23:59:36 - 19.01.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Қарор аз рўи дархости шаҳрванд Бобоев Ч

 


Ќ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шањрванд Бобоев Љ. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 15 майи соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя - котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ботирова Г.,

тарафњо:

Бобоев Љурабой тавассути адвокатњои ваколатдори ў - Романов С. Т. ва Шарипов А. П. - тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

Гиёев С.Н. - намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Илолов М.И. - намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Шоназаров С.А. - намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон - намояндагони тарафњое, ки конститутсионї будани ќонуни ќабул, љонибдорикарда ва ба имзорасонидаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

Даъватшудагон:

1) Орипов Н.М. - муовини аввали Вазири корњои дохилии Љум­њурии Тољикистон;

2) Ќодиров А.С.- муовини аввали Вазири адлияи Љумњурии Тољи­кистон;

3) Гулматшоев Р.К. - муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон;

4) Исоќов А. Н. - муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон;

5) Азаматов В. А. - муовини аввали Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон;

6) Бандишоев М. Р. - муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон;

7) Каримов М. - судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

8) Тавуров А.Ѓ. - муовини сардори Раёсати тафтишоти Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон;

9) Баротов М.Х. - сардори шўъбаи њуќуќ ва муносибатњои байналмилалии Кумитаи давлатии амнияти миллї;

10) Бадриддинова Р.Њ. - мудири шўъбаи дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости шањрванд Бобоев Љ. «Дар бораи муайян намудани муто­биќати сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судя-котиби Суди конститутсионї К.Каримов, баёноту хулосаи тарафњо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Бобоев Љурабой бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки 19 феврали соли 2010 писари ў -Бобоев И.Љ. дар њудуди шањри Исфара аз тарафи кормандони Раёсати мубориза бар зидди љиноятњои муташаккили Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон (РМЗЉМ ВКД ЉТ) дар вилояти Суѓд дастгир карда шуда, ба шањри Хуљанд оварда шуд. Дар ваќти пурсиш, бинобар аз тарафи кормандони маќомоти зикршуда содир кардани њаракатњои ѓайриќонунї писараш аз љароњатњои гирифтаи љисмонї вафот намудааст.

Оид ба њодисаи содиршуда 25 марти соли 2010 аз љониби Прокуратураи вилояти Суѓд нисбат ба кормандони Раёсати мазкур Акбаров М.Г. ва Шокиров Ф.Ф. бо ќисми 1 моддаи 104, ќисми 3 моддањои 316, 247 ва 250-и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон парвандаи љиноятї оѓоз карда шуда, ў намояндаи љабрдидаи фавтида эътироф гардидааст.

Баъд аз гузаронидани як ќатор амалњои тафтишї, 25 июни соли 2010 тафтиши пешакї оид ба парвандаи мазкур боздошта шуд.

Мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки ў њамчун намояндаи фав­тида аз амалњои тафтишии гузаронидашуда, маљмўи далелњои љамъ­овардашуда ва ќабули ќарор дар бораи боздоштани тафтиши пешакї ягон иттилоот надорад. Дархостњояш дар хусуси пешнињод намудани маводи парвандаи љиноятї барои шиносшавї аз тарафи маќомоти тафтиш бо назардошти муќаррароти сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он:

«Љабрдида, намояндаи ќонунї ва намояндаи ў њуќуќ доранд:

– пас аз анљоми тафтиш бо њамаи маводи тафтишот шинос шаванд, аз онњо њама гуна маълумотро ба андозаи гуногун барои худ рўйнавис кунанд», рад карда шуданд.

Баъдан, ў барои њимояи манфиатњои ќонунияш адвокатњои вако-латдор - Шарипов А. П. ва Романов С.Т.-ро љалб намудааст, ки онњо 7 октябри соли 2011 бо пешнињод намудани ордерњо ба кор ворид гардида, бо аризаи шикоятї дар хусуси пешнињод намудани маводњои парвандаи љиноятї барои шиносої ба Прокуратураи вилояти Суѓд ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон мурољиат намудаанд.

Тибќи мактуби љавобии Прокуратураи вилояти Суѓд аз 10 декабри соли 2011 тањти № 18/156-11, номбурда њуќуќи пурра бо маводњои парвандаи љиноятї шинос шуданро баъд аз ба итмом расидани тафтиш пайдо мекунад.

Ба андешаи мурољиаткунанда ва адвокатњои ваколатдор, сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ба љабрдидагон, аз љумла ба ў њамчун намояндаи љабрдида имконият намедињад, ки аз оѓози тафтиши пешакї то ба анљом расидани он бо маводи парвандаи љиноятї шинос шуда, њуќуќњои конститутсионии худро оид ба баробарии њама дар назди ќонун ва суд ва кафолати њифзи судї амалї намояд.

Бо ин назардошт, номбурда ба Суди конститутсионї мурољиат карда, хоњиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, мутобиќати сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости зикр­гардидаро мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки танзими њамаљониба ва фарогири пешбурди мурофиаи судии љиноятї ва дар ин замина дуруст муайян намудани њолати њуќуќии иштирокчиёни он, аз љумла љабрдида, ки ба ў аз љинояти содиршуда зарари љисмонї, моддї ва маънавї расонида шуда, њуќуќу манфиатњояш зери тањдиди бевоситаи суиќасд ба љиноят ќарор мегирад, яке аз самтњои афзалиятноки фаъолияти меъёр эљодкунии давлат ба шумор меравад.

Чунин амали давлат муњимтарин кафолати таъмини њуќуќу ўњдадорињои иштирокчиёни мурофиаи судї арзёбї гардида, он ба муќаррароти санадњои њуќуќии байналмилалї оид ба адолати судї, алалхусус ба Эъломияи принсипњои асосии адолати судї барои љабр­дидањо аз љиноятњо ва суистифода аз њокимият, ки 29 ноябри со­ли 1985 аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ ќабул шудааст, асос ёфтааст.

Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар баробари ба њар кас додани кафолати њифзи судї ва танзими умумии масъалањои љиноят ва љазо, ба њолати њуќуќии љабрдидагони љиноят низ бетафовут набуда, пешбинї менамояд, ки њуќуќи љабрдидаро ќонун њифз менамояд ва давлат њифзи судї ва љуброни зарарро барои ў кафолат медињад.

Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки аз 1 ап- рели соли 2010 мавриди амал ќарор дорад, бо мазмуну мундариљаи худ низ талаботи санадњои меъёрии њуќуќии зикршударо пурра инъикос менамояд.

Тибќи Кодекси мазкур вазифањои пешбурди мурофиаи судии љиноятї аз муќаррар намудани тартиби пешбурди парвандањои љиноятї, њалли одилонаи масъалањои баррасишаванда дар тафтишот ва суд, инчунин риоя намудани меъёрњои мурофиавї њангоми татбиќи ќонуни љиноятї иборат буда, барои њамаљониба, пурра, холисона ва беѓаразона муайян намудани њолатњои кор ва ба амал баровардани адолати судї равона карда шудааст.

Вобаста ба ин, Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки тартиби пешбининамудаи сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятї, ки мутобиќати он ба моддањои 17 ва 21 Конститутсия мавриди бањси мурољиаткунанда ќарор дода шудааст,бо назардошти хусусияти мурофиаи љиноятї наметавонад њамчун њолати мањдудкунандаи њуќуќи љабрдида ба гирифтани иттилоот оид ба парвандаи ў арзёбї гардад. Зеро ќонунгузор вобаста ба мавзўи мурофиаи љиноятї, яъне баррасии љиноят ва ошкор кардани он, инчунин таъмин намудани адолати судї, ки ќисмати муњими адолати иљтимої дар љомеа ба шумор меравад, тартибе муќаррар кардааст, ки он бояд барои пурра, объективона ва холисона муайян намудани њолатњои кор, айбдоркунии шахси ба љавобгарї кашидашуда ва барќарор намудани зарари ба љабрдида расонидашуда мусоидат карда тавонад.

Тартиби мазкур инъикоси манфиат, њуќуќу ўњдадорињои тамоми иштирокчиёни мурофиаи љиноятї, аз љумла љабрдида буда, амалї намудани онро бе таъмини махфияти тафтиш тасаввур кардан мумкин нест.

Дар давоми тафтиши пешакї шинос намудани иштирокчиёни мурофиаи љиноятї бо маводи тафтиш-ин амалан вайрон ва фалаљ гардидани раванд ва тартиби љамъоварии далелњо, исботкунии гуноњ ва љинояти содиргардида мебошад. Дар ин њолат тафтиши пешакї њамчун зинаи муњими мурофиаи љиноятї аз амалї намудани вазифањо ва маќсади пешбурди мурофиаи љиноятї мањрум гардида, ањамияти њуќуќї ва иљтимоии худро аз даст медињад.

Ба ѓайр аз ин, таъмини муќаррароти пешбининамудаи Консти- тутсия дар хусуси кафолати њифзи судї ва њифзи њуќуќи љабрдида, њамчунин амалї намудани талаботи Кодекси мурофиавии љиноятї, ки тибќи он мурофиаи љиноятї инсон ва шањрвандро аз айбдоркунї ва мањкумкунии беасос, ѓайриќонунї мањдуд кардани њуќуќу озодињои ў њимоя мекунад ва дар њолати гунањгор донистан ё мањрум намудани шахси бегуноњ ўро бетаъхир сафед менамояд, имконнопазир мегардад.

Тартиби пешбининамудаи сархати 8 моддаи зикршудаи Кодекси мурофиавии љиноятї, инчунин ба муќаррароти моддаи 25 Конститутсия, ки бо он алоќамандии мантиќї ва мавзўї дорад, низ мухолиф нест.

Моддаи зикршуда пешбинї менамояд, ки «маќомоти давлатї, иттињодияњои љамъиятї, њизбњои сиёсї ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба њар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба њуљљатњое, ки ба њуќуќ ва манфиати ў дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои њолатњое, ки ќонун муайян кардааст».

Конститутсия ба њар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба њуљљатњое, ки ба њуќуќ ва манфиати ў дахл доранд, кафолат дода, њамзамон нисбати ин њуќуќи шањрвандон њолатњои истисної низ пешбинї менамояд, ки муайян намудани њолатњои мазкурро ба ќонун њавола кардааст. Марњилаи тафтиши пешакї низ аз ин њолати истиної берун буда наметавонад.

Бояд зикр кард, ки ќонунгузор дар моддаи 177 Кодекси мурофиавии љиноятї фош кардани маълумоти тафтиши пешакиро нораво эълон намуда, муфаттишро вазифадор намудааст, ки љињати таъмини махфият ва фош накардани маълумоти тафтиши пешакї чорањои дахлдорандешад.

Чунончї, аз иштирокчиёни мурофиаи љиноятї, аз љумла аз љабрдида гирифтани забонхатро дар бораи фош накардани маълумоти тафтиши пешакї, инчунин ба љавобгарии љиноятии муќаррарнамудаи моддаи 361 Кодекси љиноятї кашидани шахсони вайронкунандаи забонхатро пешбинї намудааст.

Њамин тариќ, бо маводи тафтишот пас аз анљоми тафтиш шинос шудани љабрдида - ин манъ ва мањдуд намудани њуќуќи љабрдида ба шиносшавї бо маводи тафтишот набуда, таъмини баробарњуќуќии љабрдида бо дигар иштирокчиёни мурофиаи љиноятї мебошад. Он минбаъд асос ва заминаи кафолати њифзи судї ба шумор меравад, ки тавассути мурофиаи ошкорои судї, мубоњиса ва баробарии тарафњо сурат мегирад.

Аз љониби дигар, пас аз анљоми тафтиш шинос шудани љабрдида бо тамоми маводи тафтишот, аз он рўйнавис кардани маълумоти зарурї, пешнињод намудани дархост дар бораи пурра намудани тафтиш, њатмї будани арзи дархости љабрдида ва баррасии он,њаќ надоштани муфаттиш ба рад намудани дархости љабрдида дар бораи муайян намудани њолатњое, ки барои парванда ањамиятнок мебошанд, огањ намудани љабрдида барои шинос шудан бо маводи тафтиши иловагї ва бо натиљаи тафтиши иловагї шинос намудани љабрдида - маљмўи кафолатњои пешбининамудаи њуќуќи мурофиавии љиноятї мебошад, ки онњо барои амалї намудани њуќуќи конститутсионии љабрдида равона карда шудаанд.

Бинобар ин, Суди конститутсионї бо назардошти њолатњои дар боло зикршуда, сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятиро ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мењисобад.

Њамзамон, Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон дар фаъолияти худ риояи бечуну чарои талаботи моддаи 18 Конститутсияи (Сарќонуни) ЉумњурииТољикистонро, ки тибќи он «Ба њељ кас шиканља, љазо ва муносибати ѓайриинсонї раво дида намешавад» таъмин намуда, љињати ошкор кардани љинояти зикршуда ва ба љавобгарии љиноятї кашидани гунањгорон чорањои дахлдори пешбининамудаи ќонунгузориро андешанд.

Дар асоси гуфтањои боло, мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14, 36, 37, 46, 47, 48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќарор кард:

1. Сархати 8 ќисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 17 ва 21 Конститутсияи (Сар­ќо­нуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошад.

2. Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон дар фаъолияти худ риояи бечуну чарои талаботи моддаи 18 Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистонро, ки тибќи он «Ба њељ кас шиканља, љазо ва муносибати ѓайриинсонї раво дида намешавад» таъмин намуда, љињати ошкор кардани љинояти зикршуда ва ба љавобгарии љи­ноятї кашидани гунањгорон чорањои дахлдори пешбининамудаи ќо­нунгузориро андешанд.

3. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

4. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољи- кистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов