18:12:22 - 23.10.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Қарор аз рўи дархости шаҳрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т

 

Ќ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шањрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон аз 6 августи соли 2001 № 32 ба моддањои 21 ва 92 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 19 октябри соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси-кунанда-Раиси Судиконститутсионї МањмудовМ.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И.,

бо иштироки котиби маљлиси судї - Фирдавсова Г.Р.,

тарафњо:

Шарипов А.П., Романов С.Т.- тарафе, ки дар асоси дархости онњо мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї; Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон - намояндагони тарафе, ки конститутсионї будани ќонуни ќабул ва ба имзорасонидаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Воњидов Њ.С.- муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикис­тон;

Раљабов А.- Сардори Раёсати судњои Дастгоњи Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон;

Абдулхаков Б.А.- муовини Сардори Раёсати иљрои љазои љи­ноятии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон.

Дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости шањрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон аз 6 августи соли 2001 № 32 ба моддањои 21 ва 92 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судяи Суди конститутсионї Абдуллоев Л.И., баёноту хулосаи тарафњо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шањрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он нишон медињанд, ки онњо 2 апрели соли 2012 бо мактуб ба муовини Вазир-Сардори Раёсати иљрои љазои љиноятии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, аз ў хоњиш намудаанд, ки ба онњо дар хусуси вохўрї бо мањкумшуда Мастоншоев С.К., ки бо њукми Суди ВМКБ аз 18 феврали соли 2011 барои содир намудани як ќатор љиноятњои вазнин ба муњлати 20 сол аз озодї мањрум шуда буд, иљозат фармояд.

Муовини Вазир дар мактуби худ аз 5 апрели соли 2012 тањти № 711ба онњо љавоб гардондааст, ки дар асоси талаботи ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон гирифтани ёрии њуќуќї аз љониби адвокат ё шахсони алоњида, танњо тибќи аризаи мањкумшуда сурат мегирад. Аз ин рў, иљрои мурољиати онњо ѓайриимкон мебошад.

Њамчунин дархости онњо аз 28 марти соли соли 2012 оид ба додани иљозат барои вохўрї бо мањкумшуда Раљабов О.М., ки соли 2011 бо њукми Суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе барои содир намудани як ќатор љиноятњо ба муњлати 8 (њашт) солу 6 моњ аз озодї мањрум шуда буд, аз љониби муовини Вазир бо асоси дар боло зикршуда рад карда шудааст.

Мурољиаткунандагон ќайд менамоянд, ки кафолати ёрии њуќуќї оид ба њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд бо санадњои њуќуќии байналмилалї муќаррар гардида, дар Конститутсия ва ќонунгузорињои миллї инъикос ёфта, ба танзим дароварда шудаанд.

Мувофиќи банди 3 Муќаррароти асосї оид ба наќши адвокатњо, ки моњи августи соли 1990 дар Ню-Йорк аз љониби Конгресси 8-уми СММ оид ба пешгирии љиноятњо ќабул гардидааст:

«Њукуматњо бояд тартиби самарабахш ва механизми фаъолро барои дастрасии воќеї ва баробар ба њамаи шахсоне, ки дар ќалам­рави он ва доирањои њуќуќии ба он тобеъ истиќоматкунанда ба адвокатњо кафолат дињад. Ба шахси боздоштшуда, ба њабс гирифташуда ё дар њабсхона љойгир кардашуда бояд шароит, ваќт ва воситањои зарурї барои мулоќот ё алоќа ва машваратњо бо адвокат бидуни таъхир, монеањо ва сензура, бо пурра мањрамона будани онњо таъмин карда шаванд».

Муќаррароти санади зикршудаи байналмилалї оид ба кафолати ёрии њуќуќї бо назардошти ќисми сеюми моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил медињанд, дар моддаи 92 Конститутсия пешбинї гардидаанд, ки тибќи он:

«Ёрии њуќуќї дар тамоми марњилањои тафтишот ва мурофиаи судї кафолат дода мешавад.Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклњои ёрии њуќуќиро ќонун муайян мекунад».

Ба андешаи мурољиаткунандагон, ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятї, ки: «Барои гирифтани кўмаки њуќуќї, тавассути адвокат ё ашхоси дигар, ки барои расонидани ёрии њуќуќї њаќ доранд тибќи аризаи мањкумшудагон мулоќот фароњам оварда мешавад», имконият намедињад, ки адвокатњо ё ашхоси дигар, ки барои расонидани ёрии њуќуќї њаќ доранд, њуќуќњои конститутсионии шањрвандонро оид ба кафолати ёрии њуќуќї амалї намоянд.

Аз ин рў, онњо аз Суди конститутсионї хоњиш намудаанд, ки дар асоси дархости онњо мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиќати ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятї ба моддањои 21 ва 92 Конститутсия муайян карда шавад.

Суди конститутсионї дархости пешнињодгардидаро дар алоќа­мандї бо талаботи Конститутсия, санадњои њуќуќии байналмилалї ва дигар санадњои меёърии њуќуќии Љумњурии Тољикистон мавриди санљишу тањлил ќарор дода, ќайд менамояд, ки њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд арзиши олї буда, онњо аз тарафи давлат эътироф, риоя ва њифз карда мешаванд.

Вобаста ба ин, эътироф ва кафолат дода шудани ёрии адвокат аз лањзаи дастгир шудан, ёрии њуќуќї дар тамоми марњилањои тафтишот ва мурофиаи судї, инчунин дар ваќти адои љазои љиноятї, аз љумлаи муњимтарин њуќуќу озодии конститутсионии инсон ва шањрванд ба шумор рафта, дар асоси талаботи моддањои 19 ва 92 Конститутсия, Кодекси мурофиавии љиноятї, Кодекси иљрои љазои љиноятї ва Ќонун дар бораи адвокатура ба амал бароварда мешавад.

Тибќи тартиби муќаррарнамудаи санадњои зикршуда, шањрвандон дар даврањои зикршуда њуќуќ ва имконият доранд, ки бе мањдудият аз ёрии њуќуќии адвокат ё ашхоси дигар, ки барои расонидани ёрии њуќуќї њаќ доранд, истифода намуда, барои њимояи њуќуќњои худ чорањои дахлдори ќонунгузориро пешбинї намоянд.

Бо ин назардошт, муќаррароти ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятї, ки он мавриди бањси мурољиаткунандагон ќарор дода шудааст, инкори кафолати ёрии њуќуќии пешбининамудаи Конститутсия набуда, ба њељ ваљњ боиси поймол ё мањдуд намудани њуќуќи мањкумшуда оид ба њифзи њуќуќу манфиатњои ќонунии ў бо роњи овардани шикоят аз болои њукм ва дигар ќарорњои судї, пешнињод намудани дархост оид ба сабук намудани љазои љиноятї, изњори норозигї кардан нисбати амалњои маъмурияти муассисаи иљрои љазои љиноятї ё таѓйири низоми татбиќи љазо, инчунин дархости гирифтани ёрии њуќуќї аз љониби адвокатњо шуда наметавонад. Он на меъёри манъкунанда, балки тартибе мебошад, ки барои фароњам овардани шароити муътадили ислоњи мањкумшудагон, њифзи њуќуќу манфиатњои ќонунии онњо, пешгирии содир кардани љиноятњои нав, танзими тартиб ва шартњои иљро ва адои љазои љиноятї, инчунин муайян намудани воситањои ислоњи мањкумшудагон равона гардидааст.

Кафолати таъмини амалишавии њуќуќи мањкумшудагонро ќисми 2 моддаи 92 Конститутсия низ пешбинї менамояд, ки мувофиќи он: «тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклњои ёрии њуќуќиро ќонун муайян мекунад».

Суди конститутсионї, инчунин ќайд менамояд, ки аз љониби мањкумшудагон амалї намудани кафолати ёрии њуќуќї ва истифода аз ёрии адвокат, ба давраи иљрои њукми суд рост меояд, ки он дар муассисањои дорои низоми дахлдоре, ки фаъолияти онњо тартиб ва низоми муайянро оид ба ислоњи мањкумшудагон талаб менамояд, мегузарад.

Бинобар ин, фароњам овардани мулоќот бо адвокат дар асоси аризаи мањкумшудагон, ки ќонунгузории миллї муайян кардааст, аз муќаррароти санадњои њуќуќии байналмилалї бармеоянд.

Чунончи, дар ќисми 3 моддаи 10 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи сиёсї ва шањрвандї аз 16 декабри соли 1966 пешбинї шудааст:

«Низоми ислоњотї барои мањкумшудагон чунин низомеро пеш­бинї мекунад, ки маќсади асосии он ислоњ ва тарбияи иљтимоии мањ­кумшудагон мебошад».

Талабот ё мазмуни санади зикршуда дар моддаи 3 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинї шудааст, ки тибќи он маќсад ва вазифањои ќонунгузории иљрои љазои љиноятї аз ислоњи мањкумшудагон ва пешгирии содир кардани љиноятњои нав, танзими тартиб ва шартњои иљро ва адои љазои љиноятї, муайян кардани воситањои ислоњи мањкумшудагон, њифзи њуќуќ, озодї ва манфиатњои ќонунии онњо иборат мебошад.

Њамин тариќ, мувофиќи ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятї мањкумшуда њуќуќ дорад, ки дар њар ваќти зарурї ва муносиби пешбининамудаи ќонунгузорї тавассути аризаи худ адвокатро талаб намуда, аз ёрии њуќуќии ў бархурдор гардад ва муассисаи иљрои љазои љиноятї вазифадор аст, ки барои гирифтани ёрии зарурии њуќуќї барои мањкумшуда, њатто дар њолати танњої шароити мусоид фароњам орад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионї баррасии ќисми дархости мурољиаткунандагонро дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятї ба моддаи 21 Конститутсия, бинобар дар моддаи зикршудаи Конститутсия танзим шудани вазъи њуќуќии љабрдида ќатъ намуда, ќисми 5 моддаи 91 Кодекси номбаршударо ба моддаи 92 Конститутсия мутобиќ њисоб менамояд.

Њамзамон, Суди конститутсионї диќќати Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ва Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистонро ба назорати иљрои муќаррароти ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон ва андешидани чорањои дахлдор љињати пешгирї ва роњ надодан ба њолатњои вайронкунии њуќуќњои мањкумшудагон оид ба гирифтани ёрии њуќуќї љалб менамояд.

Њамчунин, Суди конститутсионї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таљдиди назар намудани тартиби мављудаи аз тарафи мањкумшудагон истифода бурдани ёрии адвокатњоро, ки дар ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинї шудааст, мувофиќи маќсад мењисобад.

Дар асоси гуфтањои боло, мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14, 36, 37, 46,47, 48 ва 50 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќарор кард:

1. Ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон аз 6 августи соли 2001 №32 ба моддаи 92 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошад.

2. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

3. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикис­тон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов