04:22:15 - 21.09.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 4) 2013

 

 

 

АХБОРИ


СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ


ТОЉИКИСТОН


4 2013







Мањмудов М.А.

Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон,

академики АИ ЉТ,

доктори илмњои њуќуќ, профессор

ТАЊКИМИ АДОЛАТИ КОНСТИТУТСИОНЇ
КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТ ВА
АМАЛИ БЕВОСИТАИ КОНСТИТУТСИЯ
(Чанд мулоњиза рољеъ ба баъзе пањлуњои фаъолияти Суди
конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар соли 2013)

Тољикистон соли 2013 тањти роњбарии хирадмандонаи Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон ба дастовардњои назарраси иќтисодї ва иљтимої, ки равшангари пешрафти њаёти љомеа мебошанд, ноил гардид. Худшиносї ва худогоњии миллї дар љомеа њамчун арзишњои муќаддаси инсонї ќадру манзалати воло касб намуда, маќоми Тољикистони соњибистиќлол дар арсаи љањонї баландтар гардид.

Дар ин сол дар фазои демократї ва шаффофу баробар бо такя ба принсипњои умумиэътирофшудаи байналмилалї баргузор гардидани маъракаи муњими сиёсї - интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон бори дигар ба љањониён собит намуд, ки мардуми соњибтамаддуну соњибмаърифати кишвар дорои маърифати волои сиёсиву шањрвандї мебошад.

Аз ин рў, соли сипаришуда бо шарофати дастовардњои бадастомада њамчун соли музаффарияту комёбињо дар сањифањои таърихи миллатамон бо њарфњои заррин сабт мегардад.

Барои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон низ соли 2013 соли пешрафт ва дастовардњо дар фаъолияти касбї мањсуб меёбад.

Дар Суди конститутсионї дар соли 2013 вобаста ба пешнињод ва дархости шахсони воќеию њуќуќї, ки субъекти мурољиат ба Суди консти­тут­сионї мебошанд, бобати муайян намудани номутобиќатии санадањои меъёрии њуќуќии татбиќшуда ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дувоздањ адад парвандањо баррасї карда шуда, нисбат ба дутои онњо, ки дар мурофиаи судии конститутсионї мавриди баррасї ќарор гирифтанд, ќарор ва нисбати дањтои он таъиноти дахлдор ќабул карда шуд.

Чунончи 28 марти соли 2013 Суди конститутсионї дархости шањрванд Тураев М.М.-ро «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 2 июни соли 2009 № 25 ва таѓйири ба он аз 25 сентябри соли 2012 № 92 воридкардашуда ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» мавриди баррасї ќарор дод.

Бояд ќайд кард, ки машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї ифодаи озод будани соњибкорї буда, яке аз њуќуќњои асосї ва муњими иќтисодии инсон ва шањрванд, инчунин унсури асосии принсипи конститутсионии озодии иќтисодї ва аз њама муњимаш имконият ва василаи тадбиќи њуќуќи конститутсионии инсон ва шањрванд ба мењнат мањсуб ёфта, бо кафолати давлатї таъмин карда мешавад.

Кафолати фаъолияти озоди соњибкорї аз шаклњои гуногуни моликият асос ёфтани иќтисодиёти Тољикистон, баробарњуќуќї ва њифзи њуќуќии њамаи шаклњои моликият, аз љумла моликияти хусусї маншаъ гирифта, бе амалї намудани он бунёди љомеаи воќеан иљтимої ва иќтисоди бозоргонии дар муносибатњои байналмилалии иќтисодї раќобатпазир ѓайриимкон мебошад.

Њангоми баррасии дархости номбурда бошад, аз љониби Суди конститутсионї муайян гардид, ки банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон њуќуќи шахсро ба фаъолияти озоди соњибкорї, ки аз љониби давлат кафолат дода шуда, муњимтарин дастоварди сиёсию иљтимої ва њуќуќию иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба шумор меравад, мањдуд мекунад.

Бинобар ин, бо ќарори Суди конститутсионї банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намоянда­гони патентии Љумњурии Тољикистонро ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» номутобиќ њисобида шуд.

Њамин тавр, дар асоси ин ќарори Суди конститутсионї аз љониби маќоми ваколатдор ба Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон таѓйирот ворид карда шуда, банди 4 он, ки тибќи он шахсони вазифадор ва хизматчиёни Идораи патентї дар давоми се сол пас аз озод шуданашон аз Идораи патентї, њуќуќ надоранд, ки аз аттестатсия гузашта, дар Фењраст њамчун намоян­дагони патентї ба ќайд гирифта шаванд, таљдиди назар карда шуд.

Ё худ 27 сентябри соли 2013 аз љониби Суди конститутсионї дархости шањрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» мавриди баррасї ќарор гирифт.

Суди конститутсионї дархости мазкурро њаматарафа мавриди тањлил ва баррасї ќарор дода, муайян намуд, ки муќаррароти ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки аз болои таъиноти (ќарори) дар рафти муњокимаи судї оид ба интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул кардашуда шикоят ва эътироз овардани иштирокчиёни мурофиаи судиро манъ менамояд, боиси мањдуд гаштани њуќуќи конститутсионии шањрвандон оид ба мурољиат ба маќомоти судї гардида, ба мазмуну муњтавои моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон тавъам нест.

Зеро њама гуна тартибе, ки њуќуќњои иштирокчиёни мурофиаи љиноятиро оид ба њифзи њуќуќњои мурофиавии онњо мањдуд карда, монеаи ба амал баровардани онњо, аз љумла њуќуќи шикоят намудани санадњои судї мегардад, он њамчун мањдуд кардани кафолати њифзи судї ва њуќуќи мурољиат ба маќомоти давлатї муќаррарнамудаи Конститутсия, ќонунњо ва ќонунгу­зории мурофиавии Љумњурии Тољикистон ба њисоб меравад.

Бинобар ин, Суди конститутсионї муќар­рароти ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистонро дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номутобиќ арзёбї намуд.

Дар асоси ин ќарори Суди конститутсионї аз љониби парлумони кишвар ба ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон таѓйирот ворид карда шуда, муќаррароти номбурдаи мавриди бањс ќарордодашуда аз Кодекси мазкур хориљ гардид.

Бояд зикр кард, ки ќарорњои ќабулшудаи Суди конститутсионї сариваќт дар нашрияњои расмии кишвар аз љумла «Љумњурият» ва «Садои мардум» нашр карда шудаанд.

Тибќи талаботи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон» нисбат ба дањ парванда бинобар ба салоњияти Суди конститут­сионї мансубият надоштани масъалаи дар онњо дарљгардида таъинот дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судї бароварда шуд.

Дар соли 2013 ба Суди конститутсионї зиёда аз 369 (соли 2012 - 540) нафар шахсони воќеию њуќуќї тариќи шифоњию хаттї оид ба масъалањои гуногун мурољиат намуданд, ки вобаста ба салоњият ва тобеияти мурољиатњо онњо мавриди баррасї ќарор дода шуда, ба мурољиатку­нандагон љавобњои дахлдор ирсол карда шуданд.

Мурољиати шифоњии 250 нафар мурољиаткунандагон бевосита дар ваќти ќабули шањрвандон аз љониби роњбарият ва судяњои Суди конститутсионї ќабул карда шудааст.

Њамчунин, дар давраи њисоботї њаждањ дархост, чилу се ариза, ду пешнињод ва як шикоят аз шахсони воќеию њуќуќї ворид гардидаанд, ки онњо низ ба шумораи умумии мурољиатњои воридшуда шомил мебошанд.

Тањлилу омўзиши мурољиатњои воридшуда ба Суди конститутсионї муайян намуд, ки шумораи зиёди онњо оид ба номутобиќатии ќонунњо, норозигї оид ба санадњои судї, бањси манзил, замин, таъмини нафаќа, расонидани кўмаки моддї ва дигар масъалањо мебошанд. Дар асоси гузаронидани суњбату вохўрињо бо шањрвандони мурољиаткунанда муайян гардид, ки одатан шањрвандон бо сабаби дар мањалњо сариваќт ба онњо кўмак нарасонидан ба маќомоти болої, аз љумла судї мурољиат мекунанд.

Дар давраи њисоботї ба Суди конститутсионї дар маљмуъ ба истиснои мурољиатњои шањрвандон ва шахсони њуќуќї 1695 мавод ворид гардидааст, аз љумла 393 мактуб аз вазорату идорањои мухталифи давлатї, 1198 - санадњои меъёрии њуќуќї, 104 маљалалаву нашрияњо ва рўзномањо ворид гардида, ба маќомоти ќонунгузор, иљроия ва шахсони воќеию њуќуќї 643 мактуб оид ба масъалањои дахлдор ирсол карда шудааст.

Шумораи мактубњо оид ба масъалањои гуногун вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионї, ки соли сипаришуда тавассути почтаи электронии идоравї ворид гардидаанд, 417 ададро ташкил медињанд.

Инчунин, тавассути почтаи электронии Суди конститутсионї 205 адад мактуб вобаста ба фаъолияти ин маќомот ба дохил ва хориљи кишвар ирсол карда шудааст.

Дар ин давра се адад нашри шуморавии маљаллаи илмї – иттилоотии Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки дар он фаъолияти Суди конститутсионї инъикос гардида, маърўзаю маќолањои судяњо, кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї, олимону мутахассисони соњаи њуќуќ ва сиёсат гирд оварда шудаанд, аз чоп баромад.

Бо маќсади иљрои банди 9 Барномаи ислоњоти судї–њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2013, ки бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 январи соли 2011 № 976 тасдиќ гардидааст, аз љониби гуруњи корї дар заминаи меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бо дарназардошти ќонунгузории миллї ва таљрибаи байналмилалї Ќонуни конститут­сионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон» дар тањрири нав тањия гардида, ба Президенти кишвар пешнињод карда шуд.

Бояд ќайд кард, ки вобаста ба муњокимаи пешакии лоињаи нави Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», дар Китобхонаи миллї бо иштироки Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон, ки ў Раиси Конфронси маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи нав мебошад, инчунин намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Шўрои адлия, Прокуратураи генералї, Вазорати адлия, намояндагони дигар маќомоти њокимияти давлатї ва олимону мутахассиcони њуќуќшинос семинар гузаронида шуда, таклифу пешнињодњои онњо дар лоињаи Ќонуни конститутсионї ба инобат гирифта шуданд.

Дар ин давра китоби маљмўаи Номањои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон оид ба вазъи ќонунияти конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон солњои 1996-2012, ки дар худ фаъолияти Суди конститутсиониро дар ин давра таљассум намуда, пешнињодњои муфидро бобати бењтар кардани вазъи ќонунияти конститутсионї дар кишвар фаро мегирад, барои истифодаи хизматї аз чоп бароварда шуд.

Инчунин, дар соли 2013 маљмўаи маводњои аввалин Семинари байналмилалии Авруосиёгї дар мавзўи «Њифзи њуќуќи инсон ва шањрванд», ки дар он баромаду маърўзањои иштирокчиёни семинар гирд оварда шудаанд, рўи чоп омад.

Бояд иброз дошт, ки аввалин Семинари байналмилалии Авруосиёгї дар мавзўи «Њифзи њуќуќи инсон ва шањрванд» бо иштироки зиёда аз сї нафар намояндагони маќомоти бонуфузи давлатњои хориљї тибќи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2010 тањти № 678 «Дар бораи тасдиќи Наќшаи баргузории машваратњои илмї ва илмию техникї, конфронсњо, симпозиумњо, анљуманњо ва семинарњо дар Љумњурии Тољикис­тон барои соли 2011» ва Наќшаи чорабинињо, ки аз љониби Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон аз 28 сентябри соли 2011 № 10/16.1 тасдиќ карда шудааст, 14 – 15 октябри соли 2011 дар шањри Душанбе дар њамбастагї бо Донишгоњи миллии Тољикистон, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон ва Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон доир гардида буд.

Дар муддати соли 2013 ба сомонаи интернетии Суди консти­тутсионї мунтазам ахбороти нав, ки пањлуњои муњими фаъолияти Суди конститутсионї, аз љумла ахборотро оид ба мурофиањои судии доиргардида, вохўрии роњбарият ва судяњои Суди конститутсионї бо мењмонони хориљї, сафарњои хизматии роњбарият ва судяњои Суди конститутсионї ба дохилу хориљи кишвар ва дигар ахбороти муњимро бо забонњои давлатї, русї ва англисї дар бар мегиранд.

Амали мазкур дар як ваќт ба дилхоњ шахсони воќею њуќуќї имконият медињад, ки аз фаъолияти шаффофи Суди конститутсионї тавассути сомонаи интернетии он огоњ бошанд. То ба имрўз дар маљмуъ зиёда аз 93 000 (соли 2012 - 42 301) нафар ашхос бо сомонаи Суди конститутсионї шиносої пайдо намуда, аз маълумоти дар он гирдовардашуда ба таври васеъ истифода бурдаанд.

Љињати ѓанї гардонидани китобхонаи Суди конститутсионї, зиёда 790 адад китобњои гуногуни илмї-оммавї ва бадеї ва 102 адад маљаллањои гуногун (соли 2012 - 208 адад китоб ва 25 маљаллањои гуногуни илмї) ба даст оварда шуда, ба китобхонаи дохилии идоравї ворид карда шудааст, ки хоњишмандон метавонанд аз онњо ба таври васеъ истифода баранд. Дар маљмуъ то ба имрўз дар китобхонаи Суди конститутсионї зиёда аз 4000 адад китобу маљаллањои гуногун гирд оварда шудаанд.

Осорхонаи Суди конститутсионї низ тавассути њадяњои гуногун, ки аз тарафи маќомоти бонуфузи давлатии дохиливу хориљї, бо арзи эњтиром ба Суди конститутсионї дода шудаанд, ѓанї гардонида шуд.

Дар ин давра бањри љобаљогузории дурусти кадрњо барои ишѓоли мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї озмунњои кушода эълон карда шуда, мутахассисони љавон ба мансабњои холї ба кор ќабул карда шуда, кормандони дохилї, ки собиќаи кории чандинсола доштанд, ба мансабњои болотари хизмати давлатї, аз љумла; ёрдамчии Раис, ёрдамчии судяи Суди конститутсионї ва сармутахассис таъин гардиданд.

Бинобар тайёрии хуб доштан ва тавассути гузаштан аз имтињон чор нафар кормандони Суди конститутсионї ба мансаби коромўз-судя таъин гардида, ба чандин кормандони дигари Дастгоњ бахшида ба 19 – умин солгарди Конститутсияи Љумњурии Тољикистон барои иљрои корњои пурсамар рутбањои дараљавию тахассусї дода шуданд.

Дар ин давра бањодињии фаъолияти понздањ нафар хизматчиёни давлатии маъмурии Дастгоњи Суди конститутсионї тибќи тартиби муќаррарнамудаи Ќоидањои гузаронидани бањодињии фаъолияти хизматчии давлатии Љумњурии Тољикистон, ки бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 18 феврали соли 2011 тањти № 1018 тасдиќ карда шудааст, гузаронида шуд.

Се нафар хизматчиёни давлатии маъмурии Дастгоњи Суди конс­титутсионї бошанд, тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории соњаи хизмати давлатї аз аттестатсияи навбатї гузаронида шуданд.

Дар давоми сол роњбарият, судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї бо маќсади тарѓибу ташвиќи Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба маќоми олии ќонунгузории кишвар аз 26-уми апрели соли 2013 ва фањмондадињии мазмуну муњтавои меъёрњои Конститутсия ба шањру ноњияњои Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњои Суѓду Хатлон ва ноњияњои тобеи љумњурї ба сафарњои хизматї фиристода шуданд.

Кормандони дастгоњи Суди конститутсионї дар ин муддат бобати омўзиши таљрибаи байналмилалї ва такмили донишу малакаи касбии худ ба хориљи кишвар, аз љумла ба љумњурињои Фаронса, Туркия ва Швейтсария ба сафарњои хизматї фиристода шуданд, ки ин сафарњо дар омўзиши таљрибаи давлатњои дигар ва баланд бардоштани дониши касбии кормандон наќши калон доранд.

Бояд ёдовар шуд, ки соли сипаришуда дар доираи Ёддошти тафоњум оид ба њамкори байни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Туркия бо маќсади шиносої бо фаъолияти Суди конститутсионии Туркия ва густариши њамкорињои тарафайн шаш нафар кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї ба Љумњурии Туркия сафари хизматї анљом доданд.

Дар маљмуъ бобати иштирок дар чорабинињои гуногуни байналмилалї судяњо ва кормандони дастгоњи Суди конститутсионї ба љумњурињои Арманистон, Фаронса, Туркия, Италия, Испания, Ќазоќистон ва Шветсария сафарњои корї анљом додаанд.

Дар ин давра дар доираи њамкорињои байналмилалї байни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Арманистон зимни сафари Раиси Суди конститутсионии Арманистон ба Љумњурии Тољикистон Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї ба имзо расид, ки ин амал як ќадами устувори дигар барои густариши њамкорињо байни маќомоти назорати конститутсионии ду кишвар ба шумор меравад.

Ин чорумин санади байналмилалї мебошад, ки дар тўли фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо маќомоти њамшабењи давлатњои хориљи кишвар ба тасвиб расидааст.

Илова бар ин, аз љониби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон айни њол ба якчанд Судњои конститутсионии давлатњои дигар аз ќабили; Ќазоќистон ва Молдова љињати густариши њамкорињои тарафайн лоињаи Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї барои мувофиќа ирсол карда шудааст, ки аз тарафи онњо амали мазкур бо ќаноатмандї дастгирї ёфта, тарафњо омодагии худро барои ба имзо расонидани он изњор доштанд.

Њамчунин, бобати густариши муносибатњои байналмилалї соли сипаришуда вохўрии Раис ва судяњои Суди конститутсионї бо Раиси Суди констутсионии Арманистон Арутюнян Г.Г., узви Комиссияи байналмилалї бар зидди њукми ќатл, собиќ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфус, намояндагони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо – Светлана Анисимова, Лючиан Михай ва дигар шахсони њамроњикунандаи онњо, инчунин дигар шахсони расмї доир гардид.

Дар Суди конститутсионї дар соли 2013 бахшида ба таљлили Рўзи Вањдати миллї дар мавзўи «Вањдати миллї ва наќши он дар тањкими Истиќлолияти давлатї», бахшида ба 19-умин солгарди ќабули Конститутсия дар мавзўи «Конститутсия кафили њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд» мизи мудаввар ва ба ифтихори Рўзи Истиќлолияти давлатї, Парчами давлатї, Рўзи забони давлатї ва дигар љашнњои муњими давлатї маљлису љамомадњои тантанавї гузаронида шуданд.

Роњбарият, судяњо ва кормандони Суди конститутсионї њамчунин дар кори конфронсу семинарњои гуногун дар дохили кишвар, ки аз љониби маќомоти гуногуни давлатї доир гардид, ширкат варзида, оид ба мавзуњои мубрами рўз маърўзањо намуда, дар рўзномаву маљаллањои мухталиф маќолањо ба чоп расониданд.

Кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї, инчунин љињати такмили ихтисос дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон тањсил намуда, дар курси омўзишие, ки аз љониби Кумитаи њолатњои фавќуллода ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон гузаронида шуд, фаъолона ширкат варзиданд.

Бояд ќайд кард, ки Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамчун маќомоти назорати конститутсионї тибќи талаботи моддаи 8 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» њамасола ба Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Нома оид ба вазъи ќонунияти конститутсионї дар кишвар ирсол менамояд.

Бинобар ин, тибќи муќаррароти меъёри мазкур дар соли 2013 низ дар асоси тањлил ва омўзиши санадњои меъёрии њуќуќии амалкунанда ва вазъи сиёсиву иќтисодї ва иљтимоии кишвар аз љониби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Нома оид ба вазъи ќонунияти конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон дар соли 2013 тањия карда шуда, ба Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон пешнињод гардид.

Дар соли 2013 Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар самти фаъолияти касбї ба дастовардњои назаррас ноил гарда, минбаъд низ бањри амалї намудани рисолати худ оид ба таъмини волоият ва амали Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд чорањои зурурї меандешад.

Њамзамон, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тасмим гирифтааст, ки љашни 20-умин солгарди Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистонро, ки соли 2014 дар кишвар бо шукуњу шањомати хоса таљлил карда мешавад, бо дастовардњои боз њам назаррас истиќбол намояд.

 

Ањмадљонов И.Ѓ., Бадалов Ш.К.,

омўзгорони факултети њуќуќшиносии ДМТ

Њолати танзими њуќуќии номи
фирмавї дар Љумњурии Тољикистон

Дар муомилоти гражданї дар баробари фардикунонии шахсони воќеї зарурат ба фардикунонии шахсони њуќуќї низ љой дорад. Дар моддаи 55 КГ Љумњурии Тољикистон омадааст, ки шахси њуќуќї номи худро дорад, ки дар он ба шакли ташкилию њуќуќиаш ишора карда мешавад. Номи шахси њуќуќї дар њуљљатњои таъсисии он нишон дода мешавад. Вале худ ба худ номи шахси њуќуќї объекти њифзи њуќуќи моликияти зењнї нест, зеро муомилоти молумулкї (тиљоратї) ба он ниёз надорад. Бинобар ин, на њама воситањои фардикунонии иштирокчиёни муомилоти (ањдњои) гражданї бо ќонунгузории моликияти зењнї њифз мегарданд.

Дар муомилоти гражданї шахсони њуќуќие иштирок мекунанд, ки ба таври касбї маќсадашон ба даст даровардани фоида буда, ба истењсоли мол, хизматрасонї ва ѓайра машѓул мебошанд. Дар ин љо зарурати мутаќобила ба фардикунонии онњо ба миён меояд: аз як тараф, контрагентњо, истеъмолкунандагон ва ѓ. дар боэътимодии субъекте, ки бо он сару кор доранд, манфиатдор мебошанд. Бењуда нест, ки таърихан пайдоиши номи фирмавї (дар Италия) бо функсияи асосии он – нишондод ба шахсе, ки аз рўи ањдњо масъулият дорад, вобаста аст. Аз тарафи дигар, худи субъект њавасманд ва манфиатдор аст, ки номи ўро ба таври хосса бишиносанд ва бо ин ном маъруф шуда, ўро бо дигар субъектон омехта накунанд. Ин омили муњими ба даст овардани фоидаи иловагї мебошад.

Сарфи назар аз чунин табиати «ихтиёрии» номи фирмавї муомилоти муосир талаботи њатмиро нисбат ба шахсони њуќуќии тиљоратї гузошта, ќонунгузории граждании Тољикистон муќаррар менамояд, ки шахси њуќуќие, ки ташкилоти тиљоратї мебошад, бояд номи фирмавї дошта бошад. Зарурати доштани номи фирмавї танњо ба шахсони њуќуќии тиљоратї дар инкишофи муомилоти молї (тиљоратї), боэътимодї ва устувории он, инчунин назорати самараноки давлатї ифода меёбад. Њамин тавр, ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон имконияти доштани номи фирмавиро танњо нисбат ба шахсони њуќуќии тиљоратї пешбинї карда, ќисми боќимондаи шахсони њуќуќї танњо ном (-и расмї) дошта метавонанд (њарчанд дар амалия баъзан бо номи фирмавии шахсони њуќуќии ѓайритиљоратї[1] ва соњибкорони инфиродї низ дучор шудан мумкин аст).

Ќобили зикр аст, ки мафњуми расмии номи фирмавиро ќонун­гузории Тољикистон пешбинї накардааст, вале дар асоси тањлили низомноки меъёрњои гуногун ва адабиёти њуќуќї чунин мафњумро пешкаш кардан мумкин аст: номи фирмавї гуфта, номеро (ифодаеро) меноманд, ки функсияи фардикунонии шахси њуќуќии тиљоратиро иљро карда, тањти он шахси њуќуќї дар муомилоти гражданї иштирок мекунад. Њамин тавр, таъиноти асосии номи фирмавї ин фардикунонии шахси њуќуќї мебошад, вале њамзамон дигар наќшњоро низ иљро мекунад (маъруфгардї, фоидаи иловагї ва ѓайра).

Њарчанд дар адабиёти њуќуќии ватанї баъзан оид ба набудани санади меъёрии њуќуќие, ки њолати њуќуќии номи фирмавиро дар Тољикистон муайян мекунад, андешаронї карда шавад њам, аммо бояд ќайд кард, ки имрўз маљмўи санадњои меъёрии њуќуќие амал мекунанд, ки дар сатњи лозима муносибатњои мазкурро танзим карда истодаанд[2]. Албатта, агар сухан дар бораи як санаде равад, ки комилан њолати њуќуќии номи фирмавиро тавонад муайян кунад, чунин андешањо дурустанд.

Танзими «хоксоронаи» номи фирмавї дар Тољикистон решањои таърихї дорад. Њанўз дар солњои аввали њокимияти шўравї дар ЉШСФР дар КГ (соли 1922), баъдан дар Декрети КИМУ ва ШКХ ЉШСФР муќаррарот оид ба номи фирмавї љой дошт. Сипас Низомнома дар бораи фирма бо ќарори КИМ ИЉШС ва ШКХ ИЉШС аз 22 июни соли 1927 тасдиќ шуд (бо таѓйирот аз 17 августи соли 1927), ки амали он дар тамоми њудуди собиќ ИЉШС пањн мегардид. Азбаски санади мазкур расман бекор нашудааст, дар сарчашмањо (њарчанд сарчашмаи русї бошад њам) чунин аќида њаст, ки меъёрњои он дар ќисми бо ќонунњои амалкунанда мухолифнабуда то њол амал мекунанд[3] (чунин ба назар мерасад, ки масъалаи аз амал боз мондани он бо ќабул шудани ќисми чоруми КГ ФР комилан њал шуд). Бо дарназардошти ќисми 2 моддаи 7 Ќонуни ЉТ «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» эњтимолияти чунин амалро дар Тољикистон низ тахмин кардан мумкин аст (њарчанд истифода ва ё татбиќи он аз тарафи маќомоти њуќуќтатбиќкунанда ва шахсони ваколатдор мушоњида намегардад). Давраи дигари инкишофи танзими њуќуќии номи фирмавї ба ќабул шудани КГ Тољикистон (аз 28 декабри соли 1963) алоќаманд аст. Дар моддаи 29 Кодекси мазкур омада буд, ки шахси њуќуќї дорои ном буда, њуќуќу вазифањои ташкилоти хољагї, ки бо истифодабарии номи фирма вобастаанд, бо ќонунгузории ИЉШС муайян карда мешаванд. Дар партави он фармонњои Раёсати Шўрои Олии ИЉШС низ ќабул шуда буданд, ки тартиби номгузории муассиса ва ташкилотро муайян мекарданд.

Давраи минбаъдаи инкишофи ќонунгузорї дар соњаи номи фирмавї ба ќабул шудани санадњои парокандае, ки масъалањои љузъиро њал мекарданд, хусусиятнок аст. Масалан, Ќонуни ЉТ аз 14 декабри соли 1996 «Дар бораи моликият дар Љумњурии Тољикистон»[4] ба сифати объекти моликияти зењнї номи фирмавиро пешбинї карда буд (мод. 4).

Дар Тољикистон охирњои солњои 90-уми асри гузашта кўшиши ќабули санади ягона њам шуда буд. Њатто лоињаи Низомнома «Дар бораи номњои фирмавї»[5] ва баъдан Ќонуни ЉТ «Дар бораи номњои фирмавї» омода шуда буд. Вале бо сабабњои гуногун ин санадњо то њадди расмї нарасиданд. Имрўз низ кўшишњои ќабули ќонуни махсусгардонидашуда мушоњида мегардад[6].

Аслан таљрибаи баъзе давлатњо нишон додаистодааст, ки чунин санади ягона дар асл функсияи худашро иљро карда наметавонад. Масалан, дар Љумњурии Ќирѓизистон њанўз 23 декабри соли 1999 Ќонун «Дар бораи номњои фирмавї» ќабул шуда буд, вале ба љойи њалли масъала онро боз њам мушкилтар гардонид. Њарчанд маќсад дар як санад гирдоварии њамаи пањлуњои танзими њуќуќии номи фирмавї буд, боз зарурати њавола ба дигар санадњои меъёрї пеш омад. Аз ин љост, ки ин ќонун чандон самара надода истодааст. Гузашта аз он, гузаронидани санљиш аз рўи номи фирмавї дар шароити набудани манбаи ягонаи иттилоот (мисли объектњои њуќуќи патентї ва ё то њадде нисбат ба тамѓањои молї) мушкил ва номумкин буда, кўшиши татбиќ намудани моддаи 8 Конвенсияи Париж низ бенатиља мебошад. Њамчунин санљиши номи фирмавї муњлати тўлониро гирифта (дар Ќирѓизистон он ба понздањ рўз баробар аст), ба ислоњоте, ки дар соњаи баќайдгирии шахсони њуќуќї дар Тољикистон гузаронида шуд, халал мерасонад.

Бинобар ин, ба андешаи мо, аз ќабули санади ягона дида такмили КГ ЉТ мувофиќи маќсад аст, зеро хоњем нахоњем хусусият ва унсурњое, ки дар номи фирмавї бояд љойгир шаванд, дар санадњои меъёрии хоссае, ки вазъи шахси њуќуќии муайянро танзим мекунад, пешбинї карда мешаванд. Масалан, номи фирмавии љамъияти сањомие, ки ба фаъолияти бонкї машѓул аст ва ѓайра. Дар акси њол аз низоми дузина (КГ-ќонунњои махсус) мо ба низоми сезина (КГ-ќонуни махсус-ќонунњои алоњида) гузашта, масъалро боз њам мураккаб мегардонем. Ин аќидањо њаргиз маънои онро надорад, ки њолати њуќуќии номи фирмавї имрўз дар Тољикистон дар сатњи лозима буда, зарурати коркарди меъёрњои навро надорад. Сухан танњо дар бораи самаранокии сатњи он меравад, ки ба андешаи мо, дар доираи КГ ЉТ мувофиќтар аст.

Инак, низоми санадњои меъёрии њуќуќие, ки њолати њуќуќии номи фирмавиро дар Тољикистон муайян мекунанд, чунин гурўњбандї кардан мумкин аст:

1. Ќонунгузорие, ки хислати универсалї дорад. Ба ин гурўњ КГ ЉТ дохил мешавад. Дар КГ ЉТ як ќатор моддањое мављуданд, ки муносибатњо вобаста ба номи фирмавї, аз љумла талабот нисбат ба онро танзим мекунанд. Хусусияти танзими номи фирма дар КГ ЉТ дар он аст, ки КГ ЉТ њам ном ва таркиби номи фирмавї, талаботи баќайдгирии он, инчунин тартиби истифодаи номи фирмавї ва оќибатњои вайрон кардани њуќуќ ба номи фирмавиро пешбинї кардааст.

Чуноне ќайд шуда буд, дар моддаи 55 КГ ЉТ омадааст, ки шахси њуќуќї номи худро дорад, ки дар он ба шакли ташкилию њуќуќиаш ишора карда мешавад. Номи ташкилотњои ѓайритиљоратї, корхонањои воњид ва дар њолатњои пешбининамудаи ќонун ташкилотњои дигари тиљоратї бояд ишора ба хусусияти фаъолияти шахси њуќуќиро дошта бошад. Ба номи шахси њуќуќї дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмї (номи давлат), ба реквизитњои аснод ё маводи рекламавии шахси њуќуќї дохил кардани чунин ном ё унсурњои рамзи давлатї мувофиќи тартиби муайяннамудаи Њукумат иљозат дода мешавад[7]. Ном ва мањалли љойгиршавии шахси њуќуќї дар њуљљатњои таъсисии он нишон дода мешавад. Шахси њуќуќие, ки ташкилоти тиљоратї мебошад, бояд номи фирмавї дошта бошад. Шахси њуќуќие, ки номи фирмавии он мувофиќи тартиби муќарраргардида ба ќайд гирифта шудааст, барои истифодаи он њуќуќи мустасно дорад. Шахсе, ки номи ба ќайд гирифташудаи фирмавии шахси дигарро ѓайриќонунї истифода мекунад, бо талаби соњиби њуќуќдори номи фирмавї вазифадор аст истифодаи онро ќатъ карда, зиёни расонидаашро љуброн намояд.

Дар баробари ин, як ќатор моддањои дигар низ мављуданд:

– маълумот дар бораи баќайдгирии давлатї, аз љумла баќайд­гирии ташкилотњои тиљоратї, номи фирма ба Фењристи ягонаи давлатии шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродї дохил карда мешавад, ки барои шиносоии умум дастрас мебошад (ќисми 1 моддаи 51 КГ ЉТ);

– номи фирмавии ширкати комил бояд инњоро дар бар гирифта бошад: номи (унвони) њамаи иштирокчиёни он, инчунин калимањои «ширкати комил» ё номи (унвони) як ё якчанд иштирокчї бо илова кардани калимањои «ва компания» инчунин калимањои «ширкати комил» (ќисми 3 моддаи 72 КГ ЉТ);

– номи фирмавии ширкати ба боварї асосёфта бояд аз номи (номгўи) њамаи шарикони комил ва калимањои «ширкати ба боварї асосёфта» ё «ширкати коммандитї» ва ё аз номи (номгўи) на камтар аз як шарики комил бо иловаи калимањои «... ва шариконаш» ва калимањои «ширкати ба боварї асосёфта» ё «ширкати коммандитї» иборат бошад (ќисми 4 моддаи 87 КГ ЉТ);

– номи фирмавии љамъияти дорои масъулияти мањуд бояд номи љамъият ва ибораи «дорои масъулияти мањдуд»-ро дошта бошад (ќисми 2 моддаи 94 КГ ЉТ);

– номи фирмавии љамъияти дорои масъулияти иловагї бояд номи љамъият, инчунин ибораи «дорои масъулияти иловагї»-ро дар бар гирад (ќисми 2 моддаи 105 КГ ЉТ);

– номи фирмавии љамъияти сањомї бояд номи он ва ишораи сањомї будани љамъиятро дар бар гирифта бошад (ќисми 2 моддаи 105 КГ ЉТ);

– номи фирмавии кооператив бояд номи он ва калимањои «кооперативи истењсолї» ё «артел»-ро дар бар гирифта бошад (ќисми 3 моддаи 118 КГ ЉТ);

– номи фирмавии корхонаи давлатї бояд ишора ба соњибмулки онро дошта бошад (ќисми 3 моддаи 124 КГ ЉТ);

– номи фирмавии корхонаи ба њуќуќи идораи оперативї асосёфта бояд ишора ба он дошта бошад, ки корхонаи махсуси (казонии) давлатї аст (ќисми 4 моддаи 127 КГ ЉТ);

– номи фирмавии ассотсиатсия бояд ишора ба маќсади асосии фаъолияти он ва маќсади асосии фаъолияти аъзои онро бо иловаи калимањои «ассотсиатсия» ё «иттифоќ» дар бар гирифта бошад (ќисми 5 моддаи 133 КГ ЉТ);

– ба неъмату њуќуќи молумулкї њамчун объекти њуќуќи гражданї номи фирма дохил карда шудааст (ќисми 2 моддаи 140 КГ ЉТ);

– ба њайати корхона њамчун комплекси молумулкї номи фирмавї дохил шудааст (ќисми 2 моддаи 144 КГ ЉТ);

– њуќуќи истисноии шахси њуќуќї ба номи фирмавї эътироф карда шудааст (моддаи 152 КГ ЉТ).

Гузашта аз он, дар ќисми 2 КГ ЉТ номи фирмавиро дар муомилот танзим кардааст. Масалан, мувофиќи ќисми 3 моддаи 589 КГ ЉТ тибќи шартномаи фурўши корхона њуќуќи истифодаи номи фирмавї, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинї нагардида бошад, ба харидор мегузарад. Ё худ тибќи моддаи 958 КГ ЉТ њуќуќи номи фирмавї аз љумлаи маљмўи њуќуќњои мустасное мебошад, ки тибќи шартномаи имтиёзи тиљоратї мумкин аст ба истифодабаранда дода шавад. Дар ќисми 3 КГ ЉТ меъёрњои муайян оид ба номи фирмавї мављуд мебошанд. Дар баробари ин, моддаи 55 КГ ЉТ пешбини мекунад, ки тартиби баќайдгирї ва истифодаи номи фирмавиро ќонунњо мутобиќи КГ муайян менамоянд.

2. Ќонунгузорие, ки баќайдгирии давлатии шахсони њуќуќиро пешбинї мекунад. Ба он Ќонуни ЉТ «Дар бораи баќайдгирии шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродї»[8] дохил мешавад. Ќобили зикр аст, ки тибќи Конвенсияи Париж номи фирмавї сарфи назар аз баќайдгирї њифз карда мешавад. Бинобар ин, баќайдгирии номи фирмавї ягон амали мустаќил набуда, тибќи ќонунгузории Тољикистон танњо он ба Фењристи ягонаи давлатї ворид мегардад, ки њамзамон бо баќайдгирии шахси њуќуќї амалї мешавад (мисли номи дигар шахсони њуќуќї). Бо дарназардошти ин хусусият бояд моддаи 55 КГ ЉТ шарњ дода шавад (сухан дар бораи муќаррарот оид ба он меравад, ки шахси њуќуќие, ки номи фирмавии он мувофиќи тартиби муќарраргардида ба ќайд гирифта шудааст, барои истифодаи он њуќуќи мустасно дорад).

Мувофиќи моддаи 8 Ќонуни мазкур Фењристи ягонаи давлатї номи пурраи фирмавии (дар њолати мављуд будан, инчунин номи кўтоњи) шахси њуќуќї бо забони давлатии ЉТ ва маълумот дар бораи таѓйирёбии онро дар бар мегирад. Аз ин рў, дар ариза барои баќайдгирии давлатии шахси њуќуќї бояд маълумот дар бораи шакли ташкилию њуќуќии шахси њуќуќї ва номи пурраи (дар њолати мављуд будан, инчунин номи кўтоњи) фирмавии шахси њуќуќї бо забони давлатии ЉТ нишон дода шавад (моддаи 11).

Чуноне мебинем, номи фирмавии шахси њуќуќї бояд бо забони давлатии ЉТ бошад. Ин талабот аз 1 июли соли 2009 амал карда истодааст. Аз њамин сана сар карда бояд номи фирмавии тамоми шахсони њуќуќї бо забони давлатї ба ќайд гирифта мешуданд. Вале дар татбиќи он амалия ба дигар самт инкишоф ёфт. Ќобили зикр аст, ки мувофиќи моддаи 18 «Ќонуни ЉТ дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон»[9] номгузории маќомоти њокимияти давлатї, вазорату идорањо, инчунин ташкилотњои дигар, новобаста аз шакли ташкилию њуќуќї, ба забони давлатї бояд сурат гирад. Ќисми 3 њамин модда муќарраротеро доро мебошад, ки њам ѓалат ва њам номуайян аст. Мувофиќи он номи ташкилотњои хориљї ва муштарак ба забонњои дигар низ баргардонида мешавад. Дар ин љо калимањои «ташкилотњои хориљї», «ташкилотњои муштарак» ва «баргардонида мешавад» шарњро талаб мекунад. Таљриба транслитератсияро њамчун забони давлатї ќабул намуда, ба маънои мафњуми «баргардон» дохил намуд. Танњо ин шарњ бе дарназардошти ду мафњуми аввал сурат гирифт. Дар натиља, шахсони њуќуќии дорои номњои фирмавии зерин пайдо шуданд: Canon – Кенон, Чўљањо - Chicken - Цыплята, Travel and Tur –Тревел энд Тур ва ѓайра. Ба андешаи мо, номи фирмавии шахсони њуќуќї бояд танњо бо забони давлатї ба ќайд гирифта шаванд. Мазмуни меъёрњои ќонунгузории амалкунанда ба љой доштани ягон хел баргардон имконият намедињанд. Ќонунгузории Тољикистон оид ба баќайдгирии шахсони њуќуќї имконияти доштани номи фирмавиро бо дигар забон (дар баробари номи фирмавї бо забони давлатї, ки њатмї аст) пешбинї накардааст. Амалан аксари шахсони њуќуќї бо дигар забонњо низ дорои номи фирмавї мебошанд.

Мушкилоти дигари Ќонуни мазкур дар он аст, ки баќайдгирї ва дар Фењрист љой додани танњо номи фирмавиро пешбинї кардааст, ин дар њолест, ки тибќи он шахсони њуќуќие низ ба ќайд гирифта мешаванд, ки дорои номи фирмавї намебошанд.

3. Ќонунњои ЉТ, ки њолати њуќуќии шахсони њуќуќии тиљоратии алоњидаро муайян мекунанд. Ба ин гурўњ дохил мешавад:

– Ќонуни ЉТ «Дар бораи љамъияти дорои масъулияти мањдуд»[10]. Мувофиќи моддаи 3 Ќонуни мазкур љамъият номи пурраи расмї дошта, њаќ дорад ба забони давлатї дорои номи мухтасар бошад. Номи пурраи фирмавии љамъият ба забони давлатї бояд номи пурраи љамъият ва иборањои «дорои масъулияти мањдуд»-ро дошта бошад. Номи мухтасари фирмавии љамъият бояд дорои номи пурра ё мухтасари љамъият ва калимањои «дорои масъулияти мањдуд» ё ихтисори (аббревиатураи) ЉДММ бошад. Номи фирмавии љамъият дар забони давлатї дигар истилоњњо ва ихтисорњое, ки шакли ташкилию њуќуќї, аз љумла аз забонњои хориљї гирифташударо инъикос менамоянд, дошта наметавонад, агар санадњои меъёрии њуќуќии ЉТ ќоидаи дигарро пешбинї накарда бошанд;

– Ќонуни ЉТ «Дар бораи корхонањои давлатї»[11]. Мувофиќи моддаи 8 Ќонуни мазкур номи фирмавии корхонаи давлатї бояд дорои нишондод ба соњиби молу мулк будан, мансубият ба намуди моликияти давлатї (љумњуриявї ё коммуналї) – ро дошта бошад. Номи фирмавии корхонаи њуќуќи пешбурди хољагидорї дошта, бояд дорои нишондод ба корхонаи воњиди давлатї будани онро дошта бошад. Номи фирмавии корхонаи њуќуќи идораи оперативї дошта, бояд дорои нишондод ба корхонаи давлатї будани онро дошта бошад. Њамчунин мувофиќи моддаи 19 корхонањои давлатї метавонанд ба ассотсиатсияњо (иттифоќњо) муттањид шаванд. Ассотсиатсия (иттифоќ) дорои номи фирмавї буда, дар он маќсади асосии фаъолияти он ва аъзояш бо иловаи калимањои «ассотсиатсия» ё «иттифоќ» нишон дода мешавад;

– Ќонуни ЉТ «Дар бораи љамъиятњои сањомї»[12]. Мувофиќи моддаи 5 Ќонуни мазкур љамъияти сањомї дорои номи фирмавии худ мебошад ва бояд дар номгўи худ калимањои «Љамъияти сањомии кушода (ЉСК)» ё «Љамъияти сањомии пўшида (ЉСП)» дошта бошад;

– Ќонуни ЉТ «Дар бораи фаъолияти бонкї»[13]. Дар моддаи 8 Ќонуни мазкур унсурњое, ки дар номи фирмавї истифода шуда метавонанд ва ё наметавонанд, пешбинї шудааст.

Номгўи ќонунњои гурўњи мазкур бо ин мањдуд намешавад.

4. Ќонунгузорие, ки истифодаи номи фирмавї ва ё баръакс манъи истифодаи онро пешбинї мекунад. Масалан, мувофиќи моддаи 9 Ќонуни ЉТ «Дар бораи тамѓањои молї ва тамѓањои хизматрасонї»[14] ба сифати тамѓањои молї аломатњое ба ќайд гирифта намешаванд, ки айнан номи фирмавии дар ЉТ нисбат ба молњои якхела њифзшаванда (ё ќисми номи фирмавї) ва намунаи саноатие, ки њуќуќи шахсони дигар дар ЉТ ба онњо то санаи аввалияти тамѓаи молии баќайдгирифташаванда ба вуљуд омадааст, мебошанд. Мувофиќи моддаи 10 Ќонуни ЉТ «Дар бораи њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон» истењсолкунанда (иљрокунанда, фурўшанда) вазифадор аст, ки номи фирмавии (номи) ташкилоти худ, мањалли љойгиршавї, нишонии њуќуќї ва низоми кори онро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад.

5. Ќонунгузорие, ки њифзи њуќуќ ба номи фирмавї, оќибати вайрон кардани ќонунгузории зиддиинњисорї ва њифзи манфиатњои дигаронро њамчун манфиати оммавї пешбинї мекунад:

– Ќонуни ЉТ «Дар бораи раќобат ва мањдудкунии фаъолияти инњисорї дар бозорњои мол». Мувофиќи моддаи 7 Ќонуни мазкур истифодаи худсаронаи номи фирмавї њамчун шакли раќобати бевиљдонона дониста шуда, ба он роњ дода намешавад. Маќомоти давлатии зиддиинњисорї њуќуќ дорад дар сурати мављуд будани аломатњои вайронкунии ќонунгузории зиддиинњисорї дар бораи он парванда оѓоз намуда, онро баррасї намояд ва аз рўи натиљаи баррасии он ќарор барорад ва ба субъектњои хољагидор барои иљрои њатмї амрия дар бораи дигар кардан ё мањдуд намудани истифодаи номи фирмавї дињад (моддаи 13);

– Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии ЉТ[15]. Дар моддаи 377 Кодекси мазкур барои истифодаи ѓайриќонунии номи фирмавї љавобгарии маъмурї пешбинї шудааст;

– Кодекси љиноятии ЉТ[16]. Дар моддаи 275 Кодекси мазкур барои истифодаи ѓайриќонунии номи фирмавї агар он такроран пас аз додани љазои маъмурї содир гардида ё ба миќдори калон зарар расонида бошанд (зиёда аз њазор нишондињанда барои њисобњо), љавобгарии љиноятї пешбинї шудааст.



[1] Ниг., масалан, ба Оинномаи Муассисаи давлатии «Мудирияти минтаќаи зериобшавандаи Нерўгоњи барќии обии Роѓун», ки бо Ќарори Њукумати ЉТ аз 6 январи соли 2011 № 3 тасдиќ шудааст. Ё ин ки ќисми 5 моддаи 133 КГ ЉТ ишора ба номи фирмавии ассотсиатсияњоро кардааст.

 

[2] Баъзан мутахассисони хориљї њангоми бањодињии вазъи њифзи номи фирмавї дар Тољикистон чунин аќида доранд, ки гўё номи фирмавї танњо дар сатњи КГ ба роњ монда шуда бошад. Ниг.: Орлова В.В. Права на средства индивидуализации/ Право интеллектуальной собственности: учебник/ под ред. И.А. Близнеца. М., 2011. С.436.

[3] Ниг.: Сергеев А.П. Право интеллектуальной собственности в Российской Федерации. М., 2003. С.100-101.

[4] Ниг.: Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 1996 № 24, моддаи 412.

[5] Ниг.: Барномаи рушди нерў ва моликияти зењнии инсон дар давраи то соли 2020, ки бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 декабри соли 2012 № 687 тасдиќ шудааст.

[6] Ниг.: ба Ќарори Њукумати ЉТ аз 18 июли соли 1996 № 323 «Дар бораи љамъ­оварии бољ барои истифодаи номњои «Тољикистон». «Љумњурии Тољикистон» ва иборањои аз онњо таркиб ёфта дар номи корхонаю ташкилотњо ва мањсулоте, ки онњо истењсол мекунанд» (дар шароити амали Ќонуни ЉТ «Дар бораи бољи давлатї» аз 28 феврали соли 2004 татбиќи он мушкилї дорад).

[7] Ниг.: Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 2004, № 2, мод. 42.

[8] Ниг.: Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 2007, № 3, мод.170.

[9] Ниг.:Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 2009, № 5, мод.331.

[10] Ниг.: Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 2007, № 3, мод. 167/.

[11] Њамчунин ниг. ба: Тартиби номгузорї ва дигар кардани номи корхонањои дав­латї, истгоњњои роњи оњан, фурудгоњњо, ташкилоту муассисањо, таълимгоњњо, инчунин объектњои физикию љуѓрофї, ки бо Ќарори Њукумати ЉТ аз 31 октябри соли 2009, № 609 тасдиќ шудааст.

[12] Ниг.: Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон соли 2006, № 7, мод. 346.

[13] Ниг.: Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 2008, № 12, ќ-1, мод. 989, мод. 990.

[14] Ниг.: Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 1998, № 9, мод. 68, мод. 69,.

[15] Ниг.: Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии њуќуќ ва давлат. Китоби дарсї барои донишљўёни факултети хукукшиноси.-Душанбе, 2005.,С.318

[16] Ниг.:Сотиволдиев Р.Ш. Асари ишорашуда. С.319


Боев М.Ф.

муаллими калони кафедраи «Њуќуќи наќлиёт

ва њуќуќи истифодаи сарватњои табии»-и

факултети њуќуќшиносии ДМТ.

ТАНЗИМИ ЊУЌУЌИИ САВДОИ БИРЖАВЇ
ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Љамъияти инсонї бидуни ќонунњои муайяни худ вуљуд дошта ва инкишоф ёфта наметавонад. Бинобар њамин, дар љомеаи инсонї барои нигоњ доштани тартиботи љамъиятї ва муайян кардани њудуди рафтори иштирокчиёни он ќонунњои гуногунмазмун ќабул карда мешаванд.

Ќайд кардан бамаврид аст, ки дар назарияи давлат ва њуќуќ зери мафњуми танзими њуќуќї «таъсиррасонии њамаи воситањои њуќуќиро ба муносибатњои љамъиятї бо маќсади ба низом овардани онњо фањмида мешавад». Танзими њуќуќї таъсиррасонии маќсаднок, муташаккилона ва меъёриву арзиширо ба рафтори одамон ва муносибатњои љамъиятї меноманд.

Новобаста аз мафњумњои додашуда, танзими њуќуќї бояд дорои хусусиятњои зерин бошад:

– маќсади танзими њуќуќї - ин инъикос кардан ва батартиб овардан мебошад;

– объекти танзими њуќуќї - ин муносибатњои љамъиятие мебошанд, ки барои танзимнамої равона карда шудаанд;

– методи танзими њуќуќї - ин маљмўи воситањои њуќуќие, мебошанд, ки тавассути онњо танзимнамої амалї карда мешавад[1].

Ба аќидаи мо танзими њуќуќии савдои биржавї –ин низоми санадњои меъёрии њуќуќиро меноманд, ки њолати њуќуќии биржа ва иштирокчиёни онро ба танзим медароранд.

Бинобар њамин, танзими њуќуќии савдои биржавї дар Љумхурии Тољикистон бо санадњои меъёри њуќуќии гуногун танзим карда мешавад. Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи танзими њуќуќии савдои биржавї ба Конуститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон асос ёфта, аз дигар санадњои меъёри њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Љумњурии Тољикистон онњоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Мафњуми ќонунгузорї дар ќонун ва адабиётњои њуќуќї дода шудааст. Ќонунгузорї – ин санадњои меъёрии њуќуќие, ки муноси­батњои љамъиятиро дар маљмуъ ё дар соњаи муайян танзим мекунанд[2]. Ќонунгузорї аз маљмўи ќонунњо ва санадњои меъёрии зерќонунї иборат мебошад. Яъне ќонунгузорї шакли берунаи ифодаи њуќуќ буда, аз сарчашмањои њуќуќ иборат аст[3]. Бинобар њамин, банда бо такя аз мафњумњои додашуда мафњуми зерини ќонунгузории биржавиро пешнињод мекунам:

- «ќонунгузории биржавї аз маљмўи ќонунњо ва санадњои меъёрии зерќонунї иборат мебошад, ки муносибатњои биржавиро танзим мекунанд». Дар ба фурўш баровардани мањсулот биржањо ањамияти калон доранд ва яке аз субъектони фаъоли муносибатњои бозоргонї ба њисоб мераванд. Биржањо дар муњити солиму озоди раќобат бештар дар намуди шакли ташкилї-њуќуќии ташкилотњои тиљоратї, гуногуншаклии моликият ташкил карда мешаванд.

Бинобар њамин, пайдоиш ва инкишофи ќонунгузории биржавї мањз баъд аз соњибихтиёрии Љумњурии Тољикистон ба вуљуд омадааст.

Баъди солњои 90-уми асри XX дар Тољикистон то имрўз танзимнамоии њуќуќии фаъолияти биржавї дар ду сатњ ба вуљуд омад. Якум, санадњои меъёрии њуќуќї аз ќабили: Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи биржаи молї ва савдои биржавї», ки аз 23 - уми декабри 1991 ќабул шудааст, дуюм санадњои локалии дохили ташкилот[4]. Ќонунгузории биржавї сохтори амудии худро доро мебошад. Сохти амудии ќонунгузории биржавї гуфта, љойгиршавии зинавии санадњои меъёрии њуќуќиро дар назар дорад. Дар ин низом љои аввалро Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, баъдан ќонунњо ва дигар санадњои зерќонунї ишѓол мекунанд.

Конститутсия - ќонуни асосии давлат аст, ки асосњои сохтори конститутсионї, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, ташкилу фаъолияти маќомоти њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судиро пешбинї мекунад. Он аз дигар ќонунњо бо хусусиятњои зерин фарќ карда мешавад: ба тариќи махсус ќабул мешавад (халќ), эътибори олии њуќуќї дорад, аз њама ќонунњо болотар меистад (санадњои меъёрии њуќуќии хилофи он эътибори њуќуќї надоранд), ягон маќомот, давлат ё шахси мансабдор њуќуќи таѓйир додани конститутсияро надорад (танњо бо райъпурсї), њуљљати њуќуќии таъсисї аст, њуќуќу озодии инсон, шакли давлатдорї, низоми судї ва дигар асосњои љомеаро муќаррар мекунад.

Конститутсия ягона санади меъёрии њуќуќие мебошад, ки барои њамаи дигар ќонунњо њамчун заминаи њуќуќї хизмат мекунад. Конститутсия санади меъёрии њуќуќї буда, муносибатњои муњимтарини љамъиятиро танзим мекунад, ки меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд. Бо гузариш ба иќтисоди бозоргонї муносибатњои соњибкорї дар љомеа рушд карданд. Асоси њуќуќии он аввалин маротиба дар моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон гузошта шуд. Бинобар њамин, дар моддаи 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон чунин муќаррар карда шудааст: «Асоси иќтисодиёти Љумњурии Тољикистонро шаклњои гуногуни моликият ташкил медињанд. Давлат фаъолияти озоди иќтисодї, соњибкорї, баробарњуќуќї ва њифзи њуќуќии њамаи шаклњои моликият, аз љумла моликияти хусусиро кафолат медињад»[5]. Ин муќаррароти Конститутсия барои соњаи савдои биржавї як заминаи хуби њуќуќї мебошад.

Ќонуни Љумњурии Тољикистон дар бораи биржаи молї ва савдои биржавї, ки њанўз 23 - уми декабри 1991 ќабул шуда буд, амал мекунад, бисёр меъёрњои он куњна шудаанд ва ба муносибатњои имрўзаи љомеаи Тољикистон мутобиќат намекунанд. Ќонуни номбурда пеш аз њама сохтори дохилиаш ба талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» љавоб намедињад. Дар Ќонун мафњумњои асосї шарњ дода нашудаанд ва њатто санадњои локалї баъзе муќаррароташон ба ќонун мухолифат мекунад, ки ин мухолифатњо бояд бартараф карда шаванд. Яъне гуфтан љоиз аст, ки техникаи њуќуќї риоя карда шавад. Воситаву ќоидањои техникаи њуќуќї инњоянд: 1) истилоњоти њуќуќї-маљмўи истилоњњои њуќуќї аст, ки дар санадњои њуќуќї истифода мешаванд, ќоидањои услубї, забонї (ањамияти расмї ва ифодаи њуљљатї, алоќаи мантиќї, аниќ, оммафањм ва ѓ.) ба техникаи ќонунгузорї ва техникаи њуќуќтадбиќсозї људо мешавад.

Яке аз проблемањои њалталаб дар Љумњурии Тољикистон - ин шакли ташкилї-њуќуќии биржа мебошад. Ќобили ќайд аст, ки дар ќонунгузорї мафњуми шакли ташкилї-њуќуќї дода нашудааст ва танњо баъзе аломатњои он ва намудњои шакли ташкилї-њуќуќї дар ќонунгузорї пешбинї шудааст.

Биржа яке аз элементњои асосї дар инфрасохтори бозори њар як давлат буда, њавасмандкунандаи инкишофи бозор дар иќтисодиёт мебошад. Номукаммалии ќонунгузории биржавї инкишофи муътадили иќтисодиётро боз медорад. Таљрибаи љањонї нишон медињад, ки инкишофи иќтисодиёти бисёр давлатњо ба проблемаи танзимнамої-њуќуќии ќонунгузории биржа вобастагї дорад. Бинобар њамин, ташкилотњои биржавї таъминкунандаи адолатнокї ва ќонунии амалиётњои бозорї мебошанд. Инкишофи фаъолияти биржавї боиси инкишоф додани ќонунгузории биржавї мегардад. Ё бо ибораи дигар ба вуљуд омадани муносибатњои нави љамъиятї дар соњаи биржа боиси инкишоф додани ќонунгузории биржавї мегардад.

Дар баробари ин ќонунњо, чандин ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон дар соњаи фаъолияти биржавї арзи вуљуд доранд, ки танзимкунандаи муносибатњои биржавї мебошанд. Чунончи, Ќарори Њукумати Љумхурии Тољикистон аз 8-июни соли 2001 № 237 «Дар бораи тадбирњо оид ба бењтар намудани савдои молњои истењсоли ватанї дар бозори беруна»; Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи сохтори биржаи универсалии молу ашёї Тољикистон»; Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъсиси комиссия оид ба барасии бањсњои биржавї ва дањњо ќарорњои дигар доир ба муносибатњои биржавї низ ќабул шудаанд.

Санадњои локалие низ вуљуд доранд, ки наќши онњо дар танзимнамоии муносибатњои биржавї бисёр муњим мебошад.

Истилоњи локалї аз решаи лотинии «localis» гирифта шуда, маънояш мањаллї, дар мањалли муайян, дар њудуди муайян мебошад[6].

Санадњои локалї-гуфта, чунин санадњои меъёрии дохилї-идоравиеро меноманд, ки дар дохили корхона, муассиса ва ташкилот амал мекунанд. Наќши санадњои локалї дар танзими муносибатњои биржавї бисёр муњим ва назаррас мебошад. Санадњои локалие,ки танзимкунандаи муносибатњои биржавї њастанд, гуногун мебошанд. Аз љумла оиномаи Биржаи универсалии молу ашёи Тољикистон; Ќоидањои савдои биржавї; Ќоидањои дохилии ташкилотњои биржавї; Ќоидањо дар бораи комиссия оид ба барасии бањсњои биржавї ва амсоли инњо иборат мебошанд.

Яке аз намудњои санадњои локалї, ки њамчун санади муњим дар савдои биржавї баромад мекунад, ин «Ќоидањои савдои биржавї» мебошад. Ќоида санади меъёрии њуќуќиест, ки меъёрњои хусусияти умумиро мушаххас мегардонад, тартиби ташкил ва амали ин ё он намуди фаъолиятро оид ба масъалањои љорї даќиќ муайян менамояд[7].

Ин санад дар танзими муносибатњои биржавї бисёр муњим буда, дорои чунин маълумотњо мебошад:

1. Муќаррароти умумии савдои биржавї;

2. Савдои биржавї, иштирокчиёни он ва шахсони озод дар толори савдо;

3. Ташкили савдои биржавї ва ярмарка оид ба хариди мањсулоти озуќавории асосї (мањсулотњои аввалиндараља) барои эњтиёљоти давлатї;

4.Ташкили савдои ярмарка, аз он љумла ярмаркаи махсусгардонидашуда (яъне фурўши танњо як намуди мањсулот);

5. Тартиби ба ќайдгирии кантораи брокерї ва иљозат додани он барои иштирок дар савдои биржавї;

6. Љой ва ваќти гузаронидани савдо;

7. Мањсулоти биржавї;

8. Ањдњои биржавї;

9. Тартиби ќабул ва гирифтани мол аз савдои биржавї;

10. Тартиби гузаронидани савдои биржавї;

11. Тартиби баќайдгирї ва ба расмиятдарории ањдњои биржавї;

12. Тартиби бекоркунии ањдњо;

13. Муљозот (санксия);

14. Комиссияи бањсњои биржавї.



[1] Сангинов Д.Ш. Правовое регулирование туристкой деятельности в Республике Таджикистан: проблемы и пути их решения. Душанбе, 2010.С.10.

[2] Ниг: Ќонуни ЉТ «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї»(Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, (дар ќироати дуюм ќабул гаштааст) соли 2009 № 3, мод.99; соли 2010 № , мод.)

[3] Ниг: Сотиволдиев Р.Ш. Асари ишорашуда.С.339.

[4] Ниг: Шонасридинов Н., Нодиров Ф. М. Њуќуќи соњибкорї. Васоити таълимї. Ќисми 1. Душанбе: Прогресс 2009. С.463.

[5] Ниг.: Конститутсияи ЉТ соли 1994 бо таѓйиру иловањои соли 1999 ва 2003. моддаи 12

[6] Ниг: Юридический словарь/Под общ. Ред. В.Т.Гайкова.-Изд. 2-е, доп. и перераб. Ростов н/Д: Феникс, 2006. С.78.

[7] Ниг: Конуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, (дар ќироати дуюм ќабул гаштааст) соли 2009 № 3, мод.99; соли 2010 № , мод.).

 

 

 

Саидов Њ.Х.,

Ассистенти кафедраи њуќуќи байналмилалии

факултети њуќуќшиносии ДМТ

Њуќуќу озодињои асоси инсон дар раванди муоинаи шахс њамчун шакли истисноии назорати гумрукї

Бо маќасади таъмини риояи ќонунгузорї дар Љумњурии Тољи­кистон дар соњаи фаъолияти гумрукї, љињати пешгирї намудани љиноятњои муташакилона, ќочоќ, маводњои радиоактивї, силоњ, сангњои ќиматбањо ва сарватњои фарњангию таърихї муоинаи шахсони воќеї гузаронида мешавад. Ин тадбирро маќомоти гумрукї бо маќсади таъмини риояи ќонунгузории гумрукии Љумњурии Тољикистон амалї менамоянд.

Гузаронидани муоинаи шахс аз талаботи моддаи 407 Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон бармеояд, ки дар ин модда 10 шакли назорати гумрукї, аз љумла муоинаи шахс пешбинї шудааст.

Муоинаи шахс тибќи моддаи 414 Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон - ин шакли истисноии назорати гумрукї мебошад. Он бо ќарори сардори маќомоти гумрук ё шахси ивазкунандаи ў њангоми мављуд будани далели кофї барои гумонбар шудан ба он, ки шахси воќеї аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон гузаронида ё дар минтаќаи назорати гумрукї ё дар минтаќаи транзити фурудгоњи кушоди байналхалќї ќарор дошта, моли барои воридот ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон ва содирот аз ин ќаламрав манъ бударо ё интиќоли онро бо вайрон кардани талаботи Кодекси гумрукии Љумњурии Тољикистон пинњон карда, онро ихтиёран намедињад, анљом дода мешавад.[1]

Тибќи муќарароти моддаи 5 Конститутсияи Љумњурии Тољикис­тон инсон, њуќуќ ва озодињои он арзиши олї мебошанд. Њаёт, ќадр, номус ва дигар њуќуќњои фитрии инсон дахлнопазиранд. Њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро давлат эътироф, риоя ва њифз менамояд.

Чунончи, тартиби гузаронидани муоинаи шахс, ки дар Кодекси зикргардида ва дигар санадњо муќаррар шудааст, ањамияти хеле муњим дошта, пеш аз њама саломатии шахси муоинашаванда ба назар гирифта шуда, тамоми равандњои муоина мутобиќ ба талаботи меъёр гузаронида мешавад.

Муоинаи шахс фарогири се марњила мебошад:

1) шиносони шахси воќеї бо ќарори сардори маќомоти гумрукї оид ба гузаронидани муоинаи шахс;

2) бевосита муоинаи шахс;

3) марњилаи нињоии тањияи санад.

Асосњои гузаронидани муоинаи шахс:

– дастрасии ахборот;

– бевосита ошкор кардани ягон шубња.

Муоинаи шахс ба ашё, либос ва тани шахс гузаронида мешавад.

Дар ваќти муоинаи шахс њуќуќу уњдадорињои шахс, аз љумла њуќуќи талаб кардани ќарор оид ба муоинаи шахс, шинос кардан бо њуќуќу уњдадорињо, пурсишу шарњ додан, шахсан шинос шудан бо санади муоинаи шахс, истифода аз хизмати тарљумон ва тартиби шикоят кардани ќарор оид ба муоинаи шахс ва муоина фањмида мешавад.

Оид ба муоинаи шахс аз тарафи сардори маќоми гумрук ё шахси ивазкунандаи ў бо гузоштани амри хаттї ба гузориши шахси мансабдори маќомоти гумрук ќабул карда мешавад.[2]

Шахси мансабдори маќоми гумрук вазифадор аст, ки шахси воќеиро ќабл аз оѓози муоинаи шахсї бо ќарор оид ба муоина шудани ў, њуќуќу вазифањояш њангоми муоина шинос карда, таклиф намояд, ки моли пинњонкардаашро ихтиёран супорад. Далели шиносоии шахси воќеї бо ќарори муоина шудани ў бо роњи аз тарафи шахси мазкур гузоштани сабти дахлдор дар ин ќарор тасдиќ карда мешавад.

Дар сурати аз чунин амал даст кашидани шахси муоинашаванда, дар ин бора дар ќарори муоина шудани шахс сабт гузошта мешавад ва бо имзои шахси мансабдори маќомоти гумрук, ки оид ба муоинаи шахс ќарор ќабул кардааст, тасдиќ карда мешавад.

Шахси муоинашаванда аз тарафи шахсони мансабдори маќомоти гумрукї, ки бо ў њамљинс мебошанд, дар њузури ду шахси холиси њамљинсаш дар бинои алоњидае, ки ба талаботи санитарию гигиени мувофиќ аст, муоина карда мешавад.

Ба ин бино даромадани дигар шахсон ва рафти муоинаи шахсро мушоњида кардани онњо манъ аст. Тани шахси муоинашавандаро бояд танњо корманди тиб ташхис намояд ва њуќуќ надорад, ки аз иљрои ќарори сардори маќомоти гумрук ё шахси ўро ивазкунанда оид ба муоинаи шахс саркашї кунад.

Њангоми муоинаи шахсони ноболиѓ ва ѓайри ќобили амал, намояндагони ќонунии онњо (падар ё модар, падархонд, сарпараст, парастор) ё шахсони ўро њамроњкунанда њуќуќи иштирок кардан доранд.

Шахс бояд боодобона муоина шуда, ба иззати нафси ў нарасанд, ба саломатї ва моли шахси муоинашаванда дар сатњи зарурии барои ёфтани моли аз тарафи шахси воќеї пинњонкардашуда зарар расонида нашавад.

Шахс (намояндаи ќонунии вай) дар рафти муоина вазифадор аст талаботи ќонунии шахси мансабдори муоинакунандаи маќоми гумрукро иљро намояд ва њуќуќ дорад:

1) талаб намояд, ки ќарори сардори маќоми гумрук ё шахси ивазкунандаи ўро дар бобати муоина шуданаш нишон дињанд;

2) бо њуќуќу уњдадорињои худ шинос шавад;

3) баёнот дињад, дархост пешнињод кунад;

4) баъди тартиб додани санади муоина бо он шинос шавад ва изњорот дињад, он бояд ба ин санади дохил карда шавад;

5) аз забони модарї ё хизмати тарљумон истифода намояд;

6) баъди анљом ёфтани муоинаи шахс ба шарте, ки њуќуќу манфиатњои ќонунии худро њангоми муоина шуданаш поймолшуда њисобад, метавонад аз амали шахсони мансабдори маќомоти гумрук шикоят намояд.

Оид ба муоинаи шахс аз рўи намунаи аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї тасдиќгардида ду нусха санад тартиб дода мешавад.

Санадро шахси мансабдори маќоми гумрук, ки шахсро муоина кардааст, шахси воќеї (намояндаи ќонунии ў), ки нисбати ў муоина гузаронида шудааст, шахсони холис ва агар ташхиси бадан гузаронида шуда бошад, корманди тиббї имзо мекунад. Нусхаи дуюми санад ба шахсе, ки мавриди муоина ќарор гирифтааст (намояндаи ќонунии ў), супорида мешавад.

Њамин тариќ, муоинаи шахс яке аз шаклњои истисноии назорати гумрукї буда, дар раванди муоина намудани шахс бояд тамоми њуќуќу озодињои он њифз карда шуда, талаботи меъёри моддаи 414 Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон риоя гарданд. Аммо мутаассифона дар раванди гузаронидани муоина шахс аз љониби кормандони маќомоти гумрук дар фурудгоњњои байналмилалии љумњурї ва нуќтањои гузаргоњои гумрукии кишварамон ба як ќатор хатоњо роњ дода мешавад, ки боиси вайрон гаштани њуќуќу озодињои шањрванд мегардад. Хатоњое, ки боиси вайрон гаштани њуќуќу озодињои шањрванд мегардад, ин пеш аз њама иљро накардани талаботи Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон дар мавриди гузаронидани муоинаи шахс мебошад.

Аз ин рў, мувофиќи маќсад мебуд, ки барои гузаронидани муоинаи шахс дар фурудгоњњои байналмилалї ва нуќтањои гузаргоњи гумрукї озмоишгоњи махсуси тиббї таъсис дода шавад, дастурамали коргузорї оид ба муоинаи шахс тањия ва ќабул карда шавад.

 



[1] Ниг: Кодкси гумрукии Љумњурии Тољикистон. 2004.

 

[2] Раљабов М.Н. Њуќуќи гумрукии Љумњурии Тољикистон: Васоитаи таълимї. Душанбе, 2012. -С.117.

 

Саидов Њ.М.

Ассистенти кафедраи њуќуќи граждании

факултети њуќуќшиносии ДМТ

БАЪЗЕ МАСЪАЛАЊОИ ЊУЌУЌИ ШАЊРВАНДОН
БА ИСТИФОДАИ ОБ ВА ОБЪЕКТЊОИ ОБЇ

Яке аз унсурњои асосии низоми њуќуќии об - ин аз истифодаи об ва объектњои обї иборат мебошад. Масъалаи њуќуќи истифодаи чунин объектњои табиї њанўз дар ањди ќадим ба вуљуд омада буд. Чунончи, оид ба тартиби истифодаи об дар Дигестњои Юстиниан, дар Титули VIII, тартиби оммавии истифодаи дарёњо ва бањрњо, њамчунин њаво гуфта шуда буд.[1]

Дар ќонунгузории ЉТ њуќуќи истифодаи об ва объектњои обї дар меъёри моддањои 2 ва 23 - юми Кодекси оби Љумњурии Тољикистон[2], ки 10.11.2000 № 125, ќабул шудааст, муќаррар гардидааст. Чунончи, мувофиќи моддаи 2 Кодекси оби Љумњурии Тољикистон[3] зери истифодаи объектњои об - бо тарзи гуногун гирифтани манфиат аз объектњои об барои ќонеъ гардонидани талаботи моддї ва дигар эњтиёљоти шањрвандон ва шахсони њуќуќї, фањмида мешавад. Об ва объектњои обї ду категорияи бо њам зич алоќаманд мебошанд. Аз ин рў, КО ЉТ муќаррар мекунад - Об- њамаи обњои дар объектњои обї мављуда ва Объектњои об- љамъшавии об дар рўи замин, ќаъри замин дар як њудуду њаљм бо доштани низоми обї фањмида мешаванд. Ба объектњои оби Љумњурии Тољикистон дарёњо, кўлњо, пиряхњо, барфтўдањо ва дигар сарчашмањои рўизаминї, инчунин минтаќањои љамъшавии обњои зеризаминї, аз љумла обњои табобатию маъданї ва гарми зеризаминии дар њудуди он ќарордошта мансуб мебошанд.

Аз меъёрњои КО ЉТ айён мегардад, ки об метавонад мавриди истифодаи умумї, махсус, људогона ва якљоя ќарор гирад. Истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоњњои техникие, ки ба њолати обњо таъсир мерасонанд, анљом дода шуда, аз истифодаи махсуси об, ки бо истифодаи чунин иншоот ё дастгоњњои техникї амалї гардонида мешавад, фарќ мекунад. Объектњои об метавонанд тањти истифодаи якљоя ва људогона ќарор гиранд. Дар истифодаи якљоя метавонанд объектњои обе (ќисми объектњои обе), ки ба истифодаи људогона дода нашудаанд, ќарор гиранд. Дар истифодаи људогона объектњои обе (ќисми объектњои обе) ќарор доранд, ки дар асоси ќарори маќомоти њокимияти иљроияи вилоятњо, ноњия ва шањрњо барои истифода ба як шахси њуќуќї дода шудаанд.

Ба сифати субъектони истифодабарандаи об њам шахсони воќеї ва њам шахсони њуќуќї баромад мекунанд. Њама гуна шахсони воќеї ва њуќуќї, сарфи назар аз шакли моликият, ки фаъолияти худро дар њудуди Љумњурии Тољикистон анљом дода, талаботи ќонунгузории оби Љумњурии Тољикистонро иљро мекунанд, истифодабарандагони об буда метавонанд.

Њар як субъект дорои њуќуќи истифодаи об[4] мебошад, аммо дар ќонун њолати мањдуд будани амалишавии ин њуќуќ муќаррар шуда метавонад. Пешa name= quot;, аз њама истифодаи объектњои обе, ки дорои ањамияти махсуси давлатї ё арзиши махсуси илмию фарњангї мебошанд, мумкин аст ќисман ё пурра бо тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон манъ карда шаванд. Истифодаи умумии об бидуни иљозат амалї мегардад. Вале њангоми истифодаи умумии об риояи талаботи маќомоти назорати давлатии санитарї, ќоидањои њифзи манфиатњои одамон дар истифодаи об ва маќомот доир ба истифодаи сарфакорона ва њифзи обњо њатмист. Бо маќсади њифзи њаёту саломатии шањрвандон, инчунин аз рўи асосњои истењсолї ва дигар асосњо маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї бо пешнињоди маќомоти ваколатдори давлатї оид ба танзими истифода ва њифзи зањирањои об, маќомоти назорати давлатии санитарї, дигар маќомоти манфиатдор мањалњоеро, ки дар онњо оббозї, завраќронї, об додани чорво манъ аст, муќаррар менамоянд, инчунин дигар шартњои истифодаи умумии обро дар объектњои об муайян мекунанд.

Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї вазифадоранд, ки ањолї ва шахсони њуќуќиро дар бораи шартњои оид ба истифодаи умумии об муќаррар кардаашон хабардор намоянд. Аз ин рў, истифодаи об новобаста аз намуди истифодаи он (умумї, махсус, људогона, якљоя) бо риояи њифзи њаёт ва саломатии шањрвандон, риояи талаботњои муќарраркардаи маќомоти салоњиятдор бояд амалї карда шавад.

Бояд ќайд намуд, ки об аз љониби шањрвандон бо роњњои гуногун истифода бурда мешавад. Яке аз роњњое, ки дар амалишавии њуќуќи шахс ба истифодаи об ањамиятнок мебошад, ин истифодаи об бо тариќи шартнома дониста мешавад. Њуќуќи шањрванд ба истифодаи об бояд дар асоси шартномаи гражданї – њуќуќї амалї карда шавад. Атрофи шартномаи гражданї – њуќуќї дар майдони илми њуќуќ тањќиќоти зиёд љой доранд, ки асосан шартномаи гражданї – њуќуќиро шартномаи мустаќил эътироф менамоянд.[5]

Дар љараёни амали кардани њуќуќи њар як шањрванд ба истифодаи об муносибатњои муайяни шартномавї мавќеи муњимро ишѓол менамоянд. Танзими шартномавии обистифодабарии шањрванд воситаи муњим дар мавриди амалї кардани ин њуќуќи ў дониста мешавад. Дар мавриди танзим намудани ин намуди муносибатњо дар асоси шартномаи гражданї – њуќуќї муносибатњои њуќукї ба вуљуд меоянд. Дар адабиёти њуќуќї мавќеи эътирофи шартнома њамчун асоси ба вуљуд омадани муносибатњои њуќуќї љой дорад. Мисол; шартнома асосї ба вуљуд омадани муносибатњои њуќуќї – муносибатњои њуќуќии шартномавї мебошад. Бо ин маъно шартнома – созише мебошад, ки шартњои минбаъдаи муносибати њуќуќиро муќаррар мекунад. Бисёр ваќт, бо вуљуди ин шартнома њамчун муносибати њуќуќие муайян мешавад, ки аз маљмўи њуќуќ ва уњдадорињои муайян иборат аст[6].

Аз ин рў, наќши шартномаи гражданї – њуќуќї дар танзими муносибатњои дар љараёни амалишавии њуќуќи шањрванд ба истифодаи об ба вуљуд меомада, муњим ва актуалї мебошад. Чунки дар асоси шартнома дар мавриди амалї кардани њуќуќ барои њифзи манфиатњои худи субъект шароити мусоид фароњам овардан аст. Барои исботи љой доштани дилхоњ муносибат дар амал бастани шартнома воситаи актуалї мебошад. Масалан, њангоме, ки субъектњои амаликунандаи њуќуќ аз бастани шартнома истифода накунанд, њангоми пайдо шудани бањс дар байни онњо исботи њолат хело ва хело мушкил мебошад. Аз ин рў, амалишавии њуќуќи њар як шањрванд дар асоси шартнома усули муњим дониста мешавад. Истифодаи шартнома барои дар амал татбиќ намудани њуќуќи худ аз имкониятњои худи шахс њисобида мешавад. Бо маќсади њифзи манфиатњо ва бе монеа амалї кардани њуќуќњои худ бояд аз шартномањои гражданї – њуќукї васеъ истифода кард. Чунки ин усул дар оќибат низ барои исботи љой доштани муносибати мазкур факти асоси дониста мешавад. Дар муносибатњои обистифодабарї танзими шартномавии муносибатњои мазкур дар шароити њозира васеъ истифода бурда мешавад. Аммо ин усул дар солњои Шуравї дар асоси наќшаи обистифодабарї амалї мешуд. Ва танзиму амаликунии шартномавии ин гуруњи муносибатњо дар он ваќт љой надошт. Сабабаш шояд дар он дида мешавад, ки дар он ваќт истифодаи об аз љониби субъектон кам андар кам ба амал бароварда мешуд. Дар шароити њозира эњтиёљи субъектон ба истифодаи об хело зиёд шуда истодааст, аз он љумла ба вуљуд омадани ќисми зиёди хољагињои дењќонї (фермерї), дигар намудњои шахсони њуќуќї, сохтмони зиёди хонањои истиќоматї ва ѓайра. Аз ин рў, истифодаи об ба тариќи наќшаи обистифодабарї дар ин њолат хело мушкил ва ѓайриимкон мебошад. Аз њамин сабаб истифодаи шартнома њангоми амалї кардани муносибатњои обистифодабарї ба маќсад мувофиќ мебошад. Албатта танзими шартномавии муносибатњои обистифодабарї ба фикри ман талаботи замон аст, чунки дар замони њозира талабот ба об хело зиёд шудааст ва мавриди назари љомеаи љањонї ќарор гирифтааст. Истифодаи об аз љониби субъектон дар асоси шартнома барои дастрасии об аз љониби њамаи субъектон шароит фароњам меоварад.

Дар масъалаи амалишавии њуќуќи шањрванд ба истифодаи об камбудињо ва норасоињои гуногунро мушоњида кардан мумкин аст. Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар яке аз баромадњояш дар Конфронси байналмилалии намояндагони воломаќоми мамлакатњои љањон бахшида ба тањлили миёнамўњлати љараёни иљрои тадбирњои Дањсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои њаёт» барои солњои 2005-2015, ки соли 2010 баргузор карда буд, таъкид намуданд, ки дар шароити имрўза ќариб як миллиард сокини сайёра аз нарасидани оби тоза танќисї мекашад, 2,6 миллиард нафар дар шароити ѓайрисанитарї зиндагї мекунад, дар бештар аз 80 мамлакат барои таъмини ањолї об намерасад, њар њафта дар миќёси љањон дар натиљаи беморињои вобаста ба сифати бади об ва шароити ѓайрисанитарї 42 њазор нафар вафот мекунад, дар бештар аз 90 фоизи воќеањои ногувори вобаста ба об сухан дар бораи кўдакони то 5-сола меравад[7].

Дар сарчашмањо танзими шартномавии чунин муносибат дастгирї ёфтааст. Масалан, ба аќидаи Нурыев Я.М. дар замони њозира људо кардани истифодаи наќшавї ва шартнома дар ваќти бањо додани фаъолияти ташкилоти обтаъминкунанда мушоњида мешавад. Ў шартномаро шарти њуќуќии зарурии таъмини бо самар барои оќилона истифода бурдан ва њифзи объектњои обї эътироф мекунад[8].

Дар сарчашмањои илмї лањзаи ба вуљуд омадани танзими шартномавии истифодаи об муќаррар гардидааст. Мисол, ќайд мегардад, ки кўшишњои ба тариќи шартномавї ташкил кардани муносибатњои байни ташкилотњои обтаъминкунанда ва истифодабарандагони об њанўз дар солњои 30-уми асри гузашта ба харљ дода мешуданд. Дар аввали солњои 50-ум бошад муносибатњои мутаќобилаи байни колхозњо бо идорањои низоми обтаъминкунї дар доираи шартномањои гражданї - њуќуќии байни онњо ба имзо расида, ба роњ монда мешуд[9].

Албатта ба амал баровардани муносибатњои обистифодабарї дар асоси шартнома бисёр масъалаи муњим ба њисоб меравад ва ањамиятноку маќсаднок мебошад. Њамчунин пардохти маблаѓи муайян барои истифодаи об низ заруриятнок мебошад. Ба тариќи шартнома танзим кардан ва истифода бурдани об дар сатњи љањонї низ ба роњ монда шудааст.

Дар Љумњурии Тољикистон новобаста аз дороии захирањои калони обї мушкилот дар таъмини об љой дорад. Дар соњањои кишоварзї, наќлиёт, саноат ва ѓайра ба ин мушкилот рў ба рў шудан мумкин аст. Мисол, агар мо соњаи кишоварзиро муайян кунем, маълум мегардад, ки мушкилот аввал дар мављуд набудани воситањои танзими гражданї – њуќуќї (мисол, шартномаи гражданї-њуќуќї), баъдан љой надоштани низоми ягонаи идоракунї дар байни субъектони соњаи кишоварзї (мисол, дар хољагињои дењќонї (фермерї)) дида мешавад.

Бастани шартномаи обистифодабарї бо ќоидањои умумии бастани шартномањои гражданї – њуќуќї мутобиќат мекунад. Аз он љумла, ќоидањои умумї, ба монанди розигии тарафњо, изњори озоди иродаи тарафњо ва ѓ. Баробари шартњои умумї шартномаи обистифодабарї шарти махсуси бастани худро дорад. Яъне дар лањзаи ба вуљуд омадани эњтиёљи истифодаи махсуси об. Аз муќаррароти КО ЉТ бар меояд, ки истифодаи махсуси об – ин истифодаи об ба воситаи ба кор бурдани иншоот ё дастгоњњои техникї фањмида мешавад[10].

Доираи њуќуќ ва уњдадорињои субъективии иштирокчиёни муносибатњои дар љараёни амалишавии њуќуќи шањрванд ба истифодаи об ба вуљуд омада, дар шартномаи байни субъектњо (обистифодабаранда ва обтаъминкунанда) муќаррар карда мешаванд. Амаликунии њуќуќњои субъективї ва иљрои уњдадорињои субъективї аз танзими дурусти муносибатњои бавуљудомада дарак медињад.

Доираи њуќуќ ва уњдадорињои обистифодабарандагон дар меъёрњои моддањои 43 ва 45 КО ЉТ муќаррар гардидаанд. Баробари ин дар меъёрњои шартномаи обистифодабарї дигар њуќуќ ва уњдадорињои обистифодабарандагон муќаррар шуда метавонад. Мисол, њуќуќи обистифодабаранда оид ба руёнидани товони зиёни ба њаёт ва саломатї ё амволаш дар натиљаи камбудињои хизматрасонињо воридгардида, инчунин љуброни зарари маънавї дар њачм ва бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории ЉТ; њуќуќи обистифодабаранда оид ба напардохтани њаќќи об њангоми таваќќуф дар таъмини он; уњдадории обистифодабаранда оид ба роњ додан ба намояндагони обтаъминкунанда барои бартараф намудани садамањо, санљиши таљњизоти муњандисї, санљиши обњисобкунак ва назорати онњо.

Дар ќонун њолатњои ќатъ гардидани њуќуќи истифоаи об муќар­рар карда шудааст. Чунончи, мувофиќи ќ.1 м. 49 КО ЉТ њуќуќи шахсони воќеї ва њуќуќї барои истифодаи об дар Љумњурии Тољикистон дар њолатњои зерин ќатъ мегардад:

– аз байн рафтани зарурати истифодаи об ё даст кашидан аз он;

– ба охир расидани муњлати дар иљозати истифодаи махсуси об нишондодашуда;

– аз нав ташкил намудан ва барњам додани шахси њуќуќї, фавти шахси воќеї;

– ба миён омадани зарурати давлатии бекор кардани иљозати истифодаи махсуси об;

– мунтазам вайрон кардани шартњои шартнома дар бораи истифодабарии об, ки бо маќомоти ваколатдори давлатї оид ба танзими истифода ва њифзи зањирањои об баста шудааст[11].

Њуќуќи истифодаи об бо тартиби судї метавонад ќатъ гардонида шавад. Аз љумла, бо тартиби судї ќатъ гардонидани њуќуќи истифодаи об - ин асоси иљбории ќатъгардї њисобида мешавад. Аз љумла ѓайримаќсаднок истифода бурдани об; истифодаи об бо вайрон кардани ќонунгузорї ва ё истифода набурдани об мувофиќи шартнома, инчунин ба охир расидани муњлати истифодаи об асоси иљбории ќатъ гардидани њуќуќи истифода њисобида мешавад.

Ѓайр аз ин, бояд ќайд кард, ки њуќуќи истифодаи об бо роњи бекор кардани шартномаи обистифодабарї аз љониби маќомоти давлатї дар соњаи обистифодабарї ќатъ мегардад. Ќайд мегардад, ки барои ќатъ гардонидани њуќуќи истифодаи об аз љониби маќомоти давлатї ба суд овардани њуљљатњои тасдиќкунанда оид ба ѓайримаќсаднок истифода бурдани об ва истифодаи об бо вайрон кардани ќонунгузорї, њамчунин истифода набурдани об мувофиќи шартномаи обистифодабарї ва ё ќарор оид ба додани об ба муњлати муайяни истифода зарур мебошад[12].

Хулоса, шартнома дар амалишавии њуќуќи њар як шањрванд ба истифодаи об наќши назаррас дорад ва барои манфиати обистифодабарандагонро дар баробарї таъмин кардан истифода карда мешавад. Барои дар сатњи ќонунгузорї танзим кардани шартномаи обистифодабарї ва истифодаи васеи он дар амалияи имрўза бо номи “Шартномаи обистифодабарї” зарурат љой дорад. Аммо сатњи ќонунгузорї масъалаи мазкурро танзим накардааст. Аз ин лињоз, зарурати дар КО ЉТ љорї кардани танзими меъёрњои хусусї – њуќуќї љой дорад. Њамчунин, дар Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, ки мавќеи муњимро дар танзими шартномавии муносибатњои љамъиятї ишѓол менамояд бо маќсади њифзи њуќуќ манфиатњои истеъмолкунандагон «Шартномаи обистифодабарї» танзим ва муќаррар карда шавад.


[1] Дигесты Юстиниана. Избранные фрагменты / пер. и прим. И.С. Перетерского. М.: Изд-во «Наука», 1984. С. 40.

 

[2] Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 2000, № 11, мод.512.

 

[3] Минбаъд КО ЉТ.

 

[4] Минбаъд дар матн њуќуќи истифодаи об мариди истифода ќарор мегирад, ки њуќуќи истифодаи объектњои обї-ро низ дар назар дорад.

 

[5] Халфина Р. О. Значение и сущность договора в советском социалистическом гражданском пра­ве. М., 1954; Гавзе Ф. И. Социалистический гражданско-правовой договор. М., 1972; Брагинский М. И., Витрянский В. В. Договорное право: общие положения. М., 1997; Забоев К. И. Правовые и философские аспекты гражданско-правового договора. СПб., 2003.

 

[6] Брагинский М. И., Витрянский В. В. Договорное право: общие положения. С. 10.

 

[7] http://www.news.tj/tj/newspaper/article/sukhanronii-prezidenti-um-urii-ikiston-emomal-ra-mon (рўзи дастрасї 29.01.2014с.).

 

[8] Нурыев Я.М. Гражданско-правовое регулирование водоснабжения. Дис. … канд. юрид. наук: - Ашхабад, 1985. - 221 c.

 

[9] Шонасридинов Н. К вопросу о договорном регулировании отношений сферы водоснабжения // Государство и право. 2007. № 4. с.53-57.

 

[10] Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 2000, № 11, мод.512.

 

[11] Кодекси оби Љумњурии Тољикистон аз 29 ноябри соли 2000, № 34. моддаи 49.

 

[12] Водный кодекс Российской Федерации / постатейный ком­ментарий д.э.н., проф. А.В. Шевчук, государственного со­ветника РФ 3 класса В.В.Петрунина, государственного советника РФ 1 класса М.В. Селиверстовой. М.: ИИК «Рос­сийская газета», 2006. С. 25, 29

 

 

 

 

ТАЪИНОТЊОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Њизби Нањзати Исломии Тољикистон «Дар хусуси ѓайриконститутсионї эътироф намудани сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 17 октябри соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси- кунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К. М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Фирдавсова Г.,

дар маљлиси судї гузориши судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон К. Каримовро оид ба дархости Њизби Нањзати Исломии Тољикистон «Дар хусуси ѓайриконститутсионї эътироф намудани сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Њизби Нањзати Исломии Тољикистон бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки њизби номбурда вобаста ба масъалаи љамъоварии имзоњо ба тарафдории номзад дар хориљи кишвар ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон мактуб ирсол намуда, аз он хостгори иттилои зарурї гардидааст.

Комиссияи мазкур дархости њизбро баррасї намуда, иттилоъ додааст, ки бланкањои имзољамъоварї аз тарафи раисони шањру ноњияњо тасдиќ карда шуда, љамъоварии имзоњо берун аз воњидњои марзиву маъмурии Тољикистон дар ќонуни конститутсионї пешбинї нагардидааст.

Мурољиаткунанда ќайд мекунад, ки љавоби додаи Комиссия аз муќаррароти сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон» бармеояд, ки тибќи он ќаmso-special-character: footnote;p class=quot;; color: black; mso-ansi-language: RU; mso-fareast-language: EN-US; mso-bidi-language: AR-SA; рор дар бораи баќайдгирии номзад ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон дар сурати мављуд будани чунин њуљљатњо ќабул карда мешавад:

«бланкањо бо имзоњои шањрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони ноњияњо, шањрњо тасдиќ кардаанд, дар њолатњое, ки дар ин ќонуни конститутсионї зикр ёфтаанд».

Ба андешаи мурољиаткунанда меъёри зикршуда ба муќаррароти банди 1 моддаи 21 Эъломияи умумии њуќуќи башар, моддаи 25 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои фитрї ва сиёсї, ќисми 3 моддаи 1 ва банди в) моддаи 2 Конвенсия оид ба стандартњои интихоботи демократї, њуќуќу озодињои интихоботї дар давлатњо - иштирокчии Иттињоди Давлатњои Мустаќил, ки онњо дар идоракунии давлат бевосита ва тавассути намояндагони интихоб кардаашон иштирок намудани шањрвандонро пешбинї менамоянд, инчунин ба моддањои 5, 6, 10, 14, 24 ва 27 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолифат дошта, њамчун меъёри ѓайриконститутсионї њуќуќњои интихоботии шањрвандон ва њизбњои сиёсиро поймол менамояд.

Бинобар ин, аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон хоњиш намудааст, ки аз рўи дархости он мурофиаи судии консти­тутсионї оѓоз карда, сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон»-ро бинобар мухолифат доштанаш ба моддањои 5, 6, 10, 14, 24 ва 27 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ѓайриконститусионї эътироф намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости пешни- њод­гар­дидаро мавриди омўзиш ва тањлили њамаљониба ќарор дода, ќайд менамояд, ки дар низоми њуќуќњои сиёсии шањрванд мањаки асосии онро њуќуќи интихоботї ташкил дода, муњимтарин василаи бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намудани шањрванд дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї арзёбї мегардад.

Њуќуќи интихоботї ва кафолати ба амал баровардани он, ифодаи баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї будани халќ ва наќши он дар раванди давлату давлатсозї мањсуб гардида, он аз санадњои дар боло зикршудаи байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон ва Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон маншаъ мегирад.

Вобаста ба муњимияти сиёсиву њуќуќии ин масъала моддаи 27 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон тартиби гузаронидани интихоботро ба ќонунњои конститутсионї ва ќонунњо њавола намудааст, ки чунин муносибат аз сатњи баланди талаботи љомеа ба таъмини татбиќи њуќуќи конститутсионии шањрванд ба интихобот шањодат медињад.

Аз љониби дигар, њама гуна тартиби муќаррарнамудаи меъёрњои ќонунњои конститутсионї на бояд ба бенизомї дар интихобот, балки ба шањрванд имконияти ба таври умумї, мустаќим, баробар ва бо овоздињии пинњонї ба амал баровардани њукуќи конститутсионии интихоботии худ шароити мусоид фароњам оварда, дар маљмўъ шафофияти интихоботро таъмин карда тавонанд.

Бо ин назардошт ва бо асосњои дар зеровардашуда, Суди консти­тутсионї оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро дар хусуси ѓайриконститутсионї эътироф намудани сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон» рад менамояд:

1) муќаррароти пешбининамудаи сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон» тартиби муќар­рарнамудаи ќонуни конститутсионии зикршуда мебошад, ки дар масъалаи номутобиќати он ба моддањои 5, 6, 10, 14, 24 ва 27 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон номуайяние дида намешавад, ки он боиси оѓоз кардани мурофиаи судии конститутсионї гардида, санљиши конститутсиониро таќозо намояд.

Зеро мавзўи мавриди бањс ќарордодаи мурољиаткунанда тартиби маъмурии љамъоварии овозњо, тасдиќи бланкањо ва пешнињоди минбаъдаи њуљљатњои зарурии тавассути тасдиќи раисони шањру ноњияњо ањамияти њуќуќї пайдо кардаро муайян намуда, њуќуќи сиёсии шањрванд ва ё номзадро халалдор накарда, талаботи иловагиеро, ки он тавонад монеаи ба амал овардани ин њуќуќњо гардад, пешбинї намекунад. Ин тартиб идомаи мантиќии татбиќи меъёрњои Конститутсия дар ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон мањсуб меёбад.

Аз ин рў, ин тартиб ба моддањои зикршудаи Конститутсия, ки тибќи онњо инсон, њуќуќ ва озодињои он арзиши олї мебошанд (моддаи 5); дар Тољикистон халќ баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалї мегардонад, ифодаи олии бевоситаи њокимияти халќ будани раъйпурсии умумихалќї ва интихобот (моддаи 6); эътибори олии њуќуќї доштани Конститутсияи Тољикистон ва мустаќиман амал намудани меъёрњои он, эътибори њуќуќї надоштани ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќии хилофи Конститутсия буда, ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил додани санадњои њуќуќии байналмилалии эътироф кардаи Тољикистон (моддаи 10); эътироф ва њифз гардидани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрванд танњо дар асосњои пешбининамудаи Конститутсия, њифзи судии њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд (моддаи 14); њуќуќи шањрванд ба мусофират, интихоби озоди мањалли зист, тарки љумњурї ва бозгашт ба он (моддаи 24); иштироки шањрванд дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш (моддаи 27) алоќамандии бевоситаи мавзўи надорад ва предмети муќоисаи мутобиќати сархат бо моддањои зикрёфтаи Конститутсия низ шуда наметавонад.

Зеро Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар моддаи 65 пеш­бинї кардааст, ки «шахсе ба номзадии Президент ба ќайд гирифта мешавад, ки њадди аќал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешнињоди номзадии ў имзо гузошта бошанд» ва дар моддаи 66 Конститутсия тартиби татбиќи ин меъёр ва дигар меъёрњои пешбининамудаи Конститутсияро дар масъалаи гузаронидани интихобот ба ќонуни конститутсионї вогузор намудааст.

Дар ин замина, ќонунгузор тартиби љамъоварии имзоњоро дар ќонуни конститутсионии зикршуда мавриди танзим ќарор дода, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон онро њамчун маќоми ваколатдори давлатї мавриди роњбарї ва татбиќи амалї ќарор додааст.

2) Тартиби пешбининамудаи сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионї дар худ мањдудият, афзалият ва њолати истисноиеро нисбати ягон номзад пешбинї намекунад.

Тибќи ин меъёр њолати њуќуќии њама номзад дар як сатњ ќарор дошта, бланкањои бо имзоњои шањрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки аз тарафи шахсони боэътимоди њамаи номзадњо љамъоварї карда мешавад, бо як тартиб ва талаботи баробар аз тарафи раисони ноњия ва шањрњо тасдиќ карда мешавад.

3) Бланкаи љамъоварии имзоњо ба тарафдории номзад, ки муњимтарин марњилаи ба амал баровардани њуќуќњои конститутсионии шањрванд ба интихобот ва худи интихобот ба шумор меравад, чун њама гуна њуљљатњои дорои иттилооти зарурї, он ваќт эътибор ва ањамияти њуќуќї пайдо менамояд, ки он аз тарафи маќомот ва ё шахсони мансабдорони дахлдор пешбининамудаи ќонуни конститутсионии амалкунанда тасдиќи худро ёфта бошад. Дар акси њол, тасдиќ накардани ин њолат барои шањрвандони мамлакат, номзадњо ва интихобот оќибати ногувори њуќуќї ба бор оварда, роњ додан ба бенизомї дар интихобот арзёбї мегардад.

4) Дархости пешнињодшуда бинобар дар он ошкор ва асоснок нашудани номуайянї дар масъалаи номутобиќатии сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионї ба моддањоиномбаршудаи Конститутсия, инчунин даќиќ набудани моњияти талаб аз рўи шаклу мазмун низ ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ва моддаи 2 Дастури Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон љавобгў нест.

Чунончи, мурољиаткунанда сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсиониро мавриди бањс ќарор дода, амалан аз доираи талаби худ берун рафта, пурра ѓайриконститутсионї њисобидани ќисми дуюми моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон»-ро бе асоснок намудани талаб ва мавќеи худ хоњиш намудааст, ки ин њолат барои рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї асоси љиддї ба шумор меравад.

Њамин тариќ, Суди конститутсионї на ќонунї ва асоснокии татбиќи ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќиро аз тарафи маќомоти онњоро татбиќкунанда, балки мутобиќати меъёрњои дахлдори ќонун ва дигар санадњои њуќуќии Љумњурии Тољикистонро ба меъёрњои мушаххаси ба онњо њаммазмун ва дахлдори дар Конститутсия мавриди танзим ќароргирифтаро муайян менамояд. Агар боиси поймол гаштани њуќуќу озодињои конститутсионии мурољиаткунандагон мањз меъёрњои дахлдори ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии амалкунандаи Љумњурии Тољикистон гашта бошанд, ки муќаррарот ва ё мавзўи онњо дар Конститутсия мавриди танзим ќарор гирифта, бевосита бо њам алоќамандии мантиќї дошта бошанд.

Аз ин рў, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї аз рўи дархости Њизби Нањзати Исломии Тољикистон «Дар хусуси ѓайриконститусионї эътироф намудани сархати ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон» бинобар аз љињати шаклу мазмун љавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда мешавад.

Бо дарназардошти њолатњои дар боло нишондодашуда, бо дастрасии моддањои 14, 37, 40, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости Њизби Нањзати Исломии Тољикистон «Дар хусуси ѓайриконститутсионї эътироф намудани сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон» бинобар аз љињати шаклу мазмун љавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3.Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Раљабов А.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баќайдгирии њодисањои нохуш дар истењсолот ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе 7 январи соли 2014

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси-кунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Фирдавсова Г.,

дар маљлиси судї гузориши судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Абдуллоев А.А.-ро оид ба дархости шањрванд Раљабов А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баќайдгирии њодисањои нохуш дар истењсолот ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Раљабов Абдуназар Абдуѓафорович бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки ў дар дењаи Чингирови Љамоати дењоти «1-уми май»-и ноњияи Турсунзода зиндагї карда, то 19 марти соли 2005 ба сифати коргар дар КВД «Ширкати Алюмении Тољик» кор мекар­дааст.

Ў њар рўз тавассути мототсикли шахсиаш- ИЖ-Ю-4 раќами дав­латиаш 97-87 СБЗ то дењаи Ќуруќсойи љамоати дењоти «Љўра Рањмонов»-и ноњияи Турсунзода, ки аз мањалли зисти ў 17 км дур воќеъ мебошад омада, мототсиклашро дар ин дења гузошта, аз он љо бо наќлиёти хизматии КВД «Ширкати Алюмении Тољик» то љойи кораш мерафтааст. Бегоњї баъди ба охир расидани кор, бо наќлиёти хизматии КВД «Ширкати Алюмении Тољик» то дењаи Ќуруќсойи љамоати дењоти «Љўра Рањмонов» омада, сипас аз ин љо бо мототсикли худ ба хонааш бармегаштааст.

19 марти соли 2005 соати 16:30 баъди кор бо наќлиёти хизматии корхонаи зикршуда то дењаи Ќуруќсой, ки дар он љо наќлиёти хизматї таваќќуф менамояд омада, ба мототсикли шахсиаш ба сўи хонааш - дењаи Чингиров равона гардидааст.

Дар ними роњ автомашинаи тамѓаи «Нива-212113» раќами дав­ла­тиаш АЕ 5702 РТ 01, ки дар зери идораи Бобоназаров Асќар ќарор доштааст, ба муќобили самти њаракат баромада, ба мототсикли ў бархурдааст.

Дар натиљаи садамаи наќлиётї Раљабов А. љароњати сершумори љисмонї гирифта, маъюби гурўњи 2 эътироф шудааст.

Раљабов А.А. новобаста аз он, ки садамаи наќлиётї берун аз наќлиёти хизматї ва дар мањали дигар рух додаааст, масофаи аз дарвозаи ширкат то истгоњи наќлиёт ва аз истгоњи охирони наќлиёти ширкат то манзили истиќоматии худро воќеаи нохуш дар истењсолот мењисобад.

Аз ин рў, ў аз КВД «Ширкати Алюмении Тољик» ва Вазорати мењнат ва њифзи иљтимои ањолии Љумњурии Тољикистон талаб дорад, ки бинобар дар ваќти аз кор ба хона баргаштан рух додани њодисаи мазкур, ба ў љуброни зарар иборат аз: маоши миёнаи гумшуда, харољоти иловагї, љубронпулии якдаъфаина ва зарари маънавї пардохт карда шавад.

КВД «Ширкати Алюмении Тољик» ва Вазорати мењнат ва њифзи иљтимои ањолии Љумњурии Тољикистон дархости Раљабов А.-ро баррасї намуда, дар асоси талаботи зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бањисобгирии њодисањои нохуш дар истењсолоти Љумњурии Тољикистон рад намудаанд.

Онњо мавќеашонро бо он асоснок менамоянд, ки њодисаи нохуш бо Раљабов А. баъди аз наќлиёти мусофирбарии КВД «Ширкати Алюмении Тољик» фаромадан, яъне берун аз истењсолот њангоми давоми сафар бо наќлиёти шахсиаш рух додаст, ки ин њолат ба њодисаи нохуш дар истењсолот дохил намешавад.

Тибќи талаботи зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баќайдгирии њодисањои нохуш дар истењсолот дар Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Раёсати Шўрои Федератсияи Иттифоќњои касабањои Љумњурии Тољикистон ва Госгортехнадзори Љумњурии Тољикистон аз 24 феврали соли 1993 тањти № 24/2 тасдиќ карда шудааст, агар њодисаи нохуш бо љабрдида њангоми сафар ба манзили зист бо наќлиёти корхона рух дода бошад, аз тарафи корхона санади Н-1 тартиб дода, ба љабрдида кумакпулї оид ба зарари расонидашуда пардохт карда мешавад.

Ба андешаи мурољиаткунанда, муќаррароти зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи мазкур ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «Њуќуќи љабридидаро ќонун њифз мекунад. Давлат њифзи судї ва љуброни зарарро барои љабрдида кафолат медињад» мухолифат дошта, садди роњи љуброни зарар ба ў гардидааст.

Бинобар ин, ў аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон талаб намудааст, ки аз рўи дархосташ мурофиаи судии конститут­сионї оѓоз карда, мутобиќати зербани 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бањисобгирии њодисањои нохуш дар истењсолоти Љумњурии Тољикистонро ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости пешни­њод­гардидаро мавриди омўзиш ќарор дода, ќайд менамояд, ки гарчанде ки шањрванд Раљабов А.А. субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї мањсуб ёбад њам, аммо дар бањси ба миёнгузоштаи ў, яъне муайян намудани мутобиќати зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бањисобгирии њодисањои нохуш дар истењсолоти Љумњурии Тољикистон ва моддаи 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номуайяние дида намешавад, ки он оѓоз кардани мурофиаи судї ва санљиши конститутсиониро таќозо намояд.

Набудани номуайянї дар масъалаи мутобиќати зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бањисобгирии њодисањои нохуш дар истењсолоти Љумњурии Тољикистон ва моддаи 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар он зоњир мегардад, ки зарари љисмонї ва зарари маънавї ба Раљабов А. на тавассути амал ва беамалии КВД «Ширкати Алюмении Тољик», балки тавассути њодисаи нохуши наќлиётї, ки субъект ва объекти содирнамудаи он маълум аст, ба вуќўъ пайвастааст.

Тартиби баррасии чунин љиноятњои аз беэњтиётї содиргардидаи роњу наќлиётї ва тартиби руёнидани зарарњои ба љабрдидагон аз чунин љиноятњо расонидашударо ќонунгузории љиноятї ва гражданї амиќ муайян кардааст, ки њаллу фасли онњо ба маќомоти тафтиш, прокуратура ва судњои умумї вогузор карда шудааст.

Бо асосњои зикршуда, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Раљабов А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баќайдгирии њодисањои нохуш дар истењсолот ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар аз љињати шаклу мазмун љавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда шавад.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шањрванд Раљабов А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баќайдгирии њодисањои нохуш дар истењсолот ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бинобар аз љињати шаклу мазмун љавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов


НАВИДЊОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Н А В И Д Њ О И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

18 ноябри соли 2013 вохўрии Раиси Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон Мањкам Мањмудов бо менеджери Барномаи Котиботи Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо - Светлана Анисимова, аъзои Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо - Лючиан Михай ва Ричард Клэйтон ва корманди шуъбаи адолати конститутсионии Комиссияи мазкур - Таня Гервин доир гадид.

Дар рафти вохўрї љонибњо ба фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамчун маќомоти мустаќили њокимияти судї ањамияти хоса зоњир намуда, наќши ин маќомотро дар таъмини волоияти Конститутсия ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд муфид арзёбї намуданд.

Таваљљуњи зиёд ба њамкории судманд байни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо зоњир карда шуд.

Зимни мулоќот, љонибњо оид ба лоињаи Кодекси одоби судягї ва лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи миёнаравї дар њалли бањсњо» ибрози андеша намуданд.

Тарафњо вохўрии мазкурро судманд арзёбї намуда, љонибдории худро оид ба вусъат додани њамкорињои мутаќобилан судманд изњор намуданд.

Дар вохўрї њамчунин судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М. иштирок намуданд.

25 ноябри соли 2013 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон бо иштироки судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлиси тантанавї баргузор гардид.

Дар оѓози маљлис Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон Мањкам Мањмудов њозиринро бо ин љашни пуршукўњи умумидавлатї тањният намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатї яке аз рамзњои муњими нишондињандаи соњибистиќлолии кишвар мањ­суб ёфта, таљассумгари арзишњои волои инсонї ва маќсаду мароми пешгирифтаи Тољикистони азизамон мебошад. Бинобар ин, имрўз њар як фарди худогоњу худшинос бо ифтихор аз давлату давлатории миллї бояд њамчун ќарзи фарзандии худ рамзњои давлатиро, ки дар як ваќт муаррификунандаи кишвар дар арсаи љањонї мебошанд, эњтиром ва арљгузорї намояд.

Зимни маљлиси тантанавї њамчунин сармутахассис оид ба кор бо мактубњо ва мурољиатњои шањрвандони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Гулизор Сангова оид ба љабњањои таърихии Парчами давлатї ва ташаккули низоми ќонунгузорї вобаста ба рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистон бо маърўза баромад намуд.

Аз 21 то 23 ноябр ва аз 26 то 29 ноябри соли 2013 тибќи наќ­шаи кории Суди конститутсионї барои соли 2013 бо маќсади фањмонда­дињии мазмуну муњтавои Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї аз 26 апрели соли 2013, меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї, ки ба баланд бардоштани маърифати њуќуќии ањолї мусоидат менамоянд ва њамчунин вохўрї бо субъектони мурољиат ба Суди конститутсионї сафари кории судяњои Суди конститутсионї – Абдуллоев Л.И., Зоиров Ш.Ю., Гулзорова М.М., Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М. ба ноњияњои Хуросон, Љалолиддини Румї, Љиликул, Ќубодиён, Шањритус ва Носири Хусрав доир гардид.

Зимни сафари кории мазкур судяњои Суди конститутсионї бо намояндагони маќомоти њифзи њуќуќи ноњияњои номбурда ва дигар субъектони мурољиат ба Суди конститутсионї суњбату вохўрињо анљом дода, пањлуњои мухталифи Паёми Сардори давлат ба маќоми олии ќонунгузорї, ва тартиби мурољиат ба маќомоти назорати конститутсионии кишвар ба њозирин фањмонида шуданд.

Аз 23 декабр то 29 декабри соли 2013 дар доираи Ёддошти тафо­њум оид ба њамкорї байни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Љумњурии Туркия бо маќсади шиносої бо фаъолияти ин маќомоти назорати конститутсионї сафари кории судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Каримов К.М. ва Зоиров Ш.Ю. ба Љумњурии Туркия доир гардид.

Зимни сафари кории мазкур намояндагони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо фаъолияти густурдаи Суди конститутсионии Љумњурии Туркия шиносої пайдо намуда, бо раис ва судяњои он вохўрињои судманд анљом доданд.

7 январи соли 2014 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон маљлиси љамбастї оид ба фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар соли 2013 доир гардид.

Дар оѓози маљлис Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон Мањкам Мањмудов бо сухани ифтитоњї баромад намуда, изњор дошт, ки соли 2013 тањти роњбарии хирадмандонаи Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон кишварамон ба дастовардњои бузургї сиёсиву иќтисодї ва иљтимоиву фарњангї, ки равшангари роњи пешрафти њаёти љомеа мебошанд, ноил гардида, сатњи худшиносї ва худогоњии миллии љомеа њамчун арзишњои муќаддаси инсонї ќадру манзалати воло касб намуданд.

Дар ин соли пурфайз дар фазои демократї ва шаффофу баробар бо такя ба принсипњои умумиэътирофшудаи байналмилалї баргузор гардидани маъракаи муњими сиёсї - интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон бори дигар ба љањониён собит намуд, ки мардуми соњибтамаддуну соњибмаърифати кишвар дорои маърифати волои сиёсиву шањрвандї мебошанд.

Соли сипаришуда бо шарофати дастовардњои сиёсиву иќтисодї ва иљтимоиву фарњангї њамчун соли музаффарияту комёбињо дар сањифањои таърихи миллатамон бо њарфњои заррин сабт мегардад.

Барои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон низ соли сипаришуда боз як соли пешрафт ва дастовардњо дар фаъолияти касбї мањсуб ёфта, ба ин маќом муяссар гардид, ки муносибатњои байналмилалии худро боз њам густариш дињад.

Дар рафти маљлис инчунин оид ба фаъолияти Суди консти­тут­сионї дар соли 2013 судя-котиби Суди конститутсионї Каримов К.М., дар хусуси фаъолияти Дастгоњи Суди конститутсионї роњбари Дастгоњ Њошимов Д.Д. ва оид ба фаъолияти шуъбањои Суди конститутсионї сардорони шуъбањо Нурляминова Г.А., Гулов А.А. ва Муњаббатов Љ.Х. баромад намуданд.

Замини баромадњо иброз карда шуд, ки дар Суди конститутсионї дар соли 2013 вобаста ба пешнињод ва дархости шахсони воќеию њуќуќї, ки субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї мебошанд, бобати муайян намудани номутобиќатии санадањои меъёрии њуќуќии татбиќшуда ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дувоздањ адад парвандањо баррасї карда шуда, нисбат ба дутои онњо, ки дар мурофиаи судии конститутсионї мавриди баррасї ќарор гирифтанд, ќарор ва нисбати дањтои он таъиноти дахлдор ќабул карда шуд.

Чунончи, оид ба ду парванда, аз љумла оид ба парванда аз рўи дархости шањрванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайд­гирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009 № 25 ва таѓйироти ба он аз 25 сентябри соли 2012, № 92 воридкардашуда ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва оид ба парванда аз рўи дархости шањрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» мурофиаи судї баргузор карда шуда, масъалаи дар он овардашуда пурра ва њаматарафа мавриди баррасии судї ќарор дода шуданд.

Суди конститутсионї банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистонро ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва муќаррароти ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистонро дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номутобиќ арзёбї намуд.

Њамчунин, тибќи талаботи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон» нисбат ба дањ парванда бинобар ба салоњияти Суди конс­титутсионї мансубият надоштани масъалаи дар онњо дарљгар­дида таъинот дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судї бароварда шуд.

Ба Суди конститутсионї зиёда аз 369 нафар шахсони воќеию њуќуќї тариќи шифоњию хаттї оид ба масъалањои гуногун мурољиат намуданд, ки вобаста ба салоњият ва тобеияти мурољиатњо онњо мавриди баррасї ќарор дода шуда, ба мурољиаткунандагон љавобњои дахлдор ирсол карда шуданд.

Аз шумораи умумии мурољиаткунандагон, мурољиати шифо­њии 250 нафари онњо бевосита аз љониби Раис ва судяњои Суди конститутсионї ќабул карда шудааст. Њамчунин, дар давраи њисоботї њаждањ дархост, чилу се ариза, ду пешнињод ва як шикоят аз шахсони воќеию њуќуќї ворид гардидаанд, ки онњо низ ба шумораи умумии мурољиатњои воридшуда шомил мебошанд.

Тањлилу омўзиши мурољиатњои воридшуда ба Суди конститут­сионї муайян намуд, ки шумораи зиёди онњо оид ба номутобиќати ќонунњо, норозигї оид ба санадњои судї, бањси манзил, замин, таъмини нафаќа, расонидани кўмаки моддї ва дигар масъалањо мебошанд. Дар асоси гузаронидани суњбату вохўрињо бо шањрвандони мурољиаткунанда муайян гардид, ки одатан шањрвандон бо сабаби дар мањалњо сари ваќт ба онњо кўмак нарасонидан ба маќомоти болої, аз љумла судї мурољиат мекунанд.

Дар ин давра ба Суди конститутсионї дар маљмуъ ба истиснои мурољиатњои шањрвандон ва шахсони њуќуќї 1695 мавод аз љумла 393 мактуб аз вазорату идорањои мухталифи давлатї, 1198 - санадњои меъёрии њуќуќї, 104 маљалалаву нашрияњо ва рўзномањо ворид гардида, ба маќомоти ќонунгузор, иљроия ва шахсони воќеию њуќуќї 643 мактуб оид ба масъалањои дахлдор ирсол карда шудааст.

Шумораи мактубњо оид ба масъалањои гуногун вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионї, ки соли сипаришуда тавассути поч- таи электронии Суди конститутсионї ворид гардидаанд, 417 адад ро ташкил медињанд. Инчунин, тавассути почтаи электронии Суди конститутсионї 205 адад мактуб вобаста ба фаъолияти ин маќомот ба дохил ва хориљи кишвар ирсол карда шудааст.

Дар давраи њисоботи се адад нашри шуморавии маљаллаи илмї – иттилоотии Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки дар он фаъолияти Суди конститутсионї инъикос гардида, маърўзаю маќолањои судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї гирд оварда шудаанд, аз чоп баромад.

Бо маќсади иљрои банди 9 Барномаи ислоњоти судї–њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2013, ки бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 январи соли 2011 № 976 тасдиќ гардидааст, аз љониби гуруњи корї дар заминаи меъёр­њои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бо дарназардошти ќонунгузории миллї ва таљрибаи байналмилалї Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар тањрири нав тањия гардид, ки ин як пешравии назаррас дар фаъолияти густурдаи Суди конститутсионї мебошад.

Бояд ќайд кард, ки вобаста ба муњокимаи пешакии лоињаи нави Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», дар Китобхонаи миллї бо иштироки Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Арманистон, намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Шўрои адлия, Прокуратураи генералї, Вазорати адлия, намояндагони дигар маќомоти њокимияти давлатї ва олимону мутахассиcони њуќуќшинос моњи майи соли 2013 семинар гузаронида шуда, таклифу пешнињодњои иштирокчиёни он дар лоињаи Ќонуни конститутсионї ба инобат гирифта шуданд.

Дар давраи њисоботї китоби маљмўаи Номањои Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон оид ба вазъи ќонунияти консти­тутсионї дар Љумњурии Тољикистон солњои 1996-2012, ки дар худ фаъолияти Суди конститутсиониро дар ин давра таљассум намуда, пешнињодњои муфидро бобати бењтар кардани вазъи ќонунияти конститутсионї дар кишвар фаро мегирад, аз чоп бароварда шуд.

Дар муддати соли сипаришуда ба сомонаи интернетии Суди конститутсионї мунтазам ахбороти нав, яъне маълумоте, ки пањлу­њои муњими фаъолияти Суди конститутсионї, аз љумла оид ба мурофиањои судии доиргардида, вохўрии роњбарият ва судяњои Суди конститутсионї бо мењмонони хориљї, сафарњои хизматии роњбарият ва судяњои Суди конститутсионї ба дохилу хориљи кишвар ва дигар ахбороти муњимро дар бар мегирад, бо забони давлатї, русї ва англисї ворид карда шудаанд.

То ба имрўз дар маљмуъ зиёда аз 91 000 (соли 2012 - 42 301) нафар ашхос бо сомонаи Суди конститутсионї шиносої пайдо намуда, аз маълумоти дар он гирдовардашуда ба таври васеъ истифода бурдаанд.

Љињати ѓанї гардонидани китобхонаи Суди конститутсионї, дар давраи њисоботї 102 адад маљаллањои гуногун ва зиёда аз 791 адад китобњои гуногуни илмї-оммавї ва бадеї ба китобхонаи дохилии идоравї ворид карда шудааст, ки хоњишмандон метавонанд аз онњо ба таври васеъ истифода баранд. Дар маљмўъ то ба имрўз дар китобхонаи Суди конститутсионї 4111 адад китобу маљаллањои гуногун гирд оварда шудаанд.

Дар давоми сол роњбарият, судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионї бо маќсади тарѓибу ташвиќи Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба маќоми олии ќонунгузории кишвар аз 26-уми апрели соли 2013 ва фањмондадињии мазмуну муњтавои меъёрњои Конститутсия дар пойдории њокимияти конститутсионї дар мамлакат ба шањру ноњияњои Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон, вилоятњои Суѓду Хатлон ва ноњияњои тобеи љумњурї, аз ќабили шањру ноњияњои Хоруѓ, Дарвоз, Рушон, Айнї, Шањристон, Хуљанд, Ѓончї, Љаббор Расулов, Ќайроќќум, Чкалов, Спитамен, Норак, Данѓара, Кўлоб, Восеъ, Хуросон, Љалолиддини Румї, Љиликул, Ќубодиён, Шањритус, Носири Хусрав, Ќўрѓонтеппа, Вахш, Вањдат, Мўъминобод ва дигар шањру ноњияњо ба сафарњои хизматї фиристода шуданд.

Њамчунин бобати иштирок дар чорабинињои гуногуни сатњи бай­налмилалї судяњо ва кормандони Дастгоњ ба љумњурињои Арманистон, Фаронса, Туркия, Италия, Испания, Ќазоќистон ва Шветсария сафарњои корї анљом додаанд.

Соли 2013 дар доираи њамкорињои байналмилалї байни Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Суди конститутсионии Арманистон зимни сафари ў ба Љумњурии Тољикистон Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї ба имзо расид, ки ин амал як ќадами устувори дигар барои густариши њамкорињо байни маќомоти назорати конститутсионии ду кишвар ба шумор меравад.

Ин чорумин санади байналмилалї мебошад, ки дар тўли фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо маќомоти њамшабењи давлатњои хориљи кишвар ба тасвиб расидааст.

Њамчунин, бобати густариши муносибатњои байналмилалї, соли сипаришуда вохўрии Раис ва судяњои Суди конститутсионї бо Раиси Суди констутсионии Арманистон Арутюнян Г.Г., узви Комиссияи байналмилалї бар зидди њукми ќатл, собиќ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфус, намояндагони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо – Светлана Анисимова, Лючиан Михай ва дигар шахсони њамроњикунандаи онњо ва дигар шахсони расмї доир гардид.

Дар Суди конститутсионї дар соли 2013 бахшида ба таљлили Рўзи Вањдати миллї дар мавзўи «Вањдати миллї ва наќши он дар тањкими Истиќлолияти давлатї», бахшида ба 19-умин солгарди ќабули Конститутсия дар мавзўи «Конститутсия кафили њифзи хуќуќу озодињои инсон ва шањрванд» мизи мудаввар ва ба ифтихори Рўзи Истиќлолияти давлатї, Парчами давлатї, Рўзи забони давлатї ва дигар љашнњои муњими давлатї маљлису љамъомадњои тантанавї гузаронида шуданд.

Роњбарият, судяњо ва кормандони Суди конститутсионї њамчунин дар кори конфронсу семинарњои гуногун дар дохили кишвар, ки аз љониби маќомоти гуногуни давлатї доир гардид, ширкат варзида, оид ба мавзуњои мубрами рўз маърўзањо намуданд.

МУНДАРИЉА

Мањмудов М.А. Тањкими адолати конститутсионї кафолати
таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия 5

Ањмадљонов И.Ѓ., Бадалов Ш.К. Њолати танзими њуќуќии
номи фирмавї дар Љумњурии Тољикистон 15

Боев М.Ф. Танзими њуќуќии савдои биржавї дар
Љумњурии Тољикистон 26

Саидов Њ.Х. Њуќуќу озодињои асоси инсон
дар раванди муоинаи шахс њамчун шакли истисноии
назорати гумрукї 32

Саидов Њ.М. Баъзе масалањои њуќуќии шањрвандон ба
истифодаи об ва объектњои обї 36

Таъинотњои Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

1) дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии
конститутсионї оид ба дархости Њизби Нањзати Исломии
Тољикистон «Дар хусуси ѓайриконститутсионї эътироф
намудани сархати дуюми ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни
конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораиинтихоботи
Президенти Љумњурии Тољикистон» аз 17 октябри соли 2013 45

2) оид ба дархости шањрванд Раљабов А.А. «Дар бораи муайян
намудани мутобиќати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтиш
ва баќайдгирии њодисањои нохуш дар истењсолот ба моддаи 21
Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз
7 январи соли 2014 51

Навидњои Суди конститутсионии
Љумњурии Тољикистон