04:21:06 - 21.09.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 1) 2014

Нашрияи мазкур дар њамкорї бо Барномаи «Мусоидат
ба давлатдории њуќуќї дар кишварњои Осиёи Марказї»-и
GIZ (Љамъияти олмонии њамкории байналмилаллї)
нашр шудааст.

Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ)
GmbH (Љамъияти олмонии њамкории байналмилаллї)
барномаи мазкурро бо супориши Вазорати федералии
њамкорї ва рушди Олмон (BMZ) иљро менамояд.

Хулосањо, аќидањо ва интерпретатсияњои дар нашрияи
мазкур зикргардида мавќеи муаллифон буда, бе ягон шарт
мавќеи GIZ ё BMZ-ро инъикос наменамоянд.

Барои пањн намудани ройгон пешбинї шудааст.


АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(№ 1) 2014

Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни)
Љумњурии Тољикистон)

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудзода М. А. Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Њайати тањририя:

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои сиёсї

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон, Њуќуќшиноси шоистаи Љумњурии Тољи­кистон

Сотиволдиев Р. Ш. Раиси Шўрои илмї - машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Искандаров З.Њ. Узви Шўрои илмї - машваратии назди Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон, профессори кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории ДМТ

© Нашрияи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, 2014.

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

МУЊТАРАМ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН БА МАЉЛИСИ ОЛИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН,

шањри Душанбе, 23 апрели соли 2014

Муњтарам аъзои Маљлиси миллї ва

вакилони Маљлиси намояндагон!

Њамватанони азиз!

Паёми навбатии Президенти Љумњурии Тољикистон ба маќоми олии намояндагї ва ќонунгузори кишвар дар давраи омодагї ба таљлили бистумин солгарди ќабули аввалин Конститутсияи Тољикистони соњибихтиёр пешнињод мегардад.

Конститутсия њамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсї роњи минбаъдаи пешрафту тараќќиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.

Сарќонуни кишвар Тољикистони моро ба љомеаи љањонї њамчун давлати мустаќили дорои низоми мукаммали сиёсиву њуќуќї муаррифї намуд, ки дар он инсон ва њуќуќу озодињои ў арзиши олї буда, барои шароити зиндагии арзанда ба њар шахс заминањои устувори иљтимоиву иќтисодї гузошта шудаанд.

Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиќлолияти давлатї тањдид мекард, шароити зарурии њуќуќї муњайё карда, барои аз нобудї наљот додани давлати тозаистиќлоли тољикон ва аз парокандагї рањої бахшидани миллати тољик асос гузошт, љињати расидан ба вањдати миллї тањкурсии устувор гардид ва дар он марњалаи њассоси таърихї барои гузоштани асосњои аркони давлатдории тољикон наќши таќдирсозу њалкунанда бозид.

Ба ибораи дигар, Ќонуни асосї бо иродаи мардуми кишвар сохти давлатдории навини тољиконро њамчун давлати демократї, њуќуќбунёд ва дунявї муайян намуд.

Конститутсия нишонаи нахустин ва муњимтарини соњибистиќлолии давлат буда, аз љониби љомеаи љањонї, созмонњои бонуфузи байналмилалї ва давлатњои дигар эътироф гардидани соњибихтиёрии он аз њамин њуљљати таќдирсоз сарчашма мегирад.

Конститутсияи мо дар худ муњимтарин принсипњои демократии аз љониби љомеаи башарї эътирофшударо таљассум намуда, баробарии њамаро дар назди ќонун эълон дошт.

 

Мањз бо риояи ќатъии меъёрњои конститутсионї мо имрўз барои расидан ба њадафњои пешгирифтаи љомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократї, њуќуќбунёд ва дунявї ќадамњои устувор мегузорем.

Дар баробари ин, мо хуб дарк мекунем, ки бо дарназардошти тањаввулоти љањони имрўза ва мушаххасоти геополитикии он, инчунин манфиатњои њаётан муњимми миллї рў ба рўи мушкилот ва вазифањои бузургтаре ќарор дорем, ки њалли онњо аз њар яки мо диди амиќи стратегї, иродаи матин, зиракии сиёсї ва амали нињоят санљидаву масъулонаро талаб менамояд.

Зеро таърихи начандон тўлонии давлатдориамон собит менамояд, ки њифзи истиќлолияти давлатї ва дастовардњои он, њимояи амният ва манфиатњои милливу давлатї, устувор гардонидани вањдати миллї ва нигоњ доштани суботу оромии љомеа, инчунин таъмин намудани рушди иќтисоди кишвар ва бењтар гардидани сатњу сифати зиндагии ањолї дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархўрди ќудратњои љањонї вазифаи аввалиндараљаи њамаи рукнњои њокимияти давлатї ва њар як шањрванди ватандўсту ватанпарвар мебошад.

Мо азм дорем, ки масъалањои таъмини рушди устувори иќтисодї, пешрафти бахшњои воќеии иќтисодиёт, тавсеаи имкониятњои содиротии мамлакат, бењтар кардани фазои сармоягузорї ва дастгирии соњибкорї, самаранокии бозори мењнат, њифзи иљтимоии ањолї, такмили низоми идораи давлатї ва таќвияти нерўи инсониро њал намоем.

Њукумати кишвар вазифадор аст, ки сарфи назар аз идомаёбии таъсири тўлонии омилњои буњронї ва дигар мушкилоти мављуда рушди устувори иќтисодиро дар доираи санадњои стратегии ќабулшуда таъмин намояд.

Ба Њукумати Тољикистон ва Дастгоњи иљроияи Президент супориш дода мешавад, ки татбиќи чорањои пешбинигардидаи ташкиливу сохториро доир ба назорати ќатъии иљрои барномањои ќабулшуда таъмин намоянд.

Инчунин њангоми амалї намудани барномањо ба масъалањои истифодаи самараноки захирањои мављуда, роњњои љалби сармоя ба иќтисодиёт, инкишофи нерўи инсонї ва дигар омилњо диќќати љиддї дода шавад.

Њамватанони азиз!

Вакилони муњтарам!

Пешрафти босуботи иќтисоди кишвар дар асоси санадњои барномавї, пеш аз њама, Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатњи некўањволии мардуми Тољикистон барои солњои 2013 – 2015 ва дигар барномањои соњавию минтаќавї таъмин гардида, иљрои сариваќтї ва самараноки онњо тањти назорати доимї ќарор дорад.

Бори дигар таъкид месозам, ки љавњари њуљљатњои барномавии зикршуда таъмини некўањволии мардуми кишвар мебошад.

Барои расидан ба ин њадафи стратегї роњбарони вазорату идорањо, вилоятњо ва шањру ноњияњо ва њамаи хизматчиёни давлатї вазифадоранд, ки ба иљрои босифат ва сариваќтии вазифањои муайянгардида бо масъулияти баланд муносибат намоянд.

Дар 7 соли сипаришуда маљмўи мањсулоти дохилї якуним баробар ва даромади пулии ањолї 1,7 баробар афзудааст, вале дар шароити рушди босуръати иќтисодиёти љањонї ва зарурати таъмин намудани рушди минбаъдаи иќтисодиёти кишвар нишондињандањои зикршуда моро ќонеъ карда наметавонанд.

Аз ин рў, мо бояд ба ташкили заминањои инкишофи босуботу дарозмуддат таваљљуњи доимї зоњир намоем.

Аз љумла бо дарназардошти он, ки то ваќти ба охир расидани муњлати татбиќи Стратегияи миллии рушд камтар аз ду сол боќї мондааст, зарур аст, ки дар баробари тањлили натиљањои бадастомада манбаъњои таъмини пешрафти минбаъдаи иќтисодиёти кишварро муайян карда, тањияи Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030 оѓоз намоем.

Амалисозии њадафњои стратегии мамлакат имкон медињад, ки њаљми иќтисоди кишвар то соли 2020, яъне дар њафт соли оянда, то ду баробар афзоиш ёфта, маљмўи мањсулоти дохилї ба њар нафари ањолї на камтар аз якуним баробар зиёд карда шавад.

Тадриљан бењтар гардонидани сифати зиндагии мардум ва дар ин давра то 20 фоиз коњиш додани сатњи камбизоатї аз љумлаи њадафњои асосии сиёсати иќтисодии мо мебошад.

Дар ин раванд бунёди инфрасохтори муосир ва устувори њифзи ичтимоии ањолї њамчун вазифаи асосии Њукумат боќї мемонад.

Дар 7 соли гузашта тамоюли иљтимоии буљети давлатї њифз гардида, њаљми харољот барои соњањои илму маориф, тандурустї ва дигар соњањои иљтимої њар сол ба њисоби миёна ба андозаи 35 фоиз афзоиш ёфт ва 23 миллиард сомониро ташкил кард.

Дар 7 соли оянда бо ин маќсад, яъне љињати њалли масъалањои иљтимої, аз њисоби њамаи сарчашмањои маблаѓгузорї беш аз 70 миллиард сомонї равона карда мешавад.

Бояд гуфт, ки расидан ба ин њадафњо бе таъмин намудани рушди минбаъдаи бахши воќеии иќтисод ва раќобатпазирии он, инчунин дар асоси имконияту захирањои табиии кишвар такмил додани сохтори иќтисоди миллї ѓайриимкон аст.

Њоло Њукумати Тољикистон барои њалли пурраи масъалањои таъмини истиќлолияти энергетикї, аз бунбасти коммуникатсионї баровардани мамлакат ва њифзи амнияти озуќавории кишвар аз тамоми имкониятњои мављуда истифода бурда, дар ин љода њамаи тадбирњои заруриро амалї карда истодааст.

Дар 7 соли оянда, яъне то соли 2020, љињати расидан ба ин њадафњои стратегиамон аз њисоби буљет ва љалби сармоя сафарбарсозии беш аз 35 миллиард сомонї пешбинї шудааст.

Њамзамон бо ин, барои такмил додани сохтори ташкиливу соњавии иќтисоди кишвар ва таќвияти минбаъдаи он тадбирњои зарурї амалї карда мешаванд.

Татбиќи самараноки ислоњоти иќтисодї дар давоми солњои сипаришуда ба зиёд шудани њаљми истењсоли мањсулоти саноативу кишоварзї, афзоиши њаљми сармоягузориву хизматрасонї, инчунин зиёд шудани даромади пулї, талаботи истеъмолии ањолї ва, дар маљмўъ, ба таъмин гардидани рушди устувори иќтисоди миллї мусоидат намуд.

Бо вуљуди тамоюлњои манфї дар иќтисоди љањонї ва таъсири онњо ба иќтисодиёти кишвар, соли 2013 афзоиши маљмўи мањсулоти дохилї дар сатњи 7,4 фоиз нигоњ дошта шуда, даромади пулии ањолї 16,5 фоиз ва маоши моњонаи як корманд 20 фоиз афзуд.

Дар натиљаи мунтазам зиёд шудани даромади пулии ањолї имрўз сохтори харољоти хонаводагї хеле бењтар гардидааст.

Масалан, соли 2001-ум 84 фоизи харољоти хонаводагї ба хариди мањсулоти озуќа ва 16 фоиз барои молњои ѓайриозуќа ва хизматрасонињо рост меомад.

Њоло ин нишондињандањо ќариб баробар шудаанд, яъне имконияти мардум барои хариди молњои маишї, пардохти хизматрасониву истироњат ё пасандози ќисми даромадњояшон бештар шудааст.

Аз тарафи ањолї дар 10 соли охир фаќат барои харидории мошинњои сабукрав, яхдону телевизор ва мебелу кондитсионерњо беш аз 15 миллиард сомонї харољот шудааст.

Аз љумла соли 2013 харољоти ањолї танњо барои хариди мошинњои сабукрав 1,4 миллиард сомонї ва барои пардохти хизматрасонињои операторони мобилї беш аз 1,7 миллиард сомониро ташкил додааст.

Ин танњо арзиши суњбат бо телефонњои мобилї мебошад. Харидории худи телефонњо, ки имрўз беш аз 10 миллион ададро ташкил медињад, ба садњо миллион сомонї мерасад.

Пасандозњои бонкии ањолї дар панљ соли охир беш аз 3,2 баробар зиёд гардида, соли 2013 ќариб ба 4 миллиард сомонї баробар шудааст.

Муваффаќ гардидан ба суботи макроиќтисодї имконият фароњам овард, ки соли 2013 сатњи камбизоатї аз 38,3 фоиз то 35,6 фоиз коњиш ёбад.

Пешбинї шудааст, ки то соли 2015 ин нишондињанда 30 фоизро ташкил хоњад кард.

Миќдори умумии љойњои нави кории муњайёшуда ва барќароргардида дар панљ соли охир зиёда аз 870 њазор, аз љумла танњо соли 2013 беш аз 185 њазорро ташкил кард, ки ин барои бењтар гардидани вазъи бозори мењнат ва сатњи зиндагии мардум мусоидат намуд.

Соли љорї дар њамаи соњањои иќтисоди миллї боз 250 њазор љойњои нави корї таъсис дода мешаванд.

Аз љумла бо ин маќсад дар соњаи саноат сохта, ба истифода додани 150 корхонаи нави истењсолї пешбинї шудааст.

Бояд гуфт, ки дар кишвари мо барои таъсиси корхонањои саноатии истихрољи маъдан ва то мањсулоти нињої коркард намудани он захираву имкониятњои зиёд мављуданд.

Зарур аст, ки ин имкониятњо њарчи пурра ва самаранок истифода шаванд.

Вобаста ба ин, тањия ва татбиќ намудани Барномаи омўзиш ва арзёбии захираи металлњои нодир барои солњои 2015-2025 низ ба рушди соња ва истифодаи самараноки сарватњои табиии кишварамон мусоидат мекунад.

Солњои охир таваљљуњ ба азхудкунии захирањои табиии кишварамон зиёд гардида истодааст.

Бо љалби сармоягузорони хориљї њоло дар ин соња якчанд лоињаи азими сармоягузорї амалї шуда истодааст, ки дар доираи онњо њазорњо љойњои нави корї таъсис ёфта, даромади буљети давлатї ва имкониятњои содиротии кишвар афзун мегарданд.

Бо дарназардошти ин, ба рушди саноати металлургияи ранга њамчун соњаи ояндадор диќќати махсус дода мешавад.

Таљрибаи љањонї нишон медињад, ки давлат метавонад дар самти истифодаи ќаъри замин тавассути таъсис додани ширкатњои миллии давлатї ё муштарак фаъолона иштирок намуда, даромади бештар гирад.

Дар ин љода таљрибаи давлатњои љањон доир ба мустаќиман ба бозори молиявї баровардани ширкатњои миллї, ки иљозатномаи азхудкунии захирањои табииро доранд, ќобили таваљљуњ мебошад.

Аз ин лињоз, ба вазоратњои саноат ва технологияњои нав, молия, адлия, рушди иќтисод ва савдо, инчунин Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї зарур аст, ки дар хусуси ба бозори молиявии байналмилалї баровардани ширкатњои миллї пешнињоди асоснок манзур намоянд.

Њукумати мамлакат љињати фароњам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соњибкорї пайваста чораљўї карда истодааст.

Дар натиљаи ба роњ мондани тартиби соддакардашудаи баќайдгирии давлатии субъектњои хољагидорї имрўз оѓоз намудани фаъолияти соњибкорї хеле осон гардидааст.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки бо дарназардошти њимояи манфиатњои иќтисодии мамлакат ва пурра ба андозбандї фаро гирифтани корхонањои муштарак зарурати такмили санадњои амалкунандаи меъёрии њуќуќї доир ба истихрољи канданињои фоиданок ба миён омадааст.

Аз ин рў, ба Њукумат супориш дода мешавад, ки љињати ворид намудани таѓйироти дахлдор ба ќонунгузории мамлакат чораљўї намояд.

Дар шароити раќобати шадиди бозорї моро зарур аст, ки тавассути ташаккул додани саноати миллии раќобатпазиру самаранок, навсозии техникиву технологии корхонањои саноатї, фароњам овардани шароити мусоид барои соњибкории истењсолї коркарди њарчи пурраи ашёи хоми ватаниро мунтазам таъмин кунем.

Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияњои нав вазифадор карда мешавад, ки якљо бо дигар вазорату идорањо њарчи зудтар њуљљати барномавии пешбурди сиёсати ягонаи соњаи саноатро омода карда, самтњои асосии рушди соњаро муайян ва барои татбиќи он чорањои амалї андешад.

Дар доираи ин њуљљати барномавї мо бояд барои рушди зерсоњањои алоњидаи саноат, аз љумла саноати сабук ва хўрокворї, ихтихрољи маъдан ва ангишт, мошинсозї ва монанди инњо шароити заруриро фароњам созем.

Масалан, њамасола барои хариди масолењи сохтмон, аз љумла семент, аз хориљи мамлакат то 5 миллиард сомонї харљ карда мешавад, дар њоле ки барои ба роњ мондани истењсоли семент, дигар навъњои масолењи сохтмон ва пурра ќонеъ намудани талаботи дохилии кишвар ашёи хом, ќувваи корї, умуман, њамаи шароити зарурї мављуд аст.

Њоло мо бунёди чандин корхонањои истењсоли сементро бо иќтидори умумии зиёда аз 6 миллион тонна дар як сол дар шањру ноњияњои гуногуни кишвар ба наќша гирифтаем ва бовар дорем, ки бо њамин роњ на танњо талаботи дохилї ќонеъ гардонида мешавад, балки имкони содироти он низ ба вуљуд меояд.

Рушди ин соња имкон медињад, ки сохтмон вусъат пайдо карда, боз њазорњо љойи нави корї муњайё шавад ва, муњимтар аз њама, харољоти сохтмон, аз љумла нархи манзилњои истиќоматї, арзон гардад.

Ташкили корхонањои нави истењсоли семент ва дигар масолењи сохтмон, марказњои барќу гармидињї ва рўз то рўз зиёд шудани корхонањое, ки ангиштро њамчун сўзишворї истифода мебаранд, зарурати дучанд зиёд кардани истењсоли ангиштро ба миён меорад.

Дар замони истиќлолият дар мамлакат садњо корхонањои истењсоли хишт, рег ва сангу шаѓал таъсис дода шудаанд.

Аз ин рў, ба Њукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки љињати афзоиши истењсоли масолењи сохтмон ва ангишт ва дар солњои наздик пурра ќонеъ кардани талаботи дохилї, инчунин ба роњ мондани содироти онњо чорањои зарурї андешад.

Ба роњ мондани омўзиш ва истихрољи маъдани оњан, сохта ба истифода додани корхонањои коркарди он ва ташкили истењсоли мањсулоти гуногуни оњанї метавонад эњтиёљоти њамаи соњањои иќтисод, аз љумла соњаи сохтмонро ќонеъ гардонад.

Дар навбати худ, ин ба оѓози рушди саноати металлургияи сиёњ дар кишвар асос мегузорад.

Дўстони азиз!

Тољикистон яке аз кишварњои дорои захирањои бузурги гидроэнергетикии минтаќа ва љањон ба њисоб меравад ва барои истифодаи самараноки захирањои мављуда зарур аст, ки таљдиду барќарорсозї ва сохтмони иншооти соњаи энергетика босуръат идома дода шавад.

Зеро пешрафти ояндаи Тољикистон аз рушди гидроэнергетика вобастагии мустаќим дорад.

Дар баробари ин, кишвари мо љонибдори самимии иќдому ташаббусњои ташкилоту созмонњои бонуфузи байналмилалї, аз љумла Созмони Милали Муттањид ва дигар давлатњои пешрафта доир ба рушди манбаъњои барќароршаванда ва аз лињози экологї тозаи нерў њамчун зербинои “иќтисоди сабз” мебошад.

Љињати таъмини минбаъдаи кишвар бо ќувваи барќу гармї тавассути барќарор намудани нерўгоњњои мављуда ва ба кор андохтани иќтидорњои нав, аз љумла бунёди хатњои интиќоли барќ, истифодаи сарфакоронаи нерўи барќ, паст кардани талафоти он, истифодаи технологияи каммасрафи барќї ва аз љониби дигар, ба идораи оќилонаи захирањои обї дар минтаќа диќќати афзалиятнок дода мешавад.

Рушди ояндаи иќтисоди кишварамон аз бунёди иќтидорњои нави истењсоли ќувваи барќ вобастагии калон дорад.

Шумо аз кўшишњои Њукумати мамлакат ва дурнамову наќшањоямон дар ин самт бохабар њастед.

Бо вуљуди душворињои чандинсола ва сарфи маблаѓу ваќти иловагї мо барои ташхиси мустаќили байналмилалии лоињаи сохтмони нерўгоњи барќи обии Роѓун ва арзёбии таъсири экологиву иљтимоии он њанўз моњи декабри соли 2007 ба Бонки Умумиљањонї мурољиат кардем.

Њоло корњои ташхису арзёбии лоиња идома доранд ва тибќи наќша тобистони соли љорї ба охир мерасанд.

Нерўгоњи Роѓун барои мо иншооти таќдирсоз мебошад ва мо корњои барќарорсозии онро тибќи наќшаи бо Бонки Умумиљањонї мувофиќашуда пеш бурда истодаем.

Бо маќсади рушди соњаи энергетика то имрўз хеле корњо ба анљом расида, аз љумла бо истифода аз ангишти худї сохтмони Маркази барќу гармидињии Душанбе - 2 идома дорад, ки навбати аввали он имсол ба кор андохта шуд.

Соли љорї нерўгоњи барќи обии “Сангтўда-2” бо иќтидори 220 мегаватт ва навбати дуюми Маркази барќу гармидињии Душанбе-2 бо иќтидори пурра, яъне 100 мегаватт, ба истифода дода мешавад.

Дар робита ба ин, ба Њукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои таъмини пойтахт бо гармї ва барќ дар се соли оянда љињати то ба 400 мегаватт расонидани иќтидори Маркази барќу гармидињии Душанбе -2 чораљўї намояд.

Дар доираи барномаи давлатии ќабулшуда дар мамлакат то охири соли 2013-ум 310 нерўгоњи барќи обии хурд бо иќтидори 29 њазор киловатт сохта шуда, сохтмони боз 10 нерўгоњи хурд бо иќтидори 14 њазор киловатт идома дорад.

Дар баробари ин, бо истифода аз њамаи манбаъњои маблаѓгузорї ва имконияту воситањои мављуда, аз љумла бо роњи густаришу суръат бахшидани њамкорињои созандаву судманди бахшњои давлативу хусусї љињати рушди соња бояд тадбирњои муассир андешида шаванд.

Барои таљдиди низоми энергетикии мамлакат дар 10 соли охир беш аз 13 миллиард сомонї маблаѓ сарф шудааст ва дар њафт соли оянда бо маќсади ташкили фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикї, рушди соња ва расидан ба истиќлолияти энергетикии мамлакат аз њисоби буљети давлатї ва дигар сарчашмањои маблаѓгузорї беш аз 22 миллиард сомонї равона карда мешавад.

Њоло дар мамлакат 11 ширкати ватаниву хориљї, аз љумла ширкатњои бонуфузи сатњи љањонї, ба монанди Газпром (Россия), Тотал (Франсия), CNPC (Чин) ба иктишофу истихрољи нафту газ машѓул буда, то имрўз ба маблаѓи ќариб як миллиард сомонї маблаѓгузорї кардаанд, ки ин барои дар оянда таъмин намудани кишвар бо нафту гази худї замина мегузорад.

Сохтмон ва таљдиду барќарорсозии нерўгоњњои барќи обии хурду бузург, аз љумла Роѓун, Норак, Ќайроќќум, Сарбанд, Маркази барќу гармидињии Душанбе-2, хатњои интиќоли барќи дохилї, инчунин бунёди хатти интиќоли барќи КАСА-1000 барои содироти нерўи барќи изофаи дар фасли тобистон истењсолшаванда имконият медињанд, ки мо ба истиќлолияти энергетикии кишвар муваффаќ шуда, эњтиёљоти ањолиро дар тамоми фаслњои сол ба нерўи барќ таъмин намоем, ба рушди иќтисодиёти мамлакат такони љиддї бахшем, имкониятњои содиротии кишварро афзун созем ва тавассути њамаи ин тадбирњо њаллу фасли масъалањои имрўзаи иљтимої, аз љумла баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии ањолии мамлакатро таъмин намоем.

Вакилони арљманд!

Дигар омили муњимтарине, ки ба рушди минбаъдаи иќтисодиву иљтимоии кишвар такони љиддї мебахшад, татбиќи лоињањои бунёди инфрасохтори коммуникатсионии дорои ањамияти дохиливу минтаќавї мебошад.

Соли 2014 аз њисоби њамаи сарчашмањои маблаѓгузорї барои соњаи наќлиёт ва коммуникатсия 1,1 миллиард сомонї ва дар 7 соли оянда зиёда аз 8 миллиард сомонї сарф карда мешавад.

Татбиќи чунин лоињањо, аз љумла сохтмони хатти роњи оњани Туркманистон - Афѓонистон - Тољикистон, роњњои мошингарди байналмилалии Душанбе-Кўлоб-Хоруѓ-Кулма, Душанбе - Турсунзода, Айнї - Панљакент, Восеъ - Ховалинг ва хусусан роњи оњани Вањдат – Ёвон - Ќўрѓонтеппа барои бењтар гардидани фазои сармоягузории кишвар, пайваст шудан ба шабакањои байналмилалии наќлиётї, инкишофи бозори дохилї ва афзоиши њаљми хизматрасонињои байналмилалї мусоидат хоњад кард.

Илова бар ин, ташкил ва рушди марказњои наќлиётиву логистикї њамчун ќисми таркибии инфрасохтори наќлиётии минтаќавї метавонад имкониятњои транзитии кишварро бењтар намуда, ба афзоиши њиссаи мамлакат дар хизматрасонии минтаќавию байналмилалии наќлиётї мусоидат намояд, ки ин њам љойњои нави корї ва њам манбаи даромади иловагии буљет ва рушди иќтисодиёт мебошад.

Дигар самти муњими тавсеаи имкониятњои коммуникатсионии кишвар соњаи хизматрасонии авиатсионї буда, зиёд намудан ва њозиразамон гардонидани парки њавопаймоњои ширкатњои миллї, таљдиди фурудгоњњои байналмилалии мамлакат, таъмин кардани онњо бо техникаву таљњизоти муосир ва то ба дараљаи меъёру талаботи байналмилалї баланд бардоштани сифати хизматрасонї зарур мебошад.

Њамзамон бо ин, љалби њарчи бештари сармоя ва рушди бемайлони соњибкориву бахши хусусї бояд њамчун самти афзалиятноки тараќќиёти мамлакат густариш бахшида шавад.

Бахши хусусї ва соњибкорї, дар навбати худ, барои ташаккули табаќаи миёна заминаи мусоид фароњам оварда, дар маљмўъ тараќќиёти босуботи иќтисоди кишварро таъмин менамояд.

Тањлили сохтори соњибкорї дар солњои охир нишон медињад, ки њавасмандї ба фаъолияти соњибкории истењсолї нисбат ба соњањои савдо ва хизматрасонї камтар мебошад.

Њарчанд ки Њукумати мамлакат оид ба фароњамсозии шароити мусоид барои рушди соњибкории истењсолї маљмўи тадбирњоро амалї карда истодааст, вале суръати он њанўз ба талабот љавобгўй нест.

Дар доираи Кодекси нави андоз барои пешрафти соњибкории хурду миёна беш аз 240 номгўй имтиёзу сабукињо пешбинї гардидаанд. Танњо соли гузашта маблаѓи умумии имтиёзњои пешнињодшуда 3,6 миллиард сомониро ташкил дода, соли љорї он ба 4 миллиард сомонї мерасад, ки ин маблаѓњо дар ихтиёри субъектњои хољагидор, яъне соњибкорон, боќї мемонанд ва ба пешрафти фаъолияти онњо мусоидат мекунанд.

Имтиёзњои андозї минбаъд низ боќї мемонанд. Аз 1-уми январи соли 2015 андоз аз фоида кам карда мешавад.

Андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард низ аз 1-уми январи соли 2015 кам ва аз 1-уми январи соли 2017 умуман бекор карда мешавад.

Илова бар ин, супориш медињам, ки дар 7 соли оянда ба фонди аз љониби Њукумати мамлакат таъсисдодашудаи дастгирии соњибкорї аз њисоби буљет то як миллиард сомонї равона карда шавад.

Таъкид месозам, ки низоми фаъолият ва назорати истифодаи маблаѓњои фонд дуруст ба роњ монда шавад. Маблаѓњои фонд дар навбати аввал барои рушди соњибкории истењсолї дар минтаќањои дурдасти кўњистон пешбинї шудаанд.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар масъалаи маъмурикунонии андоз њоло њам камбудињои љиддї љой доранд.

Аз ин рў, Њукуматро зарур аст, ки бо маќсади таъмин намудани рушди устувори иќтисоди мамлакат дар бобати њалли масъалањои вобаста ба пешрафти соњибкории истењсолї ва баланд бардоштани иќтидори содиротии кишвар чорањои мушаххас андешад.

Ин кор бояд њамчун самти афзалиятнок арзёбї гардида, тадбирњои њавасмандсозии давлатї муайян ва бо дарназардошти мониторинги ин раванд њамасола татбиќ карда шаванд.

Вобаста ба ин, пешнињод менамоям, ки солњои 2014-2020 давраи дастгирии соњибкории истењсолї ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанї эълон карда шавад.

Бо дарназардошти тамоюлњои рушди љањони муосир зарур аст, ки ислоњотро доир ба тавсеаи соњибкориву бахши хусусї идома дода, иљрои хуљљатњои ќабулгардида таъмин карда шавад ва дар хусуси боз њам бењтар намудани фазои сармоягузориву рушди бахши хусусї чорањои зарурї андешида шаванд.

Бо маќсади бењтар намудани фазои сармоягузорї, љалби сармоя ва дастгирии бахши хусусї, инчунин пурзўр намудани кафолату уњдадорињои сармоягузорон моро зарур аст, ки бо дарназардошти риояи стандартњои байналмилалї оид ба такмили низоми ќонунгузорї ва механизмњои байналмилалии кафолати сармоя ва созишномањои сармоягузорї тадбирњои заруриро роњандозї кунем.

Дар ин раванд љињати љалби сармоя ва инкишофи соњибкории истењсолї бояд ба татбиќи лоињањои сармоягузорї бо истифодаи технологияњои муосир, истењсолоти ба содирот нигаронидашуда ва аз љињати экологї безарар афзалият дода шавад.

Яке аз роњњои муњимми таъмин намудани рушди устувори иќтисоди кишвар истифода аз имкониятњои минтаќањои озоди иќтисодї мебошад.

Фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодї дар ду соли охир нишон дод, ки таваљљуњи сармоягузорон ба онњо пайваста зиёд мешавад.

Танњо соли 2013 дар ин минтаќањо њаљми истењсоли мањсулот ба 41 миллион сомонї расида, нисбат ба соли 2012-ум 2,4 баробар афзоиш ёфтааст ва миќдори љойњои корї 80 фоиз зиёд шудааст.

Соли љорї дар минтаќањои мазкур сохтмони корхонањои коркарди нафт, истењсоли масолењи сохтмон, аз љумла семент ва молу мањсулоти дигар дар назар аст.

Бинобар ин, Њукуматро зарур аст, ки доир ба љалби сармоягузорон ба минтаќањои озоди иќтисодї ва муњайё намудани шароити мусоиди инфрасохторї њамаи чорањои заруриро амалї намояд.

Дар бобати бо љойи кор таъмин кардани ањолї ва афзун намудани даромади буљети давлат бозори истеъмолї ва хизматрасонињо низ сањми назаррас доранд.

Имрўз њаљми хизматрасонињо ќариб 50 фоизи маљмўи мањсулоти дохилии кишварро ташкил медињад.

Ин нишондињанда дар шањри Душанбе беш аз 75 фоизро ташкил медињад.

Вале таъкид бояд кард, ки дар таъмини бозори истеъмолї молу мањсулоти воридотї, бахусус мањсулоти озуќа ва баъзе намуди молњои саноатї, њанўз њам наќши асосї дорад ва ба болоравии нарх таъсири бевосита мерасонад.

Бо вуљуди тамоюли рушди устувори савдои хориљии кишвар њаљми воридот нисбат ба содирот зиёд аст.

Раванди диверсификатсияи содироти кишвар суст љараён дорад ва дар гардиши савдо њиссаи молњои ба содирот нигаронидашуда назаррас нест.

Масалан, аз њаљми умумии алюминийи истењсолшуда њамагї то 3 фоиз ва нахи пахта то 10 фоиз дар дохили мамлакат коркард шуда, боќимонда ба хориљи кишвар њамчун ашёи хом бароварда мешавад.

Ин дар њолест, ки таъсири омилњои беруна, аз љумла пастравии нарх дар бозори љањонї ба мањсулоти асосии содиротї - пахта, алюминий ва мањсулоти кишоварзї, зиёд аст.

Дар чунин шароит вазоратњои саноат ва технологияњои нав ва кишоварзиро зарур аст, ки ба масъалањои ташкили истењсоли мањсулоти нињоии пахтагї, коркарди мањсулоти кишоварзї, аз љумла меваю сабзавот, истихрољи маъдан ва коркарди сангњои ќиматбањо, металлњои ранга ва дигар мањсулоти ба содирот нигаронидашуда таваљљуњи махсус зоњир намоянд ва доир ба иљрои њатмии барномањои ќабулшуда чорањои судманд андешанд.

Илова бар ин, бо маќсади таъмини иљрои барномањои соњавї, аз љумла доир ба рушди саноати сабук ва махсусан коркарди пурраи нахи пахта, инчунин дастгирии минбаъдаи соњибкории истењсолї, баланд бардоштани иќтидори содиротии мамлакат, ѓанї гардонидани буљети давлатї аз њисоби афзоиш ёфтани арзиши иловашуда, муњимтар аз њама, ташкили љойњои нави корї ва ба ин васила баланд бардоштани сатњи некўањволии мардум пешнињод менамоям, ки андоз аз фурўши нахи пахта ба бољи содиротї аз он иваз карда шуда, ба содироти пилла њамчун ашёи хом бољи содиротї љорї карда шавад.

Ин имконият медињад, ки њавасмандї ба коркарди нахи пахта ва пилла дар дохили кишвар афзун гардида, таъмини бозори дохилї бењтар шавад, содироти мањсулоти тайёр ба хориљи кишвар афзоиш ёбад ва њазорњо љойи нави корї муњайё гардад.

Њамзамон бо ин, шумораи њуљљатњои пешнињодшаванда ва муњлати расмиёти воридотиву содиротї содда карда шуда, љињати бартараф намудани такроршавии санљишњо аз љониби маќомоти гуногун чораљўї карда шавад.

Бо дарназардошти ворид шудани кишварамон ба Созмони Умумиљањонии Савдо ва зарурати таъмини раќобатпазирии иќтисодиёти кишвар, инчунин бењтар намудани фазои сармоягузорї ва роњ ёфтан ба бозорњои љањонї мо бояд иќтисодиёти кишварамонро ба меъёрњои Созмони њамкории иќтисодї ва рушд мутобиќ созем.

Дар ин раванд Њукуматро зарур аст, ки љињати соддагардонии расмиёти маъмурї барои содирот, воридот ва транзити молњо ва таъмини иљрои талаботи Стратегияи рушди инфрасохтори миллии сифат ва наќшаи чорабинињо оид ба ислоњоти системаи танзими техникии Љумњурии Тољикистон чорањои зарурї андешад.

Умуман, моро зарур аст, ки љињати тадриљан аз мамлакати аграрї-саноатї ба мамлакати индустриаливу аграрї табдил додани кишварамон чораљўї кунем ва бо ин маќсад барномањои дахлдорро роњандозї намоем.

Вакилони муњтарам!

Пешбурди самараноки сиёсати молиявї таќозо менамояд, ки идоракунии устувори молияи давлатї, афзоиши даромадњои буљет, такмили низоми андозбандї, шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии харољоти буљет, нигоњ доштани вазъи мутавозини маблаѓгузории буљет таъмин карда шавад.

Агар харољоти буљети давлатї соли 2001 њамагї 314 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин нишондињанда соли 2014 ба 14,1 миллиард сомонї баробар мегардад, яъне афзоиши он беш аз 45 баробарро ташкил медињад.

Ба вазорату идорањои дахлдор супориш дода мешавад, ки бо маќсади таъмин гардидани истифодаи самараноки маблаѓњои буљети давлатї ва дар доираи њадафу афзалиятњои барномањои ќабулшуда равона намудани маблаѓњо доир ба тањияву татбиќи низоми ягона дар ин самт тадбирњои зарурї андешанд.

Њамзамон бо ин, Палатаи њисоб ва Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, ки истифодаи шаффофу самараноки маблаѓњои давлатї, аз љумла даромад ва харољоти маблаѓњои буљетиро дар тамоми субъектњои хољагидор тањти назорати ќатъї ќарор дињанд.

Ба роњ мондани њисобдорї ва ташкили низоми баќайдгирии амалиёти хариду фурўши молу хизматрасонињо яке аз вазифањои муњимми Њукумат мебошад.

Татбиќи ин иќдом имконият медињад, ки маљмўи мањсулоти дохилї сањењ ба њисоб гирифта, тартиби муосири андозбандї ба роњ монда шавад, фарњанги андозсупорї ташаккул ёбад, меъёрњои фоизи ќарзњои бонкї паст гарданд ва мубориза бо коррупсия муваффаќона пеш бурда шавад.

Дар самти сиёсати пулию ќарзї бояд корњо ба хотири дар сатњи барномавї нигоњ доштани таваррум, тањкими имконияти пардохтпазирї ва эътимоднокии низоми бонкї, ба роњ мондани фаъолияти самаранок ва бехатари низоми пардохтњо идома дода шаванд.

Дўстони азиз!

Њукумати Тољикистон бо маќсади амалї намудани сиёсати минтаќавї ба масъалаи рушди њамаљонибаи минтаќањои мамлакат ва бењтар намудани вазъи соњањои иљтимоиву иќтисодии њамаи шањру ноњияњо эътибори љиддї медињад.

Бењтар намудани сатњу сифати зиндагї дар шањру ноњияњои кишвар яке аз афзалиятњои сиёсати давлатї ба шумор рафта, дар давраи истиќлолият бо ин маќсад 42,5 миллиард сомонї сарф карда шудааст. Мо ният дорем, ки дар 7 соли оянда барои рушди минтаќањои мамлакат беш аз 110 миллиард сомонї равона намоем.

То имрўз барномањои рушди танњо 33 шањру ноњияњо тањия ва ќабул шудаанд. Зарур аст, ки дигар маќомоти мањаллии њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњои мамлакат барои татбиќи сиёсати рушди дењот ва дар оянда дар асоси иќтидору имкониятњои мањаллї тараќќї додани шањру ноњияњо барномањои миёнамуњлат ва дарозмуњлати рушди иќтисодиву иљтимоиро тањия намоянд.

Кор дар бобати устувор гардонидани имкониятњои маќомоти идоракунии мањаллї ва њамоњангсозии фаъолияти онњо бо маќомоти марказии идоракунї минбаъд низ идома ёфта, ба такмили инфрасохтори шањраку дењот, муассисањои маорифу тандурустї, роњсозиву обрасонї, фарњангу варзиш, инчунин бунёди корхонањои истењсолї афзалият дода мешавад.

Дар баробари ин, масъулияти роњбарони вилоятњо ва шањру ноњияњо доир ба љалби сармоя, рушди соњибкории истењсолї ва ташкили љойњои нави корї зиёд гардида, назорат дар ин самт љоннок карда мешавад.

Дар раванди ислоњот ба соњаи кишоварзї њамчун яке аз соњањои муњимми иќтисоди кишвар эътибори аввалиндараља дода мешавад, зеро њифзи амнияти озуќавории мамлакат аз сатњи рушди ин соња вобастагии мустаќим дорад.

Дар ислоњоти соњаи кишоварзї инкишофи инфрасохтори он ва таъмини зиндагии шоистаи ањолии дењот дар солњои минбаъда њамчун њадафи муњимтарин боќї мемонад.

Њоло 46 фоизи ањолии мамлакат дар соњаи кишоварзї фаъолият намуда, њаљми истењсолоти соња соли 2013 ба 17 миллиард сомонї ва њиссаи он дар маљмўи мањсулоти дохилї беш аз 21 фоизро ташкил кардааст.

Барои таъмини рушди ин соња мо ният дорем, ки дар њафт соли оянда беш аз 3 миллиард сомонї равона намоем.

Амалисозии маљмўи тадбирњои пешгирифтаи Њукумати мамлакат дар ин самт имконият медињад, ки талаботи ањолиро ба молњои асосии озуќаворї аз њисоби истењсолоти дохилии кишвар њарчи бештар таъмин созем ва ба ин васила ба иљрои яке аз њадафњои стратегиамон - њифзи амнияти озуќавории кишвар ноил гардем.

Бинобар ин, Њукумати кишварро зарур аст, ки доир ба дастгирии соњаи кишоварзї, бахшњои коркарди мањсулоти он ва њавасманд гардонидани кишоварзон барои истифодаи самараноки захирањои обу замин тадбирњои иловагї андешад.

Инчунин тавассути љалби сармояи дохиливу хориљї љињати азхудкунї ва обёрии заминњои нав чораљўї карда шавад.

Вазорати кишоварзї ва Академияи илмњои кишоварзиро зарур аст, ки барои таъмин намудани иљрои барномањои рушди соња, афзун гардонидани истењсоли мањсулоти кишоварзї бо истифода аз механизми дастгирии молиявии давлатї ба масъалањои бењтар гардонидани заминаи моддиву техникии хољагињои кишоварзї, таъмин намудани онњо бо техникаву таљњизоти кишоварзї, инчунин васеъ љорї намудани дастовардњои илм ва технологияњои инноватсионї дар таъмини рушди соња ањаммияти аввалиндараља дињанд.

Дар доираи иљрои Фармони Президенти кишвар “Дар бораи тадбирњои иловагї доир ба рушди соњаи боѓу токпарварї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2014” то имрўз ќариб 50 њазор гектар боѓу токзори нав бунёд гардида, беш аз 100 њазор љойи нави корї таъсис дода шудааст.

Бо дарназардошти он, ки дар шањру ноњияњои мамлакат имкониятњои мусоид барои ташкили боѓу токзори нав њанўз зиёданд, ба Њукумати кишвар супориш дода мешавад, ки то моњи сентябри соли љорї барномаи нави рушди боѓу токпарвариро барои дањ соли оянда тањия ва ќабул намояд.

Баланд бардоштани сатњу сифати њамаи намудњои хизматрасонї ва тараќќиёти соњаи сайёњї самти дигари пешрафти ояндаи иќтисодиёту иљтимоиёти кишвар мебошад.

Рушди бахши сайёњї барои ташкили љойњои кории нав ва инкишофи истењсолот мусоидат мекунад, зеро бахши сайёњї имконияти хуби фаъолияти соњибкорї барои њар як шахси ташаббускор мебошад.

Мувофиќи тањлилњо амалї намудани ислоњот имкон медињад, ки сањми соњаи сайёњї дар маљмўи мањсулоти дохилии кишвар то соли 2020 то ба 5 фоиз ва сањми ѓайримустаќими он барои рушди соњањои дигари иќтисодиёт то 15 фоиз расонида шавад.

Тољикистон дар ин самт имкониятњои бузурге дорад, ки аз мављудияти ёдгорињои гуногуни таърихиву фарњангї, мавзеъњои нодири тиббиву муолиљавї, кўњнавардї ва дигар дороињое, ки табиат барои мо додааст, бармеоянд.

Муњтарам аъзои Маљлиси миллї ва

вакилони Маљлиси намояндагон!

Бо маќсади татбиќи њадафњои стратегии давлат дар бахши сиёсати иљтимої то имрўз як силсила барномањои мушаххас ќабул карда шудаанд ва муваффаќона амалї гардида истодаанд.

Соли љорї маблаѓгуз/spanории соњањои иљтимої 54,2 фоиз/span/pи њаљми умумии харољоти буљети давлатї ё 7,7 миллиард сомониро ташкил медињад ва мо азм дорем, ки дар 7 соли оянда соњањои иљтимоиро њамчун самти муњимтарини сиёсати давлат дар њаљми умумии зиёда аз 70 миллиард сомонї маблаѓгузорї кунем.

Яке аз самтњои муњиму афзалиятноки сиёсати иљтимоии давлат таъмини нафаќа мебошад. Ба ин хотир аз љониби Њукумати кишвар дар доираи имкониятњои молиявии буљети давлатї њамасола тадбирњои мушаххас андешида мешаванд.

Дар натиља тайи 7 соли охир андозаи миёнаи нафаќа дар кишвар 6,4 баробар афзоиш ёфтааст.

Сиёсати пешгирифтаи Њукумат дар соњаи иљтимої минбаъд низ бомаром идома ёфта, бо маќсади дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилањои камбизоат, собиќадорони мењнат ва бењтар гардонидани дастрасии онњо ба хизматрасонињои гуногуни давлатї доир ба масъалаи муќаррар намудани дастгирии иловагии давлатї тавассути кумакњои суроѓавии иљтимої чорањои муассир андешида мешаванд.

Дар сиёсати иљтимоии кишвар соњаи илму маориф дар оянда низ њамчун яке аз самтњои калидї боќї монда, Њукумати Тољикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблаѓгузории соњаро њамасола ба таври назаррас афзоиш медињад.

Бо дарназардошти вазъи љањони имрўза изњор медорам, ки мактабу маориф инчунин омили муњимтарини амнияти миллї низ мебошад, зеро дар љањони пуртазоди имрўза фаќат насли наврасе, ки дониш ва касбу њунарњои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иќтисодии кишварро таъмин намояд.

Омўзгор дар мењвари соњаи маориф ќарор дорад ва сатњу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онњо мањз ба донишу таљриба, малакаву мањорати касбї, усули таълим ва дигар пањлуњои фаъолияти шахсии омўзгор вобастагии зич дорад.

Соли гузашта Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» дар тањрири нав ќабул гардид ва дар ин ќонун нахустин бор ба маќоми омўзгор боби алоњида бахшида шуд.

Мо бори дигар нишон додем, ки омўзгор дар љомеаи мо маќоми хоса дорад.

Тибќи ин ќонун ба омўзгорон имтиёзњои зиёде пешбинї шудаанд ва ман аз тамоми масъулини Њукумат ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї талаб менамоям, ки иљрои бечунучарои муќаррароти ќонуни мазкурро таъмин созанд.

Мо минбаъд низ барои њалли масъалањои иљтимоии соњаи маориф ва баланд бардоштани маќому манзалати омўзгор дар љомеа њамаи чорањои заруриро амалї мегардонем, зеро такроран хотирнишон месозам, ки омўзгорон тарбиятгарони наслњои ояндасози миллат ва давомдињандагони анъанаву суннатњои пурифтихори миллии мо мебошанд.

Мањз ба њамин хотир, ки маориф соњаи ояндасози њаёти кишвар мебошад, мо ба наќша гирифтаем, ки бо маќсади њалли масъалањои таълиму тарбияи насли навраси халќамон ва умуман љињати таъмин намудани рушди соњаи маориф ва бењтар гардонидани таъминоти иљтимоии ањли маориф дар 7 соли оянда 27 миллиард сомонї људо намоем.

Исбот гардидааст, ки дар замони муосир пешрафти иќтисодии њар як кишвар аз сатњи фаъолият ва дараљаи тарбияи кадрњо дар мактаби олї вобастагии зиёд дорад.

Бо дарназардошти ин, Њукумати Тољикистон ба рушди муассисањои тањсилоти олии касбї диќќати њамаљониба дода, барои ворид гардидан ба фазои ягонаи тањсилот ва љорї намудани меъёрњои байналмилалии тањсилот тамоми имкониятњои худро истифода менамояд.

Эътирофи њуљљатњои тањсилоти олии касбии кишвар дар кишварњои аврупої аз дастовардњои муњимми соња мебошад, ки мањз бо иќдоми Њукумати мамлакат амалї шудаанд.

Минбаъд муассисањои тањсилоти олии касбиро лозим аст, ки истифодаи васеи технологияњои иттилоотиву коммуникатсиониро дар љараёни таълим ба роњ монанд, таљрибаи байналмилалиро омўзанд, наќшаву барномањои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу љањонии мењнат ва тањсилот мутобиќ гардонанд ва то соли 2020 гузариш ба меъёрњои љањонии тањсилотро таъмин намоянд.

Соли љорї ќабули довталабон ба муассисањои тањсилоти олї бори аввал тавассути имтињонњои марказонидашудаи дохилшавї дар Маркази миллии тестї ба роњ монда мешавад. Мо ба ин кор дар асоси хоњишу дархости зиёди падару модарон ва бо маќсади баланд бардоштани сатњи тарбияи кадрњо, инчунин пешгирї кардани амалњои коррупсионї дар љараёни имтињоноти ќабул иќдом намудем.

Дар иртибот ба ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки рейтинги муассисањои тањсилоти олии касбиро њамасола муайян ва ба ањли љомеа пешнињод намояд, то ки довталабон ихтисос ва мактаби олиро дуруст интихоб карда тавонанд.

Њукумати Тољикистон инкишофи илмро дар баробари маориф ва фарњанг самти афзалиятноки стратегияи рушди миллї эълон намуда, ба хотири тањкими асосњои моддиву техникии Академияи илмњо ва таъмин намудани фаъолияти самараноки муассисањои илмиву тањќиќотї њамаи чорањои заруриро амалї карда истодааст.

Мо барои тараќќї додани илми ватанї дар 15 соли охир 362 миллион сомонї сарф намудем ва пешбинї кардаем, ки дар 7 соли оянда ба ин самт зиёда аз 600 миллион сомонї равона созем.

Бо истифода аз имкониятњое, ки давлат ва Њукумати мамлакат фароњам оварда истодааст, муассисањои академї бояд бо роњи анљом додани кашфиёту ихтирооти нав, љорї намудани усулњои инноватсионии пешбурди тањќиќоти илмї ва техникаву технологияњои муосир дар рушди минбаъдаи иќтисоди миллиамон сањми фаъолтар гузоранд.

Аз љумла муассисањои Академияи илмњо вазифадоранд, ки дар иљрои се њадафи стратегии давлат – таъмини истиќлолияти энергетикї, рањої аз бунбасти коммуникатсионї ва њифзи амнияти озуќаворї наќши фаъолона дошта бошанд.

Вазифаи муњимми олимони кишвар бо дарназардошти шароити давлати соњибистиќлол тањќиќ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемањои фалсафа ва адабиёту фарњанги бою рангоранги тољикон, поку бегазанд нигоњ доштан ва тањким бахшидан ба маќоми забони давлатї, тоза нигоњ доштани забони муошират, эљоду эњёи забони илмии тољикї, арљгузорї ба арзишњои таърихї ва ба љањониён ба таври шоиста муаррифї намудани дастовардњои ниёгон мебошад.

Ягона таќозои давлат аз олимону муњаќќиќон ин аст, ки илмро њамќадами замон созанд. Ба ибораи дигар, илм бояд ба халќ хизмат кунад ва ба пешрафти давлат мусоидат намояд.

Муњтарам аъзои Маљлиси миллї ва

вакилони Маљлиси намояндагон!

Барои њалли масъалањои шуѓли ањолї, бахусус мутобиќи талаботи имрўзаи бозори мењнати дохилию хориљї омода намудани мутахассисон зарур аст, ки минбаъд банаќшагирии тарбияи кадрњо дар њамаи зинањои тањсилоти касбї дар асоси тањлили талаботи бозори мењнат ва дурнамои рушди соњањои иќтисоди миллї ба роњ монда шавад.

Бинобар ин, ба вазоратњои саноат ва технологияњои нав, мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї, рушди иќтисод ва савдо, Кумитаи занон ва оила, Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї, роњбарони вилоятњо ва шањру ноњияњо бори дигар супориш дода мешавад, ки доир ба таќвияти низоми ягонаи омўзиши касбии шањрвандони бекор, бахусус муњољирони мењнатї ва ањолии калонсол, инчунин ташкили кори хонагї, њунарњои дастї ва дигар намудњои косибї барои занону духтарони хонашин ва бо њамин роњ паст намудани шиддати бекорї чорањои зарурї андешанд.

Дар ин росто, зарур аст, ки дар давоми 7 соли оянда на камтар аз як миллион нафар шањрвандони мамлакат аз курсњои бозомўзї ва такмили ихтисос гузаронида шаванд.

Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо, њамаи вазорату идорањо ва ташкилоту муассисањо вазифадоранд, ки бо маќсади татбиќи сиёсати пешгирифтаи давлату Њукумати мамлакат дар самти таъсиси љойњои нави корї ба бахши хусусї доир ба ташкили корхонањои нави истењсолї, обёриву азхудкунии заминњои нав ва рушди кишоварзї њамаљониба мусоидат намоянд.

Моњи ноябри соли 2013 тибќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон соњањои тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї, ки аз соњањои афзалиятноки сиёсати иљтимоии давлат мањсуб мегарданд, дар доираи як вазорат муттањид карда шуданд.

Дар ин замина, Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолиро зарур аст, ки дар раванди татбиќи сиёсати пешгирифтаи давлат фаъолияти худро дар доираи стратегияву барномањои ќабулгардидаи давлатї ба роњ монда, доир ба њалли масъалањои бењтар намудани дастрасии ањолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кўдакони ятиму бепарастор ба хизматрасонињои тиббиву иљтимої мунтазам чораљўї намояд.

Дар 15 соли охир ба соњаи тандурустии кишвар аз њисоби њамаи сарчашмањои маблаѓгузорї 4,3 миллиард сомонї људо карда шудааст ва љињати таъмини рушди минбаъдаи соња дар 7 соли оянда 14 миллиард сомонї равона карда мешавад.

Њамчунин бо маќсади таъмини фаъолияти пурсамари муассисањои тиббї ва бењтар намудани хизматрасонии тиббї ба ањолї ба маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо зарур аст, ки доир ба зиёд кардани њиссаљудокунї барои таъминоти муассисањои тандурустї, харидории таљњизоти муосири тиббї, сохтмони бунгоњу марказњои саломатї ва таъмиру барќарорсозии муассисањои мављудаи тандурустї, инчунин тарбияи мутахассисоне, ки ќобилияти баланди бо техникаву технологияи муосир кор карданро дошта бошанд, тадбирњои муассир андешанд.

Дар сиёсати иљтимоии давлат соњаи фарњанг яке аз самтњои муњим ба шумор меравад, зеро дар баробари пешрафти дигар соњањои иљтимої рушди устувори љомеаро бе инкишофи бонизоми фарњанг тасаввур кардан душвор аст.

Имрўз тамоюли љањонишавии фарњанг аз љумлаи проблемањои глобалии асри ХХI мебошад. Тољикистон њамчун узви љомеаи љањонї аз раванди босуръати љањонишавї ва падидаву зуњуроти мусбату манфии он дар канор буда наметавонад.

Вобаста ба ин, мо бояд имрўз низоми нави рушди соњаи фарњангро ташаккул дињем, ки мазмуну мундариљаи он ба ташаккули симои нави маънавии инсон таъсири амиќ гузошта, тафаккур, заковати фитрї, маънавиёт, майлу раѓбати зебоипарастї ва њунари эљодгариву анъанањои бузурги фарњангсолории халќамонро инкишоф дињад.

Иљрои ин рисолати муњимми миллї, њамчунин дар зењни насли наврас ва љавонон решадор сохтани њисси миллї, ватандўстиву ватанпарварї ва ба раванди ободониву созандагї даъвату сафарбар намудани мардум вазифаи ањли зиё низ мебошад.

Зеро зиёиён посдорони нангу номуси миллї ва равшангарони роњи фардои миллатанд.

Њукумати Тољикистон дар раванди татбиќи сиёсати давлатии кадрњо ба масъалаи баланд бардоштани маќоми занону љавонон, фаъол гардонидани наќши онњо дар њаёти љомеа ва љавонгардонии синну соли њайати кадрњои роњбарикунандаи маќомоти давлатї диќќати љиддї медињад.

Дар байни аъзои Њукумат имрўз шумораи занон ду баробар зиёд гардида, дар маќомоти олии намояндагии кишвар 11 нафар занон фаъолият доранд.

Аз 18 300 нафар хизматчиёни давлатї, ки дар маќомоти марказиву мањаллии њокимияти давлатї ва љамоатњо фаъолият менамоянд, 4315 нафар ё 24 фоизро занон ташкил медињанд.

Айни замон танњо дар мансабњои роњбарикунандаи маќомоти давлатї 1100 нафар занон фаъолият доранд, ки аз ин 500 нафар ба сохторњои роњбарикунандаи вазорату идорањо рост меояд.

Имрўз аз 193 њазор нафар кормандони соњаи маориф 54,9 фоиз ё ќариб 106 њазор нафар ва дар соњаи тандурустї аз 88 њазор нафар кормандон 66,5 фоиз ё ќариб 60 њазор нафар занон мебошанд.

Солњои охир нуфузи занон дар самти соњибкорї бештар гардида, имрўз онњо беш аз 30 фоизи соњибкорони мамлакатро ташкил медињанд.

Сафњои хизмати давлатиро љавонон њам пурра намуда, имрўз љавонони то 35 - сола 7600 нафар ё 41,4 фоизи хизматчиёни давлатиро ташкил медињанд ва зиёда аз 1200 нафари онњо мансабњои роњбарикунандаро ишѓол менамоянд.

Дар баробари љалби бештари занону љавонон ба идоракунии давлатї зарур аст, ки ба баланд бардоштани сатњи донишу малакаи касбї ва ќобилияти ташкилотчигии онњо диќќати доимї дода, онњоро дар рўњияи ватандўстї, поквиљдонї ва хизмати содиќона ба халќу Ватан тарбия ва њидоят намоем.

Ќобили зикр аст, ки оила њамчун падидаи иљтимоиву њуќуќї мањаки асосии љамъиятро ташкил дода, дар сатњи Конститутсияи кишвар барои њифзи он ва тањти ѓамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кўдак аз љониби Њукумати кишвар њамаи чорањои зарурї андешида мешаванд.

Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки бо дарназардошти њифзи њуќуќу манфиатњои ќонунии кўдак ба Кодекси оила дар хусуси фарзандхонї таѓйиру иловањо ворид карда шуда, њамзамон бо ин, низоми ќонунгузории оилавї такмил дода шавад.

Дар чандин суханронињои худ иброз дошта будам, ки ятимони куллро дар муњити оила тарбия кардан њам бењтар аст ва њам савоби бузург аст. Тасаввур кунед, ки агар беш аз сеюним њазор ятимони кулл якнафарї ба муњити оила фаро гирифта шаванд, чї ќадар оилањо соњиби фарзанд ва хушбахт мегарданд.

Дўстони азиз!

Риоя ва иљрои Конститутсия ва ќонунњо, яъне волоияти ќонун, яке аз роњњои муњимми ташаккул ва рушди давлати њуќуќбунёду демократї мањсуб меёбад.

Ин кор аз маќомоти давлатї, шањрвандон ва иттињодияњои онњо сатњи баланди фарњанги сиёсї ва маърифати њуќуќиро таќозо мекунад.

Имрўз дар заминаи меъёрњои Конститутсия андешањои муосири парламентаризми миллї рушду такомул ёфта, аз љониби парламенти мамлакат раванди эљоди ќонун, ки њадафи он њифзи њуќуќу манфиатњои ќонунии инсон ва танзими муносибатњои муњимми њаёти љомеа мебошад, бомаром идома дорад.

Воќеан, амалї гаштани ќонун аз сифати он вобастагї дорад. Сифати баланди ќонун амалї гардидани њадафњои асосии ќабул ва самаранокии онро таъмин мекунад.

Дар иртибот ба ин, мехоњам як нуктаро хотирнишон намоям, ки вазифаи маќоми олии ќонунгузори кишвар, пеш аз њама, тањия ва ќабули ќонунњое мебошад, ки бо такя ба арзишњои демокративу умумибашарї љавобгўи талаботи замони муосир бошанд ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро таъмин намоянд.

Бинобар ин, субъектњои ташаббуси ќонунгузорї вазифадоранд, ки њангоми тањия ва пешнињоди лоињаи ќонунњо зарурат, ањамият ва дурнамои танзими муносибатњои љамъиятї, асосњои иќтисодиву молиявї ва тартиби амалишавии онњоро дар маркази диќќат ќарор дињанд.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки вазъи имрўзаи ќонунгузорї гузаронидани мониторинги њуќуќиро таќозо дорад.

Дар баробари ин, њамаи сохтору маќомоти давлатї ва шахсони мансабдори онњо вазифадоранд, ки риоя ва њифзи њуќуќу озодињои инсонро, ки арзиши олии љомеаи мо эътироф шудаанд, самти афзалиятноки фаъолияти худ њисобида, ќабули шањрвандон ва баррасии холисонаву њаматарафаи мурољиатњои онњоро боз њам таќвият бахшанд.

Риоя ва иљрои ќонун, на танњо масъулияти баланди шањрвандиро таќозо менамояд, балки назорати доимии давлатиро низ талаб мекунад.

Бинобар ин, маќомоти прокуратураро зарур аст, ки назорати риояи даќиќ ва иљрои якхелаи ќонунњоро таќвият бахшида, љињати таъмини волоияти ќонун ва иљрои бечунучарои он аз љониби њамаи шахсони њуќуќї ва њар як шањрванд минбаъд низ њамаи чорањои пешбиникардаи ќонунро бо масъулияти баланд ва поквиљдонона амалї намоянд.

Имкониятњои техникаву технологияњои муосир, бахусус интернет, имрўз барои рушди илму фарњанг ва пешрафти њаёти љомеа наќши муњим доранд.

Аммо тавре ки мушоњида мешавад, имрўз шабакањои иттилоотиву коммуникат­сионї, аз љумла интернет, аз љониби шахсон ва гурўњњои алоњидаи љиноятпеша бо маќсади љиноятњои киберї, яъне барои пањн намудани ѓояњои ифротгароёнаву тундравона, бахусус дар байни љавонон ва ноболиѓон, ба таври васеъ истифода мегарданд.

Вобаста ба ин, њамаи маќомоти давлатї вазифадоранд, ки дар соњаи мубориза бо љинояткорї ва њуќуќвайронкунї дар љомеа, алалхусус дар байни наврасону љавонон, бо дарназардошти воќеияти имрўза, аз љумла пешгирї кардани таъсири манфии љањонишавии фарњангї ва дар ин раванд таъмин намудани амнияти иттилоотї тадбирњои иловагиро роњандозї намоянд.

Њарчанд ки то имрўз аз љониби Њукумати кишвар дар ин самт корњои зиёде амалї гардидаанд, вале вазъи риояи ќонун ва тартибот дар кишвар, аз љумла дар байни љавонон ва ноболиѓон, њамоно ташвишовар боќї мемонад.

Бинобар ин, зарур мешуморам, ки Прокуратураи генералї ва Вазорати корњои дохилї љињатњои њуќуќї ва иќтисодиву иљтимоии содиршавии љиноят ва дигар њуќуќвайронкунињоро аз љониби ноболиѓон њамаљониба омўхта, дар муддати шаш моњ лоињаи ќонун «Дар бораи асосњои низоми огоњкунї ва пешгирии њуќуќвайронкунї ва љинояткорї дар байни ноболиѓон»-ро тањия ва ба Њукумати кишвар пешнињод намоянд.

Маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомии кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти кор бо њайати шахсї боз њам вусъат бахшида, дар хусуси ба кор ќабул намудани кадрњои поквиљдону баландихтисос ва содиќ ба халќу Ватан, пешгирї намудани коррупсия ва њама гуна кирдорњои ѓайриќонунї дар фаъолияти сохтору маќомоти зикршуда чорањои таъсирбахш андешанд.

Дар раванди пешгирии љинояткорї ва мубориза бо унсурњои љинояткор вусъат бахшидани њамкории маќомоти њифзи њуќуќ, бахусус маќомоти милитися, бо ањолї хеле муњим мебошад.

Бо маќсади тањкими чунин њамкорињо њанўз моњи июни соли 2012 Фармони Президенти Тољикистон «Дар бораи баланд бардоштани наќши нозирони минтаќавии милитсия дар таъмини тартиботи љамъиятї ва тавсеаи њамкории онњо бо ањолї» интишор гардида буд.

Вале бо дарназардошти шароити имрўза зарур аст, ки самтњои асосии чунин њамкорињо дар доираи барномаи алоњидаи давлатї ба танзим дароварда шаванд.

Аз ин рў, Вазорати корњои дохилї вазифадор карда мешавад, ки бо маќсади боз њам бењтар таъмин кардани тартиботи љамъиятї лоињаи барномаи њамкории маќомоти корњои дохилї бо ањолиро тањия ва ба Њукумати кишвар пешнињод намояд.

Масъалаи мубориза бо гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир низ яке аз самтњои афзалиятноки фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ ба шумор рафта, дар ин љода тайи солњои охир корњои муайян ба сомон расонида шудаанд.

Имрўз Тољикистон аз рўи њаљми мусодираи маводи мухаддир дар љањон маќоми шашумро ишѓол мекунад.

Боз њам таќвият додани муќовимат бо маводи мухаддир ва татбиќи талаботи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир барои солњои 2013 – 2020 ва дигар санаду барномањои соњавї вазифаи Агентии назорати маводи нашъадор, њамаи маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомї мебошад.

Масъалаи пешгирї ва мубориза бар зидди коррупсия ва татбиќи њамаљонибаи Стратегияи муќовимат ба коррупсия дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2020 дар оянда низ њамчун самти муњимтарини сиёсати њуќуќии давлат боќї мемонад.

Муќовимат ба терроризм, экстремизм, хариду фурўши одамон ва дигар љиноятњои муташаккили фаромарзї вазифаи љонии маќомоти њифзи њуќуќ мебошад.

Њукумат барои навсозї, яъне модернизатсияи Ќуввањои Мусаллањи кишвар ва сохторњои низомї, баланд бардоштани сатњи касбї ва омодагии љангии њайати шахсї, фароњам овардани шароити бењтари зиндагиву хизмат ва њалли масъалањои иљтимоии хизматчиёни њарбї ва кормандони маќомоти њифзи њуќуќ њамаи чорањои заруриро амалї мегардонад.

Њоло дар кишварамон барои тарбияи кадрњои баландихтисоси низомї Академияи Вазорати корњои дохилї, чандин донишкадаву дигар муассисањои тањсилоти олии касбї фаъолият мекунанд.

Њукумати мамлакат, роњбарони маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомї вазифадоранд, ки масъалањои фароњам овардани базаи моддиву техникии мусоидро барои тарбияи кадрњои низомї, тайёр кардани кадрњои ба давлат ва халќу Ватан содиќ, ба талаботи рўз љавобгўй ва соњибмаърифату дорои љањонбинии муосир тањти назорати доимї ќарор дињанд.

Мо барои ташаккули низоми судии кишвар, баланд бардоштани маќоми њокимияти судї дар љомеа ва ба сатњи байналмилалї баровардани он то имрўз корњои назаррасеро ба анљом расонидем.

Њокимияти судї минбаъд низ такмил меёбад ва ислоњоти судиву њуќуќї идома дода шуда, барои эљоди заминаи њуќуќии ин њадафњо ќонунњои зарурї тањия ва ќабул карда мешаванд.

Бо маќсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатњи касбии судяњо, наќш ва мавќеи суд дар таъмини воќеии њифзи њуќуќу озодињои инсон, манфиатњои ќонунии ташкилоту муассисањо, сарфи назар аз шакли ташкилию њуќуќии онњо, њоло барномаи нави ислоњоти судиву њуќуќї барои се соли оянда тањия шуда истодааст.

Зарур аст, ки барномаи зикршуда то охири соли љорї ба Президенти кишвар пешнињод карда шавад.

Њамчунин бо маќсади рушди низоми адлияи кишвар ва ба талаботи стандартњои љањонї мувофиќ намудани он Њукумати мамлакатро зарур аст, ки то охири соли љорї «Стратегияи рушди низоми адлияро барои солњои 2015-2020» тањия ва ќабул намояд.

Муњтарам аъзои Маљлиси миллї ва

вакилони Маљлиси намояндагон!

Тањаввулот ва таѓйироти торафт афзоянда дар арсаи байналмилалї, ки аксари онњо натиљаи бархўрдњои бесобиќа ва пуршиддати манфиатњои нерўњои абарќудрат ва бозигарони муњимтарини сањнаи сиёсати љањонї мебошанд, тањияи самтњо, ба њисоб гирифтани љузъиёт ва омилњои сершумору мухталифи ин раванди мураккабу пуртазодро барои муайян намудани масири аслї ва муњтавои матлуби сиёсати хориљии кишвар душвор месозанд, ки он њам љавобгўи манфиатњои олии миллату давлат ва њам ба равандњои асосии рушди равобити байналмилалии муосир созгор бошад.

Бисёр мантиќист, ки ин амалия аз мо тањлили амиќ, муносибати боэњтиёту њушёрона ба њар як омилу њар як љузъи он, ба нафъи кишвару сарзамин мутобиќ намудани мундариљаву мазмуни иќдомотамонро таќозо дорад, ки ин кор дар вазъи имрўза кори сањл нест, алалхусус ки сиёсати хориљии воќеъбинона, фаъол ва мутавозини Љумњурии Тољикистон дар айни замон бояд бо дарназардошти мавќеи геополитикї ва имкониятњои табииву демографии он, инчунин сатњи тараќќиёти иќтисодиву иљтимоии кишвар амалї карда шавад.

Мисли њамеша њадафњои асосии сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистон дар дурнамои дарозмуддат љињати њифзи манфиатњои олии кишвар бояд аз фароњам овардани шароити мусоиди берунї барои рушди устувори иќтисодиву иљтимої, таъмини амнияти миллї, таќвияти рукнњои давлатдорї, дифоъ аз њуќуќу озодињо, эътибор ва манфиатњои шањрвандони кишвар, тањкими мавќеи давлат дар арсаи байналмилалї иборат бошанд.

Эљоди камарбанди эътимоду амният дар тамоми тўли сарњади кишвар аз тариќи густариш ва тањкими муносибатњои неки њамсоягї бо њамаи мамлакатњои њамљавор вазифаи муњимтарини сиёсати хориљї буд ва хоњад монд.

Мо минбаъд низ ба анъанањои деринаву созандаи њамзистии дўстонаи мардумони Осиёи Марказї содиќ мемонем.

Ба ин маќсад дар муносибатњоямон бо кишварњои њаммарз ба пешбурди сиёсати дўстї, њамсоягии нек, адами мудохила ба корњои дохилии якдигар, истифодаи воситањои дипломативу сиёсї дар њалли масъалањои бањснок, аз љумла масъалањои сарњадї ва обу энергетика, афзалияти комил хоњем дод.

Мо итминони комил дорем, ки густариши њамкории созанда бо якдигар дар асоси дуљониба ва бисёрљониба воситаи муњимтарини њалли масъалањои сиёсиву иљтимої, амниятиву экологї ва муќовимат бо тањдиду хатарњои глобалии муосир буда, ба манфиатњои њаётии њамаи минтаќа ва њар як кишвари Осиёи Марказї комилан созгор аст.

Љумњурии Тољикистон муносибатњояшро бо кишварњои њамсояи Осиёи Марказї – Ўзбекистон, Ќазоќистон, Туркманистон ва Ќирѓизистон њамеша дар асоси дўстї, эњтирому эътимоди тарафайн, хайрхоњї ва њамкории судманду созанда пеш хоњад бурд.

Тољикистон таќвияти дўстии таърихии мардумони Осиёи Марказиро амри усулан зарурї медонад ва њамзамон бо ин, љонибдори густариши равобити њасана, њамкорињои иќтисодї ва фарњангиву гуманитарї, равуои озоди одамону наќлиёт ва интиќоли бемамониати сармояву хизматрасонињо буда, љињати тањкими равандњои њамгирої љонибдори рафъи низоми раводид дар минтаќа аст.

Як њаќиќат мусаллам аст, ки мардумони Осиёи Марказї метавонанд дар якљоягї ва муттањидї њар гуна масquot;serifъалаву мушкилотро њаллу фасл кунанд ва бар зидди њар гун lang=а хатару тањдидњои љањони муосир якљоя истодагарї намоянд.

Њарчи зудтар барќарор гардидани сулњу суботи сиёсии пойдор дар ќаламрави њамсояи љанубии мо – Афѓонистони њамљавор - љавобгўи манфиатњои њаётиву миллии Тољикистон аст.

Истиќрори сулњи деринтизор ва эњёи њаёти осоишта дар кишвари азияткашидаи Афѓонистон бо таъмини амнияти минтаќавї низ пайванди ногусастанї дорад.

Бо оѓози хуруљи воњидњои низомии эътилофи байналмилалии зиддитеррористї Афѓонистони њамсоя ба марњалаи нав ворид мешавад.

Дар ин давра зарур аст, ки таваљљуњи љомеаи љањонї ва дўстону хайрхоњони Афѓонистон ба ниёзњо ва масоили мубрами он коњиш наёбад ва дар ин кор кишварњои минтаќа низ бояд сањми фаъол дошта бошанд.

Дар шароити навин бозсозии сохторњои бунёдии Афѓонистон тавассути сохтмони роњњои оњану мошингард, хатњои интиќоли барќ ва лўлањои газ ањаммияти бузурги иќтисодиву иљтимої ва геоиќтисодї касб менамояд.

Дар ин замина мо омодаем, ки њамкорињоро бо Афѓонистони бародар густариш дода, имконоти худро љињати амалї гардонидани тарњњое, ки ба рушди иљтимоиву иќтисодии минтаќа ва ин кишвар нигаронида шудаанд, сафарбар намоем.

Дар муносибатњои мо бо Љумњурии Исломии Эрон, чун бо Афѓонистон, омили марбут ба умумиятњои таърихии мардумони мо мавќеи муњим дорад. Њамкорињои гуногунпањлуи Тољикистону Эрон сол аз сол амиќтару ѓанитар мегарданд.

Дар зарфи дањ соли охир асоси муњимми равобити мо – њамкорињои тиљоративу иќтисодї хислати бунёдї пайдо намуда, ба сатњи баландтар баромадааст.

Умед аст, ки раванди тавсеа ёфтани њамкорињои сељонибаи Тољикистону Эрону Афѓонистон таќвияти бештар пайдо мекунад ва барои гузаштан ба марњалаи сифатан нави иртибототи густурдаи кишварњои мо мусоидат менамояд.

Тавсеаву рушд ва густариши муносиботи дарозмуддату босуботи Тољикистон бо кишварњои аъзои Иттињоди Давлатњои Мустаќил ва шарики асосии стратегии мо – Федератсия Россия низ аз њадафњои асосии мост. Аслан сатњ, мазмун ва муњтавои равобити гуногунљанбаи Тољикистону Россияро на танњо манфиатњои геополитикї ва прагматизми иќтисодї, балки њамчунин заминањои маънавї, фарњангї ва пайвандњои инсонї муайян месозанд.

Њарчанд мо сатњу муњтавои равобити худ, дараљаи эътимод ва боварии тарафњоро бо Федератсияи Россия хеле баланд арзёбї менамоем, рушду густариши минбаъдаи равобити њамаљонибаи судманд бо ин кишваquot;serifquot;,р, устувортар ва амиќтар намуquot;; mso-bidi-font-family: Arial; mso-ansi-language: TT; mso-fareast-language: RU;quot;,дани пайвандњои иќтисодї ва алоќањои фарњангї, ќавитар сохтани њамкорињои сиёсиву низомї ва низомиву техникї бо ин давлати дўст аз самтњои афзалиятноки равобити Тољикистон бо Россия аст ва чунин хоњад монд.

Аз ин рў, њифзи муносибатњои њасанаи анъанавї, агар аз як љониб, афзалияти сиёсати хориљии Тољикистон бошад, аз љониби дигар, риояи манфиатњои олии миллї дар нињояти кор муайянкунанда хоњад буд.

Тољикистон дар самти шарќї њамсояшарики бузург дорад ва рушду тањкими њамкорињои судманди гуногунарсаро бо Љумњурии Халќии Хитой аз вазифањои муњимтарини сиёсати хориљии худ дар Осиё медонад.

Мо аз сатњи баланди њамкорињои созанда, самарабахш ва судманд бо Хитой, алалхусус дар иќтисодиёт, ќаноатманд њастем.

Вусъат ёфтани ин гуна њамкорї дар давоми 23 соли истиќлолияти кишвари мо дар њама бахшњо љавобгўи манфиатњои на танњо ду љониб, балки ба нафъи суботу амният ва рушди пойдори минтаќа аст ва мо ин равандро чун самти стратегии сиёсї њадафмандона идома хоњем дод.

Дар минтаќаи Авруосиё мо њамкорињои мустањками гуногунљабњаро бо Япония, Њиндустон, Љумњурии Корея, Љумњурии Исломии Покистон, Љумњурии Туркия ва дигар кишварњои дўст тавсеа бахшида, дар ќисматњои дигари њамкорї, аз љумла дар соњањои бунёди инфрасохтори иртиботиву наќлиётї, иншооти гидроэнергетикї ва монанди инњо, роњандозї карда, ба рушди минбаъдаи онњо манфиатдор хоњем буд.

Тољикистон љонибдору њавасманди густариши њамёрии гуногунљабнаии гуногунариши нбаъдаи онкатсиониву нани пайвандња бо Иёлоти Муттањидаи Амрико ва кишварњои аъзои Иттињоди Аврупо мебошад, ки онњо дар сиёсату иќтисоди дунёи муосир нуфуз ва наќши бузург доранд.

Бинобар ин, зарурати бењтару хубтар ба роњ мондани барномањои мављудаву тањияшаванда доир ба њамкории судманд бо Иёлоти Муттањидаи Амрико ва кишварњои Иттињоди Аврупо аз вазифањои мубрами сиёсати хориљии Тољикистон мањсуб мешавад.

Мо дар раванди муборизаи фаъол ва муассир бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир ва љинояткории муташаккили фаромиллї бо ин кишварњо њамкории босамар доштем ва вусъату таќвият бахшидани онњо аз љумлаи њадафњои мост.

Тољикистон имрўз бо бисёр кишварњои мутараќќии олами араб, аз љумла Шоњигарии Арабистони Саудї, Љумњурии Мисри Араб, Давлати Кувайт, Амороти Муттањидаи Араб, Давлати Ќатар ва мамлакатњои дигари мусулмон муносибатњои муфиди дуљониба ва бисёрљониба дорад, ки аз љумла бар умумиятњои таърихиву фарњангї ва динии мо асос ёфтаанд. Њамкорї бо ин кишварњо дар бахшњои дигар, аз љумла дар кори мубориза бо тањдиду хатарњои муосир, дар њоли тавсеа ва густариш аст.

Дар шароити имрўзаи мураккаб ва њассоси таърихи башар раванди тањким ва таќвияти бештари низоми навини муносибатњои байналмилалї бар асоси усулу меъёрњои возењ ва пазируфташуда, ки дар он наќши њамоњангсоз бар уњдаи Созмони Милали Муттањид аст, амри нињоят зарурї мањсуб мешавад.

Мо бар онем, ки созмонњои бузурги байналмилалї ва минтаќавї, аз ќабили Созмони Њамкории Шанхай, Созмони Ањдномаи амнияти дастаљамъї, Созмони амният ва њамкорї дар Аврупо, Созмони њамкории исломї, Созмони њамкории иќтисодї ва дигар нињодњои њамкорињои бисёрљониба дар таќвияти амалии амният ва субот, татбиќи барномањои бузурги иќтисодї ва инфрасохторї, таъмини раванди густариши равобити халќњо ва кишварњо бояд наќши созандатар ва муассиртар дошта бошанд.

Аз созмонњои байналмилалии молиявї низ мо чунин муносибатро интизор дорем, чун дар тўли њамаи солњои истиќлолият бо Бонки Љањонї, Фонди байналмилалии асъор, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таљдиду рушд, Бонки исломии рушд ва дигар нињодњои молиявии байналмилалї равобити муассир ва фаъоли корї доштем ва умедвори идомаи натиљањои хуби онњо њастем.

Тољикистон соли равон вазифаи раисиро дар Созмони бонуфузи њамкории Шанхай ба уњда дорад.

Вобаста ба ин, соли љорї дар назди мо корњои зиёду муњиме ќарор доранд.

Дар кишвар гузаронидани як силсила чорабинињои муњимми байналмилалї, аз љумла мулоќоти сарони кишварњои аъзои созмон, ба наќша гирифта шудааст.

Мусоидати беш аз пеш ба рушду тавсеаи њамкорињои мутаќобилан судманди сиёсиву иќтисодї, фарњангиву гуманитарї ва амниятї дар чањорчўби Созмони њамкории Шанхай аз њадафњои асосии барномаи кории љониби Тољикистон ба сифати кишвари раисикунанда мебошад.

Мо чунин мешуморем, ки низоми нави љањонї бояд аз љангу низоъњо, фишору зўроварї, терроризм, ифротгароии сиёсиву динї, људоихоњї, ќочоќи маводи мухаддир ва љинояткории муташаккили фаромиллї, пањншавии силоњи ќатли ом бояд комилан орї бошад ва бар њамкорињои густурда, баробар ва мутаќобилан судманди њамаи кишварњои љомеаи љањонї асос ёбад.

Танњо дар чунин шароит ва тавассути саъю кўшишњои якљоя метавон дар баробари мушкилоти глобалии замони муосир, аз љумла пайомадњои таѓйирёбии иќлими сайёра, фалокатњои техногенї ва экологї, ба таври шоиста истодагарї кард.

Њамин аст, ки Тољикистон ба њамкорињои бештар бо кишварњои љањон ва созмонњои байналмилалї дар самти мубориза бар зидди хатарњои глобалии љањони муосир њамоно манфиатдор мемонад.

Вазорату идорањоро зарур аст, ки муносибат ва масъулияти худро ба масъалаи тањия ва иљрои шартномањои байналмилалї таљдиди назар кунанд.

Њар як санади њамкорї бояд воќеї, иљрошаванда ва дархўри манфиатњои миллї бошад ва ба пешрафти соњањои мухталифи иљтимоиву иќтисодии кишвар мусоидат намояд.

Бо дарназардошти зарурати такмили фаъолият дар ин самт, инчунин бештар мутобиќ намудани фаъолияти созмонњои масъули сиёсати хориљї ба Вазорати корњои хориљї ва сохторњои марбута супориш дода мешавад, ки тањрири нави ќонун «Дар бораи шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон» ва ќонун «Дар бораи хидмати дипломатї»-ро омода ва барои баррасї ба Њукумати кишвар пешнињод намоянд.

Дар наздиктарин муддат тасвиб намудани Консепсияи нави сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистон низ аз таќозоњои рўз аст.

Муњтарам аъзои Маљлиси миллї ва

вакилони Маљлиси намояндагон!

Њамватанони азиз!

Вазифањое, ки дар Паёми имрўзаи Президенти кишвар доир ба њалли масъалањои калидї, расидан ба њадафњои стратегї ва афзалиятњои миллї барои оянда гузошта шуданд, танњо ба хотири рушди иќтисодиву иљтимоии давлатамон, тањкими имкониятњои иќтисодии он ва албатта, ба хотири боз њам бењтар шудани сатњи зиндагии халќамон равона гардидаанд.

Дар ин марњалаи мураккаби таърихї ва дар шароити њассоси минтаќа ва љањон тањкими вањдати миллї ва муътадил нигоњ доштани фазои сиёсиву мафкуравии љомеа барои давлатдории тољикон ањамияти сарнавиштсоз дорад.

Бовар дорам, ки бо такя ба нерўњои созандаи љомеа ва иродаи неки халќамон мо нияту наќшањои тарњрезикардаамонро, пеш аз њама, дар самти таъмини истиќлолияти энергетикї, аз бунбасти коммуникатсионї рањо намудани кишвар ва њифзи амнияти озуќавории он пурра амалї месозем, пешрафти минбаъдаи кишварро дар асоси заминањои устуворе, ки то имрўз гузоштаем, таъмин мекунем ва дар солњои наздиктарин сатњу сифати зиндагии халќамонро нисбат ба имрўз хеле бењтар мегардонем.

Бо итминон изњор медорам, ки дар роњи расидан ба ин ниятњои нек ва иљрои њадафњои созандаамон халќи зањматкашу матинирода, ватандўсту ватанпарвар ва худшиносу сарбаланди Тољикистон дастгиру пуштибони мост.

Мо бояд бо чунин мардуми шариф ифтихор кунем ва тамоми донишу таљриба, инчунин њамаи захираву имкониятњоямонро барои таъмин намудани зиндагие сафарбар созем, ки хурду бузурги Тољикистон ба он шоиставу сазоворанд.

Ман ба њамаи вакилони Маљлиси Олї, аъзои Њукумат, ба тамоми хизматчиёни давлатї, ањли зиёи мамлакат, занону духтарони соњибмаърифат, љавонони бонангу номус ва худшиносу ватандўст, соњибкорони њимматбаланд ва њар як фарди бонангу номуси миллат мурољиат карда, мехоњам бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тољик ва Ватани мањбубамон – Тољикистони соњибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аљдодиамон, пешрафти давлати соњибистиќлоламон, баланд бардоштани обрўи он дар арсаи байналмилалї ва њимояи манфиатњои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиќонаву поквиљдонона хизмат кардан вазифаи фарзандї ва ќарзи имониву инсонии њар яки мо ва маќсаду мароми ягонаи мост!

Ба хотири амалї гардидани наќшаву ниятњои неки дар назди мо ќарордошта, аз љумла вазифањои дар паёми имрўза гузошташуда, ба даргоњи Худованди мутаол дуо мекунем, ки ќабл аз њама, дастоварди асосиву бузургтарини халќи азизамон - вањдати миллї ва сулњу суботи Ватани мањбубамонро абадї гардонад, муњаббату садоќати фарзандони ин миллати сарбаландро ба ояндаи ободу осудаи сарзамини аљдодиамон афзун созад ва сарзамини бињиштосои моро њамеша дар паноњи офияташ нигоњ дорад.

Ба кулли мардуми шарифи Тољикистон, аз љумла ба њамаи шумо, њозирини гиромї, хонаи обод, хушрўзиву иќболи нек, саломативу сарбаландї ва барори кор орзу менамоям.

Ташаккур!


Мањмудзода М.А.

Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон,

академики АИ ЉТ,

доктори илмњои њуќуќ, профессор

КОНСТИТУТСИЯИ МИЛЛЇ ВА ЉОМЕАИ ШАЊРВАНДЇ

Таърих гувоњ аст, ки њар як халќият дорои расму ойин ва урфу оддати хоси худ мебошад, ки дар њар давру замон ўро њамчун миллат муаррифї менамояд.

Аз њамин лињоз, гузаштагони фарњангсолору тамаддуно­фари мо њамеша кўшиш менамуданд, ки ин арзишњои муќаддаси моро тавассути эъљоди меъёрњои ба манфиати љомеа равонагардида, эъмин нигоњ доранд. Гуфтан мумкин аст, ки дар замони муосир низ ин анъанаи нек идома дода шуда, меъёрњое эъљоду ќабул мешаванд, ки хоси маќсаду мароми миллати мо мебошанд.

Дар њамин радиф гуфтан роиљ аст, ки Конститутсияи имрўза барои миллати худого­њу худшиноси тољик, ки дорои таъриху фар­њан­ги бойи ќадима мебошад, тањия шуда, бо дарназардошти шароити муосир таљассум­гари ѓояву арзишњои миллии љомеа ва давлати озоди мо мебошад.

Ќонуни асосии кишвар, ки тањти роњба­рии хирадмандонаи Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар марњилаи басо мураккабу таќдирсоз ва пурпечутобу њассоси рўзњои аввали ташак­кули давлатдории миллиамон ќабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соњибистиќ­лолии кишвар мањсуб ёфта, њамчун санади муњими сиёсї ва њуљљати сарнавиштсоз барои амалї намудани њадафњои неки миллати куњан­­бунёдамон, яъне бунёди давлати муосир, ки љавњари аслии онро низоми демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва иљтимої ташкил дода, дар он инсон ва њуќуќу озодињои ў арзиши олї эътироф шудаанд, заминаи боэътимоди њуќуќї гузошт.

Арзишњои муќаддаси Ќонуни олии мам­лакат муњимтарин рукнњои љомеаи демокра­тии кишвари азизамонро муайян намуда, њам­чун ифодагари азму ирода ва нияту орзуњои неки инсонї равшангари роњи пешрафти њаёти љомеа буда, барои муайян на­му­дани асосњои сохтори конститутсионї, тањкими њокимияти давлатї, самтњои љараёни инкишо­фи љомеа ва бунёди давлат­дории навин заминаи воќеї гузошта, рушди бемай­лони давлат, вазъи муътадили сиёсї ва амния­ти љомеа, њифзи манфиатњои миллї ва тањкими ќонунияту тартиботи њуќуќиро таъмин намуд.

Бешубња ќабули Конститутсия дастоварди бузурги халќи тољик дар роњи давлатсозиву давлатдории навин мањсуб ёфта, он дар як ваќт барои пойдории сулњу суботи комил ва вањдати миллї ва ташаккули нињодњои гуно­гуни љомеаи шањрвандї дар кишвара­мон наќши созгор дорад ва дар заминаи он сатњи маърифати сиёсї, њуќуќї ва фарњангии ањолї баланд гардид.

Даquot;,right/spanquot;serifр заминаи Конститутсия адолати њуќу­ќї, яъне волоияти њуќуќ, ки тартиботи давлатї ва муносибати давлатро бо љомеа дар замири эътирофу эњтироми манфиатњо таъмин менамояд, устувор гардида, пойдории адолати иљтимої маќсаду мароми тамоми маќомоти давлатї ва љомеаи шањрвандї гардид.

Бо ќабули Конститутсия ислоњоти њуќу­ќї дар кишвар бо маром идома дода шуда, нахустин санадњои танзимкунандаи муноси­бат­њои вобаста ба ташаккулёбии рукнњои давлатдорї, фаъол намудан ва тањкими сохто­ри њокимияти давлатї ба тасвиб расида, маќоми нави њокимияти давлатї љавобгў ба талаботи замон ва љомеа таъсис дода шуд.

Мањз дар асоси талаботи меъёрњои Конститутсия санадњои меъёрии њуќуќии муњи­ме, ки њадафи онњо мустањкам намудани рукнњои давлатдорї, рамзњои давлати муста­ќи­ли Тољикистон ва танзими пањлуњои гуногуни њаёти иќтисодї, иљтимої ва фарњан­гии кишвар мебошанд, ќабул карда шуданд, ки њамаи онњо дар маљмуъ ифодаи раванди солими ислоњоти њуќуќї дар мамлакат буда, заминаи боэътимоди пешрафти љомеаро таъмин мекунанд.

Дар натиљаи ислоњоти конститутсионї, ки тибќи он дар таърихи сиёсии кишвар ба Конститутсия ду маротиба таѓйи­ру иловањо ворид карда шуданд, парламенти думаљлисаи доимомалкунанда таъсис ёфта, такмили маќо­мо­ти иљроия ва сохтори иќтисодии кишвар идома ёфта, инсон ва њуќуќ ва озодињои ў ба сифати арзиши олї эътироф гардиданд ва ба низоми њокимияти судї судњои иќтисодї ворид карда шуда, муњлати ваколати судяњо дањ сол муќаррар гардид.

Ин њама навоварињои конститутсионї барои ташаккули раванди татбиќи њадафњои стратегии давлат, аз љумла таъмини истиќло­лияти энергетикиву озуќаворї, аз бунбасти коммуникат­сионї рањої бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароњам оварда, барои ташаккули инсони дорои тасаввурот ва фањмиши нави њуќуќї, ки тавонад аз манфиат­њои худ пуштибонї карда, бо кафолати мављудияти љавњари љомеаи шањр­вандї ва давлати демократию њуќуќбунёдро таъмин намояд, мусоидат намуд.

Ин санади олї манфиатњои миллии мар­думи бошарафи Тољикис­тонро дар худ таљас­сум намуда, аз конститутсияњои ќаблї, ки дар таърихи низоми идоракунии даврањои мухта­лифи кишварамон солњои 1929, 1931, 1937 ва 1978 ќабул гардидаанд, тафовути куллї дорад.

Бинобар он ки арзиши Конститутсияи имрўза дар пойдори давлати мустаќили мо бе њамто мебошад ва бо гузашти солњо мазмуну моњияти навро касб мекунад, мувофиќи маќ­сад аст, ки баъзе тафовутњои муњими онро аз конститутсияњои ќаблї, хусусан аз Консти­тутсияи соли 1978 тањлил намоем, ки онњо барои рушди Тољикистони соњибистиќлол ва ташаккули љомеаи шањрвандї нигаронида шудаанд.

Пеш аз њама, тафовути муњим аз консти­тут­сияњои ќаблї дар он аст, ки ин аввалин Конститутсияи Тољикистони соњибистиќлол мебошад, ки тибќи он орзуву омоли гузашта­гони мо, ки солњои тулони мустаќилияти комил ва рамзњои давлати миллиро интизор буданд, љомаи амал пўшид. Зеро барои расидан ба истиќлоли комил халќи мо роњи дуру дарози таърихиро паси сар намуда, ба роњи ин фазоили шукуњманди таърихї бо чашми умед нигарон буд ва имрўз њодисањое, ки дар љањони мутамаддин рух дода истодаанд, шањодати онанд, ки дар ин масири таърих вазифаи аввалинда­раљаи њар як халќу миллати худшинос ин њамаљониба эмин нигоњ доштани падидаи муќаддас ба номи истиќлолият мебошад.

Дигар ин, ки ин санади муњими сиёсиву њуќуќї аввалин њуљљати сатњи олии кишвар мебошад, ки на аз номи халќ балки аз љониби худи халќи дорои фарњанги маънавии бостонї бо дарки масъулияти баланду диди тоза ва бо умеди бунёди љомеаи адолатпарвар тавассути баргузории райпурсї эълон ва ќабул гардида­аст ва ин ифодаи орзую ормонњои мардумї дар муќаддимаи Конститутсия мустањкам гардидаанд.

Сеюм, дар Конститутсия давлати демок­ра­тиву дунявї ва ягона будани Љумњурии Тољикистон мустањкам гардида, дар заминаи он принсипњои демократї ба монандї: эътиро­фи халќ њамчун баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї, ишти­ро­ки бемамониати њар шахс дар идоракунии давлат, афзалияти њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, гуногунандешии сиёсї ва дигар падидањои нодири демократї таљассуми худро пайдо намудаанд.

Чорум, бори аввал дар сатњи Конститут­сия эътироф шудани забони тољикї ба њайси забони давлатї имкон дод, ки арзишњои миллию фарњангии миллати тољик эмин нигоњ дошта шуда, ба эњёи дубораи забони тољикї шароити мусоид фароњам оварда шавад. Дар ин замина забони тољикї дар кишвар рушд ёфта, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» дар тањрири нав ќабул карда шуд. Дар ќонун вазъи њуќуќии забони давлатї ва истифодаи он дар кишвар мавриди танзим ќарор дода шуда, дар як ваќт маќоми махсуси ваколатдори ин соња - Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољи­кис­тон таъсис дода шуд.

Панљум, дар Ќонуни асосии кишвар меъёри муњим, яъне арзиши олї эътироф шудани инсон ва њуќуќу озодињои ў (мод. 5) мустањкам карда шудааст, ки ин меъёри умумипазируфташудаи љомеаи башарї ба Эломияи умумии њуќуќи башар, ки имрўз таърихи зиёда аз шаст сола дорад, Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї ва дигар санадњои байналмилалї такя мекунад.

Дар њамин љо бояд зикр намуд, ки дар Конститутсия њамзамон меъёрњое инъикоси худро пайдо намудаанд, ки њанўз зиёда аз дуву­ним њазор сол ќабл дар Эъломияи Куруши Кабир дарљ ёфта буданд, аз ќабили њуќуќ ба озодии виљдон.

Дар ин замина, имрўз дар Конститутсия (мод. 5) њаёт, ќадр, номус ва дигар њуќуќњои фитрии инсон дахлнопазир эътироф шуда, муќаррар гардидааст, ки њар кас њаќ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустаќилона муайян намояд (мод. 26), ки меъёри мазкур ифодакунандаи моњияти демок­­ра­тии давлат буда, шароити мусоидро барои инкишофи озодонаи инсон фароњам меорад.

Шашум, дар Конститутсия аввалин маро­тиба шакли идораи љумњурии президен­тї якдилона пешбинї карда шуд ва интихоби ин шакли идоракунї дар тўли даврони соњибист­иќ­лолии мамлакат борњо собит сохт, ки он љавобгўи маќсаду мароми халќи кишвар буда, пешбаранда ва ташаккулдињандаи ѓояву аќидањои миллї ва њифзкунандаи арзишњову дастовардњои мардумї мебошад.

Назария ва амалияи илми муосири њуќуќи конститут­сионї шањодати он аст, ки шакли идораи љумњурии президентї хоси сохтори давлати ягона буда, ба шарофати интихоби чунин шакли идоракунї давлат дар соњањои гуногу­ни њаёти сиёсиву иќтисодї, иљтимоиву фарњангї ва идеологї ба пешравињо ноил гардида, метавонад соњибихтиёрии комили худро дар арсаи сиёсати љањонї дар њар давру замон муаррифї ва њимоя намояд.

Њафтум, дар сатњи Конститутсия амалї гардидани њокимияти давлатї дар асоси таљзияи он ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї муќаррар карда шуда, ин меъёр имкон дод, ки шохањои њокимияти давлатї дар асоси принсипи боздорї ва мувозинат, мустаќилона бидуни дахолат ба фаъолияти њамдигар ташаккул ёфта, ба нафъи љомеаи Тољикистон хизмат намоянд.

Њаштум, тибќи Сарќонуни кишвар (мод. 12) асоси иќтисо­диё­ти Тољикистонро шаклњои гуногуни моликият ташкил медињанд. Давлат фаъолияти озоди иќтисодї, соњибкорї, баробар­њуќуќї ва њифзи њуќуќии њамаи шаклњои моликият, аз љумла моликияти хусусиро кафолат медињад. Тибќи меъёри Конститутсияи ќаблии соли 1978 (мод.10) бошад, асоси системаи иќтисодиии давлатро танњо моликияти сотсиалистї дар шакли моликияти давлатї ва колхозиву кооперативї ташкил медод ва кафолати дигар шаклњои моликият, аз љумла моликияти хусусї ба фаромўшї рафта буд.

Дар шароити муосир бинобар дар сатњи Конститутсия мустањкам гардидани эътирофи шаклњои гуногуни моликият, хусусан моли­кияти хусусї ва кафолати фаъолияти озоди соњиб­корї барои ташаккули муносибатњои иќтисоди бозоргонї дар асоси раќобати озод, љалби шањрвандон ба фаъолияти соњибко­рии инфиродї ва тавассути таъсиси шахсони њуќуќї, озодона бастани шартнома ва ворид шудан ба муомилоти гражданї бо такя ба принсипњои мустаќилият ва баробарї имкон дод, ки иќтисодиёти кишвар ба маротиб афзуда, сатњи некўањолии мардум бо тадриљ боло гардад.

Дар як ваќт бењтар гардидани сатњи иќтисодиёти кишвар имкон дод, ки маблаѓ­гузории давлатии соњањои иљтимоиву маориф зиёд гардида, музди мењнати корман­дони соњањои буљетї, стипендия, кўмакпулї, љуб­рон­пулї ва андозаи нињоии нафаќаи шањрван­дон ба маротиб зиёд гардад.

Дар ин љода овардани баъзе факту раќам­њо аз Паёми Љаноби Олї, Прези­денти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба маќоми олии намояндагї ва ќонунгузории кишвар аз 26 апрели соли 2013 шањодати рушди устувори иќтисодї ва баланд гардидани сатњи некўањволии мардум мебошад.

Чунончи, маљмўи мањсулоти дохилї аз 9,3 миллиард сомо­нии соли 2006 то ба 36,2 миллиард сомонї дар соли 2012 афзуда, суръати афзоиши воќеии солонаи он ба њисоби миёна 7 фоизро ташкил дода, даромад­њои пулии ањолї 4,2 баробар, њаљми пасан­доз­њо чоруним ва маоши миёнаи воќеии як корманд панљуним баробар афзоиш ёфт.

Њаљми умумии даромад ва харољоти буљети давлатї дар њафт соли охир аз 1,7 миллиард сомонї то ба 12,2 миллиард сомонї дар соли 2013 афзоиш ёфт, ки нисбат ба соли 2006 беш аз 7 баробар зиёд мебошад.

Маблаѓгузории соњањои иљтимої зиёд карда шуда, дар соли 2013 он 6,4 миллиард сомонї ё зиёда аз нисфи буљети давлатиро ташкил дод. Аз соли 2006 сар карда, то соли 2012 музди мењнати кормандони соњањои буљетї, стипендия, кўмакпулї ва љуброн­пулї ба њисоби миёна шаш баробар зиёд гардид. Њамчунин аз соли 2006 то соли 2013 андозаи нафаќа чоруним баробар афзоиш ёфт.

Тадбирњои аз љониби давлату Њукумати мамлакат андешидашуда имкон дод, ки сатњи камбизоатї дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999 то 38 фоиз паст гардида, дарозум­рии сокинони мамлакат ба њисоби миёна дар соли 2011ба 72,5 сол баробар шавад[1].

Ин факту раќамњо боиси сарфа­розї ва ифтихори њамаи мо тољикистониён мебошад.

Нуњум, тибќи Конститутсия аввалин маро­тиба дар таърихи сиёсии кишвар парла­менти думаљлисаи доимамалкунандаи касбї (боби 3, мод.48-64) таъсис ёфта, барои рушду инкишофи њам андешаи парламентризми миллии мо ва њам амалияи демократии дав­лату давлатдориамон мусоидат намуд.

Таъсиси парламенти думаљлиса, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон барои эљод ва ќабули ќонунњои љавобгў ба талаботи љомеа заминаи боэътимод гузошт ва њамагон шоњиди онанд, ки раванди ќонунэъљодкунї аз љониби маќоми олии намояндагї ва ќонунгу­зории кишвар бо маром амалї мегарад. Имрўз дар кишвар зиёда аз сесад ќонун ва бисту ду кодекси љавобгў ба замони муосир, ки муно­сибатњои мухталифи љамъиятиро ба танзим дароварда, тартиби ташкил ва фаъолияти муќомоти давлатї ва ташкилот­њоро танзим менамоянд, амал намуда, дар партави Конститутсияи кишвар заминаи боэътимоди њуќуќии давлати миллии мо мебошанд.

Дањум, дигар падидаи нав, ки дар Конститутсия (мод. 78) инъикоси худро пайдо намудааст, ин дар воњидњои марзиву маъмурии кишвар ба монанди шањраку дењот кафолати мављуд будани маќомоти худидора­кунии мањаллї мебошад. Нињоди мазкур, яке аз нишондињандаи муњими демократияи муосир дар кишвар мањсуб меёбад, ки аз љониби худи ањолии мањал бо назардошти манфиатњои умумиљамъиятї, анъанањои миллї ва хусусиятњои мањаллї барои њалли масъалањои иљтимої, иќтисодї ва фарњангии ањамияти мањаллидошта таъсис ёфта, робитаи наздики давлатро бо ањолї таъмин менамояд.

Дар конститутсияи кишвар, инчунин, дигар падидањое мављу-данд, ки бори аввал бо дарназардошти манфиатњои миллии љомеаи Тољикистон, бо умеди ояндаи неку дурахшони миллати тољик инъикоси худро пайдо наму­данд, ки онњо дар як ваќт исботи бењтарин конститутсияњо будани Конститут­сияи Љумњурии Тољикис-тон мебошад.

Яке аз арзишњои умумибашарии эътироф­шудаи давлати демок-ратї - ин дар асоси баробарї фаъолият намудани созмону иттињоди-яњои гуногун, муњайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти њизбњои сиёсї ва эътирофи гуногунандешии сиёсї мебошад, ки кафолати мазкур таљассуми худро дар сатњи Конститутсияи кишвар пайдо намудааст.

Конститутсия њуќуќи њар шахсро ба озодии сухан, нашр, истифодаи воситањои ахбори омма, иштирок дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї, муттањид шудан, иштирок дар ташкили њизбњои сиёсї, иттифоќњои касаба ва иттињодияњои љамъиятї, ихтиёран дохил ва баромадан аз онњо, мурољиат намудан ба маќомоти давлатї ва дигар њуќуќњои фитрї ва позитивии инсонро мустањкам намуда, кафолати таъмин ва амалишавии онњоро аз љониби тамоми маќомоти давлатї муќаррар кардааст.

Дар њамин радиф, баъди ба даст овардани истиќолияти давлатї дар асоси Конститутсияи мамлакат барои таъсиси нињодњои демократї замина гузошта шуда, механизми њамкории маќомоти њокимияти давлатї бо нињодњои љомеаи шањрвандї таъмин гардид, ки ин иќдом барои густариши ислоњоти иќтисо­диву иљтимої, њалли проблемањои њаётї ва инки­шо­фи андешаи давлатдории миллї мусоидат намуд.

Чунонки Президенти мамлакат, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон зимни сухан­ро­нии хеш бахшида ба 15-солагии Шўрои љамъиятии Љумњурии Тољикистон аз 29 апрели соли 2011 иброз доштанд «пайдоиш ва фаъолияти иттињодияњои љамъиятї ва дигар созмонњои иљтимої яке аз шаклњои ширкати фаъоли омма дар равандњои њаёти сиёсии љомеа ва ба ин восита таъмин гардидани ишти­­роки онњо дар идораи корњои давлатї мебошад.

Зеро чунин иттињодияву созмонњо њамчун нишонаи равшани љомеаи шањрвандї хоси љомеаи њуќуќбунёду демократї мањсуб меё­банд».

Љомеаи шањрвандии муосир ин натиљаи ташаккули давраи тўлонии таърихї буда, имрўз дар радифи давлати демократї барои кўшиши шањрвандон мустаќилона ва ё дар якљоягї ба душ гирифтани њалли масъалањои давлативу љамъиятиро сиёсати амиќро пайгирї менамояд.

Дар љомеаи шањрвандии ташаккулёфта, шарафи инсонї ва эњтиром ба шахсият ва оила ба сифати пояи асосии сохтори љамъия­тиву сиёсї ва давлатї эътироф карда мешавад.

Љомеаи шањрвандї унсури муњими љо­меаи иљтимої буда, барои амалишавии њуќуќу озодињои асосии инсон ва шањрванд шароити зарурї фароњам меоварад, аз ин лињоз алоќамандии мантиќии ин нињоди демократї бо Конститутсияи кишвар ба чашм мерасад.

Аќидаи «љомеаи шањрвандї» њанўз дар Юнони ќадим зуњур карда, то асрњои XVIII њамчун њамманои ибораи «давлат» истифода мешуд. Гузариш аз асри миёна ба давраи нав ва замони муосир ва дарки он, ки байни онњо ва махсусан байни љомеаи шањрвандї ва маќомоти давлатї тафовут мављуд аст, имрўз ѓояи пешбарандаи љомеаи шањрвандї бо ѓояи пешбарандаи давлатї ба монанди эътироф ва кафолати њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, озодии сухан, гуногунандешии сиёсї ва дигар падидањои демократї, ки барои ташаккул ва ифодаи иродаи халќ мусоидат менамоянд, дар як радиф ќарор доранд.

Бояд ќайд кард, ки дар кишвари мо дар даврони њокимияти шўравї ибораи «љомеаи шањрвандї» ќариб, ки истифода намегардид ва ба он таваљљуњ зоњир намешуд. Ташаккули ѓояи шањрвандї асосан дар кишвари мо баъд аз ба даст овардани мустаќилияти давлатї бо диди нав дар замоне, ки арзишњо ва нињодњои демократї фаъолона зуњур карда, дар сатњи Ќонуни аосии мамлакат мустањкам гардиданд, ба миён омад.

Яке аз хусусиятњои љомеаи шањрвандї њаракати доимии он мебошад ва Конститут­сия ин њаракати доимиро кафолат дода, онро таъмин менамояд ва дар њамин асос консепсияи фалсавии љомеаи шањрвандї ба сиёсиву њуќуќї мубаддал мегардад.

Конститутсияи Тољикистони соњибистиќ­лол муносибатњои ташаккулёбандаи мутаќо­би­лан судманди нињодњои љомеаи шањрван­диро бо давлат таъмин намуда, вазифаи маќомоти давлатиро бобати хизмат намудан ба манфиати љомеа ва шахс муќаррар менамояд. Њамзамон, ин санади дорои ќувваи олии њуќуќї вазъи њуќуќии аъзои љомеаи шањрвандиро таъмин намуда, тавассути кафо­лати њифз ва амалишавии бемамониати дар он бо њам муттањид намудани љомеа мусоидат менамояд.

Асоси љомеаи шањрвандиро коллектив, шахсият ва њокимият ташкил дода, муноси­бат­њои иљтимоиву иќтисодї, ташкил ва фаъо­лия­ти иттињодияњои љамъиятї, њизбњои сиёсї, иттифоќњои касаба, созмонњои эљодї, љамъият­­њои динї, соњаи таълиму тарбия ва фарњанг, оила њамчун асоси љамъият ва низоми воситањои ахбори оммаро фаро мегирад.

Давлат ва Њукумати кишвар њамеша барои ташаккули љомеаи озоди шањрвандї дар асоси ѓояњои демократї кўшиш намуда, барои иштироки фаъоли он дар њалли масъалањои муњими давлативу љамъиятї манфиатдор мебошад.

Барои ташаккул ва фаъолияти озоди нињодњои љомеаи шањрвандї дар асоси Консти­тутсия имрўз дар кишвар тамоми шароити зарурї муњайё буда, эътирофи њуќуќњои шахсї, сиёсї, иљтимоиву иќтисодї ва диниву фарњангии њар шахс љузъи таркибии сиёсати пешгирифтаи давлат буда, онњо пайваста такмил дода мешаванд.

Барои бемамониат фаъолият намудани нињодњои љомеаи шањрвандї дар кишвар як ќатор ќонунњо ба монандї: «Дар бораи њизбњои сиёсї», «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї», «Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї», «Дар бораи њуќуќи дастрасї ба иттилоот» «Дар бораи матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма» ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї амал мекунанд.

Дар заминаи санадњои меъёрии њуќуќии мављуда имрўз дар кишвар њашт њизби сиёсї расман ба ќайди давлатї гирифта шуда, панљтои он дар маќоми ќонунгузории кишвар намояндањои худро доранд. Зиёда аз 2400 созмонњои љамъиятии ѓайрињукуматї, 270 (аз 446) рўзномаву маљаллаи љамъиятиву хусусї, 28 (аз 44) шабакаи радиотелевизионии хусусї ва 9 (аз 10) агентии иттилотии ѓайрињукуматї озодона фаъолити хешро дар фазои демократии кишвар пеш мебаранд, ки њамзамон тавассути онњо вазифањои љомеаи шањрвандї амалї карда мешаванд.

Ин шањодати он аст, ки љомеаи шањрвандї ва давлат дар њамкории доимї буда, аз њамдигар људонашаванда мебошанд ва наќши давлати демократї дар он аст, ки фаъолияти сиёсии он барои мављудият ва ташаккули љомеаи шањрвандї ва муњайё намудани фазои мусоиди сиёсї ба онњо равона карда шавад.

Њамзамон, ин нишондињандаи он аст, ки дар заминаи Конститутсия ва санадњои меъёрии њуќуќї ташкилотњои гуногун таъсис дода шуда, фаъолияти воситањои ахбори омма дар шароити озод ва гуногунандешї пеш бурда мешаванд ва мустаќилияти њизбњои сиёсї кафолат дода шуда, худидоракунии мањаллї њамчун принсипи муњими демократї эътироф карда шудааст.

Дар шароити мусоир наќш ва мавќеи љомеаи шањрвандї бо дарназардошти арзиш­њои миллї дар тањкими ѓояи давлати демокративу озод чун аз њарваќта бештар муњим буда, пешбурди фаъолияти онро дар њамбастагї бо пешбурди сиёсати давлатї таќозо дорад.

Љомеаи шањрвандї бояд дар њалли масъалњои мухталифи давлативу љамъиятї фаъолона иштирок намуда, дар як ваќт барои тарбияи насли наврас дар руњияи ватандўстї, хештан­шиносї ва љавонмардиву ахлоќи њамида, риояи арзишњои миллї ва демокра­тиву умумибашарї, эњтиром нисбат ба Конститутсия ва ќонунњо, дарк намудани ягонагии њуќуќ, озодї ва вазифањои асосии инсон ва шањрванд, таъмини фаъолнокии сиёсии ањолии љумњурї сањми арзанда дошта бошад.




[1] Ниг.: Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї аз 26 апрели соли 2013. www.president.tj.



Каримов К.М.

Судя-котиби Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

КОНСТИТУТСИЯ МАЉМЎИ АФКОРИ

СИЁСЇ ВА ЊУЌУЌИИ ИНСОНИЯТ АСТ

Инсоният аз замони пайдоиш, инкишоф ва дарки худ њам­чун субъекти бошуури љомеа, бо табиати бенињоят сахту сангин дар набард буда, бањри њифзи худ ва пойдор мондан ва аз байн нарафтанаш кўшиши зиёде ба харљ додааст. Худро ќисмати табиат эњсос намуда, табиат ба њељ ваљњ ба шуури одамон муќобил гузошта намешуд. Тартиби њаёти љамъиятї чунон табиї ва таѓйирнаёбанда менамуд, ки њамчун њаёти табиат.[2]

Баъдан худро вориси асосии табиати бою рангин, дорои неъматњои бузурги моддї њисобида, њайвоноти вањширо ром ва мутеи худ намуда, барои њаёти худ мувофиќ гардонидааст.

Бо ба вуќўъ омадани таќсимоти бузурги мењнат, гузаштан ба зиндагии бошууронаи љамоавї, авлодї ва ќабилавї дар инсон талаботи маънавї низ боло рафта, худро њамеша озод дидан мехост ва озод зистан. Адолати иљтимої, баробарї ва баробарњуќуќї, эътироф, кафолат ва њифзи њуќуќу озодињои фитрї бармањал ба шуури љамъиятии инсон ворид гардид. Инсон кўшиш менамуд, ки талаботи аввалиндараљаи маънавї ва њифзи њуќуќу озодињои худро тавассути урф, одат ва анъанањо амалї на­муда, ба муќобили касоне, ки њуќуќу озодињои инсонро поймол менамуд, мубориза барад.

Бо ба вуљуд омадани давлат зарурат ба механизм ва низоми нис­батан пешрав, объективї, воќеї ва сохтори пур­ќуввати онро њифзкунанда ба миён омад, ки ин зуњурот њуќуќ буд. Пайдоиши њуќуќ њамчун пайдоиши давлат- ин пеш аз њама инъикоси шароити моддии њаёти љомеа, натиљаи рушду тањким, мурак­кабшавии муносибатњо ва равандњои гуногун­љабњаи љамъиятї, боло рафтани шуури сиёсї ва њуќуќии инсоният аст.

Одамон, ки пеш ба таври људогона зиста, дар муносибатњои бай­нињамдигариашон ягон ќоидаро дастрас наме­кар­данд, баъдан маљбур шуданд, ки ба манфиати бехатарии њама ва њар кас бо њамдигар муттањид шаванд, ќонунњо-меъёри њуќуќ ва њаќиќатро муќаррар намоянд, ки онњо њукмфармоии беќонуниро бартараф намуда, заифонро њифз ва худсарии зўронро пешгирї намоянд.[3]

Зарурат ба эътироф, кафолат, њифз ва танзими њуќуќи инсон дар санади меъёрии њуќуќї ба миён омад ва чуноне ки таъкид мешавад: «фаъолияти амалии одамон вобаста ба инкишофи худ дар назди онњо вазифањои нав ба навро мегузорад, ки њаллу фасли онњо танњо зимни омўзиш ва истифодаи ќуввањои табиат ва љомеа мумкин аст.»[4]

Њамин тариќ, њуќуќ бо њамон сабабњое, ки давлат пайдо шудааст, арзи њастї карда, зери њамон равандњои сиёсї, иќтисодї ва ичтимої марбут ба таѓйирёбии давлат таѓйир ёфтааст.

Дар адабиётњо ќайд карда мешавад, ки дар марњилањои аввал њуќуќ њамчун маљмўи одатњои нав ба вуљуд омада, риояи онњо аз љониби маќомоти навташкилшудаи давлатї, пеш аз њама судњо таъмин карда мешуд. Баъдан меъёрњои њуќуќ (ќоидањои рафтор) бо санадњои князњо, шоњон ва амалдорони ба онњо чунин ваколатдодашуда муќаррар мегардиданд.

Табиист, ки амалдорон кўшиш менамуданд, ки дар ин санадњо манфиатњои худро мустањкам намоянд, ки ин ба онњо то андозае муяссар мегардид. Ёдгорињои њуќуќї ва адабии он замонњо дар Юнони ќадим, Рими ќадим, Мисри ќадим ва Сурия ва баъдан ба мо меросмонда аз он шањодат меди­њанд.[5]

Дар баробари пайдоиши њуќуќ, њамчунин кўшишњои дарк кардан ва фањмидани ин зуњурот, моњияти дохилї ва шакли зуњури берунии он, асосњои объективї, љой ва наќши он дар олам, ќонунияти пайдоиш ва инкишоф, ќоида ва воситањои дарк, вобастагї ва наќши он дар њаёти инсон, дар таќдири халќњо ва инсоният низ ба миён омад.

Вобаста ба дарк ва фањмидани њуќуќ њамчун шакли зарурии озодї, баробарї ва адолат дар њаёти љамъиятии одамон фалсафаи њуќуќ, назарияи њуќуќ, таърихи њуќуќ ва соњањои њуќуќ арзи њастї карданд, ки дар маркази он њуќуќи фитрї ва баъдан њуќуќи позитивї ќарор гирифт. Афкори сиёсї ва њуќуќї, ѓоя ва арзишњо пайдо шуда, рушд ва тањким ёфтанд, ки онњо таърихи зиёда аз сењазорсола доранд.

Ѓояњои нахустини њуќуќї, ки бевосита ба вазъи њуќуќии шахсият алоќаманд буданд, дар Юнони ќадим пайдо шуда, онњо ѓояи баробарї, адолат ва озодї буданд. Озодї ба демократия ва њокимияти халќ алоќаманд арзёбї гардида, дар худ њам озодии сиёсї ва њам шахсиро дар бар мегирифт.[6]

Масалан, донишманди бузурги Эллин Пифагор (580-500 то солшумории мо) ќоидањои ахлоќиро оид ба њурмати падару модар ва ќонунњо ва аз рўи эътиќод иљро намудани онњоро инкишоф дод. Ў ѓояи њифзи баробари шањрвандонро дар назди ќонун пешнињод намуд,[7] ки ин андешањо баъдан дар санадњои њуќуќии байналмилалї, консти­тутсияи давлатњо, аз љумла ќисми якуми моддаи 17 Конс­титутсияи Љумњурии Тољикистон низ љойи сазовори худро ёфт.

Чунонки: «Њама дар назди ќонун ва суд баробаранд».[8]

Демокрит (асрњои V-IV то солшумории мо) ба демократия њамчун шакли идоракунї таваљљуњи зиёд дошта, ањамияти тартиботи њуќуќиро дар риояи њуќуќ ва манфиатњои шањрвандон таъкид мекард. Ў чунин андеша дошт, ки дар демократия камбаѓалї аз зиндагии хуб дар назди шоњон ќобили ќабул аст, зеро озодї аз ѓуломї бењтар аст ва инсон њамчун вуљуди њуќуќї бояд њаёти худро бо манфиат ва талаботи дигарон мувофиќ намояд» [9]

Эллади Протагор (481- 411 то солшумори мо) њуќуќшинос ва нотиќи бузург ѓояи олиеро рўйи кор овард, ки тибќи он «Инсон- ченаки њамаи ашьё мебошад», ки баъдтар њамин ѓоя санги мањаки инкишофи давлати њуќуќбунёд, консепсияи табиї-њуќуќии њуќуќи инсонро ташкил дод.

Солон (638-559 то солшумории мо) ходими сиёсии афинагї маќсад аз такмили ќонунгузориро дар таъмини њама «одамони оддї» ва «доро» ба њифзи баробар дар назди ќонун медид. Вай яке аз тарафдорони фаъоли њуќуќ ва уњдадорињои шањрванд оид ба њифзи ватан буд ва ќайд мекард, ки «Ватан бояд аз модар, падар ва њама хешовандон боло бошад», ки ин андеша дар моддаи 43 Конститутсияи мо инъикоси худро ёфтааст, чунончи:

«Њифзи Ватан, њимояи манфиати давлат, тањкими истиќлолият, амният ва иќтидори мудофиавии он вазифаи муќаддаси шањрванд аст.[10]

«Озодї- ин њукмронї аз болои худ аст» таъкид мекард Суќрот (470/469-399. Ў бори аввал дар хусуси иштироки шањрвандон дар њаёти љамъиятї ва давлатї андешаронї намудааст.

span style=MsoNormalCxSpMiddlespan style=

Платон (427-347 то солшумории мо) умумињатмї будани њуќуќ ва ѓояи давлати идеалї ва давлати њуќуќбунёдро пешнињод карда, таъкид мекард, ки ќонун бояд некўањволии тамоми давлатро таъмин намояд, бори аввал оид ба иштироки занон дар њаёти сиёсии давлат ва баробари онњо бо мардон, озодии сухан ва сензура изњори андеша кардааст, ки ин андеша аз мадди назари Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дур нест, чунончи:

Моддаи 17. Мардон ва занон баробарњуќуќанд.

Моддаи 30. Ба њар кас озодии сухан, нашр, њуќуќи истифодаи воситањои ахбор кафолат дода мешавад.

Сензураи давлатї ва таъќиб барои танќид манъ аст.[11]

Аристотел Арасту (384-322 то солшумори мо) маќсади давлатро некўањволии умумї дониста, дар бораи иштироки омма дар идоракунии давлат њарф зада, маќсади асоси сиёсатро муваффаќ шудан ба некўањволии умумї арзёбї мекард. Давлатро ташкилоти сиёсї ва шањрвандро вуљуди сиёсї медонист.

Ба наќши давлат дар амалї намудани њуќуќњои инсон ањамияти љиддї медод, моликияти хусусиро тарафдорї намуда, таъкид мекард, ки дар давлати идеалї аз њад зиёд сарвандмандон ва аз њад зиёд камбаѓалон набояд вуљуд дошта бошанд. Бори аввал оид ба мењнат ва истироњат андеша рондааст.[12]

Њуќуќшиносони Рим ба сифати арзишњои муњимтарини статуси њуќуќии шахсият: интизом (итоати ќатъї ба њукуматдорон), адолат ва рањмдилї (ќарзи фарзандон дар назди волидайн), ягонагї (ягонагии шањрвандони Рим), ќувва (матонат ва мардонагї) шаъну шарафи њарбї-ро пешнињод намуданд.

Дар давраи феодалї, яъне асрњои миёна Фома Аквинский (1225-1274) одамро вуљуди иљтимої ва сиёсї дониста, Николо Макиавели (1469-1527) моликияти шахсиро муќаддас медонист. У ќайд мекард, ки шахс тайёр аст, куштори падари худро фаромўш кунад, аммо барои моликияти аз дасти ў рафта тайёр аст, ќасд гирад. Жан Боден (1530-1596) њуќуќшиноси маъруфи давраи Эњъё нависандаи асари «Шаш китоб оид ба давлат» давлатро дастгоњи њокимият арзёбї намуда, се аломати он: соњибихтиёрї, њуќуќ, моликиятро асоснок намуда, дар инкишофи давлат наќши сарватмандони миёнаро махсус таъкид мекард.[13]

Ин гуна андешањои сиёсї ва њуќуќї баъдан њамчун арзишњо эътироф карда шуда, аз љониби мутафаккирони минбаъда низ садо медоданд. Онњо љой худро дар санадњои њуќуќї ва бо пайдоиши конститутсия њамчун санади олии эътибори њуќуќї дошта, мавќеи худро дар он ёфтанд.

Њамин тариќ, андеша ва ѓояи конститутсионализм ин моли инсоният аст, ин натиљаи рушди афкори фалсафию сиёсї ва њуќуќии љомеаи башарї мебошад, ки дар пайдоиш, побарљої ва расидан то ба дараљаи назария, консепсия, амалия ва санади навишташуда наќши олимону мутафаккирони њамаи халќњои олам, аз љумла фарзандони баруманди миллати мо низ њаст.

Пайдоиши калимаи лотинии «конститутсия», ки мазмуни он барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан аст, илман муайян карда нашудааст. Аќидањое њастанд, ки ин истилоњ аз гардиши техникии «rem publicam constitutire», ки санадњои императорњои римї сар мешу­данд, гирифта шудааст.[14]

Ба андешаи аксар олимон ин истилоњ њанўз дар асрњои VI-VII пеш аз милод, яъне давраи љомеаи ѓуломдорї дар шањрњои Юнони ќадим маълум буд. Дар империяи Рим фармонњои императориро, ки тартиби фаъолияти институтњои оммавиро (сиёсї) ба танзим медароварданд, конститутсия ном мебурданд. Дар баъзе аз давлатњои феодалї онро хартия, ки созиши миёни њокимияти королї, феодалњо ва шањрњоро инъикос мекард ва санадњо оид ба шањрњои (минтаќањо) федералиро низ конститутсия меномиданд.[15]

Дар даврањои ибтидоии ташакулёбї, конститутсия, инчунин бо истилоњи «ќонуни асосї» (Lex fundamentals)[16] ва «ќонунњои консти­тутсионї» низ истифода мешуд.

Чунончи, Гобсс дар китоби «Левифан» истилоњи «ќонуни асосиро ќонуне мењисобид, ки бекор кардани он давлатро вайрон намуда, ба анархия бурда мерасонад».[17]

Ба андешаи олими немис Г. Еллинек «мазмуни ќонуни асосї дар асосњои ибтидоии ташкили давлат ва салоњияти он, яъне дар муќар­рароти он принсипњое ифода меёбад, ки тибќи онњо эътирофи њуќуќи табаа ташаккул ёфтааст.»[18]

Аксари муњаќќиќони конститутсионализм пайдоиши консти­тутсияро ба давраи ба сањнаи сиёсї ворид гардидани буржуазия ва муборизаи он ба муќобили феодализм ва мутлаќият нисбат медињанд ва зимни тањлили ин масъала аз инќилоби буржуазї дар Британияи Кабир, (1640-1649), ки нисбат ба дигар давлатњо пештар ба вуќўъ пайвастааст, ёдовар мешаванд.

Ѓояи конститутсияи навишташуда дар Британияи Кабир ба вуљуд омадааст, аммо дар ин давлат то њол конститутсияи навишташуда вуљуд надорад. Ба ин нигоњ накарда, дар он љо як ќатор њуљљатњо, ба монанди: Хартияи бузурги озодї (1215), Олоти идоракунї (1653), Санади корпуси Хабеас (1679), Санад оид ба таъмини бењтари озодии табаагї ва пешгирии мањбускунї берун аз бањрњо (1679), Билл оид ба њуќуќњо (1689), Санад оид ба валиањд (1701) ва Санад оид ба иттифоќ бо Шотландия (1706) ва ѓ. ќабул карда шудаанд, ки аксари онњо хусусияти конститутсионї дошта, то имрўз эътибори худро гум накардаанд.

Афкори фалсафию сиёсию иљтимоии халќи тољик низ аз мав­људияти чунин санадњои конститутсионї холї нест ва чуноне ки Э. Рањмон дар суханронии худ ба муносибати 15-умин солгарди ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ќайд намуданд: «Гарчанде илми њуќуќшиносии мамолики Ѓарб ќонунњои асосї ва ќонун­њои ин кишварњоро њамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи њуќуќу озодињо иинсон мешуморад, вале миллати мо низ дар њаллу фасли ин масъала дар њошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи њуќуќи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним њазор сол ќабл аз ин ќабул гардида буд, кофист.

Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар њуќуќ ба озодии виљдон, њуќуќ ба озодии њаракат ва њуќуќ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиќ кардааст.

Аз ин рў, тољикон, ки дорои фарњанги волои инсондўстї мебошанд, татбиќи орзуву ормонњои ниёгони гузаштаи хеш ва њадафу талошњои донишмандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва њуќуќу озодињои он, ќадру ќимат ва шаъну номуси ў ба Конститутсияи худ љой доданд».

Њанўз дар аввалин китоб ё таълимоти фалсафию иљтимої ва динии аљдодони мо «Авесто», мазмуни фаъолияти инсони муътаќид дар сегонаи зардуштї: њумата, њухта, њварита «рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» муайян гардида, ба «рафтори бад, гуфтори бад ва пиндори бад»-и инсони ѓайримуътаќид муќобил гузошта шуд.[19]

Мафњумњои «азата»-олињиммат-донишманд ва «асна»- донишманд, аз эътибори донишманд дар љомеа ва ба донишмандону хирадмандон ниёз доштани аљдодони гузаштаи мо дарак медињад.

Донишманди маъруфи тољик С. Абдуллоев ба наќши тољикон дар идоракунии давлат дахл карда, боифтихор таъкид менамояд, ки «Пўшида нест, ки тољикон аз ањди бостон дар таъйиди муњимтарин равандњои таърихии машриќзамин ва бад-ин васила љомеаи башарї наќши умда ва созанда доштанд. Аз зикри далоили фаровон дар таърихи ќадиму љадид худдорї варзида, фаќат ин нўќтаро гўшзад меоварем, ки дастгоњњои муназзам ва комилиёри идорї, ки Сомониён бунёд нињоданд, дар тўли чанд ќарни баъдина барои силсилањои Ѓазнавиён, Салљуќиён, Хоразм-шоњиён ва ѓайра сармашќ ва чароѓи њидоят буд»[20].

Асарњои Абунаср Муњаммад ибни Тархон (Абунасри Форобї)-ро (853-950) зиёда 160 адад ном мебаранд, дар тањлил ва муайян намудани мавќеи сарвари сиёсї, шахсият дар давлат ва низоми идоракунї ањамияти калон доранд.

Дар таълимоти Форобї масъалањои иљтимої-сиёсї, алал­хусус пайдоиш ва вазифањои давлат, шаклњои давлаторї ва некахлоќї мавќеи муњим дорад. Мутафаккир такомули љамъиятро бо «нуфузи меъёр дар байни аъзои он алоќаманд мекунад. Хирадмандиро сифати баланди ахлоќ дониста, ягонагии онро ба рафтор ва амал, эњтироми тарафайни аъзои љамъият, адолат, муњаббат, ростгўї, дурандешї зикр мекунад».[21]

Абуалї ибни Сино чунин андеша дошт, ки пайёмбар роњбари љомеаи одилона ва таъмини файзи илоњиро дар рўи замин ба уњда дорад. Пайёмбар барои иљрои вазифањои корњои давлатї бояд аз њисоби шах­сони шоиста љонишин дошта бошад. Сарвари кишварро ў бо чор сифат: далерї, адл, њусни тадбир ва хирад кафш намуд.

Абуалї Њасан ибни Алии Тусї машњур ба Низомулмулк (1018-1092) шахсест, ки дар њаёти сиёсї, адабї ва мадании халќњои тољику форс бо эљод намудани «Сиёсатнома» мавќеи босазоеро ишѓол намудааст ва муњаќќиќон «Сиёсатнома»-и ўро бењуда дастуруламали сиёсии хонадони Салљуќиён наменоманд.

Низомулмулк борњо хотирасон менамуд, ки дар кори идораи давлат мавќеи одамони донишманд, кордону бомањорат ва содиќу вафодор бузург аст. Бањри амалї кардани чунин таълимоти худ Низо­мулмулк чорањои зиёде меандешид. Мањз бо саъйи кўшиши шахсии ў дар Баѓдод, Нишопур, Исфањон ва ѓайрањо мадрасањо кушода, кори таълиму тарбия намудани одамони зарурї ба роњ монда мешавад. Дигар ин ки вай исроркорона тавсия мекунад, ки сарварони давлат бо одамони дар асоси таълиму тарбия ва бо мурури замон ба воя расида бояд бо мулоњизаву эњтиёткорї рафтор кунанд: «Бандагоне, ки парварда бошанд ва бузург карда, нигоњ бояд дошт, ки умре дигар аз рўзгори мусоид бояд, то бандаи шоиста ва озмуда ба даст ояд».[22]

А. Крымский ба фаъолияти вазири оќилу доно бањо дода, ќайд мекунад, ки «бо шарофати Низомулмулк, аз як тараф, давлати дар натиљаи задухўрди байнињамдигарї ва тохтутози зиёди сулолаи Салљуќиён хароб ва бесарусомон гашта каму беш ба тартиб оварда шуда бошад, аз тарафи дигар, иќтисодиёти давлат ба по гузошта мешавад».[23]

Тибќи консепсияи конститутсионализм, назарияи таљзияи њоки- мият ва њуќуќњои фитрии инсон, маќсади ќабули конститутсия- ин аз муќаррар намудани њадди ба амал баровардани њокимияти давлатї ва мањдуд намудани он дар чорчўбаи муайян ва дар ваќти амалї намудани њокимият роњ надодан ба худсарї нисбати шохањои алоњидаи њокимият аз тарафи дигар шохаи њокимият, инчунин нисбати шахсиятњои алоњида иборат мебошад.[24]

Ба андешаи А.Д. Градовский «Хусусияти асосї ва умумии шакл-њои конститутсионї он аст, ки онро мањдудкунии њокимияти давлатї номи­дан мумкин аст, ки тибќи он новобаста дар дасти халќ ё монарх ё намояндагии халќї будани он ин њокимият мутлаќ намебошад».[25]

Олимони англис Е.Уэйд ва Г. Филлипс ќайд мекунанд, ки «Зери мафњуми конститутсия одатан њуљљати дорои ањамияти махсуси њуќуќї фањмида мешавад, ки тибќи он асосњои ташкилї ва функсияи маќомоти идоракунии давлат муайян карда шуда, принсипњои муайянкунандаи фаъо­­ли­яти ин маќомот ташаккул меёбад.»[26]

Ф.Лассал дар маърўзаи худ «Моњияти конститутсия» ќайд мена-мояд, ки «ќонститутсияи воќеии мамлакат-ин амалан таносуби ќуввањои дар мамлакат мављудбуда мебошад, конститутсияи навишташуда он ваќт устувор аст ва ањамият дорад, ки таносуби воќеии ќуввањои љамъиятиро инъикос карда тавонад.»[27]

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар рушд ва тањкими њуќуќи конститутсионї ва конститутсионализм наќши Эъломияи истиќлолият (1776) дар ИМА ва Эъломияи њуќуќи инсон ва шањрванд (1789) дар Франсия махсус ќайд карда мешавад.

Бори аввал дар Эъломияи истиќлолият дар сатњи санади меъёрии њуќуќї ќайд гардид, ки сарчашмаи њокимият танњо халќ мебошад, давлат ва њукумат танњо дар он њолат њуќуќи мављудият доранд, ки агар онњо ба инсон хизмат намуда, манфиатњои ўро њифз намоянд.

Масъала дар хусуси ќабули санади олии њокимият, ки иродаи та-моми миллат ва халќро ифода карда тавонад, дар лоињаи амалинашудаи «созишномаи халќи»-и Кромвел (1653) низ пешбинї шуда буд, ки тибќи он шарти ќабули санади олии њокимият аз тарафи тамоми халќ ба имзо расидани он буд.

Баъдан файласуфи франсуз Ж.Ж. Руссо наќши халќро дар ба имзо расонидани конститутсия дастгирї карда, таќвият бахшид. Ў ќайд мекунад, ки муќаррар намудани конститутсия розигии њамаи шањрвандонро таќозо дорад. Он бояд натиљаи ќарори якдилона буда, бояд аз тарафи тамоми шањрвандон ба имзо расонида шавад ва мухолифони конститутсия дар миёни шањрвандон бояд хориљиён њисобида шаванд.[28]

Ин моњияти махсуси конститутсия то имрўз мавќеи њукмфармоии худро дар назария ва амалияи конститутсионї гум накардааст ва бо «Мо, халќи… њамин конститутсияро ќабул мекунем ва эълон медорем», оѓоз шудани тамоми конститутсияњои олам, аз љумла Конститутсияи Љумњурии Тољикистон низ тасодуфї нест.

Президенти Љумњурии Тољикистон Э. Рањмон ба ин хусусияти муњими конститутсия, аз љумла Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дахл карда, дар иљлосияи XVII Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ќайд кардаанд, ки «Хусусияти асосї ва муњими Конститутсияи мазкур дар он аст, ки он на санади аз тарафи гурўњи одамон ќабулшуда, балки аз тарафи аксарияти халќ ќабул карда шудааст. Аксарияти ањолї ба Конститутсия овоз доданд. Ин дастоварди бузурги мо ба њисоб меравад».[29]

Дар Эъломияи франсузї аз 26 августи соли 1789 бори аввал ќайд карда мешавад, ки халќе, ки кафолати њуќуќ ва озодї ва принсипи таљзияи њокимиятро намедонад, конститутсия надорад. Ѓояи асосии Эъломияи зикршударо консепсияи баробарњуќуќї ва озодї, ки ба њар кас аз лањзаи таваллуд дахл дорад, ташкил медињад.

Њамин аст, ки Эъломия то имрўз пояи њуќуќи конститутсионии франсузиро ташкил медињад. Вай дар конститутсияи Франсия аз 4 октбяри соли 1958 тасдиќи худро ёфтааст. 16 июли соли 1971 Шўрои Конститутсионии Франсия Эъломияро њуљљати эътибории њатмии њуќуќї дошта эълон намуда, вайрон намудани онро ба ѓайрикон- ститутсионї будани санадњо баробар намуд.

Соли 2003 бошад, ЮНЕСКО њуљљатро ба Фењристи «Ёддоштњои љањон» ворид намуд.

Конститутсия чунин санади умумии (универсалї) њуќуќї ва сиёсї гардид, ки дар он муњимтарин ва арзишмандтарин дастовардњои афкори сиёсиву њуќуќии љомеаи башарї, аз ќабили: бунёди давлати демократї, ва њуќуќбунёд, таќсими њокимияти давлатї, сарчашмаи ягонаи њокимият будани халќ, демократияи намояндагї, тавассути раъйпурсиву интихобот ташкил кардани њокимият, арзиши олї будани инсон, њуќуќ ва озодињои он, дахлнопазирии њуќуќњои фитрии инсон, њуќуќ ба моликият ва њифзи он, дар асоси равияњои гуногуни сиёсї ва мафкуравї инкишоф ёфтани њаёти љомеа, дар асоси ќонун таъсис ва фаъолият намудани дастгоњи давлатї ва маќомоти давлатї, уњдадории маќомоти давлатї ва шахсони мансабдори онњо оид ба њифзи њуќуќњои инсон ва шањрванд гирд оварда шудаанд, ки он ба мафњуми лотинии конститутсия- «барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан»- мувофиќ гардид.

Итоатгари ќонун будан, волоияти ќонунро таъмин кардан, ки мутафаккирони тамоми давру замон таъкид бар он доштанд, бо мурури замон «ба волоияти Конститутсия», «арзиши олї ва эътибори олии њуќуќї доштани Конститутсия», «риояи бечуну чарои Конститутсия ва мустаќиман амал намудани меъёрњои он» ва ѓ. табдил ёфт.

Чунонки файласуф ва њуќуќшиноси маъруфи Юнони ќадим Хилона таъкид мекард: «Итоатгари ќонунњо бош, аввалан худро шинос. Ба њарфи ќонунњо нисбат ба он, ки ба нотиќон гўш медињї, бисёртар гўш андоз, зеро беќонунї ба парокандагї ва барњамхурии љамъият бурда мерасонад».

«Шоњон ва њокимон-ќайд мекард файласуфи Юнони ќадим Суќрот - онњое мебошанд, ки њукмфармої карда метавонанд, аммо на бо роњи зўроварї, балки бо ёрии ќонун.

Риояи ќатъии ќонунњо аз љониби мутафаккири бузург, ходими сиёсї ва математики машњур Пифагор некўкории олї њисобида мешуд.[30]

Аммо аз замоне, ки Конститутсия дар фањмиши имрўза њамчун муњимтарин њуљљати сиёсию њуќуќї ва институти демократї ба фазои сиёсии иљтимоии љомеаи башарї ворид гардид ва дар танзими муносибатњои љамъиятї наќши аввалиндараља ва калидиро касб кард, зиёда аз 226 сол сипарї мегардад. Ин сана аз соли 1787 аз ќабули аввалин конститутсияи навишташуда дар ИМА оѓоз меёбад, ки бо ќабули он конститутсия ба ќонуни асосии давлат табдил ёфт.

Бо ин назардошт, конститутсия санади талаботи аввалиндараљаи давлат ва љомеа гардид ва 3 майи соли 1791 дар Полша, 3 сентябри соли 1791 дар Фаронса, соли 1809 дар Шветсия, соли 1811 дар Венесуэла, соли 1812 дар Испания, соли 1814 дар Норвегия, соли 1815 дар Нидерландия, соли 1831 дар Белгия, соли 1863 дар Люксембург ва дар дигар давлатњо конститутсияњо пайи њам ќабул гардиданд. Ѓоя дар хусуси он, ки конститутсия бояд дар њама давлат вуљуд дошта бошад, дар тамоми љањон пањн гардид.

Вобаста ба чунин санади муњими њуќуќї ва сиёсї буданаш, мафњум ва моњияти калимаи конститутсия дар адабиёти њуќуќшиносї бо пањлў ва тобишњои гуногун рушд кард, ки дар миёни онњо:

– «санади дорои эътибори олии њуќуќї ва асоси њуќуќии њаёти љомеа будани Конститутсия»;

«танзимкунандаи асосњои ташкили давлат ва муносибати давлат ва инсон будани Конститутсия»;

«бархурдор будани Конститутсия аз суботу устувории махсус», «тибќи Конститутсия ба хотири таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд мањдуд кардани њокимияти давлатї»;

«маљмўи меъёрњои њуќуќии давлат будани Конститутсия ва ба меъёрњои он мувофиќат намудани меъёрњои њуќуќии дигар санадњои меъёрии њуќуќї»;

«таъминкунандаи суботи сиёсї ва тартибу низом дар давлат ва вањдати сиёсии халќ будани Конститутсия»[31] ва ѓ. наќши муайянкунанда доранд.

Њамин тариќ, Конститутсия њамчун њуљљати муњими сиёсї ва дар миёни санад­њои меъёрии њуќуќї санади олии эъти­­бори њуќуќї дошта аз талаботи аввалиндараљаи инсон ба њаёт, зиндагї, озодї, адолати иљтимої, баробарї ва дахлнопазир будани њуќуќу озодињои ў ба май­дони сиёсї, њуќуќї, ичтимої ва фарњангї ворид шудааст.

Ин хусусияти Конститутсия аз ин бармеояд:

1) Дар Конститутсия меъёрњои конститутсионї- њуќуќии хусусияти умумї, ки барои танзими конститутсионї - њуќуќї ањамияти авва­лин­дараља доранд, муќаррар карда мешаванд. Њамаи дигар сарчашмањо аз меъёрњои конститутсионї сарчашма мегиранд ё бармеоянд, љузъиёти онњо муайян ва танзим карда мешавад.

2) Хусусияти Конститутсия дар мазмуну мундариљаи васеи меъёр­њои он ифода мегардад. Онњо ба њама самтњо ва соњањои њаёти љомеа, аз љумла сиёсат, иќтисодиёт, соњаи иљтимої, фарњангї ва маънавиёт таъсир мерасонанд. Бо ин хусусияташ Конститутсия аз дигар санадњои меъёрии њуќуќї, ки танњо ба танзими як самти фаъолият алоќамандї доранд, фарќ мекунад.

3) Конститутсия эътибори олии њуќуќї дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд. Ќонунњо ва дигар санад span style= style=њои њуќуќї, ки хи­лофи Конститутсияанд, эътибори њуќуќї надоранд (Ниг: ќисми 1 мод­даи 10 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, моддаи 15 Конститутсияи Федератсияи Россия ва ѓ.).

4) Дар Конститутсия намудњои зиёди сарчашмањои њуќуќї муайян карда мешаванд. Дар он номгўи санадњои меъёрии њуќуќї, ки ин ё он самти фаъолияти давлатиро танзим менамоянд, эътибори њуќуќии онњо, тартиб (протседураи ќаMsoNormalбули онњо) бекор кардан ва нашр кардан муќаррар карда мешавад.

5) Ањамияти Конститутсия њамчун сарчашмаи асосии њуќуќ дар он зоњир мегардад, ки меъёрњои дар он муќар­раркардашуда њамчун шакли ифодаи иродаи давлатии халќ хизмат менамоянд. Дар Конститутсия он њадафњо, ки љомеа дар назди худ мегузорад, принсипи ташкил ва фаъолияти њаётї муайян карда мешавад.

6) Конститутсия дар муќоиса бо дигар сарчашмањои њуќуќ на дар сатњи њуќуќї санади олї ба њисоб меравад, балки бо моњияти љамъиятии худ санади эътибори олї дошта мебошад.[32]

Чунонки дида мешавад, конститутсия то ба дараљаи соњиб шудан ба унвони ќонуни асосии давлат эволютсияи дуру дарози таърихиро аз сар гузаронида, амалан синтези афкори пешќадами фалсафию сиёсї, њуќуќию фарњангии љомеаи башарї мебошад, ки Љумњурии Тољикистон бо такя аз таљриба ва арзишњои вуљуддоштаи давлату давлатдорї, анъанањои ќабул кардани конститутсияњо, раванди конститутсионализм ва таљрибаи 70-солаи конститутсионализми сотсиалистии худ (консти­тутсияњои солњои 1929, 1931, 1937 ва 1978) 6 ноябри соли 1994 консти­тутсияи давлати соњибихтиёру демократї, њуќуќбунёду иљтимоии худро ќабул ва эълон намуд.

Ќабули Конститутсияи соли 1994 Љумњурии Тољикистон ба давраи шикасти низоми авторитарї-тоталитарии идоракунии шўравї, саъйю кўшиш ва талоши роњбарияти давлати тозабунёд љињати дар- ёфти роњи инкишофи миллї ва давраи љанги шањрвандї, ки якпорчагї ва истиќлолияти давлатии Тољикистонро зери суол ќарор дода буд, рост омад ва чуноне ки Э. Рањмон ќайд намуданд: «Халќи Тољикистон бо вуљуди вазъи душвори сиёсиву иќтисодї ва нобасомониву мушкилоти солњои аввали истиќлолият, бо камоли масъулияти шањрвандї, дарки ќарзи ватандорї ва такя ба арзишу муќаддасоти таърихиву фарњангии худ… нахустин Конститутсияи давлати соњибистиќлоли худро ќабул карда,… орзую ормонњои чандинасраи ниёгони хешро амалї намуд».[33]

Конститутсияи соли 1994 Љумњурии Тољикистон давлатро зери њукмронии њуќуќ тобеъ намуда, фаъолияти тамоми шохањои њокимият, дастгоњи давлатї ва роњбарияти сиёсии кишварро ба маљрои конститутсионї равона намуд. Давлат тамоми имконият ва захирањои мављудаи худро барои рањої ёфтан аз љанги шањрвандї, таъмини тамомияти арзї ва якпорчагии давлат, баргардонидани њамватанони бурунмарзї, њифз ва кафолати њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд сафарбар намуд.

Ањамияти таърихию сиёсии Конститутсияи соли 1994 Љумњурии Тољикистон дар он ифода меёбад:

Аввал, ќабули Конститутсия истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро њамчун давлати демокративу њуќуќбунёд ва иљтимої њукми ќонунї бахшид. Санадњои инъикоскунандаи раванди истиќ­лолияти давлатии Тољикистон, аз љумла Эъломияи истиќлолияти Љумњурии Тољикистон аз 24 августи соли 1990, Изњорот дар бораи истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аз 9 сентябри соли 1991, ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи эълон шудани истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон», Ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз 9 сенябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани таѓйироту иловањо ба Эъломияи истиќлолияти Љумњурии Тољикистон» ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї пурра дар Конститутсия дарљ гардиданд.

Дуюм, тавассути ин њуљљат љомеаи љањонї ба хусусияти давлатї мо њамчун давлати демокративу њуќуќбунёд ва иљтимої, таъриху фарњанг ва забони миллї, сиёсати дохилї ва хориљї, муносибат ба инсон ва шањрванд ва њифзи њуќуќу озодињои он, мавќеи халќ дар низоми њокимияти давлатї, муносибати давлат ба моликият, ба тартиби таъсиси маќомоти олии њокимияти давлатї, аз љумла њокимияти судї, маќомоти мањаллї ва худидоракунї шиносої пайдо намуд. Ба ибораи дигар, Конститутсия шиносномаи давлат ва халќи Тољикистон гардид. Узви Созмони Милали Муттањид ва муњимтарин созмонњои байналмилалии дунё будани Тољикистон, аз љониби 147 давлати дунё чун кишвари соњибистиќлол эътироф карда шудани он ва бо 128 мамлакати љањон равобити дипломатї барќарор намудаш шањодати гуфтањои боло мебошад.

Сеюм, ќабули Конститутсия барои њокимияти сиёсї, ки дар иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ба сари ќудрат омада буд, ањамияти таърихї дошта, ба он нерўю илњоми тоза бахшид. Онро ба татбиќи сиёсати пешгирифтаи худ: хомўш кардани љанги шањрвандї дар ќаламрави давлат, ба ватан ва љои зист баргардонидани муњољирони иљборї, таъмини амнияти шањрвандон ва бунёди маќомоти њокимияти давлатї ва ѓайра, ки дар иљлосияи зикршуда пеш гирифта буд, рањнамун сохт. Кулли мардуми Тољикистон барои ќабули Конститутсия овоз дода, амалан пуштибонии худро аз иќдомњои роњбари давлат Эмомалї Рањмон изњор намуданд.

Чорум, Конститутсия ба њама андешањои пучу бофташуда, ки давлатдорї ва ќобилияти ташкилии тољиконро оид ба бунёди давлати миллї зери суол мегузоштанд, хотима гузошт. Ќабули конститутсия новобаста аз вазъи душвори таърихї, ягонагии халки Тољикистонро баръало нишон дода, њама њарзагўињои душманони дохиливу хориљии миллати тољикро ботил баровард.

Панљум, Конститутсия давлати Тољикистонро давлати ичтимої арзёбї намуд, ки ин барномаи љорї ва стратегии давлат аст. Бо ин, давлат ва Њукумати Тољикистон барои дар њама соњањои хољагии халќ ба амал баровардани фаъолияти созандагиву бунёдкорї, ки мо худ шоњиди натиља ва дастовардањои он мебошем, шароити мусоиди сиёсиву њуќуќї ба даст овард.

Дар зарфи 7 сол, яъне аз соли 2006 то соли 2013 чорумин баробар зиёд гардидани андозаи нафаќа ва аз 212 миллион сомонї ба 1,6 миллиард сомонї, яъне њафтуним баробар афзоиш ёфтани њаљми маблаѓгузории он; аз 81 фоизи соли 1999 то 38 фоиз, яъне ќариб 45 фоиз дар соли 2013 ќоњиш ёфтани сатњи камбизоатї, ки он «асосан натиљаи рушди иќтисодї ва таъмин гардидани суботи макроиќтисодиву иљтимої мебошад»;[34] дар сатњи 7-9 фоиз пешбинї шудани афзоиши солонаи иќтисодї ва то соли 2020 беш аз 80 фоиз афзудани маљмўи мањсулоти дохилї ва вобаста ба ин аз 12 то 16 фоизи маљмўи мањсулоти дохилї расонидани маблаѓгузори соњаи иљтимої аз ин шањодат медињад.

Аз рўи бањои Шўрои иќти­содї ва иљ­ти­моии СММ (ЭКОСОС), Љумњурии Тољи­кистон «аз давлати камда­ромад ба ќатори давлатњои бо даромади миёна арзёбишаванда»[35] ворид карда шудааст, ки ин даст­овардњои Љумњурии Тољикистонро бе сиёсати баркашидашудаи њуќуќї, ки он аз Конститутсия ибтидо мегирад, тасаввур кар­­дан мум­кин нест ва он боиси сарфарозии мо нашуда наметавонад.

Шашум. Таѓйироту иловањои 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон воридгардида инъикоси равандњои сиёсию њуќуќї, иљтимоию фарњангии давлат ва љомеа, инчунин демократикунонии минбаъдаи љанбањои зикршудаи љомеаи Тољикистон мебошад.

Онњо пеш аз њама ба мустањкам намудани наќши инсон ва њуќуќу озодињои он дар давлат, тањкими њокимияти давлатї, аз љумла њокимияти иљроия, ќонунгузор ва судї равона карда шудаанд. Онњо инъикоси раванди сулњу вањдат дар мамлакат буда, нишон доданд, ки Конститутсия њамчун санади олии эътибори њуќуќї дошта низ метавонад њамрадифи њаёти сиёсиву иљтимоии љомеа бошад, бо он якљоя ќадам занад.

Таѓйироту иловањои ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ворид­­гардида бори дигар собит намуданд, ки давлат ва халќи Тољи­кистон ба Конститутсия чун њуљљати сиёсї ва санади меъёрии њуќуќии эътибори олии њуќуќї дошта њамчун санади зинда муносибат доранд. Ба ин санад бо назардошти манфиатњои давлату љомеа, демократикунонии минбаъдаи њаёти иљтимоию сиёсї, тањкими сохтори идораи давлатї ва њокимияти давлатї ва њифзи њуќуќу озодињои инсон мумкин аст таѓйироту иловањо ворид карда шаванд.

Њар ќадар ки мо аз санаи ќабули Конститутсияи кишварамон дур меравем, њаёти љомеа ањамияти таърихию сиёсї, њуќуќию фарњангии ин санади сарнавиштсози миллатро бо мазмуну мундариљаи нав рўи кор меорад. Мо њамон ќадар ба аќлу хиради азалии халќи азизамон, ки дар давраи басо њассоси таърихї атрофи роњбари навинтихоби давлат Эмомалї Рањмон муттањид гардида, онро ќабул карда, ба баќои миллат ва давлат асос гузоштанд, сари таъзим фуруд меорем.

Дар баробари ин, зиракии сиёсиро нисбати манфиатљўиву сиёњ­дилии иддае аз «њомиёни давлату миллат ва Конститутсия», ки дар њар лањзаи ногувор сару садо бардошта, дастовардњои назарраси дар муддати кўтоњтарин бадастомада, наќши Конститутсияро дар таъмини суботи сиёсию иљтимоии мамлакат ва фаъолияти созандагию бунёд­коронаи давлату миллатро нодида мегиранд, аз даст намедињем.

Аз љониби дигар беэътиної ба арзишњои умумибашарии эътироф­намудаи инсоният, коста гаштани тартибот ва низоми байналмилалї, дахолати рўйирост ба корњои дохилии давлатњои алоњида, ки истиќлолият ва тамомияти арзии онњоро зери хавфу хатар мегузорад, фаъол гаштани созмонњои террористиву ифротгарої ва љиноятпешаи транссмиллї ва њар чї бештар ба зери тасарруфи онњо даромадани минтаќањои гуногуни дунё, зиёд гаштани муноќишањои дохилї, ки ба таври оммавї ба поймол гаштани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд оварда расонидаанд, ба асосњои сохтори конститутсиони давлатњо ва њифзи њуќуќу озодињои инсон, хавфу хатари љиддиро ба бор меоранд. Чунин њолатњои ногувор натанњо ба авзои сиёсии як давлат ё минтаќа, балки дар маљмўъ ба тартибот ва низоми байналмилалї таъсири манфї нарасонда намемонад.

Баъдан, ба эътибор нагирифтани конститутсияњои давлатњои ало­њида, ирода ва манфиатњои ќисмати зиёди ањолї, байраќ намудани «њуќуќи инсон» ва «фалокатњои гуманитарї», бисёрстандартї дар њалли масоили умдатарини байналмилалї, яроќноккунї ва дастгирии ќисмати шањрвандон дар мубориза бар зидди њокимият солњои охир фалокатњои фољиабори зиёди конститутсиониро рўи кор оварданд, ки маар­думи Тољикистон низ тавассути дасти душманони миллати мо бо истифода аз фарњанги пасти сиёсию њуќуќї ва сатњи худшиносиву худогоњии баъзе аз шањрвандони мамлакат ба њаводиси барои љомеаи мо номатлуб кашида мешаванд.

Имрўзњо, ки мо дар арафаи 20-умин солгарди ќабули Консти­тутсияи Љумњурии Тољикистон ќарор дорем, бояд мављудияти ин санади олии таќдирсози миллатро дар њаёти љомеа аз њар ваќта дида њассостар эњсос намоем. Дар доира ва мењвари ин санад зистанро омўзем, меъёрњо ва муќаррароти онро ќоидаи рафтори худ ќарор дињем ва арзишњои онро чун гавњараки чашм њифз намоем.

Онро њамчун бузургтарин дастовард, роњнамо ва пайвандгари наслњо дар ќатори чунин ифтихору сарбаландии инсонї ва миллии худ- ватану ватандорї, худшиносї, худогоњї ва њуввияти миллї љойгузин намоем. Бо такя ба арзишњои умумибашарию миллї, дарки моњият ва мазмуни созандаю бунёдкоронааш онро як љузъи таркибии ѓояи миллї эътироф намоем. Аз хотир набарорем, ки устувории конс- титутсия-ин устувории љомеа ва давлат буда, устувории љомеа ва давлат-устувории конститутсия мебошад.

Расидан ба њадафњои зикршуда аз њар фарди љомеаи Тољикистон новобаста аз мавќеи иљтимої масъулияти баланди шањрвандї, риоя ва эњтироми Конститутсия ва ќонунњо ва аз њокимият фаъолияти бо низоми конститутсионї, таъмини кафолати њамаљонибаи њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, оштинопазириро нисбат ба ќонуншиканињо ва њуќуќвайронкунињо аз љониби њама гуна маќомот ва кормандони онњо, ки тавассути ќарорњои ѓайриќонунии онњо њуќуќу озодињои шањрвандон вайрон гардида, боиси сарсонию саргардонии онњо мегарданд, таќозо дорад.

Садсолањо паси њамсипарї мешаванд. Мо итминони комил дорем, ки шањрвандони мамлакат ќабули нахустин Конститутсияи Тољикистони соњибистиќлоли худро дар фазои худшиносиву худогоњии миллї, вањдати миллї, тинљию оромї ва якпорчагии давлати њаќиќатан иљтимоию шањрвандї пешвоз мегиранд. Меъёрњои онро бо мазмуни нав ва воќеияти таърихї кафш ва дарк менамоянд, тањким мебахшанд ва дар роњи инкишофи давлати мутамаддини худ чароѓи њидоят менамоянд.



[1] номзади илмњои сиёсї

[2] История политических и правовых ученый. Учебник для вузов/ Под. обш. редак. проф. О.В. Мартышина. - М.: Норма, 2006. С.15.

[3] Трубетской Е.Н. Энциклопедия права. Киев, 1906. Сањ.44.

[4] Ниг. Общая теория государства и права. Академический курс в 2-х томах. Отв. ред. проф. М.Н. Марченко.- Том 1. Теория государства. М: Изд. «Зерцалло», 1998. Сањ.8.

[5] Ниг. Древнее право. Вып.1. М.,1966. Сањ. 262-289.

[6] Нудненко Л.А. Конституционные права и свободы личности в России. Учебное пособие. Отв. редактор Н.В. Витрук, СПб.: Изд.Р.Асланова «Юридический центр Пресс» 2009.- Сањ.12

[7] Дар њамин љо. Сањ.13

[8] Ниг. Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон. Душанбе-2003. Сањ.11

[9] Нудненко Л.А. Конституционные права и свободы личности в России. Учебное пособие. Отв. редактор Н.В. Витрук, -СПб.: Изд.Р.Асланова «Юридический центр Пресс» 2009.- Сањ.13

[10] Ниг. Конститутсияи (Сарќонуни) Љумхурии Тољикистон. Душанбе-2003. Сањ.15.

[11] Ниг. Конститутсияи (Сарќонуни) Љумхурии Тољикистон. Душанбе-2003. Сањ.11,13.

[12] Нудненко Л.А. Конституционные права и свободы личности в России. Учебное пособие. Отв. редактор Н.В. Витрук, -СПб.: Изд.Р.Асланова «Юридический центр Пресс» 2009.- Сањ.14

[13] Дар њамон љо. Сањ.23-25

[14] Ниг. Козлова Е.И., Кутафин О.Е. Конституционное право России. Учеб.-4-е изд., перераб. и доп.-М.: Проспект, 2010. С.72.

[15] Ниг. Советское государственное право: Учебник. Под ред. С. С. Кравчука. М., 1985. С. 34.

[16] Ниг. Козлова Е.И., Кутафин О.Е. Дар њамон љо.. С.72.

[17] Конституционное право зарубежных стран. Учебник для вузов, 2-ое изд. Под общ.ред. М.В. Баглая, Ю.И. Лейбо и Л.М. Энтина. М.: Норма, 2005. С 62.

[18] Ниг. Еллинек Г. Право современного государсва. СПБ.,1998. Т.1 С.391.

[19] История Таджикского народа. Том I. Древнейшая и древняя история. Душанбе 1998. С.236.

[20] Абдуллоев С. Амир Исмоили Сомонї. Хуљандж. 1998. С.12.

[21] Дар њамон љо. С.43.

[22] Низомулмулк. Сиёсатнома. Душанбе. Адиб.1989. С8.

[23] Крымский А. История Персии, её литературы и дервишской теософии: В 3 т. — Изд., перераб. совместно с Н. Фрейтагом. — М., 1909—1917. С.180.

[24] Конституционное право зарубежных стран. Учебник для вузов, 2-ое издание. Под общ.ред. М.В. Баглая, Ю.И. Лейбо и Л.М. Энтина. М.: Норма, 2005. С 61-68.

[25] Градовский А.Д. Государственное право важнейших европейских держав. СПб.,1985. С.3.

[26] Уэйд У., Филлипс Г. Конституицонное право. М.1950. С.3.

[27] Лассал Ф. Сущность контституции: Что дальше? СПб.,1905. С.33-34.

[28] Ниг. Козлова Е.И., Кутафин О.Е. Конституционное право России. Учеб.-4-е изд., перераб. И доп.-М.:Проспект, 2010. С.67.

[29] Ниг. Рањмонов Э. Тољикистон дар роњи демократия ва љомеаи мутамаддин.Душанбе,1996. С 146.

[30] Общая теория государства и права. Академический курс в двух томах. Учебник для вузов. Том 1. Ответ.ред. проф. М.Н. Марченко. Москва.Зерцало 1998. С. 381.

[31] Достиев А.С. Конституция Республики Таджикистан 1994 года: История разработки. Принятия и основные положения. Душанбе, АО «Матбуот». 2001. С.3-6.: Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумхурии Тољикистон. Зери тањрири Академики АИ ЉТ М.А. Мањмудов. Душанбе. Шарќи озод. С.15-17.: Конституционное право зарубежных стран. Учебник для вузов, 2-ое изд., Под общ.ред. М.В. Баглая, Ю.И. Лейбо и Л.М. Энтина. М.: Норма, 2005. С. 61-68.

[32] Ниг. Козлова Е.И., Кутафин О.Е. Конституционное право России: учеб.- 4-е изд., перераб. и доп.-М.: Пропект, 2010. Сањ.12.

[33] Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Э.Рањмон дар Конференсияи байналмилалии илмию амалии «Маќомоти назорати конститутсионї дар шароити њамгироии системањои њуќуќї: таљрибаи байналмилалї ва амалияи Тољикистон» Душанбе 3-4 ноябри соли 2010. Ахбори Суди конситутсионии Љумњурии Тољикистон № 4 2010. С.7.

[34] Ниг. Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон Эмо­малї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон. ш.Душанбе, 26 апрели соли 2013.Сањ.8.

[35] Ниг. Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон Эмо­малї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон. ш.Душанбе, 26 апрели соли 2013.Сањ.10.

 

 

Гулов А.А.

Сардори шуъбаи умумї ва хизмати

давлатии Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

санадњои байналмилалї ќисми

таркибии низоми њуќуќии Тољикистон

Давраи нав дар таърихи фаъолияти муносибатњои мустаќили байналмилалии Љумњурии Тољикистон аз 9 сентябри 1991 оѓоз гардид. Баъд аз пошхурии Иттињоди Шўравї ба тамоми љумњурињои њайати он, аз љумла ба Тољикистон имконият фароњам омад, ки ба давлати соњибихтиёр табдил ёфта, субъекти мустаќили муносибатњои байналмилалї гардад.

Пояњои сиёсати берунаи Тољикистони соњибихтиёр дар Эъломия оид ба соњибихтиёрии давлатии Љумњурии Тољикистон гузошта шуда буданд, ки дар он гуфта мешавад: «Љумњурии Тољикистон дар муносибатњои байналхалќї ба сифати субъекти мустаќили њуќуќи байналхалќї баромад намуда, дар фаъолияти худ барои сулњи пойдор, роњ надодан ба истифодаи зурї дар њалли бањсу мухолифатњо байни давлатњои соњибихтиёр, инкишофи њамкории байни онњо дар њалли проблемањои глобалї, ки дар назди инсоният истодаанд, мубориза мебарад».[[1]] Тољикистон худро барои имзои созишнома ва шартномањои баробарњуќуќу дуљониба манфиатноки дутарафа ва бисёртарафа, ки њуќуќи ягон давлати соњибихтиёрро поймол намекунад, бо тамоми шарикон бе гузориши њељ гуна шартњои ќаблї кушода эълон менамояд.

Ќайд кардан бамаврид аст, ки мурофиаи ќонунгузорї дар Љумњурии Тољикистон низ ба ин омилњо зич алоќаманд буда, имрўзњо ба таљрибаи байналмилалї бештар такя менамояд. Чунин тарзи гузориши масъала ба он вобаста аст, ки њуќуќэљодкуниро њама ваќт низомњои њуќуќї думболагир мебошанд.

Дар замони имрўза бошад, мурофиаи ќонунгузорї вобаста ба таљрибаи давлатњои пешќадами љањонї ба роњ монда мешавад. Маълум аст, ки ташаббуси ќонунгузорї ба њокимияти иљроия ва ќонунгузории давлатї мувофиќи Ќонуни асосии кишвар, яъне Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дода шудааст.

Созмони Милали Муттањид барои тањкими ќонунгузорї миёни миллатњо аз роњи тараќќии онњо ва љињати омўзиши санадњои байналмилалї корњои назарасро ба итмом мерасонад. Созмони Милали Муттањид садњо муоњида ва ќарордодњои фарогирандаи њамаи соњањои ќонуни байналмилалї аз њуќуќи шахс то њифзи муњити зистро тањия кардааст.[[2]]

Љумњурии Тољикистон Конститусияи худро ќабул намуда, љонибдорї ба меъёрњо ва принсипњои умумиэътирофшудаи њуќуќи байналмилалї эълон кардааст ва худро љузъи људонашавандаи љомеаи љањонї ва эњтиромгузорї, баробарњуќуќї ва дўстии њама халќу миллатњо мењисобад. Аз ин љињат соњибихтиёрии давлати Љумњурии Тољикистон аз рўи табиати њуќуќии худ категорияи њуќуќи байналмилалї буда, вазъї умумии байналмилалии њуќуќї ва њуќуќу уњдадорињои онро муќаррар менамояд.

Аз ин рў, дар ќисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон омадааст, ки: «Санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил медињанд. Агар ќонунњои љумњурї ба санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофшуда мутобиќат накунанд, меъёрњои санадњои байналмилалї амал мекунанд».[[3]]

Санадњои њуќуќии байналмилалии аз љониби Тољикистон эътирофшуда ба сифати ќисми таркибии низоми њуќуќии мамлакат муќаррар шудааст. Љумњурии Тољикистон аъзои созишномањои бисёртарафаи байналмилалие мебошад, ки дар сатњи Созмони Милали Муттањид, Иттињоди Давлатњои Мустаќил ва дигар ташкилотњои байналмилалї ва минтаќавї ќабул ва ба имзо расидааст. Масалан, Љумњурии Тољикистон узви паймонњои СММ оид ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї, оид ба њуќуќи иќтисодї, иљтимої, фарњангї ва ѓайра мебошад. Њамаи созишномањои зикргардида аз љониби маќомоти ќонунгузории Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда шудааст.

Дар моддаи 10 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон таъкид мегардад, ки ќонунњо ва санадњои њуќуќии байналмилалии аз љониби Тољикистон эътирофшуда танњо пас аз интишори расмии онњо амал менамоянд. Тартиби интишори расмии ќонунњоро Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» танзим мекунад.[[4]]

Ќонунњои Љумњурии Тољикистон дар рўзномањои «Љумњурият», «Садои мардум», «Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ва «Фењристи ягонаи давлатии санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон» ба забони давлатї ва бо забони муоширати байни миллатњо интишор карда мешаванд.

Хотирнишон бояд кард, ки дар Конститутсия афзалияти санадњои њуќуќии байналмилалї нисбат ба ќонунгузории дохилї зикр шудааст ва тамоми фаъолияти ќонунгузории парламенти љумњурї дар масъалаи пешнињоди њуќуќу озодињои сиёсї, њуќуќи муттањидшавї дар иттињодияњои љамъиятї, њизбњои сиёсї, иттифоќњои касаба ва дигар ташкилотњои љамъиятї аз паймонњои байналмилалї, инчунин Эъломияи умумии њуќуќи башар сарчашма гирифтаанд.

Инчунин, дар банди 5 ќисми 1 моддаи 57 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон омадааст, ки тасдиќ ва бекор кардани шартномањои байналмилалї ба салоњияти Маљлиси намояндагон таалуќ дорад.[[5]]

Њоло ањамияти тасдиќи шартномањои байналмилалї хеле афзудааст, зеро дар такмили ќонунгузории миллї њамарўза эњсос карда мешаванд.

Амалияи байналмилалии тарзњои изњори ризоияти давлатро ба њатмї будани шартномаи байналмилалї муќаррар кардааст: имзокунии шартномаи байналмилалї; тасвиби (ратификатсияи) шартномаи байналмилалї; ќабули шартномаи байналмилалї; тасдиќи шартномаи байналмилалї; њамроњшавї ба шартномаи байналмилалї; мубодилаи њуљљатњое, ки шартномаи байналмилалиро ташкил медињанд ва дигар тарзҳое, ки тарафњои шартнома муайян мекунанд.

Асосњои байналмилалии ќатъгардии шартномањои байналмилалї инњоянд: 1) ба охир расидани мўњлати амали шартномањои байналмилалї; 2) иљро шудани шартњои шартномањои байналмилалї; 3) денонсатсия намудани шартномањои байналмилалї; 4) ба вуќўъ омадани воќеае, ки дар шартномаи байналмилалї пешбинї шудааст.

Асосњои дигари ќатъгардии шартномањои байналмилалї инњоянд: 1) розигии тарафњо ба ќатъ гардонидани шартнома; 2) бекор намудани шартнома; 3) моњиятан вайрон намудани шартњои шартнома аз љониби як ё якчанд тарафњои он; 4) дар њолати ќатъшавии мављудияти субъетњои шартнома; 5) дар муддати љанг.

Бекор кардан (денонсатсия), яъне яктарафа рад намудани шартномаи байналмилалї танњо ба њамон шартњои зикршуда амалї карда мешавад, ки агар он тасдиќ карда шуда бошад. Дар айни замон, бекор кардан аз лињози њуќуќї маънои бекор кардани ќарор дар бораи ратификатсияро дорад. Љараёни бекор кардан бояд ба љараёни тасдиќ намудан мутобиќ бошад. Маљлиси намояндагон ќарори тасдиќ ё бекор кардани шартномаи байналмилалиро ќабул мекунад. Агар лоињаи ќарор дар бораи тасдиќ ё бекор кардани шартномаи байналмилалї миќдори зарурии овози вакилони Маљлиси намояндагонро нагирад, дар он сурат љараёни тасдиќ ва бекор кардани шартномаи байналмилалї гузаштанашуда њисобида мешавад.[[6]]

Дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон», ки аз 11 декабри соли 1999 ќабул шудааст, њадафи эътироф намудани санањои байналмилалї нишон додааст, ки шартномањои байналмилалї асоси њуќуќии муносибатњои байналмилалиро ташкил медињанд, барои њимояи сулњ ва амният, инкишофи њамкории байналмилалї, мутобиќи маќсад ва принсипњои Оинномаи Созмони Милали Муттањид мусоидат менамоянд. Шартномањои байналмилалї дар њимояи њуќуќ ва озодињои асосии инсон, дар таъмини манфиатњои ќонунии давлат наќши муњим бозї мекунанд.

Љумњурии Тољикистон љонибдори иљрои бечунучарои шартномањои байналмилалї буда, пуштибонии худро ба принсипи иљрои софдилонаи ўњдадорињои байналмилалї эълон медорад.

Шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон мутобиќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, усулу меъёрњои аз тарафи умум эътирофшудаи њуќуќи байналмилалї, нуктањои худи шартномањо ва Ќонуни мазкур баста мешаванд, иљро мегарданд ва бекор карда мешаванд.

Мувофиќи моддаи 8 Ќонуни мазкур шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон, ки Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон тасдиќ мекунад нишон дода шудааст, ки аз инњо иборат мебошад: шартномањои байналмиллалии Љумњурии Тољикистон дар бораи сулњ, дўстї, њамкорї ва ёрии мутаќобил, њамчунин шартномањо дар бораи асосњои муносибатњои байнидавлатї; шартномањои дар бораи масъалањое, ки ба иќрори мудофиавии Љумњурии Тољикистон марбутанд; шартномањо дар бораи масъалањои таъмини сулњ ва амнияти байналмилалї; шартномањо дар бораи сулњ; шартномањо дар бораи амнияти дастљамъї; шартномањо дар бораи марзбандии ќаламрави Љумњурии Тољикистон бо давлатњои дигар; шартномањое, ки мавзўъашон њуќуќ ва озодињои асосии инсон ва шањрванд мебошанд пешбинї кардааст.[[7]]

Ин шартномањо шакли зиёд доранд. Яке аз онњо шартномањои байналмилалї аст, ки байни давлатњо ва субъектони дигари њуќуќи байналмилалї баста мешаванд. Асосњои њуќуќї ва мазмуни ин шартномањо дар Конвенсияи Венагии оид ба шартномањои байналмилалї муайян шудаанд.

Дар ин маврид номгўи гуногуни шартномањои байналмилалиро дучор омадан мумкин аст. Чунончї, шартнома, созишнома, конвенсия (ањднома), хартия, оиннома, декларатсия, паймон (пакт), меморандум ва ѓайра. Аз нигоњи ќувваи њуќуќї байни номгўи шартномаи байналмилалї тафовут вуљуд надорад, лекин амалияи байналмилалї ба имзо расидани чунин номгўи шартномањои байналмилалиро медонад.

Шартнома - номгўи њуљљати байналмилалиест, ки дар созиши байни субъектњои байналмилаї (мумкин маќомоти босалоњияти давлат онро ба имзо расонанд) баста шуда, доираи объекташ дар аксар маврид васеъ мебошад. Воқеан истилоњи «шартнома» таљассумгари тамоми номгўи шартномаи байналмилалї дар амалия мебошад.

Асосан дар њуќуќи байналмилалї шартномањо дар бахши сулњ, оид ба бетарафї, оид ба њуљум накардан, оид ба кўмакњои тарафайн, тиљорат ва ѓайра баста мешаванд.

Созишнома - навъи шартномањои байналмилалї буда, доираи танзими он мањдуд ва мушаххас мебошад, лекин дар амалия чун шартнома њама гуна мушаххасоти шартномањои байналмилалиро ифода мекунад.

Конвенсия (ањднома) низ навъи пањнгаштаи шартномаи байналмилалї мебошад, ки масъалањои алоњидаи њуќуќї, иќтисодї, маъмурї ва махсусро дар бар мегирад. Мисол, Конвенсияи СММ «Дар бораи њуќуќи кўдак» аз 20 ноябри соли 1989 ва ѓайра.

Паймон (пакт) њуљљати дутарафа ва бисёртарафа байни давлатњо дар соњаи мушаххаси муносибатњои байналмилалї мебошад. Мисол, Паймони байналмилалї дар бораи њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї аз 16 декабри соли 1966.

Протокол, чун ќоида, њуљљати ёрирасон мебошад. Протокол дар њолатњои дароз кардани муњлати амали шартнома, њамроњ шудан ба шартнома, тартиби дохил намудани моддаи алоњида ба шартнома ќабул мешавад. Мисол, Протокол оид ба маќоми гуреза аз 31 январи соли 1967.

Декларатсия (эъломия) ва баёния (изњорот) њамчун навъњои шартномаи байналмилалї аз љониби ду ва зиёда давлатњо доир ба муносибати байни онњо дар соњањои алоњида баста ё изњор карда мешаванд.

Санади хотимавї, њамчун ќоида, њуљљати натиљавии машваратњои байнидавлатї мебошад.

Оиннома, њамчун навъи шартномаи байналмилалї санади муассисавии ташкилоти байналмилалї мебошад, ки дар он маќсаду маром, маќомот ва самтњои фаъолияти ташкилоти байналмилалї муќаррар мешаванд. Мисол, Оинномаи СММ аз июни соли 1945.

Хартия навъи шартномаи байналмилалї мебошад, ки дар санади муассисавии ташкилоти байналмилалї ва санади байналмилалї доир ба масъалаи мушаххас ифода ёфтааст. Мисол, Хартияи Париж барои Аврупои Нав аз соли 1990.

Меморандум санади давлат аст, ки вобаста ба вазъият чун шартномаи байналмилалї мартаба дорад ва ё чун созиши сиёсї эътироф мешавад.

Дар љањони имрўза институти шартномањои байналмилалї яке аз воситањои бењтарини муносибатњои байналмилалї ва њамкорињои байни давлатњо мебошад. Вазорати корњои њориљии Љумњурии Тољикистон дар солњои истиќлолият корњои зиёдеро оид ба омодагї ба бастани шартномањои байналмилалї ва ратификатсияи онњо анљом додааст.

Назарияи њуќуќи байналмилалї барои эътирофи давлат ба њайси субъекти њуќуќи байналмилалї мављудияти аломатњои зеринро муќаррар кардааст: соњибихтиёрии давлатї ва ќобилияти доштани њуќуќу уњдадорњо; иштироки мустаќилона дар муносибатњои байналмилалї; ќобилияти иштирок дар бунёд ва амалигардонии меъёрњои байналмилалї-њуќуќї; љавобгарии байналмилалї дар муносибати давлатњо.

Наќши санадњои байналмилалї дар такмили ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њамарўза эњсос карда мешаванд. Санадњои байналмилалї танзимкунандаи ќонунгузории давлат буда, мањс дар асоси онњо ќонунгузории кишвар ба роњ мода мешавад. Далели ин гуфтањо дар он зоњир мегардад, ки санадњои байналмилалї ќисми таркибии низоми њуќуќии давлатро ташкил мекунанд (ќисми 4 моддаи 10 Конститутсия).

Имрўз дар Љумњурии Тољикистон инкишоф ва такмили низоми њуќуќї ва ќонунгузории дохили давлатиро санадњои байналмилалї муайян мекунанд. Наќши санадњои байналмилалї дар такмили ќонунгузории давлат ањамияти хело муњим дорад, чунки дар асоси Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар сурати мухолифат пайдо шудан байни санадњои байналмилалї ва ќонунгузории дохили давлатї бартарият ба санадњои байналмилалї дода мешавад.

Имрўз парлумони кишварро зарур аст, ки барои дар сатњи баланд ќабул гардидани ќонунњо, сифати хуби онњо, риояи пурраи санадњои байналмилалї ва барои дар сатњи зарурї такмил ёфтани ќонунгузории давлат дар асоси санадњои нави байналмилалї ба роњ монад. Ќобили зикр аст, ки санадњои байналмилалї муќарраркунанда, муайянкунандаи меъёрњои ќабулшуда ва эътирофгардидаи љомеаи љањонї мебошанд.



[1] Эъломия оид ба соњибихтиёрии давлатии Љумњурии Тољикистон аз 9 сентябри 1991.

[2] Созмони Милали Муттањид ва фаъолияти он дар Тољикистон. Душанбе, 1999. - С.26.

[3] Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон. Душанбе-2003, м.10.

[4] Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» аз 26 марти соли 2009. м.52-53.

[5] Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон. Душанбе-2003, м.57.

[6] Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон. Зери тањрири академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор, Мањмудов М.А. Душанбе: Шарќи озод. 2009. - С.299-300.

[7] Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон» аз 11 декабри соли 1999. м.8.

 

 

НАВИДЊОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Н А В И Д Њ О И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

28 марти соли 2014 дар толори маљлисгоњи «Кохи Вањдат» бахшида ба таљлили 20-умин солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бо иштироки намояндагони масъули Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, њизбњоисиёсї, созмонњои љамъиятї ва намояндагони дигар нињодњои љомеаи шањрвандї љаласаи Шўрои љамъиятї доир гардид.

Дар кори љаласаи Шўрои љамъиятї њамчунин Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода иштирок ва дар мавзўи «Конститутсияи миллї ва љомеаи шањрвандї» маърўза намуда, ба суолњои сершумори ширкаткунандагон ин љаласапосухњои мушаххас дод.

Зимни маърўзаи хеш Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода иброз намуд, ки Конститутсияи кишвар, ки тањти роњбарии хирадмандонаи Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар марњилаи басо мураккабу ќисматсоз ва пурпечутобу њассоси рўзњои аввали ташаккули давлатдории миллиамон ќабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соњибистиќлолии кишвар мањсуб ёфта, њамчун санади муњими сиёсї ва њуљљати сарнавиштсоз барои амалї намудани њадафњои неки миллати куњанбунёдамон, яъне бунёди давлати муосир, ки ҷавҳари аслии онро низоми демократї, ҳуқуқбунёд, дунявї ва иҷтимої ташкил дода, дар он инсон ва њуќуќу озодињои ў арзиши олї эътироф шудаанд, заминаи боэътимоди њуќуќї гузошт.

20 марти соли 2014 дар толори маљлисгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба таљлили Иди байналмилалии Наврўз бо иштироки судяњо ва кормандони Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон маљлиси тантанавї баргузор гардид.

Дар оѓози маљлис Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода њозиринро бо маќдами фаррухи иди фаслиз ебои сол – Наврўзи хуљастапай тањният гуфта, иброз дошт, ки ба шарофати иќдоми ташаббускоронаи Љаноби Олї, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ин љашни куњан маќоми байналмилалї касб намуда, дар диёри бостониамон ва гўшаву канори мухталифи дунё бо шукуњу шањомати хоса таљлил карда шуда, барои рушди тамаддуни маънавию ахлоқии фарњангї муосир наќши созгор мебозад.

Ќудуми мубораки иди фархунда – Наврўзи Аљам аз замонњои ќадим ва то ба ќарни муосир ба сарзамини аљдодиамон мазмуну моњияти нав ва таровати хоса оварда, чун ҷашни зебоии табиат, мавсими кишту кори баҳорї, талқингари дўстию бародарї ва њамдигарфањмию њамбастагї ба хонадони ҳар фарди худогоњу худшиноси кишвари азизамон нуру зиё ва саодатмандї ато мекунад.

Дар фарљоми маљлиси тантанавї Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода бори дигар њозиринро бо љашни љањонии Наврўзи Аљам шодбош гуфта, ба њамагон саломативу сарбаландї, шодкомиву фарањмандї ва дастовардњои беназирро бањри пешрафти Тољикистони тозаистиќлол таманно намуд.