсионї мањсуб набуданаш ва аз рўи шаклу мазмун низ мувофиќ набудан ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионї «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъиноти мазкур дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов


 

 

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Њизби Нањзати Исломии Тољикистон «Оид ба амалњои зиддиќонунии мансабдорони давлатї ва давлат»

ш. Душанбе 4 октябри соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси-кунанда- Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Фирдавсова Г.,

дар маљлиси судии Суди конститутсионї дархости М.Кабирї - раиси Њизби Нањзати Исломии Тољикистонро «Оид ба амалњои зиддиќонунии мансабдорони давлатї ва давлат» дида баромада,

м у а й я н к а р д:

Раиси Њизби Нањзати Исломии Тољикистон - М.Кабирї ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки мансабдорони давлатї ва давлати Тољикистон бо роњи фишороварї ба онњо имконият намедињанд, ки дар њаёти сиёсии кишвар озодона иштирок намуда, иродаи халќро дар асоси гуногунандешии сиёсї ташаккул ва ифода намоянд.

Агарчи ќонунгузории кишвар барои њамаи њизбњо имкониятњои баробарро барои гузаронидани маъракањои сиёсї пешбинї намуда бошад њам, аммо мансабдорони давлатї дар муносибат бо Њизби зикршуда рафтору амале содир менамоянд, ки боиси халалдор шудани њуќуќњои конститутсионии он мегардад.

Зиёда аз ин, мурољиати Њизб дар бораи барќарор намудани њу- ќуќњои конститутсиониашон аз тарафи њомии Конститутсия сарфи назар гардида, Њукумат низ пеши роњи ќонуншикниро намегирад ва ба аќидаи ў танњо Суди конститутсионї метавонад кирдори ѓайриќонунии маќомоти зикршударо боз дорад.

Бинобар ин, ў ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, хоњиш намудааст, ки нисбати дархости пешнињод- кардааш мурофиаи судии конститутсионї оѓоз намуда, амалњои дар дархост зикргаштаи шахсони масъули давлатї ва Њукумати кишварро ба моддаи 28 ва ќисми 2 моддаи 73 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ѓайриконститутсионї њисоб намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости пешни- њодшударо мавриди омўзиш ва тањќиќ ќарор дода, ќайд менамояд, ки Њизби Нањзати Исломии Тољикистон гарчанде њамчун шахси њуќуќї субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї мањсуб ёбад њам, аммо талаби дар дархости он пешнињодгардида, яъне ѓайриконститутсионї эътироф намудани амалњои зиддиќонунии мансабдорони давлатї ва давлат мавзўи баррасии Суди конститутсионї шуда наметавонад ва ба салоњияти он дохил намешавад.

Зеро тибќи муќаррароти банди 7 моддаи 37 Ќонуни консти- тутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» «шахсони њуќуќї оид ба вайронкунии њуќуќу манфиатњои конститутсиониашон нисбати ќонун ва санади њуќуќии татбиќшуда дар муносибати мушаххаси њуќуќї, инчунин ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ будани ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии Пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар парвандаи мушаххаси аз тарафи суд нисбаташон татбиќшуда, метавонанд ба Суди конститутсионї мурољиат намоянд».

Њамчунин, ба салоњияти Суди конститутсионї на бањодињї ба ќонунї ва асоснокии ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии аз тарафи маќомот ва шахсони мансабдори онњо нисбати субъектони гуногуни њуќуќ татбиќшуда ва бањодињї ба амал (беамалии) мансабдорони давлатї ва давлат, балки муайян намудани мутобиќати меъёрњои мушаххаси ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ба меъёрњои дахлдори Консититутсия дохил мешавад.

Тибќи муќаррароти боби 24 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон, ки «Мурофиа оид ба парвандањо дар бораи мавриди бањс ќарор додани ќарор, амали (беамалии) маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии мањаллї ё шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатї» номгузорї шудааст, суъектони њуќуќ метавонанд оид ба ќарор, амали (беамалии) маќомот ё шахсони мансабдори зикршуда ба суди мањалли зисти худ ё суди мањалли љойгиршавии маќомоти дахлдори давлатї ва шахсони мансабдори онњо, ки ќарор, амал (беамалии) онњо шикоят карда мешавад, мурољиат намоянд.

Бинобар ин, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї аз руи дархости Њизби Нањзати Исломии Тољикистон «Оид ба амалњои зиддиќонунии мансабдорони давлатї ва давлат» бо асосњои дар боло омада рад карда мешавад.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионї,

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї аз руи дархости Њизби Нањзати Исломии Тољикистон «Оид ба амалњои зиддиќонунии мансабдорони давлатї ва давлат» бинобар мањсуб набуданаш ба салоњияти Суди конститутсионї рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов

 

НАВИДЊОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Н А В И Д Њ О И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

3-6 июли соли 2013 бо даъвати Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон сафари кории судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон – Зоиров Ш.Ю. љињати иштирок дар Конференсияи Умумиаврупоии Ереванї дар мавзўи «Стандартњои Аврупої оид ба волоияти ќонун ва доираи салоњдиди њокимият дар давлатњои аъзои Шўрои Аврупо» ба шањри Еревани Љумњурии Арманистон доир гардид.

Дар кори чорабинии сатњи байналмилалии мазкур намояндагони судњои конститутсионї ва маќомоти њокимияти давлатии кишварњои гуногуни љањон ширкат намуданд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур маърўзањои ширкаткунандагони он дар мавзуњои марбут ба пањлуњои гуногуни фаъолияти маќомоти назорати конститутсионї шунида шуда, масъалњои мухталиф дар ин самт мавриди баррасї ва муњокима ќарор дода шуданд.

28-29 августи соли 2013 дар шањри Остонаи Љумњурии Ќазоќистон Конфронси байналмилалии илмї-амалї дар мавзўи «Конститутсия - асоси стратегии рушди љомеа ва давлат» баргузор гардид.

Дар кори Конфронс намояндагони зиёда аз 20 давлати хориљї ва созмонњои байналмилалї иштирок намуда, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро судяњои Суди конститутсионї Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М. намояндагї намуданд.

Зимни баргузории Конфронс судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Каримов К.М. дар мавзўи «Давлати иљтимої ва наќши маќомоти назорати конститутсионї дар ташаккули он» баромад намуд.

Дар рафти конфронс, инчунин вохўрии судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо раис ва судяњои Шўрои конститутсионии Љумњурии Ќазоќистон, судяњои судњои Љумњурии Туркия, Украина, Белоруссия ва намояндагони маќомоти назоратии конститутсионии дигар давлатњои хориљи кишвар баргузор гардид, ки дар рафти он оид ба масъалањои муњими конститутсионализм ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд изњори андеша карда шуд.

6 сентябри соли 2013 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба 22-умин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бо иштироки судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлиси тантанавї баргузор гардид.

Дар оѓози маљлис Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов њозиринро бо ин љашни умумимиллї тањният намуда, иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки тањти роњбарии хирадмандона ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон имрўз пояњои Истиќлолияти давлатиамон тањким ёфта, халќи Ватани мањбубамон, ки дорои таърихи чандинњазорсола ва анъанањои фарњангии бостонї мебошад, ба фардои рўзгори худ ва ояндаи ободу осудаи кишварамон дилпурона ва бо эътимоди ќавї назар менамояд.

Тањкими пояњои Истиќлолияти давлатї имкон дод, ки бо дарназардошти дастовардњои ин даврон эътибору маќоми Љумњурии Тољикистон дар арсаи байналмилалї ба маротиб боло рафта, рушди муътадили низоми иќтисоди миллї таъмин карда шуда, дар заминаи арзишњои волои Конститутсия барои бунёди давлати демократию њуќуќбунёд, ки дар он эњтирому риоя ва њифзи њуќуќу озодињои инсон, дар мадди аввал мебошад, заминаи воќеї гузошта шавад.

Истиќлолияти давлатї њамчун дастоварди бузург ва воќеаи нодиру фарањбахши таърихї барои пешрафти тамоми соњањои њаёти кишвар дар роњи давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоид фароњам овард. Дар ин раванд, маќоми њокимияти судї низ њамчун шохаи мустаќили њокимияти давлатї дар самти ба амал баровардани адолати судї ва њифзи њуќуќу озодињои инсону шањрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисањо ва таъмини тартиботу ќонуният боло гашта истодааст. Бинобар ин, мо нишастагони ин толор низ бояд барои боз њам тањкими музаффариятњои Истиќлолияти давлатї саъю кўшиш ба харљ дињем.

Зимни маљлиси тантанавї њамчунин судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Карим Каримов оид ба дастовардњои даврони соњибистиќлолї баромад намуда, њозиринро бахшида ба 22-солгарди ин љашни пуршукуњ табрику тањният намуд.

27 сентябри соли 2013 тањти раисии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. дар Суди конститутсионї мурофиаи судї аз рўи дархости шањрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид.

Дар барасии масъалаи мазкур намояндагони ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон, вазоратњои адлия ва корњои дохилї, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон, намояндагони Суди Олї, Прокурори генералї, Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон ва дигар маќомоти дахлдори давлатї иштирок карда, фикру андешањои худро иброз намуданд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи мавриди бањс ќарордодаи шањрванд Саидова Н.А.-ро њаматарафа мавриди тањлил ва баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки мурољиат воситаи муњими алоќамандии шахс ба давлат буда, заминаи боэътимоди иштироки васеи шањрвандон дар идоракунии давлат ва фаъолияти маќомоти давлатию идоракунї, аз љумла фаъолияти њокимияти судї дар ба амал баровардани адолати судї ба шумор меравад.

Њуќуќи мурољиат ба маќомоти давлатї, аз љумла маќомоти њокимияти судї нишондињандаи муњими љомеаи воќеан демократию њуќуќбундё арзёбї гардида, дар баробари ислоњи камбудї ва норасоии фаъолияти маќомоти дахлдор, инчунин бартараф намудани њуќуќвайронкунињои содиргардида ва барќарору њифз намудани њуќуќу манфиатњои вайроншудаи мурољиаткунандаро дарбар мегирад.

Муќаррароти ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки аз болои таъиноти (ќарори) дар рафти муњокимаи судї оид ба интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул кардашуда шикоят ва эътироз овардани иштирокчиёни мурофиаи судиро манъ менамояд, боиси мањдуд гаштани њуќуќи конститутсионии шањрвандон оид ба мурољиат ба маќомоти судї гардида, ба мазмуну муњтавои моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон тавъам нест.

Чунончи, моддаи 23 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки «Њуќуќи шикоят намудан аз амал ва ќарорњои мурофиа» номгузорї шудааст, аз амал ё ќарори суд, прокурор, муфаттиш ва тањќиќбаранда шикоят намудани иштирокчиёни мурофиаро яке аз принсипњои асосии ќонунгузории мурофиаи љиноятї арзёбї намудааст.

Бинобар ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ќайд менамояд, ки њама гуна тартибе, ки њуќуќњои иштирокчиёни мурофиаи љиноятиро оид ба њифзи њуќуќњои мурофиавии онњо мањдуд карда, монеаи ба амал баровардани онњо, аз љумла њуќуќи шикоят намудани санадњои судї мегардад, он њамчун мањдуд кардани кафолати њифзи судї ва њуќуќи мурољиат ба маќомоти давлатї муќаррарнамудаи Конститутсия, ќонунњо ва ќонунгузории мурофиавии Љумњурии Тољикистон ба њисоб меравад.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон муќаррароти ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистонро дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номутобиќ арзёбї намуд.

3 октябри соли 2013 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба – Рўзи забони давлатии Љумњурии Тољикистон бо иштироки коллективи Суди конститутсионї ва Раиси Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон– Саймиддинов Д. маљлиси тантанавї баргузор гардид.

Маљлиси тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов њусни оѓоз бахшида, њозиринро бо ин иди муњими умумумимиллї муборакбод намуда, иброз дошт, ки боиси ифтихору сарфарозии њар як тољику тољикистонї мебошад, ки имрўз дар љумњуриамон ва берун аз он Рўзи забони давлатии Љумњурии Тољикистон дар рўњияи баланди ватанадўстиву хештаншиносї бо як шукуњу шањомати хоса таљлил карда мешавад.

Ба шарофати роњбарии хирадмандонаи Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон њамчун њомии Конститутсия ва кафили истиќлолияти миллї имрўз дар Ватани азизамон сулњу суботи комил, рушди босуръати тамоми соњањои иќтисодиёт ва устувории пояњои иљтимоии давлат таъмин гардида, эњтироми арзишњои инсонї воло гузошта шуда, забони давлатї њамчун муќаддасоти давлатї ва нишонаи ифтихори бузурги миллї дар њаёти фарњангї ва маънавии кишварамон маќому манзалати хосаро касб намуда, ба њайси пайвандгари халќу тамаддунњо дар ташаккули давлатдории муосир наќши босазо дорад.

Зимни баргузории маљлиси тантанавї њамчунин Раиси Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон – Саймиддинов Д. оид ба ањамияти таърихии забони давлатї дар рушди Тољикистони соњибистиќлол ва тартиби истифодаи дурусти ќоидањои имлои забони тољикї њангоми пешбурди фаъолияти корї суханронї намуда, њозиринро бо таљлили ин иди фархунда табрик намуд.

7-12 октябри соли 2013 бо маќсади иштирок дар курсњои омўзиши дар мавзўи «Принсипи баробарї ва манъи табъиз» сафари кории кормандони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Ќамишев Н.Ю. ва Фирдавсова Г.Р. ба шањри Анќараи Љумњурии Туркия доир гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи судњои конститутсионии кишварњои Осиё ва Институтњои муодил доир гардида, дар он намояндагони судњои конститутсионии давлатњои гуногун иштирок намуда, бо маърўзањои мухталиф, ки ба фаъолияти маќомоти назорати конститутсионї марбут мебошад, баромад намуданд.

Намояндагони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон низ зимни иштирок дар чорабинии номбурда бо маърўза баромад намуда, иштирокчиёни курсњои омўзиширо бо фаъолияти густурдаи маќомоти назорати конститутсионии кишвар аз наздик шинос намуданд.

16 ноябри соли 2013 дар Ќасри миллат дар маросими тантанавї аз љониби Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудов ба Президенти тозаинтихоби Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон, рамзи њокимияти Президентї - Нишони Президенти Љумњурии Тољикистон супорида шуд.


 

 

Мундариља

Мањмудов М.А. Истиќлолият ва адолати судї 6

Ќаландарова М.С. Наќши Конститутсияи (Сарќонуни)
Љумњурии Тољикистон дар тањкими њокимияти судї 9

Сайдуллоев Ф. Таъмини волоияти Конститутсия - кафолати
амалишавии њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд 15

Юсупов Б.Ѓ. Падидањои модели конститутсионии давлати
њуќуќбунёд дар Тољикистон 21

Муќумов Н. Њуќуќи муаллиф ва созишнома оид ба љанбањои
тиљоратии њуќуќи моликияти зењнї 24

Содатќадамов Ш.М. Конснститутсия - кафили њифзи њуќуќу
озодињои инсон ва шањрванд 33

Холиќов О.Ш. Ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва такмили он 38

Ќарорњои Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

1) оид ба парванда аз рўи дархости шањрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 27 сентябри соли 2013 42

Таъинотњои Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

1) дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости директори Корхонаи дорои масъулияташ мањдуди «Автомотосервис ва савдои ба номи Вайс» Табаров В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати моддаи 223 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) ЉумњурииТољикистон» аз 16 сентябри соли 2013 52

2) дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Њизби Нањзати Исломии Тољикистон «Оид ба амалњои зиддиќонунии мансабдорони давлатї ва давлат» аз 4 октябри соли 2013 57

Навидњои Суди конститутсионии
Љумњурии Тољикистон

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон