10:45:33 - 22.01.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Қарор аз рўи дархости шаҳрвандон Махмудов М. ва Махмудов Э.

 

 

Ќ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шањрвандон Мањмудов М. ва Мањмудов Э. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддањои 121 ва 122 Кодекси манзили Љумњурии Тољикистон ва моддаи 147 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе «3» октябри соли 2011

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Каримов К.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ботирова Г.,

тарафњо:

Мањмудов М. ва Мањмудов Э. - тарафе, ки дар асоси дархости онњо мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст ва намояндаи ваколатдори онњо Назаров Н. Њ.,

Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї; Шоназаров С.А. - намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон - намояндагони тарафњое, ки конститутсионї будани ќонуни ќабул ва ба имзо расонидаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

Даъватшудагон:

Исоќов А. Н. - муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон;

Холиќов А.Ѓ. - муовини Вазири адлияи Љумњурии Тољикистон;

Гулматшоев Р.К. - муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољи­кистон;

Ќурбонова Њ.Љ.- муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон;

Ќодиров Т. Ќ. – Раиси Коллегия оид ба корњои оилавии Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

Зоиров К. А. - муовини Сардори Раёсати назорати ќонунї будани санадњои судї оид ба парвандањои иќтисодї, гражданї, оилавї ва маъмурии Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости шањрвандон Мањмудов М. ва Мањмудов Э. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати моддањои 121 ва 122 Кодекси манзили Љумњурии Тољикистон ва моддаи 147 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судя-котиби Суди конститутсионї Каримов К.М., баёноту хулосаи тарафњо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Мањмудов М. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки 11 ноябри соли 2007 ў писараш Э. Мањмудовро бо Мањмудова Дилафрўз хонадор намуд. Онњо аз зиндагии якљоя соњиби як фарзанд гардиданд, аммо бо сабаби пайдо шудани нофањмињо дар муносибати тарафайн аз њамдигар људо шуданд.

Дар асоси аризаи Мањмудова Д., Суди ноњияи Б. Ѓафуров бо њалномаи худ аз 6 сентябри соли 2010 ўро бо писарчаи ноболиѓаш дар ду њуљраи манзили истиќоматии ў воќеъ дар кўчаи Урунхољаев хонаи №76, љамоати дењоти Унљии ноњияи Б.Ѓафуров маскун намуд.

17 декабри соли 2010 миёни Мањмудов М. ва писараш Мањмудов Э. аз як тараф ва собиќ келинаш Мањмудова Д. аз тарафи дигар љангу љанљол ба миён омад. Прокуратураи ноњия нисбати ў ва писараш барои содир кардани љинояти дар моддаи 147 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинишуда, яъне вайрон намудани дахл­нопазирии манзил кори љиноятї кушода, онро ба суд дод.

Суди ноњияи Б. Ѓафуров бо њукми худ аз 15 апрели соли 2011 ў ва писараш Мањмудов Э.-ро айбдор дониста, шартан мањкум намуд.

Ба андешаи Мањмудов М.ва Мањмудов Э. моддањои 121 (Аъзои оилаи молик) ва 122 (Њуќуќ ва вазифањои оила ва аъзои собиќи оилаи молик)-и Кодекси манзили Љумњурии Тољикистон, ки Суди ноњияи Б. Ѓафуров дар њалномаи худ ба асос гирифтааст, њуќуќњои конститутсионии Мањмудов М.-ро ба соњибї, истифода ва ихтиёрдории моликият, яъне манзили шахсиаш, ки ба ў аз 12 апрели соли 2004 дар асоси шањодатномаи њуќуќ ба мерос аз рўи ќонун тааллуќ дорад, вайрон намудааст. Мањмудов М. манзили истиќоматиашро, ки моликияти шахсиаш мебошад, бо салоњдиди худ имконияти истифода бурдан надорад.

Бо назардошти ѓайриконститутсионї њисобидани моддањои 121 ва 122-и Кодекси манзили Љумњурии Тољикистон, Мањмудов М. ва Мањмудов Э. моддаи 147 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистонро низ ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номутобиќ њисоб менамояд.

Аз ин рў, Мањмудов М. ва Мањмудов Э. аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон талаб намуданд, ки оид ба дархости онњо мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиќати моддањои 121 ва 122 Кодекси манзили Љумњурии Тољикистон ва моддаи 147 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистонро ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости пешнињод­гардидаро дар алоќамандї бо талаботи Конститутсия, санадњои њуќуќии байналмилалї ва дигар санадњои меёърии њуќуќї, инчунин амалияи судї мавриди санљишу тањлил ќарор дода, ќайд менамояд, ки тибќи моддаи 5 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон инсон, њуќуќ ва озодињои он арзиши олї буда, онњо аз тарафи давлат эътироф, риоя ва њифз карда мешаванд.

Њуќуќ ва озодињо шарти муњими зиндагии арзанда ва озодона, рушди маънавию рўњї, ташаккули шахсият, иштирок дар њаёти сиёсию иљтимої ва идоракунии љомеа, ки инсон дар он зиндагї мекунад, ба њисоб меравад. Аз ин рў, онњо дар Конститутсия пешбинї гардида, на танњо барои инсони мушаххас, балки дар маљмўъ барои љомеа ва давлат њаётан муњим ва аз љињати иљтимої ањамиятнок арзёбї мегарданд.

Њуќуќу озодињои конститутсионї бевосита амалї гардида, маќсад, мазмун ва татбиќи ќонунњо, фаъолияти њокимияти давлатї ва худидоракунии мањалиро муайян мекунанд ва тавассути њокимияти судї таъмин карда мешаванд. Онњо дар маљмўъ ба шахс мансуб буда, онњоро дар алоќамандї ва дар ќаринаи фањмиши ягонаю вобастагии байни њамдигарї татбиќ намудан мумкин аст ва онњо танњо дар асоси муќаррароти Конститутсия ва санадњои њуќуќии байналмилалї метавонанд мањдуд карда шаванд.

Вобаста ба ин, Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки аз тарафи давлат эътироф ва кафолат дода шудани моликияти хусусї, инчунин њуќуќи конститутсионии инсон ва шањрванд ба моликият муњимтарини дастоварди сиёсию њуќуќї ва иќтисодию иљтимоии Љумњурии Тољикистон ба њисоб меравад.

Чунин кафолати конститутсионї аз талаботи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, аз љумла Эъломияи умумиии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948 бармеояд, ки тибќи моддаи 17-и он:

«1. Њар як инсон њаќ дорад амволро чи шахсан ва чи якљоя бо дигарон ихтиёрдорї намояд.

2. Њељ кас набояд аз амволи худ худсарона мањрум карда шавад.»

Њамзамон, Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки Конститутсия дар баробари кафолати њуќуќи молу мулкии инсон ва шањрванд, тамоми дигар њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрвандро низ кафолат дода, дар миёни онњо оиларо њамчун асос ва рукни муњимтарини љомеа эътироф намуда, њифзи он, њамчунин њимоя ва ѓамхории махсусро нисбати модару кўдак яке вазифањои муњими давлат арзёбї менамояд, зеро тибќи талаботи ќисми 3-юми моддаи 16 Эъломияи умумиии њуќуќи башар «Оила рукни табиї ва асосии љамъият буда, ба њимояи љамъият ва давлат њаќ дорад.»

Тибќи моддаи 23-уми Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї аз 16 декабри соли 1996 «Давлатњои ширкаткунандаи Паймон бояд барои таъмини баробарии њуќуќ ва ўњдадорињои зану шавњар дар мавриди аќди никоњ, дар давраи дар никоњи якдигар будан ва њангоми бекор кардани он тадбирњои мушаххас андешанд. Дар њолати бекор карда шудани никоњ бояд њимояи зарурии њамаи фарзандон пешбинї гардад.»

Конвенсия дар бораи њуќуќи кўдак аз 20 ноябри соли 1989 муќар­рар менамояд, ки ба «кўдак барои инкишофи пурра ва њамаљонибаи шахсияти ў зарур аст, ки дар муњити оила, дар фазои хушбахтї, муњаббат ва ѓамхорї инкишоф ёбад.»

Муќаррароти зикршудаи санадњои њуќуќии байналмилалї пурра дар моддањои дахлдори Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мавриди танзим ќарор гирифтаанд. Чунончї дар моддаи 34 Конститутсия омадааст:

«Модару кўдак тањти њимоя ва ѓамхории махсуси давлатанд.

Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиѓу ќобили мењнат барои нигоњубин ва таъмини падару модар масъуланд.»

Бо ин назардошт, масъалањои вобаста ба њифзи оила, њимоя ва ѓамхории махсус нисбати модар, кўдак ва дигар аъзои оила дар баробари дигар санадњои меъёрии њуќуќї дар моддаи 121-122 Кодекси манзили Љумњурии Тољикистон ифодаи худро ёфтанд ва моддањои зикршуда ба талаботи Конститутсия ва санадњои њуќуќии байналмилалї пурра тавъам мебошанд.

Ќонунгузор дар моддаи 121 Кодекси манзил аъзои оилаи моликро номбар кардааст, ки онњо њамсар ва фарзандони молик, волидайни зану шавњар ва фарзандони онњо ва дигар шахсоне мебошанд, ки бо молик доимї сукунат доштанд ё доранд ва ё муќимї зиндагї карда истодаанд. Ва ин номгў шањодати он аст, ки шахсони номбаршуда барои молик бегона набуда, аз љињати биологию хунї ва хешутаборї наздик ва авлод мебошанд. Њамчунин аксари онњо дар манзили бањсї ба дунё омада, ба воя расида тарбия ёфтаанд ва ё замоне дар баробари молик дар манзили бањсї осудањолона мезистанд ва аз њуќуќњои худ ба манзил бархурдор буданд. Билохира онњо шахсоне мебошанд, ки бинобар як навъ вобастагї ба хонаи истиќоматии бањсї, дар њолатњои барои зисту зиндагонии онњо зарурї ё ногувор њуќуќ доранд, ки дар хусуси аъзои оилаи молик донисташуданашон ба суд мурољиат намоянд.

Дар моддаи 122 Кодекси манзил хуќуќ ва вазифањои оила ва аъзои собиќи оилаи молик пешбинї карда шуданд, ки онњо њаќ доранд дар баробари молик аз манзили истиќоматии бино истифода намоянд.

Бинобар ин, ќоидаи рафтори дар моддањои 121-122 Кодекси манзил пешбинигардидаро ба талаботи моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки њуќуки конститутсионии шахсро ба моликият эълон медорад, мухолиф гузоштан нашояд, зеро дар њолати дар боло зикршуда мањдуд кардани њуќуќи молик ба манзил барои таъмини њуќуќњои конститутсионии шахсони ба сарпаноњ, ѓамхорї ва тарбияву дастгирї мўњтољ ва њамчунин шахсони ба ин манзил алоќамандї ва њуќуќи истифодабарї дошта, равона гардидааст.

Аз тарафи дигар, санадњои њуќуќии байналмилалї ва Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба хотири њифзи њуќуќу озодињои дигарон ва дигар асосњои ниоии пешбининамудаи онњо мањдуд кардани њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро пешбинї менамоянд, чунончї тибќи талаботи ќисми 2-уми моддаи 29 Эъломияи умумии њуќуќи башар:

«Њар як инсон дар бобати татбиќи њуќуќу озодињои худ бояд танњо ба дараљае мањдуд карда шавад, ки аз тарафи ќонун фаќат бо маќсади таъмини эътирофу эњтироми њуќуќу озодињои дигарон ва ќонеъ гардонидани талаботи одилонаи ахлоќї, тартиботи љамъиятї ва осудањолии умумї дар шароити љомеаи демократї муќаррар карда шудааст».

Тибќи талаботи ќисми сеюми моддаи 14 Конститутстия «мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрванд танњо бо маќсади таъмини њуќуќ ва озодии дигарон, тартиботи љамъиятї, њимояи сохти конститутсионї ва тамомияти арзии љумњурї раво дониста мешавад.

Њамин тариќ, Суди конститутсионї моддањои 121 ва 122 Кодекси манзили Љумњурии Тољикистонро ба моддаи 32 Конститутсия мутобиќ њисоб менамояд.

Љинояти вайрон намудани дахлнопазирии манзил, ки дар моддаи 147 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистонро пешбинї шудааст, њолатњои вайрон намудани дахлнопазирии манзил, аз љумла ѓайриќонунї даромадан ба манзил, мањрум намудан аз манзил ва ѓ.-ро пешбинї менамояд ва табиист, ки маскун кардани аъзои оилаи молик дар моддаи зикршуда њамчун љиноят пешбинї нашудааст, зеро он на бо роњи ѓайриќонунї, блаки дар асоси ќарори маќомоти судї ба амал бароварда мешавад.

Аз ин рў, моддаи 147 Кодекси љиноятї низ ба моддаи 32 Конс­титутсия мутобиќ мебошад.

Новобаста аз ин, Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки тат­биќи моддањои 121 ва 122 Кодекси манзили Љумњурии Тољикистон дар амалия боиси нигаронии судњо ва шањрвандони корафтода гардида, ќарорњои судњо дар масъалаи маскун кардани онњо дар хонаи истиќоматии молик наметавонанад њама ваќт ба таъмини њамаљонибаи њуќуќи шањрвандон ба моликият ва манзил мусоидат намоянд.

Аз ин рў, Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон бо назардошти таљрибаи љањонии њалли масъалаи мазкур, масъалањои вобаста ба аъзои оилаи молик эътироф намудан, тартиби мављудаи маскун кардани аъзои оилаи молик ва њуќуќи онњоро ба истифодаи манзили молик мавриди назар ва баррасї ќарор дињанд.

Дар асоси гуфтањои боло, мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14, 36, 37, 46,47, 48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќарор кард:

1. Моддањои 121 ва 122 Кодекси манзили Љумњурии Тољикистон ва моддаи 147 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошанд.

2. Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон бо назардошти таљрибаи љањонии њалли масъалаи мазкур, масъалањои вобаста ба аъзои оилаи молик эътироф намудан, тартиби мављудаи маскун кардани аъзои оилаи молик ва њуќуќи онњоро ба истифодаи манзили молик мавриди назар ва баррасї ќарор дињанд.

3. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз ваќти ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

4. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикис­тон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов