04:43:13 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Қарор аз рўи дархости шаҳрванд Рачабов А. А

 

 

Ќ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шањрванд Раљабов А. А. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 20 декабри соли 2012

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Фирдавсова Г.,

тарафњо:

Раљабов Абдуназар Абдуѓафорович бо намояндаи ваколатдори худ адвокат Рањимов Ориф Пирович - тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

Илолов М.И.- намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон - намояндагони ваколатдори тарафе, ки конститутсионї будани ќонуни љонибдорикарда ва ба имзо расонидаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Исњоќов А.Н.- муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон;

Мирсаев Њ.С.- муовини Вазири адлияи Љумњурии Тољикистон;

Гулматшоев Р.К.- муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон;

Холова С.Њ.- раиси коллегияи судї оид ба парвандањои љиноии Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

Бадриддинова Р.- Сардори шуъбаи њифзи давлатии њуќуќњои шањрвандї ва сиёсии Дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон;

Тавуров А.Ѓ.- муовини сардори Раёсати тафтишоти Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон.

Дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости шањрванд Раљабов А.А. «Дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судяи Суди конститутсионї Абдуллоев Л.И., баёноту хулосаи тарафњо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шањрванд Раљабов А. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки 19 марти соли 2005 миёни мототсикли ў - тамѓаи ИЖ Юпитер-4 раќами давлатиаш 97 87 СБЗ ва автомашинаи тамѓаи ВАЗ 21213 раќами давлатиаш АЕ 5702 РТ 01, ки тањти идораи шањрванд Бобоназаров А. ќарор дошт, садамаи наќлиётї рўй дод.

Оид ба ин садама аз тарафи шуъбаи тафтишотии ШКД-и шањри Турсунзода баъди гузаронидани њаракатњои санљишии дахлдор, якчанд маротиба ќарор дар бораи рад намудани оѓози парвандаи љиноятї ќабул карда шудааст.

Ў аз ќарорњои дар солњои 2007-2010 дар бораи рад намудани оѓози парвандаи љиноятї, алалхусус аз ќарори 31 декабри соли 2010 дар бораи рад намудани оѓози парвандаи љиноятї баровардаи шуъбаи тафтишотии ШКД-и шањри Турсунзода норизо гардида, 10 январи соли 2011 оид ба бекор намудани ќарори номбаршуда ба прокуратураи шањри Турсунзода бо аризаи шикоятї мурољиат намудааст.

Баъдан, мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки бинобар аз тарафи прокурор ќонеъ нагаштан ва дар давоми 1,5 моњ баррасї нагардидани шикояташ, ў бо дастрасии талаботи моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба Суди шањри Турсунзода мурољиат карда, аз суд хоњиш намудааст, ки ќарори шуъбаи тафтишотї аз 31 декабри соли 2010 бекор карда шавад.

Суди шањри Турсунзода шикоят ва маводи ба он замимашударо њаматарафа баррасї намуда, бо ќарори худ аз 20 апрели соли 2011 ќарори шуъбаи тафтишотии ШКД-и шањри Турсунзода аз 31 декаб­ри соли 2010-ро дар бораи рад намудани оѓози парвандаи љиноятї асоснок њисоб намуда, аз болои ќарори баровардаи худ манъ будани шикоят ё эътирозро ба ў фањмондааст.

Ба андешаи мурољиаткунанда, муќаррароти ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он: «Ба ќарори судя, ки мутобиќи талаботи ќоидањои њамин модда бароварда шудааст, шикоят ё эътироз оварда намешавад», кафолати њифзи судї ва њуќуќњои конститутсионии ўро барои овардани шикоят аз болои ќарори суд мањдуд намуда, садди роњи баррасии парвандаи ў дар марњилањои кассатсионї ва назоратї гардидааст.

Аз ин рў, ў аз Суди конститутсионї талаб менамояд, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии консти­тутсионї оѓоз карда, мутобиќати ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба моддањои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионї масъалаи мавриди бањс ќарордодаи Раљабовро њаматарафа мавриди тањлил ќарор дода, ќайд менамояд, ки адолати судї яке аз самтњои аввалиндарљаи фаъолияти суд оид ба њифзи њуќуќи инсон ва шањрванд мањсуб ёфта, ба амал баровардани он аз низоми муътадили њокимияти судї вобастагии амиќ дорад ва бо ин хусусият дар таркиби салоњияти њокимияти судї мавќеи марказиро ишѓол менамояд.

Бо ин назардошт, дастрасї ба адолати судї яке аз муњимтарин дастоварди афкори сиёсию њуќуќї ва иљтимоии тамаддуни инсонї ба њисоб рафта, неъмати асосиест, ки онро бояд давлат барои шањрвандони худ таъмин намояд. Њамчунин дастрасї ба адолати судї омили асосии кафолати њифзи судии њуќуќ ва озодињои иштирокчиёни мурофиаи љиноятї ва дар як ваќт яке аз шартњои зарурии њифзи њуќуќии шахсият буда, хусусияти он аз пешнињод намудани њуќуќњои васеи конститутсионї ба шахс ва мављудияти воситањои муњими њифзи њуќуќии онњо иборат мебошад, ки сарчашмаи онро санадњои њуќуќии байналмилалї, Конститутсия ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ташкил медињад.

Чунонки, моддаи 8 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948 пешбинї менамояд: «Њар як инсон дар сурати поймол гардидани њуќуќњои асосии ў, ки бо Конститутсия ё ќонун пешбинї шудаанд, барои барќарорсозии пурраи онњо аз тарафи судњои босалоњияти миллї њаќ дорад».

Тибќи моддаи 14 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї аз 16 декабри соли 1966: «Њамаи шахсон дар назди судњо ва трибуналњо баробаранд. Њар кас њангоми баррасии њар навъ айбдории љиноятие, ки ба ў эълон карда мешавад ё њангоми муайян кардани њуќуќ ва ўњдадорињои ў дар ягон мурофиаи шањрвандї, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоњият, мустаќил ва беѓаразе, ки дар асоси ќонун таъсис дода шудааст, њаќ дорад».

Ќисми 5 моддаи 14 Паймони мазкур бошад эълон медорад, ки: «Њар касе, ки барои ягон љиноят мањкум шудааст, ба он њаќ дорад, ки мањкумият ва њукмномаи ў аз тарафи маљраи суди болої аз нав баррасї карда шавад».

Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон низ ба њифзи њуќуќу озодињои инсон, аз љумла кафолати њифзи судї бетафовут набуда, дар моддаи 14 пешбинї менамояд, ки: «Њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд бевосита амалї мешаванд. Онњо маќсад, мазмун ва татбиќи ќонунњо, фаъолияти њокимияти ќонунгузор, иљроия, мањаллї ва маќомоти худидоракунии мањаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи њокимияти судї таъмин мегарданд».

Тибќи моддаи 19 Конститутсия бошад: «Њар кас кафолати њифзи судї дорад. Њар шахс њуќуќ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, баррасї намояд».

Њифзи судии пешбининамудаи моддаи 84 Конститутсия, ки тибќи он: «Њокимияти судї њуќуќ, озодињои инсону шањрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисањо, ќонунияту адолатро њифз менамояд», нисбати муносибатњои мурофиавии љиноятї низ татбиќ мегардад, ки тартиби татбиќи онњоро ќонунгузории мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба танзим медарорад.

Мувофиќи муќаррароти Кодекси мурофиавии љиноятии Љум­њурии Тољикистон, дар Љумњурии Тољикистон адолати судї оид ба парвандањои љиноятї танњо аз љониби суд ба амал бароварда шуда, њар кас кафолати њифзи судї дорад ва њар шахс њуќуќ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, баррасї намояд.

Вобаста ба ин, Суди конститутсионї ќайд менамояд, ки фаъолияти маќомоти таъќиби љиноят ва судњо, ки ба салоњияти онњо пешбурди тањќиќ, тафтишоти пешакї ва судї вогузор карда шудааст, аз сањву хатоњо истисно нест ва вобаста ба ин шикоят намудан ва эътироз овардани санадњои судї ба марњилањои болоии судї, ки онњо мањз барои ислоњи камбудињои дар фаъолияти марњилањои пешинаи судї вуљуддошта ташкил карда мешаванд, аз муњимтарин принсипњои демократии мурофиаи судии љиноятї арзёбї мегардад.

Њамчунин кафолати њифи судї - ин дастрасии субъектони њуќуќ ё тамоми иштирокчиёни мурофиаи љиноятиро ба адолати судї тавассути ба онњо дастрас будани тамоми марњилањои судии пешбининимудаи ќонунгузории мурофиавї ва тартиби мурољиат ба онњоро дар назар дорад ва њама марњилањои судии тавассути ќонунгузорї ташкилшуда дар доираи салоњиятњои ба онњо додашуда суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз мебошанд.

Бинобар ин, њама гуна тартибе, ки њуќуќњои иштирокчиёни муро­фиаи љиноятиро оид ба њифзи њуќуќњои мурофиавии онњо мањдуд карда, монеаи њифзи боъэтимоди њуќуќњои зикршудаи онњо мегардад, он њамчун мањдуд кардани кафолати њифзии судии муќаррарнамудаи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, Конститутсия ва ќонунгузории мурофиавии он ба њисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки марњилањои кассатсиониву назоратї бо табиат ва таъиноти њуќуќии худ танњо дар њолати мањдуд кардан ё татбиќи нодурусти меъёрњои њуќуќи мурофиавии пешбининамудаи ќонунгузории мурофиавии љиноятї ва мављуд будани хатоњо дар марњилањои аввали судї, ки њуќуќу манфиатњои иштирокчиёни мурофиаро љиддан вайрон кардаанд, мавриди амал ќарор мегиранд. Ин марњилањо, њамчун кафолати иловагии санљиши ќонунї ва асоснок будани санадњои судї дар њолате имконпазир мегарданд, ки агар то ба ќувваи ќонунї даромадани санадњои судї њамаи имкониятњои пешбинамудаи ќонунгузории мурофиавї аз тарафи шахсони манфиатдор ва маќомоти судї пешбинї нашуда, хатоњои марњилањои пешинаи судї бартараф нагардида бошанд.

Ба андешаи мурољиаткунанда Раљабов А. њангоми санљиши садамаи наќлиётии бо ў рўйдода аз тарафи маќомоти тафтишот, прокуратура ва суди марњилаи аввал њолатњои садама њамаљониба, пурра ва холисона мавриди санљиш ќарор нагирифтаанд. Чорањое, ки ќонун барои холисона њал гаштани мавод пешбинї намудааст, риоя нашудаанд, ки бартараф намудани њолати зикршуда дахолати марњилањои болоии судї ва шикоят аз болои ќарори суди марњилаи аввалро таќозо дорад.

Суди конститутсионї, инчунин таъкид менамояд, ки дар рафти тафтиши љиноят масъалањои мурофиавие пеш меоянд, ки онњо метавонанд минбаъд мавриди муњокимаи судї ќарор гирифта, њаллу фасли нињоии худро ёбанд, ки дар чунин њолат зарурати аз љониби суд назорат намудани онњо вуљуд надорад. Вале масъалањое њастанд, ки мустаќиман њал намудани онњо ва аз назорати судї дур мондани онњо метавонад њуќуќ ва озодињои конститутсионї ва манфиатњои ќонунии шахсро поймол намоянд, ки аз тарафи маќомоти дахлдор рад намудани оѓози парвандаи љиноятї бо асосњои пешбининамудаи ќонунгузорї аз зумраи чунин масъалањо мебошад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионї муќаррароти ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистонро, ки тибќи он ба ќарори судя дар бораи ќонеъ намудани шикоят, бекор кардани ќарор, бенатиља гузоштани шикоят ё ќатъ намудани парвандаи љиноятї, ки мутобиќи талаботи ќоидањои њамин модда бароварда шудааст, шикоят ё эътироз оварда намешавад, ба моддањои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номутобиќ арзёбї менамояд.

Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон моддаи 124 Кодекси зикршударо ба муќаррароти моддањои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ва дигар моддањои Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон мутобиќ намоянд.

Дар асоси њолатњои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 31, 32, 33, 36, 45, 46, 47, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќ а р о р к а р д:

1. Ќисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он ба ќарори судя дар бораи ќонеъ намудани шикоят, бекор кардани ќарор, бенатиља гузоштани шикоят ё ќатъ намудани парвандаи љиноятї, ки мутобиќи талаботи ќоидањои њамин модда бароварда шудааст, шикоят ё эътироз оварда намешавад, ба моддањои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќат надорад.

2. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

3. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов

 

 

quot;,