09:35:33 - 20.07.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Қарор аз рўи дархости шаҳрванд Саидова Н.А

 

Ќ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шањрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 27 сентябри соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Фирдавсова Г.,

тарафњо:

Шањрванд Саидова Н.А. тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст ва намояндаи ваколатдори ў - адвокат Бегматов Н.М.

Гиёев С.Н. - намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Илолов М.И. - намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Шоназаров С.А. - намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон - намояндагони тарафњое, ки конститутсионї будани ќонуни ќабулкарда, љонибдоринамуда ва ба имзо расонидаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

даъватшудагон:

1) Умаров М. Ѓ. – муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амния­ти миллии Љумњурии Тољикистон;

Кишварзода А.Г. – муовини Прокурори генералии Љумњу­рии То­љикистон;

Каландарова М. – муовини Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон;

Муродов Б. – судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

Юсупов Б. – сардори раёсати Агентии назорати давлатии мо­лиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон;

6) Иномов А. – сардори раёсати ќонунгузории гражда­нї, иќтисодї ва иљтимоии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон;

7) Бадридинова Р. Н. – сардори шўъбаи њифзи давлатии њуќуќњои шањрвандї ва сиёсии Дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон,

8) Тауров А. Ѓ. – муовини Сардори раёсати тафтишоти Вазорати кор­њои дохилии Љумњурии Тољикистон;

9) Амирбеков Н.А. – Раиси Раёсати мушовараи адвокатњои Љум­њурии Тољикистон

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости шањрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судяи Суди конститутсионї Зоиров Ш.Ю., баёноту хулосаи тарафњо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Саидова Наталя Абдуваитовна бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки маќомоти тафтишї ўро бо моддаи 240 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон (ташкил ё нигоњдории ќиморхона (казино), мизу автоматњои бозї бо бурди пулї) айбдор намуда, парвандаи љиноятии ўро бо чораи пешгирї дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани мањали истиќомат ба суди ноњияи Б. Ѓафуров ирсол намудааст.

Суди ноњияи Б. Ѓафуров зимни моњиятан баррасї намудани парвандаи ў, бо ќарори худ аз 27 марти соли 2013 чораи пешгирии нисбати ў дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани мањали истиќоматро ба чораи пешгирї дар намуди ба њабс гирифтан таѓйир додааст.

Номбурда аз ќарори зикршудаи суди ноњияи Б. Ѓафуров, яъне таѓйир додани чораи пешгирї норизо гашта, онро ба тариќи кассатсионї мавриди шикоят ќарор додааст.

Суди зикршуда бо мактуби худ аз 4 апрели соли 2013 шикояти кассатсионии пешнињоднамудаи ўро бо назардошти муќаррароти ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба ў баргардондааст, ки тибќи он:

«Мутобиќи ќоидањои њамин модда аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи тањќиќи далелњо, дархости иштирокчиёни мурофиа, интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї, инчунин риояи тартибот дар толори маљлиси суд, ѓайр аз таъиноти (ќарори) дар хусуси ситонидани љарима бароварда шуда, шикоят ё эътироз карда намешавад. Эрод ба ќарорњои дар боло зикршуда мумкин аст ба тариќи шикояти кассатсионї ё эътироз нисбати њукм пешнињод шавад».

Ба андешаи мурољиаткунанда, муќаррароти пешбини­намудаи ќисми 2 моддаи 363 Кодекси зикршуда ба айбдоршаванда ва дигар иштирокчиёни мурофиаи љиноятї имконият намедињад, ки онњо аз болои таъиноти (ќарори) судї, ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул карда мешавад, шикоят кунанд ё эътироз оваранд.

Ў, њамчунин иддао дорад, ки муќаррароти ќисми 2 моддаи 363 Кодекси зикршуда, инчунин ба талаботи ќисми 4 моддаи 11 КМЉ Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он «шахси ба њабс гирифташуда њуќуќи шикоят карданро дорад» тавъам нест, зеро талаботи ќисми 4 моддаи 11 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба дахлнопазирии шахсият пешбини­намудаи моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсия алоќамандї дошта, яке аз принсипи муњими ќонунгузории мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон мањсуб меёбад.

Бинобар ин, аз љониби суд татбиќ карда шудани муќар­рароти ќисми 2 моддаи 363 КМЉ Љумњурии Тољикистон боиси вайрон шудани њуќуќњои конститутсионии ў гардида, барои рад карда шудани шикояти ў асос гардидааст.

Аз ин рў, ў ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистонро дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолиф њисоб намуда, аз Суди конститутсионї хоњиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиќати масъалаи мавриди бањс ќароргирифтаи ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистонро ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи мавриди бањс ќарордодаи шањрванд Саидова Н.А.-ро њаматарафа мавриди тањлил ва баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки дар низоми њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд пешбининамудаи боби дуюми Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, њуќуќи шахсан ё якљоя бо дигарон ба маќомоти давлатї мурољиат намудани шањрванд мавќеи хосаро ишѓол менамояд.

Зеро мурољиат воситаи муњими алоќамандии шахс ба давлат буда, заминаи боэътимоди иштироки васеи шањрвандон дар идоракунии давлат ва фаъолияти маќомоти давлатию идоракунї, аз љумла фаъолияти њокимияти судї ва ба амал баровардани адолати судї ба шумор меравад.

Аз љониби дигар, њуќуќи мурољиат ба маќомоти давлатї, аз љумла маќомоти њокимияти судї нишондињандаи муњими љомеаи воќеан демократию њуќуќбунёд арзёбї гардида, ба амал баровардани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, таъмини баробарии њама дар назди ќонун ва суд ва махсусан кафолати њифзи судии њар шахсро бе мурољиати шањрвандон, њамчунин иштирокчиёни мурофиањои гуногуни судї муќаррарнамудаи ќонунгузорињои мурофиавї тасаввур кардан мумкин нест.

Мурољиат ба маќомоти дахлдори давлатї, аз љумла ба маќомоти њокимияти судї нигаронидашуда дар баробари ислоњи камбудї ва норасоии фаъолияти маќомоти дахлдор, инчунин бартараф намудани њуќуќвайронкунињои содиргардида ва барќа­рору њифз намудани њуќуќу манфиатњои вайроншудаи мурољиаткунандаро дарбар мегирад.

Бо дарназардошти хусусияти хоси фаъолияти њокимияти судї, ки барои ба амал баровардани адолати судї нигаронида шудааст, шикояти иштирокчиёни мурофиаи судї ва эътирози прокурорї њамчун намуди мурољиат ба маќомоти судї тибќи тартиб ва ќоида­њои муќаррарнамудаи ќонунгузорињои мурофиа­вии Љумњурии Тољикистон, аз љумла Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба амал бароварда мешаванд.

Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон мафњуми шикояти судї ва эътирози прокурориро махсус ифода накарда бошад њам, аз мазмуну муњтавои ќисми 4 моддаи 11, моддањои 23, 28, 29, 111, моддањои 119-125 боби 14, моддањои 237, 238, 357-369 боби 38 ва боби 42-и он бармеояд, ки ќонунгузор аз болои амал ё ќарори суд, судя, прокурор, муфаттиш ва тањќиќбаранда шикояти судї ва эътирози прокурорї оварданро раво дида, шикояту эътирозњои прокурорї барои барќарор намудани њуќуќу манфиатњои ќонунии иштирокчиёни мурофиаи судї ва ислоњи фаъолияти маќомоти зикршуда ва санадњои ќабулнамудаи онњо нигаронида шудаанд.

Эътибори њокимияти судї ва санадњои судї, инчунин аз номи давлат бароварда шудани онњо, мањз дар низоми татбиќи адолати судї мављуд будани шикояти иштирокчиёни мурофиаи судї ва эътирози маќомоти ваколатдори назорати давлатї мебошад, ки барои таъмини адолати судї ва дар маљмўъ адолати иљтимої дар љомеа равона карда шудааст.

Давлат адолати иљтимоиро дар санадњои судии ќабулна­мудаи маќомоти њокимияти судї дар фароњам овардани имконияти шикояти санадњои судї пешбинї намуда, бо ин сиёсати њуќуќии худ дастрасии шањрвандонро ба адолати судї, баррасии парвандањои судї аз тарафи суди босалоњият ва тибќи ќонун таъсисёфта ва њифзи судии њуќуќњои конститутсионии инсон ва шањрвандро кафолат додааст, ки ин амали он аз муќаррароти санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ибтидо мегирад.

Чунонки, моддаи 8 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948 пешбинї менамояд: «Њар як инсон дар сурати поймол гардидани њуќуќњои асосии ў, ки бо Конститутсия ё ќонун пешбинї шудаанд, барои барќарорсозии пурраи онњо аз тарафи судњои босалоњияти миллї њаќ дорад».

Ќисми 5 моддаи 14 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї аз 16 декабри соли 1966 бошад муайян менамояд, ки: «Њар касе, ки барои ягон љиноят мањкум шудааст, ба он њаќ дорад, ки мањкумият ва њукмномаи ў аз тарафи маљраи суди болої аз нав баррасї карда шавад».

Конститутсия, ки дар масъалаи танзими њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд аз санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон асос ёфтааст, дар моддаи 5 инсон, њуќуќ ва озодињои онро арзиши олї арзёбї намуда, эътироф, риоя ва њифз намудани онро кафолат додааст.

Моддаи 14 Конститутсия бевосита амалї гаштани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва таъмини онњоро аз тарафи њокимияти судї пешбинї намуда, моддаи 18 Конститутсия таъмини дахлнопазирии шахсро аз тарафи давлат кафолат додааст.

Моддаи 19 Конститутсия ба њар шахс њифзи судиро кафолат дода, эълон намудаст, ки «њар шахс њуќуќ дорад талаб намояд парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва тибќи ќонун таъсисгардида баррасї намояд.»

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ќайд менамояд, ки кафолати њифзи судии пешбининамудаи моддњои 14 ва 19 Конститутсия дар баробари ба субъектони њуќуќ ё иштирокчиёни мурофиаи љиноятї дастрас будани адолати судї, инчунин барои онњо имконияти шикоят аз болои амалњои шахсони мансабдори давлатиро дар тамоми марњилањои судии пешбининамудаи ќонунгузории мурофиавї дар назар дорад, зеро фаъолияти маќомоти таъќиби љиноят ва судњо, ки ба салоњияти онњо пешбурди тањќиќ, тафтиши пешакї ва судї вогузор карда шудааст, аз сањву хатоњо истисно нест.

Муќаррароти зикршудаи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар хусуси ба субъектони њуќуќ ё иштирокчиёни мурофиаи љиноятї дастрас будани адолати судї ва имконияти шикоят овардан аз болои амалњои шахсони мансабдори давлатї дар тамоми марњилањои судї, инъикоси худро дар Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ёфтааст.

Чунонки, ќисми 4 моддаи 11 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинї менамояд, «шахси ба њабс гирифташуда њуќуќи шикоят карданро дорад».

Моддаи 23 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон «аз амал ё ќарори суд, прокурор, муфаттиш ва тањќиќбаранда шикоят» намудани иштирокчиёни мурофиаро яке аз принсипњои асосии ќонунгузории мурофиаи љиноятї арзёбї намудааст.

Ќисми 1 моддаи 62 Кодекси мазкур, инчунин ќоидаеро пешбинї менамояд, ки тибќи он судяе, ки ќарори ба њабс гирифтан ё тањти њабси хонагї ќарор додани гумонбаршуда ё айбдоршавандаро ќабул намудааст, муњлати дар њабс ё њабси хонагї нигоњ доштани онњоро дароз кардааст, дар баррасии њамон парванда дар судњои марњилањои якум, кассатсионї ва назоратї иштирок карда наметавонад.

Тибќи ќисми 8 моддаи 111 Кодекси мурофиавии љиноятї, агар дар рафти мурофиаи судї масъалаи ба њабс гирифтани судшаванда пайдо шавад, дар ин маврид судя ё суд бо дархости тарафњо ё ин ки бо ташаббуси худ ин масъаларо њал намуда, дар ин бора ќарор ё таъинот мебарорад ва ќарор ё таъиноти дар ин хусус ќабулкардаи судя ё суд тибќи талаботи ќисми 9 моддаи мазкур метавонад бо тартиби кассатсионї ба суди болої шикоят ва эътироз оварда шавад.

Шикоят намудан ва эътироз овардан ба санадњо ва амалњои шахсони мансабдори маќомоти зикршуда, ки онњо барои ислоњи камбудињои дар фаъолияти марњилањои пешинаи судї вуљуддошта ташкил карда шудаанд, аз муњимтарин принсипњои демократии мурофиаи судии љиноятї арзёбї мегардад.

Вобаста ба ин, муќаррароти ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар баробари тавъам набудан ба талаботи моддањои 5, 14 ва 19 Конститутсия, инчунин ба мазмуну муњтавои ќисми 4 моддаи 11, моддаи 23, ќисми 1 моддаи 62, ќисмњои 8 ва 9 моддаи 111 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки дар масъалаи мурољиат аз Конститутсия сарчашма мегирад, мутобиќ нест.

Зеро муќаррароти љумлаи дуюми ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар хусуси «эрод ба ќарорњои дар боло зикршуда (аз љумла ќарор оид ба интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї) мумкин аст ба тариќи шикояти кассатсионї ё эътироз нисбати њукм пешнињод шавад», дар сурати нисбат ба шахс баровардани њукми айбдоркунанда дар намудани мањрум кардан аз озодї мантиќ ва моњияти худро гум менамояд.

Њолатњои дар боло омада ва тартиби пешбининамудаи моддањои зикршудаи Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон собит менамоянд, ки муќаррароти ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон боиси мањдуд гаштани њуќуќи конститутсионии Саидова Н.А. оид ба мурољиат ба маќомоти давлатии ваколатдор ва таъмини кафолати њифзи судї гардидааст.

Бинобар ин, њама гуна тартибе, ки њуќуќњои иштирокчиёни мурофиаи љиноятиро оид ба њифзи њуќуќњои мурофиавии онњо мањдуд карда, монеаи ба амал баровардани онњо, аз љумла њуќуќи шикоят намудани санадњои судї мегардад, он њамчун мањдуд кардани кафолати њифзии судї ва њуќуќи мурољиат ба маќомоти давлатї муќаррарнамудаи Конститутсия, ќонунњо ва ќонунгу­зории мурофиавии Љумњурии Тољикистон ба њисоб меравад.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, муќаррароти ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номутобиќ мебошад.

Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ќисми 2 моддаи 363 Кодекси зикршударо ба муќаррароти моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ва моддањои дахлдори Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон мутобиќ намоянд.

Дар асоси њолатњои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 31, 32, 33, 36, 45, 46, 47, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќ а р о р к а р д:

1. Ќисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (ќароре), ки дар рафти муњокимаи судї дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чорањои пешгирї ќабул шудааст, ба моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќат надорад.

2. Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ќисми 2 моддаи 363 Кодекси зикршударо ба муќаррароти моддањои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ва моддањои дахлдори Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон мутобиќ намоянд.

3. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

4. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов

 

 

 

quot;;quot;Times New Roman Tjquot;Times New Roman Tj